Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Сафири нави Амрико ба Душанбе меояд

Сафорати Амрико дар Душанбе хабар дод, ки Марк Поммершайм, сафири тозатаъйини он кишвар ба зудӣ барои иҷрои вазифаҳояш ба Тоҷикистон меояд. Рӯзи дақиқи омадани ӯро эълон накардаанд.

Дар баёнияи сафорат аз рӯзи 27-уми январ омадааст, ки дипломати собиқадорро Доналд Трамп раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида рӯзи 12-уми сентябр ба ин мақом пешниҳод кард ва номзадии ӯ расман рӯзи 7-уми январ тасдиқ шудааст.

Марк Поммершайм аз соли 2015 то соли 2018 муовини сафири Амрико дар Қазоқистон буд. Аз ин пештар дар вазорати умури хориҷии Амрико ба ҳайси як дипломати баландпоя дар умури Қафқоз ва Авруосиё кор кардааст.

Ӯ собиқаи хабарнигорӣ ҳам дорад ва дар дафтари телевизиони Си Эн Эн дар Русия кор кардааст. Соҳиби зан ва се фарзанд аст. Марк Поммершайм ҷойгузини хонум Элизабет Миллард шуд, ки ӯ баъди анҷоми масъулиятҳояш соли 2018 Тоҷикистонро тарк кард.

Русия 75-умин солгарди хатми муҳосираи Ленинградро таҷлил кард

Таҷлил аз 75-умин солгарди хотимаи муҳосираи Ленинград

Дар Русия 75-умин солгарди хотима додан ба муҳосираи маргбори шаҳри собиқи Ленинградро таҷлил карданд, ки дар натиҷаи он садҳо ҳазор нафар ҷон додаанд.

Дар маросими таҷлил дар шаҳри Санкт-Петербург, раиси ҷумҳур Владимир Путин ширкат кард, аммо зимни раҳпамоии низомӣ дар маркази шаҳр ҳузур надошт. Маросим рӯзи 27-уми январ сурат гирифт.

Тахмин мешавад, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки аз соли 1941 то соли 1945 идома кард, нерӯҳои Олмони фашистӣ Ленинградро 872 рӯз дар муҳосира нигаҳ доштанд.

Муҳосира аз соли 1941 то соли 1943 идома кард ва дар натиҷаи он 1 миллион 200 ҳазор нафар ҷон додаанд. Ҳазорон нафар аз сокинони Тоҷикистон ҳам барои шикастани муҳосира ҳалок шудаанд.

Ситоиши Майк Помпео аз пешрафт дар гуфтугуҳо бо Толибон

Майк Помпео

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико аз “пешрафтҳои чашмгир” дар гуфтугуҳо бо Толибон суҳбат ва ҷараёни ин гуфтугуҳоро ситоиш кард. Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон рӯзи 6-ум аст, ки бо намояндагони Толибон дар Қатар дар бораи хотима додан ба ҷанги 17-солаи онҳо дар Афғонистон гуфтугу дорад.

Майк Помпео рӯзи 26-уми январ дар Твиттер навишт, ки хабарҳои ташвиқкунандаеро аз Залмай Халилзод дарёфт кардааст. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки Залмай Халилзод аз “пешрафтҳои чашмгир дар гуфтугу бо Толибон дар бораи сулҳи Афғонистон гузориш медиҳад”.

Вазири умури хориҷии Амрико ҳамчунин гуфтааст, кишвараш талошҳо барои расидан ба сулҳ дар Афғонистонро бо ҷиддият пеш мебарад ва намегузорад, ки ин кишвар ҷое барои терроризми байнамилалӣ бошад.

Аз ин пештар Залмай Халилзод гуфт, ки дар гуфтугуҳояш бо Толибон пешрафти чашмгир ҳосил шудааст, вале афзуд, ҳеҷ созише бо онҳо ниҳоӣ нашудааст.

Амрикову Канада ҳавопаймоҳои Русияро дунболагирӣ карданд

Ҳавопаймои бомбандози Русия қодир ба ҳамли мушакҳои атомист

Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ва Канада ду ҳавопаймои бомбаандози Русияро думболагирӣ кардаанд, ки ба гуфтаи мақомот ба минтақаи таҳти назорати неруҳои Канада ворид шудаанд.

Фармондеҳи неруҳои муҳофизатии Амрикои шимолӣ рӯзи 26-уми январ гуфт, ки ду ҳавопаймои Ту-160 – и Русияро дар онҷо рӯзи 25-уми январ мушоҳида карданд. Ду ҳавопаймои ҷангии F-22 ва ду ҷангандаи CF-18 аз Канада бо парвоз ба он маҳал ҳавопаймоҳои Русияро аз фазои зери назорат берун кардаанд. Ҳавопаймои Ту-160 қодир ба ҳамли мушакҳои атомист.

Маҳалли зери назоратро нагуфтаанд. Хабаргузории ТАСС-и Русия аз қавли мақомоти Амрико навиштааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба қаламрави ҳавоии кишваре ворид нашудаанд.

Хабаргузорӣ бо такя ба вазорати умури хориҷии Русия навиштааст, ки ҳавопаймоҳо дар қаламравҳои байналмилалӣ дар Уқёнуси Арктика парвози маъмулӣ анҷом дода ва дар ҷараёни парвози 15-соата «сӯхтгирӣ дар фазоро таҷриба карданд». Маскав солҳои ахир бо ҳамин шева қудрати низомиашро ба намоиш мегузорад.

Таркиш дар қаҳвахонаи Русия соҳиби зодрӯзро кушт

Паёмади таркиш дар қаҳвахона

Дар натиҷаи таркиши газ дар як қаҳвахонае дар Русия 1 нафар кушта шудааст ва 22 тани дигар осеб дидаанд. Фалокат рузи 26-уми январ дар маҳаллаи Лисие Гори дар вилояти Саратов рух дод.

Таркиш дар замони таҷлили зодрузи як муҳандиси 60-сола ба вуқуъ пайвастааст ва замони ҳодиса дар қаҳвахона 35 меҳмон ва 5 корманди қаҳвахона ҳузур доштаанд.

Дар натиҷаи таркиши қавӣ 90 дар сади бадани муҳандис сухта ва у дар шифохона ҷон додааст. Ёздаҳ нафари дигар дар шифохона муолиҷа мегиранд.

Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки дар анбори қаҳвахона балони газ нигаҳ медоштаанд ва зоҳиран ихроҷи газ аз он сабаби таркиш шудааст.

Бейдери амрикоӣ Емеляненкои русро бо нокаут шикаст дод

Фёдор Емеляненко дар набард бо Ҷефф Ҷонсони амрикоӣ дар мусобиқаи соли 2011

Размандаи услуби омехта (ММА) Райан Бейдери амрикоӣ дар финали "Гран-при" Bellator дар вазни сангин Фёдор Емеляненкои русро бо нокаут шикаст дод. Дар ин бора нашрияи “Спорт – Экспресс” хабар додааст.

Сабқат миёни Бэйдери 35-сола ва Емеляненкои 42-сола шаби 26-ум ба 27-уми январ дар Инглвуди иёлати Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд. Рақобат ҳамагӣ 34 сония идома кард. Дар арафаи ин қувваозмоӣ Емеляненко нисбат ба рақибаш 3,8 килограмм вазнинтар буд. Бейдер 103,4 кг ва Емеляненко 107,2 кг вазн доштанд.

Ҳамин тариқ, Бейдер аввалин қаҳрамони Bellator дар як вақт дар ду дараҷаи вазнӣ гардид. Ӯ дар ММА 27 пирӯзӣ ба даст оварда, дар панҷтоаш мағлуб гаштааст.

Емеляненко бошад, дар ММА 45 сабқат карда, дар 38-тоаш ғолиб омадааст ва дар 6-тоаш шикаст хӯрдааст, боз як қувваозмоӣ доирнашуда ҳисобида шудааст. Пештар ӯ қаҳрамони ташкилотҳои Rings, Pride ва M-1 Global гардидааст.

Дар Душанбе ҷавонони аз 18 то 27-соларо мешуморанд

Мақомоти шаҳри Душанбе ду моҳ пеш аз шурӯи мавсими даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ, ба шумурдани ҷавонони аз 18 то 27-сола дар пойтахт оғоз кардаанд. Дар ин робита дар оғози ҳафтаи гузашта қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, ба тасвиб расид. Даъвати баҳории ҷавонон ба артиш маъмулан моҳи апрел шуруъ шуда, то ду моҳ идома мекунад.

Бино ба қарори нав, то 25-уми март ҷавононе, ки тибқи қонун аз хидмат озод нестанд, аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи ҳукумати Душанбе, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз омодагӣ ба мавсими нави даъвати ҳарбӣ «танзими беҳтари ин раванд аст».

«Мақсад ин аст, ки муайян шавад, чӣ қадар ҷавонон тибқи қонун аз ҷалб шудан ба артиш озоданд. Яъне, дар оила як писар ҳастанд, дар донишгоҳ мехонанд ва ё бинобар вазъи бади саломатӣ онҳоро ба аскарӣ бурдан мумкин нест. То ин ки ҳангоми оғоз шудани мавсими сафарбаркунӣ ҷавонон бе ягон маҷбуркунӣ ба артиш раванд», - шарҳ дод ӯ.

Дар Тоҷикистон хидмат дар артиш барои ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳатмист ва бо вуҷуди инкори мақомот ҷалби маҷбурии ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ ҳар сол дар замони даъвати баҳорӣ ва тирамоҳӣ мушоҳида мешавад. Вазорати дифоъ дар даъвати охири тирамоҳӣ гуфта буд, танҳо бо фиристодани даъватнома ҷавононро ба артиш ҷалб мекунад, аммо пас аз ин изҳорот чанд хабари боздошти ҷавонон дар роҳу бозору нақлиёт ва бурдани онҳо ба артиш дар матбуот нашр шуд.

Шӯрои амният бӯҳрони сиёсии Венесуэларо баҳс мекунад

Қарор аст, Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи шанбе буҳрони сиёсӣ дар Венесуэларо баррасӣ кунад. Иёлоти Муттаҳида қаблан хоста буд, ки барои баҳс дар мавриди вазъияти Венесуэла як нишасти изтирорӣ ё фавқулодаи Шӯрои амният баргузор шавад. Интизор меравад, Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, дар ин нишаст иштирок кунад. Помпео рӯзи 25-уми январ гуфт, ӯ аз соири кишварҳо хоҳад хост, то аз Хуан Гуайдо, раҳбари муваққати Венесуэла ҳимоят кунанд. Гуайдо рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар ҳоле худро раиси ҷумҳури муваққат эълон кард, ки мардум ба хиёбонҳо баромада ва хостори истеъфои раиси ҷумҳур Николас Мадуро шуданд. Мадуро равобити дипломатӣ бо Вашингонро қатъ карда ва ба дипломатҳои амрикоӣ дастур додааст, ки рӯзи якшанбе Венесуэларо тарк кунанд. Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва шуморе аз кишварҳои Амрикои Лотин ҳимояти худро аз Хуайн Гуайдо иброз кардаанд. Баъзе кишварҳои дигар, бо шумули Русия, Эрону Туркия, Куба ва Боливия аз Николас Мадуро пуштибонӣ мекунанд. Мадуро дар интихоботи моҳи майи соли гузашта пирӯз шуд, ки ғайридемократӣ хонда шудааст.

Ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ҷануби Афғонистон 16 узви як оиларо кушт

Ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ҷануби Афғонистон 16 узви як хонаводаро куштааст. Атоулло Афғон, раҳбари Шӯрои вилоятии Ҳилманд гуфт, ҳамлаҳои ҳавоӣ дар пайи сахттар шудани муқовиматҳои байни нерӯҳои давлатӣ ва ҷангҷӯёни Толибон сурат гирифтааст. Вай гуфт, дар миёни кушташудаҳо ҳашт кӯдак ва се зан ҳастанд. Умар Звок, сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст. То ҳол маълум нест, маъсули ҳавлаҳои ҳавоӣ кӣ буд: нерӯҳои афғон ваё нерӯҳои НАТО, ки баъзан аз ҳаво ба ба нерӯҳои афғон кумак мекунад.

"Shutdown" ё таътили идораҳои далватии Амрико ба поён расид

Тӯлонитарин таътил ваё "шатдаун"-и ҳукумати Амрико муваққатан ба поён расид. "Шатдаун" 35 рӯз идома кард.

Маҷлиси Намояндагон ва Сенати Амрико рӯзи 25-уми январ тарҳеро тасвиб карданд, ки дар натиҷаи он маоши идораҳои ҳукуматӣ то 15-уми феврал пардохта хоҳад шуд. Ин тарҳро раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп низ имзо гузошт.

Трамп рӯзи ҷумъа дар Кохи Сафед гуфт, "имрӯз бо ифтихор эълон мекунам, ки ба як тавофуқ расидем, то таътил ба поён бирасад ва ҳукумати федрол дубора фаъол шавад."

Баъзе аз идораҳои ҳукумати федеролии Амрико рӯзи 22-юми декабри соли 2018 таътил шуданд. Ба ин маъно, ки ҳеч гуна маоше барои онҳо пардохта нашуд ва аз ин нигоҳ кормандони давлат бо мушкили бузург рӯбарӯ буданд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, хоҳони пардохти беш аз панҷ миллиард доллар барои сохтани девор дар марз бо Мексика аст. Аммо ҳангоме ки Конгрес ин будҷаро рад кард, бахше аз идораҳои ҳукумати федероли Амрико ба таътил рафтанд.

Олмон: "Агар дар Венесуэла интихобот эълон нашавад, мо Гуайдаро эътироф мекунем"

Хуан Гуайдо

Ба дунболи Амрико, Олмон ва кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо омодаанд, ки Хуан Гуайдоро раҳбари муваққатӣ ва қонунии Венесуэла эътироф кунанд, агар дар фурсати наздик дар ин кишвар интихоботи нав эълон нашавад.

Тавре намояндаи ҳукумати Олмон Штеффан Зайберт рӯзи 25-уми январ гуфт, Олмон наметавонад президенти феълии Венесуэларо, ки соли гузашта дар интихоботи ноозод ва ноодилона пирӯз шуд, раҳбари қонунӣ эътироф кунад.

Назари ба ин монандро вазири умури хориҷии Испания баён кард. Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Моғеринӣ қаблан ба баргузории интихоботи озоду одилона даъват намуд.

Николас Мадуро худро президенти қонунии Венесуэла медонад ва аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ суҳбат мекунад, ки ба гуфтаи ӯ мухолифонаш бо кумаки Амрико пиёда мекунанд.

Хуан Гуайдо - раҳбари Ассамблеяи миллӣ - рӯзи сешанбе худро раҳбари муваққатии Венесуэла эълон кард ва Мадуроро ғосиб номид. ИМА, Канада ва аксар давлатҳои Амрикои Лотинӣ ӯро эътироф карданд. Русия, Чин, Туркия ва як идда кишварҳои дигар аз Мадуро пуштибонӣ мекунанд. Мадуро ҳамчунин аз пуштибонии генералҳои кишвараш бархӯрдор аст.

Николас Мадуро қудратро дар Венесуэла соли 2013 ба даст овард. Он замон ӯ дар интихоботе пирӯз шуд, ки пас аз марги раҳбари пешини ин кишвар Уго Чавес сурат гирифт. Мадуро барои риоя накардани меъёрҳои демократӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон танқид мешавад.

Венесуэла ба буҳрони шадиди иқтисодӣ гирифтор аст. Соли 2018 нишондиҳандаи таваррум дар кишвар аз хатти миллион дар сад гузашт. Се миллион нафар кишварро тарк кард.

Қазияи “Саша Массква” боис ба барканории як полис шуд

Сашша Массква

Як маъмури полиси Маскав, ки аз латту кӯб шудани видео-блогери тоҷик Саша Массква пешггирӣ накардааст, аз кор ронда шуд.

Дар ин бора сардори шуъбаи чаҳоруми Раёсати корҳои дохилии Маскав рӯзи 25-уми январ дар посух ба дархости “Русияи боз” хабар дод. Мақомоти пулис гуфтанд, ки таҳқиқ нақзи қонунро ошкор кард.

Охири моҳи ноябри соли 2018 дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он видео-блогери тоҷики Саша Массква сабт шудааст. Ҷавони тоҷик дар ҳузури маъмури пулис ба рӯи Саша Массква чанд шаппотӣ зада ва ӯро ба ҳамҷинсгароӣ муттаҳам мекунад.

Дар ин навор дида мешавад, ки Саша Массква ба яке аз маъмурони пулис муроҷиат карда ва аз ӯ кумак мехоҳад, вале полис ин ҳодисаро нодида мегирад.

Пас аз нашри видеои ҷанҷолбарангези латту кӯб дар ҳузури корманди полис мақомоти қудратӣ ҳатто аризаи ҷабрдидаро қабул накарданд. Танҳо пас аз дахолати кумитаи Мусоидати шаҳрвандӣ масъала ранги дигар гирифт.

Саша Масскваи 23-сола аз шаҳри Душанбе буда, мегӯяд, бо далелҳои амниятӣ исми воқеӣ ва дигар мушаххасоти худро пинҳон медорад. Ӯ чанд сол боз дар пойтахти Русия зиндагиву таҳсил дорад ва ба ҳамин хотир тахаллуси "Массква"-ро гирифтааст.

Юнон созишномаи "Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ"-ро тасдиқ кард

Нахуствазири Юнон Алексис Тсипрас ҳангоми раъйдиҳӣ. 25 январ, 2019

Порлумони Юнон созишнома дар бораи тағйири номи Македония ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолиро тасвиб кард. Дар ин бора нашрияи "Нефтемпорики", чопи Афина, рӯзи 25-уми январ хабар дод. 153 намояндаи мардумӣ аз тағйири номи Македония пуштибонӣ ва 146 нафар мухолифат карданд.

Қаблан бинобар баҳсҳои номи нави Македония ҳукумати эътилофии Юнон аз ҳам пошид. Дар эътирозҳои зидди тағйири ном дар Афина бинобар рӯзи боронӣ одами зиёд иштирок накард. Ба тағйири номи кишвари ҳамсоя ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ 70 дар сади юнониҳо мухолифат доранд.

Созишномаро соли гузашта нахуствазири Юнон Алексис Тсипрас ва ҳамтои ӯ аз Македония Зоран Завев дар соҳили кӯли Преспа имзо карданд, ки Македонияро аз Юнон ҷудо мекунад. Бо тасвиби созишнома дар порлумони Юнон роҳи Македония ба узвияти Иттиҳоди Аврупо ва НАТО боз мешавад.

Созишномаи Преспа аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ, ки мехоҳанд нуфузи Русияро дар Балкан маҳдуд кунанд, пуштибонӣ ёфт. Аммо ба ин санад асосан миллатгароёни Македония ва Юнон мухолифат доранд ва мегӯянд, он ба тарафи муқобил фоида меорад.

Юнон то ин замон узвияти Македония, давлати Югославияи собиқ ба Иттиҳоди Аврупоро масдуд мекард. Дар Афина ба ин назар буданд, ки агар ин давлат “Македония” боқӣ бимонад, дар оянда метавонад барои минтақаи ҳамном дар Юнон даъво кунад.

Дабири кулли НАТО: Паймони мушакӣ таҳти хатар аст

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи 25 январ гуфт, ки гуфтугӯҳои миёни сафирони узви НАТО ва Русия дар ҳалли баҳси сари мушакҳои таҳдидкунанда ба Аврупо бенатиҷа анҷомид. Дар паи ҷаласае, ки дар шаҳри Брюссел баргузор шуд, Столтенберг гуфт, ки ҳоло сарнавишти паймони муҳими замони Ҷанги Сард таҳти хатар аст. Созиши соли 1987 оид ба мушакҳои миёнапарвоз, ки миёни ИМА ва Иттиҳоди Шӯравӣ имзо шуда буд, истеҳсол, озмоиш ва рушди мушакҳоеро, ки тавони расидан ба ҳадафи 500 то 5,5 ҳазор километрро доранд, манъ мекард. Ин созиш дар ҳифзи амнияти Аврупо як санади калидӣ арзёбӣ мешуд. Столтенберг гуфт:

«Дар ҷараёни мулоқот пешравии назаррасе ҳосил нашуд, чунки Русия ишора накард, ки хостори тағйир додани мавқеаш мебошад. Вале Русия ҳанӯз ҳам имкон дорад, ки барои мувофиқат бо ин созиш сари мизи гуфтушунид баргардад ва мо аз Русия даъват мекунем, ки аз ин имконият истифода кунад. Масъулияти ҳифзи мавқеъ ба Русия аст, чунки Русия аст, ки аз роҳи рушд ва мустақар кардани мушакҳо шартҳои созишро нақз мекунад ва бо ин амалаш зидди ин созиш кор кардааст. Ин мушакҳои сангинро сабт кардан душвор аст, чунки онҳо босуръат ҳастанд, тавонмандиҳои ҳастаӣ доранд, метавонанд то шаҳрҳои Аврупо бирасанд”

Маскав иттиҳомоти инро, ки хилоф бо созишномаи силоҳҳо амал кардааст, рад мекунад ва мегӯяд, ки силоҳи наваш тавони парвоз дар масофаи 480 километрро дораду бас. Маскав ангушти иттиҳомро ба Вашингтон баланд карда мегӯяд, ки дар фикри азсаргирии рақобати нави мушакӣ мебошад. Вашингтон аз ин пеш гуфта буд, ки агар Русия мувофиқи қарордод амал накунад, шурӯъ аз 2 феврал ҷараёни шашмоҳаи берун шудан аз созишро шурӯъ хоҳад кард.

Роҷер Стоун, мушовири пешини Трамп дар Флорида боздошт шуд

Роҷер Стоун

Роҷер Стоун, яке аз шарикони президенти Амрико Доналд Трамп, рӯзи 25-уми январ бо чанд иттиҳоми марбут ба таҳқиқоти Роберт Мюллер, дар заминаи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи ИМА, дар Флорида боздошт шуд.

Боздошти Стоун дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи 24-уми январ бар пояи қарори доварони аршад, ки дафтари прокурори махсус Мюллер нашр кард, алайҳи ӯ аз рӯи ҳафт банд айб эълон шуд.

Ба гуфтаи масъулони дафтари Мюллер, Роҷер Стоун - шарики қадимӣ ва мушовири маъракаи интихоботии Доналд Трамп - аз рӯи як банд ба эҷоди монеа ба бозҷӯии додгоҳӣ, аз рӯи панҷ банд ба додани шаҳодати бардурӯғ ва аз рӯи як банд ба дасткории шоҳид муттаҳам мешавад.

Иттиҳом алайҳи Стоун ҳамоҳангӣ бо Русия ва дахолати ҳукумати Русия дар умури интихоботи соли 2016-и Амрикоро дар бар намегирад.

Аммо он дар бораи баҳсҳои Стоун оид ба имейлҳои дуздидашудаи Ҳизби демократ аз ҷониби Wikileaks чанд ҳафта пеш аз интихобот, ки дар он Трамп ба номзади демократҳо Ҳиллари Клинтон пирӯз шуд, ҷузъиёт медиҳад.

Мюллер мегӯяд, он имейлҳо ба Ҷон Подеста, раҳбари маъракаи интихоботии Клинтон тааллуқ дошт ва аз ҷониби афсарони истихбороти Русия рахна шуд.

Роҷер Стоун нимаи дуюми рӯзи 25-уми январ дар ростои додгоҳи Флорида ҳозир мешавад.

Футболбози шинохтаи тоҷик Дилшод Восиев аз "Истиқлол" рафт

Дилшод Восиев, капитани собиқи «Истиқлол» ва узви дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ки яке аз футболбозони серунвонтарин дар таърихи футболи тоҷик ба шумор меравад, карйераи бозигариашро дар бошгоҳи Душанбе ба итмом расонид.

Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи футболи «Истиқлол» хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, ҳамлагари маъруф Дилшод Восиев баъди даҳ соли ҳунарнамоии худ дар ҳайати «Истиқлол», аз ин бошгоҳ рафт ва феълан бозигари озод мебошад.

Дилшод Восиев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар дастаи «Истиқлол» даҳ мавсим бозӣ карда, соҳиби унвону ҷоизаҳои зиёд шуд. Ӯ мегӯяд, дар ин бошгоҳ беҳтарин солҳои ӯ дар футбол гузаштааст ва ҳамчун футболбоз маҳз дар «Истиқлол» камол ёфт.

"Аз ҳамаи аъзои бошгоҳ, ҳамкасбону мураббиён барои дастгириашон миннатдорам. Ҳамчун бозигари озод интизори даъват аз бошгоҳҳои дигар мебошам. Ман ҳанӯз нерӯи зиёд дорам ва карйераи бозигариамро идома медиҳам”, -гуфт Дилшод Восиеви 30-сола ба Радиои Озодӣ.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”, роҳбарияти бошгоҳ пеш аз оғози мавсими нав ҳамасола ҳайати дастаро аз ҳисоби бозигарони ҷавону моҳир пурра мекунад. Аз ин рӯ, роҳбарияти бошгоҳ ба Дилшод Восиев барои хидматҳои бузургаш дар тӯли даҳ сол дар даста изҳори сипос намуда, ба ӯ дар оянда муваффақият таманно кардааст.

Дилшод Восиев аз оғози соли 2009 дар «Истиқлол» бозӣ мекард. Дар ин муддат ӯ ду бор (2012, 2013) беҳтарин бозигари Тоҷикистон ва се бор (2012, 2014, 2017) беҳтарин нишонзани мусобиқоти қаҳрамонии кишвар шудааст.

Ӯ ҳамроҳ бо дастаи қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон дар бисёр мусобиқоти дохили кишвар ғолиб шуда, инчунин барандаи Ҷоми президенти АФК-2012 ва финалисти дукаратаи Ҷоми АФК (2015, 2017) гардидааст.

Дилшод Восиев, инчунин дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2006 ғолиби Ҷоми даъвати АФК гардида, дар ин мусобиқот бо медалҳои нуқра (2008) ва биринҷӣ (2010) мукофотонида шудааст.

Тоҷикистон аз нигоҳи озодии иқтисодӣ дар ҷои 122 қарор гирифт

Мавқеи Тоҷикистон дар шохис ё индекси озодиҳои иқтисодии Бунёди Мерос-2019 (Heritage Foundation: 2019 Index of Economic Freedom) поинтар рафта, дар миёни кишварҳои "ғолибан ноозод" ва дар зинаи 122-юм ҷой гирифт.

Дар гузориши нави Бунёди Мерос, қароргоҳаш дар Амрико, гуфта мешавад, мавқеи Тоҷикистон дар соли гузашта бино ба мушкилот дар бахши озодиҳои тиҷоратӣ ва вазъи соҳибкорӣ поин рафтааст.

Дар гузориш омадааст, бо вуҷуди дар авлавияти кори ҳукумат будани кумак ба сохторҳои бонкӣ, ин система дучори мушкили зиёд аст. "Фазои бади тиҷоратӣ, муқаррароти бюрократӣ, мудирияти номуназзам ба фазои сармоягузорӣ таъсир гузоштааст", - омадааст дар гузориш.

Талошҳо барои кумак ба нигоҳ доштани қурби асъори хориҷӣ имкони роҳандозии тадбирҳои пулии дигарро коҳиш медиҳад. Бо вуҷуди пешрафти муайяне дар бахши хусусӣ, суръати рушд дар ин бахш хеле кам будааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки иҷрои қонунҳо хеле заиф буда, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои олуда ба фасод боқӣ мемонад. Соли 2017 Тоҷикистон дар ин гузориш дар мавқеи 109 ва дар гурӯҳи кишварҳои “ғолибан ноозод” қарор дошт.

Ин арзёбиҳо дар ҳолест, ки мушкил дар бахши иқтисоду соҳибкорӣ ва бахши сармоягузории Тоҷикистонро мақомоти баландпояи кишвар ҳам эътироф мекунанд. Дар маҷлиси солонаи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 21-уми январ баргузор шуд, маҳз бахши иқтисод мавриди баррасӣ ва интиқоди шадид қарор гирифт.

Хадамоти алоқа ва вазорати адлия ба саволҳои журналистон посух медиҳанд

Яке аз сохторҳое, ки рӯзи 28 январ нишаст барпо мекунад, Хадамоти алоқа ба раҳбарии Бег Сабур аст

Оҷонсии расмии “Ховар” мегӯяд, ки ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ, ки қарор аст аз 28 январ шурӯъ шаванд, як рӯз пеш аз баргузориашон дар ҳамин вебсайт нашр мешаванд. Дар хабари рӯзи 25 январ гуфта мешавад, ки нишастҳои хабарӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар соли 2018 аз Вазорати адлия, Хадамоти алоқа, Вазорати кишоварзӣ, КВДҶ «Тоҷикагролизинг», Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Вазорати энергетика ва захираҳои об оғоз хоҳанд шуд.

Дар солҳои қаблӣ нишастҳои матбуотӣ бо дастури Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва бар асоси як ҷадвали аз пеш тарҳрезишуда баргузор мешуданд ва журналистон имкони аз қабл омода шудан ба ин нишастҳоро доштанд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, нақшаи нишастҳои матбуотии шурӯи соли 2019 моҳи декабр аз ҷониби Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон имзо шуда, қарор аст аз 28 январ то 15 феврал идома кунад.

Нишастҳои матбуотии ҳатмии мақомоти сохторҳои давлатии Тоҷикистон бо як амри президенти Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 роҳандозӣ шудаанд. Ин нишастҳо соле ду бор баргузор мешаванд ва намояндагони матбуоти тоҷик танҳо дар ҳамин фурсат имкон доранд, ки саволҳои худро бо мақомот матраҳ кунанд. Дар оғози ҷорӣ шудани муқаррароти баргузоркунии нишастҳои матбуотӣ чунин нишастҳо соле чор бор баргузор мешуданд.

Журналистони тоҷик мегӯянд, ки бо вуҷуди нокофӣ ва хеле маҳдуд будани имконияти гирифтани посухи саволҳояшон, бархе сохторҳои давлатӣ дар ин нишастҳо боз ҳам талош мекунанд аз саволи журналистон фирор кунанд ва танҳо бо қироати гузориш оид ба фаъолияти солонаву нимсолаашон маҳдуд шуда толорро тарк мекунанд. Як чунин нишасти матбуотии мақомоти кумитаи зан ва оила соли 2018 мавриди интиқоди журналистон қарор гирифта буд.

Дар ҳолатҳои зиёди дигар мақомоти аввали сохторҳои давлатӣ аз ҳозир шудан дар баробари журналистон худдорӣ мекунанд ва муовину дигар мутасаддиёни худро ба ин нишастҳо мефиристанд. Ин дар ҳолест, ки бисёр вақт журналистон мехоҳанд саволҳои худро ба раҳбарони аввал бидиҳанд.

Аҳолии Олмон аз баракати муҳоҷират ба 83 миллион расид

Муҳоҷирон дар роҳ ба сӯи Аврупо

Идораи федеролии омори Олмон хабар дод, ки охири соли гузашта аҳолии ин кишвар ба 83 миллион нафар расид. Ба қавли мақомот, ин рақам нисбат ба соли 2017 ба камияш 200 ҳазор бештар аст.

Афзоиши аҳолӣ аз замони ҳамоиши Олмони Шарқӣ ва Ғарбӣ яке аз оморҳои баландтарин ба шумор меояд ва аз ҳисоби пазируфтани муҳоҷирону паноҳандагон ҳосил шудааст. Соли 1990, баъди ҳамоиши Олмони Шарқиву Ғарбӣ, аҳолии кишвар 79,3 миллион ҳисоб шуда буд.

Дар гузориши Идораи федеролии омори Олмон гуфта шудааст, ки "соли гузашта сатҳи таваллуд аз 785 ҳазор то 805 ҳазор ва маргу мир аз 950 ҳазор то ҳазор буд."

Мизони муҳоҷирати одамон ба Олмон аз 416 ҳазори соли 2017 то 340-380 ҳазор нафар дар поин омадааст. Аз соли 2015, авҷи муҳоҷират ба Олмон, ин раванд тадриҷан рӯ ба коҳиш овард.

Олмон баъди Русия, ки 144 миллион аҳолӣ дорад, дуюмин кишвари сераҳолии Аврупо аст. Ин кишвар дар байни давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо низ аз ҳама бештар аҳолӣ дорад.

Трамп барои оғози кори ҳукумат пешпардохти деворро мехоҳад

Баҳси "шатдаун" дар Кохи Сафед

Президент Трамп ба ҳеҷ як созиши кӯтоҳи оғози фаъолияти ҳукумат розӣ нест, магар ки пешпардохти чашмгири девори ваъдагӣ ба он илова шавад.

Изҳороти сухангӯи Кохи Сафед Сара Сандерс дар ин робита дар ҳоле пахш шуд, ки раҳбари ҷиноҳи аксарияти ҷумҳурихон дар Сенат Митч Макконелл ва раҳбари демократҳо дар Сенат Чак Шумер барои дарёфти роҳи мусолиҳа мулоқот карданд.

Субҳи 24-уми январ Сенат пешниҳодҳои рақобатии демократҳо ва ҷумҳурихоҳонро барои хотима додан ба тӯлонитарин "шатдаун", ки 34 рӯз боз давом дорад, рад кард.

Ин ҳафта ҳудуди 800 ҳазор корманди давлатии Амрико бори дувум аз маош маҳрум шуданд.

Вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳида Уилбур Росс рӯзи 24-уми январ аз кормандони ҳукумати федеролӣ даъват кард, ки барои пардохти ҳисобҳои худ қарз бигиранд. Ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNBC гуфт, як нуктаро намефаҳмад, ки чаро коргарон мушкил доранд?

Раиси палатаи поёнии Конгресс Ненси Пелоси шарҳи вазирро танқид кард.

"Ин ҳамон бархӯрде аст, ки яъне "равед, ягон кулча хӯред ё аз падаратон пул пурсед", - гуфт Пелоси дар нишасти матбуотии рӯзи 24-уми январ.

Ҷустуҷӯи ҳавопаймое, ки футболбоз Сала дар он буд, қатъ шуд

Эмилиано Сала

Дар Британия ҷустуҷӯи ҳавопаймоеро, ки бозигари футбол аз дастаи "Кардифф" Эмилиано Сала дар он буд, қатъ карданд. Дар ин бора пулиси ҷазираи Гернси рӯзи 24 январ хабар дод. Ба гуфтаи пулис, ҳеҷ шонсе вуҷуд надорад, ки сарнишин ва Сала ҷон ба саломат бурдаанд.

Дар санаде, ки пулис нашр кард, гуфта мешавад, ки талоши ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти оҷил натиҷа надоданд - нишоне аз ҳавопаймои гумшуда ошкор нашуд.

Рӯзҳои ахир амалиёти ҷустуҷӯи пилот ва бозигари футбол бо истифода аз се ҳавопаймо ва панҷ чархбор ба таври павайста ҷараён гирифт,- гуфта пулиси ҷазираи Гернси, ки дар канали Ла-Манш ҷойгир аст.

Баъди эълони қатъ шудани амалиёти ҷустуҷӯ Ромина - хоҳари Эмилиано Сала дар нишасти матбуотӣ бо гиря даъват кард, ки амалиёти кофтукоб аз сар гирифта шавад, зеро ӯ бовар дорад, ки бародараш зинда аст.

Ҳавопаймои якмуҳаррикаи Piper Malibu шоми 21-уми январ бо ду нафар: бозигари футбол Эмилиано Сала ва пилот аз фурудгоҳи шаҳри Нанти Фаронса баланд шуд. Вақте ҳавопаймо ба ҷазираи Ҷерсии Британия дар тангнои Ла-Манш наздик мешуд, пилот аз танзимгари парвозҳо иҷозаи поёншавӣ хост. Ҳавопаймо то 700 метр поён омад ва баъдан аз экрани радарҳо нопадид шуд.

Ҷустуҷӯро рӯзи сешанбе оғоз карданд. Бино ба баъзе хабарҳо, дар баҳр, наздикии ҷазираи Ҷерси, ашёи номаълум мушоҳида шуд, аммо пораҳои ҳавопаймо будани ин ашё тасдиқ нашудааст.

Вазъро пайғоми садоӣ, ки Сала аз дохили ҳавопаймо фиристод, бештар драматик кард. Нашрияи Clarin суханони бозигари футболро нашр кард, ки гуфтааст: "дар дохили ҳавопамоям, тавре менамояд, ки ҳавопаймо ҳоло пора мешавад... Агар то ним соати дигар аз ман хабаре нашуд, -намедонам оё онҳо касеро ба ҷустуҷӯ мефиристанд ё не, зеро онҳо намеёбанд, - он вақт медонед, ки чӣ ҳодиса шуд. Чӣ қадар ваҳмнок аст". Маълум нест, ки нигаронии бозигари футбол аз чӣ буд - ҳолати ҳавопаймо ё шароити боду ҳаво.

Эмилиано Салаи 28-сола солҳои тӯлонӣ дар Фаронса бозӣ мекард ва клуби охирини ӯ "Нант" буд.

Чанде пеш ӯ бо клуби "Кардифф Сити", ки дар бозиҳои лигаи олии Англия иштирок мекунад, ба маблағи рекордӣ дар таърихи клуб - 17 миллион евро қарордод имзо кард. Бозигари аргентинӣ барои бозии аввал дар ин даста ба Кардифф парвоз мекард.

Таъқиби муҳоҷирони корӣ баъди таркиши Магнитогорск афзоиш ёфт

Ҳусниддин Зайнобиддинов

Пас аз таркиши бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва як мусофирбар дар минтақаи Магнитогорск дар рӯзи 31-уми декабри соли 2018, боздошти гумонбарони ҳодисаҳо ҳанӯз идома дорад.

Ҳомиёни ҳуқуқ ва наздикони шаҳрванди Қирғизистон Ҳусниддин Зайнобиддинови 29-сола, ки аз сӯи Хадамоти амнияти Русия боздошт шудааст, мегӯянд, ӯро шаш соат шиканҷа кардаанд, то гуноҳи нокардаро ба дӯш бигирад.

Кормандони пулис санади ронандагон ва шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро месанҷанд, ки дар фурӯшгоҳи "Гранд" ва "Бозори сабз" дар кӯчаи Вокзалӣ кор мекунанд.

Раҳбарияти пулиси маҳаллӣ ин рейдҳоро на "поккории гуруҳӣ"-и муҳоҷирон, балки чораҳои муқаррарии пешгирикунанда меноманд. Бино ба хабарҳо, нозирони минтақавии Магнитогорск вазифадор шудаанд, ки дар ҷустуҷӯйи муҳоҷирон тамоми хонаҳоро як ба як бигарданд.

Сокини 29-солаи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон Ҳусниддин Зайнобиддинов яке аз онҳоест, ки дар натиҷаи рейдҳои ахир боздошт шуд. Ӯро мақомоти Қирғизистон бо ҷурми даст доштан дар ҳаводиси хунини соли 2010 дар ин кишвар ва иштирокаш дар "эътирозҳои ғайриқонунӣ" таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода буданд. Зайнобиддиновро маъмурони амниятӣ ва пулис рӯзи16 январ ҳамроҳи зану фарзандаш дар Магнитогорск, дар манзили иҷорааш, воқеъ дар наздикии бинои таркида боздошт карданд.

Ҳамсари Зайнобиддинов -- Ҳалимахон мегӯяд, шавҳари ӯро кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаш соат бозпурсӣ ва шиканҷа кардаанд. "Вақте дар бинои пулис бо ӯ мулоқот кардам, сару рӯяш сиёҳу чашмонаш сурх буд ва дар биниаш осори латтукӯб дида мешуд. Ҳусниддин гуфт, вайро дар шуъбаи пулис шаш соат шиканҷа карданд. Ба гӯшу сараш барқ мондаанд. Ӯ аз ҳуш рафтааст", -- изҳор дошт Зайнобиддинова. Ба гуфтаи ӯ, шавҳарашро маҷбур кардаанд, ки айбномаи сохтаро ба гардан бигирад.

Ҳусниддин Зайнобиддинов дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии рақами 2-и шаҳри Магнитогорск қарор дошта, рӯзҳои наздик аз Русия ба Қирғизистон истирдод хоҳад шуд.

Тоҷикистону Узбекистон ба баҳсҳои марзӣ нуқта мегузоранд

Гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистон ва Узбекистон

Гуруҳҳои кории Узбекистону Тоҷикистон тасмим доранд, ки то санаи 27 январ аломатгузории марзи ду кишварро ба анҷом расонанд. Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд.

Ҳайати ҳукуматии Тошканд имрӯзҳо дар Душанбе қарор дорад.

Дар гузашта Тоҷикистону Узбекистон марзи ду тарафро комилан мушаххас карда буданд. Ҳамакнун ду тараф дар харита хатти дақиқи марзиро муайян мекунанд.

Созишномаи байни байни ду давлат дар мавриди қитъаҳои алоҳидаи марзӣ дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар таърихи 9-10 марти соли 2018 имзо шуда буд.

Тоҷикистону Узбекистон 1332 километр марзи муштарак доранд.

Русия 11 муҳоҷири Осиёи Марказиро бо ҷурми терроризм то 18 сол зиндонӣ кард

Додгоҳи низомии шаҳри Москва рӯзи 23 январ 11 шаҳрванди Осиёи Марказиро бо ҷурми барномарезии ҳамлаи террористӣ маҳкум ба зиндон кард. Дар ин бора нашрияи "Московская газета" бо такя ба як манбаи худ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, тафтишот муайян кардааст, ки айбдоршавандаҳо ба гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" пайваста, мехостанд, дар шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург бо истифода аз силоҳ ва маводи таркандаи худсохт амали террористӣ анҷом диҳанд.

Додгоҳ ин 11 нафарро аз 6 то 18-солӣ зиндонӣ кард.

Муҳоҷирони тоҷик аз Русия $2,5 миллиард фиристодаанд

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон

Муҳоҷирони тоҷик соли гузашта аз Русия ба ватан дуним миллиард доллар фиристодаанд. Дар ин бора Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Душанбе, рӯзи 25-уми январ дар суҳбат бо оҷонсии РИА Новости хабар дод.

Ӯ гуфт, “пули интиқолӣ дар соли гузашта ба Тоҷикистон дуним миллиард доллар аст, ки бино ба омори мухталиф аз 35 то 37 дар сади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.”

Фролов гуфт, ба ҳисоби онҳо дар панҷ соли охир муҳоҷирони корӣ тавассути бонкҳо ба кишвар беш аз 15 миллиард доллар фиристодаанд. “Ин маблағ дар муқоиса ба ҷалби сармояҳои мустақим ба кишвар дар ин давра се баробар зиёдтар аст”, - афзуд ӯ.

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, солҳои охир интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия коҳиш ёфтааст. Дар моҳи ноябри соли гузашта Ҷамшед Нурмуҳаммадзода – раиси Бонки Миллии Тоҷикистон – дар ҷаласаи порлумон эътироф кард, ки кам шудани пули муҳоҷирон ба сармоягузории бахшҳои дигар, аз ҷумла кори бонкҳо таъсир гузоштааст.

То соли 2014 муҳоҷирони тоҷик солона аз Русия беш аз 4 миллиард доллар пул мефиристоданд, аммо ин рақам дар соли 2017 ба дуним миллиард доллар коҳиш ёфт. Ин рақам дар солҳои 2015 ва 2016 ҳатто ба таври рекордӣ то марзи як миллиарду дусад ҳазор ва як миллиарду нуҳсад ҳазор поин омада буд.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:21 0:00
XS
SM
MD
LG