Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Украина аз се қарордоди кишварҳои Муштаракулманофеъ хориҷ шуд

Нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил. 20-уми октябри соли 2018

Кабинети вазирони Украина қарор кард, ки фаъолияти се созишномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чаҳорчӯби кишварҳои Муштаракулманофеъро бекор кунад.

Инҳо қарордоди табодули байнидавлатии маълумоти иқтисодӣ, табодули маълумот дар бахши иқтисоди хориҷӣ ва ҳамкорӣ дар бахши фаъолиятҳои марбут ба иқтисоди хориҷӣ мебошанд.

Ду қарордоди аввал солҳои 1992 ва 1993 дар Минск ва Маскав имзо шудааст. Созишномаи сеюм дар бораи ҳамкорӣ дар бахши иқтисоди хориҷӣ 15-уми майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расид.

Бино ба қарори ҳукумати Украина, Вазорати умури хориҷии ин кишвар бояд дар кӯтоҳтарин фурсат кумитаи иҷроияи кишварҳои ҳамсудро аз қатъи фаъолияти қарордодҳои номбурда огоҳ кунад.

Моҳи декабри соли 2018 дар Украина қонун дар бораи манъи созишномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Русия, ки соли 1997 имзо шуда буд, ба иҷро даромад. Президенти Украина Петр Порошенко ин қарорро "танҳо як бахши стратегияи Киев барои шикастани гузаштаи истеъморӣ" унвон кард.

Пӯзиш

Ин мақола ба хотири бархе камбудиҳо дар стандартҳои таҳририи РАО/РО аз бойгонии Радиои Озодӣ пок шудааст. Имкон дорад матни таҳриршудаи ин мақола дар оянда чоп шавад

Ҷустуҷӯи ҳавопаймое, ки футболбоз Сала дар он буд, идома дорад

Эмилиано Сала

Ҷустуҷӯи ҳавопаймо ва бозигари футбол Эмилиано Сала дар ҷазираҳои Норманди тангнои Ла-Манш идома дорад.

Ҳавопаймои якмуҳаррикаи Piper Malibu шоми 21-уми январ бо ду нафар: бозигари футбол Эмилиано Сала ва пилот аз фурудгоҳи шаҳри Нанти Фаронса баланд шуд. Вақте ҳавопаймо ба ҷазираи Ҷерсии Британия дар тангнои Ла-Манш наздик мешуд, пилот аз танзимгари парвозҳо иҷозаи поёншавӣ хост. Ҳавопаймо то 700 метр поён омад ва баъдан аз экрани радарҳо нопадид шуд.

Ҷустуҷӯро рӯзи сешанбе оғоз карданд. Бино ба баъзе хабарҳо, дар баҳр, наздикии ҷазираи Ҷерси, ашёи номаълум мушоҳида шуд, аммо пораҳои ҳавопаймо будани ин ашё тасдиқ нашудааст.

Рӯзи чаҳоршанбе амалиёти ҷустуҷӯ бо истифода аз ҳавопаймоҳо идома ёфт.

Вазъро пайғоми садоӣ, ки Сала аз дохили ҳавопаймо фиристод, бештар драматик кард. Нашрияи Clarin суханони бозигари футболро нашр кард, ки гуфтааст: "дар дохили ҳавопамоям, тавре менамояд, ки ҳавопаймо ҳоло пора мешавад... Агар то ним соати дигар аз ман хабаре нашуд, -намедонам оё онҳо касеро ба ҷустуҷӯ мефиристанд ё не, зеро онҳо намеёбанд, - он вақт медонед, ки чӣ ҳодиса шуд. Чӣ қадар ваҳмнок аст". Маълум нест, ки нигаронии бозигари футбол аз чӣ буд - ҳолати ҳавопаймо ё шароити боду ҳаво.

Эмилиано Салаи 28-сола солҳои тӯлонӣ дар Фаронса бозӣ мекард ва клуби охирини ӯ "Нант" буд.

Чанде пеш ӯ бо клуби "Кардифф Сити", ки дар бозиҳои лигаи олии Англия иштирок мекунад, ба маблағи рекордӣ дар таърихи клуб - 17 миллион евро қарордод имзо кард. Бозигари аргентинӣ барои бозии аввал дар ин даста ба Кардифф парвоз мекард.

Фармондеҳи Толибон - тарҳрези ҳамла ба пойгоҳи низомӣ кушта шуд

Майдон Шаҳр -макони ҳамлаи пурқурбонии Толибон. 21 январ, 2019

Идораи амнияти Афғонистон рӯзи 23 январ дар як изҳорот аз кушта шудани фармондеҳи Толибон, тарҳрези ҳамлаи пурқурбонии ахир ба пойгоҳи низомӣ, хабар дод.

Ин ниҳод гуфт, ки фармондеҳи Толибон бо номи Ноҳмандро дар ҳамлаи ҳавоии шоми 22 январ маҳв карданд.

"Нерӯҳои амниятӣ дар ҳоле ба Ноҳманд якҷо бо ҳафт нафари дигар ҳамла карданд, ки ҳуввияташонро медонистанд.

"Хадамоти амнияти миллӣ террористонро таъқиб ва ҳамаи онҳоро маҳв мекунад",- омадааст дар изҳорот.

Мақомоти Толибон хабари марги ин фармондеҳи худро то ҳол шарҳ надодаанд.

Хадамоти амният мегӯяд, ки дар пайи ҳамлаи Толибон, рӯзи 21 январ ба тамрингоҳи низомӣ, 36 нафар кушта ва 58 нафар захмӣ шуд. Баъзе манбаҳои ҳукуматӣ ва амниятӣ теъдоди қурбониёнро 72 нафар номбар карданд.

Кремлин: Путин бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон меравад

Путин ва Ҷеенбеков дар Кремлин

Маскав тасдиқ кард, ки сафари Владимир Путин ба Қирғизистон барои соли равон барномарезӣ шудааст, аммо замонаш ҳанӯз мушаххас нест.

"Сафари давлатӣ ба Бишкек ба барномаи кории президент шомил аст",- гуфт сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи 23-юми январ ва афзуд, "ҳамоҳангии сафар аз каналҳои дипломатӣ ҷараён дорад".

Шарҳи Песков дар ҷавоб ба изҳороти мушовири сиёсати хориҷии президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков пахш шуд. Дониёр Сидиқов гуфт, Ҷеенбеков раиси ҷумҳури Русияро ба Қирғизистон даъват кард ва ин сафар эҳтимол охири моҳи март сурат гирад.

Интизор меравад, раҳбарони ду кишвар масъалаи тиҷорат, ҳамкориҳои иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ ва бунёди зербиноҳо дар Қирғизистонро баррасӣ кунанд.

Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, ки дар мулоқот вазъи муҳоҷирони қирғиз дар Русия низ матраҳ хоҳад буд.

Обшори Ниагара аз сардии зиёд қисман ях баст. АКС

Обшори Ниагара

Бинобар сардии аз ҳад беш обшори Ниагара дар марзи ИМА бо Канада қисман ях баст. Бар баъзе минтақаҳо дараҷи сардӣ ба манфи 30 баробар аст.

Кристиано Роналдо шартан аз озодӣ маҳрум шуд. ВИДЕО

Кристиано Роналдо

Футболбози дастаи “Ювентус”-и Италия Кристиано Роналду шартан аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯ рӯзи 22-юми январ шахсан ба додгоҳи Мадрид ҳозир шуд ва ҳукми додгоҳро эътироф кард.

Ӯ мувофиқат кардааст, ки ба хотири саркашӣ аз супурдани андоз наздик ба 19 миллион евро ҷарима супорад ва дар муқобил ҳабси 23-моҳаи ӯ шартӣ хоҳад буд.

Бар пояи қонунҳои Испания нафаре, ки бори аввал ҷиноят содир кардааст, "шартан" аз озодӣ маҳрум мешавад.

Дар гузашта дигар ситораҳои футболи дастаҳои маъруфи испанӣ, ба мисли ниммуҳофизатгари дастаи “Реал Мадрид” Лука Модрич ва капитани дастаи “Барселона” Лионел Мессӣ барои саркашӣ аз супурдани андоз муҷозот шудаанд. Ҳамаи онҳо бо пардохти ҷарима аз таъқиби қонунӣ ҷилавгирӣ кардаанд.

Барандаи панҷкаратаи "Тӯби тилоӣ" Кристиано Роналдо соли гузашта баъди пирӯзии дастаи “Реал Мадрид” дар Ҷоми қаҳрамонони Аврупо ба дастаи “Ювентус”-и Италия гузашт. Вай яке аз сарватмандтарин варзишгарони рӯи олам ба шумор меравад.

Кристиано Роналдо шартан аз озодӣ маҳрум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00

Изҳороти вазири меҳнат модарони серфарзандро ба шӯр овард

Занҳои қазоқ аз деҳкадае дар марзи Узбекистон

Модарони серфарзанди Қазоқистон аз президент Нурсултон Назарбоев даъват карданд, ки вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоиро барканор кунад. Мадина Абилқосимова ахиран 30-доллари давлатро ба оилаҳои соҳиби чаҳор фарзанд кумаки қобили таваҷҷуҳ номид.

"Ҳаҷми миёнаи таваррум имсол 5%-ро ташкил дод ва бинобар ин, кумакпулӣ низ афзоиш ёфт. Ин кумакпулӣ ҳар моҳ ба модароне дода мешавад, ки барои серфарзандӣ мукофотҳои давлатӣ гирифтаанд. Дар дигар кишварҳо таҷрибаи мазкур тақрибан вуҷуд надорад. Агар мо ҳаҷми солонаи онро ҳисоб кунем, чандин миллион танга мешавад", - гуфта буд Абилқосимова.

Модари серфарзанд Ирина Исобекова пас аз пахши суҳбати навбатии вазир ба президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев муроҷиат кард.

"Дар суҳбати нахустин мо метавонистем фикр кунем, ки ӯ ҷое иштибоҳ кард ё мо паёмашро нодуруст фаҳмидем, вале суханҳои ахири ӯ мавқеашро равшан карданд. Ӯ аз мушкили мо хеле дур аст. Ман намедонам, он ҷо кист, ки ҳаҷми кумакпулиро муайян мекунад. Онҳо ягон бор харҷи зиндагиро бо ин маблағ таҷриба карда бошанд?", - мегӯяд Исобекова.

Аз мавқеи Исобекова модарони серфарзанди дигар низ ҷонибдорӣ карданд. Онҳо ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ флешмобро ба роҳ монданд. Бархеашон видеоҳое ба навор гирифта, баъзеи дигар ҳаҷми кумакпулиро ҳисоб мекунанд.

Дар Қазоқистон оилаҳое серфарзанд шумурда мешаванд, ки чаҳор ё зиёда аз он фарзанд доранд. Занҳое, ки шаш фарзанд доранд, бо нишони давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ирина Исобекова мегӯяд, то ҳол аз давлат ҳеч гуна кумакпулие нагирифтааст, зеро натавонист ҳуҷҷатҳои лозимиро ҷамъоварӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, харҷи ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо аз кумакпулӣ бештар аст. Мақомоти Қазоқистон муроҷиати модари серфарзандро ба президент то ҳол шарҳ надодаанд.

Идораи истихборот аз таҳдидҳо ба ИМА ҳушдор дод

Дан Коутс - раҳбари идораи истихбороти миллии ИМА

Дар солҳои оянда Русия ва Чин талош мекунанд, бо истифода аз вазъияти нав, ки боиси заъиф шудани назми байналмилалӣ шудааст, Амрикоро ба чолиш бикашанд.

Чунин баёния дар стратегияи нави иктишофии ИМА зикр шудааст, ки рӯзи сешанбе нашр гардид.

Тамоюлҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла нақши институтсияҳои байналмилалӣ, ҳамла ба демократия ва инзивои сохторҳои давлатии кишварҳои Ғарб дар ояндаи наздик бартарӣ хоҳанд дошт, менависанд таҳлилгарони амрикоӣ. "Талошҳои давомдори Русия барои бештар кардани нуфузу қудраташ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бо манфиатҳои ИМА дар ҳоли мухолифат қарор доранд", - омадааст дар гузориш. "Аслиҳасозии Чин ва талоши ин кишвар барои ҳукмронии иқтисодӣ ва ҳудудӣ дар уқёнуси Ором боиси нигаронӣ аст", - афзудаанд таҳлилгарон. Ҳарчанд ба гуфтаи онҳо имкони ҳамкориҳои муштарак бо Пекин дар заминаи манфиати мутақобил вуҷуд дорад.

Ин гуна гузориш дар 4 сол як маротиба нашр мешавад. Баъди ҳамлаи 11 сентябри соли 2001 иктишофи амрикоӣ созмонҳои террористиро барои ИМА хатари асосӣ унвон кард. Ҳамакнун таваҷҷуҳ ба ноустувории ҷаҳон равона шудааст.

Сенати ИМА тарҳҳои хатми "Шатдаун"-ро ба овоз мемонад

Сенатор Митч Макконелл

Сенати ИМА рӯзи панҷшанбе ба ду тарҳе райъ медиҳад, ки ҷумҳурихоҳон ва демократҳо барои поён додан ба "шатдаун" ё азсаргирии кори ҳукумати федеролӣ пешниҳод кардаанд. "Шатдаун" ё қисман аз фаъолият бозмондани ҳукумати Амрико беш аз як моҳ боз ҷараён дорад.

Раҳбари ҷиноҳи аксарияти ҷумҳурихоҳон дар Сенат Митч Макконелл тарҳи худро барои сармоягузории бахшҳои алоҳидаи хадамоти давлатӣ, бо шумули девори амниятӣ дар марз бо Мексика ва то се сол тамдид кардани барномаи ҷилавгирӣ аз депортатсияи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки дар кӯдакӣ ба Амрико омадаанд, пешниҳод мекунад. Аз ин қишр демократҳо пуштибонӣ мекунанд. Аммо раҳбарияти Ҳизби Демократ мухолифати худро бо ин тарҳ аз пеш баён кард. Демократҳо тарҳеро пешниҳод мекунанд, ки азсаргирии фаъолияти ҳукуматро бо шумули таъмини амнияти марз дар назар дорад, аммо сармоягузории деворро пешбинӣ намекунад. Тармп ва раҳбарияти Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар Конгресс бар сари бунёди ин девор пофишорӣ доранд.

Интизор меравад, ки яке аз ин тарҳҳо райъи зарурӣ намегирад. Раҳбари ақалиятҳои демократ дар Сенат Чак Шумер пешниҳоди ҷумҳурихоҳонро дар муқоиса бо пешниҳоҳои қаблӣ "радикал" номид ва гуфт, ки он ба вуруди муҳоҷирон аз Амрикои Марказӣ монеа эҷод мекунад.

Митч Макконелл демократҳоро ба ин муттаҳам кард, ки "муборизаи сиёсӣ бо президнтро аз ҷустуҷӯи роҳи азсаргирии фаъолияти ҳукумат авлотар медонанд".

Оҳоздиҳӣ дар Сенат бори аввал имкон медиҳад, ки сатҳи пуштибонии мавқеи расмии ҳизбҳо арзёбӣ шавад. Ҳоло маълум нест, ки оё ҳамаи сенаторҳои ҷумҳурихоҳ аз пешниҳоди Макконелл пуштибонӣ мекунанд ё не.

Тафтишот навори бозпурсии гумонбари рабудани ҳавопайморо нашр кард

Кормандони Кумитаи тафтишоти Русия дар фурӯдгоҳи Ханти- Мансииск. 22 январ, 2019

Кумитаи тафтишоти Русия навори бозпурсии Павел Шаповалов, мусофири хатсайри Сургут-Маскавро дар Ютуб нашр кард, ки рӯзи 22 январ талаб кард, ҳавопаймо ба Афғонистон парвоз кунад.

Дар навори баъди нишасти изтирории ҳавопаймо дар фурудгои Ханти-Мансииск ва боздошти гумонбар, муфаттишон аз Шаповалов пурсиданд, ки чаро талаб кард ҳавопаймо ба Афғонистон парвоз кунад. Ӯ гуфт "на ҳама чӣ ба андозае содда аст, ки дар назари аввал менамояд". Аз сӯи дигар ӯ тасдиқ кард, ки "Афғонистон аслан даркор набуд".

Гумонбар ҳамчунин ба суоле, ки оё бо худ ба ҳавопаймо силоҳ бурда буд, ё қабл аз парвоз нашъа ё маводи нашъадор истеъмол карда буд, посухи манфӣ дод.

Аммо меҳмондори аслии ҳавопаймо Ева Крайчек ба хабарнигорон гуфт, ки "ӯ равон сӯҳбат мекард, бӯи машрубот намедод ва ба назар намерасид, ки нашъа кашида бошад, барои ҳамин суханони ӯ ҷиддӣ гирифта шуд". Меҳмондор ҳамчунин гуфт, ки Шаповалов таҳдид кард, ки дар сурати иҷро нашудани талабаш аз силоҳ кор мегирад.

Ба гуфтаи меҳмондор ҳайъати сарнишинҳо аз рӯи дастур кор кард ва воҳима дар ҳавопамйо вуҷуд надошт. Ҳавопамо гӯё барои гирифтани маводи сухт дар Ханти-Мансииск нишаст. Шаповалов боздошт шуд, касе аз мусофирон осеб надид.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Муҷозоти чунин ҷурм аз рӯи қонуни ҷиноии Русия то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Туҳфаи $8-миллионии Алишер Усмонов ба Маркази исломии Тошканд

Миллиардери узбектабори Русия Алишер Усмонов

Раиси Маркази тамаддуни исломии Узбекистон Шоазим Миноваров хабар дод, ки олигархи узбектабори Русия Алишер Усмонов ба ин марказ 4 ҳазору 923 китоби нодирро ба маблағи 8 миллион доллар туҳфа кард.

Хабаргузории давлатии Узбекистон бо истинод ба Миноваров навиштааст, ки "ин китобҳо асарҳои нодиреанд, ки бо забонҳои лотинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ дар асрҳои XIII дар бораи таъсири шарқшиносӣ ва ҷаҳони Ислом ба Аврупо навишта шудаанд".

Зодаи шаҳри Намангон сарватманди Русия Алишер Усмонво дар суҳбат бо маҷаллаи Forbes 20 декабри 2018 гуфт, бо пуле, ки аз фурӯши дастаи футболи "Арсенал" ба даст овардааст, дар Узбекистон, аз ҷумла дар Маркази тамаддуни исломии ин кишвар тарҳҳоеро иҷро мекунад.

Усмонов он замон гуфта буд, ки аллакай ба Маркази исломии шаҳри Тошканд 100 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Дар Қазоқистон волидони хонандаҳои рӯймолпӯш ҷарима шуданд

Дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон волидони ду хонаводае ҷарима шуданд, ки духтарҳояшон дар робита ба манъи бастани рӯймол дар мактаб ба дарсҳо намерафтанд.

Мудири Департаменти назорат дар бахши маорифи вилояти Оқтеппа Жанар Муҳамбеталина гуфт, волидони ду хонандаи мактабҳои № 8 ва № 60-и шаҳри Оқтеппа 12 ҳазору 625 тенгаӣ (ҳудуди 30 доллар) "барои иҷро накардани уҳдадориҳои худ, ки қонун пешбинӣ кардааст", ҷарима карда шуданд.

Ба иттилои департамент, дар ҳоли ҳозир дар вилоят 10 хонандае ба қайд гирифта шудааст, ки аз аввали соли хониш ба далели "риоя накардани талаботи либоси ягонаи мактабӣ" ба дарсҳо роҳ дода намешаванд. Мақомот мегӯянд, бо волидони онҳо суҳбат доранд.

Дар Оқтеппа соли гузашта 33 падару модарро барои ба мактаб рафтани духтарҳояшон бо рӯймол ҷарима карда буданд. Сауле Баймагамбетова, омӯзгори физика дар мактаби № 31, ки пештар мудир буд, мегӯяд, дар пайи баҳсҳо атрофи рӯймол маҷбур шуд, аз мақомаш истеъфо диҳад.

Додгоҳи Остона моҳи декабри соли 2017 шикояти даҳҳо падару модареро қонеъ накард, ки мегуфтанд, қарори раҳбарияти мактабҳо барои роҳ надодани духтаронашон бо рӯймол ба дарс ғайриқонунӣ аст.

Барфбод ҳаракати нақлиётро дар чанд вилояти Туркманистон душвор кард

Дар вилоятҳои Дашоғуз ва Балкани Туркманистон дар натиҷаи борону барфи зиёд роҳҳо баста ва симҳои барқ садама дидаанд. Дар натиҷа чандин деҳа дар ин вилоятҳо бе барқ мондаанд. Дар чанд рӯзи охир дар қисме аз вилоятҳои Туркманистон ҳарорати ҳаво аз 0 поён аст. Хабар дода мешавад, ки сардиҳои рӯзҳои охир боис ба марги ҳайвонҳои хонагӣ шудааст.

Номзадҳо ба ҷоизаи Оскар маълум шуданд

Академияи синамои Амрико номзадҳо ба ҷоизаи "Оскар"-ро эълон кард.

Филмҳои "Китоби сабз", "Ситора тавлид шуд", "Баргузида", "Ҳокимият", "Юзи сиёҳ" ва "Рапсодияи боҳемӣ" дар бахши филми беҳтарин номзад пешниҳод шуданд.

Дар бахши беҳтарин ҳунарманди мард Вигго Мортенсен, Брэдли Купер, Рами Малек, Кристиан Бэйл ва Уилиам Дефо сабқат мекунанд. Леди Гага, Мелисса Маккарти, Ялициа Апарисио, Гленн Клоуз ва Оливия Коулмен дар бахши беҳтарин ҳунарманди зан номзад шудаанд.

Тақдими ҷоизаи "Оскар" имсол рӯзи 24-уми феврал дар Лос-Анҷелес баргузор мешавад.

Юлия Тимошенко довталаби курсии президентии Украина шуд

Юлия Тимошенко

Номзадии нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ мешавад. Ӯ дар ин бора рӯзи 22-юми январ дар анҷумани ҳизби "Баткившина", ки худ раҳбараш аст, хабар дод. Вакилон номзадии Тимошенкоро якдилона пазируфтанд.

Тимошенко ҳангоми суханронӣ дар анҷуман барои "иштибоҳҳо"-и гузаштааш узр хост ва гуфт, бо Кремл ягон робита надорад. Нахуствазири пешин ҳамчунин гуфт, ноҳияҳои Донбассро, ки аз назорати Украина хориҷ шудаанд, бармегардонад.

Дар анҷумани ҳизби "Баткившина" усқуфи Украина Филарет суханронӣ ва аз Перт Порошенко - рақиби Юлия Тимошенко барои санади истиқлолияти Калисои Православии Украина изҳори сипос кард.

Аз рӯи назарсанҷиҳо Юлия Тимошенко дар сабқати президентӣ пешсаф аст.

Суқути бомбандози Русия дар Мурманск. Хисороти ҷонӣ ҳаст

Ҳавопаймои бомбандози

Ҳавопаймои ҷангии ТУ-22МС рӯзи 22-юми январ ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Оленгорски вилояти Мурманск ба садама дучор шуд.

Хабаргузории ТАСС навишт, аз чаҳор нафаре, ки дар ҳавопаймо буд, ду нафар - фармондеҳи ҳавопаймо ва штурман зинда монд. Хабари ду кушта ва ду наҷотёфтаро хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба манбаъҳои Вазорати дифои Русия тасдиқ кард.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки ҳавопаймо ба хати парвоз бархӯрд ва суқут кард. Ту-22 бидуни силоҳ парвози тамринӣ анҷом медод.

Ба гуфтаи идораи тарҳҳои "Туполев", ҳавопаймо соли 1986 сохта шуд ва бори охир соли 2012 аз таъмири асосӣ гузашт.

Ҳавопаймоҳои Ту-22 модификатсияи М3 аз охири солҳои 1970 мавриди истифода қарор доранд. Нусхаҳои охирини он авоили соли 1990, баъди суқути Шӯравӣ сохта шуданд. Вазорати дифои Русия аз барномаи бозсохти даҳҳо ин навъи ҳавопаймо хабар додааст.

Таркиш дар корхонаи нафти Гулистон. Як кушта ва ду захмӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи таркиш дар корхонаи коркарди нафти шаҳри Гулистони вилояти Суғд як нафар ба ҳалокат расида, ду тани дигар, аз ҷумла як шаҳрванди Чин маҷруҳ шудаанд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 22-юми январ рух дод. Ба иттилои расмӣ, дар корхонаи "Манфиат" аввал сӯхтор сар зада ва сипас таркиш шудааст.

Сабаби сӯхтор “риоя накардани қоидаҳои бехатарии маводи зуддаргиранда” гуфта мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳодиса Фирдавс Пӯлодов, сокини 26-солаи шаҳри Гулистон ҷон бохтааст.

“Ду нафари маҷруҳ Комилҷон Олимҷонов, сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Жо Су Син, шаҳрванди Хитой ҳастанд. Онҳо дар бемористони шаҳри Гулистон бистарӣ шуда, вазъи саломатиашон мӯътадил аст”, - гуфтанд дар ВКД.

Додситонии шаҳри Гулистон ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст.

Кумитаи тафтишот: Мусофире, ки парвози ҳавопаймо ба Афғонистонро талаб кард, боздошт нашудааст

Даромадгоҳи фурудгоҳи Ханти-Мансийск

Кумитаи тафтишоти Русия хабарҳо дар бораи боздошт шудани мусофиреро, ки парвози ҳавопаймо ба Афғонистонро талаб карда буд, рад кард. Дар изҳороти ахири ин ниҳоди қудратӣ гуфта мешавад, ки гумонбар дар ғасби ҳавопаймо дар дохили ҳавопаймо ҳамроҳ бо дигар мусофирон қарор дорад.

Чанде пеш хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, ки як мусофири 41-солаи шаҳрванди Русия дар ҳавопаймои хатсайри Сургут-Маскав талаб кард, ки ҳавопаймо ба самти Афғонистон парвоз кунад.

РИА Новости бо истинод ба манбаи беномаш гуфт, ки ходимони экипаж тавонистанд бо баҳонаи сӯхтгирӣ ҳавопайморо дар фурудгоҳи Ханти-Манскийск фуруд оранд. Ин манбаъ гуфтааст, ки мусофир маст буд. РЕН ТВ навишт, ки марди ҳавопайморо “ғасбкарда” мусаллаҳ буд. ТАСС бо такя ба хадамоти изтирорӣ навишт, ки дар дохили ҳавопаймо ҳодисаи “авбошӣ” рух додааст. Фарзияи дигар ҳам вуҷуд дорад, ки мард метавонад мушкилоти равонӣ дошта бошад. Интерфакс навиштааст, ки ин мард дар гузашта ҳам барои содир кардани қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҳолати мастӣ борҳо боздошт шудааст.

Дар дохили ҳавопаймо беш аз 70 мусофир, аз ҷумла панҷ кӯдак ва 7 узви экипаж қарор доштанд. Ба навиштаи Телеграм-канали "Мэш", дар дохили ҳавопаймо ҳама орому сокит аст ва халабон баъди фуруд овардани ҳавопаймо ба мусофирон гуфтааст, ки ором бошанд ва ҳавопаймо барои сӯхтгирӣ дар фурудгоҳи Ханти-Мансийск нишастааст.

Дар фурудгоҳи Ханти-Манскийск хадамоти изтирорӣ ва полис ҷамъ шудаанд.

ТАСС бо такя ба манбаааш дар сохторҳои қудратӣ мегӯяд, ки ба ин мард метавонанд бар асоси моддаи «Дуздии ҳавопаймо ваё киштӣ” айб эълон кунанд.

Украина: Киштиҳои оташгирифта ба Сурия маводи сӯхт мебурданд

Яке аз ду киштии борбар, ки дар тангнои Керч оташ гирифт. 21-уми январи соли 2019

Ду киштии таҳти парчами Танзания, ки шоми 21-уми январ дар баҳри Сиёҳ, наздикии тангнои Керч оташ гирифта, дастикам 14 нафарро ба ҳалокат расонд, дар қочоқи сӯзишворӣ ба Сурия даст доранд. Дар ин бора Вазорати Украина дар умури қаламравҳои ишғолшуда рӯзи сешанбе бо пахши як изҳорот хабар дод.

Дар изҳорот омадааст, "бино ба маълумоти Идораи умури назорат ба дороиҳои хориҷӣ дар Вазорати молияи Амрико, киштиҳои "Венис" ва "Маэстро" аз соли 2016 ба ин тараф ба Сурия гази моеъ мебурданд."

Дар изҳорот, инчунин, гуфта мешавад, ки киштиҳо ба бандарҳои Қрими ишғолшуда низ ворид мешуданд. Вале онҳо сенсори муайянкунандаи рақами киштиҳо AIS-ро хомӯш мекарданд, то аз таҳдиди таҳримҳои байналмилалӣ канор раванд.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 20-уми январ киштиҳо аз бандари Темрюки Русия берун омаданд. Сӯхтор ҳангоми интиқоли гази моеъ ба киштии дигар дар истгоҳи баҳрӣ, 15-километрии соҳил, ба вуқуъ пайваст.

Украина Русияро ба эҷоди таҳдиди хатар ба ҳаракати киштиҳо дар тангнои Керч муттаҳам кард.

Рӯзи гузашта дафтари матбуотии "Росморречфлот" гуфт, ки шанси зинда пайдо кардани одамон баъди ин сӯхтор дар миён нест. Ҳалокати 14 маллоҳ ва наҷот ёфтани 12 нафар тасдиқ шуд. Шаш нафар нопадид шудааст.

Ба ҳайати сарнишонони киштиҳо шаҳрвандони Туркия ва Ҳиндустон шомил буданд. Дар байни онҳо русҳо ва украиниҳо ҳузур надоштанд. Сӯхтор ба ҳаракати киштиҳо дар тангнои Керч халал ворид накард.

Баъди эътирозҳои густарда парвандаи нави блогнависи озарӣ лағв шуд

Эътрози густарда бо талаби озодии блогнавис Меҳмон Ҳусейнов

Мақомоти Озарбойҷон иттиҳоми нави блогнависи зиддифасод Меҳмон Ҳусеновро лағв карданд. Дар ин бораи Додситонии кулли Озарбойҷон хабар дод. Ҳусейнов ду сол боз дар зиндон аст. "Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Меҳмон Ҳусейнов бекор карда шуд",- гуфт дафтари матбуоти додситонӣ рӯз 22 январ, ба думболи тазоҳуроти густарда ва талаби озодии Ҳусейнов дар дохил ва хориҷи Озарбойҷон.

Дар баробари намоиши эътирозии серодами рӯзи 19 январ дар Боку, Порлумони Аврпуо бо талаби озодии оҷили Ҳусейнов қатънома қабул кард.

Ҳусейнов ҳоло бо ҷурми "туҳмат" ҳукми дусолаи зиндон пушти сар мекунад, ки худаш ва ҷонибдоронаш онро ҳукми дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Правандаи нав, ки акнун бекор шуд, дар заминаи банди "зуроварии хатарнок ба ҳаёти намояндаи ҳукумат" ва дар фосилаи чанд ҳафта аз анҷоми ҳукми зиндон боз шуда буд.

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати молия ва Дастгоҳи президент

Ҷамшед Нурмаҳмадиён

Дар Вазорати молия ва Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон чанд тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми январ нашр шуд, Ҷамшед Нурмаҳмадиён "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз вазифаи муовини вазири молия озод гардид. Нурмаҳмадиён 46 сол дошта, қаблан дар Оҷонси рушди коғазҳои қиматбаҳо кор кардааст. Аз моҳи марти соли 2015 муовини вазири молия буд. Ҳоло Абдураҳмон Ҳалимзод ва Карим Гулмуродзода муовинони нави вазири молия муаррифӣ шуданд. Гулмуродзода то ин дам муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон буд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Ҷамшед Нурмаҳмадиён ба кадом мақом таъйин шудааст. Бино ба қарорҳои дигари ҳукумат, Аъламхон Наимӣ сардори раёсати молия, Лутфия Абдухолиқзода сардори раёсати илм ва Суннатулло Мирзозода сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъйин шудаанд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, рӯзи сешанбе дар идораи Хоҷагии манзиливу коммуналӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ ва Вазорати саноат низ баъзе тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.

Ситораи попи Русия аз тарси боздошташ сафари ИМА-ро лағв кард

Эмин Агаларов

Ситораи попи Русия Эмин Агаларов баъди шикасти музокирот бо прокурори махсус ва Когресси ИМА сафари ҳунариаш ба Амрикоро бекор кард. Агаларов бояд дар робита ташкили мулоқоти писари номзад ба мақоми президентии ИМА ва ҳуқуқдони Русия Наталя Веселнитская, соли 2016 дар Trump Tower, ба ин ду ниҳод шоҳидӣ медод.

Эмин Агаларови 39-сола писари миллиардери сохтмон Арас Агаларов, ҳамкори муҳими тиҷоратии Трамп дар Русия аст.

Эмин Агаларов рӯзи 21 январ дар твиттер навишт: "Бинобар вазъияте, ки хориҷ аз назорати ман аст, маҷбур шудам консертҳои барномарезишуда дар ИМА ва Канадаро лағв кунам". Веселнитская баъди даст ёфтан ба ин мулоқот ваъда кардааст, ки дар бораи номзади Ҳизби Демократ Ҳиллари Клинтон маводи бадномкунанда медиҳад. Мулоқот моҳи июни соли 2016, се моҳ пеш аз баргузории интихоботи президентӣ сурат гирифт.

Ба гуфтаи CNN, якчанд кумитаи Конгресс ва прокурори махсус Роберт Мюлер, ки эҳтимоли дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрикоро таҳқиқ мекунад, мехостанд ба Эмин Агаларов дар работа ба мулоқоти Trump Tower суол диҳанд. Соли гузашта Кумитаи миллии Ҳизби демократ Агаларовҳоро ба созиш бо Доналд Трамп ва Русия, бо ҳадафи дахолат дар интихобот, муттаҳам кард.

Скотт Балбер, - вакили Эмин Агаларов мегӯяд, ки миёнаҳои соли гузашта бо тими прокурори махсус ва Кумитаҳои мухталифи Конгресс дар тамос шуд ва гуфт, ки зерҳимояаш омодааст ихтиёран ба суолҳои онҳо ҷавоб гӯяд. Аммо, ба гуфтаи вакил, ин шартҳо лағв шуданд ва пешниҳод шуд, ки зерҳимояи таҳти савганд шоҳидӣ диҳад.

Мақоми нави писари Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳукумат

Амирҷони Убайдулло. Акс аз вебсайти президенти Тоҷикистон, соли 2014

Амирҷони Убайдулло, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон мушовири калони ёвари президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъйин шуд. Дар ин бора рӯзи 22-юми январ амри президенти Тоҷикистон содир гардид. Вай аз соли 2014 боз дар вазифаи муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи президент кор мекард. Амирҷони Убайдулло қаблан ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул низ кор кардааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев солҳои тӯлонӣ шаҳрдори Душанбе буд ва аз соли 2000 боз раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аси. Писари дигари ӯ Ҷамолиддин Убайдуллоев феълан сафири Тоҷикистон дар Фаронса ва ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар созмони ЮНЕСКО аст.

Хуруҷи афсарони эҳтиётии Туркманистон аз кишвар мамнуъ шуд

Сарбозони артиши Туркманистон

Туркманистон берун рафтани сарбозони эҳтиётӣ ба хориҷи кишварро мамнуъ кард. Аз моҳи ноябр афсарони эҳтиётиро ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват ва аз онҳо талаб мекунанд, ки дар макони сабти номашон ҳозир бошанд. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ бо такя ба манбае дар ниҳоди низомии Туркманистон хабар медиҳад.

Комиссариатҳои низомӣ дастур гирифтаанд, ки мардҳои то 50 соларо ба манзури коршоям будани онҳо дар амалиёти низомӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд,- гуфтааст ин манбаъ ба Радиои Озодӣ.

Қариб тамоми навоҳии наздимарзии Афғонистонро, ки бо Туркманистон марзи муштарак доранд, ҷангиёни мусаллаҳ, асосан Толибон назорат мекунанд, мегӯяд бахши Туркмании Радиои Озодӣ. Тӯли марзи байни Туркманистон ва Афғонистон 800 километр аст ва эҳтимоли даргириҳо дар марз мақомоти низомиро нигарон кардааст.

Манбаи низомӣ ба бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи "вазъи ногувор"-и артиши Туркманистон хабар додааст. "Мо аз таҷрибаи пешбурди ҷанг бархурдор нестем. Фармондеҳӣ музокирот бо Толибон ва гурӯҳҳои дигар ва "харидан"-и онҳоро ягона илоҷи кор медонанд. Ҳамеша ҳамин тавр буд, ин шева аз замони раҳбарии Сафармурод Ниёзов амал мекард. Ӯ мегуфт, шумо кишварро ҳимоя накунед, ман худам ҳимоя мекунам, шумо равед пахта чинед ва ба кишоварзӣ машғул шавед", навиштааст бахши туркманӣ аз қавли ин манбаъ.

Аввали моҳи январи соли 2019 нашрияи "Хроника Туркменистана" низ аз оғози даъвати афсарони эҳтиётӣ ба комиссариатҳо хабар дод. Аз тамоми мардҳое, ки дар идораҳои давлатӣ ва муассисаҳо кор меунанд, талаб шуд, ки оҷилан билети ҳарбии худро ба бахши кадрҳо таслим кунанд.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Тарс аз вируси нав дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
XS
SM
MD
LG