Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Номзадҳо ба ҷоизаи Оскар маълум шуданд

Академияи синамои Амрико номзадҳо ба ҷоизаи "Оскар"-ро эълон кард.

Филмҳои "Китоби сабз", "Ситора тавлид шуд", "Баргузида", "Ҳокимият", "Юзи сиёҳ" ва "Рапсодияи боҳемӣ" дар бахши филми беҳтарин номзад пешниҳод шуданд.

Дар бахши беҳтарин ҳунарманди мард Вигго Мортенсен, Брэдли Купер, Рами Малек, Кристиан Бэйл ва Уилиам Дефо сабқат мекунанд. Леди Гага, Мелисса Маккарти, Ялициа Апарисио, Гленн Клоуз ва Оливия Коулмен дар бахши беҳтарин ҳунарманди зан номзад шудаанд.

Тақдими ҷоизаи "Оскар" имсол рӯзи 24-уми феврал дар Лос-Анҷелес баргузор мешавад.

Юлия Тимошенко довталаби курсии президентии Украина шуд

Юлия Тимошенко

Номзадии нахуствазири пешини Украина Юлия Тимошенко ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ мешавад. Ӯ дар ин бора рӯзи 22-юми январ дар анҷумани ҳизби "Баткившина", ки худ раҳбараш аст, хабар дод. Вакилон номзадии Тимошенкоро якдилона пазируфтанд.

Тимошенко ҳангоми суханронӣ дар анҷуман барои "иштибоҳҳо"-и гузаштааш узр хост ва гуфт, бо Кремл ягон робита надорад. Нахуствазири пешин ҳамчунин гуфт, ноҳияҳои Донбассро, ки аз назорати Украина хориҷ шудаанд, бармегардонад.

Дар анҷумани ҳизби "Баткившина" усқуфи Украина Филарет суханронӣ ва аз Перт Порошенко - рақиби Юлия Тимошенко барои санади истиқлолияти Калисои Православии Украина изҳори сипос кард.

Аз рӯи назарсанҷиҳо Юлия Тимошенко дар сабқати президентӣ пешсаф аст.

Суқути бомбандози Русия дар Мурманск. Хисороти ҷонӣ ҳаст

Ҳавопаймои бомбандози

Ҳавопаймои ҷангии ТУ-22МС рӯзи 22-юми январ ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Оленгорски вилояти Мурманск ба садама дучор шуд.

Хабаргузории ТАСС навишт, аз чаҳор нафаре, ки дар ҳавопаймо буд, ду нафар - фармондеҳи ҳавопаймо ва штурман зинда монд. Хабари ду кушта ва ду наҷотёфтаро хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба манбаъҳои Вазорати дифои Русия тасдиқ кард.

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки ҳавопаймо ба хати парвоз бархӯрд ва суқут кард. Ту-22 бидуни силоҳ парвози тамринӣ анҷом медод.

Ба гуфтаи идораи тарҳҳои "Туполев", ҳавопаймо соли 1986 сохта шуд ва бори охир соли 2012 аз таъмири асосӣ гузашт.

Ҳавопаймоҳои Ту-22 модификатсияи М3 аз охири солҳои 1970 мавриди истифода қарор доранд. Нусхаҳои охирини он авоили соли 1990, баъди суқути Шӯравӣ сохта шуданд. Вазорати дифои Русия аз барномаи бозсохти даҳҳо ин навъи ҳавопаймо хабар додааст.

Таркиш дар корхонаи нафти Гулистон. Як кушта ва ду захмӣ

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи таркиш дар корхонаи коркарди нафти шаҳри Гулистони вилояти Суғд як нафар ба ҳалокат расида, ду тани дигар, аз ҷумла як шаҳрванди Чин маҷруҳ шудаанд.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 22-юми январ рух дод. Ба иттилои расмӣ, дар корхонаи "Манфиат" аввал сӯхтор сар зада ва сипас таркиш шудааст.

Сабаби сӯхтор “риоя накардани қоидаҳои бехатарии маводи зуддаргиранда” гуфта мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳодиса Фирдавс Пӯлодов, сокини 26-солаи шаҳри Гулистон ҷон бохтааст.

“Ду нафари маҷруҳ Комилҷон Олимҷонов, сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Жо Су Син, шаҳрванди Хитой ҳастанд. Онҳо дар бемористони шаҳри Гулистон бистарӣ шуда, вазъи саломатиашон мӯътадил аст”, - гуфтанд дар ВКД.

Додситонии шаҳри Гулистон ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст.

Кумитаи тафтишот: Мусофире, ки парвози ҳавопаймо ба Афғонистонро талаб кард, боздошт нашудааст

Даромадгоҳи фурудгоҳи Ханти-Мансийск

Кумитаи тафтишоти Русия хабарҳо дар бораи боздошт шудани мусофиреро, ки парвози ҳавопаймо ба Афғонистонро талаб карда буд, рад кард. Дар изҳороти ахири ин ниҳоди қудратӣ гуфта мешавад, ки гумонбар дар ғасби ҳавопаймо дар дохили ҳавопаймо ҳамроҳ бо дигар мусофирон қарор дорад.

Чанде пеш хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, ки як мусофири 41-солаи шаҳрванди Русия дар ҳавопаймои хатсайри Сургут-Маскав талаб кард, ки ҳавопаймо ба самти Афғонистон парвоз кунад.

РИА Новости бо истинод ба манбаи беномаш гуфт, ки ходимони экипаж тавонистанд бо баҳонаи сӯхтгирӣ ҳавопайморо дар фурудгоҳи Ханти-Манскийск фуруд оранд. Ин манбаъ гуфтааст, ки мусофир маст буд. РЕН ТВ навишт, ки марди ҳавопайморо “ғасбкарда” мусаллаҳ буд. ТАСС бо такя ба хадамоти изтирорӣ навишт, ки дар дохили ҳавопаймо ҳодисаи “авбошӣ” рух додааст. Фарзияи дигар ҳам вуҷуд дорад, ки мард метавонад мушкилоти равонӣ дошта бошад. Интерфакс навиштааст, ки ин мард дар гузашта ҳам барои содир кардани қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҳолати мастӣ борҳо боздошт шудааст.

Дар дохили ҳавопаймо беш аз 70 мусофир, аз ҷумла панҷ кӯдак ва 7 узви экипаж қарор доштанд. Ба навиштаи Телеграм-канали "Мэш", дар дохили ҳавопаймо ҳама орому сокит аст ва халабон баъди фуруд овардани ҳавопаймо ба мусофирон гуфтааст, ки ором бошанд ва ҳавопаймо барои сӯхтгирӣ дар фурудгоҳи Ханти-Мансийск нишастааст.

Дар фурудгоҳи Ханти-Манскийск хадамоти изтирорӣ ва полис ҷамъ шудаанд.

ТАСС бо такя ба манбаааш дар сохторҳои қудратӣ мегӯяд, ки ба ин мард метавонанд бар асоси моддаи «Дуздии ҳавопаймо ваё киштӣ” айб эълон кунанд.

Украина: Киштиҳои оташгирифта ба Сурия маводи сӯхт мебурданд

Яке аз ду киштии борбар, ки дар тангнои Керч оташ гирифт. 21-уми январи соли 2019

Ду киштии таҳти парчами Танзания, ки шоми 21-уми январ дар баҳри Сиёҳ, наздикии тангнои Керч оташ гирифта, дастикам 14 нафарро ба ҳалокат расонд, дар қочоқи сӯзишворӣ ба Сурия даст доранд. Дар ин бора Вазорати Украина дар умури қаламравҳои ишғолшуда рӯзи сешанбе бо пахши як изҳорот хабар дод.

Дар изҳорот омадааст, "бино ба маълумоти Идораи умури назорат ба дороиҳои хориҷӣ дар Вазорати молияи Амрико, киштиҳои "Венис" ва "Маэстро" аз соли 2016 ба ин тараф ба Сурия гази моеъ мебурданд."

Дар изҳорот, инчунин, гуфта мешавад, ки киштиҳо ба бандарҳои Қрими ишғолшуда низ ворид мешуданд. Вале онҳо сенсори муайянкунандаи рақами киштиҳо AIS-ро хомӯш мекарданд, то аз таҳдиди таҳримҳои байналмилалӣ канор раванд.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 20-уми январ киштиҳо аз бандари Темрюки Русия берун омаданд. Сӯхтор ҳангоми интиқоли гази моеъ ба киштии дигар дар истгоҳи баҳрӣ, 15-километрии соҳил, ба вуқуъ пайваст.

Украина Русияро ба эҷоди таҳдиди хатар ба ҳаракати киштиҳо дар тангнои Керч муттаҳам кард.

Рӯзи гузашта дафтари матбуотии "Росморречфлот" гуфт, ки шанси зинда пайдо кардани одамон баъди ин сӯхтор дар миён нест. Ҳалокати 14 маллоҳ ва наҷот ёфтани 12 нафар тасдиқ шуд. Шаш нафар нопадид шудааст.

Ба ҳайати сарнишонони киштиҳо шаҳрвандони Туркия ва Ҳиндустон шомил буданд. Дар байни онҳо русҳо ва украиниҳо ҳузур надоштанд. Сӯхтор ба ҳаракати киштиҳо дар тангнои Керч халал ворид накард.

Баъди эътирозҳои густарда парвандаи нави блогнависи озарӣ лағв шуд

Эътрози густарда бо талаби озодии блогнавис Меҳмон Ҳусейнов

Мақомоти Озарбойҷон иттиҳоми нави блогнависи зиддифасод Меҳмон Ҳусеновро лағв карданд. Дар ин бораи Додситонии кулли Озарбойҷон хабар дод. Ҳусейнов ду сол боз дар зиндон аст. "Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Меҳмон Ҳусейнов бекор карда шуд",- гуфт дафтари матбуоти додситонӣ рӯз 22 январ, ба думболи тазоҳуроти густарда ва талаби озодии Ҳусейнов дар дохил ва хориҷи Озарбойҷон.

Дар баробари намоиши эътирозии серодами рӯзи 19 январ дар Боку, Порлумони Аврпуо бо талаби озодии оҷили Ҳусейнов қатънома қабул кард.

Ҳусейнов ҳоло бо ҷурми "туҳмат" ҳукми дусолаи зиндон пушти сар мекунад, ки худаш ва ҷонибдоронаш онро ҳукми дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Правандаи нав, ки акнун бекор шуд, дар заминаи банди "зуроварии хатарнок ба ҳаёти намояндаи ҳукумат" ва дар фосилаи чанд ҳафта аз анҷоми ҳукми зиндон боз шуда буд.

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати молия ва Дастгоҳи президент

Ҷамшед Нурмаҳмадиён

Дар Вазорати молия ва Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон чанд тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 22-юми январ нашр шуд, Ҷамшед Нурмаҳмадиён "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз вазифаи муовини вазири молия озод гардид. Нурмаҳмадиён 46 сол дошта, қаблан дар Оҷонси рушди коғазҳои қиматбаҳо кор кардааст. Аз моҳи марти соли 2015 муовини вазири молия буд. Ҳоло Абдураҳмон Ҳалимзод ва Карим Гулмуродзода муовинони нави вазири молия муаррифӣ шуданд. Гулмуродзода то ин дам муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон буд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки Ҷамшед Нурмаҳмадиён ба кадом мақом таъйин шудааст. Бино ба қарорҳои дигари ҳукумат, Аъламхон Наимӣ сардори раёсати молия, Лутфия Абдухолиқзода сардори раёсати илм ва Суннатулло Мирзозода сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъйин шудаанд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, рӯзи сешанбе дар идораи Хоҷагии манзиливу коммуналӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ ва Вазорати саноат низ баъзе тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст.

Ситораи попи Русия аз тарси боздошташ сафари ИМА-ро лағв кард

Эмин Агаларов

Ситораи попи Русия Эмин Агаларов баъди шикасти музокирот бо прокурори махсус ва Когресси ИМА сафари ҳунариаш ба Амрикоро бекор кард. Агаларов бояд дар робита ташкили мулоқоти писари номзад ба мақоми президентии ИМА ва ҳуқуқдони Русия Наталя Веселнитская, соли 2016 дар Trump Tower, ба ин ду ниҳод шоҳидӣ медод.

Эмин Агаларови 39-сола писари миллиардери сохтмон Арас Агаларов, ҳамкори муҳими тиҷоратии Трамп дар Русия аст.

Эмин Агаларов рӯзи 21 январ дар твиттер навишт: "Бинобар вазъияте, ки хориҷ аз назорати ман аст, маҷбур шудам консертҳои барномарезишуда дар ИМА ва Канадаро лағв кунам". Веселнитская баъди даст ёфтан ба ин мулоқот ваъда кардааст, ки дар бораи номзади Ҳизби Демократ Ҳиллари Клинтон маводи бадномкунанда медиҳад. Мулоқот моҳи июни соли 2016, се моҳ пеш аз баргузории интихоботи президентӣ сурат гирифт.

Ба гуфтаи CNN, якчанд кумитаи Конгресс ва прокурори махсус Роберт Мюлер, ки эҳтимоли дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрикоро таҳқиқ мекунад, мехостанд ба Эмин Агаларов дар работа ба мулоқоти Trump Tower суол диҳанд. Соли гузашта Кумитаи миллии Ҳизби демократ Агаларовҳоро ба созиш бо Доналд Трамп ва Русия, бо ҳадафи дахолат дар интихобот, муттаҳам кард.

Скотт Балбер, - вакили Эмин Агаларов мегӯяд, ки миёнаҳои соли гузашта бо тими прокурори махсус ва Кумитаҳои мухталифи Конгресс дар тамос шуд ва гуфт, ки зерҳимояаш омодааст ихтиёран ба суолҳои онҳо ҷавоб гӯяд. Аммо, ба гуфтаи вакил, ин шартҳо лағв шуданд ва пешниҳод шуд, ки зерҳимояи таҳти савганд шоҳидӣ диҳад.

Мақоми нави писари Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳукумат

Амирҷони Убайдулло. Акс аз вебсайти президенти Тоҷикистон, соли 2014

Амирҷони Убайдулло, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон мушовири калони ёвари президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъйин шуд. Дар ин бора рӯзи 22-юми январ амри президенти Тоҷикистон содир гардид. Вай аз соли 2014 боз дар вазифаи муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи президент кор мекард. Амирҷони Убайдулло қаблан ба ҳайси намояндаи Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул низ кор кардааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев солҳои тӯлонӣ шаҳрдори Душанбе буд ва аз соли 2000 боз раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аси. Писари дигари ӯ Ҷамолиддин Убайдуллоев феълан сафири Тоҷикистон дар Фаронса ва ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар созмони ЮНЕСКО аст.

Хуруҷи афсарони эҳтиётии Туркманистон аз кишвар мамнуъ шуд

Сарбозони артиши Туркманистон

Туркманистон берун рафтани сарбозони эҳтиётӣ ба хориҷи кишварро мамнуъ кард. Аз моҳи ноябр афсарони эҳтиётиро ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват ва аз онҳо талаб мекунанд, ки дар макони сабти номашон ҳозир бошанд. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ бо такя ба манбае дар ниҳоди низомии Туркманистон хабар медиҳад.

Комиссариатҳои низомӣ дастур гирифтаанд, ки мардҳои то 50 соларо ба манзури коршоям будани онҳо дар амалиёти низомӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд,- гуфтааст ин манбаъ ба Радиои Озодӣ.

Қариб тамоми навоҳии наздимарзии Афғонистонро, ки бо Туркманистон марзи муштарак доранд, ҷангиёни мусаллаҳ, асосан Толибон назорат мекунанд, мегӯяд бахши Туркмании Радиои Озодӣ. Тӯли марзи байни Туркманистон ва Афғонистон 800 километр аст ва эҳтимоли даргириҳо дар марз мақомоти низомиро нигарон кардааст.

Манбаи низомӣ ба бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи "вазъи ногувор"-и артиши Туркманистон хабар додааст. "Мо аз таҷрибаи пешбурди ҷанг бархурдор нестем. Фармондеҳӣ музокирот бо Толибон ва гурӯҳҳои дигар ва "харидан"-и онҳоро ягона илоҷи кор медонанд. Ҳамеша ҳамин тавр буд, ин шева аз замони раҳбарии Сафармурод Ниёзов амал мекард. Ӯ мегуфт, шумо кишварро ҳимоя накунед, ман худам ҳимоя мекунам, шумо равед пахта чинед ва ба кишоварзӣ машғул шавед", навиштааст бахши туркманӣ аз қавли ин манбаъ.

Аввали моҳи январи соли 2019 нашрияи "Хроника Туркменистана" низ аз оғози даъвати афсарони эҳтиётӣ ба комиссариатҳо хабар дод. Аз тамоми мардҳое, ки дар идораҳои давлатӣ ва муассисаҳо кор меунанд, талаб шуд, ки оҷилан билети ҳарбии худро ба бахши кадрҳо таслим кунанд.

Қирғизистон истифодаи Манасро дар шаробҳо манъ мекунад

Дар Қирғизистон лоиҳаи қонуне дар баррасии ҷомеа қарор дорад, ки истифодаи номи қаҳрамонини "Хамосаи Манас"-ро дар шаробҳо манъ мекунад.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни "Ҳамосаи "Манас" ташаббуси вакили порлумони Қирғизистон Тазабек Икромов аст.

Лоиҳа истифодаи номи персонажҳои мусбати асар -- Манас, Бакай, Семетей, Каникей ва Сейтекро дар нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку мамнуъ мекунад.

"Имрӯз зарурати баланд бардоштани сатҳи идеологияву фаҳмиши сокинон ва гузаронидани корҳои тарбиявӣ дар робита ба муқаддасоти аҷдодиямон пеш омадааст. Яъне, агар аз фарзандони мо бипурсанд, ки "Манас"-ро медонед? Нагӯянд, ки бале, каняки "Манас"-ро медонем", - гуфт Икромов.

"Манас" ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО ва Китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун ҳамосаи бузург дар ҷаҳон шомил шудааст.

Дар Қирғизистон ҳоло бо номҳои "Манас", "Семетей" ва "Бакай" арақ ва каняк истеҳсол мешавад

Дар Тошканд ганҷинаи қадимиро пайдо карданд

Манускрипти қадимӣ дар Узбекистон

Дар маркази шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон дар таҳхонаи яке аз манзилҳо ганҷинаи қадимие пайдо шуд. Ин ганҷина бештар аз 1 миллион доллар арзиш дорад.

"Бино соли 1870 сохта шудааст. Зери таҳхонаҳои он як иморати дигар мавҷуд будааст. Роҳи вурудӣ ба иморат махкам шуда, 80 сол касе аз он огоҳӣ надошт", - менависанд расонаҳои Узбекистон.

Миёни бозёфтҳо тангаву тило, расмҳои қадимӣ ва зару зевар мавҷуд аст.

Ин бозёфт ҷиҳоз ва ашёи гаронбаҳои марбут ба дарбори Русияи подшоҳиро низ дар бар мегирад. Гуфта мешавад, ки ашё ибтидои асри 20 ба Тошканд оварда шудаанд.

Миёни бозёфтҳо ҳамчунин чанд китоби дастнавис ҳам мавҷуд аст, ки ба олимони садаи 12-14 тааллуқ доранд.

Қазоқистон берунории шаҳрвандонашро аз Сурия идома медиҳад

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, ки мақомоти ин кишвар амалиёти берунории шаҳрвандонро аз Сурия идома медиҳанд. Дар ин бора рӯзи 21 январ Айбек Смадияров, намояндаи расмии вазорат иттилоъ дод.

"Дар ин амалиёт таваҷҷуҳи асосӣ ба кӯдакони то синни 5-сола равона мешавад. Аксари онҳо дар ҳудуди Сурия таваллуд шудаанд. Мо метавонем бигӯем, ки ин марҳилаи ниҳоии амалиёт нест", - гуфт Айбек Смадияров.

Мақомоти он кишвар рӯзи 9 январ эълон карданд, ки 47 шаҳрванди Қазоқистонро аз Сурия берун овардаанд. 30 нафари онҳо кӯдакон ва 11 нафар занҳо буданд.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки наздики 800 шаҳрванди ин кишвар аз оғози ҷангҳои Ховари Миёна ба Сурияву Ироқ рафтаанд. "120 марди қазоқистонӣ, бештар аз 250 зан ва 500 кӯдаки ноболиғ дар созмонҳои террористӣ ҳузур доранд", - хабар медиҳанд мақомоти Қазоқистон.

Ҳамлаи Толибон ба пойгоҳи низомӣ даҳҳо кушта бар ҷой гузошт

Афсарони истихбороти Афғонистон баъди ҳамла аз бинои фурӯрафта берун мешаванд. 21 январ, 2019

Дар натиҷаи ҳамлаи гуруҳи тундрави Толибон ба як маҷмааи размоиши низомии Афғонистон 126 нафар кушта шуд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба мансабдори баландпояи Вазорати дифои Афғонистон иттилоъ дод. Вале мақомоти расмӣ шумори кушташудаҳоро 12 нафар мегӯянд.

Толбибон иддао карданд, ки дар ҳамлаи рӯзи 21 январ 190 низомии афғон кушта шуд. Намояндагони мақомоти маҳаллӣ дар суҳбат бо хабаргузорӣ ҳалокати беш аз 100 нафарро тасдиқ карданд, вале намояндагони ҳукумати Афғонистон аз шарҳи ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Ҳамла рӯзи душанбе дар шаҳри Майдоншаҳр, маркази маъмурии вилояти Вардак рух додааст. Маргталабе нахуст мошинро дар назди пойгоҳи низомӣ тарконида, сипас се узви Толибон ба сӯи кормандони маҷмаа оташ кушоданд. Дар ин рӯз намояндагони Толибон бо намояндаи махсуси ИМА дар умури сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод дар Қатар мулоқот доштанд.

Вазъ дар Афғонистон тайи солҳои ахир бад шудааст. Дар ин кишвар пайваста ҳамлаҳои хунини даҳшатафканӣ сурат мегирад.

Бино ба пажӯҳиши BBC, Толибон дар 70%-и ҳудуди Афғонистон фаъол аст. Аъзои гуруҳ мегӯянд, ба маҳзи ихроҷи нерӯҳои НАТО ва ИМА дубора қудратро дар Кобул ба даст хоҳанд гирифт. Бинобар ин, намояндагони ҳам ҳукумати феълии Афғонистон ва ҳам ИМА омодаанд, намояндагони гуруҳро ба мизи гуфтушунид даъват кунанд.

Раҳбари ҳайати Толибон Муҳаммад Аббос Станакзай моҳи ноябри соли 2018 дар машваратҳои шаҳри Москва гуфт, гуруҳ дар бораи сулҳ танҳо бо ИМА суҳбат мекунад. Толибон ба бурунрафти нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон исрор карда, ҳукумати феълии ин кишварро қонунӣ намеҳисобад.

Заминларза Тоҷикистонро такон дод

Субҳи душанбеи 22-юми январ зилзила қисматҳои марказии Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои масъулони Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, заминҷунбӣ соати 9:33 ба вақти Душанбе рух дод.

Шоҳрух Муродқулов, як масъули Маркази зилзиласанҷӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маркази заминҷунбӣ дар миёни Душанбе ва Ҳисор мебошад. Манбаъ гуфт, қувваи заминларза дар маркази он 3,9 балл ва дар шаҳри Душанбе қариб 3,5 баллро ташкил дод. Хисороти ношӣ аз ин заминларза феълан дақиқ нест.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад. Мақомоти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтанд, ки дар як соли охир дар қаламрави кишвар 26 ҳазор мавриди заминҷунбӣ сабт шудааст.

Боздошти як мард дар Шаҳритус барои қатли духтараш

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки як марди 60-солаи сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ба иттиҳоми қатли духтараш боздошт шудааст. Дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 22-юми январ хабар дод, ки ҳодисаи куштори духтар аз сӯи падар шанбеи 19-уми январ рух додааст. Ба иттилои манбаъ, ин мард бинобар муноқишаи хонаводагӣ духтари 30-солаашро бо ноқили барқӣ бӯғӣ карда ва ба ҳалокат расонидааст. Мақомот мегӯянд, ки ҳамакнун алайҳи ин мард бо моддаи 104, қисми яки Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноят боз шуда ва тафтишот идома дорад. Тафтиши ин парвандаро Додситонии ноҳияи Шаҳритус пеш мебарад.

Ба канали Радиои Озодӣ дар Телеграм обуна шавед

Президент аз Озода Раҳмон хост, нисбат ба "бемасъулиятҳо" чора андешад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ҷаласае, ки ба натиҷагирии кори ҳукумати кишвар дар соли 2018 ихтисос дошт, ба раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон супориш дод, ки нисбати мақомдорони “бемасъулият” чораҷӯӣ кунад.

Вебсайти президенти Тоҷикистон дар хулосаи маҷлиси васеи ҳукуматӣ менависад, ки ба раиси дастгоҳ супориш шуд, ки ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои раҳбари давлатро таҳлил карда нисбат ба роҳбарону шахсони масъул, ки дар иҷрои супоришҳо бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, “чораҳои қатъӣ андешад”.

Озода Раҳмон – духтари президент яке аз бонувони баландмақом дар сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон аст. Дар ҷаласаи рӯзи 21 январ президент инчунин ба мавзӯи ҷалби духтарону бонувон ба хизмати давлатӣ муроҷиат кардааст.

Ӯ аз кам будани шумори занону духтарон дар хадамоти давлатӣ интиқод карда мақомотро вазифадор кардааст, ки ба масъалаи ҷалби ҷавондухтарон ба таҳсилоти олӣ ва ҳам тарбияи кадрҳои баландихтисос дар миёни бонувон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ кунанд.

Беш аз 600 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ба буҷаи Тоҷикистон

Соли 2018 дар фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва сохтору субъектҳои хоҷагидории давлатӣ беш аз 600 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст. Ин зиёни молиявиро мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бар асоси беш аз 1200 тафтишу санҷишҳои молиявӣ ошкор кардаанд.

Сулаймон Султонзода, раиси ин агентӣ дар ҳисоботи солонааш дар баробари президент ва ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 21 январ гуфтааст, ки наздики 490 миллион сомонӣ зиёни молӣ ба буҷети давлат ва ба суратҳисоби корхонаву муассисаҳо барқарор гардидааст.

Мавзӯи муборизаи бо коррупсия ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷаи давлатӣ яке аз масоиле буд, ки дар ҷаласаи таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуд. Қарахон Чиллазода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳам дар гузориши худ гуфтааст, ки дар натиҷаи санҷиши аудитории ин ниҳод ба маблағи 396 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуда, 73 фоизи он барқарор гардидааст. Ба Палатаи ҳисоб супориш шудааст, ки раванди таҳия ва банақшагирии буҷети давлатиро қатъӣ назорат кунад.

"Сомон Эйр" парвозҳо ба самти Хуҷандро ду баробар зиёд кард

Қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз 11 январи соли 2019

Ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" рӯзи 21 январ хабар дод, ки парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанберо то охири моҳи январ ду баробар зиёд мекунад.

Дар иттилоияи ширкат гуфта мешавад, ки аз имрӯз эътиборан то охири моҳ қарор шуд ширкат рӯзе ду дафъа ба Хуҷанд парвозҳо анҷом диҳад. Ин тасмим, ба навиштаи ширкат, бо сабаби муваққатан баста шудани роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд гирифта шудааст.

"Дар сурати то охири моҳи январ барқарор нашудани ҳаракати нақлиёти автомобилгард, ширкати ҳавопаймоӣ омода аст парвозҳоро дар ин самт ду маротиба дар як рӯз идома диҳад", омадааст дар хабар.

Парвозҳоро аз пойтахт ба Хуҷанд ҳавопаймоҳои Боинг 737 иҷро мекунанд. Аммо мусофирон аз қимати билетҳо шикоят доранд. Яке аз корбарони Радиои Озодӣ навишт, ки қимати билетҳо 280 сомонӣ буд, ҳоло аз 400 сомон зиёдтар аст.

Рӯзи 21 январ ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз” хабар дод, ки бинобар афзоиши хатари тармафароӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд аз субҳи дирӯз ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз километри 47 (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе муваққатан боздошта шуд.

Сардори Маркази матбуоти ширкат Далери Абдулло гуфтааст, ки баъди бартараф шудани хавфи тармафароӣ дар ин мавзеъ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт иҷозат дода мешавад.

Ӯ гуфтааст, ки ситоди муштараки кормандони ширкат ва вазоратҳои нақлиёту корҳои дохилӣ вазъ дар роҳро назорат мекунад.

ИА алайҳи раҳбари истихбороти низомии Русия таҳрим ҷорӣ кард

Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи душанбе дар нишасти Брюссел таҳримҳои зидди чаҳор шаҳрванди Русияро ҳамоҳанг ва онҳоро ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ муттаҳам карданд.

Дар хабари Шӯрои Иттиҳоди Аврупо омадааст, ки сухан аз боби раҳбар ва муовини истихбороти низомии Русия ва ду корманди ин хадамоти махсус аст. Онҳо дар интиқол ва истифодаи заҳри фалаҷкунандаи асаб ба Солсберии Британия масъул эълон шуданд. Дар хабарномаи Иттиҳоди Аврупо исми ин нафарон эълон нашудааст, аммо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Брюссел мегӯяд инҳо эҳтимол кормандони истихбороти низомии Русия Анатолий Чепига (маълум бо номи Руслан Боширов) ва Александр Мишкин (Александр Петров), ҳамчунин раҳбари феълии Идораи ситоди кулл Игор Костюков ва муовини ӯ Владимир Алексеев ҳастанд.

Онҳо ба суиқасд ба ҷони агенти пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал, бо истифода аз гази "Новичок" дар Солсбери муттаҳам шуданд. Раҳбари Идораи истихбороти низомӣ он замон Игор Коробов буд, ки моҳи нобяри соли гузашта даргузашт. Масъулияти раҳбарии Хадамоти махсусро Игор Костюков бар дӯш гирифт.

Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия моҳи марти соли 2018 дар як боғи шаҳри Солсберии Британия дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуданд. Онҳо чандин моҳ дар бемористон таҳти назорати табибон буданд.

Президент ду раҳбарро аз ҷаласаи ҳукумат "ҷавоб додааст"

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳбарони ширкати “Тоҷик Эйр” ва “Амонатбонк”-ро аз маҷлиси солонаи ҳукумат ҷавоб додааст.

Яке аз ширкатдорони ҷаласа бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон баъди шунидани гузориши Руҳулло Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк” ва Хайрулло Раҳимов, раиси “Тоҷик Эйр” дар бораи кори ниҳодҳояшон дар соли 2018 ҳардуро сахт танқид карда ва гуфтааст, ки аз толор хориҷ шаванд.

Ҳарчанд дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ дар бораи гузоришҳои раҳбарони “Амонатбонк” ва “Тоҷик эйр” хабар додааст, аммо ба танқиди фаъолияти ин ду ниҳод ишорае накардааст.

Фармони барканории онҳоро ҳам нашр накардаанд, аммо тибқи иттилои манобеи огоҳ, рондани ҳарду мақом онҳо аз толори ҷаласа маънои барканориашонро дорад.

Хайрулло Раҳимов, директори ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” ба сабаби буҳрон дар кори ширкат ва қатъи парвозҳояш интиқод мешунавад. Ширкат аз 2-юми январ парвозҳояшро қатъ кард ва тақдири он номаълум аст.

Сабабҳои рондани Руҳулло Ҳакимзода, раиси “Амонатбонк” аз толори маҷлиси ҳукумат маълум нест. Аммо як корманди ин бонкро барои дуздии пули бонк ба 14 соли зиндон маҳкум кардаанд.

Мақомот гуфтанд, Салоҳиддин Зоирзода, аз соли 2015 то моҳи майи соли 2018 дар вазифаи сардори идораи муҳосиботи Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ фаъолият карда ва дар ин муддат аз роҳи сохтакорӣ 600 ҳазор сомониро тасарруф кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта ҳам баъзе аз раҳбарони ниҳодҳои давлатиро аз толори ҷаласа ҷавоб додааст.

RFERL фаъолияташро дар Булғористон азсар мегирад

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ фаъолияташро барои аудиторияи Булғористон азсар мегирад.

Барномаҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ барои Булғористон, ки соли 1950 оғоз шуда буд, соли 2004, ҳамзамон бо барномаҳои Эстония, Литва, Латвия, Словакия, Хорватия ва Руминия қатъ шуд. Он вақт эътироф шуд, ки принсипҳои демократия ва озодии баён дар ин давлатҳо амал мекунанд ва зарурати барномаҳои радиои барои онҳо аз байн рафт.

Қарори азсар гирифтани барномаҳо ба вазъи мушкили сиёсиву ҷамъиятӣ ва дигаргуниҳои демократӣ, ки Булғористон ба он рӯ ба рӯ шудааст, гирифта шуд. "Свободная Европа" фаъолияташро дар платформаҳои диҷитолӣ ва бо муҳтавои чандрасонаӣ оғоз мекунад.

Кормандони сомонаи "Свободная Европа" ба хонандагони худ аз таҳаввулоти Булғористон, Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ва ҷаҳон хабару таҳлилҳои бетерафона ва ботавозун пешниҳод мекунанд.

Миёнаҳои моҳи январ боз як таҳри интернетии Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ барои Румияния ба кор сар кард.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ - як расонаи ғайритиҷоратӣ буда, бо грантҳои Конгресси ИМА фаъолият мекунад ва дар платформаҳои мухталиф (Интернет, радио, телевизион ва видео) барои аудиторияи 22 кишвари Аврупои Шарқӣ, Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба 26 забон барнома пахш мекунад.

Се сарбози Русия дар Абхозистон кушта шуд

Се сарбози Русия рӯзи 21 январ дар натиҷаи саросер шудани зиреҳпӯш ба дара дар ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон кушта шуд. Дар ин бора мақомоти низомии Русия хабар доданд.

Сухангӯи Ҳавзаи Низомии Ҷанубӣ рӯзи 21 январ гуфт, ки дар ин ҳодиса ду сарбози дигар захм бардошт ва бо чархбол ба бемористони низомӣ интиқол ёфт.

Комиссиюни низомӣ ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кард. Зиреҳпӯш дар ҳоле ба дара афтид, ки корвони низомии Русия ба макони истиқрори доимияш дар минтақа ҳаракат мекард.

Русия соли 2008, баъди як ҷанги кӯтоҳ бо Гурҷистон, истиқлолияти Абхозистон ва ҷумҳурии ҷудоихоҳи дигар - Осетияи Ҷанубиро эътироф кард. Гурҷистон ва бахши умдаи ҷомеаи байналмилалӣ ин ду минтақаро қаламрави ишғолкардаи Русия арзёбӣ мекунанд.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Тарс аз вируси нав дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
XS
SM
MD
LG