Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Русия як тоҷики муттаҳам ба терроризмро ба “Интерпол” дод

Аббос Байнаев

Русия боз як зодаи Тоҷикистонро барои иштирок дар ҳайати созмонҳои террористӣ муттаҳам карда, ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ супурд. Аббос Байнаев, зодаи шаҳри Истиқлол (Табошаҳри собиқ)-и вилояти Суғд 27-сола буда, шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад. Бино ба иттилои расмии “Интерпол” – пулиси байналмилалӣ – Байнаев забонҳои тоҷикиву русӣ ва узбекиро хуб медонад.

Дар саҳифаи расмии “Интерпол” дар интернет дастикам 31 шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости Русия ҷустуҷӯ мешаванд. Аксари ин афрод барои фаъолиятҳои террористӣ, ташвиқ ва тарғиби терроризм дар хоки Русия, узвият дар гурӯҳҳои ифротгаро ва куштору қочоқи маводи мухаддир муттаҳаманд.

Тоҷикистон дар навбати худ рӯйхати алоҳидаи афроди таҳти ҷустуҷӯро таҳия кардааст, ки он шомили садҳо нафар аст. Бисёре аз онҳо тавассути “Интерпол” ва қисме бо ёрии пулиси Туркия ва Русия ҷустуҷӯ мешаванд.

Бино ба омори охирине, ки мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, аз соли 2014, аз оғози таъсиси гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ", тақрибан 1900 ҷангҷӯи тоҷик ба ҳайати ин гуруҳ дар Ироқу Сурия шомил шудаанд.

Пулиси Русия даҳҳо роҳрӯби эътирозгарро дар Маскав боздошт кард

Поккориҳо дар кӯчаҳои пур аз барфи Маскав

Пулиси Русия дастикам 30 роҳрӯбро, ки бо шикоят аз пардохт нашудани соатҳои изофии корӣ дар назди идораи ҳокимияти ноҳияи Нагорний ҷамъ шуда буданд, боздошт кард.

Роҳрӯбҳо мегӯянд, ки онҳоро маҷбур мекунанд, ба ҷойи кормандони буҷавӣ кӯчаҳоро аз барф тоза кунанд, аммо пул намедиҳанд. Ба гуфтаи ин коргарон, вазифаи онҳо танҳо аз тоза кардани ҳавлии биноҳо иборат аст, на поккории кӯчаҳо.

Пойгоҳи "ОВД-Инфо" рӯзи 29-уми декабр хабар дод, ки раиси Шӯрои ноҳия бо эътирозгарон мулоқот кард.

Варвара Грязнова, фаъоли ҳуқуқи башари Русия гуфт, дар эътироз асосан шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистон иштирок карданд. Боздоштшудаҳо ҳадди ақал ба ду идораи пулис интиқол ёфтанд.

Курдҳои Сурия Манбиҷро ба нерӯҳои Башор Асад супурданд

Аксбардории низомиён бо парчами Сурия

Нерӯҳои президенти Сурия Башор Асад рӯзи ҷумъа ба шаҳри шимолии Манбиҷ ворид шуданд, ки муддати тӯлонӣ таҳти назорати дастаҳои худдифои Курд буд.

Дар изҳороти фармондеҳии Сурия гуфта мешавад, ки нерӯҳо дар заминаи созиши пешакӣ бо Курдҳо "барои ҳимояи аҳолӣ" аз ҳамлаи Туркия ба Манбиҷ ворид шуданд. Тибқи хабарҳо, дар шаҳр парчами Сурия баланд шудааст.

Пештар аз ин фармондеҳии дастаҳои Курд аз хуруҷи Манбиҷ хабар дод ва нерӯҳои Сурияро расман ба шаҳр даъват кард.

Кремл аз гузаштани шаҳр ба назорати нерӯҳои Асад истиқбол кард.

Манбиҷ шаҳре дар вилояти Ҳалаб аст, ки чанд сол таҳти тасарруфи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИИШ) қарор дошт. Соли 2016 дастаҳои Курд бо пуштибонии эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико Манбиҷро аз тундравони "Давлати исломӣ" бозпас гирифтанд.

Анкара борҳо гуфтааст, ки ҳузури курдҳо дар Манбиҷ ба амнияти Туркия хатар дорад ва таҳдид кард, ки шаҳрро аз роҳи амалиёти низомӣ тасарруф хоҳад кард.

Чанде пеш президенти ИМА аз хуруҷи нерӯҳи амрикоӣ аз Сурия хабар дод. Ба гуфтаи президент, саркӯби ДИИШ-ро дар қаламрави он кишвар бояд Туркия ба охир расонад. Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон омодагии кишварашро барои мубориза бо ҷангҷӯёни ДИИШ ва ҳамчунин дастаҳои курд баён дошт.

Дар чунин ҳолат, курдҳо тасмим гирифтанд, ки Манбиҷро ба нерӯҳои ҳукумати Сурия супоранд. Онҳо ҳамчунин барои муқовимат ба вуруди эҳтимолии нерӯҳои Сурия ба минтақа изҳори омодагӣ карданд.

Раиси ФФА барои дастдарозӣ ба бозигарони зан мамнуъулхуруҷ шуд

Занҳои варзишгари Афғонистон

Мақомоти Афғонистон раҳбари Федератсияи футболи ин кишварро дар заминаи иттиҳоми озори ҷинсӣ ва ҷисмонии бозигарони зан, дар гузашта ва ҳоло, мамнуъулхуруҷ эълон карданд.

Додситони кулли ин кишвар рӯзи 28-уми декабр эълон кард, ки раҳбари Федератсияи футбол Киромиддин Карим ва чаҳор узви федератсия ҳақ надоранд аз кишвар хориҷ шаванд.

Додситонии кулли Афғонистон рӯзи 5-уми декабр, чанд рӯз баъди нашри матлаби The Guardian, дар робита ба озори ҷинсии занҳои футболбози Афғонистон, ин панҷ нафарро аз мақом барканор ва ба таҳқиқи қазия оғоз кард.

Рӯзи 9-уми декабр Федератсияи Байналмилалии Футбол - FIFA, Киромиддин Каримро аз фаъолият дар сатҳи кишвар ва миқёси байналмилалӣ барои 90 рӯз маҳрум кард.

Қарори додситонӣ дар робита ба мамнуъулхуруҷ шудани раҳбар ва чаҳор узви дигари Федератсияи футболи Афғонистон як рӯз баъд аз нашри бахши дигари гузориши The Guardian содир шуд.

Нашрияи британиягӣ дар гузориши ахираш шикояти занҳои футболбози афғон алайҳи Киромиддин Каримро нашр кард, ки аз дастдарозии ҷинсӣ то озори ҷисмонӣ ва таҳдид ба хонаводаҳои онҳоро фаро гирифтааст.

Вакилони Ҷохар Тсарнаев лағви ҳукми қатли ӯро дархост карданд

Ҷохар Тсарнаев

Вакилони Ҷохар Тсарнаев - ҳамлагари марафони Бостон, аз додгоҳ дархост карданд, ки ҳукми қатли зерҳимояи онҳо бекор шавад. Ба гуфтаи вакилон, баргузор шудани мурофиа дар макони ҳамлаи террористии моҳи апрели соли 2013 баррасии мунсифонаи қазияро ғайриимкон кард.

Вакилони Тсарнаев рӯзи 27-уми декабр бо ироаи дархости худ ба додгоҳи Бостон эътироф карданд, ки Ҷохар Тсарнаев ва бародари ӯ Темирлан Тсарнаев дар ҳамла ба марафон ё дави Бостон се нафарро кушта, 250 тани дигарро маҷруҳ карданд.

Аммо онҳо далел оварданд, ки баррасиҳои густардаи ин ҳодиса дар матбуот, бо шумули "қиссаҳои дилхароши қурбониҳо", ба маъное буд, ки қариб тамоми ҳайати мунсифаи додгоҳ таҳти таъсир қарор гирифт.

"Ин қазия бояд дар Бостон баррасӣ намешуд", - навиштаанд вакилони Тсарнаев. Онҳо ҳамчунин ба мушкилоти дигари ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ишора карданд.

Ҷохар Тсарнави чечентабор, ки шаҳвандии ИМА-ро дарёфт кард ва дар донишгоҳи Массачусеттс мехонд, баъди ду соли ҳамла ба марафони Бостон, ки онро ҳамроҳ бо бародараш Темирлан Тсарнаев таҳррезӣ карда буд, ба марг маҳкум шуд.

Темрилан Тсарнаев дар ҷараёни амалиёти амниятӣ кушта шуд ва бародари ӯ Ҷохар Тсарнаев, ки ҳоло 25 сол дорад, ба гуноҳаш иқрор кард. Ӯ дар маҳбаси амнияташ шадиди Колорадо нигаҳдорӣ мешавад.

Президент Трамп ба суолҳои додситони махсуси ИМА посух намедиҳад

Руди Ҷулианӣ

Президент Доналд Трамп ба суолҳои додситони махсуси ИМА Роберт Мюллер дар бораи эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи президентии соли 2016 дигар посух намедиҳад.

Ин нуктаро вакили дифои президенти ИМА Рудолф Ҷулианӣ дар суҳбат бо Hill TV баён дошт. Ҷулианӣ гуфт, раҳбари Кохи сафед ба гуруҳи додситон иттилои кофӣ пешниҳод кардааст.

Вакили дифои Трамп пештар дар суҳбат бо Fox News гуфта буд, ки ба мулоқоти шахсии президент бо муфаттишон мухолиф аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, онҳо эҳтимол дорад, бо суолҳои худ Трампро ба иштибоҳ андозанд. Ҷулианӣ гуфт, ки вакилони дифоъ тавони посухдиҳӣ ба суолҳои иловагии тими Мюллерро доранд.

Ҷулианӣ додситони махсусро ҳамчунин ба он айбдор кард, ки ба пок кардани мукотибаи ҷосуси пешини Бюрои федеролии тафтишотӣ Питер Стржок иҷозат додааст. Стржок дар паёмакҳои худ гӯё гуфтааст, ки мехоҳад, ба интихоби Трамп ба мақоми президентӣ монеъ шавад. Мукотиба замоне пок карда шуд, ки ҷосуси пешин дар тими додситони махсус кор мекард. Ба иттилои Вазорати адлияи ИМА, паёмакҳо дар бойгонии бюро нигаҳдорӣ мешуданд, вале ба иллати нуқси техникӣ пок шуданд.

Тафтиши дахолати эҳтимолии Русияро ба интихоботи президентии соли 2016 дар ИМА идома дорад. Додситон Мюллер мехоҳад маълум кунад, ки ситоди интихоботии Трамп барои шикасти рақиби ӯ Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳизби демократ, бо Русия созише дошт, ё не. Москва дахолати худро ба интихоботи кишварҳои хориҷӣ рад мекунад.

Раиси пешини Хадамоти гумруки Қирғизистон аз Боку ба Бишкек истирдод шуд

Истирдоди Адамқул Жунусов - раҳбари пешини Хадамоти гумруки Қирғизистон. 28 декабр, 2018

Кормандони Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон рӯзи 28 декабр Адамқул Жунусов, раҳбари пешини Хадамоти давлатии гумруки ин кишварро аз Озарбойҷон ба Бишкек оварданд.

Нисбати Жунусов моҳи августи соли ҷорӣ бо айби "Сӯистифода аз мақоми хизматӣ" ғоибона айб эълон шуда буд. 28 августи имсол додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон қарори ҳабси Жунусовро содир кард.

Ба иттилои тафтишот, аз соли 2013 то 2016 Жунусов бо намояндагони ширкати "А." ва дигар масъулони хадамоти гумрук робитаи фасодолуд барқарор кардааст. Ӯ дар сохтакории сандаҳои ширкат кумак кард ва ширкат аз ин роҳ дар пардохтҳои гумрукӣ соҳиби афзалият шуд.

Зиёне, ки Жунусов ба буҷаи давлат расонд, 2,3 млн доллар ҳисоб шудааст.

Жунусовро 4 декабр дар фурудгоҳи байналмилалии Боку боздошт карданд.

Ифтитоҳи бинои нави шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансур

Биноҳои нави шӯъбаҳои КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, ифтитоҳ шуд. Расонаҳои давлатии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки рӯзи 27-уми декабр дар маросими ифтитоҳи ин бино раиси КДАМ Саймуъмин Ятимов ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат карданд.

Манобеи расмӣ мегӯянд, ки ин бино бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ аз сӯи ширкати сохтмонии "Сабр-Аф" бунёд шудааст. Гуфта мешавад, ки бино аз 4 ошёна, аз ҷумла, 8 ҳуҷраи корӣ, бойгонӣ, анбор, ҳаммом, толори варзишӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.

"Имрӯз беҳсозии шароити хизматӣ барои кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад",-омадааст дар хабарҳои расмӣ.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансурро "тӯҳфаи арзишманд"-и президент Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони амниятӣ дар "Рӯзи кормандони амнияти миллӣ", гуфтааст.

Таъсиси муассисаи давлатии "Бизнес-инкубатори Тоҷикистон"

Рӯзи 28-уми декабр дар Душанбе маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор шудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин нишаст нақшаи кории ҳукумат дар нимсолаи аввали соли оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Манбаъ мегӯяд, ки дар ин нишаст вазири молияи Тоҷикистон дар бораи будҷаи давлатӣ барои соли 2019 ва ҳамчунин таҳияи нишондиҳандаҳои будҷаи давлатӣ барои солҳои 2020-2022 гузориш додааст. Ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода роҷеъ ба масълаҳои марбут ба иқтисоди кишвар, гузориш ироа кардааст. Аъзои ҳукумат дар ин нишаст шуморе аз лоиҳаҳои қонунҳоро баррасӣ намуда ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол кардаанд.

Дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон инчунин масъалаҳо дар бораи Стратегияи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, тартиби додани кафолатҳо ба кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд баррасӣ шуданд. Қарор шудааст, ки дар кишвар муассисаи давлатии "Бизнес-инкубатори Тоҷикистон" таъсис дода шавад.

Додситонии Ишқобод ҷамъоварии пул аз волидонро барои Соли нав тафтиш дорад

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мудирони мактаб ва боғчаҳое, ки барои чорабиниҳои солинавӣ аз волидон пул ҷамъ карданд, ба бозпурсӣ даъват мешаванд. Пештар хабар дода шуд, ки дар боғчаҳои пойтахти Туркманистон аз волидон барои таҷлили соли нав 80-манатӣ (ҳудуди 23-долларӣ) талаб доранд.

"Додситонии Ишқобод дар асоси шикояти волидон мудирони мактабу боғчаҳоро ба бозпурсӣ даъват мекунад. Волидон шикоят кардаанд, ки мудирҳо барои чорабиниҳои солинавӣ аз онҳо пул талаб доранд", - хабар додааст "Хроника Туркменистана" бо истинод ба як манбаи худ.

Дар додситонии Ишқобод ба мудирон ҳушдор доданд, ки барои ин амалашон ба онҳо парвандаи ҷиноӣ ё ҳадди ақал маъмурӣ таҳдид мекунад. Мудирони мактабу боғчаҳои ноҳияи "Хитровка" аллакай бозпурсӣ шудаанд. Ба иттилои расонаҳо, дасти кам дар ду боғчаи Ишқобод аз волидон барои туҳфаи солинавӣ 70-манатӣ ва барои даъвати Бобои барфиву наберааш 10-манатӣ талаб шудааст.

Бархе аз волидон ба иллати надоштани пул гуфтанд, ки ба фарзандонашон дар хона туҳфа медиҳанд ё он рӯз кӯдаконро ба боғча намебаранд. Вале мудирони боғчаҳо пешниҳоди волидонро рад карда, гуфтаанд, ки бояд пулро супоранд, чун аз боло фармон шудааст.

"Сомон Эйр" ба Миср парвоз мекунад

Ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" аз субҳи фардо, 29-уми декабр парвозҳо ба масири Шарм-ул-Шайхи Мисрро оғоз мекунад. Темур Бандишоев, раҳбари раёсати иттилооти ин ширкат ба Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки парвозҳо чартерӣ, яъне дар 10 рӯз як маротиба сурат мегирад.

Вай афзуд, ки "масъулони ин парвозҳо ширкати сайёҳии "Компас" аз Қазоқистон буда, дар Тоҷикистон ба ҷалби мусофирон ва сайёҳон ширкати маҳаллие машғул аст". Ба гуфтаи Темур Бандишоев, нархи парвоз бо шумули истироҳати 10-рӯзаи сайёҳон аз 600 доллари амрикоӣ шурӯъ мешавад.

Ду моҳ қабл ширкати "Сомон Эйр" чунин парвозҳо ба самти Анталияи Туркияро шурӯъ кард, ки феълан алоқамандони зиёди истироҳат аз миёни сокинони Тоҷикистонро пайдо кардааст.

Шабнами Сурайё ва Нигина Амонқулова – маҳбубтарин овозхонҳои соли 2018

Як пурсиши солинавии маркази пурсиши афкори умуми “Z-alalytics Group” исми маъруфтарин овозхонҳои тоҷикро муайян кард. Бар асоси ин пурсиш, ки 27 декабр нашр шуд, Шабнами Сурайё бештар дар миёни ҷавонони 18 то 29-сола маъруфият доштааст. Нигина Амонқуловаро бештар сокинони аз 30-сола болои кишвар ба унвони овозхони маҳбуб ёд кардаанд.

Нигина Амонқулова
Нигина Амонқулова

Дар маҷмӯъ, дар миёни панҷ овозхони маҳбубтарини тоҷик исми Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Зиёвиддини Нурзод, Афзалшоҳи Шодӣ ва Зулайҳо Маҳмадшоева ёд шудааст.

Пурсиши телефонии “Z-alalytics Group” аз 13 то 17 декабри соли ҷорӣ дар миёни 408 сокини Тоҷикистон ва дар манотиқи мухталифи кишвар барпо шудааст.

Ҳамчунин бихонед:

Даниэл, Мадина, Қадами Қурбон... Шоубизнеси тоҷик дар соли 2018. ВИДЕО​

Баъди се моҳи куштори Хошуқҷӣ шоҳ Салмон дар ҳукумат тағйирот ворид кард

Шоҳ Салмон бо писараш Муҳаммад бин Салмон

Баъди се моҳи куштори журналист Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул ва вокунишҳои шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин куштор, шоҳ Салмон ба тағйироти густарда дар ҳукумат дастур дод.

Тағйироти кадрӣ, ки рӯзи 27 декабр эълон шуд, аз ҷумла ба вазири умури хориҷӣ, иттилоот, матбуот ва маориф дахл дорад.

Шоҳи Саудӣ ҳамчунин ба тағйирот дар ду Шӯрои олии салтанат - дар умури масоили иқтисодӣ ва амният дастур дод. Ин ду ниҳод таҳти назорати валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Саломон қарор доштанд.

Тағйирот ба вазифаҳои дигари валиаҳд, аз ҷумла ба мақоми ноиби нахуствазир ва вазири дифо дахл накард.

Ҷобаҷогузории нави мақомҳо зоҳиран мавқеи валиаҳди Саудиро, ки акнун дар иҳотаи аъзои салтанат фаъолият хоҳад кард, таҳким медиҳад.

Бар поияи фармони шоҳ, Иброҳим ал-Ассаф, вазири пешини молия, Абдул ал-Ҷубейр вазири хориҷиро иваз мекунад. Ал-Ҷубейр дар ҳамин вазорат ба мақоми поёнтар таъин шуд.

Ёвари наздики валиаҳди Саудӣ Туркӣ ал-Шайх, раҳбари бахши ташкили корҳои тафреҳии салтанат таън шуд. Ин ниҳодро валиаҳд солҳои ахир ба хотири ташкили консертҳо ва барномаҳои тафреҳӣ созмон дод, ки дар ин кишвари муҳофизакор мамнуъ буданд.

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори Саудӣ ва интиқодгари аслии шоҳзода Муҳаммад бин Салмон аввали моҳи октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул кушта шуд. Риёз гузоришҳоро, ки куштор бо амри валиаҳд сурат гирифтааст, рад мекунад.

Сухангӯи ДИИШ дар Афғонистон аз ҳамлаи бесарнишин кушта шуд

Мошини пулиси Афғонистон -"ғанимати ҷангӣ"- и ДИИШ

Артиши Афғонистон мегӯяд, ки сухангӯи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар натиҷаи ҳамлаи бесарнишин кушта шуд.

Дар изҳороти нерӯҳои Афғонистон, ки рӯзи 27 декабр пахш шуд, гуфта мешавад, ки Султон Азиз Аъзам як рӯзи пеш дар паноҳгоҳи ДИИШ дар яке аз ноҳияҳои вилояти шарқии Нангарҳор кушта шуд.

Дар изҳорот омадааст, ки бар поияи маълумоти истихборотӣ ҳавопаймоҳои беном Султон Азиз Аъзам - сухагӯи ин гурӯҳи тундравро ҳадаф қарор дод.

Насрат Раҳимӣ, муовини сухангӯи Вазорати дохилии Афғонистон гуфт, ки Аъзам ҳамчунин ҷангиёнро барои ҳамлаҳои пурсару садо дар шаҳрҳо истихдом мекард.

Дар робита ба ин куштор вокуниши ДИИШ ва нерӯҳои ИМА дар Афғонистон дастрас нашудааст.

Нангарҳор аз пойгоҳҳои гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" аст ва онҳо дар ин минтақаи ҳаммарз бо Покистон фаъол шудаанд.

Низомиёни ИМА теъдоди ҷангиёни ДИИШ дар Афғонистонро 2,000 арзёбӣ мекунанд.

Ин гурӯҳи тундрави суннимазҳаб аз соли 2015, аз замони зуҳураш дар хоки Афғонистон, ақалиятҳои шиамазҳаб ва нерӯҳи амниятии кишварро дар ҳамлаҳои пурқурбонӣ ҳадаф қарор додааст.

Марги ду кӯдаки тоҷик дар рахти хоб, ҳангоми сӯхтор дар Русия

Акс аз бойгонӣ

Ду кӯдаки тоҷик аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар натиҷаи сӯхторе дар Бошқирдистони Русия ҷон бохтаанд Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 25-уми декабр рух дода, ҷасади Амина Додова ва Амриннисо Додоваро дар Русия гӯронданд.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 27-уми декабр хабар дод, ки Амина чаҳорсола ва Амриннисо ҳамагӣ дусола буд. "Онҳо дар сӯхтори хонаи истиқоматӣ дар рахти хобашон ба ҳалокат расидаанд", - афзуд ӯ.

Аҳмадӣ мегӯяд, маъмурони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия дарҳол ба ҷойи ҳодиса расида, вале ба сабаби пурра оташ гирифтани манзил натавонистаанд кӯдакҳоро наҷот диҳанд.

Мақомоти Русия гуфтаанд, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, сабабҳои сӯхторро таҳқиқ мекунанд.

Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, падари хонавода Раҳимҷон Додов ҳангоми рух додани ҳодиса ба супурдани санад барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба шаҳри Қазон рафта буд. Модари кӯдакон Замира Ҷӯраева ҳангоми огоҳ гаштан аз сӯхтор имкони наҷот додани фарзандонро надоштааст.

Ҳар сол бино бар ҳодисаҳои нохуш ба мисли садама ва сӯхтор даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди Русия ба ҳалокат мерасанд.

Бино ба иттилои мақомот то як ва бино ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд.

Хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ муовини раиси парлумон шуд. ВИДЕО

Аида Қосималиеваи 34-сола, собиқ хабарнигори бахши Қирғизии Радиои Озодӣ дар овоздиҳии пӯшида рӯзи 27 декабр муовини раиси парлумони Қирғизистон интихоб шуд. Ба пуштибонии Қосималиева дар овоздиҳӣ 91 вакил раъйи мусбат ва 16 нафар раъйи манфӣ додааст.

Интихоби муовини раиси парлумон баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 14 декабр аъзои ҳизби Сотсиал-демократи Қирғизистон дар ҷаласаи пӯшидааш Асел Кодурановаро аз ин мақом барканор кард. Кодуранова дар мақоми муовини раиси маҷлис давоми як сол кор кардааст.

Аида Қосималиева дар Қирғизистон ба унвони журналисти Радиои Озодӣ шинохта шуда, баъди тарки кор дар ин муассиса ба фаъолияти сиёсӣ пардохт ва аз номи ҳизби ҳокими сотсиал-демократ ба парлумон роҳ ёфт.

Иқтисоди заъиф ва таварруми баланд - Русия дар соли 2019

Бинобар хатари таҳримҳои Ғарб, рубли ноустувор ва барномаи боло бурдани молиёт, Русия дар соли 2019 дар ростои коҳиши рушди иқтисод ва таварруми баланд қарор мегирад. Тавлиди нохолиси дохилӣ, ки соли гузашта 1,7 дар сад буд, соли оянда 1,4 хоҳад буд,- гуфт Reuters рӯзи 27 декабр бо такя ба назарсанҷии моҳона дар байни 17 коршиноси соҳаи иқтисод.

"Соли оянда бисёр як соли мушкил хоҳад буд",- гуфт Reuters аз қавли Олег Кузмин - иқтисоддони аршади бонки сармоягузории Renaissance Сapital. Рушди иқтисоди Русия солҳои рӯ ба кундӣ овард, поён рафтани нархи нафт, рубли ноустувор, таҳримҳои Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва Аврупо, баъди ишғоли Қрими Украина дар соли 2014, ба ин сабаб шуд.

"Соли 2019 иқтисоди Русия дар пасманзари афзоиши андоз аз арзиши изофӣ, таваррум ва афзоиши баҳраи бонкӣ печидатар хоҳад шуд",- афзуд Кузмин.

Тасарруфи се киштии Украина, моҳи гузашта дар баҳри Сиёҳ ва боздошти маллоҳони украинӣ даъватҳои ҷори кардани таҳримҳои байштар алайҳи Маскавро ба миён овардааст.

Марде дар Хабаровск худро тарконд ва се тани дигарро захмӣ кард

Пулиси Русия - акс аз бойгонӣ

Матбуоти Русия менависад, ки як мард дар шаҳри Хабаровски Шарқи Думи Русия худро бо норинҷак мунфаҷир ва се нафари дигарро захмӣ кард.

Гузоришҳо бо такя ба мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ин мард, ки мехост идораҳои воқеъ дар муҷтамаъи анборҳоро ғорат кунад, норинҷакро рӯзи 27 декабр тарконд.

Биноба гузоришҳои матбуотӣ, ин мард дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд ва ду марду як зани дигар бо захмҳои барои зиндагӣ безарар ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ муфаттишон ҷойи ҳодисаро барои ҳаракат масдуд карданд.

Ҷузъиёти дигари ҳодиса дастрас нест.

Раҳбари пешини истихбороти Чин ба ҳабси абад маҳкум шуд

Ҷоу Юнканг - раҳбари Ма Тзян

Додгоҳи Чин раҳбари пешини Идораи истихборот Ма Тзянро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳукмро бар пояи парвандаи фасодкорӣ Додгоҳи шаҳри Далян содир намуд.

Ма Тзян аз соли 2006 то 2015 муовини вазири амнияти давлатии Чин буд. Ӯ ба идораи 8-уми вазорат раҳбарӣ мекард, ки масъулияти фаъолиятҳои истихборотиро бар дӯш дорад.

Соли 2015 Ма Тзян ба ришваситонӣ ва фасодкорӣ муттаҳам шуд. Тзянро аз мақом барканор ва аз ҳизб хориҷ карданд. Ӯ ба гуноҳаш иқрор кард ва аз баррасии парвандааш дар додгоҳҳои болоӣ даст кашид. Тамоми дороиҳои Тзян мусодира шуд.

Пеш аз ин, як идда кормандони баландмақоми хадамоти истихбороти Чин, бо шумули вазири пешини амният Ҷоу Юнкан, бо ҷурми фасодкорӣ ба зиндони абад маҳкум шуданд.

Киев бар зидди Русия таҳримҳои навро ба роҳ монд

Муҷассамаи Истиқлолияти Украина

Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина дар ҷаласаи рӯзи 26-уми декабр алайҳи чанде аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Русия таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ кард.

Тавре дар хабари Шӯро омадааст, маҳдудиятҳо ба "ширкатҳо, тоҷирон, сиёсатмадорон ва вакилон, кормандони мақомоти қудратии Русия, ки фаъолона аз амалҳои хушунатбори зидди Украина ҷонибдорӣ мекунанд" дахл доранд. Рӯйхати нав рӯзҳои наздик нашр хоҳад шуд.

Ба иттилои мақомоти Украина, таҳримҳои нав ба 14 ширкат, ки корхонаҳои маҷмааи мудофиаву саноати Русияро дар замони ғасбкориҳои ин кишвар таъмин мекунанд; ширкатҳои Русия ва ширкатҳои аврупоӣ, ки фаъолияти ширкати "Сармояҳои Титан"-ро таъмин менамоянд, инчунин тоҷироне, ки ба сохтмони ғайриқонунии гузаргоҳи байни Қрим ва Таман, тавассути тангнои Керч машғул ҳастанд, дахл хоҳанд кард.

Дмитрий Медведев, сарвазири Русия 25-уми декабр қарореро дар робита ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои махсуси иқтисодӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Украина имзо кард. Дар рӯйхати нав 567 шахси воқеӣ ва 75 шахси ҳуқуқӣ ворид шудаанд.

ВКД-и Русия аз ҳақи иқомати номаҳдуди хориҷиҳо пуштибонӣ кард

Вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев

Вазирати умури дохилии Русия пешниҳод кард, ки ба хориҷиҳо ҳақи иқомати номаҳдуд дода шавад ва Русия аз таҷрибаи тамдиди он даст кашад. Маълумот дар бораи коркарди тарҳи ин қонун дар портали ягонаи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ нашр шуд.

Ба гуфтаи вазорат, ин тарҳ механизми иқомати доимӣ дар Русияро осон мекунад. Аммо ҳамзамон дар санад бознигарии муносибат ба молиёт ва андозбандӣ пешниҳод шудааст.

Баррасии оммавии тарҳи қонун то 9 январи соли 2019 давом мекунад. Муҳлати эҳтимолии татбиқи он сентябри соли 2019 муайян шудааст

Феълан ҳақи иқоматро дар Русия барои панҷ сол медиҳанд ва муҳлати он борҳо тамдид мешавад. Барои дарёфти ҳақи иқомати Русия довталаб бояд як сол дар ин кишвар зиндагӣ кунад.

Reuters аз манъ шудании таҷҳизоти Huawei ва ZTE дар ИМА хабар дод

Huawei - акси тасвирӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп эҳтимол моҳи январ санади манъи харидории таҷҳизоти чинии Huawei ва ZTE, аз тарафи ширкатҳои амрикоиро имзо мекунад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 27 декабр бо такя ба се манбаи шинос бо вазъият гузориш дод.

Дар санад ба Вазорати савдои ИМА дастур шудааст, ки ширкатҳои амрикоиро аз харидории таҷҳизоти хориҷии "хатарнок барои амнияти миллӣ" манъ кунад. Фармони Трамп бар пояи қонуни "Салоҳияҳои иқтисодӣ дар мавридҳои фавқулодда" содир мешавад, ки ба президент имкон медиҳад дар вокуниш ба таҳдидҳо алайҳи ИМА ба тиҷорат дахолат кунад.

Reuters мегӯяд, ки номи ширкатҳои Чин дар санад зикр намешавад. Аммо интизор меравад, ки дар Вазорати савдои ИМА ин санад ба фоидаи ЧИН талаққӣ нашавад. Матни фармон то ҳол ниҳоӣ нашудааст.

Аввали соли равон истихбороти ИМА ширкатҳои Huawei ва ZTE-ро ба ҳамкориҳои ғайри мунсифона бо ҳукумати Чин гумонбар кард. Дар Вашингтон ин эҳтимолро соқит намекунанд, ки Пекин бо истифода аз таҷҳизоти ин ширкатҳо маълумоти тиҷоратӣ ва низомӣ ҷамъ мекунад.

Huawei бузургтарин таъминкунандаи таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои ҳамроҳ дар ҷаҳон аст. Пештар ИМА ин ширкатро ба рӯҳхати сиёҳи таъминкунандагони таҷҳизот барои Идораи истихборот ва Бюрои федеролии тафтишоти Амрико ворид кард ва ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз харидории телефонҳои ҳамроҳи Huawei худдорӣ кунанд.

Dow Jones баъди уфти шадид афзоиши рекордӣ нишон дод

Бозори бурси Ню Йорк

Бозори бурси Ню Йорк афзоиши бошиддати шохиси Dow Jones-ро дар як рӯз, мушоҳида кард, ки дар таърих намуна надорад. Шохиси саноатии Dow Jones қариб то панҷ дар сад боло рафт. Nasdaq ва S&P низ рӯзи чоршанбе чунин болоравиро таҷриба карданд. Фурӯши саҳмияҳо дар бозори бурси Токио низ якбора боло рафт.

Афзоиши қимати саҳмияҳои амрикоӣ баъди коҳиши як моҳи ахир ва уфти бошиддати онҳо пеш аз ҷашни Мавлуди Исои Масеҳ мушҳоида шуд. Барои намуна Dow Jones рӯзи 24 декабр қариб 3 дарсади арзишро аз даст дод.

Ҳатто баъди афзоиши рӯзи чоршанбе низ арзиши шохиси Dow Jones дар муқоиса ба аввали декабр се дар сад камтар аст. Коҳиши қимати саҳҳомро коршиносон ба нигарониҳо аз кунд шудани суръати иқтисоди Амрико ва иқтисоди ҷаҳон вобаста мекунанд. "Ҷангҳои тиҷоратӣ", аз ҷумла бо Чин ва бесуботии сиёсӣ дар уфти шохиси саҳҳом нақш доштанд. Калавиши ахири шохис баъди мубоҳисаи байни президент Трмап ва раҳбарияти Бонки марказии ИМА ба вуҷуд омад. Бонки марказӣ қимати баҳраро дар як сол чаҳор дафъа боло бурд ва Трамп ин иқдомро танқид кард.

Се сиёсатмадори қирғиз президенти пешинро ба додгоҳ кашиданд

Алмосбек Отамбоев ва Қанот Каниметов. 10 декабр, 2018

Се тан аз сиёсатмадорони қирғиз бо талаби $257 000 ҷуброни хисороти маънавӣ президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ва телевизиони "Апрел"-ро ба додгоҳ кашиданд.

Сиёсатмадорон Азимбек Бекназаров, Аҳмадбек Келдибеков ва Кенешбек Дуйшобоев мегӯяд, ки президенти пешин дар сӯҳбаташ бо телевизиони "Апрел" ба обрӯи онҳо латма ворид кард.

Мудири "Апрел" Дмитрий Ложников дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар дод, ки сиёсатмадорони қирғиз аз телевизион ва Отамбоев 18 миллион сом талаб доранд.

Раиси пешини порлумони Қирғизистон Аҳмадбек Келдибеков ахиран дар суҳбат бо телевизиони "NUR TV" гуфта буд, ки тасмим дорад, Отамбоевро барои изҳороти ахираш ба додгоҳ кашад.

"Ӯ дар суханрониаш шаъну шарафи одамро паст мезанад. Агар ҳарфҳояшро дар додгоҳ исбот накунад, ман талаб мекунам, ки ӯ ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад", - изҳор дошт Келдибеков.

Алмосбек Отамбоев рӯзи 10 декабр дар суҳбат бо "Апрел" гуфт, ки Аҳмадбек Келдибеков ба фаъолиятҳои фасодолуд даст дорад.

"Мехоҳанд одамонро гул зананд. Мехоҳанд, нишон диҳанд, ки миёни сарвати аз роҳи ҳалол ба даст омада ва сарвати дуздидашуда фарқияте нест. Ҳамон Келдибекову Тюлеев фарёд мезананд, ки "бояд Отамбоев ҳабс шавад", ҳамонҳое ки ҳангоми корашон дар сохторҳои давлатӣ ба сарватмандӣ расиданд. Киро бояд ҳабс кард? Касонеро, ки бо ғорати давлат ба сарватмандӣ расиданд, ё касеро ки бо меҳнати ҳалол сарват ба даст оварда, дар замини аҷдодиаш хона сохтааст?", - гуфта буд Отамбоев.

Келдибеков моҳи декабр ҳамчунин зидди сомонаи Kyrgyztoday.kg ба додгоҳ шикоят бурда, 1 млн сом (ҳудуди 14 ҳазор доллар) ҷуброн талаб дорад. Ба гуфтаи сиёсатмадор, матлаби сомона шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Гумонбари марги 52 муҳоҷири узбек ба Қазоқистон истирдод шуд

Қазоқистон - Оқтеппа

Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 26 декабр хабар дод, ки Ордухон Мехтиев аз Узбекистон истирдод шуд. Мехтиев молики автобусест, ки моҳи январи соли 2018 дар роҳ ба самти Русия оташ гирифт ва 52 муҳоҷири ӯзбекистониро ба ҳалокат расонд.

Баъди он ҳодиса Мехтиев дар ҳудуди Узбекистон пинҳон шуд. Ӯро рӯзи 20 ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд боздошт карданд.

Автобуси ҳомили шаҳрвандони Узбекистон 18 январи соли 2018 дар масири Чимкент - Самара оташ гирифт. Дар ин автобус 57 мусофир ҳузур дошт, ки 52 тани онҳо дар ҷои ҳодиса ҳалок шуданд. Ҳамаи қурбониҳо шаҳрвандони Узбекистон буданд. Аз шумори умумӣ 2 мусофир ва 3 ронанда шаҳрвандони Қазоқистон буд, ки дар ин ҳодиса осеб надиданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Кор аз дохили хона. Соҳибхоназанҳо ҳунари комютеру интернетро азхуд карданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:24 0:00
XS
SM
MD
LG