Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Чаҳор сарбози ИМА дар як ҳамлаи маргталабона дар Сурия ҷон бохт

Макони таркиш дар Манбиҷи Сурия. 16 январ, 2019

Чаҳор сарбози амрикоӣ аз як таркиши маргталабона дар шаҳри Манбиҷи Сурия кушта ва се тани дигар захмӣ шуд. Ба навиштаи хабаргузории Reuters, масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ бар дӯш гирифт.

Шаҳри Манбиҷ охири моҳи декабр таҳти назорати ҳукумати Сурия қарор гирифт. Чанд рӯз пеш аз ин президенти ИМА Доналд Трамп эълон кард, ки нерӯҳои Амрико аз қаламрави Сурия хориҷ мешаванд.

Раҳбари пешини Пентагон Ҷейм Мэттис ба нишорни эътироз алайҳи ин тасмим аз мақомаш истеъфо дод, чанд мансабдори дигари Вазорати дифоъ ба пайравӣ аз Мэттис аз мақом рафтанд.

Мухолифини Трамп мегӯянд, ки хуруҷи оҷили нерӯҳо дастаҳои мусаллаҳи Курдро, ки ҳамроҳ бо ИМА алайҳи ДИИШ ҷангидаанд, таҳти хатар қарор медиҳад. Туркия борҳо гуфтааст, ки алайҳи Курдҳои маҳаллӣ, ки Анқара онҳоро террорист мешуморад, амалиёти низомӣ омода мекунад.

Кормандони СММ аз озори ҷинсӣ дар ҷойи кор нақл карданд

Женева - Парчами СММ дар ситоди сомон

Сеяки кормандони Созмони Милали Муттаҳид дар ду соли ахири дастикам як дафъа мавриди ягон навъи озори ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Дар ин бора пажуҳише мегӯяд, ки ширкати Deliotte бо дархости Созмони Милал анҷом дод.

Кормандони пурсидашуда аз ҷумла аз шӯхиҳои таҳқиромез, ишораҳои шаҳватомез ва дастрасонӣ шикоят карданд. Ба гуфтаи ин пажуҳиш, аз се ду ҳисаи онҳое, ки дар озори ҷинсӣ даст доранд, мардҳо буданд. 25 дар сади онҳоро раҳбарони сатҳи олӣ ва миёна буданд.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар номае ба кормандонаш натиҷаи пажуҳишро "ҳушёркунанда" номид. Ба гуфти ӯ, омори озори ҷинсӣ дар Созмони Милали Муттаҳид аз омор дар идораҳои дигар фарқ намекунад. Аммо, гуфтааст Дабири кулл, СММ бояд ба меъёрҳои баланд муносиб бошад.

Додситон барои гумонбарони куштори Денис Тен 20 соли зиндонро талаб кард

Қазоқистон - мурофиаи додгоҳии гумонбарони куштори Денис Тен

Айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи шаҳри Алмаато барои Ормон Қудойбердиев ва Нуралӣ Киясов - гумонбарони куштори варзишгари маъруфи қазоқ Денис Тен 20 соли зиндонро талаб кард.

Барои гумонбари севум Жанар Толибоева, ки дар хабар надодан ба мақомот айбдор аст, чаҳор соли зиндон талаб шуд.

Гумонбарон дар мурофиаи ахир айби дуздиро ба гардан гирифтанд, вале гуфтанд, ки куштор бо маслиҳати пешакӣ сурат нагирифта буд. Онҳо аз додгоҳ хостанд, ки банди "Куштор бо маслиҳати пешакӣ"-ро бекор кунад. Ба гуфтаи додситон Кунадик Досов, "айби гумонбарон дар рафти мурофиаҳо пурра исбот шуд".

Баррасии парванда 3-юми январ дар Додгоҳи шаҳри Алмаато оғоз шуда буд.

Варзишгари маъруфи қазоқ, раққоси рӯи ях ва барандаи ду медали чемпионати ҷаҳон, аз ҷумла бозиҳои олимпии шаҳри Сочии Русия Денис Тени 25-сола рӯзи 19-уми июли соли гузашта дар бемористони шаҳри Алмаато вафот кард. Ӯ бо чанд захми корд ба бемористон интиқол ёфта буд. Ба ӯ афроде ҳамла карданд, ки мехостанд, шишаи мошинашро бидузданд.

Путин иддао кард, ки "ҳузури ИМА Балканро ноором мекунад"

Билборди Путин дар Сербистон - Белград, 15 январ, 2019

Президенти Русия Владимир Путин иддао кард, ки Ийолоти Муттаҳидаи Амрико барои "ҳифзи ҷойгоҳ" суботи минтақаи Балканро баҳам мезанад. Шарҳи Путин дар ин робита рӯзи 15 январ, дар остонаи сафараш ба ин минтақа, дар нашрияҳои " Вечерние Новости" ва "Политика"-и Сербистон чоп шуд. Ин матлабро сомонаи Кремлин низ нашр кард.

Путин ба робитаҳои таърихии наздик бо Сербистон ва ҳамчунин ба нигарониҳои Маскав аз нуфузи Ғарб дар минтақа таъкид мекунад. Ӯ аз ҳушдорҳои Вашингтон ва бархе шарикони аврпуоии ИМА ёдовар шудааст, ки мегӯянд, Русия талош дорад вазъи минтақа, бо шумули Монтенегро, Босния ва Ҳесеговин ва Македонияро ноором созад.

Президенти Русия дар сӯҳбат аз бомбаборони соли 1999-и НАТО болои Сербистон, дар замони ҷанги Косово ва ҳамчунин истиқлолияти Косово аз Сербистон дар соли 2008 ёдовар шуд.

Сербистони ва Русия эълони истиқлолияти Косоворо маҳкум, аммо кишварҳои Ғарб аз он истиқбол карданд.

Путин ҳамчунин гуфт: "Монтенегро ба узвияти НАТО кашида шуд. Дар натиҷа ин кишвар ҳоло марҳилаи бесуботии сиёсиро убур мекунад".

Монтенегро якҷо бо ИМА ва давлатҳои дигар Русияро ба пуштибонӣ аз кӯшиши табаддулоти соли 2016 муттаҳам мекунанд, ки баъди ворид шудани Монтенегро ба НАТО ҷараён гирифт.

Иктишофи ИМА: Чин дар ояндаи наздик соҳиби силоҳи пешрафта мешавад

Ҳавопаймои ҷангии Чин - J-20

Неруҳои мусаллаҳи Чин дар ояндаи наздик соҳиби силоҳи пешрафта хоҳанд шуд. Ин силоҳ дар натиҷаи муосирсозии артиши он кишвар солҳои ахир тавсеа ёфт.

Ҳадаф аз коркардҳои охир тавсеаи босуръати амнияти артиши Чин ва бозгардонидани Тайван ба Чин унвон мешавад.

Ин хулоса дар гузориши махсуси иктишофи низомии Амрико зикр шудааст. Гузориш рӯзи сешанбе нашр шуд.

Дар гузориш омадааст, Пекин интизор дорад, ки эҳтимол "нерӯҳои хориҷӣ" аз Тайван ҳимоят кунанд. Ба ин далел Чин маҷбур аст, низомеро тавсеа диҳад, ки амалкардҳои "нерӯҳои хориҷӣ" дар минтақаро хунсо кунад. Бино бар иттилои Амрико, харҷҳои низомии Чин дар соли 2018 бештар аз 200 миллиард доллар будааст. Ин нишондод нисбати соли 2002 се барбар бештар аст. Буҷаи мудофиаи ИМА наздики 700 миллиард доллар аст, аммо бахши бузурги он ба таҳқиқотҳои илмӣ ва твсеаи силоҳҳои сарф мешавад. Чин барои таҳқиқотҳо сарфаҷӯӣ ва бештар аз силоҳҳои хориҷӣ нусхабардорӣ мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки Чин силоҳҳои хориҷиро барои нусхабардорӣ ҳам бо роҳҳои машруъ ва ҳам бо роҳҳои номашруъ ба даст меорад. Ин кишвар ҳамчунин ширкатҳои ғарбиро маҷбур мекунад, ки дар ивази роҳ ёфтан ба бозори Чин, технологияҳои муҳимашонро дар ихтиёри чиниҳо гузоранд.

Бино ба гузориши иктишофи Амрико, Чин ҳамакнун соҳиби мушакҳои болдор аст, ки метавонад, онҳоро аз ҳавопаймо ва киштиҳо партоб кунад.

Коршиносони амрикоӣ мегӯянд, ҳамроҳсозии маҷбурии Тайван ба Чин ногузир аст. Аммо Чин мехоҳад, низоъе сурат нагирад.

Аз ҳамлаи "Аш-Шабоб" дастикам 14 нафар дар Кения ҷон бохт

Нерӯҳои вежаи Кения дар макони ҳамлаи мусаллаҳона. 16-уми январи 2019

Дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба меҳмонхонае дар Найроби, пойтахти Кения, дастикам 14 нафар кушта шуд. Reuters хабар дод, ки ҳамлагаронро пулис дар ҷараёни амалиёт маҳв кард. Теъдоди онҳо эълон нашудааст. Ҳодиса рӯзи 15-уми январ рух дод.

Қабл аз тасарруфи меҳмонхона аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳ ду таркиш ба амал омад. Ходимони пулис ва хадамоти махсус ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Ҷинояткорон аз силоҳ оташ кушода, якчанд норинҷак партофтанд ва сипас биноро масдуд карданд.

Амалиёти маҳви ин гурӯҳ 20 соат идома кард. Дар ин муддат аз меҳмонхона 700 нафарро берун оварданд. Мақомот ҳодисаро ҳамчун амали террористӣ таҳқиқ мекунанд.

Масъулияти ҳамларо гуруҳи тундрави "Аш-Шабоб" бар уҳда гирифтааст.

Солҳои охир дар Кения чандин ҳамлаи мусаллаҳона анҷом шуд, ки масъулияташро "ҷиҳодиҳо" бар дӯш гирифтанд. Яке аз ҳамлаҳои даҳшатбор соли 2015 дар Найроби сурат гирифт, ки дар натиҷаи он тақрибан 150 донишҷӯ кушта шуд.

Ҳамлаҳо баъди он бештар шуданд, ки низомиёни Кения ба ҷанги зидди гуруҳи "Аш Шабоб" дар ҳудуди Сомалӣ пайвастанд.

Трамп меҳмонони Кохи Сафедро бо ҳамбургер зиёфат дод

Президенти Амрико Доналд Трамп пули ҳамбургер ва питсаҳоеро, ки барои аъзои дастаи футболи Донишгоҳи Клемсон фармоиш шуда буд, аз ҳисоби худ пардохт кард. Трамп онҳоро рӯзи 14-уми январ дар Кохи Сафед ба ҳузур пазируфт.

Трамп барои он маҷбур шуд, ғизоҳоро худ фармоиш дода ва пули онҳоро бипардозад, ки низоми ба истилоҳ "шатдаун" - қисман қатъшавии сармоягузории ҳукумати федеролӣ дар Амрико - идома дорад.

"Шатдаун" беш аз се ҳафта мешавад, барои он идома дорад, ки Конгресс ба иллати ихтилофи назар роҷеъ ба бунёди девор дар марз бо Мексика наметавонад будҷаи соли 2019-ро қабул кунад. Доналд Трамп талаб дорад, барои бунёди девор пул ҷудо шавад, вале демократҳо зидди он ҳастанд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Трамп, бахши бузурги ҳайати шахсӣ ба далели "шатдаун" ба рухсатии бемузд рафтаанд. Дар натиҷа президент маҷбур шуд, зиёфатро дар Кохи Сафед барои футболбозон -- ғолибони чемпионати миллӣ шахсан ташкил кунад.

Трамп ба рӯзноманигорон гуфт, аз шабакаҳои McDonald's, Wendy's ва Burger King 300 ҳамбургер фармоиш дода буд. Президент гуфт, барои он ҳамбургер фармоиш дод, ки "фикр мекунам, ҳамбургер ғизои дӯстдоштаи онҳо аст". Ба қавли Трамп, ин ғизои миллии амрикоиҳо аст.

Раиси ҷумҳури Амрико бештари вақти худро дар давраи "шатдаун" дар Кохи Сафед мегузаронад.

Пеш аз сафари Мирзиёев ба Аврупо Фейсбук ва Ютуб дастрас шуд

Дар Узбекистон аз 14-уми январи имсол шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Вконтакте ва саҳифаи YouTube дубора дастрас шуданд. Ба иттилои расонаҳои узбекӣ, то ҳол воридшавӣ ба шабакаҳои мазкур танҳо бо VPN ва филтршиканҳо (анонимайзерҳо) имконпазир буд.

Тамоми ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Узбекистон низ тасдиқ карданд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар бидуни филтршиканҳо дубора дастрас шудаанд.

Дастрасӣ ба Facebook дар Узбекистон моҳи сентябри соли гузашта маҳдуд шуда буд. Дертар YouTube низ дастнорас шуд.

Қарор аст, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 20-22-юми январ аз Олмон дидан кунад. Бархе корбарони узбек мегӯянд, дастрас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин сафар рабт доранд.

Пешниҳодҳо зидди мақоми расмии забони русӣ дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, бо баргузории ҳамапурсӣ меъёри мақоми расмии забони русӣ аз Конститутсия бардошта шавад.

Ин яке аз пешниҳодҳои кумитаи иҷроияи қурултойи нерӯҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва меҳанпарастии Қирғизистон барои референдуми ворид кардани тағйирот ба Конститутсия аст.

"Забони русӣ барои мо зарурист. Аммо ҳамчун яке аз забонҳои дорои аҳамияти байналхалқӣ. Ба хотири он ки вақте мо дар хориҷ ҳастем, бо ин забон гуфтугӯ кунем. Ин забон бояд аз боғчаҳо сар карда ҳамчун забони хориҷӣ омӯзонида шавад. Вале мақомаш бояд мисли забонҳои СММ - байналхалқӣ бошад, дар як радиф бо англисӣ. Забони давлатӣ бояд забони қирғизӣ боқӣ монад. Ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳо бояд бо забони қирғизӣ сурат гиранд ва мансабдорон ҳам бояд бо забони қирғизӣ суханронӣ кунанд. Агар ин чораҳо андешида нашаванд, қирғизҳо аз байн мераванд", - гуфт Азимбек Бекназаров, намояндаи қурултой.

Дар Қирғизистон забони русӣ мақоми расмӣ дорад. Коргузорӣ ва хидматрасонӣ дар шаҳрҳо бо забонӣ русӣ норизоии қисме аз ҷомеаро ба бор овардааст.

Як амрикоӣ дар ҳамла ба як меҳмонхона дар Кения кушта шуд

Як мақоми вазорати умури хориҷии Амрико таъйид кардааст, ки як шаҳрванди ин кишвар дар ҳамлаи рӯзи сешанбеи ниманизомиёни гурӯҳи "Аш-Шабоб" дар пойтахти Кения, кушта шудааст. Ин мақоми вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, "таъйид мекунам, ки як шаҳрванди амрикоӣ дар ин ҳамла кушта шудааст."

Ин манбаъ шарҳи бештаре дар бораи шахсияти ин шаҳрванди амрикоӣ ироа накардааст. Мақомҳои Кения мегӯянд, дар ҳамлаи гурӯҳи исломии "Аш-Шабоб" дар як меҳмонхонаи муҷаллал дар пойтахти он кишвар, ҳадди ақал 15 нафар кушта шудаанд.

Гуруснанишинии Исмоилова бо талаби озодии блогнависи зиддифасод

Хадиҷа Исмоилова - рӯзноманигори шинохтаи Озарбойҷон. 15-уми январи соли 2019

Рӯзноманигори таҳқиқотгари Озарбойҷон Хадиҷа Исмоилова бо талаби озод кардани блогнависи зиддифасод Меҳмон Ҳусейнов ва дигар зиндониҳои сиёсӣ ба гурӯҳи фаъолоне пайваст, ки бо чунин талаб даст ба гуруснанишинӣ задаанд.

Хадиҷа Исмоилова рӯзи 15-уми январ аксҳои худаш, фаъоли ҳуқуқ Намиқ Абдуллоев ва дигаронро дар Фейсбук нашр кард, ки дар дафтари ҳизби "Мусавват" дар Боку гуруснанишинӣ эълон карданд.

"Ман чизи дигар барои қурбонӣ надорам, ба ҷуз саломатиам", - гуфт Исмоилова рӯзи 14-уми январ вақте аз барномаи ҳамоишаш ба эътирозгарон хабар дод.

Ӯ талаб кард, ки ҳукумати президент Илҳом Алиев "иттиҳоми алайҳи панҷ зиндонии сиёсиро, ки муҳлати ҳукмашон ба охир мерасад, лағв кунад" ва "ҳамаи рӯзноманигорон, блоггерҳо ва фаъолони ҳуқуқро озод кунад".

Исмоилова, инчунин, аз ҳукумат даъват кард, ки "сиёсати бидуни зиндонии сиёсӣ"-ро пеш бигирад ва баррасии "парвандаҳои ҳамаи зиндониҳои сиёсӣ"-ро якҷо бо гурӯҳҳои мустақили ҳукуқи башарро ба роҳ монад.

Талаби озодии блогнависи зиддифасод Меҳмед Ҳусейнов дар дохил ва хориҷи Озарбоҷон дар ҳоле шиддат мегирад, ки мақомот дар фосилаи чанд ҳафта аз анҷоми ҳукми зиндон алайҳи Меҳмон Ҳусейнов иттиҳоми нав эълон карданд. Ӯ ба "зуроварии хатарнок ба ҳаёти намояндаи ҳукумат" муттаҳам мешавад.

Ҳусейнов ва чанде аз зиндониҳои сиёсӣ ба нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ заданд.

Ҳусейнов ҳоло бо ҷурми "туҳмат" ҳукми дусолаи зиндон пушти сар мекунад, ки худаш ва ҷонибдоронаш онро ҳукми дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

"Паём"-и Эрон ба мадор нарасид

Парвози мушаки "Паём". Рӯзи 15-уми январ, 2019

Эрон гуфт, ки парвози моҳвораеро бо номи "Паём" ба роҳ монд, аммо мушак натавонист ба мадор бирасад. Роҳандозии мушак рӯзи 15-уми январ дар пасманзари ҳушдорҳои Амрико аз ингуна озмоишҳои Теҳрон ва иттиҳоми нақзи қатъномаи СММ сурат гирифт.

Вазири телекоммуникатсияи Эрон Муҳаммад Ҷавод Озари Ҷаҳромӣ ба телевизиони давлатӣ гуфт, мушаке, ки "Паём"-ро мебурд, дар марҳилаи сеюми раҳандозӣ натавонист суръати заруриро касб кунад. Ӯ сабаби ин нокомиро шарҳ надод, аммо гуфт, олимон бар сари ин масъала кор хоҳанд кард.

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу Эронро барои роҳандозии ин мушак шадидан интиқод кард. Ба гумони ӯ, ин "моҳвораи беозор" дар асл марҳилаи аввали мушаки байниқоравӣ буд".

"Мушаки дигари Эрон бо номи "Дӯстӣ" дар интизори парвоз аст", - гуфт Ҷаҳромӣ дар Твиттер баъди парвози номуваффақи мушаки "Паём". Пештар аз ин президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ гуфта буд, ки "Паём ва Дӯстӣ", қарор аст, дар бораи тағйири муҳити зисти Эрон маълумот ҷамъ кунанд.

Лаҳистониҳо барои гиромдошти шаҳрдори кушташуда ба кӯча баромаданд

Шаҳрдори Гданск чанд лаҳза қабл аз ҳамла

Ба дунболи эълони ҳалокати шаҳрдори Гдански Лаҳистон, ки рӯзи якшанбе дар як консерти хайрия мавриди ҳамла қарор гирифт, мардум дар чанд шаҳр, бо шумули Гданск, ба хотири гиромидошти ӯ ба кӯчаҳо баромаданд. Рӯзи ба хок супурдани Павел Адамович рӯзи мотам эълон мешавад.

Сарфи назар аз чандин амалиёт ва хунгузаронӣ табибон натавонистанд шаҳрдорро наҷот диҳанд. Онҳо мегӯянд, зарбаи корд ба рагҳои муҳими қалбаш осеб расонд.

Ҳамларо Штефан Б. анҷом дод, ки 27 сол дорад. Ӯ ба саҳна баромад ва бо корд ба Адамович ҳамла кард. Штефан Б дар саҳна боздошт шуд, аммо қабл аз ин дар микрофон фарёд зад, ки бо гуноҳи ҳизби "Платформаи шаҳрвандӣ", ки Павел Адамович узви он аст, ноодилона зиндонӣ шуд.

Ба гуфтаи матбуот, ин мард қаблан бо ҷурми ҳамлаи мусаллаҳона ба бонк маҳкум ба зиндон шуда буд. Гуфта мешавад, Штефан Б. мушкили равонӣ дорад.

Адамович 20 сол боз шаҳрдори Гданск ва узви шинохтаи ҳизби ҳокими "Ҳуқуқ ва Адолат" буд.

Тухмие, ки дастгоҳи Чин бурда буд, бори аввал дар Моҳ реша давонд

Моҳпаймои Чин

Дастгоҳи кайҳҳонии Чин - "Чанъэ 4", ки бомувафақият дар тарафи муқобил ё дар пушти Моҳ нишаст, бори аввал дар таърихи башар дар сатҳи Моҳ таҷрибаи биоложӣ анҷом дод. Тухмии пахта, ки моҳпаймои Чин бо худ бурда буд, реша тавонд. Дар ин бора телевизиони марказии Чин рӯзи 15 январ хабар дод.

Барои таҷриба шаш навъи биложӣ, бо шумули тухми пахта ва картошка интихоб шуд. Аз аксҳои фиристодаи моҳпаймо маълум мешавад, ки тухмии пахта беҳтар нумӯъ кардааст.

Ин аввалин тухмиест, ки бовуҷуди сахтиҳои муҳити зист, ба монандаи сатҳи пасти ҷозиба, радиатсияи баланд ва тафовути ҳарорат, дар Моҳ месабзад.

"Чанъэ 4" рӯзи 3 январ дар Моҳ нишаст. Тарафи муқобили Моҳ аз замин дида намешавад ва дастгоҳҳое, ки дар онҷо кор мекунанд наметавонанд ба таври мустақим аз замин радиосигнал бигиранд. Барои ҳамин чанд моҳ пеш аз маъмурияти аслӣ Чин ба мадори Моҳ дастгоҳи "Цюэцяо" ро фиристод, ки робитаи "Чанъэ 4" бо Заминро таъмин мекунад.

ВАО: амалиёти ба ИМА ворид кардани Бутина бо дастури Кремлин сурат гирифт

Мария Бутина

Амалиёти ворид кардани Мария Бутина ба доираҳои муҳофизакори нухбагони сиёсии ИМА бо дастуру пуштибонии Кремлин сурат гирифт. Раҳбари амалиёт ва роҳнамои Бутина муовини пешини раиси Шӯрои федерация ва муовини "Бонки Русия" Александр Торошин буд. Чунин аст натиҷагирии хадамоти махсуси ИМА, ки The daily Beast онро дастрас кард.

Мария Бутина охири соли гузашта гуноҳи худро эътироф кард, ки ӯ дар ИМА фаъолияти ғайриқонунӣ пеш мебурд, ҳамчун агенти Русия сабти ном нашуда буд ва солҳо бо муҳофизакорони шинохтаи Амрико, аз ҷумла бо намояндагони Созмони тирандозон, робита барқарор мекард. Биноба натиҷагирии хадамоти махсус нахустин тамосҳо бо намояндагони созмоне, ки аз ҳақи амрикоиҳо ба доштани силоҳ ҳимоят мекунад, бо ибтикори Торошин барқарор шуд. Ин тамосҳо муддатҳо пеш аз интихоботи соли 2016 оғоз шуданд.

Мақомоти Маскав,бо шумули президент Путин, даст доштани худро ба вуруди намояндагони Русия ба Созмони тирандозони ИМА қотеона рад мекунанд. Аммо дар санаде, ки The daily Beast дарёфт кард, гуфта мешавад, ки Вазорати умури хориҷии Русия ба ибтикори Торошин мухолиф набуд, зеро робита бо доираҳои муҳофизакор, дар сурати пирӯзии номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихобот, муҳим мешуд.

Ҳоло Александр Торошин ҳадафи таҳримҳои ИМА қарор дорад ва Мария Бутина баьди созиш бо тафтишот ҳукми додгоҳро интизор аст.

Узбекистон меҳнати иҷбории омӯзгоронро расман манъ мекунанд

Узбекистон -меҳнати иҷборӣ

Узбекистон тасмим доранд, ки ҷалби омӯзгорон ба меҳнати иҷбориро аз рӯи қонун манъ кунад.

Ҳамчунин дар назар аст, ки даст задан ба маоши муаллимон барои харҷҳои гуногун, аз ҷумла обуна ба нашрияҳову маҷаллаҳо манъ карда шавад.

Ин талабҳо дар лоиҳаи қонун "Дар бораи мавқеи омӯзгор" ворид шудааст. Лоиҳаи қонунро вазорати маорифи Узбектстан таҳия кард.

Дар лоиҳаи қонун, ки 11 январи соли ҷорӣ барои баҳсу баррасӣ дар интернет нашр шуд, мавқеи омӯзгор, усулҳои фаъолияти омӯзгорӣ, инчунин низоми боло бурдани тахассуси донишҷӯён нишон дода шудааст. Бар илова, қонуни мазкур ҳимояи шаъну шарафи омӯзгорро кафолат медиҳад.

Бар пояи ин тарҳ, ҷалби омӯзгорон ба меҳнати иҷборӣ, аз ҷумла сабзакориву поксозии ҳудуди ноҳияҳову шаҳрҳо, ҷамъоварии оҳанпораву коғазпора ва меҳнати мавсимӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ манъ мешавад.

Ҳамчунин, волидони талабаҳо дигар ҳақ нахоҳанд дошт, ки ба уҳдадориҳои касбии омӯзгорон дахолат кунанд.

Гурӯҳи Толибон масъулияти ҳамла дар Green Village-ро бар дӯш гирифт

Осебдидаҳои таркиши 14 январи соли 2019 дар Афғонистон

Гурӯҳи мусаллаҳи Толибон масъулияти бомбгузории рӯзи 14 январ дар Green Villagе - макони дафтари созмонҳои байналмилалӣ дар Кобулро бар дӯш гирифт.

Ин таркиши 4 нафар кушта, 113 нафарро маҷруҳ кард.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид рӯзи 15 январ гуфт, ки чаҳор ҳамлагар қабл аз ворид шудан ба Green Village бомбаи дохили мошинро ба кор дароварда, "теъдоди зиёди хориҷиҳоро" куштанд".

Вазорати дохилии Афғонистон гуфт, ки се низомӣ ва як шаҳрванди мулкӣ ба ҳалокат расид. Дар байни захмиҳо 12 зан ва 23 кудак ҳаст.

Мақомот барои муайян кардани ҳалокати ягон хориҷӣ таҳқиқот оғоз карданд.

Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, дастгоҳи тарканда, ки дар мошине насб шуда буд, дар қисмати шарқии Кобул, наздикии маҷмааи Green Village таркид.

То чанде пеш дар маҷмааи Green Village кормандони намояндагии СММ кору зиндагӣ мекарданд. Аммо мақомот мегӯянд ин минтақа ҳоло тақрибан холӣ буда, танҳо як теъдод нигаҳбонҳо дар он ҳузур доранд.

ҲСДҚ: эътирозҳои зиддичиниро ба гардани Отамбоев бор карданианд

Алмосбек Отамбоев

Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) мегӯяд, дар ин кишвар талошҳои рабт додани эътирозҳои зиддичинӣ ба ҳизб афзоиш ёфтааст. Сухангӯи ҲСДҚ Кундуз Жолдубоева рӯзи 14 январ дар ин замина изҳороти расмӣ нашр кард.

"Ин як ҳангомаи дурӯғу ифлоси навбатии мухолифони сиёсии мост, ки мехоҳанд, хатоҳои шахсии худро бар зиммаи президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва ҷонибдоронаш вогузор кунанд. Хадамоти махсуси ҳирфаӣ метавонад ба осонӣ созмондиҳандагони аслии тазоҳуротҳои ҳангомавиро муайян кунад", - омадааст дар изҳорот.

Жолдубоева афзудааст, ки на Отамбоев ва на ҲСДҚ ба тазоҳуротҳои зиддичинӣ рабте надоранд.

Аз моҳи декабри соли 2018 то ҳол дувумин тазоҳурот аст, ки бо талаби ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунии Чин дар Қирғизистон баргузор мешавад. Тазоҳургарон дар баробари ихроҷи муҳоҷирони ғариқонунии чинӣ, ҳамчунин аз сафорати Чин хостанд, Пекин таъқибу боздошти ақалиятҳои миллӣ, аз ҷумла қирғизтаборонро қатъ кунад. Дар сурати ғайр, таҳдид карданд, ки бо ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунии Чин мустақилона машғул хоҳанд шуд.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков 9 январ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Соқулуқи вилояти Чӯй гуфт, "ин кори нирӯҳои дохилӣ аст, ки мехоҳанд, бо сиёсӣ сохтани масъала муносибатҳоро бо Чин бад кунанд. Вале кадом нирӯҳои дохилӣ аст, намедонем. Фикр накунанд, ки коре карда метавонанд. Ҳамаашонро ба ҷавобгарӣ хоҳем кашид. Аз чизе наметарсем. Бародарони гиромӣ, зидди ҳама чора меандешем ва ин масъаларо ҳал мекунем".

Никол Пашинян сарвазири Арманистон таъйин шуд

Президенти Арманистон Армен Саркисян фармони ба вазифаи сарвазирии ин кишвар таъйин шудани Никол Пашинянро имзо кард. Фармон дар сомонаи расмии президент нашр шудааст.

Пашинян баъд аз эътирозҳои оммавӣ дар моҳи майи соли гузашта сарвазири Арманистон шуда буд. Тазоҳургарон ба раҳбарии Серж Саргсян ва ҳизбаш эътироз баён карда, гуфтанд, ӯ мехоҳад, баъди ду давраи президентӣ давраи севум низ ҳамчун сарвазир кишварро раҳбарӣ кунад.

Миёнаҳои моҳи октябр Пашинян аз мақоми сарвазирӣ истеъфо дод ва муваққатан иҷрои ин вазифаро бар дӯш гирифт. Ибтидои моҳи ноябр президенти Арманистон порлумонро пароканда эълон ва фармон дар бораи баргузории интихоботи ғайринавбатиро имзо кард. Ин фармон баъди он содир шуд, ки порлумон ду навбат натавонист, сарвазири навро таъйид кунад.

Пашинян дар давраи роҳбарияш фурсат пайдо кард, ки ҳамаи роҳбарони вилоятҳои кишварро иваз кунад, маъракаи зидди фасодро ба роҳ монад ва ҳаҷми даромади буҷаро аз ҳисоби андоз афзоиш диҳад.

9 декабр дар интихоботи порлумонии Арманистон эътилофи "Иқдоми ман"-и иҷрокунандаи вазифаи сарвазир Никол Пашинян 70,43 дарсади раъйи мардумро ба даст овард.

Ҳизбҳои "Арманистони рӯ ба рушд" ва "Арманистони бомаърифат" бо касби мутаносибан 8 ва 6 дарсади раъй вориди порлумон шуданд. Ҳизби ҷумҳурихоҳи Арманистон, ки дар гузашта ҳизби ҳоким буд, ба порлумон роҳ наёфт. Ба ин ҳизб ҳамагӣ 4,7%-и сокинон раъй додаанд.

Мақомоти Туркманистон сабти номи сарбозони эҳтиётиро шуруъ карданд

Мақомоти Туркманистон дар ҳоли ҳозир сарбозони эҳтиётиро сабти ном мекунанд. Дар ҳамин ҳол, манбаъҳо мегӯянд, тамоми марзи Афғонистон бо Туркманистон дар ихтиёри ҷангҷӯён аст.

"Ба ҳамаи нуқтаҳои бақайдгирии низомӣ дастур шудааст, ки мардони то 50-соларо барои омодагӣ ба амалиёти низомӣ санҷанд",-хабар дод як манбаъ аз вазорати мудофиаи Туркманистон. Ба гуфтаи ин манбаъ, сабти номи сарбозони эҳтиётӣ ба вазъи марз бо Афғонистон рабт дорад. "Вазъи марз ноором аст",-гуфт манбаъ.

Панҷ вилояти Афғонистон бо Туркманистон ҳаммарз ҳастанд. Ахиран расонаҳо хабар доданд, ки низомиёни рус бо ҳамтоёни туркманашон размоишҳои муштарак барпо мекунанд. То ин замон низомиҳои Русия борҳо хабар доданд, ки гуруҳи қавии тундгаро дар марзи Афғонистон бо Туркманистон ҷамъ шудааст.

Трамп гуфт, ки "ҳеҷ гоҳ ба манфиати Русия кор накардааст"

Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки "ҳеҷ гоҳ барои Русия кор накардааст" ва гузоришҳоеро, ки робитаи ӯ бо президенти Русия Владимир Путинро суолбарангез мехонанд "як дуруғи ғафс" номид.

Трамп рӯзи 14 январ ба думболи гузориши The Washington Post, ки охири ҳафта нашр шуд ва гуфт, ки президенти ИМА "бисёр талош кард, муҳтавои сӯҳбаташ бо Путинро пинҳон кунад" дар ҳузури хабарнигорон вокуниш кард. Дар гузориши ҷудогона нашрияи "The New York Times ошкор кард, ки баъди аз мақом барканор кардани Ҷеймс Коми, раҳбари пешини Идораи истихбороти ИМА, Бюрои федеролии тафтишот соли 2017 ба манзури оё Трамп ба манфиати Русия кор кардааст ё не, алайҳи ӯ бозҷӯӣ оғоз кард. Ин тафтишҳои эҳтимолӣ баъдан ба таҳқиқи бозҷӯии дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи соли 2016, ки ҳоло Роберт Мюллер пеш мебарад, ҳамроҳ шуданд.

Трамп, ки рӯзи душанбе қабл аз сафараш ба Ню Орлеан дар чаманзори Кохи сафед бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, Идораи федеролии тафтишот ва Вазорати адлияро "нобакорҳои шинохта" ва "пулисҳои ифлос" унвон кард.

Майк Помпео бо мақомоти Арабистони Саудӣ мулоқот кард

Майк Помпео ва Муҳаммад бин Салмон. 14 январ, 2019

Раҳбарони Арабистони Саудӣ Котиби давлатии ИМА Майк Помпеоро мутақоид карданд, ки дастандаркорони куштори журналист Ҷамол Хошуқҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Помпео дар ин бора рӯзи 14 январ дар Риёз ба хабарнигорон маълумот дод. Хабаргузории Reuters вазъи баъди куштори Хошуқҷиро Арабистони Саудиро бузургтарин буҳрони сиёсӣ дар хонаводаи салтанатӣ медонад.

Помпео ба хабарнигорон гуфт, ки ҳангоми сӯҳбат бо шоҳ Салмон ва валиаҳди саудӣ Муҳаммад бин Салмон як идда масоили марбут ба ҳуқуқи инсон, бо шумули ҳуқуқи занон, аз ҷумла вазъи фаъолони ҳуқуқи башарро, ки моҳҳо зиндонӣ ва шиканҷа мешаванд, матраҳ кард.

Ҷамол Хошуқҷӣ, ки муддати тӯлонӣ шахси мавриди эътимоди нафарони атрофи шоҳи саудӣ буд ва солҳои ахир валиаҳд бин Салмонро танқид мекард, моҳи октябри соли 2018 дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул кушта шуд. Ин ҷиноят мавҷи маҳкумкуниҳоро дар саросари ҷаҳон ба миён овард. Вазорати молияи ИМА 17 шаҳрванди ин кишварро таҳрим кард ва Сенати ИМА қатъномаеро қабул кард, ки валиҳади саудӣ Муҳаммад бин Салмонро муттаҳам мекард.

Биноба арзёбии Идораи истихбороти ИМА фармоишгари ин куштор эҳтимол Муҳаммад бин Салмон буд. Мақомоти Риёз инро қотеона рад мекунанд. Дар робита ба ин куштор 21 нафар дар Арабистони Саудӣ бозҷӯӣ мешаванд. Панҷ нафари онҳо дар ростои ҳукми эъдом қарор доранд.

Ҳамлаҳои тоза алайҳи ҳамҷинсгароҳо дар Чеченистон - 2 кушта 40 боздоштшуда

Эътирози зидди таъқиби ҳамҷинсгароҳо дар Чеченистон

Ба маълумоти Шабакаи ҳамҷинсгароҳои Русия мавҷи нави таъқиби ҳамҷинсгароҳо дар Чеченистон оғоз шудааст. Ба гуфтаи ин созмон аз охири моҳи декабр дар ин ҷумҳурӣ дастикам 40 нафар ғайриқонунӣ боздошт ва ду нафар дар пайи шиканҷа ҳалок шуд.

Мисли мавридҳои қаблӣ, боздоштро ходимони ниҳодҳои ҳифзи тартибот анҷом доданд. Бахше аз осебдидаҳо дар зиндони Арғун нигаҳдорӣ мешаванд, ки номаш дар робита ба таъқиби ҳамҷинсгароҳо борҳо вирди забон шудааст. Бар пояи шоҳидии сокинони Чеченистон, ки бо фаъолони ҳуқуқ дар тамос шуданд, санадҳои боздошшудаҳоро мусодира ва онҳоро бо парвандаҳои сохта аз ҷумла алайҳи наздиконашон таҳдид мекунанд, маҷбур мекунанд ба варақҳои тоза, ки навиштае надорад, имзо гузоранд.

Ба гуфти ҷомеаи ҳамҷинсгароҳо, ин созмон тавонист 150 нафарро аз Чечнистон берун орад, ки 130 нафари онҳо Русияро тарк карданд.

Соли 2017 нашрияи "Новая газета" силсилаи матлабҳоро дар бораи таъқиб ва куштори ҳамҷинсгароҳо дар ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ нашр кард. Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, СММ, ИМА ва Иттиҳоди Аврпуо аз Русия талаб карданд, ки ҳамаи хабарҳои марбут ба таъқибу куштори ҳамҷинсгароҳоро мавриди санҷиш қарор диҳад. Аммо Рамазон Қодиров - раҳбари ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ иттиҳомро рад кард ва гуфт, ки Чеченистон ҳамҷинсгаро надорад.

Шаҳрдори Гданск баъди ҳамлаи ахир ба худ наомада даргузашт

Павел Адамович

Мири шаҳри Гдански Лаҳистон Павел Адамович, ки рӯзи якшанбе дар консерти хайрия бо корд захмӣ шуд, дар бемористон даргузашт

Вазъи Павел Адамович соатҳо боз вахим буд ва ӯ рӯзи 14 январ даргузашт,- гуфтанд мақомоти беҳдошт. Гуфта мешавад, ки корд ба қалби Алмович расида буд ва ӯ хуни зиёдро гум кард.

Ҳамларо Штефан Б. аҷом дод, ки 27 сол дорад. Ӯ ба саҳна баромад ва бо корд ба Адамович ҳамла карда ба қалбаш ду зарба зад. Штефан Б дар саҳна боздошт шуд аммо қабал аз ин дар микрафаон фарёд зад, ки бо гуноҳи ҳизби "Платформаи шаҳрвандӣ", ки Павел Адамович узви он аст, ноодилона зиндонӣ шуд.

Ба гуфтаи матбуот, ин мард қаблан бо ҷурми ҳамлаи мусаллаҳона ба банк маҳкум ба зиндон шуда буд. Гуфта мешавад, ки Штефан Б. мушкили равонӣ дорад.

Адамович 20 сол боз шаҳрдори Гданск ва узви шинохтаи ҳизби ҳокими "Ҳуқуқ ва Адолат" аст.

Беш аз нисфи шаҳрвандони Русия истеъфои ҳукуматро мехоҳанд

Акси тасвирӣ

Беш аз ними шаҳрвандони Русия (53%) аз истеъфои ҳукумат пуштибонӣ мекунанд, 40 дар сад ба ин мухолифанд. Чунин аст, натиҷаи назарсанҷии Маркази омӯзиши афкори умуми "Левада", ки миёнаҳои моҳи диекабр анҷом шуда рӯзи душанбе нашр шуд.

Моҳи ноябри соли 2016 аз се як ҳиссаи шаҳрвандони Русия истеъфои ҳукуматро мехостанд.

Бахши умдаи шаҳрвандон (57%) бовар доранд, ки ҳукумати Русия наметавонад мушкилоти боло рафтани нархҳо ва коҳиши даромади аҳолиро ҳал кунад. 46 дар сад мегӯянд, ки ҳукумат наметавонад онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунад ва 43 дар сад бовар доранд, ки ҳукумат дар фикри таъмини иҷтимоии мардум нест.

Бинобар ин назарсанҷӣ, 36 дар сад гуфтанд, ки ҳукумат бо ҳайъати феълиаш аз ӯҳдаи муқовимат ба буҳрони иқтисодӣ намебарояд.

Маркази ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯзи 8 январ гуфт, ки соли 2018 рӯҳияи эътирозии шаҳрвандони Русия дар муқоиса бо солҳои пешин боло рафт. Коршиносон инро дар қадами аввал ба норозигии мардум аз боло бурдани синни нафақа - номаъруфтарин ислоҳоти мақомоти кунунии Русия, рабт доданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Кор аз дохили хона. Соҳибхоназанҳо ҳунари комютеру интернетро азхуд карданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:24 0:00
XS
SM
MD
LG