Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Трамп гуфт, ки "ҳеҷ гоҳ ба манфиати Русия кор накардааст"

Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки "ҳеҷ гоҳ барои Русия кор накардааст" ва гузоришҳоеро, ки робитаи ӯ бо президенти Русия Владимир Путинро суолбарангез мехонанд "як дуруғи ғафс" номид.

Трамп рӯзи 14 январ ба думболи гузориши The Washington Post, ки охири ҳафта нашр шуд ва гуфт, ки президенти ИМА "бисёр талош кард, муҳтавои сӯҳбаташ бо Путинро пинҳон кунад" дар ҳузури хабарнигорон вокуниш кард. Дар гузориши ҷудогона нашрияи "The New York Times ошкор кард, ки баъди аз мақом барканор кардани Ҷеймс Коми, раҳбари пешини Идораи истихбороти ИМА, Бюрои федеролии тафтишот соли 2017 ба манзури оё Трамп ба манфиати Русия кор кардааст ё не, алайҳи ӯ бозҷӯӣ оғоз кард. Ин тафтишҳои эҳтимолӣ баъдан ба таҳқиқи бозҷӯии дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи соли 2016, ки ҳоло Роберт Мюллер пеш мебарад, ҳамроҳ шуданд.

Трамп, ки рӯзи душанбе қабл аз сафараш ба Ню Орлеан дар чаманзори Кохи сафед бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, Идораи федеролии тафтишот ва Вазорати адлияро "нобакорҳои шинохта" ва "пулисҳои ифлос" унвон кард.

Майк Помпео бо мақомоти Арабистони Саудӣ мулоқот кард

Майк Помпео ва Муҳаммад бин Салмон. 14 январ, 2019

Раҳбарони Арабистони Саудӣ Котиби давлатии ИМА Майк Помпеоро мутақоид карданд, ки дастандаркорони куштори журналист Ҷамол Хошуқҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Помпео дар ин бора рӯзи 14 январ дар Риёз ба хабарнигорон маълумот дод. Хабаргузории Reuters вазъи баъди куштори Хошуқҷиро Арабистони Саудиро бузургтарин буҳрони сиёсӣ дар хонаводаи салтанатӣ медонад.

Помпео ба хабарнигорон гуфт, ки ҳангоми сӯҳбат бо шоҳ Салмон ва валиаҳди саудӣ Муҳаммад бин Салмон як идда масоили марбут ба ҳуқуқи инсон, бо шумули ҳуқуқи занон, аз ҷумла вазъи фаъолони ҳуқуқи башарро, ки моҳҳо зиндонӣ ва шиканҷа мешаванд, матраҳ кард.

Ҷамол Хошуқҷӣ, ки муддати тӯлонӣ шахси мавриди эътимоди нафарони атрофи шоҳи саудӣ буд ва солҳои ахир валиаҳд бин Салмонро танқид мекард, моҳи октябри соли 2018 дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул кушта шуд. Ин ҷиноят мавҷи маҳкумкуниҳоро дар саросари ҷаҳон ба миён овард. Вазорати молияи ИМА 17 шаҳрванди ин кишварро таҳрим кард ва Сенати ИМА қатъномаеро қабул кард, ки валиҳади саудӣ Муҳаммад бин Салмонро муттаҳам мекард.

Биноба арзёбии Идораи истихбороти ИМА фармоишгари ин куштор эҳтимол Муҳаммад бин Салмон буд. Мақомоти Риёз инро қотеона рад мекунанд. Дар робита ба ин куштор 21 нафар дар Арабистони Саудӣ бозҷӯӣ мешаванд. Панҷ нафари онҳо дар ростои ҳукми эъдом қарор доранд.

Ҳамлаҳои тоза алайҳи ҳамҷинсгароҳо дар Чеченистон - 2 кушта 40 боздоштшуда

Эътирози зидди таъқиби ҳамҷинсгароҳо дар Чеченистон

Ба маълумоти Шабакаи ҳамҷинсгароҳои Русия мавҷи нави таъқиби ҳамҷинсгароҳо дар Чеченистон оғоз шудааст. Ба гуфтаи ин созмон аз охири моҳи декабр дар ин ҷумҳурӣ дастикам 40 нафар ғайриқонунӣ боздошт ва ду нафар дар пайи шиканҷа ҳалок шуд.

Мисли мавридҳои қаблӣ, боздоштро ходимони ниҳодҳои ҳифзи тартибот анҷом доданд. Бахше аз осебдидаҳо дар зиндони Арғун нигаҳдорӣ мешаванд, ки номаш дар робита ба таъқиби ҳамҷинсгароҳо борҳо вирди забон шудааст. Бар пояи шоҳидии сокинони Чеченистон, ки бо фаъолони ҳуқуқ дар тамос шуданд, санадҳои боздошшудаҳоро мусодира ва онҳоро бо парвандаҳои сохта аз ҷумла алайҳи наздиконашон таҳдид мекунанд, маҷбур мекунанд ба варақҳои тоза, ки навиштае надорад, имзо гузоранд.

Ба гуфти ҷомеаи ҳамҷинсгароҳо, ин созмон тавонист 150 нафарро аз Чечнистон берун орад, ки 130 нафари онҳо Русияро тарк карданд.

Соли 2017 нашрияи "Новая газета" силсилаи матлабҳоро дар бораи таъқиб ва куштори ҳамҷинсгароҳо дар ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ нашр кард. Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, СММ, ИМА ва Иттиҳоди Аврпуо аз Русия талаб карданд, ки ҳамаи хабарҳои марбут ба таъқибу куштори ҳамҷинсгароҳоро мавриди санҷиш қарор диҳад. Аммо Рамазон Қодиров - раҳбари ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ иттиҳомро рад кард ва гуфт, ки Чеченистон ҳамҷинсгаро надорад.

Шаҳрдори Гданск баъди ҳамлаи ахир ба худ наомада даргузашт

Павел Адамович

Мири шаҳри Гдански Лаҳистон Павел Адамович, ки рӯзи якшанбе дар консерти хайрия бо корд захмӣ шуд, дар бемористон даргузашт

Вазъи Павел Адамович соатҳо боз вахим буд ва ӯ рӯзи 14 январ даргузашт,- гуфтанд мақомоти беҳдошт. Гуфта мешавад, ки корд ба қалби Алмович расида буд ва ӯ хуни зиёдро гум кард.

Ҳамларо Штефан Б. аҷом дод, ки 27 сол дорад. Ӯ ба саҳна баромад ва бо корд ба Адамович ҳамла карда ба қалбаш ду зарба зад. Штефан Б дар саҳна боздошт шуд аммо қабал аз ин дар микрафаон фарёд зад, ки бо гуноҳи ҳизби "Платформаи шаҳрвандӣ", ки Павел Адамович узви он аст, ноодилона зиндонӣ шуд.

Ба гуфтаи матбуот, ин мард қаблан бо ҷурми ҳамлаи мусаллаҳона ба банк маҳкум ба зиндон шуда буд. Гуфта мешавад, ки Штефан Б. мушкили равонӣ дорад.

Адамович 20 сол боз шаҳрдори Гданск ва узви шинохтаи ҳизби ҳокими "Ҳуқуқ ва Адолат" аст.

Беш аз нисфи шаҳрвандони Русия истеъфои ҳукуматро мехоҳанд

Акси тасвирӣ

Беш аз ними шаҳрвандони Русия (53%) аз истеъфои ҳукумат пуштибонӣ мекунанд, 40 дар сад ба ин мухолифанд. Чунин аст, натиҷаи назарсанҷии Маркази омӯзиши афкори умуми "Левада", ки миёнаҳои моҳи диекабр анҷом шуда рӯзи душанбе нашр шуд.

Моҳи ноябри соли 2016 аз се як ҳиссаи шаҳрвандони Русия истеъфои ҳукуматро мехостанд.

Бахши умдаи шаҳрвандон (57%) бовар доранд, ки ҳукумати Русия наметавонад мушкилоти боло рафтани нархҳо ва коҳиши даромади аҳолиро ҳал кунад. 46 дар сад мегӯянд, ки ҳукумат наметавонад онҳоро бо ҷойи кор таъмин кунад ва 43 дар сад бовар доранд, ки ҳукумат дар фикри таъмини иҷтимоии мардум нест.

Бинобар ин назарсанҷӣ, 36 дар сад гуфтанд, ки ҳукумат бо ҳайъати феълиаш аз ӯҳдаи муқовимат ба буҳрони иқтисодӣ намебарояд.

Маркази ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯзи 8 январ гуфт, ки соли 2018 рӯҳияи эътирозии шаҳрвандони Русия дар муқоиса бо солҳои пешин боло рафт. Коршиносон инро дар қадами аввал ба норозигии мардум аз боло бурдани синни нафақа - номаъруфтарин ислоҳоти мақомоти кунунии Русия, рабт доданд.

Ҳавопаймое дар Эрон суқут кард. 15 нафар ҳалок шуд

Макони суқути ҳавопаймо

Ҳавопаймои борбар бо 16 нафар рӯзи душанбе дар канораҳои Теҳрон, пойтахти Эрон суқут кард. Биноба хабарҳои ахир аз 16 нафаре, ки дар ҳавопаймо буд, танҳо як нафар зинда монд.

Ба гуфтаи хабаргузории "Форс" ҳавопаймо ба нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таалуқ дошт ва аз Бишкек - пойтахти Қирғизистон гушт мебурд.

Низомиёни Эрон мегӯянд, Boeing 707 дар фурӯдгоҳи Фатҳ, наздикиҳои шаҳри Караҷ нишасти изтирорӣ анҷом дод. Ҳангоми нишастан аз хати парвоз берун шуда, дар поёни роҳ ба девор бархурд ва оташ гирифт.

Телевизиони давлатӣ акси макони суқути ҳавопайморо нишон дод, ки дуди ғализе аз он баланд мешуд.

Муҳандиси ҳавопаймо, ки дар ин ҳодиса ҷон ба саломат бурд, ба бемористон интиқол ёфт.

Истеҳсоли ҳавопаймои Boeing 707 ҳанӯз соли 1950 оғоз шуда буд. Бинобар таҳримҳо Эрон охирин давлате буд, ки ин навъи ҳавопайморо барои мусофирбарӣ истифода мекард. Якчанд адад Boeing 707 дар ихтиёри низомиёни Эрон қарор дорад.

Дар Қирғизистон қабрҳои масеҳиёнро вайрон карданд

Хабри шикастаи масеҳиён дар Иссиқкул

Тахриби қабрҳо дар гуристонми масеҳиён 11 январ рух дод. Бино ба иттилои пешакӣ, дар маҷмуъ 90 салиб ва ёдгории болои қабрҳо шикаста шуд.

Дар ноҳияи Иссиқкули Қирғизистон гуруҳи муфаттишон ҳодисаи тахрибкории қабристони деҳаи Ананеворо тафтиш мекунад.

Тахриби гурҳо ворисони мурдаҳоро нигарон кардааст. "Одамоне ки ин корро кардаанд, аз ақл бегонаанд. Зеро одами солим чунин кореро намекунад. Инҷо бадбинии миллӣ нест", - гуфт Александр, яке аз сокинони маҳаллӣ.

Сталбек Усубакунов, намояндаи пулиси ноҳияи Иссиқкӯл гуфт, гумонбарон ҳоло пайдо нашудаанд.

Ананево яке аз бузургтарин деҳаҳои гуногунмиллати ноҳияи Иссиқкӯл аст. Шумори аҳолии ин деҳа ба бештар аз 14 ҳазор мерасад.

Узбекистон дар садри раддабандии маргу мири сокинон аз ғизои нодуруст

Дастархони узбекӣ

Донишмандонди Донишгоҳи Йена ба номи Фридрих Шиллер раддабандии кишварҳоро аз рӯи маргу мири шаҳрвандонашон ба иллати ғизои нодуруст тартиб додаанд. Узбекистон бо нишондоди аз ҳама баланд дар садри ин раддабанӣ қарор гирифт.

Бар асоси натиҷаҳои пажӯҳиш, ки маълумоти соли 1990 то соли 2016-ро дар бар мегирад, дар Узбекистон бар сари ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 394 қурбонии ғизои нодуруст рост меояд.

Дар раддабандӣ кишварҳои пасошӯравӣ 11 раддаи аввалро касб кардаанд. Дар мақоми дувуму севум Туркманистон ва Қирғизистон қарор гирифтаанд.

Зинаҳои боқиро Украина, Молдова, Озарбойҷон, Белорус, Тоҷикистон ва Қазоқистон ишғол кардаанд. Русия бо 291 ҳолати маргу мир бар сари 100 ҳазор аҳолӣ дар мақоми 10-ум аст.

Ба гуфтаи муаллифон, сокинони кишварҳои мазкур гирифтори бемориҳое шудаанд, ки дар натиҷаи истифодаи аз ҳад зиёди намак ва истеъмоли ками мева сар задаанд.

​Дар Аврупо нишондоди аз ҳама баланди маргу мири сокинон ба иллати ғизои нодуруст дар Олмон ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, сокинони Испания, Исроил ва Фаронса ғизои беҳтар мехуранд.

Маҳви 10 ҷангҷӯи ДОИШ аз ҷумла, ҷангҷӯёни тоҷик

Сарбозони афғон зимни амалиёт ба зидди ДИИШ дар вилояти Нангарҳор. Акс аз рӯзи 8-уми майи соли 2017.

Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, дар як амалиёти муштарак бо неруҳои махсус дар вилояти Бодғис 10 узви гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ“-ро куштанд ва дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд.

Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 13-уми январ омадааст, ки амалиёт дар рустои Чашмаи Ширин дар ноҳияи Ҷованд сурат гирифт ва 16 узви дигари ДОИШ бо шумули зану фарзандонашон дастгир шуданд.

Телевизиони “Тулӯъ” гузориш дод, ки ҷангҷӯёни кушташуда аз Туркияву Чин, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳастанд. Дар вазорати дифои Афғонистон ба Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми январ гуфтанд, ки ҷузъиёти хабарро дар идомаи рӯз нашр мекунанд.

Трамп Туркияро аз амалҳои хушунатбори зидди курдҳо ҳушдор дод

Доналд Трамп ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Доналд Трамп, президенти ИМА дар твиттер аз хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Сурия хабар дод. Ӯ навишт, ки артиши амрикоӣ ҳамзамон ба мавқеъҳои боқимондаи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" дар Сурия зарба хоҳад зад.

Ҳамзамон Трамп бо ҷиддият Туркияро аз амалҳои хушунатбори зидди курдҳои Сурия ҳушдор дод. Курдҳо минтақаҳои шимолу шарқи Сурияро дар назорат дошта, дар мубориза зидди террористон ҳампаймони ИМА ҳастанд. Аммо Туркия аксари созмонҳои курдиҳо ҳамчун гуруҳҳои террористӣ эътироф мекунад.

"Ба берунории артиш аз Сурия шуруъ кардем. Дар ҳамин ҳол, ба боқимондаҳои "Давлати Исломӣ" зарбаҳои сахт мезанем. Ва ҳамларо идома медиҳем, агар онҳо дубора зуҳур кунанд", - навишт рӯзи якшанбе Трамп дар твиттер. Ба дунболи ин суханон Трамп илова кард, ки: "Агар Туркия ба курдҳо ҳамла кунад, мо иқтисоди онро маҳв мекунем". Ба илова Трамп курдҳоро аз иғвоангезӣ нисбати Туркия ҳушдор дод. "Ман намехоҳам, ки курдҳо нисбати Туркия, Русия, Эрон ё Сурия иғво барангезанд. Онҳо дар торумори "Давлати Исломӣ" саҳми калоне доштанд. Мо ба онҳо изҳори сипос мекунем, аммо ҳоло бояд артишро ба хона баргардонем", - навишт Трамп.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар мазҳари ба ёвари Трамп дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон ҳамла лафзӣ кард. Болтон пештар аз ин гуфт, ки артиши амрикоӣ ба шарти ҳамла накардани Туркия ба курдҳои ҳампаймони ИМА аз Сурия хориҷ мешаванд.

Зодагони Осиёи Марказӣ бо гумон терроризм дар Алмато боздошт шуданд

Боздошти гумонбарони терроризм дар Қазоқистон

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гурӯҳеро бо гумони омодагӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дар Алмато боздошт кард. Боздошти ин гурӯҳи рӯзи 10 январ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, боздоштшудаҳо "зодагони Осиёи Марказӣ буда, ба барномарезии ҳамлаи террористӣ дар Қазоқистон гумонбар мешаванд".

Аз манзили боздоштшудаҳои василаҳои омода кардани дастгоҳҳои тарканда, инчунин аслиҳа ва муҳимоти дигари ҷангӣ мусодира шудааст.

"Ба иттилои тафтишот, боздоштшудаҳо бо дастури ҷангҷӯёне, ки аз "Давлати Исломӣ" баргаштаанд, ба теракт омода мешуданд. Онҳо ният доштанд, дар шаҳри Алмато дар минтақаҳои ҷамъшавии одамон ҳамла анҷом диҳанд", - хабар медиҳад кумитаи амнияти миллии Қазоқистон.

Ҳаракати автобусҳо дар Душанбе зиёдтар мешавад, вале

Шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки аз рӯзи 16-уми январ ҳаракати мусофирбарҳои хурде, ки дар як хатсайри серодам мусофир мекашонанд, манъ мешавад.

Шаҳрдорӣ рӯзи 11-уми январ бо нашри як эълон дар вебсайти расмии худ навиштааст, ки бо мақсади кам кардани танбашавии нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои марказии Душанбе ва беҳтар кардани хизматрасонӣ ба мусофирон, аз 16 январи соли 2019 ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри рақами 33 манъ карда мешавад”.

Ба гуфтаи шаҳрдорӣ ба ҷойи ин ҳаракати автобусҳои рақами 2, 18, 4, 12 зиёд мекунанд ва фосилаи ҳаракати онҳо низ кутоҳтар мешавад, то мусофирон саривақт ба манзилу кор бирасанд.

Мусофирбарҳои (маршрутка) хурди рақами 33 дар Душанбе рӯзона ба ҳазорон нафар дар пойтахти Тоҷикистон идмат мерасонанд. Бо вуҷуди афзоиши шумораи автобусҳо дар Душанбе, шикоятҳо аз норасоии нақлиёт дар пойтахт ва ҳам бо таъхир ҳаракат кардани автобусҳо зиёд аст.

Толибон як кӯдак ва се афсари пулисро дар Ҳирот куштанд

Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи ҳамла ба як идораи пулис дар шаҳри Ҳироти Афғонистон 5 нафар кушта шудаанд. Фарҳод Ҷайлонӣ, сухангӯи ҳуукумати вилояти Ҳирот гуфт, ки ҳамла соати 6 ба вақти маҳаллӣ ва рӯзи 12-уми январ ба вуқуъ пайваст.

Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, як сухангӯи Толибон гуфтааст, ки ҳамла кори дасти ҷангҷӯёни онҳо буд. Фарҳод Ҷайлонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни даргирии дусоата се афсари пулис, як кӯдак ва як ғайринизомии дигар кушта шуданд.

Чаҳор маъмури дигари пулис ҷароҳат бардоштаанд. Амонулло Амирхел, фармондеҳи пулиси шаҳр гуфт, ки маъмурони пулис дар ҷараёни даргирии ду соата, ҳарсе ҷангҷӯро куштанд. Бо вуҷуди талошҳо барои оғози музокироти сулҳ бо Толибон ва хотима додан ба ҷанги 17-сола ин гуруҳ вақтҳои ахир тақрибан ҳар рӯз ба неруҳои амниятӣ ҳамла мекунад.

Фалокат дар кони Чин 21 нафарро ҳалок кард

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи таркиши як кони ангишт дар Чин 21 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба навиштаи хабаргузориҳои давлатӣ, фоҷиа рӯзи 13-уми январ дар вилояти Шансӣ дар яке аз вилоятҳои аслии истихроҷкунандаи ангишт ба вуқуъ пайвастааст.

Шастушаш конкани дигарро наҷот додаанд. Бо вуҷуди коҳиши талафот дар конҳои ангишт дар Чин дар солҳои гузашта, дар ин кишвар назар ба ҳар гушаи дигари дунё ангиштканҳо зиёдтар дар зери нақб монда ҳалок мешаванд.

Эрон аз тасмими Лаҳистон асабонӣ шудааст

Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон

Вазорати умури хориҷии Эрон тасмими Лаҳистон барои мизбонии муштараки як ҳамоиши амниятӣ дар мавриди Ховари Миёнаро “амали душманона ба зидди Эрон” номидааст.

Хабаргузории давлатии ИРНА рӯзи 13-уми январ навишт, ки дипломатҳои эронӣ бо ҳадафи баёни эътироз, Войтсех Унолт, кордори сафорати Лаҳистон дар Теҳронро ба вазорат даъват кардаанд. Қарор аст, конфронси мазкур бо мусоидати Амрико ва Лаҳистон рӯзҳои 13 ва 14-уми феврал дар Варшава сурат бигирад.

Хабаргузории ИРНА аз қавли як мақоми вазорат навиштааст, дар сурати мизбонии нишаст, Эрон “аксуламал” нишон медиҳад. Ба қавли хабаргузорӣ, дипломати лаҳистонӣ, бо шарҳ додани нишаст, гуфтааст, ки он ба зидди Эрон нигаронида нашудааст.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки дар нишасти вазирони чандин кишвар, “ба масъалаи сулҳу субот ва озодиву амният дар Ховари Миёна таммаркуз хоҳад шуд”. Дар нишаст ба қавли ӯ нақши ноамнкунандаи Эрон дар минтақа ҳам баррасӣ мешавад.

Ҳушдори нави Доналд Трамп бо ангушти иттиҳом ба сӯи демократҳо

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки мумкин аст, таваққуфи кори қисме аз ҳукумат ҳамчунон идома ёбад ва вакилони Ҳизби демократро гунаҳкори ин вазъ номид.

Дар таърихи Амрико то кунун дида нашудааст, ки таваққуф дар кори ниҳодҳои давлатӣ ба ин ҳад тӯл кашида бошад. Ӯ рӯзи 12-уми январ дар Твиттер навишт, “то замоне, ки демократҳо аз “таътил” барнагарданд ва ба кор оғоз накунанд, таваққуф идома меёбад.”

Қарор аст, вакилони порлумони Амрико ҳамин ҳафта ба кор баргарданд. Таваққуфи 21 рӯза дар кори ҳукумат, бузургтарин таваққуф ба ҳисоб меравад, чун дар аҳди Билл Клинтон, раиси ҷумҳури собиқи Амрико дар солҳои 90-ум дарозтарин таваққуф 19 рӯз буд.

Ба сабаби ба мувофиқа нарасидани ҳукумати Доналд Трамп бо Маҷлиси намояндагон бар сари тарҳи буҷа, 800 ҳазор корманди ниҳодҳои давлатиро ба рухсатӣ фиристодаанд. Демократҳо мегӯяд, таваққуф дар кори ҳукумат ба сабаби амалкардҳои эҳсосотии Доналд Трамп аст, ки тарҳи буҷаро имзо намекунад.

Доналд Трамп мегӯяд, то замоне, ки дар тарҳи буҷа бештар аз 5 миллиард доллар барои сохтани девор дар марз бо Мексика ҷудо нашавад, тарҳро имзо намекунад.

Трамп мегӯяд, ки ин девори ваъдагии ӯ дар замони интихобот барои пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва монеъ шудан ба қочоқи маводи мухаддир ба Амрико зарур аст.

Нахуствазири Македония мунтазири посухи Юнон аст

Зоран Заев

Зоран Заев, нахуствазири Македония гуфт, ки интизор дорад, порлумони Юнон созиш дар бораи тағйири номи кишвараш ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолиро тасвиб мекунад.

Ӯ рӯзи 12-уми январ гуфт, вакилони мардумии Македония бо ворид кардани ислоҳот ба Қонуни асосӣ, ки имкон дод, номи кишвар тағйир ёбад, “кори таърихӣ карданд.” Вай гуфт, “Ман медонам, чӣ қадар сахт буд. Мо озурдагиҳоро дар гузашта мегузорем ва бо ифтихор ба оянда менигарем.”

Нахуствазири Македония афзуд, ҳоло интизор дорад, ки порлумони Юнон ҷамъ меояд ва айни корро мекунад ва иҷоза медиҳад, Македония ба узвияти НАТО бипайвандад.

Порлумони Македония рӯзи 11-уми январ раъй дод, ки барои тағйири номи кишвар Қонуни асосӣ ислоҳ карда шавад. Аз миёни 120 вакили порлумон 81 нафар ба тарафдории тағйири ном раъй додаанд. Зоран Заев, барои мутақоид кардани вакилони мухолиф се рӯз бо онҳо музокира дошт.

Таркиш дар маркази Париж даҳҳо кушта ва захмӣ боқӣ гузошт

Таркиши гази табиӣ дар як нонпазхона дар маркази шаҳри Париж боис ба ҳалокати се нафар, аз ҷумла ду маъмури сӯхторнишонӣ шуд. Ҳодиса рӯзи 12-уми январ баъди оташ гирифтани нонпазхона рух додааст. Дар ин ҳодиса 47 тани дигар маҷруҳ шуда, вазъи даҳ нафари онҳо вахим гуфта мешавад. Вазири умури дохилии Фаронса гуфт, барои хомӯш кардани оташе, ки дар натиҷаи таркиш ба вуҷуд омад ва инчунин барои берун овардани сокинон аз биноҳои атроф ҳудуди 200 нафар сафарбар шудаанд.

Профессор Абдусаттор Мухторов дар 81-солагӣ даргузашт

Абдусаттор Мухторов. Акс аз нашрияи "СССР"

Абдусаттор Мухторов, доктори илмҳои таърих, баъди бемории тӯлонӣ дар 81-солагӣ даргузашт. Маросими видоъ бо ӯ рӯзи 12-уми январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Наздиконаш гуфтанд, ки профессор Сатторов тобистони имсол бо сактаи мағзӣ дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ шуда, чанд муддат дар шуъбаи эҳё буд. Абдусаттор Мухторов солҳои тӯлонӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тадрис машғул буд. Ӯ соли 1938 дар шаҳри Панҷакент зода шуда, муаллифи чандин китоби дарсӣ барои донишҷӯён ва инчунин асарҳои таърихӣ аст. Китоби “Сомониён: замон ва макон”-и ӯ соли 1999 нашр шуда, “Таърихи халқи тоҷик” бо ҳаммуаллифии Асламшоҳ Раҳматуллоев дар ду ҷилд рӯи чоп омадааст.

Як мақоми додгоҳии Эрон: "Ҳабс дар ҷумҳурии исломӣ аз азоби охират кам мекунад"

Алӣ Музаффарӣ

Изҳороти як мақоми додгоҳии Эрон дар бораи ин ки ҳабс дар ҷумҳурии исломӣ аз азоби охирати зиндониҳо кам мекунад, баҳсбарангез шуд.

Хабаргузории расмии ИРНА дар оғози ҳафтаи гузашта ба нақл аз Алӣ Музаффарӣ, раиси Додгоҳи Хуросони Разавӣ гуфт, дар ҳабс нишастан дар ҷумҳурии исломӣ ба охират таъсир дорад. Ба қавли ӯ, дар он дунё муҷозот аз зиндониҳои ҷумҳурии исломӣ бардошта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли ин мақоми додгоҳии Эрон, “агар фарде дар замони тоғут (бут, бутпарастӣ) дар зиндон буд, ҳабсаш аз муҷозоти охират кам намекард.”

Изҳороти Алӣ Музаффарӣ дар миёни корбарони эронии Интернет баҳсҳои тунду тезеро барпо кардааст. Аксарият аз ин иддаои ӯ интиқод карда, баъзеҳо ба “ваъда”-и биҳишту 72 ҳури гуруҳои даҳшатафкан шабоҳат додаанд.

Яке аз корбарон бо номи Озода Афсарӣ дар Инстаграми Радиои Фардо, бахҳи эронии Радиои Озодӣ навишт, “хуб, худатон чаро муддате ҳабс намешавед, ҳадди ақал дар он дунё камтар азоб мекашидед.”

Исмат Аббосӣ чунин иддаоро хиҷолатовар ва ҷаҳл номидааст. Корбаре дигар навишта, ки “эй Худо, сарамро ба кадом девор бикӯбам?”

Муҳаммад Ризохудо гуфтааст, “магар қиёмат ва қазоватҳо шудаасту мо хабар надорем?” Нафаре дигар навиштааст, аз ин ки асрори охиратро фош мекунед, муташккирам. Ҳоло онҳое, ки дар ҷумҳурии исломӣ эъдом мешаванд, дар охират чӣ ҳукм мегиранд?”

Порлумони Македония ба тағйири номи кишвар раъй дод

Порлумони Македония ислоҳ ба Қонуни асосии ин кишварро тасвиб кард, ки бар асоси он номи Македония ба Македонияи Шимолӣ иваз мешавад.

Дар раъйгирии рӯзи 11-уми январ аз 120 узви порлумон 81 намоянда ба тарафдорӣ аз ин тағйирот овоз доданд. Шуморе аз намояндагони мухолиф ҷаласаи порлумонро тарк карданд. Раъйгирӣ пас аз се рӯзи музокира миёни нахуствазири Македония ва намояндагони мухолифин сурат гирифт.

Тағйири номи Македония кумак мекунад, ки як даҳаи ихтилофҳо байни ин кишвар ва Юнон ҳал шавад ва ҳамчунон роҳро барои узвияти Македония ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО фароҳам биоварад.

Юнон то ин замон вуруди Македония, давлати Югославияи собиқро ба Иттиҳоди Аврупо масдуд мекард. Дар Афина ба ин назар буданд, ки агар ин давлат “Македония” боқӣ бимонад, дар оянда метавонад барои минтақаи ҳамном дар Юнон даъво кунад.

Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз дасти занаш ба қатл расидааст

Як зани 28-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ, наздикии шаҳри Душанбе, бо гумони қатли шавҳараш боздошт шудааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми январ гуфтанд, ин зан зодаи шаҳри Душанбе буда, муваққатан дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ мезист, вале аз ӯ ному насаб бурда нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи қатли шавҳар ба дасти зан соати ёздаҳи шаби 10-уми январ иттифоқ афтодааст. “Зан бо шавҳараш, марди 34-солаи сокини деҳаи Гулбутта, ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 2 дафъа ба тарафи чапи баданаш задааст”, - гуфтанд дар Вазорати умури дохилӣ.

Мақомот мегӯянд, мард ҷароҳати вазнин бардошта дар пайи хунрезии зиёд дар бемористон ҷон додааст. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтиши қазия идома дорад.

Солҳои охир куштори ҳамсарон ба дасти якдигар афзудааст. Сабаби чунин ҳолат баҳси молӣ, рашку хиёнат ва ҷанҷоли хонаводагӣ гуфта мешавад.

Раҳматилло Зоиров хабар дод, ки дилашро ҷарроҳӣ кард

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дилашро ҷарроҳӣ кардааст.

Раҳматилло Зоиров дар ин бора рӯзи 12-уми январ дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук хабар дод. Ӯ гуфтааст, соли 2018 барояш бисёр сангин омад, чун 160 рӯзи онро бо маризӣ сипарӣ кард.

"Ду моҳи охири соли гузашта мисли Файзиннисо Воҳидова аз сармохӯрдагӣ ба "пневмания"-и дутарафа қадам гузоштам ва он ба дил таъсир кард. Дар ниҳоят барои наҷоти дил, қалбро ҷарроҳӣ карданд", - навиштааст ӯ.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, бори аввал соли навро дар ҷойгаҳи беморӣ пешвоз гирифт. Зоиров аз марги Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи шинохта низ изҳори таассуф карда, ба дӯстону пайвандон изҳори таслият гуфтааст.

Раҳматилло Зоиров аз соли 1998, замони таъсиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон то кунун раёсати ҳизбро бар ӯҳда дорад. Ӯ пас аз хатми мактаб дар солҳои 1977-1979 дар Олмон дар ҳайати артиши Шӯравӣ хидмат карда, фориғуттаҳсили факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Харкови Украина мебошад.

Аз соли 1986 то 1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгор буд ва аз соли 1989 ба фаъолияти адвокатӣ машғул шудааст. Дар соли 1992 тарҳи алтернативии Қонуни асосии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод карда буд. Аз соли 2001 то соли 2003 ба ҳайси мушовири аршади президенти Тоҷикистон низ кор кардааст.

Зане, ки тақозои мулоқот бо Мирзиёевро дошт, боздошт шуд

Нафосат Оллошукурова, сокини 31-солаи ноҳияи Урганҷ, ки тақозои мулоқот бо Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистонро дошт, бо ҷурми авбошӣ ба панҷ шабонарӯз ҳабс маҳкум шудааст. Чаҳор ҳамроҳи ӯ, ки низ айни тақозоро доштанд, ба пардохти ҷарима муваззаф шудаанд.

Ин занҳо рӯзи 9-уми январи имсол дар назди бинои Маҷлиси Олии Узбекистон ҷамъ омадаанд, ки дар дохили бино қабулгоҳи мардумии президент Мирзиёев воқеъ аст. Дар ин бора ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар додаанд.

Занҳо аз шаҳри Хоразму Самарқанд ва вилояти Тошканд омада, аз амалкардҳои ба қавли онҳо ғайриқонунии мақомот маҳаллӣ шикоят доштаанд. Дар наворе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, яке аз занҳо фарёд мезанад: “Мардум президентро интихоб кардааст ва бигзор ӯ ба назди мардум барояд.”

Мақомоти расмии Узбекистон ин қазияро шарҳ надоданд.

Як рӯз пеш аз боздошташ Нафосат Оллошукурова дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ аз он шикоят кардааст, ки мақомоти Урганҷ ӯро аз хонаи иҷорааш берун андохтанд.

Дар моҳи июли соли гузашта низ зане, ки талаби мулоқот бо Шавкат Мирзиёевро дошт, ба 11 рӯзи ҳабс маҳкум шуда буд.

Канада ба духтари фирорӣ аз Арабистони Саудӣ паноҳандагӣ дод

Раҳаф Муҳаммади 18-сола

Нахуствазири Канада духтари ҷавон аз Арабистони Саудиро ба ҳайси паноҳанда қабул кард. Раҳаф Муҳаммад Ал-Қунуни ҳаждаҳсола иддао дорад, ки ба хотири бадрафтории хонаводааш аз Арабистони Саудӣ фирор намудааст.

Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада, рӯзи 11-уми январ гуфт, онҳо дар ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва бахусус ҳуқуқи занон дар ҷаҳон истодаанд. Вай афзуд, “идораи кор бо муҳоҷирони Созмони Милали Муттаҳид аз мо тақозо кард, ки Раҳаф Муҳаммадро ба ҳайси паноҳанда бипазирем. Мо ин тақозоро қабул кардем ва паноҳандагии ӯро манзур намудем.”

Ал-Қунун рӯзи 5-уми январи имсол аз Кувайт, ки ҳамроҳи хонаводааш ба онҷо рафта буд, фирор кард ва мехост, аз тариқи Тайиланд ба Австралия сафар кунад. Вале ба маҳзи фуруд омаданаш дар шаҳри Бангкок кормандони сафорати Арабистони Саудӣ шиносномаи ӯро гирифтанд. Дипломати Саудӣ гӯиё ба Раҳаф гуфтааст, ки хонаводааш розӣ нестанд, ӯ ба Австралия сафар кунад ва бинобар ин, бояд ба Кувайт баргардад.

Духтар дертар дар меҳмонсарои фурудгоҳи Бангкок худро бандӣ кард, то ба Кувайт ихроҷаш накунанд. Мақомоти Тайиланд баъд аз як шабонарӯзи гуфтугӯ эълон карданд, ки ӯро ба Кувайт ихроҷ намекунанд. Духтар ҳамроҳ бо намояндагони Созмони Милали Муттаҳид фурудгоҳро тарк кард.

Раҳаф қаблан дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфтааст, ки аз Ислом рӯй гардондааст ва дар сурати бозгашт ба хона “ӯро марг мунтазир аст”.

Дар Арабистони Саудӣ бо вуҷуди баъзе аз сабукиҳо занон ҳанӯз ҳам бо маҳдудиятҳои сахт рӯбарӯянд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Кор аз дохили хона. Соҳибхоназанҳо ҳунари комютеру интернетро азхуд карданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:24 0:00
XS
SM
MD
LG