Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Полковники СНБ-и Узбекистон 16 сол ҳукми зиндон гирифт

Нодир Турқулов

Сардори пешини Идораи тафтишотии Хадамоти амнияти миллии Узбекистон (СНБ) полковник Нодир Турақулов барои 16 сол аз озодӣ маҳрум ва 81 миллион сӯм (беш аз $9,7 ҳазор) ҷарима шуд. Ҳукм зоҳиран охири соли гузашта баромад, аммо ин хабар нав расонаӣ шуд.

Раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Эзгулик" Абдураҳмон Ташанов, ки дар робита ба ин парванда бо қурбониён ва муфаттишон суҳбат кардааст, гуфт, "Додгоҳи олии Узбекистон Турақуловро бар асоси беш аз 10 банд, аз ҷумла сӯистифода аз мақом, порагирӣ ва қаллобӣ муҷрим эълон кард".

Ҳамроҳ бо Турақулови 42-сола 12 нафари дигар бо шумули маъмурони пешини Хадамоти амнияти миллӣ, додситонӣ ва пулиси Узбекистон зиндонӣ шудаанд.

Ба гуфтаи Ташанов, бар зидди Турақулов бар асоси беш аз 10 банди дигари Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон парвандаи дувум боз шудааст.

Полковники пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон Нодир Турақулов 22 январи соли гузашта дар шаҳри Тошканд дастгир шуда буд. Ҳамсари ӯ духтари бародари додситони кулли пешини Узбекистон Рашид Қодиров аст. Худи Қодиров низ дар ҳабс аст.

Беш аз 20 сарбози Афғонистон дар наздикии марзи Туркманистон кушта шуд

Марзи Туркманистон бо Афғонистон.

Ба иттилои манобеи расмӣ, ҷангҷӯёни "Толибон" ба дидбонгоҳҳои амниятӣ дар ғарби Афғонистон ҳамла ва 21 корманди пулисро куштаанд.

Ба гуфтаи мақомоти давлатӣ, ҳамла шаби 6 январ дар ду дидбонгоҳи мухталифи вилояти Бодғис сурат гирифт, ки бо Туркманистон ҳаммарз аст.

Абдулазиз Бақо, раиси шӯрои вилояти Бодғис гуфт, 21 корманди пулис кушта ва 9 тани дигар маҷруҳ шуд.

Ҳамзамон дар ин ҳамла 15 тан аз ҷангҷӯёни толиб кушта ва 10 каси дигар ҷароҳат бардоштааст.

Дар ҳамин ҳол Қори Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи толибҳо иддао кард, ки ҷангҷӯён 34 тан аз кормандони мақомоти амниятиро кушта ва аслиҳаи зиёдеро бо худ бурдаанд.

СММ ба духтари фирории саудӣ мақоми паноҳандагӣ дод

Раҳаф ал-Кунун бо мақомоти муҳоҷирати Таиланд

Созмони Милали Муттаҳид шаҳрванди Арабистони Саудӣ Раҳаф Муҳаммад ал-Қунуни 18-соларо, ки аз хонаводаи худ фирор кардааст, паноҳанда эътироф кард.

Дар ин бора намояндагони Вазорати умури дохилии Австралия хабар доданд, ки Оҷонси СММ дар умури паноҳандагон ба онҳо муроҷиат карда буд. Ҳукумати маҳаллӣ низ гуфт, "муроҷиатро ба шакли муқаррарӣ баррасӣ хоҳад кард".

Пештар духтари саудӣ гуфта буд, ки ӯ раводиди Австралияро дошт ва мехост, аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кунад. Бародару падари духтар дар Тайланд қарор доранд, вале Раҳаф мулоқот бо онҳоро рад кард.

Ал-Қунун 5 январ аз Кувайт, ки ҳамроҳи хонаводааш ба онҷо рафта буд, фирор кард ва мехост, аз тариқи Таиланд ба Австралия сафар кунад. Вале ба маҳзи фуруд омаданаш дар шаҳри Бангкок кормандони сафорати Арабистони Саудӣ шиносномаи ӯро гирифтанд. Дипломати саудӣ гӯё ба Раҳаф гуфтааст, ки хонаводааш розӣ нестанд, ки ӯ ба Австралия сафар кунад, бинобар ин, бояд ба Кувайт баргардад.

Духтар дертар дар меҳмонсарои фурудгоҳи Бангкок худро бандӣ кард, то ба Кувайт ихроҷаш накунанд. Мақомоти Таиланд баъд аз як шабонарӯзи гуфтугӯ эълон карданд, ки ӯро ба Кувайт ихроҷ намекунанд. Духтар ҳамроҳ бо намояндагони СММ фурудгоҳро тарк кард.

Раҳаф дар суҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошт, ки аз Ислом рӯй гардондааст ва дар сурати бозгашташ ба хона "ӯро марг мунтазир аст".

Дар Арабистони Саудӣ бо вуҷуди баъзе аз сабукиҳо занон ҳанӯз ҳам бо маҳдудиятҳои сахт рӯбарӯянд.

Боздиди дипломатҳои Осиёи Марказӣ аз минтақаи Шинҷони Чин

Қирғизҳои Чин

Як гуруҳи дипломатҳои хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 28 то 30 декабри соли 2018 бо даъвати ҳукумати минтақаи худмухтори Чин – Шинҷон ба шаҳрҳои Урумчӣ, Кошғар ва Хутан сафар карданд.

Ба маълумоти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ба гуруҳи дипломатҳо намояндагони 12 кишвар, аз ҷумла Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Индонезия, Кувайт, Малайзия, Покистон ва Тайланд шомил буданд.

Дипломатҳо дар онҷо бо рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа, маконҳои фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ, масҷиду бозор ва иншооти дигари он шинос шуданд. "Дар ҷараёни боздид намояндагони сафоратхонаҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ суҳбат карда, бо вазъу шароити онҳо ошно шуданд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Ба иттилои расонаҳо, дипломатҳои хориҷӣ ҳамчунин аз урдугоҳҳои ба истилоҳ "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ"-и Чин дидан кардаанд, вале Вазорати умури хориҷии Қирғизистон дар ин бора маълумот надод.

Дар бораи ташкили марказҳои мазкур дар Шинҷон ва боздошту нигаҳдории намояндагони ақалиятҳои миллии мусулмон дар онҳо бори аввал соли 2017 хабар дода шуд.

Шоҳидон, инчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, дар ин урдугоҳҳо одамонро иҷборан нигаҳдорӣ ва нисбати онҳо муносибати бераҳмона мекунанд. Вале Пекин ин иддаои расонаҳои хориҷӣ ва ҳомиёни ҳуқуқро як навъ "туҳмат" меномад.

Сафири Тоҷикистон дар Ироқ расман ба кор сар кард

Зубайдулло Зубайдов

Зубайдулло Зубайдов – сафири Тоҷикистон дар Кувайт – ҳамзамон ба ҳайси намояндаи кишвар дар Ироқ ба кор сар кард.

Ӯ рӯзи 8-уми январ эътимодномаашро ба мақомоти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Ироқ таслим намуд.

Равобити дипломатии Тоҷикистону Ироқ соли 1995 оғоз ёфтааст, вале ҳарду кишвар дар қаламрави якдигар сафорати худро надоранд.

Сафири Тоҷикистон дар Ироқ дар ҳоле ба кор оғоз кардааст, ки даҳҳо зану кӯдаки тоҷик дар паноҳгоҳҳо дар Бағдод мондаанд. Қаблан мақомот аз роҳҳои гуногун баъзе аз онҳоро ба кишвар оварда буданд.

Зубайдулло Зубайдов соли 2013 сафири Тоҷикистон дар Кувайт таъйин шудааст. Ӯ қаблан намояндаи расмии Тоҷикистон дар Покистон буд.

Трамп дар паёми телевизиониаш аз девори амниятӣ пуштибонӣ кард

Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп дар нахустин паёми телевизиониаш вазъ дар марзи Амрико ва Мексикаро буҳрони ҷиддии башарӣ номид.

Ӯ аз қонунгузорҳои амрикоӣ даъват кард, ки бунёди девор дар марзи Мексикаро сармоягузорӣ кунанд ва ба "чархаи бепоёни ранҷ" хотима гузоранд. .

Ба гуфтаи президент дар марзҳое ҷанубӣ деворе зарур аст, ки аз қочоқи маводи мухаддир, қисман ба воситаи Мексика, ҷилвгирӣ кунад. Бунёди девор ҳамчунин пеши роҳи убури ғайриқонунии садҳо ҳазор муҳоҷири ғайриқонуниро, ки дар байни онҳо ҷинояткорон кам нестанд, мегирад. Ҳазорҳо амрикоӣ қурбонии муҳоҷироне шуданд, ки ба таври ғайриқонунӣ ба ИМА омаданд,- гуфт Доналд Трамп.

Трамп демократҳоро, ки ба сармоягузории девор мухолифат доранд, дар риёкорӣ айбдор кард ва аз онҳо пурсид, ки чаро дар атрофи хонаҳои худ девор бунёд кардаанд? "На барои он ки шахсони дар пушти девор бударо бад мебинанд. Барои он сохтанд, ки шахсони дар дохил бударо дӯст медоранд", - изҳор дошт Трамп.

Пештар Трамп аз Конгресс барои бунёди девор 5,7 миллиард доллар дархост кард. Вале демократҳои Конгресс ин тарҳро рад карданд. Дар натиҷа фаъолияти баъзе аз муассисаҳои давлатӣ қатъ шуда, вазъи ба истилоҳ "шатдаун" ҳафтаи севум аст, идома дорад.

Маъмурияти президенти ИМА эълони ҳолати изтирорӣ аз ҷониби президентро соқит намекард. Ин ба Трамп имкон медод, ки бидуни қабули тарҳ бунёди деворро оғоз кунад. Вале президенти ИМА аз фикраш баргашт ва хост, ки ақидаи ҷомеаро ба фоидаи худ шакл диҳад. Дар ҳоли ҳозир, бар асоси назарсанҷиҳо, аксари амрикоиҳо ба тарҳи бунёди девор бо шубҳа менигаранд.

Раҳбари Палатаи намояндагон Нэнси Пелосӣ ва раиси ақалиятҳои демократи Сенат Чак Шумер президентро ба ин айбдор карданд, ки мехоҳад, миллиардҳо долларро ба бунёди девори нодаркор сарф кунад ва миллионҳо хидматчии давлатиро, ки ҳоло бемаош мондаанд, ба гаравгони идеияи табдил диҳад. Раҳбарони демократҳо изҳороти Трампро дар бораи буҳрон дар марзи ҷанубии кишвар рад карданд.

Тарҳи бунёди девор дар марзи ИМА бо Мексика яке аз ваъдаҳои асосии Доналд Трамп дар маъракаҳои интихоботияш буд. Он замон ӯ таъкид мекард, ки пули деворро аз Мексика меситонад, вале мақомоти Мексика аз оғоз гуфтанд, ки барои девор пул намедиҳанд.

Мӯи сари Бердимуҳаммадов дар як сол "хокистарӣ" шуд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Идораҳои давлатии Туркманистон, бо шумули мактабҳо, муваззаф шуданд, ки аксҳои президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро иваз кунанд. Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 7 январ хабар дод. Кормандони давлатӣ муваззаф шуданд, ки ба ҷойи аксҳои Бердимуҳаммадов бо мӯйҳои сиёҳ акнун тасвири ӯро бо мӯйҳои хокистарӣ ё сиёҳу сафед харидорӣ кунанд. Аксҳои соли гузашта, ки дар онҳо президент мӯйи комилан сиёҳ дорад акнун бо нархи арзонтар ба фурӯш мераванд.

Тавре хабарнигори Озодӣ аз Туркманистон менависад, тасвирҳои президент дар мактабҳо охири ҳафтаи гузашта иваз шуд. Тасвирҳои Бердимуҳаммадов дар муассисаҳои Туркманистон ба тавари муназзам нав карда мешаванд.

Ҳамаи муассисаҳои давлатӣ, бо шумли бемористонҳо, макотиб, истироҳатгоҳҳо, вазоратҳо, ҳукуматҳои маҳаллӣ, ниҳодҳои интизомӣ, муассиcаҳои варзишӣ ва ҳатто ҳавопаймоҳо бояд портрети президентро дошта бошанд.

Акси Бердимуҳаммадови сиёҳмӯй акнун арзон фурухта мешавад
Акси Бердимуҳаммадови сиёҳмӯй акнун арзон фурухта мешавад

Сар аз августи соли гузашта президенти Туркманистон Бердимуҳаммадов бо мӯйҳои хокистарӣ дар мазҳари ом пайдо шуд. Ӯ то расидан ба қудрат дар соли 2006 мӯйҳои сафед дошт,- мегӯяд нашрия.

Акси президент бо мӯйҳои хокистарӣ 5 манат - 95 рубли русӣ ва акси ӯ бо мӯйҳои сиёҳ 4 манат - 76 рубл нарх дорад.

Моҳи марти соли 2018 мақомоти амнияти вилояти Дашоғузи Туркманистон бо рейдҳои ногаҳонӣ ба хонаи сокинон даромаданд, то бубинанд, ки мардум акси президентро ба ҷойи коғази ташноб истифода накунад.

Охири соли 2017 якчанд талабаи мактаб дар ин вилоят барои таҳқири президент боздошт шуданд. Ба гуфтаи манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ талабаҳо аз 3 то 4 сол зиндонӣ шуданд.

ИМА мехоҳад, ки хуруҷи нерӯҳо аз Сурия ба курдҳо зарба назанад

Ҷон Болтон

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии президент Доналд Трамп, рӯзи 8-уми январ суолҳои марбут ба хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Сурияро бо мақомоти Туркия дар Анкара матраҳ кард. Рӯзи сешанбе Болтон бо Иброҳим Калин, мушовири аршади президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, дидору гуфтугӯ дошт.

Сухангӯи Шурои амнияти миллии Амрико Гаретт Маркиз дар як изҳорот гуфт, ки тарафҳо мавзӯҳои минбаъдаи муколамаро муйаян карданд ва Иёлоти Муттаҳида машваратҳои низомиро интизор аст.

Ҳеҷ маълумот дар бораи мулоқоти Болтон бо вазири дифои Туркия Ҳулуси Акар дастрас нашудааст.

Ҷон Болтон гуфт, Амрико мехоҳад мутмаин бошад, ки Туркия ба курдҳои Сурия, яъне шарики Иёлоти Муттаҳида ҷанги зидди гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ", ҳамла намекунад.

Ӯ гуфт, "шарт"-и амалишавии барномаи Трамп барои хуруҷи нерӯҳо аз Сурия ҳамин аст.

Сафари Болтон баробар бо сафари котиби давлатии Амрико Майк Помпео ба минтақа ҷараён мегирад. Трамп рӯзи 19-уми декабри соли 2018 ногаҳон эълон кард, ки нерӯи 2-ҳазорнафарии ИМА аз Сурия хориҷ мешавад. Қарори Доналд Трамп шарикони Амрикоро ҳайрон кард ва ба дунболи ин раҳбари Пентагон Ҷеймс Мэттис истеъфо дод.

Мақомоти Амрико ва дигарон аз ин нигаронанд, ки бо хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Сурия вазъ ноором мешавад ва Туркия дастаҳои курдро маҳв мекунад.

Мурофиаи додситони пешини Узбекистон пушти дарҳои баста мегузарад

Додситони пешини Узбекистон Рашидҷон Қодиров

Додгоҳи ноҳияи Юнусободи Тошканд рӯзи 7 январ баррасии парвандаи пурсарусадои додситони кулли пешини Узбекистон Рашид Қодировро оғоз кард. Ба гуфтаи як мансабдори узбек, парвандаи Қодиров пушти дарҳои баста баррасӣ мешавад.

"Додраси парванда муовини раиси Додгоҳи шаҳри Тошканд Акбар Туробов аст. Дар бораи ҷузъиёти муҳокима ҳатто ба хешони гумонбарон хабар дода намешавад. Дақиқан гуфта наметавонам, ки дар мурофиаи имрӯза чанд гумонбар ҳузур дорад. Тахминан 15 нафар буданд. Пеш аз оғози он ба назди бинои додгоҳ мошини "Ёрии таъҷилӣ" омад, ки зоҳиран Мирғулом Мирзоев низонҷо буд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мирғулом Мирзоев, муовини собиқ додситониТошканд, ки дар давраи раҳбарии президенти пешин Ислом Каримов яке аз чеҳраҳои таъсиргузори Узбекистон ҳисоб мешуд, моҳи феврали соли 2018 бо ҷурми сӯистифода аз мақом ва гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон дастгир шуд. Тирамоҳи соли гузашта хабар расид, ки ӯ ба бемористони Вазорати умури дохилии Узбекистон интиқол ёфтааст.

Рашид Қодирови 66-сола, ки 15 соли ахир додситони кулли Узбекистон буд, моҳи апрели соли 2015 аз мақом барканор ва 22 феврали соли 2018 дар шаҳри Тошканд бо гумони як қатор ҷиноятҳо дастгир шуд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19 майи соли гузашта дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Улуғнор гуфт, “ҳоло додситони кул бо гуруҳаш дар зиндон аст. Пас аз ду – се моҳ тавре мекунам, ки ба воситаи телевизион ҳама чизро бигӯяд. Зеро ӯ дар ҳама ҷой коррупсияро паҳн кард. Аз ҳар додситони ноҳия 30-40 ҳазор доллар мегирифтааст. Дузди воқеӣ буд. Бинобар ин, аз мақомоти додситонӣ 70%-и кормандон барканор шуданд. Шахси бовиҷдонеро ба ҷои ӯ таъйин кардам. Агар касе хиёнат кард, аз пушти ӯ хоҳад рафт”.

Вазорати умури дохилии Узбекистон 5 марти соли 2018 писари 39-солаи Қодиров – Алишерро низ бо ҷурми қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ таҳти пайгард қарор дод. Ба зидди падару писар ба маблағи ним миллиард доллар даъво ва шикоят шудааст.

Amazon бори аввали гаронтарин ширкати хусусии ҷаҳон эълон шуд

Логои Amazon

Ширкати амрикоии Amazon аз Microsoft пеш гузашт ва бо ҷамъи дороиҳои баробар бо 796 миллиард доллар гаронтарин ширкати хусусии ҷаҳон эътироф шуд. Ҷои сеюмро ҳолдинги Alphabetc. ва мақоми чаҳорумро ширкати Apple ишғол кард.

Дар ҷараёни муомилоти рӯзи 7 январ қимати саҳмияҳои Amazon 3,4 дар сад боло рафт, дар ҳоле, ки саҳмияҳои Apple ҳамагӣ як дар сад баланд шуд.

Моҳи сентябр нархи Amazon.com як триллион доллар муайян шуд ва бунёдгузору раҳбари хадамоти электронии тиҷорат Ҷефф Безос дар сархати 400 амрикоии сарватманд қарор гирифт. Аз соли 1994 мақоми аввалро бунёдгузори Microsoft Бил Гейтс ишғол мекард. Ба ғайр аз ин, Ҷефф Безос соли 2018 бойтарин шахси дунё эътироф шуд. Дороиии ӯ 160 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Аввали соли 2018 президенти ИМА Доналд Трамп Amazon-ро ба пардохти ками молиёт муттаҳам кард ва ҳатто таҳдид кард, ки бо истифода аз қонуни зидди инҳисорӣ алайҳи Amazon чора меандешад.

Чин гуфт, коршиносони СММ-ро ба Шинҷон роҳ медиҳад

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин Лу Кан

Чин гуфт, ки дар сурати иҷрои "расмиёт" омодааст намояндагони Созмони Милали Муттаҳидаро ба минтақаи Шинҷон-Уйғур роҳ диҳад.

Ба навиштаи хабаргузории Reuters, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин Лу Кан рӯзи 7 январ дар нишасти хабарии Пекин гуфт, ки коршиносони СММ бояд талаботи сайёҳат дар Чинро риоя намоянд, инчунин "аз дахолат ба корҳои дохилии кишвар" худдорӣ кунанд ва бетарафию воқеъбинӣ нишон диҳанд.

Мишел Бачелет, Комисари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон моҳи декабр гуфт, коршиносони созмон талош доранд, барои омӯзиши "хабарҳои ташвишовар" дар бораи зиндагии ақалиятҳои миллӣ, ба минтақаи Шинҷон-Уйғури Чин сафар кунанд. Моҳи августи соли 2018 комисияи ҳуқуқи инсони СММ хабар дод, ки "бино ба иттилои дақиқ", дар Шинҷон дар "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ" бештар аз як миллион ақалиятҳои қавмӣ, ки ғолибан мусалмон ҳастанд, иҷборан нигаҳдорӣ мешаванд.

Моҳҳои охир Пекин барои дифоъ аз амалкардҳояш дар Шинҷон маъракаеро пеш гирифтааст. Ин маърака дар ҳоле амалӣ мешавад, ки нигарониҳои фаъолон, муҳаққиқон ва намояндагони мақомоти кишварҳои ҷаҳон дар робита ба вазъи Шинҷон бештар шудааст.

Дар чанд ҳафтаи охир Чин ба се " "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ", ки мақомоти ин кишвар "урдугоҳҳои бозтарбия"-ро чунин меноманд, сафари дипломатҳо ва хабарнигорони 12 кишвари ғайриғарбиро ташкил кард. Расонаҳо навиштанд, одамоне, ки дар урдугоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд, гуфтаанд, бо хоҳиши худ ба онҷо омадаанд. Онҳо суруд мехонанд, рақс мекунанд, забони чинӣ меомӯзанд. Ба иттилои мақомоти Чин, барномае, ки дар марказҳо омӯзонда мешавад, барои "пешгирӣ аз тундгароӣ" муассир аст.

Шоҳидон, инчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, дар ин гуна урдугоҳҳо одамонро иҷборан нигаҳ медоранд ва нисбати онҳо муносибати бераҳмона мекунанд.

Духтари фирории саудӣ Бангкокро якҷо бо намояндагони СММ тарк кард

Раҳаф Муҳаммад Алкунун

Шаҳрванди Арабистони Саудӣ Раҳаф Муҳаммад Алкунуни 18-сола, ки як шабонарӯз худро дар меҳмонсаройи фурудгоҳи шаҳри Бангкок бандӣ карда буд, фурудгоҳро ҳамроҳ бо намояндагони Оҷонси СММ дар умури паноҳандагон тарк кард.

Раҳаф гуфт, дигар намехоҳад бо хонаводаи худ зиндагӣ кунад ва аз Австралия дархости паноҳандагӣ кард. Ба гуфтаи Раҳаф, хонаводааш ӯро ба қатл таҳдид кардааст. Аз ҷумла, барои кутоҳ кардани мӯйҳояш ӯро шаш моҳ дар як ҳуҷра зиндонӣ карданд.

Духтар дар суҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошт, ки аз Ислом рӯй гардондааст ва дар сурати бозгашташ ба хона "ӯро марг мунтазир аст".

"Онҳо манро таҳдиди куштан карданд, то таҳсили худро идома надиҳам. Ба ман иҷозати ронандагӣ ва сафарро намедиҳанд. Ба ман зулм мекунанд. Ман зиндагӣ ва кор карданро дӯст медорам, вале хонаводаам намегузоранд", - афзуд ӯ.

Шиносномаи Раҳафро ба маҳзи фуруд омаданаш дар Бангкок кормандони сафорати Арабистони Саудӣ мусодира кардаанд. Дипломати саудӣ гӯё ба Раҳаф гуфтааст, ки хонаводааш розӣ нестанд, ки ӯ ба Австралия сафар кунад, бинобар ин, бояд ба Кувайт баргардад.

Намояндагии сафорати Арабистони Саудӣ дар Бангкок Абдул ал-Шуайбӣ гуфт, мақомоти шоҳигарӣ дар қазияи марбут ба Раҳаф нақше надоранд. Ба гуфтаи ӯ, Алкунин барои он дар Тайланд монд, ки билети баргашт надошт. Ин тасмимро мақомоти Тайланд гирифтанд, чун сафорати Арабистони Саудӣ ҳаққи боздошти одамонро дар фурудгоҳ надорад.

Намояндагони гумруки Тайланд дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, барои он ба ин духтар иҷозати вуруд ба кишварро надоданд, ки ӯ бо худ санадҳои зарурӣ надошт ва онҳо маҷбур шуданд, ба сафорати Арабистони Саудӣ дар ин бора хабар диҳанд.

"Ӯ аз хонаводаи худ дар Арабистони Саудӣ фирор карда, ба Тайланд омадааст. Вале барои ворид шудан ба кишвар ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ надошт", - гуфт раиси Хадамоти муҳоҷирати Тайланд Сурачате Хакпарн.

Арабистони Саудӣ ба мардҳои хонавода ҳақ медиҳад, ки аз занҳо, ҳатто агар болиғ бошанд, сарпарастӣ кунанд ва фирори зан аз хона масъалаи маргу зиндагиро ба миён меорад.

Навори гумонбари эҳтимолии занозании Қарағанда нашр шуд

Дар Интернет навори муроҷиати марде нашр шуд, ки худро Нарек Гурурян муаррифӣ мекунад. Марде бо ин ному насаб бо гумони даст доштан дар занозании гуруҳии шаби 1 январ дар Қарағанда, ки як нафарро қурбон кард, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шуд.

Нарек Гурурян дар муроҷиаташ мегӯяд, "касеро накуштааст".

Ин мард ба хонаводаи кушташуда изҳори ҳамдардӣ баён мекунад ва мегӯяд, ки дар занозанӣ даст надорад. Ӯ изҳори омодагӣ кард, ки ба мақомоти Қазоқистон таслим мешавад ва хост, шаффофияти тафтишот ва амнияташ таъмин бошад.

"Ман омодаам, барои амалҳоям посух гӯям, аммо гуноҳи дигаронро ба дӯш намегирам. Ман касеро накуштаам. Ман қотил нестам", - гуфт ин мард.

Акси Гуруряни 22-соларо ҳамроҳ бо се боздоштшудаи дигари ин парванда пештар аз ин расонаҳои маҳаллии Қазоқистон нашр карданд.

Шаби 31 декабр дар яке аз тарабхонаҳои Қарағанда миёни ду гуруҳи меҳмонон задухӯрд сурат гирифта, бино ба иттилои додситонӣ, дар натиҷа чаҳор кас бо корд захмӣ шуд ва якеи онҳо ба ҳалокат расид.

Мақомоти Қарағанда мегӯянд, таҳиқи ин куштор зери назорат буда, тахминзаниҳо дар бораи хусусияти қавмии ин низоъ асос надоранд. 9 иштирокчии занозанӣ муайян шуда. 8 нафар таҳти боздошт қарор гирифт.

Садҳо сокини Қарағанда рӯзи 6 январ бо талаби шарҳи мақомот дар заминаи ҷанҷоли гурӯҳӣ ба кӯчаҳо баромаданд. Бархе эътирозгарон аз ин нигарон буданд, ки "дастандаркорони куштор аз ҷавобгарӣ фирор хоҳанд кард". Ҳокими шаҳр Ерлан Кошанов бо ҷамъомадаҳо мулоқот кард ва қавл дод, ки гумонбари асосӣ дар давоми ду-се рӯзи оянда боздошт хоҳад шуд.

Дар Туркия мурофиаи додгоҳии куштори сафири Русия оғоз шуд

Саҳнаи куштори сафири Русия дар Анкара

Дар Анқара баррасии парвандаи гумонбарони куштори сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов оғоз шуд. Дар инбора шабакаи Би-би-си рӯзи 8 январ хабар дод. Карлов моҳи декабри соли 2016 кушта шуд.

Бар пояи натиҷагирии тафтишот, ҳамаи 28 гумонбари куштори сафир бо руҳонии мухолиф Фатҳуллоҳ Гюлен ва созмони FETO, ки Туркия онро террористӣ унвон кардааст, робита доранд.

Карлов 19 декабри соли 2016 дар як намоишгоҳи аксҳо дар Анкара кушта шуд. Шарванди Туркия, Мавлуд Мерт Олтинтоши 22-сола бо нидои "Аллоҳу акбар! Ҳалабро фаромӯш накун!" чанд маротиба ба сӯи сафир оташ кушод.

Баъди чанд дақиқаи қатли сафир Олтинтош дар тирпарронӣ бо нерӯҳои амниятӣ кушта шуд.

Телевизионҳои ИМА сӯҳбати Трампро оиди "буҳрони марз" пахш мекунанд

Доналд Трамп

Баъди эълони суханронии зудраси президенти ИМА дар борои "буҳрон" дар марзҳои ҷанубӣ, ки онро худи Трамп рӯзи душанбе пахш кард, моликони телевизионҳо ва шабакаҳо масъалаи минбар додан ё надодан ба Доналд Трамп дар "прайм тайм" ё соати муҳимро баҳс карданд. Дар ин бора нашрияи Politico хабар дод.

Ба гуфтаи шореҳони The Washington Post, Доналд Трампдар дар муддати раҳбарияш, оиди муҳоҷират 1 ҳазору 130 дафъа маълумоти бардурӯғ ё суханони гумроҳкунанда пахш кардааст.

Сарфи назар аз ин, шабакаҳои телевизионии ABC,CBS, MSNBC, CNN, Fox News ва Fox Business ҳар яке дар алоҳидагӣ тасдиқ карданд, ки суханронии президентро пахш мекунанд. Ба ин тартиб, агарчӣ Трамп бахши умдаи матбуотро "душамни халқ" эълон кардааст, вале боз ҳам хоҳиши шабакаҳоро барои пахши суханрониаш истифода мекунад,- мегӯяд Politico.

Нашрия таваҷҷуҳро ба муқовимати байни Трамп ва қонунгузорони демократ оиди сармоягузории девор дар марзи Мекасика ҷалб кардааст, ки ба "шатдаун" ё қисман аз фаъолият бозмондани ҳукумати федеролӣ расонд.

Марде, ки сӯи порлумон туф кард, ба идораи милиса ҳозир шуд (Видео)

Вазорати умури дохилии Қирғизистон

Хабарнигорони телевизиони NewTV навори ба идораи пулис ҳозир шудани мардеро нишон доданд, ки сӯи порлумони Қирғизистон туф карда буд.

Ба иттилои телевизиони мазкур, ин мард сокини яке аз деҳаҳои вилояти Иссиқкӯл аст. Ӯ ба идораи пулис ҳозир шуда, баёнот навиштааст.

Дар навор дида мешавад, ки он мард дар ҳалқаи даҳҳо ҷавон ба идораи пулис ҳозир мешавад. Вақти аз дари идораи пулис берун омадани мард ҷавонон қарсак мезананд. Ин мард дар сӯҳбат бо телевизион гуфт, ки омодааст, дар доираи қонун посух гӯяд. "Аммо ба ман гуфтанд, ки ин масъала дар Бишкек ҳал мешавад", - гуфт мард.

Аз 1-уми январи соли 2019 дар Қирғизистон ҷаримаҳои нав, аз ҷумла барои туф кардан, ба иҷро даромад. Ин навъи қонуншиканӣ то 5,5 ҳазор сом (муодили тақрибан 600 сомонӣ) ҷарима дорад.

Қатъи ҳаракат дар шоҳроҳи Дарвоз-Кӯлоб дар пайи резиши кӯҳпора

Бар асари резиши сангпора ҳаракати нақлиёт дар байни ноҳияи Дарвозу шаҳри Кӯлоб қатъ шудааст. Мақомот гуфтанд, резиши сангпора дар миёни деҳаҳои Зиғари ноҳияи Дарвоз ва Шоҳони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух додааст.

Қитъаи Дарвоз-Кӯлоб як бахши роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма аст. Аз ҳафтаи гузашта ба ин тараф вилояти Бадахшон шоҳиди барфрезҳои шадид аст.

Мақомоти маҳаллӣ ва шоҳидон рӯзи 8-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ду тарафи маҳалли резиши сангу кӯҳпора мошинҳои боркаш ва мусофирбар ҷамъ омадаанд ва мунтазири боз шудани роҳ мебошанд. Дар ҳоли ҳозир мутахассисони Идораҳои роҳсозии ноҳияҳои Дарвозу Шамсиддини Шоҳин машғули боз намудани роҳ ҳастанд.

Аловиддин Афғонов, раиси ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз рӯзи 8-уми январ дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шаби гузашта барфу сангпора роҳро банд кардааст. Ба гуфтаи раиси ҷамоати Нулванд, масъулон ва мутахассисон шабона ба ҷойи ҳодиса омаданд ва талош доранд дар наздиктарин фурсат роҳро барои нақлиёте, ки ҷамъ омадаанд, боз намоянд.

Дар вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан кормандони идораҳои роҳсозии ноҳияҳои Дарвозу Шамсиддини Шоҳин машғули пок кардани роҳ ҳастанд.

Низомиёни Габон хостанд "ҳукумати ғайридемократӣ"-ро сарнагун кунанд

Сарбозони Габон мардумро ба исён даъват карданд. 7 январ, 2019

Рӯзи 7 январ дар Габон кӯшиши табаддулоти давлатӣ анҷом шуд, ки дар ҷараёни он низомиён идораи радиои давлатиро тасарруф ва поёни ҳукумати Алӣ Бонгоро эълон карданд. Хабаргузории Reuters гуфт, ки баъди чанд соат ҳукумат тавонист исёнро хомуш кунад.

Ба гуфтаи шабакаи радиои RFI, соати 3:30-и вақти маҳаллӣ, гурӯҳи иборат аз панҷ афсари Горди ифтихории кишвар ба бинои радиои миллӣ ворид шуданд. Баъди ин "Радио Габон" бетанаффус ба пахши сухаронии яке аз исёнгарон оғоз кард, ки аз истеъфои президент Алӣ Бонго Ондимба хабар дод. Хабаргузории Reuters аз қавли як шоҳид гуфт, ки субҳ барои пуштибонӣ аз табаддулот наздик ба се ҳазор нафар ба кӯчаҳои Габон баромад.

Намояндаи ҳукумат Гӣ-Бертран Мапангу гуфт, ки нерӯҳои содиқ ба мақомот бинои радиоро ишғол ва чаҳор табаддулотчӣ, бо шумули раҳбари эҳтимолии оноҳро боздошт карданд. Нафари панҷум фирор кард, аммо баъдан дастгир шуд.

Радиои RFI бо такя ба намояндаи президент аз кушта шудани ду шӯришгар хабар дод.

Қарори табаддулотро шӯришгарон ба вазъи сиҳатии президент рабт доданд: Алӣ Бонго баъди хунрезии мағзӣ аз охири моҳи ноябр ба ин тараф дар Марокаш табобат мегирад.

Дар муроҷиати афсарон ба мардум гуфта мешуд, ки ҳукумат дар асл дар дасти гурӯҳи муҳофизакорон ва низомиёне қарор дорад, ки бо баҳонаи президент ҳадафҳои худро пиёда мекунанд.

Алӣ Бонго Ондимба аз соли 2009 ба ин кишвари ғанӣ аз захоири табии раҳбарӣ мекунад. Аз соли 1967 падари ӯ Омар Бонго раҳбари давлат буд.

Дар ин кишвари Африқои Марказӣ ва мустаъмараи пешини Фаронса 300 низомии Фаронса ба таври доимӣ мустақар аст. Аввали сол ИМА низ ба Габон 80 сарбоз фиристод.

Узбекистон ба ҷуфтҳои беникоҳ иҷозат дод дар меҳмонхона якҷо бошанд

Узбекистон - Урганҷ

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармонеро имзо кард, ки дар дар баробари масоили дигар ба ҷуфтҳои беникоҳ иҷозат медиҳад, ки дар ҳуҷраи меҳмонхона якҷо бошанд.

Биноба амри президент, ки онро Хабаргузории давлатии Узбекистон нашр кард, ҳадаф таъмини "ҳарими хусусӣ"-и ҷуфтҳои беникоҳ аст.

http://uza.uz/uz/documents/o-zbekiston-respublikasida-turizmni-jadal-rivojlantirishga-o-05-01-2019

"Меҳмонхонаҳо бояд сарфи назар аз суроғаи доимии муштариҳо, шарҳвандӣ ё муносибати ҷуфтҳо боякдигар ба онҳо хизмат расонанд",- омадааст дар фармони президент.

Фармони президент бар иловаи рӯйхати мавҷуда, ҳамчунин сафари бидуни визаи шарҳвандони чандин кишвари дигарро кафолат медиҳад.

Феълан Узбекистан ба шаҳрвандони Фаронса, Туркия, Исроил, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Сингапур, Ҷопон, ва бисёр кишварҳои Шӯравии пешин сафари бераводид пешниҳод мекунад.

Узбакистон ҳамчунин гуфтааст, ки сар аз моҳи феврал ба шаҳрвандони Олмон, Британия, Ирландия ва якчанд кишвари узви Иттиҳоди Аврупо раводиди 30-рӯзаи туристӣ медиҳад.

Шавкат Мирзиёев, ки соли 2016, баъди марги президенти худкома Ислом Каримов ба қудрат расид, барномаи ислоҳотро эълон кардааст, ки Узбекистонро ба рӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ боз мекунад.

Раҳбари PrimeMedia бинобар иттиҳоми таҷовуз корашро қатъ кард

Алексей Мигунов

Алексей Мигунов - соҳибкори Владивосток ва ҳамраиси медиҳолдинги PrimeMedia ки ба таҷовузи хабарнигори сомонаи "Сибирь Реалии" Екатерина Федорова муттаҳам шудааст, фаъолияташро дар ширкати PrimeMedia мувақатан қатъ кард. Ба ғайр аз ин, Мигунов муваққатан аз узвияти як қатор созмонҳои ҷамъиятӣ низ хориҷ шуд. Дар ин бора Мигунов дар Фейсбук хабар дод.

"Зарур мешуморам, ки ширкат ва ташкилотро ба "қазияи хусусӣ" ворид накунам",- гуфт Мигунов. Ӯ ҳамчунин гуфт, бо ҳуқуқдонҳо, ки аз манофеи ӯ ҳимоя мекунанд дар тамос аст ва шоҳидонро ҷустуҷӯ дорад. Ба ғайр аз ин, Мигунов барои расонаҳое, ки ин хабари ба гуфтаи ӯ "нодуруст ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарнок"-ро пахш кардаанд, муроҷиатнома омода мекунад.

Рӯзноманигор Екатерина Федорова Мигуновро ба таҷовуз муттаҳам мекунад, ки моҳи октябри соли 2018 рух дод. Федорова дар ин бора аз тараиқи Фейсбук хабар дод. Ба гуфтаи журналист, Мигунов баъди шоме, ки онҳо бо ҳам сипарӣ карданд, ӯро ба хона гусел мекард ва дар ҳоле, ки маст буд, ӯро таҷовуз кард ва осеби ҷисмонӣ расонд.

Мигунов иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, "ҳеҷ гуна таҷовуз вуҷуд надошт". Ӯ суханони Федороваро талоши "дасткории далелҳо ва дуруғбофӣ" номид. Мигунов ишора кард, ки иттиҳоми шояд ба хотири бадном кардани созмони ӯ тарҳрезӣ шудааст.

Екатерина Федеорова бо якчанд тарҳ, аз ҷумла "Феминологӣ", бунёди "Нужна помощь" сомонаи "Такие дела", "Сибирь Реалии" ва маҷаллаҳои Life Model ва Call Culture ҳамкорӣ мекунад.

Алексей Мигнуов - муовини раҳбари кулл ва ҳамраиси Медиахолдинги PrimeMedia аст.

Бародари Уилан боздошти ӯро ба қазияи Мария Бутина вобаста кард

Пол Уилан ва Мария Бутина

Бародари Пол Уилан - шаҳрванди ИМА, ки бо ҷурми ҷосусӣ дар Русия боздошт шудааст, эҳтимоли табодули ӯро бо шаҳрванди Русия Мария Бутина, ки дар ИМА ба даст афтод, соқит намекунад. Дэвид Уилан дар сӯҳбат бо хабаргузории Associated Press ба робитаи ин ду қазия ишора кард.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи якшанбе дар Кохи сафед ба суоли журналисте дар бораи сарнавишти Уилан посух дод ва гуфт, "мо ин мавзӯро пайгирӣ мекунам".

Қаблан Олег Морозов аъзои Шурои федератсияи Русия Пол Уиланро номзади муносиб барои табодул бо Мария Бутина номид. Аммо дар Вазорати умури хориҷӣ баррасии ин масъала пеш аз вақт унвон карданд.

Маъмурони ФСБ-и Русия Пол Уиланро рӯзи 28 декабр боздошт ва рӯзи 29 декабр бо қарори Додгоҳи Москва ба ҳабс карданд. Пол Уилан дар ростои 20 соли зиндон қарор дорад.

Уилани 48-сола сарбози пешини нерӯҳои пиёдагарди баҳрии ИМА аст, ки дар Мичиган зиндагӣ мекунад. Ӯ солҳои ахир дар бахши амнияти ширкати BorgWarner кор мекард, ки барои автомошинҳо лавозими иловагӣ месозад. Ба гуфтаи The Washington Post, Пол Уилан соли 1994 дар нерӯҳои пиёдагарди баҳрӣ ба хизмат оғоз кард ва соли 2008 аз он хориҷ шуд.

Миёнаҳои моҳи декабри соли 2018 дар ИМА додгоҳи шаҳрванди Русия Мария Бутина баргузор шуд. Бутина ба созиши ҷиноятӣ бо ҳадафи кор кардан дар ИМА, ба сифати агенти хориҷии бидуни сабти ном, муттаҳама шуд. Ин шаҳрванди Русия ба хотири ҳукми сабуктар бо додгоҳи ИМА созиш ва гуноҳашро эътироф кард.

Таиланд гуфт, ки духтари фирории саудиро депорт намекунад

Раҳаф Алкунун - акс аз видео бардошта шуд

Мақомоти Таиланд гуфтанд, шаҳрванди 18-солаи Арабистони Саудиро, ки ба гуфтаи худаш баъди таҳдиди марг аз хонаводааш рӯ ба фирор овард, депорт намекунад.

Қазияи ин духтар дар ҳоле расонаӣ шуд, ки ӯ худро дар меҳмонхонаи фурӯдгоҳи Бангкок, пойтахти Таиланд бандӣ кард ва аз Австралия паноҳандагӣ хост.

Раҳаф Муҳаммад Алкунун рӯзи 5 январ дар ҳоле ба пахши паёмҳои кӯмакталабона дар Твиттер оғоз кард, ки баъди расиданаш аз Кувайт ба Банкок шиносномаашро масодира карданд.

Алкунун аз Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон ва ҳар нафари дигар, ки метавонад ба ӯ дасти кӯмак дароз кунад, ёрӣ пурсидааст.

Вакили ӯ рӯзи 7 январ гуфт, ки дархости ҷилавгирӣ аз депортатсияи Алкунун ба Додгоҳи Ҷиноии Бангкок фиристода шуд.

Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон низ дар як изҳорот гуфт, ки барои дастрасӣ ба мақомоти Таиланд, мулоқот бо худи Раҳаф Алкунун ва ниёзи ӯ барои ҳимояи байналмилалӣ талош доранд.

Алкунун дар Твиттер навишт, ки агар мақомоти Арабистони Саудӣ ӯро иҷборан ба хонаводааш баргардонанд, ҳаёташ ба "хатари ҷиддӣ" рӯ ба рӯ мешавад. Ӯ дар сӯҳбат бо матбуот гуфтааст, ки эҳтимол кушта шавад.

Раҳаф Алкунун мегӯяд, ки аз зуроварӣ дар хонаводааш, бо шумули латтукӯб ва таҳдиди марг аз ҷониби мардҳои хонавода фирор кард. Ин зани саудӣ мегӯяд, вақте мӯи худро кӯтоҳ кард, хонаводааш ӯро ба муддати шаш моҳ дар як утоқ зиндонӣ карданд.

Арабистони Саудӣ ба мардҳои хонавода ҳақ медиҳад, ки аз занҳо, ҳатто агар болиғ бошанд, сарпарастӣ кунанд ва фирори занҳо аз хона масъалаи маргу зиндагиро ба миён меорад.

Ҳолливуд барандагони ҷоизаи "Golden Globe"-ро эълон кард

Ҷоизаи Golden Globe

Дар Лос Анҷелес 76-умин маросими супудани ҷоиза синамо -"Golden Globe" баргузор шуд. Ҷоизаро барои беҳтарин филми драмавӣ - "Ҳамосаи боҳемия"-и Брайан Сингер гирифт. Иҷрокунандаи нақши аслӣ Раме Малик беҳтарин актери драмавӣ эъттиироф шуд.

Дар бахши "Коргардони беҳтарин" ин ҷоизаи амрикоиро Алфонсо Куарони мексикоӣ бо худ бурд ва филми сиёҳу сафеди ӯ бо номи "Рум" дар бахши беҳтарин филми хориҷӣ ғолиб омад. Ин филм пештар дар фестивали синамои Венетсия ҷоизаи "Шери тиллоӣ"-ро ба даст оварда буд.

"Марди анкабутӣ" ё "Человека паук" беҳтарин филми аниматсионӣ ва дар бахши волотарин сериали драмавӣ филми бисёрсериягӣ дар бораи ҷосусҳои КГБ дар ИМА - "Амрикоиҳо" беҳтарин шинохта шуд.

Ҳунарманд Ҷефф Бридҷес ҷоийзаи "Golden Globe"-ро барои шоистагӣ дар синамо ба даст овард. Майкл Дуглас барои нақшаш дар сериали "Усули Комински" беҳтарин ҳунарманди комедӣ эълон шуд.

Ҷоизаи беҳтарин саундтрек ё мусиқии матни филмро Леди Гага барои таронаи "Shallow" дар филми "Ситора тавлид шуд" ба даст овард.

Раҳбари NASA сафари Рогозинро ба Амрико бекор кард

Ҷим Брайденстайн ва Дмитрий Рогозин

Раҳбари Оҷонсии кайҳоншиносии Амрико (NASA) Ҷим Брайденстайн гуфт, сафари раҳбари Роскосмос Дмитрий Рогозин ба ИМА-ро, ки қарор буд, моҳи феврали соли равон баргузор шавад, бекор мекунад.

Брайденстайн дар суҳбат бо The Washington Post гуфт, оҷонсӣ тирамоҳи соли гузашта Рогозинро, ки номи ӯ дар рӯйхати таҳримшудаҳо ҳаст, ба хотири ҳифзи "робитаҳои наздики корӣ" ба ИМА даъват карда буд. Вале баъди танқиди сахти як қатор сенаторҳо ин тасмим бозбинӣ шуд.

Аз ҷумла, сенатори демократ Ҷин Шаҳин Рогозинро яке аз меъморони "маъракаи таҷовузкорона"-е номид, ки Кремл зидди ҳамсояҳои худ пеш мебарад. Ба гуфтаи сенатор, Рогозин ҳамчунин бо изҳоротҳои зиддиамрикоияш маъруф аст ва сафари ӯ ба ИМА амнияти миллии Амрикоро халалдор мекунад.

Суханони Шаҳинро муовини раиси кумитаи иктишофии Сенат Марк Уорнери демократ ва раиси зеркумитаи фазонавардӣ Тед Крузи ҷумҳурихоҳ низ ҷонибдорӣ карданд.

Дмитрий Рогозин ҳанӯз дар замони муовини сарвазири Русия буданаш ба рӯйхати таҳримшудаҳо ворид шуда буд. Ӯ бо изҳоротҳои тунди зиддиамрикоияш маъруф аст. Брайденстайн моҳи октябри соли гузашта аз Русия дидан карда буд. Ба иттилои Politico, он замон ӯ аз Рогозин даъват карда буд, ки аввалҳои соли равон аз қароргоҳи NASA дар Ҳюстон боздид кунад.

Ҷонибҳо бо вуҷуди сард шудани муносибатҳои ИМА ва Русия дар бахши кайҳоннавардӣ ҳамкорӣ мекунанд. Дар Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ намояндагони Русия ва Амрико, ки ба воситаи киштии русии "Союз" ба кайҳон интиқол меёбанд, боҳам фаъолият мекунанд,.

Тақозои Нетаняҳу аз Трамп дар бораи Баландиҳои Ҷулон

Бенямин Нетаняҳу

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақозо кардааст, ки Баландиҳои Ҷулон дар марзи Сурияро ба ҳайси қаламрави он кишвар эътироф кунад. Ӯ рӯзи 6-уми январ гуфт, ки агар ҳаво мусоид бошад, бо Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллӣ дар ҳукумати Амрико ба ин минтақа сафар мекунад.

“Агар шумо дар онҷо бошед, бармало дарк мекунед, ки чаро мо Баландиҳои Ҷулонро ҳеҷ гоҳ тарк намекунем ва чаро барои мо эътирофи ҳаққи Исроил ба Баландиҳои Ҷулон муҳим аст” - гуфтааст, Бенямин Нетаняҳу ба Ҷон Болтон.

Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, ки масъалаи мазкурро бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико баррасӣ кардааст.

Исроил минтақаи стротегии Баландиҳои Ҷулонро, ки аз Сурия буд, соли 1967 дар Ҷанги шашрӯза дар Ховари Миёна ишғол кард ва соли 1981 ба қаламраваш ҳамроҳ кард. Ҷомеаи байналмилалӣ онро ба ҳайси хоки Исроил ба расмият намешиносад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар гузашта бо сиёсатҳои баҳсбарангези хориҷиаш меъёрҳои байналмилалиро ба эътибор нагирифтааст.

Соли 2017 ӯ эълон кард, ки Амрико шаҳри Байтулмуқаддасро ба ҳайси пойтахти Исроил ба расмият мешиносад ва сафорати Иёлоти Муттаҳидаро аз Тел Авив ба онҷо кӯч медиҳад. Ин амалкарди ӯ, хашми фаластиниён ва эътирози шарикони Амрико ва кишварҳои дигари дунёро барангехт.

Фаластиниён мехоҳанд, Байтулмуқаддаси шарқӣ пойтахти кишвари ояндаи онҳо бошад. Исроил, ки Байтулмуқаддаси шарқиро ба қаламраваш ҳамроҳ кардааст, тамоми шаҳрро пойтахти худ эълон кард, вале ҷомеаи байналмилалӣ ин қарори Исроилро эътироф намекунад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Марги шубҳабарангеҳи сарбози 20-сола дар Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:16 0:00
XS
SM
MD
LG