Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Amazon бори аввали гаронтарин ширкати хусусии ҷаҳон эълон шуд

Логои Amazon

Ширкати амрикоии Amazon аз Microsoft пеш гузашт ва бо ҷамъи дороиҳои баробар бо 796 миллиард доллар гаронтарин ширкати хусусии ҷаҳон эътироф шуд. Ҷои сеюмро ҳолдинги Alphabetc. ва мақоми чаҳорумро ширкати Apple ишғол кард.

Дар ҷараёни муомилоти рӯзи 7 январ қимати саҳмияҳои Amazon 3,4 дар сад боло рафт, дар ҳоле, ки саҳмияҳои Apple ҳамагӣ як дар сад баланд шуд.

Моҳи сентябр нархи Amazon.com як триллион доллар муайян шуд ва бунёдгузору раҳбари хадамоти электронии тиҷорат Ҷефф Безос дар сархати 400 амрикоии сарватманд қарор гирифт. Аз соли 1994 мақоми аввалро бунёдгузори Microsoft Бил Гейтс ишғол мекард. Ба ғайр аз ин, Ҷефф Безос соли 2018 бойтарин шахси дунё эътироф шуд. Дороиии ӯ 160 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Аввали соли 2018 президенти ИМА Доналд Трамп Amazon-ро ба пардохти ками молиёт муттаҳам кард ва ҳатто таҳдид кард, ки бо истифода аз қонуни зидди инҳисорӣ алайҳи Amazon чора меандешад.

Чин гуфт, коршиносони СММ-ро ба Шинҷон роҳ медиҳад

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Чин Лу Кан

Чин гуфт, ки дар сурати иҷрои "расмиёт" омодааст намояндагони Созмони Милали Муттаҳидаро ба минтақаи Шинҷон-Уйғур роҳ диҳад.

Ба навиштаи хабаргузории Reuters, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Чин Лу Кан рӯзи 7 январ дар нишасти хабарии Пекин гуфт, ки коршиносони СММ бояд талаботи сайёҳат дар Чинро риоя намоянд, инчунин "аз дахолат ба корҳои дохилии кишвар" худдорӣ кунанд ва бетарафию воқеъбинӣ нишон диҳанд.

Мишел Бачелет, Комисари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон моҳи декабр гуфт, коршиносони созмон талош доранд, барои омӯзиши "хабарҳои ташвишовар" дар бораи зиндагии ақалиятҳои миллӣ, ба минтақаи Шинҷон-Уйғури Чин сафар кунанд. Моҳи августи соли 2018 комисияи ҳуқуқи инсони СММ хабар дод, ки "бино ба иттилои дақиқ", дар Шинҷон дар "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ" бештар аз як миллион ақалиятҳои қавмӣ, ки ғолибан мусалмон ҳастанд, иҷборан нигаҳдорӣ мешаванд.

Моҳҳои охир Пекин барои дифоъ аз амалкардҳояш дар Шинҷон маъракаеро пеш гирифтааст. Ин маърака дар ҳоле амалӣ мешавад, ки нигарониҳои фаъолон, муҳаққиқон ва намояндагони мақомоти кишварҳои ҷаҳон дар робита ба вазъи Шинҷон бештар шудааст.

Дар чанд ҳафтаи охир Чин ба се " "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ", ки мақомоти ин кишвар "урдугоҳҳои бозтарбия"-ро чунин меноманд, сафари дипломатҳо ва хабарнигорони 12 кишвари ғайриғарбиро ташкил кард. Расонаҳо навиштанд, одамоне, ки дар урдугоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд, гуфтаанд, бо хоҳиши худ ба онҷо омадаанд. Онҳо суруд мехонанд, рақс мекунанд, забони чинӣ меомӯзанд. Ба иттилои мақомоти Чин, барномае, ки дар марказҳо омӯзонда мешавад, барои "пешгирӣ аз тундгароӣ" муассир аст.

Шоҳидон, инчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, дар ин гуна урдугоҳҳо одамонро иҷборан нигаҳ медоранд ва нисбати онҳо муносибати бераҳмона мекунанд.

Духтари фирории саудӣ Бангкокро якҷо бо намояндагони СММ тарк кард

Раҳаф Муҳаммад Алкунун

Шаҳрванди Арабистони Саудӣ Раҳаф Муҳаммад Алкунуни 18-сола, ки як шабонарӯз худро дар меҳмонсаройи фурудгоҳи шаҳри Бангкок бандӣ карда буд, фурудгоҳро ҳамроҳ бо намояндагони Оҷонси СММ дар умури паноҳандагон тарк кард.

Раҳаф гуфт, дигар намехоҳад бо хонаводаи худ зиндагӣ кунад ва аз Австралия дархости паноҳандагӣ кард. Ба гуфтаи Раҳаф, хонаводааш ӯро ба қатл таҳдид кардааст. Аз ҷумла, барои кутоҳ кардани мӯйҳояш ӯро шаш моҳ дар як ҳуҷра зиндонӣ карданд.

Духтар дар суҳбат бо Би-би-сӣ изҳор дошт, ки аз Ислом рӯй гардондааст ва дар сурати бозгашташ ба хона "ӯро марг мунтазир аст".

"Онҳо манро таҳдиди куштан карданд, то таҳсили худро идома надиҳам. Ба ман иҷозати ронандагӣ ва сафарро намедиҳанд. Ба ман зулм мекунанд. Ман зиндагӣ ва кор карданро дӯст медорам, вале хонаводаам намегузоранд", - афзуд ӯ.

Шиносномаи Раҳафро ба маҳзи фуруд омаданаш дар Бангкок кормандони сафорати Арабистони Саудӣ мусодира кардаанд. Дипломати саудӣ гӯё ба Раҳаф гуфтааст, ки хонаводааш розӣ нестанд, ки ӯ ба Австралия сафар кунад, бинобар ин, бояд ба Кувайт баргардад.

Намояндагии сафорати Арабистони Саудӣ дар Бангкок Абдул ал-Шуайбӣ гуфт, мақомоти шоҳигарӣ дар қазияи марбут ба Раҳаф нақше надоранд. Ба гуфтаи ӯ, Алкунин барои он дар Тайланд монд, ки билети баргашт надошт. Ин тасмимро мақомоти Тайланд гирифтанд, чун сафорати Арабистони Саудӣ ҳаққи боздошти одамонро дар фурудгоҳ надорад.

Намояндагони гумруки Тайланд дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, барои он ба ин духтар иҷозати вуруд ба кишварро надоданд, ки ӯ бо худ санадҳои зарурӣ надошт ва онҳо маҷбур шуданд, ба сафорати Арабистони Саудӣ дар ин бора хабар диҳанд.

"Ӯ аз хонаводаи худ дар Арабистони Саудӣ фирор карда, ба Тайланд омадааст. Вале барои ворид шудан ба кишвар ҳуҷҷатҳои заруриро бо худ надошт", - гуфт раиси Хадамоти муҳоҷирати Тайланд Сурачате Хакпарн.

Арабистони Саудӣ ба мардҳои хонавода ҳақ медиҳад, ки аз занҳо, ҳатто агар болиғ бошанд, сарпарастӣ кунанд ва фирори зан аз хона масъалаи маргу зиндагиро ба миён меорад.

Навори гумонбари эҳтимолии занозании Қарағанда нашр шуд

Дар Интернет навори муроҷиати марде нашр шуд, ки худро Нарек Гурурян муаррифӣ мекунад. Марде бо ин ному насаб бо гумони даст доштан дар занозании гуруҳии шаби 1 январ дар Қарағанда, ки як нафарро қурбон кард, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шуд.

Нарек Гурурян дар муроҷиаташ мегӯяд, "касеро накуштааст".

Ин мард ба хонаводаи кушташуда изҳори ҳамдардӣ баён мекунад ва мегӯяд, ки дар занозанӣ даст надорад. Ӯ изҳори омодагӣ кард, ки ба мақомоти Қазоқистон таслим мешавад ва хост, шаффофияти тафтишот ва амнияташ таъмин бошад.

"Ман омодаам, барои амалҳоям посух гӯям, аммо гуноҳи дигаронро ба дӯш намегирам. Ман касеро накуштаам. Ман қотил нестам", - гуфт ин мард.

Акси Гуруряни 22-соларо ҳамроҳ бо се боздоштшудаи дигари ин парванда пештар аз ин расонаҳои маҳаллии Қазоқистон нашр карданд.

Шаби 31 декабр дар яке аз тарабхонаҳои Қарағанда миёни ду гуруҳи меҳмонон задухӯрд сурат гирифта, бино ба иттилои додситонӣ, дар натиҷа чаҳор кас бо корд захмӣ шуд ва якеи онҳо ба ҳалокат расид.

Мақомоти Қарағанда мегӯянд, таҳиқи ин куштор зери назорат буда, тахминзаниҳо дар бораи хусусияти қавмии ин низоъ асос надоранд. 9 иштирокчии занозанӣ муайян шуда. 8 нафар таҳти боздошт қарор гирифт.

Садҳо сокини Қарағанда рӯзи 6 январ бо талаби шарҳи мақомот дар заминаи ҷанҷоли гурӯҳӣ ба кӯчаҳо баромаданд. Бархе эътирозгарон аз ин нигарон буданд, ки "дастандаркорони куштор аз ҷавобгарӣ фирор хоҳанд кард". Ҳокими шаҳр Ерлан Кошанов бо ҷамъомадаҳо мулоқот кард ва қавл дод, ки гумонбари асосӣ дар давоми ду-се рӯзи оянда боздошт хоҳад шуд.

Дар Туркия мурофиаи додгоҳии куштори сафири Русия оғоз шуд

Саҳнаи куштори сафири Русия дар Анкара

Дар Анқара баррасии парвандаи гумонбарони куштори сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов оғоз шуд. Дар инбора шабакаи Би-би-си рӯзи 8 январ хабар дод. Карлов моҳи декабри соли 2016 кушта шуд.

Бар пояи натиҷагирии тафтишот, ҳамаи 28 гумонбари куштори сафир бо руҳонии мухолиф Фатҳуллоҳ Гюлен ва созмони FETO, ки Туркия онро террористӣ унвон кардааст, робита доранд.

Карлов 19 декабри соли 2016 дар як намоишгоҳи аксҳо дар Анкара кушта шуд. Шарванди Туркия, Мавлуд Мерт Олтинтоши 22-сола бо нидои "Аллоҳу акбар! Ҳалабро фаромӯш накун!" чанд маротиба ба сӯи сафир оташ кушод.

Баъди чанд дақиқаи қатли сафир Олтинтош дар тирпарронӣ бо нерӯҳои амниятӣ кушта шуд.

Телевизионҳои ИМА сӯҳбати Трампро оиди "буҳрони марз" пахш мекунанд

Доналд Трамп

Баъди эълони суханронии зудраси президенти ИМА дар борои "буҳрон" дар марзҳои ҷанубӣ, ки онро худи Трамп рӯзи душанбе пахш кард, моликони телевизионҳо ва шабакаҳо масъалаи минбар додан ё надодан ба Доналд Трамп дар "прайм тайм" ё соати муҳимро баҳс карданд. Дар ин бора нашрияи Politico хабар дод.

Ба гуфтаи шореҳони The Washington Post, Доналд Трампдар дар муддати раҳбарияш, оиди муҳоҷират 1 ҳазору 130 дафъа маълумоти бардурӯғ ё суханони гумроҳкунанда пахш кардааст.

Сарфи назар аз ин, шабакаҳои телевизионии ABC,CBS, MSNBC, CNN, Fox News ва Fox Business ҳар яке дар алоҳидагӣ тасдиқ карданд, ки суханронии президентро пахш мекунанд. Ба ин тартиб, агарчӣ Трамп бахши умдаи матбуотро "душамни халқ" эълон кардааст, вале боз ҳам хоҳиши шабакаҳоро барои пахши суханрониаш истифода мекунад,- мегӯяд Politico.

Нашрия таваҷҷуҳро ба муқовимати байни Трамп ва қонунгузорони демократ оиди сармоягузории девор дар марзи Мекасика ҷалб кардааст, ки ба "шатдаун" ё қисман аз фаъолият бозмондани ҳукумати федеролӣ расонд.

Марде, ки сӯи порлумон туф кард, ба идораи милиса ҳозир шуд (Видео)

Вазорати умури дохилии Қирғизистон

Хабарнигорони телевизиони NewTV навори ба идораи пулис ҳозир шудани мардеро нишон доданд, ки сӯи порлумони Қирғизистон туф карда буд.

Ба иттилои телевизиони мазкур, ин мард сокини яке аз деҳаҳои вилояти Иссиқкӯл аст. Ӯ ба идораи пулис ҳозир шуда, баёнот навиштааст.

Дар навор дида мешавад, ки он мард дар ҳалқаи даҳҳо ҷавон ба идораи пулис ҳозир мешавад. Вақти аз дари идораи пулис берун омадани мард ҷавонон қарсак мезананд. Ин мард дар сӯҳбат бо телевизион гуфт, ки омодааст, дар доираи қонун посух гӯяд. "Аммо ба ман гуфтанд, ки ин масъала дар Бишкек ҳал мешавад", - гуфт мард.

Аз 1-уми январи соли 2019 дар Қирғизистон ҷаримаҳои нав, аз ҷумла барои туф кардан, ба иҷро даромад. Ин навъи қонуншиканӣ то 5,5 ҳазор сом (муодили тақрибан 600 сомонӣ) ҷарима дорад.

Қатъи ҳаракат дар шоҳроҳи Дарвоз-Кӯлоб дар пайи резиши кӯҳпора

Бар асари резиши сангпора ҳаракати нақлиёт дар байни ноҳияи Дарвозу шаҳри Кӯлоб қатъ шудааст. Мақомот гуфтанд, резиши сангпора дар миёни деҳаҳои Зиғари ноҳияи Дарвоз ва Шоҳони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух додааст.

Қитъаи Дарвоз-Кӯлоб як бахши роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма аст. Аз ҳафтаи гузашта ба ин тараф вилояти Бадахшон шоҳиди барфрезҳои шадид аст.

Мақомоти маҳаллӣ ва шоҳидон рӯзи 8-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ду тарафи маҳалли резиши сангу кӯҳпора мошинҳои боркаш ва мусофирбар ҷамъ омадаанд ва мунтазири боз шудани роҳ мебошанд. Дар ҳоли ҳозир мутахассисони Идораҳои роҳсозии ноҳияҳои Дарвозу Шамсиддини Шоҳин машғули боз намудани роҳ ҳастанд.

Аловиддин Афғонов, раиси ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз рӯзи 8-уми январ дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шаби гузашта барфу сангпора роҳро банд кардааст. Ба гуфтаи раиси ҷамоати Нулванд, масъулон ва мутахассисон шабона ба ҷойи ҳодиса омаданд ва талош доранд дар наздиктарин фурсат роҳро барои нақлиёте, ки ҷамъ омадаанд, боз намоянд.

Дар вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки феълан кормандони идораҳои роҳсозии ноҳияҳои Дарвозу Шамсиддини Шоҳин машғули пок кардани роҳ ҳастанд.

Низомиёни Габон хостанд "ҳукумати ғайридемократӣ"-ро сарнагун кунанд

Сарбозони Габон мардумро ба исён даъват карданд. 7 январ, 2019

Рӯзи 7 январ дар Габон кӯшиши табаддулоти давлатӣ анҷом шуд, ки дар ҷараёни он низомиён идораи радиои давлатиро тасарруф ва поёни ҳукумати Алӣ Бонгоро эълон карданд. Хабаргузории Reuters гуфт, ки баъди чанд соат ҳукумат тавонист исёнро хомуш кунад.

Ба гуфтаи шабакаи радиои RFI, соати 3:30-и вақти маҳаллӣ, гурӯҳи иборат аз панҷ афсари Горди ифтихории кишвар ба бинои радиои миллӣ ворид шуданд. Баъди ин "Радио Габон" бетанаффус ба пахши сухаронии яке аз исёнгарон оғоз кард, ки аз истеъфои президент Алӣ Бонго Ондимба хабар дод. Хабаргузории Reuters аз қавли як шоҳид гуфт, ки субҳ барои пуштибонӣ аз табаддулот наздик ба се ҳазор нафар ба кӯчаҳои Габон баромад.

Намояндаи ҳукумат Гӣ-Бертран Мапангу гуфт, ки нерӯҳои содиқ ба мақомот бинои радиоро ишғол ва чаҳор табаддулотчӣ, бо шумули раҳбари эҳтимолии оноҳро боздошт карданд. Нафари панҷум фирор кард, аммо баъдан дастгир шуд.

Радиои RFI бо такя ба намояндаи президент аз кушта шудани ду шӯришгар хабар дод.

Қарори табаддулотро шӯришгарон ба вазъи сиҳатии президент рабт доданд: Алӣ Бонго баъди хунрезии мағзӣ аз охири моҳи ноябр ба ин тараф дар Марокаш табобат мегирад.

Дар муроҷиати афсарон ба мардум гуфта мешуд, ки ҳукумат дар асл дар дасти гурӯҳи муҳофизакорон ва низомиёне қарор дорад, ки бо баҳонаи президент ҳадафҳои худро пиёда мекунанд.

Алӣ Бонго Ондимба аз соли 2009 ба ин кишвари ғанӣ аз захоири табии раҳбарӣ мекунад. Аз соли 1967 падари ӯ Омар Бонго раҳбари давлат буд.

Дар ин кишвари Африқои Марказӣ ва мустаъмараи пешини Фаронса 300 низомии Фаронса ба таври доимӣ мустақар аст. Аввали сол ИМА низ ба Габон 80 сарбоз фиристод.

Узбекистон ба ҷуфтҳои беникоҳ иҷозат дод дар меҳмонхона якҷо бошанд

Узбекистон - Урганҷ

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармонеро имзо кард, ки дар дар баробари масоили дигар ба ҷуфтҳои беникоҳ иҷозат медиҳад, ки дар ҳуҷраи меҳмонхона якҷо бошанд.

Биноба амри президент, ки онро Хабаргузории давлатии Узбекистон нашр кард, ҳадаф таъмини "ҳарими хусусӣ"-и ҷуфтҳои беникоҳ аст.

http://uza.uz/uz/documents/o-zbekiston-respublikasida-turizmni-jadal-rivojlantirishga-o-05-01-2019

"Меҳмонхонаҳо бояд сарфи назар аз суроғаи доимии муштариҳо, шарҳвандӣ ё муносибати ҷуфтҳо боякдигар ба онҳо хизмат расонанд",- омадааст дар фармони президент.

Фармони президент бар иловаи рӯйхати мавҷуда, ҳамчунин сафари бидуни визаи шарҳвандони чандин кишвари дигарро кафолат медиҳад.

Феълан Узбекистан ба шаҳрвандони Фаронса, Туркия, Исроил, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Сингапур, Ҷопон, ва бисёр кишварҳои Шӯравии пешин сафари бераводид пешниҳод мекунад.

Узбакистон ҳамчунин гуфтааст, ки сар аз моҳи феврал ба шаҳрвандони Олмон, Британия, Ирландия ва якчанд кишвари узви Иттиҳоди Аврупо раводиди 30-рӯзаи туристӣ медиҳад.

Шавкат Мирзиёев, ки соли 2016, баъди марги президенти худкома Ислом Каримов ба қудрат расид, барномаи ислоҳотро эълон кардааст, ки Узбекистонро ба рӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ боз мекунад.

Раҳбари PrimeMedia бинобар иттиҳоми таҷовуз корашро қатъ кард

Алексей Мигунов

Алексей Мигунов - соҳибкори Владивосток ва ҳамраиси медиҳолдинги PrimeMedia ки ба таҷовузи хабарнигори сомонаи "Сибирь Реалии" Екатерина Федорова муттаҳам шудааст, фаъолияташро дар ширкати PrimeMedia мувақатан қатъ кард. Ба ғайр аз ин, Мигунов муваққатан аз узвияти як қатор созмонҳои ҷамъиятӣ низ хориҷ шуд. Дар ин бора Мигунов дар Фейсбук хабар дод.

"Зарур мешуморам, ки ширкат ва ташкилотро ба "қазияи хусусӣ" ворид накунам",- гуфт Мигунов. Ӯ ҳамчунин гуфт, бо ҳуқуқдонҳо, ки аз манофеи ӯ ҳимоя мекунанд дар тамос аст ва шоҳидонро ҷустуҷӯ дорад. Ба ғайр аз ин, Мигунов барои расонаҳое, ки ин хабари ба гуфтаи ӯ "нодуруст ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарнок"-ро пахш кардаанд, муроҷиатнома омода мекунад.

Рӯзноманигор Екатерина Федорова Мигуновро ба таҷовуз муттаҳам мекунад, ки моҳи октябри соли 2018 рух дод. Федорова дар ин бора аз тараиқи Фейсбук хабар дод. Ба гуфтаи журналист, Мигунов баъди шоме, ки онҳо бо ҳам сипарӣ карданд, ӯро ба хона гусел мекард ва дар ҳоле, ки маст буд, ӯро таҷовуз кард ва осеби ҷисмонӣ расонд.

Мигунов иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, "ҳеҷ гуна таҷовуз вуҷуд надошт". Ӯ суханони Федороваро талоши "дасткории далелҳо ва дуруғбофӣ" номид. Мигунов ишора кард, ки иттиҳоми шояд ба хотири бадном кардани созмони ӯ тарҳрезӣ шудааст.

Екатерина Федеорова бо якчанд тарҳ, аз ҷумла "Феминологӣ", бунёди "Нужна помощь" сомонаи "Такие дела", "Сибирь Реалии" ва маҷаллаҳои Life Model ва Call Culture ҳамкорӣ мекунад.

Алексей Мигнуов - муовини раҳбари кулл ва ҳамраиси Медиахолдинги PrimeMedia аст.

Бародари Уилан боздошти ӯро ба қазияи Мария Бутина вобаста кард

Пол Уилан ва Мария Бутина

Бародари Пол Уилан - шаҳрванди ИМА, ки бо ҷурми ҷосусӣ дар Русия боздошт шудааст, эҳтимоли табодули ӯро бо шаҳрванди Русия Мария Бутина, ки дар ИМА ба даст афтод, соқит намекунад. Дэвид Уилан дар сӯҳбат бо хабаргузории Associated Press ба робитаи ин ду қазия ишора кард.

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи якшанбе дар Кохи сафед ба суоли журналисте дар бораи сарнавишти Уилан посух дод ва гуфт, "мо ин мавзӯро пайгирӣ мекунам".

Қаблан Олег Морозов аъзои Шурои федератсияи Русия Пол Уиланро номзади муносиб барои табодул бо Мария Бутина номид. Аммо дар Вазорати умури хориҷӣ баррасии ин масъала пеш аз вақт унвон карданд.

Маъмурони ФСБ-и Русия Пол Уиланро рӯзи 28 декабр боздошт ва рӯзи 29 декабр бо қарори Додгоҳи Москва ба ҳабс карданд. Пол Уилан дар ростои 20 соли зиндон қарор дорад.

Уилани 48-сола сарбози пешини нерӯҳои пиёдагарди баҳрии ИМА аст, ки дар Мичиган зиндагӣ мекунад. Ӯ солҳои ахир дар бахши амнияти ширкати BorgWarner кор мекард, ки барои автомошинҳо лавозими иловагӣ месозад. Ба гуфтаи The Washington Post, Пол Уилан соли 1994 дар нерӯҳои пиёдагарди баҳрӣ ба хизмат оғоз кард ва соли 2008 аз он хориҷ шуд.

Миёнаҳои моҳи декабри соли 2018 дар ИМА додгоҳи шаҳрванди Русия Мария Бутина баргузор шуд. Бутина ба созиши ҷиноятӣ бо ҳадафи кор кардан дар ИМА, ба сифати агенти хориҷии бидуни сабти ном, муттаҳама шуд. Ин шаҳрванди Русия ба хотири ҳукми сабуктар бо додгоҳи ИМА созиш ва гуноҳашро эътироф кард.

Таиланд гуфт, ки духтари фирории саудиро депорт намекунад

Раҳаф Алкунун - акс аз видео бардошта шуд

Мақомоти Таиланд гуфтанд, шаҳрванди 18-солаи Арабистони Саудиро, ки ба гуфтаи худаш баъди таҳдиди марг аз хонаводааш рӯ ба фирор овард, депорт намекунад.

Қазияи ин духтар дар ҳоле расонаӣ шуд, ки ӯ худро дар меҳмонхонаи фурӯдгоҳи Бангкок, пойтахти Таиланд бандӣ кард ва аз Австралия паноҳандагӣ хост.

Раҳаф Муҳаммад Алкунун рӯзи 5 январ дар ҳоле ба пахши паёмҳои кӯмакталабона дар Твиттер оғоз кард, ки баъди расиданаш аз Кувайт ба Банкок шиносномаашро масодира карданд.

Алкунун аз Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон ва ҳар нафари дигар, ки метавонад ба ӯ дасти кӯмак дароз кунад, ёрӣ пурсидааст.

Вакили ӯ рӯзи 7 январ гуфт, ки дархости ҷилавгирӣ аз депортатсияи Алкунун ба Додгоҳи Ҷиноии Бангкок фиристода шуд.

Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон низ дар як изҳорот гуфт, ки барои дастрасӣ ба мақомоти Таиланд, мулоқот бо худи Раҳаф Алкунун ва ниёзи ӯ барои ҳимояи байналмилалӣ талош доранд.

Алкунун дар Твиттер навишт, ки агар мақомоти Арабистони Саудӣ ӯро иҷборан ба хонаводааш баргардонанд, ҳаёташ ба "хатари ҷиддӣ" рӯ ба рӯ мешавад. Ӯ дар сӯҳбат бо матбуот гуфтааст, ки эҳтимол кушта шавад.

Раҳаф Алкунун мегӯяд, ки аз зуроварӣ дар хонаводааш, бо шумули латтукӯб ва таҳдиди марг аз ҷониби мардҳои хонавода фирор кард. Ин зани саудӣ мегӯяд, вақте мӯи худро кӯтоҳ кард, хонаводааш ӯро ба муддати шаш моҳ дар як утоқ зиндонӣ карданд.

Арабистони Саудӣ ба мардҳои хонавода ҳақ медиҳад, ки аз занҳо, ҳатто агар болиғ бошанд, сарпарастӣ кунанд ва фирори занҳо аз хона масъалаи маргу зиндагиро ба миён меорад.

Ҳолливуд барандагони ҷоизаи "Golden Globe"-ро эълон кард

Ҷоизаи Golden Globe

Дар Лос Анҷелес 76-умин маросими супудани ҷоиза синамо -"Golden Globe" баргузор шуд. Ҷоизаро барои беҳтарин филми драмавӣ - "Ҳамосаи боҳемия"-и Брайан Сингер гирифт. Иҷрокунандаи нақши аслӣ Раме Малик беҳтарин актери драмавӣ эъттиироф шуд.

Дар бахши "Коргардони беҳтарин" ин ҷоизаи амрикоиро Алфонсо Куарони мексикоӣ бо худ бурд ва филми сиёҳу сафеди ӯ бо номи "Рум" дар бахши беҳтарин филми хориҷӣ ғолиб омад. Ин филм пештар дар фестивали синамои Венетсия ҷоизаи "Шери тиллоӣ"-ро ба даст оварда буд.

"Марди анкабутӣ" ё "Человека паук" беҳтарин филми аниматсионӣ ва дар бахши волотарин сериали драмавӣ филми бисёрсериягӣ дар бораи ҷосусҳои КГБ дар ИМА - "Амрикоиҳо" беҳтарин шинохта шуд.

Ҳунарманд Ҷефф Бридҷес ҷоийзаи "Golden Globe"-ро барои шоистагӣ дар синамо ба даст овард. Майкл Дуглас барои нақшаш дар сериали "Усули Комински" беҳтарин ҳунарманди комедӣ эълон шуд.

Ҷоизаи беҳтарин саундтрек ё мусиқии матни филмро Леди Гага барои таронаи "Shallow" дар филми "Ситора тавлид шуд" ба даст овард.

Раҳбари NASA сафари Рогозинро ба Амрико бекор кард

Ҷим Брайденстайн ва Дмитрий Рогозин

Раҳбари Оҷонсии кайҳоншиносии Амрико (NASA) Ҷим Брайденстайн гуфт, сафари раҳбари Роскосмос Дмитрий Рогозин ба ИМА-ро, ки қарор буд, моҳи феврали соли равон баргузор шавад, бекор мекунад.

Брайденстайн дар суҳбат бо The Washington Post гуфт, оҷонсӣ тирамоҳи соли гузашта Рогозинро, ки номи ӯ дар рӯйхати таҳримшудаҳо ҳаст, ба хотири ҳифзи "робитаҳои наздики корӣ" ба ИМА даъват карда буд. Вале баъди танқиди сахти як қатор сенаторҳо ин тасмим бозбинӣ шуд.

Аз ҷумла, сенатори демократ Ҷин Шаҳин Рогозинро яке аз меъморони "маъракаи таҷовузкорона"-е номид, ки Кремл зидди ҳамсояҳои худ пеш мебарад. Ба гуфтаи сенатор, Рогозин ҳамчунин бо изҳоротҳои зиддиамрикоияш маъруф аст ва сафари ӯ ба ИМА амнияти миллии Амрикоро халалдор мекунад.

Суханони Шаҳинро муовини раиси кумитаи иктишофии Сенат Марк Уорнери демократ ва раиси зеркумитаи фазонавардӣ Тед Крузи ҷумҳурихоҳ низ ҷонибдорӣ карданд.

Дмитрий Рогозин ҳанӯз дар замони муовини сарвазири Русия буданаш ба рӯйхати таҳримшудаҳо ворид шуда буд. Ӯ бо изҳоротҳои тунди зиддиамрикоияш маъруф аст. Брайденстайн моҳи октябри соли гузашта аз Русия дидан карда буд. Ба иттилои Politico, он замон ӯ аз Рогозин даъват карда буд, ки аввалҳои соли равон аз қароргоҳи NASA дар Ҳюстон боздид кунад.

Ҷонибҳо бо вуҷуди сард шудани муносибатҳои ИМА ва Русия дар бахши кайҳоннавардӣ ҳамкорӣ мекунанд. Дар Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ намояндагони Русия ва Амрико, ки ба воситаи киштии русии "Союз" ба кайҳон интиқол меёбанд, боҳам фаъолият мекунанд,.

Тақозои Нетаняҳу аз Трамп дар бораи Баландиҳои Ҷулон

Бенямин Нетаняҳу

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақозо кардааст, ки Баландиҳои Ҷулон дар марзи Сурияро ба ҳайси қаламрави он кишвар эътироф кунад. Ӯ рӯзи 6-уми январ гуфт, ки агар ҳаво мусоид бошад, бо Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллӣ дар ҳукумати Амрико ба ин минтақа сафар мекунад.

“Агар шумо дар онҷо бошед, бармало дарк мекунед, ки чаро мо Баландиҳои Ҷулонро ҳеҷ гоҳ тарк намекунем ва чаро барои мо эътирофи ҳаққи Исроил ба Баландиҳои Ҷулон муҳим аст” - гуфтааст, Бенямин Нетаняҳу ба Ҷон Болтон.

Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, ки масъалаи мазкурро бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико баррасӣ кардааст.

Исроил минтақаи стротегии Баландиҳои Ҷулонро, ки аз Сурия буд, соли 1967 дар Ҷанги шашрӯза дар Ховари Миёна ишғол кард ва соли 1981 ба қаламраваш ҳамроҳ кард. Ҷомеаи байналмилалӣ онро ба ҳайси хоки Исроил ба расмият намешиносад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар гузашта бо сиёсатҳои баҳсбарангези хориҷиаш меъёрҳои байналмилалиро ба эътибор нагирифтааст.

Соли 2017 ӯ эълон кард, ки Амрико шаҳри Байтулмуқаддасро ба ҳайси пойтахти Исроил ба расмият мешиносад ва сафорати Иёлоти Муттаҳидаро аз Тел Авив ба онҷо кӯч медиҳад. Ин амалкарди ӯ, хашми фаластиниён ва эътирози шарикони Амрико ва кишварҳои дигари дунёро барангехт.

Фаластиниён мехоҳанд, Байтулмуқаддаси шарқӣ пойтахти кишвари ояндаи онҳо бошад. Исроил, ки Байтулмуқаддаси шарқиро ба қаламраваш ҳамроҳ кардааст, тамоми шаҳрро пойтахти худ эълон кард, вале ҷомеаи байналмилалӣ ин қарори Исроилро эътироф намекунад.

Контр-адмирал Кевин Суини аз мақомаш дар Пентагон истеъфо дод

Кевин Суинӣ

Раҳбари ситоди Вазорати дифои ИМА Контр-адмирал Кевин Суини баъди фаъолияти дусола дар Пентагон аз мақомаш истеъфо дод. Истеъфои Суини ба думболи аз кор рафтани баъзе мансабдорони баландпояи ин ниҳоди дафоӣ сурат гирифт.

Вазири дифои ИМА Ҷеймс Мэттис, ки Кевин Суини аз зердастони ӯ буд, аввали моҳи январ аз мақом рафт. Мэттис истеъфояшро охири моҳи декабр, дар ҳоле эълон кард, ки президент Трамп гуфт, ки нерӯи дуҳазор нафарии ИМА-ро аз Сурия хориҷ мекунад. Вазири дифоъ дар номаи истеъфояш аз Трамп ном набурд, аммо мавҷудияти ихтилофи ҷиддӣ байни худу президент, аз ҷумла дар робита ба аҳамияти шарикҳо ва истифодаи тавонмандии ИМА-ро зикр кард.

Мэттис аз ҷумла ҳушдор дод, ки Русия ва Чин мехоҳанд ҷаҳони мувофиқ ба модели авторитарии худро таъсис диҳанд ва аз ҳақи ветогузорӣ ба қарори кишварҳои дигар дар иқтисодӣ, дипломатия ва амният бархурдор шаванд.

Ҳалокати 30 нафар дар кони тиллои Бадахшони Афғонистон

Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи фурӯ рехтани нақбе дар як кони тилло дар шимолушарқи Афғонистон 30 нафар ҳалок шудаанд. Мақомот гуфтанд, ки фалокат дар Вилояти Бадахшон рӯзи 6-уми январ рух додааст. Ҷузъиёти дигаре то кунун дар бораи ин ҳодиса ба дасти расонаҳо нарасидааст.

Ду бинои Магнитогорскро вайрон мекунанд

Ду биноро комилан аз байн мебаранд

Мақомоти Русия мегӯянд, биноеро, ки дар натиҷаи фурӯ рафтани қисме аз он 39 нафар ба ҳалокат расиданд, комилан вайрон мекунанд. Намояндагони ҳукумати шаҳри Магнитогорск рӯзи 6-уми январ гуфтанд, ки 9 бинои дигар барои зиндагӣ муносиб аст ва дар ҷояшон мемонанд.

Рӯзи 31-уми декабр дар натиҷаи таркиши газ даромадгоҳи 7-уми бинои 10 табақа дар маркази шаҳр вайрон шуд ва қисме аз вурудгоҳи 8-ум низ осеб дид. Ҳарду ин бино комилан хароб мешаванд.

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия бо судури як дастур барои осебдидагони ҳодиса 65 миллион рубл ва ё 967 ҳазор доллар ихтисос дод. Мақомоти вилояти Челябинск барои онҳо 93 миллион рубл ҷудо кардааст.

Барои онҳое, ки дар ин фалокат сахт осеб дидаанд, 400 ҳазор рубл пардохт мекунанд. Хароҷоти дафни қурбониёнро ҳам давлат мепардохтааст.

Кӯдаки 3-солае, ки аз сараш тир хӯрд даргузашт

Ҳодиса дар Дарбанд рух дод.

31-уми декабр аз балкони хонаашон дар шаҳри Дарбанди Доғистон оташбозии солинавиро тамошо мекард, ки ба сараш тир расид. Хабаргузории “Кавказский узел” навиштааст, ки дар ин шаб касе дар кӯча аз аслиҳаи воқеӣ ба осмон тир андохтааст.

Барои ҷарроҳии кӯдак аз Маскав табиб бурдаанд, вале ба ӯ муяссар нашудааст, ки тирро аз сари кӯдак берун кунад. Тифли 3-сола соати 11 субҳи 5-уми январ ҷон додааст. Вазорати тандурустии Доғистон хабарро тасдиқ кард. Дар бораи таҳқиқи ҳодиса хабаре дар даст нест.

Минаҷӯи мисрӣ ҳангоми кор ба ҳалокат расид

Дар тақрибан ду соли ахир 100 қибтӣ дар Миср кушта шудааст.

Як мутахассиси мисрӣ ҳангоми хунсо кардани бомби худсохте дар наздикии як калисои қибтиҳо дар канори Қоҳира ба ҳалокат расидааст. Телевизиони давлатии Миср рӯзи 5-уми январ гуфт, ки дар натиҷаи таркиш дар маҳҳаллаи Шаҳри Наср ду афсари дигар захм бардоштаанд.

Абзори таркандаиро дар дохили халтае дар болои як боме дар наздикии калисо ёфтаанд. Мақомот гуфтанд, ки Мустафо Обид, ки минаҷӯ буд, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Қибтиҳо рӯзи 7-уми январ Мавлуди Исои Масеҳро таҷлил мекунанд. Қибтиҳои Миср 10 дар сади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Аз моҳи декабри соли 2016 то кунун дар натиҷаи ҳамлаи ҷангҷӯён ва ифротгароёни исломӣ аз ҷумла гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” 100 нафар аз қибтиҳо кушта шудаанд.

Русия мегӯяд, табдили "зиндониён" бо Амрико зуд аст

Сергей Рябков

Мақомоти Русия гуфтанд, баррасии табодули шаҳрвандон бо Амрико, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир шудаанд, барвақт аст. Русияву Амрико дар чанд вақти гузашта шаҳрвандони ҳамдигарро бо иттиҳоми ҷосусӣ дастгир кардаанд.

Мақомоти Русия рӯзи 5-уми январ гуфтанд, ки Дмитрий Макаренко, як шаҳрванди кишвар рӯзи 29-уми декабр дар Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ, қаламрави Амрико дар Уқёнуси Ором дастгир шудааст ва ӯро барои эъломи иттиҳоми тавтиа ба қаламрави Иёлоти Муттаҳида интиқол додаанд. Дар ҳамон рӯз Хадамоти Федеролии Амнияти Русия ва ё ФСБ, Пол Вилан, афсари собиқи амрикоиро бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Маскав дастгир кард.

Мариа Бутина, як шаҳрванди дигари Русия низ айни замон дар Амрико дар боздошт аст ва ба ҷосусӣ муттаҳам мешавад. Русия дар гузашта бо ҳадафи табдили зиндониён, хориҷиёнро дар қаламраваш дастгир кардааст.

Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия рӯзи 5-уми январ гуфт, ки баррасии масъалаи табдили зиндониён ҳануз зуд аст, чун ҳануз Пол Вилан расман ба ҷинояте муттаҳам нашудааст.

Раҳоии 12 нафар аз дасти Толибон дар Афғонистон

Акс аз бойгонӣ

Неруҳои махсуси Афғонистон 12 нафарро аз як зиндони Толибон дар ҷануби кишвар озод кардаанд, вале дар ҷойи дигар ин гуруҳ 15 корманди давлатро гаравгон гирифтааст.

Раёсати амнияти миллии Афғонистон рӯзи 5-уми январ хабар дод, ки маъмурони амниятии вижа ба зиндони Толибон дар ноҳияи Наҳри Сироҷ дар вилояти Ҳилманд юриш бурда ва асиронро раҳо кардаанд.

Ҳилманд яке аз такягоҳҳои Толибон ва макони аслии кишти кӯкнор аст. Ҷузъиёти дигари амалиётро ошкор накардаанд. Дар ҳамин рӯз мақомоти расмӣ гуфтанд, ки ҷангҷӯёни Толиб 15 корманди ниҳодҳои давлатиро дар вилояти Фароҳ рабудаанд ва ҳоло сарнавишти онҳо маълум нест.

Калисои Украина баъди 330 сол "худмухтор" шуд

Маросими супурдани эъломия дар Истанбул сурат гирифт.

Калисои православии Украина аз усқуфи аъзам Бартоломей санади расмиеро гирифт, ки ба тобеияти 330-солаи ин калисо ба Калисои православии Русия хотима дод. Эъломияи худмухториро, ки аз ин пештар имзо шуд, дар маросими махсус дар шаҳри Истанбул ба Эпифаний, усқуфи нави Киев рӯзи 6-уми январ супурданд.

Маросим дар Калисои Георгии муқаддас сурат гирифт ва дар он Петро Порошенко, раиси ҷумҳур, Андрей Парубий, раиси порлумон ва дигар мақомоти баландпояи Украина ҳузур доштанд.

Баъди хатми маросим Порошенко гуфт, бо қабули эъломияи худмухторӣ, муборизаи тӯлонии Украина барои таъсиси калисои мустақили православӣ ба поён расид. Ӯ гуфт, "Худованд бо Украина буд ва Украина бо Худованд аст.»

Шаҳри Истанбул дар гузашта Константинопол қароргоҳи усқуфи аъзами тамоми масеҳиёни православ буд. Усқуфи аъзам Бартоломей аз пайравонаш хост, ки Калисои Киевро ба расмият бишносанд ва дар ибодаташон дар ҳаққи он дуо кунанд.

Дар Русия мегӯянд, ҷудо шудани Калисои Киев аз Калисои Русия, натиҷаи «тафриқабарангезӣ» ва мудохилаи ҳукумати Украина ба умури калисо аст. Калисои Русия худмухтории Калисои Украинаро ба расмият намешиносад.

Савдогарон намехоҳанд, бозори Ӯш вайрон шавад

Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Ӯш қарори раиси ин шаҳр дар бораи сохтмони боғча дар макони бозори шаҳраки Кулатов рӯзи 8 январ қуваи қонунӣ мегирад.

Савдогарони ин бозор, ки тахриби онро намехоҳанд, ба президент, ҳукуматҳои марказиву маҳаллӣ муроҷиат карданд. Онҳо мехоҳанд, тахриби бозор то соли 2025 ба таъхир гузошта шавад.

Дар ин бозор наздики 200 одам ба кор машғул аст. Ҳамчунин деҳқонони гирду атроф барои савдои маҳсулоташон ба ин бозор меоянд.

"Дар ҳар нуқтаи савдои ин бозор то 3-4 одам кор мекунад. Онҳо хонаводаҳояшонро нон медиҳанд. Ҳамасола мо ба буҷа 6 миллион сом даромад меорем", - мегӯяд як тоҷири ин бозор.

Савдогарони бозор мегӯянд, шаҳрдорӣ бидуни машварат бо онҳо қарори тахриби бозорро қабул кардааст.

Аммо мақомоти шаҳрӣ мегӯянд, амалкарди онҳо дар доираи қонун сурат мегирад ва дар ҳоли ҳозир бо тоҷирон гуфтугӯ мекунанд. Қарори тахриби бозор 25 ноябри соли 2018 қабул шуда буд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сайфулло Сафаров дар бораи бознишастагиву интихобот гуфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:00 0:00
XS
SM
MD
LG