Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Мадина ба Душанбе. АКС

Гуруҳи 210-нафарии ҳоҷиёни тоҷик рӯзи 1-уми сентябр тавассути ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" аз шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба Душанбе омад.

Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфтанд, ки бозгашти нахустин гуруҳи ҳоҷиён шоми 31-уми август ба Хуҷанд сурат гирифта буд. Ин маърака то ду ҳафтаи дигар идома хоҳад кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳоҷиёни тоҷикро намояндагони Кумитаи дин ва пайвандон пешвоз гирифтанд.

Имсол барои адои ҳаҷ ба Саудӣ беш аз шаш ҳазор нафар рафтааст.

Ҳаҷ барои ҳар мусалмон дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ фарз шудааст. Аммо тибқи қарори се соли пеши мақомоти тоҷик, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳақ доранд, ки ба Ҳаҷ бираванд.

Лукашенко гуфт, ба тағйирот дар ҳукумат идома медиҳад

Александр Лукашенко

Президенти Беларус Александр Лукашенко ваъда дод, ки тағйироти кадриро дар ҳукумат идома медиҳад. Ин тағийрот дар миёнаҳои моҳи августи имсол шуруъ шуд.

Хабаргузории БелТА аз қавли Лукашенко навишт, яке аз сабабҳои барканорӣ дар ҳукумат мубориза бо бадмастист. Ба иттилои манбаъ, Лукашенко рӯзи 31-уми август гуфтааст, гап задан дар ин маврид барояш хиҷолатовар аст. Ва ҳамзамон афзудааст, боз чанде аз вазиронро бо ҳамин далел барканор хоҳад кард, “чун онҳо ҳанӯз намедонанд, ки дар куҷо кор мекунанд”.

Раиси ҷумҳури Беларус гуфт, барканориҳо нафақат ба ҳукумати марказӣ, балки мансабдорони дигар идораҳо ҳам дахл хоҳад дошт.

Александр Лукашенко рӯзи 18-уми август раиси нави ҳукумат ва баъзе аз вазирони калидиро иваз кард. Сергей Румас ба ҷои Андрей Кобяков нахуствазир таъйин шуд. Вай то ин дам Бонки рушдро роҳбарӣ мекард.

Александр Турчин, раиси пешини дастгоҳи иҷроия, муовини аввали нахуствазири Беларус шуд.

Амрико ба Сурия ҳушдор дод, ки ба Идлиб ҳамла накунад

Майк Помпео

Амрико ба Сурияву Русия ҳушдор дод, ки ҳамагуна ҳамлаи низомиро дар Идлиб – охирин минтақаи зери назорати шӯришиён – “як талош ба хотири густариши ҷанги ҳафтсолаи дохилӣ дар он кишвар” ҳисоб хоҳад кард.

Ин ҳушдор аз забони Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 31-уми август садо дод. Он рӯз шӯришиён дар Идлиб, дар наздикии марз бо Туркия, пулҳоро тарконда ва барои ҳамлаи бузурги ҳукумати Сурия сангар сохтанд.

Режими Сурия ба раҳбарии Башор Асад ва ҳомии он Русия эълон карданд, ки ба зудӣ як ҳамларо дар ин минтақа шуруъ мекунанд. Помпео дар “Твиттер” навишт, Амрико ин иқдомро густариши як буҳроне мехонад, ки бе он ҳам бисёр хатарнок аст. Ӯ ҳамчунон аз Сергей Лавров, ҳамтои русаш, ки аз барномаи ҳамлаи Сурия дифоъ намуд, интиқод кардааст.

Помпео навиштааст, “се миллион муҳоҷири Сурия, ки қаблан ба тарки хонаҳои худ маҷбур шуда ва дар Идлиб мебошанд, аз ин ҳуҷум зарбаи дигар хоҳанд хӯрд. Ин хуб нест ва ҷаҳон тамошо мекунад”.

Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки амалиёти низомӣ дар Идлиб 800 ҳазор нафари дигарро беҷо месозад. Дар ҷанги ҳафтсолаи Сурия чаҳорсад ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафари дигар бехонаву дар ва муҳоҷир шудаанд.

Вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ҳукумати Сурия комилан ҳақ дорад, ки шӯришиёнро аз Идлиб берун кунад.

Қатъи кумаки Амрико ба як идораи СММ, ки ба фаластиниҳо ёрӣ медод

Ҳизер Нойерт

Амрико эълон кард, кумаки молии худро ба як идораи Созмони Милали Муттаҳид, ки масъули ёрӣ ба муҳоҷирони фаластинӣ мебошад, қатъ мекунад.

Ҳизер Нойерт, сухангӯи Департаменти давлатии Амрико шоми 31-уми август гуфт, дар тарзи кор ва истифодаи молии ин идора “холигоҳҳои зиёди амалӣ вуҷуд дорад”.

Ӯ афзуд, Амрико бо диққат ин мавзуъро баррасӣ карда ва ба ин натиҷа расид, ки дигар ба ин идора кумаки бештар накунад.

Ин идораи Созмони Милали Муттаҳид барои муҳоҷирони фаластинӣ хадамот муҳайё мекард. Аксари ин фаластиниҳо бозмондаи афроде ҳастанд, ки дар ҷанги соли 1968 баъди атшкили Исроил муҳоҷир шудаанд.

Як ҷавони афғон дар Ҳолланд ду нафарро бо корд захмӣ кард

Пулиси Ҳолланд гуфт, ки қазияи ҳамла ба ду нафарро дар истгоҳи роҳи оҳани Амстердам ҳамчун ҳодисаи террористӣ баррасӣ мекунад.

Ҳамлаваре, ки бо корд ду нафарро захмӣ кард ва баъдан аз тарафи пулис ҳадафи тир қарор гирифт, ҷавони 19-солаи афғон мебошад, ки иҷозаи иқомат дар Олмонро дорад. Пулиси Ҳолланд мегӯяд, ҷабрдидаҳо захмӣ шадид доранд ва ба бемористон бурда шудаанд.

Сухангӯи пулиси Ҳолланд гуфт, онҳо ин воқеаро ҳамчун як қазияи бисёр ҷиддӣ, яъне ҳамчун ҳамлаи террористӣ таҳқиқ мекунанд.

Ҳолланд то ба ҳол аз мавҷи ҳамлаҳои террористон, ки домангири кишварҳои ҳамсояаш, ба мисли Фаронса, Белгия ва Бритониё шуд, дар амон монда буд.

Пуиси Ҳолланд дар бораи сабаби ҳамла чизе нагуфтааст, вале Толибон рӯзи 30-юми август ба хотири барномаи сиёсатмадори ҳолландӣ, ки мехост мусобиқаи карикатураҳои паёмбари ислом Муҳаммадро баргузор кунад, хостори ҳамла ба сарбозони ин кишвар шуданд. Баъди ин таҳдид, сиёсатмадори ҳолландӣ мусобиқаи карикатураҳоро лағв кард.

Омӯзгорони Русия ба Тоҷикистон омаданд ВИДЕО

Омӯзгорони рус дар фурудгоҳи Душанбе. 31 августи соли 2018

Шоми 31 август гурӯҳи 26-нафараи омӯзгорон аз Русия ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расид. Инҳо бахше аз 55 омӯзгореанд, ки қарор аст дар соли хониши 2018-2019 дар мактабҳои мухталифи Тоҷикистон дарс диҳанд. Бахши дигари омӯзгорон шурӯъ аз 29 август вориди Душанбе шудаанд. Онҳоро дар фурудгоҳ мақомоти маорифи Тоҷикистон, сафорати Русия ва маъмурияти мактабҳое, ки дар онҷо қарор аст кор кунанд, пешвоз гирифтанд.

Соли ҷорӣ 29 омӯзгор барои нахустин бор дар доираи барномаи ҳамкориҳои гуманитарии Тоҷикистону Русия дар мактабҳои миёнаи кишвар дарс хоҳанд дод. Боқӣ 26 нафар онҳое ҳастанд, ки соли гузашта бори аввал ба Тоҷикистон омада буданд. Ин омӯзгорон асосан мутахассисони забон ва адабиёти рус ҳастанд, вале дар миёни онҳо инчунин омӯзгорони фанноҳои дигар, аз ҷумла, математика, физика, химия ва дигарҳо мебошанд.

Қарори ба Тоҷикистон ирсол кардани омӯзгорони Русия дар музокироти президентони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар Душанбе, дар моҳи феврали соли 2017 гирифта шуд ва августи соли гузашта нахустин гурӯҳи 29-нафараи омӯзгорон ба Душанбе омад.

Наталя: "Ашки фарзандон пеши сафар ба Тоҷикистонро нагирифт "
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:58 0:00

Пешвои ҷудоиталабони Донетск кушта шудааст

Бино ба гузоришҳо, Александр Захарченко, раҳбари ҷудоиталабони тарафдори Русия дар Украина дар натиҷаи таркише кушта шудааст.

Хабаргузориҳои “Интерфакс” ва “ТАСС“ рӯзи 31-уми август хабар доданд, ки ӯ дар натиҷаи таркиш дар қаҳвахонае дар шаҳри Донетск ҷон додааст.

Ба гуфтаи манобеи Интерфакс, мақомоти Донетск, чанд нафарро бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони Захарченко дастгир кардаанд. Манобеи ҷудоиталабони тарафдори Русия, мақомоти Украинаро дар ин сӯиқасд муттаҳам кардаанд. Александр Захарченко, раҳбари Ҷумҳурии Худхондаи Донетск буд.

ВАО: Амрико аз пуштибонии фаластиниҳо даст мекашад

Исроилиҳо аз гази ашковари

Ҳафтаҳои наздик маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп аз қатъи сармоягузорӣ ба Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид дар умури Ховари Миён ахабар хоҳад дод. Дар ин бора нашрияи The Washington Post рӯзи 30 август бо такя ба манбаҳояш гузориш дод.

Ба маълумоти нашрия, Кохи сафед ҳамчунин норозигиашро ба харҷи маблағ баён мекунад ва талаб мекунад, ки теъдоди паноҳандагони фаластинӣ аз 5 миллион ба 500 ҳазор нафар коҳиш ёбад. Вашингтон ин коҳишро ба тамоюл надоштани фаластиниҳо ба музокирот бо Исроил ва бетартибиҳо дар навори Ғазза, ки таҳти назаорти Ҳамас қарор дорад, марбут мекунад.

Қаблан матбуоти Амрико аз қатъ шудани 250 миллион доллар кӯмаки иқтисодӣ ба фаластиниҳо хабар дод. Сабаби ин қарор танқиди мақомоти фаластинӣ аз қарори Трамп аст, ки сафорати ИМА-ро аз Телавив ба Байлутмуқаддас кӯчонд.

ИМА паноҳандаи узбекро барои кӯмак ба тундравҳо 11 сол зиндонӣ кард

Ҷамшед Мухторов

Додгоҳе дар Амрико паноҳандаи узбекро барои кӯмаки молиаш ба гурӯҳи террористӣ рӯзи 30 август ба муҳлати 11 сол аз озодӣ маҳрум кард. Муҷрим 6 соли ин муҳлатро дар зиндон сипарӣ кардаст.

Додгоҳи Амрико Ҷамшед Мухторови 42-соларо моҳи июн барои таъмини 300 доллар ва кӯмакҳои дигар ба гурӯҳи террористии "Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ" муҷрим эълон кард. Ин гурӯҳ аз мухолифони ҳукумати дунявии Узбекистон ба шумор меояд, ки ҳамлаҳоеро ҳам дар он кишвар ва ҳам дар Афғонистон пиёда кардааст.

Додгустар Ҷон Кейн кӯмаки Мухторов ба гурӯҳи террористиро ҷурми ҷиддӣ ва суханронии ӯро "тарснок" унвон кард, аммо гуфт, ки Мухторов дар қаламрави ИМА ягон амали хушунатбор анҷом надодааст.

Як нафари дигар бо номи Бахтиёр Ҷумъаев дар ҳамин қазия, бо ҳамин ҷурм моҳи апрел маҳкум шуд.

Мухторов соли 2007 бо хонаводааш ҳамчун паноҳанда ба Амрико рафт. Ӯ гуфт, ки гӯё барои фаъолияташ ҳамчун ҳомии ҳуқуқи башар дар ватанаш латтукуб мешуд. Ба гуфтаи додситонҳо ӯ баъди як муддат зиндагӣ дар ИМА дилсарду хашмгин шуд ва соли 2012 барои ҳамоиш бо ҷангиёни узбек ба Туркия билети якҷониба фармоиш дод.

Вакили Мухторов ин иттиҳомро рад кард ва гуфт, 300 долларе, ки Мухторов ба Узбакистон фиристод барои ҳамсараш буд ва ӯ мехост барои паноҳанда шудани бародараш кӯмак кунад.

Додгустар ҳамчунин амр кард, ки Мухторов баробари озод шудан аз маҳбас бояд ба мақомоти Хадамоти Муҳоҷират супурда шавад.

Вакили ӯ мегӯяд, агар Мухторов ба Узбекистон депорт шавад, мавриди шиканҷа қарор мегирад.

Таркиш дар корхонаи Нижний Новгород хисороти ҷонӣ ба бор овард

Нижный Новгород - акси тасвирӣ

Рӯзи 31 август дар корхонаи ба номи Свердлови канораҳои Нижний Новгород таркиш ба амал омад ва гуфтаи хабаргузории Интерфакс дасти кам се нафарро қурбон кард. Дар ин бора хадамоти наҷот ба хабаргузорӣ иттилоъ дод. Дар маркази инфиҷор 10 нафар ҳузур дошт. Корхона маводи тарканда истеҳсол мекард.

Дар бораи сабаби инфиҷор маълумот дастрас нашудааст. Дар сомонаи ин муассиса хабаре пахш шуд, ки мегӯяд, дар бинои коркарди минаҳо таркиши хурд ба амал омад. Муассиса то ҳол дар бораи кушташудаҳо ва зарардидаҳо маълумот надодаст.

Имрӯз ҳамчунин дар Самара, дар яке аз муассисаҳои ширкати "Кузнетсово", ки барои ҳавопайпо ва мушакҳо муҳаррик тавлид мекунад, ҳодисае рух дод, ки бо марги одамон анҷм шуд. Интерфакс мегӯяд, ки се коргар ҳангоми оташ гирифтани газ ба ҳалокат расид.

Макрон гуфт, Шавкат Мирзиёевро дар Порис мунтазир аст

Эммануэл Макрон

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон Шавкат Мирзиёевро бо 27-умин солгарди истиқлолияти Узбекистон табрик кард ва гуфт, мунтазири сафари қарибулвуқуи Мирзиёев аст, ки дар ҷараёни он тақвияти равобити ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

"Аз наздикшавии мудаввоми Фаронсаву Узбекистон, ки аслан, солҳост, бо ҳам шариканд, истиқбол мекунам. Дар баробари афзоиши табодули мол ва густариши ҳамкории стратегӣ миёни ду кишвар, умедворем, дар соли равон муколамаи сиёсии мо боз ҳам тақвият хоҳад ёфт.", - омадааст дар паёми табрикии президенти Фаронса.

Макрон зикр кардааст, ки сафари Мирзиёев ба Фаронса имкони густариши минбаъдаи робитаҳои ду кишварро фароҳам мекунад.

Охири моҳи август расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки президент Мирзиёев моҳи октябр ба Фаронса сафар мекунад. Барномаи ин сафар дар сатҳи ҳукумат таҳия ва қабул шудааст.

Моҳи июли соли равон дар шаҳри Порис нахустин хонаи савдои Узбекистон дар Фаронса боз шуд. Вазифаи асосии он пешбурди содироти маҳсулоти Узбекистон ба Фаронса ва кишварҳои дигари Аврупо аст. Ҳамчунин Фаронса маҳдудияти фитосанитарии фурӯши харбуза ва анори Узбекистонро бекор кардааст.

Гуревич: Хонаводаи Қурмонбек Боқиев $200-300 миллионро ба хориҷ бурд

Евгений Гуревич

Хонаводаи президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев аз ин кишвар 200-300 миллион долларро ба хориҷ бурдааст. Дар ин бора мушовири молии Боқиевҳо Евгений Гуревич дар мусоҳиба бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Гуревич дар Қирғизистон ғоибона ба зиндон маҳкум шудааст ва ҳамзамон дар ИМА адои ҷазо мекунанд.

Ӯ гуфт, далелҳои кофӣ дар даст дорад ва омодааст, бо мақомоти Қазоқистон ҳамкорӣ кунад. Гуревич ҳамчунин мавридҳои дигари фасодкорӣ дар ҳукумати Боқиевро ошкор кард.

Евгений Гуревич дар ин мусоҳиба гуфт, ки ӯ мехост дар бораи пулҳои ба хориҷ бурдаи Боқиевҳо ба мақомоти Қирғизистону Амрико хабар диҳад, мақомот ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ накарданд. "Боқиевҳо мехостанд, дар тамоми тиҷорат даст дошта бошанд, аз тиҷорати бонкӣ то алоқаву сӯзишвориву мағоза... Яъне ба тамоми тиҷорате, ки фоида меорад. Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев, ҳамаро идора мекард. Ӯ қудратро комилан дар даст гирифта буд", - гуфт Гуревич.

Қурмонбек Боқиев дар соли 2005 дар натиҷаи инқилоб сари қудрат омад ва дар соли 2010 низ дар натиқаи инқилоб аз қудрат ронда шуд.

Зане дар Ишқобод ҳангоми навбат дар назди сафорати Тоҷикистон вафот кард (видео)

Як зан, ки дар пушти дари сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Ишқободи Туркманистон барои дарёфти виза навбатпоӣ мекард, беҳуш шуд ва ба гуфтаи манбаҳои бахши Туркмании Радиои Озодӣ, дар дохили мошини ёрии таъҷилӣ вафот кард.

"Ӯ ду ҳафта дар навбат истода, мехост, барои писараш виза гирад ва ӯро барои таҳсил ба Тоҷикистон фиристад. Навбатпоии тӯлонӣ ба вазъи руҳии зан таъсир расонда, якбора аз даҳону биниаш хун ҷорӣ шуд", - гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Дар рӯзҳои охири моҳи август пушти дари сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Ишқобод барои дарёфти виза навбатпоии тӯлонӣ ташкил мешавад. Бархеҳо бо вуҷуди ҳафтаҳои навбатпоӣ наметавонанд виза бигиранд.

"Одамон дар ҳавои тафсони 45-49 дараҷа гармӣ навбатпоӣ мекунанд. Ман 15 рӯз интизор шудам, ки барои бародарам виза бигирам", - гуфт яке аз донишҷӯёни туркман, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунад.

Гуфта мешавад, бештар аз 4000 донишҷӯи туркман дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Ашхабад: женщине стало плохо в очереди за визой в посольстве Таджикистана
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:58 0:00

Чин дар Узбекистон корхонаи бузурги дучархабарорӣ месозад

Сармоягузорони Чин дар ноҳияи Қуйичирчиқи вилояти Тошканд бузургтарин корхонаи дучархасозӣ бунёд мекунанд.

Харҷи умумии лоиҳа 80 миллион доллар буда, интизор меравад, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти он ба 260 миллион доллар баробар шавад. Ба иттилои расонаҳо, ин лоиҳа 29 август ба президенти Узбекистон пешниҳод шуда, мавриди таваҷҷуҳи хоси ӯ қарор гирифт.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, бояд истеҳсоли дучарха ва шумори роҳҳои дучархасаворӣ дар кишвараш афзоиш ёбад.

"Саломатиро тақвият мебахшад. Беҳтар буд, мардуми мо, баъзан ба ҷои мошин дучарха меронданд. Дучархасаворӣ кори дилро беҳтару умрро дароз мекунад. Бинобар ин, бунёди корхонаро бояд тезонд", - афзуд Мирзиёев.

Бино бар хабарҳо, сохтмони корхонаи мазкур моҳи октябр оғоз хоҳад шуд.

Озмуни карикатураи пайғамбар Муҳаммад дар Ҳолланд лағв шуд

Герт Вилдерс

Роҳбари Ҳизби озодии ростгароён, вакили порлумони Ҳолланд Герт Вилдерс озмуни карикатура ба пайғамбари ислом Муҳаммадро ба далели таҳдидҳо лағв кард.

"Ислом бори дигар чеҳраашро бо таҳдиди марг, фатво ва хушунат ошкор кард. Аммо амнияти ҳамватанони ман барои ман дар мақоми аввал қарор дорад", - навишт Вилдерс дар твиттер.

Эҳтимол меравад, ки озмун моҳи ноябр дар коргоҳи Ҳизби озодӣ баргузор шавад. Ғолиби озмун 10 ҳазор доллар мегардад. Мақомоти Ҳолланд ба далели риояи озодии баён озмунро манъ накарданд.

Нақшаи Вилдерс боис шуд, ки дар Покистон эътироз баргузор шавад. Эътирозгарон талаб карданд, ки озмун лағв ва ё сафари Ҳолланд аз Карочӣ берун карда шавад. Дар Гаага 28 август як зодаи Покистонро боздошт карданд, ки Вилдерсро тариқи Фейсбук таҳдид карда буд. Намояндагони вазорати корҳои хориҷии Ҳолланд аз сафари аз пеш тарҳрезишудаашон ба Покистон худдорӣ карданд.

Вилдерс мегӯяд, бино бар назарҳои зиддиисломиаш ӯро таҳдид мекунанд. Дар ҷараёни маъракаи интихоботии моҳи марти соли гузашта ӯ ваъда карда буд, ки агар сарвазир интихоб шавад, марзҳои кишварашро ба рӯи муҳоҷирони мусалмон мебандад, фурӯши Қуръонро манъ мекунад ва масҷидҳоро қулф мезанад. Тақрибан 5 дарсади сокинони Ҳолланд мусалмон ҳастанд.

Қирғизистон 27-умин солгарди истиқлоли худро ҷашн мегирад

Парчами Қирғизистон

Қирғизистон имрӯз 27-умин солгарди истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад. Чорабинии асосӣ бахшида ба ин сана дар майдони марказии "Ала-Тоо"-и шаҳри Бишкек баргузор мешавад. Президент Сооронбой Ҷеенбеков дар чорабинӣ суханронӣ ва мардуми кишварашро табрик гуфт.

Ба чорабинии расмӣ, ҳамчунин президентҳои пешини Қирғизистон, вакилони порлумон, аъзои ҳукумат, ходимони фарҳангӣ ва варзишгарон даъват шудаанд. Чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳру вилоятҳои дигари Қирғизистон низ идома доранд.

Қирғизистон соли 1991 истиқлоли давлатӣ касб кард. Нахустин президенти ин кишвар Аскар Оқоев, ки 15 сол ҳокимият кард, дар инқилоби соли 2005 сарнагун шуд. Ҳукумати президенти дувум Қурмонбек Боқиев пас аз 5 соли интихоб шуданаш низ дар натиҷаи инқилоб аз байн рафт ва худи ӯ маҷбур шуд дар соли 2010 аз кишвар фирор кунад.

Роза Отунбоева, ки дар пайи ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 раҳбарии ҳукумати муваққатро бар зимма гирифт, 27 июни худи ҳамон сол дар натиҷаи як раъйпурсӣ президенти Қирғизистон интихоб шуд. Ӯ низ баъд аз як сол қудратро ба Алмосбек Отамбоев супурд ва Отамбоев то соли 2017 президенти Қирғизистон буд. Моҳи октябри соли 2017 Сооронбой Ҷеенбеков президенти нави Қирғизистон интихоб шуд.

Ҷеенбеков дар сухани табрикотияш гуфт, озодӣ муфт ба даст намеояд, онро дар натиҷаи муборизаҳои беамон метавон дарёфт. "Роҳи гузаштагони мо ба ин санаи бузург хеле тӯлонӣ ва пурмашаққат буд. Онҳо барои озодии деринтизор асрҳо мубориза бурданд. Барои истиқлоли кишвар писарону духтарони зиёдеро аз даст додаанд", - афзуд ӯ.

Макрон гуфт, ИА бояд бо Русия ва Туркия "равобити стратегӣ" бунёд кунад

Эманнуэл Макрон ва Владимир Путин

"Иттиҳоди Аврупоро мебояд, ки ба хотири суботи байналмилалӣ бо Туркия ва Русия "равобити стратегӣ" бунёд кунад", - изҳор дошт Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи 30-юми август дар Ҳелсинки.

Ба навиштаи хабаргузории Reuters, президенти Фаронса ба "навсозӣ"-и ҳамкориҳо бо Маскав, дар масоили монанди амнияти киберӣ, дифоъ ва пайвандҳои стартегӣ даъват кард. Раҳбари Фаронса гуфт, ки дар муколама бо Русия ва Туркия бояд "хатти нав" кашида шавад.

Изҳороти Эммануэл Макрон дар пасманзари зиддунақизиҳои байни Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида пахш шуд. Маъмурияти Доналд Трамп бар зидди Русия, Туркия, ва Эрон як идда таҳримҳо ҷорӣ кард, ки кишварҳои аврупоӣ бинобар манфиатҳои тиҷоратӣ аз онҳо пуштибонӣ накарданд.

Ахиран раҳбарони Олмон ва Фаронса аз коркарди чораҳои давр задани маҳдудиятҳое хабар доданд, ки Амрико ба таври якҷониба алайҳи кишварҳои сеюм ҷорӣ мекунад.

Ҳунарманд ва намояндаи мардумии Русия Иосиф Кобзон даргузашт

Иосиф Кобзон

Овозхони замони Шӯравӣ ва Русия, арбоби ҷамъиятӣ, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобозон дар 81-солагӣ аз дунё гузашт. Ин хабарро «Интерфакс» рӯзи 30-юми август бо такя ба ёвари ҳамсари Кобзон тасдиқ кард.

Соли 2005 табибон дар ҷисми Кобзон бемории саратонро ташхис карданд. Моҳҳои ахир хабар мерасид, ки саломатиаш бад шудааст. Ӯро рӯзи 26-уми июл ба бемористон бурданд, аммо баъди як рӯз ҷавоб доданд.

Дар баробари овозхонӣ, Кобзон ҳамчунин дар Донишгоҳи омӯзгории мусиқӣ дарс мегуфт. Ӯ соли 1990 намояндаи мардумӣ дар Шӯрои олии СССР ва аз соли 1997 депутати Думаи давлатии Русия буд.

Моҳи марти соли 2014 Кобзон бо иншои як муроҷиатнома ба шахсиятҳои фарҳангӣ аз сиёсати Владимир Путин дар робита ба Қрим пуштибонӣ намуд. Ба дунболи ин, борҳо аз ҷумҳуриҳои худгардони Донетск ва Луҳанск боздид ба амал овард ва ошкоро аз ҷудоиталабон тарафдорӣ кард.

Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Канада ва Украина Кобзонро ба рӯйхати афроди мамнуъ-ул-вуруд ворид карда буданд.

Мақомдори пешини ФИФА барои ришвахорӣ 9 сол зиндонӣ шуд

Ҳуан Анҳел Напоут ҳангоми ҳозир шудан ба додгоҳи Бруклин

Додгоҳи Ню Йорк муовини пешини раҳбари ФИФА- Федератсияи футболи байналмилалӣ Ҳуан Анҳел Напоутро барои ришвахорӣ 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба ғайри ин, бо қарор додгоҳ, ки рӯзи 29 август эълон шуд, беш аз се миллион доллар, ки Напоут ҳамчун ришва гирифтааст, мусодира мешавад. Ӯ барои содир кардани ин ҷурм ҳамчунин бояд 1 миллион доллар ҷарима супорад.

Моҳи майи соли 2015, дар остонаи интихоби раҳбари созмон, ФИФА дар маркази ҷанҷоли фасодкорӣ қарор гирифт. Бюрои федеролии тафтишоти Амрико - FBI мақомоти баландпояи ФИФА-ро ба пулситонӣ ва қаллобӣ муттаҳам кард.

Ба гуфтаи тафтишот, аз солҳои 1990 маблағи фасодкорӣ дар байни мақомоти олии ин ниҳод 150 миллион доллар ҳисоб шуд. Ийолоти Муттаҳида алайҳи 14 мақомдори ФИФА айб эълон кард. Беш аз 40 нафар дар парвандаи фасодкорӣ баррасӣ мешаванд.

Раҳбари онвақтаи ФИФА Йозеф Батлер дар пасманзари ҷанҷоли фасодкорӣ аз мақомаш истеъфо дод.

Амрико шарики бародарон Тсарнаевро ба Қазоқистон депорт мекунад

Дави Бостон, ки бо амали террористӣ тамом шуд.15 апрели соли 2013

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Диас Қодирбоевро, ки дар чаҳорчӯби парвандаи ҳамлаи терористии Бостон ба шаш соли зиндон маҳкум шуда буд, ба Қазоқистон депорт мекунад. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи чоршанбе гузориш дод. Қодирбоев ҳоло аз зиндон озод шуда, дар хадамоти муҳоҷират таҳти боздошт ва дар ростои депорт қарор дорад.

Соли 2013 ҳангоми дави Бостон, ё марафони Бостон, ду таркиш ба амал омад. Се нафар кушта ва 260 нафар маҷруҳ шуд. Бародарон Ҷохар ва Темерлан Тсарнаевҳо масъули ин ҳамла эълон шуданд. Ҷохар Тсарнаев ба зиндони абад маҳкум шуд, бародари ӯ Темерлан ҳангоми тирпарронӣ бо пулис ба ҳалокат расид.

Диас Қодирбоев аз дӯстони Тсарнаевҳо буд. Ӯ барои нобуд кардани бохалта ва нотбуки Тсарнаевҳо, аз рӯи банди ҷилавгирӣ аз тафтишот ба шаш соли зиндон маҳкум шуд, вале баъде се сол ба озодӣ баромад. Худи Қодирбоев гуноҳашро эътироф накард.

Дабири кулли СММ аз вазъи Олег Сентсов нигаронӣ кард

Олег Сентсов дар зиндон

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гуттериш аз вазъи коргардони зиндонии Украина Олег Сентсов, ки 108 рӯз боз дар маҳбаси Русия гуруснанишинӣ эълон кардааст, изҳори нигаронӣ кард. Дар ин бора намояндаи расмии дабири кулл Стефан Дюҷаррик хабар дод.

Ду ҳафта пеш коршиносони СММ гуфтанд, ки ҳаёти Сентсов ба хатари ногузир рӯ ба рӯ аст ва аз мақомоти Русия даъват карданд, ӯро "фаврӣ ва бе ягон қайду шарт" озод кунанд.

Коргардони украинӣ Олег Сентсов бо иттиҳоми "омода кардани амали террористӣ" дар Қрими ишғолшуда ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ӯ гуноҳро эътироф намекунад. Сентсов рӯзи 14-уми майи имсол, бо талаби озод кардани ҳамаи зиндониёни Украина дар маҳбасҳои Русия, даст ба гуруснанишинӣ зад. Вакилони коргардон аз вахим шудани саломатии ӯ хабар медиҳанд.

Дар моҳҳои охир беш аз 100 шахсияти шинохтаи фарҳангии ҷаҳон озодии Сентсовро талаб карданд. Онҳо аз мақомоти расмии Иттиҳоди Аврупо ва СММ дахост карданд, ки барои озодии фаврии коргардон Русияро таҳти фишор қарор диҳанд.

Нахустин ҷамъомади "дуздони қонунӣ" дар 20 соли охир дар Тошканд

"Дузди қонунӣ" - Бахтиёр Қудратуллоев - Бахти Ташкентский

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон ҷамъомади "дуздони қонунӣ"-и кишварҳои пешини шӯравӣ баргузор шуд.

Ба иттилои як таҳлилгар аз Москва, ки хабарҳои олами ҷиноиро таҳқиқ мекунад, ҷамъомади "дуздони қонунӣ" 20 август сурат гирифт. "Баъди марги президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов бархе аз "дуздони қонунӣ" зиндонӣ шуданд ва бархи дигар дар ҳамдастӣ бо мақомот фаъолияташонро идома медиҳанд", - гуфт таҳлилгар.

Ба гуфтаи ӯ, ҷамъомади соҳибнуфузони олами ҷиноиро Бахтиёр Қудратулоев, шаҳрванди 46-солаи Узбекистон ташкил кардааст. Гуфта мешавад, ки дар ин ҷамъомад масъалаи "назорати олами ҷиноӣ ва зиндонҳои Узбекистон" дар миён буд.

"Давоми 20 соли охир Узбекистон аз олами ҷиноӣ ҷудо буд. Зиндонҳо аз ҷониби олами ҷиноӣ назорат намешуданд. Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки анъанаи назорати зиндонҳо ва ҷамъоварии маблағ барои зиндониҳо эҳё шавад ва "дуздони қонунӣ" ин масъаларо бо олами ҷиноии Русия баррасӣ кунанд", - гуфт як манбаъ, ки дар ҷамъомад ширкат дошт.

Гуфта мешавад, дар ин ҷамъомад соҳибнуфузи олами ҷиноӣ Беслан Мусаев, маъруф ба "Беслан чечен", инчунин ду "дузди қонунӣ"-и дигар аз Русия ширкат доштаанд.

Рустами Эмомалӣ ордени "Зарринтоҷ" гирифт. ВИДЕО

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ордени “Зарринтоҷ”, дараҷаи 2, тақдим кард.

Дар шарҳи фармони президент гуфта мешавад, Рустами Эмомалӣ "барои фаъолияти арзандаву самаранок дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ба ин орден сарфароз шуд.

Рустами Эмомалӣ ин орденро рӯзи 30-юми август дар баробари даҳҳо корманди соҳаҳои гуногун дарёфт кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ростои таҷлил аз 27-умин солгарди истиқлоли давлатӣ ба чандин корманди давлатию низомӣ мукофту ҷоиза супурд. Аз ҷумла, ба 4 нафар ордени “Спитамен”, ба 5 нафар ордени “Шараф”, ба 12 нафар медали “Ҷасорат”, ба 10 кас медали “Хизмати шоиста”, ба 1 нафар медали “Марзбони шуҷои Тоҷикистон” ва ба 19 нафар рутбаҳои ҳарбӣ.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, моҳи январи соли 2017, дар 29-солагӣ, шаҳрдори Душанбе таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард, ки 19 сол раиси пойтахт буд.

Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар чанд вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раиси Оҷонси мубориза бо фасод ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2012 раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон аст.

Ҳоло раёсати Маҷлиси вакилони халқи пойтахтро низ бар уҳда дорад.

Панҷ насиҳати Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:29 0:00

Reuters: Нерӯҳои Асад ба ҳамлаи Идлиб омода мешаванд

Вилояти Идлиб (акс аз бойгонӣ)

Артиши -президенти Сурия Башор Асад ба ҳамлаи вилояти Идлиб омода мешавад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 29-уми август иттилоъ дод.

Дар ҳоли ҳозир дақиқ нест, ки ин ҳамла кай сурат мегирад. Ҳафтаи ҷорӣ ҳамчунин хабар расид, ки Русия - муттаҳиди асосии президент Асад - шумори киштиҳои низомиашро дар баҳри Миёназамин, наздикии Сурия, бештар кардааст.

Reuters хабар медиҳад, ки феълан Русия ҳамла ба Идлибро бо Туркия муҳокима мекунад. Анкара пуштибони қисме аз гуруҳҳои ҷангӣ дар ин минтақа аст. Дар гуфтугӯҳои ҳамла болои Идлиб Эрон ҳам иштирок мекунад. Эрон низ аз ҳомиёни Башор Асад ба шумор мееояд.

Идлиб - охирин пойгоҳи мухолифони ҳукумати Башор Асад аст. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи чаҳоршанбе Идлибро "охирин пойгоҳи террористон" унвон кард.

СММ гуфт, дар сурати ҳамлаи сартосарӣ ба Идлиб фоҷиаи башарӣ сар хоҳад зад. Ба иттилои СММ, дар ин минтақа садҳо ҳазор одам ҳузур дорад. Департаменти давлатии ИМА низ аз вазъи минтақа изҳори нигаронӣ кард.

Forbes феҳрасти шаҳрвандони бонуфузи Русияро тартиб дод

Владимир Путин

Нусхаи русии маҷаллаи Forbes рӯзи 30-юми август дараҷаи нуфузи шаҳрвандони Русияро раддабандӣ кард. Ба ин феҳраст мақомот, соҳибкорон, мудирони аршади ширкатҳои давлатӣ ва раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ шомил шуданд.

Мақоми аввалро президенти Русия Владимир Путин гирифт.

Forbes мегӯяд, ки Путин ин мақомро ба таври "автоматӣ", "ҳамчун нафаре ишғол кард, ки дар раддабандии маъруфияти чеҳраҳои бонуфузи дунё ҷойи дуюмро гирифт".

Дар ҷойи дуюм - раҳбари "Сбербанк" Герман Греф ва дар ҷойи сеюм раҳбари Идораи "Газпром" Алексей Миллер қарор доранд. Ҷойи чаҳорумро сарвари "Роснефт" Игор Сечин ва панҷумро нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ишғол кард.

Дар феҳрасти Forbes раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров мақоми 91-ум ва раҳбари Ҳизби либерал-демократ Владимир Жириновский ҷойи садумро гирифт.

Forbes ҳеҷ як шахсиятҳои фарҳангиву илмӣ ва мухолифинро ба ин феҳраст шомил накард.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Кор аз дохили хона. Соҳибхоназанҳо ҳунари комютеру интернетро азхуд карданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:24 0:00
XS
SM
MD
LG