Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Додситонҳо барои Янукович 15-соли зиндонро талаб карданд

Президенти пешини Украина Виктор Янукович

Додситонии Украина аз додгоҳ талаб кард, ки президенти пешини ин кишвар Виктор Януковичро ба 15 соли зиндон маҳкум кунад. Мурофиаи додгоҳ рӯзи 16 август дар Киев баргузор шуд. Мурофиа дар ғиёби Янукович мегузард. Худи ӯ дар Русия қарор дорад.

Қаблан айбдоркунандаҳо барои президенти пешин ҳукми зиндони абдаро хоста буданд.

Талаби додситонро нороҳатии вакилони Януковичро ба бор овард. Онҳо гуфтанд, ки на ҳама шоҳидон бозпурсӣ шуданд.

Баҳси додгоҳӣ рӯзи 13 август идома мекунад.

Президенти пешин ба хиёнати давлатӣ, аз роҳи мусоидат кардан ба таъғири марзҳои Украина ва пешбурди ҷанги таҷҷовузкорона муттаҳам мешавад. Ба ақидаи муфаттишон, ҳангоми таҳаввулоти Майдон, зимистони соли 2014, Янукович ба Русия фирор кард ва аз Кремлин хост, ки ба Украина нерӯ ворид кунад. Айбдоркунандаҳо мегӯянд, ин ҳолат ба Русия имкон дод, ки Қримро ишғол кунад. Янукович гуноҳи худро эътироф намекунад.

Садҳо нашрияи ИМА алайҳи ҳамлаҳои Трамп иқдом карданд

Беш аз 350 нашрияи Ийолоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 16 август ба хотири ҳимояи озодии матбуот ва посух ба ҳамлаҳои президент Доналд Трамп, ки хабарҳои матбуотро "Fake news"" ва худи рӯзноманигоронро "душмани мардуми Амрико" номидааст, матолиб нашр карданд.

Маърака бо ибтикори нашрияи the Boston Globе оғоз шуда, сипас ба он the New York Times ва як идда нашрияҳои хурди баъзе аёлатҳое ҳамроҳ шуданд, ки дар интихоботи соли 2016 аз Трамп пуштибонӣ карданд.

The Boston Globе танқидҳои Трампро "ҷанги касиф алайҳи расонаҳо" унвон кард.

Моҳи феврали соли 2017 Доналд Трамп матбуотро барои ба гуфтаи ӯ "хабарҳои тақаллубӣ", бо такя ба манбаҳои беном, шадидан танқид кард. Президент гуфт, у ба сурати умум мухолифи матбуот нест ва матбуоти воқеънигорро душмани худ намедонад. Аммо Трамп пешниҳод кард, ки истифодаи манбаҳои беном дар матбуот мамнӯъ шавад.

Ҳамҷинсгароён барои раҳпаймоӣ дар як деҳаи Русия иҷозат гирифтанд

Нахустин роҳпаймоии ҳамҷинсгароҳо дар Русия мумкин аст, рӯзи 26 август дар деҳаи Яблоневии вилояти Уляновск баргузор шавад. Николай Алексеев, як фаъол ва ҳомии ҳуқуқи ҳамҷинсгароҳо баргузории ин роҳпаймоиро дархост кардааст.

Мақомоти шаҳри Новоуляновск - маркази маъмурии вилояти Уляновск, ба баргузории роҳпаймоӣ дар маркази шаҳр ба далели мавҷуд будани анбуҳи одамон, аз ҷумла "атфоли ноболиғ", иҷозат надодаанд.

Аз ин рӯ, "бо назардошти муносибати манфии сокинон ба чунин чорабиниҳо", инчунин пешгирӣ аз сар задани бархӯрд ва вайрон кардани қонун "дар бораи ҳифзи кӯдакон аз иттилое, ки ба сиҳатӣ ва рушди онҳо таъсири бад дорад", ба созмондиҳандагон пешниҳод шуд, ки чорабиниашонро дар деҳаи Яблонев баргузор кунанд.

Деҳаи Яблонев ҳамагӣ як кӯча ва ҳафт сокин дорад. Николай Алексеев ваъда кард, ки шумори иштирокчиёни роҳпаймо аз 300 тан бештар нахоҳад буд.

Серж Саргсян дар заминаи эътирозҳои соли 2008 бозпурсӣ мешавад

Сергей Лавров, Серж Саргсян ва Эдвард Налбандян

Президенти пешини Арманистон Серж Саргсян дар чаҳорчӯби таҳқиқи тазоҳуроти соли 2008, ки 10 нафарро қурбон кард, бозпурсӣ мешавад. Дар ин бора Хадамоти махсуси тафтишоти Арманистон рӯзи 16 август гузориш дод.

Охири моҳи июл додгоҳ президенти пешини дигар - Роберт Кочарянро барои ду моҳ зиндонӣ кард. Ӯ ба иштирок дар тавтеаи сарнагун кардани сохти конститутсионӣ муттаҳам мешавад. Аммо ӯ баъданд, дар заминаи масунияташ аз боздошт озод шуд. Худи Кочарян таъқиби додгоҳиашро дорои ангезаҳои сиёсӣ унвон кардааст.

Правандаи зидди Роберт Кочарян дар заминаи саркӯби тазоҳуроти баъди интихоботи президентии соли 2008 боз шуд. Он замон тарафдорони номзадии мағлуб ЛевонТер-Петросян бознигарии натиҷаи интихоботро талаб карданд. Дар задухурд бо пулис 10 нафар кушта шуд. Кочарян дар кишвар вазъи фавқулодда эълон кард ва тазоҳурот хомуш шуд.

Яке аз ташкилкунандагони эътирозҳои соли 2008 нахуствазири феълии Арманистон Никол Пашиян буд. Ӯ соли 2010 ба ташкили бенизомӣ муттаҳам шуд ва 7 сол ҳукми зиндон гирифт. Пашиян соли 2011 дар заминаи қонуни афв аз зиндон баромад.

Кормандони ятимхонаи Петербург ба озори ҷинсии кӯдакон айбдор шуданд

Бахши Кумитаи тафтишоти Русия дар Санкт-Петербург таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ оиди озори ҷинсии кӯдакони ятимхонаи шаҳрро ба поён расонд.

Директори маркази кӯдакони ятим, Михайи Елин, раҳбари пешини мактаби рақами 565-и ноҳияи Кирови Санкт-Петербург Станислав Виноградов ва се тарбиягирандаи пешини ятимхона дар курсии ҷавобгарӣ менишинанд. Биноба фарзияи тафтишот, ин нафарон аз соли 2002 то 2017 кӯдаконеро, ки дар "Маркази мусоидат ба тарбия" нигаҳдорӣ мешуданд, таҷовуз кардаанд.

Чаҳор нафари дигар ба омода ва пахши маводи порнографӣ ва шантажи зарардидаҳо муттаҳам шудаанд. Бар зидди директори марказ Наталя Федорова, ки ба хабарҳо дар бораи зӯроварии ҷинсӣ нисбати кӯдакон эътибор надодааст, аз рӯи банди "саҳлангорӣ" парванда боз шуд.

Феълан айбдоршавандаҳо ва вакилони онҳо бо мӯҳтавои парванда ошно мешаванд.

Чин хабари боздошти 1 млн мусулмонро рад кард

Пулиси Чин зани мусламонро ва кӯдаки ӯро аз кӯчаҳои Урумчӣ мегузаронад

Ҳукумати Чин мегӯяд, хабарҳо дар бораи боздошти 1 миллион уйғури мусулмон дар вилояти Синтсзяни ин кишвар "комилан беасосанд". Дар ин бора Би-би-си иттилоъ медиҳад.

"Уйғурҳо шаҳрванди комилҳуқуқи Чин ҳастанд. Вале ба онҳое, ки фиреби тундгароёни диниро хурдаанд, бо роҳи кӯчонидан ва бозомӯзӣ кумак расонида мешавад", - омадааст дар иттилоияи расмии ҳукумати Чин, ки рщзи гузашта дар ҷаласаи СММ дар шаҳри Женева ироа шуд.

Пештар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз боздошти дастаҷамъии уйғурҳои мусулмон дар вилояти Синтсзян хабар доданд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар урдугоҳҳо мусулмононро маҷбур мекунанд, ки ба президенти Чин Сӣ Ҷинпин савганди садоқат ёд кунанд.

Анҷумани ҷаҳонии уйғурҳо мегӯяд, мақомоти Чин мусулмононро дар урдугоҳҳо бемуҳлат нигаҳ медоранд ва ба сар додани шиорҳои Ҳизби коммунист маҷбур мекунанд.

Ҳарчанд ҳукумати Чин уйғурҳоро дар доираи маъракаи муборизаи худ бо тундгароии динӣ боздошт кардааст, зидди бештари онҳо расман айб эълом нашудааст.

Хабарҳо дар бораи боздошти дастаҷамъии мусулмонон дар шимолу ғарби Чин баъд аз ташаннуҷи авзоъ дар ин минтақа нашр шуданд.

Швейтсария пулҳои Гулнора Каримоваро ба Тошканд медиҳад

Гулнора Каримова ҳангоми ҳабси хонагӣ. 16 сентябри соли 2014

Додгоҳи федеролии Швейтсария шикояти духтари президенти нахустини Узбекистон Гулнора Каримоваро рад кард. Қарори додгоҳ, ки рӯзи 31 июл содир шуд, суръати бозгардони 800 миллион франки швейтсарии Каримоваро ба Тошканд афзоиш медиҳад.

Вакили дифои Каримова Грегуара Манжа алайҳи қарори Додситонии федеролии Швейтсария, дар заминаи мусодираи ҳудуди 701 миллион доллари шахси зери ҳимояаш ба додгоҳ шикоят бурда буд.

Додситонии Швейтсария 22 майи соли равон қарор кард, аз 800 миллион франки Каримова, ки дар бонкҳои Женева ва Тсюрих аз соли 2012 ба ин сӯ ҳабс шудаанд, 687,7 миллионашон мусодира ва ба Тошканд баргардонида шавад.

Ба ин қарори додситонӣ баёноти ду шахси боэътимоди Гулнора Каримова - Гаяне Авакян ва Рустам Мадумаров сабаб шуд. Онҳо ҳангоми бозпурсӣ гуфтанд, ки пулҳои ҳабсшудаи Каримова бо роҳи ғайриқонунӣ дар Узбекистон ба даст омадаанд ва бояд баргардонида шаванд.

Дар бораи тақдири худи Гулнора Каримова додситонии кулли Узбекистон бори охир 28 июли соли 2017 иттилоъ дод. Бар пояи он, додгоҳи Тошканд моҳи августи соли 2015 Каримоваро бо ҷурми саркашӣ аз пардохти андоз, сохтакории ҳуҷҷат, тамаъҷуӣ ва дуздӣ ба 5 соли зиндон маҳкум кардааст.

Бонки миллии Қирғизистон дар як рӯз $19 миллионро ба фурӯш гузошт

Бонки миллии Қирғизистон рӯзи 15 август ба бозори асъор дахолат кард. Сомонаи расмии бонк хабар медиҳад, ки дар он рӯз якбора 19 миллиону 50 ҳазор доллар фурӯхта шуд.

Қурби расмии доллари ИМА аз сӯи Бонки миллии Қирғизистон 16 август 69,49 сом муқаррар шуд. Ин нишондод нисбати 15 август 0,35% бештар будааст.

Дар саррофиҳои хусусӣ як доллар 69,5 сом харидорӣ ва 69,65 сом фурӯхта мешавад.

Таҳримҳои нави ИМА, ки ҳафтаи гузашта нисбати Маскав ҷорӣ шуданд, рубли русӣ, саҳмияҳо ва коғазҳои қимматноки Русияро беқурб карданд. Тангаи қазоқӣ ҳам дар пайи таҳримҳои ИМА арзишашро гум кард.

Русияву Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Қирғизистон номбар мешаванд. Тағйирёбии қурби асъор дар ин ду кишвар пеш аз ҳама ба бозори асъори Қирғизистон таъсир мерасонад.

Раҳбари пешини CIA аз дастрасӣ ба маводи сиррӣ маҳрум шуд

Ҷон Бреннан - раиси пешини Идораи истихбороти ИМА

Президенти ИМА Доналд Трамп дастрасии раҳбари пешини Идораи истихбороти Амрико Ҷон Беннанро ба маводи сиррӣ лағв кард. Дар ин бора сухангӯи президент Сара Сандерс рӯзи 15 август хабар дод.

Трамп қарори худро бо ин тавҷеҳ кард, ки Бреннан гӯё аз дастрасиаш ба маводи маҳрамон суистифода мекард ва дар паи эҷоди "харҷу марҷ" дар атрофи маъмурияти президент буд.

Сандерс ҳамчунин гуфт, президент Трамп барнома дорад, ки дастрасии боз чанд мақомдорро ба маводи маҳрамона бекор кунад. Ба ин гурӯҳ раҳбари пешини Идораи истихборот Майкл Ҳэйден, раҳбари пешини FBI Ҷеймс Коми, мушовири пешини амнияти миллӣ Сюзан Райс ва раиси пешини Идораи истихбороти миллӣ Ҷеймс Клэппер шомил мешаванд.

Ҷон Бреннан аз соли 2013 то 2017 раҳбари Идораи истихборот -ЦРУ буд. Ӯ борҳо изҳороти президент Трампро дар твиттер шарҳ дода ва танқид кардааст. Раҳбари пешини ЦРУ аз ҷумла гуфта буд, ки Трамп бо дастури Путин кор мекунад. Бреннан дар паёми охираш навишт, ки президент "аз меъёри ҳадди ақали ростқавлӣ, шаффофият ва хушмуомилагӣ бархурдор нест".

Ҳамлаварон ба оилаи Назридодовҳо дар Бадахшон маҳкум шуданд

Додгоҳи вилояти Бадахшон Некрӯз Ниятбеков ва Восеъ Ҳабибзодаро барои куштор ва ҳамлаи мусаллаҳона ба хонаводаи Назридодовҳо аз 23 то 28 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Ҳамлаи мусаллаҳона ба хонаи Назридодовҳо дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон шаби 5-уми октябри соли гузашта сурат гирифт. Ин корманди ҳукумати шаҳри Хоруғ бо таппонча хушдомани бародараш Оламгул Девлоховаро кушт ва Мубориз Назридодов, ҳамсари бародараш Ганҷина Назридодова ва писари бародараш Амирҷони 14-соларо захмӣ намуда буд.

Амирҷон аз сараш тир хӯрда буд ва баъд аз як ҳафтаи беҳушӣ даргузашт. Амалиёти Амирҷонро баъди захмӣ шуданаш шахсан Шодихони Ҷамшед, табиби ҷарроҳ анҷом дод. Раиси вилояти Бадахшон рӯзи 13-уми октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳарчанд аз рӯзи аввали ин ҳодиса шонси зинда мондани Амирҷон зиёд набуд, онҳо ба хотири сиҳҳатиаш паи табобати ӯ шуданд.

Мақомот меӯянд, ки баҳси миёни Некрӯз ва Назридодовҳо пас аз даргузашти бародараш Далер Ниятбеков сар задааст. Додгоҳ баҳси ду тарафро дар мавриди соҳибӣ ба манзили Далер Ниятбеков ба манфиати ҳамсари ӯ ҳал карда, хашми Некрӯзро барангехтааст.

Худи Ниятбеков дар навори бозпурсии мақомот, ки тавассути телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, гуфта буд, ҳадафаш танҳо тарсондани ҳамсари бародар ва хонаводаи онҳо буд. Он замон гуфта мешуд, ки Ҳабибзода Восеи Саъдулло, донишҷӯи 21-солаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин ҷиноят Некрӯз Ниятбековро ҳамроҳӣ карда, дар пайи ин ҳодиса алайҳи ӯ ҳам парванда боз шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри ин хабар гуфт, ки ҳукми ин ду нафар ҳанӯз моҳи феврал содир шуда, додгоҳ муттаҳамонро дар одамкушӣ, бо бераҳмии махсус, аз ҳиссиёти авбошӣ, истифодаи силоҳи оташфишон, вайрон намудани дахлнопазирии манзил, несту нобуд кардани амвол, шарикӣ дар ҷиноят гунаҳкор донистааст. Ниятбеков ба 28 соли зиндон ва Ҳабибзодаро ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Солҳои ахирдар пайи баҳсҳои хонаводагӣ, чандин сокинон кушта шуданд. Дастрасӣ ба манзил ва порчаи замин аз мушкили рақами яки Тоҷикистон ба шумор меравад, ки 93 дар садаш кӯҳистон мебошад ва аз 7 дарсади боқимондаи қаламрав танҳо сеяки он нисбатан ҳамвор ва барои кишоварзӣву бунёди манзил қобили истифода аст.

Бинобар як пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ба як нафар дар кишвар тақрибан 6 сотих рост меояд. Оҷонсии омор мегӯяд, ба ҳисоби миёна ҳар як хонавода дар Тоҷикистон 31 метри квадратӣ бинои зист дорад. Солҳои истиқлолияти Тоҷикистон шумори даъвоҳои судиву ҷанҷолҳои авлодиву хонаводагӣ барои дастрасӣ ба манзил ва замин торафт бештар мешавад.

Путин дар ҷашни арӯсии вазири хориҷии Австрия иштирок мекунад

Президенти Русия Владимир Путин дар тӯйи арӯсии вазири умури хориҷии Австрия Карин Кнайсл иштирок хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе нахуст расонаҳо ва баъдан сухангӯи президент Дмитрий Песков иттилоъ доданд. Песков гуфт, Путин дар роҳ ба Берлин аз Австрия низ боздид хоҳад кард. Дар Берлин ӯ бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.

Карин Кнайсл бо соҳибкор Волфганг Майлингер издивоҷ мекунад. Кнайсл аз ҳисоби Ҳизби озодӣ, ки бо Ҳизби мардумии садри аъзам Себастян Куртс эътилофи ҳокимро ташкил медиҳад, вазири умури хориҷии Австрия шудааст. Ҳизби озодӣ бо русиягароии худ машҳур буда, ҳатто бо ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" созишномаи ҳамкорӣ имзо кардааст.

Кнайсл ибтидои соли равон дар суҳбат бо нашрияи австриягии Kurier гуфт, таҳримҳое, ки баъд аз ишғоли Қрим ва оғози низоъ дар шарқи Украина зидди Русия эълом шуданд, корсоз набуданд.

Ба иттилои расонаҳо, тадобири амниятӣ дар тӯйи арӯсии Кнайсл ба далели иштироки Путин пурзӯр хоҳад шуд. Маросими ақди никоҳ рӯзи шанбе баргузор мешавад.

Путин бори охир ибтидои моҳи июни соли равон аз Австрия боздид карда буд. Ин нахустин сафари хориҷии ӯ баъд аз президент интихоб шуданаш буд.

Ҳамлаи маргталабона дар ғарби Кобул 25 нафарро кушт

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар пайи таркиши як маргталаби бомбгузор дар як маҳаллаи аксаран шианишин дар ғарби Кобул 25 нафар кушта шуданд.

Ҳамла рӯзи 15-уми август дар муқобили маркази маърифатии маҳаллаи Дашти Барчии шаҳри Кобул рух дод. Мақомоти полис гуфтанд, дар ин ҳамла ба камиаш 35 нафар захмӣ шуд.

Ваҳид Маҷрӯҳ, сухангӯи Вазорати тандурустии Афғонистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин омор ибтидоӣ буда, эҳтимоли афзоиши шумори қурбониву осебдидаҳо вуҷуд дорад. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Ҳамлаи Кобул дар ҳоле буд, ки чанд соат пеш аз ин дар вилояти Бағлон дар пайи ҳамлаи Толибон ба чанд муассисаи низомии ин вилояти шимолӣ ба камияш 30 сарбозу афсари пулис кушта шуданд.

Муҳаммад Сафдор Муҳсинӣ, раиси шӯрои вилоятии Бағлон, рӯзи 15-уми август гуфт, ки ҷангҷӯён шабонгоҳ ба ду посгоҳи амниятӣ дар Бағлони Марказӣ ҳамла карданд. Ба иттилои дигари мақомот, Толибон ба як пойгоҳи низомӣ ва ҳам се посгоҳи пулис ҳамла карданд. Дар иддаои сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид гуфта шуд, ки дар ҳамлаи онҳо ба Бағлон даҳҳо низомӣ кушта шудааст.

Дар баҳси тоҷикҳову арманиҳо як сокини Ҳамадонӣ ҳалок шуд

Рустамҷони Хайрулло

Дар баҳси муҳоҷирони тоҷику арманӣ дар наздикии истгоҳи метрои Алексеевская (шаҳри Маскав) як сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон кушта шудааст. Масъулони намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки ҳодиса шаби 14-уми август рух дод.

Иброҳим Аҳмадӣ – сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 15-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Рустамҷони Хайрулло аз зарби корди як муҳоҷири арман сахт захмӣ шуда, дар бемористони рақами 71-и Маскав ҷон додааст. Ӯ 25 сол дошт.

Аҳмадӣ гуфт, “ҳодиса дар ҳаммоми коргоҳи муҳоҷирон, воқеъ дар наздикии истгоҳи метрои Алексеевская ба амал омадааст. Муҳоҷирони тоҷику арманӣ пас аз кор шустушӯ мекардаанд. Миёни як тоҷик ва арманӣ ҷанҷоли лафзӣ ба амал меояд. Арманӣ Рустамҷони Хайруллоро бо корд мезанад”.

Ба қавли манбаъ, сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия қазияро ҷиддӣ пайгирӣ доранд. “Кормандони сафорат ва намояндагӣ аз беморхона ва Кумитаи тафтишотии ноҳияи Кунтсево дидан карданд. Муҳоҷири арман дастгир шуда, нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 105-и қонуни ҷиноӣ парванда боз шудааст”, - афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, вакили дифоъ Иззат Амон дар саҳифааш дар Фейсбук гуфтааст, ки ҷасади Рустамҷони Хайрулло дар бемористони метрои Алексеевская қарор дорад ва аз наздкионаш хостааст, ӯро бигиранд. Вай инчунин иддао кардааст, ки пулис мехоҳад, гумонбар дар қатли муҳоҷири тоҷикро раҳо кунад.

Мэттис: Нирӯҳои кайҳонӣ барои ҳимояи ИМА аз Русия ва Чин зарур аст

Ҷеймс Мэттис, вазири дифои Амрико гуфт, нерӯҳои кайҳонӣ барои ҳимояи мушакҳои амрикоӣ аз силоҳест, ки Чин ва Русия тавсеаи онро оғоз кардаанд. Мэттис ин изҳоротро ҳангоми сафараш ба Бразилия баён доштааст.

Дар ин бора нашрияи The Washington Post рӯзи 14-уми август хабар дод.

Соли 2007 Чин маҳви як мушаки кайҳонии ғайрифаъолро бо мушаки наве ба намоиш гузошт, ки ба гуфтаи Мэттис "пайғом" ба унвони Амрико буд. Аз он замон, ба гуфтаи вазири дифоъ, истихбороти Амрико талоши кишварҳои дигар, аз ҷумла Русияро барои омӯзиши фурсатҳои таҳоҷумӣ дар кайҳон таҳти назорт гирифт.

Мэттис итминон дод, ки Пентагон барои истиқрори таслиҳот дар кайҳон барномаеро дунбол намекунад. Аммо гуфт, дар ҳоле ки рақибон барои ҷилавгирӣ аз дастрасии ИМА ба кайҳон талош мекунанд, низомиёни амрикоӣ наметавонанд "даст рӯи даст" нишинанд. Мэттис чораҳои дақиқро, ки ИМА дар ин робита пиёда мекунад, ошкор накард.

Мавқеи Мэттис гумонҳои ёвари котиби давлатии Амрико дар умури назорат бар таслиҳот Илим Поблетро тасдиқ мекунад, ки гуфтааст, Русия бар сари тавсеаи мушакҳои зидди мушакҳои кайҳонӣ ва сохтори лазерӣ кор мекунад.

Ба қавли ӯ, моҳи октябри соли гузашта низомиёни рус "мушаки нозир"-ро ба кайҳон бароварданд, ки рафтори "бисёр ғайритабиӣ" дорад.

Изҳороти Мэттис ва Паблет дар ҳоле пахш шуд, ки чанд рӯз пеш ноиби президенти Амрико Майк Пенс барномаи таъсиси воҳиди шашуми артиши ИМА - нерӯҳои кайҳониро эълон кард.

Ҷароҳати 10 низомии қазоқ аз инфиҷори "маводи ношинос"

Акс аз бойгонӣ

Дар размоишгоҳи Қазоқистон 10 низомӣ аз "таркиши маводи ношинос" ҷароҳат бардошт. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати мудофиаи Қазоқистон. Ҳодиса рӯзи 14 август ҳангоми омода кардани майдони тамрини ҳарбӣ сурат гирифт.

Табибони ёрии таъҷилӣ ба маҷруҳон дар ҷои ҳодиса кумак расондаанд.

"Дар ҳоли ҳозир вазъи низомиҳо муътадил аст. Ба онҳо кумаки тиббӣ расонида мешавад", - хабар медиҳад вазорати мудофиа.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.

Додгоҳи ИМА як фирории узбекро дубора зиндонӣ кард

Фазлиддин Қурбонов

Як сокини Узбекистон, ки дар ИМА бо ҷурми ҳамкорӣ бо гуруҳҳои тундгаро зиндонӣ шуда буд, боз барои 20 соли дигар маҳкум ба зиндон шуд.

Ҳукми Фазлиддин Қурбоновро додгоҳи Лос-Анҷелеси ИМА рӯзи 14 август содир кард. Ба иттилои додситонҳо, Қурбонов моҳи майи соли 2016 корде сохта, ба нозири зиндони Викторвиллии аёлати Калифорния ҳамла кардааст.

Ба иттилои додситонӣ, дар ҷараёни муҳокимаҳои додгоҳӣ Фазлиддин Қурбонов нисбати Амрико "изҳори душманӣ" кардааст. Моҳи марти соли ҷорӣ Қурбонов эътироф кард, ки қасди кушторро дошт.

Келвин Ҷонсон, нозири зиндон баъди ҳамлаи Қурбонов ҷароҳати вазнин бардошт, аммо зинда монд. Мақомоти зиндон гуфтанд, аз ҳамлаи Қурбонов дар баробари Ҷонсон боз ду нозири дига ҷароҳат бардошт.

Фазлиддин Қурбонов моҳи январи соли 2016 аз сӯи додгоҳи ИМА бо ҷурми талоши кумаки молӣ ба гуруҳи "Ҳаракати исломии Узбекистон" 25 сол зиндонӣ шуд. "Ҳаракати исломии Узбекистон" дар Амрико ва чанд кишвари дигар созмони террористӣ эътироф шудааст. Мақомоти ИМА гуфтанд, ки Қурбонов пеш аз боздошташ дар соли 2013, барои сохтани дастгоҳи тарканда лавозимоти зарурӣ пайдо карда, ният дошт дар ҳудуди Амрико таркиш роҳандозӣ кунад.

Вакили дифоъ сабаби таваққуф дар мурофиаи Мирсаидовро шарҳ дод

Баррасии шикояти кассатсионии журналист Хайрулло Мирсаидов то як ҳафтаи дигар мутаваққиф шуд. Қарор буд субҳи 15 август додгоҳи вилояти Суғд ба баррасии шикояти кассатсионии раҳбари гурӯҳи КВН-и маҳкумшуда ба 12 соли зиндони низомаш сангин шурӯъ кунад, вале субҳи чоршанбе мурофиа баргузор нашуд ва то 22 август мутаваққиф шуд.

Мавзӯи баҳс– норизоияти Мирсаидов аз ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд аст, ки рӯзи 11 июл Мирсаидовро ба "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" гунаҳгор эълон кард.

Дилафрӯз Самадов, вакили дифои Хайрулло Мирсаидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 15 август аз шаҳри Хуҷанд гуфт:

“Мурофиа ба рӯзи чоршанбеи оянда, соати 10 гузаронида шуд. Котиби додгоҳи вилояти Суғд сабаби ин тасмимро чунин шарҳ дод, ки яке аз судяҳои парвандаи Хайрулло қаблан ҳангоми интихоби чораи пешгирӣ дар мурофиа иштирок карда буданд. Бо сабаби аз ширкат дар мурофиаи кассатсионӣ номзадиашро берун кашидани ин судя, ин парванда ба судяи дигар вобаста карда шуд. Бо назардошти ин ҳолат, парванда ба хотири омӯзиши судяи дигар то як ҳафтаи дигар мутаваққиф мешавад”.

Дилафрӯз Самадова яке аз ҳомиёни ҳуқуқи Мирсаидов дар додгоҳ аст
Дилафрӯз Самадова яке аз ҳомиёни ҳуқуқи Мирсаидов дар додгоҳ аст

Ба гуфтаи Самадова, судяе, ки ҳангоми содир шудани қарор дар заминаи интихоби чораи пешгирӣ – ҳабс дар парванди Мирсаидов ширкат кардааст, барои ширкат дар баррасии кассансионӣ таъин шуда буд. Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, ба гуфтаи вакили дифоъ, ҳар судяе, ки дар кадом бахши ин парванда дар мурофиаи пешина иштирок кардааст, иҷозати ширкат дар мурофиаҳои ояндаро надорад. Ӯ гуфт, ки чунин талабот ба хотири таҳияи заминаҳои объективии баррасии парванда дар зинаи дигари додгоҳӣ амал мекунад. Ҳоло, гуфт Самадова, баробари маълум шудани ин воқеият, ки як судя дар марҳилаҳои гузаштаи парвандаи Мирсаидов ширкат кардааст, қарор ин шуд, ки баррасии парванда як ҳафта баъд баргузор шавад.

Ҳукми додгоҳи Хуҷанд дар нисбати Мирсаидов то ҳол мавриди интиқод ва таваҷҷӯҳи вижаи кишварҳои ғарбӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва озодии баён шудааст.

Дар як изҳоротааш рӯзи 14 август сафири Бритониё дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт изҳори умедворӣ кард, ки Додгоҳи вилояти Суғд ҳукми мусбат содир мекунад ва пуштибонӣ аз Хайрулло Мирсаидов нишонаи он хоҳад буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ришвахорӣ муборизаи ҷиддӣ мебарад. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:

"Шояд ин парванда ангезаи сиёсӣ надошта бошад, аммо ҳукумати Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдор бояд дарк намоянд, ки ин парванда барои тақвияти мубориза бар зидди ришвахӯрӣ, манфиати бунёди ҷомеаи демократӣ ва беҳтар намудани фазои рушди иқтисодие, ки Тоҷикистон талоши онро дар ин вақтҳои мушкил дорад, аз ҷиҳати сиёсӣ хеле муҳим мебошад".

Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар Тоҷикистон
Ҳю Филпотт, сафири Бритониё дар Тоҷикистон

Рӯзи 13 август дар изҳороте, ки аз номи 12 созмони ҳомии ҳуқуқи инсон нашр шуд, аз дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тақозо шуд, ки ба озод шудани журналист Хайрулло Мирсаидов аз зиндон пофишорӣ кунанд. Дар изҳорот аз ҷомеаи байналмилалӣ тақозо шуд, ки дар остонаи бозбинӣ шудани парвандаи Мирсаидов дар додгоҳи таҷдиди назар, аз мақомоти Тоҷикистон озодии беқайдушарти журналист ва эҳтиром ба озодии баён тақозо шавад. Зери ин изҳорот 12 созмон, аз ҷумла, Article 19, Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, Кумитаи дифоъ аз журналистон, Freedom House, Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Ҳелсинк, Гузоришгарони бидуни марз, Анҷумани милии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (NANSMIT) ва дигарҳо имзо гузоштаанд.

Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир шуд, ки дар як изҳороташ дар интернет иддао кард сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода ин иттиҳомро як тӯҳмат номид ба аз болои Мирсаидов ба додгоҳ шикоят бурд.

Баъди содир шудани ҳукми додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар моҳи июл, хонаводаи Мирсаидовҳо гуфтанд, ки ба ҳисоби давлат 124 ҳазор сомонӣ ҷуброни молиро интиқол доданд. Ин маблағро додгоҳ дар парвандаи ҷиноӣ ба унвони “зиёни молии давлат” зикр карда буд.

Онҳо гуфтанд, бо вуҷуди он ки оила гунаҳгор будани Мирсаидовро эътироф намекунад, ба хотири озодии журналист тасмим гирифтанд маблағро пардохт кунанд. Бар асоси қонун дар Тоҷикистон, агар ҷиноят молӣ бошад, фарди гунаҳкор дар сурати ҷуброн кардани хисорот аз зиндон озод мешавад.

Баъди содир шудани ҳукм ва шикояти кассатсионӣ, Хайрулло Мирсаидов дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Жандармҳо дар Бухарест хабарнигори "Deutsche Welle"-ро заданд

Тазоҳурот дар Руминия

Хабарнигори ширкати Олмонии "Deutsche Welle" Кристиан Штефанску ҳангоми пӯшиши тазоҳурот дар Руминия мавриди ҳамлаи жандармҳо қарор гирифт. Хабари расмии ширкат дар ин робита рӯзи 14 август нашр шуд.

Ба гуфтаи хабарнигор, ӯ рӯзи ҷумъаи 10 август тазоҳруотро дар майдони "Ғалаба" пайгирӣ мекард, ки жандармҳо нахуст ба ӯ ҷанҷоли лафзӣ ва сипас бо чубдаст ҳамла карданд. Хабарнигор дар либосаш шаҳодатномаи рӯзноманигорӣ насб карда буд ва бамаротиб гуфт, ки ӯ журналист аст. Кристиан Штефанску аз рӯи ин ҳодиса ва осеби ҷисмонӣ ба додситонии Бухарест шикоят бурд.

Охири ҳафтаи гузашта даҳҳо ҳазор нафар дар Бухарест ва шаҳрҳои дигар ва ҳамчунин ҷомеаҳои руминҳо дар хориҷи кишвар, аз мақомот талаб карданд, ки ба коррупция хотима гузоранд. Дар ин эътирозҳо пулис аз нерӯ истифода кард ва беш аз 400 нафар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштанд, ки дар байни онҳо ходимони пулис низ буданд.

Феълан додситонии Румияния дар робита ба ин таҳаввулот фаъолияти пулисро баррасӣ мекунад.

Эрдуғон таруфаҳои барои як идда маҳсулоти ИМА боло бурд

Трамп ва Эрдуғон дар ҷаласаи НАТО. Брюссел- 11 июли соли 2018

Дар посух ба қарори президенти ИМА Доналд Трамп дар робита ба боло бурдани таруфаҳои содироти фулузот ва аллюминии Туркия, Акара таруфаҳои як идда маҳсулоти истеҳсоли Амрикоро ба андозаи назаррас боло бурд. Фармонро дар ин бора президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон имзо кард.

Бар поияи ин фармон, Туркия таруфаҳои маҳсулоти алкоҳолии Амрикоро 140 дар сад, мошини сабуравро 120 ва тамокуро то 60 дар сад афзоиш дод. Ба ғайр аз ин, таруфаҳои маводи ороишӣ, биринҷ ва ангишт низ боло бурда шуд. Қарори Анкара посух ба "ҳамлаҳои пешбинишудаи маъмурияти ИМА аст" - навиштааст ноиби президенти Туркия Фуат Откай дар твиттер.

Аввали моҳи август ИМА дар заминаи қазияи роҳиби боздоштшудаи амрикоӣ Эндрю Брансон, ки Анкара ӯро ба тарҳрезии терроризм ва ҷосусӣ муттаҳам мекунад, алайҳи вазири корҳои дохилӣ ва адлияи Туркия таҳрим ҷорӣ кард. Анкара иқдоми Вашингтонро беҷавоб нагузошт. Ба дуболи ин президенти Амрико Доналд Трамп тарфуҳои содиротиро барои фӯлод ва аллюминии Туркияро афзоиш дод. Дар пасманзари ин таҳаввулот қурби пули миллии Туркия - лира дар баробари доллари амрикоӣ шадидан афтид.

Президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки уфти рекордии лира як барномаи тарҳрезишуда алайҳи сиёсати мустақилонаи Анкара аст. Аз оғози сол пули миллии Туркия 45 дар сади арзиши худро аз даст дод.

Ҳамлаи Толибон ба Бағлон дастикам 30 сарбозро кушта ба ҷой гузошт

Сарбозони ҳукуматӣ дар ҷанг бо Толибон

Мақомоти вилояти Бағлон, воқеъ дар шимоли Афғонистон мегӯянд, ки ҳамлаи Толибон ба ин минтақа дастикам 30 сарбоз ва ходимони пулисро кушта ба ҷой гузошт.

Муҳаммад Сафдар Муҳсинӣ, раиси Шӯрои вилоят рӯзи 14 август гуфт, ки ба думболи ҳамлаи шаби гузашта ба ноҳияи Бағлони Марказӣ ҷангиёни Толибон ду гузаргоҳи марзии ҳамсояро оташ заданд.

Сухангӯи Толибон Забиуллоҳ Муҷоҳид масъулияти ин ҳамла, аз силсилаи ҳуҷуҳои ахири Толибонро, ки даҳҳо сарбози нерӯҳои амниятии Афғонистонро қурбон кардааст, бар дӯш гирифт.

Ҳукумати Афғонистон, ки давлатҳои ғарбӣ аз он пуштибонӣ мекунанд, баъди хуруҷи бахши умдаи нерӯҳои НАТО дар соли 2014, бо Толибон ва гурӯҳҳои ҷангии дигар вориди мубориза шудааст.

Узбекистон хабари таъсиси намояндагии "Толибон" дар Тошкандро рад кард

Ҷангиёни Толибон дар назди мактаби Зарғун Шаҳр

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабарҳо дар бораи таъсиси намояндагии сиёсии ҳаракати "Толибон" дар Тошкандро рад кард.

Пештар аз ин хабаргузории Reuters бо такя ба намояндаи Толибон навишт, ки ҳаракати мазкур дар пойтахти Узбекистон намояндагӣ таъсис додааст.

"Ин масъала баррасӣ нашудааст. Намояндагӣ таъсис намешавад", - хабар дод намояндаи вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ба расонаҳо.

Ягона намояндагии ҳаракати "Толибон" дар давлати Қатар фаъолият мекунад. Пештар аз ин мақомоти Қатар гуфтанд, ки бо дархости ИМА ба ҳаракати "Толибон" дар қаламрави худ иҷозаи фаъолият додаанд.

Ҳафтаи гузашта вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод, ки намояндаҳои "Толибон" аз 7-10 август дар Тошканд мулоқот ва ояндаи гуфтугӯи сулҳи Афғонистонро баррасӣ кардаанд.

Боздошти қочоқбари дору аз Тоҷикистон ба Қирғизистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 14 август хабар дод, ки аз қочоқи маводи доруворӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар пешгирӣ кард.

Доруҳои қочоқӣ дар ҳоле ошкор шуд, ки мақомот микроавтобуси "Мерседес-Бентс Спринтер-311"-ро дар ҳудуди деҳаи Қизил-Жоли ноҳияи Бодканд манъ карданд. Мошин ба сокини ноҳияи Лайлаки ин кишвар таалуқ дошт.. Ҳангоми бозҷӯӣ аз дохили мошин 46 баста, аз ҷумла 5 ҳазор қуттӣ стрептотсид, 1 ҳазору 100 қуттӣ линкомитсин ва 400 қуттӣ амарили макони истеҳсолаш номаълум ошкор шуд.

Мавод аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ва иҷозатномаи Вазорати тандурустии ин кишвар ворид шудааст.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Қочоқ" парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Гуфтугӯи Бишкеку Тошканд барои табодули анклави Борак

Марзи оқтош дар деҳаи Барак

Бишкеку Тошканд дар робита ба табодули анклави Бораки Қирғизистон бо як минтақаи дигар дар марзи ду кишвар гуфтугӯ доранд. Дар ин бора ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ муовини раиси вилояти Ӯши Қирғизистон Байиш Юсупов иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, 7 август дар шаҳри Фарғонаи Узбекистон мулоқоти навбатии гуруҳҳои кори ду кишвар оид ба таъин ва аломатгузории хати марзҳо баргузор шуд. Яке аз мавзуъҳои мулоқот табодули анклави Бораки Қирғизистон бо минтақае дар марзи ду кишвар буд.

Байиш Юсупов гуфт, ин масъала ҳанӯз дар ҳоли баррасист.

Анклави Борак 230 гектар масоҳат дошта, дар он ҳудуди 75 шаҳрванди Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Сокинони маҳаллӣ солҳост, ҳангоми убури марз бо мушкил рӯбарӯ мешаванд ва ҷониби Қирғизистон ба ин минтақа кумаки башардӯстона мерасонад.

Узбекистону Қирғизистон 1 ҳазору 378 километр марзи муштарак доранд. Соли гузашта ду кишвар дар робита ба 1 ҳазору 170 километри он ба созиш расиданд. Қарор буд, 208 километри боқӣ то охири соли 2017 муайян шавад, вале то ҳол нашудааст.

Вазорати умури хориҷии Узбекистон 7 август хабар дод, ки гуруҳҳои кории Тошканду Бишкек хати марзи ду кишварро дар ду минтақаи дигар – Шоҳимардон ва Газнов дар ҳудуди вилоятҳои Фарғонаи Узбекистон ва Бодканди Қирғизистон муайян карданд.

Сӯхтор дар бахши яклухтфурӯшии бозори марказии Кӯлоб. АКС

Акс аз бойгонӣ: Сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб. Моҳи январи соли 2014

Бахши яклухтфурӯшии маводи ғизоӣ дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб ба коми оташ рафтааст. Шоҳидон гуфтанд, ки сӯхтор нимашаби 14-уми август рух дод ва бо ёрии оташнишонҳо хомӯш карда шуд.

Феълан дари бозор бастааст ва мақомот касеро ба дохил ворид шудан намемонанд. Онҳо гуфтанд, ки бояд тафтишот ба зудӣ иллати сӯхторро маълум кунад.

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст.

Аз ҷумла, сабаби сӯхтор дар бозори “Султони Кабир”-и шаҳри Душанбе дар моҳи июни имсол “расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ” номида шуд. Дар ин сӯхтор даҳҳо тоҷир зиён диданд.

Аз он пеш, тобистони соли гузашта "Корвон" - бузургтарин бозори Душанбе низ оташ гирифта буд, ки дар натиҷаи он садҳо тоҷир зиёни азим диданду муфлис шуданд. Бозори ноҳияи Фархор ҳам тобистони ҳамон сол оташ гирифт ва садҳо нафар молу амволи зиёдашонро аз даст доданд.

Дар сӯхтори бузургтарин бозори вилояти Хатлон, мавсум ба бозори “Ҳоҷӣ Шариф”, ки моҳи октябри соли 2017 рух дод, даҳ дӯкону панҷ анбори бузурги масолеҳи сохтмонӣ ба коми оташ рафта буд.

Аз суқути пули мошингард дар Италия камаш 30 нафар кушта шуд

Пуле, ки дар Генуя фурӯ рафт. Акс аз Фейсбук -14 августи соли 2018

Нимарӯзи14 август бар асари суқути як пули мошингард дар шаҳри бандарии Генуя, воқеъ дар шимоли Италия даҳҳо нафар кушта шуд. Ба гуфтаи ноиби нахуствазири Италия Маттео Салвини дастикам 30 нафар ҳалок шуда, бисёриҳо захм бардоштанд. Матбуоти Италия мегӯяд, ки ҳангоми шикастани пул аз 30 то 35 мошин ва боркашҳои вазнин дар он ҳаракат мекард. Кушта ва захмиҳо эҳтимол мусофирони ҳамин мошинҳо буданд.

Мақомот мегӯянд, пули Моранди, ки Италияро бо Фаронса мепайвандад, дар натиҷаи тӯфони шадид хароб шуд. Мошинҳо аз баландии 45 метр ба болои оҳану бетон сарнагун шуданд. Одамон дар зери оворҳо монда, наҷотдиҳандагон ва табибон дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд.

Пули Моранди соли 1960 бунёд шуд ва баландияш даҳҳо метр гуфта мешавад.Суқути пул ба харобшудани лулаҳо ва хориҷ шудани газ сабаб шуд.

Вазири нақлиёти Италия Данило Тонинелли ҳодисаро "фоҷеи бузург" унвон кард.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG