Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Президенти Гурҷистон бо раҳбари эътирозгарон мулоқот кард

Президенти Гурҷистон Георги Маргвелашвилӣ бо раҳбари эътирозгарон дар Тифлис мулоқот кард. Ин мулоқот як рӯз баъди он ҷараён гирифт, ки додситони кулл Ираклӣ Шотадзе дар паи тазоҳуроти мардум аз иттиҳоми дахолати сиёсӣ ба мурофиаи додгоҳии қотилони ду наврас ба истеъфо рафт.

Ин куштор декабри соли гузашта рух дод ва наздикони қурбониҳо гуфтанд, ки ҳукми додгоҳ нисбати муттаҳамон одилона набуд. Эътирозҳо шоми 31 май шурӯъ шуд. Наврасон Давит Саралидзе ва Леван Дадунашвилии 16-сола дар як задухӯрди хиёбонии миёни шогирдони ду мактаб кушта шуданд. Рӯзи 1 июн ҳам эътирозҳо идома кард.

Заза Саралидзе, падари яке аз кушташудаҳо, ки саркардаи эътирозҳо аст, талаб дорад, ки дар баробари қотилони аслӣ инчунин дигар масъулон ҳам ба курсии айбдоршавандаҳо нишинанд. Яке аз айбдоршавандаҳо рӯзи 31 май дар куштори Дадунашвилӣ ва дуюмӣ танҳо барои кӯшиши куштори Саралидзе гунаҳгор эълон шуд. Баъди сӯҳбат бо президент Саралидзе гуфт, ки президент баъди шунидани ҷузъиёти ҳодиса онҳоро тарафдорӣ кардаанд.

Эътирозгарон мегӯянд, ки дар миёни қотилон фарзандони афроди бонуфуз мебошанд.

Афғонистон: Ҷузъиёти ҳамла ба ВКД бояд таҳқиқ шавад

Вайс Аҳмад Бармак, вазири корҳои дохилии Афғонистон мегӯяд пажӯҳиш дар бораи чигунагии ҳамлаи рӯзи чоршанбеи ҳамлагарони мусаллаҳ ба вазорати корҳои дохилӣ ҷараён дорад. Ба гуфтаи вай, пас аз анҷоми пажӯҳиш рушан хоҳад шуд, ки ҳамлагарон бо ду зиреҳпӯш чи гуна ба дарвозаи ин вазорат расидаанд. Бармак рӯзи 1 июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳам бархе дар хонаҳои худ террористонро нигоҳ медоранд. Ӯ афзуд:

“Баррасии ибтидоӣ ҷараён дорад. Ин бояд решаёбӣ шавад, аз тариқи камераҳо дида шавад, ки ин васоит аз кадом масир омада, дохили шаҳри Кобул шуд. Дар хонаҳо ва манозил шахсии касоне, ки ин террористҳоро мепарваронанд, ҳанӯз ҳам ҳастанд, ё аз хонаҳои онҳо берун шуда, ё аз масирҳои мухталиф аз беруни шаҳр оварда шуданд. Ин ҳолат баррасиҳои ҳамаҷонибаро тақозо мекунад”.

Рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон, ҳашт ҳамлагари силоҳдор бо ду зереҳпӯш ба вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар шаҳри Кобул ҳуҷум карданд,аммо пеш аз даромадан ба бинои вазорат аз сӯи полис дар даромадгоҳи вазорат кушта шуданд. Гуруҳи “Давлати исломӣ” масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

Туркманистон 3000 маҳбусро афв мекунад

Дар Туркманистон интизор меравад, бахшида ба “Шаби қадр”-и моҳи Рамазон афви маҳбусон сурат бигирад. Дар ин бора рӯзи 1 июн бахши Туркмании Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ду манбаи алоҳидаи Бахши туркмании Радиои Озодӣ, ин бор қарор аст, ҳудуди се ҳазор маҳбус афв шаванд.

Манобеъ мегӯянд, ба рӯйхати афвшавандаҳо маҳбусоне ҳам шомил хоҳанд шуд, ки бо ҷурми узвият дар созмони “Хизмет”-и руҳонии турки муқими ИМА Фатҳуллоҳ Гюлен дар Туркманистон солҳои тулонӣ аз озодӣ маҳрум гаштаанд.

Бар пояи санади додгоҳи шаҳрии Ишқобод аз 8 феврали соли 2017, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, 18 нафар бо ҷурми узвият дар созмони Гюлен ҷамъан ба муҳлати 333 сол зиндонӣ шудаанд.

Мақомоти Туркия Фатҳуллоҳ Гюленро дар созмон додани табаддулоти нокоми моҳи июли соли 2016 айбдор мекунанд. Анқара баъд аз ин ҳодиса фишорро болои афрод ва созмонҳои марбут ба Гюлен ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ пурзӯр кард.

Вакили қирғиз тавассути Тоҷикистону Русия ба Амрико фирор кардааст

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон вакили порлумони ин кишвар Аскарбек Шодиевро дар ҷустуҷӯ эълон кард. Дар ин бора бахши Қирғизии Радиои Озодӣ гузориш медиҳад.

Ба иттилои ниҳоди мазкур, як рӯз пеш аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ, 27 апрел, Шодиев ба ҷанозаи хешаш ба шаҳри Исфанаи вилояти Бодканд рафта ва баъдан ғайриқонунӣ марзи Қирғизистону Тоҷикистонро убур кардааст.

Шодиев дар рӯзи кушодашавии парванда, 28 апрел, бо ҳавопаймои "Хуҷанд-Москва" бо истифода аз шиносномаи дипломатии Қирғизистон ба Русия ва аз он ҷо ба шаҳри Ню-Йорки ИМА парвоз кардааст.

Нисбати Аскарбек Шодиев рӯзи 31 май бо моддаи "Сӯистифода аз мақоми хизматӣ" айбдор шуд. Додгоҳ ӯро дар ғайбаш ба ҳабс маҳкум кард.

Дамир Сагинбоев, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон пештар аз ин гуфт, ки Шодиев ҳудуди Қирғизистонро тарк накардааст. "Агар вай Қирғизистонро тарк карда бошад, пас нисбаташ айби иловагии убури ғайриқонунии марз эълон мешавад", - афзуд Сагинбоев.

Додситонии кулли Қирғизистон нисбати Аскарбек Шодиев рӯзи 28 апрел бо гумони аз худ кардани 2 млн 61 ҳазор сом (наздики 30 ҳазор доллари ИМА)-и буҷаи порлумон парванда боз кард. Ин маблағ барои ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов ҷудо шуда буд.

Азми Қазоқистону Қирғизистон барои афзоиши тиҷорат

Бакитҷон Сагинтаев, сарвазири Қазоқистон ва ҳамтои қирғизаш Муҳаммадқулӣ Абилғозиев муносибатҳои Қирғизистону Қазоқистонро баррасӣ карданд. Мулоқоти ду сарвазир 31 май дар доираи ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Сагинтаев гуфт, "нақшаҳое, ки аз сӯи роҳбарони ду кишвар назди ҳукуматҳо гузошта шудааст, бояд дар зиндагӣ амалӣ шаванд". Вай ҳамзамон илова кард, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар талош мекунад.

Абилғозиев дар навбати худ гуфт, густариши муносибатҳои стратегӣ бо Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Қирғизистон аст.

Сарони ҳукуматҳои ду кишвар ҳамчунин ба созиш расиданд, ки ҳафтумин ҷаласаи шӯрои байниҳукуматии ду кишварро таҳти роҳбарии сарвазирон баргузор кунанд.

Ҷасади донишҷӯи Узбекистонро пайдо карданд

Ҷасади донишҷӯи соли севуми коллеҷи тиббии Бекободи Узбекистонро 25 май дар манзилаш пайдо карданд. Ҳамсояҳо тахмин мезананд, ки ин донишҷӯ тариқи гузаронидани сӯзандору ба ҷисмаш худкушӣ кардааст. Додситонӣ низ бо моддаи худкушӣ тафтишро шуруъ кардааст. Дар ин бора рӯзи 1 июн бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

"Волидони духтар дар дорухона кор мекунанд. Он рӯз донишҷӯ ҳамроҳи модараш дар дорухона буд. Модараш ӯро бо кадом баҳонае ба хона фиристод. Духтар сари вақт ба дорухона барнагашт ва модараш ба хона занг зада, хабари марги ӯро шунид. Мегӯянд, духтар ба хона омада, ба ҷисмаш сӯзандору гузарондааст", - гуфт яке аз ҳамсояҳо.

Ҳанӯз дар бораи сабабҳои худкушии ин донишҷӯ иттилое нарасидааст.

Моҳира Бердиқулова, муовини мудири коллеҷи тиббии Бекобод мегӯянд, донишҷӯи мазкур рафтори намунавӣ ва таҳсили хуб дошт.

Ким Чен Ун ваъда дод, ки нимҷазираи Корея орӣ аз силоҳи ҳастаӣ мешавад

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун дар сӯҳбат бо вазири хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ӯҳдадор шудааст, ки нимҷазираи Кореяро орӣ аз силоҳи ҳастаӣ кунад ва мавқеаш дар ин амр “тағйир наёфтааст, балки пайгирона ва ҳам қатъӣ мебошад”. Дар ин бора рӯзи 1 июн оҷонсии хабарии KCNA хабар дод. Музокироти онҳо дар Пхенян рӯзи 31 май баргузор шуд. Ким гуфтааст, ки умедвор аст ихтилофҳои Кореяи Шимолӣ ва ИМА дар заминаи озод кардани нимҷазира аз силоҳи ҳастаӣ “қадам ба қадам ҳал мешавад” ва ин натиҷа аз роҳи музокирот ба даст меояд. Ким ва Лавров ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориву мубодилаи афкорро идома дода, соли ҷорӣ боз як ҳаамоише барпо хоҳанд кард.

Мулоқоти онҳо дар остонаи музокироти таърихии раҳбарони Кореяи Шимолӣ ва ИМА баргузор шуд, ки 12 июн дар Сингапур барпо хоҳад шуд. Масъалаи аслии мавриди ихтилофи ду кишвар дар дарки мухталифи принсипи озод шудани нимҷазира аз силоҳи ҳастаӣ мебошад.

Додситони кулли Гурҷистон дар паи эътироз истеъфо дод

Дар паи раҳпаймоии рӯзи 31 май ҳазорҳо сокини Тифлис, ки аз дахолати эҳтимолии додситони кулл ба мурофиаи куштори ду ноболиғ аз ҷониби ноболиғони дигар эътироз карданд, додситон Ираклӣ Шотадзе рӯзи 1 июн истеъфои худро эълон кард.

Эътироз шоми 31 май ва баъди он шурӯъ шуд, ки додрас дар мавриди куштори яке аз наврасон касеро гунаҳгор накард ва дар робита бо куштори ноболиғи дуюм хост, ки қотил ҳукми сабуктар бигирад. Қотили дуюмро писари корманди собиқи додситонии кулли Гурҷистон мегӯянд.

Шотадзе бо пахши изҳороте дар вебсайти додситонии кулл гуфт: «Ман аз вазифа канор меравам ва умедворам, ки адолат барқарор мешавад». Дар паи истеъфои Шотадзе, чанд ҳазор эътирозгар дар муқобили парлумон дар маркази Тифлис ҷамъ омада, истеъфои ҳукуматро талаб карданд.

Гурӯҳе аз 30 нафар шабро дар хаймаҳо дар беруни ҳукумат рӯз карданд, ин ҳолатро полис назорат мекард. Онҳо инчунин зинапояҳои даромадгоҳ ба ҳукуматро масдуд карданд. Қарор аст эътирозҳои нав имрӯз ҳам баргузор шавад. Нахуствазир Гиорги Квирикашвилӣ нахост талаби эътирозгарон барои канор рафтан аз мансабро иҷро кунад, вале гуфт, ки куштор бояд аз нав таҳқиқ шавад.

Афсарон монеи қасди худкушии як духтари ваҳдатӣ шуданд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ду афсари вазорат барои наҷоти як духтари ноболиғ, ки худро бо қасди худкушӣ ба рӯдхона андохтааст, изҳори сипос кардааст.

Вазорати рӯзи 1-уми июн бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, субҳи рӯзи 30-уми май як духтари тақрибан 14-сола аз ноҳияи Ваҳдат худро ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохтааст. Аммо ду афсари милиса Ғолибшо Саидов ва Маҳмадӣ Мӯсоев ки шоҳиди ҳодиса будаанд, худро ба об андохта “ӯро аз дарёи пуртуғён наҷот додаанд.”

Ба гуфтаи вазорат, ба афсарон духтарчаро дар ҳолати беҳушӣ ба шифохона овардаанд ва табибон ӯро ба ҳуш овардаанд ва муолиҷаашонро идома медиҳанд. Ҳуввияти духтарро ба сабаби ноболиғ будан ва сабабҳои қасди худкушиашро нагуфтаанд.

Дар Тоҷикистон як соли ахир худкушӣ аз роҳи ба дарё андохтани худ зиёд шудааст ва мавридҳои бо кӯдакони хурдсол худкушӣ кардани модарон ҳам дида шудааст.

Нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе

Имрӯз, 1-уми июн дар шаҳри Душанбе нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Бӯстонсарои Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нишасти Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ шурӯъ мешавад.

Дар ин нишаст ба ҷуз аз нахуствазири Украина дигар нахуствазирони ҳукуматҳои узви ИДМ иштирок мекунанд. Чун қаблан раисҷумҳури Украина гуфт буд, кишвараш аз узвияти ин созмон хориҷ мешавад. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин нишаст иштирок ва суханронӣ мекунад.

Нишасти Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон баргузор мешавад. Ба барномаи ин нишаст 14 масъала, ки ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисодӣ, башарӣ ва дигар соҳаҳо равона шудааст, дохил мешавад.

СММ аз мақомоти қирғиз хост, пеши роҳи арӯсрабоиро бигиранд

Намояндагии СММ дар Қирғизистон дар робита ба куштори як духтар - қурбонии арӯсрабоӣ дар шуъбаи пулис нигаронӣ баён кард. Дар изҳороти СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват шудааст, ки барои қатъи таҷрибаи арӯсрабоӣ, иҷрои қонунҳои миллӣ ва талаботи созишномаҳои байналмилалӣ чораҳои лизимӣ биандешанд.

"Издивоҷи иҷборӣ ё издивоҷи кӯдакон нақзи ҳуқуқҳои бунёдии инсонанд, ки на танҳо барои иштирокчиён, балки барои беҳбуди тамоми ҷомеа оқибатҳои ногувори дарозмуддат дорад. Таҷрибаҳои арӯсрабоӣ, издивоҷи маҷбурӣ ё "ала-качуу" ба фарҳанги мардуми Қирғизистон ҳеч рабте надоранд", - омадааст дар изҳорот.

Ба огаҳии созмон, дар Қирғизистон 13,8%-и духтарони то 24-соларо иҷборан ба шавҳар медоданд. 27-уми май дар шӯъбаи пулиси ноҳияи Жайили вилояти Чуй Бурулай Турдаалӣ қизӣ аз захмӣ корд ҷон бохт. Духтарро марде корд зад, ки ба хотири издивоҷ ӯро дуздида буд. Ин мард баъдан худро низ захмӣ кард ва ҳоло дар шуъбаи эҳёгарӣ табобат мешавад.

Муассиси Telegram: "Apple аз мо тарафдорӣ накард"

акс аз бойгонӣ

Муассиси паёмрасони Telegram Павел Дуров гуфт, Apple аз нав шудани ин барнома дар дастгоҳҳои техникии тавлиди ин ширкати амрикоӣ ҷилавгирӣ карда, бо ин кораш “амри” мақомоти Русияро иҷро мекунад.

Дуров бо чунин изҳорот рӯзи 31 май дар шабакаи расмии Telegram изҳороте пахш кард. Чанд рӯз пеш аз ин Роскомнадзор бо ирсоли нома ба унвонии Apple хоста буд, ки дастрасӣ ба ин барнома дар Русия масдуд шавад.

“Мутаассифона, Apple аз мо тарафдорӣ накард”, гуфт Дуров. Хадамоти алоқаи Роскомнадзор рӯзи 28 май гуфт, ки дар номааш ба унвонии ширкати амрикоӣ хост дар баробари масдуд кардани дастрасӣ ба замимаи ин ширкат, огаҳиҳои хабарии ин паёмрасонро ҳам бубандад. Дар ин сурат мизони истифода аз паёмҳои Telegram коҳиш меёбад. Роскомнадзор дар номааш аз Apple дархост кард, ки онҳоро дар бораи қарори худ дар ҷараён гузорад.

Моҳе пеш додгоҳе дар Маскав ҳукм кард, ки паёмрасони Telegram баста мешавад. Чунин тасмим баъди он гирифта шуд, ки мақомот хостанд ин ширкат маълумот ва навиштаҷоти корбарони паёмрасонро дар ихтиёри онҳо гузорад. Мақомот дар шарҳи тасмими худ гуфтанд, ки Telegram барои тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон истифода шудааст. Дуров рӯзи 31 май бори дигар такрор кард, ки ба хотири “ҳифзи ҳуқуқи корбарон барои доштани маълумоти маҳрамона дар ин кишвари пурмушкил дархости мақомотро рад карда буд”.

Шабакаи Telegram барои ирсоли паёмҳои хаттӣ ва аксу видео шароит фароҳам оварда, ҳамзамон то 5 ҳазор нафар метавонанд узви як гурӯҳи корбарони ин шабака бошанд. Аз замони ба кор андохта шудани он дар соли 2013 аз ҷониби бародарон Дуровҳо шабака тавонист беш аз 200 миллион муштарӣ пайдо кунад.

Бабченко гуфт, то 96-солагӣ умр дида, дар гӯри Путин мерақсад

Шоми 30 май Бабченко бо президент Порошенко ҳам мулоқот кард

Журналисти дигарандеши рус дар посух ба мунаққидони хабари куштори сохтакоришудааш дар Украина ваъда дод, ки умри дароз дида, дар гӯри президент Владимир Путин рақс хоҳад кард. Дар як навиштааш дар саҳифаи Фейсбуки худ рӯзи 30 май Аркадий Бабченко ваъда дод, ки “то 96-солагӣ умр дида дар сари қабри Путин ҳатман рақс ҳам хоҳад кард”.

Вай ин паёми худро ба онҳое ирсол кард, ки ба гуфтааш, “аз ахлоқ сӯҳбат карда”, аз хабари, ба гуфтааш, “нороҳаткунандаи намурдани ӯ” нороҳат шудаанд. Рӯзи 30 май Хадамоти амнияти Украина як рӯз баъди нашри хабари кушта шудани журналисти мунаққиди Кремлин гуфт, ки Бабченко зинда аст.

Ин хадамот дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Киев гуфт, ки нақшаи сӯиқасд ба ҷони Бабченкои 41-соларо фош кардааст. Вале ин амалиёти украиниҳо бо интиқоди шадиди созмонҳои журналистӣ, хабарнигорон ва онҳое рӯбарӯ шуд, ки гуфтанд, чунин ташкил кардани кор эътимод ба журналистон ва ҳам мақомоти украиниро ба ҳам мезанад.

Президенти Покистон қонуни марбут ба манотиқи қабиланишинро имзо кард

Президенти Покистон Мамнун Ҳусайн қонунеро имзо кард, ки минтақаҳои қабиланишинро бо вилояти Хайбар Пахтунхва муттаҳид ва ба тахминан 5 миллион сокини ин қаламрав ҳуқуқи баробар бо шаҳрвандони дигари Покистонро таъмин мекунад.

Ин қонун рӯзи 31 май дар Исломобод имзо шуд. Қаблан қонун дар палатаҳои болоиву поёнии парлумон тасвиб шуд ва раъйи зарурии маҷлиси вилояти Хайбар Пахтунхваро ҳам ба даст овард.

Мақоми хоси минтақаҳои қабиланишин, ки берун аз қонунгузории умумии Покистон аст, аз замони ҳукумати мустамликадории Бритониё ҳифз шуда ҳатто баъди касби истиқлолияти Покистон аз Лондон дар соли 1947 ҳам дар ҳамин ҳолат нигоҳ дошта шуд.

Исми онҳо – Минтақаҳои қабиланишини маъмурияти федеролӣ (FATA) аз 7 қаламрав иборат аст: Баҷаур, Дир, Хайбар, Моҳманд, Пайвор Котали воқеъ дар минтақаи Куррам, Гузаргоҳи Булон ва Гомал дар Вазиристони Ҷанубӣ. Ин қаламравҳо, ки бештар кӯҳистонӣ мебошанд, дар хати марз бо Афғонистон ҷой гирифтаанд.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки рӯзи 31 май ҳукумати нахуствазир Шаҳид Хоқон Аббосӣ баъди раҳбарии панҷсола расман ба истеъфо меравад. Рӯзи 25 июл дар кишвар интихоботи парлумонӣ дар назар аст, ки бояд ҳукумати навро ташкил кунад.

Лавров аз тамосҳои Кореяи Шимолӣ ва ИМА пуштибонӣ кард

Сергей Лавров ва Ким Чен Ун

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи 31 май дар Пхенян бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун дидору гуфтугӯ кард. Ин мулоқот дар остонаи дидори президентони ИМА ва Кореяи Шимолӣ баргузор шуд, ки дар моҳи июн ба нақша гирифта шудааст. Дар паёме, ки вазорати хориҷаи Русия тавассути Твиттер нашр кард, аз қавли Лавров навишт: “Мо аз тамосҳои Кореяҳои Шимоливу Ҷанубӣ ва ҳам Кореяи Шимоливу ИМА истиқбол мекунем”. Ин ҳарфҳоро ӯ дар мулоқот бо вазири хориҷаи Кореяи Шимолӣ Ри Йонг Ҳо изҳор кард. Сергей Лавров аз “ҳама ҷонибҳои ворид даъват кард, ки масъулияти худро ба хотири пешгирӣ аз шикасти чунин як ҷараёни хеле ҳассос пурра иҷро кунанд”.

Русия ва Кореяи Шимолӣ ҳамагӣ чанд километр қитъаи муштараки марз доранд, ки аз ҳудудҳои Шарқи Дур дар Владивостоки Русия ба ин кишвар мепайвандад. Равобити ду кишвар нисбатан хуб аст.

Боздиди Лавров аз Пхенян дар ҳоле баргузор шуд, ки талошҳои дипломатӣ барои ташкили ҳамоиши таърихии президентони ИМА ва Кореяи Шимолӣ - Доналд Трамп ва Ким Чен Ун фаъолона идома доранд. Рӯзи 30 май дар Ню-Йорк дар остонаи музокироти ду раҳбар Котиби давлатии ИМА Майк Помпео бо генерал Ким Йонк Чол, як мақомдори дасти рости президенти Кореяи Шимолӣ дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Беш аз 100 маҳбуси ду зиндони Толибон озод шуданд

Озодшудаҳо аз зиндонҳои Толибон

Нирӯҳои вижаи Афғонистон беш аз 100 нафарро аз ду зиндони Толибон озод карданд ва дар миёни онҳо занону кӯдакон низ мебошанд. Ин ду зиндони ғайриқонунӣ дар ҳудуди вилояти Ҳилманд ва зери назари Толибон амал мекарданд. Рӯзи 31 май дар натиҷаи амалиёти вижае 103 нафар маҳбусон озод шуданд. Сухангӯи артиш Абдулқодир Баҳодурзай гуфт, ки амалиёт субҳи барвақт дар вулусволии Каҷакӣ ҷараён гирифт. Дар ин ҳодиса ҷор ҷангҷӯ кушта шуданд.

Ҳанӯз Толибон дар ин замина вокуниш накардаанд.

Ҷовид Салим, сухангӯи нирӯҳои гулчини таъиноти хос гуфт, ки маҳбусон дар ин зиндонҳо давоми як сол нигаҳдорӣ мешуданд. Аксари онҳо афроди мулкӣ буда, дар миёни онҳо 5 зан, 2 кӯдак ва се афсари полис буданд. Ҷовид Салим гуфт, ки ходимони полис бо гуноҳи “ҳамкорӣ бо нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҳам ба хотири полис буданашон” ба ин зиндон андохта шуданд.

Занону кӯдакон ҳам маҳбуси зиндонҳои Толибон буданд
Занону кӯдакон ҳам маҳбуси зиндонҳои Толибон буданд

Вай гуфт, ки зидониҳо дар шароити бад нигаҳдорӣ мешуданд, ғизои кофӣ надоштанд, вазъи сиҳҳатиашон бад буд ва ҳам шиканҷа мешуданд.

Умар Звак, сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, ки базудӣ онҳо ба хонаҳояшон бармегарданд, вале феълан бо онҳо намояндагони амният сӯҳбат мекунанд.

Дашти Қалъа аз дасти Толибон озод шуд

30 май "Давлати исломӣ" ба ВКД Афғонистон ҳамла кард

Нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон назорат бар маркази вусулволии Дашти Қалъаи вилояти Тахорро, ки барои муддате таҳти контроли Толибон гузашт, дубора ба даст оварданд. Дар ин бора рӯзи 31 май сухангӯи волӣ Суннатулло Тимор ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ки “баъди 7 соати задухӯрдҳо ва муқовимат минтақа дубора ба дасти нирӯҳои ҳукуматӣ гузашт”. Ба иттилои мақомоти Афғонистон, дар паи ин рӯёрӯиҳо дасти кам чор узви нирӯҳои ҳукуматӣ ва ҳам шуморе аз ҷангҷӯён кушта шуданд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон рӯзи 30 ва 31 май гуфтанд, ки дар натиҷаи ин задухӯрдҳо “кӯшиши убури марз” ба қайд гирифта нашудааст ва ҳам “марзи Тоҷикистону Афғонистон амн ва таҳти назорат қарор дорад”.

Таҳаввулоти ахир дар ҳолест, ки аз моҳи апрел ба ин сӯ Толибон ҳамлаҳои мусаллаҳонаи худро аз сар гирифтанд.

Рӯзи 30 май дар вилояти шарқии Лугар ҳам дасти кам се афсари полис дар як таркиши маргталабе кушта шуданд. Ҳамла ба қароргоҳи полисро Толибон ба ӯҳда гирифтанд.

Баробар бо ин, рӯзи 30 май ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам гуфтанд, ки ҳамла ба сохтмони вазорати умури дохилии Афғонистон кори дасти онҳо буд. Дар ин ҳодиса як афсари полис ва ҳашт ҳамлагар кушта шуданд.

Боздошти 5 нафар барои фурӯши симкортҳои тоҷикӣ дар Афғонистон

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, панҷ нафарро барои фурӯши ғайриқонунии симкортҳои телефонӣ ба шаҳрвандони Афғонистон ва сабти номи дигарбораи симкортҳо ба номи онҳо дастгир кардааст.

Дар гузориши махсуси кумита, ки телевизиони давлатӣ рӯзи 30-уми май намоиш дод, гуфта мешуд, ки ин гурӯҳ, ки ду зан шомили он будаанд, дар як соли ахир 3500 симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ дар истифодаи шаҳрвандони Афғонистон гузоштаанд. Ба гуфтаи кумитаи амният, ин афрод, ”бидуни ба қайдгирии теъдоди ҳаҷман калони симкортҳои ин ширкатҳоро берун аз муқаррароти таъйиннамудаи қонунгузорӣ ба фурӯш баровардаанд.“

Ба қавли мақомот, ин панҷ нафар фаъолияташонро бо миёнаравии як шаҳрванди 43-солаи Афғонистон, ки барои интиқоли маводи мухаддир 17 сол зиндонӣ шудааст, ба роҳ мондаанд. Дар гузориш ин афродро ба он муттҳам мекунанд, ки “бо ин кирдорашон ба террористону ҷинояткорон дар содир кардани амалҳои террористӣ ва ҷинояткорона мусоидат карда, ҷони ҳазорон шаҳрванд ва амнияти миллиро дар хатар мегузоранд.”

Ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллӣ, додситонии Тоҷикистон ба зидди ин 5 нафар бо иттиҳоми “сӯистифодаи ваколат”, “сохтакорӣ”, ”тағйир додани иттиллои компютерӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Барои ин ҷиноятҳо дар Тоҷикистон ҷаримаҳои бузург ва ё то 5 соли зиндон ҷазо муқаррар шудааст.

Раҳмон барои мубориза бо тамокукашӣ ҷоиза мегирад

Эмомалӣ Раҳмон

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро яке аз барандагони ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо истифода аз тамоку эълон кард.

Созмон рӯзи 31-уми май ва дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар, Эмомалӣ Раҳмонро аз барандагони ҷоиза дар минтақаи аврупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ном бурдааст.

Дар баёнияи ин созмон омадааст, ки раҳбари Тоҷикистон мубориза бо тамокукаширо авлавияти сиёсати худ кард ва бо ташаббуси вай 2 январи имсол қонуне қабул шуд, ки кашидани тамоку дар маконҳои ҷамъиятиро манъ мекунад.

Тибқи ин қонун кашидани сигор ва нос дар тамоми маконҳои умумӣ ба истиснои ҷойҳои таъйиншуда мамнӯъ аст. Рекламаи тамоку низ иҷозат нест. Теъдоди дақиқи сигору носкашҳо дар Тоҷикистон маълум нест ва садҳо ҳазор нафар ҳастанд, ки ба сигору нос одат кардаанд.

Дар баробари раиси ҷумҳури Тоҷикистон 32 нафари дигар барои саҳмашон дар амри коҳиши истифода тамоку ё андешидани чораҳо барои маҳдуд кардани истеъмоли он барандагони ҷоизаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ шудаанд.

Боздошти 8 нафар дар пайи занозанӣ дар Душанбе

Раёсати умури дохилии Душанбе мегӯяд, дар пайи як занозанӣ дар пойтахт 8 ҷавонро боздошт кардааст. Ин афрод феълан дар боздошт буда, алайҳашон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Як мақом дар Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боздоштшудаҳо афроди аз 20 то 28-сола мебошанд. Манбаъ афзуд, ҷавонони боздошшуда ҳамагӣ сокинони вилояти Бадахшон буда, муваққатан дар пойтахт мезистаанд. Аз инҳо ду нафарашон донишҷӯ будааст.

Дар Раёсати умури дохилии Душанбе мегӯянд, муноқишаи ин ҷавонон шоми 29-уми май пас аз як нофаҳмӣ байни онҳо дар назди бинои Сирк рух додааст. Мақомот мегӯянд, сабабҳои рух додани ин қазияро рӯшан мекунанд.

Ин аввалин занозании ҷавонон дар пойтахт дар моҳи май нест. Пеш аз ин мақомот ҳаддиақал ду занозании гурӯҳии ҷавононро дар пойтахт дар моҳи май ба қайд гирифтанд. Аз ҷумла, моҳи май миёни хонандагони мактаби 101 дар наздикиҳои мактаби 43-и ноҳияи Сино моҷаро сурат гирифт. Инчунин дар пайи занозании гурӯҳӣ шаби 26-уми май дар шаҳри Душанбе ду ҷавон захмӣ шуд.

Муҷозоти як шаҳрванди Эрон барои мастӣ дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Тоҷикистон Нурӣ Туркиамони Ромин Ороҷалӣ, шаҳрванди Эронро барои дар ҳолати мастӣ идора кардани мошин ба пардохти 15 ҳазор сомонӣ ҷарима кард. Ороҷалӣ дар шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт аз тарафи нозирони Файзобод боздошт шуда, қарорро низ додгоҳи ҳамин ноҳия содир кардааст.

Мақомоти додгоҳ рӯзи 31-уми май гуфтанд, ин шаҳрванди Эрон аз ҳаққи идораи мошин ба муҳлати 5 сол маҳрум шудааст. Хабаргузории давлатии "Ховар" низ рӯзи панҷшанбе навишт, "муоинаи тиббӣ маълум кард, ки номбурда дар баробари шароб боз моддаҳои нашъадор истифода намудааст".

Порлумони Тоҷикистон соли гузашта ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид кард, ки бар асоси он ронандагӣ дар ҳолати мастӣ то 15 шабонарӯз ҳабс ва 15 ҳазор сомонӣ муҷозот дорад.

Ҷазои ронандагони маст дар ҳоле шадид шуд, ки бар асоси омори расмӣ шумораи садамаҳои пурқурбонӣ дар кишвар афзоиш ёфт. Мақомот ронандагӣ бо суръати баланд ва маст нишастани ронандагон пушти чанбараки мошинро омили садамаҳо дар кишвар донистанд.

Тибқи иттилои расмӣ, то моҳи июли соли 2017 дар роҳҳои Тоҷикистон беш аз 700 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷаи он зиёда аз 230 нафар ҷони худро аз даст дода, зиёда аз 800 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Қурби 1 доллар дар Тоҷикистон аз марзи 9 сомонӣ гузашт

Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон аз марзи 9 сомонӣ убур кард. Субҳи 31-уми май Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки қурби расмии 100 доллар ба 901 сомонӣ баробар аст. Қурби расмии доллар, ки Бонки миллӣ муқаррар кардааст барои ҳисобгирӣ ва пардохтҳои гумрукӣ мебошад. Қурби доллар дар бонкҳои тиҷоратӣ аз ин ҳам зиёдтар аст.

Рӯзи 31-уми май дар бонкҳои Тоҷикистон 100 доллар ба 902 сомонӣ харид ва ба 903 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки дар бозори ғайрирасмӣ сад доллари амрикоӣ ба 920 - 923 сомонӣ табодул мешавад.

Қурби расмии доллар дар Тоҷикистон дар ҳоле боз боло меравад, ки тайи як соли ахир камбуди шадиди доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон идома дорад. Пешбинии коршиносон дар мавриди дар оянда дастрас шудани ин асъори хориҷӣ хушҳолкунанда нест.

Сокинони оддӣ мегӯянд, дар ин рӯзҳо пайдо кардани доллар хеле мушкил шудааст ва дар бонкҳо низ ба ҳар кас на беш аз 200 доллар мефурӯшанд. Маблағе, ки он ҳам дар аксар вақт пайдо карданаш мушкил аст.

Ба сокинони офатзадаи Хатлон хаймаву либос ирсол шуд

деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор дар селҳои охир зарари зиёд дид

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон гуфт, ба офатзадагони ноҳияҳои Фархору Панҷ ва Хуросон кумак ирсол карданд. Ба иттилои Назир Азимзода, раҳбари дастгоҳи марказии Ҳилоли Аҳмар, ки рӯзи 30 май дар як ҳамоише дар Душанбе сӯҳбат мекард, кӯмаки онҳо ба сокинони ин ноҳияҳо аз либос ва хаймаҳо иборат аст. Азимзода гуфт, онҳо барои исроли кумакҳо се дархост гирифтаанд ва аллакай қисми аввали кӯмакҳо пас аз зӯҳри имрӯз ба офатзадаҳо фиристода шуд. “Кӯмак асосан аз либосҳои дасти дуюм ва хаймаҳо иборат аст. Либосҳоро донорҳои мо равон карданд ва мо онро ҳатман мерасонем”.

Ин кӯмакҳо дар ҳоле ирсол шуд, ки тайи ду ҳафтаи ахир сокинони аз боронгарҳову селҳо осебдида аз надоштани ҷои истиқомат азият мешаванд.

Борони зиёд ва сел дар ду ҳафтаи пеш дар вилояти Хатлон, бахусус ноҳияҳои Панҷу Фархор, Хуросону Бохтар хонаҳои даҳҳо нафарро вайрон кард ва даҳҳо гектар зироат ва киштзорҳои мардумро аз байн бурд. Дар натиҷаи фалокатҳо, се нафар ҷон доданд. Дар пай кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як ҳайат барои ошноӣ бо миқёси воқеии фалокат ва барои рафъи оқибатҳои он ба Хатлон рафтааст.

Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонӣ ва осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Дар кишвар 381 минтақаи махсусан хавфнок сабт шудааст ва дар онҳо беш аз 10 ҳазор хонавода зиндагӣ мекунанд. То се соли оянда бояд беш аз 1400 хонавода аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯч дода шаванд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар шаш соли ахир дар кишвар 603 ҳодисаи табиӣ сабт шудааст, ки бар асари онҳо 127 нафар ҷон бохта ва ба иқтисоди мамлакат 600 миллион доллар хисорот ворид гаштааст.

Э.Раҳмон бо генерали покистонӣ аз мубориза бо терроризм гуфт

Акс аз вебсайти president.tj

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон ва Сардори ситоди муттаҳидаи Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд. Дар вебсайти президенти Тоҷикистон рӯзи 30 май хабари мулоқот ва гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва генерали артиши Покистон Зубайр Маҳмуд Ҳаёт нашр шуд.

Дар ин нишаст масоили мисли муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ шудааст. Ҷонибҳо ба зарурати густариши робитаҳои сохторҳои амниятии Тоҷикистону Покистон дар бахши амнияту дифоъ, ҳамкории низомию техникии кишварҳо ва вазъи Афғонистон баррасӣ шуд.

Зубайр Маҳмуд Ҳаёт бо як сафари дурӯза ва бо ҳадафи мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон рӯзи 29 май вориди Душанбе шуд.

Ҳамла ба вазорати дохилаи Афғонистон

Афсари полис Муҷибулло Набизода дар ҳамлаи имрӯза захмӣ шуд

Дар як ҳамлаи мусаллаҳона ба вазорати умури дохилии Афғонистон рӯзи 30 май дар Кобул як ходими полис ва ҳамаи ҳамлагарон кушта шуданд. Як бомбгузори маргталаб худро дар назди посгоҳи вазорат мунфаҷир кард ва баъди ин афроди мусаллаҳи дигаре бо ходимони амниятӣ вориди даргирӣ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт. Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, ки ҳамлагарон 7 нафар буданд ва ҳамаи онҳо аз ҷониби низомиёни афғон кушта шуданд. Дар ин ҳодиса як ходими полиси Афғонистон кушта ва шаш нафари дигари захмӣ шуданд. “Задухӯрдҳо хотима ёфт. Ҳамлагарон кушта шуданд”, гуфт Доудхон, раиси полиси Кобул. Ин ҳодиса дар шароите рух дод, ки Толибон ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамлаҳои худ ба низомиёни афғонро вусъат бахшидаанд. Дар чанд моҳи охир беш аз сад нафар қурбони ҳамлаҳои мусаллаҳон шудаанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Марги шубҳабарангези сарбози 20-сола дар Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:16 0:00
XS
SM
MD
LG