Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Оҷонсии нирӯи ҳастаӣ иттиҳоми Исроилро дар бораи Эрон тасдиқ намекунад

Оҷонсии байналмилалии нирӯи ҳастаӣ, ки марбут ба СММ аст, гуфт, шаҳодати қобили эътимоди инро, ки Эрон гӯё дар сари эҷоди “аслиҳаи инфиҷоркунанда” бошад, надорад. Ин созмон рӯзи 1 май гуфт, ки баъди он ки аз соли 2009 ба ин воқеият мутақоид шуд, баҳси тавлиди силоҳи ҳастаиро баст ва дар ин бора дар гузориши моҳи декабри соли 2015 ҳам хулосаҳояшро иншо кард.

Дар гузориши соли 2015 гуфта мешавад, ки “оҷонсӣ баъди соли 2009 нишонаҳои қобили эътимоди фаъолиятҳои Эронро дар самти тавлиди маводи ҳастаии тарканда пайдо накард. Бар асоси гузориши умумӣ, шӯрои мудирон тасмим гирифт, ки ин қазия баста шавад”, гуфта шуд дар изҳороти рӯз 1 маи Оҷонсии байналмилалии нирӯи ҳастаӣ.

Изҳороти оҷонсӣ як рӯз баъди изҳори назарҳои нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу нашр шуд. Нетаняҳу рӯзи 30 апрел гуфт, ки Исроил ҳуҷҷатҳое дар ихтиёр дорад, ки нақшаи фаъолияти ҳастаии Эронро дар амри эҷоди силоҳи таркандаи ҳастаӣ фош мекунад.

Бар асоси созиши соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ, Эрон фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро барои тавлиди бомбаи атомӣ қатъ карда, бар иваз аз аксар таҳримҳои байналмилалӣ озод шуд.

Аз он замон то кунун нозирони Оҷонсии ҳастаии СММ чандин бор гузориш доданд, ки Эрон мутобиқ ба ҳамин созиш амал кардааст.

Давлатҳои аврупоӣ гузориши раҳбари Исроиро беарзиш номида, вале ИМА аз ин шаҳодати ба гуфтааш “дурӯғи” Эрон истиқбол кард. Эрон дар ҷавоб Нетаняҳуро як “дурӯғгӯи маъруф” номид.

Ин ҳама дар шароите садо медиҳад, ки ИМА дар фикри берун шудан аз созиши ҳастаӣ бо Эрон мебошад.

Душанбе мизбони конфронси муқобила бо терроризм мешавад

Дар Душанбе рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор мешавад. Ин ҳамоиш бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон, СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо ҷараён мегирад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 1 май хабар дод, ки то ба имрӯз барои ширкат дар ин ҳамоиш 400 иштироккунанда аз 46 кишвари ҷаҳон ва 30 созмони байнламилаливу минтақавӣ ариза додааст. Дар ин ҳамоиш масоили ҷилавгирӣ аз амалиёти террористии фаромарзӣ, тавсеаи заминаҳои ҳуқуқии ҳамкорӣ дар амри муқовимат бо терроризм миёни кишварҳо ва ҳамкориҳо дар самти муқовимат алайҳи ҷиноятҳои кибернетикӣ баррасӣ мешавад.

ИМА ба Украина маҷмааи зиддитонкии Javelin дод

Президенти Украина шаби 30 апрел дар як суханронии худ тасдиқ кард, ки нирӯҳои ин кишвар соҳиби маҷмааи зиддитонкии амрикоии Javelin шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, силоҳи нав амнияти артиш ва давлати Украинаро "ба таври назаррас таҳким бахшид". Бино ба иттилои "Украинская правда", вай гуфтааст, мутахассисони украин ба хотири муқобала бо таҷовузкориҳои Русия тақвияти тавонмандии дифоии худро идома хоҳанд дод.

Пештар дар Департаменти давлатии ИМА низ тасдиқ карданд, ки Вашингтон ба Украина маҷмааи зиддитонкии Javelin интиқол додааст.

Масъулони департамент моҳи декабри соли 2017 гуфтанд, ки Вашингтон барои афзоиши нерӯи дифоии Украина ба Киев кумак хоҳад кард. Кремл дар посух ба тасмими ИМА бо хунрезиҳо дар Донбасс таҳдид кард.

Маҷмааи зиддитонкии Javelin ҷамъан 47 миллион доллар арзиш дошта, 210 мушаки зиддитонкӣ ва 35 дастгоҳи партобкунандаро дар бар мегирад.

Украина номгӯи тамоми аслиҳаеро, ки ниёз дорад, ба ҷониби Амрико пешниҳод кардааст. Сухан дар бораи дастгоҳҳои иктишофии ҳавоӣ ва низомҳои зиддитонкиву радиоэлектронӣ меравад.

Вазири умури хориҷии Украина Павел Климкин гуфт, аслиҳае, ки онҳо аз ИМА дарёфт мекунанд, танҳо дар посух ба иғвогариҳои ҷангиён истифода хоҳад шуд, на барои ташаннуҷи авзои Донбасс.

Боздошти зодагони Узбекистон бо гумони омодагӣ ба амали террористӣ дар Шветсия. ВИДЕО

Хадамоти давлатии амнияти Шветсия субҳи 30 апрел дар шимол ва пойтахти ин кишвар шаҳри Стокҳолм амалиёт баргузор кард. Ба иттилои мақомот, дар ин амалиёт се гумонбар боздошт ва чанд тани дигар ба бозпурсӣ бурда шуданд. Мақомоти Шветсия дар мавриди шахсияти боздоштшудаҳо то кунун ба расонаҳо хабар надоданд.

Аммо як манбаи дигар аз мақомоти ин кишвар гуфт, ки боздоштшудаҳо зодагони Узбекистон ҳастанд. "Ин одамон баъди он ки Раҳмат Оқилов даст ба амали террористӣ зад, зери назорати мақомот буданд. Яке аз онҳо бевосита бо Оқилов робита дошт", - гуфт манбаъ. Ба гуфтаи Карл Мелин, сухангӯи Хадамоти давлатии амнияти Шветсия, боздоштшудаҳо муддати тӯлонӣ ба ин амал омодагӣ медиданд.

"Дар додгоҳ дақиқ хоҳад шуд, ки ҷараёни омодагии онҳо дар кадом марҳила қарор дошт", - гуфт Карл Мелин. Дар суҳбат бо телевизиони SVT бародари яке аз боздоштшудаҳо гуфт, ки "бародараш дар Узбекистон мушкил дошт". Намояндагони ҷамъияти ӯзбекҳои Шветсия мегӯянд, яке аз боздоштшудаҳои дигар - зодаи шаҳри Тошканд, баъди он ки дар Узбекистон ӯро таъқиб карданд, дар Шветсия паноҳгоҳ пайдо кард. "Ду тан аз боздоштшудаҳо бародар ҳастанд. Бародари хурдиро баъди бозпурсӣ озод карданд, бародари калонӣ ҳамоно дар боздошт аст. Ба иттилои мо, нафари севум аз ӯзбекҳои шаҳри Ӯши Қирғизистон аст", - хабар доданд аз ҷамъияти ӯзбекҳо. Ёдрас мешавем, 7 апрели соли 2017 Раҳмат Оқилови 40-сола - зодаи Узбекистон - дар Стокҳолм теракт анҷом дод. Дар пайи он теракт панҷ одам кушта, 15 тани дигар маҷруҳ шуданд.

Изи тоҷикистонӣ дар ҳамлаи террористии Стокҳолм
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:14:44 0:00

14 соли зиндон ба собиқ капитани милисаи Конибодом

Додгоҳи вилояти Суғд Умед Аскаров, муовини собиқи сардори ШКД-и шаҳри Конибодомро бо иттиҳоми даст доштан дар муомилоти маводи мухаддир ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Капитан Умед Аскарови 39-сола моҳи апрели соли гузашта дар назди манзили зисташ дар ҳудуди ҷамоати Патари Конибодом боздошт шуд. Замони боздошт ӯ муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом оид ба хизмат буд. Як манбаъ аз додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 1-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, баррасии парвандаи корманди собиқи милиса дар ду зинаи додгоҳӣ бинобар норизоии пайвандонаш як сол тӯл кашид. Пайвандонаш ба даст доштани Умед Аскаров дар хариду фурӯши маводи мухаддир бовар надоранд.

Аммо ба гуфтаи мақомот, Умед Аскаров замоне боздошт шуд, ки мехост беш аз як килограм маводи навъи ҳероинро ба нафаре барои интиқолу фурӯш дар Қирғизистон бидиҳад. Парвандаи ӯ дар додгоҳ бар асоси моддаи 200 қисми 4, “интиқолу фурӯши маводи мухаддир ба миқдори калон” баррасӣ шудааст.

Анвар Аскаров, падари ин корманди собиқи милиса рӯзи 1-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳукми додгоҳ ризо нест ва аз болои он ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят мебарад. Ӯ мутмаин аст, ки писараш қурбонии тӯҳмат шудааст.

Ӯ гуфт: “Ҳамон рӯзи ҳодиса писарам дар хона хоб будааст. Ҳамсарашро мегӯянд, ки ба берун даъваташ кунед. Мебарояд, ки ҳамин ҳодиса мешавад. Дар ҳамон маводи мухаддир на изи ангушташ ҳаст, на чизи дигар. Ба ғайри як шоҳид, дар мурофиаҳо дидам, ки ҳеҷ далеле надоранд. Фақат ба гапи як кас ҳукм доданд. На танҳо ин ҳукмро ноадолатона, балки беасос медонам. Ба ҳамаи ҷо шикоят мекунам, то адолат барқарор шавад”.

Соли гузашта мақомоти Тоҷикистон 4 тонаву 448 килограм маводи мухаддир мусодира кардаанд ва даҳҳо нафар бо иттиҳоми интиқолу фурӯши маводи мухаддир боздошт шудаанд. Дар миёни боздоштшудаҳо дар соли гузашта исми чанд корманди милиса низ зикр шуда буд. Аммо номи Умед Аскаров, муовини собиқи сардори ШКД дар Конибодом пас аз эълони ҳукмаш дастрас шуд. Умед Аскаров соҳиби як фарзанд буда, даҳ сол собиқаи корӣ дар сохторҳои гуногуни мақомоти қудратиро доштааст.

Муфаттиш Мюллер ба Трамп чанд савол дорад

Нашрияи The New York Times гузориш дод, ки мушовири вижа Роберт Мюллер феҳристи саволҳоро дар чаҳорчӯби тафтишоти иттиҳоми марбут ба дахолати Русия ба интихоботи соли 2016 ва мухолифати президент ба ин тафтишот ба ҳуқуқшиносони президент Доналд Трамп додааст. Дар миёни ин саволҳо пурсишҳои зиёд аст ва яке аз онҳо марбут ба он аст, ки то куҷо барканор шудани раҳбари Бюрои федеролии тафтишот Ҷеймс Коми соли гузашта ба таҳқиқоти иртиботи эҳтимолии Трамп бо Русия рабт мегирад. Нашрияи Times менависад, ки муфаттишон мехоҳанд бо худи Трамп ҳам сӯҳбат кунанд ва аз худи ӯ ҳам бипурсанд, ки то куҷо иттиҳоми марбут ба мухолифати ӯ ба тафтишот дуруст аст. Ҳуқуқшиносони Трамп аз шарҳи гузориши нашрия худдорӣ карданд.

Эрон Нетаняҳуро "як дурӯғгӯ" номид

Эрон нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳуро, ки гуфтааст, Эрон як барномаи пинҳонии силоҳи ҳастаиро дар даст дорад, як “дурӯғгӯи маъруф” номид. Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Баҳроми Қосимӣ бо пахши изҳороте рӯзи 1 май гуфт, ки иттиҳоми зидди Теҳрон “беасосу шармандавор” аст. Рӯзи 30 апрел Нетаняҳу дар як барномаи телевизионӣ гуфт, ки Исроил далелҳои наверо ба даст овардааст, ки Эрон барномаи нави силоҳи ҳастаӣ дар даст дорад ва он метавонад ҳама соат ба кор дарояд. Дар ҳоле, ки кишварҳои аврупоӣ дурустии ин санадҳоро эътироф накардаанд, ИМА аз онҳо ҳамчун шаҳодати “дурӯғ” гуфтани Эрон истиқбол кард. Ин иттиҳом дар шароите садо дод, ки ИМА ба тарки созиши ҳастаӣ бо Эрон пофишорӣ дорад. Ин созиш соли 2015 имзо шуда, Эронро аз таҳримҳои иқтисодӣ ҳам озод кардааст. Худи Теҳрон гуфтааст, ки барномаи ҳастаиаш сирф ҳадафҳои сулҳомез дорад.

Арманиҳо барои назорат аз интихобот дар маркази Ереван ҷамъ шуданд

Майдони Ҷумҳурии Ереван, 1 май

Ҳазорҳо сокини Арманистон рӯзи 1 май ба маркази Ереван рехтанд, то ки аз ҷараёни овоздиҳии нахуствазири нави ин кишвар назорат кунанд. Дар ҳамин ҳол раҳбари эътирозгарон Никол Пашинян, ки тарафдори тағйирот дар Арманистон аст, ҳушдор додааст, ки ҳизби ҳоким талош хоҳад кард ба ин ҷараён дахолат кунад. Пашиняни 42-сола танҳо номзади интихоботи нахуствазир аст, ки дар парлумон мегузарад ва то имрӯз ҷонибдории ҳама гурӯҳҳои мухолифин дар парлумон пуштибонии худро аз номзадии ӯ баён кардаанд. Парлумони иборат аз 105 узвро дар Арманистон ҳизби ҳокими Ҷумҳурихоҳ назорат мекунад ва 58 курсӣ азони ин ҳизб аст.

Никол Пашинян зимни суханронӣ дар парлумони Арманистон рӯзи 1 май гуфт:

"Ин бедорӣ як ҳодисаи ногузир ва бебозгашт аст. Баррасиҳои имрӯза сари ин масъала нест, ки чӣ касе ба мақоми нахуствазирӣ интихоб мешавад, балки чӣ касе хушбахтиву эҳсосоти мардумро тақсим мекунад. Ҳар касе, ки тавони эҳсоси ин хушбахтии мардумро надорад, ба мардумаш хиёнат мекунад. Мардум ғалаба кард. Зинда бод озодӣ! Зиҳӣ Арманистон! Зиҳӣ Қаробоҳи Кӯҳӣ!"

Пеш аз овоздиҳӣ Пашинян гуфт, ки нахуствазири собиқ Серж Саркисян дар талоши таъсиррасонӣ ба овоздиҳӣ аст ва агар чунин шуд, ин ҳолат боиси сар задани эътирозҳои бештар мешавад. Саркисян дар паи талаби эътирозгарон ҳафтаи гузашта довталабона аз мақоми раиси ҳукумат канор рафт.

Созишномаҳо бо арзиши 3 миллиард доллар - ҳосили мулоқоти Эрдуғон ва Мирзиёев

Раҳбарони Туркия ва Узбекистон рӯзи 30 апрел зери даҳҳо созишномаи ҳамкориро бо арзиши умумии 3 миллиард доллар имзо карданд. Маросими имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар Тошканд, дар ҷараёни мулоқоти президентони Туркия ва Узбекистон – Раҷаб Таиб Эрдуғон ва Шавкат Мирзиёев баргузор шуд. Созишномаҳои ҳамкорӣ бахши энержӣ, туризм ва нақлиётро дар бар мегиранд.

Эрдуғон то охири рӯзи 1 май дар Узбекистон мешавад ва имрӯз қарор аст аз Бухоро ҳам дидан кунад. Эрдуғон дар ин музокирот ба арзишҳои муштараки Анкара ва Тошканд таъкид кард ва гуфт, ки дар соли 2017 мизони тиҷорат миёни ду кишвар то 1,5 миллиард доллар афзудааст. Рӯзи 1 май ҳарду президент дар форуми соҳибкорони ду кишвар ҳам иштирок карданд.

Бори охир Эрдуғон соли 2016, баъди даргузашти президент Ислом Каримов аз Тошканд дидан карда буд.

Ҳаракати автобусҳо дар байни Тоҷикистону Узбекистон баъди ду ҳафта шурӯъ мешавад

Ҳаракати автобусҳои мусофирбар миёни Тоҷикистону Узбекистон аз 15-уми май шурӯъ мешавад. Дар ин бора рӯзи 1 май ба Радиои Озодӣ мудири ширкати "Азия Экспресс" Султон Камолов хабар дод. Ба гуфтаи вай, ҷониби Тоҷикистон барои азсаргирии ҳаракати автобусҳо комилан омода аст, вале интизори марҳилаи охирини музокирот бо ҷониби Узбекистон мебошад. "Дар мулоқот бо ҷониби Узбекистон бояд нархи сафар тавассути автобусҳо муайян карда шавад. Дар марҳилаи аввал ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои Хуҷанду Тошканд ва Панҷакенту Самарқанд оғоз меёбад. Сипас, ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои дигари ду кишвар низ шурӯъ мешавад", - гуфт Султон Камолов.

Дар ҳамин ҳол Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки мутахассисони ду кишвар масирҳои ҳаракати автобусҳоро баррасӣ карда, "баъзе аз мушкилоти дар ин роҳҳоро таъкид карданд. Аз ҷумла, дастур шуд, ки бояд барои мусофирони ҳар ду кишвар маълумотҳои бештари иттиллотӣ дар ҷодаҳо ва нуқтаҳои гузаргоҳҳои марзӣ насб карда шаванд. Фикр мекунам, бо омода шудани шароити сафар дар як масир ҳаракати автобусҳо шурӯъ шуда, сипас ба тадриҷ ҳаракати автобусҳо дар масирҳои дигар низ роҳандозӣ мешавад".

Қаблан мақомоти ду кишвар дар бораи ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои Душанбе-Термиз, Бохтар-Деҳнав, аз Панҷакенти Тоҷикистон ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, аз Хуҷанд ба Тошканд ва аз Конибодом ба шаҳрҳои водии Фарғонаи Узбекистон тавофуқ карда буданд. Аз ҷониби Тоҷикистон ширкати "Азия Экспресс" масъули интиқоли мусофирон шуда, ин ширкат бад ин манзур аз Узбекистон чанд адад автобусҳои нав харидорӣ кардааст.

Эрон омодааст, гази Туркманистонро ба Покистон интиқол диҳад

Ҳомид Ризо Аракӣ, муовини вазири энержии Эрон гуфт, кишвараш омодааст, ки гази Туркманистонро ба Покистон бирасонад. Дар ин бора расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд. Ин мансабдори эронӣ гуфт, ба амалишавии лоиҳаи TAPI (Туркманистон, Афғонистон, Покистон, Ҳинд) шубҳа дорад. Бар асоси лоиҳаи мазкур, сохтмони лӯлаи газ дар назар аст, ки бояд гази Туркманистонро тавассути Афғонистон ба Покистону Ҳинд бирасонад.

"Эрон метавонад дар минтақа бо ҳамаи лоиҳаҳои интиқоли газ ҳамкорӣ кунад", - гуфт Ҳомид Ризо.

Сохтмони лӯлаи гази TAPI дар қисмати Туркманистон моҳи декабри соли 2015 шуруъ шуда буд. TAPI Pipeline Company Limited - ширкате, ки ба сохтмони лӯлаи газ машғул аст - тасмим дорад, ибтидои соли 2020 гази Туркманистонро ба Ҳинд бирасонад. Тариқи ин лӯла, ки 1,814 километр тӯл ва 10 миллиард доллар харҷи сохтмон дорад, интизор меравад, ҳамасола то 33 миллиард мукааб газ интиқол дода шавад.

23 феврали соли ҷорӣ роҳбарони кишварҳои узви лоиҳа дар қисмати Афғонистон ба сохтмони лӯла ҳусни оғоз бахшиданд. 23 апрел Узбекистон гуфт, омода аст, дар лоиҳаи TAPI саҳм бигзорад.

Ф.Ҳакимов: Владимир Юматов дили тоҷикӣ дошт

Акси марҳум В.Юматов аз саҳифаи фейсбукии ӯ гирифта шудааст

Хабари марги Владимир Юматов, мусиқишинос ва коргардони овоз ҳунармандону дӯстони ӯро ҳайратзада кард. Мусиқидон ва оҳангсози маъруф рӯзи 30 апрел дар як бемористони Душанбе дар синни 44-солагӣ даргузашт. Ин мусиқинавозу оҳангсоз, ба гуфтаи дӯстонаш, як соли охир аз бемории шуш ранҷ мебурд.

Дӯстону наздиконаш аз ӯ ҳамчун як инсони самимӣ ва коргардони ҳирфаӣ ном мебаранд. Фейруз Ҳакимов, оҳангсози мусиқии замонавӣ ва дӯсти наздики Владимир Юматов мегӯяд, қарор буд рӯзи 4-уми май шоми эҷодии Владимир Юматов баргузор гардад. Ӯ рӯзи 30-юми апрел ба Радио Озодӣ гуфт: "Ҳарчанд тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳамдигар менавиштем, вале мутаассифона вақтҳои охир натавонистам бо ӯ бошам. Ҳарду серкор будем, аммо аз ҳоли ҳамдигар мепурсидем. Бовар кунед, касе интизор надошт, ки чунин мешавад. Ду рӯз қабл ӯро дубора дар беморхона бистарӣ карданд ва имрӯз хабар ёфтем, ки ӯ даргузаштаст".

Ба гуфтаи Фейруз Ҳакимов, Владимир Юматов дар коркарди садо тариқи компютер ё аранжировка ҳунари тавоно дошт ва тозагиҳои зиёде дар мусиқии тоҷик ба миён овардааст. Ҳамчунин, аз ҷиҳати техникӣ студияҳои овозиро таъмин мекард. Ӯ мегӯяд, Владимир бештар болои худаш кор мекард, меомӯхт. Оҳанги "Садои борон" дар иҷрои Садриддин Наҷмиддин нахустин суруд бо истифода аз коркарди садои компютерӣ будааст, ки баъдан ин навъи оҳанг дар суруди "Боронак"-и гуруҳи "Фарзин" ҳам истифода шудааст.

Фейруз Ҳакимов мегӯяд, ҳарчанд Юматов тоҷик набуд, вале рӯҳан як тоҷики ҳақиқӣ буд." Ӯ кушиш мекард, ки забони тоҷикиро омӯзад, бо забони тоҷикӣ мусиқӣ эҷод кунад. Аз ин хотир дар Тоҷикистон монд. Вай ватандӯсти воқеӣ буд", - мегӯяд Фейруз Ҳакимов.

Ӯ баъди маргаш аз худ ду фарзанд - як писару як духтар боқӣ гузошт.

Помпео: "Трамп дар робита Эрон стратегия дорад"

Майк Помпео ва Бенямин Нетаняҳу

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео ба думболи тасдиқи номзадиаш дар Сенат озими Ховари Миёна шуд.

Як ҳадафи аслии сафари ӯ - муқовимат ба таҳдидҳои Эрон гуфта мешавад. Ба гуфтаи Помпео, презденти ИМА Доналд Трамп дар робита ба Эрон "барномаи густардаи амал" дорад, ки ҳадафаш муқовимат ба ҳамагуна таҳдидҳои Теҳрон аст. Помпео дар ин бора рӯзи 29-уми апрел ҳангоми сафараш ба Исроил сӯҳбат кард.

Пеш аз ворид шудан ба Исроил, Помпео дидору гуфтугӯеро бо Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ва валиаҳди бонуфуз Маҳаммад бин Салмон дар Риёз анҷом дод. Ӯ Теҳронро ба пуштибонӣ аз режими Асад, ҳусиҳои Яман ва гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам кард.Ба гуфтаи Котиби давлатӣ, ин амалҳо эътидоли минтақаро баҳам мезананд.

Қаблан Майк Помпео гуфт, ки Амрико эҳтимоли берун шудан аз "созиши ҳастаӣ" бо Эронро баррасӣ мекунад. Эрон ҳам ба Вашингтон ҳушдор додааст, ки дар сурати берун шудани ИМА аз созиши ҳастаӣ, Теҳрон аз қарордоди ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ хориҷ мешавад.

Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ рӯзи душанбе Амрико ва Саудиро шадидан интиқод кард ва гуфт, ки Вашингтон Риёзро ба амалҳои таҷовузкорона бар зидди Теҳрон "таҳрик" медиҳад ва бӯҳронро дар минтақа амиқтар мекунад.

Соҷид Ҷовид вазири умури дохилии Британия таъин шуд

Соҷид Ҷовид - вазири нави умури дохилии Британия

Соҷид Ҷовид вазири нави умури дохилии Британия таъин шуд. Дар ин бора хабаргузориҳои байналмилалӣ рӯзи душанбе гузориш доданд. Ҷовид дар ин мақом вазири пешин Эмбер Раддро иваз кард.

Истеъфои Радд рӯзи гузашта маълум шуд. Матбуоти Британия истеъфои вазири пешинро ба ҷанҷол дар атрофи сиёсати муҳоҷирати Вазорати умури дохилӣ марбут медонад. Матбуот санади Вазорати дохилиро дарёфт кард, ки дар он депортатсияи ҳадафмандонаи "насли Уиндраш" зикр шуда буд.

Нашрияи The Guardian менависад, аз рӯи ин барнома муҳоҷиронро аз дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ маҳрум мекарданд, дар сурати надоштани санади иқомати доимӣ онҳоро бо депортатсия таҳдид мекарданд ва барқасдона "фазои душманӣ эҷод мекарданд.

Радд дар оғоз мавҷудияти чунин барномаро такзиб кард, аммо баъдан эътироф намуд, ки ин барнома вуҷуд дорад ва барои гумроҳ кардани ҷомеъа маъзарат хост.

"Насли Уиндраш" - зодагони Афрриқо ва Ҷазираҳои Кариб мебошанд. Онҳо баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон барои ҳалли камбуди нерӯи корӣ ба Британия даъват шуданд ва ҳақи иқомат пайдо карданд. Соли 2012 бинобар шадид шудани қонунгузорӣ бисёри онҳо муҳоҷирони ғариқонунӣ эътироф шуданд.

Ҳамлаи мушакӣ 26 ҷангии тарафдори ҳукумати Сурияро қурбон кард

Нерӯҳои ҳукумати Сурия дар Ҳалаб (акс аз бойгонӣ)

Матбуоти давлати Сурия мегӯяд, ки ҳамлаи мушакӣ ба қисмати шимолу шарқи кишвар, дастикам 26 ҷангии тарафдори ҳукумат, асосан эрониҳоро кушта бар ҷой гузошт.

Хабаргузории давлатии Сурия -Sana рӯзи 30 апрел бо такя ба як манбаи низомӣ гуфт, ки мавқеи нерӯҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Ҳома ва Ҳалаб мавриди "ҳамлаи хасмонаи мушакӣ" қарор гирифт.

Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башар, мақари он дар Лондон мегӯяд, ки ин ҳамларо зоҳиран Исроил анҷом дод ва захирагоҳи мушакҳои "замин ба замин" дар пойгоҳи шимоли Сурия, маълум бо номи Бригадаи 47, ҳадаф қарор гирифт. Ин гурӯҳ гуфт, ки чаҳор нафари кушташудаҳо суриягӣ буданд.

Дар тӯли ҷанги ҳафтсолаи шаҳрвандии Сурия, ҳукумати Теҳрон ҳазорҳо ҷангиро барои пуштибонӣ аз президент Башор Асад ба ин кишвар интиқол додааст.

Панҷ хабари дурӯғ дар бораи бомгузорӣ дар Қирғизистон

Акси тасвирӣ

Дар Қирғизистон аз ибтидои сол дар бораи бомбгузорӣ панҷ дафъа хабари дурӯғ расидааст. Се хабар дар як ҳафтаи охир ворид шуд. Дар ин бора Бакит Саидов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод.

Шаби 29 апрел як одами ношинос ба пулис хабар дод, ки истгоҳи роҳи оҳани "Бишкек 2" бомбгузорӣ шудааст. Мутахассисон бино ва атрофи онро ҷустуҷӯ карданд, вале бомба ёфт нашуд.

Пештар аз ин - рӯзи 27 апрел - як нафари дигар дар бораи бомбгузорӣ дар маркази тиҷоратии "Бишкек Парк" хабар дод, аммо он хабар низ тасдиқ нашуд. Рӯзи 26 апрел мақомоти пулис баъди дарёфти хабар дар бораи бомбгузорӣ шудани Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ одамонро аз бинои он берун оварданд.

Қонунгузории Қирғизистон, барои "террористҳо"-и телефонӣ ҳам ҷарима ва ҳам то 8 сол зиндонро пешнбинӣ мекунад.

Дар Тошканд музокироти президентҳои Туркия ва Узбекистон ҷараён дорад

акс аз вебсайти http://president.uz

Дар шаҳри Тошканд субҳи 30 апрел музокироти президентҳои Узбекистон ва Туркия – Шавкат Мирзиёев ва Раҷаб Таиб Эрдуғон шурӯъ шуд. Раҳбари Туркия шоми 29 апрел барои анҷоми як сафари давлатӣ вориди Тошканд шуд. Ин нахустин сафари Эрдуғон ба Тошканд баъди сари қудрат омадани Мирзиёев дар Узбекистон аст. Сомонаи президенти Узбекистон менависад, ки мулоқоти расмии ду президент дар қароргоҳи Кӯксарой баргузор шуда, қабл аз музокироти густардаи ҳайатҳо ду президент танҳо ба танҳо сӯҳбат карданд. Масоили марбут ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор доранд. Вазорати умури хориҷии Узбекистон баррасии масоили минтақавиро аз ҳадафҳои дигари нишаст номбар кард.

Дар ҷараёни сафаре, ки то 1 май идома мекунад, қарор аст Эрдуғон дар парлумони Узбекистон суханронӣ ва бо Мирзиёев дар форуми соҳибкорони ду кишвар иштирок кунад. Радиои Озодлик, бахши узбекии Радиои Озодӣ, дар остонаи ин сафар аз қавли соҳибкорони турк навишта буд, ки мақомоти Узбекистон барои тавсеаи муҳити сармоягузории кишвар монеаҳои сунъӣ эҷод мекунанд.

Шоми 29 апрел, дар остонаи парвоз ба Тошканд, Эрдуғон дар як нишасти мухтасари матбуотӣ изҳори умед кард, ки ду кишвар метавонанд имкониятҳои аздастдодаи ҳамкориро барқарор кунанд. Эрдуғон гуфтааст, ки қарор аст дар маросими ифтитоҳи марказҳои таҳқиқотии ба номи имом Ал-Бухорӣ ва имом Матуридӣ иштирок кунад. Рӯзи 1 май сафари ӯ ба Бухоро ҳам дар назар гирифта шудааст.

Эрдуғонро дар сафар ба Тошканд ҳамсараш ҳамроҳӣ мекунад.

Никол Пашинян расман ба мақоми сарвазири Арманистон пешбарӣ шуд

Раҳбари эътирозҳои Арманистон Никол Пашинян

Номзадии раҳбари эътирозгарони Арманистон ва раиси ҷиноҳи порлумонии "Елк" Никол Пашинян расман ба мақоми сарвазирӣ пешниҳод шуд.

Қарор аст, Маҷлиси миллии Арманистон рӯзи 1 май дар як ҷаласаи вижа сарвазири нави ин кишварро интихоб кунад. Баъд аз ислоҳоти ахири конститутсионӣ сарвазири Арманистонро порлумон интихоб мекунад, ки назар ба президент дар умури идорӣ салоҳияти бештар дорад.

Дар Арманистон шахсе сарвазир мешавад, ки 53 вакили порлумон ба ҷонибдории ӯ раъй диҳанд. Ҳизби мухолифи "Елк" дар порлумони Арманистон танҳо 9 намоянда дошта, бештари курсиҳоро Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ ишғол кардаанд.

Рӯзи гузашта дар Ереван намоиши густардаи эътирозӣ баргузор шуд. Никол Пашинян қабл аз гирдиҳамоӣ бо раҳбари ҷиноҳи ҳизби ҳоким Ваграм Багдасарян мулоқот кард. Ҷумҳурихоҳони Арманистон баъди эътирозҳои сартосарӣ аз пешниҳоди номзади худ ба мақоми сарвазир худдорӣ карданд. Багдасарян гуфтааст, ки ҳизби ӯ ба интихоби "намояндаи мардумӣ" мухолифат нишон намедиҳад. Пашинян аз тарафдоронаш даъват кард, рӯзи 1 май соати 8-и саҳар, замоне, ки порлумон номзадии нахустивазирро баррасӣ мекунад, ба майдон бароянд.

Эътирозҳои Арманистон беш аз ду ҳафта идома доранд. Дар пайи эътирозҳо сарвазири тозаинтихоб Серж Саргсян, ки ҳашт рӯз баъди тамом шудани муҳлати президентиаш нахуствазир шуд, иҷборан истеъфо дод.

ВАО: Олигархҳои рус миллиардҳоро дар оффшор нигаҳ медоранд

Акси тасвирӣ

Шаҳрвандони сарватманди Русия 47 миллиард долларро дар қаламравҳои хориҷии Британия нигаҳ медоранд. Британия баъди Қибрис дуюмин кишвари маъруф дар самти сармоягузории оффшории Русия аст,- навиштааст нашрияи The Sunday Times рӯзи гузашта бо такя ба маълумоти созмони ғайридавлатии Global Witness.

Интизор меравад, ки ҳафтаи оянда порлумони Британия маълумот дар бораи моликони аслии дороиҳои оффшориро ошкор кунад. Намояндагони мардумӣ тарҳи қонунеро омода кардаанд, ки маъмурияти қаламравҳои хориҷиро ба ошкор кардани афроде муваззаф мекунад, ки дар шустушӯи "пулҳои чиркин" даст доранд.

Нахуствазири Британия Тереза Мэй қавл дод, ки дар вокуниш ба қасди куштори Сергей Скрипал - ҷосуси пешини Идораи истихбороти Русия, авоили моҳи март, дороиҳои сармоягузорони русро масдуд мекунад. Ба гуфти Мэй, дар Британия барои нафарони марбут ба ин ҷиноят ва пулҳои онҳо ҷой нест.

Таҳлилгарони созмони Global Witness мегӯянд, ки бахши умдаи "пулҳои Русия" дар ҷазираҳои Виргинияи Британия нигаҳдорӣ мешаванд.

БОР барои бозсозии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар $90 млн дод

Акс аз Бонки Осиёии Рушд аст

Бонки Осиёи Рушд барои бозсозии роҳи Душанбе-Бохтар 90 миллион доллар маблағ дод. Ба иттилои дафтари матбуоти Бонки Осиёи Рушд, созишномаи грантии 9-миллиондоллариро субҳи имрӯз, 30-уми апрел Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия ва Прадип Сривастава, роҳбари дафтари Бонки Осиёи Рушд дар Тоҷикистон имзо карданд.

90 миллион доллар маблағе, ки аз Фонди рушди Бонки Осиёи Рушд ҷудо шудааст барои бозсозии 40 километр роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар сарф хоҳад шуд. Роҳи Душанбе-Бохтар, ки аз шоҳроҳҳои муҳими Тоҷикистон ба шумор меравад, ки марказ ва ҷануби кишваро ба ҳам мепайванда ва ҳар рӯз ба ҳисоби миёна дар ин роҳ 10 ҳазор мошин равуо мекунанд.

Қарор аст бо харҷи ин маблағҳо паҳноии роҳи мазкур аз ду хат то чор хати васеъ шуда, қабати болоии он аз нав мумфарш гардад. Бонки Осиёи Рушд 20 сол боз бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва дар ин муддат ба кишвар 1 миллиарду 600 миллион долларро дар шакли грант ва ё қарз ҷудо кардааст.

Ду духтар ҳини гирифтани "селфӣ" дар Сурхоб ғарқ шуданд

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар доданд, ки ҷасади ду ҷавондухтарро аз дарёи Сурхоб пайдо кардаанд. Ин ду духтари ҷавон пас аз он ба дарё афтиданд, ки яке аз онҳо мехостааст дар пасманзари дарёи Сурхоб “селфи” гирад.

Аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодисаи ба дарё афтидани ду ҷавондухтари 19 ва 15 сола шоми 28 апрел рух дод. Ба қавли манбаъ, ҷавондухтари 19-сола сокини шаҳри Душанбе буда, барои дидорбинӣ ба назди пайвандонаш ба ноҳияи Рашт рафтааст.

Ин ҷавондухтар, ки мақомот номашро ошкор накарданд, мехостааст ҳангоми бозгашт “дар мавзеъи шӯхоб, дар манзараи туғёни мавҷи хурӯшони рӯди Сурхоб расм гирад ва пояш лағжидаву мувозинаташро гум кардааст. Духтари 15-сола аз ҷумлаи хешовандони вай, ки мехост кӯмакаш кунад, низ ҳамроҳ бо вай ба дарё рафт.”

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯянд, баъд аз як рӯзи ба дарё афтидани ин ду ҷавондухтар ҷасади онҳо рӯзи 29 апрел пайдо шуда, ба мақомоти милитсияи ноҳия супурда шуданд.

Ин нахустин ҳодисаи ғарқ шудани духтарони ҷавон дар пайи аксгирӣ ё “селфи” нест. Моҳи апрели соли гузашта Нишона Умарова низ дар пайи “селфи” ба дарёи Вахш афтида, ҳалок шуд. Давоми як сол то ҳол ҷасади ӯ пайдо нашудааст

Дар зимн Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, аз сокинони кишвар ва меҳмонон тақозо кардааст, ки “дар соҳили рӯдхонаҳо, ҳавзу каналҳо чораҳои амниятиро риоя кунанд, аз аксбардорӣ дар қитъаҳои хатарноки кӯҳӣ ва дарёҳои тезоб худдорӣ намоянд.”

Мақомот пулситонии "Скорий"-ро ошкор карданд

Як санҷиши мақомот дар "Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ" маъруф ба "Скорий" нишон додааст, ки масъулини ин марказ ҳуқуқи истеъмолкунандаҳоро поймол карда, аз 361 бемор барои ташхиси фаросавтӣ 2166 сомонӣ маблағ ба даст оварданд.

Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон дар пайи як санҷиш дар «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» пулситонии масъулини ин ниҳодро ошкор кардааст. Як манбаъ аз ин хадамот рӯзи 30-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масъулони ин марказ барои ташхиси фаросавтӣ барои муайян кардани бемории курруда (аппендицит) аз ҳар як бемор маблағи 6 сомонӣ гирифтааст.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, “дар номгўи хизматрасониҳои “Ташхиси фаросавтӣ” нархномаи аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 1 апрели соли 2014 тасдиқ ва мувофиқагардида, чунин номгўи хизматрасонӣ “ташхиси фаросавтӣ барои муайян намудани бемории курруда (аппендицит)” пешбинӣ нагардидааст”.

Санҷиши масъулини хадамоти зиддиинҳисори муълум кардааст, ки аз ҳисоби чунин ташхис аз ҷониби масъулини (хазинадорони) марказ дар давраи солҳои 2016-2017 ва то 20 апрели соли 2018 аз 361 нафар беморон ба маблағи 2166 сомонӣ гирифта шуда, ба хазина ворид карда шудааст. Солона дар Тоҷикистон садҳо нафар бо ин беморӣ ҷарроҳӣ мешаванд.

Москва ба домоди Назарбоев иҷозат дод, бандари Балтикро харидорӣ кунад

Тимур Кулибоев.

Комисияи ҳукуматии Русия дар умури сармоягузории хориҷиҳо ба бахши иқтисодӣ иҷозат дод, ки тоҷири қазоқ Тимур Қулибоев, домоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, бандари Висотскро дар соҳили Виборги баҳри Балтик харидорӣ кунад. Дар ин бора роҳбари Хадамоти федеролии зиддимонополии Русия Игор Артемев хабар дод.

Артемев гуфт, Қулибоев назорати бандари Висотскро дар 90-километрии шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба даст овард. Арзиши ин доду ситад дақиқ нест. "Ин мисли идомаи ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди гумрукист ва намояндаи Қазоқистон чунин амволи ҷиддиро дар Балтик харидорӣ мекунад, ки хурсандиовар аст", - гуфт Игор Артемев.

Маҷаллаи амрикоии Forbes дороии Тимур Қулибоевро 3,2 миллиард доллар баҳо медиҳад. Маҷмуи дороии Қулибоев бо ҳамсараш Динора Қулибоева, ба навиштаи Forbes, аз марзи 6,4 миллиард доллар убур мекунад.

Маргталабе 6 нафарро дар Ҳилманд кушт

Ҳилманд яке аз вилоятҳои ноороми Афғонистон аст.

Як бомбгузори маргталаб рӯзи 28-уми апрел як мусофирбари хурдеро дар вилояти Ҳилманди Афғонистон ҳадаф гирифта ва 6 нафарро куштааст. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар байни қурбониён чаҳор ғайринизомӣ ва ду сарбоз ҳастанд.

Панҷ нафари дигар дар ин ҳамла дар ноҳияи Нодалӣ маҷрӯҳ шудаанд. Касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, аммо Толибон рӯзи 25-уми апрел гуфтанд, ки амалиётҳои баҳориашонро шурӯъ мекунанд.

Дар он тараф дар Покистон як марди мусаллаҳ чаҳор нафарро дар вилояти Вазиристони ҷанубӣ дар марз бо Афғонистон куштааст. Ба гуфтаи мақомот, се нафари онҳо сайёҳ ва як нафарашон ронанда будаанд. Дар манотиқи ноором дар марзи Покистону Афғонистон тундравони исломӣ паноҳ мебаранд.

Сафари Усқуфи аъзами Русия ба Албанияи мусулмоннишин

Усқуфи аъзами Русия. Акс аз бойгонӣ

Усқуфи аъзами Русия Кирил рӯзи 28-уми апрел нахустин бор ба Албанияи мусулмоннишин сафар кард. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Модар Тереза дар шаҳри Тирана, пешвои масеҳиёни православи Албания Анастасиос пешвоз гирифт.

Пешвои масеҳиёни Албания, сафари Усқуфи аъзами Русияро “таърихӣ ва дорои аҳамияти чашмгир” номид. Усқуфи аъзам дар ҷараёни сафари серӯза бо Илир Мита ва Эди Рама, раиси ҷумҳур ва нахуствазири Албания мулоқот мекунад.

Аксари мардуми 3 миллионнафарии ин кишвар мусулмон ҳастанд, вале айни замон онҷо масеҳиёни православ ва католик зиндагӣ мекунанд. Бар асоси нуфусшумории соли 2011 ҳафт дар сади аҳолии Албания масеҳиёни православ будаанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Марги шубҳабарангеҳи сарбози 20-сола дар Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:16 0:00
XS
SM
MD
LG