Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Таъсиси омӯзишгоҳи зидди сӯхтор дар Данғара

Донишгоҳи давлатии Данғара

Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, омӯзишгоҳи нави оташнишонӣ таъсис хоҳад ёфт. Дар як қарори ҳукумати Тоҷикистон аз аввали моҳи март ба Вазорати маорифу умури дохилӣ ва Кумитаи сармоягузорӣ дастур шудааст, ки ҳарчи зудтар масъалаи ташкили ин муассисаи нави таълимиро ҳал кунанд.

Дар қарор бо имзои Эмомалӣ Раҳмон гуфта шудааст, ки аз моҳи сентябри соли 2018 барои таҳсил дар ин омӯзишгоҳ довталабонро қабул мекунанд. Мақомоти Вазорати маориф ва Вазорати корҳои дохилӣ муваззаф шудаанд, ки дар ин замина низ “чораҳои таъхирнопазир” биандешанд.

Ноҳияи Данғара соли 2016 соҳиби Донишгоҳи давлатӣ ва пас аз чанде соҳиби Донишгоҳи давлатии тиббӣ шуд. Он замон дар фармони махсуси раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфта шуда буд, ки Донишгоҳи давлатии тиббӣ ба хотири рафъи норасоии пизишкон дар вилояти Хатлон таъсис дода шудааст.

То ба ҳол мақомоти расмӣ сабаби таъсиси омӯзишгоҳи оташнишонӣ дар ноҳияи Данғараро шарҳ надодаанд. Аммо аз Вазорати молия хоста шудааст, ки маблағи нигаҳдории ин муассисаро аз буҷети Идораи оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъмин кунанд.

Тулеев истеъфо дод, Сергей Тсивилев - раиси нави Кемерово

Аман Тулеев

Аман Тулеев – раиси вилояти Кемеровои Русия – пас аз тақрибан як ҳафтаи сӯхтор дар маркази тиҷоратии "Зимняя вишня", ки ҷони 64 нафар, аз ҷумла даҳҳо наврасро рабуд, истеъфо дод. Ӯ гуфт, ки "бо хоҳиши худ" аз кор рафт.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 1-уми апрел дархости истеъфои Тулеевро пазируфт. Сергей Тсивилев раиси нави вилояти Кемерово таъйин шудааст.

Аман Тулеев ҳангоми эълони истеъфояш дар як навори видео бори дигар аз ҳалокати даҳҳо нафар дар сӯхтори рӯзи 25-уми март дар Кемерово ибрози таассуф карда, ба наздикони онҳо ҳамдарӣ баён намудааст. “Ман тамоми кореро, ки метавонистам, кардам. Бо хонаводаи қурбониён вохӯрда, кӯшиш намудам, масъалаи ёрӣ ба онҳоро ҳал кунам. Бори дигар изҳори ҳамдардии амиқ баён мекунам”, - гуфт ӯ.

Тулееви 73-сола аз соли 1997 боз ҳокими Кемеровост. Ӯву зердастонаш пас аз сӯхтори маргбор мавриди интиқоди шадиди ҷомеа қарор гирифтанд. Аман Тулеев дар муроҷиати видеоӣ гуфтааст, истеъфои ӯ ягона роҳи ҳалли дуруст ва андешидашуда буд.

Сӯхтори рӯзи 25-уми март дар маркази тиҷоратии “Зимняя вишня” дар Кемерово 64 нафар, аз ҷумла 41 кӯдакро кушта ба ҷо гузошт. Инчунин, мақомот гуфтанд, дар ин ҳодиса беш аз ҳафтод нафар маҷруҳ шудааст.

Боздошти 6 “пайрав”-и Гулен. Баҳси Эрдуғон бо нахуствазири Косово

Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Боздошт ва ихроҷи шаш шаҳрванди Туркия дар Косово баҳси гармеро миёни раҳбарияти ду кишвар ба по кард. Рамуш Ҳарадинай, нахуствазири Косово, гуфт, ки аз амалиёти боздошт ва ихроҷи шаш шаҳрванди Туркия дар кишвараш огоҳ набуд ва ба ин хотир вазири умури дохилӣ ва раиси амниятро аз кор ронд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, Ҳарадинайро барои чунин бархӯрдаш танқид кард. Вай рӯзи 31-уми март гуфт, ихроҷи шаш нафар дар иртибот бо мактаби ҷунбиши Фатҳуллоҳ Гулен сурат гирифта буд.

Эрдуғон гуфт, ба хотири барканории вазири умури дохилӣ ва раиси амнияти Косово ғамгин шудааст ва афзуд, “нахуствазири Косово баҳои ин иқдоми худро хоҳад пардохт”.

“Суоли ман ба нахуствазири Косово ин аст: бо дастури кӣ чунин тасмимро гирифтед? Аз кай боз онҳоеро ҳимоят мекунед, ки қасди табаддулоти давлатӣ дар Туркияро доштанд? Мо дувумин кишваре будем, ки Косоворо ба расмият шинохтем. Амрико якумин кишвар буд. Мо дувумин будем. Магар инро намедонед? Чӣ гуна метавонед аз одамоне ҳимоят кунед, ки кӯшиши табаддулоти давлатӣ алайҳи Туркия – кишвари дӯсти Косоворо доштанд. Ҷавоби инро хоҳед дод!” - гуфтааст раиси ҷумҳури Туркия.

Қаблан Дидбони ҳуқуқи башар аз мақомҳои Косово ба хотири боздошт ва ихроҷи шаш шаҳрванди Туркия интиқод карда буд

Анкара иддао дорад, ки Фатҳуллоҳ Гулен, руҳонии турки муқими Амрико, дар табаддулоти нофарҷоми соли 2016 дар Туркия даст дорад. Аммо Гулен ин иддаоро рад кардааст.

Мухолифони Алиев хостори озодии зиндониҳои сиёсӣ шуданд

Илҳом Алиев

Мухолифони ҳукумати Озарбойҷон дар як гирдиҳамоии эътирозӣ аз мақомот хостанд, ки зиндониҳои сиёсиро озод кунанд. Ин гирдиҳамоӣ рӯзи 31-уми март аз тарафи гурӯҳи “Мусовот” ва Шӯрои миллии нирӯҳои демократии Озарбойҷон дар Боку баргузор шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентии Озарбойҷон камтар аз ду ҳафтаи дигар мондааст.

Тахмин зада мешавад, ки Илҳом Алиев, президенти феълӣ барои ҳафт соли дигар раёсати ҷумҳури Озарбойҷонро бар уҳда хоҳад гирифт.

Русия аз Бритониё хост, ки 50 дипломаташро ихтисор кунад

Парчами Русия

Русия аз Бритониё хостааст, ки 50 корманди намояндагии дипломатиаш дар Маскавро ихтисор кунад. Дар ин бора рӯзи 31-уми март Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия хабар дод.

Як рӯз пеш Русия эълон кард, ки дар як иқдоми ҷавобӣ дипломатҳои 23 кишварро аз қаламраваш берун хоҳад кард.

Тақрибан 150 намояндаи дипломатии 23 кишвари асосан аврупоӣ, аз ҷумла Олмону Испания, Ҳолланд ва Фаронса, муваззаф шудаанд, то 7-уми апрели имсол ҳудуди Русияро тарк кунанд. Қаблан ин кишварҳо дар ҳамраъйӣ бо Бритониё дипломатҳои Русияро аз қаламрави худ ихроҷ карда буданд.

Баъди онки Русия аз посухгӯӣ ба суолҳои вобаста ба заҳролудшавии ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал дар Бритониё сар печид, кишварҳои хориҷӣ тақрибан 150 дипломати ин кишварро берун карданд. Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар оғози моҳи марти имсол бо истифода аз гази фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шуданд.

Лондон ин қазияро кори дасти Кремл номид. Аммо Маскав пайваста ин иттиҳомро рад намудааст.

Малола ба ҷое рафт, ки 6 сол пеш ҳадафи Толибон қарор гирифт

Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай – барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел – бори нахуст пас аз шаш соли захмӣ шудан дар ҳамлаи Толибон аз зодгоҳаш дар Покистон дидан кард.

Ин духтари 20-солаи покистонӣ рӯзи 31-уми март тавассути чархбол ба минтақаи Мингораи Свот рафт. Ҷое, ки дар 15-солагӣ ҳадафи ҳамлаи Толибон қарор гирифта, аз сараш захм бардоштааст.

Бар асоси гузориши “Ассошиайтед Пресс”, қарор аст, Юсуфзай бо наздикон ва дӯстонаш дидор кунад.

Ин барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел як рӯз қабл дар суҳбат бо хабарнигори “Ройтерс” гуфт, “ман Покистон, Свот ва дӯстонамро ёд кардам. Билохира ба инҷо омадам ва бо баъзе дӯстон ва аъзои хонаводаам дидор мекунам. Ҳеч чизро дар инҷо фаромӯш карда наметавонам. Аз дарёҳо гирифта то куҳҳо, кӯчаҳои ифлос, хокрӯбаи гирди хонаамон, дӯстонам, ғайбатҳо ва суҳбатҳое, ки бо дӯстони худ доштем ва дар мавриди зиндагӣ дар мактаб гап мезадем. Ва чӣ гуна бо ҳамсоягони худ баҳс мекардем. Ба назарам, ҳамаро ёд кардам.”

Малола Юсуфзай ду рӯз қабл вориди Покистон шуд ва бо Шоҳид Ҳоқон Аббосӣ, нахуствазири ин кишвар мулоқот кард.

Ӯ пас аз онки дар ҳамлаи Толибон захм бардошт, барои табобат ба Бритониё интиқол ёфт ва дар онҷо зиндагӣ мекунад. Малола Юсуфзай ба хотири таблиғи таҳсили духтарон ҳадафи ҳамлаи Толибон қарор гирифта буд.

Отамбоев: “Ҳадафи бозгашти ман ба сиёсат интихоботи 2020 аст”

Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев – президенти собиқи Қирғизистон – раиси ҳизби сотсиал-демократи он кишвар интихоб шуд. Анҷумани ҳизб рӯзи 31-марти имсол дар шаҳри Бишкек баргузор гардид.

“Ҳадафи бозгашти ман омода кардани ҳизб ба интихоботи порлумонии соли 2020 аст”, - гуфт Отамбоев дар суҳбат бо хабарнигорон.

Дар мавриди онки оё ҲСД “ҳизби инқилобӣ” хоҳад шуд, Алмосбек Отамбоев гуфт, “Худо инқилобро нишон надиҳад. Фикр мекунам, ончи то ҳоло буд, кофист. Ва ҳадафи ҳизби сотсиал-демократ ба нахуствазирӣ расондани Отамбоев ҳам нест. Нахуствазири кунунӣ хуб кор мекунад. Ҷавону пурэнержӣ аст. Баъзан иштибоҳ мекунад, вале кор мекунад.”

Раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон дар идома гуфт, ҳадафаш ҳеч вақт бозгашт ба ҳукумат набуду нест. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи худаш, қаблан ин имконро дошт, ки қудратро дар панҷаҳояш нигоҳ бидорад. Ӯ гуфт, ҳатто пешниҳод карда буданд, ки бо ислоҳи Қонуни асосӣ ду дафъа раиси ҷумҳур бимонад.

“Аммо фикр мекунам, ин кор на ба Отамбоев ва на ба кишвар даркор нест. Мо бояд кишвари воқеан демократӣ бошем”, - афзуд ӯ.

Алмосбек Отамбоев дар ин нишасти хабарӣ ба муносибати то андозае садамадидаи ӯву раиси ҷумҳури кунунӣ Сорронбой Ҷеенбеков ҳам дахл кард. Вай гуфт, ҳақ дорад, ки баъзе ҳарфҳоро тунд ҳам бошад, ба президент бирасонад. Аз ҷумла, Отамбоев гӯшзад кард, ки беш аз даҳ сол талош кардааст, дар Қирғизистон ҳукумати хонаводагӣ набошад.

Амрико кумаки 200 миллиондолларӣ ба Сурияро боздошт

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Мақомоти Амрико гуфтанд, раиси ҷумҳур Доналд Трамп дастур додааст, ки Вазорати умури хориҷӣ кумаки 200 миллиондолларӣ барои Сурияро боздорад. Оқои Трамп ҳадафи ин иқдомро “баррасии нақши Амрико дар ҷанги Сурия” хондааст. Дар ин бора нашрияи “The Wall Street Journal” хабар дод.

Рӯзи 30-юми март Доналд Трамп гуфт, ки Амрико ба зудӣ аз ҷанги Сурия берун хоҳад шуд.

Рекс Тиллерсон, собиқ вазири умури хориҷии Амрико, моҳи феврал пас аз як нишаст бо Эътилофи ҷаҳонӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Кувейт ваъдаи кумаки 200 миллион долларӣ ба Сурияро дода буд. Тиллерсон гуфт, Иёлоти Муттаҳида бояд дар Сурия дахолат кунад, то монеи бозгашти ҷангҷӯёни ДИИШ ва “Ал-Қоида” ба он кишвар шавад.

Писари президенти Туркманистон ноиби вазири корҳои хориҷӣ шуд

Cардор Бердимуҳаммадов

Сардор Бердимуҳаммадов – писари раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов – муовини вазири умури хориҷии он кишвар таъйин шудааст. Хабари расмӣ дар ин бора рӯзи 30-юми март нашр гардид.

Аз ин пеш расонаҳои давлатии Туркманистон хабар доданд, ки писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо дарёфти 91 дарсади раъйи сокинон дубора вакили порлумон интихоб шуд. Ин раъйдиҳӣ рӯзи 25-уми марти имсол сурат гирифт.

Сардор Бердимуҳаммадови 36-сола бори аввал моҳи ноябри соли 2016 ворид порлумон шуд. Баъди чанде раёсати кумитаи оид ба қонунгузории порлумонро бар уҳда гирифт.

Раиси ҷумҳури Туркманистон моҳи октябри соли 2017 писарашро барои хидмат ба ватан бо медал қадрдонӣ кард. Ин медал номи Маликгулӣ Бердимуҳаммадов, падари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро дорад.

Ҳалокати 15 фаластинӣ дар даргирӣ бо нирӯҳои Исроил

Дар даргирии миёни эътирозгарон ва нирӯҳои исроилӣ дар сарҳади Ғазза ва Исроил 15 фаластинӣ кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Фаластиниҳо рӯзи 30-юми март дар сарҳад тазоҳуроти шашҳафтаиро оғоз карданд. Онҳо аз ҳукумати Исроил мехоҳанд, ба муҳоҷирони фаластинӣ иҷозаи бозгашт ба маконҳоеро бидиҳад, ки дар ҳоли ҳозир таҳти контрол ё назорати Телавив ҳастанд.

Русия дипломатҳои 23 кишварро аз қаламраваш берун мекунад

Вазорати умури хориҷии Русия

Русия эълон кард, ки дар як иқдоми ҷавобӣ дипломатҳои 23 кишварро аз қаламраваш берун хоҳад кард. Тақрибан 150 намояндаи Албания, Олмон, Дания, Ирландия, Испания, Италия, Канада, Латвия, Литва, Мақдуния, Ҳолланд, Норвегия, Лаҳистон, Руминия, Украина, Финляндия, Фаронса, Хорватия, Ҷумҳурии Чех, Шветсия ва Эстония муваззаф шудаанд, ки то 7-уми апрел ҳудуди Русияро тарк кунанд.

Ба ҷуз ин, мақомоти Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 30-юми март гуфтанд, нисбат ба дипломатҳои Белгия, Маҷористон, Гурҷистон ва Черногория низ чора хоҳанд андешид. Ин кишварҳо низ дар ҳамраъйӣ бо Бритониё дипломатҳои Русияро аз қаламрави худ ихроҷ карда буданд.

Пеш аз ин тасмим, мақомоти Русия аз ихроҷи 60 дипломати амрикоӣ ва баста шудани консулгарии Иёлоти Муттаҳида дар Санкт-Петербург хабар доданд. Кремл аз Бритониё низ хостааст, ки теъдоди дипломатҳояшро дар ин кишвар бо шумораи намояндаҳои Маскав дар Лондон баробар кунад.

Баъди онки Русия аз посухгӯӣ ба суолҳои вобаста ба заҳролудшавии ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал дар Бритониё сар печид, кишварҳои хориҷӣ тақрибан 150 дипломати ин кишварро берун карданд.

Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар оғози моҳи марти имсол бо истифода аз гази фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шуданд. Лондон ин қазияро кори дасти Кремл номид.

Аммо Маскав пайваста ин иттиҳомро рад намудааст.

Чехия рахнагари интернетии русро ба ИМА истирдод кард

Нигаҳбонщои зиндон дар додгоҳи Евгений Никулин

Мақомоти Чехия ҳакери рус Евгений Никулинро ба Ийолоти Муттаҳидаи Амрико таслим кард. Дар ин бора "Чешское Радио"рӯзи 30 март бо такя ба манобеи мустақил гузориш дод. Ба маълумоти ин манбаҳо Никулин ба Амрико истирдод шуд.

Матбуоти маҳаллӣ менависад, ки истирдоди Никулин ба Амрико дафъатан баъди сафари Пол Райан - раиси Маҷлиси намояндагони ИМА ба Чехия ҷараён гирифт. Райан гуфта буд, ки Вашингтон аз Прага интизор дорад, ки Никулин ба ИМА, на ба Русия истирдод шавад.

Вазорати адлияи Чехия хабари истирдоди ҳакери русро тасдиқ кард. Пештар аз ин вазири адлияи Чехия Роберт Пеликан гуфт, ки президент Милош Земан мехоҳад, ки Никулин ба Русия истирдод шавад.

Мақомоти Чехия Никулинро моҳи октябри соли 2016 боздошт карданд. Боздошт дар асоси дархости Интерпол сурат гирифт.

ИМА Евгений Никулинро ба рахна кардани бузургтарин ширкатҳои интернетӣ, бо шумули Linkedin ва Dropbox дар солҳои 2012 ва 2013 муттаҳам мекунад. Агар агар айби ӯ дар заминаи иттиҳоми рахнагарӣ ва дуздии маълумоти хусусии корбарон дар додгоҳ собит шавад ӯ ба муҷлати 30 сол зиндонӣ хоҳад шуд.

Дар Русия Никулин барои онлайн-дуздии ҳудудан 2000 доллар дар соли 2009 муттаҳам мешавад.

Стратегияи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ стратегияи ҳамкорӣ барои солҳои 2019-2023-ро баррасӣ кардаанд. Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ин нишаст рӯзи 27-уми март бо ширкати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон дар Душанбе баргузор шудааст. Дар ин машварат аз ҷумла вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Миёна Лилия Бурунчук суханронӣ кардаанд. Лоиҳаи Стратегияи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистонро намояндаи доимии ин бонк дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс муаррифӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш роҷеъ ба раванди татбиқи сиёсати пулӣ ва асъорӣ, вазъи молиявии низоми бонкӣ ва фаъолияти низоми пардохтӣ дар кишвар сӯҳбат кардаст. Вай гуфтааст, ки Бонки Ҷаҳонӣ ба унвони ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои ҷалби ниҳодҳои молии дигари ҷаҳон ва рушди сармоягузориҳо барои Тоҷикистон, саҳмгузор бошад. Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ аз имкони таҳияи тарҳҳои муштарак ва баррасии онҳо хабар додаанд.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс гуфтааст, ки баъди таҳияи тарҳи ниҳоии Стратегия ҳамкорӣ ва муҳокимаи якҷояи ҷамъбастӣ аз ҷониби Тоҷикистон ва намояндагии Бонки ҷаҳонӣ, он барои баррасӣ ва тасдиқ ба Дафтари асосии Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод мегардад.

Фаронса низомиёнашро ба шимоли Сурия мефиристад

Сарбозони ИМА дар наздикии шаҳри Манбиҷи Сурия

Фаронса барои кӯмак ба Курдҳо низомиёнашро ба Манбиҷи Сурия мефиристад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 29 март хабар дод. Созиш дар ин робита дар мулоқоти президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва намояндагони нерӯҳои мухолифини демократии Сурия ҳосил шуд.

Аз охири моҳи январ Туркия дар шимоли Сурия алайҳи Курдҳо амалиёти низомии "Шохаи зайтун"-ро пеш мебарад. Ҳадаф ишғоли Манбиҷ аст. Нерӯҳои низомии ИМА дар Манбиҷ мустақар шудаанд. Анкара аз Вашингтон даъват кард, ки нерӯҳояшро аз шаҳр берун кунад, аммо ИМА дархостро напазируфт.

Туркия дастаҳои худдифои Курдро ҳамдасти террористҳо мешуморад ва мехоҳад онҳоро аз мавқеашон берун кунад. Курдҳо дар ҳайъати эътилофи таҳти сарварии ИМА алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" мубориза мебаранд.

Садамаи микроавтобус дар Туркия ҷони 17 муҳоҷирро гирифт. ВИДЕО

Дар натиҷаи садамаи як микроавтобус дар шарқи Туркия, 17 муҳоҷир кушта ва 36 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дар дохили микроавтобус муҳоҷирон аз кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Эрон буданд. Хабаргузории расмии «Анадолу» гуфт, ки баъди бархӯрд бо сутуне мошин оташ гирифт ва боиси афзоиши қурбониҳо шуд. Дар миёни кушташудаҳо ронандаи микроавтобус ҳам будааст.

Микроавтобус тавони интиқоли 14 нафарро дошт, вале дар ҳангоми фоҷеа дар дохили он 50 мусофир ва ҳама шаҳрвандони хориҷӣ қарор доштанд. Ҳодиса дар минтақаи Игдири Анатолия рух додааст. Баъди бархӯрд бо сутуни лаби роҳ, мошин оташ гирифт ва ронанда назоратро аз даст дод. Микроавтобуси дуюме, ки бо муҳоҷирон дар дохил наздик ба аввалӣ ҳаракат мекард, баъди бархӯрди мошини якум чанд нафари аз дохили мошин сарозершударо пахш кард. Мақомоти туркӣ гуфтанд, ки 13 нафар, аз ҷумла ронандаи яке аз мошинҳоро боздошт карданд. Дар миёни мусофирони автобус, 13 муҳоҷири ғайриқонунӣ ошкор шудааст.

Садамаи микроавтобус дар Туркия ҷони 17 муҳоҷирро гирифт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:07 0:00

Волии Игдир Энвер Унлу дар сӯҳбат бо оҷонсии “Анадолу” гуфт, ки ҳодисаи ба сонеҳаи мудҳиш дучор шудани муҳоҷирон онҳоро такон дод. Вай гуфт, ки ин роҳ маъмулан аз ҷониби қочоқчиёни муҳоҷирон истифода мешавад. Мақомот гуфтанд, ки муҳоҷирон ғайриқонунӣ тавассути хоки Эрон вориди Туркия шудаанд.

Дар солҳои гузашта садҳо ҳазор муҳоҷирон аз Сурия ва кишварҳои дигар ба Юнон роҳ ёфтаанд ва ҳадафи аслии онҳо расидан ба Аврупо аст. Қаламрави Туркия ҳамчун макони транзитӣ ба Аврупо истифода мешавад. Дар талошҳои сангин барои зиндагии беҳтар садҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ровии пешин мудири ТВ-ро дар баҳси додгоҳӣ шикаст дод

Рӯзноманигор Чинор Капарова

Ровии пешини барномаи ахбори телевизиони КТРК-и Қирғизистон Чинор Капарова дар баҳси додгоҳӣ бо мудири телевизион Илим Карипбеков, ки ровиро аз мақомаш барканор карда буд, пирӯз шуд.

Додгоҳи олии Қирғизистон рӯзи 26 март қарори зинаҳои поёнӣ - додгоҳи ноҳияи Ленин ва додгоҳи шаҳри Бишкекро бетағйир гузошт. Ду додгоҳ раҳбарияти КТРК-ро вазифадор карданд, ки ровиро ба ҷои кораш барқарор кунад.

Ҳамчунин телевизион вазифадор шудааст, ки маоши Капароваро аз замони барканорияш (дар ҳаҷми 55 ҳазор сом) ва 5 ҳазор соми дигарро ҳамчун ҳамчун ҷуброни маънавӣ пардохт кунад.

Чинор Капарова соли 2016 барои як иштибоҳаш дар барномаи ахбор, ки шоир Суйун Эралиевро Қаҳрамони ҷумҳурии Қирғизистон номид, аз мақомаш барканор шуд. Ровӣ эътироз кард, ки Карипбеков бояд бо огоҳӣ додан иктифо мекард ва ба додгоҳ шикоят бурд.

Илим Карипбеков гуфт, омодааст қарори додгоҳро иҷро кунад.

Вакили рус пешниҳод кард, ки муҳоҷирон "чипгузорӣ" шаванд

Вакили Думаи давлатии Русия аз вилояти Свердловск Максим Иванов пешниҳод дорад, ки "муҳоҷирони меҳнатӣ чипгузорӣ шаванд". Вай баъдтар шарҳ дод, ки ба муҳоҷирон бастани дастбандҳои электрониро дар назар дошт.

"Ин назорати муҳоҷиронро осон мекунад. Ба иттилои расмӣ, танҳо дар соли 2017 вазорати корҳои дохилии Русия бештар аз 136 ҳазор қонуншиканиро ошкор кард. Ба ҷои ин ки як баста ҳуҷҷатҳоро ҳамроҳ бигардонанд, пешниҳод мешавад, ки ҳамаи онро дар хотираи электронӣ сабт кунанд. Ҳар кӣ намехоҳад, дастбанди эдектронӣ бандад, бигзор бастаи ҳуҷҷатҳоро бо худ гардонад. Ин пешниҳод мушкили муҳоҷирро осон мекунад", - навишт вакили Думаи давлатӣ дар саҳифаи Фейсбук.

Ин дар ҳолест, ки панҷ сол пеш Палатаи ҷамъиятӣ низ пешинҳод карда буд, муҳоҷирон дастбанди электронӣ банданд.

Саркози дар ростои парвандаи нави фасодкорӣ қарор гирифт

Николя Саркозӣ

Раиси ҷумҳури пешини Фаронса Николя Саркозӣ дар ростои иттиҳоми дигари фасодкорӣ - сӯиистифода аз мақом бо ҳадафҳои хусусӣ қарор гирифт. Дар ин бора нашрияи Le Monde рӯзи 29 март хабар дод.

Сухан аз боби ҷанҷолест, ки бозҷӯияш соли 2013 қатъ шуда буд. Сиёсатмадор ба талоши дарёфти иттилои маҳрамона аз додгустари Додгоҳи бознигарии Фаронса муттаҳам мешуд. Ин додгоҳ қазияи сармоягузории ғайриқонунии маъракаи интихобтии Саркозиро баррасӣ мекард. Гуфта мешавад, ки Саркозӣ дар ивази ин иттилоъ ба додгустари Додгоҳи бознигарӣ мақомеро дар Монако ваъда карда буд. Худи президенти пешин мехоҳад аз рӯи бозбинии ин қазия шикоят кунад.

Таҳқиқи "парвандаи Бетанкур" соли 2007 оғоз шуд, аммо Саркозӣ то соли 2012 ҳамчун раиси ҷумҳур масуният дошт. Ӯ ба суиистифода аз боварии молики ширкати L'Oreal Лилиан Бетанкур, дар робита ба сармоягузории маъракаи интихоботиаш айбдор шуда буд.Мақомоти Фаронса ҳамчунин қонуншиканиҳои дигари Саркозиро таҳқиқ мекунанд. Муфаттишон иттилоеро меомӯзанд, ки раҳбари Либиё Муаммар Қаззофӣ ба маъракаи интихоботии Саркозӣ дар соли 2007 50 миллион евро гузаронд.

Қазоқҳои муҳоҷир Чинро ба таъқиби хонаводаҳояшон муттаҳам мекунанд

Муҳҷоҷирони қазоқ

Оралманҳо - қазоқҳое, ки бо даъвати ҳукумати Қазоқистон аз Чин ба ватани таърихии худ бозгаштаанд, мехоҳанд, дар шаҳри Алмато ба зидди таъқиби хешовандонашон дар Чин тазоҳурот баргузор кунанд Ба гуфтаи онҳо, хешовандонашон дар ин кишвар таҳти фишор ғарор гирифтаанд.

Оралманҳо рӯзи 30 март дар назди бинои шаҳрдории Алмато ҷамъ омада, аз раҳбарияти шаҳр талаб доранд, ки ба онҳо иҷозат дода шавад, то 8 апрел дар майдони назди кинотеатри "Сариарика" аз соати 11 то 17 тазоҳурот барпо кунанд.

Яке аз ин қазоқҳои аз Чин баргашта Давлатбек Ербол, ки ҳоло шаҳрвандии Қазоқистонро ба даст овардааст, гуфт, мақомоти Чин шиносномаи модари 75-солаи ӯро гирифтаанд ва пиразан наметавонад, ба Қазоқистон баргардад.

Онҳо мегӯянд, бо баргузории тазоҳурот аз дипломатҳои чинӣ сабабҳои боздошт ва таъқиби шаҳрвандонро мепурсанд. Ербол мегӯяд, як соли ахир наметавонанд, ба ин суолҳои худ аз мақомоти дахлдори Чин посух бигирад.

Дархости гуруҳро як масъули шаҳрдории Алмато Акерк Абдуқодиров қабул карда, гуфтааст, ки онро дар давоми 15 рӯз баррасӣ хоҳад кард.

Трамп мехоҳад дар сабқати нави силоҳ бар Путин пирӯз шавад

Доналд Трамп ва Владимир Путин

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дар сабқати нави силоҳ дастболо хоҳад шуд, агар чунин сабқат оғоз шавад. Ин нуктаро раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин изҳор доштааст,- мегӯяд шабакаи телевизионии NBC бо такя ба манобеи Кохи сафед.

Ҳамсӯҳбати шабака гуфтааст, мушовирони раиси ҷумҳури Амрико ба ӯ қотеона машварат доданд, ки барои беҳтар кардани равобит бо Русия бояд мавқеи қавиро ишгол кунад. Маҳз ҳамин мавқеъ, гуфтааст манбаи NBC, роҳро барои интиқоли сохтори зидди-тонкии Javelin ба Украина боз кард.

Ду манбаи мустақил ба NBC ҳамчунин гуфтанд, ки изҳороти Путин дар робита ба силоҳҳои нави ҳастаӣ Трампро бисёр нороҳат кард. Президенти Русия дар бораи ин силоҳҳо рӯзи 1 март, дар муроҷиат ба Шӯрои федератсия сӯҳбат кард.

Гулбек Саодатовро дар Сариосиёи Душанбе дафн карданд

Гулбек Саодатов. Акс аз Бежан Муҳаббатшоев

Гулбек Саодатов, оҳангсози маъруфи тоҷик, ки шаби 28-уми март дар 80-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт дафн карда шуд. Саодатов зодаи Шуғнони вилояти Бадахшони Тоҷикистон буда, аз соли 1975 ба ҳайси мутриби дастаҳои "Шашмақом" ва "Дарё" кор кардааст. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буд. "Файзи саҳар”, “Нозанин ёрам”, “Гирён макун маро”, “Гулдаста”, “Ту ҳам медонӣ”, “Мутриби хушнаво” аз ҷумлаи беҳтарин оҳангҳояш гуфта мешавад.

15 соли зиндон ба Фарҳод Назаров ва ДИИШ. Додгоҳ: "Ӯ иттиҳомро эътироф накард"

Додгоҳи минтақавии Петербург рӯзи 29-уми март шаҳрванди Тоҷикистон Фарҳод Назаровро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Хабаргузории РИА Новости менависад, ин шаҳрванд “барои таблиғи ақидаҳои гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” муттаҳам шуда, мӯҳлати зиндонро дар маҳбаси низомаш сангин паси сар хоҳад кард".

Назаровро дар таблиғи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба анҷоми фаъолиятҳои террористӣ дар хориҷи Русия айбдор карданд ва гуфтанд, ки таблиғоти ӯ тавассути интернет ва барномаҳои паёмрасони мобилӣ ба роҳ монда мешуд. Илова ба ин, додгоҳ гуфт, ки муфаттишон дар дохили мошини ӯ 11 халтачаи ҳомили ҳашиш пайдо шуд, ки ҳар якаш 10-грами вазн доштанд.

Додгоҳ ба хабаргузории русӣ гуфтааст, ки Назаров дар ҷараёни тафтишот ба гуноҳҳои кардааш иқрор шудааст, вале баъдан дар додгоҳ гуфтааст, ки зери лату кӯбу шиканҷа маҷбур шудааст иттиҳомотро ба дӯш бигирад, менависад РИА Новости. Назаров гуфтааст, ки худро танҳо дар нигаҳдошти маводи мухаддир айбдор медонад. Вале зоҳиран додгоҳ ин ҳарфҳои Назаровро ба эътибор нагирифт.

Фарҳод Назаров моҳи октябри соли 2017 дар шаҳри Кингисеппи вилояти Ленинград боздошт шуда буд.

Дар ҳоле, ки дастрасӣ ба ҷузъиёти дигари ин қазия ва ҳам санҷидани дурустии ҳукми додгоҳ имкон надорад, фаъолони ҳифзи қонун мегӯянд, ки дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон дар Русия ноодилона муҳокима мешаванд. Бо сабаби надоштани имконияти молии таъмини ҳимоя аз ҳуқуқи худ дар додгоҳи кишвари хориҷӣ, аксари онҳо дар баробари иттиҳомоти тафтишоту додгоҳ танҳо мемонанд. Фаъолони ҳуқуқ инчунин мегӯянд, ки сохторҳои тафтишотии Русия ба хотири намоиши аҳамияти кори худ дар амри мубориза бо терроризм дар чашми мақомоти баландпояи кишвар даст ба сохтакории парвандаҳо ва тӯҳмати афроди бегуноҳ мезананд.

Чунин шубҳаҳо соли 2017 дар робита бо як таркиши метро дар Санкт-Петербург садо дод, вақте шаҳрвандони Қирғизистон ва муттаҳамшуда дар ташкили ҳамлаи террористӣ гуфтанд, ки ин амалро онҳо анҷом надодаанд ва мавриди тӯҳмату шиканҷаи сохторҳои полиси Русия қарор гирифтанд. Вале баёноти онҳо ба эътибор гирифта нашуд.

Барои Отамбоев дар қароргоҳи давлатӣ бустонсарой сохтанд

Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбк Отамбоев

Дар ҳудуди қароргоҳи давлатии "Ала-Арча"-и Қирғизистон барои президенти пешин Алмосбек Отамбоев бар ивази 89,3 миллион сом (ҳудуди 1,3 миллион доллар) бӯстонсарой бунёд кардаанд. Аз ин маблағ 77,8 миллион сомашро худи Отамбоев додааст.

Идораи умури президент ва ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, бар пояи қонун "Дар бораи кафолати фаъолияти раисҷумҳур" президенти пешин ба таъминоти маишӣ ҳақ дорад. Бинобар ин, ба Отамбоев иҷозат шудааст, ки аз бӯстонсаройи воқеъ дар "Ала-Арча" умрбод истифода кунад.

Манбаъ мегӯяд, ба бунёди бинои мазкур барои он иҷозат дода шуд, ки дар ҳудуди "Ала-Арча" дигар бӯстонсаройи холӣ набуд . Дар бӯстонсаройи нав Отамбоев ҳамроҳи хонаводааш ба сар мебарад.

77,8 миллион сом пули сохтмонро президенти пешини Қирғизистон ҳамчун кумак додааст. Вале Идораи умури президент ва ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ин бино ҳамчун биноҳои дигари ҳукуматӣ моликияти давлат аст ва хусусӣ нахоҳад шуд. Ба ҷуз ин бӯстонсарой, Отамбоев дар деҳаи Кой-Тоши шаҳри Бишкек низ хона месозад.

Ба иттилои идора, бӯстонсаройи Отамбоев аз рӯи масоҳат назар ба хонаи меҳмонони "Ордо", ки дар он президенти кунунии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков зиндагӣ дорад, хурдтар аст.

Муҳаммад Солеҳ гуфт, ки омодааст дар парвандаи Абдуллоев баёнот диҳад

Муҳаммад Солеҳ

Раҳбари ҳизби мухолифи "Ҳаракати мардумии Узбекистон" Муҳаммад Солеҳ, ки дар Туркия зиндагӣ мекунад, гуфт, омодааст, дар доираи парвандаи рӯзноманигори боздоштшуда Бобомурод Абдуллоев дар додгоҳ баёнот диҳад.

Дар ин бора вакили дифои рӯзноманигор Сергей Майоров дар мурофиаи рӯзи 28 март хабар дод. Бино ба гузориши расонаҳо, муфаттишон мегӯянд, Абдуллоев маҳз бо дастури Солеҳ даст ба ҷинояткорӣ задааст.

"Муҳаммад Солеҳ ба ман ҳамчун вакили дифои Абдуллоев бевосита муроҷиат карда, гуфт, рӯзноманигор ба амалҳое, ки вайро айбдор мекунанд, ҳеч рабте надорад", - изҳор дошт Майоров дар додгоҳ.

Ба гуфтаи Майоров, Муҳаммад Солеҳ дар суҳбатҳои худ бо ӯ борҳо гуфтааст, матлабҳое, ки дар бораи президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов бо номи мустаори "Усмон Ҳақназаров" чоп шуданд, ба Бобомурод Абдуллоев рабте надоранд.

Раҳбари ҳизби мухолифи "Ҳаракати мардумии Узбекистон" ҳамчунин гуфтааст, ки дар сурати иҷозаи додрас омодааст, ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Telegram, Viber, Imo ва Skype баёнот диҳад.

Сергей Майоров аз додрас хост, ки дар доираи парвандаи Абдуллоев Муҳаммад Солеҳро дар ҳузури консули Узбекистон дар Туркия ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ бозпурсӣ кунад. Ин пешниҳодро вакилони дифои айбдоршавандаҳои дигар ва додситонӣ низ ҷонибдорӣ карданд. Вале додрас Зафар Нурматов дархости вакилро рад карда, гуфт, ҳанӯз ҳамаи гумонбарон, шоҳидон ва мутахассисон бозпурсӣ нашудаанд.

Додгоҳи шаҳри Тошканд 7 март баррасии парвандаи рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев, блогнавис Ҳаёт Насриддинов ва соҳибкорон Равшан Салаев ва Шавкат Оллоҳёровро оғоз кард, ки дар "қасди ғасби ҳукумат ва сарнагун кардани сохти конститутсионии давлат" айбдор мешаванд.

Департаменти давлатии ИМА: Русия набояд аз худаш қурбонӣ тарошад

Ҳизер Нойерт

"Русия набояд худро қурбонӣ нишон диҳад",- гуфт сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Ҳизер Нойерт дар шарҳи қарори Маскав оиди ихроҷи 60 корманди миссияи дипломатии Амрико аз Русия ва баста шудани консулгарии ин кишвар дар Санкт-Петербург.

Қурбониҳои аслӣ, ба гуфтаи намояндаи Амрико, одамоне ҳастанд, ки дар бемористони Британия бистарӣ шудаанд ва табибону кормандоне, ки дар маҳалли таъсири силоҳи кимиёвӣ кор карданд ва акнун бояд муддати тӯлонӣ таҳти назорати табибон бимонанд.

Ҳизер Нойерт номаи сафири ИМА дар Русия Ҷон Ҳантсменро хонд, ки дар он омадааст, Маскав ба пешбурди муколама дар масоили манофеи мутақобил манфиатдор нест.

ИМА дар посух ба амалкарди Русия аз чораҳои иловагӣ кор хоҳад гирифт. Намояндаи Департаменти давлатӣ дар вокуниш ба изҳороти ҷониби Русия ки мегӯяд дар ҳамлаи кимиёвӣ ба Солсберии Британия даст надорад, гуфт "Онхо устоди таблиғот ҳастанд". Маскав ба самти худинзивоӣ ҳаракат дорад,- гуфт Ҳизер Нойерт.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сайфулло Сафаров дар бораи бознишастагиву интихобот гуфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:00 0:00
XS
SM
MD
LG