Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Боздошти 4 узви эҳтимолии ДИИШ дар пайи бозҷӯии таҳдид ба сафорати ИМА

Сарбозони Хадамоти амнияти Туркия дарназди бинои сафорати ИМА дар Анкара.5 март, 2018

Пулиси Туркия дар чаҳорчӯби бозҷӯии таҳдид ба сафорати ИМА дар Анкара, чаҳор узви эҳтимолии гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ"-ро боздошт кард. Дар ин бора матбуоти давлатии Туркия рӯзи 5 март хабар дод.

Рӯзи душанбе сомонаи сафорати Амрико дар Туркия эълон кард, ки бинобар таҳдиди номуайяни амниятӣ сафорати Амрико рӯзи 5 март кор намекунад.

Чораҳои амниятӣ дар назди бинои сафорат тақвият ёфта, раҳгузарон баъди таҳқиқи пулис ба кӯча роҳ дода мешаванд.

Хабаргузории Анадолу гуфт, ки пулис рӯзи 5 март чаҳор нафарро, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Ироқ ҳастанд, боздошт кард. Ду нафар ҳангоми тафтиши амниятӣ дар шоҳроҳи байни бандари Самсун ва Анкара боздошт шуд. Ду нафари дигарро дар худи бандар боздошт карданд.

Пойтахти Туркия дар солҳои 2015 -2016 мавҷи амалҳои террористиро аз сар гузаронд, ки садҳо нафарро қурбон кардааст..

Назарбоев аломат дод, ки ба ин зудиҳо аз қудрат рафтанӣ нест

Назарбоев ҳангоми суханронӣ дар порлумон. 5 март, 2018

Дар пасназари ин гумонзаниҳо, ки президенти Қазоқистон ба интиқоли қудрати сиёсӣ омода мешавад, Назарбоеви 77-сола аломат дод, ки ба ин зудиҳо аз қудрат рафтанӣ нест.

"Ман кор кардам, ман кор мекунам ва ман кор хоҳам кард, то мардуми мо ба ояндаи худ мутмаъин бошад",- гуфт Назарбоев рӯзи 5 март дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи порлумони Қазоқистон.

Раиси ҷумҳур ба намояндагони Сенат ва Маҷлис гуфт, фурсати тамаркуз ба "тарҳҳои бузурги иҷтимоӣ" фаро расид" ва ӯ раҳбари бар чунин тарҳҳоро идома хоҳад дод.

Изҳороти Назарбоев дар ҳоле пахш шуд, ки як моҳ пеш порлумон гуфт, қонунугузорон рӯи тарҳе кор мекунанд, ки тибқи он Назарбоев барои як умр раҳбари Шӯрои Амният таъин мешавад ва мақоми ин Шӯро аз машваратӣ ба конститутсионӣ табдил меёбад.

Бисёриҳо дар Қазоқистон ин ҳаракатро ба маъное фаҳмиданд, ки Назарбоев эҳтимол аз мақом канор меравад ва раҳбарии ӯ ба Шӯрои Амният талоши боқӣ монданаш дар қудрат аст.

Нурсултон Назарбоев зимоми қудратро дар ин кишвари ғанӣ аз нафт соли 1991, қабл аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст овард.

Раҳбари ҷумбиши "Панҷ ситора"-и Италия омодааст ҳукумат ташкил кунад

Луиҷи Ди Майо - раҳбари ҷумбиши "Панҷ ситора"-и Италия

Ҷумбиши "Панҷ ситора"-и Италия, ки дар интихоботи рӯзи якшанбе райъи бештар ба даст овард, омодааст ҳукумати ояндаро таъсис диҳад. Дар ин бора раҳбари ин ҷумбиш Луиҷи Ди Майо рӯзи душанбе дар нишасти матбуотии Рум хабар дод. Ӯ гуфт, ки ҳарчанд эътилофи росту марказгаро дар интихобот пешсаф аст, аммо барои таъсиси ҳукумат дар порлумон нишасти кофӣ надорад.

Ба гуфтаи Ди Майо ҷумбиши ӯ аз қонунияти бештар бархурдор аст, зеро аз Валле д'Аоста то Ситсилияро намояндагӣ мекунад. Ди Майо гуфт, ки барои ҷумбиши "Панҷ ситора" натиҷаи интихобот ба маънои оғози марҳилаи нави сиёсӣ дар таърихи навини Италия аст.

Интихоботи порлумонӣ дар Италия рӯзи якшанбе баргузор шуд. Биноба шумориши пешакии райъҳо, ҷумбиши "Панҷ ситора" 32 дар сад овоз гирифт. Ин дар ҳолест, ки аз рӯи ҳисоби умумии овозҳо эътилофи росту марказгаро бо "Лига-и Матео Салвинӣ ва ҳизби "Ба пеш" -и Силвио Берлусконӣ якҷо бо ҳизбҳои хурдтар 37 дар сад овоз гирифтаанд.Ҳизби Демократӣ, ки ҳоло қудратро дар даст дорад бо 20 дар сади райъ дар ҷойи сеюм аст. Ягон ҳизб 40 дар сади зарур барои ишғоли аксарияти нишастҳо дар порлумонро дастрас накардааст.

Мушовири Путин: Русия омодааст интернети ҷаҳониро қатъ кунад

Владимир Путин ва Герман Клименко

Русия аз ҷиҳати техникӣ омодааст, ки интенети ҷаҳониро қатъ кунад, ҳарчанд ин раванд бедард нахаҳоҳад буд,- гуфт Герман Клименко - мушовири президент Владимир Путин рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии НТВ.

Ӯ гуфт, ҳоло сегменти руссиягии Интенет, ки бо дастури президент Путин барои кормандони давлатӣ бунёд шуд, фаъол аст. Клименко афзӯд, тамоми ҷаҳон ба танзими интернет машғул аст ва "Русия истисно нест". Мушовири Путин ҳамзамон таъкид кард, ки Русия маҳдудиятҳои монанд ба Кореяи Шимолиро ҷорӣ намекунад.

Дустури ворид кардани таъғирот ба "Қонун дар бораи алоқа"-ро, ки назорати давлат бар зерсохторҳои Рунетро таъмин мекунад, Владимир Путин содир кардааст. Моҳи октябри соли гузашта Вазорати Молия ба ин тарҳи қонун, ки қарор аст амнияти зерсохтори Рунетро аз берун таъмин кунад, баҳои манфӣ дод. Сабаби ҷавоби рад набуди маълумот дар бораи хароҷоти татбиқи ин тарҳ буд.

Бинобар созмони ҳуқуқи башари "Агора", соли 2017 дар Русия беш аз сад далели маҳдудияти озодии интенет сабт шуд. Ба ҳисоби миёна Рунет ҳамарӯза то 244 саҳифаро масдуд мекард ва ҳар шаш рӯз корбарон ба таҳдид ва ҳамла рӯ ба рӯ мешуданд.

Киштии ҳавопаймобари ИМА барои панҷ рӯз дар Ветнам лангар зад

Сарбози Ветнам ба киштии ҳавопамобари ИМА назорат мекунад.5 март, 2018

Киштии ҳавопаймобари "Карл Винсон" барои панҷ рӯз дар бандари Дананги Ветнам лангар партофт, ки аз замони хотимаи ҷанг бо Ветнам, соли 1975, бори аввал сурат мегирад. "Карл Винсон" бо 6000 одам, барнома дорад, ки панҷ рӯз дар маросимҳои варзишӣ, фарҳангӣ ва табодули таҷриба бо соҳибхона иштирок кунанд.

Ба гуфтаи хабаргузориҳои байналмилалӣ, ин сафар равобити рӯ ба густариши ду душмани пешинро инъикос мекунад. Ветнам дар пайи робитаи хуб бо Амрико аст, ки тавозунро бо ҳамсояи тавонмандаш -Чин таъмин мекунад.

Намояндагони Ветнам қаблан бо ҳамтоҳои чиноӣ мулоқот карданд, то нигаронии онҳоро аз ҳузури кишти низомии Амрико дар бандари Дананг аз байн бубиранд.

Бандари Дананг дар наздикии захирагоҳи гази Blue Whale ҷойгир аст, ки истихроҷи онро ширкати нафтии Exxon Mobil-и Амрико пеш мебарад. Blue Whale дар наздикии ҷазираҳои Парасел ҷойгир аст, ки Чину Ветнам ҳарду онро моли худ мешуморанд.

Боздошти як додситони дигари Узбекистон

Акси тасвирӣ

Гуруҳи махсуси Додситонии низомии Узбекистон рӯзи 1 март муовини додситони ноҳияи Қизириқи вилояти Сурхандарё Шералӣ Аҳмедовро боздошт кард.

Ба гуфтаи як манбаъ аз додситонии вилояти Сурхандарё, Аҳмедови 37-сола дар робита доштан бо гуруҳи ҷиноие гумонбар аст.

"То ҷое ман медонам, Шералӣ Ахмедов дар гирифтани пора аз соҳибкорон гумонбар аст. Вай ин пораро бояд ба Нодир Турақулов, мудири раёсати тафтишотии Хадамоти амнияти миллӣ дар вилояти Сурхандарё Нодирбек Турақулов бояд медод", - гуфт манбаъ.

Ҷӯра Ахмедов, падари Шералӣ Ахмедов мегӯяд, писараш дар воқеъ ҳамроҳ бо соҳибкорон як миқдор маблағ ба коргоҳи Нодирбек Турақулов бурдаанд. Вале Ҷӯра Ахмедов бовар дорад, ки он пулҳо ҷарима буда, ба буҷаи давлат интиқол ёфтанд.

Нодирбек Турақулов 22 январ дар шаҳри Тошканд боздошт шуд.

Филми мустанади допинг дар Русия "Оскар" гирифт

Ҷоизаи Оскар

Филми "Икар" дар таҳияи коргардон Брайн Фогел, бахшида ба допинг дар варзиши Русия, дар бахши беҳтарин филми мустанад, барандаи "Оскар" - ҷойизаи академияи синмои Амрико шуд. Дар филм порчаҳои сӯҳбат бо раҳбари пешини осоишгоҳи зидди-допинги Маскав, Григорий Родченков, ки ба ИМА фирор кард ва хабардиҳандаи оҷонсии зидди-допинг шуд, истифода шудааст. Фогел ҳангоми маросими гирифтани ҷоиза Родченковро "ҷасур" номид ва гуфт, ин филм дар бораи Русия, вале ба сурати умум дар бораи аҳамияти баёни ҳақиқат аст.

Дар бахши "Филми беҳтарин" ҷоизаи "Оскар"-ро филми коргардон Гилермо дел Торо "Шакли об" бо худ бурд. Ин филм ҳамчунин дар бахши "Коргардони беҳтарин" низ "Оскар" гирифт.

Френсис Макдорман барои иҷрои нақши аввал дар филми "Се билборд дар марзи Эббинг, Миссурӣ" ва Ҳарӣ Олдман барои иҷрои нақши Черчил дар филми "Рӯзҳои тира" барандаи "Оскар" шуданд.

Дар бахши беҳтарин филми хориҷӣ "Зани фавқулодда" -и коргардони Чилӣ Себастян Лилио бо қиссаи як ҳамҷинсгаро баранда шуд. Филми коргардони рус Андрей Звягинтсев "Нелюбовь", ки номзад ба ҷоиза буд, бе "Оскар" монд.

Путин гуфт, ки Русия шаҳрвандонашро ба Амрико таслим намекунад

Рахнагаре дар паси компютер

Ҳукумати Русия ҳеҷ гоҳ шаҳрвандонашро, ки Вашингтон онҳоро ба ҳамлаҳои ҳакерӣ дар ҷараёни интихоботи соли 2016-и ИМА муттаҳам кардааст, истирдод намекунад,- гуфтааст президенти Русия Владимир Путин ба шабакаи телевизионии NBC.

"Ман медонам, ки онҳо аз ҳукумати Русия, мақомоти Русия намояндагӣ намекунанд. Онҳо ба чӣ кор машғул буданд, ман намедонам. Агар онҳо коре ҳам карда бошанд, пас бигзор ҳамтоҳои амрикоии мо санаду далел пешниҳод кунанд, то мо биомӯзем",- гуфт президенти Русия.

Путин ба суоле, ки оё Русия ҳакерҳоро истирдод мекунад, гуфт, Русия ҳеҷ гоҳ шаҳвардони худро истирдод намекунад, аз ҷумла ба ИМА".

Миёнаҳои моҳи феврал прокурори махсуси таҳқиқи қазияи эҳтимоли муомилоти ситоди интихоботии Трамп бо Русия Роберт Мюллер, 13 шаҳрванди Русия ва се ширкатро ба "тавтеа алайҳи ИМА" ва "қаллобӣ" муттаҳам кард.

Президенти Узбекистон тӯйгардии мансабдоронро манъ кард

Туйхонае дар Узбакистон

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ахиран дар як ҷаласа гуфт, ки Сенати кишвар бо судури як қарор рафтани мансабдорони давлатӣ ба тӯйҳо манъ хоҳад кард.

Сабти суҳбати Мирзиёев рӯзи 2 март дастраси Бахши узбакии Радиои Озодӣ шуда, ба эҳтимоли зиёд, ӯ ин изҳоротро рӯзи 27 феврал пахш кардааст.

Мирзиёев мегӯяд, барои мансабдорони давлатӣ тамоми шароитро фароҳам кардааст, то содиқона кор кунанд ва ҳоло замоне расидааст, ки аз онҳо хидмати одилона ба мардум талаб шавад

"Фардо қарор содир мешавад. Рафтани вазирон, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, намояндагони мақомоти иҷроия ба тӯйҳо манъ хоҳад шуд. Агар мошини мансабдореро бо рақамҳои давлатӣ дар назди чойхонае бинам, худи ҳамон рӯз ӯро барканор хоҳам кард", - изҳор дошт президенти Узбекистон.

Мирзиёев гуфтааст, ки ин иқдом ба хотири решакан кардани коррупсия, тӯйҳои бодабдаба ва иштироки мансабдрорн дар ин маъракаҳо анҷом мешавад.

"Ягон мансабдор, бо шумули ман ба ҷашни зодрӯз ё тӯй намеравад. Он замонҳо гузаштанд! Ин ҳама мардумро ба ғазаб меорад. Ҷашни зодрӯзу тӯйҳо минбаъд бе иштироки мансабдорон мегузаранд. Сарвазир ҳамроҳи тамоми муовинонаш ба тӯй меравад ва ҳама рост меистанд. Ту ба ҷои он 20 кило гӯште, ки сарф мекунӣ хонаи камбизоатеро ранг бикун ё барояш телевизор бихар", - изҳор дошт Мирзиёев.

Ба гуфтаи ӯ, бар пояи қарори нави Сенати Узбекистон, соҳиби тӯй ҳақ дорад, ба оши наҳор то 200 меҳмон даъват кунад.

Куштори рӯзноманигор Словакияро ба бӯҳрони эътимод гирифтор кард

Навиштаҷоти "қотил" дар акси нахуствазири Словакия

Президенти Словакия Андрей Киска дар робита ба таҳдидҳои буҳрони сиёсӣ, дар пайи куштори рӯзноманигор Ян Кучак, мехоҳад, ки дар ҳайати ҳукумат тағйирот ворид кунад ё интихоботи порлумонии пеш аз муҳлат баргузор карда шавад.

Киска ҳукумати Словакияро ба "ҳавобаландӣ ва такаббур" айбдор кард. Ба гуфтаи президенти Словакия, ӯ тайи ҳафтаи гузашта қасдан хомӯш буд, то бубинад, ки ҳукумат барои барқарор кардани боварии мардум чи тадбирҳои сиёсӣ меандешад.

Вале ба гуфтаи ӯ, то ҳол пешниҳоде ироа нашудааст. "Бархеҳо истеъфо доданд, аммо барои берун бурдани кишвар аз буҳрони боварӣ ҳеч гуна нақшае ироа нашуд", - гуфт президенти Словакия.

Рӯзноманигор Ян Кучак рӯзи 25 феврал ҳамроҳи дӯстдухтараш Мартина Кушнирова дар маҳалли зисташ кушта шуд. Чанд рӯз баъди ҳодиса вазири фарҳанги Словакия Марек Мадарич истеъфо дод. "Ман ҳамчун вазир наметавонам қабул кунам, ки дар замони сари вазифа будани ман рӯзноманигореро куштанд", - гуфт Мадарич.

Сабаби куштори рӯзноманигор то ҳол маълум нест, вале ҳамкоронаш мегӯянд, Кучакро барои гузориши таҳқиқотияш куштанд. Рӯзноманигор ахиран нуфузи мафияи итолиёиро ба ҳукумати Словакия таҳқиқ мекард. Аз ҷумла, ӯ сарвазири Словакия Роберт Фитсоро дар робита доштан бо соҳибкорони наздик ба як мафияи итолиёвӣ айбдор карда буд.

Қирғизистон гузаргоҳи марзӣ бо Узбекистонро бузургтар мекунад

Гузаргоҳи " Достук"- Қирғизистон-Узбакистон

Ҳукумати Қирғизистон 32 манзили назди гузаргоҳи марзии "Достук"-ро харидорӣ кард. Гузаргоҳи "Достук" дар марзи миёни Узбекистону Қирғизистон ҷойгир аст. Ҳукумати Қирғизистон мехоҳад, гузаргоҳро аз ҳисоби тахриби манзилҳои канори он васеъ кунад.

Сафар Исҳоқов, сарвазири Қирғизистон дастур дод, ки васеъсозии гузаргоҳ бо суръат анҷом дода шавад.

Сар аз моҳи феврали соли ҷорӣ дар гузаргоҳи марзии "Достук" дар вилояти Ӯши Қирғизистон навбатпоии тӯлонӣ мушоҳида мешавад. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ин навбатпоӣ ба фаъол гардидани тиҷорат рабт дорад.

Моҳи сентябри соли 2017 Узбекистон маҳдудиятҳои рафту омад бо Қирғизистонро бекор кард. 7 соли охир сокинони ду кишвар наметавонистанд пайвандонашонро дар ду тарафи марз бубинанд ва ё тиҷорат ба роҳ монанд.

Шумори кушташудаҳои оташсӯзии Қазоқистон ба 7 тан расид

Дар вилояти Атирауи Қазоқистон як тани дигар аз маҷруҳони оташсӯзии деҳаи Карабатан кушта шуд.

Расонаҳои маҳаллӣ аз қавли мудири бемористони вилоятӣ Саин Шумиров хабар медиҳанд, ки маҷруҳи 7-ум субҳи 3 март ҷон бохт.

Дар деҳаи Карабатан 2 март оташсӯзӣ рух дод. Дар ҷои ҳодиса шаш сокин кушта шуда, чаҳор тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Оташсӯзӣ дар як корхонаи истеҳсолӣ рух дод.

Замони рух додани ҳодиса дар дохили коргоҳ наздики 20 коргар ҳузур доштанд. Бино бар иттилои аввалия, оташсӯзӣ аз расиши ноқилҳои барқ сар задааст.

Дар интихоботи миёндаврии Хуҷанд ҲХДТ бар ҲДТ ғолиб омад

Акс аз бойгонӣ.

Дар интихоботи миёндаврии маҷлиси вакилони вилояти Суғд барои курсии холимонда аз ҳавзаи интихоботии "Бофанда 2"-и шаҳри Хуҷанд, раиси ин шаҳр бо касби беш аз 80 дарсади раъйи мардум бар рақибаш аз Ҳизби демократи Тоҷикистон ғолиб омад.

Маъруф Муҳаммадзода аз Ҳизби ҳокими халқӣ-демократи Тоҷикистон дар раъйдиҳӣ беш аз 80 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овард ва рақиби ӯ Абюдуҷаббор Юлдошев, раҳбари созмони Ҳизби демократии Тоҷикистон дар Суғд каме беш аз 1 дарсади овози интихобкунандагонро аз худ кард

Бино ба иттилои Шарифуллоҳ Абдуллозода, раиси комиссияи вилоятии интихобот, дар ҳавзаи интихоботии “Бофанда -2”-и шаҳри Хуҷанд наздики 17 ҳазор овоздиҳанда ба қайд гирифта шуда буд ва рӯзи 26-уми феврал ҳудуди 13.5 ҳазор нафари онҳо ба пойи сандуқҳо ҳозир шудаанд.

Абдуҷаббор Юлдошев, раиси созмони суғдии Ҳизби демократи Тоҷикистон рӯзи 5-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар интихобот назар ба чашмдошташ овози камтар гирифт. Ӯ афзуд, чун дар ҷараёни шумориши овозҳо нозирони ҳизбаш иштирок надоштанд ва дар комиссияҳои қитъавӣ ва ҳайъати нозирон шомил набуданд, бинобар ҳамин наметавонад, ки воқеан чӣ қадар овоздиҳандагон ба ӯ раъй доданд.

“Аммо ин, ки варақаҳои ҳудуди 17 дарсади овоздиҳандагон ношоям дониста шудааст, маро дар шак мегузорад. Наход ҳамин миқдор дар пур кардани варақаи овоздиҳӣ, ки он ҷо номи ҳамагӣ 2 нафар ҳаст, хато карда бошанд?",-афзуд ӯ.

Вале ҷаноби Юлдошев аз ин, ки ҷараёни сабти номи ӯ ва иштирокаш дар интихоботи миёндаврӣ бидуни қонуншиканӣ сурат гирифт ва ба ӯ имкон доданд назди интихобкунандагон озодона сӯҳбат ва саволу ҷавоб намояд, изҳори хушнудӣ кард. Ӯ гуфт, сӯҳбат бо сокинон ва ошно кардани барномаҳои ҳизби демократ боиси ҷалби таваҷҷӯҳи бисёриҳо гардид.

“Ҳатто чандин кас, ки қаблан бо ман қаҳрӣ буданд ва дурӣ меҷустанд, баъди сӯҳбатҳо омада, даст доданд. Ин албатта дили маро ба тарғиби барномаҳоҳои ҳизбам гармтар мекунад”,- афзуд ӯ. Баъд аз интихоботи гузаштаи порлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар соли 2015, намояндагии Ҳизби демократ дар Суғд бори аввал ба ҳайси довталаб ба майдон ворид гардид.

Кӯмаки 330 ҳазордолларии шаҳрдории Душанбе ба занони кӯчарӯб

Дар остонаи Рӯзи Модар ва ҷашни Наврӯз, шаҳрдории Душанбе ба заноне, ки дар бахши тозагиву ободонии пойтахт фаъолият мекунанд, ҳудуди 3 миллион сомонӣ ихтисос додааст. Ба иттилои сайти расмии шаҳрдории Душанбе, ҳадаф аз ин иқдом, "ҳавасманд намудани занону бонувон" гуфта шудааст. Бар пояи ин феҳристи таҳияшуда, ин маблағ (2 920 000) то рӯзи 6-уми март ба бонувон супурда хоҳад шуд.

Дар шаҳри Душанбе, ки расман ҳудуди як миллион аҳолӣ дорад, тақрибан дуним ҳазор зани роҳрӯб кор мекунанд ва маоши онҳо аз 600 то 800 сомонист. Ҳаштод дар сади кормандони Хоҷагии коммуналии пойтахт низ занон ҳастанд. Агар солҳои пеш бештар занҳои солхӯрда ба поккории шаҳр ҷалб мешуданд, ҳоло бо як назар метавон дарёфт, ки синни занони роҳрӯб торафт ҷавонтар мешавад.

Бахши умдаи занҳои роҳрӯб аз хонаводаҳои камбизоати шаҳр ва канораҳои пойтахт буда, дар гузашта хонанишин ё кормандони фабрикаву корхонаҳои давлатӣ буданд. Ҳарчанд дар гузашта ин табақаи коргарон камтар қадр мешуданд, аммо дар чанд соли охир шаҳрдории Душанбе дар ҷашну идҳои миллӣ ба онҳо мукофотпулӣ медиҳад. Соли 2016 Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе, дар як ҷаласа онҳоро «посбони зебоиву тозагии шаҳр» унвон карда, барояшон 2 миллион сомонӣ ёрии якдафъаина ҷудо карда буд.

Сафорат аз шаҳрвандони Русия даъват кард, ки дар раъйдиҳӣ ширкат кунанд. ВИДЕО

Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз ҳама шаҳрвандони ин кишвар сокини Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Русия, иштирок кунанд. Дар вебсайти расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон омадааст, ки раъйдиҳӣ рӯзи якшанбеи 18-уми март аз соати 8:00 то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ дар бинои Маркази илмӣ ва фарҳангии Русия воқеъ дар кӯчаи Турсунзода, сурат мегирад. Дар интихобот он шаҳрвандони Русия, ки сину солашон аз 18 боло мебошад, бо ироа кардани санадҳои шаҳрвандии худ метавонанд, иштирок кунанд. Интихоботи президентӣ дар Русия рӯзи 18-уми март баргузор мешавад ва дар он 8 номзад иштирок мекунад. Ба бовари таҳлилгарон, раиси ҷумҳури феълӣ Владимир Путин бидуни ҳеҷ мушкилӣ барандаи ин интихобот хоҳад буд.

Назари олигархи собиқ Михаил Ходорковский дар бораи интихоботи Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Шӯрои уламои Тоҷикистон: Ба ҷои худоӣ дафтару қалам диҳед

Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон гуфтааст, сокинон ба ҷойи оши худоӣ ба хонандагони камбизоат дафтару қалам бихаранд. Ин шӯро гуфт, садақа ва оши худоӣ сирф аз таом додан иборат нест.

“Ҳамаи анвои садақа вобаста ба нияти инсон аст. Нафаре барои шод кардани рӯҳи волидонаш мактаберо таъмир кунад, аз ин амали хайраш ба онҳо савоб мерасад”, - гуфта шудааст дар торнамои расмии Шӯрои уламо.

Шӯрои уламои Тоҷикистон таъкид кардааст, ки чунин тасмим ба рукнҳои шариат ягон мухолифат надорад.

Тоҷикистон як кишвари мусулмоннишин буда, аксари аҳолияш дуову хайру худоиро барои оромиши рӯҳи гузаштагон муҳим мешуморанд. Аммо моҳи феврал Азизуллоҳ Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ аз сокинон даъват кард, пули худро бештар барои ободкории маҳаллаҳо ва кумак ба арсаи маориф сарф кунанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи дин, дар як соли ахир беш 7 ҳазор сокини кишвар “ба маъракаҳои дастаҷамъонаи хайриявӣ” ҷалб шуданд.

“Амузанг – Хатлон”. Нахустин қатор рӯзи 7-уми март мегузарад

Пас аз ҳафт соли баста будан роҳи оҳани "Амузанг-Хатлон", ки ҷануби Тоҷикистонро бо Узбекистон мепайвандад, боз хоҳад шуд. Мақомот гуфтанд, нахустин қатор аз ин роҳ рӯзи 7-уми марти имсол мегузарад.

Дар ҳоли ҳозир омодагии намояндагони ҳукумати Хатлон ва идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон барои истиқболи ин қатор дар истгоҳи Хушодии ноҳияи Шаҳритус ҷараён дорад. Усмон Қаландарзода, муовини раиси Идораи роҳи оҳан, рӯзи 4-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин қатор ҳайати "Узбекистон темур йулларӣ" низ хоҳад омад.

Аз ин пеш, рӯзи 1-уми март дар марзи Тоҷикистону Узбекистон 9 гузаргоҳ расман мавриди истифода қарор гирифт.

Истгоҳи Хушодӣ, яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани “Амузанг-Хатлон” аст, ки аз шоҳрагҳои транзитӣ барои ҷануби Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Соли 2011 ин шоҳрагро "буриданд" ва Хатлон аз роҳи арзон ва осони таъмини маводи ғизоӣ ва маҳсулот маҳрум шуд. Иқтисодаш садҳо миллион доллар зарар дид ва пайванди хешутабории сокинони узбектабори Хатлон ҳам тақрибан канд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, боз шудани роҳи оҳан ба рушди иқтисоди вилояти Хатлон ва манотиқи ҳаммарзи Узбекистон мусоидат хоҳад кард.

Ду мақоми амниятии Куриёи Ҷанубӣ ба Пхенян мераванд

Президенти Куриёи Ҷанубӣ эълон кард, ки Чонг Иёнг, раиси амнияти миллии дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва Со Ҳон, раиси созмони иттилоотии ин кишвар рӯзи 5-уми март роҳии Куриёи Шимолӣ хоҳанд шуд.

Ба гузориши “Ройтерс” ин дидор тозатарин қадам аз тарафи Сеул дар ростои анҷоми музокирот бо ҳамсояи шимолиаш гуфта мешавад.

Пас аз суханронии раҳбари Куриёи Шимолӣ дар мавриди эҳтимоли анҷоми музокироти ду Куриё, тими Пхенян ба Олимпиадаи зимистонаи Куриёи Ҷанубӣ рафт ва ду ҳайати олирутба аз Сеул дидан карданд.

Куриёи Ҷанубӣ ва Иёлоти Муттаҳида аз фаъолиятҳои ҳастаии Куриёи Шимолӣ нигаронанд ва Амркио таъкид кардааст, ки ҳаргуна музокирот бо Куриёи Шимолӣ бояд дар ниҳоят ба тавқифи барномаи атомии он кишвар сабаб шавад.

Доналд Трамп аз иқдоми коммунистҳои Чин ситоиш кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз иқдоми Ҳизби коммунисти Чин барои бидуни маҳдудият дар қудрат боқӣ мондани Сӣ Ҷинпин ситоиш кардааст. Бар асоси навори садоӣ, ки аз тарафи шабакаи хабарии CNN мунташир шуд, Доналд Трамп гуфтааст, ҳоло Сӣ Ҷинпин барои тамоми умр раиси ҷумҳур аст ӯро олӣ тавсия намудааст.

CNN мегӯяд, ин наворро аз як нишасти пушти дарҳои баста дар аёлати Флорида ба даст овардааст. Ин нишаст рӯзи 3-юми март бо ҳадафи ҷамъоварии пул баргузор шуда буд.

Сӣ Ҷинпин соли 2012 раҳбари Ҳизби коммунисти Чин интихоб шуд ва баъди як соли он ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишаст.

Аз Сӣ Ҷинпин ба унвони як сиёсатмадори оянданигар ёд мекунанд, ки тарҳҳои зиёдеро рӯи даст дорад ва аз ҷумла мехоҳад, то соли 2020 фақрро аз байн барад. Ҳамчунин, ӯ мехоҳад тарҳҳои нави тиҷоратиро роҳандозӣ кунад. Раиси ҷумҳури кунунии Чин аз замони ба қудрат расидан, муборизаи сахтеро бо фасоди молӣ дар пеш гирифтааст.

Аммо мухолифони бемаҳдуд дар қудрат боқӣ мондани ӯ низ кам нестанд.

Даргузашти Тилло Бобоев, яке аз бунёдгузорони Боғи ботаникии Кӯлоб

Тилло Бобоев

Тилло Бобоев, яке аз муассисон ва мудири Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб рӯзи 4-уми март дар 77-солагӣ даргузашт.

Наздикони Бобоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ аз фишори баланд ранҷ мекашид. Ба қавли онҳо, ҷасади Тилло Бобоев соати чаҳори баъд аз зуҳри якшанбе дафн хоҳад шуд.

Тилло Бобоев, яке аз бунёдгузорони боғи ботаникӣ дар Кӯлоб аст, ки соли 1985 бунёд ёфтааст. Ӯ соли гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "мардум то чанд соли пеш гулеро, ки дар хона парвариш карда наметавонистанд ва дар пуштаҳо намерӯид, дар боғи ботаникӣ пайдо мекарданд. Ин боғ то як вақти муайян ниёзҳои мардумро қонеъ мекард."

Ӯ номзади илмҳои биологӣ, дотсент корманди шоистаи Тоҷикистон буд.

Мадина Назарова ҷоизаи имсолаи “Авто-Бону”-ро аз худ кард

Мадина Назарова, як ронандаи зан аз Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи озмуни имсолаи “Авто-Бону” эълон шуд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷои дувумро Силсиламоҳ Азимова ва Муътабар Азимова ба даст оварда, ҷои севум насиби Раҳима Сабзалиева, Барногул Усмонова ва Сурайё Салмонова шудааст.

Озмуни имсолаи “Авто-Бону” рӯзи 3-юми март дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Мақомот гуфтанд, ки дар озмуни имсола панҷоҳ ронандаи зан иштирок карданд.

Муҳаммадсаид Саидзода, муовини вазири корҳои дохилӣ, ҳангоми натиҷагирии озмун аз ронандагони зан ситоиш карда, гуфтааст, онҳо дар муқоиса ба мардон камтар ба нақзи қоидаҳои роҳ иҷоза медиҳанд. “Ҳадаф аз баргузории озмун пеш аз ҳама, ҷалби таваҷҷӯҳи сокинон ба масоили таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, боло бурдани малакаи касбии ронандаҳои зан ва таблиғи қоидаҳои ҳаракат буд”, - гуфтааст Саидзода.

Бори чаҳорум аст, ки дар кишвар озмуни “Авто-Бону” баргузор мешавад. Озмуни нахустини «Авто-Бону» дар робита ба соли 2015 эълон шудани «Соли оила» баргузор шуда, дар он 24 нафар довталабона иштирок карда буданд.

Намояндагони Навоз Шариф дар Сенат курсии зиёдро соҳиб шуданд

Марям Навоз бо падараш Навоз Шариф, нахуствазири собиқи Покистон

Бино ба гузоришҳо, ҳизби Лигаи мусалмонҳои шохаи Навоз Шариф, нахуствазири собиқи Покистон, “контрол”-и Сенат ё маҷлиси болоии он кишварро дар даст гирифтааст.

Порлумонҳои миллӣ ва аёлатии Панҷобу Синд, Хайбар Пахтунхва ва Балуҷистон дар раъйдиҳии рӯзи 3-юми март аз миёни 130 номзад 52 нафарро интихоб карданд.

Бар асоси маълумоти Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, ҳизби Лигаи мусалмонҳои шохаи Навоз Шариф аз 52 курсӣ дар Сенат 15 курсиро дар ихтиёр дорад. Марям Навоз, духтари Навоз Шариф, рӯзи шанбе дар Твиттер навишт, ки ҳизби Лигаи мусалмонҳо акнун дар Сенат ҳам бузургтарин ҳизб аст.

Пирӯзии ҳизби Лигаи мусалмонҳои шохаи Навоз Шариф дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Покистон соли гузашта ӯро бо иттиҳоми фасоди идорӣ аз симати нахуствазирӣ дур карда буд.

Баҳрайн гуфт, беш аз сад ҷангҷӯи шиаро боздошт кардааст

Мақомоти Баҳрайн гуфтанд, ки 116 узви як шабакаи ҷангҷӯёни шиаро дастгир карданд. Ба қавли онҳо, ин шабака аз тарафи Эрон таъсис шуда, аз ҳимояти он кишвар бархӯрдор будааст.

Вазорати умури дохилии Баҳрайн рӯзи 3-юми март эълон кард, ки ин ҷангҷӯён мехостанд масъулон, аъзои нирӯҳои амниятӣ ва таъсисоти муҳими нафтро бо ҳадафи барҳам задани назму амният ва осеб расондан ба иқтисоди миллӣ ҳадаф қарор диҳанд.

Ин вазорат дар изҳороте гуфт, “таҳқиқоти густарда нишон дод, боздоштшудаҳо узви шабакае буданд, ки аз сӯи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ташкил шуда буд.” Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, 48 нафар аз боздоштшудаҳо дар урдугоҳҳои вобаста ба Сипоҳи посдорон ва шохаҳои мусаллаҳи он дар Ироқу Лубнон омӯзиш дидааднд.

Баҳрайн ҳамвора Эронро ба таҳрик ва омӯзиши ҷангҷӯён айбдор донистааст. Аммо Теҳрон чунин иддаоро рад мекунад.

Даргирӣ бо эътирозгарон. Даҳҳо нафар боздошт шуд, бархе – захмӣ

Пулиси Украина болои як урдугоҳи эътирозгарон дар наздикии бинои порлумони он кишвар ҳамла бурд ва бо онҳо вориди даргирӣ шуд. Пулис мегӯяд, тақрибан панҷоҳ нафар аз эътирозгаронро боздошт кардааст.

Андрей Кришченко, сардори идораи пулиси пойтахти Украина, рӯзи 3-юми март ба хабарнигорон гуфт, “ҳамин ҳоло 39 нафарро боздошт кардем ва онҳо ба шуъбаи маҳаллии пулис бурда шуданд. Ду мардро хадамоти “Ёрии таъҷилӣ” ба бемористон бурд”.

Бино ба гузоришҳо, дар даргирӣ миёни пулиси Украина ва эътирозгарон дар Киев шаш муътариз ва чаҳор пулис низ захмӣ шудаанд.

Гуруҳе аз эътирозгарон дар Киев моҳи октябри соли гузашта урдугоҳеро дар наздикии порлумони ин кишвар эҷод карда, хостори поён додан ба масунияти порлумонӣ шуданд.

Пулиси Укриана гуфтааст, аз назди эътирозгарон норинҷак ва миқдори дигари аслиҳа ёфт шуд. Музокироти миёни эътирозгарон ва мақомҳои давлатии Украина дар моҳи феврали имсол бенатиҷа анҷом ёфт.

Покистон 52 сенатори нав интихоб мекунад

Покистон рӯзи шанбе сенаторҳои нав интихоб мекунад. Қонунгузорони покистонӣ дар чаҳор порлумони аёлатӣ – дар Панҷоб, Синд, Хайбар Пахтунва, Балуҷистон – ва ҳамчунон дар порлумони марказии он кишвар барои интихоби 52 сенатор раъй медиҳанд.

130 нафар барои интихоб дар Маҷлиси Сенати Покистон номзад ҳастанд.

Интихоботи Маҷлиси Сенати Покистон як чолиш барои ҳизби Навоз Шариф, нахуствазири пешини ин кишвар хоҳад буд. Кумисюни мустақили интихобот номзадии Шарифро ба унвони раҳбари ҳизби Лигаи мусалмонҳо рад кард.

Додгоҳи олии Покистон моҳи июли соли гузашта Навоз Шарифро ба хотири даст доштан дар фасоди идорӣ аз мақоми нахуствазир радди салоҳият намуд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Эътирозгаронро аз назди бинои парламенти Гурҷистон хориҷ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00
XS
SM
MD
LG