Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Таҳрими нави ИМА алайҳи Пхенян барои куштори бародари Ким Чен Ин

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ва бародари модарҷудои ӯ Ким Чен Нам

ИМА дар робита ба куштори бародари модарҷудои роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Нам алайҳи ин кишвар таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 7 март бо такя ба Департаменти давлатии ИМА иттилоъ дод.

Тасмими ҷори кардани таҳримҳои нав ҳанӯз 22 феврал қабул шуд. Аммо то кунун дақиқ нест, ки ин таҳримҳо аз чӣ иборат хоҳанд буд.

Хизер Нойерт, намояндаи Департаменти давлатии ИМА гуфт, Вашингтон ба хулосае омад, ки мақомоти Куриёи Шимолӣ дар куштори Ким Чен Нам даст доранд. Барои анҷоми ин ҷиноят онҳо маҳлули кимиёвии заҳролуди VX-ро ба кор бурданд. "ИМА истифодаи силоҳи кимиёвиро барои содир кардани кушторҳо маҳкум мекунад. Ин беэҳтиромии ошкоро ба меъёрҳои байналхалқӣ аст ва бори дигар бехирадии мақомоти Куриёи Шимолиро ба намоиш мегузорад", - навишт Нойерт дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ким Чен Намро 14 феврали соли гузашта рӯймолчаи заҳролудро дар фурудгоҳи Куала-Лумпур ба рӯи ӯ ҳаво доданд ва ӯро куштанд. Ким Чен Нам писари калонии роҳбари пешини Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ир буд. Солҳои охир ӯ асосан дар хориҷ зиндагӣ мекард ва аз мунаққидони бародараш буд.

Писари рӯҳонии аршади Эрон барои интиқоди раҳбарон боздошт шуд

Раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ

Мақомоти Эрон рӯҳониеро боздошт карданд, ки чанде пеш ҳукуматро барои саркубгарӣ ва ноадолатӣ интиқод карда буд.

Рӯҳонии боздоштшуда Ҳусейн Шерозӣ, писари рӯҳонии машҳур Оятуллоҳ Содиқ Шерозӣ аст, ки гуфта мешавад дар Эрону Ироқ пайрав дорад.

Падару писар ҳарду аз мунақидони ҳукумати Эрон ба шумор меоянд.

Як хеши Оятуллоҳ Содиқ Шерозӣ дар Лондон, ба бахши форсии Би-би-си гуфт, ки Ҳусейн Шерозӣ рӯзи 6 март, баъди иштирок дар дарси илоҳиёти Исломӣ, дар шаҳри муқаддаси Қум боздошт шуд.

Гуфта мешавад, ки Ҳусейн Шерозии 47-сола моҳи феврал дар ҷараёни як суханрониаш, Вилояти Фақеҳи ҷумҳурии Исломӣ, ё ҳукми як додрасро ба режими Фиръавнҳои Миср монанд кард.Ӯ ҳамчунин мақомоти Эронро ба ситамгарӣ муттаҳам кард.

Бар пояи баъзе гузоришҳо, баъди ин суханронӣ Ҳусейн Шерозӣ моҳи феврал ба ҳузури Додгоҳи вежаи руҳоният даъват шуд.

Мақомоти Эрон Оятуллоҳ Содиқ Шерозиро манбаи тақлид ва тарғиби "шиъаи Британия" мегӯянд ва ӯро ваӯро ба дарёфти пул аз Британия ва Арабистони Саудӣ муттаҳам мекунанд.

Тарафдорони Шерозӣ мегӯянд, ки ин рӯҳонӣ барои қазовати мустақилони масъалаҳо ва интиқоди мақомоти Эрон таъқиб мешавад.

Forbes духтар ва домоди Назарбоевро сарватмандтарин сокинони Қазоқистон номид

Темур Қулбоев - домоди Нурсултон Назарбоев

Динара Қулибоева, духтари президенти Қазоқистон ва ҳамсари ӯ Темур Қулибоев, ки дар якҷоягӣ бузургтарин бонки ин кишварро идора мекунанд, дар раддабандии миллиардерҳо мақоми 194-ро ишғол карданд.

Ин раддабандиро маҷаллаи амрикоии Forbes тартиб медиҳад. Дар як соли охир дороии Қулиевҳо дар маҷмуъ ба 2,2 миллиард доллар афзудааст.

Дар раддабандии охири маҷаллаи мазкур номи панҷ қазоқистонӣ зикр шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ миллиардерҳои рақами аввали Қазоқистон иваз шудаанд: агар соли гузашта дар мақоми аввал тоҷир Булат Утемуратов қарор дошт, пас имсол мақоми сарватмандтарин сокинони Қазоқистонро Темур ва Динара Қулиевҳо соҳиб шуданд.

Дороии Тимур Қулибоев дар маҷмуъ 3,2 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Бино бар иттилои маҷалла, Динара Қулибоева низ ҳамин миқдор дороӣ дорад. Дар маҷмуъ, сарвати ин ҷуфт ба 6,4 миллиард доллар баробар аст.

Маҷаллаи Forbes сар аз соли 1987 ба ин тараф сарватмандтарин одамони дунёро раддабандӣ мекунад. Соли ҷорӣ дар ин раддабандӣ 2208 одам аз 72 кишвар шомил шудааст. Дар маҷмуъ ин теъдод одамон 9,1 триллион долларро соҳибанд.

Қазияи заҳролудшавии ҷосуси пешинро Скотланд Ярд пеш мебарад

Пулиси Бритониё минтақаеро, ки ҷосуси пешини Русия дар он аз пой афтод, таҳти назорат гирифт.

Воҳиди зидди терроризми пулиси Бритониё тафтиши қазияи заҳролудшавии ҷосуси пешини Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯро бар дӯш гирифт. Скотланд Ярд эълон кард, ки бино ба "мавриди ғайриоддӣ" будани қазия, тафтиши онро воҳиди зиддитеррористӣ пеш мебарад. Қаблан вазири умурии хориҷии Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, иштироки давлати хориҷӣ дар ин ҳодиса "беҷазо" намемонад.

Скрипали 66-сола ва духтари 33-солаи ӯ Юлия дар бахши эҳёгарии бемористони Солсберӣ бистарӣ шудаанд. Би-би-сӣ аз қавли хешони Скрипал гуфтааст, баъзе аъзои оилаи ӯ солҳои охир ба таври асроромез даргузаштанд.

"Александр Скрипал, писари 44-солаи полковники пешини Идораи кулли истихборот Сергей Скрипал, соли гузашта аз бемории ношинос вафот кард", - навиштааст нашрияи The Times.

Ба навиштаи нашрияи The Guardian, ҳамсари Скрипал соли 2012 дар фурсати кӯтоҳи баъди кӯч бастан ба Бритониё, аз бемории саратон фавтид. The Times мегӯяд, Юлия аз соли 2010, баъди табодули ҷосусҳо бо Русия, дар Бритониё зиндагӣ мекард. Аммо баъдан ба Русия баргашт ва дар PepsiCo Russia кор мекард. Ӯ ба Бритониё ба дидорбинии падараш омада буд.

Тақвияти чораҳои амниятӣ дар остонаи сафари Мирзиёев

Дар остонаи сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ба Тоҷикистон фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар пурзӯр карда шудааст. Нахустин сафари расмии Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 9 ва 10-уми марти имсол сурат мегирад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “вобаста ба сафари президенти Узбекистон ва, инчунин, Рӯзи Модар фаъолияти кормандони мо тақвият бахшида шудааст. Ин ба хотири он аст, ки амният на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар саросари Тоҷикистон таъмин бошад.”

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон низ кормандони худро дар ҳоли пурзӯри хидмат қарор дода аст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ, гуфт, “ҳадаф ин аст, ки мардум дар ин рӯзҳои барои Тоҷикистон пураҳамият бояд осуда бошанд”.

Марзбонони тоҷик низ дар марзҳои тӯлонии кишвар бо ҳамсоягон, бахусус Афғонистон дар ҳолати омодабош ҳастанд. Маҳмудҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “бо онки ягон супориши махсус нашудааст, нирӯҳои марзбонӣ дар ҳолати омодабош ва тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.”

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, рӯзи 9-уми март бо сафари дурӯза вориди Душанбе мешавад. Пас аз интихоб шудан ба маснади раиси ҷумҳури Узбекистон ин нахустин сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон аст.

Мирзиёевро дар ин сафар як ҳайати тиҷоративу иқтисодии кишвараш ҳамроҳӣ хоҳанд кард, ки дар нишасти соҳибкорони ду кишвар дар Душанбе иштирок мекунанд.

Хабарнигори BBC вакили русро ба озори ҷинсӣ муттаҳам кард

Леонид Слутский

Хабарнигори Би-би-сӣ Фарида Рустамова намояндаи мардумӣ дар Думаи давлатии Русия аз ҳизби Либерал-Демократ Сергей Слутскийро ошкоро ба дастдарозии ҷинсӣ муттаҳам кард. Рустамова гуфт, ӯ навори садоӣ дорад, ки дар он сиёсатмадор пешниҳодҳои ношоиста мекунад. Би-би-сӣ рӯнавишти ин гуфтугӯро нашр кардааст.

Ба қавли Фарида Рустамова, ӯ моҳи марти соли 2017 ба дафтари кории Слутский рафт, то дар заминаи сафари номзад ба мақоми президентии Фаронса Марин Ле Пен аз сиёсатмадор шарҳ бигирад. Вақте онҳо танҳо монданд, Слутский ба журналист пешниҳодҳои ношоям кард.

Фарида Рустамова гуфт, намояндаи мардумӣ ба ӯ пешниҳод кард, ки маъшуқааш шавад. Рустамова гуфт, пас аз ин ҳодиса ӯ аз равоншинос кумак гирифт.

Рӯзи 22-юми феврал шабакаи телевизионии "Дождь" дар бораи мавридҳои дастдарозии Сергей Слутский ба занҳо матлаб нашр кард. Се журналисти масъули пӯшиши хабарҳои порлумон - продюсери шабакаи телевизионии "Дождь" Даря Жук, сардабири шабакаи телевизионии RTVI Екатерина Котрикадзе ва хабарнигори Би-би-си Фарида Рустамова Слутскийро ба дастдарозӣ муттаҳам карданд.

Слутский иттиҳомро рад мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии РБК изҳороти журналистсҳоро "ёвагӯӣ" унвон кард.

Раҳбари ҳизби ЛДПР Владимир Жириновский гуфт, чунин рафторро ғайри қобили қабул медонад ва шикояти занҳоро таҳқиқ хоҳад кард.

Путин аз ошкор шудани 400 ҷосуси хориҷӣ хабар дод

Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин аз мақомоти кишвараш талаб кард, ки аз кӯшишҳои ҷосусони хориҷӣ барои дарёфти маълумоти дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва дифоӣ пешгирӣ кунанд.

Ӯ, ки рӯзи 6-уми март дар коллегияи Хадамоти федеролии амнияти Русия суханронӣ мекард, гуфт, солҳои охир ҷосусони хориҷӣ бисёр фаъол шудаанд. Ба қавли Путин, онҳо барои анҷоми корҳои худ аз навтарин усули зеҳниву техникӣ кор мегиранд.

Бино ба иттилои президенти Русия, соли гузашта дар ин кишвар фаъолияти 72 гумоштаи хадамоти иктишофӣ ва тақрибан чаҳорсад ҷосуси мақомоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ошкор шудааст.

Пештар Владимир Путин ФСБ-ро тавсиф карда буд, ки тавонист то замони паёми ӯ ба Маҷлиси федеролӣ маълумот дар бораи навтарин аслиҳаи Русияро пинҳон нигоҳ дорад.

Президенти Қирғизистон гуфт, ба хешовандонаш мансаб намедиҳад

Сооронбой Ҷеенбеков

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи сешанбе дар суҳбат бо раҳбарони расонаҳои ин кишвар гуфт, ки хешовандонаш ба умури идораи давлат дахолат нахоҳанд кард.

Ба гуфтаи Ҷеенбеков, бисёриҳо нигаронанд, ки ӯ наздиконаш, аз ҷумла бародари хурдиаш Асилбек Ҷеенбековро ба мақомҳои давлатӣ таъйин мекунад.

"Онҳо корҳои худро хуб пеш мебаранд. Аз тақдири президентҳои пешини Қирғизистон -- Аскар Акаеву Қурмонбек Боқиев огаҳӣ дорам ва мехоҳам, 6 сол баъд бо сари баланд бо мардум рӯбарӯ шавам", - афзуд ӯ.

Ҷеенбекови хурдӣ раиси порлумони Қирғизистон буд, вале баъд аз сарвазир шудани бародараш Сооронбой Ҷеенбеков аз мақом истеъфо дод. Дертар Ҳизби ҳокими сотсиал-демократии Қирғизистон номзадии Сооронбой Ҷеенбековро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Асилбек Ҷеенбеков ҳоло вакили порлумон аст.

Остона "барои мубориза бо тундгароӣ" 840 миллион доллар харҷ мекунад

Сарбозони Кумитаи амнияти миллии Қазоқисион

Мақомоти Қазоқистон тасмим доранд, барои мубориза бо тундгароӣ ва терроризм давоми панҷ соли оянда бештар аз 270 миллиард танга (муодили зиёда аз 840 миллион доллар) харҷ кунанд.

Ин иттилоъро Нургалӣ Билисбеков, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 6 март тасдиқ кард.

Билисбеков гуфт, ин миқдор маблағ барои пешгирӣ аз дидгоҳҳои тундгароёна, инчунин зуҳури терроризму экстремизм равона хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, бо харҷи 840 миллион доллар 80 чорабинӣ баргузор карда мешавад.

"Дар дохили автобуси шикаста 49 шаҳрванди Тоҷикистон буд"

Акс аз бойгонӣ

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон гуфтанд, ки барои кумак ба 49 шаҳрванди бандмондаи кишвар дар шоҳроҳи вилояти Акмолаи Қазоқистон намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар он маҳалро сафарбар кардаанд. Ин гуруҳи шаҳрвандон аз вилояти Екатеринбурги Русия тариқи Қазоқистон ба ватан бармегаштанд.

Як намояндаи консулгарии Тоҷикистон дар Қазоқистон рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат, бар асари хароб шудани муҳаррики автобус муҳоҷирони савори он дар вилояти Акмола дармонданд. Дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

Дипломати тоҷик, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, масъулони сафорат дар навбати аввал аз ҷамъияти тоҷикони Акмола хостаанд, ба кумаки мусофирон шитобанд ва дар пай тадбирҳои дигари зарурӣ ҳам андешида мешавад.

Ҳодиса шоми 6-уми март рух дод ва гуруҳи наҷотбахшони марбут ба ҳукумати вилояти Акмола дар ҷои ҳодиса ба ёрии мусофирон шитофтаанд.

Роҳи мошингарди Тоҷикистон-Русия, ки аз қаламрави Қирғизистону Қазоқистон мегузарад, як масири маъмули ҳаракати муҳоҷирони тоҷик мебошад. Аз ин роҳ онҳое истифода мекунанд, ки барои пардохти харҷи билети ҳавопаймову қатор имкони молӣ надоранд.

Вале бисёр ҳолатҳое шудааст, ки бо сабаби риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ ва аз ташхиси техникӣ нагузаштани мусофирбарҳо фоҷиа сар мезанад.

Ҳодисаи мудҳиштарин рӯзи 18-уми январи имсол рух дод. Автобуси навъи “Икарус”, ки аз ҳудуди деҳаи Калибои вилояти Оқтеппаи Қазоқистон дар шоҳроҳи Шимкент-Самара ба самти Русия ҳаракат мекард, аз дохил оташ гирифт.

Дар натиҷаи "тамоси барқӣ" дар дохили автобус тамоми ин мусофирбар оташ гирифт ва дар они воҳид 52 шаҳрванди Узбекистон ба ҳалокат расида, танҳо панҷ нафар – ду муҳоҷири узбак ва се шаҳрванди Қазоқистон бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ситораҳои ҳунари Узбекистон ба Тоҷикистон меоянд

Шералӣ Ҷӯраев

Қарор аст, ситораҳои ҳунари Узбакистон рӯзи 8-уми март вориди Душанбе шаванд.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 7-уми март дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар назар аст, ҳайати 13-нафарии ҳунармандони маъруф, аз ҷумла Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров, Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова ва дигарон вориди пойтахти Тоҷикистон шаванд".

Ҳунармандони Узбакистон дар консерти калони ҳунарии бахшида ба сафари давлатии президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳамроҳ бо ситораҳои ҳунари тоҷик иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои оҷонси хабарии "Азия-Плюс", рӯзи 6-уми март бо ҳадафи иштирок дар ин консерт беш аз 100 ҳунарманд ва навозандаву рақсанда аз Тошканд ба Душанбе омаданд.

"Сомон Эйр" ният дорад, чор ҳавопаймои Embraer бихарад

Ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ният дорад, ки чаҳор ҳавопаймои навъи “Эмбрайер” (Embraer E190-E2)-ро харидорӣ кунад. Дар ин бора Баҳодур Раҳимов, раиси техникии ширкати “Сомон Эйр”, аввали ин ҳафта дар намоишгоҳи ҳавопаймоҳо дар Маскав изҳори назар кардааст.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳанӯз бо ширкати истеҳсолкунандаи ин ҳавопаймоҳо, ки дар Бразилия қарор дорад, шартнома набастааст.

Ҳавопаймои бразилии Embraer аз 97 то 114 ҷойи нишаст дорад ва дар масофаҳои кӯтоҳ ва миёна парвозҳо анҷом медиҳад. Бинобар ин, Somon Air ният дорад ин ҳавопаймоҳоро барои анҷоми парвозҳо дар масирҳои дохили кишвар ва шаҳрҳои ҳамсоякишвари Узбекистон истифода кунад.

Парки ҳавопаймоии Somon Air ҳоло аз ҳавопаймоҳои Boeing иборатанд. Ин ширкат 6 ҳавопаймои тамғаи Boeing 737-300, Boeing 737-800 ва Boeing 737-900-ро дар ихтиёр дорад.

Somon Air ягона ширкати хусусии ҳавопаймоии Тоҷикистон аст ва дар соли 2017 ним миллион мусофир кашондааст.

Ҳалокати 32 нафар дар суқути ҳавопаймои Русия дар Сурия

Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар пойгоҳи Ҳмеймими Сурия

Ҳавопаймои борбари Русия ҳангоми фурудоӣ дар наздикии пойгоҳи Ҳмеймими Сурия суқут кард. Дар ин ҳодиса 26 мусофир ва шаш сарнишини ҳавопаймо ба ҳалокат расид.

Дар ин бора матбуоти Русия баъд аз зӯҳри 6-уми март хабар дод.

Гузоришҳо бо такя ба манбаъҳои Вазорати дифои Русия мегӯянд, бинобар маълумоти ибтидоӣ, 32 нафар дар ҳоле ҳалок шуданд, ки ҳавопаймои борбари АН-26 ҳангоми фурӯдоӣ дар Ҳмеймим сарозер шуд.

Вазорати дифоъ гуфтаст, "ба эҳтимоли зиёд" суқути ҳавопаймо дар пайи иштибоҳи фаннӣ рух додааст ва ҳеч аломате вуҷуд надорад, ки ҳавопаймо ҳадафи оташ қарор гирифт.

Русия дар тӯли 7 соли ҷанги шаҳрвандии Сурия аз президент Башор Асад аз пуштибонӣ кард.

Маскав бо оғози ҳамлаҳои ҳавоии соли 2015 дар Сурия, гардиши ҷангро ба фоидаи Асад ҳал намуд ва ҳузури низомияшро дар хоки он кишвар афзоиш дод.

Раҳбари Кореяи Шимолӣ омодааст, аз мушакҳои ҳастаӣ даст кашад

Мулоқоти Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ. 6-уми марти 2018

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин омодааст, аз озмоишҳои ҳастаӣ даст кашад ва бо Амрико вориди музокирот шавад, агар Вашингтон амнияти Пхенянро кафолат диҳад. Дар ин бора нашрияи The New York Times рӯзи 6-уми март бо такя ба манбаъҳои Кореяи Ҷанубӣ хабар дод.

Пештар аз ин маълум шуд, ки Ким Чен Ин бори аввал бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ мулоқот кард. Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ рӯзи гузашта ба Пхенян рафтанд.

Хабаргузории Reuters ҳадафи сафарро талоши эҷоди муколама дар байни Кореяи Шимолӣ ва Амрико унвон кард.

Ким Чен Ин, инчунин, дар ҷараёни мулоқот аз рушди равобит миёни ду Корея "қотеъона" пуштибонӣ кардааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои Корея, Ким Чен Ин гуфтааст, ки барои ҳамоиш талош мекунад.

Манбаъҳои The New York Times мегӯянд, намояндагони Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар бораи мулоқоти Ким Чен Ин бо президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Ҷӣ Ин созиш карданд ва ин мулоқот эҳтимол моҳи апрели имсол баргузор мешавад.

Дар даҳ соли охир бори аввал аст, ки Кореяи Ҷанубӣ ба Пхенян музокиротчӣ фиристод. Ин муҳимтарин натиҷаи, ба истилоҳ, "оштии олимпӣ" аст, ки ду кишвар дар ҷараёни бозиҳои зимистона ба таври ғайрирасмӣ ба он даст ёфтанд.

Афсари собиқ барои қатли 19 зан ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд

Евгений Чуплинский

Афсари пешини пулиси Русия бо ҷурми куштори 19 зан дар Сибир ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд.

Додгоҳи минтақавии Новосибирск ҳукми Евгений Чуплинскийро рӯзи 6-уми март эълон кард. Шаш рӯз пеш ҳайати мунсифа ӯро дар куштори 19 зан, дар давраи аз соли 1998 то 2005, гунаҳкор донист.

Додситонҳо гуфтанд, аксари қурбониҳои Чуплинский фоҳишаҳо буданд ва ӯ қабл аз куштор бо баъзеи онҳо ҳамхоба мешуд. Евгений Чуплинский бори аввал соли 2004 боздошт шуд, аммо аз идораи пулис фирор кард. Бори дувум соли 2006 ба даст афтод, аммо бинобар набудани далели кофӣ ӯро озод карданд.

Чуплинскийи 52-сола соли 2016 дар ҳоле бори севум дастгир шуд, ки мақомот бо ташхиси DNA даст доштани ӯро дар ин кушторҳо собит карданд.

Моҳи январ собиқ афсари дигари пулиси Русия Михаил Попков, ки барои куштори 22 зан ҳукми абад гирифта буд, дубора мурофиа ва ба қатли 60 зани дигар муттаҳам шуд.

Попкови 53-сола, ки дар гузашта афсари пулиси шаҳри Ангарски Сибир буд, рӯзи 10-уми январ дар додгоҳи вилояти Иркутск таҳти мурофиа қарор гирифт.

Матбуоти Русия Попковро "маняки Ангарск" ном мебаранд.

Озарбойҷон: Сӯхтори пурқурбонӣ дар Боку талоши худкушӣ буд

Сӯхтор дар маркази наркологии Боку

Мақомоти Озарбойҷон мегӯянд, сӯхтори рӯзи 2-юми март дар маркази эҳёи мӯътодон дар Боку талоши худкушӣ буд ва гумонбар боздошт шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Озарбойҷон дар изҳороти рӯзи 6-уми март гуфтанд, як бемори ин марказ Муҳаммад Мамадов, ки намехост дар ин марказ табобат бигирад, ба хотири худкушӣ оташ афрӯхт.

Изҳорот мегӯяд, марди гумонбар, ки рӯзи 3 март боздошт шуд, дар ин марказ аз ихтилоли равонӣ ва рафторӣ, ки дар пайи майзадагӣ ҳосил шудааст, табобат мегирифт.

"Ӯ аз рӯи банди куштори барқасдона, куштори афроди оҷиз ва осеб расондан ба моликияти одамон муттаҳам шуд", - омадааст дар изҳорот.

Бинои якошёнаи чӯбини маркази табобати нашъамандон соати 6:10-и субҳи 2-юми марти имсол оташ гирифт ва 25 нафарро қурбон кард.

Мушовири пешини Трамп аз ироаи баёнот дар "парвандаи Русия" даст кашид

Роберт Мюллер- прокурори махсуси "қазияи Русия"

Сэм Нанберг, мушовири пешини ситоди интихоботии Доналд Трамп гуфт, дар доираи парвандаи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016, баёнот намедиҳад.

Ӯ дар суҳбат бо телевизиони MSNBC гуфт, тайи 80 соат бо мушовирони пешини президент Трамп - Стив Бэннон ва Роҷер Стоун номаҳои электронии худро баррасӣ нахоҳад кард. Нанберг даъвати додситони махсус Роберт Мюллерро барои ироаи баёнот "комилан бемаънӣ" номида, созиши эҳтимолии Трамп бо Русияро қотеъона рад кард.

Ахиран Мюллер аз Трамп ва мушовиронаш хост, ки номаву ҳуҷҷатҳои худро аз соли 2015 ба ин сӯ пешниҳод кунанд.

Дар ИМА эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи президентии Амрико мавриди санҷиш қарор дорад. Додситони махсус Мюллер бояд муайян кунад, ки Трамп ва Кремл дар давраи интихобот зидди номзади Ҳизби демократии ИМА, Ҳилларӣ Клинтон созише карда буданд, ё не. Мюллер аллакай зидди чанд мушовири Трамп ва 13 шаҳрванди Русия айб эълон кардааст. Москва дахолати худро дар интихобот рад мекунад.

Сэм Нанберг бо Трамп аз соли 2011 кор мекард. Ӯ яке аз аввалин мушовирони сиёсии Доналд Трамп буд. Вале соли 2015 аз мақоми худ дар ситоди интихоботии Трамп барканор шуд.

Мақомоти Қазоқистон "ҷиҳодиҳо"-и баргаштаро зиндонӣ карданд

Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Нургалӣ Билисбеков

Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 6 март хабар дод, ки беш аз 120 ҷангҷӯи эҳтимолӣ ва аъзои хонаводаи онҳо аз Сурия ба ватан баргаштанд. Ба гуфтаи Билисбеков, муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ даҳҳо тани баргаштаҳо зиндонӣ шуданд.

"Тавре медонед, созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Сурияву Ироқ шикаст хӯрданд. Баргашти ҷангҷӯён ва аъзои хонаводаи онҳо мушоҳида мешавад", - гуфт Билисбеков.

"Барои мисол, дар ҳоли ҳозир 125 шаҳрванди Қазоқистон баргаштааст, ки аз ин шумор 57 нафар зиндонӣ шуд. Боқимонда таҳти назорати мақомот қарор доранд", - афзуд Билисбеков.

Ин мақоми амниятии Қазоқистон гуфт, ки дар оянда бояд дар кишвараш "сохтори пешгирӣ аз терроризм ва тундгароӣ" таъсис ёбад.

Артиши Афғонистон мегӯяд, ки дастикам 31 ҷангиро маҳв кард

Ҷангиёни саркубшудаи ДИИШ

Дар пайи амалиёти заминӣ ва ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои Афғонистон, дар 24 соати гузашта, дастикам 31 ҷангӣ, бо шумуи ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" кушта шуданд. Дар ин бора Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 6 март хабар дод.

Биноба изҳороти вазорат дар ин амалиёт ҳафт ҷангӣ захмӣ ва ду нафар боздошт шуд. Бо ҳадафи зарба ба ҷингиён, дастикам 13 ҳамлаи ҳавоӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон анҷом шуд, ки асосан пинҳонгоҳҳои ҷангиён ва захирагоҳи силоҳи онҳоро ҳадаф қарор дод, омадааст дар изҳорот.

Амалиёт дар Нангарҳор, Лағмон, Кунор, Ғазнӣ Қундуз,Тахор ва манотиқи дигар пиёда шуд.

Дар як ҳодисаи ҷудогона рӯзи 6 март, бар асари таркиши бомба дар мошини маводи сухт, ду нафар дар вилояти Нангарҳор ба ҳалокат расид. Дар ин бора мақомоти маҳаллӣ хабар доданд.

Абдуллоҳ Хугиёнӣ сухагӯи волии вилоят гуфт, ки дар ин таркиш ҳамчунин се нафар захм бардошт. Масъулияти ин ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Кремл рисолаи тақаллубии Путинро рад кард

Владимир Путин ва Дмитрий Песков

Кремл хабари бахши русии Радиои Озодиро шарҳ дод, ки мегӯяд, рисолаи илмии Владимир Путинро эҳтимол каси дигар навишта буд. "Ин тавр нест", - гуфт Дмитрий Песков, сухангӯи президент Путин ба хабарнигорон.

Путин унвони номзади илм дар риштаи иқтисодро соли 1997 дарёфт кард. Раҳбарии илмии ӯ ректори Донишгоҳи саноати кӯҳии Санкт-Петербург Владимир Литвиненко буд. Духтари Литвиненко рӯзи 4-уми марти имсол дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, кори илмии президент Путинро падари ӯ навиштааст.

Ба гуфтаи Олга Литвиненко, падараш ин корро дар ҷавоб ба таъйин шуданаш ба мақоми ректорӣ Донишгоҳ анҷом дод. Дар худи Донишгоҳ, мегӯяд Олга Литвиненко, "як гурӯҳи бузурги ҷиноӣ, бо иштироки профессорҳо ва устодон созмон ёфта буд, ки рисолаҳои тақаллубӣ месохтанд".

Рисолаи илмии Владимир Путин ба мавзӯи канданиҳои фоиданоки вилояти Ленинград бахшида шудааст. Чанд сол пеш моли дуздӣ будани бахше аз он ошкор шуд, аммо дар Донишгоҳи саноати кӯҳӣ ин иттиҳомро шарҳ надоданд ва кори илмиии Путинро "комилан сиррӣ" унвон карданд.

Владимир Литвиненко ду дафъа раҳбари ситоди интихоботии Путин буд ва худро дӯсти президент меномад. Олга Литвиненко дар баҳси гӯё рабудани духтараш, бо падар вориди баҳси додгоҳӣ шудааст.

Муаллимони Флорида аз ҳаққи доштани силоҳ бархӯрдор мешаванд

Тазоҳуроти Флорида

Сенати аёлати Флоридаи Амрико тарҳи қонун дар бораи маҳдуд кардани фурӯши силоҳро тасвиб кард. Дар ин бора шабакаи телевизионии АВС рӯзи 5-уми март гузориш дод.

Тарҳи қонун аз ҷумла синни харидорони силоҳро аз 18 ба 21 боло мебарад. Ба ғайр аз ин, агар санад қабул шавад, муаллимон ҳақ пайдо мекунанд бо худ силоҳ бигиранд.

Барои бархӯрдор шудан аз ин ҳуқуқ муаллимон бояд тамрин бигиранд. Ҳамзамон тарҳи қонун ба муаллим иҷозат намедиҳад бо силоҳ ба синф ворид шавад.

Қаблан президенти Амрико Доналд Трамп ба таҳкими санҷиш ҳангоми харидории силоҳ даъват карда буд. Сабаби аслии ин даъват тирпарронии рӯзи 14-уми феврал дар мактаби Флорида буд. Он замон талабаи собиқи мактаб, ки мусаллаҳ буд, 17 нафарро ба ҳалокат расонд ва 14 тани дигарро маҷрӯҳ кард.

Бетартибӣ дар пайи камбуди орд дар Туркманистон. ВИДЕО

Нони туркманӣ

Расонаҳо менависанд, ки ҳафтаи равон камбуди орд дар вилояти Марии Туркманистон бетартибиҳоро ба бор овард. Дар яке аз ноҳияҳои вилоят занҳо роҳи мошингардро банд ва дар ноҳияи дигар ба мағоза ҳамла карданд.

Ба навиштаи бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар яке аз деҳаҳо мудири мағоза фурӯши ордро қатъ кард. Сокинони ба хашм омада, ба мағоза ҳамла ва орди дохили онро байни ҳам тақсим намуданд.

Аҳолии Туркманистон аз моҳи декабри соли гузашта бо камбуди орд ва болоравии нархи ин маҳсулот рӯ ба рӯ ҳастанд.

Навори видео дар инҷост:

Бетартибӣ дар пайи камбуди орд дар Туркманистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00

Лола Каримова аз Федератсияи гимнастикаи Узбекистон канор рафт

Лола Каримова

Духтари хурдии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов - Лола Каримова-Тиллоева хабар дод, ки рӯзи 5-уми март аз мақоми президенти Федератсияи гимнастикаи Узбекистон истеъфо дод.

"... Баъди 13 соли роҳбарӣ маҷбуран ин мақомро тарк мекунам. Ман аз самими қалб ба ҳамаи варзишгарон, ба тамоми мураббиёни Федератсия ва ҳамаи кормандони ин ниҳод барои фаъолияти пурсамарашон сипос мегӯям", - навишт Лола Каримова дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Каримова ҳамчунин гуфт, ӯ ба ҳайси президенти ифтихории Иттиҳоди гимнастикаи осиёӣ боқӣ хоҳад монд. Духтари хурдии Ислом Каримов шарҳ намедиҳад, ки чаро мақоми худро дар Федератсияи гимнастика тарк кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Лола Каримова-Тиллоева рӯзи 2-юми феврал дар бораи аз мақоми сафирии Узбекистон дар ЮНЕСКО канор рафтанаш хабар дода буд.

4500 сомонӣ – стипендияи Рустами Эмомалӣ ба Ёсуману Манижа

Ёсуман Исмонзода

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ба Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева, ки соли гузашта дар озмуни байналмилалии “Кӯдакони нобиға” иштирок карданд, 4500 сомонӣ, муодили 500 доллари амрикоӣ стипендия таъйин кардааст. Ин миқдор пул то охири соли хониши 2018 (ҳар моҳ 250 сомонӣ барои як нафар) пардохта хоҳад шуд.

Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Ёсуман ва Манижа дар озмуни “GeniusKid - 2017” ва ё “Кӯдакони нобиға” дар Маскав дар миёни 250 ширкаткунанда аз 11 кишвар мақоми аввал ва нишони тиллоро соҳиб шуданд. Аммо пештар аз ин, онҳо бо намоиши истеъдоди худ дар барномаи “Шахсиятҳои ғайиодӣ” дар шабакаи телевизионии “Россия-1” ҳамаро дар ҳайрат гузоштанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ охири соли гузашта ба истеъдоди ин ду духтар таваҷҷӯҳ кард ва онҳоро “мояи ифтихори кишвар” номид.

Ёсуман дар Литсейи Донишгоҳи Миллӣ таҳсил мекунад ва бахшида ба пирӯзии ӯ дар Озмуни “кӯдакони нобиға”, раҳбарияти Донишгоҳи ӯро аз пардохти 3-солаи таҳсил озод карданд.

Овозаи Ёсуману Манижа то ба раиси ҷумҳур расид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

Маркази “Империяи дониш” ки Ёсуману Манижа шогирдони он ҳастанд, соле пеш бо ташаббуси Модари Манижа - Вероника Коробкина таъсис ёфт. Ҳадафи аслии марказ бедор кардани шавқи илмҳои дақиқ дар кӯдакон ва аз худ намудани донишҳои мураккаб тариқи бозиҳои мухталиф аст. “Мактаби муҳандисӣ ва роботсозӣ” лоиҳаи дувуми омӯзишии ин созмон аст.

ВАО: Афсари заҳролудшудаи истихбороти Русия аз амнияти худ нигарон буд

Сергей Скрипал дар додгоҳ бо иттиҳоми "хиёнат ба ватан"

Афсари пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал, ки бо ҷурми хиёнат ба ватан маҳкум ба зиндон шуда буд, бо аломатҳои заҳролудшавӣ аз маводи ношинос ба бемористон афтод. Ӯ чанде пеш дар бораи нигарониаш аз амнияти худ пулиси Бритониёро дар ҷараён гузошт. Дар ин бора нашрияи The Telegraph рӯзи 6-уми март хабар дод.

Скрипали 66-сола рӯзи якшанбе дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Вазъи ӯ дар фурӯшгоҳ бад шуд. Ҳамроҳи Скрипал як зани ду баробар ҷавонтар аз ӯ бо аломатҳои монанд ба заҳролудшавӣ ба бемористон афтод. Аммо Би-би-си рӯзи 6 март гуфт, ки ин зан Юлия Скрипал - духтари Сергей Скрипал аст. Табибон аз сарнавишти беморҳо нигарон ҳастанд. Ҳоло расман гуфта намешавад, ки ташхис чиро нишон додааст.

Мақомоти Бритониё ҳодисаро шарҳ надодаанд, аммо хабарнигори Би-би-сӣ дар умури масоили амниятӣ, ин ҳодисаро ба заҳролудшавии Александр Литвиненко дар соли 2006 монанд кардааст.

Он замон мақомоти Бритониё сабаби якбора бад шудани вазъи сиҳатии Литвиненко - корманди пешини ФСБ-и Русияро натавонистанд шарҳ диҳанд. Баъдтар маълум шуд, ки ӯро бо маводи радиоактиви полониум заҳролуд карданд. Ҳамсари Литвиненко дар сӯҳбат бо The Telegraph гуфтааст, вазъи Скрипал ба ҳолати ҳамсари ӯ "бисёр монанд" аст.

Скрипал моҳи декабри соли 2004 бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо хадамоти истихбороти Бритониё боздошт шуд. Тафтишот гуфт, Идораи истихбороти Бритониё Скрипалро дар ҳоле истихдом кард, ки ӯ дар хидмати низомӣ буд.

Ба гуфтаи тафтишот, ҷавобгар ба ин идора маводи сирриро ироа мекард. 9-уми августи соли 2006 додгоҳи низомии Маскав Сергей Скрипалро ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Скрипал соли 2013 дар қатори маҳбусони дигар афв шуд ва дертар бо ҷосусони Русия, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд. Солҳои ахир ӯ дар Бритониё зиндагӣ мекунад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Зодгоҳи Ҳитлер ба ихтиёри давлати Австрия гузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00
XS
SM
MD
LG