Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Замони мулоқоти раҳбарони Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ эълон шуд

Намояндагони Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар мулоқоти Панмунҷом. 29 марти соли 2018

Раҳбари Кореяи шимолӣ Ким Чен Ун рӯзи 27 апрел бо президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Ҷе Ин дар деҳкадаи Панмунҷом, минтақаи байни ду Корея мулоқот мекунад. Дар ин бора рӯзи 29 март хабаргузории Кореяи Ҷанубӣ -Рёнхап бо такя ба мақомоти Сеул гузориш дод.

Ин сеюмин нишаст аз замони ҷанги солҳои 1950-1953 аст ва эҳтимол дар заминаи талошҳои умумии дипломатӣ барои ҳалли муқовимат дар атрофи барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ қадами муассире хоҳад буд. Маълумот дар бораи нишасти зудрас баъди мулоқоти сатҳи олии ду кишвар, дар таърихи 28 март, пахш шуд.

Хабаргузории Рёнхап рӯзи 29 март навишт, ки 4 апрел боз як нишасти омодагӣ барои баҳси масоили протокол, амният ва пӯшиши матбуотӣ баргузор хоҳад шуд.

Раҳбарони ҳарду Корея дар гузашта - солҳои 2000-2007, дар замони раҳбарони пешини кишварҳо танҳо ду музокирот доштанд.

Парвандаи "омодагӣ ба ғасби ҳукумат"-и рақиби президент

Омурбек Бабанов

Парвандаи вакили пешини порлумон ва рақиби Сооронбой Ҷээнбеков дар интихоботи президентии Қирғизистон - Омурбек Бабанов "дар бораи омодагӣ ба ғасби ҳукумат" дар алоҳидагӣ баррасӣ мешавад. Дар ин бора сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Роҳат Сулаймонов хабар дод.

Ӯ гуфт, таҳқиқи парвандаи ҷиноии вакили порлумон Канат Исоев - ҳамсафи Бабанов ва се шаҳрванди дигар, ки дар омодагӣ ба ғасби ҳукумат гумонбар ҳастанд, ба охир расидааст. Мақомот мегӯянд, ин шаҳрвандон бо дастури Бабанов ба ғасби ҳукумат омодагӣ медиданд.

Сухангӯи КДАМ нагуфт, ки Бабанов дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълон шудааст ё хайр. "Албатта, тафтишот нисбати вай саволҳо дорад. Дар ҳоли ҳозир Бабанов дар хориҷ аз Қирғизистон аст", - гуфт Сулаймонов.

Баъд аз бохт дар интихоботи президентии 15 октябри соли 2017 додситонии кулли Қирғизистон нисбати Бабанов бо моддаи "даъвати оммавӣ ба барҳам задани сохти конститутсионӣ" ва "барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ ё мазҳабӣ" парванда таъсис дод. Бабанов ин иттиҳомотро рад кард.

Узбекистон боз шаш зиндонии сиёсиро аз маҳбас озод кард

Қудрат Расулов

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Тошканд аз озод шудани шаш маҳбуси "сиёсӣ"-и дигар дар Узбекистон истиқбол кард.

"ИМА аз тасмими ҳукумати Узбекистон барои раҳоии 6 маҳбуси сиёсӣ - рӯзноманигор Ғайрат Михлибоев, фаъоли маданӣ Юлдош Расулов, Чуян Мамадқулов, Қудрат Расулов, хоҳарон Меҳринисо ва Зулхумор Ҳамдамовҳо истиқбол мекунад", - омадааст дар иттилоияи сафорат.

Хабарнигори пешини нашрияи "Ҳуррият" Ғайрат Михлибоев соли 2002 боздошт ва моҳи феврали соли 2003 бо ҷурми узвият дар ҳаракати мамнӯи "Ҳизб-ут-таҳрир" 7 сол зиндонӣ шуд.

Ҳамчунин, бо ин ҷурм намояндаи Ҷамъияти ҳуқуқи инсони Узбекистон Юлдош Расулов моҳи сентябри соли 2002 ҳафт сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Он замон Расулов гуфта буд, ки ҳеч гоҳ узви ин ҳизб набуд ва баръакс, аз сокинон даъват мекард, ки аз сафи он хориҷ шаванд.

Фаъоли маданӣ аз вилояти Қашқадарёи Узбекистон Чуян Мамадқулов дар "сӯиқасд ба сохти конститутсионии давлат", "одамрабоӣ", "қаллобӣ", "сохтакории аснод", "додани баёноти бардуруғ" айбдор ва 10 сол зиндонӣ шуд. Ӯ муҳлати ҷазояшро дар маҳбаси «Ёшлик» адо кардааст.

Қудрат Расулов, зодаи шаҳри Намангонро соли 2014 барои боргирии филми "Озодии шахси бесилоҳ" аз Интернет, ки дар он дар бораи сиёсатмадори мухолиф Муҳаммад Солеҳ гуфта мешуд, 8 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Он замон Расуловро дар "сӯиқасд ба сохти конститутсионии давлат" айбдор карданд.

Боздошти 6 нафар пас аз занозании ҷавонон дар "Гипрозем"

Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯянд, чанд нафарро дар робита ба занозанӣ миёни ҷавонон дар пойтахт боздошт кардаанд.

Шоми 28-уми март дар саҳни як бинои баландошёна дар наздикии бозори "Гипрозем", воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт миёни гурӯҳи донишҷӯён ва талабагони мактаб занозанӣ рух додааст, ки бар асари он чанд нафар захмӣ шуда, мошинҳои истиқоматкунандагон хароб шудааст.

Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1 рӯзи 29-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи занозании ду гурӯҳ аз ҷавонон, ки аслан мактабхонҳо ва донишҷӯён буданд, то ба ҳол 6 нафар боздошт шудааст. Вай афзуд, зимни моҷаро ҷавонон бо чӯбу оҳан шишаҳои мошинро шикастанд.

Ба қавли манбаъ, то ба ҳол сабаби ин хархаша маълум нест ва тафтишот маълум хоҳад кард, ки омилони ин задухӯрд киҳо ҳастанд. Шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1 меафзояд, ҳамакнун тафтишоти ибтидоӣ нисбат ба ин ҳодиса оғоз шудааст.

Аввалин тамоси Скрипал бо "Новичок" дар остонаи хонааш рух дод

Корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал, бори аввал бо гази фалаҷкунандаи асаб -"Новичок" дар даромадгоҳи хонааш рӯ ба рӯ шуд. Дар ин бора пулиси Британия рӯзи 28 март хабар дод. Скотланд-Ярд мегӯяд мутахасисон миқдори аз ҳама зиёди заҳрро дар остонаи хонаи Скрипал ошкор карданд.

Пулис ҳамчунин мегӯяд, ки нишонаҳои гази фалаҷкунандаи асаб дар масирҳои дигари ҳаракати Скрипал ва духтараш Юлия пайдо шуданд. Аммо дар ин маконҳо, дар муқоиса бо хонаи Скрипал, миқдори камтари заҳр ошкор шуд.

Ҷосуси дугона Сергей Скрипал 4 март ҳамроҳ бо духтараш Юлия дар шаҳри Солсберии Британия дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуд. Лондон мегӯяд, ки Русия дар заҳролуд кардани Скрипал даст дорад. Кремл иттиҳомро рад мекунад. Британия дар посух ба истифодаи "Новичок", ки дар Шӯравии собиқ истеҳсол ва дар Русия нигаҳдорӣ мешуд, 23 дипломати русро аз қаламраваш хориҷ кард. Посухи Русия низ ба иқдоми Британия ҳамвазн буд. ИМА, Канада, Австралия, баъзе кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва Украина дар маҷмуъ беш аз 100 дипломати русро аз қаламравҳои худ хориҷ карданд.

Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Бритония дар Русия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.

Кӯдаке, ки ба деги суманак афтод, дар бемористон ҷон дод

Рустамбек Қодирови чаҳорсола, ки рӯзи 21-уми март дар шаҳри Истаравшан ба даруни деги суманак афтода буд, шаби гузашта дар бемористон ҷон додааст. Анварҷон Орифов, як масъули бемористони Истаравшан, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Рустамбек шаш шабонарӯз бо ёрии дастгоҳ нафас мегирифт ва дигар ба худ наомад.

“Ҳар коре аз дастамон омад, барои наҷоти ӯ кардем. Аммо роҳи нафасаш ҳам сӯхтааст, ба худ наомад ва фавтид", - афзуд ӯ. Ба қавли ин масъули бемористони Истаравшан, 75 дарсади бадани Рустамбек, аз ҷумла сару рӯ, дасту по ва роҳҳои нафасаш сӯхта буд.

Ба гуфтаи сокинони огоҳ аз ин ҳодиса, Рустамбекро шаби 21 ба 22 март падару модараш ба ҳавлии яке аз пайвандони хонавода ба маъракаи суманакпазӣ бурдаанд. Дар онҷо Рустамбек ба назди падараш, ки дар тарафи деги суманак будааст, давида, ба деги сӯзон афтодааст.

Як сокини ин маҳал, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, кӯдаки хурдсол эҳтимол аз шӯру ҳаяҷон ё аз буғи суманак дегро надида, ба он афтодааст.

Деги суманакро одатан барои осон шудани кафкирзанӣ дар оташдонҳои оҳанӣ мегузоранд, вале баъзан тибқи суннати қадимӣ заминро канда, оташдон месозанд.

Рустамбекро падараш Маннон Қодиров аз деги ҷӯшони суманак бардошта ва дастони ӯ ҳам сӯхтаанд. Вале табибон ҷароҳати ӯро ба ҳаёташ бехавф номиданд.

Юшенко: Кремл аз ҳама бештар аз мавқеи ягонаи Ғарб метарсад

Президенти собиқи Украина Виктор Юшенко

Раиси ҷумҳури пешини Украина Виктор Юшенко гуфт, ки Кремл бештар аз ҳар чизи дигар дар муқовимат бо Русия аз мавқеи ягонаи Ғарб метарсад. Ин нуктаро Юшенко дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Sky News баён дошт.

Ба қавли президенти пешин, танҳо "якдилии байналмилалӣ" метавонад ба тавтеаҳои Кремл посухи сазовор шавад. Юшенко гуфт, "қарори 24 давлати дунё барои ихроҷи дипломатҳои рус - муҳимтарин дар таърихи ҷаҳон, шадидтарин зарба ба сиёсати Путин аст".

Виктор Юшенко аз мавқеи Британия, ки ба гуфтаи ӯ пуштибонии байналмилалӣ ва ҳамдилӣ ёфт, тарафдорӣ кард.

"Ба назари ман, аз лиҳози сиёсӣ ин бисёр мавқеи муҳим аст, ки якдилии Аврупо ва Амрикоро ба намоиш гузошт. Аммо намехостам, ин танҳо бо як қадам, ки мо дар муқобили сиёсати импературии Русия бардоштаем, хотима ёбад", - гуфт Виктор Юшенко.

Дар ҷараёни интихоботи соли 2004, Юшенко ҳангоми ғизои шом дар хонаи ноиби раиси Хадамоти амнияти Украина Сатсюк бо истифода аз теъдоди зиёди диоксин заҳролуд карда шуд. Баъди чанд рӯз намуди зоҳирии Юшенко осеби ҷиддӣ дид ва чеҳрааш пур аз захму обила шуд.

Ӯ як моҳ натавонист ба назди мардум барояд ва маҳбубияташ дар байни овоздиҳандаҳо коҳиш ёфт. Раванди сиҳат шудани Юшенко аз ҳамлаи диоксион ҳоло ҳам идома дорад. Дастандаркорони ин ҳамла то ҳол ошкор нашудаанд.

Мудири маркази тиҷоратии Кемерово боздошт шуд

Надежда Суденнок

Додгоҳи Кемерово дар заминаи сӯхтори ахир, ки 64 нафарро қурбон кард, мудири маркази тиҷоратии "Зимняя вишня" Надежда Суденнокро ба муҳлати ду моҳ боздошт кард. Дар ин бора хабарнигори "Сибир.Реалии" аз толори додгоҳ хабар дод.

Худи Суденнок иттиҳомро рад мекунад. Ӯ дар додгоҳ гуфт, рӯзи 25-уми март коромандони толорҳои синамо дар бораи берун бурдани тамоми тамошобинон, баъди сар задани сӯхтор, гузориш доданд.

Боздоштшуда ҳамчунин гуфт, ки дари толори синамо ҳеч гоҳ баста набуданд ва тамошобинон метавонистанд озодона дохил ва хориҷ шаванд.

Пеш аз ин корманди дигари маркази тиҷорат - муҳофиз Сергей Антюшин худро бегуноҳ эълон кард. Ба гуфтаи тафтишот, ӯ баъди сар задани сӯхтор системаи огоҳкуниро ба кор надаровард. Худи Антюшин мегӯяд, ин система кайҳо боз корношоям буд.

Дар маҷмӯъ, аз рӯи қазияи сӯхтори ахир дар Кемерово панҷ нафар боздошт шуд. Ба фарзияи тафтишот, бино аз чораҳои бехатарӣ бархӯрдор набуд ва кормандони бахши амният натавонистанд мардумро бо шеваҳои ҳирфаӣ аз бино берун баранд.

Пол Райан: ИМА аз Чехия таслими ҳакери русро интизор дорад

Пол Райан бо Андрей Бабиш

Раиси палатаи намояндагони ИМА Пол Райан гуфт, онҳо интизор доранд, ки Чехия ҳакери русро ба Амрико таслим мекунад, на ба Русия. Райан дар ҷараёни сафари аввали ҳафтааш ба Чехия гуфт "намунаҳое вуҷуд дорад, ки ҳакер Никулин ба Амрико истирдод мешавад. Дар робита ба истирдод, замони дархости истирдод ва ҷиноятҳое, ки Никулин дар ИМА содир кардааст, бартарӣ бо Амрикост:- гуфт Райан ба хабарнигорон рӯзи 27 март.

Евгений Никулин ба рахна кардани бузургтарин ширкатҳои интернетӣ, бо шумули Linkedin ва Dropbox дар солҳои 2012 ва 2013 муттаҳам мешавад. Дар ИМА ба Никулин 30 соли зиндон таҳдид мекунад, агар айби ӯ дар заминаи иттиҳоми рахнагарӣ ва дуздии маълумоти хусусии корбарон дар додгоҳ собит шавад.

Парвандаи Никулин дар байни Русия ва ИМА ба мисли кашидани банд ба тарафи худ табдил шудааст. Дар Русия Никулин барои онлайн-дуздии ҳудудан 2000 доллар дар соли 2009 муттаҳам мешавад. Ин мушкил боиси муҳориба дар дохили Прага шудааст. Нахуствазири Чехия Андрей Бабиш мегӯяд, ки Никулинро бояд ба Амрико таслим кунанд. Аммо вазири адлия Роберт Пеликан, ки қарори истирдод дар салоҳияти ӯст, гуфт, прпезидент Милош Земан, ки бо назарҳои ҷонибдори Кремлин шинохта шудааст, аз истирдоди Никулин ба Русия тарафдорӣ мекунад. Худи Земан изҳороти ошкори Пеликанро шарҳ надодааст.

Аслов: Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҳанӯз нирӯ дорад. ВИДЕО

Сироҷиддин Аслов

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов гуфт, ки Тоҷикистон ҳеч гоҳ қонунмандии гурӯҳи Толибонро эътироф накардааст ва аз қаламрави ин кишвар ҳам ба ҷангиён аслиҳа интиқол намеёбад.

Ин изҳороти Аслов шоми 27-уми март дар нишасти байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар шаҳри Тошканд садо дод. Ин посух ба як генерали амрикоӣ буд, ки гуфтааст, Русияи ҳамкори Толибон ин гурӯҳи ҷангҷӯро аз қаламрави Тоҷикистон бо силоҳ таъмин мекунад.

Конфронси Тошканд аз музокироти ҳукумати Афғонистон ва Толибон пуштибонӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Изҳори назари Ҷон Николсон, яке аз генералҳои баландпояи амрикоӣ ва ҷонибдори ҳалли низоъ дар Афғонистон, дар Тоҷикистон бепояву асос хонда шуд. "Тоҷикистон ҳеч гоҳ қаламрави худро барои анҷоми чунин корҳо дар ихтиёри кишвари сеюм вогузор накардааст, чунки ин чиз хилоф бо мавқеи қотеи давлат мебошад", - гуфт Аслов дар Тошканд.

Хулосаҳои сӯҳбатҳои Асловро нашрияи интернетии gazeta.uz нашр кардааст.

Айни замон, Сироҷиддин Аслов гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои барқарории Афғонистон ва мусоидат дар рушди ин кишвар кумаки моливу иқтисодӣ ироа кунад. Аслов гуфт, таваҷҷӯҳи нокофии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти Афғонистон боиси дар ин қаламрав зуҳур кардани ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" шуд.

"Бо вуҷуди талошҳои кишварҳои зиёд, гурӯҳи "Давлати исломӣ" нирӯи худро аз даст надодааст", - гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Наврӯзи Панҷакент бо ширкати меҳмонон аз Самарқанд доир мешавад

Наврӯзи Панҷакент соатҳои 6 шоми 28 март шурӯъ мешавад ва барои ширкат дар ин ҷашн президент Эмомалӣ Раҳмон субҳи чоршанбе бо чархбол ба ин шаҳр парвоз кард. Барои ширкат дар ин ҷашн аз Самарқанд гурӯҳи 20-нафараи зиёиёну фарҳангиёни тоҷик ҳам ба Панҷакент рафтаанд.

Дар соатҳои қабл аз шурӯи ин ҷашн, дар Панҷакент президент дар расми ифтитоҳи хати интиқоли барқи 220 киловолтаи «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва зеристгоҳи барқии «Рӯдакӣ» иштирок кард. Вебсайти президенти Тоҷикистон навишт, ки ин истгоҳи барқӣ тавони интиқоли барқ ба вилояти Самарқанди Ӯзбекистонро ҳам хоҳад дошт. Паймонкори асосии ин лоиҳа ширкати ТВЕА CO LTD-и Чин мебошад. Арзиши ин тарҳ беш аз 26 миллион долларо ташкил медиҳад. Хати барқи нав ва ҳам зеристгоҳи «Рӯдакӣ» мушкили таъмини барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии ин минтақаро ҳал мекунад.

Дар идомаи рӯз ифтитоҳи чандин объекти дигар, аз ҷумла, ширкат дар маросими муаррифии пайкараи нави шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ҳам дар назар аст.

CNN: амрикоиҳо оиди созиши пинҳонии Трамп бо Русия назари ягона надоранд

Биноба пурсиши афкори умум, ки шабакаи телевизионии CNN анҷом дод, 58 дар сади амрикоиҳо мехоҳанд, қазияи созиши эҳтимолии Доналд Трамп бо Русия ҳамаҷониба таҳқиқ шавад; 36 дар ин таҳқиқро талоши мухолифин барои бадном кардани Доналд Трамп арзёбӣ мекунанд.

Ин рақамҳо, сарфи назар аз лаҳни тунди Трамп дар робита ба таҳқиқи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016 ва ҳамин тавр прокурори махсус Роберт Мюллер, тақрибан ҳамон тавре боқӣ мондаанд, ки дар моҳи феврал буданд.

Дар беш аз як моҳи гузашта, маълум шудааст, ки Мюллер доираи таҳқиқашро густариш дода, ба он амалиёти молии Трамп бо Русияро ҳамроҳ кардааст. Ин дар ҳолест, ки аъзои кумитаи истихбороти Конгресс дар гузориши худ дар ин робита, ҳамагуна ҳамкории ситоди интихоботии Трамп бо Русияро рад кардаанд. Аммо ҳамчунон, ки дар моҳи феврал буд, 48 дар сади пурсидашудаҳо аз шеваи таҳқиқи Мюллер розӣ ҳастанд ва 32 дар сад мавқеи Трампро ба ин масъала дуруст мешуморанд.

Пулиси Қазоқистон ҳодисаи тирпарронӣ ва кушторро таҳқиқ мекунад

Пулиси вилояти Қизилордаи Қазоқистон хабар дод, ки баъди ҳалокати як шаҳрванд дар бемористон, бо моддаи "куштор" таҳқиқро шуруъ кардааст. Ин шаҳрванд дар тирпарронии рӯзи 27 март дар шаҳри Қизилорда маҷруҳ шуда буд.

Пулис гуфт, гумонбаронро боздошт кардааст. Шаҳрванде, ки ҷароҳат бардошта буд, шаби 27 март дар бемористон даргузашт.

Дар наворе, ки расонаҳо нашр карданд, дида мешавад, ки дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр марди ҷавон аз як гуруҳи одамон фирор мекунад. Баъди он садои тир шунида мешавад. Сабаби сар задани ҳодиса маълум нест.

Абдуллоев гуфт, муфаттишон ӯро бо дастдарозӣ ба номуси модараш таҳдид карданд

Бобомурод Абдуллоев

Додгоҳи шаҳри Тошканд рӯзи 26 март баррасии парвандаи рӯзноманигори узбек Бобомурод Абдуллоев, блогнавис Ҳаётхон Насриддинов, инчунин соҳибкорони маҳаллӣ Равшан Салаев ва Шавкат Оллоёрро идома дод.

Дар ҷараёни мурофиа Абдуллоев якуним соат баёнот дода, ҳолатҳои мавриди шиканҷа қарор гирифтанашро зикр кард. Рӯзноманигор гуфт, муфаттишони Хадамоти амнияти Узбекистон таҳдид карданд, ки агар гуноҳро ба гардан нагирад, дар пеши чашмонаш модари 70-солаи ӯро таҷовуз хоҳанд кард.

Ба ҷуз ин, Абдуллоев иқрор кард, ки бо номи мустаори "Усмон Ҳақназаров" матлаб менавишт, вале бо ҳизби мухолифи "Ҳаракати мардумии Узбекистон" робитае надорад ва ҳеч гоҳ ба сиёсатмадори мухолифи узбек Муҳаммад Солеҳ, ки дар Туркия зиндагӣ мекунад, дар ҷамъоварии мавод кумак накардааст.

Додгоҳи Бобомурод Абдуллоев, блогер Ҳаёт Насриддинов ва соҳибкорон Равшан Салаев ва Шавкат Оллоҳёров рӯзи 7 март оғоз шуд. Онҳо ба "қасди ғасби ҳукумат ва сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ" айбдор мешаванд.

Дар мурофиаи нахустин вакили дифои рӯзноманигор Сергей Майоров гуфт, зерҳимояааш таҳти фишору шиканҷа гуноҳро ба гардан гирифтааст ва аз додрас хост, ки шикояти Абдуллоев санҷида шавад. Додрас низ дархости ӯро пазируфт, вале дар мурофиаи навбатӣ афзуд, ки натиҷаҳои ташхис шиканҷа шудани Абдуллоевро тасдиқ накард.

Дар Кемерово маросими видоъ бо қурбониҳои сӯхтори ахир оғоз шуд

Хонаводаҳои қурбониҳои сғхтори Кемерево

Дар Кемеровои Русия маросими видоъ бо қурбониҳои сӯхтори маркази тиҷоратии "Зимняя вишня" шурӯъ шуд. Имрӯз 14 қурбонии ин фоҷеаро ба хок месупоранд. Маросими ҷаноза дар калисоҳо ва чаҳор қабристон ҷараён мегиранд.

Ахиран гурӯҳҳои ҷустуҷӯ амалиётро дар ҷойи ҳодиса хотима доданд. Дар бинои сӯхта ҷасади 64 қурбонӣ ёфт шуд,- гуфт Владлен Аксенев, ноиби раҳбари идораи ҳолатҳои изтирорӣ. Намояндаи ин ниҳод пештар гуфт, ки хешу табор хабар доданд, ки дар сӯхтор 67 нафар гумном шудааст.

Кумитаи тафтишот пахши рӯйхати қурбониҳоро пеш аз ташхиси генетикӣ номумкин мешуморад, - гуфтааст намояндаи ин ниҳод. Маъмурияти Кемерово рӯйхати ҳалокшудаҳо, ки ҷасадашон қобили шиносоӣ буд, афроди гумном, иборат аз 38 нафар бо шумули 26 кӯдакро нашр кард. Овозаҳои шаҳр ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ин сӯхтор садҳо қурбонӣ дорад, тасдиқ нашуданд. Сабаби сар задани сӯхтор низ ҳанӯз маълум нест.

Рӯзи 27 март дар даҳҳо шаҳри Русия ба гиромидошти хотири қурбониён гирдиҳамоиҳо баргузор шуд. Дар назди бинои маъмурияти Кемерово мардум бо талаби ҷазо додани гунаҳкорони оташсӯзӣ намоиши эътирозӣ баргузор карданд. Губернатори Кемерово ба назди мардум набаромад. Президенти Русия Владимир Путин ҳам, ки дар Кемерово буд, ба мардум муроҷиат накард.

Дуздии миллионҳо дар артиши Қирғизистон

Сарбозони артиши Қирғизистон

Додситонии кулли Қирғизистон дар пайи як санҷиш дуздии миллионҳо сомро ошкор кард, ки барои бахши низомии ин кишвар ҷудо шуда буданд.

Ба маълумоти додситонӣ, соли 2015 барои барқарорсозии зерсохторҳои Вазорати дифои Қирғизистон беш аз 70 миллион сом ҷудо шуда буд. Вале мансабдорони вазорат ва ниҳодҳои зертобеи онҳо, аз ҷумла ширкати давлатии «Аскер Курулуш» беш аз 37 миллион сомро ғайриқонунӣ ба корҳои таъмирӣ ва хариди масолеҳи сохтмонӣ сарф кардаанд.

Ба ҷуз ин, 9 миллион соми дигар дар пайи аз ҳад зиёд нишон додани харҷи корҳо ва масолеҳи сохтмонӣ аз худ карда шудааст.

"Ин амалҳо се сол пеш анҷом шудаанд, вале ҳоло ошкор гаштанд. Дар ҳоли ҳозир, тафтишот идома дорад ва дастандаркорон муҷозот хоҳанд шуд", - гуфт додситони низомии қирғиз Нуркамол Набиев.

Дар робита ба ин ҳодиса бо бандҳои "Сӯистифода аз мақом" ва "Истифодаи ғайриқонунии пулҳои буҷа" парванда боз шудааст.

Додситонии ҳарбии Қирғизистон ному насаби мансабдоронеро, ки ба дуздии пулҳо айбдоранд, ошкор намекунад.

Узбекистон музокироти мустақими Кобулу Толибонро пешниҳод кард

Мулоқоти президент Шавкат Мирзиёев бо ёвари Котиби давлатии ИМА Томас Шеннон. Тошканд, 26 март, 2018

Узбекистон пешниҳод кард, ки дар байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон музокироти сулҳ баргузор шавад. Матбуот менависад, ки ин иқдом метавонад Тошкандро ба бозигари ҳалли низои тӯлкашидаи Афғонистони ҳамсоя табдил диҳад.

"Мо омодаем барои ҳар марҳилаи раванди сулҳ шароит фароҳам кунем, дар қаламрави Узбекистон гуфтугӯи мустақими Толибонро бо ҳукумати Афғонистон ба роҳ монем" - гуфт президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар нишасти матбуотии Тошканд, ки Ашраф Ғанӣ ҳам дар он иштирок дошт.

Президенти Узбекистон талош дорад кишварашро баъди даҳсолаҳои дар инзиво будан ба рӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ боз кунад ва роҳро барои сармояҳои хориҷӣ ҳамвор намояд.

Дар нишасти Тошканд ҳамчунин раҳбари бахши хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Моғеринӣ ва як қатор вазирони хориҷӣ, бо шумули вазирони Русия, Туркия ва Чин иштирок доштанд.

Комисияи савдои ИМА бар зидди Facebook тафтиш оғоз кард

Марк 908Зукерберг

Комисияи федеролии савдои ИМА баъд аз нашри хабарҳо дар бораи ифшо шудани маълумоти шахсии корбарони шабакаи иҷтимоии Facebook алайҳи ин ширкат тафтишот оғоз кардааст.

Комисия мехоҳад бидонад, ки раҳбарияти Facebook маълумоти хусусии корбарони худро чи гуна муҳофизат хоҳад кард.

Ибтидои моҳи март рӯзноманигорон ширкати таҳлилии бритониёии Cambridge Analyticaро айбдор карданд, ки ҳангоми маъракаи интихоботии президенти ИМА Доналд Трамп аз маълумоти шахсии корбарон ба таври ғайриқонунӣ истифода кардааст.

Ба иттилои телевизиони "Channel 1", ин ширкат, дар зиёда аз 200 маъракаи интихоботии кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Нигерия, Кения, Чехия, Ҳиндустон ва Аргентина иштирок дошт. Ширкат бар ивази ришва бар зидди номзадҳо мавод ва маълумоти бардурӯғ паҳн кардааст.

Бунёдгузор ва раҳбари Facebook Марк Зукерберг дар бораи ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ шудани маълумоти шахсии корбарон аз тарафи ширкати Cambridge Analytica изҳоротеро нашр кард. Ӯ эътироф кард, ки масъулияти ифшои маълумоти корбарон бар зиммаи ширкаташ аст.

Як модарбузург дар Қирғизистон мехост набераашро ба $300 фурӯшад

Пулиси шаҳри Ӯши Қирғизистон як зани 59-солаеро боздошт кард, ки мехост, набераашро ба маблағи 300 доллар бифурӯшад.

Бино бар иттилои мақомот, рӯзи 22 март ин занро баъди гирифтани маблағ боздошт карданд. Модарбузург набераашро, ки ҳанӯз якмоҳа нест, ба манзили харидорон овард ва онҷо гузоштааст.

Тифлро мақомот ба ихтиёри парасторони махсус супориданд. Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шуда, пажуҳиш идома дорад.

Туркманистон муҳоҷирони кориашро иҷборан бармегардонад

Шаҳри Марии Туркманистон

Мақомоти Туркманистон дар шӯроҳои маҳаллии баъзе аз ноҳияҳои вилояти Лебапи ин кишвар ҷаласаҳои махсус баргузор карда, масъалаи баргардонидани муҳоҷирони корӣ ба ватанро дар миён гузоштанд. Ин ҷаласаҳо сар аз 6 март баргузор шудаанд. Туркманҳо асосан барои мардикорӣ ба Туркия сафар мекунанд.

Бино ба хабарҳо, кормандони ниҳодҳои амниятӣ ба занон фишор меоранд, то наздикон ё шавҳарони худро, ки беш аз се сол аст, дар Туркия ҳастанд, ба Туркманистон баргардонанд.

Як сокини Лебап мегӯяд, мақомот ҳатто ба ӯ дар гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва билети ҳавопаймо кумак кардаанд, то ба Туркия рафта, духтар ва хоҳари хурдиашро бо худ ба ватан биёрад.

"Мақомоти маҳаллӣ ҳамроҳ бо ниҳодҳои амниятӣ аз мо талаб доранд, духтарони худро, ки дар Туркия кор мекунанд, ба ватан баргардонем. Мегӯянд, агар наоянд, онҳоро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашем", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Мақомот сабаби баргардонидани муҳоҷиронро шарҳ намедиҳанд ва ҳатто гуфтаанд, ки агар муҳоҷирон аз Туркия барнагарданд, аз тамоми ҳуқуқҳояшон, аз ҷумла шаҳрвандии Туркманистон маҳрум хоҳанд шуд.

Беш аз 20 кишвар дипломатҳои Русияро барои қазияи Скрипал хориҷ мекунанд

Сафорати Русия дар Лондон

Мақомоти 22 кишвари ҷаҳон аз хориҷ кардани дипломатҳои Русия, дар заминаи даст кашидани Маскав аз посух гуфтан ба заҳролудшавии корманди собиқи Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, хабар доданд.То ин замон дипломатҳои Русияро худи Британия хориҷ карда буд. Ба нишони ҳамдилӣ бо Британия 15 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Канада, Норвегия, Албания, Македония, ва Украина низ аз ин чора кор мегиранд. Ба сурати умум, давлатҳо қариб 140 дипломати Русияро хориҷ мекунанд.

Исландия дар вокуниш ба сарпечии Маскав аз посух додан дар қазияи Скрипал аз қатъи тамосҳо бо Русия дар сатҳи олӣ хабар дод. Ба ғайр аз ин, мақомоти Исландия гуфтанд: ки онҳо ба бозииҳои қаҳрамонии ҷаҳон оиди футбол ба Русия намераванд. Пеш аз ин, аъзои ҳукумати Британия, хонаводаи салтанатӣ ва президенти Лаҳистон аз бозиҳои қаҳрамонии футбол даст кашиданд.

Рӯзи 4 март Сергей Скрипал, ҷосуси пешини Идораи истихбороти кулли Русия ва духтари ӯ Юлия дар шаҳри Солсберӣ аз гази фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шуданд. Вазъи онҳо бисёр вазнин арзёбӣ мешавад. Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Британия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.

Парвози истисноии ҳавопаймоҳо аз Екатеринбург ба Душанбеву Хуҷанд

Ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» рӯзи 27-уми март аз Екатеринбург ба Хуҷанд ва Душанбе ба таври истисноӣ ду парвоз анҷом дод.

Ду ҳавопаймоии ин ширкат як шабонарӯз бинобар надоштани иҷозати парвоз ба шаҳрҳои Тоҷикистон бо беш аз 300 мусофиронаш дармонда буданд. Иҷозатномаро мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон содир мекунанд.

Марина Корпенко, сухангӯи ширкати «Уралские авиалинии» рӯзи 27-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ду ҳавопаймои ширкат дар масири Екатеринбург-Душанбе ва Екатеринбург- Хуҷанд субҳи сешанбе парвоз карданд.

«Ҳавопаймоии ин ду сайрхатҳо парвоз карданд. Чун билетҳо фурӯхта шуда буданду мусофирон мунтазир ба ин ду ҳавопаймо ба таври истисноӣ иҷозаи парвоз доданд. Аммо дар мавриди дигар паровзҳо ҳанӯз аз Тоҷикистон посухе нагирифтаем ва мунтазири посухи Тоҷикистонем”.

Мақомоти риштаи ҳавопаймоии Тоҷикистон ва ширкати русии “Уралские авиалинии” бар сари баробарии шумори парвозҳо дар масири ин ду кишвар вориди баҳс шудаанд.

Путин “бепарвоии ҷинояткоронаро” сабабгори фоҷеаи Кемерово номид

Президенти Русия Владимир Путин зимни боздид аз шаҳри Кемеровои минтақаи Сибир субҳи 27 март дар фоҷеаи марги беш аз 60 нафар дар як маркази тиҷоратии маҳаллӣ “беғамию бепарвоии ҷинояткорона”-ро гунаҳгор кард. Баъди гулгузорӣ дар макони сӯхтор Путин гуфт, ки маҳрумияти мардум дар ин фоҷеа бо қурбоние, ки мардум дар ҷанг медиҳанд, қобили қиёс нест.

Вай гуфт: “Мо нафарони зиёдро аз даст медиҳем? Вале чаро чунин мешавад? Чунки бепарвоии ҷинояткорона дорем, беғам ҳастем”. Путин ба як дақиқа хомӯшӣ дар ёди қурбониҳои сӯхтори мудҳиш даъват кард. Дар ин ҳодиса 64 нафар, аз ҷумла 13 кӯдак ҷон дод. Сӯхтори пурқурбонӣ дар маркази тиҷоратии шаҳри Кемеровао таваҷҷӯҳи бисёриҳоро аз саросари ҷаҳон кашид.

Аз ҷумла, дар Тоҷикистон мардум ба назди сафорати Русия гул меоранд ва дар вокунишҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба наздикони қурбониҳо изҳори ҳамдардӣ мекунанд. Дар идомаи рӯз қарор аст Путин бо мақомоти ҳукуматӣ ва ҳам ҳолатҳои изтирорӣ ҷаласа доир кунад.

Дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти Афғонистон доир мешавад

Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти зироатӣ, сангҳои қиматбаҳо ва саноати дастии Афғонистон баргузор мешавад. Аз сафорати Тоҷикистон дар Душанбе рӯзи 27-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин намоишгоҳ рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъаи ҳафтаи ҷорӣ дар Кохи Борбад баргузор мешавад. Дар баробари Афғонистон намояндагони бахши хусусии кишварҳои дигари минтақа низ дар ин намоишгоҳ иштирок мекунанд. Ин намоишгоҳ ҳамасола дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Чанд раста барои тоҷирони узбек дар бозори Исфара

An Uzbek "Navbahor" market in Tajik Isfara city

Ҳукумати Исфара дар вилояти Суғд барои савдои тоҷирони узбек дар қаламрави шаҳр як бозор таъсис додаанд. Иқбол Тешаев, роҳбари Хадамоти матбуоти ҳукумати шаҳри Исфара рӯзи 27-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як бозор дар маҳаллаи Баҳори шаҳр ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар он тоҷирони Узбекистон молҳояшонро савдо мекунанд.

“Ин бозор “Навбаҳор” ном дорад ва чанд растааш танҳо барои тоҷирони Узбекистон ҷудо карда шудааст. Онҳо бе мамониат метавонанд дар ин растаҳо молу маҳсулоти худро ба фурӯш гузоранд ва тоҷирони маҳаллӣ ба онҳо халал намерасонанд”, иброз дошт Тешаев.

Ба гуфтаи вай, раиси ноҳия ба мақомоти интизомӣ дастур доданд, ки ҳама шароитро барои савдои бе мамониати тоҷирон Узбекистонӣ фароҳам созанд. Тешаев афзуд, тоҷирон аз Узбекистон шурӯъ аз маҳсулоти ғизоӣ то ҷорӯбу кучату гулҳоро ворид мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, бо ворид шудани молу маҳсулоти Узбекистон нархи бисёре аз маҳсулот, аз ҷумла шакар аз 7 сомонӣ то ба 4 сомонӣ арзон шуд, ки мардум аз он хеле ризо ҳастанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Гуфтугӯ бо Анваршоҳ Мирзоев дар бораи вазъи футболи тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00
XS
SM
MD
LG