Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Боришоти шадид нақшаи ҷашни Наврӯзи Панҷакентро таҳрир кард

Рӯзи 25 март дар Душанбе Наврӯзро ҷашн гирифтанд

Ҷашни Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, ки қарор буд 27 март дар Панҷакент баргузор шавад, ба рӯзи дигар гузошта шуд. Як манбаъ дар Ҳукумати шаҳри Панҷакент дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷашни Наврӯз шоми 28 март баргузор мешавад. Манбаъ афзуд, сабаби ба таъхир гузоштани ҷашни Наврӯз ин номусоид омадани боду ҳаво аст. Тибқи пешбинии ҳавошиносон 27 март дар Панҷакент борони шадид меборад. Феълан дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент охирин омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз идома дорад.

Қадимитарин зиндони Тошканд тахриб мешавад. ВИДЕО

Январи соли 2018. Беруни девори "Тоштурма"

Дар Тошканд зиндоне тахриб мешавад, ки давоми 130 соли мавҷудияташ бо мудҳиштарин шароит ва шиканҷаи боздоштшудаҳо маъруф буд. Бар асоси як қарори ҳукумати Узбекистон аз рӯзи 22 март, муассисаи нигаҳдошти мувақаттии “Тоштурма” дар давоми се моҳи оянда аз байн бурда мешавад ва дар ҷои он боғе бунёд хоҳад шуд.

Дар ин бора вазорати адлияи Узбекистон хабар дод. Боздоштгоҳи “Тоштурма” соли 1891 бо амри генерал-губернатори Имперотурии Русия Александр Вревский сохта шуда, яке аз қадимитарин зиндонҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Фаъолони ҳуқуқ борҳо гуфтаанд, ки шароити дохили ин муассиса фавқулодда бад аст.

Моҳи январи соли ҷорӣ бошандагони боздоштгоҳи “Тоштурма” ба боздоштгоҳи дигари воқеъ дар ноҳияи Зангиота интиқол ёфтанд. Дар замони раҳбарии Ислом Каримов Узбекистон ва муассисаҳои ислоҳии ин кишвар обрӯи баде касб карданд ва хабарҳо дар бораи шиканҷаву азияти боздоштшудаҳо, бахусус онҳое, ки бо ангезаҳои сиёсӣ боздошт шудаанд, зиёд нашр мешуд. Президенти амалкунанда Шавкат Мирзиёев, ки баъди марги Каримов дар соли 2016 сари кор омад, ваъда додааст, ки кори сохторҳои қудратиро ислоҳ хоҳад кард.

Партовгоҳ дар макони собиқ зиндони мудҳиш
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:51 0:00

Сергей Мавроди - муассиси пирамидаи молии "МММ" даргузашт

Дар Маскав муассиси пирамидаи маъруфи молии “МММ” Сергей Мавроди даргузашт. Ӯ 63 сол дошт ва зоҳиран аз сактаи дил ҷон дод. Дар ин бора матбуот хабар медиҳад. Мавроди муассиси яке аз калонтарин пирамидаҳои молии Русия аст, ки аз дасти он беш аз 10 миллион нафар дар ин кишвар зиён дидаанд. Солҳои 1990-ум ин соҳибкор инчунин ба Думаи давлатӣ роҳ ёфт, вале дар остонаи соли 1996 аз салоҳиятҳои худ маҳрум шуд. Ӯро дар робита бо кори ширкати “МММ” дар тақаллуб муттаҳам карданд. Соли 2003 ҳабс шуд ва ҷараёни мурофиа чор сол тӯл кашид. Ӯро дар тақаллуб айбдор ва ба 4,5 соли зиндон маҳкум карданд. Аз рӯи парвандаи ӯ 10 ҳазор инсон ҷабрдида эътироф шудааст.

Дар муддати баъди зиндон ӯ чандин китоб чоп карда сенарии сериалу кинофилмҳоро иншо кардааст. Баъди эҳёи ширкати “МММ”, дар Африқо фаъолияти худро шурӯъ кард ва дар Украина ҳизберо бо ҳамин ном ташкил дод. Як дафъа ҳатто гуфт, ки мехоҳад дар интихоботи раёсатҷумҳурии Украина дар соли 2018 номзад шавад.

ИМА ширкатҳои покистониро таҳрим кард

ИМА ҳафт ширкати покистониро бар асоси шубҳа дар заминаи тиҷоратҳои ҳастаӣ таҳрим кард. Ин тасмим метавонад ба ниятҳои Покистон барои ҳамроҳ шудан ба Гурӯҳи ҷонибдорони ҳастаӣ ба ҳам занад. Ин гурӯҳ бо тиҷорати фанновариҳои ҳастаӣ машғул аст. Солҳои охир равобити байни Покистон ва ИМА бад шудааст. Вашингтон Исломободро дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳ муттаҳам мекунад, ки дар хоки Афғонистон зидди нирӯҳои давлатии ин кишвар ва ИМА меҷанганд. Покистон ин иттиҳомотро ҳамеша рад кардааст. Бюрои саноат ва амнияти ИМА рӯзи 22 март нисбати ширкатҳои покистонӣ таҳрим ҷорӣ ва исми онҳоро ба феҳрасти вижа ворид кард. Ин сохтор гуфт, ки ширкатҳои покистонӣ “бар хилофи манфиатҳои милливу амниятӣ ваё сиёсати хориҷии ИМА амал мекунанд”.

Вазири дифоъ: Чандин кишвар дар атрофи Бритониё муттаҳид шуд

Вазорати дифои Бритониё гуфт, ки дар пасманзари моҷарои заҳролудшавии ҷосуси собиқи Русия дар ин кишвар бисёр кишварҳо дар атрофи Бритониё муттаҳид шуда дар муқобили Русия қарор гирифтаанд. Гевин Уиллямсон, вазири дифои Бритониё рӯзи 26 март дар сафараш ба Эстония гуфт, ки “Президенти Русия Владимир Путин мехоҳад дар миёни Бритониё ва муттафиқонаш шикофе эҷод кунад”. Ҷосуси собиқ Сергей Скрипал ва духтараш Юлия аз рӯзи 4 март ба ин сӯ дар бемористон дар ҳолати сангин боқӣ мемонанд. Онҳо бо нишонаҳои мадҳушӣ дар шаҳри англисии Салисбурӣ пайдо шуданд.

Бритониё ҳукумати Путинро дар он гунаҳгор кард, ки як заҳри фалаҷкунандаи замони ҷанги сард сохташударо барои кӯшиши қатли падару духтар ба кор бурдааст. Ин заҳр як маводи кимиёии навъи “Новичок” будааст. Рӯзи 23 март чанд кишвари Иттиҳодияи Аврупо дастаҷамъона ҳамларо маҳкум карда гуфтанд, ки ба эҳтимоли ғолиб Маскав дар ин ҳодиса даст дорад ва онҳо ният доранд аз чораҳои муҷозоткунанда кор бигиранд.

Баъди он ки Русия 23 дипломати бритониёиро аз қаламраваш пеш кард, чанд кишвари Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки мехоҳанд ҳафтаи ҷорӣ дипломатҳои русро аз хоки кишварҳояшон берун кунанд. Уиллямсон гуфт, ки дар атрофи Бритониё муттаҳид шудани чанд кишвари муттафиқи НАТО дар Иттиҳодияи Аврупо як посухи хубе хоҳад шуд.

Доналд Трамп дар заминаи посух ба Русия иқдом мекунад

Матбуоти бритониёию амрикоӣ хабар дод, ки эҳтимолан президенти ИМА Доналд Трамп дар ҳолате қарор мегирад, ки дар посух ба заҳролудшавии собиқ ҷосуси русӣ дар Бритониё бояд дасти кам 20 дипломати русро аз кишвараш хориҷ кунад. Хабаргузориҳои CNN ва Reuters рӯзи 25 март гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд қарори Трамп рӯзи 26 март содир мешавад ва ин тасмим аз вокуниши муттафиқони аврупоӣ ба ҳамлаи гази фалаҷкунандаи асаб дар шаҳри Салисбури Бритониё вобаста хоҳад буд.

Собиқ ҷосуси рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия рӯзи 4 март дар ҳолати мадҳушӣ пайдо шуда дар вазъияти сангин ба бемористон интиқол ёфтанд. Мақомоти Бритониё гуфтанд, ки ба эҳтимоли ғолиб ин кори Маскав аст ва ин ақидаро Иттиҳодияи Аврупо ҳам такрор кард.

Лондон дар посух ба қазияи заҳролудшавӣ 23 дипломати русро аз хокаш берун кард. Маскав эҳтимоли даст доштан дар ин ҳодисаро комилан рад мекунад ва дар посухи ҷавобӣ амр дод, ки 23 дипломати бритониёӣ Русияро тарк кунанд. Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ки дар масъалаи аз пойтахтҳои аврупоӣ берун кардани дипломатҳои русро андеша дорад. Сухангӯи Кохи Сафед Раҷ Шоҳ гуфт, ки Вашингтон дар ин замина андеша дорад, вале аз додани тафсилот худдорӣ кард.

Интиқоди Эрон аз мушовири амнияти миллии президенти ИМА

Эрон тасмими президент Доналд Трамп дар бораи ба мақоми мушовири амнияти миллӣ таъин кардани собиқ сафири ИМА дар СММ Ҷон Болтонро интиқод кард ва ин тасмимро “як шармандагӣ” номид. Эрон гуфт, ки ин тасмим аломати он аст, ки Вашингтон хостори табаддулоти давлатӣ дар Эрон аст. Сухангӯи Болтон ин изҳоротро ба унвони “як таблиғот” рад кард. Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон аз мулоқоти Болтон бо мухолифони ҳукумати Эрон – “Муҷоҳидони халқ” дар хориҷа дар соли 2017 ёдовар шуд, ки дар ин мулоқот аз барканории ҳукумат дар Эрон пуштибонӣ кардааст. Ин гурӯҳи оппозитсионӣ дар хориҷа ба сар мебарад. Оҷонсии нимарасмии Форс дар нақли қавл аз Шамхонӣ навишт, ки ӯ рӯзи 25 март гуфтааст, “шармандагӣ аст, ки мушовири амнияти миллии кишвари абарқудрате аз гурӯҳи террористӣ подош бигирад”. Дар ин гузориш гуфта нашуд, ки то куҷо Шамхонӣ барои иттиҳоми худ далеле пешкаш карда бошад. Айни замон, “Муҷоҳидони халқ” ва мақомоти дигари амрикоӣ ҳам гӯё маблағгузорӣ шудани Болтонро аз ҷониби ин гурӯҳ рад карданд.

Ширкати Аслов дар Конфронси байналмилалии Тошканд оид ба Афғонистон

Тоҷикистонро дар нишасти байналмилалии Тошканд оид ба раванди сулҳи Афғонистон ва ҳамкориҳои минтақавӣ Сироҷиддин Аслов намояндагӣ мекунанд. Аз дафтари вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Сироҷиддин Аслов дар ҳоли ҳозир дар Тошканд ба сар мебаранд. Нишасти байналмилалии Тошканд имрӯз, 26-уми март дар пойтахти Узбекистон баргузор мешавад.

Қарор аст дар ин нишаст раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат ва суханронӣ кунанд. Комил Олимҷонов, сухангӯи раёсати ҷумҳури Узбекистон дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навиштааст, ки ба иловаи раиси ҷумҳури Афғонистон, Томас Шоннон, муовини сиёсии вазорати умури хориҷии Амрико, Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва вазирони умури хориҷии Русия, Туркия ва Покистон аз ширкатдорони умдаи ин нишаст мебошанд.

Нишасти Тошканд дар бораи сулҳи Афғонистон дар ҳоле доир мешавад, ки шаҳри Кобул моҳи гузашта мизбони нишасти дувуми як конфронси байналмилалии дигар роҷеъ ба сулҳ дар ин кишвар буд. Раиси ҷумҳури Афғонистон дар гирдиҳамоӣ сулҳи бидуни шарту қайд ба Толибонро пешниҳод кард. Вале Толибон ба ин пешниҳод ҳанӯз посухи расмие ироа накардаанд.

Ҳалокати ба камияш 37 нафар дар сӯхтори Кемеровои Русия. ВИДЕО

Сӯхтор дар Кемерово. Рӯзи 25-уми марти соли 2018

Дар сӯхтори маркази тиҷоративу фароғатии "Зимняя вишня" дар вилояти Кемеровои Русия 37 нафар ҷон бохтаанд. Инчунин, дар ин ҳодиса беш аз чиҳил нафар ҷароҳат бардошта, 36 тани онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Хабаргузории ТАСС ба нақл аз мақомоти Русия навишт, ки ҳудуди 70 нафар низ бедарак шудаанд. Аз ин ҳисоб чиҳил нафар кӯдакон ҳастанд.

Кумитаи тафтишотии Русия дар ин замина парванда боз кардааст.

Мақомот мегӯянд, сӯхтор рӯзи 25-уми март дар ошёнаи чаҳоруми бино сар зад. Ин маркази тиҷоратӣ соли 2013 ба истифода дода шуда буд. Ҳудуди он ба 23 ҳазор метри мураббаъ мерасад ва шомили истгоҳи мошинҳо, фурӯшгоҳ, боулинг, маркази кӯдакон ва толори синамо аст.

Сӯхтор дар маркази тиҷории Кемеровои Русия ҳаёти камаш 37 нафарро аз байн бурд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:20 0:00

Тоҷикистон "рӯбоҳ"-и чиниро боздошт ва ба Пекин таслим кард

Тоҷикистон бо дархости Чин як шаҳрванди ин кишварро боздошт ва истирдод кардааст.

Оҷонси хабарии “Синхуа” рӯзи 25-уми март бо такя ба идораи пулиси вилояти Шанси навишт, ин нахустин шаҳрванди Чин аст, ки дар Тоҷикистон боздошт ва истирдод мешавад. Ба навиштаи “Синхуа”, боздошти ин чинӣ дар доираи амалиёти “Шикори рӯбоҳон” сурат гирифтааст.

Ин маъракаи ҷустуҷӯи ҷинояткорони иқтисодиест, ки дар хориҷ паноҳ бурдаанд.

Бино ба иттилои пулис, нафари муттаҳам Сюй, ки гуруҳи ширкатҳоро аз соли 2007 то июни 2011 идора мекард, 60 миллион юан ё 9,5 миллион долларро ғайриқонунӣ аз худ кардааст. “Вай ин пулҳоро барои пардохти қарзи худ сарф карда, ба моликияти ҷамъиятии Чин зиён расондааст”, - мегӯяд пулис.

Пас аз ошкор шудани амалҳои ҷиноӣ Сюй ба хориҷа, яъне ба Тоҷикистон фирор карда, дар ин ҷо панаҳ бурдааст. Додситонии ноҳияи Фанашани вилояти Шанси моҳи июли соли 2015 санади боздошти ӯро содир кардааст, ки барои аз худ кардани маблағҳои ҷамъиятӣ айбдор мешавад.

Пулиси Тоҷикистон ӯро моҳи феврали соли равон боздошт намуда, Чин бо роҳҳои дипломатӣ истирдоди ин шаҳрвандашро аз Душанбе дархост намудааст.

Сипосгузории президент аз мардум барои ҳимоят аз Рустами Эмомалӣ

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – аз сокинони Душанбе "барои ҳимоят аз шаҳрдори ҷавони пойтахт" сипосгузорӣ кард.

Ӯ шоми 25-уми март, дар охирин лаҳзаҳои ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе, ки ба таври зинда тавассути телевизионҳои кишвар пехш мешуд, гуфт, "хеле заҳмат кашидан зарур аст, то пойтахт ва мамлакатамон боз ҳам ободу зебо гардад ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ боз ҳам беҳтар шавад."

Рустами Эмомалӣ, писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, моҳи январи соли 2017, дар 29-солагӣ, шаҳрдори Душанбе таъйин шуд. Вай дар ин мақом Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард, ки 19 сол раиси пойтахт буд.

Рустами Эмомалӣ аз ин қабл дар чанд вазифаҳои калидии дигар, аз ҷумла раиси Оҷонси мубориза бо фасод ва Хадамоти гумрук кор кардааст. Аз соли 2012 раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон аст.

Ҳоло раёсати Маҷлиси вакилони халқи пойтахтро низ бар уҳда дорад.

  • Нуқтаи назарҳои гуногун дар бораи кори Рустами Эмомалӣ дар инҷост:

Як соли Рустами Эмомалӣ

Панҷ насиҳати Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:29 0:00

"Рӯзи озодӣ". Дар Беларус даҳҳо нафарро боздошт карданд

Мақомоти амниятии Беларус рӯзи 25-уми март даҳҳо нафарро дар пойтахти он кишвар боздошт карданд. Ин афрод замоне дастгир шуданд, ки мухолифин мехостанд як роҳпаймоӣ баргузор кунанд.

Ин роҳпаймоӣ ба хотири таҷлил аз садумин солгарди эълони истиқлоли ин кишвар аз Русия сурат мегирад. Беларус соли 1918 эълони истиқлол кард ва ин то соли 1919 идома ёфт.

Ба ин муносибат, ки номи “рӯзи озодӣ” ёд мешавад, мухолифони ҳукумати Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, тазоҳуротро ба роҳ меандозанд.

Бар асоси гузориши ҳуқуқи башари “Вясна”, ҳудуди 30 нафар аз тарафи нирӯҳои амниятии Беларус дастгир шудаанд.

Пучдемон, раҳбари собиқи Каталония, дар Олмон боздошт шуд

Карлос Пучдемон

Вакили дифои Карлос Пучдемон – раҳбари собиқи Каталония – гуфт, ки ӯ аз тарафи пулиси Олмон дастгир шудааст. Ҷауме Алонсо Куэвиляс рӯзи 25-уми март дар Твиттер навишт, Пучдемон замоне боздошт шуд, ки мехост аз сарҳади Дания вориди хоки Олмон шавад. Ба қавли ӯ, Пучдемон равонаи Белгия буд.

Карлос Пучдемон, раҳбари собиқи Каталония, моҳи октябри соли гузашта аз Испания фирор кард.

Каталонияи зери раҳбарии ӯ рӯзи 1-уми октябри соли 2017 барои мустақилият аз Испания назарсанҷӣ баргузор кард ва порлумони минтақавӣ истиқлол Каталонияро эълон намуд. Мадрид реферундумро ғайриқонунӣ хонд ва порлумону ҳукумати ин минтақаро пароканда кард.

Дар инфиҷори масҷиди шиаҳо дар Ҳирот як нафар кушта шуд

Акс аз бойгонӣ

Пулиси Афғонистон гуфт, ки дар натиҷаи таркиши бомба дар беруни масҷиди шиаҳо дар шаҳри Ҳирот ба камияш як нафар кушта ва ҳафт тани дигар захмӣ шуданд.

Абдулаҳад Вализода, сухангӯи идораи амнияти вилояти Ҳирот, гуфт, инфиҷори 25-уми март намозгузоронро ҳадаф қарор додааст. Ба қалви ӯ, захмиҳо ба бемористон бурда шудаанд.

То ба ҳол ҳеч гуруҳ масъулияти ин таркишро бар дӯш нагирифтааст. Рӯзи 21-уми марти имсол дар натиҷаи ҳамлаи интиҳорӣ ё маргталабона дар масҷиди шиаҳо дар Кобул 33 нафар кушта шуданд. Масъулияти онро гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” бар уҳда гирифт.

Яке аз дӯстони Скрипал: “Вай ба Путин нома навишта буд”

Сергей Скрипал

Яке аз дӯстони Сергей Скрипал, ҷосуси собиқи Русия, ки дар оғози моҳи марти имсол дар Бритониё заҳролуд шуд, гуфт, ӯ чанд вақт пеш ба Владимир Путин нома навишта буд. Скрипал гӯиё дар номааш аз Путин хостааст, иҷоза диҳад, ки ӯ ба Русия баргардад.

Ба қавли Владимир Тимошков, ҳамдарси собиқи Сергей Скрипал, ӯ дар номааш худро “хоин” надониста, айни замон аз он таассуф хӯрдааст, ки ҷосуси дугона буд (барои ду кишвар кор мекард). Скрипал далели бозгашти худ ба Русияро ба он рабт додааст, ки ҳамаи наздиконаш дар Русия зиндагӣ мекунанд.

Владимир Тимошков ин ҳарфҳоро дар суҳбат бо радиои Би-би-сӣ баён дошт. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, ки онҳо номаи Скрипалро дастрас накардаанд.

Сергей Скрипал ва духтари 33-солааш Юлия се ҳафта боз дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон ҳастанд. Мақомоти Бритониё мегӯянд, падару духтар бо истифода аз гази фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шудаанд. Лондон дар ин кор Русияро айбдор кард. Маскав борҳо даст доштани худ дар қазияи заҳролудшавиро рад намудааст.

Рӯзи 23-юми март раҳбарони Иттиҳоди Аврупо аз мавқеи Бритониё ҳимоят карданд. Нашрияи “Таймз” рӯзи 24-уми март навишт, ки қарор аст ба зудӣ то 20 кишвар, аз ҷумла Олмону Фаронса, дипломатҳои Русияро аз ҳудуди худ берун кунанд.

Бритониё қаблан 23 дипломати русро ихроҷ кард ва аз Маскав бо ҳамин мазмун посух гирифт. Ба ҷуз ин, раҳбарони Олмону Фаронса гуфтанд, ки алайҳи Русия чораҳои дигарро низ баррасӣ хоҳанд кард.

Интихоботи Туркманистон. Рақобати писари Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон бо писараш Сардор Бердимуҳаммадов

Рӯзи якшанбе раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Туркманистон шуруъ шуд. Аксари номзадҳо аъзои се ҳизби Туркманистон буда, ба назар мерасад, ба раиси ҷумҳури он кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов вафодоранд.

Дар миёни номзадҳо Сардор Бердимуҳаммадов, писари 36-солаи раиси ҷумҳури Туркманистон низ ҳаст. Бархе аз коршиносон ӯро ҷонишини ояндаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов медонанд

Созмони Фридом Ҳауз ё Хонаи Озодӣ, қароргоҳаш дар Вашингтон, моҳи январи имсол Туркманистонро аз назари озодиҳои маданӣ ва сиёсӣ дувоздаҳумин кишвари бади ҷаҳон унвон кард.

Дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе барои дарёфти 125 курсӣ 286 нафар вориди рақобат шуданд.

Шӯрои уламо: "Иттилоъ додан дар мавриди ҷиноят хабаркашӣ нест"

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз сокинон хост, ки дар сурати огоҳӣ аз ҷиноят ё мавридҳои шубҳаовар мақомотро огоҳ кунанд. Ин танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон дар вебсайти расмиаш навишт, "ба мақомот хабар додан кори хайр аст, агар туҳмат ё ғарази шахсӣ набошад".

Масъулони ин созмон гуфтанд, "ҳар фарде, ки шубҳанок аст ё амалаш ба суботи ҷомеа ва одобу ахлоқи он зарар дорад, аз қабили қочоқи маводи мухаддир, таҳдид, зарари ҷисмонӣ расондан ба касе, инчунин беэҳтиромӣ ба қонунҳо, сазовори тарбия аст ва бояд тарбия карда шавад."

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аксаран сокинон аз хабар додан аз ҷиноят ва пешгирии он худдорӣ мекунанд. Қаблан баъзе рӯҳониён низ дар намозҳои ҷумъа аз сокинон даъват карда буданд, ки бо мақомот дар самти хабар расондан аз ҷиноят ё афроди шубҳаовар ҳамкорӣ кунанд.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон барои хабар додан аз ҷиноятҳо ё ҳузури афроди шубҳаовар ҷоиза таъйин карда, махфӣ нигоҳ доштани номҳоро ваъда додаанд.

Аммо баъзе аз шаҳрвандон, ки таҷрибаи ин ҳамкориро доранд, мегӯянд, дар ниҳояти амр ҳамкории онҳо бо ин ниҳодҳо фош мешавад ва зери фишори хонаводаи боздоштшудаҳо қарор мегиранд. Дар ҳолатҳои бадтар аз ин, боздоштшуда бидуни муҷозот мемонад ва барои қасд гирифтан аз хабаррасон ба истилоҳ дандон тез мекунад.

Боз як заминларза Тоҷикистонро такон дод

Субҳи барвақти 25-уми март заминларзае шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Панҷакентро такон додааст. Бархе аз сокинони пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки заминларза соати 3:19 дақиқа эҳсос шуд.

Созмонҳои зилзиланигории ҷаҳон гуфтанд, ки маркази заминларза тақрибан 50-километрии Ҷурми вилояти Бадахшони Афғонистон буд. Ба қавли онҳо, шиддати заминларза дар марказаш ба 5,1 дараҷаи Рихтер мерасид.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад.​ Мақомоти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтанд, ки дар як соли охир дар қаламрави кишвар 26 ҳазор мавриди заминҷунбӣ сабт шудааст.

Эътирози Теҳрон ба таҳрими Амрико алайҳи даҳ эронӣ ва...

Баҳром Қосимӣ

Эрон Амрикоро барои ҷорӣ кардани таҳрим алайҳи даҳ шаҳрванди ин кишвар ва ширкати “Мабно” ба шиддат танқид намуд.

Вазорати молияи Амрико рӯзи 23-юми март алайҳи ин даҳ нафар ва як ширкати эронӣ ба хотири “дахолат дар ҳамлаҳои кибернетикӣ” ва “дузии иттилоот аз ҳазорҳо идора” таҳрим ҷорӣ кард. Ба қавли мақомоти ин вазорат, ширкати “Мабно” болои беш аз сад ниҳоди амрикоӣ ва беш аз 170 донишгоҳ дар 21 кишвар ҳамлаҳои кибернетикиро анҷом дода, иттилоот ба даст овардааст.

Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи 24-уми март ин иттиҳомотро бепоя хонд. Оқои Қосимӣ гуфт, Амрико бо ин таҳримҳо мехоҳад аз пешрафти эрониён дар арсаи фанновариҳои ҷадид ҷилавгирӣ кунад.

Пас аз рӯи кор омадани маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, равобит миёни Вашингтону Теҳрон ба тирагӣ гароидааст.

Таркиш дар Искандарияи Миср ду кушта бар ҷой гузошт

Як инфиҷор дар Искандария, дувумин шаҳри бузурги Миср, рӯзи 24-уми март ду кушта бар ҷой гузошт. Яке аз ҳалокушудаҳо маъмури пулис будааст.

Вазорати корҳои дохилии Миср инфиҷорро тарҳрезишуда номид. Ба қавли мақомот, ҳадафи ҳамлаварон Мустафо Намр, раиси пулиси Искандария, буд. Ба оқои Намр дар ин ҳодиса осеб нарасидааст, аммо чаҳор афсари пулис захмӣ шудаанд.

Ин инфиҷор чанд рӯз пеш аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳури Миср сурат гирифт, ки пешбинӣ мешавад дар он раиси ҷумҳури кунунӣ Абдуфаттоҳ Сисӣ баранда хоҳад шуд.

Тоҷикистон дар СММ аз пешниҳоди Русия тарафдорӣ кард

Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид аз қатъномаи пешниҳодии Русия ҷонибдорӣ кард. Ин Шӯро рӯзи 22-юми март қатъномаи “Ягонагии системаи додгоҳӣ”-ро қабул кард, ки муаллифи асосиаш Русия буда, Тоҷикистон дар баробари Венесуэла, Бразилия Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамчун ҳаммуаллифи қатънома муаррифӣ шудааст.

Ин қатънома аз кишварҳои узви СММ даъват мекунад, зиндонҳои ҳарбӣ ё трибуналҳоеро, ки берун аз низоми додгоҳӣ зери шиори мубориза бо терроризм ба таври махфӣ амал мекунанд, банданд.

Аз давлатҳои дунё даъват ба амал оварда шудааст, ки бо бастани чунин зиндонҳои махфӣ ҳама гуна қазияҳои ҷиноӣ дар доираи низоми судӣ ва бо риояи ҳуқуқи инсон ва усулҳои демократия баррасӣ шаванд.

Ҳамчунон ин қатънома кишварҳои узвро вазифадор мекунад, ки ҳама гуна қазияҳои шиканҷа, муносибати ғайриинсонӣ бо маҳбусонро дар зиндонҳои ҳарбӣ ва трибуналҳо баррасӣ карда, дастандаркорони онро муҷозот кунанд. Агарчӣ онҳо мансабҳои баланди давлатиро низ ишғол карда бошанд.

Дар гузашта чанде аз зиндонҳои махфӣ, ки дар Гунатанамои Куба ва Таиланд ҷойгир буда, дар он аксаран афроди восбата ба гуруҳу ҳаракатҳои террористӣ нигоҳ дошта мешуданд, мавриди интиқоди созмонҳои ҳуқуқи инсон қарор гирифта буд.

Зимнан, ин бори аввал нест, ки Тоҷикистон аз ташаббусҳои Русия дар СММ ҷонибдорӣ кардааст.

Генерали амрикоӣ гуфт, Русия ба Толибон аслиҳа медиҳад

Ҷон Николсон

Генерал Ҷон Николсон, фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон, гуфт, Русия аз Толибон ҳимоят мекунад ва ба ин гуруҳ аслиҳа медиҳад. Николсон ин суханҳоро дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ баён дошт.

Ба қавли генерали амрикоӣ, аслиҳаи русӣ ба Толибон аз тариқи марзи Тоҷикистон қочоқ мешавад. Дар гузашта Русия ин иддаоро рад карда буд.

Соли гузашта мақомоти Русия расман ирсоли аслиҳа ба Толибонро рад карда, гуфтанд, ки тамосашон бо Толибон танҳо ба даъвати онҳо ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон вобаста аст.

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёри шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд.

Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳое ноил шудааст.

Узбекистон – мизбони нишасти дурӯза дар мавриди Афғонистон

Интизор меравад, пойтахти Узбекистон рӯзҳои душанбе ва сешанбеи оянда мизбони як нишаст дар мавриди Афғонистон бошад. Дар ин нишаст масъалаи амният дар Афғонистону минтақа баррасӣ хоҳад шуд.

Антонио Гуттереш – дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Федерика Моғеринӣ – раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва намояндагони Чин, Русия, Амрико, Фаронса, Олмон, Итолиё, Туркия, Ҳиндустон, Эрону Покистон, Қазоқистон Қирғизистон ва Тоҷикистону Арабистони Саудӣ иштирок хоҳанд кард.

Эҳтимол дар ин нишаст раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳам иштирок кунад. Дар нишасти Тошканд аз намояндагиҳои гуруҳи Толибон даъват сурат нагирифтааст.

Дар Амрико мехоҳанд, истифода аз силоҳ ҷиддӣ назорат шавад

Даҳҳо хонандаи мактаб ва норозиёни дигар дар ҳоли гирдиҳамоӣ дар Вашингтон ҳастанд. Онҳо дар тазоҳуроти густарда аз мақомоти Амрико хоҳанд хост, ки барои назорат аз истифодаи силоҳ қонунҳои сахтгирона ҷорӣ кунанд.

Ташаббускорон интизоранд, ки даҳҳо ҳазор нафар дар эътирози рӯзи 24-уми март дар Вашингтон иштирок хоҳанд кард. Тазоҳуроти ба ин монанд дар даҳҳо шаҳри дигар дар саросари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барномарезӣ шудааст.

Роҳпаймоиҳо ба дунболи тирандозии моҳи феврали имсол дар яке аз мактабҳои минтақаи Паркланди аёлати Флорида сурат мегирад. Дар тирандозии як ҷавони нуздаҳсола дар моҳи гузашта 17 нафар кушта шуд.

Пулиси захмӣ дар ҷануби Фаронса даргузаштааст

Пулисе, ки дар ҷараёни ҳамлаи террористӣ дар ҷануби Фаронса захмӣ шуда буд, даргузаштааст. Мақомоти Фаронса 24-уми март гуфтанд, ин маъмури пулис дар ҳодисаи рӯзи гузашта худро бо як фарди гаравгон иваз кард ва дар ҷараёни ҳамла ба шиддат захмӣ шуд.

Вазири умури дохилии Фаронса дар Твиттер гуфтааст, ин маъмури пулис барои кишвараш ҷон дод. Мақомот дирӯз гуфтанд, ки як ҳамлавари 25-сола низ дар ин ҳодиса кушта шудааст.

Ин ҳодиса дар шаҳри Тарбес дар ҷануби Фаронса, замоне рух дод, ки як ҳамлавари мусаллаҳ ба тарафи пулис тирандозӣ кард ва сипас шуморе аз мардумро дар як фуруӯшгоҳ гаравгон гирифт.

Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Амалиёт барои ишғоли охирин деҳаи зери тасарруфи ДОИШ дар Сурия
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:19 0:00
XS
SM
MD
LG