Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Марзбонони туркман 2 моҳигири эрониро дар баҳри Хазар куштанд

Марзи Эрон ва Туркманистон.

Мақомоти Эрон мегӯянд, марзбонони Туркманистон дар обҳои фаромарзии баҳри Хазар ду моҳигири ин кишварро кушта, дуи дигарро боздошт карданд. Раиси шаҳри Бандар-Туркмани Эрон Илёс Хивачӣ дар суҳбат бо хабаргузории расмии ИРНА гуфт, ҷасади кушташудаҳо ва шаҳрвандони боздоштшудаи кишвараш дар ҳоли ҳозир дар Туркманистонанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин 4 нафар сокинони Бандар-Туркмананд.

Бино ба хабарҳо, 4 шаҳрванди Эрон ба ҳушдорҳои марзбонони туркман нигоҳ накарда, моҳигириро идома доданд. Дар натиҷа марзбонон ба самти онҳо оташ кушода, ду нафарашонро ба қатл расонданд. Мақомоти Эрон амали марзбононро "номуносиб" меноманд. Ба иттилои хабаргузории расмии ИРНА, марзбонони туркман қаблан низ дар обҳои фаромарзии баҳри Хазар ба самти сокинони Бандар-Туркман оташ кушода буданд.

Мақомоти Туркманистон хабари кушта шудани шаҳрвандони Эронро дар баҳри Хазар шарҳ намедиҳанд. Мақоми Хазар то ҳол муайян карда нашудааст ва бинобар ин, марзҳои кишварҳо дар ҳудуди он баҳсбарангезанд, ки борҳо ба низоъҳо миёни кишварҳои минтақа сабаб гаштааст.

Савченко бо гумони омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ боздошт шуд

Вакили порлумони Украина Надежда Савченко бо гумони омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ боздошт шуд. Порлумони Украина рӯзи панҷшанбеи 22-юми март бо аксари оро ба Додситонии кулли ин кишвар иҷозат дод, ки Савченкоро ба ҳабс бигирад.

Ба гуфтаи додситони кулли Украина Юрий Лутсенко, Савченко бо ҳамроҳи раҳбари қаблан боздоштшудаи созмони "Қисми афсарон" барои табаддулоти давлатӣ дар ин кишвар омодагӣ медидаанд. "Барои сарнагуни сохти конститутсионӣ, ғасби ҳукумат бо зӯрӣ, омодагӣ ба ҳамла, сӯиқасд ба ҷони президент, сарвазир, девони вазирон, вакилони порлумон ва раҳбарони аҳзоби сиёсӣ бо ҳам забон як карда буданд", - изҳор дошт Лутсенко.

Ин вакили порлумони Украина ҳамчунин дар мусоидат ба фаъолияти гуруҳи террористии "Ҷумҳурии мардумии Донетск" ва харидорӣ, нигаҳдориву интиқоли ғайриқонунии силоҳ айбдор мешавад.

Худи Савченко далелҳоеро, ки ба вакилон пешниҳод шуда буд, "ҳангомаи сиёсӣ" номида, гуфт, танҳо қасд дошт, ки ҳукуматро битарсонад. Ӯ дар мавриди харидории аслиҳа аз ҷудоихоҳон гуфт, мехост бо ҳар қиммате, ки бошад ҷангҳо дар Донбасс хотима ёбанд.

Лутсенко ҳамчунин ишора кард, ки эҳтимол дорад, пушти ин кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ ошнои президенти Русия ва раҳбари ҳаракати "Интихоботи Украина - ҳаққи мардум" Виктор Медведчук бошад.

Хабарнигори "Настоящее Время" Жириновскийро ба озори ҷинсӣ айбдор кард. ВИДЕО

Ренат Давлетгилдеев.

Рӯзноманигори телевизиони "Настоящее время" Ренат Давлетгилдеев раҳбари ҷиноҳи Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновскийро ба озору азияти ҷинсӣ айбдор кард. Давлетгилдеев аз мардон даъват кард, ки ин гуна амалҳои сиёсатмадоронро ошкоро бигӯянд. Ба гуфтаи рӯзноманигор, Жириновский ҳангоми як суҳбати кутоҳ дар ҳошияи даври ниҳоии озмуни "Зебосанами Русия" дар соли 2006 рафтори ношоистае кардааст.

Муовини раиси Думаи давлатии Русия ва писари Жириновский - Игор Лебедев дар суҳбат бо хабарнигори "Настоящее время" аз шарҳи қазия худдорӣ кард. "Намехоҳам, бо шумо дар бораи ҳамкори ҳамҷинсгароятон суҳбат кунам. Магар ман то ин ҳад пастам?", - изҳор дошт писари Жириновский ба "Настоящее время".

Пештар низ чанд рӯзноманигор аз рафторҳои номуносиби намояндаи дигари ҲЛДР дар порлумони Русия Леонид Слутский низ шикоят карда буданд. Комисияи порлумони Русия дар амалҳои вакили худ қонуншиканиеро пайдо накард ва ба рӯзноманигорон пешниҳод кард, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят баранд. Баъд аз ин ҳодиса чанд расонаи Русия фаъолиятро дар порлумони ин кишвар қатъ карданд. Худи Слутский иддаои рӯзноманигоронро "ҳазён" номид.

Телевизиони "Настоящее время" тарҳи муштараки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва "Садои Амрико" аст. Ҳадафи он расонидани воқеиятҳо ба бинандаҳои рус дар саросари дунёст.

Хабарнигори "Настоящее Время" Жириновскийро ба озори ҷинсӣ айбдор кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00

Президент: Дар Тоҷикистон 1,2 миллион нафар бо оби пок таъмин шуданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, талабот ба захираҳои об дар саросари ҷаҳон то рафт афзоиш меёбад ва ин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани "муносибатҳои нигаронкунанда миёни соҳаҳои иқтисодиёт мегардад”. Рӯзи 22 март зимни суханронӣ дар ҷаласаи марбут ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Ню-Йорк, президенти Тоҷикистон гуфт, “шиддати рақобат барои манобеи об дар шароити камбуди он метавонад ҳатто дар дохили як кишвар боиси пайомадҳои манфӣ гардад”.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба мудирияти дуруст ва пайдо кардани роҳҳалҳои муассиру корсози тақсими захираҳои об таъкид кард. Вай бори дигар ёдовар шуд, ки Тоҷикистон ба унвони кишвари захираҳои об дар давоми чандин даҳсолаи асри 20 аз беш аз 1000 пирях тақрибан 30 дарсадашро аз даст дод.

Обшавии босуръати пиряхҳоро донишмандон ба ҷараёни гармоиши иқлим рабт медиҳанд. Ба гуфтаи президент, “танҳо пиряхи бузургтарини қитъавии Федченко дар ин муддат ба андозаи як километр хурд шуда, масоҳати он то 11 километри мураббаъ кам гардид ва ҳаҷми яхи худро беш аз 2 километри мукааб аз даст дод”. Вазъи баамаломада хатари обхезиву офатҳои табииро сол то сол афзоиш медиҳад.

Ба унвони намунаи мусбати кор дар самти мудирияти об, президенти Тоҷикистон ба ҳамкории наздики давлат ва бахши хусусӣ ишора кард ва гуфт, Тоҷикистон дар 15 соли охир "барои ҳалли масоили дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб як миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст. Дар натиҷа ҳукумат дар панҷ соли охир дастрасии тақрибан 1,2 миллион нафарро ба оби ошомидании босифат ва 600 ҳазор нафарро ба оби ошомидании бехатар таъмин гардонид”.

Бар тибқи таҳқиқоти ЮНИСЕФ – дафтари СММ дар умури кӯдакон, ки чанд соли пеш анҷом шудааст, беш аз 40 дарсади Тоҷикистон ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надорад.

22 март дар бинои СММ иҷлосияи 72-юми Маҷмаи кулли СММ ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор шуд, ки ташаббускори он президенти Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон эъломияи ҳуқуқи маъюбонро имзо кард

Дар Ню-Йорк рӯзи 22 март маросими имзои эъломияи СММ оид ба маъюбон баргузор шуд. Ин маросим президент Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Дабири кулли СММ Мигел де Серпа Суарес иштирок карданд. Эъломияи ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Маҷмаи кулли СММ 13 декабри соли 2006 қабул шуда, 3 майи соли 2008 ҳукми қонунӣ гирифт.

То соли 2017 - 175 кишвар ин санадро эътироф кардаанд. Тасвиби ин санад аз ҷониби Тоҷикистон иҷрои ӯҳдадориҳои марбута дар заминаи таъмини ҳуқуқи афроди имконияташон маҳдудро дар кору зиндагӣ, бахши маориф, сиҳҳатӣ ва дигар бахшҳои зиндагӣ тақозо мекунад.

Овозхони Туркия барои таҳқири Эрдуғон ба 10 моҳи зиндон маҳкум шуд. ВИДЕО

Ҳунарманди синамо ва овозхони Туркия Зуҳал Олҷай бо ҷурми таҳқири президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳангоми консерташ дар соли 2016 ба муддати 10 моҳ зиндонӣ шуд. Дар ин бора нашрияи "Ҳуррият" рӯзи панҷшанбе хабар дод.

Навори таронаи Зуҳал Олҷай нишон медиҳад, ки овозхон матни сурудро дигар кард ва тарона дар шакли нав бо суханони "Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ин ҳама беҳуда аст, ин ҳама дурӯғ аст, зиндагӣ рӯзе ба охир мерасад ва хоҳӣ гуфт, ки ман ҳам орзуе доштам" садо дод. Ҳангоми сурудани тарона Олҷай бо дасташ ишораи таҳқиромез кардааст.

Овозхон иттиҳомро дар догоҳ рад кард ва гуфт, ҳеҷ нияти пинҳонӣ надошт ва исми Эрдуғонро ба ин далел истифода кард, ки ба вазну қофия мувофиқ буд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ишораи даст ба як тамошобин рабт дошт.

Биноба навиштаи хабаргузории Анадолу, Олҷай соли 2010 барои "таҳқири корманди давлат" ба маблағи беш аз 10 ҳазор лир ҷарима шуда буд. Таҳқири президент дар Туркия ҷиноят аст ва то 4 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Вакилони Эрдуғон, ки дар сиёсати Туркия тасаллут доранд, бар зидди 1800 нафар, бо шумули рассомони танзнавис, собиқ маликаи зебоии Туркия ва талабаҳо бо ҷурми таҳқири раҳбари давлат парванда сохтаанд. Энес Кантер, бозигари баскетбол аз тими "Ню Йорк Никс" ҳамчунин барои таҳқири Эрдуғон дар ғиёбаш ҳукм гирифтааст.

Маҷаллаи "Спецназ" аз таҳрими Думаи давлатӣ пуштибонӣ кард

Таҳрим ё бойкоти Думаи давлатӣ аз тарафи хабарнигорон дар ҳоле эълон шуд, ки порлумон нахост намояндаи мардумӣ Леонид Слутскийро, ки занҳои хабарнигор ӯро ба озори ҷинсӣ муттаҳам карданд, ба ҷавобгарӣ кашад. Маҷаллаи "Спецназ" низ аз таҳрим тарафдорӣ кард. Сардабири маҷалла Алексей Филатов дар блогаш навишт, ки аз қарори шабакаи телевизионии РБК ва нашрияҳои дигар барои таҳрими Думаи давлатӣ пуштибонӣ мекунад.

Филатов гуфт, ки дастдарозӣ ба занҳо, бо истифода аз мақоми хизмаитиро метавон "аломати фасодкорӣ" унвон кард. Рӯзноманигор ҳамчунин гуфт, ки "камиссияи Думаи давлатӣ оид ба ахлоқ, набояд набуди шаҳодатро баҳона пеш биёрад".

Якчанд васоити ахбори омма, бо шумули шабакаи телевизионии "Дожд" РБК, Эхо Москвы, Би-Би-Си ва RTVI дар ҳоле Думаи давлатиро таҳрим карданд, ки камиссияи ахлоқ дар рафтори депутат Слутский аломати қонуншиканиро ошкор накард. Дар посух палатаи поёнии порлумони Русия сабти номи ин нашрияҳоро бекор кард.

"Қаҳрамони Украина" бо гумони кӯшиши табаддулот боздошт шуд

Надежда Савченко

Порлумони Украина рӯзи панҷшанбе бо аксари овозҳо аз пешниҳоди Додситонии кулл, дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан ва таҳти боздошт қарор додани намояндаи мардумӣ Надежада Савченко, пуштибонӣ кард. Савченко ба даст доштан дар омода кардани табаддулоти давлатӣ гумонбар шуд. Ба думболи ин Хадамоти амнияти Украина ӯро боздошт кард.

Надежда Савченко, ки ба гуфтаи додситони кулл Юрий Лутсенко бо раҳбари боздоштшудаи созмони "Копуси афсарон" Владимир Рубан ҳамдастӣ дошт, ба "тавтеа бо ҳадафи аз роҳи зурӣ сарнагун кардани сохти конститусионӣ ва ғасби ҳокимият", барномарезии ҳамлаи террористӣ, кӯшиши суиқасд ба ҷони раиси ҷумҳур, нахуствазир, аъзои кобина ва раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ муттаҳам мешавад.

Гуфта мешавад, кӯшиши табаддулот аз баракати низомиёни Украина ошкор шуд, ки барои иштирок дар табаддулоти Савченко ва Рубан пешниҳод гирифтанд ва мақомотро аз ин барнома огоҳ карданд.

Қабл аз райъдиҳӣ ба пешниҳоди додситонӣ дар бораи Савченко, сабти садо ва наворҳои видеоии тафтишот дар порлумон пахш шуд. Дар яке аз наворҳо садои гуфтугӯи Савченко, Рубан ва як афсар дар дафтари кории фармондеҳи нерӯҳои вежаи Украина, дар Хмелнитский сабт шудааст, ки таърихаш 1 декабри соли 2017 гуфта мешавад. Ба гуфтаи тафтишот, табаддулотчиҳо бахши аввали силоҳро аз Донетск маҳз ба ҳамин қисми низомӣ оварданд. Дар навор роҳҳои сарнагун кардани ҳукумати Украина баҳс мешуд.

Ба гуфтаи додситонӣ, яке аз барномаҳо ҳамлаи террористӣ ба порлумон дар замони мусоидро пешниҳод мекард, ки дар он ҳамаи намояндагони мардумӣ, вазирон, президент Петр Порошенко ва нахуствазир Владимир Гройсман ҷамъ оянд. Дар навор Савченко тарҳи порлумонро мекашад ва мегӯяд, ки барои партоби шаш норинҷак ба толори ҷаласа фурсат хоҳад дошт. Ӯ ҳамчунин мегӯяд. "Украина на ба инқилоб, балки ба табаддулот ниёз дорад".

Савченко далелҳои овардаи додситониро "тавтеаи сиёсӣ", ва хаёлбофӣ унвон кард ва гуфт, ки танҳо мехост ҳукуматро тарсонад.

Назарбоев дар Наврӯзи Самарқанд иштирок кард

21-уми март, Самарқанд

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар рӯзи таҷлили Наврӯз бо як сафари ғайримунтазира ба меҳмонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиеёв ба Самарқанд рафт.

Ин сафар ҳамчун нишонаи тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар баъди даргузашти президент Ислом Каримов арзёбӣ мешавад. Каримов соли 2016 даргузашт ва ӯро як мояи аслии коҳиши ҳамкориҳо меномиданд.

Вебсайти Мирзиёев навишт, мулоқоту музокироти президентони Узбекистону Қазоқистон дар худи Самарқанд сурат гирифт. Дар ин мулоқот сӯҳбат аз зарурати тавсеаи ҳамкориҳо рафтааст. Дар навори видеоие, ки дар вебсайти призиденти Узбекистон пахш шуд, чеҳраҳои бозу хурсанди ду раҳбар, ситоиши Назарбоев аз “мардуми бародару дӯсти Узбекистон” ва ҳам зарурат ба “ҳамкориҳои наздики ду ҷониб” таъкид шуд.

Боздиди Назарбоев аз Самарқанд дар ҳолест, ки рӯзи 15-уми март дар Остона бо ташаббуси ин ду президент ҳамоиши раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд ва дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам иштирок кард.

Бузургтарин ширкати матбуотии Туркияро ба шарики Эрдуғон мефурӯшанд

Логои Dogan Holding

Бузургтарин ширкати матбуотии Туркия барои фурӯши Медиа-Ҳолдинги машҳур ба сармоядори наздик ба президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон вориди муомилот шуда, ин нигарониро ба бор овардааст, ки акнун назорати ҳукумат бар матбуот боз ҳам шадидтар мешавад.

Dogan Holding рӯзи 22-юми март дар як изҳорот гуфт, музокироти фурӯши Dogan Media Group ба сармоядори матбуот Эрдуғон Демирорен оғоз шудааст. Муомилот дар атрофи 1 миллиард доллар ҷараён мегирад.

Баъзе васоити ахбори номдор дар Туркия, аз ҷумла нашрияи "Ҳуррият", рӯзномаи варзишии "Фанатик", шабакаи телевизионии CNN-Turk ва шабакаи телевизионии "Канал-Д" ба Dogan Media Group шомил буданд.

CNN-Turk ва нашрияи "Ҳуррият" дар ҳоле ки зиддиҳукуматӣ нестанд, аммо дар чанд соли охир ҳамчун матбуоти нисбатан мустақил арзёбӣ мешаванд. Ширкати Демирорен аз тарафдорони Эрдуғон аст.

Мэй аз Аврупо мехоҳад, ки ба Русияи "марзношинос" муқовимат кунад

Нахуствазири Британия Тереза Мэй дар Брюссел. 22 март, 2018

Британия мехоҳад, аз раҳбарони Аврупо даъват кунад, ки кормандони истихбороти Русияро аз қаламравҳои худ берун кунанд, то "шабакаи Кремл дар тамоми Аврупо" аз ҳам бипошад.

Нашрияи Guardian рӯзи 21-уми март навишт, рӯзи панҷшанбе дар нишасти Брюссел нахуствазири Британия Тереза Мэй мехоҳад таваҷҷуҳи раҳбарони кишварҳои Ғарбро ба "таҳдиди дарозмуддат аз тарафи Владимир Путин" ҷалб кунад.

Тереза Мэй аз раҳбарони Аврупо даъват мекунад, ки аз ҳамлаи кимиёвӣ ба ҷосуси дугона Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар Солсберии Британия вокуниш нишон диҳанд ва чораҳои муқовиматии худро ба кор андозанд.

"Интизор меравад, даъвати Мэй аз лидерони Аврупо ба мухолифати баъзе шарикони Русия дар ин иттиҳод рӯ ба рӯ шавад", - менависад матбуот бо такя ба мақомоти баландпояи Британия.

"Мо дар пайи ҷанҷол бо Русия нестем, аммо Британия мехоҳад раҳбарони Иттиҳоди Аврупо эътриоф кунанд, Русия рақиби стратегӣ аст, на шарики стратегӣ",- гуфт як мақоми баландпояи ҳукуматӣ ба хабарнигорон.

ИМА ба фаъоли ҳуқуқи Қазоқистон "Ҷоизаи ҷасорат"-ро эъто кард

Айман Умарова

Департаменти давлатии ИМА исми барандагони ҷоиза "International Womеn of Courage Award" дар соли 2018-ро эълон кард. Ин ҷоизаро онҳое мегиранд, ки дар фаъолиятҳои худ ҷасорат нишон додаанд. Яке аз барандагон фаъоли ҳуқуқи инсон аз Қазоқистон Айман Умарова аст.

Умарова дар вилояти Ҷамбул, ҷануби Қазоқистон, таваллуд шудааст ва ҳамчун рӯзноманигор ба таҳқиқи ҷиноятҳои бисёр вазнин, бо шумули таҷовузи занон ва кӯдакон, ҳамчунин афроде, ки барои фаъолиятҳои сиёсиашон маҳбус шудаанд, машғул аст. Ӯ дар нашрияи Zona.kz сутуни худро дорад ва дар он дар бораи шиканҷаву зуровариҳо дар маҳбас ва ҳуқуқи инисон матлаб нашр мекунад.

Айман Умарова ҳамчунин дар бораи озори ҷинсӣ китоб менависад. Умарова узви Коллегияи адвокатҳои Қазоқистон, коршинсои Шӯрои ҳуқуқи башари назди президент ва ҳамраиси бунёди ҷамъиятии "Ҳомиёни ҳуқуқ" аст.

Дар баробари Умарова, занҳое аз Мавритания, Руанда, Косово, Таиланд, Ироқ, Афғонистон, Гондурас ва роҳибаи католик Мария Елена Берия аз Италия бо ин ҷоиза қадрдонӣ мешаванд.

Ҷоизаҳоро бегоҳи 22-юми март Мелания Трамп - ҳамсари президент Трамп ва Ҷон Салливан, иҷрокунандаи вазифаи Котиби давлатӣ ба занҳо тақдим мекунанд.

Дар Душанбе омилони харобкорӣ дар "Дунёи афсона"-ро меҷӯянд

Мақомот ба таҳқиқи қазияи хароб шудани қисме аз таҷҳизоти боғи “Дунёи афсона” дар Душанбе шуруъ кардаанд. Ин иншоот се рӯз пеш дар боғи ба номи Айнии пойтахт ифтитоҳ шуда буд.

Дастури таҳқиқи қазияро генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии пойтахт, рӯзи 22-юми март содир кардааст. Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, «нафарони гунаҳкор муҷозот хоҳанд шуд».

Мақомот мегӯянд, баъзе аз таҷҳизоти маҷмааи “Дунёи афсона” дар рӯзи ҷашни Наврӯз хароб шудааст. Ин маҷмаа рӯзи 19-уми марти имсол ифтитоҳ шуд, вале баъд аз ду рӯз маъмурияти боғи Айнӣ хабар доданд, ки як қисми таҷҳизоташ вайрон шудааст.

Дар рӯзи 21-уми март пас аз хароб шудани баъзе аз таҷҳизоти маҷмааи “Дунёи афсона” маъмурияти боғи Айнӣ дари онро бастанд. Ба қавли шаҳрдории Душанбе, маҷмааи фароғатии “Дунёи афсона” дар майдони 2,5 гектар бунёд шудааст.

Як ҷомаи суғдиро ба беш аз 1 миллион доллар фурӯхтанд

Дар машҳуртарин хонаи музоядаҳои дунё – Sotheby’s (Сотбис) дар Бритониё як ҷомаи қадимии суғдӣ ба маблағи 1 миллиону 118 ҳазор доллар фурӯхта шуд.

Нархи аввалии ин ҷома 100 ҳазор паунд муайян шуда буд. Аммо дар ҷараёни музояда ба беш ба 802 ҳазор паунд ё 1 миллиону 118 ҳазор доллар боло рафт.

Сотбис исми харидорро фош намекунад. Аммо коршиносони ин хонаи музоядаҳо дар тасвири ҷома навиштаанд, ки дар қисмати сина ва китфони ҷома акси ғизол ва ду парранда тасвир шудааст. Ранги асосии ҷома зард буда, қисматҳои он бо рахҳои сурх оро дода шудаанд.

Ба иттилои хонаи музоядаҳои Сотбис ин ҷомаи суғдӣ аз абрешим бофта шуда, ҳамчунон нақши чанд ҷонварро дар худ таҷассум кардааст.

Ташхиси коршиносон нишон додааст, ки ин ҷома дар асрҳои 9 ва 10 дар Осиёи Миёна бофта шудааст.

Дар Ню-Йорк мавзӯи дастрасӣ ба об баррасӣ мешавад

Акс аз вебсайти президенти Тоҷикистон

Рӯзи 22-юми март дар Ню-Йорк ҷаласаи бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал – “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” шурӯъ мешавад, ки дар кори он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард. Ҳайати баландпояи мақомоти тоҷик ду рӯз пеш бо ҳадафи ширкат дар ин ҷаласа ба Амрико рафтанд.

Вебсайти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 21-уми март дар остонаи шурӯи ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот кард. “Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар масъалаи истифодаи самараноки обу энергетика ба манфиати мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин “Энергияи устувор барои ҳама” муҳокима шуд”, - омадааст дар хабари расмӣ.

Дар ин мулоқот масоили марбут ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва мавзӯи ислоҳот дар низомномаи Созмони Милал баррасӣ шуд. Қарор аст, дар Душанбе рӯзҳои 20-22-юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалиро оид ба масъалаҳои об баргузор шавад.

Тоҷикистон, ки дар болооби Осиёи Марказӣ қарор дошта, захираҳои ғании обро дорад, пайваста таъкид мекунад, ки аз сиёсати тақсими одилонаи захираҳои оби минтақа пуштибонӣ мекунад. Ин таъкид бори охир дар мулоқоти нахустини президентони Тоҷикистону Узбекистон рӯзи 9-уми март дар Душанбе садо дод.

Дар мулоқот бо дабири кулли СММ инчунин суҳбат аз саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо чолишҳои ҷаҳоние ба мисли терроризму ифротгарӣ ва қочоқи маводи мухаддир, таъмини амнияти марз бо Афғонистон низ рафт, ки дар қаламраваш гурӯҳҳои ситезаҷӯи мусаллаҳ фаъол ҳастанд. Интизор меравад, дар Душанбе 3-4-уми майи имсол конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ баргузор шавад ва дар баробари ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷаласа дипломатҳои СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар шарикон иштирок хоҳанд кард.

Трамп: "Ба Путин занг задам, зеро мехоҳам робитаҳо бо Русия хуб шаванд"

Президенти ИМА Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки баъди ду рӯзи пирӯзии Владимир Путин дар интихоботи президентии Русия бо ӯ сӯҳбати телефонӣ кард, далели ин занги телефониро шарҳ дод.

"Ба президент Путин занг задам, то ӯро бо пирӯзияш табрик кунам. Аммо матбуоти тақаллубӣ девона шуд, зеро онҳо мехостанд, ки ӯро танбеҳ кунам. Онҳо ҳақ нестанд! Муносибати хуб бо Русия (ва кишварҳои дигар) кори хуб аст, на бад", - навишт Доналд Трамп дар Твиттер.

Шабакаи телевизионии CNN рӯзи 22-юми март гуфт, берун шудани ин маълумот, ки Трамп дар сӯҳбат бо Путин аз тавсияи мушовиронаш сарфи назар кардааст, президентро ба хашм овард.

Рӯзи гузашта нашрияи Washington Post навишт, дар матне, ки мушовирон барои гуфтугӯи Трамп бо Путин омода карданд, ба таври рӯшан тавсия мешуд, президент аз табрики Путин худдорӣ кунад.

Аммо Трамп суҳбатро аз табрикоти пирӯзии Путин оғоз кард. Баъдан Кохи Сафед ва Кремл дар ин бора гузориш доданд.

Саркозӣ расман ба истифодаи пулҳои Қаззофӣ муттаҳам шуд

Президенти пешини Фаронса Николя Саркозӣ

Мақомоти Фаронса президенти пешини ин кишвар Николя Саркозиро расман ба сармоягузории ғайриқонунӣ ва истифодаи пинҳоии буҷети давлатии Либия дар маъракаи интихоботияш, муттаҳам карданд.

Саркозӣ рӯзи 21-уми март боздошт шуд. Аммо ӯро баъдан озод карданд. Матбуоти Фаронса менависад, президенти пешин дар озодӣ мемонад, аммо таҳти назорати додгоҳ хоҳад буд.

Тафтиши додгоҳӣ аз рӯи қазияи Саркозӣ соли 2013 дар ҳоле оғоз шуд, ки сомонаи Mediapart иттиҳомеро аз номи соҳибкори фаронсаиву либиягӣ Зиёд Такеиддин нашр кард.

Ин соҳибкор гуфтааст, 5 миллион еврои Қаззофиро аз ҳисоби бонкии раҳбари пешини Идораи истихбороти Либия ба ҳисоби бонкии раҳбари ситоди интихоботии Саркозӣ интиқол дод.

Николя Саркозии 63-сола, ки аз соли 2007 то 2012 президенти Фаронса буд, ҳамагуна хилофкориро рад мекунад.

Зукерберг айби Фейсбукро дар ихроҷи маълумоти корбарон эътироф кард

Молики Facebook Марк Зукерберг

Марк Зукерберг,, асосгузор ва молики Фейсбук, дар робита ба ҷанҷоли ҷамъоварии маълумоти хусусии 50 миллион корбари шабака аз тарафи ширкати Cambrige Analytica изҳорот пахш кард. Ӯ эътироф кард, ки дар баробари амнияти маълумоти корбаронаш масъулият дорад.

Зукерберг гуфт, ширкати ӯ ҳамаи замимаҳоро, ки ба миқдори зиёди маълумот дастрасӣ доштанд, таҳлил мекунад. Ба ғайр аз ин, ба гуфтаи поягузори Фейсбук, ширкат дастрасии таҳиягарони барномаҳоро ба додаҳои корбарон маҳдуд мекунад.

Раҳбарияти ин шабакаи иҷтимоӣ ҳамчунин таҳиягарони замимаҳоро муваззаф мекунад, ки дар робита ба дастрасӣ ба маълумоти корбарон бо худи онҳо созишнома имзо кунанд.

Қаблан хабарнигорон ширкати таҳлилии Cambrige Analytica-ро ба истифодаи ғайриқонунии маълумоти корбарони Фейсбук, дар ҷараёни маъракаи интихоботии Доналд Трамп, муттаҳам карданд.

Ба маълумоти пажуҳишгарони шабакаи телевизионии Channel 1, ширкат дар бештар аз 200 маъракаи интихоботӣ дар саросари ҷаҳон, бо шумли Кения, Нигерия, Чехия, Ҳиндустон, ва Аргентина иштирок кард. Дар ин пажуҳиш гуфта мешавад, ки ширкат аз ришва, паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва маводи бадномкунанда дар бораи номзадҳо истифода кардааст.

Аз Тоҷикистон ба шаш шаҳри Узбекистон – бо автобус

Ширкати “Asian Express” аз 1-уми апрели имсол ҳаракати мусофирбарҳо ба шаш шаҳри Узбекистонро оғоз хоҳад кард. Султон Камолов, раиси ширкат, рӯзи 22-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “қарор аст, автобусҳои ширкати мо аз Душанбе ба Деҳнав ва Термизи вилояти Сурхандарё, аз шаҳри Панҷакент ба Самарқанд ва аз шаҳри Хуҷанд ба Тошканду Фарғона ҳаракат кунанд”.

Ба қавли Камолов, ширкати “Asian Express” дар бораи харидории 200 мусофирбари нави байнишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо Узбекистон низ қарордод бастааст.

Дар посух ба ин савол, ки қимати сафар ба шаҳрҳои Узбекистон чанд пул мешавад, Камолов гуфт, “мо нархномаро ба ҷониби Узбекистон пешниҳод кардем, вале то ҳол посухи онҳоро нагирифтаем.”

Ӯ гуфт, тасдиқи нархномаҳо аз тарафи мақомоти ду кишвар ба он хотир зарур аст, ки автобусҳои ширкатҳои узбекистонӣ низ дар ин масирҳо машғули мусофиркашонӣ хоҳанд шуд.

“Рӯзҳои наздик ҳайати ширкати мо ба Тошканд сафар мекунад ва масъалаи нархҳо ниҳоӣ хоҳад шуд”, - хулоса кард Султон Камолов.

Дар бораи сафар ба Узбекистон бештар бихонед:

ВКХ: қазияи Скрипал моҷаросозиест, ки Маскав ба он манфиатдор нест

Низомиёни Британия дар саҳнаи заҳолудшавии Сергей Скрипал дар Солсберӣ

Мақомоти Британия ё наметавонанд шаҳрванди Русияро аз ҳамлаи террористӣ ҳимоя кунанд, ё худашон дар ин ҳамла даст доранд,- гуфт Владимир Емарков- раҳбари Департаменти Вазорати умури хориҷии Русия дар умури ҷилавгирӣ аз паҳншавӣ ва ва назорат бар силоҳ.

Ермаков рӯзи чоршанбе дар брифинги вазорат роҷеъ ба қазияи Сергей Скрипал - ҷосуси пешини Русия, ки ахиран дар Британи бо гази фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шуд гуфт, Британия маълумотеро, ки муфаттишон дастрас кардаанд, бо Маскав дар миён намегузорад ва ҳамчунин ба намояндагони Маскав иҷозат намедиҳад, ки бо шаҳрванди Русия Юлия Скрипал, духтари Сергей Скрипал, мулоқот кунанд.

Ермаков суиқасд ба ҷони Скрипалро "моҷароҷӯӣ" номид, ки аз тамоми зовияҳо ба манфиати Маскав нест. Ӯ ҳамчунин афзӯд, ки истифодаи заҳри воқеии ҳарбӣ дар Британия теъдоди бузурги одамонро ҳалок мекард.

Лондон ба ин назар аст, ки Русия дар заҳролудшавии корманди пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия даст дорад. Падару духтарро рӯзи 4 март дар яке аз курсиҳои кӯчаи шаҳри Солсберӣ дар ҳоли беҳушӣ пайдо карданд. Табибон вазъи онҳоро бӯҳронӣ арзёбӣ мекунанд.

Таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар маркази Суғд. ВИДЕО

Субҳи 21-март, рӯзи нахустини соли хуршедӣ, ҳазорон сокини вилояти Суғд ба маъракаи таҷлил аз Наврӯз ба боғи Камоли Хуҷандӣ рафтанд. Муҳаммадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар ин маросим аз ҷойгоҳи вижаи Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон ситоиш кард.

Ӯ гуфт, “Наврӯз на танҳо ҷашни шодмонӣ, балки мояи ифтихору сарфарозӣ ва муаррифгари таъриху фарҳанги бузурги мо дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.” Ӯ сокинонро даъват кард, барои ба ҷаҳониён нишон додани ин фарҳанги бостонӣ манзили худ ва гирду атрофи онро ободу зебо гардонанд.

Аксҳои бештар дар инҷост:

Бо таъкиди онки 2018 дар Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои миллӣ” эълон шудааст, гуфт, дар ҳоле ки деҳоти тоҷик меҳмонхонаҳои муосир барои қабули сайёҳон надоранд, сокинон метавонанд ҳуҷраҳоеро дар манзили худ бо ороишоти миллӣ барои ҷаҳонгардон фароҳам кунанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ҳангоми суханронии худ аз зарурати ҳифзи ҷашни Наврӯз, ки аз қаламрави Тоҷикистон берун рафта, ба як иди байналмилалӣ табдил ёфтааст, ба ҳифзи маросиму суннатҳои он таъкид кард. Ӯ бо ёдоварӣ аз онки аз давраҳои аввали ба Ислом гароидан миллати тоҷик аз ҷашнҳои ниёкони худ даст накашид ва то рӯзҳои мо гиромӣ медорад, гуфт: “Мардуми тоҷик алорағми таҳдиду фишор ва манъи гурӯҳҳои мухолифи таҷлил аз Наврӯз гоҳе ошкор, гоҳе пинҳон ин Иди ниёконро истиқбол мегирифтанд ва мегиранд.”

Ҳазорон сокинони Суғд ҳамроҳи аҳли оилаи худ ба сайругашти наврӯзӣ баромада буданд. Имсол бо фарқ аз солҳои пеш занону духтароне, ки ҷомаву камзулҳои адрасу атлас ба бар карда буданд, зиёд ба чашм мерасиданд.

Рӯзи 21-уми март дар тамоми шаҳру марказҳои ноҳияҳои Суғд ҷашнҳои Наврӯзӣ доир гардиданд. Рӯзи 22-юми март дар Ипподроми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи миллии пойга ва бузкашӣ доир мегардад. Ин мусобиқа барои иштироки тамоми хоҳишмандон аз Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя боз аст. Солҳои қаблӣ дар чунин пойгаву бузкашиҳо човандозҳои қирғиз низ иштирок мекарданд. Имсол, ки сарҳад бо Узбекистон боз гардид, интизор меравад барои ширкат дар пойгаву бузкашӣ човандозҳои узбек низ ба Суғд биёянд.

Рӯзи 27-уми март баргузории ҷашни умумиҷумҳуриявии Наврӯз дар Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо иштироки раисҷумҳур - Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Саркозӣ дар заминаи пулҳои Қаззофӣ бозпурсӣ мешавад

Саркозӣ ҳангоми истиқболи Муаммар Қаззофӣ. 10-уми декабри соли 2007

Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури пешини Фаронса, дар заминаи иттиҳоми дарёфти сармоя барои интихоботи президентии соли 2007 аз Муаммар Қаззофӣ - раҳбари пешини Либия - таҳти бозҷӯии муфаттишон қарор гирифт. Муфаттишон ду рӯз боз ӯро бозпурсӣ мекунанд.

Саркозӣ шабро дар хонааш сипарӣ кард ва саҳар ба идораи пулиси Нантер - воқеъ дар қисмати шимолу ғарби Порис - баргашт. Матбуот бо такя ба манобеи наздик ба тафтишот менависанд, ки бозпурсии перзиденти пешинро пулиси зиддифасод пеш мебарад.

Тафтиши додгоҳӣ аз рӯи қазияи Саркозӣ соли 2013 дар ҳоле оғоз шуд, ки сомонаи Mediapart иттиҳомеро аз номи соҳибкори фаронсаиву либиягӣ Зиёд Такеиддин нашр кард.

Ин соҳибкор гуфтааст, ки 5 миллион еврои Қаззофиро аз ҳисоби бонкии раҳбари пешини Идораи истихборти Либия ба ҳисоби бонкии раҳбари ситоди интихоботии Саркозӣ интиқол дод.

Николя Саркозии 63-сола, ки аз соли 2007 то 2012 президенти Фаронса буд, ҳамагуна хилофкориро рад мекунад.

Духтари рус ба сӯи ҳамсинфонаш тир кушод ва 7 нафарро захмӣ кард

Кӯдакони минтақаи Курган ба сӯи автобуси мактаб мераванд

Як духтари 13-сола дар минтақи Қургани Русия аз таппончаи газӣ ба сӯи ҳамснфонаш тир кушод ва 7 талабаи синфи ҳафтумро маҷруҳ кард.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Русия дар ин минтақа гуфтанд, ки ин духтар таппончаи газии падарашро бо худ ба мактаб овард ва рӯзи 21-уми март, ҳангоми танаффуси байни дарсҳо, ҳамсинфонашро ҳадаф қарор дод.

Талабҳои ҷабрдида харош ва захмҳои сиёҳу кабуд бардоштанд.

Нашрияи Znak.com бо такя ба нақли яке аз талабаҳо гуфт, ҳамларо се духтари наврас тарҳрезӣ карданд. Яке аз онҳо таваҷҷӯҳи муаллимро ба тарафи дигар кашид ва дувумӣ дари кабинетро маҳкам кард.

Пулис аз ин ҳодиса гузориш дод ва мегӯяд, мактаби воқеъ дар ноҳияи Шадринск, 1700-километрии шарқи Маскав боз буда, дарсҳо ба таври маъмулӣ идома доранд.

Шоҳзодаи валиаҳд дар пайи фанновариҳои нав ба Амрико рафт

Шоҳзодаи валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон

Шоҳзодаи валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон силсилаи сафарҳоро дар Иёлоти Муттаҳида оғоз кард. Ӯ бо мақомоти бонуфузи Амрико, аз ҷумла вазири дифоъ, молия, тиҷорат, раҳбари Идораи истихборот, раҳбарони ҳарду ҳизб дар Конгресс дидору гуфтугӯ мекунад.

Шоми сешанбе мулоқоти шоҳзода бо президент Доналд Трамп сурат гирифт.

"Дар Амрико ва, ҳамин тавр, кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд аз бораи шоҳзодаи меросхӯри 32-сола, ки бо ислоҳоти чашмгир алайҳи суннатҳои решадор дар Арабистони Саудӣ пеш меравад, шинохти бештар дошта бошанд", - мегӯяд "Садои Амрико".

Муҳаммад дар тули сафари сеҳафтагӣ дар Амрико, мулоқот бо доираҳои бизнес дар Ню-Йорк, пешсафҳои фанновариҳои ҷадид аз Google ва Apple дар Сан-Франсиско ва намояндагони саноати "шуобизнес" дар Лос Анҷелесро барномарезӣ кардааст.

WP: Трамп сарфи назар аз тавсияҳо Путинро табрик кард

Доналд Трамп ва Владимир Путин дар ҳошияи нишасти иқтисодии Ветнам

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар гуфтугӯи телефонии рӯзи 20-уми март бо Владимир Путин, аз тавсияи мушовиронаш дар умури амнияти миллӣ сарфи назар кард. Дар ин бора нашрияи Washington Post бо такя ба манбаъҳои Кохи Сафед хабар дод.

"Дар матне, ки мушовирон барои гуфтугӯи Трамп бо Путин омода карданд, ба таври рӯшан гуфта мешуд, ки президент аз табрики Путин дар робита ба пирӯзии ахирӣ дар интихобот худдорӣ кунад", - навиштааст рӯзнома.

Аммо Трамп сӯҳбатро аз табрикоти пирӯзии Путин оғоз кард. Баъдан Кохи Сафед ва Кремл дар ин бора гузориш доданд.

Ба гуфтаи манобеи Washington Post, мушовирон дар маводи худ ба Трамп тавия доданд, ки дар суҳбат бо Путин масъалаи дар Британия заҳролуд шудани ҷосуси пешини истихбороти Русия Сергей Скрипалро матраҳ кунад, аммо Трамп ин мавзӯро матраҳ накард. Ӯ бештар ба масъалаи Кореяи Шимолӣ ва сиёсати байналмилалӣ тамаркуз намуд.

Манобеи Washington Post намедонанд, ки Трамп дониста аз тавсияҳо сарфи назар кард ё то оғози сӯҳбат маводро нахонда буд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Гуфтугӯ бо Анваршоҳ Мирзоев дар бораи вазъи футболи тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00
XS
SM
MD
LG