Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Таркиши маргталаб дар Ҳилманд ҷони 12 нафарро гирифт

Рӯзи 14 март ҳам дар Ҳилманд як таркиши мошини ҳомили бомба рух дод. Дар натиҷа, 6 низомӣ кушта шуд

Дар паи таркиши мошини ҳомили бомбае дар даромадгоҳи варзишгоҳи шаҳри Лашкаргоҳ, маркази маъмурии вилояти Ҳилманд, дасти кам 12 нафар кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шуданд. Ҳодиса дар лаҳзаҳое рух дод, ки мардум аз тамошои сабқати гӯштигирӣ бармегаштанд.

Умар Завок, сухангӯи волии Ҳилманд дар сӯҳбат бо бахши Афғонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳамларо ронандаи маргталаб анҷом дод. Вай гуфт, ки ҳамлагар мошинро рост ба сӯи издиҳоми мардум дар даромадгоҳи варзишгоҳ бурд. Таркиш дар лаҳзаҳои анҷоми мусобиқа рух дод. Дар ин мусобиқа варзишгарони маҳаллӣ иштирок доштанд.

Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Дар доираи парвандаи собиқ додситони Узбекистон 25 нафар боздошт шуд

Манбаҳои Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилии Узбекистон мегӯянд, дар давоми як рӯз дар шаҳри Тошканд 25 кормандони пешин ва феълии додситонӣ, андоз ва хадамоти махсус боздошт шуд.

Ба гуфтаи як мансабдори узбек, ин афрод 20 март дастгир ва дар доираи парвандаи додситони кулли пешин Рашид Қодиров ва муовини пешини додситони шаҳри Тошканд, мушовири калони адлия Мирғулом Мирзоев бозпурсӣ шудаанд.

"Ҳудуди даҳ тани боздоштшудаҳо додситонҳои вилояту навоҳии гуногуни Узбекистонанд. Дар миёни онҳо кормандони пешин ва кунунии додситонии кул низ ҳастанд. Яке аз боздоштшудаҳо ҷияни ҳамсари Мирзоев - Зиёдулло Иногамов, маъруф ба "Муха" мебошад. Ӯ қаблан сардори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои молии ноҳияи Чилонзор буд. 8 тани дигарашон кормандони Хадамоти амнияти Ӯзбекистонанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Як мансабдори дигар аз шаҳри Тошканд гуфт, 18 нафари дастгиршудаҳо ҳоло дар боздоштгоҳи вазорати умури дохилии Узбекистон буда, 7 тани дигар худи ҳамон рӯз ба шарти ҳозир шудан ба бозпурсӣ озод шуданд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 17 март дар ҷараёни сафараш ба вилояти Самарқанд гуфт, Рашид Қодировро барои он зиндонӣ кард, ки ҳангоми додситони кул буданаш аз зертобеони худ ришва талаб мекард.

13 зарби корд ба ду пешхидмат. Ҳамла дар Фархор таҳқиқ мешавад

Полиси ноҳияи Фархор таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба ду занро идома медиҳад. Дар ҳодисае, ки 17 март рух дод, як ҷавонзан 9 ва дигаре 4 захми корд бардошта дар беморхона бистарӣ шудаанд. Ба гуфтаи пизишкони беморхонаи марказии ноҳияи Фархор, Зебо Ҳамидоваи 46 ва Сафарбӣ Гадоеваи 32-сола шаби 17 март бо захми корд дар ноҳияи шикам ва қафаси сина ба беморхона интиқол ёфтанд.

Яке аз ин занон ҷарроҳӣ шудаааст ва ҳоло сиҳатии ҳардуи онҳо муътадил арзёбӣ мешавад.

Зебо Ҳамидова рӯзи 23 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз беморхонаи марказии ноҳияи Фархор гуфт, ҳодиса тақрибан соатҳои 11-и шаб рух дод. Ӯ гуфт, ки ҳамроҳ бо Сафарбӣ Гадоева дар як ошхона ба ҳайси пешхидмат кор мекунанд ва дар лаҳзаҳои берун шудан аз кор марде ба онҳо бо корд ҳамла кард. Зебо мегӯяд, ҳамлагар аввал онҳоро таъқиб карда, рушании чароғро ба рӯйяшон дошт, то чеҳраи ӯро набинанд. Баъдан бо корд зарба зад.

Ба гуфтаи Зебо, сару рӯйи мард ба ғайр аз чашмонаш пурра пӯшида буд ва ӯро шинохта намешуд. “Намедонам, ӯ кӣ буд. Ҳангоме, ки бо корд зад, чизе ҳам нагуфт. Аслан овоз набаровард. Ман бо касе ҷанг нашудаам ва намедонам барои чӣ ӯ ин корро кард”, гуфт Зебо. Сафарбӣ аз шарҳи ҳодиса худдорӣ кард.

Зебо Ҳамидова гуфт, ки модари 5 фарзанд аст ва то чанд моҳи пеш дар муҳоҷират, дар Русия буд. Баъдан баргашту дар як ошхонаи маркази ноҳия ба ҳайси пешхизмат ба кор даромад. Гуфт, замоне, ки дар Русия буд, фарзандонашро ба тарбияи ятимхона ва хешу табор гузошта буд. Пизишкони беморхонаи марказии ноҳияи Фархор мегӯянд, ҳоло сиҳҳатии занони кордхӯрда беҳтар аст.

Аз рӯйи ин ҳодиса парванда боз шуда, таҳқиқот идома дорад. Ҳанӯз ходимони полис омода нестанд, ки ҷараёни тафтишотро шарҳ диҳанд.

Тундраве, ки одамонро дар ҷануби Фаронса гаравгон гирифт, кушта шуд

Сарбози пулиси Фаронса дар вақти амалиёт. Акс аз бойгонӣ

Як тундрави мусаллаҳ, ки рӯзи 23 март гурӯҳи одамонро дар фурӯшгоҳи шаҳри Треби ҷануби Фаронса гаравгон гирифт, дар пайи амалиёти вежа кушта шуд. Аммо ин ҳамлагар қабл аз ҳалокаташ дастикам се нафарро қурбон кард. Дар ин бора вазири умури дохилии Фаронса Жерард Колломб хабар дод.

Мақомоти Фаронса мегӯянд, ки ҳамлагар се нафари дигарро захмӣ кард, ки вазъи як тани онҳо бӯҳронӣ аст.

Ҳуввияти ҳамлагар ҳанӯз эълон нашудааст.

Мақомот мегӯянд, ки ин мард бо ҷиноятҳои хурд маълум буд, аммо ҳамчун таҳдиди исломӣ баррасӣ намешуд.

Хабари кушта шудани ин ҳамлагар чанд лаҳза баъд аз суханронии президенти Фаронса Эммануэл Макрон пахш шуд. Макрон гуфт, ки гаравгонгирӣ ва тирпарронӣ ба эҳтимоли зиёд амали террористӣ буд.

Изҳороти Макрон дар Брюссел пахш шуд. Президент, ки барои иштирок дар саммити Иттиҳоди Аврупо ба Брюссел омад, "пуштибонии комил"-и худро аз онҳое баён кард, ки дар таъмини амнияти мардум ва пешбурди амалиёти шаҳри Треб ширкат карданд. Макрон гуфт, феълан аз эълони маълумот дар бораи қурбониҳо худдорӣ хоҳад кард.

Қаблан хабар расид, ки марди мусаллаҳ дар фурӯшгоҳи шаҳри начандон бузурги воқеъ дар ҷануби Фаронса аз силоҳ ба сӯи пулис оташ кушод ва одамонро гаравгон гирифт. Матбуоти Фароса рӯзи ҷумъаи 23 март хабар дод, ҷинояткор худро аз пайравони гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" эълон кардааст.

Гузоришҳо аз ҳалокати дастикам як нафар хабар доданд. Як нафари дигар шадидан захмӣ шудааст.

Хабаргузории France Press бо такя ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи Фаронса мегӯяд, ки ҳангоми гаравгонгирӣ як ходими пулис захмӣ шуд. Гурӯҳи вежаи зидди-террористии пулиси Фаронса ба ҷойи ҳодиса рафт. Ноҳия дар иҳотаи пулис қарор дорад.

Шӯришгарони Сурияро аз шаҳри Ғутаи Шарқӣ берун оварданд

автобусҳои ҳукуматӣ ба интиқоли шӯришгарон омода шудаанд

Шӯришгарони Сурия дар заминаи созиши таҳти назари Русия, бахше аз Ғутаи Шарқиро бо автобусҳо тарк карданд ва шаҳри Ҳарастаро ба нерӯҳои ҳукуматӣ супурданд.

Қарори гурӯҳи "Аҳрор ал Шамъ" дар заминаи пазируфтани шартҳои артиш ва холӣ кардани шаҳр, рӯзи 22 март, аз замони ҷанги Ҳалаб, соли 2016, калонтарин пирӯзии нерӯҳои ҳукуматӣ бар шӯришгарони мусаллаҳ номбар мешавад. Ҷангиён ва хонаводаҳои онҳо бо 30 автобус Ҳарастаро тарк карданд. Матбуоти давлатии Сурия менависад, ки автобусҳо 1580 нафар, бо шумули 413 ҷангиро аз роҳи амн ба самти шимолу ғарбии Сурия бурданд.

Ҳамлаи артиш ба Ғутаи Шарқӣ, охирин минтақаи таҳти назорати шӯришгарон дар наздикии пойтахт, яке аз пуршиддаттарин ҳамлаҳо дар ҷанги ҳафтсолаи Сурия ба шумор меояд. Дар ин ҳуҷумҳо беш аз 1500 нафар кушта шуд ва ин хашми ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард.

Ба гуфтаи Маркази назорат бар ҳуқуқи башари Сурия, ҳамакнун нерӯҳои Башор Асад беш аз 80 дар сади Ғутаро, ки аз соли 2012 таҳти назорати шӯришгарон буд, ишғол карданд.

Паноҳҷӯи афғон барои таҷовуз ва куштори як зан дар Олмон ҳукми абад гирифт

Ҳусейн Ховарӣ дар додгоҳ

Додгоҳи Олмон рӯзи 22 март як паноҳҷӯйро, ки гуфта мешавад аз Афғонистон аст, барои таҷовуз ва куштори як зан ба зиндони абад маҳкум кард.

Ҳусейн Ховарӣ, ки соли 2015 бе ягон санад вориди Олмон шуд, эътироф кард, ки моҳи октябри соли 2016 ба духтари 19-сола Мария Ладенбургер дар шаҳри ҷанубу ғарбии Фрайбург ҳамла кард.

Додситон гуфт, ки Ховарӣ духтарро аз дучарха тела дод, баъд ӯро газид, роҳи нафасашро баст ва сипас таҷовуз кард. Ҳамлагар ӯро дар ҳоле канори дарё гузошт, ки ҳанӯз зинда буд ва ин зан баъдан ғарқ шуд.

Ховарӣ баъди ҳафт ҳафтаи ҷустуҷӯи ҷиноӣ боздошт шуд.

Ин мард дар гузашта барои талоши куштор дар Юнон 10 сол ҳукми зиндон гирифт, аммо бинобар пур будани маҳбасҳо ӯро соли 2015 озод карданд.

Мақомоти Олмон натавонистанд синну сол ва шаҳрванди кадом давлат будани Ховариро тасдиқ кунанд. Ӯ дар оғоз худро наврас муаррифӣ кард, аммо мутахасисон баъди санҷиши дандонпизишкӣ ва рентген ба хулосае омаданд, ки Ҳусейн Ховарӣ метавонад аз 22 то 29 сол дошта бошад.

Ин қазия намоишҳои эътирозиро алайҳи садри аъзами Олмон Ангела Мерекел барпо кард.

Бар пояи қонунҳои Олмон, ҳукми зиндони абад 15 соли зиндонро бе имкони бознигарии парванда дар назар мегирад ва зиндонӣ баъди озод шудан таҳти "назорати амниятӣ" қарор намегирад.

Сафари дипломати баландпояи ИМА ба Узбекистон

Диломати баландпояи ИМА Томас Шенон

Як дипломати баландпояи ИМА рӯзҳои наздик ба Узбекистон сафар мекунад. Дар ин бора Департаменти давлатии Амрико хабар дод.

Ин ниҳод дар як изҳорот рӯзи панҷшанбе гуфт, ки сафари ёвари Котиби давлатии Амрико дар умури масоили сиёсӣ Томас Шеннон ба рӯзҳои 25-27 март барномарезӣ шудааст.

Қарор аст, ки Шеннон бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва вазири умури хориҷӣ Абдулазиз Комилов мулоқот кунад.

Дар ин мулоқот Шеннон "дастовардҳои барномаи ислоҳоти Шавкат Мирзиёев, пуштибонии Амрикоро аз ибтикор, саҳми пурарзиш дар раҳбарии минтақа ва ҳамчунин тааҳуди ИМА-ро дар робита ба эътидоли Узбекистон ва тамоми минтқаро таъкид мекунад,- омадааст дар изҳорот.

Шавкат Мирзиёев аз замони расидан ба қудрат, баъди марги раҳбари худкомаи Узбекистон Ислом Каримов, дар соли 2016, барои беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя қадамҳои ҷиддӣ бардошт.

Дар тӯли 27 соли раҳбарии президент Ислом Каримов дар сернуфустарин кишвари Осиёи Марказӣ, муносибат бо Қазоқистон, Тоҷикистон Қирғизистон ва Туркманистон дар заминаи баҳси роҳҳои интиқол, амнияти марз, захоири об ва мушкилоти дигар бисёр маҳдуд буд.

Дар ин сафар Шеннон ҳамчунин ба ҳайъати ИМА раҳбарӣ меунад, ки дар Конфронси байналмилалии бахшида ба Афғонистон иштирок мекунад. Мизбони ин нишаст Тошканд аст.

Иттиҳоди Аврупо сафирашро аз Маскав бозмехонад

Раҳбарони Фаронса, Британия ва Олмон дар ҳошияи нишасти Брюссел. 22 март, 2018

Дар вокуниш ба қазияи заҳролудшавии корманди пешини Идораи истихбороти кулли Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, раҳбарони Иттиҳоди Аврупо қарор карданд, ки сафири иттиҳод Маркус Эдерер аз Маскав бозхонд шавад. Дар ин бора нахуствазири Шведсия Стефан Леван дар шарҳи нишасти рӯзи панҷшанбеи Брюссел хабар дод. Скрипал рӯзи 4 март дар шаҳри Солсберии Британия бо гази фалаҷкунандаи асаб -"Новичок" заҳролуд шуд, ки гуфта мешавад дар Русия коркард шудааст.

Пештар аз ин раҳбарони Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки "ба эҳтимоли зиёд" масъулияти суиқасд ба ҷони Скрипал бар дӯши Русия аст.

Ҳамзамон нахуствазири Нидерланд Марк Рютте ин қарорро пуштибонии рамзӣ аз Лондон дар ҷанҷолаш бо Маскав арзёбӣ кард. Ин қарор як "чора" аст на "таҳрим" ва дипломат ба таври бебозгашт аз Русия бозхонд намешавад, - гуфт Ротте ба хабаргузории Associated Press.

Садри аъзами Олмон дар заминаи қазияи Скрипал ҷорӣ шудани чораҳои нав алайҳи Русияро соқит накард. Аммо қарор шуд, ки Брюссел натиҷаи ташхиси гази фалаҷкунанда асабро интизор шавад. Қабалан коршиносони Созмони манъи истифодаи маводи кимиёвӣ гуфтанд, ки ташхиси заҳр ду-се ҳафтаро дар бар мегирад.

Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Бритония дар Русия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.

Боҷ дар ивази боҷ. Чин ба қарори Амрико ҷавоби ҳамсанг меҷӯяд

Доналд Трамп ва Си Ҷин Пин дар муоқоти Пекин. 9 ноябр, 2017

Пекин дар ҷавоб ба қарори ИМА, дар заминаи ҷорӣ шудани маҳдудият ба молҳои чинӣ, эҳтимол ба баъзе маҳсулоти Амрико боҷи гумрукӣ ҷорӣ кунад, то "зарари расида ба манофеи Чин"-ро то ҳади ақал расонад. Феълан мақомоти Чин аз Вашингтон даъват кардаанд, ки низои тиҷоратиро бо гуфтушунид ҳал кунад.

Вазорати тиҷорати Чин рӯзи 23 март хабар дод, ки раҳбарияти кишвар боҷи 25 дар садӣ ба гушти хук ва боҷи 15 дар садӣ ба меваву шароб ва лӯлаҳои фулодии Амрикоро дар назар гирифтааст. Ин маҳдудият ба буҷаи Чин ҳудудан 3 миллирад доллар ворид мекунад.

Рӯзи панҷшанбе президенти ИМА Доналд Трамп фармони ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ ба маҳсулоти Чинро имзо кард. Рӯйхати маҳсулот то ду ҳафтаи дигар омода хоҳад шуд. Президент ҳамчунин дастур дод, ки чораҳои кам кардани сармоягузории Чин дар ИМА баррасӣ шаванд. Кохи сафед мегӯяд, ки зарари молии Чин аз ин маҳдудиятҳо наздик ба 50 миллард доллар хоҳад буд.

Бозори бурси Амрико ба хатари ҷанги густардаи тиҷоратӣ бо Чин вокуниши бисёр манфӣ нишон дод. Қимати шохиси саҳҳом дар бозор то 3 дар сад коҳиш ёфт.

9 март Трамп ба алюминий ва фулод боҷи воридотӣ ҷорӣ кард. Иттиҳоди Аврупо дар ҷавоб ба ин иқдом боҷҳои ҷавобиро ба Амрико ваъда дод. Аммо ИМА Брюссел ва як идда кишварҳои дигарро муваққатан аз боҷ озод кард.

Марзбонони туркман 2 моҳигири эрониро дар баҳри Хазар куштанд

Марзи Эрон ва Туркманистон.

Мақомоти Эрон мегӯянд, марзбонони Туркманистон дар обҳои фаромарзии баҳри Хазар ду моҳигири ин кишварро кушта, дуи дигарро боздошт карданд. Раиси шаҳри Бандар-Туркмани Эрон Илёс Хивачӣ дар суҳбат бо хабаргузории расмии ИРНА гуфт, ҷасади кушташудаҳо ва шаҳрвандони боздоштшудаи кишвараш дар ҳоли ҳозир дар Туркманистонанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин 4 нафар сокинони Бандар-Туркмананд.

Бино ба хабарҳо, 4 шаҳрванди Эрон ба ҳушдорҳои марзбонони туркман нигоҳ накарда, моҳигириро идома доданд. Дар натиҷа марзбонон ба самти онҳо оташ кушода, ду нафарашонро ба қатл расонданд. Мақомоти Эрон амали марзбононро "номуносиб" меноманд. Ба иттилои хабаргузории расмии ИРНА, марзбонони туркман қаблан низ дар обҳои фаромарзии баҳри Хазар ба самти сокинони Бандар-Туркман оташ кушода буданд.

Мақомоти Туркманистон хабари кушта шудани шаҳрвандони Эронро дар баҳри Хазар шарҳ намедиҳанд. Мақоми Хазар то ҳол муайян карда нашудааст ва бинобар ин, марзҳои кишварҳо дар ҳудуди он баҳсбарангезанд, ки борҳо ба низоъҳо миёни кишварҳои минтақа сабаб гаштааст.

Савченко бо гумони омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ боздошт шуд

Вакили порлумони Украина Надежда Савченко бо гумони омодагӣ ба табаддулоти давлатӣ боздошт шуд. Порлумони Украина рӯзи панҷшанбеи 22-юми март бо аксари оро ба Додситонии кулли ин кишвар иҷозат дод, ки Савченкоро ба ҳабс бигирад.

Ба гуфтаи додситони кулли Украина Юрий Лутсенко, Савченко бо ҳамроҳи раҳбари қаблан боздоштшудаи созмони "Қисми афсарон" барои табаддулоти давлатӣ дар ин кишвар омодагӣ медидаанд. "Барои сарнагуни сохти конститутсионӣ, ғасби ҳукумат бо зӯрӣ, омодагӣ ба ҳамла, сӯиқасд ба ҷони президент, сарвазир, девони вазирон, вакилони порлумон ва раҳбарони аҳзоби сиёсӣ бо ҳам забон як карда буданд", - изҳор дошт Лутсенко.

Ин вакили порлумони Украина ҳамчунин дар мусоидат ба фаъолияти гуруҳи террористии "Ҷумҳурии мардумии Донетск" ва харидорӣ, нигаҳдориву интиқоли ғайриқонунии силоҳ айбдор мешавад.

Худи Савченко далелҳоеро, ки ба вакилон пешниҳод шуда буд, "ҳангомаи сиёсӣ" номида, гуфт, танҳо қасд дошт, ки ҳукуматро битарсонад. Ӯ дар мавриди харидории аслиҳа аз ҷудоихоҳон гуфт, мехост бо ҳар қиммате, ки бошад ҷангҳо дар Донбасс хотима ёбанд.

Лутсенко ҳамчунин ишора кард, ки эҳтимол дорад, пушти ин кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ ошнои президенти Русия ва раҳбари ҳаракати "Интихоботи Украина - ҳаққи мардум" Виктор Медведчук бошад.

Хабарнигори "Настоящее Время" Жириновскийро ба озори ҷинсӣ айбдор кард. ВИДЕО

Ренат Давлетгилдеев.

Рӯзноманигори телевизиони "Настоящее время" Ренат Давлетгилдеев раҳбари ҷиноҳи Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновскийро ба озору азияти ҷинсӣ айбдор кард. Давлетгилдеев аз мардон даъват кард, ки ин гуна амалҳои сиёсатмадоронро ошкоро бигӯянд. Ба гуфтаи рӯзноманигор, Жириновский ҳангоми як суҳбати кутоҳ дар ҳошияи даври ниҳоии озмуни "Зебосанами Русия" дар соли 2006 рафтори ношоистае кардааст.

Муовини раиси Думаи давлатии Русия ва писари Жириновский - Игор Лебедев дар суҳбат бо хабарнигори "Настоящее время" аз шарҳи қазия худдорӣ кард. "Намехоҳам, бо шумо дар бораи ҳамкори ҳамҷинсгароятон суҳбат кунам. Магар ман то ин ҳад пастам?", - изҳор дошт писари Жириновский ба "Настоящее время".

Пештар низ чанд рӯзноманигор аз рафторҳои номуносиби намояндаи дигари ҲЛДР дар порлумони Русия Леонид Слутский низ шикоят карда буданд. Комисияи порлумони Русия дар амалҳои вакили худ қонуншиканиеро пайдо накард ва ба рӯзноманигорон пешниҳод кард, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят баранд. Баъд аз ин ҳодиса чанд расонаи Русия фаъолиятро дар порлумони ин кишвар қатъ карданд. Худи Слутский иддаои рӯзноманигоронро "ҳазён" номид.

Телевизиони "Настоящее время" тарҳи муштараки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва "Садои Амрико" аст. Ҳадафи он расонидани воқеиятҳо ба бинандаҳои рус дар саросари дунёст.

Хабарнигори "Настоящее Время" Жириновскийро ба озори ҷинсӣ айбдор кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00

Президент: Дар Тоҷикистон 1,2 миллион нафар бо оби пок таъмин шуданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, талабот ба захираҳои об дар саросари ҷаҳон то рафт афзоиш меёбад ва ин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани "муносибатҳои нигаронкунанда миёни соҳаҳои иқтисодиёт мегардад”. Рӯзи 22 март зимни суханронӣ дар ҷаласаи марбут ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар Ню-Йорк, президенти Тоҷикистон гуфт, “шиддати рақобат барои манобеи об дар шароити камбуди он метавонад ҳатто дар дохили як кишвар боиси пайомадҳои манфӣ гардад”.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба мудирияти дуруст ва пайдо кардани роҳҳалҳои муассиру корсози тақсими захираҳои об таъкид кард. Вай бори дигар ёдовар шуд, ки Тоҷикистон ба унвони кишвари захираҳои об дар давоми чандин даҳсолаи асри 20 аз беш аз 1000 пирях тақрибан 30 дарсадашро аз даст дод.

Обшавии босуръати пиряхҳоро донишмандон ба ҷараёни гармоиши иқлим рабт медиҳанд. Ба гуфтаи президент, “танҳо пиряхи бузургтарини қитъавии Федченко дар ин муддат ба андозаи як километр хурд шуда, масоҳати он то 11 километри мураббаъ кам гардид ва ҳаҷми яхи худро беш аз 2 километри мукааб аз даст дод”. Вазъи баамаломада хатари обхезиву офатҳои табииро сол то сол афзоиш медиҳад.

Ба унвони намунаи мусбати кор дар самти мудирияти об, президенти Тоҷикистон ба ҳамкории наздики давлат ва бахши хусусӣ ишора кард ва гуфт, Тоҷикистон дар 15 соли охир "барои ҳалли масоили дастрасӣ ба обу беҳдошт қариб як миллиард доллари амрикоӣ сарф кардааст. Дар натиҷа ҳукумат дар панҷ соли охир дастрасии тақрибан 1,2 миллион нафарро ба оби ошомидании босифат ва 600 ҳазор нафарро ба оби ошомидании бехатар таъмин гардонид”.

Бар тибқи таҳқиқоти ЮНИСЕФ – дафтари СММ дар умури кӯдакон, ки чанд соли пеш анҷом шудааст, беш аз 40 дарсади Тоҷикистон ба оби поки ошомиданӣ дастрасӣ надорад.

22 март дар бинои СММ иҷлосияи 72-юми Маҷмаи кулли СММ ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор шуд, ки ташаббускори он президенти Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон эъломияи ҳуқуқи маъюбонро имзо кард

Дар Ню-Йорк рӯзи 22 март маросими имзои эъломияи СММ оид ба маъюбон баргузор шуд. Ин маросим президент Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Дабири кулли СММ Мигел де Серпа Суарес иштирок карданд. Эъломияи ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Маҷмаи кулли СММ 13 декабри соли 2006 қабул шуда, 3 майи соли 2008 ҳукми қонунӣ гирифт.

То соли 2017 - 175 кишвар ин санадро эътироф кардаанд. Тасвиби ин санад аз ҷониби Тоҷикистон иҷрои ӯҳдадориҳои марбута дар заминаи таъмини ҳуқуқи афроди имконияташон маҳдудро дар кору зиндагӣ, бахши маориф, сиҳҳатӣ ва дигар бахшҳои зиндагӣ тақозо мекунад.

Овозхони Туркия барои таҳқири Эрдуғон ба 10 моҳи зиндон маҳкум шуд. ВИДЕО

Ҳунарманди синамо ва овозхони Туркия Зуҳал Олҷай бо ҷурми таҳқири президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳангоми консерташ дар соли 2016 ба муддати 10 моҳ зиндонӣ шуд. Дар ин бора нашрияи "Ҳуррият" рӯзи панҷшанбе хабар дод.

Навори таронаи Зуҳал Олҷай нишон медиҳад, ки овозхон матни сурудро дигар кард ва тарона дар шакли нав бо суханони "Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ин ҳама беҳуда аст, ин ҳама дурӯғ аст, зиндагӣ рӯзе ба охир мерасад ва хоҳӣ гуфт, ки ман ҳам орзуе доштам" садо дод. Ҳангоми сурудани тарона Олҷай бо дасташ ишораи таҳқиромез кардааст.

Овозхон иттиҳомро дар догоҳ рад кард ва гуфт, ҳеҷ нияти пинҳонӣ надошт ва исми Эрдуғонро ба ин далел истифода кард, ки ба вазну қофия мувофиқ буд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ишораи даст ба як тамошобин рабт дошт.

Биноба навиштаи хабаргузории Анадолу, Олҷай соли 2010 барои "таҳқири корманди давлат" ба маблағи беш аз 10 ҳазор лир ҷарима шуда буд. Таҳқири президент дар Туркия ҷиноят аст ва то 4 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Вакилони Эрдуғон, ки дар сиёсати Туркия тасаллут доранд, бар зидди 1800 нафар, бо шумули рассомони танзнавис, собиқ маликаи зебоии Туркия ва талабаҳо бо ҷурми таҳқири раҳбари давлат парванда сохтаанд. Энес Кантер, бозигари баскетбол аз тими "Ню Йорк Никс" ҳамчунин барои таҳқири Эрдуғон дар ғиёбаш ҳукм гирифтааст.

Маҷаллаи "Спецназ" аз таҳрими Думаи давлатӣ пуштибонӣ кард

Таҳрим ё бойкоти Думаи давлатӣ аз тарафи хабарнигорон дар ҳоле эълон шуд, ки порлумон нахост намояндаи мардумӣ Леонид Слутскийро, ки занҳои хабарнигор ӯро ба озори ҷинсӣ муттаҳам карданд, ба ҷавобгарӣ кашад. Маҷаллаи "Спецназ" низ аз таҳрим тарафдорӣ кард. Сардабири маҷалла Алексей Филатов дар блогаш навишт, ки аз қарори шабакаи телевизионии РБК ва нашрияҳои дигар барои таҳрими Думаи давлатӣ пуштибонӣ мекунад.

Филатов гуфт, ки дастдарозӣ ба занҳо, бо истифода аз мақоми хизмаитиро метавон "аломати фасодкорӣ" унвон кард. Рӯзноманигор ҳамчунин гуфт, ки "камиссияи Думаи давлатӣ оид ба ахлоқ, набояд набуди шаҳодатро баҳона пеш биёрад".

Якчанд васоити ахбори омма, бо шумули шабакаи телевизионии "Дожд" РБК, Эхо Москвы, Би-Би-Си ва RTVI дар ҳоле Думаи давлатиро таҳрим карданд, ки камиссияи ахлоқ дар рафтори депутат Слутский аломати қонуншиканиро ошкор накард. Дар посух палатаи поёнии порлумони Русия сабти номи ин нашрияҳоро бекор кард.

"Қаҳрамони Украина" бо гумони кӯшиши табаддулот боздошт шуд

Надежда Савченко

Порлумони Украина рӯзи панҷшанбе бо аксари овозҳо аз пешниҳоди Додситонии кулл, дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан ва таҳти боздошт қарор додани намояндаи мардумӣ Надежада Савченко, пуштибонӣ кард. Савченко ба даст доштан дар омода кардани табаддулоти давлатӣ гумонбар шуд. Ба думболи ин Хадамоти амнияти Украина ӯро боздошт кард.

Надежда Савченко, ки ба гуфтаи додситони кулл Юрий Лутсенко бо раҳбари боздоштшудаи созмони "Копуси афсарон" Владимир Рубан ҳамдастӣ дошт, ба "тавтеа бо ҳадафи аз роҳи зурӣ сарнагун кардани сохти конститусионӣ ва ғасби ҳокимият", барномарезии ҳамлаи террористӣ, кӯшиши суиқасд ба ҷони раиси ҷумҳур, нахуствазир, аъзои кобина ва раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ муттаҳам мешавад.

Гуфта мешавад, кӯшиши табаддулот аз баракати низомиёни Украина ошкор шуд, ки барои иштирок дар табаддулоти Савченко ва Рубан пешниҳод гирифтанд ва мақомотро аз ин барнома огоҳ карданд.

Қабл аз райъдиҳӣ ба пешниҳоди додситонӣ дар бораи Савченко, сабти садо ва наворҳои видеоии тафтишот дар порлумон пахш шуд. Дар яке аз наворҳо садои гуфтугӯи Савченко, Рубан ва як афсар дар дафтари кории фармондеҳи нерӯҳои вежаи Украина, дар Хмелнитский сабт шудааст, ки таърихаш 1 декабри соли 2017 гуфта мешавад. Ба гуфтаи тафтишот, табаддулотчиҳо бахши аввали силоҳро аз Донетск маҳз ба ҳамин қисми низомӣ оварданд. Дар навор роҳҳои сарнагун кардани ҳукумати Украина баҳс мешуд.

Ба гуфтаи додситонӣ, яке аз барномаҳо ҳамлаи террористӣ ба порлумон дар замони мусоидро пешниҳод мекард, ки дар он ҳамаи намояндагони мардумӣ, вазирон, президент Петр Порошенко ва нахуствазир Владимир Гройсман ҷамъ оянд. Дар навор Савченко тарҳи порлумонро мекашад ва мегӯяд, ки барои партоби шаш норинҷак ба толори ҷаласа фурсат хоҳад дошт. Ӯ ҳамчунин мегӯяд. "Украина на ба инқилоб, балки ба табаддулот ниёз дорад".

Савченко далелҳои овардаи додситониро "тавтеаи сиёсӣ", ва хаёлбофӣ унвон кард ва гуфт, ки танҳо мехост ҳукуматро тарсонад.

Назарбоев дар Наврӯзи Самарқанд иштирок кард

21-уми март, Самарқанд

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар рӯзи таҷлили Наврӯз бо як сафари ғайримунтазира ба меҳмонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиеёв ба Самарқанд рафт.

Ин сафар ҳамчун нишонаи тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар баъди даргузашти президент Ислом Каримов арзёбӣ мешавад. Каримов соли 2016 даргузашт ва ӯро як мояи аслии коҳиши ҳамкориҳо меномиданд.

Вебсайти Мирзиёев навишт, мулоқоту музокироти президентони Узбекистону Қазоқистон дар худи Самарқанд сурат гирифт. Дар ин мулоқот сӯҳбат аз зарурати тавсеаи ҳамкориҳо рафтааст. Дар навори видеоие, ки дар вебсайти призиденти Узбекистон пахш шуд, чеҳраҳои бозу хурсанди ду раҳбар, ситоиши Назарбоев аз “мардуми бародару дӯсти Узбекистон” ва ҳам зарурат ба “ҳамкориҳои наздики ду ҷониб” таъкид шуд.

Боздиди Назарбоев аз Самарқанд дар ҳолест, ки рӯзи 15-уми март дар Остона бо ташаббуси ин ду президент ҳамоиши раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд ва дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам иштирок кард.

Бузургтарин ширкати матбуотии Туркияро ба шарики Эрдуғон мефурӯшанд

Логои Dogan Holding

Бузургтарин ширкати матбуотии Туркия барои фурӯши Медиа-Ҳолдинги машҳур ба сармоядори наздик ба президент Раҷаб Таййиб Эрдуғон вориди муомилот шуда, ин нигарониро ба бор овардааст, ки акнун назорати ҳукумат бар матбуот боз ҳам шадидтар мешавад.

Dogan Holding рӯзи 22-юми март дар як изҳорот гуфт, музокироти фурӯши Dogan Media Group ба сармоядори матбуот Эрдуғон Демирорен оғоз шудааст. Муомилот дар атрофи 1 миллиард доллар ҷараён мегирад.

Баъзе васоити ахбори номдор дар Туркия, аз ҷумла нашрияи "Ҳуррият", рӯзномаи варзишии "Фанатик", шабакаи телевизионии CNN-Turk ва шабакаи телевизионии "Канал-Д" ба Dogan Media Group шомил буданд.

CNN-Turk ва нашрияи "Ҳуррият" дар ҳоле ки зиддиҳукуматӣ нестанд, аммо дар чанд соли охир ҳамчун матбуоти нисбатан мустақил арзёбӣ мешаванд. Ширкати Демирорен аз тарафдорони Эрдуғон аст.

Мэй аз Аврупо мехоҳад, ки ба Русияи "марзношинос" муқовимат кунад

Нахуствазири Британия Тереза Мэй дар Брюссел. 22 март, 2018

Британия мехоҳад, аз раҳбарони Аврупо даъват кунад, ки кормандони истихбороти Русияро аз қаламравҳои худ берун кунанд, то "шабакаи Кремл дар тамоми Аврупо" аз ҳам бипошад.

Нашрияи Guardian рӯзи 21-уми март навишт, рӯзи панҷшанбе дар нишасти Брюссел нахуствазири Британия Тереза Мэй мехоҳад таваҷҷуҳи раҳбарони кишварҳои Ғарбро ба "таҳдиди дарозмуддат аз тарафи Владимир Путин" ҷалб кунад.

Тереза Мэй аз раҳбарони Аврупо даъват мекунад, ки аз ҳамлаи кимиёвӣ ба ҷосуси дугона Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия дар Солсберии Британия вокуниш нишон диҳанд ва чораҳои муқовиматии худро ба кор андозанд.

"Интизор меравад, даъвати Мэй аз лидерони Аврупо ба мухолифати баъзе шарикони Русия дар ин иттиҳод рӯ ба рӯ шавад", - менависад матбуот бо такя ба мақомоти баландпояи Британия.

"Мо дар пайи ҷанҷол бо Русия нестем, аммо Британия мехоҳад раҳбарони Иттиҳоди Аврупо эътриоф кунанд, Русия рақиби стратегӣ аст, на шарики стратегӣ",- гуфт як мақоми баландпояи ҳукуматӣ ба хабарнигорон.

ИМА ба фаъоли ҳуқуқи Қазоқистон "Ҷоизаи ҷасорат"-ро эъто кард

Айман Умарова

Департаменти давлатии ИМА исми барандагони ҷоиза "International Womеn of Courage Award" дар соли 2018-ро эълон кард. Ин ҷоизаро онҳое мегиранд, ки дар фаъолиятҳои худ ҷасорат нишон додаанд. Яке аз барандагон фаъоли ҳуқуқи инсон аз Қазоқистон Айман Умарова аст.

Умарова дар вилояти Ҷамбул, ҷануби Қазоқистон, таваллуд шудааст ва ҳамчун рӯзноманигор ба таҳқиқи ҷиноятҳои бисёр вазнин, бо шумули таҷовузи занон ва кӯдакон, ҳамчунин афроде, ки барои фаъолиятҳои сиёсиашон маҳбус шудаанд, машғул аст. Ӯ дар нашрияи Zona.kz сутуни худро дорад ва дар он дар бораи шиканҷаву зуровариҳо дар маҳбас ва ҳуқуқи инисон матлаб нашр мекунад.

Айман Умарова ҳамчунин дар бораи озори ҷинсӣ китоб менависад. Умарова узви Коллегияи адвокатҳои Қазоқистон, коршинсои Шӯрои ҳуқуқи башари назди президент ва ҳамраиси бунёди ҷамъиятии "Ҳомиёни ҳуқуқ" аст.

Дар баробари Умарова, занҳое аз Мавритания, Руанда, Косово, Таиланд, Ироқ, Афғонистон, Гондурас ва роҳибаи католик Мария Елена Берия аз Италия бо ин ҷоиза қадрдонӣ мешаванд.

Ҷоизаҳоро бегоҳи 22-юми март Мелания Трамп - ҳамсари президент Трамп ва Ҷон Салливан, иҷрокунандаи вазифаи Котиби давлатӣ ба занҳо тақдим мекунанд.

Дар Душанбе омилони харобкорӣ дар "Дунёи афсона"-ро меҷӯянд

Мақомот ба таҳқиқи қазияи хароб шудани қисме аз таҷҳизоти боғи “Дунёи афсона” дар Душанбе шуруъ кардаанд. Ин иншоот се рӯз пеш дар боғи ба номи Айнии пойтахт ифтитоҳ шуда буд.

Дастури таҳқиқи қазияро генерал Шариф Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии пойтахт, рӯзи 22-юми март содир кардааст. Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, «нафарони гунаҳкор муҷозот хоҳанд шуд».

Мақомот мегӯянд, баъзе аз таҷҳизоти маҷмааи “Дунёи афсона” дар рӯзи ҷашни Наврӯз хароб шудааст. Ин маҷмаа рӯзи 19-уми марти имсол ифтитоҳ шуд, вале баъд аз ду рӯз маъмурияти боғи Айнӣ хабар доданд, ки як қисми таҷҳизоташ вайрон шудааст.

Дар рӯзи 21-уми март пас аз хароб шудани баъзе аз таҷҳизоти маҷмааи “Дунёи афсона” маъмурияти боғи Айнӣ дари онро бастанд. Ба қавли шаҳрдории Душанбе, маҷмааи фароғатии “Дунёи афсона” дар майдони 2,5 гектар бунёд шудааст.

Як ҷомаи суғдиро ба беш аз 1 миллион доллар фурӯхтанд

Дар машҳуртарин хонаи музоядаҳои дунё – Sotheby’s (Сотбис) дар Бритониё як ҷомаи қадимии суғдӣ ба маблағи 1 миллиону 118 ҳазор доллар фурӯхта шуд.

Нархи аввалии ин ҷома 100 ҳазор паунд муайян шуда буд. Аммо дар ҷараёни музояда ба беш ба 802 ҳазор паунд ё 1 миллиону 118 ҳазор доллар боло рафт.

Сотбис исми харидорро фош намекунад. Аммо коршиносони ин хонаи музоядаҳо дар тасвири ҷома навиштаанд, ки дар қисмати сина ва китфони ҷома акси ғизол ва ду парранда тасвир шудааст. Ранги асосии ҷома зард буда, қисматҳои он бо рахҳои сурх оро дода шудаанд.

Ба иттилои хонаи музоядаҳои Сотбис ин ҷомаи суғдӣ аз абрешим бофта шуда, ҳамчунон нақши чанд ҷонварро дар худ таҷассум кардааст.

Ташхиси коршиносон нишон додааст, ки ин ҷома дар асрҳои 9 ва 10 дар Осиёи Миёна бофта шудааст.

Дар Ню-Йорк мавзӯи дастрасӣ ба об баррасӣ мешавад

Акс аз вебсайти президенти Тоҷикистон

Рӯзи 22-юми март дар Ню-Йорк ҷаласаи бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал – “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” шурӯъ мешавад, ки дар кори он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард. Ҳайати баландпояи мақомоти тоҷик ду рӯз пеш бо ҳадафи ширкат дар ин ҷаласа ба Амрико рафтанд.

Вебсайти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 21-уми март дар остонаи шурӯи ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот кард. “Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар масъалаи истифодаи самараноки обу энергетика ба манфиати мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин “Энергияи устувор барои ҳама” муҳокима шуд”, - омадааст дар хабари расмӣ.

Дар ин мулоқот масоили марбут ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва мавзӯи ислоҳот дар низомномаи Созмони Милал баррасӣ шуд. Қарор аст, дар Душанбе рӯзҳои 20-22-юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалиро оид ба масъалаҳои об баргузор шавад.

Тоҷикистон, ки дар болооби Осиёи Марказӣ қарор дошта, захираҳои ғании обро дорад, пайваста таъкид мекунад, ки аз сиёсати тақсими одилонаи захираҳои оби минтақа пуштибонӣ мекунад. Ин таъкид бори охир дар мулоқоти нахустини президентони Тоҷикистону Узбекистон рӯзи 9-уми март дар Душанбе садо дод.

Дар мулоқот бо дабири кулли СММ инчунин суҳбат аз саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо чолишҳои ҷаҳоние ба мисли терроризму ифротгарӣ ва қочоқи маводи мухаддир, таъмини амнияти марз бо Афғонистон низ рафт, ки дар қаламраваш гурӯҳҳои ситезаҷӯи мусаллаҳ фаъол ҳастанд. Интизор меравад, дар Душанбе 3-4-уми майи имсол конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ баргузор шавад ва дар баробари ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷаласа дипломатҳои СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар шарикон иштирок хоҳанд кард.

Трамп: "Ба Путин занг задам, зеро мехоҳам робитаҳо бо Русия хуб шаванд"

Президенти ИМА Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки баъди ду рӯзи пирӯзии Владимир Путин дар интихоботи президентии Русия бо ӯ сӯҳбати телефонӣ кард, далели ин занги телефониро шарҳ дод.

"Ба президент Путин занг задам, то ӯро бо пирӯзияш табрик кунам. Аммо матбуоти тақаллубӣ девона шуд, зеро онҳо мехостанд, ки ӯро танбеҳ кунам. Онҳо ҳақ нестанд! Муносибати хуб бо Русия (ва кишварҳои дигар) кори хуб аст, на бад", - навишт Доналд Трамп дар Твиттер.

Шабакаи телевизионии CNN рӯзи 22-юми март гуфт, берун шудани ин маълумот, ки Трамп дар сӯҳбат бо Путин аз тавсияи мушовиронаш сарфи назар кардааст, президентро ба хашм овард.

Рӯзи гузашта нашрияи Washington Post навишт, дар матне, ки мушовирон барои гуфтугӯи Трамп бо Путин омода карданд, ба таври рӯшан тавсия мешуд, президент аз табрики Путин худдорӣ кунад.

Аммо Трамп суҳбатро аз табрикоти пирӯзии Путин оғоз кард. Баъдан Кохи Сафед ва Кремл дар ин бора гузориш доданд.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:21 0:00
XS
SM
MD
LG