Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

ВКХ: қазияи Скрипал моҷаросозиест, ки Маскав ба он манфиатдор нест

Низомиёни Британия дар саҳнаи заҳолудшавии Сергей Скрипал дар Солсберӣ

Мақомоти Британия ё наметавонанд шаҳрванди Русияро аз ҳамлаи террористӣ ҳимоя кунанд, ё худашон дар ин ҳамла даст доранд,- гуфт Владимир Емарков- раҳбари Департаменти Вазорати умури хориҷии Русия дар умури ҷилавгирӣ аз паҳншавӣ ва ва назорат бар силоҳ.

Ермаков рӯзи чоршанбе дар брифинги вазорат роҷеъ ба қазияи Сергей Скрипал - ҷосуси пешини Русия, ки ахиран дар Британи бо гази фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шуд гуфт, Британия маълумотеро, ки муфаттишон дастрас кардаанд, бо Маскав дар миён намегузорад ва ҳамчунин ба намояндагони Маскав иҷозат намедиҳад, ки бо шаҳрванди Русия Юлия Скрипал, духтари Сергей Скрипал, мулоқот кунанд.

Ермаков суиқасд ба ҷони Скрипалро "моҷароҷӯӣ" номид, ки аз тамоми зовияҳо ба манфиати Маскав нест. Ӯ ҳамчунин афзӯд, ки истифодаи заҳри воқеии ҳарбӣ дар Британия теъдоди бузурги одамонро ҳалок мекард.

Лондон ба ин назар аст, ки Русия дар заҳролудшавии корманди пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия даст дорад. Падару духтарро рӯзи 4 март дар яке аз курсиҳои кӯчаи шаҳри Солсберӣ дар ҳоли беҳушӣ пайдо карданд. Табибон вазъи онҳоро бӯҳронӣ арзёбӣ мекунанд.

Таҷлил аз ҷашни Наврӯз дар маркази Суғд. ВИДЕО

Субҳи 21-март, рӯзи нахустини соли хуршедӣ, ҳазорон сокини вилояти Суғд ба маъракаи таҷлил аз Наврӯз ба боғи Камоли Хуҷандӣ рафтанд. Муҳаммадтоҳир Зокирзода, муовини нахуствазири Тоҷикистон, дар ин маросим аз ҷойгоҳи вижаи Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон ситоиш кард.

Ӯ гуфт, “Наврӯз на танҳо ҷашни шодмонӣ, балки мояи ифтихору сарфарозӣ ва муаррифгари таъриху фарҳанги бузурги мо дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.” Ӯ сокинонро даъват кард, барои ба ҷаҳониён нишон додани ин фарҳанги бостонӣ манзили худ ва гирду атрофи онро ободу зебо гардонанд.

Аксҳои бештар дар инҷост:

Бо таъкиди онки 2018 дар Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои миллӣ” эълон шудааст, гуфт, дар ҳоле ки деҳоти тоҷик меҳмонхонаҳои муосир барои қабули сайёҳон надоранд, сокинон метавонанд ҳуҷраҳоеро дар манзили худ бо ороишоти миллӣ барои ҷаҳонгардон фароҳам кунанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ҳангоми суханронии худ аз зарурати ҳифзи ҷашни Наврӯз, ки аз қаламрави Тоҷикистон берун рафта, ба як иди байналмилалӣ табдил ёфтааст, ба ҳифзи маросиму суннатҳои он таъкид кард. Ӯ бо ёдоварӣ аз онки аз давраҳои аввали ба Ислом гароидан миллати тоҷик аз ҷашнҳои ниёкони худ даст накашид ва то рӯзҳои мо гиромӣ медорад, гуфт: “Мардуми тоҷик алорағми таҳдиду фишор ва манъи гурӯҳҳои мухолифи таҷлил аз Наврӯз гоҳе ошкор, гоҳе пинҳон ин Иди ниёконро истиқбол мегирифтанд ва мегиранд.”

Ҳазорон сокинони Суғд ҳамроҳи аҳли оилаи худ ба сайругашти наврӯзӣ баромада буданд. Имсол бо фарқ аз солҳои пеш занону духтароне, ки ҷомаву камзулҳои адрасу атлас ба бар карда буданд, зиёд ба чашм мерасиданд.

Рӯзи 21-уми март дар тамоми шаҳру марказҳои ноҳияҳои Суғд ҷашнҳои Наврӯзӣ доир гардиданд. Рӯзи 22-юми март дар Ипподроми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи миллии пойга ва бузкашӣ доир мегардад. Ин мусобиқа барои иштироки тамоми хоҳишмандон аз Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя боз аст. Солҳои қаблӣ дар чунин пойгаву бузкашиҳо човандозҳои қирғиз низ иштирок мекарданд. Имсол, ки сарҳад бо Узбекистон боз гардид, интизор меравад барои ширкат дар пойгаву бузкашӣ човандозҳои узбек низ ба Суғд биёянд.

Рӯзи 27-уми март баргузории ҷашни умумиҷумҳуриявии Наврӯз дар Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо иштироки раисҷумҳур - Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Саркозӣ дар заминаи пулҳои Қаззофӣ бозпурсӣ мешавад

Саркозӣ ҳангоми истиқболи Муаммар Қаззофӣ. 10-уми декабри соли 2007

Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури пешини Фаронса, дар заминаи иттиҳоми дарёфти сармоя барои интихоботи президентии соли 2007 аз Муаммар Қаззофӣ - раҳбари пешини Либия - таҳти бозҷӯии муфаттишон қарор гирифт. Муфаттишон ду рӯз боз ӯро бозпурсӣ мекунанд.

Саркозӣ шабро дар хонааш сипарӣ кард ва саҳар ба идораи пулиси Нантер - воқеъ дар қисмати шимолу ғарби Порис - баргашт. Матбуот бо такя ба манобеи наздик ба тафтишот менависанд, ки бозпурсии перзиденти пешинро пулиси зиддифасод пеш мебарад.

Тафтиши додгоҳӣ аз рӯи қазияи Саркозӣ соли 2013 дар ҳоле оғоз шуд, ки сомонаи Mediapart иттиҳомеро аз номи соҳибкори фаронсаиву либиягӣ Зиёд Такеиддин нашр кард.

Ин соҳибкор гуфтааст, ки 5 миллион еврои Қаззофиро аз ҳисоби бонкии раҳбари пешини Идораи истихборти Либия ба ҳисоби бонкии раҳбари ситоди интихоботии Саркозӣ интиқол дод.

Николя Саркозии 63-сола, ки аз соли 2007 то 2012 президенти Фаронса буд, ҳамагуна хилофкориро рад мекунад.

Духтари рус ба сӯи ҳамсинфонаш тир кушод ва 7 нафарро захмӣ кард

Кӯдакони минтақаи Курган ба сӯи автобуси мактаб мераванд

Як духтари 13-сола дар минтақи Қургани Русия аз таппончаи газӣ ба сӯи ҳамснфонаш тир кушод ва 7 талабаи синфи ҳафтумро маҷруҳ кард.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Русия дар ин минтақа гуфтанд, ки ин духтар таппончаи газии падарашро бо худ ба мактаб овард ва рӯзи 21-уми март, ҳангоми танаффуси байни дарсҳо, ҳамсинфонашро ҳадаф қарор дод.

Талабҳои ҷабрдида харош ва захмҳои сиёҳу кабуд бардоштанд.

Нашрияи Znak.com бо такя ба нақли яке аз талабаҳо гуфт, ҳамларо се духтари наврас тарҳрезӣ карданд. Яке аз онҳо таваҷҷӯҳи муаллимро ба тарафи дигар кашид ва дувумӣ дари кабинетро маҳкам кард.

Пулис аз ин ҳодиса гузориш дод ва мегӯяд, мактаби воқеъ дар ноҳияи Шадринск, 1700-километрии шарқи Маскав боз буда, дарсҳо ба таври маъмулӣ идома доранд.

Шоҳзодаи валиаҳд дар пайи фанновариҳои нав ба Амрико рафт

Шоҳзодаи валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон

Шоҳзодаи валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон силсилаи сафарҳоро дар Иёлоти Муттаҳида оғоз кард. Ӯ бо мақомоти бонуфузи Амрико, аз ҷумла вазири дифоъ, молия, тиҷорат, раҳбари Идораи истихборот, раҳбарони ҳарду ҳизб дар Конгресс дидору гуфтугӯ мекунад.

Шоми сешанбе мулоқоти шоҳзода бо президент Доналд Трамп сурат гирифт.

"Дар Амрико ва, ҳамин тавр, кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд аз бораи шоҳзодаи меросхӯри 32-сола, ки бо ислоҳоти чашмгир алайҳи суннатҳои решадор дар Арабистони Саудӣ пеш меравад, шинохти бештар дошта бошанд", - мегӯяд "Садои Амрико".

Муҳаммад дар тули сафари сеҳафтагӣ дар Амрико, мулоқот бо доираҳои бизнес дар Ню-Йорк, пешсафҳои фанновариҳои ҷадид аз Google ва Apple дар Сан-Франсиско ва намояндагони саноати "шуобизнес" дар Лос Анҷелесро барномарезӣ кардааст.

WP: Трамп сарфи назар аз тавсияҳо Путинро табрик кард

Доналд Трамп ва Владимир Путин дар ҳошияи нишасти иқтисодии Ветнам

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар гуфтугӯи телефонии рӯзи 20-уми март бо Владимир Путин, аз тавсияи мушовиронаш дар умури амнияти миллӣ сарфи назар кард. Дар ин бора нашрияи Washington Post бо такя ба манбаъҳои Кохи Сафед хабар дод.

"Дар матне, ки мушовирон барои гуфтугӯи Трамп бо Путин омода карданд, ба таври рӯшан гуфта мешуд, ки президент аз табрики Путин дар робита ба пирӯзии ахирӣ дар интихобот худдорӣ кунад", - навиштааст рӯзнома.

Аммо Трамп сӯҳбатро аз табрикоти пирӯзии Путин оғоз кард. Баъдан Кохи Сафед ва Кремл дар ин бора гузориш доданд.

Ба гуфтаи манобеи Washington Post, мушовирон дар маводи худ ба Трамп тавия доданд, ки дар суҳбат бо Путин масъалаи дар Британия заҳролуд шудани ҷосуси пешини истихбороти Русия Сергей Скрипалро матраҳ кунад, аммо Трамп ин мавзӯро матраҳ накард. Ӯ бештар ба масъалаи Кореяи Шимолӣ ва сиёсати байналмилалӣ тамаркуз намуд.

Манобеи Washington Post намедонанд, ки Трамп дониста аз тавсияҳо сарфи назар кард ё то оғози сӯҳбат маводро нахонда буд.

Ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул дастикам 26 нафарро қурбон кард

Кобул баъди ҳамлаи интиҳорӣ (акс аз бойгонӣ)

Ҳамлаи интиҳорӣ дар беруни масҷиди Кобул дастикам 26 кушта бар ҷой гузошт ва 18 нафарро захмӣ кард.

Ҳодиса рӯзи 21-уми март ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора Вазорати коррҳои дохилии Афғонистон хабар дод.

Нусрат Раҳимӣ, муовини сухангӯи вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, аксари қурбониҳо шаҳрвандони мулкӣ буданд. Ин ҳамла дар ҳоле ҷараён гирифт, ки мардум дар пойтахти Афғонистон Наврӯз - соли нави форсизабонҳоро ҷашн мегирифтанд.

Ба гуфтаи Муҳаммад Салим Алмос - раҳбари бахши Вазорати корҳои дохилӣ дар умури бозҷӯии ҷиноятҳо, пулис ҳамлаварро пеш аз онки ба ҷашнгоҳи серодами масҷиди Сахӣ ворид шавад, ошкор кард.

Ҳамлагари интиҳорӣ бомбаро қабл аз ворид шудан ба базмгоҳ тарконд. Алмос аз ин нигаронӣ кард, ки теъдоди кушташудаҳо метавонад афзоиш ёбад.

Додрас ба баррасии парвандаи зидди Трамп дар заминаи тӯҳмат иҷоза дод

Саммер Зервос - даъвогари зидди Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп аз рӯи шикояти иштирокдори як намоиши телевизионӣ, ки онро перезиденти оянда пеш мебурд, ба ҳайси ҷавобгар ба додгоҳ даъват мешавад. Трампро дар парванда ба тӯҳмат айбдор кардаанд ва додгустар ба баррасии қазия иҷозат дод.

Шокии қазия, Саммер Зервос мегӯяд, 10 сол пеш, замоне, ки ӯ дар ин намоиши телевизионӣ иштирок мекард, мавриди озори ҷинсии Доналд Трамп қарор гирифт. Азбаскӣ қазияи дастдарозӣ барои баррасӣ бисёр кӯҳна шудааст, Зевоз Трампро ба тӯҳмат муттаҳам кард ва гуфт, дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ президенти оянда даъвои ӯро "қиссаи сохта" ва тақаллубӣ" эълон кард.

Вакилони Трамп пофишорӣ доштанд, ки ӯ ҳамчун президент аз даъвоҳои додгоҳии аёлатҳо масуният дорад. Аммо додгустар далели вакилонро напазируфт ва ба қарори 20 соли пеши Додгоҳи олӣ такя кард, ки гуфта буд, раисони ҷумҳури амалкунанда дар парвандаҳои маъмурӣ масуният надорад, агар дар заминаи амалҳои пеш аз президентӣ мавриди таъқиб қарор бигирад.

Доналд Трамп баъди Билл Клинтон метавонад дуюмин президенти ИМА бошад, ки бо чунин қазияҳо баррасӣ мешавад. Аммо коршиносон бовар доранд, ки парванда ба додгоҳ намерасад ва ба эҳтимоли қавӣ Трамп бо шикояткунанда қабл аз мурофиа созиш мекунад.

Хокистари Ҳокингро дар назди қабри Нютон ва Дарвин ба хок месупоранд

Стивен Ҳокинг

Хокитсари ҷасади донишманди физикаи назариявӣ Стивен Ҳокинро дар назди гӯри Нютон ва Дарвин, воқеъ дар хонақоҳи Вестминстерск ба хок месупоранд. Дар ин бора намояндагони хонақоҳ дар твиттер хабар доданд.

"Муҳим аст, ки мазҳаб ва илм якҷо ҳамкорӣ кунанд, то ба ҳалли асрори бузурги азал даст ёбанд",- гуфт падари муқаддас Ҷон Ҳолл.

Ҳамзамон, маросими ҷанозаи Ҳокинг рӯзи 31 март дар Кебриҷ, маконе, ки ин донишманд беш аз 50 сол кору зиндагӣ кардааст, баргузор мешавад.

Стивен Ҳокинг рӯзи 14 март, дар синни 76-солагӣ дар маҳалли зисташ, воқеъ дар Кембриҷ даргузашт.

Стивен Ҳокинг - асосгузори кайҳономӯзии квантӣ, назарияи пайдоиши ҷаҳон дар пайи таркиши Бузургро омӯхт ва дар робита ба “чолаҳои сиёҳ” бисёр кашфиёт кардааст. Соли 1979 ӯ баландтарин мақоми академикӣ дар Донишгоҳи Кембриҷро ба даст овард. Китоби Стивен Ҳокинг “Таърихи кӯтоҳи замон”, чопи соли 1988, пурфурӯштарин китоб шуд ва ба муаллифаш шӯҳрати ҷаҳонӣ овард.

Аввалҳои соли 1960 Ҳокинг дар пайи бемории “склерози амфиоторофӣ” фалаҷ шуд. Сарфи назар аз пешгӯии табибон, ӯ бо ин маризӣ 50 соли дигар умр дид. Аз тамоми мушакҳо танҳо мушаки рӯяш фаъол буд ва ӯ ба воситаи сентизатори нутқ сӯҳбат мекард.

Трамп Путинро бо пирӯзи дар интихобот табрик кард

Владимир Путин ва Доналд Трамп

Президенти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп гуфт, ки Владимр Путин, раиси ҷумҳури Русияро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик кард. Ӯ гуфт, ки мехоҳад дар "ояндаи начандон дур" бо Путин мулоқот анҷом диҳад ва масъалаи сабқати силоҳ, Сурия, Украина ва Кореяи Шимолиро матраҳ кунад.

Пештар аз ин Кохи сафед гуфт, ки рӯзи 20 март Доналд Трамп бо Владимир Путин, ду рӯз баъди эълони пирӯзиаш дар интихобот, гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни гуфтугӯ ду раҳбар ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ, коҳиши ташаннуҷ дар шибҳаҷазираи Корея, бо роҳҳои дипломатӣ ва авзои Сурияву Украина таваҷҷӯҳ зоҳир карданд, - гуфт маъмурияти президенти ИМА.

Владимир Путин, ки аз соли 1999 дар Русия ба сифати президент, ё нахуствазир фаъолият кардааст, дар интихоботи ахир беш аз 76 дар тарафдор ёфт. Аммо нозирони байналмилалӣ мегӯянд, ки интихобот бо тақаллуб, фишор барои овоздиҳӣ ва "набуди интихоби воқеӣ" дар байни номзадҳо ҷараён гирифт.

Дар Рязан 13 қирғизистониро аз ғуломӣ наҷот доданд

Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, дар якҷоягӣ бо пулис ва Хадамоти муҳоҷирати Русия 13 муҳоҷири қирғизро аз ғуломӣ дар шаҳри Рязан озод карданд.

Ба иттилои манбаъ, раҳбарони ширкати "Феврал" -- як шаҳрванди Русия ва як зодаи Ветнам, ки ҳоло шахсияташ номаълум аст, дар сехи дузандагии худ ҳудуди 100 одам, аз ҷумла 13 шаҳрванди Қирғизистонро ҳамчун ғулом кор мефармуданд.

Ин афрод барои кор ба сехи дузандагӣ бо миёнаравии як шаҳрванди дигари Қирғизистон ҷалб шуда буданд.

Дар асоси қарордод, шаҳрвандони Қирғизистон мебоист бар ивази 12 соати корӣ дар як рӯз бо ғизову ҷойи хоби ройгон таъмин шуда, дар як моҳ ду бор моҳона мегирифтанд. Вале дар асл ҳеч кадом аз ин шартҳо иҷро нашуданд.

Бад аз омадани шаҳрвандони Қирғизистон ба Русия, корфармоён шиносномаҳои онҳоро гирифта, иҷборан дар як рӯз 20 соат кор фармуданд. Барои омода кардан ва истеъмоли ғизои нисфирӯзӣ ба онҳо ҳамагӣ 40 дақиқа вақт медоданд.

Коргарон мегӯянд, бисёре аз онҳо хостанд, қарордодро бекор кунанд, вале корфармоён онҳоро дар сех иҷборан нигоҳ медоштанд. Дар натиҷа яке аз шаҳрвандони Қирғизистон ба ин шароит тоб наоварда, рагҳои дасти худро буридааст. Ҳамкоронаш хостанд, ёрии таъҷилӣ даъват карда шавад, вале раҳбарияти ширкат гуфтааст, даъвати ёрии таъҷилӣ пулакӣ аст ва маблағро бояд худи коргар пардохт кунад.

Мақомоти Русия зидди раҳбарияти ширкати "Феврал" парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Дипломатҳои ихроҷшудаи рус Лондонро тарк мекунанд

Ходимони пулис дар назди сафорати Русия дар Лондон

Дипломатҳои Русия, ки дар заминаи қазияи заҳролудшавии корманди пешини Идораи кулли истихборот Сергей Скрипал ва духтари ӯ аз Британия ронда шуданд, рӯзи 20 март ба самти Маскав ҳаракат карданд. Қарор аст Шӯрои амнияти миллии Британия дар заминаи ин ҳодиса чораҳои навро алайҳи Русия баррасӣ кунад.

Ихроҷи дипломатҳои ду кишвар бо шеваи "чашм дар ивази чашм" дар ҳоле ҷараён мегирад, ки рӯзи гузашта Иттиҳоди Аврпуо ва НАТО дар ин ҳодиса аз мавқеи Британия пуштибонӣ ва заҳролудшавии ҷосуси пешини Русия дар Қаламрави Аврпуоро шадидан маҳкум карданд. Коршиносони Британия собит карданд, ки ин газ "Новичок" ном дорад ва дар Русия коркард шудааст. Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, баъди заҳролудшави бо гази фалаҷкунандаи асаб дар шаҳри Солсберии Британия дар бемористон буда, ҳолати онҳо бӯҳронӣ арзёбӣ мешавад.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва ҳамтои ӯ аз Лаҳистон Матеуш Мораветский дирӯз баъди мулоқот гуфтанд, бисёр муҳим аст, ки Иттиҳоди Аврупо дар дар вокуниш ба ин ҳодиса мавқеи ягона бигиранд. Пеш аз Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, шарикони НАТО дар робита ба маҳкум кардани Русия, ки меъёр ва қоидаҳои байналмилалиро нақз кард, муттаҳид шудаанд

Charlie Hebdo дар бораи интихоботи Русия танзи тасвирӣ навишт

Ксения Собчак ва президент Путин

Ҳафтавори танзнависи Фаронса Charlie Hebdo нашри навбатиашро ба интихоботи раёсати ҷумҳури Русия бахшид. Акси муқоваи маҷалларо рӯзи сешанбе галеристи рус Марат Гелман дар Фейсбук чоп кард.

Дар танзи Charlie Hebdo аз 14 март, Владимир Путин тасвир шудааст, ки дар даст лухтаке дорад ва он лухтак мегӯяд, "Номи ман Ксения Собчак аст ва ман номзади зидди Путин дар интихоботи президентӣ ҳастам". Дар паси Путин шахсе бо дасту чашмони баста нишастааст, ки мегӯяд, "Ман Алексей Навалний, демократи ягона ҳастам. Дар интихобот овоз надиҳед!"

Биноба иттилои пешакӣ, Владимир Путин дар интихобот наздик ба 77 дар сад райъ гирифт. Аз Ксения Собчак, ки худро "номзади зидди ҳама" меномид, ду дар сад пуштибонӣ карданд. Навалний дар ҳоле тарафдоронашро ба бойкоти интихобот даъват кард, ки Камиссиюни марказӣ ба далели доғи судӣ, аз сабти номи ӯ ҳамчун довталаб даст кашид. Дар рӯзи интихобот Навалний Ксения Собчакро абзори Путин унвон кард ва аз ҳамкорӣ бо ӯ рӯй гардонд.

ИМА бо тақрибан 500 000 $ дар Тоҷикистон марказ таъсис дод

Фарҳод Раҳимӣ

Тоҷикистон бо тақрибан ним миллион доллар кумаки бебозгашти Амрико маркази минтақавии ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи ҳастаӣ ва силоҳи қатли ом таъсис дод.

Фарҳод Раҳимӣ – раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон – рӯзи 20-уми март, ҳангоми ифтитоҳи марказ, аз ҳукумати Амрико сипосгузорӣ намуд. Ӯ гуфт, “дар шароити муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм таъсиси чунин марказ дар Тоҷикистон амри зарурӣ аст.”

Кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт дар ҳам гуфт, ба ҷуз аз таъсиси ин марказ ҳукумати Амрико омӯзиши кормандони ин ниҳодро дар марказҳои таълимии МАГАТЭ сармоягузорӣ кардааст.

Илҳом Мирсаидов, раҳбари Оҷонси назорат бар маводи радиатсионӣ ва ҳастаии Тоҷикистон гуфт, феълан 12 гузаргоҳҳои марзии кишвар бо таҷҳизоти ошкорсозии маводи ҳастаӣ ва силоҳи қатли ом муҷҷаҳаз шудааст. “Интизор меравад, то соли 2021 нуздаҳ гузаргоҳи боқимонда, аз ҷумла фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, бо чунин таҷҳизот муҷҷаҳҳаз шаванд”, - афзуд ӯ.

Генерал Данфорд барои арзёбии маъракаи низомӣ ба Афғонистон рафт

Генерали ИМА Ҷозеф Данфорд

Генерали баландпояи ИМА Ҷозеф Данфорд бо ҳадафи арзёбии маъракаи низомӣ вориди Афғонистон шуд.

Сафари Данфорд ба Афғонистон ба думболи боздиди ҳафтаи гузаштаи Раҳбари Пентагон Ҷим Мэттис аз ин кишвар ҷараён мегирад. Ин сафарҳо дар пасманзари даъватҳои ҷалби Толибон ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон баргузор мешаванд.

Барои расидан ба ин ҳадаф, маъракаи низомии ИМА бояд бартарии артиши Афғонистон бар Толибон ва ҷингиёни дигарро афзоиш диҳад, ки даргириҳои баҳориро оғоз кардаанд.

Генерал Данфорд рӯзи 19 март гуфт, мехоҳад ҳадафҳои чанд моҳи оядаро баррасӣ кунад, то эътилофи таҳти назари ИМА аз роҳе ҳаракат кунанд, ки пешрафт биёрад.

Ҷозеф Данфорд бо гурӯҳи бузурги мақомоти марбут ба истихборот, стратегия ва тадорукот дар Афғонистон сафар мекунад.

Русия ба баррасии вазъи башарии Сурия дар Шӯрои Амният роҳ надод

Суриягиҳо дар Ғутаи Шарқӣ долонеро убур мекунанд, ки ҳукумат барояшон иҷозат додааст

Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, Русия монеи баргузории ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ роҷеъ ба риояи ҳуқуқи инсон дар Сурия шуд.

Муовини намояндаи доимии Русия дар СММ Геннадий Кузмин рӯзи гузашта гуфт, Москва чунин ҷаласаро зарур намедонад, зеро баррасии вазъи ҳуқуқи инсон вазифаи Шӯрои Амният нест.

"Дар робита ба ин масъала дар Женева Шӯрои ҳуқуқи инсон фаъолият дорад", - изҳор дошт дипломати рус. Аз мавқеи Русия Чин, Қазоқистон ва Боливия ҳимоят карданд.

Баргузории ҷаласаро Фаронса ва шаш узви дигари Шӯро -- Бритониё, ИМА, Шветсия, Лаҳистон, Кувайт ва Перу дархост карданд.

Артиши Сурия ҳафтаи ахир дар Ғутаи Шарқӣ, ки аз соли 2012 ба ин сӯ дар дасти мухолифон буд, амалиёти бузургеро анҷом дод. Ба иттилои Дидбони ҳуқуқи инсон дар Сурия, нирӯҳои Асад беш аз 80%-и ин минтақаро тасарруф кардаанд.

Кишварҳои ғарбӣ ва СММ аз ҳукумати Сурияву ҳампаймононаш, аз ҷумла Русия даъват доранд, ҳамлаҳоеро қатъ кунанд, ки боиси марги беш аз ҳазор сокини осоишта, аз ҷумла 215 кӯдак шудаанд.

Биноба маълумоти СММ, дар Ғутаи Шарқӣ беш аз 70 дар сади биноҳо тахриб шуда, шаҳр бо буҳрони инсонӣ рӯбарӯ аст. Корвони мошинҳои ҳомили дору ва маводи ғизоӣ чанд бор мешавад, ба далели задухӯрдҳои шадид аз роҳ боз мегарданд.

Раиси ҷумҳури пешини Фаронса Николя Саркозӣ боздошт шуд

Раиси ҷумҳури пешини Фаронса Николя Саркозӣ

Пулиси Фаронса раиси ҷумҳури пешин Николя Саркозиро боздошт кард. Хабаргузории Reuters рӯзи 20 март бо такя ба манбаҳои додгоҳӣ навишт, ки боздошти Саркозӣ ба сармоягузории маъракаи интихоботии соли 2007 рабт мегирад.

Ба навиштаи нашрияи La Monde, парвандаи сармоягузории маъракаи интихоботии Саркозӣ аз ҷониби мақомоти Либиё, соли 2013 боз шуд. Президенти собиқ имрӯз дар ҳоле таҳти боздошт қарор гирифт, ки барои иштирок дар мурофиаи павандааш ба додгоҳ ҳозир шуда буд. Додгоҳ акнун дар тули 48 соат мушахасс мекунад, ки Саркозӣ дар боздошт бимонад ё озод шавад.

Николя Саркозӣ аз соли 2007 то 2012 президенти Фаронса буд. Мақоми раёсатро ӯ дар интихоботи соли 2012 ба намояндаи ҳизби Сотсиалист Франсуа Олланд бохт.

Cанҷиши мошини беронанда дар ИМА пиёдагардеро қурбон кард

Ширкати Uber гуфт, ки баъд аз як садамаи нақлиётии маргбор санҷиши мошинҳои беронандаро дар тамоми шаҳрҳои ИМА қатъ кардааст. Рӯзи душанбе дар шаҳри Темпеи аёлати Аризона мошини беронандае як зани пиёдагардро пахш кард.

Ширкат мегӯяд, дар таҳқиқи ҳодиса бо мақомот ҳамкорӣ дорад. Ба иттилои Би-би-сӣ, Uber соли гузашта низ баъди он ки мошини Volvo дар Аризона чапа шуд, санҷиши мошинҳои бидуни ронандаро қатъ карда буд.

Раҳбари ширкат Доро Хисравшоҳӣ гуфт, ин фоҷеа ӯро хеле андуҳгин сохтааст.

Мошинҳои бидуни ронандаи ширкатҳои дигар низ дучори садама шудаанд. Мошини ширкати Google соли 2016 ба автобусе бархурда буд. Вале он замон касе осеб надид.

Ба татбиқи тарҳи мошинҳои беронанда як чанд ширкат, аз ҷумла Apple ва Tesla низ машғуланд.

Наврӯз фаро мерасад

Наврӯз ё Соли нави хуршедӣ дар Тоҷикистон соати 21:15 дақиқа ба вақти маҳаллии рӯзи сешанбеи 20-уми март фаро мерасад. Хурсанд Ибоддинов, раиси Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 20-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси тақвими насронӣ ё худ григорианӣ, дар соати 21:15 дақиқа рӯзу шаб баробар мешавад ва Наврӯз фаро мерасад.

Вай гуфт, ин шарҳи илмии ворид шудани Навруз ба Тоҷикистон аст, вале бар асоси арзиши тақвими фарҳангӣ, рӯзи 21-уми март Навруз истиқбол мешавад. Хурсанд Ибоддинов афзуд, ки бо дарназардошти тафовути замонӣ, соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз дар Тоҷикистон қабл аз Эрону Афғонистон ворид мешавад. Зеро аз лиҳози замонӣ, миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон мутаносибан дувуним ва ним соат тафовути вақт вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ҷаноби Ибоддинов, се рӯз қабл аз фарорасии Наврӯз соли нави деҳқонӣ оғоз мешавад ва кишту кори баҳорӣ бо дуои кишоварзон дар саҳро шурӯъ мегардад. Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, бо поёни соли нави деҳқонӣ, соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз низ вориди Тоҷикистон мешавад. Ҷашнҳои аслии Наврӯзи имсола дар Душанбе, Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) ва Панҷакент баргузор мешаванд.

САҲА: интихоботи Русия бидуни рақобати воқеӣ баргузор шуд

Интихоботи президентии рӯзи 18-уми март дар Русия бидуни рақобати воқеӣ ва дар шароити маҳдуд шудани озодии баён, таҷаммуъ ва иттиҳодияҳо баргузор шуд. Ин нукта дар изҳороти муштараки Ассамблеи порлумонӣ ва Бюрои институтҳои демокративу ҳуқуқи инсони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) зикр шудааст.

Созмонҳои аврупоӣ мегӯянд, ба президенти кунунии Русия Владимир Путин, ки баранда эълом шуд, дар рафти маъракаҳои пешазинтихоботӣ назар ба номзадҳои дигар вақти бештар додаанд, то тавассути телевизион баромад кунад. Ҳамчунин маҳдудияти ба қайдгирии номзадҳо монеи рақобатпазирии интихобот шудааст.

Нозирони САҲА гуфтанд, дар интихоботи рӯзи якшанбеи Русия бо мақсади афзоиши шумори иштироккунандаҳо ба интихобкунандагон фишори бемаврид меоварданд ва фаъолонеро, ки дар бораи қонуншиканӣ мегуфтанд, боздошт мекарданд. Ҳамчунин кори расонаҳое маҳдуд карда шуд, ки раванди раъйдиҳиро бозтоб мекарданд.

Вале САҲА қайд кардааст, ки худи интихоботи 18-уми март муташаккилона ва фаъолияти Комисияи марказии интихоботи Русия босамар буд. Амали мақомоти Украина, ки нагузоштанд, шаҳрвандони Русия дар он кишвар раъй диҳанд, нақзи ҳуқуқҳои асосии инсон арзёбӣ шудааст.

Худи Владимир Путин рӯзи душанбе бо ҳафт номзади боқии дигар дар Кремл мулоқот карда, гуфт, ба хотири манофеи кишвараш бояд бо ҳам талош кунанд. Номзади Ҳизби коммунистии Русия Павел Грудинин пеш аз мулоқот пирӯзии Путинро эътироф карда, вале изҳор дошт, ки мансабдорони рус бо амалҳои худ интихоботи 18 мартро "ифлос" карданд.

Cафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 20-уми март бо сафари корӣ озими Ню-Йорк шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ, ёвари президент дар умури байналмилалӣ ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Манбаъ мегӯяд, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз 21 то 23 март идома мекунад ва қарор аст раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи об дар Созмони Миллали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ кунад. Дар назар аст, ки дар ин сафар ӯ бо Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дидору гуфтугӯ кунад.

Бар асоси гузорише, ки аз сӯйи як гурӯҳи муташаккил аз 11 раиси ҷумҳур ва мушовирони онҳо мунташир шудааст, камбуди оби ошомиданӣ ба таври куллӣ аз мудирияти нокофии ин манбаи табиӣ аст. Ин гузориш дар таърихи 14-уми март ба Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ пешниҳод шудааст. Бинобар гузориши пойгоҳи иттилоотии Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2030-и мелодӣ ба иллати камбуди оби ошомиданӣ 700 миллион нафар муҳоҷират хоҳанд кард.

Эрон як Суфиро бо ҷурми куштори се ходими пулис ба марг маҳкум кард

Ходимони Пулиси Эрон ҷасади ҳамтои худро, ки зери чархи тарафдори суфиҳо кушта шуд, ба гуристон мебиранд.

Эрон тарафдори раҳбари Суфиҳоро, ки моҳи гузашта гурӯҳи афсарони пулисро бо автобус пахш кард ва се нафарро кушта бар ҷой гузошт, ба марг маҳкум кард.

Ҳодиса моҳи гузашта ҳангоми задухурди пайравони раҳбари Суфиҳои Гунободӣ - Нуралӣ Тобанда бо неруҳои амниятӣ дар Теҳрон рух дод.

Хабаргузории давлатии Эрон - ИРНА рӯзи 19 март навишт, ки марди муттаҳам дар куштори афсарони пулис - Муҳаммад Ризо Салас, барои шикоят аз ҳукми додгоҳ 20 рӯз фурсат дорад.

Дар ҷараёни мурофиаи ҳафтаи гузашта Салас гуфт, ки афсарони пулисро барқасдона накуштааст, ӯ танҳо талош дошт аз саҳнаи задухурд фирор кунад.

Тарафдорони Тобандаи 90-сола дар назди хонаи ӯ нишастаанд ва сарфи назар аз ваъдаи мақомот, ки нияти боздошти раҳбари Суфиҳоро надоранд, аз ин нигарон шудаанд, ки шояд мақомот ӯро дастгир кунанд.

Тасаввуф як шохаи ирфонии Ислом буда, дар Эрон мамнуъ нест. Аммо фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ҳукумати Эрон пайравони ин равия, бо шумули Гунободиҳо, яке аз равияҳои бузурги тасафввуфро таъқиб мекунад.

Биноба маълумоти Маркази ҳуқуқи башар, мақари он дар Ню Йорк, моҳҳои ахир якчанд дарвеш дар Эрон боздошт шуд.

Моҳи марти соли 2017, гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид дар умури Эрон, аз рафтори мақомоти давлатӣ, ки Суфиҳоро ҳадаф қарор додаанд, изҳори нигаронӣ кард. СММ гуфт, ки Суфиҳо дар Эрон ба таври ғайриқонунӣ таъқибу боздошт ва бисёр вақт ба ҷиноятҳои марбут ба амнияти миллӣ айбдор мешаванд.

Вазири хориҷии Британия: Русия дар дурӯғҳои худ раҳгум задааст

Борис Ҷонсон- вазири умури хориҷии Британия

Инкори Русия дар заминаи даст доштанаш дар заҳролудшавии ҷосуси пешини Идораи кулли истихборот Сергей Скрипал то рафт пучу бемаънӣ мешавад. Дар ин бора вазири умури хориҷии Британия Борис Ҷонсон рӯзи 19 март ҳангоми суханронӣ дар ҳузури вазирони хориҷии Иттиҳоди Аврупо изҳорот дод.

Борис Ҷонсон гуфт, "онҳо аввал мегӯянд, ки ҳеҷ гоҳ "Новичок"-гази фалаҷкунандаи асабро, ки Скрипал ва духтараш бо истифода аз он заҳролуд шуд, истеҳсол накардаанд. Боз мегӯянд, ки "Новичок" истеҳсол шуда буд, аммо захоири он нест карда шуд, вале баъзеяш ба таври асрорангез дар Шведсия, Ҷумҳурии Чех, Словакия , ҳатто Амрико ва шоҳигарии Британия пайдо шуд".

Ба гуфтаи вазир, Британия бо шеваи классикии стратегияи Русия, пинҳон кардани сузан дар тӯдаи коҳи дурӯғ, рӯ ба рӯ шуд. Аммо ӯ афзӯд, ки баъди 12 соли марги Александр Литвиненко дар Лондон, касе ба русҳо бовар намекунад.

Ҷонсон гуфт, "дар гирди мизи Брюссел кишвареро ёфтан душвор аст, ки ба ин ё он бадкорӣ ва рафтори харобкоронаи Русия рӯ ба рӯ нашуда бошад, аз ин рӯ иродаи ҳамтоҳои аврупоии мо қатъи аст".

Раҳбари бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Моғеринӣ рӯзи душанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки баъди гузориши Борис Ҷонсон дар мулоқоти вазирони ИА, мавқеи нави иттиҳоди Аврупо дар робита ба заҳролудшавии Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, қабул хоҳад шуд.

Рӯзи 4 март Сергей Скрипал, ҷосуси пешини Идораи истихбороти кулли Русия ва духтари ӯ Юлия дар шаҳри Солсберӣ аз гази фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шуданд. Вазъи онҳо бисёр вазнин арзёбӣ мешавад. Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Британия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.

Миср аз ҳалокати 36 ҷангӣ ДИИШ дар нимҷазираи Сино хабар дод

Сарбозони артиши Миср ҳангоми ҳамла ба ҷангиён дар Сино

Нерӯҳои амниятии Миср дар амалиёти маҳви ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ", ки панҷ рӯз боз дар нимҷазираи Сино идома дошт, 36 ҷангиро маҳв карданд. Мақомоти низомии Миср дар ин бора рӯзи 19 март изҳорот доданд.

Артиш ҳамла бар зидди ҷангиёни ДИИШ-ро моҳи гузашта баъди ин оғоз кард, ки президенти Миср Абдул Фаттоҳ ал-Сисӣ, довталаби даври дуюми раёсат дар интихоботи моҳи равон, барои маҳви комили гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар Сино ба онҳо се моҳ вақт дод.

Ҷангҷӯён дар Сино баъди сарнагун шудани ҳукумати президенти исломӣ Муҳаммад Мурсӣ дар соли 2013 сар бардоштанд.

Соли 2015 ДИИШ масъулияти бомбгузорӣ дар ҳавопаймои Русияро бар дӯш гирифт, ки сайёҳонро аз истироҳатгоҳи Синои Ҷанубӣ ба Шарм-уш-Шайх мебурд. Дар ин бомгузориӣ 224 мусофир ба ҳалокат расид.

Нимҷазираи Сино бо Исроил ва Навори Ғазза ҳаммарз аст.

Фаъоли ҳуқуқи башари Узбекистон баьди 8 сол аз зиндон раҳо шуд

Фаъоли ҳуқуқи инсон Ғайбулло Ҷалилов. Акс аз бойгонӣ

Фаъоли ҳуқуқи башари Узбекистон Ғайбулло Ҷалилов баъди ҳашт соли маҳбусӣ аз зиндон озод шуд. Дар ин бора хонаводаи Ҷалилов ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Наздикони ӯ рӯзи 17 март гуфтанд, ки Ҷалилови 51-сола, узви созмони сабтнашудаи "Ҷамъияти ҳуқуқи инсон, рӯзи 16 март раҳо шуд ва ҳоло дар зодгоҳаш, воқеъ дар қисмати ҷанбуии Қашқадарё ба сар мебарад.

Ғайбулло Ҷалилов соли 2009 боздош ва баъдан бо ҷурми тарҳрезии ҳамлаи терористӣ ба фурӯдгоҳи шаҳри Қаршӣ ба муҳлати 13 сол зиндонӣ шуд.

Созмони ҳуқуқи башари Ҳюман Райтс Вотч ҳабси Ҷалиловро маҳкум кард ва парвандаи ӯро як парвандаи сохтаи сиёсӣ номид.

Наздикони Ғайбулло Ҷалилов мегӯянд, ки солҳои дар зиндон буданаш, ӯ пайваста шиканҷа мешуд.

Раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар аҳди президенти пешин Ислом Каримов нахуствазир буд, баъди марги ӯ дар соли 2016, бисёр маҳбусони сиёсиро аз зиндон раҳо кард.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Қарори нави ҳукумат -- сабти симкорт танҳо бо шиносномаи нав
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:58 0:00
XS
SM
MD
LG