Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Трамп Путинро бо пирӯзи дар интихобот табрик кард

Владимир Путин ва Доналд Трамп

Президенти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп гуфт, ки Владимр Путин, раиси ҷумҳури Русияро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик кард. Ӯ гуфт, ки мехоҳад дар "ояндаи начандон дур" бо Путин мулоқот анҷом диҳад ва масъалаи сабқати силоҳ, Сурия, Украина ва Кореяи Шимолиро матраҳ кунад.

Пештар аз ин Кохи сафед гуфт, ки рӯзи 20 март Доналд Трамп бо Владимир Путин, ду рӯз баъди эълони пирӯзиаш дар интихобот, гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни гуфтугӯ ду раҳбар ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ, коҳиши ташаннуҷ дар шибҳаҷазираи Корея, бо роҳҳои дипломатӣ ва авзои Сурияву Украина таваҷҷӯҳ зоҳир карданд, - гуфт маъмурияти президенти ИМА.

Владимир Путин, ки аз соли 1999 дар Русия ба сифати президент, ё нахуствазир фаъолият кардааст, дар интихоботи ахир беш аз 76 дар тарафдор ёфт. Аммо нозирони байналмилалӣ мегӯянд, ки интихобот бо тақаллуб, фишор барои овоздиҳӣ ва "набуди интихоби воқеӣ" дар байни номзадҳо ҷараён гирифт.

Дар Рязан 13 қирғизистониро аз ғуломӣ наҷот доданд

Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, дар якҷоягӣ бо пулис ва Хадамоти муҳоҷирати Русия 13 муҳоҷири қирғизро аз ғуломӣ дар шаҳри Рязан озод карданд.

Ба иттилои манбаъ, раҳбарони ширкати "Феврал" -- як шаҳрванди Русия ва як зодаи Ветнам, ки ҳоло шахсияташ номаълум аст, дар сехи дузандагии худ ҳудуди 100 одам, аз ҷумла 13 шаҳрванди Қирғизистонро ҳамчун ғулом кор мефармуданд.

Ин афрод барои кор ба сехи дузандагӣ бо миёнаравии як шаҳрванди дигари Қирғизистон ҷалб шуда буданд.

Дар асоси қарордод, шаҳрвандони Қирғизистон мебоист бар ивази 12 соати корӣ дар як рӯз бо ғизову ҷойи хоби ройгон таъмин шуда, дар як моҳ ду бор моҳона мегирифтанд. Вале дар асл ҳеч кадом аз ин шартҳо иҷро нашуданд.

Бад аз омадани шаҳрвандони Қирғизистон ба Русия, корфармоён шиносномаҳои онҳоро гирифта, иҷборан дар як рӯз 20 соат кор фармуданд. Барои омода кардан ва истеъмоли ғизои нисфирӯзӣ ба онҳо ҳамагӣ 40 дақиқа вақт медоданд.

Коргарон мегӯянд, бисёре аз онҳо хостанд, қарордодро бекор кунанд, вале корфармоён онҳоро дар сех иҷборан нигоҳ медоштанд. Дар натиҷа яке аз шаҳрвандони Қирғизистон ба ин шароит тоб наоварда, рагҳои дасти худро буридааст. Ҳамкоронаш хостанд, ёрии таъҷилӣ даъват карда шавад, вале раҳбарияти ширкат гуфтааст, даъвати ёрии таъҷилӣ пулакӣ аст ва маблағро бояд худи коргар пардохт кунад.

Мақомоти Русия зидди раҳбарияти ширкати "Феврал" парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Дипломатҳои ихроҷшудаи рус Лондонро тарк мекунанд

Ходимони пулис дар назди сафорати Русия дар Лондон

Дипломатҳои Русия, ки дар заминаи қазияи заҳролудшавии корманди пешини Идораи кулли истихборот Сергей Скрипал ва духтари ӯ аз Британия ронда шуданд, рӯзи 20 март ба самти Маскав ҳаракат карданд. Қарор аст Шӯрои амнияти миллии Британия дар заминаи ин ҳодиса чораҳои навро алайҳи Русия баррасӣ кунад.

Ихроҷи дипломатҳои ду кишвар бо шеваи "чашм дар ивази чашм" дар ҳоле ҷараён мегирад, ки рӯзи гузашта Иттиҳоди Аврпуо ва НАТО дар ин ҳодиса аз мавқеи Британия пуштибонӣ ва заҳролудшавии ҷосуси пешини Русия дар Қаламрави Аврпуоро шадидан маҳкум карданд. Коршиносони Британия собит карданд, ки ин газ "Новичок" ном дорад ва дар Русия коркард шудааст. Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, баъди заҳролудшави бо гази фалаҷкунандаи асаб дар шаҳри Солсберии Британия дар бемористон буда, ҳолати онҳо бӯҳронӣ арзёбӣ мешавад.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва ҳамтои ӯ аз Лаҳистон Матеуш Мораветский дирӯз баъди мулоқот гуфтанд, бисёр муҳим аст, ки Иттиҳоди Аврупо дар дар вокуниш ба ин ҳодиса мавқеи ягона бигиранд. Пеш аз Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, шарикони НАТО дар робита ба маҳкум кардани Русия, ки меъёр ва қоидаҳои байналмилалиро нақз кард, муттаҳид шудаанд

Charlie Hebdo дар бораи интихоботи Русия танзи тасвирӣ навишт

Ксения Собчак ва президент Путин

Ҳафтавори танзнависи Фаронса Charlie Hebdo нашри навбатиашро ба интихоботи раёсати ҷумҳури Русия бахшид. Акси муқоваи маҷалларо рӯзи сешанбе галеристи рус Марат Гелман дар Фейсбук чоп кард.

Дар танзи Charlie Hebdo аз 14 март, Владимир Путин тасвир шудааст, ки дар даст лухтаке дорад ва он лухтак мегӯяд, "Номи ман Ксения Собчак аст ва ман номзади зидди Путин дар интихоботи президентӣ ҳастам". Дар паси Путин шахсе бо дасту чашмони баста нишастааст, ки мегӯяд, "Ман Алексей Навалний, демократи ягона ҳастам. Дар интихобот овоз надиҳед!"

Биноба иттилои пешакӣ, Владимир Путин дар интихобот наздик ба 77 дар сад райъ гирифт. Аз Ксения Собчак, ки худро "номзади зидди ҳама" меномид, ду дар сад пуштибонӣ карданд. Навалний дар ҳоле тарафдоронашро ба бойкоти интихобот даъват кард, ки Камиссиюни марказӣ ба далели доғи судӣ, аз сабти номи ӯ ҳамчун довталаб даст кашид. Дар рӯзи интихобот Навалний Ксения Собчакро абзори Путин унвон кард ва аз ҳамкорӣ бо ӯ рӯй гардонд.

ИМА бо тақрибан 500 000 $ дар Тоҷикистон марказ таъсис дод

Фарҳод Раҳимӣ

Тоҷикистон бо тақрибан ним миллион доллар кумаки бебозгашти Амрико маркази минтақавии ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи ҳастаӣ ва силоҳи қатли ом таъсис дод.

Фарҳод Раҳимӣ – раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон – рӯзи 20-уми март, ҳангоми ифтитоҳи марказ, аз ҳукумати Амрико сипосгузорӣ намуд. Ӯ гуфт, “дар шароити муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм таъсиси чунин марказ дар Тоҷикистон амри зарурӣ аст.”

Кордори сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Коверт дар ҳам гуфт, ба ҷуз аз таъсиси ин марказ ҳукумати Амрико омӯзиши кормандони ин ниҳодро дар марказҳои таълимии МАГАТЭ сармоягузорӣ кардааст.

Илҳом Мирсаидов, раҳбари Оҷонси назорат бар маводи радиатсионӣ ва ҳастаии Тоҷикистон гуфт, феълан 12 гузаргоҳҳои марзии кишвар бо таҷҳизоти ошкорсозии маводи ҳастаӣ ва силоҳи қатли ом муҷҷаҳаз шудааст. “Интизор меравад, то соли 2021 нуздаҳ гузаргоҳи боқимонда, аз ҷумла фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, бо чунин таҷҳизот муҷҷаҳҳаз шаванд”, - афзуд ӯ.

Генерал Данфорд барои арзёбии маъракаи низомӣ ба Афғонистон рафт

Генерали ИМА Ҷозеф Данфорд

Генерали баландпояи ИМА Ҷозеф Данфорд бо ҳадафи арзёбии маъракаи низомӣ вориди Афғонистон шуд.

Сафари Данфорд ба Афғонистон ба думболи боздиди ҳафтаи гузаштаи Раҳбари Пентагон Ҷим Мэттис аз ин кишвар ҷараён мегирад. Ин сафарҳо дар пасманзари даъватҳои ҷалби Толибон ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон баргузор мешаванд.

Барои расидан ба ин ҳадаф, маъракаи низомии ИМА бояд бартарии артиши Афғонистон бар Толибон ва ҷингиёни дигарро афзоиш диҳад, ки даргириҳои баҳориро оғоз кардаанд.

Генерал Данфорд рӯзи 19 март гуфт, мехоҳад ҳадафҳои чанд моҳи оядаро баррасӣ кунад, то эътилофи таҳти назари ИМА аз роҳе ҳаракат кунанд, ки пешрафт биёрад.

Ҷозеф Данфорд бо гурӯҳи бузурги мақомоти марбут ба истихборот, стратегия ва тадорукот дар Афғонистон сафар мекунад.

Русия ба баррасии вазъи башарии Сурия дар Шӯрои Амният роҳ надод

Суриягиҳо дар Ғутаи Шарқӣ долонеро убур мекунанд, ки ҳукумат барояшон иҷозат додааст

Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, Русия монеи баргузории ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ роҷеъ ба риояи ҳуқуқи инсон дар Сурия шуд.

Муовини намояндаи доимии Русия дар СММ Геннадий Кузмин рӯзи гузашта гуфт, Москва чунин ҷаласаро зарур намедонад, зеро баррасии вазъи ҳуқуқи инсон вазифаи Шӯрои Амният нест.

"Дар робита ба ин масъала дар Женева Шӯрои ҳуқуқи инсон фаъолият дорад", - изҳор дошт дипломати рус. Аз мавқеи Русия Чин, Қазоқистон ва Боливия ҳимоят карданд.

Баргузории ҷаласаро Фаронса ва шаш узви дигари Шӯро -- Бритониё, ИМА, Шветсия, Лаҳистон, Кувайт ва Перу дархост карданд.

Артиши Сурия ҳафтаи ахир дар Ғутаи Шарқӣ, ки аз соли 2012 ба ин сӯ дар дасти мухолифон буд, амалиёти бузургеро анҷом дод. Ба иттилои Дидбони ҳуқуқи инсон дар Сурия, нирӯҳои Асад беш аз 80%-и ин минтақаро тасарруф кардаанд.

Кишварҳои ғарбӣ ва СММ аз ҳукумати Сурияву ҳампаймононаш, аз ҷумла Русия даъват доранд, ҳамлаҳоеро қатъ кунанд, ки боиси марги беш аз ҳазор сокини осоишта, аз ҷумла 215 кӯдак шудаанд.

Биноба маълумоти СММ, дар Ғутаи Шарқӣ беш аз 70 дар сади биноҳо тахриб шуда, шаҳр бо буҳрони инсонӣ рӯбарӯ аст. Корвони мошинҳои ҳомили дору ва маводи ғизоӣ чанд бор мешавад, ба далели задухӯрдҳои шадид аз роҳ боз мегарданд.

Раиси ҷумҳури пешини Фаронса Николя Саркозӣ боздошт шуд

Раиси ҷумҳури пешини Фаронса Николя Саркозӣ

Пулиси Фаронса раиси ҷумҳури пешин Николя Саркозиро боздошт кард. Хабаргузории Reuters рӯзи 20 март бо такя ба манбаҳои додгоҳӣ навишт, ки боздошти Саркозӣ ба сармоягузории маъракаи интихоботии соли 2007 рабт мегирад.

Ба навиштаи нашрияи La Monde, парвандаи сармоягузории маъракаи интихоботии Саркозӣ аз ҷониби мақомоти Либиё, соли 2013 боз шуд. Президенти собиқ имрӯз дар ҳоле таҳти боздошт қарор гирифт, ки барои иштирок дар мурофиаи павандааш ба додгоҳ ҳозир шуда буд. Додгоҳ акнун дар тули 48 соат мушахасс мекунад, ки Саркозӣ дар боздошт бимонад ё озод шавад.

Николя Саркозӣ аз соли 2007 то 2012 президенти Фаронса буд. Мақоми раёсатро ӯ дар интихоботи соли 2012 ба намояндаи ҳизби Сотсиалист Франсуа Олланд бохт.

Cанҷиши мошини беронанда дар ИМА пиёдагардеро қурбон кард

Ширкати Uber гуфт, ки баъд аз як садамаи нақлиётии маргбор санҷиши мошинҳои беронандаро дар тамоми шаҳрҳои ИМА қатъ кардааст. Рӯзи душанбе дар шаҳри Темпеи аёлати Аризона мошини беронандае як зани пиёдагардро пахш кард.

Ширкат мегӯяд, дар таҳқиқи ҳодиса бо мақомот ҳамкорӣ дорад. Ба иттилои Би-би-сӣ, Uber соли гузашта низ баъди он ки мошини Volvo дар Аризона чапа шуд, санҷиши мошинҳои бидуни ронандаро қатъ карда буд.

Раҳбари ширкат Доро Хисравшоҳӣ гуфт, ин фоҷеа ӯро хеле андуҳгин сохтааст.

Мошинҳои бидуни ронандаи ширкатҳои дигар низ дучори садама шудаанд. Мошини ширкати Google соли 2016 ба автобусе бархурда буд. Вале он замон касе осеб надид.

Ба татбиқи тарҳи мошинҳои беронанда як чанд ширкат, аз ҷумла Apple ва Tesla низ машғуланд.

Наврӯз фаро мерасад

Наврӯз ё Соли нави хуршедӣ дар Тоҷикистон соати 21:15 дақиқа ба вақти маҳаллии рӯзи сешанбеи 20-уми март фаро мерасад. Хурсанд Ибоддинов, раиси Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 20-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бар асоси тақвими насронӣ ё худ григорианӣ, дар соати 21:15 дақиқа рӯзу шаб баробар мешавад ва Наврӯз фаро мерасад.

Вай гуфт, ин шарҳи илмии ворид шудани Навруз ба Тоҷикистон аст, вале бар асоси арзиши тақвими фарҳангӣ, рӯзи 21-уми март Навруз истиқбол мешавад. Хурсанд Ибоддинов афзуд, ки бо дарназардошти тафовути замонӣ, соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз дар Тоҷикистон қабл аз Эрону Афғонистон ворид мешавад. Зеро аз лиҳози замонӣ, миёни Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон мутаносибан дувуним ва ним соат тафовути вақт вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ҷаноби Ибоддинов, се рӯз қабл аз фарорасии Наврӯз соли нави деҳқонӣ оғоз мешавад ва кишту кори баҳорӣ бо дуои кишоварзон дар саҳро шурӯъ мегардад. Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, бо поёни соли нави деҳқонӣ, соли нави хуршедӣ, яъне Наврӯз низ вориди Тоҷикистон мешавад. Ҷашнҳои аслии Наврӯзи имсола дар Душанбе, Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) ва Панҷакент баргузор мешаванд.

САҲА: интихоботи Русия бидуни рақобати воқеӣ баргузор шуд

Интихоботи президентии рӯзи 18-уми март дар Русия бидуни рақобати воқеӣ ва дар шароити маҳдуд шудани озодии баён, таҷаммуъ ва иттиҳодияҳо баргузор шуд. Ин нукта дар изҳороти муштараки Ассамблеи порлумонӣ ва Бюрои институтҳои демокративу ҳуқуқи инсони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) зикр шудааст.

Созмонҳои аврупоӣ мегӯянд, ба президенти кунунии Русия Владимир Путин, ки баранда эълом шуд, дар рафти маъракаҳои пешазинтихоботӣ назар ба номзадҳои дигар вақти бештар додаанд, то тавассути телевизион баромад кунад. Ҳамчунин маҳдудияти ба қайдгирии номзадҳо монеи рақобатпазирии интихобот шудааст.

Нозирони САҲА гуфтанд, дар интихоботи рӯзи якшанбеи Русия бо мақсади афзоиши шумори иштироккунандаҳо ба интихобкунандагон фишори бемаврид меоварданд ва фаъолонеро, ки дар бораи қонуншиканӣ мегуфтанд, боздошт мекарданд. Ҳамчунин кори расонаҳое маҳдуд карда шуд, ки раванди раъйдиҳиро бозтоб мекарданд.

Вале САҲА қайд кардааст, ки худи интихоботи 18-уми март муташаккилона ва фаъолияти Комисияи марказии интихоботи Русия босамар буд. Амали мақомоти Украина, ки нагузоштанд, шаҳрвандони Русия дар он кишвар раъй диҳанд, нақзи ҳуқуқҳои асосии инсон арзёбӣ шудааст.

Худи Владимир Путин рӯзи душанбе бо ҳафт номзади боқии дигар дар Кремл мулоқот карда, гуфт, ба хотири манофеи кишвараш бояд бо ҳам талош кунанд. Номзади Ҳизби коммунистии Русия Павел Грудинин пеш аз мулоқот пирӯзии Путинро эътироф карда, вале изҳор дошт, ки мансабдорони рус бо амалҳои худ интихоботи 18 мартро "ифлос" карданд.

Cафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ню-Йорк

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 20-уми март бо сафари корӣ озими Ню-Йорк шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ, ёвари президент дар умури байналмилалӣ ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Манбаъ мегӯяд, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон аз 21 то 23 март идома мекунад ва қарор аст раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи об дар Созмони Миллали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ кунад. Дар назар аст, ки дар ин сафар ӯ бо Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дидору гуфтугӯ кунад.

Бар асоси гузорише, ки аз сӯйи як гурӯҳи муташаккил аз 11 раиси ҷумҳур ва мушовирони онҳо мунташир шудааст, камбуди оби ошомиданӣ ба таври куллӣ аз мудирияти нокофии ин манбаи табиӣ аст. Ин гузориш дар таърихи 14-уми март ба Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ пешниҳод шудааст. Бинобар гузориши пойгоҳи иттилоотии Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2030-и мелодӣ ба иллати камбуди оби ошомиданӣ 700 миллион нафар муҳоҷират хоҳанд кард.

Эрон як Суфиро бо ҷурми куштори се ходими пулис ба марг маҳкум кард

Ходимони Пулиси Эрон ҷасади ҳамтои худро, ки зери чархи тарафдори суфиҳо кушта шуд, ба гуристон мебиранд.

Эрон тарафдори раҳбари Суфиҳоро, ки моҳи гузашта гурӯҳи афсарони пулисро бо автобус пахш кард ва се нафарро кушта бар ҷой гузошт, ба марг маҳкум кард.

Ҳодиса моҳи гузашта ҳангоми задухурди пайравони раҳбари Суфиҳои Гунободӣ - Нуралӣ Тобанда бо неруҳои амниятӣ дар Теҳрон рух дод.

Хабаргузории давлатии Эрон - ИРНА рӯзи 19 март навишт, ки марди муттаҳам дар куштори афсарони пулис - Муҳаммад Ризо Салас, барои шикоят аз ҳукми додгоҳ 20 рӯз фурсат дорад.

Дар ҷараёни мурофиаи ҳафтаи гузашта Салас гуфт, ки афсарони пулисро барқасдона накуштааст, ӯ танҳо талош дошт аз саҳнаи задухурд фирор кунад.

Тарафдорони Тобандаи 90-сола дар назди хонаи ӯ нишастаанд ва сарфи назар аз ваъдаи мақомот, ки нияти боздошти раҳбари Суфиҳоро надоранд, аз ин нигарон шудаанд, ки шояд мақомот ӯро дастгир кунанд.

Тасаввуф як шохаи ирфонии Ислом буда, дар Эрон мамнуъ нест. Аммо фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ҳукумати Эрон пайравони ин равия, бо шумули Гунободиҳо, яке аз равияҳои бузурги тасафввуфро таъқиб мекунад.

Биноба маълумоти Маркази ҳуқуқи башар, мақари он дар Ню Йорк, моҳҳои ахир якчанд дарвеш дар Эрон боздошт шуд.

Моҳи марти соли 2017, гузоришгари Созмони Милали Муттаҳид дар умури Эрон, аз рафтори мақомоти давлатӣ, ки Суфиҳоро ҳадаф қарор додаанд, изҳори нигаронӣ кард. СММ гуфт, ки Суфиҳо дар Эрон ба таври ғайриқонунӣ таъқибу боздошт ва бисёр вақт ба ҷиноятҳои марбут ба амнияти миллӣ айбдор мешаванд.

Вазири хориҷии Британия: Русия дар дурӯғҳои худ раҳгум задааст

Борис Ҷонсон- вазири умури хориҷии Британия

Инкори Русия дар заминаи даст доштанаш дар заҳролудшавии ҷосуси пешини Идораи кулли истихборот Сергей Скрипал то рафт пучу бемаънӣ мешавад. Дар ин бора вазири умури хориҷии Британия Борис Ҷонсон рӯзи 19 март ҳангоми суханронӣ дар ҳузури вазирони хориҷии Иттиҳоди Аврупо изҳорот дод.

Борис Ҷонсон гуфт, "онҳо аввал мегӯянд, ки ҳеҷ гоҳ "Новичок"-гази фалаҷкунандаи асабро, ки Скрипал ва духтараш бо истифода аз он заҳролуд шуд, истеҳсол накардаанд. Боз мегӯянд, ки "Новичок" истеҳсол шуда буд, аммо захоири он нест карда шуд, вале баъзеяш ба таври асрорангез дар Шведсия, Ҷумҳурии Чех, Словакия , ҳатто Амрико ва шоҳигарии Британия пайдо шуд".

Ба гуфтаи вазир, Британия бо шеваи классикии стратегияи Русия, пинҳон кардани сузан дар тӯдаи коҳи дурӯғ, рӯ ба рӯ шуд. Аммо ӯ афзӯд, ки баъди 12 соли марги Александр Литвиненко дар Лондон, касе ба русҳо бовар намекунад.

Ҷонсон гуфт, "дар гирди мизи Брюссел кишвареро ёфтан душвор аст, ки ба ин ё он бадкорӣ ва рафтори харобкоронаи Русия рӯ ба рӯ нашуда бошад, аз ин рӯ иродаи ҳамтоҳои аврупоии мо қатъи аст".

Раҳбари бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Моғеринӣ рӯзи душанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки баъди гузориши Борис Ҷонсон дар мулоқоти вазирони ИА, мавқеи нави иттиҳоди Аврупо дар робита ба заҳролудшавии Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, қабул хоҳад шуд.

Рӯзи 4 март Сергей Скрипал, ҷосуси пешини Идораи истихбороти кулли Русия ва духтари ӯ Юлия дар шаҳри Солсберӣ аз гази фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шуданд. Вазъи онҳо бисёр вазнин арзёбӣ мешавад. Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Британия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.

Миср аз ҳалокати 36 ҷангӣ ДИИШ дар нимҷазираи Сино хабар дод

Сарбозони артиши Миср ҳангоми ҳамла ба ҷангиён дар Сино

Нерӯҳои амниятии Миср дар амалиёти маҳви ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ", ки панҷ рӯз боз дар нимҷазираи Сино идома дошт, 36 ҷангиро маҳв карданд. Мақомоти низомии Миср дар ин бора рӯзи 19 март изҳорот доданд.

Артиш ҳамла бар зидди ҷангиёни ДИИШ-ро моҳи гузашта баъди ин оғоз кард, ки президенти Миср Абдул Фаттоҳ ал-Сисӣ, довталаби даври дуюми раёсат дар интихоботи моҳи равон, барои маҳви комили гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар Сино ба онҳо се моҳ вақт дод.

Ҷангҷӯён дар Сино баъди сарнагун шудани ҳукумати президенти исломӣ Муҳаммад Мурсӣ дар соли 2013 сар бардоштанд.

Соли 2015 ДИИШ масъулияти бомбгузорӣ дар ҳавопаймои Русияро бар дӯш гирифт, ки сайёҳонро аз истироҳатгоҳи Синои Ҷанубӣ ба Шарм-уш-Шайх мебурд. Дар ин бомгузориӣ 224 мусофир ба ҳалокат расид.

Нимҷазираи Сино бо Исроил ва Навори Ғазза ҳаммарз аст.

Фаъоли ҳуқуқи башари Узбекистон баьди 8 сол аз зиндон раҳо шуд

Фаъоли ҳуқуқи инсон Ғайбулло Ҷалилов. Акс аз бойгонӣ

Фаъоли ҳуқуқи башари Узбекистон Ғайбулло Ҷалилов баъди ҳашт соли маҳбусӣ аз зиндон озод шуд. Дар ин бора хонаводаи Ҷалилов ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Наздикони ӯ рӯзи 17 март гуфтанд, ки Ҷалилови 51-сола, узви созмони сабтнашудаи "Ҷамъияти ҳуқуқи инсон, рӯзи 16 март раҳо шуд ва ҳоло дар зодгоҳаш, воқеъ дар қисмати ҷанбуии Қашқадарё ба сар мебарад.

Ғайбулло Ҷалилов соли 2009 боздош ва баъдан бо ҷурми тарҳрезии ҳамлаи терористӣ ба фурӯдгоҳи шаҳри Қаршӣ ба муҳлати 13 сол зиндонӣ шуд.

Созмони ҳуқуқи башари Ҳюман Райтс Вотч ҳабси Ҷалиловро маҳкум кард ва парвандаи ӯро як парвандаи сохтаи сиёсӣ номид.

Наздикони Ғайбулло Ҷалилов мегӯянд, ки солҳои дар зиндон буданаш, ӯ пайваста шиканҷа мешуд.

Раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар аҳди президенти пешин Ислом Каримов нахуствазир буд, баъди марги ӯ дар соли 2016, бисёр маҳбусони сиёсиро аз зиндон раҳо кард.

Тоҷикистон ба "кудакони хориҷӣ" визаи сесола медиҳад

Тоҷикистон барои фарзандони шаҳрвандони ин кишвар, ки шиносномаҳои кишварҳои хориҷиро доранд, имтиёз ҷорӣ кард. Шаҳрвандони хориҷии то 25-сола, ки аз рӯзи таваллуд шаҳрвандии дигар давлатро ба даст оварда, вале падару модари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, бо раводиди вижаи навъи “ХС3” метавонанд визаи сесолаи ин кишварро ба даст оваранд.

Барои дарёфти чунин визаи имтиёзнок фарзандони хориҷии шаҳрвандони Тоҷикистон бояд шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи шиносномаи волидайнашонро пешниҳод кунанд. Чунин тасмим бар асоси тағйиру иловаҳо ба қарори ҳукумат “Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд” гирифта шудааст. Матни ин қарор рӯзи 17 март дар вебсайти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нашр шуд.

Дар идомаи ин хабар вазорат гуфт, ки шаҳрвандони 36 кишвари дигар ҳам акнун метавонанд аз рӯи тартиби соддашуда визаи Тоҷикистонро дарёфт кунанд. Шумори умумии кишварҳое, ки шаҳрвандонаш метавонанд аз роҳи содда соҳиби визаи Тоҷикистон шаванд, 112 ададро ташкил дод.

Дар миёни кишварҳои тоза иловашуда кишварҳои аврупоии мисли Албания, Сербия, Черногория, Македония ва давлатҳои хориҷаи дур, назири Ҷумҳурии Доминикан, Ҷазираҳои Сейшел, Шри Ланка, Ямайка ва дигарҳо номбар мешаванд.

Хоҳишмандони сафар ба Тоҷикистон метавонанд аз роҳи гирифтани визаи электронӣ ва бидуни муроҷиат ба сафоратхони Тоҷикистон ба ин кишвар ҳадди аққал ба мӯҳлати 45 рӯз сафар кунанд.

Памфилова: қонуншиканӣ дар интихобот ду барбар камтар аз соли 2012 буд

Раиси Камиссия интихотии Русимя Элла Памфилова

Дар ҳавзаи се минтақаи Русия натиҷаи интихоботи президентии рӯзи 18 март бекор карда шуд. Ду ҳавза дар вилояти Кемеров қарор дорад. Дар ин бора Элла Памфилова, раиси Камиссияи интихоботи Русия (КМИР) рӯзи 19 март хабар дод.

Қаблан гуфта шуд, ки баъди дар интернет пайдо шудани навори видеоии ба қуттӣ партофтани бастаи баргаҳо, Камиссия натиҷаи интихоботро дар минтақаи Любертсии вилояти Маскав лағв кард. Ба КМИР ҳамчунин роҷеъ ба лағви натиҷаи интихобот дар дар яке аз ҳавзаҳои водии Карснодар ва Доғистон маълумот расид.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи Памфилова, нақзи қонун дар интихоботи рӯзи якшанбе ду баробар камтар аз соли 2012 буд.

Мақомот иштироки овоздиҳандаҳоро дар интихоботи рӯзи 18 март 67 дар сад шумурданд. Дар маҷмуъ дар ин маърака 73 миллион нафар иштирок кард. Ҳудудан 77 дар сади райдиҳандаҳо (беш аз 56 миллион) ба тарафдории раиси ҷумҳури феълӣ Владимир Путин овоз доданд. Ин баландтарин рақам дар карераи сиёсии Путин аст. Дар ҷойи дуюм бо 12 дар сад номзади ҳизби Коммунист Павел Грудинин ва дар ҷойи сеюм бо 6 дар сад номзади ҳизби Либерал-Демократ Владимир Жириновский қарор дорад. Ду дар сад ба ҷонибдории Ксения Собчак, номзади мустақил ва каме бештар аз як дар сад ба Григорий Явлинский, раҳбари "Яблоко" овоз доданд.

Посухи Путин ба пурсишҳо дар бораи сарвазири нави Русия ва нақшаҳояш

Путин овоз медиҳад

Президенти Русия Владимир Путин, ки бино ба маълумоти пешакӣ, дар интихоботи президентӣ беш аз 75 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст, дар ситоди интихоботияш суханронӣ кард.

Ӯ гуфт, феълан қасди тағйир додани Конститутсияи Русияро надорад ва ҳамчунин дар бораи номзадии сарвазири нави кишвараш ҷиддан фикр накардааст. Путин ба ин суол ки сарвазири кунунӣ Дмитрий Медведев курсии худро ҳифз мекунад, ё не, ҷавоб надод.

Раиси ҷумҳури Русия пурсиш дар бораи як давраи дигари президентиро "каме хандаовар" номид ва гуфт "чӣ магар ман то 100-солагиам инҷо менишинам? Не".

Пештар Владимир Путин дар тазоҳуроте ба ҷонибдоронаш миннатдорӣ баён кард. "Шумо гуруҳи умумии моед. Ҳамаи он шахсоне, ки имрӯз раъй доданд, гуруҳи бузурги умумимиллии мо ҳастанд", - изҳор дошт Путин дар назди иштирокчиёни тазоҳуроти "Русия. Севастопол. Қрим" дар майдони Манежи Москва.

Путин сокинони Русияро ба ваҳдат даъват кардва гуфт, "бо мулоҳизаҳои фурсатталабона раҳбарӣ намекунем, мо дар бораи ояндаи фарзандонамон хоҳем андешид. Дар якҷоягӣ корро ба номи Русия оғоз хоҳем кард", - афзуд ӯ.

Бар пояи ҳисоби 80%-и варақаҳои раъйдиҳӣ, Путин 75,1% ва номзади Ҳизби коммунистии Русия Павел Грудинин 13,38 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд.

Президент Трамп прокурори вежаро мустақиман танқид кард

Доналд Трамп - суолу ҷавоб бо хабарнигорон

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп прокурори вежаи таҳқиқи қазияи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016 дар Амрико, Роберт Мюллерро бори аввал мустақиман танқид кард.Трамп таҳқиқотро нодуруст номид ва бори дигар гуфт, ки дар байни тими интихоботии ӯ ва Маскав ҳеҷ созише вуҷуд надошт.

Як рӯз пеш аз ин Ҷон Доуд - вакили Трамп гуфт, ки таҳқиқоти Мюллер бояд қатъ шавад. Доуд, ки дар оғоз гуфт, ин изҳоротро аз номи президент пахш мекунад, баъдан аз гапаш гашт ва гуфт, ки ақидаи худро баён кард.

Бори аввал нест, ки Трамп аз таҳқиқоти дахолати Маскав ба маъракаи интихоботӣ танқид мекунад. Аммо бори аввал аст, ки ӯ дар интиқодаш аз прокурори вежа Роберт Мюллер ном бурд. Ин изҳорот дар заминаи дахолат накардан ба раванди таҳқиқот, нигаронии ҳамҳизбҳояшро ба бор овардааст,- гуфт Би-Би-Си рӯзи 18 март.

Охири ҳафта Трамп муовини раҳбари Идораи таҳқиқоти федеролии Амрико Эндрю Маккейбро, ки рӯзи ҷумъа, ду рӯз пеш аз бознишастагиаш аз вазифааш озод шуд ва раҳбари пешини ин идора Ҷеймс Комиро, ки Трамп ӯро соли гузашта аз мақомаш барканор кард, дар твиттер шадидан интиқод кард. Трамп Комиро ба дуруғгӯӣ дар Конгресс, ёддоштҳои ӯро аз мулоқоти ахираш бо президент ва ҳамин тавр ёддоштҳои Макейбро "хотироти дуруғин" унвон кард.

Боздиди Башор Асад аз мавзеи нирӯҳояш дар Ғутаи Шарқӣ

Башор Асад бо хабарнигорон дар Димишқ сӯбат мекунад

Телевизиони давлатии Сурия бо пахши як гузориши вижа хабар дод, ки президенти ин кишвар Башор Асад 18 март аз Ғутаи Шарқӣ боздид ва бо нирӯҳои ҷонибдори худ мулоқот кард.

Наворҳои телевизионӣ ва аксҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки Асад дар миёни як гуруҳи низомиён қарор дорад.

Артиши Сурия тайи ҳафтаи ахир дар Ғутаи Шарқии ин кишвар, ки аз соли 2012 ба ин сӯ дар дасти мухолифон буд, амалиёти бузургеро анҷом дод. Ба иттилои Маркази назорати риояи ҳуқуқи инсон дар Сурия, нирӯҳои Асад беш аз 80%-и ин минтақаро тасарруф кардаанд.

Кишварҳои ғарбӣ ва СММ аз ҳукумати Сурияву ҳампаймонҳояш, аз ҷумла Русия даъват мекунанд, ки ҳамлаҳоро қатъ кунанд. Ба гуфтаи дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, "ин ҳамлаҳо Ғутаро барои сокинонаш ҷаҳаннам табдил дод".

Маҳви 35 ҷангҷӯи ДИ дар Афғонистон

Сарбозони амниятии Афғонистон дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ

Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар вилояти Ҷузҷон дар шимолу ғарби Афғонистон 35 ҷангҷӯи гуруҳи "Давлати исломӣ" кушта шуд.

Расонаҳои Афғонистон ҳамчунин аз асир афтодани 13 ҷангҷӯи дигар хабар медиҳанд.

Ба навиштаи расонаҳо, миёни ҷангҷӯёни кушташуда 7 танашон шаҳрвандони Узбекистонанд.

Ҳамлаҳои ҳавоӣ дар вилояти Ҷузҷон субҳи рӯзи шанбеи 17 март сурат гирифтааст.

Як мард дар Ҳамадонӣ духтар ва ҳамсояашро бо зарби бел кушт

Як сокини деҳаи Тудабоёни ноҳияи Ҳамадонӣ ба иттиҳоми одамкушӣ боздошт шудааст. Мақомот мегӯянд, ки ин мард ба бемории рӯҳӣ гирифтор будааст.

Ба иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин сокини 31-солаи деҳаи Тӯдабоёни ноҳии Ҳамадонӣ рӯзи 16-уми март дар ҳавлии истиқоматиаш ба ҳамсар ва ду духтари 3 ва 4 солааш бо бел ҳамла карда, ба сару рӯи онҳо чандин зарба задааст. Ба иттилои манбаъ, сипас ӯ ба ҳавлиҳои ду ҳамсояи дигараш ворид шуда, ду зан ва фарзандони онҳоро низ бо бел латукӯб намудааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар натиҷа духтари 3-солаи ин мард ва ҳамсоязан бар асари ҷароҳатҳо, дар роҳ ба беморхона ҷон бохтаанд. Ҳамсар, духтари 4-сола ва зани 32-солаи ҳамсояи ин мард дар ҳоли ҳозир дар бемористон бистарӣ мебошанд.

Даргузашти вакили порлумон Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров

Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров.

Муҳаббатшо Рӯзадоров, вакили Маҷлиси намояндагон дар синни 63-солагӣ даргузашт. Масъулини Маҷлиси намояндагон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Муҳаббатшо Рузадоров субҳи имрӯз, 19-ум март дар манзили зисташ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ҳамкорони Рӯзадоров мегӯянд, ки ӯ аз бемории дил ранҷ мебурд. Ҷасади Рӯзадоров ба зодгоҳаш ноҳияи Рӯшон интиқол дода шуд ва қарор аст маросими ҷанозаи ӯ фардо, 20-уми март баргузор шавад.

Муҳаббатшо Рӯзадоров, 13 октябри соли 1955 дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон таваллуд шудааст. Ӯ қаблан аз соли 2001 то 2010 ду даъват вакили палатаи поёнии порлумон буд. Пеш аз ин ду сол ҳамчун барномарези “Барномаи Инсоншиносии Оғохони IV барои Осиёи Марказӣ” кор кардааст. Рӯзадоров солҳои 2006-2009, муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буд.

Муҳаббатшо Рӯзадоров аз соли 2009 то 2014 ба ҳайси мушовири президенти Тоҷикистон оид ба илм ва технологияҳои муосир фаъолият кардааст. Баъд аз ин ӯ ба вазифаи мушовири бахши ёрдамчии президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гузашт ва то соли 2015 ва то интихоб шуданаш ба вазифа вакилӣ дар ин вазифа буд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён

Имрӯз, 19-уми март мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни тоҷик баргузор мешавад. Як манбаъ дар Иттифоқи нависандагон ба Радиои Озодӣ гуфт, мулоқоти раисҷумҳур бо зиёиёни тоҷик дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат мегирад. Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар ҳамасола дар арафаи Иди Наврӯз доир мешавад. Аммо зиёиёни Тоҷикистонро зиёд интиқод мекунанд, ки дар мулоқоти рӯбарӯ бо раисҷумҳур, мушкилотҳои ҷомеаро матраҳ намекунанд. Коршиносон мегӯянд, аҳли зиё аз ин фурсат истифода намебарад, балки ба мадҳу сано мегузарад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 18-уми феврали соли 2019
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG