Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Тарафдорони Саакашвилӣ истеъфои Порошенкоро талаб карданд

Михаил Саакашвилӣ

Тарафдорони Михаил Саакашвилӣ дар Киев истеъфои президент Петро Порошенкоро талаб карданд. Садҳо нафар рӯзи 18-уми март дар кӯчаи Истиқлоли пойтахти Украина ҷамъ омаданд.

Даҳҳо пулис дар маҳалли тазоҳурот вазъро назорат мекунанд. То ба ҳол аз даргирӣ миёни эътирозгарону маъмурони пулис хабар нарасидааст.

Тазоҳурот баъди чанд ҳафтаи аз байн бурдани “лагер”-и эътирозгарон дар назди бинои порлумон сурат мегирад. Ин урдугоҳ соли гузашта аз тарафи ҷонибдорони Михаил Саакашвилӣ, собиқ раиси ҷумҳури Гурҷистон ва волии пешини Одесса ташкил шуда буд.

Михаил Саакашвилиро моҳи феврали имсол аз Украина ба Полша (Лаҳистон) ихроҷ карданд.

Дар Кашмир панҷ узви як хонаводаи ҳиндӣ кушта шуд

Дар натиҷаи тирпаронии нирӯҳои Покистон панҷ узви як хонаводаи ҳиндӣ дар минтақаи баҳсии Кашмир кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи 18-уми март сурат гирифтааст.

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки рӯзи 17-уми март дар натиҷаи тирпаронии нирӯҳои Ҳинд бар минтақаи таҳти назорати ин кишвар дар Кашмир 9 нафар захмӣ шуд.

Ҳинду Покистон, ду ҳамсояи дорои аслиҳаи атомӣ, монанди гузашта якдигарро ба оғози тирандозӣ муттаҳам кардаанд. Онҳо мегӯянд, тирандозиашон ҷавоб ба ҷониби муқобил буд.

Танишҳо байни ду кишвар баъди он шиддат ёфт, ки дар натиҷаи ҳамла бар як пойгоҳи Ҳинд дар ин минтақа шаш сарбоз кушта шуданд.

Аз соли 1947 ба ин тараф Ҳинду Покистон иддаои соҳибӣ болои минтақаи Кашмирро доранд.

Муҳаммад бин Салмон ба мулоқоти Доналд Трамп меравад

Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ

Эрон аз ҳусиҳои шиамазҳаби Яман пуштибонӣ мекунад ва Саудӣ аз сунниҳо. Эрон иттиҳомотеро рад мекунад, ки гӯё ин кишвар ба шӯришиён силоҳу таҷҳизот медиҳад.

Аммо Иёлоти Муттаҳида Амрико ва саудиҳо аснод ироа мекунанд, Эрон барои шӯришиёни ҳусӣ мушакҳоро фароҳам карда ва онҳо ин мушакҳоро бар хоки Арабистон партоб менамоянд.

Эҳтимол раиси ҷумҳури Амрико ва Муҳаммад бин Салмон шояд рӯи ихтилоф байни Қатар ва кишварҳои эътилоф ба раҳбарии Арабистони Саудӣ низ суҳбат кунанд.

Путин овоз дод. ВИДЕО

Владимир Путин

Владимир Путин – раиси ҷумҳури кунунии Русия ва номзад ба мақоми президент – дар интихоботи рӯзи 18-уми март овоз дод. Хабаргузории “Интерфакс” навишт, Путин мисли интихоботҳои гузашта дар нуқтаи раъйдиҳии воқеъ дар бинои Академияи илмҳои Русия ҳозир шуд.

Путин дар интихоботи рӯзи якшанбе аз номзадҳои аслӣ гуфта мешавад. Пештар Кремл гуфта буд, ки ба пирӯзии “номзади аслӣ” бо дарёфти 70 дарсади раъйи сокинон бовар дорад.

Қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Русия ва намояндагиҳои он кишвар дар хориҷ субҳи 18-уми март боз шуд. Мақомот гуфтанд, ки дар ин интихобот ҳузури густурдаи раъйдиҳандагонро шоҳид шуданд.

Элла Памфилова, раиси Кумисюни марказии интихоботи Русия, гуфт, барои мисол то соати даҳ ба вақти Маскав ҳудуди 17 дарсади афроди қобили раъй иштирок кардаанд, ки тақрибан се дарсад дар муқоиса ба соли 2012 бештар аст.

Дар ҳамин ҳол, нозирони интихоботӣ мегӯянд, дурбинҳои назоратӣ аз сандуқҳои раъйдиҳӣ дуртар насб шуда, номи афроди фавтида дар рӯйхатҳо мушоҳида шудааст.

Дар интихоботи рӯзи 18-уми март дар Русия ҳашт нафар номзаданд.

Нирӯҳои таҳти ҳимояти Туркия Афринро гирифтаанд

Нирӯҳои артиши озоди Сурия, ки таҳти ҳимояти Туркия ҳастанд, субҳи 18-уми март вориди шаҳри Африн дар шимоли ғарби Сурия шуданд.

Хабаргузории “Анадолу” аз қавли Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гузориш дод, ки артиши озоди Сурия назорати Афринро дар даст гирифт. Бино ба ин гузориш, амалиёти вуруд ба шаҳр ва таҳти контрол қарор додани он дар ним соат тамом шудааст.

Хабаргузории “Ройтерс” низ аз қавли сухангӯи артиши озоди Сурия гузориш дод, ки нирӯҳои ин гуруҳ субҳи якшанбе бидуни ҳеч муқовимат аз тарафи нирӯҳои курд вориди Африн шуданд.

Телевизиони давлатии ТРТ-и Туркия низ тайи гузорши фаврӣ аз суқути шаҳри Африн хабар додааст.

Туркия дар оғози соли ҷорӣ дар минтақаи Африн амалиёти низомиеро бо номи рамзии “Шохаи зайтун” ба роҳ монд. Мақомоти Туркия гуфтанд, ҳадафи амалиёт аз хоки Африн берун кардани ҷангиёни марбут ба Воҳидҳои ҳимоят аз мардум, як гурӯҳи курдҳои Сурия, аст. Шумораи ҷангиён дар ҳайати ин воҳидҳо аз 8 то 10 ҳазор нафар гуфта мешавад.

Зимнан, ин ҷангиён дар мубориза зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” саҳми назаррас доштанд. Вале Туркия Воҳидҳои ҳимоят аз мардумро як созмони террористӣ арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, онҳо бахше аз Ҳизби ғайриқонунии коргарии Курдистон ҳастанд.

“Бозгашт ба Бухоро” – достони нави Шаҳзодаи Самарқандӣ

Шаҳзодаи Самарқандӣ

Шаҳзодаи Самарқандӣ (Назарова) – нависанда ва хабарнигори тоҷики муқими Ҳолланд – имсол романи чаҳорумашро бо номи "Бозгашт ба Бухоро" (Back to Bukhara) чоп хоҳад кард.

Ӯ рӯзи 18-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин роман ба забони англисӣ буда, дар мавзӯи мавриди алоқааш, яъне "пайдо кардани ҳувияти фардӣ ва ҷамъии тоҷикон" баҳс мекунад. "Ин роман аз диди таърихӣ ва равобити Аморати Бухоро бо Бритониё навишта шудааст", - шарҳ дод ӯ.

"Бозгашт ба Бухоро" романи дувуми Шаҳзодаи Самарқандӣ ба забони англисӣ хоҳад буд. Қаблан, соли 2016, романи ӯ бо номи "Синдроми Стокҳолм" аз тарафи Дориюши Муҳаммадпур ба англисӣ тарҷума шуда, охири ҳафтаи гузашта дар Лондон ва Кембриҷ рӯнамоӣ гардид.

"Синдроми Стокҳолм" бо забони русӣ ва тоҷикиву хатти форсӣ ҳам нашр шудааст. Шаҳзодаи Самарқандӣ гуфт, ҳоло яке аз ноширони Туркия ибрози алоқамандӣ намудааст, ки ин романро ба забони туркӣ низ тарҷума ва нашр хоҳад кард.

Шаҳзодаи Самарқандӣ гуфт, моҳи майи имсол ҳамаи романҳояш аз ҷониби интишороти “Ақли Сурх” ва “HS Media” тур ё гардиши ҷаҳонӣ хоҳанд дошт. Аз ҷумла, дар ҷашнвораи байналмилалии “Китоби Теҳрон бидуни сонсур” дар шаҳрҳои Лондону Порис, Копенгаген, Роттердам, Амстердам, Олмон ва Лос Анҷелес.

Шаҳзодаи Самарқандӣ муаллифи достонҳои “Замини модарон” ва “Регистон” низ ҳаст, ки ба ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ нашр шудаанд.

Ӯ фориғуттаҳсили бахши забону суханшиносии тоҷикии Донишгоҳи Самарқанд буда, дар риштаи филмсозӣ дар Лондон чанд давраи омӯзишро гузаштааст.

Зоиров: Дар шароити кунунӣ узви ҲСДТ будан қаҳрамонист

Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров – раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон – дар шароити кунунӣ узвият ва тарафдорӣ аз ҳизбашро қаҳрамонӣ донист.

Ӯ рӯзи 18-уми март дар як паёми бахшида ба бистсолагии таъсиси ҲСДТ гуфт, “дар назди ҳар яке аъзо ва ҷонибдорони ҳизб сари таъзим фуруд меорам.”

Анҷумани нахустин ё таъсисии Ҳизби сотсиал-демократ 18-уми марти соли 1998 баргузор шудааст. Раҳматилло Зоиров дар паёми идонааш гуфт, ҲСДТ аз рӯзи таъсис “ба муборизаи сиёсии созанда ворид шуда, танҳо дар чаҳорчӯби қонун амал мекунад ва хоҳад кард.”

“Барои ҲСДТ дарёфти давлати адолатпеша ва ҳуқуқбунёд, муҳофизати манфиатҳои ҷомеаи озоду таҳаммулпазир ҳадафи асосӣ буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд”, - таъкид кардааст ӯ.

Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон бо тақрибан 12 ҳазор узв яке аз ҳафт ҳизби сиёсӣ дар кишвар аст, ки расман фаъолият дорад. Коршиносон мегӯянд, аммо тақрибан ду сол боз ин ҳизби мухолиф аз худ камтар дарак дода, саҳнаи сиёсатро холӣ гузоштааст.

Дар гузашта талошҳои ин ҳизб барои касби курсӣ дар порлумон бенатиҷа анҷомида, ин ҳизб дурустии натиҷаҳои интихоботро ҳамеша зери суол бурдааст.

Аммо ахиран баъзе намояндагони ин ҳизб гуфтанд, ки ин созмони сиёсӣ дар шароити кунунӣ ба таври зарурӣ корашро пеш бурда наметавонад ва беҳтар аст, муваққатан баста шавад.

Муовини Трамп: Покистон барои шикасти Толибон иқдом кунад

Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико

Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури Амрико, аз нахуствазири Покистон хостааст, ки барои шикасти Толибон бо Вашингтон ҳамкории наздик дошта бошанд.

Кохи Сафед рӯзи 17-уми март гуфт, Майк Пенс дар дидор бо Шоҳид Ҳоқон Аббосӣ хостааст, Покистон дар баробари шабакаи Ҳаққонӣ алайҳи Толибон ва гуруҳҳои дигари террористӣ дар он кишвар иқдом намояд.

Пенс, инчунин, гуфтааст, Исломобод дар ин маврид метавонад бо Амрико аз наздик кор кунад. Дар хабарнома ҷузъиёти бештар дода нашудааст, аз ҷумла маълум нест гуфтугӯҳо дар кадом фазо баргузор шудааст.

Дар баъзе аз гузоришҳо омадааст, нахуствазири Покистон бо сафари шахсӣ ба Вашингтон рафта, сипас, бо муовини раиси ҷумҳури Амрико дидор кардааст.

Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Чин

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Сӣ Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ва ҳамсараш. Моҳи сентябри соли 2014, шаҳри Душанбе

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як нома Сӣ Ҷинпинро барои дубора интихоб шуданаш ба мақоми раҳбари Чин табрик гуфтааст. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки ин нома рӯзи 17-уми март ирсол шуд.

Сӣ Ҷинпин, ки соли 2013 ба қудрат расид, як давраи панҷсолаи раёсати ҷумҳуриро паси сар кард. Порлумони он кишвар рӯзи 17-уми март ӯро бори дувум раиси ҷумҳур баргузид. Ба тарафдорӣ аз ӯ 2970 вакил раъй додаанд.

Дар гузашта раиси ҷумҳури Чин ҳақ дошт, танҳо ду давраи панҷсолӣ раёсат кунад. Аммо бар асоси ислоҳи Қонуни асосии Чин, ки ҳафтаи гузашта сурат гирифт, Сӣ Ҷинпин ҳақ дорад, бе маҳдудият дар қудрат бимонад.

Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ ба Сӣ Ҷинпин рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва “таҳкими нуфузу эътибори Чин дар арсаи байналмилалиро” дастоварди бемисли ӯ хондааст. “Интихоби якдилонаи дубораи Шумо ба ин мансаби олии давлатӣ нишонаи возеҳи дастгирии қавии роҳи сиёсии Шумо аз ҷониби ҷомеаи Чин мебошад”, - афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Дар охир раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳори бовар кардааст, ки муносибати шарикии стратегии Душанбеву Пекин идома пайдо хоҳад кард.

Сӣ Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 ҳамроҳи ҳамсараш ба Тоҷикистон омада, як шом меҳмони хонаводаи президент Эмомалӣ Раҳмон низ буд.

Дар ҳоле ки Сӣ Ҷинпин барои дастовардҳои иқтисодӣ тавсиф мешунавад, кишвараш солҳо боз аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои нақзи озодиҳои баён ва ақида, фишор ба рӯзноманигорон, интернет ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, интиқод мешавад.

Беш аз ҳафт ҳазор нафар Ғутаи Шарқиро тарк кардаанд

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, рӯзи 17-уми март беш аз 7 ҳазор нафар минтақаи Ғутаи Шарқии Сурияро тарк кардаанд.

Дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши Сурия ва ҳавопаймоҳои ҷангии Русия болои Ғутаи Шарқӣ даҳҳо ҳазор нафар ин минтақаро тарк гуфта, худро ба ҷойҳои амн расондаанд. Созмони Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, мегӯяд, дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои русӣ рӯзи 16-уми март дар Ғутаи Шарқӣ ҳадди ақал 80 ғайринизомӣ кушта шуданд.

Бо ин хабар, шумори кушташудаҳо дар Ғутаи Шарқӣ дар як моҳи гузашта ба беш аз 1300 нафар расид.

Дар айни ҳол амалиёти нирӯҳои Туркия барои бозпасгирии шаҳри Африн аз ҷангҷӯёни курд дар шимоли Сурия ҳамчунон идома дорад. Бар асоси гузориши Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, амалиёт дар шаҳри Африн ҳазорҳо танро маҷбур ба тарки хонаҳояшон кардааст.

Ба қавли масъулони созмон, рӯзи ҷумъа ҳудуди 15 ҳазор тан аз шаҳри Африн фирор карданд.

"Доналд Трампи хурдӣ ва ҳамсараш ҷудо мешаванд"

Доналд Трампи хурдӣ

Доналд Трампи хурдӣ, писари калонии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамсараш Ванесса аз ҳам ҷудо мешаванд. Шабакаи телевизионии CNN дар ин бора бо такя ба аризаи муштараки онҳо хабар дод.

Никоҳи Трампи хурдӣ ва Ванесса 12 сол идома кард. Онҳо гуфтаанд, ки акнун ба нигоҳубин ва меҳрубонии панҷ фарзанди худ авлавият хоҳанд дод.

Расонаҳои Page Six ва New York Daily News хабар доданд, ки келини раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе барои талоқ аз шавҳараш ба Додгоҳи олии Манҳеттен муроҷиат кардааст. Аммо дар Кохи Сафед ин хабарро тавзеҳ намедиҳанд.

Аризаи Ванесса дар ҳамон рӯзе ба додгоҳ супурда шуд, ки додситони махсус Роберт Мюллер, масъули таҳқиқи дахолати эҳтимолии Маскав дар интихоботи президентии соли 2016, аз Trump Organization санадҳои муртабит бо Русияро бидиҳанд. Бино ба гузоришҳо, Мюллер маводеро талаб кардааст, ки ба фаъолияти соҳибкории Трамп дар Русия иртиботи мустақим мегирад.

“Эҳтимол Ванесса мехоҳад, худро аз ин таҳқиқот дур бигирад”, – ишора кардааст яке аз манбаъҳои New York Daily News.

Русия гуфт, 23 дипломати Бритониёро ихроҷ мекунад

Лори Бристоу, сафири Бритониё дар Русия

Мақомоти Русия ба Лори Бристоу – сафири Бритониё дар Маскав – гуфтанд, ки 23 дипломати ин кишварро ихроҷ мекунанд. Бристоу рӯзи 17-уми март ба Вазорати корҳои хориҷии Русия эҳзор шуда буд.

Ба ин дипломатҳо як ҳафта муҳлат дода шудааст, то қаламрави Русияро тарк кунанд.

Бар илова, намояндагии Шӯрои Бритониё дар Русия баста хоҳад шуд. Ин шӯро созмони ғайрисиёсӣ буда, Бритониёро дар бахши илму маориф дар ҷаҳон намояндагӣ мекунад.

Русия, инчунин, ризоияташро барои ифтитоҳи консулгарии генералии Бритониё дар шаҳри Санкт-Петербург пас гирифтааст.

Мақомоти Вазорати умури хориҷии Русия дар як изҳорот гуфтанд, ки ин иқдоми ҷавобии Маскав ба ихроҷи 23 дипломати рус аз Лондон аст. Ҳафтаи гузашта Бритониё дар робита ба қазияи заҳролудшавии ҷосусуи пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар шаҳри Солсбери берун кард.

Мақомоти Бритониё дар заҳролудшавии Скрипал ва духтараш Русияро айбдор мекунанд. Вазири умури хориҷии Бритониё Борис Ҷонсон рӯзи 16-уми март гуфт, истифодаи гази фалаҷкунандаи асаб дар қаламрави шоҳигарии Бритониё, эҳтимол бо фармони шахсии президенти Русия Владимир Путин сурат гирифтааст.

Скрипал ва духтараш дар ҳолати вазнин дар бахши эҳёгарии бемористон ҳастанд.

Маскав аслан даст доштани худ дар ин қазияро рад мекунад. Мақомот мегӯянд, дар Русия ҳеч вақт гази фалаҷкунандаи асаб – “Новичок” – истеҳсол нашудааст ва, баръакс, Бритониёро муттаҳам менамоянд, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса бо Русия ҳамкорӣ намекунад.

Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Бритониё дар Русия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.

Атбои Русия дар Украина наметавонанд раъй диҳанд

Сафорати Русия дар Киев. Моҳи сентябри 2016

Русҳои муқими Украина наметавонанд, ки дар интихоботи президентии кишвари худ иштирок кунанд. Арсен Аваков, вазири умури дохилии Украина ин мавзуъро рӯзи 16-уми март дар саҳифаи Фейсбукаш навишт.

Ба қавли ӯ, чораҳои амниятӣ барои маъмуриятҳои дипломатии Русия дар шаҳрҳои Украина, аз ҷумла Киев, Харков ва Одесса, дастарсӣ ба имконот барои раъйдиҳандагонро дар интихоботи Русия фароҳам намекунад.

Ин иқдомро Украина пас аз он рӯи даст гирифт, ки Русия эълон кард шаҳрвандони нимҷазираи Қрим ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботи 18-уми мартро доранд. Русия соли 2014 Қримро ба хокаш ҳамроҳ кард ва мавриди интиқоди шадиди Украина ва Ғарб қарор гирифт.

Константин Косачев, раҳбари Кумитаи умури байналмилалии Шӯрои Федератсиюни Русия ин иқдоми Киевро нодуруст ва нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Русия номид. Хабаргузории “Интерфакс” аз қавли ӯ навишт, “дар мавриди ин таҳдид ба демократия ва озодии шаҳрвандон бояд бо тамоми овоз дар ҳамаи минбарҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, САҲА ва Шӯрои Аврупо гуфт.”

Додситони кулли Амрико муовини раиси ФБР-ро барканор кард

Эндрю Маккейб

Ҷеф Сешнз, додситони кулли Амрико, Эндрю Маккейб –муовини Бюрои федеролии тафтишотро аз мақомаш барканор кард.

Қаблан Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз ончи ҳаракати муғризонаи Маккейб алайҳи худаш ва ҷонибдории ӯ аз Ҳилларӣ Клинтон номид, интиқод карда буд.

Додситони кулли Амрико гуфт, муфаттишон ба ин натиҷа расидаанд, ки Эндрю Маккейб ба ифшои ғайриқонунии иттилоот ба расонаҳо даст зада, дар чанд маврид пас аз адои савганд дар кораш содиқ набудааст.

Аммо Маккейб ин иттиҳомро рад кард. Ӯ гуфтааст, барканориаш бахше аз талоши бузург барои садама задан ба ФБР ва дар маҷмуъ мутахассисони бахши истихборот аст.

Остона пешниҳоди Лавровро барои бознигарии визаи амрикоиҳо рад кард

Сергей Лавров

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон пешниҳоди Русия, дар робита бознигарии низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Ийолоти Муттаҳидаи Амрикоро рад кард.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи 15 март дар Маскав гуфт, созишномае, ки сафари бидуни раводиди амрикиҳо ба Осиёи миёнаро таъмин мекунад, бояд дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии Авросиё бознигарӣ шавад.

Қазоқистон ва Русия, якҷо бо Қирғизистон, Арманистон ва Беларусия узви Иттиҳоди Авросиё мебошанд.

Анвар Ҷайнақов- сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон рӯзи 16 март гуфт, ки Иттҳоди иқтисодии Авросиё ташаккули сиёсӣ нест ва доираи фаъолияташ танҳо масоили иқтисодӣ аст".

"Ҷорӣ кардан ва ё лағви раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ салоҳияти ҳар як давлати мустақил аст...Вақто онҳо созишномаи Иттиҳоди Авросиёро таҳия карданд.. давлатҳои узв..розӣ шуданд, ки масоили марбут ба истиқлолият аз салоҳияти ин гурӯҳ берун аст",- гуфт Жаинақов.

Қазоқистон сафари шаҳрвандони Амрико, Олмон, Фаронса, Ҳолланд, Италия ва чанд давлати дигарро соли 2014 аз раводид озод кард ва ба онҳо ҳақ дод, то 15 рӯз бидуни гирифтани виза дар Қазоқистон бимонанд.

Остона баъдан ин 15 рӯзро ба 30 рӯз ва рӯйхати кишварҳои соҳиби имтиёзро ба 45 расонд.

Кишвари дигари узви Авросиё - Қирғизистон, аз соли 2012 ба ин тараф раводидро барои бахши умдаи шаҳрвандони давлатҳои Ғарбӣ, бо шумули ИМА, бекор ва будубоши онҳоро дар қаламрави кишвар 60 рӯз муқаррар кард.

Беларусия низ соли гузашта раводидро барои сафарҳои кӯтоҳи намояндагони 80 кишвар, бо шумули Амрико ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, лағв намуд.

Борис Ҷонсон: "Фармони заҳролуд кардани Скрипалро Путин додааст"

Борис Ҷонсон

Вазири умури хориҷии Британия Борис Ҷонсон гуфт, ки истифодаи гази фалаҷкунандаи асаб дар қаламрави шоҳигарии Британия, эҳтимол бо фармони президенти Русия Владимир Путин сурат гирифтааст. Дар ин бора Reuters рӯзи 16 март бо такя ба изҳороти вазир хабар дод.

"Мо ба Русия мухолифате надорем. Ҳодисае, ки рух дод набояд мояи русбадбинӣ шавад. Ихтилофи мо бо Путин в Кремл аст ва ба назари мо ба эҳтимоли зиёд истифодаи гази фалаҷкунандаи асаб дар Британия, давлати аврпуоӣ, барои нахустин бор аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ фармони Путин буд",- гуфт Борис Ҷонсон.

Рӯзи 4 март Сергей Скрипал, ҷосуси пешини Идораи истихбороти кулли Русия ва духтари ӯ Юлия дар шаҳри Солсберӣ аз гази фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шуданд. Вазъи онҳо бисёр вазнин арзёбӣ мешавад. Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Британия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.

Дар ҳамлаи ҳавоӣ ба Ғутаи Шарқӣ дастикам 30 нафар кушта шуд

Харобаҳои Ғутаи Шарқӣ баъди ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ҳукумати Сурия

Рӯзи ҷумаи 16 март, дар ҳамлаи ҳавоӣ ба Ғутаи Шарқӣ дасткам 30 нафар, бо шумули шаш кудак ба ҳалокат расид. Наздик ба 100 нафар аз аҳолии мулкӣ захм бардошт. Дар ин бора Маркази назорати ҳуқуқи башари Сурия гузориш дод.

Ғутаи Шарқӣ, воқеъ дар канораҳои Димишқ, дар иҳотаи нерӯҳои ҳукуматӣ қарор дорад. Артиши Башор Асад, бо пуштибонии низомиёни Русия, мавқеи мухолифини мусаллаҳро бомбаборон мекунад. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар аз оғози сол дар ин минтақа наздик ба 1000 аҳолии мулкӣ кушта шуд.

Биноба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, 70 дар сади биноҳои Ғутаи Шарқӣ хароб шуда, бахши умдаи сокинон дар таҳхонаҳо зиндагӣ мекунанд. Шаҳр ба бӯҳрони башарӣ рӯ ба рӯ аст. Корвони маводи тиббӣ ва ғизоӣ, бинобар даргириҳои шадид борҳо аз роҳи Ғута бозпас гашт.

Охири моҳи феврал Созмони Милали Муттаҳид дар Ғутаи Шарқӣ оташбаси 30-рӯза эълон кард. Аммо сарфи назар аз эълони "таваққуфи гуманитарӣ" дар деҳкадаҳо, тирпаррониҳо ҳамоно идома ёфтанд Аҳолии мулкӣ ҳоло ҳам наметавонад аз анклав берун шаванд.

Маскав аз омодагиаш ба таҳримҳои нав алайҳи ИМА хабар дод

Сергей Рябков - муовини вазири умури хориҷии Русия

Русия ба эълони таҳримҳои ҷавобӣ алайҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омода мешавад. Дар ин бора РИА Новости рӯзи ҷумъа аз қавли муовини вазири умури хориҷӣ Сергей Рябков хабар дод. Рябков гуфтааст, ки Маскав рӯйхати сиёҳашро аз ҳисоби ворид кадани "гурӯҳи нави шахсиятҳои Амрико" комил мекунад. Дипломати рус иддао кард, ки таҳримҳои ҷавобӣ интихоби Маскав нест ва русҳоро ба ин амал гӯё сиёсати Вашинтон водор мекунад.

Рӯзи 15 март Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 14 шаҳрванди Русияро таҳрим кард, ки ба дахолат дар умури интихоботи соли 2016-и ИМА гумонбар шудаанд. Инҳо кормандони "Оҷонсии таҳқиқоти интернетӣ, ё "фабрикаи ҷавоб" ва ду ходими истихборот буданд.

Матбуот менависад, ки "фабрикаи ҷавоб" ба соҳибкори рус Евгений Пригожин рабт дорад, ки дӯсти президент Путин номбар мешавад. Мақомоти Русия дахолат дар умури интихоботи Амрикоро рад мекунанд.

Дар Амрико таҳқиқи созиши эҳтимолии тими интихоботии Доналд Трамп бо Маскав ҷараён дорад, ки онро прокурори махсус Роберт Мюллер пеш мебарад.

ВАО: "Заҳри фалаҷкунандаи асаб дар ҷомадони духтари Скрипал буд"

Низомиёни Британия дар макони заҳролудшавии Крипал

Гази фалаҷкунандаи асаб, ки ҷосуси пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал бо истифода аз он заҳролуд, дар ҷомадони духтараш Юлия буд. Юлия рӯзи 3 март аз Русия ба Британия омад, аммо аз вуҷуди ин газ ҷомадонаш огоҳ набуд,- навишт рӯзи гузашта нашрияи The Guardian, бо такя ба манбаҳояш дар хадамоти махсуси Британия.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои нашрия, муфаттишон ин фарзияро меомузанд, ки либосҳо, маводи ороишӣ ва ё тӯҳфаҳоеро, ки Юлия бо худ овард ва дар хонаи Скрипал боз кард, ҳануз дар Маскав бо гази заҳрогин олуда буданд. Як манбаи нашрия мегӯяд, эҳтимол нафароне ба хонаи Юлия ворид шуданд ва ин заҳрро ба ҷомадонаш гузоштанд. Хадамоти махсуси Британия ин фарзияеро, ки ташкилкунандагони ҳамлаи кимиёвӣ бо ин мавод ба кишвар ворид шуданд, рад мекунад.

Сергей Скрипали 66-сола ва духтари ӯ Юлия рӯзи 4-уми март дар шаҳри Солсберӣ заҳролуд шуданд. Вазъи онҳо бисёр вазнин арзёбӣ мешавад. Собиқ корманди истихборот Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Британия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.

Тоҷири қазоқ бо ҷурми "куштори фармоишӣ" ба 10,5 соли зиндон маҳкум шуд

Муродхон Токмадӣ

Додгоҳи Қазоқистон рӯзи 15 март тоҷир Муродхон Токмадиро бо ҷурми "куштори фармоишӣ" ба муҳлати 10,5 сол зиндонӣ кард. Додгоҳ Токмадиро дар куштори раиси вақти "Бонки ТуранАлем" Ержан Татишев, дар соли 2004 айбдор кард.

Тогмадӣ соли 2007 бо ҷурми куштори Татишев зиндонӣ шуда буд, аммо он замон парвандаи куштор бо моддаи "аз рӯи беэҳтиётӣ дар шикор" баррасӣ мешуд. Дар парвандаи нав кушторро "фармоиш"-и мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов унвон карданд, ки ҳоло дар хориҷ паноҳанда аст.

Токмадӣ моҳи июни соли 2017 боздошт шуд. Дар ибтидо ӯро "тамаъҷӯӣ" абдор карданд. Аз рӯи ин ҷурм Токмадӣ се сол ҳукми зиндон гирифт.

Назарбоев бо писари Бердимуҳаммадов дар Остона мулоқот кард

Сардор Бердимуҳаммадов ва Нурсултон Назарбоев

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 15 март дар шаҳри Остона бо Сардор Бердимуҳаммадов, раиси кумитаи порлумони Туркманистон ва писари раисҷумҳури ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард.

Бердимуҳаммадови хурдӣ дар ҳайати як гуруҳи мансабдорони кишвараш ба раҳбарии раиси порлумон Акджа Нурбердиева ба Остона сафар кард.

Биноба маълумоти хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон, Назарбоев дар вохӯрӣ бо Бердимуҳаммадови хурдӣ тақвияту рушди ҳамкориҳои Ишқобод ва Остонаро муҳим номида, ба президенти Туркманистон комёбиҳо орзу кард. Писари Бердимуҳаммадов дар навбати худ ба Назарбоев паёми падарашро шахсан расондааст.

Президенти Қазоқистон 15 март дар Остона пеш аз баргузории ҷаласаи машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раисони ҷуҳсури Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамтоёни дар алоҳидагӣ дидору гуфтугӯ дошт, вале бо раҳбари порлумони Туркманистон мулоқот накард.

Сардор Бердимуҳаммадови 36-сола номзадии худро дубора ба мақоми вакилии порлумони Туркманистон дар интихоботи 25 март пешниҳод кардааст.

Изҳороти раҳбарони Бритониё, ИМА, Олмон ва Фаронса зидди Русия

Бритониё, ИМА, Олмон ва Фаронса гуфтанд, заҳролудшавии афсари пешини рус Сергей Скрипал нахустин ҳолати истифодаи маводи фалаҷкунандаи мағзи сар дар Аврупо баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум аст.

Кишварҳои чаҳоргона дар изҳороти муштараки худ ҳодисаро як навъи ҳамла ба соҳибихтиёрии шоҳигарӣ номида, гуфтанд, масъулияти он бар зиммаи Русия аст.

Дар изҳорот бори дигар зикр шудааст, ки Русия Конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро нақз кард. Раҳбарони Бритониё, ИМА, Олмон ва Фаронса аз Москва хостанд, дар бораи маводи "Новичок", ки Скрипал ва духтараш аз он заҳролуд шудаанд, ба Оҷонсии манъи силоҳи кимиёӣ маълумот диҳад.

Сарвазири Бритониё Тереза Мэй 14 март Русияро расман дар заҳролудшавии Скрипал айбдор карда, гуфт, 23 дипломати русро аз кишвараш ихроҷ мекунад. Аз ин иқдом маъмурияти президенти ИМА низ ҷонибдорӣ кард. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, онҳо низ дипломатҳои Бритониёро ихроҷ мекунанд. Вале маълум нест, ки чанд дипломати бритониёӣ ва кай Русияро тарк хоҳанд кард.

Сергей Скрипал ва духтараш Юлияро 4 март дар Бритониё бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз маводи фалаҷкунандаи мағзи сар пайдо карда буданд. Афсари пешини рус чанд ҳафта пеш аз ҳодиса ба пулиси Бритониё гуфта буд, ки нисбат ба амнияти худ нигарон аст.

Дар фурудгоҳи Якутск аз дохили як ҳавопаймо 3,4 тонна тило рехтааст

Дар фурудгоҳи шаҳри Якутски Русия аз дохили ҳавопаймои боркаши Ан-12 ҳангоми парвоз 3,4 тонна хишти тило, метали қиматбаҳои сафед ва алмос рехтааст. Дар фурудгоҳи Якутск ва департаменти умури дохилии Лена ин хабарро тасдиқ карданд. Бино ба фарзияи расмӣ, дари ҳавопаймо ҳангоми парвоз канда шудааст.

"Бино ба маълумоти пешакӣ, 172 хиштро пайдо карданд, ки ҳудуди 3,4 тонна вазн доранд. Хиштҳои тило барои он ба замин рехтанд, ки онҳоро хуб бор накарданд. Ҷамъан дар дохили ҳавопаймо ҳудуди 9 тонна тилову метали қимматбаҳо буд", - мегӯяд пулис.

Бархе аз манобеъ мегӯянд, дар дохили ҳавопаймо танҳо нуқра буд. "Бино ба маълумоти мо, дар дохили ҳавопаймо ҳудуди 200 хишти нуқра буд ва як қисми онҳо дар хати парвоз ба замин рехтанд", - мегӯяд манбаи "Интерфакс" дар Кумитаи тафтишотии Русия.

Ба иттилои Sakhaday, ҳавопаймо аз кони "Купол" ба Красноярск парвоз мекард ва ба фурудгоҳи Якутск барои гирифтани сӯзишворӣ нишаст. Ба ҳисоби Бонки марказии Русия, дар дохили ҳавопаймо ба маблағи 21,8 миллиард рубл тило буд.

Генерали дигари узбек боздошт шуд

Алайҳи Шуҳрат Тошпӯлодов, генерали 53-солаи Узбекистон, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ қаблан ба ҳайси муовини раиси Хадамоти амнияти миллии Узбекистон фаъолият мекард.

Ба навиштаи расонаҳо, Шуҳрат Тошпӯлодов бо дархости додситонии низомии Узбекистон моҳи феврали имсол боздошт шудааст. Манобеъ мегӯянд, Тошпӯлодов дар доираи парвандаи муовини зиндонии раиси Хадамоти амнияти миллии Узбекистон Шуҳрат Ғуломов дастгир шуд.

Тошпӯлодов 31-уми июли соли 2017 бо фармони раиси ҷумҳури Узбекистон иҷрокунандаи муовини раиси Хадамоти амният ва раиси бахши Хадамоти амният дар вилояти Тошканд таъйин шуда буд. Дар моҳи январи имсол аз мақом барканор гардид.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, 19-уми январи соли ҷорӣ дар мулоқот бо фаъолони вилояти Сурхондарё гуфта буд, ки якбора се муовини Хадамоти амнияти миллӣ, аз ҷумла Шуҳрат Тошпӯлодовро аз мақом барканор кардааст.

Ҷашни асосии Наврӯз 27-уми март дар Панҷакент баргузор мешавад

Ҷашни асосии Наврӯзи имсола рӯзи 27-уми март дар шаҳри Панҷакент баргузор хоҳад шуд. Қарор буд, ин ҷашн пештар баргузор шавад, аммо ба сабаби сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Амрико ба таърихи 27-уми март вогузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи об дар Созмони Миллали Муттаҳид ба Тоҷикистон бармегардад ва дар маросими таҷлил аз Наврӯзи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Панҷакент ширкат мекунад.

Масъулони ҳукумати шаҳри Панҷакент зимни тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин шаҳр чанд бинову иншоот мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:21 0:00
XS
SM
MD
LG