Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Барои убури марзи Тоҷикистону Узбекистон чӣ санад зарур аст?

Мақомоти нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шарҳ доданд, ки сокинон бо чӣ санаде ҳаққи убури марзи Тоҷикистону Узбекистонро доранд.

Бино ба як фармони Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври истисно аз 16-уми март метавонанд бе виза ба он кишвар бираванд. Тафсилоти ин хабарро дар нишонии зер бихонед:

Тайи чанд рӯзи гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон мепурсиданд, ки барои убури марзи Тоҷикистону Узбекистон чӣ санад зарур аст? Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 15-уми март гуфт:

  • Шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ, то 1 феврали соли 2022), Шиносномаи хидматии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ, то 1 феврали соли 2022).

  • Шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (намунаи биометрӣ), Шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (то 1 феврали соли 2022)

  • Шаҳодатнома барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин гузаргоҳҳо шанонарӯзӣ кор мекунанд:

“Патар” (Конибодом) – “Андархон” (Бешариқ)

“Фотеҳообод” (Мастчоҳ) – “Ойбек” (Бекобод)

“Саразм” (Панҷакент) – “Ҷартеппа” (Ургути вилояти Самарқанд)

“Дӯстӣ” (Турсунзода) – “Сариосиё” (Узуни вилояти Сариосиё)

“Айвоҷ” (Шаҳритус) – “Гулбаҳор” (Тирмиз)

Рӯзона ва ба таври дуҷониба фаъоланд:

“Равот” (Конибодом) – “Равот” (Бешариқ)

“Навбунёд” (Ашт) – “Поп” (Попи вилояти Намангон)

“Қуштегирмон” (Спитамен) – “Платина” (Бекобод)

“Зафаробод” (Зафаробод) – “Хавостобод” (Хавости вилояти Сирдарё)

“Ҳаштяк” (Спитамен) – “Хавостобод” (Хавост)

“Ҳавотоғ” (Зафаробод) – “Учқурғон” (Замин)

“Ӯротеппа” (Истаравшан) – “Қушкент” (Замини вилояти Ҷиззах)

Гузаргоҳҳои роҳи оҳан. Шабонарӯзӣ кор мекунанд:

“Нов” (Спитамен) – “Бекобод” (Бекобод)

“Истиқлол” (Конибодом) – “Андархон” (Бешариқ)

“Пахтаобод” (Турсунзода) – “Узун” (Деҳнав)

“Хошадӣ” (Шаҳритуз) – “Амузанг” (Тирмиз).

Эмомалӣ Раҳмон: "Ҳеҷ гоҳ ҳамсояҳоро ташна намегузорем"

Раҳбарони Қирғизистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Узбекистон. 15-уми марти 2018, шаҳри Остона

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гуфт, ки тарафдори истифодаи дуруст аз захираҳои обу энержии минтақа аст. Ӯ рӯзи 15-уми март таъкид кард, ки Тоҷикистон ягон ҳамсояашро бе об нахоҳад гузошт.

“Тоҷикистон барои кишварҳои ҳамсояи худ дар масъалаи об ҳеҷ гоҳ мушкил эҷод накарда буд ва нахоҳад кард”, - афзуд ӯ.

Оқои Раҳмон гуфт, дар ин бора қаблан ҳам изҳорот дода буд ва ҳоло низ такрор мекунад: “Мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт. Боварӣ дорам, ки муколамаи озод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории созанда метавонад ба амалишавии ҳадафҳои мо дар ин самт мусоидат намояд.”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти Остона ҳамкории минтақавиро яке аз зарурати бебаҳси замон номида, аз тағйири мусбат дар муносибати кишварҳои ҳамсоя изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Дар гузашта истифода аз захоири оби минтақа аз баҳси умдаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Узбекистону Қазоқистон пайваста аз Тоҷикистону Қирғизистон интиқод мекарданд, ки бо сохтмони нирӯгоҳҳои бузург мехоҳанд, кишварҳои поёнобро ташналаб гузоранд.

Нишасти Остона бо ҳузури раҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистону Узбекистон ва раиси порлумони Туркманистон рӯзи 15-уми март дар Остона баргузор шуд. Ин нахустин нишасти раҳбарони минтақа бе ҳузури Маскав буд.

Вазири Британия ба Русия машварат дод, ки "дур шавад ва дамашро бигирад"

Гэвин Уилямсон

Вазири дифои Баритания Гэвин Уилямсон ба Русия машаварт дод, ки " дур шавад ва дамашро бигирад". Чунин буд вокуниши вазир ба изҳороти Маскав дар робита ба ихроҷи дипломатҳои рус аз Британия.

Уилямсон заҳролушдшавии ҷосуси собиқи Идораи кулли истхбороти Русия Сергей Скрипалро дар шаҳри Солсберии Британия, "амали золимона" номид. Британия дар ин ҳодиса Русияро гунаҳкор мекунад ва Уилямсон ин иқдомро ҳамла ба Британия унвон кард.

Намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова рӯзи 15 март дар посух ба изҳороти Гэвин Уилямсон гуфт, Лондон асабонӣ аст, зеро Британия медонад, ки чиро пинҳон мекунад.

Субҳи рӯзи панҷшанбе вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки ҳамчун чораи ҷавобӣ Маскав дипломатҳои Британияро аз кишвар хориҷ мекунад. Аммо ӯ нагуфт, ки чӣ теъдод ва кай аз Русия берун карда мешаванд.

Диловар Гулов аз боздошт раҳо шудааст

Диловар Гулов. Акс аз вебсайти расмии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе

Писар ва домоди Гул Шералӣ, вазири собиқи энергетика ва саноати Тоҷикистон, пас аз адои муҳлати ҷазо аз боздоштгоҳ озод шудаанд.

Мақомот Диловар Гулов ва Дилшод Нуруллозода, писару домоди Гул Шералиро ҳафтаи гузашта ба майдаавбошӣ айбдор карда, ба ҳабси маъмурӣ гирифта буданд.

Як манбаъ дар Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе рӯзи 15-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, «писар ва домоди Гул Шералӣ соати 12-и рӯзи панҷшанбе озод шуданд».

Манбаъ афзуд, «Диловар Гулов ва Дилшод Нуруллозода муддати муайянкардаи додгоҳро паси панҷара сипарӣ карданд». Аммо Саидакрам Давлатшоев, ки аз ӯ ҳамчун ронандаи писари Гул Шералӣ ном бурда мешавад, ҳамчунон дар боздоштгоҳ қарор дорад ва баъди 10 рӯз озод хоҳад шуд.

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 13 март дар як иттилоияи расмӣ Гулов ва 12 нафари дигар, аз ҷумла Дилшод Нуруллозодаро ба майдаавбошӣ айбдор кард. Мақомот гуфтанд, онҳоро субҳи барвақти 10-уми март барои нақзи тартибот ва итоат накардан ба маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт ва ҳабс карданд.

Аммо Гул Шералӣ гуфт, писару домодашро беасос ба ҳабс гирифтанд. Ӯ гуфт, писару домодашро на дар тарабхона, балки баъди ҳозир шудани онҳо дар идораи пулис маҳкам кардаанд. Гул Шералӣ аз соли 2013 бознишаста аст ва дар як ширкати хусусӣ ба ҳайси мушовир кор мекунад.

Русия дипломатҳои Британияро аз қаламраваш хориҷ мекунад

Сергей Лавров

Дар посух ба таҳрими Британия, Русия дипломатҳои он кишварро аз қаламраваш берун мекунад. Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 15-уми март изҳорот дод.

Аммо Лавров дақиқ нагуфт, ки чанд дипломати Британияро хориҷ мекунанд ва барои берун шудан аз Русия ба онҳо чӣ қадар вақт дода хоҳад шуд. Лавров иттиҳоми Британияро, ки дар заҳролудшавии ҷосуси пешини Русия Сергей Скрипал Маскавро масъул медонад, "беасос ва беодобона" унвон кард.

Рӯзи 14-уми март нахуствазири Британия Тереза Мэй, Русияро ба заҳролуд кардани ҷосуси пешини истихборот Сергей Скрипал муттаҳам кард ва ба 23 дипломати рус барои хориҷ шудан аз қаламрави он кишвар як ҳафта муҳлат дод.

Рӯзи 4-уми март Сергей Скрипал ва духтараш Юлия баъди заҳролудшавӣ бо гази фалаҷкунандаи асаб дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд. Як ходими пулис, ки қазияро боҷӯӣ мекард, низ ба бемористон афтод.

29 созмон аз Қирғизистон даъват карданд, ки матбуотро маҳдуд накунад

Қонуни асосии Қирғизистон

Эътилофи иборат аз 29 созмон дар саросари ҷаҳон, аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки аз истифодаи таҷрибаи "ҷаримаҳои вазнин" алайҳи матбуоти танқидгар, даст бардорад

"Дар ҳоле, ки Қирғизистон дар байни низомҳои худкомаи минтақа ягона намунаи мусбат аст, аммо таҳаввулоти ахир ин таҳдидро ба думбол дорад, ки Қирғистон ҳам ба ҷодаи саркубгарӣ по мегузорад",- омадааст дар изҳороти муштараки Кумитаи ҳимоят аз хабарнигорон (CPJ), Pen International ва ташкилотҳои дигари ҳомии матбуот, ки рӯзи 13 март нашр шуд.

Ин созмонҳо мегӯянд, аз намунаҳои таъқиби додгоҳии хабарнигорон, ҷаримаҳои вазнин алайҳи журналистҳое, ки ба "таҳқири президент" муттаҳам мешаванд ва ҷилавгирӣ аз сафарҳои онҳо, шадидан нигарон шудаанд.

Эътилоф аз порлумони Қирғизистон даъват кард, ки Қонун дар бораи Кафолатҳои фаъолияти Президенти Қирғизистонро , ки ба гуфтаи Кумитаи ҳимоят аз хабарнигорон, " ҳамчун асоси парвандаҳои "таҳқир"-и мақомот аз тарафи журналистон истифода мешавад, бознигарӣ кунад.

Дар Қирғистон баъзе расонаҳо ва хабарнигорони алоҳида барои "таҳқири президент" ба ҷаримаҳои ҳангуфт" рӯ ба рӯ шудаанд, ки даҳҳо ҳазор долларро дар бар мегиранд.

Таъсиси ҷунбиши "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" дар Аврупо

Дар Амстердам, маркази Ҳолланд, ҷунбиши нави "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" таъсис шудааст. Дар баёнияи ҷунбиш, ки рӯзи 15-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, "Ислоҳот ва рушд" ҳадафи асосии худро бунёди як кишвари қудратманду озод ва муосир дар Тоҷикистон номид.

Дар ҳайати муассисони ин гурӯҳ исми Мавҷуда Соҳибназарова, Шарофиддин Гадоев, Анвар Қувватов (бародари Умаралӣ Қувватов) ва дигарон дида мешавад.

Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигори тоҷик, дар гузашта аз аъзои ҳизби сабтнашудаи "Тоҷикистони нав"-и соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов буд. Ӯ як сол боз дар хориҷ аз кишвар қарор дорад.

Узви дигари муассисони ин гурӯҳ Шарофиддин Гадоев дар гузашта аз сарони "Гурӯҳи 24" бо раҳбарии Умаралӣ Қувватов буд. Тайи тақрибан ду соли ахир "Гурӯҳи 24" ба ду бахш тақсим шуд ва Шарофиддин Гадоев раҳбарии яке аз ин шохаҳоро бар дӯш дошт. Баъдан Гадоев ба Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон пайваст. Соли гузашта, пас аз онки Анҷумани нирӯҳои созанда аз ҲНИТ ва раҳбаронаш интиқод кард, аз ҳайати он берун омад.

Таъсиси ин ҷунбиш дар ҳолест, ки ҳудуди як моҳ қабл дар Аврупо гурӯҳи дигари мухолифон бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» таъсис ёфт. Дар ҳайати ин анҷуман афроде чун Алим Шерзамонов, Темури Варқӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ, Ҳакими Раббимпур ва дигарон шомил мебошанд. Расонаҳаои давлатии Тоҷикистон ин гуруҳро парвардаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ номида буданд.

Шавкат Мирзиёев номи Хадамоти амнияти миллиро иваз кард

Раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев номи Хадамоти амнияти миллӣ - ҷойгузини КГБ-и Шӯравӣ дар ин кишвари Осиёи Марказиро иваз кард.

Мирзиёев бо имзои як фармон номи Хадамоти амнияти миллиро ба Хадамоти амнияти давлатӣ иваз намуд. Дар фармон гуфта мешавад, ки вазифаи Хадамоти амният - "ҳимояи ҳуқуқи инсон, озодии шаҳрвандон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар дохил ва хориҷи Узбекистон аст".

Хадамоти амнияти давлатӣ, инчунин, масъулияти мубориза бо "ҷиноятҳои муташаккил, фасодкорӣ ва таъмини амнияти марзҳои кишварро", ки бо Афғонистон сарҳади муштарак дорад, бар дӯш хоҳад дошт.

Шавкат Мирзиёев, ки солҳо нахуствазири Узбекистон буд, баъди расидан ба мақоми президентӣ сохторҳои давлатӣ, махсусан идораи амният ва Вазорати корҳои дохилиро шадидан такон ва баъзе раҳбаронро таҳти тафтиш қарор дод.

Моҳҳои гузашта президент Хадамоти амниятро шадидан интиқод ва онро ба НКВД-и замони Сталин баробар кард.

Русия партоби мушакро дар Қирғизистон ба намоиш гузошт

Мушакандозии Су-25 дар Қирғизистон

Дар саҳифаи фейсбукии марбут ба пойгоҳи Созмони паймони амнияти дастҷамъии "Кант"-и Қирғизистон навори размоишҳои муштараки Русияву Қирғизистон нашр шуд.

Дар наворҳо дида мешавад, ки зарбазани СУ-25СМ нишони шартиро ба ҳадаф мегирад.

Бино ба иттилои Ситоди кулли нерӯҳои Қирғизистон, аз 5 то 7-уми март дар маркази размоишҳои "Эделвейс" размоишҳои муштараки нерӯҳои ҳарбии ду кишвар баргузор гардид.

Дар размоиш пойгоҳи ҳавоии 999-уми артиши Русия ширкат кард.

Пуштибонии Амрико аз ихроҷи дипломатҳои рус аз Британия

Кохи Сафед, Вашингтон

Иёлоти Муттаҳида аз қарори Британия, ки 23 дипломати Русияро дар робита ба заҳролудшавии ҷосуси пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал аз кишвар берун мекунад, пуштибонӣ намуд.

Дар изҳороти Кохи Сафед, ки рӯзи 14-уми март пахш шуд, гуфта мешавад, Русия дар баробари ҳамла ба шаҳрванди Британия, бо истифода аз заҳри фалаҷкунандаи асаб, масъулият дорад.

Маъмурияти президенти ИМА гуфт, Русия амнияти кишварҳои ҷаҳон ва, ҳамин тавр, демократияи Ғарбро баҳам мезанад. "Ин шеваи ҳамешагии рафтори Маскав аст",- омадааст дар изҳороти Кохи Сафед.

Рӯзи 14-уми март нахуствазири Британия Тереза Мэй, Русияро ба заҳролуд кардани ҷосуси пешини истихборот Сергей Скрипал муттаҳам кард ва ба 23 дипломати рус барои хориҷ шудан аз қаламрави кишвар як ҳафта муҳлат дод. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, чораҳои ҷавобии Маскав ба зудӣ эълон хоҳад шуд.

Рӯзи 4-уми март Сергей Скрипал ва духтараш Юлия баъди заҳролудшавӣ бо гази фалаҷкунандаи асаб дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд. Як ходими пулис, ки қазияро боҷӯӣ мекард, низ ба бемористон афтод.

Чанд рӯз пеш аз ин ҳодиса Скрипал ба пулиси Британия гуфта буд, ки аз амнияти худ нигарон аст. Ӯ дар Русия бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Британия зиндон шуда буд. Соли 2010 Скрипалро бо ҷосусҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз намуданд.

Узбекистон таъқиби афроди мавриди ҷустуҷӯро қатъ мекунад

Тафтиши шиносномаҳои муҳоҷирони узбек дар Русия

Раис ва мақомоти қудратии вилояти Самарқанди Узбекистон аз узбекистониҳои хориҷ даъват карданд, ки ба кишвар баргарданд. Раиси вилояти Самарқанд Туроб Ҷӯраев рӯзи 12-уми март дар ҳузури сокинон шахсан кафолат дод, ки шаҳрвандони аз хориҷ баргашта зиндонӣ нахоҳанд шуд.

Ойдин Раҳматова, сокини 62-солаи вилояти Самарқанд, ки дар ҷаласаи раиси вилоят ширкат дошт, гуфт, 5 сол инҷониб писараш Уткир Расуловро надидааст. Акнун баъди ваъдаҳои раис умедвор аст, ба зудӣ ба дидори писараш бирасад.

Уткир Расулов мегӯяд, мақомот ӯро ба дунболи боздошти дӯстонаш бо ҷурмҳои мазҳабӣ дар пайгарди қонун қарор доданд. Расулов баъди ин аз Русия ба зодгоҳаш барнагашт ва ҳоло пас аз ваъдаҳои роҳбарияти Самарқанд мехоҳад, бозгардад. "Ман то ҳол намедонам, ки чаро маро меҷӯянд ва ба чӣ айбдор мекунанд. Ҳоло мақомоти Самарқанд гуфтанд, ки маро сафед кардаанд ва даъват доранд, ки баргардам", - гуфт Уткир Расулов.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар як суҳбаташ бо имомхатибон дар таърихи 15-уми июни соли 2017 гуфта буд, ки "рӯйхати сиёҳ"-и афроди мазҳабӣ бознигарӣ шавад.

Нишасти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона

Раҳбарони чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қазоқистон Узбекистон ва Қирғизистон

Рӯзи 15-уми март дар шаҳри Остонаи Қазоқистон роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот мекунанд.

Дар ин нишаст аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон президентҳо ва аз Туркманистон раиси порлумони ин кишвар намояндагӣ мекунанд. Дар поёни мулоқот изҳороти муштарак қабул хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи 14-уми март бо сафари расмӣ ба Остона рафт. Президентҳои Узбекистону Қирғизистон рӯзи панҷшанбе вориди Қазоқистон шуданд.

Дар остонаи баргузории ин мулоқот, маркази матбуотии президенти Узбекистон хабар дод, ки дидори роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ "бо пешниҳоди Шавкат Мирзиёев" барпо мегардад.

Боздошти як сокини Зафаробод дар пайи худкушии духтари 18-сола

Як сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бо гумони ба худкушӣ расондани духтари ҳаждаҳсолае боздошт шудааст. Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз ин мард ном набурда, танҳо гуфтанд, ки ӯ чанд дафъа бо духтар иртиботи ҷинсӣ доштааст.

«Марди боздоштшуда 29-сола аст ва духтар аз ӯ ҳомила будааст», - гуфтанд дар ВКД рӯзи 15-уми март. Ба қавли манбаъ, «мард телефонӣ шаъну шарафи духтарро паст зада, ҳушдор додааст, ки дар бораи иртиботи ҷинсиаш бо чанд нафари дигар маълумот паҳн карда, ӯро бадном хоҳад намуд.»

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, «маҳз таҳдидҳои ин мард духтарро маҷбур кардааст, ки дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматиашон худро ба дор кашад».

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқ идома дорад. Муфаттишон ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни таҳқиқи ҳодиса номи духтарро ҳам ошкор накардаанд.

Дар ҳоли ҳозир ба ҷуз маълумоти расмӣ, иттилои дигар аз манобеи мустақил дар бораи ин қазия дастрас нест.

Дар Панҷакент силоҳ ва маводи тарканда ёфт шуд

Маъмурони Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд силоҳ ва маводи тарканда ёфтаанд. Як манбаъ дар Оҷонси зидди фасод рӯзи 15-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, силоҳ ва маводи тарканда дар деҳаи Оби бории ҷамоати Моғиёни Панҷакент ёфт шудааст.

Манбаъ афзуд, кормандони Оҷонсӣ аз зери сангҳои калони куҳ борхалтаи сафед пайдо намуданд, ки дар дохили он маводи тарканда ва силоҳ будааст.

Аз ҷумла, ба қавли ин масъули Оҷонсӣ, "аз дохили борхалта беш аз 2 кило маводи таркандаи тамғаи аманал ва тратил, маводи таркишдиҳанда, аз ҷумла ресмони таркишдиҳанда ва се силоҳи оташфишон пайдо гардид. Ҳамаи силоҳ ва маводи таркандаи пайдошуда дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд."

Дар Оҷонси зиддифасод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтиш идома дорад. Масъулини Оҷонсӣ мегӯянд, ягон гумонбар дастгир нашудааст ва феълан маълум нест, ин силоҳҳо ба кӣ тааллуқ дорад.

Эрон ноиби президенти замони Аҳмадинажодро зиндонӣ кард

Аҳмадинажод ва Ҳамид Бақоӣ

Додгоҳи Эрон Ҳамид Бақоӣ- ноиби раиси ҷумҳур дар аҳди Маҳмуд Аҳмадинажодро рӯзи 13 март баъди эълони ҳукумаш бо ҷурми ришваситонӣ зиндонӣ кард. Дар ин бора матуботи Эрон хабар дод.

Хабаргузории "Форс" аз қавли додстонии Теҳрон гуфт, ки афсарон Ҳамид Бақоиро боздошт карданд ва ба зиндон интиқол доданд. Бақоӣ моҳи декабр ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Ҳамид Бақоӣ, ки аз соли 2011 то 2013, дар аҳди президенти пешини Эрон Маҳмуд Аҳмадинаҷод, дар мақоми ноиби раиси ҷумҳур фаъолият мекард, соли 2015 бо иттиҳоми фасодкорӣ барои муддати кӯтоҳ боздошт шуд.

Шӯрои Нигаҳбон- як сохтори қудратманди Эрон аз иштироки Бақоӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳур ҷилавгирӣ кард ва ӯ барои чанд ҳафта дар моҳи июл зиндонӣ шуд.

Таъқиби додгоҳии Ҳамид Бақоӣ дар пасманзари таниши лафзии байни Маҳмуд Аҳмадинаҷод ва раиси идораи нерӯманди адлия Содиқ Амоли Лориҷонӣ ҷараён гиирифт, ки президенти собиқ ӯро ба диктотурӣ ва бекифоятӣ муттаҳам кардааст.

Ҳалокати 4 нафар дар маросимҳои чоршанбесурӣ дар Эрон

Мақомҳои бахши тандурустӣ ва бемористонӣ дар Эрон эълом карданд, ки дар ҳодисаи муртабит ба маросимҳои ҷашни чаҳоршанбесурӣ, дар саросари он кишвар ҳадди ақал чаҳор нафар ба ҳалокат расида ва беш аз 2 ҳазор нафар низ осеб диданд. Ба гузориши хабаргузории расмии Эрон -ИРНА, мақомоти беҳдоштӣ гуфтаанд, "то ба ҳол ду ҳазору 82 нафар дар ҳодисаҳои муртабит бо чаҳоршанбесурӣ дар кишвар осеб дида ва ва чаҳор нафар низ то кунун дар ин ҳодисаҳо ҷони худро аз даст додаанд.

Ба гуфтаи мақомот, бештарин маҷрӯҳони маросими чаҳоршанбесурӣ мисли соли гузашта дар Теҳрон будааст. Дар ҳамин ҳол раиси пулиси шаҳри Теҳрон гуфтааст, омори осебдидагон нисбат ба соли гузашта камтар мебошад. Ба гузориши хабаргузории нимарасмии "Форс", раиси пулиси Теҳрон ҳамчунин аз боздошт 14 нафар ба далели "нақзи қонунҳо" дар маросими чаҳоршанбесурӣ хабар додааст.

"Бачаи тиллоӣ" ба даҳ соли зиндон маҳкум шуд

Қуандиқ Бишимбоев - вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон

Додгоҳи Остона вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқиистон Қуандиқ Бишимбоевро бо ҷурми ришваситонӣ ва хилофкории молӣ ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додгоҳ рӯзи 14 март ҳамроҳ бо Бишимбоев чанд нафари дигарро аз гурӯҳи 22 нафарӣ ба муҳлатҳои аз 2 то 7 зиндонӣ кард. Гумонбарони дигар ё ҷарима шуданд ва ё бар пояи афви соли 2017 ба озодӣ баромаданд.

Қундиқ Бишибоев 37-сола, ки ҷавонтарин вазири Қазоқистон ҳисоб мешуд, моҳи январи соли 2017 аз тарафи Хадамоти зидди-фасод боздошт шуд.

Қуандиқ Бишмбоев дастпарвардаи барномаи омӯзиши нухбагон, ё элитаи таҳти назари президент Назарбоев аст, ки ба зинаҳои қудрат аз мақоми муовини вазири саноат ва иқтисод баланд шуд ва то вазири иқтисоди миллӣ расид. Ба гуфтаи тафтишот, ӯ дар мақоми раҳбари ширкати ҳолдингии таҳти назари давлат - "Байтерек" ришва гирифтааст.

Бишимбоев дар мурофиаи ибтидоӣ иттиҳомро рад кард, дар ҳоле, ки боздоштшудаҳои дигар гуноҳро эътироф ва бо додситонӣ ҳамкорӣ карданд.

Маскав зарбулаҷали Британияро писанд накард, Мэй чораҳояшро эълон мекунад

Тереза Мэй - нахуствазири Британия

Дар ҳоле, ки Маскав зарбулаҷали Британияро бо талаби шарҳе, ки чӣ тавр гази фалаҷкунандаи асаби истеҳсоли Шӯравӣ дар Британия пайдо шуд, писанд накард, қарор аст имрӯз Тереза Мэй чораҳои ваъдагиашро дар муқобили Русия эълон кунад.

Ҷосуси пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, ахиран бо истифода аз гази фалаҷкунандаи асаб, - "Новичок" ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар замони "Ҷанги Сард" истеҳсол мекард, дар Британия заҳролуд шуданд. Маскав даст доштанашро дар ин ҳамла рад мекунад.

Тереза Мэй барои шарҳи қазия ба Маскав то нимашаби гузашта вақт дода буд. Нахуствазир гуфт, ки дар посух ба ин ҳамла як силсила чораҳои иқтисодӣ ва дипломатиро алайҳи Русия пиёда хоҳад кард.

Қарор аст имрӯз ҷаласаи Шӯрои амнияти Британия баргузор шавад ва дар он нахуствазир оиди таҳаввулоти ахир гузориш диҳад. Маскав Британияро ҳушдор додааст, ки ҳамагуна амалкард алайҳи Русия ба посухи ҳамсанг рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Кӯдаки 11-моҳа, ки аз баданаш 16 сӯзан пайдо шуд, шифо ёфтааст

Бемористони Тошканд

Масъулони Маркази ҷумҳуриявии ёрии фаврии тиббии шаҳри Тошканди Узбекистон мегӯянд, вазъи саломатии Азизбек Абдумаҷидов- кӯдаки 11-моҳа, ки табибон аз бадани ӯ 16 сӯзан пайдо карданд, шифо ёфт ва ӯро аз бемористон ҷавоб доданд.

Ба гуфтаи табиби марказ Дониёр Асадуллоев, ҳоло, дар бадани кӯдак се сӯзан боқӣ мондааст, ки саломатии ӯ хатар надоранд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 17 январи соли равон табибон дар бадани Азизбеки 11-моҳа, зодаи вилояти Фарғонаи Узбекистон 16 сӯзанро ошкор карданд. Ӯро фавран ба Тошканд бурда, тавассути ҷарроҳӣ 13 сӯзанро берун оварданд. Ҷарроҳӣ 9 соат давом кард.

Баъди ташхис дақиқ шуд, ки сӯзанҳо давоми ду моҳ дар ҷисми кӯдак будаанд. Сӯзанҳо дар ҳар ҷои бадани кӯдак, аз ҷумла дар рӯдаҳо, масона, қафаси сина, гардан, сутунмуҳра ва зери дил ҷой доштанд.

Бо чӣ роҳе ин сӯзанҳо ба бадани вай ворид шудаанд, ҳоло дақиқ нест. Табибон мегӯянд, кӯдак мустақилона наметавонист онҳоро фурӯ барад. "Касе қасдан сӯзанҳоро ба бадани кӯдак халондааст. Инро кормандони мақомот мушаххас хоҳанд кард", - гуфтанд табибон.

Ангела Меркел барои бори чаҳорум садри аъзами Олмон шуд

Ангела Меркел

Ангела Меркел барои бори чаҳорум мақоми садри аъзам, ё канслери Олмонро ишғол кард. Рӯзи чаҳоршанбе 364 намояндаи Бундестаг ба тарафдории номзади ҳизби "Иттиҳодияи Насрониву Демократҳо"- Ангела Меркел овоз доданд, -гуфт Deutche Welle.

Созиши эътилофӣ бораи таъсиси ҳукумати нави Олмон рӯзи душанбе ҳосил шуд. Дар зери ин созишнома Ангела Меркел, раҳбари ҳизби Иттиҳодияи Насрониву Демократҳо", Ҳорст Зеехофер, раҳбари "Иттиҳодияи Насрониву Сотсиалистҳо" ва иҷрокунандаи вазифаи ҳамраиси ҳизби "Сотциал-Демократ"-и Олмон Олаф Шолтс имзо гузоштанд.

Нахустин ҷаласаи кабинети нави вазирон ба рӯзи чоршанбе барномарезӣ шудааст.

Маъракаи интихоботии Владимир Путин дар Қрим анҷом меёбад. ВИДЕО

Владимир Путин бо миллиардери рус Аркадий Ротенберг

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи чоршанбе сафареро дар водии Краснодар, Қрими ишғолшуда ва Севостопол анҷом медиҳад. Ин сафар дар фосилаи чаҳор руз аз интихоботи раёсати ҷумҳури Русия баргузор мешавад, ки Путин дар он яке аз номзадҳост. Дар ҷараёни сафар боздид аз терминали нави фурӯдгоҳи Севостопол ва сохтмони пули Қрим дар назар аст. Дар ин бора хабаргузории РИА Новостӣ рӯзи 14 март бо такя ба дафтари матбуоти Кремл гузориш дод.

Ин охирин сафари минтақавии Путин дар чаҳорчӯби маъркаи интихоботӣ аст. Ба гуфтаи шабакаи телевизионии "Дождь", дар Севостопол Владимир Путин дар гирдиҳамоҳии серодам иштирок мекунад. Ин ҷамъомад расман ба солгарди рефрендуми ҳамоиши Қрим ба Русия бахшида мешавад.

Раҳбари бахши сиёсии Иттиҳоди Аврупо Федерика Моғеринӣ қаблан гуфта буд, ки Иттиҳоди Аврупо интихобот дар Қрими ишғолшударо эътироф намекунад.

Рӯзи 12 март Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои зидди Русияро, ки баъди ишғоли Қрим аз тарафи Маскав ва дахолаташ ба низои Донбасс ҷорӣ шуданд, тамдид кард Маскав ҳамоиши шибҳаҷазираи Қрим ба Русияро "барқарор шудани адолати таърихӣ" унвон кардааст.

Интихоботи президентии Русия: давлат нерӯманд бошад ё одил?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Созишномаи сафари бевиза ба Узбекистон барои тасдиқ ба порлумон рафт

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми март созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи сафари шаҳрвандон ба кишварҳои якдигарро барои баррасӣ ба Маҷлиси Олӣ ирсол кардааст. Ин созишнома рӯзи 9-уми март дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, имзо шуда буд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин созишнома тартиб ва шароити мусофирати шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистонро ба кишварҳои якдигар танзим менамояд. Манбаъ мегӯяд, ки созишнома аз рӯзи гирифтани огоҳиномаҳои хаттӣ, дар мавриди иҷро шудани расмиёти дохилидавлатӣ, эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад.

Аз ин қабл дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар тавзеҳи созишнома миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи сафарҳои дуҷонибаи шаҳрвандон гуфт, ки сафари сокинон ба кишварҳои якдигар, танҳо пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ аз ҷониби тарафҳо, амалӣ хоҳад шуд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки шаҳрвандони кишвар танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд ба Узбекистон сафар намоянд.

Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи 9-уми март созишномаеро ба имзо расониданд, ки будубоши бераводиди шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати 30 рӯзро пешбинӣ мекунад.

Тайи чанд рӯзи гузашта ва дар пайи имзои созишномаи равуои бераводид миёни ду кишвар, сокинони зиёди Тоҷикистон ба бовари ин, ки низоми виза пурра бардошта шудааст, ба гузаргоҳҳо марзӣ шитофтанд, вале сарҳадбонҳо ба онҳо гуфтанд, ки ҳанӯз муқаррароти нав ба иҷро надаромадааст.

Ҳоло муқаррароти рафтуомади бидуни визаи панҷрӯза барои сокинони наздимарзӣ амал мекунад ва онҳо метавонанд то 30 км ба ҳудуди кишварҳои якдигар ворид шаванд. Тоҷикистон бо Узбекистон 1339 километр марзи муштарак дорад ва дар ҳоли ҳозир сокинон тариқи беш аз даҳ гузаргоҳ метавонанд ба кишварҳои якдигар рафтуомад намоянд.

New York Times: раҳбари нави ЦРУ ба шиканҷаи гумонбарҳо раҳбарӣ мекард

Ҷина Ҳаспел - раҳбари нави Идораи истихбороти ИМА

Ҷина Ҳаспел, ки дирӯз Трамп ӯро ба мақоми раҳбари Идораи истихбороти ИМА пешниҳод кард, дар шиканҷаи гумонбарони терроризм, дар маҳбаси пинҳонии ЦРУ, воқеъ дар Таиланд иштирок мекард. Нашрияи New York Times рӯзи 13 март навишт, ки соли 2002 Ҷина Ҳаспел ба шиканҷаи ду гумонбари тероризм раҳбарӣ кард ва баъдан наворҳои бозпурсиро аз байн бурд.

Ҷина Ҳаспел дар Таиланд ба бозпурсии ду гумонбари терроризм -Абу Зубайда ва Абдул Раҳим ал-Ноширӣ раҳбарӣ кард Аввалиро 83 дафъа ба об ғарқ карданд ва пайваста сарашро ба девор мезаданд. Ҷараёни бозпурсӣ наворбардорӣ мешуд ва наворҳо то соли 2005, то замони фармони нест кардани онҳо, дар сандуқи оҳании иқоматгоҳи марбут ба ЦРУ дар Бангкок маҳфуз буданд.

Ба гуфтаи New York Times, "боло рафтан"- и Ҳаспел - шахси боэҳтиром дар байни ҳамкоронаш, ишораест, ки ЦРу-и таҳти назари Трамп ба яке аз саҳифаҳои тираи фаъолияти хадамоти махсус, дар муқоиса бо пешгузаштагон, бархурди оромона дорад.

Дар тӯли 8 соли ахир раҳбарони Идораи истихборот даҳҳо кормандро, ки аз шеваҳои мамнӯи бозпурсӣ истифода карданд, таҳти ҳимояи худ гирифтанд. Президент Трамп борҳо гуфтааст, ки "шиканҷа натиҷа додааст". Майк Помпео, раҳбари Идораи Истихборот, ки Трамп рӯзи гузашта ӯро ба мақоми Котиби давлатии ИМА интихоб кард, гуфта буд, ки "ба об ғарқ кардани гумонбарон ва шеваҳои дигар, шиканҷа нест ва онҳоеро, ки ин усулҳоро дар мубориза бо "Ал-Қоида" истифода кардаанд, "ватандӯстони воқеӣ" номид.

Пентагон ба изҳороти Русия дар робита ба Сурия посух дод

Тасвири Пентагон

Вазорати дифои ИМА Русияро ба даст доштан дар ҷиноятҳои режими Башор Асад муттаҳам кард ва аз Кремлин хост, ба ҷойи ба самти дигар кашидани таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба коҳиши бӯҳрони башарӣ дар Ғутаи Шарқӣ мусоидат кунад.

Намояндаи Пентагон ба таҳдиди раҳбари Ситоди кулли нерӯҳои Русия Валерий Герасимов, рӯзи гузашта дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNBC вокуниш кард. Герасимов гуфт, ИМА мехоҳад нерӯҳои Сурияро ба ҳамлаи кимиёвӣ айбдор ва ҳуҷуми эҳтимолиаш ба муассисаҳои низомии Сурия дар Димишқро тавҷеҳ кунад.

Ба гуфтаи намояндаи Пентагон, "далелҳои нав ба нави истифодаи артиши Сурия аз силоҳи кимиёвӣ алайҳи мардумашро, ки нақзи ваҳшатноки қонуни байналмилалӣ аст, наметавон сарфи назар кард".

"Ин далел, ки Русия наметавонад мушкили силоҳи кимиёвиро танзим кунад, салоҳияти ин кишварро ба таъсири мусбат ва дурнамои ҳалли бӯҳрони Сурия зери суол мебарад",- гуфт намояндаи Пентагон.

Рӯзи гузашта ИМА гуфт, агар ҳукумати Сурия аз татбиқи қатъномаи СММ, барои берун овардани захмиҳо аз майдони ҷанг дар Ғутаи Шарқӣ сарпечӣ кунад, Амрико маҷбур аст аз "чораҳои мушаххас" кор бигирад.

Донишманди физикаи назариявӣ Стивен Ҳокинг даргузашт

Стивен Ҳокинг

Донишманди Британия Стивен Ҳокинг дар маҳалли зисташ, воқеъ дар Кембриҷ, даргузашт. Дар ин бора намояндаи хонаводаи Ҳокинг хабар дод. Ӯ 76-сола буд.

“Мо аз марги падари азизамон, ки имрӯз даргузашт, бисёр андуҳгин шудем. Ӯ донишманди бузург ва инсони барҷаста буд, ки меросаш солҳо бо мо хоҳад буд", - омадааст дар изҳороти фарзандони Ҳокинг - Люсӣ, Роберт ва Тим.

Стивен Ҳокинг - асосгузори космологияи квантӣ, назарияи пайдоиши ҷаҳон дар пайи таркиши Бузургро омӯхт ва дар робита ба “чолаҳои сиёҳ” бисёр кашфиёт кардааст. Соли 1979 ӯ баландтарин мақоми академикӣ дар Донишгоҳи Кембриҷро ба даст овард. Китоби Стивен Ҳокинг “Таърихи кӯтоҳи замон”, чопи соли 1988, пурфурӯштарин китоб шуд ва ба муаллифаш шӯҳрати ҷаҳонӣ овард.

Аввалҳои соли 1960 Ҳокинг дар пайи бемории “склерози амфиоторофӣ” фалаҷ шуд. Сарфи назар аз пешгӯии табибон, ӯ бо ин маризӣ 50 соли дигар умр дид. Аз тамоми мушакҳо танҳо мушаки рӯяш фаъол буд ва ӯ ба воситаи сентизатори нутқ сӯҳбат мекард.

Ёфтҳои бештар

Суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Нуриддин Саид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:26 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Нуриддин Саид
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG