Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Суқути ҳавопаймо дар Непал дастикам 40 нафарро қурбон кард

Гурӯҳҳои наҷот дар макони суқути ҳавопаймо 12

Гузоришҳо аз Непал мегӯянд, ки ҳавопаймои ҳомили 67 мусофир ва чаҳор сарнишин, ҳангоми нишастан дар фурӯдгоҳи байналмилалии Катманду суқут кард ва дастикам 40 нафарро кушта бар ҷой гузошт.

Ин ҳавопаймо, ки аз тарафи ширкати Бангладешии US-Bangal истифода мешуд, аз пойтахти Бангладеш - Дакка меомад. Ҳавопаймо рӯзи 12 март ҳангоми нишастан аз хати парвоз берун шуда, суқут кард ва оташ гирифт.

Гузоришҳо мегӯянд, ки ҳадди ақал 22 мусофири маҷруҳ ба бемористон интиқол ёфт ва ҳолати баъзеи онҳо бӯҳронӣ арзёбӣ мешавад.

"Шанси ёфтани мусофирони зинда ночиз аст, зеро ҳавопаймо шадидан сӯхтааст, - гуфт сухангӯи артиш Гокул Бандарӣ

Нахуствазири Непал К Р Шарма Олӣ ба хонаводаҳои қурбониён таъзия баён кард ва таҳқиқи оҷили ҳодисаро ваъда дод.

Ба думболи суқути ҳавопаймо фаъолияти фурӯдгоҳи Катманду масдуд шуда, парвозҳо ба самти пойтахти Непал ё лағв шуданд ва ё ба маконҳои дигар интиқол ёфтанд.

Сабаби суқути ҳавопаймо расман эълон нашудааст.

Непал саҳнаи чандин суқти ҳавопамо дар солҳои гузашта буд. Хизматрасонии заифи техникӣ, пилотҳои бетаҷриба ва мудирияти ноқис аз сабабҳои аслии набуди амнияти парвозҳо унвон мешавад.

Тақдими Ҷоизаи Лоҳутӣ ба рӯзноманигорони тоҷик

Ҷоизаи ҷумҳуриявӣ ба номи Лоҳутӣ тайи маросиме бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик шоми 12-уми март дар як ҳамоиши фарҳангӣ дар бинои Театри академии драмавии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ, ба рӯзноманигорон эҳдо гардид. Аз ҷумла дар бахши телевизион ба Бахтиёр Сафаров, корманди фақиди телевизион, дар бахши радио ба Баҳринисо Маҷидова, корманди радиои “Фарҳанг” ва Махфират Носирзода, хабарнигори радиои “Садои Душанбе” супорида шуд.

Барои маводи имлӣ-таҳқиқотӣ ин ҷоиза ба Ҷамила Раҳмонова ва Бахтиёр Қутбиддинов, устодони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ ихтисос гирифт. Дар бахши матбуот ин ҷоиза ба 5 хабарнигор -- Фахриддини Холбек, Абдулқодири Раҳим, Асалмоҳ Назарова, Ҳотами Ҳомид ва Карим Шариф дода шуд.

Имсол ҳамчунин ҷоизаи алоҳидаи Академияи ВАО дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба чанде аз расонаҳои хабарӣ дода шуд. Аз ҷумла “Озодагон” “Ҳафтаномаи сол”, “ТВ Варзиш” Телевизиони сол, “Имрӯз” радиои сол, АМИТ “Ховар” Оҷонсии сол, “Садои шарқ” маҷаллаи сол ва Нуралӣ Давлат - коршиноси сол эълон гардид. Дар доираи таҷлил аз рӯзи матбуот ба чанде аз собиқадорони матбуоти тоҷик мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад. То замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» - нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд.

Ҳунарманди шинохтаи рус Олег Табаков даргузашт

Олег Табаков

Ҳунарманди мардумии Русия Олег Табаков рӯзи 12 март даргузашт. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо такя ба хадамоти театре гузориш дод, ки Табаков раҳбараш буд. Олег Табаков 82 сол дошт.

Ҳунарманд раҳбари бадеии театри ба номи А.П.Чехов, поягузор ва раҳбари бадеии театри таҳти раҳбарии Олег Табаков (Табакерка) ва ҳамчунин узви Шӯрои фарҳанг ва ҳунари назди президент Русия буд.

Олег Табаков моҳи ноябри соли 2017 дар бемористон бистарӣ шуд. Табибон бемории ӯро сепсис - олудагии хун ташхис карданд. 2 декабр аҳволаш якбора бад шуд ва дар ҳолати беҳушӣ қарор гирифт.

Олег Табаков бо нақши Валтер Шелленберг- раҳбари идораи истихбороти рейхи Сеюм, дар сериали "Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор" дар ёдҳо монд. Кот Мотроскин - қаҳрамони дӯстдоштаи кӯдакон аз филми анимацмонии "Се нафар аз Простоквашино" низ бо садои Табаков сӯҳбат мекунад

Бар асари сел дар Қазоқистон даҳҳо хона зери об монд

Сел дар шарқи Қазоқистон

Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Қазоқистони Шарқӣ рӯзи душанбе гуфт, ки ҳоло, дар ин минтақаи Қазоқистон даҳҳо манзили зист зери об қарор доранд.

Дар ноҳияи Аягози Қазоқистони Шарқӣ 11 март вазъи фавқулода эълон шудааст. Бино ба иттилои Департамент, феълан, 40 манзили истиқоматӣ зери обанд. Шаби шанбе ба якшанбе кормандони наҷот аз минтақаи селзада ҳудуди 400 касро ба ҷойҳои бехавф интиқол додаанд.

Обхезӣ дар ноҳияҳои дигари вилоят, аз ҷумла Уст-Каменогорск ҳам сурат гирифтааст. Дар мактабҳои миёна ва коллеҷҳои шаҳри Риддер ба далели номусоидии бодуҳаво таътил эълом шудааст.

Департаменти ҳолатҳои фавқулодаи минтақа хабар медиҳад, ки ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баъзан маҳдуд карда шуда, дар минтақаҳои куҳии вилоят эҳтимоли фаромадани ярч вуҷуд дорад.

Ба иттилои департамент, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар шарқи Қазоқистон идома дошта, дар рафти он садҳо одам ва беш аз сад техника иштирок доранд.

Моғеринӣ: Иттиҳоди Аврпо ба Украина 1 миллирд евро медиҳад

Федерика Моғеринӣ

Иттиҳоди Аврупо барои идомаи ислоҳот дар Украина ёриҳои молиаш ба ин кишварро идома медиҳад. Дар ин бора раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳод Федерика Моғеринӣ рӯзи 12 март дар Киев изҳорот дод. Ӯ гуфт, ки Брюссел ба Украина 1 миллиард евро кӯмаки молӣ мекунад.

Иттиҳоди Аврупо аз соли 2015 боз ба Украина ёрии молӣ мерасонад. Он замон созишнома барои кӯмаки молии ҳудудан ду миллиард евро имзо шуда буд. Киев то ҳол ду бахши ин маблағро дарёфт кард. Бахши сеюм бо маблағи 600 миллион евро, бинобар иҷро нашудани шартҳои Брюссел ба Киев дода нашуд.

Моғеринӣ дар робита ба вазъият дар Шарқи Украина гуфт, ки гурӯҳи вежаи назоратии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бояд ба тамоми қаламрави Украина, бо шумули марзи Русия ва Украина дастрасӣ пайдо кунад.

Мулоқоти Моғеринӣ бо президенти Украина Порошенко ба имрӯз барномарезӣ шудааст.

Путин ба суқути як ҳавопаймои мусофирбар дастур дода буд

Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин соли 2014 ба суқути ҳавопаймои мусофирбаре дастур додааст, ки бино ба маълумоти пешакӣ дар дохили он бомба буд. Хабаргузории Reuters муҳтавои филми мустанади "Путин"-ро, ки рӯзи якшанбе ба шабакаҳои иҷтимоии русӣ роҳ ёфта буд, пурра нашр кард.

Дар филм Путин ба хабарнигор Андрей Кондрашов мегӯяд, 7 феврали соли 2014, пеш аз кушодашавии Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Сочӣ як афсари хадамоти амнияти Русия ба ӯ занг зада, аз ғасби ҳавопаймои мусофирбаре хабар дод, ки аз Харков ба Истамбул парвоз мекард.

Ҳамлагарон талаб доштанд, ки ҳавопаймо дар Сочӣ фуруд ояд. Халабонҳои "Boeing 737-800"-и ширкати туркии Pegasus гуфтаанд, ки яке аз мусофирон бо худ бомба дорад. Он замон дар дохили ҳавопаймо 110 мусофир ва дар макони баргузории маросими кушодашавии бозиҳо 40 ҳазор одам ҳузур доштанд.

Президенти Русия ба рӯзноманигор мегӯяд, бо коршиносони масоили амниятӣ машварат кард ва онҳо гуфтаанд, ки ҳавопаймо бояд сарнагун шавад. Путин дар посух гуфтааст: "Тибқи нақша амал кунед".

Баъд аз ин суҳбати телефонӣ Путин ҳамроҳ бо намояндагони Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба маҳалли баргузории маросим ҳозир шуд. Чанд дақиқа пас дубора ба ӯ занг зада гуфтаанд, ки маълумот дуруғ баромад ва мусофире, ки таҳдид мекард, маст будааст.

Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков рӯзи 11 март рух додани ин ҳодисаро тасдиқ кард. 18 март қарор аст, дар Русия интихоботи президентӣ баргузор шавад. Хабаргузории Reuters мегӯяд, дар арафаи мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия тадбирҳои амниятӣ пурзӯр мешаванд. Бозиҳо 14 июн оғоз хоҳанд ёфт.

Расонаҳо: Ким Чен Ун омодааст бо ИМА созишномаи сулҳ имзо кунад

Доналд Трамп ва Ким Чен Ун

Роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин талош дорад, бо ИМА созишномаи сулҳ бандад ва робитаҳои дипломатиро барқарор кунад. Дар ин бора нашрияи нашрияи Кореяи ҷанубӣ Donga Ilbo рӯзи 12 март бо такя ба манбаъҳояшон дар маъмурияти президент хабар дод.

Роҳбари Куриёи Шимолӣ дар ин бора дар мулоқот бо ҳайати Куриёи Ҷанубӣ дар Пхенян изҳори назар кардааст.

Сухангӯи Кохи сафеди ИМА Сара Сандерс хабар дод, ки президенти ИМА даъвати мулоқот бо роҳбари Куриёи Шимолиро мепазирад. Аммо афзуд, мулоқоти Трамп бо Ким Чен Ин то замоне, ки Пхенян барои қатъи барномаҳои ҳастаияш иқдоми ҷиддӣ нишон надиҳад, баргузор нахоҳад шуд. Трамп низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки таҳримҳои зидди Куриёи Шимолӣ то замони имзои созишномаи қатъи барномаҳои ҳастаӣ ҳифз хоҳанд шуд.

Макони мулоқоти Трамп бо Ким Чен Ин то ҳол дақиқ нашудааст, аммо Кохи сафед гуфт, "ҳар куҷо ки пешниҳод шуд" қабул хоҳанд кард, ҳатто Пхенянро. Расонаҳои русӣ низ тахмин мезананд, ки ба эҳтимоли зиёд, мулоқот дар Пхенян сурат хоҳад гирифт.

Ҷангиёни Толибон идораҳои марказии Фараҳро як муддат ишғол карданд

Сарбози нерӯҳои Афғонистон ҳангоми ҳамла ба Толибон аз тӯпхона тир кушод. (акс аз бойгонӣ)

Ба гуфтаи як мақоми вилоятии Афғонистон, ҷангиёни Толибон идораҳои ноҳиявиро дар вилояти Фараҳ як муддат ишғол карданд.

Давлат Вазирӣ, сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 12 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нерӯҳо баъди ҷанги чансоата бо Толибон аз маркази ноҳияи Аноробод берун рафтанд.

Аммо Нусрат Раҳимӣ, ноиби сухангӯи Вазорати дохилии Афғонистон гуфт, ки баъди оғози ҳамлаҳои ҳавоӣ алайи Толибон, нерӯҳои амниятии Афғонистон идораҳои ин ноҳияро бозпас гирифтанд.

Раҳимӣ гуфт, ки дар ҷараёни даргирӣ дастикам 56 ҷангии Толибон кушта шуд. Ба гуфтаи ӯ идораҳои марказии ноҳия 30 дақиқа дар ихтиёри Толбион буд.

Фарид Бахтовар, раҳбари Шӯрои вилояти Фараҳ рӯзи 12 март гуфт, ки бинобар маълумоти пешакӣ ҳангоми даргирӣ дар идораҳои ноҳияи Анордара, рӯзи 11 март, дастикам 15 ходими амниятӣ кушта ва захмӣ шуд.

Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи Толибон бар дӯш гирифт ва гуфт, ки ҷангиёни гурӯҳ 15 ходими пулисро кушта, якчанд мошини низомӣ ва теъдоди зиёди муҳимоти ҷангиро бо худ бурданд.

Ғизои миллии қирғизҳо дар роҳ ба сӯи китоби Гиннес (Видео)

Бешбармак рекорӣ

Дар Қирғизистон рӯзи 11 март ба хотири эҳёи суннатҳои миллӣ ва шомил шудан ба Китоби рекордҳои Гиннес якбора 1 464 кило бешбармак омода карданд.

Элнура Кулуева, яке аз таъсисдиҳандагони чорабинӣ гуфт, барои ворид шудан ба китоб бояд ду намояндаи рекордҳои Гиннес даъват шава ё навори таҳиясозии ғизоро ба онҳо бифиристанд.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо роҳхарҷии намояндагони Гиннес 16 ҳазор доллар ва музди кирояи онҳо 10 ҳазор долларро ташкил медод.

"Ба ҳамин хотир мо роҳи дувумро интихоб кардем. Раванди омодасозии ғизоро дар навор сабт ва бо англисӣ тарҷума кардем ва ба котибот фиристодем. Даҳо намояндаи расонаҳо ва ду ошпаз аз Шветсия шоҳиди ғизопазии мо буданд", - гуфт Кулуева.

Ӯ афзуд, барои ирсоли ариза ба Китоби рекордҳои Гиннес ҳамаи талабот риоя шуд. Барои таҳияи бешбармак ва чучук (ҳасиб аз гӯшти асп)-и 117-метрӣ 40 ошпаз ва ҳудуди 100 ёвар ҷалб шуда буд. Барои таҳияи ин миқдор ғизо ҳашт асп забҳ ва 12 дег гузошта шуд.

Соли 2015 Остона бо омода кардани бешбармаки 736,5 килоӣ шомили Китоби рекордҳои Гиннес шуда буд. Акнун қирғизҳо мехоҳанд, рекорди Остонаро бишкананд.

В Кыргызстане решили побить казахстанский рекорд по бешбармаку
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Русия аз маҳви ҳалқаи "террористӣ" дар Саратов хабар дод

Саҳнаи задухурди ФСБ бо террористони эҳтимолӣ. 11 март, 2018

Хадамоти амнияти федералии Русия - ФСБ гуфт, ки як воҳиди ин ниҳод баромаи "террористҳо"-ро хунсо кард, ки мехостанд дар шаҳри ҷанубу ғарбии Саратов амалиёти террористӣ пиёда кунанд. Дар ҷараёни ҳодиса теъдоди номаълуми "ҷинояткорон" кушта шуд.

"Ба думболи тафтиш ва корҳои ҷустуҷӯӣ дар минтақаи Саратов, ФСБ барномаи аъзои гурӯҳи махфии террористиро баҳам зад",- гуфт ин ниҳод рӯзи 11 март дар як изҳорот. "Ҷинояткорон ба сӯи кормандонии амниятӣ тир кушода, дар оташи ҷавобӣ захмҳои маргбор бардоштанд"-, гуфтааст ФСБ.

Изҳорот дар бораи теъдоди кушташудаҳо маълумот надодааст, аммо дар як видео, ки ин ниҳод пахш кард, ҷасади ду мард дар назди мошине, ки тирезааш шикастааст, мушоҳида мешавад.

ФСБ мегӯяд, ки ходимонаш аз ин гурӯҳ таппонча, норинҷаки худсохт ва маводи таркандаи ҳомили се кило тратил мусодира карданд.

Гузориш аз маҳви "террористҳо" дар фосилаи як ҳафта аз баргузории интихоботи президентӣ пахш шуд, ки қарор аст дар он Путин ба осонӣ раиси ҷумҳур интихоб шавад.

The Times: Лондон омодааст Маскавро дар заҳролушдавии Скрипал айбдор кунад

Нахуствазири Британия Тереза Мэй

Нахуствазири Британия Тереза Мэй эҳтимол Русияро дар заминаи талоши куштани афсари пешини Идораи кулли истихборот Сергей Скрипал расман муттаҳам мекунад. Дар ин бора нашрияи The Times рӯзи 12 март бо такя ба манбаи ҳукумати Британия хабар дод.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати нашрия, эҳтимол чунин изҳорот рӯзи душанбеи 12 март, баъди ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ пахш шавад, ки дар он ёфтаҳои ахир дар робита ба қазияи заҳролудшавии Скрипал пешниҳод мешаванд. Тавре манбаи The Times мегӯяд, хадамоти махсуси Британия омода аст исботи рабти Русия бо гази фалаҷкунандаи асабро, ки барои суиқасд ба ҷони Сергей Скрипал истифода шуд, пешниҳод кунад. Вазирон ҷамъ мешаванд ва барои вокуниши оҷил пофишорӣ мекунанд, гуфт як манбаъ дар ҳукумат.

Ба гуфтаи ин манбаъ дар байни чораҳои эҳтимолӣ, ки Британия меандешад, берун кардани дипломатҳои рус аз кишвар ва лағви визаи шарҳварндони Русия дар назар аст.

Сергей Скрипали 66 сола ва духтари ӯ Юлия рӯзи 4 март дар шаҳри Солсберӣ заҳролуд шуданд. Вазъи онҳо бисёр вазнин арзёбӣ мешавад.

Собиқ корманди истихборот Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Британия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.

Тоҷири боздоштшудаи қазоқ гуфт, кӯшиши фирораш иштибоҳ буд

Зиндонии фирорӣ Мурохон Токмадӣ

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи душанбе изҳороти видеоии тоҷири боздоштшуда Муродхон Токмадиро баъди кӯшиши фирор аз ҳабс, дар Youtube нашр кард.

Токмадӣ, ки ба куштори раиси "Бонк ТуранАлем" Ержан Татишев дар соли 2004 айбдор шудааст.

"Барои куштори Татишев дар соли 2004 бо фармоиши Мухтор Аблязов, ба ҷавобгарӣ кашида шудам. 8 март кӯшиш кардам фирор кунам, вале кормандони ҳифзи ҳуқуқ маро боздошт карда, ба СИЗО оварданд. Гуноҳи худро ба гардан мегирам ва эътироф мекунам, ки ин як иштибоҳ буд", - изҳор медорад соҳибкори қазоқ.

Худи Аблязов, ки аз чеҳраҳои мухолифини қазоқ номбар мешавад, чанд моҳ баъд аз куштори Ержан Татишев раиси "Бонк ТуранАлем" таъйин шуд. Аблязов даст доштанаш дар кушторро рад мекунад. Аблязов соли 2009, баъди миллӣ шудани бонки зери раҳбарияш Қазоқистонро тарк кард ва ҳоло аз хориҷ мақомоти ин кишварро танқид мекунад.

Мақомоти қазоқ то тирамоҳи соли гузашта мегуфтанд, ки Татишев ҳангоми шикор дар як тасодуф ҷон бохтааст. Вале вазъ баъд аз боздошт шудани Токмадӣ бо гумони тамаъҷӯӣ ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ тағйир ёфт. Ӯ ба воситаи телевизиони расмии Қазоқистон эътироф кард, ки куштори Татишев барқасдона ва фармоишӣ буд.

Писари президенти Туркманистон мехоҳад, дубора вакили порлумон шавад (Видео)

Сардор Бердимуҳаммадов - писари президенти Туркманистон

Рӯзи 25 дар Туркманистон интихоботи порлумонӣ барпо мешавад. Расонаҳои он кишвар менависанд, интихобот "тибқи меъёрҳои байналхалқӣ баргузор хоҳад шуд".

Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои расонаҳо, 30 номзади интихоботи кунунӣ онҳое ҳастанд, ки дар порлумони феълӣ мандат доранд. Сардор Бердимуҳаммадов, писари президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳам довталаби курсии вакилӣ аст.

Дар маҷмуъ ба 125 курсии порлумон 284 номзад даъвогар ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир Сардор Бердимуҳаммадови 36-сола вакили амалкунандаи порлумон аст. Вақтҳои охир дар расонаҳои маҳаллӣ ӯро "фарзанди мардум" ном мебаранд ва саҳми ӯро дар рушди кишвар таъкид мекунанд. Дар як соли охир фаъолияти сиёсиву иҷтимоии вай густардатар шудааст.

Сын президента Бердымухамедова наследник?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00

Мария Захарова низ Слутскийро ба "озори ҷинсӣ" муттаҳам кард

Мария Захарова

Мария Захарова – сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия – низ Леонид Слутский, намояндаи Думаи давлатӣ аз Ҳизби либерал-демократро ба озору азияти ҷинсӣ муттаҳам кард. Захарова рӯзи 10-уми март гуфт, Слутский дар тарабхона гапҳоеро ба забон овард, ки «бароям хушоянд набуд».

Ӯ афзуд, мояи тааҷҷуб ин аст, ки ҳозирин ҳам дар он лаҳза чизе нагуфта ва аз Захарова ҳимоят нанамудаанд.

Мария Захарова дар суҳбат бо телевизиони НТВ-и Русия гуфт, ин ҳодиса панҷ сол пеш, ҳангоме ки чандон шахсияти маъруф набуд, рух додааст.

Пеш аз сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия, се хабарнигор ҳам Леонид Слуткский, раиси Кумитаи умури байналмилалии порлумони Русияро ба озору азияти ҷинсӣ муттаҳам карданд.

Аммо Слутский ин иттиҳомотро рад кардааст. Ӯ дар табрикоти рӯзи 8-уми март аз занҳое, ки ба қавли худаш “худогоҳ ё нохудогоҳ онҳоро озор додааст”, узр пурсид.

Трамп гуфт, мулоқоташ бо Ун муваффақияти фавқулода хоҳад буд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, пешбинӣ мекунад, ки гуфтугӯи ӯ бо Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, як муваффақияти фавқулода хоҳад буд. Трамп рӯзи 10-уми март гуфт, Пхенян ваъда намудааст, ки то баргузории ин гуфтугӯ ҳеч озмоиши мушакӣ анҷом надиҳад.

Ӯ ба хабарнигорон гуфт, “фикр мекунам, музокирот бо Куриёи Шимолӣ ба хубӣ пеш хоҳад рафт ва муваффақияти фавқулода хоҳад буд”.

Кохи Сафед ҳафтаи гузашта эълон кард, ки раиси ҷумҳур Трамп эҳтимол моҳи майи имсол бо раҳбари Куриёи Шимолӣ мулоқот кунад.

Украина мақоми довталаб ба узвияти НАТО-ро гирифт

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ва генерал Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО. Моҳи ноябри 2017

Украина мақоми кишвари довталаб ба узвияти НАТО-ро ба даст овардааст. Дар ҳоли 29 кишвари ғарбӣ шомили ин созмони низомӣ буда, Гурҷистону Мақдуния ва Боснияву Ҳерзоговина мақоми кишвари довталаб ба узвиятро доранд.

Дар иттилояи расмии НАТО аз 9-уми март гуфта шудааст, “дари ин созмон ба рӯи ҳама кишварҳои аврупоӣ, ки майли пайвастан ба ин созмонро доранд, боз хоҳад монд”.

Порлумони Украина тобистони соли 2017 қонунеро тасвиб кард, ки пайвастан ба НАТО-ро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии он кишвар эътироф мекунад. Дертар Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ҳам гуфт, барои таҳияи нақшаи узвият дар НАТО музокиротро оғоз хоҳад кард.

Украина дар ҳоли ҳозир дар шарқи он кишвар бо ҷудоихоҳони тарафдори Русия даргир аст. Дар низои чаҳор соли охир дар шарқи Украина беш аз даҳ ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазори дигар беҷо шудаанд.

Қунғуротзода аз ҳайати мушовараи ВКД-и Тоҷикистон хориҷ шуд

Фотеҳ Қунғуротзода

Фотеҳ Қунғуротзода, сардори пешини Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, аз ҳайати мушовара ё коллегияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хориҷ карда шудааст.

Дар ин бора охири моҳи феврали имсол қарори ҳукумат содир гардидааст. Нусхаи ин қарор рӯзи 11-уми март дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Бино ба қарор, генерал Шариф Назарзода шомили ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ шудааст. Назарзода моҳи декабри соли гузашта сардори Раёсати умури дохилии пойтахт таъйин шуд ва дар ин мақом Фотеҳ Қунғуротзодаро иваз кард.

Ӯ дар гузашта дар вазифаи сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд фаъолият дошт.

Малола: Зидди идеологияе мубориза шавад, ки зану мардро баробар намедонад

Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай, духтари покистонӣ ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, хостори иқдомоти ҷиддӣ алайҳи идеологияи ифротӣ ва табъизи занон шудааст. Малола дар як мусоҳибааш рӯзи 9-уми март ибрози умед кард, “алайҳи идеологияе мубориза шавад, ки баробарии марду занро намепазирад” ва ҳаққи омӯзишро ба кӯдакон намедиҳад.

Малолаи бистсола пас аз онки соли 2012 дар як тирандозии ҷангҷӯёни Толибон дар минтақаи Своти Покистон захмӣ шуд, фаъолияташро барои дифоъ аз ҳаққи омӯзиши духтарон оғоз кард.

Малола соли 2014 ҷоизаи сулҳи Нобелро гирифт ва дар ҳоли ҳозир дар Донишгоҳи Оксфорд дарс мехонад.

Дар аввали соли гузашта ба унвони ҷавонтарин фиристодаи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид номзад шуд.

Даъват ба бойкоти интихоботи президентӣ дар Озарбойҷон

Ду ҳизби мухолиф дар Озарбойҷон рӯзи 10-уми март дар гирдиҳамоие ба бойкоти интихоботи президентӣ дар он кишвар даъват кардаанд. Ҳизби “Мусават” ва Шӯрои миллии нирӯҳои демократӣ эълон кардаанд, ки дар ин интихобот иштирок нахоҳанд кард.

Дар гирдиҳамоии рӯзи шанбе дар майдони Маҳсули шаҳри Боку ҳазорон нафар иштирок доштанд. Бархеи онҳо барои озодии зиндониёни сиёсӣ, мубориза бо фасод ва озодии сухан шиор доданд.

Бо фармони Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон рӯзи 11-уми апрел дар он кишвар интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд. Алиев дар фармони рӯзи 5-уми феврал сабаби пеш овардани рӯзи интихоботро шарҳ надод, аммо гуфт, ин амр мутобиқи Қонуни асосӣ аст. Ба Қонуни асосии Озарбойҷон соли 2016 чанд тағйир ворид карданд. Ин тағийрот ба Алиев ҳақ додааст, ки интихоботи пеш аз муҳлатро баргузор кунад.

Илҳом Алиев соли 2003, чанде пеш аз марги падараш ба қудрат расид. Вай 15 сол боз Озарбойҷони саршор аз нафтро идора мекунад.

Мушовири президент Алӣ Ҳасанов дар заминаи шарҳи таҳаввулот гуфт, баргузории пеш аз мӯҳлати интихобот ба чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва байналмилалӣ рабт дорад, ки охири сол дар Озарбойҷон баргузор мешаванд.

Аммо мухолифин инро талоши пешгирӣ аз омодагии беҳтари номзадҳо унвон карда мегӯянд, интихоботро "бойкот" хоҳанд кард.

Шавкат Мирзиёев ба Узбекистон баргашт

Раиси ҷумҳури Узбекистон рӯзи 10-уми март, баъди анҷоми сафари давлатиаш ба Тоҷикистон, аз Душанбе ба Тошканд рафт. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки Шавкат Мирзиёевро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон гусел кардааст.

Мирзиёев рӯзи 9-уми март бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Ин нахустин сафари давлатии президенти Узбекистон дар 27 соли охир аст.

Рӯзи ҷумъа эълон шуд, ки дар ҷараёни сафари Мирзиёев ва мулоқоти раҳбарияту мақомоти ду кишвар 27 санаду созишнома, аз ҷумла созиш дар бораи сафари якмоҳаи бе визаи шаҳрвандони ду кишвар имзо шуд. Интизор меравад, ин санаду созишномаҳо ба зудӣ аз тарафи порлумонҳои ду кишвар тасвиб ва мавриди иҷро қарор гирад.

Дар ин бора бештар бихонед:

Трамп: Муомила бо Куриёи Шимолӣ ба нафъи ҷаҳон хоҳад буд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – гуфт, рӯи тарҳе кор мекунад, ки ҳадафаш поён додан ба силоҳи атомӣ ё ҳастаии Куриёи Шимолӣ аст. Ба қавли Трамп, интизор дорад, ин тарҳ ба фоидаи тамоми ҷаҳон бошад.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 9-уми март дар саҳифааш дар Твиттер навишт, “кор ҷараён дорад ва дар сурати такмил шудани он, ҷаҳон як тавофуқномаи мусбати ҳастаӣ хоҳад дошт.”

Як рӯз пеш аз он, Доналд Трамп гуфт, Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ натанҳо рӯи ҷилавгирӣ аз густариши силоҳҳои ҳастаӣ суҳбат карда, балки барои аз байн бурдани он тааҳуд супурдааст. Ба қавли Трамп, Куриёи Шимолӣ ваъда кардааст, ки дар ҷараёни музокирот ҳеч озмоиши мушакӣ низ накунад.

Кохи Сафед ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯянд, то ҳанӯз маҳал ва замони дақиқи гуфугӯҳо миёни раҳбарияти Амрико ва Куриёи Шимолӣ таъйин нашудааст.

Толибон кушта шудани писари Мулло Фазлуллоҳро тасдиқ кард

Мулло Фазлуллоҳ

Толибони Покистон тасдиқ карданд, ки писари Мулло Фазлуллоҳ, раҳбари ин гуруҳ, дар ҳамлаи шашуми марти бесарнишинҳои амрикоӣ кушта шудааст.

Таҳрики Толибони Покистон рӯзи 9-уми март дар як баёния гуфт, Абдуллоҳ, писари Мулло Фазлуллоҳ дар миёни 21 ҷангҷӯи онҳо буд, ки дар минтақаи марзии миёни Афғонстону Покистон қарор доштанд.

Абдуллоҳи 16-сола чаҳорумин чеҳраи муҳими Толибон буд, ки дар зарфи як моҳи охир кушта шуданд. Чанде қабл ноиби раҳбари Толибони Покистон Саид Меҳсуд ва ду фармондеҳи дигари Толибон ҳадафи ҳамлаи “дрон” қарор гирифтанд.

Мақомҳои истихбороти Покистон гуфтанд, Абдуллоҳ дар вилояти Кунар дар ҳоле ба ҳалокат расид, ки ҳавопаймои бесарнишин тамрингоҳи ҳамлагарони интиҳориро ҳадаф қарор дод.

"На унвон дошт, на нафақаи хуб". Соҷида Ғуломова даргузашт

Соҷида Ғуломова

Соҷида Ғуломова, коргардони маъруфи тоҷик, дар 81-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯ муаллифи намоишномаҳои пурбинандае чун “Зани оҳанин” ва “Армони модар” буд.

Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпешаи тоҷик ва яке аз наздикони Соҷида Ғуломова, рӯзи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, коргардони маъруф шаби гузашта аз фишори баланди хун ҷон дод.

Соҷида Ғуломова дар филми "Буд-набуд, дар синфи якум буд"
Соҷида Ғуломова дар филми "Буд-набуд, дар синфи якум буд"

Соҷида Ғуломова, коргардони маъруфи тоҷик аз соли 1962 то 1993, беш аз 30 сол дар бахши адабии телевизиони давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ муаллифи даҳҳо намоишномаи телевизионие, чун “Найрангҳои Майсара”, “Зани оҳанин”, “Имтиҳон”, “Зангирии Чаққабой”, “Ҳаёт ва ишқ”, “Субҳи модар”, “Армони модар” аст, ки аз ганҷҳои “фонди тилоӣ”-и телевизиони тоҷик дониста мешаванд ва то имрӯз батакрор нашр мешаванд.

Аммо Моҳпайкар Ёрова гуфт, "аламовар аст, ки ин қадар хидмат карда буданд, вале на унвон доштанд ва на як нафақаи хуб." Худи Соҷида Ғуломова низ ду сол қабл дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳар моҳ ду намоишнома таҳия кардаву ба саҳна мегузошт, аммо ин ҳама хидматҳои ӯро бо 200 сомонӣ нафақа “қадр” кардаанд.

Соҷида Ғуломова намояндаи хонаводаест, ки ба фарҳангу ҳунари Тоҷикистон як силсила шахсиятҳои барҷаста додааст. Хоҳари Соҷида Ғуломова – ҳунарпеша ва коргардон Фотима Ғуломова ва бародараш Исфандиёр Ғуломов ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷик мебошанд.

Аз сокинони Тоҷикистон хостанд, аз сафару шикор худдорӣ намоянд

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар хостааст, ки аз 11 то 13-уми марти имсол, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, бахусус минтақаҳои куҳӣ эҳтиёт кунанд. Масъулони кумита рӯзи 10-уми март гуфтанд, ки қарор аст, дар дар водиҳо борони сел ва дар куҳҳо барфи тар биборад.

“Таҳдиди болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо боқӣ мемонад. Дар минтақаҳои куҳӣ фаромадани тарма, ярч ва резиши санг аз эҳтимол дур нест”, - гуфт Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Ӯ афзуд, раҳбарияти Кумита аз мардум мехоҳад, ки дар ин муддат мошинҳои худро пеш аз сафар омода кунанд ё беҳтар аст аз сафарҳои бидуни зарурат ва шикору кори саҳро худдорӣ намоянд. “Ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳо аз зери хатти интиқоли нирӯи барқ, дарахтон, пояҳои таблиғотӣ ва иншооти дигари хатарзо нагузаред”, - таъкид кард Юсуфова.

Ҳар сол дар натиҷаи боронҳои пайиҳами баҳорӣ ва фаромадани тармаву сангреза дар роҳҳои кишвар чандин нафар ҷон бохта, баъзеи дигар маҷруҳ мешаванд.

Зуҳуров: "Ба самимияти Мирзиёев заррае шубҳа надоштем"

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, дар идомаи сафари давлатиаш ба Тоҷикистон рӯзи 10-уми март бо раиси порлумон Шукурҷон Зуҳуров суҳбат кард. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми суҳбат ду тараф бори дигар майли худро ба густариши муносибатҳо баён намуданад.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, ба самимияти Мирзиёев заррае шубҳа надоштанд. “Зеро муколамаи созанда миёни Узбекистон ва Тоҷикистон маҳз баъди ба қудрат расидани Шумо ба роҳ монда шуд”, - гуфтааст Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, “мо ҳамеша бовар доштем, ки дер ё зуд дар муносиботи неки бисёрасраи кишварҳои мо давраи наве эҷод мешавад ва ҳама чиз ба давраи муқаррарии худ бармегардад.”

Сухангӯи Маҷлиси Намояндагон гуфт, Шавкат Мирзиёев дар навбати худ таъкид кардааст, ки “муносибати дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардуми ҳар ду кишвар дорад.” Аз ин рӯ, ба қавли Шавкат Мирзиёев, “вазифаи сиёсӣ ва инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем.”

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, субҳи 9-уми март барои анҷоми сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд. Ӯ дар рӯзи аввали сафараш бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Душанбе, миёни ду кишвар 27 созишнома, санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуд. Муҳимтарин созиши ҳосилшуда ин то 30 рӯз бидуни виза ба кишварҳои якдигар сафари кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:21 0:00
XS
SM
MD
LG