Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Мария Захарова низ Слутскийро ба "озори ҷинсӣ" муттаҳам кард

Мария Захарова

Мария Захарова – сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия – низ Леонид Слутский, намояндаи Думаи давлатӣ аз Ҳизби либерал-демократро ба озору азияти ҷинсӣ муттаҳам кард. Захарова рӯзи 10-уми март гуфт, Слутский дар тарабхона гапҳоеро ба забон овард, ки «бароям хушоянд набуд».

Ӯ афзуд, мояи тааҷҷуб ин аст, ки ҳозирин ҳам дар он лаҳза чизе нагуфта ва аз Захарова ҳимоят нанамудаанд.

Мария Захарова дар суҳбат бо телевизиони НТВ-и Русия гуфт, ин ҳодиса панҷ сол пеш, ҳангоме ки чандон шахсияти маъруф набуд, рух додааст.

Пеш аз сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия, се хабарнигор ҳам Леонид Слуткский, раиси Кумитаи умури байналмилалии порлумони Русияро ба озору азияти ҷинсӣ муттаҳам карданд.

Аммо Слутский ин иттиҳомотро рад кардааст. Ӯ дар табрикоти рӯзи 8-уми март аз занҳое, ки ба қавли худаш “худогоҳ ё нохудогоҳ онҳоро озор додааст”, узр пурсид.

Трамп гуфт, мулоқоташ бо Ун муваффақияти фавқулода хоҳад буд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, пешбинӣ мекунад, ки гуфтугӯи ӯ бо Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ, як муваффақияти фавқулода хоҳад буд. Трамп рӯзи 10-уми март гуфт, Пхенян ваъда намудааст, ки то баргузории ин гуфтугӯ ҳеч озмоиши мушакӣ анҷом надиҳад.

Ӯ ба хабарнигорон гуфт, “фикр мекунам, музокирот бо Куриёи Шимолӣ ба хубӣ пеш хоҳад рафт ва муваффақияти фавқулода хоҳад буд”.

Кохи Сафед ҳафтаи гузашта эълон кард, ки раиси ҷумҳур Трамп эҳтимол моҳи майи имсол бо раҳбари Куриёи Шимолӣ мулоқот кунад.

Украина мақоми довталаб ба узвияти НАТО-ро гирифт

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ва генерал Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО. Моҳи ноябри 2017

Украина мақоми кишвари довталаб ба узвияти НАТО-ро ба даст овардааст. Дар ҳоли 29 кишвари ғарбӣ шомили ин созмони низомӣ буда, Гурҷистону Мақдуния ва Боснияву Ҳерзоговина мақоми кишвари довталаб ба узвиятро доранд.

Дар иттилояи расмии НАТО аз 9-уми март гуфта шудааст, “дари ин созмон ба рӯи ҳама кишварҳои аврупоӣ, ки майли пайвастан ба ин созмонро доранд, боз хоҳад монд”.

Порлумони Украина тобистони соли 2017 қонунеро тасвиб кард, ки пайвастан ба НАТО-ро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии он кишвар эътироф мекунад. Дертар Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина ҳам гуфт, барои таҳияи нақшаи узвият дар НАТО музокиротро оғоз хоҳад кард.

Украина дар ҳоли ҳозир дар шарқи он кишвар бо ҷудоихоҳони тарафдори Русия даргир аст. Дар низои чаҳор соли охир дар шарқи Украина беш аз даҳ ҳазор нафар кушта ва садҳо ҳазори дигар беҷо шудаанд.

Қунғуротзода аз ҳайати мушовараи ВКД-и Тоҷикистон хориҷ шуд

Фотеҳ Қунғуротзода

Фотеҳ Қунғуротзода, сардори пешини Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, аз ҳайати мушовара ё коллегияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хориҷ карда шудааст.

Дар ин бора охири моҳи феврали имсол қарори ҳукумат содир гардидааст. Нусхаи ин қарор рӯзи 11-уми март дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Бино ба қарор, генерал Шариф Назарзода шомили ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ шудааст. Назарзода моҳи декабри соли гузашта сардори Раёсати умури дохилии пойтахт таъйин шуд ва дар ин мақом Фотеҳ Қунғуротзодаро иваз кард.

Ӯ дар гузашта дар вазифаи сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд фаъолият дошт.

Малола: Зидди идеологияе мубориза шавад, ки зану мардро баробар намедонад

Малола Юсуфзай

Малола Юсуфзай, духтари покистонӣ ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, хостори иқдомоти ҷиддӣ алайҳи идеологияи ифротӣ ва табъизи занон шудааст. Малола дар як мусоҳибааш рӯзи 9-уми март ибрози умед кард, “алайҳи идеологияе мубориза шавад, ки баробарии марду занро намепазирад” ва ҳаққи омӯзишро ба кӯдакон намедиҳад.

Малолаи бистсола пас аз онки соли 2012 дар як тирандозии ҷангҷӯёни Толибон дар минтақаи Своти Покистон захмӣ шуд, фаъолияташро барои дифоъ аз ҳаққи омӯзиши духтарон оғоз кард.

Малола соли 2014 ҷоизаи сулҳи Нобелро гирифт ва дар ҳоли ҳозир дар Донишгоҳи Оксфорд дарс мехонад.

Дар аввали соли гузашта ба унвони ҷавонтарин фиристодаи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид номзад шуд.

Даъват ба бойкоти интихоботи президентӣ дар Озарбойҷон

Ду ҳизби мухолиф дар Озарбойҷон рӯзи 10-уми март дар гирдиҳамоие ба бойкоти интихоботи президентӣ дар он кишвар даъват кардаанд. Ҳизби “Мусават” ва Шӯрои миллии нирӯҳои демократӣ эълон кардаанд, ки дар ин интихобот иштирок нахоҳанд кард.

Дар гирдиҳамоии рӯзи шанбе дар майдони Маҳсули шаҳри Боку ҳазорон нафар иштирок доштанд. Бархеи онҳо барои озодии зиндониёни сиёсӣ, мубориза бо фасод ва озодии сухан шиор доданд.

Бо фармони Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон рӯзи 11-уми апрел дар он кишвар интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ баргузор хоҳад шуд. Алиев дар фармони рӯзи 5-уми феврал сабаби пеш овардани рӯзи интихоботро шарҳ надод, аммо гуфт, ин амр мутобиқи Қонуни асосӣ аст. Ба Қонуни асосии Озарбойҷон соли 2016 чанд тағйир ворид карданд. Ин тағийрот ба Алиев ҳақ додааст, ки интихоботи пеш аз муҳлатро баргузор кунад.

Илҳом Алиев соли 2003, чанде пеш аз марги падараш ба қудрат расид. Вай 15 сол боз Озарбойҷони саршор аз нафтро идора мекунад.

Мушовири президент Алӣ Ҳасанов дар заминаи шарҳи таҳаввулот гуфт, баргузории пеш аз мӯҳлати интихобот ба чорабиниҳои муҳими давлатӣ ва байналмилалӣ рабт дорад, ки охири сол дар Озарбойҷон баргузор мешаванд.

Аммо мухолифин инро талоши пешгирӣ аз омодагии беҳтари номзадҳо унвон карда мегӯянд, интихоботро "бойкот" хоҳанд кард.

Шавкат Мирзиёев ба Узбекистон баргашт

Раиси ҷумҳури Узбекистон рӯзи 10-уми март, баъди анҷоми сафари давлатиаш ба Тоҷикистон, аз Душанбе ба Тошканд рафт. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки Шавкат Мирзиёевро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон гусел кардааст.

Мирзиёев рӯзи 9-уми март бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Ин нахустин сафари давлатии президенти Узбекистон дар 27 соли охир аст.

Рӯзи ҷумъа эълон шуд, ки дар ҷараёни сафари Мирзиёев ва мулоқоти раҳбарияту мақомоти ду кишвар 27 санаду созишнома, аз ҷумла созиш дар бораи сафари якмоҳаи бе визаи шаҳрвандони ду кишвар имзо шуд. Интизор меравад, ин санаду созишномаҳо ба зудӣ аз тарафи порлумонҳои ду кишвар тасвиб ва мавриди иҷро қарор гирад.

Дар ин бора бештар бихонед:

Трамп: Муомила бо Куриёи Шимолӣ ба нафъи ҷаҳон хоҳад буд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – гуфт, рӯи тарҳе кор мекунад, ки ҳадафаш поён додан ба силоҳи атомӣ ё ҳастаии Куриёи Шимолӣ аст. Ба қавли Трамп, интизор дорад, ин тарҳ ба фоидаи тамоми ҷаҳон бошад.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 9-уми март дар саҳифааш дар Твиттер навишт, “кор ҷараён дорад ва дар сурати такмил шудани он, ҷаҳон як тавофуқномаи мусбати ҳастаӣ хоҳад дошт.”

Як рӯз пеш аз он, Доналд Трамп гуфт, Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ натанҳо рӯи ҷилавгирӣ аз густариши силоҳҳои ҳастаӣ суҳбат карда, балки барои аз байн бурдани он тааҳуд супурдааст. Ба қавли Трамп, Куриёи Шимолӣ ваъда кардааст, ки дар ҷараёни музокирот ҳеч озмоиши мушакӣ низ накунад.

Кохи Сафед ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯянд, то ҳанӯз маҳал ва замони дақиқи гуфугӯҳо миёни раҳбарияти Амрико ва Куриёи Шимолӣ таъйин нашудааст.

Толибон кушта шудани писари Мулло Фазлуллоҳро тасдиқ кард

Мулло Фазлуллоҳ

Толибони Покистон тасдиқ карданд, ки писари Мулло Фазлуллоҳ, раҳбари ин гуруҳ, дар ҳамлаи шашуми марти бесарнишинҳои амрикоӣ кушта шудааст.

Таҳрики Толибони Покистон рӯзи 9-уми март дар як баёния гуфт, Абдуллоҳ, писари Мулло Фазлуллоҳ дар миёни 21 ҷангҷӯи онҳо буд, ки дар минтақаи марзии миёни Афғонстону Покистон қарор доштанд.

Абдуллоҳи 16-сола чаҳорумин чеҳраи муҳими Толибон буд, ки дар зарфи як моҳи охир кушта шуданд. Чанде қабл ноиби раҳбари Толибони Покистон Саид Меҳсуд ва ду фармондеҳи дигари Толибон ҳадафи ҳамлаи “дрон” қарор гирифтанд.

Мақомҳои истихбороти Покистон гуфтанд, Абдуллоҳ дар вилояти Кунар дар ҳоле ба ҳалокат расид, ки ҳавопаймои бесарнишин тамрингоҳи ҳамлагарони интиҳориро ҳадаф қарор дод.

"На унвон дошт, на нафақаи хуб". Соҷида Ғуломова даргузашт

Соҷида Ғуломова

Соҷида Ғуломова, коргардони маъруфи тоҷик, дар 81-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Ӯ муаллифи намоишномаҳои пурбинандае чун “Зани оҳанин” ва “Армони модар” буд.

Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпешаи тоҷик ва яке аз наздикони Соҷида Ғуломова, рӯзи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, коргардони маъруф шаби гузашта аз фишори баланди хун ҷон дод.

Соҷида Ғуломова дар филми "Буд-набуд, дар синфи якум буд"
Соҷида Ғуломова дар филми "Буд-набуд, дар синфи якум буд"

Соҷида Ғуломова, коргардони маъруфи тоҷик аз соли 1962 то 1993, беш аз 30 сол дар бахши адабии телевизиони давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ муаллифи даҳҳо намоишномаи телевизионие, чун “Найрангҳои Майсара”, “Зани оҳанин”, “Имтиҳон”, “Зангирии Чаққабой”, “Ҳаёт ва ишқ”, “Субҳи модар”, “Армони модар” аст, ки аз ганҷҳои “фонди тилоӣ”-и телевизиони тоҷик дониста мешаванд ва то имрӯз батакрор нашр мешаванд.

Аммо Моҳпайкар Ёрова гуфт, "аламовар аст, ки ин қадар хидмат карда буданд, вале на унвон доштанд ва на як нафақаи хуб." Худи Соҷида Ғуломова низ ду сол қабл дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳар моҳ ду намоишнома таҳия кардаву ба саҳна мегузошт, аммо ин ҳама хидматҳои ӯро бо 200 сомонӣ нафақа “қадр” кардаанд.

Соҷида Ғуломова намояндаи хонаводаест, ки ба фарҳангу ҳунари Тоҷикистон як силсила шахсиятҳои барҷаста додааст. Хоҳари Соҷида Ғуломова – ҳунарпеша ва коргардон Фотима Ғуломова ва бародараш Исфандиёр Ғуломов ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷик мебошанд.

Аз сокинони Тоҷикистон хостанд, аз сафару шикор худдорӣ намоянд

Акс аз бойгонӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар хостааст, ки аз 11 то 13-уми марти имсол, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, бахусус минтақаҳои куҳӣ эҳтиёт кунанд. Масъулони кумита рӯзи 10-уми март гуфтанд, ки қарор аст, дар дар водиҳо борони сел ва дар куҳҳо барфи тар биборад.

“Таҳдиди болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо боқӣ мемонад. Дар минтақаҳои куҳӣ фаромадани тарма, ярч ва резиши санг аз эҳтимол дур нест”, - гуфт Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Ӯ афзуд, раҳбарияти Кумита аз мардум мехоҳад, ки дар ин муддат мошинҳои худро пеш аз сафар омода кунанд ё беҳтар аст аз сафарҳои бидуни зарурат ва шикору кори саҳро худдорӣ намоянд. “Ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳо аз зери хатти интиқоли нирӯи барқ, дарахтон, пояҳои таблиғотӣ ва иншооти дигари хатарзо нагузаред”, - таъкид кард Юсуфова.

Ҳар сол дар натиҷаи боронҳои пайиҳами баҳорӣ ва фаромадани тармаву сангреза дар роҳҳои кишвар чандин нафар ҷон бохта, баъзеи дигар маҷруҳ мешаванд.

Зуҳуров: "Ба самимияти Мирзиёев заррае шубҳа надоштем"

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, дар идомаи сафари давлатиаш ба Тоҷикистон рӯзи 10-уми март бо раиси порлумон Шукурҷон Зуҳуров суҳбат кард. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳангоми суҳбат ду тараф бори дигар майли худро ба густариши муносибатҳо баён намуданад.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, Шукурҷон Зуҳуров гуфтааст, ба самимияти Мирзиёев заррае шубҳа надоштанд. “Зеро муколамаи созанда миёни Узбекистон ва Тоҷикистон маҳз баъди ба қудрат расидани Шумо ба роҳ монда шуд”, - гуфтааст Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, “мо ҳамеша бовар доштем, ки дер ё зуд дар муносиботи неки бисёрасраи кишварҳои мо давраи наве эҷод мешавад ва ҳама чиз ба давраи муқаррарии худ бармегардад.”

Сухангӯи Маҷлиси Намояндагон гуфт, Шавкат Мирзиёев дар навбати худ таъкид кардааст, ки “муносибати дӯстонаи мо реша дар қалбҳои мардуми ҳар ду кишвар дорад.” Аз ин рӯ, ба қавли Шавкат Мирзиёев, “вазифаи сиёсӣ ва инсонии мо аст, ки чунин равобитро ҳамаҷониба тақвият ва таҳким бахшем.”

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, субҳи 9-уми март барои анҷоми сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд. Ӯ дар рӯзи аввали сафараш бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Душанбе, миёни ду кишвар 27 созишнома, санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуд. Муҳимтарин созиши ҳосилшуда ин то 30 рӯз бидуни виза ба кишварҳои якдигар сафари кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон мебошад.

Сафари бе визаи қазоқистониҳо ба Имороти Муттаҳидаи Араб

Аз имрӯз эътиборан шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бидуни виза сафар кунанд. Созишномаи сафарҳои бидуни раводид моҳи маи соли 2017 имзо шуда баъди анҷоми расмиёти дохилиҳукуматӣ 10 март ба иҷро даромад. Шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд дар Иморот то 30 рӯз бидуни виза ба сар баранд.

Ба занҳо иҷозат дода шудааст, ки ба ин кишвар бидуни мард ворид шаванд. Айни замон, ин виза ҳақи кор дар ҳудуди ин кишварро намедиҳад. Шаҳрвандони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз соли 2012 ҳақ доштанд дар қаламрави Қазоқистон бидуни виза ба сар баранд. Дар ин бора бахши Қазоқии Радиои Озодӣ рӯзи 10 март хабар дод.

Қирғизистон мехоҳад, ки шаҳрвандонашро аз Ироқ баргардонад

Сафорати Қирғизистон дар Кувайт нотаи дипломатиро ба консули сафорати Ироқ дар Кувайт таслим кард ва аз онҳо хост, барои дарёфти иттилои комил дар бораи шаҳрвандони зиндонии ин кишвар дар Бағдод ёрӣ кунанд.

Аз рӯи иттилои муқаддамотӣ, се шаҳрванди Қирғизистон ҳамроҳ бо 10 тифли ноболиғашон дар боздоштгоҳи муваққати пойтахти Ироқ нигоҳдорӣ мешаванд. Дар ин бора рӯзи 10-уми март бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Сафорати Қирғизистон, инчунин, хостааст, ки дар ҳимоят аз ҳуқуқи ин шаҳрвандон кумаки зарурӣ анҷом дода шавад ва ин шаҳрвандон бо вакили дифоъ таъмин гарданд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, мунтазири иттилои расмӣ дар бораи шаҳрвандонаш дар Ироқ мебошад.

Ба эҳтимоли ғолиб, ин шаҳрвандон аъзои оилаи ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд, ки баъди маҳдуд шудани макони будубошашон дар Сурияву Ироқ аз маконҳои ҷанг фирор кардаанд. Дар миёни онҳое, ки дар зиндонҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд, занону кӯдакони ДИИШ-иҳо мебошанд, ки баъди кушта ё зиндонӣ шудани мардҳо ба дасти ҳукумати Ироқ таслим шудаанд.

Тахмин меравад, ки дар миёни зиндониҳо занону кӯдакони тоҷик ҳам ҳастанд. Мақомот дар Тоҷикистон ваъда додаанд, ки тифли 10-солаи тоҷик Марямро, ки дар як ятимхонаи Бағдод мебошад, ба назди бобояш бармегардонанд. Ин духтар мегӯяд, ки волидон ва чаҳор додару хоҳараш дар ҷангҳо кушта шудаанд.

4 намояндаи Додохоновҳо барои ташхиси ҷасад ба Саудӣ рафтанд

Чаҳор намояндаи хонаводаи Додохоновҳо барои иштирок дар санҷиши тиббии ҷасади соҳибкори тоҷик Бахтиёр Додохонов ва зану ду писараш ба Арабистони Саудӣ рафтанд.

Як шахси наздик ба ин оила рӯзи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, тасмим шудааст, баъди таҳқиқи сабабҳои марги хонаводаи ин соҳибкори тоҷик, онҳоро дар Саудӣ дафн кунанд.

Додситонии Арабистони Саудӣ гуфтааст, амалиёти таҳқиқи ҷасадҳо бидуни иҷозаи хонавода мумкин нест ва ин амалиёт барои маълум шудани сабаби марги онҳо кумак хоҳад кард.

Наздикони Додохоновҳо мегӯянд, тибқи фарзияи ибтидоии Додситонии кулли Арабистони Саудӣ, писари хонадон Бахтиёр Додохонов ҳамроҳ бо ҳамсар ва ду фарзандаш заҳролуд ё кушта шудаанд.

Ҷасади ин чаҳор нафар дар ҳуҷраи меҳмонхонае дар Мадина рӯзи 5-уми март ошкор шуд.

Бахтиёр Додохонови 35-сола соҳибкор буд ва барои Ҳаҷҷи Умра дар Мадина қарор дошт. Ҳамроҳ бо ӯ ҳамсараш Гулнора Додохонова (33-сола), писаронаш Некрӯз (8-сола) ва Беҳрӯз (12-сола) низ буданд, ки ба ҳалокат расиданд.

Хоманеӣ маъракаи зидди-ҳиҷобро "дасисаи душманон" унвон кард

Раҳбари Олии Эрон дар маҷлиси шоирони мазҳабӣ - 8 март, 2018

Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ, "душманони хориҷӣ"-ро тарҳрези маъракаи зидди-ҳиҷоб дар кишвар унвон кард.

Изҳороти рӯзи 8 марти Хоманеӣ, яке аз шарҳҳои густардаи ӯ дар робита ба сисилаи эътирозҳои осоишта аст, ки дар он даҳҳо зан русариҳои худро дар маҳзаи ом бадар карданд ва онҳоро чун парчам алвонҷ доданд.

"Дар натиҷа баъзе духтарҳо фиреб хурданд ва чодарҳои худра дар инҷову онҷо аз сар кашиданд",- гуфт Хоманеӣ.

Ӯ ин этирозҳоро "масъалаи ночиз" номид, вале ҳамзамон гуфт, "он чӣ боиси нигаронии ман шудааст ин аст, ки баъзе нухбагон акнун ҳиҷоби маҷбуриро зери суол мебаранд".

Раҳбари Олии Эрон гуфт, баъзе рӯзноманигорони кишвар, рӯшанфикрон ва рӯҳониён "нохудогоҳ ба пайроҳаи душман по мегузоранд".

Аввали соли равон мақомоти Эрон 29 занро барои бе русарӣ зоҳир шудан дар маҳзари ом, боздошт карданд.

Либосе, ки бояд мӯй ва бадани занро дар маконҳои ҷамъиятӣ пушонад, баъди интиқолоби Исломии соли 1979 ва иваз шудани низоми дунявии шоҳ бо режими Исломӣ, маҷбурӣ шуд.

ВАО: Скрипал пеш аз заҳролушавӣ дар истихбороти Британия кор мекард

Сергей Скрипал дар додгоҳи Маскав

Афсари пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал, ки ахириан дар Бритнаия заҳролуд шуд, баъди куч бастанаш аз Русия дар соли 2010, фаъолияташро дар истихбороти Британия ва дигар давлатҳои ғарбӣ идома дод. Дар ин бораи нашрияи The Financial Times рӯзи 8 март хабар дод.

Ҳамсӯҳбатҳои нашрия мегӯянд, ки Скрипал барои омӯхтани тавонмандиҳои истихбороти Русия, афзалиятҳои он, шеваҳои ҷалби агентҳо ва садди ҷосусӣ, истифода мешуд. Манбаи The Financial Times соқит намекунад, ки махсусан ҳамин ҳамкорӣ боиси суиқасд ба ҷони Скрипал шуд.

Сергей Скрипали 66 сола ва духтари ӯ Юлия рӯзи 4 март дар шаҳри Солсберӣ заҳролуд шуданд. Вазъи онҳо бисёр вазнин арзёбӣ мешавад.

Собиқ корманди истихборот Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Британия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.

Ноиби нахуствазири Булғористон патриарх Кириллро "ҷосус"-и КГБ номид

Усқуф ё патриархи Русия бо президент путин

Ноиби нахуствазири Булғористон Валерий Семеонов дар барномаи шабакаи телевизионии БНТ усқуф, ё патриархи Русия Кириллро "Ҷосус"-и КГБ ва "рӯҳонии сигорфурӯш" номид. Ноиби нахуствазир ба изҳороти патриарх Кирилл вокуниш кард, ки чанде пеш аз тафсири нави ҳодисаҳои марбут ба озодии Булғористон аз Туркияи усмонӣ, нимаи дуюми асри XIX, изҳори нороҳатӣ карда буд.

Ба гуфтаи Семеонов, патриархи Русия дар қочоқи сигор ба Булғористон даст дорад. "Ин як чеҳраи руҳонии православӣ нест. Ӯ ҷосус Михайлов. ҷосуси дараҷи дуи КГБ-и Шӯравӣ аст",- гуфт ноиби нахуствазири Булғористон.

Сарвари калисои ортодокси Русия, чанде пеш аз суханронии раиси ҷумҳури Булғористон Румен Радев, дар ҷашни 140-солагии озодшавӣ аз Туркияи усмонӣ, изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи усқуф, Радев нақши Русияро дар пирӯзӣ бар Империяи усмонӣ ба таври арзанда таъкид накард. Радев дар суханрониаш аз халқиятҳои зиёд: русҳо, руминҳо, финнҳо, украиниҳо, беларусҳо, лаҳистониҳо, сербҳо, латишҳо, ки намояндагонашон дар артиши Русия хизмат мекарданд ва дар озодии Булғористон саҳм гузоштанд, изҳори сипос кард.

Бисёр сокинони Булғористон оҳанги суханони усқуф Кириллро ғайри қобили қабул гуфтанд.

Р.Зоиров: Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон - тақдирсоз аст

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз ташрифи президенти Узбекистон истиқбол карда, бо пахши изҳороте из сафарро “тақдирсоз” барои мардуми ҳарду кишвар номидааст. Раҳматулло Зоиров дар ин изҳороташ гуфтааст, ки ин “орзуи деринаи ӯ” ва “на танхо Ҳизби сосиал-демократ, балки аксарияти мардуми ҳам Тоҷикистону ҳам Узбекистон ба хотири таъмини заминаву асосҳои ҳуқуқӣ ва воқеии ҳамкорӣ ва рушди равобити ду кишвар мебошад”.

Зоиров изҳори умедворӣ кардааст, ки ду ҷониб дар масоили баҳсии марбут ба сафар ба қаламрави ҳамдигар ва махдудиятхои маъмурӣ, аз чумла виза, рушди рушди савдо, ҳамкориҳои фарҳангиву илмӣ ва масъалаҳои дигар ба иттифоқи назар мерасанд.

Шавкат Мирзиёв ва ҳайати калони ҳукумати Узбекистон бо ҳадафи анҷоми сафари дурӯзаи давлатӣ субзи 9 март вориди Тоҷикистон шуд. Дар ин сафар имзои беш аз 20 қарордоди ҳамкории байни ду кишвар дар назар гирифта шудааст.

Қатори нахустин аз истгоҳи Амузанг ба Хушодӣ ҳаракат мекунад

Рӯзи 9 март Тоҷикистону Узбекистон тавассути роҳи оҳани Амузанг-Хатлон, ки қитъае аз роҳи оҳани Кӯлоб-Маскав мебошад, ба ҳарду самт қаторҳои санҷишии худро мефиристанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Анварҷон Латифзода, як масъули Идораи “Роҳи Оҳан”-и Тоҷикистон хабар дод.

Истгоҳи Амузанг соли 2011 аз ҷониби Узбекистон тахриб шуд ва баъди ҳаракати қатор тавассути ин роҳ номумкин гардид. Аз ин роҳ маъмулан қаторҳои борбари Тоҷикистон ҳаракат мекарданд.

Хисороти молии аз кор мондани ин роҳи оҳанро соҳибкорон даҳҳо миллион доллар баровард кардаанд.

Ҳаракати қатор аз болои қитъаи Роҳи оҳани Амузанг нахустин бор ва ба таври санҷишӣ анҷом мегирад. Ин ҳодиса рӯзи 9 март иттифоқ меуфтад, ки дар Душанбе президентони Тоҷикистон ва Узбекистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёв дидору гуфтугӯ мекунанд. Дар остонаи сафари Мирзиёв ба Душанбе дар марзи ду кишвар 10 гузаргоҳи марзӣ аз нав боз шуданд.

Хабарнигори Озодӣ аз вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дар маросими пешвози қатори роҳи оҳан дар истгоҳи Хушодии ноҳияи Шаҳритуз, ки нахустин истгоҳ баъди убури марзи Узбекистон ба шумор меравад, ҳудудан 5000 ҳазор сокинони ноҳия бо парчамҳои Тоҷикистону Узбекистон дар даст иштирок мекунанд.

Маҳмадсоли Баротов, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои тамошои ҳодисаи таърихии боз шудани ҳаракат дар ин роҳи оҳан даҳҳо сокини маҳаллӣ гирди ҳам омадааст.

Як сокини ноҳияи Шаҳритус, ки худро Исломиддин муаррифӣ кард, гуфт, ки истгоҳи Хушодӣ дар ҷамоати Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритус имрӯз пур аз одам ва садои таронаҳои тоҷикию узбакӣ ба гӯш мерасад, мардум рақсу бозӣ доранд: "Мардум хеле зиёд ҷаъм шудаанд, ҳато барои мардум зиёфат додаанд, аспсаворҳо низ дар даст парчам қаторро мунтазир ҳастанд, хонандаҳо рақсу бозӣ доранд."

Як масъули ҳукумати ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки дар назди истгоҳи Хушодӣ тадбирҳои амниятӣ тақвият ёфта сокинони маҳаллӣ ва мақомот мунтазири омадани қатор аз Узбекистон ҳастанд ва боз қатори дигар аз Хушодӣ ба Амузанг ҳаракат мекунад.

Қитъаи роҳи оҳани Амузанг-Хатлон барои интиқол ва содироти маҳсулоти сохмонӣ аз Русия ва Узбекистон ба Хатлон ва Тоҷикистон нақши калидӣ дорад.

Ҳамлаи Толибон ба Тахор 10 афсари пулисро қурбон кард

Сарбозони амниятии Афғонистон дар шоҳроҳи Қундуз-Тахор

Ҳамлаи ҷангиёни Толибон ба постгоҳи артиш дар минтақаи дурдасти вилояти Тахори Шимоли Афғонистон 10 корнанди пулисро кушта ба ҷой гузошт ва 9 нафарро захмӣ кард. Дар ин бора мақомоти маҳаллӣ рӯзи 9 март хабар доданд.

Ба гуфтаи сухангӯи волии вилоят Халӣ Асир, шумори бузурги ҷангиёни Толибон шабона ба постгоҳ ҳамла карданд.

Асир гуфт, 10 ходими пулис дар ҳоле кушта шуданд, ки роҳии постгоҳ буданд ва мехостанд ба сарбозон дар минтақаи дурдасти Хоҷа Ғор кӯмак расонанд.

Дар ин ҳодиса сарбозон осеб надиданд.

Сухангӯи Толибон Забиуллоҳ Муҷоҳид масъулияти ҳамла ва куштори 10 ходими пулисро бар дӯш гирифт. Муҷоҳид теъдоди хисороти ҷониро бештар аз гуфтаи мақомот ҳисоб кард, аммо таври маъмул, ҷангиён дар шумориши теъдоди қурбониҳои худ муболиға мекунанд.

Бинобар дур будани макони ҳодиса тасдиқи он аз манбаҳои мустақил имкон надорад.

Ҷасади як корманди "Лото-Спорт"-ро аз оғил пайдо карданд

Ҷасади Абдумалик Ғафуров, сокини 50-солаи ноҳияи Фархор, рӯзи 7-уми март дар оғилаш пайдо шуд. Абдумалик Ғафуров дар ширкати "Лото-Спорт" кор мекард.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Фархор рӯзи 9-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бадани ӯ 12 зарби кордро ошкор кардаанд. Ӯ гуфт, "ин сокини деҳаи Себи сурхро дар мактаби кушта, сипас, дар оғилаш гузоштаанд."

Додситонии ноҳияи Фархор дар робита ба қатли Абдумалик Ғафуров парванда боз карда, тафтишотро пеш мебарад. Дар Додситонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳанӯз ба ин суол посух нагирифтаанд, ки то куҷо куштор ба кори Ғафуров дар "Лото-Спорт" рабт мегирад.

Илҳом Қуватов, раиси ҷамоати Ватани ноҳияи Фархор, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Абдумалик Ғафуров тавсиф кард ва гуфт, ин хонавода дар деҳаи Себи сурх (30-солагии собиқ) оилаи намунавӣ буданд ва яке аз бародаронаш низ раиси ҳамин деҳот аст. Хонаводаи Абдумалик Ғафуров нахостанд, ки дар ин маврид сӯҳбат кунанд. Аз ин хонавода гуфтанд, тафтишот муайян хоҳад кард, ки дар ин кор кӣ даст дорад.

Ҳодисаи қатли ин сокини Фархор дар ҳолест, ки рӯзи 20-уми феврал дар кӯчаи Чармгарони Поёни Кӯлоб ду бародар сокини ин шаҳр Бахтиёр Раҷабови 34-соларо куштанд. Аз ин қабл, моҳи майи соли гузашта ба ҷони Муҳиддин Юлаев, корманди 25-солаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар маҳалли Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб сӯиқасд сурат гирифт ва ӯро бо 24 зарби корд маъюб карданд. Баъдан Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки як гурӯҳро бо гумони ҳамла ба Юлаев боздошт карданд.

Ҳукми ин афрод бегоҳи 10-уми октябр содир шуд. Додгоҳи минтақаи Кӯлоб Ҷамолиддин Камолов ва Азамати Собир, ду нафареро, ки аз онҳо ҳамчун ташкилкунандаи ҳамла ном мебаранд, ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Комил Тоштемуров ва Наврӯз Розиқов, ки дар ин ҳамла шарик буданд, ба 17 соли зиндон маҳкум шуданд. Тоҳир Тоштемиров ва Сайфиддин Юсупов барои шарикӣ дар ҷиноят 16 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Малика ба муносибати зодрӯзи “алмосии” раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон зиёфат орост

акс аз вебсайти the.ismaili

Рӯзи 8 март дар қасри Виндзор Маликаи Бритониё Елизавета ба истиқболи раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон Шоҳкарим Оғохони Чаҳорум зиёфат орост. Дар хабарномаи расмӣ гуфта мешавад, ки дар ин зиёфат инчунин шоҳзодаи Уэлс ва дигар аъзои хонаводаи Малика иштирок карданд.

Дар миёни меҳмонони даъватшуда инчунин бародари Шоҳкарим – Амин Оғохон, духтараш Заҳро Оғохон, писари калониаш Раҳим Оғохон ва ҳамсараш Салва ҳузур доштанд.

Ҳамкории байни имомати исомилиҳоиву хонаводаи маликаи Бритониё таърихи тӯлонӣ дорад. Соли 1957 унвони “аълоҳазрат”-ро ба Оғохон маҳз Маликаи Бритониё тақдим кардааст. Ин ҳамон соле буд, ки Оғохон пешвои исмоилиҳои ҷаҳон шуд.

Соли 2017 Шоҳкарим Оғохони 4, ки дар 20-солагиаш пешвои исмоилиҳои ҷаҳон шуд, 80-сола гардид. Дар Тоҷикистон ҳам даҳҳо ҳазор пайрави шохаи исмоилияи мазҳаби шиаи дини Ислом ба сар мебаранд. Онҳо асосан дар вилояти Бадахшон зиндагӣ мекунанд.

Пулиси Бишкек 64 "фоҳишаи интернетӣ"-ро шиносоӣ кард

Қирғизистон -ишқварзӣ тавассути интернет

Раёсати умури дохилии шаҳри Бишкеки Қирғизистон аз ибтидои соли равон 64 духтареро ба рӯйхат гирифт, ки ба воситаи Интернет хадамоти шаҳвонӣ пешниҳод мекарданд.

Бино ба иттилои раёсат, духтарон дар назди дурбинҳо худро ба корбарон бе либос намоиш медоданд.

Пулиси Бишкек мегӯяд, дутарҳоро ҳамчун гуруҳи афроди хатарзо сабти ном карданд.

Кодекси ҷиноии Қирғизистон ҷалби одамон ба танфурӯшӣ ва ташкили фоҳишахонаро ҷиноят мешуморад, вале барои пешниҳоди хадамоти шаҳвонӣ ҷавобгарӣ надорад.

Мақомоти Қазоқистон фирори тоҷири зиндониро таҳқиқ мекунанд

Дидбонгоҳи зиндони Қазоқистон

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар дод, ки Муродхон Токмадӣ, гумонбари куштори як бонкдори қазоқ, баъди фирори рӯзи гузашта боздошт ба маҳбаси вилояти Ҷамбил фиристода шуд.

Ин ниҳод таҳқиқ хоҳанд кард, ки Токмадӣ чӣ гуна аз зиндон фирор кардааст. Бино бар иттилои пешакии мақомот, Токмадӣ шоми 8 март аз бинои бемористони вилоятии Тароз фирор кард. Ӯ дар куштори раиси пешини "Бонки ТуранАлем" Ержан Татишев дар соли 2004 айбдор мешавад. Мақомот мегӯянд, Ержан Татишев бо супориши Мухтор Аблязов - мухолифи қазоқ кушта шудааст.

Дар бораи фирори Токмадӣ расонаҳо шаби 8 март хабар доданд. Субҳи 9 март мақомот гуфтанд, ки зиндонии фирорӣ боздошт шуд.

Ӯ аз моҳи июни соли 2017 ба ин тараф дар боздошт аст. Токмадӣ дар ибтидо ба тамаъҷӯӣ айбдор мешуд, вале баъдтар ӯро дар куштор муттаҳам карданд.

Ёфтҳои бештар

Суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Нуриддин Саид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:26 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Нуриддин Саид
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG