Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҷӯрабек Муродов: Ин рӯзро 40 миллион нафар интизор буд. АКС, ВИДЕО

Акси соли 2016

Ҷӯрабек Муродов, овозхони маъруфи тоҷик, ки дар қатори ҳунармандони Узбекистонӣ барои ширкат дар консерти рӯзи 9-уми март омодагӣ мебинад, беҳбуди равобити Душанбеву Тошкандро "ҳодисаи деринтизор барои мардуми ду тараф" номид.

Муродов рӯзи 8-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "40 миллион одам ин рӯзу ин дақиқаҳоро интизор буд. 40 миллион аҳолии зери раҳбарии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дасти дуо бардоштаанд, ки ин рӯз фаро расад. Худо ҳам ин рӯзро мехостааст. Ман ба шумо хурсандии мардумро гуфта наметавонам. Аслан, ин вазифаи фарҳанг аст, ки мардумро ба ҳам меорад."

Ба гуфтаи овозхони маъруф, давоми солҳои истиқлол ӯ тавонистааст робитаҳои касбиву дӯстонаашро бо ҳамкорон дар Узбекистон ҳифз кунад. Дар барномаи ҳунарии рӯзи 9-уми март низ ӯву Шералӣ Ҷӯраев сурудеро якҷоя иҷро мекунанд: "Як сурудро омода кардем бо номи “То тавонӣ дӯстонро гум макун...” Мисраъҳоеро ба тоҷикӣ ман ва дигар мисраъҳоро ба узбакӣ Шералӣ Ҷӯраев иҷро мекунанд. Ширу шакар шуд”, - гуфт Ҷӯрабек Муродов.

Гурӯҳи беш аз 100-нафараи овозхонҳову навозандаҳо ва рақсандаҳои Узбекистонӣ шаби 8-уми март бо ҳавопаймое аз Тошканд ба Душанбе расиданд. Онҳо дар барномаи муштараки консертии ҳунармандони ду кишвар шоми 9-уми март дар толори Кохи Борбад ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар миёни меҳмонҳо Юлдуз Усмонова, Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров, ансамблҳои “Лазгӣ”, ”Шашмақом” ба раҳбарии Абдуҳошим Исмоилов, Мавлуда Дадобоева ва дигарон ҳузур доранд. Консерт, қарор аст, тахминан ду соат идома кунад.

Додгоҳи гумонбари куштори журналист дар Копенҳаген оғоз шуд

Питер Мадсен

Дар Копенҳаген мурофиаи додгоҳии ихтирокор Питер Медсон оғоз шуд, ки ба шиканҷа ва куштори хабарнигори швед Ким Валл муттаҳам шудааст. Куштор дар вақти сафари якҷояии Валл ва Мадсен дар киштии ихтирокардаи ахири сурат гирифт.

Додситон Якоб Бух- Йепсен мурофиаи 12 рӯзаро бо қироати айбномаи Мадсен оғоз кард. Гумбор бо айнаки офтобӣ ва пероҳани сиёҳ, ҳамроҳ бо вакилаш, додситонро аз ҷрйи нишасташ назорат мекард. Баъдан вакил расман эълон кард, ки зерҳимояаш гуноҳ надорад.

Питер Мадсен иддао дорад, ки хабарнигор дар киштии зериобии ӯ тасодуфан фавтид. Аммо эътироф кард, ки ҷасади Ким Валлро пора карда ба баҳр патофт. Додситонҳо мегӯянд, ки куштори хабарнигор аз қабл барномарезӣ шуда буд, зеро Мадсен ба кишти бо худ абзореро гирифт, ки маъмулан истифода намекард.

Тани бесари Ким Валл рӯзи 21 августи соли 2017 дар 50-километрии ҷануби Копенҳаген ёфт шуд ва пулис гуфт, ки дасту пой ва сари ҷасадро барқасдона буридаанд.

Хабарнигори мустақил Ким Вол аз замоне нопадид шуд, ки барои сӯҳбат ва навиштани мақола дар бораи ихтирогари киштии зериобӣ Питер Мадсэн рӯзи 10 август савори киштии ӯ шуд.

Мурофиа Питер Мадсен бо иттиҳоми куштор то 25 апрел давом мекунад.

Ҷаласаи гурӯҳҳои ҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе

Музокироти навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба масъалаҳои аломатгузории марз дар Душанбе ба анҷом расид. Мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки ин музокирот аз 6 то 8-уми март идома кард.

Дар поёни ин музокирот "замимаҳои зарурӣ ба лоиҳаи Аҳднома байни Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии ду кишвар" таҳия шуд. Ин санадҳо ба созишнома оид ба аломатгузории марзи давлатии ду кишвар илова мешавад.

Қарор аст, рӯзи 9-10-уми март дар Душанбе дар ҷараёни сафари расмии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев созишномаи нав оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марз ба имзо расад.

Моҳе пеш - 24-уми феврал дар шаҳри Фарғона бо раҳбарии нахуствазирони ду кишвар нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар баргузор шуд ва нишасти имрӯзаи Душанбе барои такмили ин ҷаласа баргузор шуд.

Беш аз 90 дарсади сарҳади 1300-километрии байни Тоҷикистону Узбекистон таъйину аломатгузорӣ шудааст ва фақат 60 километри дигар мондааст, ки бояд ду тараф сари тақсими он ба мувофиқа бирасанд.

Интизор меравад, баъд аз имзои созишномаи нави марзӣ ҷузъиёти созиши байни ду кишвар ошкор шавад.

Ин дар ҳолест, ки аз 1-уми марти имсол дар марз бо Узбекистон 10 гузаргоҳ барои убуру мурури шаҳрвандони ду кишвар ифтитоҳ шуд.

Ҳалокати писари раҳбари Толибон дар ҳамлаи бесарнишини ИМА

Мулло Фазлуллоҳ

Абдуллоҳ - писари раҳбари Толибони Покистон Мулло Фазлуллоҳ ва 19 нафари дигар дар пайи ҳамлаи эҳтимолии бесарнишини ИМА дар Афғонистон кушта шуд. Дар ин бора мақомот хабар доданд.

Як ходими истихбороти Покистон ба шарти ошкор нашудани номаш гуфт, Абдуллоҳ рӯзи 6-уми март дар минтақаи Чаугами, қисмати шарқии вилояти Кунор дар ҳоле ба ҳалокат расид, ки ҳавопаймои бесарнишин тамрингоҳи ҳамлагарони интиҳориро ҳадафи ду мушак қарор дод.

Ба навиштаи матбуоти Покистон, дар ин ҳодиса ду фармондеҳи дигари минтақавии Толибони Покистон - Гул Муҳаммад ва Устод Ёсин, ки ҳамлагарони интиҳориро тамрин медоданд, кушта шуданд.

Мақомоти Афғонистон қаблан гуфтанд, ки дар ҷараёни ҳамла ба мадрасаи исломӣ 27 ҷангҷӯ ба ҳалокат расид.

Писари мулло Фазлуллоҳ чаҳорумин чеҳраи аршади Толибон аст, ки моҳи март аз зарбаи бесарнишинҳо маҳв шуданд.

Ноиби раҳбари Толибони Покистон Саид Меҳсуд ва ду фармондеҳи дигари Толибон моҳи гузашта ҳадафи ҳамлаи "дрон" қарор гирифт.

Зани эронӣ барои дур андохтани русарӣ, ба ду соли зиндон маҳкум шуд

Занҳои эронӣ дар маросими мазҳабӣ, ки дар дафтари Хоманеӣ мегузарад

Зане, ки моҳе пеш чодарашро дар кӯчаи Теҳрон аз сар бадар карда буд, ба ду соли зиндон маҳкум шуд. Хабаргузории "Тасним" рӯзи 7 март аз қавли додситони Теҳрон Аббос Ҷаъфари Давлатободӣ гуфт, ки "ин зан бо партофтани русариаш дар маҳзари ом, мехост фасдорро тавсиф кунад". "Тасним" аз ин зан ном набурд, аммо гуфт, ки ӯ қарори додгоҳро дар зинаҳои болоӣ ба чолиш мекашад.

Ин зан дар баъзе хабарҳо Наргис Ҳусейни 32-сола муаррифӣ шудааст, ки дар ҷараёни тазоҳуроти осоиштаи зиддиҳиҷоб да Эрон боздошт шуд. Дар гузашта занҳое, бо ҷурми нақзи ҳиҷоб боздошт мешуданд, зуд аз маҳбас мебаромаданд, ё 25 доллар ҷарима месупурданд.

Аввали соли равон мақомоти Эрон аз боздошти 25 зан, дар ҷараёни маъракаи риояи маҷбурии ҳиҷоб, хабар доданд. Пулис мегӯяд, ки занҳо фирефтаи маъракаи таблиғотие шуданд, ки занҳои эронии хориҷи кишвар пеш мебаранд.

ВАО: Мюллер шоҳиди мулоқоти маҳрамона бо русҳоро бозпурсӣ мекунад

Роберт Мюллер

Прокурори махсус Роберт Мюллер мегӯяд, ӯ далел дорад, ки дар марҳилаи ворид шудани Трамп ба қудрат, нафрони ӯ бо намояндагони Кремл ба таври пинҳонӣ дар ҷазираҳои Сейшел мулоқот карданд. Ин мулоқот ба хотири эҷоди канали махфии робита бо Маскав сурат гирифт. Дар ин бора нашрияи The Washington Post рӯзи 7 март хабар дод.

Нашрия бо такя ба манбаҳои худ навишт, шоҳиде, ки бо Мюллер ҳамкорӣ мекунад, дар бораи ин мулоқоти барномарезишуда ба муфаттишон гузориш дод. The Washington Post мегӯяд, Ҷорҷ Надер, соҳибкори либитабори амрикоӣ, ки ин мулоқотро дар ҷазираҳои Сейшел ташкил кард ва дар он иштирок дошт, дар ин бора шоҳидӣ додааст. Надер аз моҳи январ ба ин тараф бо прокурори махсус Роберт Мюллер ҳамкорӣ мекунад.

Нашрия мегӯяд, мулоқоти соли 2017 дар ҷазираҳои Уқёнуси Ҳинд, дар байни Эрик Принс, пудратчии низомӣ ва бародари вазири маорифи кабинети Трмап ва Кирилл Димитриев, раҳбари бунёди таҳти назари ҳукумати Русия ва нафари наздик ба Путин, ҷараён гирифт.

Дар ИМА эҳтимоли дахолати Русия ба интихоботи президентии Амрико мавриди санҷиш қарор дорад. Додситони махсус Мюллер бояд муайян кунад, ки Трамп ва Кремл дар давраи интихобот зидди номзади Ҳизби демократии ИМА, Ҳилларӣ Клинтон созише карда буданд, ё не. Мюллер аллакай зидди чанд мушовири Трамп ва 13 шаҳрванди Русия айб эълон кардааст. Москва дахолати худро дар интихобот рад мекунад.

Трамп фармони дар бораи боҷи воридотиро имзо мекунад

Доналд Трамп

Раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе фармони пардохтҳои воридотиро имзо мекунад, ки барои воридоти фӯлод ва алюминий ба Амрико таруфаҳои монеавиро дар назар дорад.

Гуфта мешавад, ки пардохти воридоти ба фӯлод 25 дар сад ва алюминий 10 дар сад хоҳад буд. Мухолифони сершумори қарори президент нигаронанд, ки ин иқдом ҷанги тиҷоратиро дар байни Амрико ва шарикони аслии тиҷратиаш ба миён меорад. Беш аз 100 узви Конгресс дар як нома аз президент даъват карданд, ки аз пардохтҳои воридотӣ даст кашад ва талошҳои худро ба хунсо кардани амалҳои кишварҳое мисли Чин равона кунад, ки дар рақобат аз шеваҳои нодуруст кор мегиранд.

Хабари ҷорӣ кардани пардохтҳои воридотӣ аз тарафи президент Трамп, ду рӯз боз қиммати саҳимяҳоро дар Уолл Стрит поён бурдааст. Шарикони аврупоӣ ИМА-ро бо чораҳои ҷавобӣ ҳушдор доданд. Трамп низ ҳушдор додааст, ки агар Иттиҳоди Аврупо, содиркунандаи аслии фӯлод ба Амрико, ба маҳсулоти ИМА боҷи воридотӣ гузорад, Вашингтон алайҳи содироти мошинҳои аврупоӣ ба бозори Амрико боҷи воридоти ҷорӣ хоҳад кард.

Ҳунармандони узбекистонӣ ба Душанбе расиданд

Озодбек Назарбеков

Ҳайати беш аз 100-нафараи санъаткорони Узбекистон шаби 8-уми март ба Душанбе расид. Дар миёни меҳмонон ҳунармандони саршинос, аз ҷумла Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев, Озодбек Назарбеков ва Фаррух Зокиров низ шомиланд.

Мирзоолим Саидов, як масъули вазорати фарҳанги Тоҷикистон 8-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳавопаймои махсуси самти Тошканд-Душанбе, ки дар он даҳҳо раққосону навозандаҳо низ буданд, соати 1-и шаб дар фурудгоҳи Душанбе поин шуд. Рӯзи 8 март ҳунармандон барои консерти калони муштараки “Шоми дӯстӣ” дар Кохи Борбад тамринро оғоз хоҳанд кард.

Дар назар аст фардо 9-уми март дар поёни рӯзи аввали сафари расмии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе консерти калони ситораҳои ҳунари тоҷику узбак баргузор шавад.

Бо вуҷуди он ки ситораҳои Узбекистон аҳёнан ба Тоҷикитсон меомаданд, ба таври дастаҷамъӣ тӯли солҳои зиёд сафари ҳунарии чеҳраҳои саршиноси тоҷику узбак ба кишварҳои якдигар ба фаромӯшӣ рафта буд. Аммо дар як соли ахир рӯзҳои фарҳангӣ ва намоишгоҳи саноатии Узбекистон дар Тоҷикистон баргузор шуда, алакай чанд консерти ҳунармандони узбак дар Душанбе доир гардид.

Фаррух Зокиров чанд рӯз пеш аз Тошканд дар ин сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз беҳтар шудани равобит миёни ду кишвар хушҳол аст ва аз муддатҳо ба ин тараф дар Тоҷикистон набуд, вале ҳамеша бо муҳаббат ёди ин кишвар мекард. "Душанберо хеле ҳам ёд кардам", гуфта буд Фаррух.

Остонаву Душанбе сафоратхонаҳои нав бунёд мекунанд

Вакилони парлумони Қазоқистон созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро ба тасвиб расониданд, ки бар асоси он барои бунёди сафоратхонаҳои ду кишвар дар пойтахтҳои ҳамдигар қитъаҳои замин ҷудо карда мешавад. Дар ин бора рӯзи 7 март оҷонсии Регнум бо такя ба ҳарфҳои вазири умури хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов хабар медиҳад.

Созишномаи байниҳукуматӣ ҷудо кардани 1 гектар заминро дар ҳудуди пойтахтҳои ду кишвар – Остонаву Душанбе дар назар мегирад ва ин замин бар ивази маблағи рамзии 1 танга ва 1 сомонӣ ба иҷора дода мешавад. Қитъаи замине, ки барои бунёди намояндагии дипломатии кишвари ҳамсоя дода мешавад, наметавонад ба фурӯш ваё иҷора гузошта шавад, ин замин аз пардохти молиёт ҳам озод аст. Тамоми хароҷоти сохтмони намояндагии дипломатиро ҳар кишвар аз будҷаи худаш пардохт мекунад.

Зимнан, рӯзи 14 март қарор аст президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари расмӣ ба Қазоқистон парвоз кунад. Рӯзи баъдиаш дар Остона форуми сарони кишварҳои минтақа баргузор хоҳад шуд.

"Ҷайш ал-Ислом" масъулияти суқути ҳавопаймои Русияро бар дӯш гирифт

Ҳавопаймои борбари АН-26

Гурӯҳи "Ҷайш ал-Ислом" -и Сурия масъулияти сарозер шудани ҳавопаймои ҳомили низомиёни Русия дар наздикии пойгоҳи Хмеймими Сурияро бар дӯш гирифт. Ад-Диёр- нашрияи Либиё бо иқтибос аз изҳороти ин гурӯҳ рӯзи 7 март гуфт, ки ҳавопаймо ҳангоми фурӯдоӣ, дар фосилаи ҳудудан сад метр аз замин, мавриди оташи мусалсал қарор гирифт.

Пеш аз ин Вазорати дифои Русия гуфт, ҳавопаймои АН-26, ки дар Сурия суқут кард, 39 мусофир дошт. Ин ниҳод ҳамчунин гуфт, ки ҳамаи мусофирон низомиҳои рус буданд.

Биноба фарзияи Вазорати дифои Русия, сабаби суқути ҳавопаймои борбар ихтилоли фаннӣ буд. Вазорат ҳамла ба Ан-26-ро дарҳол рад кард.

Президенти Тоҷикистон ба раҳбари Русия арзи тасаллият кард

Акс аз бойгонӣ

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 март дар робита бо суқути як ҳавопаймои ҳарбии Русия ба президенти ин кишвар Владимир Путин изҳори тасаллият кард. Шоми 6 март ҳавопаймои борбари низомии Ан-26-и Русия дар фосилаи 500 метр то хати фуруди фурудгоҳи Хмеймими Сурия нарасида суқут кард. Дар натиҷа тамоми сарнишинони он, аз ҷумла 33 мусофир ва 6 халабон ва ҳайати хусусӣ ба ҳалокат расиданд.

Дар матни барқияи президенти Тоҷикистон, аз ҷумла гуфта мешавад, ки "хабари фоҷеабори суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётӣ, ки бар асари он хизматчиёни ҳарбии Федератсияи Россия ба ҳалокат расиданд, моро андӯҳгин намуд".

Таҳрими нави ИМА алайҳи Пхенян барои куштори бародари Ким Чен Ин

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ва бародари модарҷудои ӯ Ким Чен Нам

ИМА дар робита ба куштори бародари модарҷудои роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Нам алайҳи ин кишвар таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 7 март бо такя ба Департаменти давлатии ИМА иттилоъ дод.

Тасмими ҷори кардани таҳримҳои нав ҳанӯз 22 феврал қабул шуд. Аммо то кунун дақиқ нест, ки ин таҳримҳо аз чӣ иборат хоҳанд буд.

Хизер Нойерт, намояндаи Департаменти давлатии ИМА гуфт, Вашингтон ба хулосае омад, ки мақомоти Куриёи Шимолӣ дар куштори Ким Чен Нам даст доранд. Барои анҷоми ин ҷиноят онҳо маҳлули кимиёвии заҳролуди VX-ро ба кор бурданд. "ИМА истифодаи силоҳи кимиёвиро барои содир кардани кушторҳо маҳкум мекунад. Ин беэҳтиромии ошкоро ба меъёрҳои байналхалқӣ аст ва бори дигар бехирадии мақомоти Куриёи Шимолиро ба намоиш мегузорад", - навишт Нойерт дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ким Чен Намро 14 феврали соли гузашта рӯймолчаи заҳролудро дар фурудгоҳи Куала-Лумпур ба рӯи ӯ ҳаво доданд ва ӯро куштанд. Ким Чен Нам писари калонии роҳбари пешини Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ир буд. Солҳои охир ӯ асосан дар хориҷ зиндагӣ мекард ва аз мунаққидони бародараш буд.

Писари рӯҳонии аршади Эрон барои интиқоди раҳбарон боздошт шуд

Раҳбари Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ

Мақомоти Эрон рӯҳониеро боздошт карданд, ки чанде пеш ҳукуматро барои саркубгарӣ ва ноадолатӣ интиқод карда буд.

Рӯҳонии боздоштшуда Ҳусейн Шерозӣ, писари рӯҳонии машҳур Оятуллоҳ Содиқ Шерозӣ аст, ки гуфта мешавад дар Эрону Ироқ пайрав дорад.

Падару писар ҳарду аз мунақидони ҳукумати Эрон ба шумор меоянд.

Як хеши Оятуллоҳ Содиқ Шерозӣ дар Лондон, ба бахши форсии Би-би-си гуфт, ки Ҳусейн Шерозӣ рӯзи 6 март, баъди иштирок дар дарси илоҳиёти Исломӣ, дар шаҳри муқаддаси Қум боздошт шуд.

Гуфта мешавад, ки Ҳусейн Шерозии 47-сола моҳи феврал дар ҷараёни як суханрониаш, Вилояти Фақеҳи ҷумҳурии Исломӣ, ё ҳукми як додрасро ба режими Фиръавнҳои Миср монанд кард.Ӯ ҳамчунин мақомоти Эронро ба ситамгарӣ муттаҳам кард.

Бар пояи баъзе гузоришҳо, баъди ин суханронӣ Ҳусейн Шерозӣ моҳи феврал ба ҳузури Додгоҳи вежаи руҳоният даъват шуд.

Мақомоти Эрон Оятуллоҳ Содиқ Шерозиро манбаи тақлид ва тарғиби "шиъаи Британия" мегӯянд ва ӯро ваӯро ба дарёфти пул аз Британия ва Арабистони Саудӣ муттаҳам мекунанд.

Тарафдорони Шерозӣ мегӯянд, ки ин рӯҳонӣ барои қазовати мустақилони масъалаҳо ва интиқоди мақомоти Эрон таъқиб мешавад.

Forbes духтар ва домоди Назарбоевро сарватмандтарин сокинони Қазоқистон номид

Темур Қулбоев - домоди Нурсултон Назарбоев

Динара Қулибоева, духтари президенти Қазоқистон ва ҳамсари ӯ Темур Қулибоев, ки дар якҷоягӣ бузургтарин бонки ин кишварро идора мекунанд, дар раддабандии миллиардерҳо мақоми 194-ро ишғол карданд.

Ин раддабандиро маҷаллаи амрикоии Forbes тартиб медиҳад. Дар як соли охир дороии Қулиевҳо дар маҷмуъ ба 2,2 миллиард доллар афзудааст.

Дар раддабандии охири маҷаллаи мазкур номи панҷ қазоқистонӣ зикр шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ миллиардерҳои рақами аввали Қазоқистон иваз шудаанд: агар соли гузашта дар мақоми аввал тоҷир Булат Утемуратов қарор дошт, пас имсол мақоми сарватмандтарин сокинони Қазоқистонро Темур ва Динара Қулиевҳо соҳиб шуданд.

Дороии Тимур Қулибоев дар маҷмуъ 3,2 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Бино бар иттилои маҷалла, Динара Қулибоева низ ҳамин миқдор дороӣ дорад. Дар маҷмуъ, сарвати ин ҷуфт ба 6,4 миллиард доллар баробар аст.

Маҷаллаи Forbes сар аз соли 1987 ба ин тараф сарватмандтарин одамони дунёро раддабандӣ мекунад. Соли ҷорӣ дар ин раддабандӣ 2208 одам аз 72 кишвар шомил шудааст. Дар маҷмуъ ин теъдод одамон 9,1 триллион долларро соҳибанд.

Қазияи заҳролудшавии ҷосуси пешинро Скотланд Ярд пеш мебарад

Пулиси Бритониё минтақаеро, ки ҷосуси пешини Русия дар он аз пой афтод, таҳти назорат гирифт.

Воҳиди зидди терроризми пулиси Бритониё тафтиши қазияи заҳролудшавии ҷосуси пешини Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯро бар дӯш гирифт. Скотланд Ярд эълон кард, ки бино ба "мавриди ғайриоддӣ" будани қазия, тафтиши онро воҳиди зиддитеррористӣ пеш мебарад. Қаблан вазири умурии хориҷии Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, иштироки давлати хориҷӣ дар ин ҳодиса "беҷазо" намемонад.

Скрипали 66-сола ва духтари 33-солаи ӯ Юлия дар бахши эҳёгарии бемористони Солсберӣ бистарӣ шудаанд. Би-би-сӣ аз қавли хешони Скрипал гуфтааст, баъзе аъзои оилаи ӯ солҳои охир ба таври асроромез даргузаштанд.

"Александр Скрипал, писари 44-солаи полковники пешини Идораи кулли истихборот Сергей Скрипал, соли гузашта аз бемории ношинос вафот кард", - навиштааст нашрияи The Times.

Ба навиштаи нашрияи The Guardian, ҳамсари Скрипал соли 2012 дар фурсати кӯтоҳи баъди кӯч бастан ба Бритониё, аз бемории саратон фавтид. The Times мегӯяд, Юлия аз соли 2010, баъди табодули ҷосусҳо бо Русия, дар Бритониё зиндагӣ мекард. Аммо баъдан ба Русия баргашт ва дар PepsiCo Russia кор мекард. Ӯ ба Бритониё ба дидорбинии падараш омада буд.

Тақвияти чораҳои амниятӣ дар остонаи сафари Мирзиёев

Дар остонаи сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ба Тоҷикистон фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар пурзӯр карда шудааст. Нахустин сафари расмии Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 9 ва 10-уми марти имсол сурат мегирад.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “вобаста ба сафари президенти Узбекистон ва, инчунин, Рӯзи Модар фаъолияти кормандони мо тақвият бахшида шудааст. Ин ба хотири он аст, ки амният на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар саросари Тоҷикистон таъмин бошад.”

Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон низ кормандони худро дар ҳоли пурзӯри хидмат қарор дода аст. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ, гуфт, “ҳадаф ин аст, ки мардум дар ин рӯзҳои барои Тоҷикистон пураҳамият бояд осуда бошанд”.

Марзбонони тоҷик низ дар марзҳои тӯлонии кишвар бо ҳамсоягон, бахусус Афғонистон дар ҳолати омодабош ҳастанд. Маҳмудҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “бо онки ягон супориши махсус нашудааст, нирӯҳои марзбонӣ дар ҳолати омодабош ва тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.”

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, рӯзи 9-уми март бо сафари дурӯза вориди Душанбе мешавад. Пас аз интихоб шудан ба маснади раиси ҷумҳури Узбекистон ин нахустин сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон аст.

Мирзиёевро дар ин сафар як ҳайати тиҷоративу иқтисодии кишвараш ҳамроҳӣ хоҳанд кард, ки дар нишасти соҳибкорони ду кишвар дар Душанбе иштирок мекунанд.

Хабарнигори BBC вакили русро ба озори ҷинсӣ муттаҳам кард

Леонид Слутский

Хабарнигори Би-би-сӣ Фарида Рустамова намояндаи мардумӣ дар Думаи давлатии Русия аз ҳизби Либерал-Демократ Сергей Слутскийро ошкоро ба дастдарозии ҷинсӣ муттаҳам кард. Рустамова гуфт, ӯ навори садоӣ дорад, ки дар он сиёсатмадор пешниҳодҳои ношоиста мекунад. Би-би-сӣ рӯнавишти ин гуфтугӯро нашр кардааст.

Ба қавли Фарида Рустамова, ӯ моҳи марти соли 2017 ба дафтари кории Слутский рафт, то дар заминаи сафари номзад ба мақоми президентии Фаронса Марин Ле Пен аз сиёсатмадор шарҳ бигирад. Вақте онҳо танҳо монданд, Слутский ба журналист пешниҳодҳои ношоям кард.

Фарида Рустамова гуфт, намояндаи мардумӣ ба ӯ пешниҳод кард, ки маъшуқааш шавад. Рустамова гуфт, пас аз ин ҳодиса ӯ аз равоншинос кумак гирифт.

Рӯзи 22-юми феврал шабакаи телевизионии "Дождь" дар бораи мавридҳои дастдарозии Сергей Слутский ба занҳо матлаб нашр кард. Се журналисти масъули пӯшиши хабарҳои порлумон - продюсери шабакаи телевизионии "Дождь" Даря Жук, сардабири шабакаи телевизионии RTVI Екатерина Котрикадзе ва хабарнигори Би-би-си Фарида Рустамова Слутскийро ба дастдарозӣ муттаҳам карданд.

Слутский иттиҳомро рад мекунад. Ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии РБК изҳороти журналистсҳоро "ёвагӯӣ" унвон кард.

Раҳбари ҳизби ЛДПР Владимир Жириновский гуфт, чунин рафторро ғайри қобили қабул медонад ва шикояти занҳоро таҳқиқ хоҳад кард.

Путин аз ошкор шудани 400 ҷосуси хориҷӣ хабар дод

Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин аз мақомоти кишвараш талаб кард, ки аз кӯшишҳои ҷосусони хориҷӣ барои дарёфти маълумоти дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва дифоӣ пешгирӣ кунанд.

Ӯ, ки рӯзи 6-уми март дар коллегияи Хадамоти федеролии амнияти Русия суханронӣ мекард, гуфт, солҳои охир ҷосусони хориҷӣ бисёр фаъол шудаанд. Ба қавли Путин, онҳо барои анҷоми корҳои худ аз навтарин усули зеҳниву техникӣ кор мегиранд.

Бино ба иттилои президенти Русия, соли гузашта дар ин кишвар фаъолияти 72 гумоштаи хадамоти иктишофӣ ва тақрибан чаҳорсад ҷосуси мақомоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ошкор шудааст.

Пештар Владимир Путин ФСБ-ро тавсиф карда буд, ки тавонист то замони паёми ӯ ба Маҷлиси федеролӣ маълумот дар бораи навтарин аслиҳаи Русияро пинҳон нигоҳ дорад.

Президенти Қирғизистон гуфт, ба хешовандонаш мансаб намедиҳад

Сооронбой Ҷеенбеков

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи сешанбе дар суҳбат бо раҳбарони расонаҳои ин кишвар гуфт, ки хешовандонаш ба умури идораи давлат дахолат нахоҳанд кард.

Ба гуфтаи Ҷеенбеков, бисёриҳо нигаронанд, ки ӯ наздиконаш, аз ҷумла бародари хурдиаш Асилбек Ҷеенбековро ба мақомҳои давлатӣ таъйин мекунад.

"Онҳо корҳои худро хуб пеш мебаранд. Аз тақдири президентҳои пешини Қирғизистон -- Аскар Акаеву Қурмонбек Боқиев огаҳӣ дорам ва мехоҳам, 6 сол баъд бо сари баланд бо мардум рӯбарӯ шавам", - афзуд ӯ.

Ҷеенбекови хурдӣ раиси порлумони Қирғизистон буд, вале баъд аз сарвазир шудани бародараш Сооронбой Ҷеенбеков аз мақом истеъфо дод. Дертар Ҳизби ҳокими сотсиал-демократии Қирғизистон номзадии Сооронбой Ҷеенбековро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Асилбек Ҷеенбеков ҳоло вакили порлумон аст.

Остона "барои мубориза бо тундгароӣ" 840 миллион доллар харҷ мекунад

Сарбозони Кумитаи амнияти миллии Қазоқисион

Мақомоти Қазоқистон тасмим доранд, барои мубориза бо тундгароӣ ва терроризм давоми панҷ соли оянда бештар аз 270 миллиард танга (муодили зиёда аз 840 миллион доллар) харҷ кунанд.

Ин иттилоъро Нургалӣ Билисбеков, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 6 март тасдиқ кард.

Билисбеков гуфт, ин миқдор маблағ барои пешгирӣ аз дидгоҳҳои тундгароёна, инчунин зуҳури терроризму экстремизм равона хоҳад шуд.

Ба гуфтаи вай, бо харҷи 840 миллион доллар 80 чорабинӣ баргузор карда мешавад.

"Дар дохили автобуси шикаста 49 шаҳрванди Тоҷикистон буд"

Акс аз бойгонӣ

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон гуфтанд, ки барои кумак ба 49 шаҳрванди бандмондаи кишвар дар шоҳроҳи вилояти Акмолаи Қазоқистон намояндагони ҷамъияти тоҷикон дар он маҳалро сафарбар кардаанд. Ин гуруҳи шаҳрвандон аз вилояти Екатеринбурги Русия тариқи Қазоқистон ба ватан бармегаштанд.

Як намояндаи консулгарии Тоҷикистон дар Қазоқистон рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳақиқат, бар асари хароб шудани муҳаррики автобус муҳоҷирони савори он дар вилояти Акмола дармонданд. Дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

Дипломати тоҷик, ки нахост номаш нашр шавад, гуфт, масъулони сафорат дар навбати аввал аз ҷамъияти тоҷикони Акмола хостаанд, ба кумаки мусофирон шитобанд ва дар пай тадбирҳои дигари зарурӣ ҳам андешида мешавад.

Ҳодиса шоми 6-уми март рух дод ва гуруҳи наҷотбахшони марбут ба ҳукумати вилояти Акмола дар ҷои ҳодиса ба ёрии мусофирон шитофтаанд.

Роҳи мошингарди Тоҷикистон-Русия, ки аз қаламрави Қирғизистону Қазоқистон мегузарад, як масири маъмули ҳаракати муҳоҷирони тоҷик мебошад. Аз ин роҳ онҳое истифода мекунанд, ки барои пардохти харҷи билети ҳавопаймову қатор имкони молӣ надоранд.

Вале бисёр ҳолатҳое шудааст, ки бо сабаби риоя накардани меъёрҳои бехатарӣ ва аз ташхиси техникӣ нагузаштани мусофирбарҳо фоҷиа сар мезанад.

Ҳодисаи мудҳиштарин рӯзи 18-уми январи имсол рух дод. Автобуси навъи “Икарус”, ки аз ҳудуди деҳаи Калибои вилояти Оқтеппаи Қазоқистон дар шоҳроҳи Шимкент-Самара ба самти Русия ҳаракат мекард, аз дохил оташ гирифт.

Дар натиҷаи "тамоси барқӣ" дар дохили автобус тамоми ин мусофирбар оташ гирифт ва дар они воҳид 52 шаҳрванди Узбекистон ба ҳалокат расида, танҳо панҷ нафар – ду муҳоҷири узбак ва се шаҳрванди Қазоқистон бо ҷароҳатҳои мухталиф ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ситораҳои ҳунари Узбекистон ба Тоҷикистон меоянд

Шералӣ Ҷӯраев

Қарор аст, ситораҳои ҳунари Узбакистон рӯзи 8-уми март вориди Душанбе шаванд.

Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 7-уми март дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар назар аст, ҳайати 13-нафарии ҳунармандони маъруф, аз ҷумла Озодбек Назарбеков, Фаррух Зокиров, Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова ва дигарон вориди пойтахти Тоҷикистон шаванд".

Ҳунармандони Узбакистон дар консерти калони ҳунарии бахшида ба сафари давлатии президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳамроҳ бо ситораҳои ҳунари тоҷик иштирок хоҳанд кард.

Ба иттилои оҷонси хабарии "Азия-Плюс", рӯзи 6-уми март бо ҳадафи иштирок дар ин консерт беш аз 100 ҳунарманд ва навозандаву рақсанда аз Тошканд ба Душанбе омаданд.

"Сомон Эйр" ният дорад, чор ҳавопаймои Embraer бихарад

Ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ният дорад, ки чаҳор ҳавопаймои навъи “Эмбрайер” (Embraer E190-E2)-ро харидорӣ кунад. Дар ин бора Баҳодур Раҳимов, раиси техникии ширкати “Сомон Эйр”, аввали ин ҳафта дар намоишгоҳи ҳавопаймоҳо дар Маскав изҳори назар кардааст.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳанӯз бо ширкати истеҳсолкунандаи ин ҳавопаймоҳо, ки дар Бразилия қарор дорад, шартнома набастааст.

Ҳавопаймои бразилии Embraer аз 97 то 114 ҷойи нишаст дорад ва дар масофаҳои кӯтоҳ ва миёна парвозҳо анҷом медиҳад. Бинобар ин, Somon Air ният дорад ин ҳавопаймоҳоро барои анҷоми парвозҳо дар масирҳои дохили кишвар ва шаҳрҳои ҳамсоякишвари Узбекистон истифода кунад.

Парки ҳавопаймоии Somon Air ҳоло аз ҳавопаймоҳои Boeing иборатанд. Ин ширкат 6 ҳавопаймои тамғаи Boeing 737-300, Boeing 737-800 ва Boeing 737-900-ро дар ихтиёр дорад.

Somon Air ягона ширкати хусусии ҳавопаймоии Тоҷикистон аст ва дар соли 2017 ним миллион мусофир кашондааст.

Ҳалокати 32 нафар дар суқути ҳавопаймои Русия дар Сурия

Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар пойгоҳи Ҳмеймими Сурия

Ҳавопаймои борбари Русия ҳангоми фурудоӣ дар наздикии пойгоҳи Ҳмеймими Сурия суқут кард. Дар ин ҳодиса 26 мусофир ва шаш сарнишини ҳавопаймо ба ҳалокат расид.

Дар ин бора матбуоти Русия баъд аз зӯҳри 6-уми март хабар дод.

Гузоришҳо бо такя ба манбаъҳои Вазорати дифои Русия мегӯянд, бинобар маълумоти ибтидоӣ, 32 нафар дар ҳоле ҳалок шуданд, ки ҳавопаймои борбари АН-26 ҳангоми фурӯдоӣ дар Ҳмеймим сарозер шуд.

Вазорати дифоъ гуфтаст, "ба эҳтимоли зиёд" суқути ҳавопаймо дар пайи иштибоҳи фаннӣ рух додааст ва ҳеч аломате вуҷуд надорад, ки ҳавопаймо ҳадафи оташ қарор гирифт.

Русия дар тӯли 7 соли ҷанги шаҳрвандии Сурия аз президент Башор Асад аз пуштибонӣ кард.

Маскав бо оғози ҳамлаҳои ҳавоии соли 2015 дар Сурия, гардиши ҷангро ба фоидаи Асад ҳал намуд ва ҳузури низомияшро дар хоки он кишвар афзоиш дод.

Раҳбари Кореяи Шимолӣ омодааст, аз мушакҳои ҳастаӣ даст кашад

Мулоқоти Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ. 6-уми марти 2018

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин омодааст, аз озмоишҳои ҳастаӣ даст кашад ва бо Амрико вориди музокирот шавад, агар Вашингтон амнияти Пхенянро кафолат диҳад. Дар ин бора нашрияи The New York Times рӯзи 6-уми март бо такя ба манбаъҳои Кореяи Ҷанубӣ хабар дод.

Пештар аз ин маълум шуд, ки Ким Чен Ин бори аввал бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ мулоқот кард. Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ рӯзи гузашта ба Пхенян рафтанд.

Хабаргузории Reuters ҳадафи сафарро талоши эҷоди муколама дар байни Кореяи Шимолӣ ва Амрико унвон кард.

Ким Чен Ин, инчунин, дар ҷараёни мулоқот аз рушди равобит миёни ду Корея "қотеъона" пуштибонӣ кардааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои Корея, Ким Чен Ин гуфтааст, ки барои ҳамоиш талош мекунад.

Манбаъҳои The New York Times мегӯянд, намояндагони Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар бораи мулоқоти Ким Чен Ин бо президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Ҷӣ Ин созиш карданд ва ин мулоқот эҳтимол моҳи апрели имсол баргузор мешавад.

Дар даҳ соли охир бори аввал аст, ки Кореяи Ҷанубӣ ба Пхенян музокиротчӣ фиристод. Ин муҳимтарин натиҷаи, ба истилоҳ, "оштии олимпӣ" аст, ки ду кишвар дар ҷараёни бозиҳои зимистона ба таври ғайрирасмӣ ба он даст ёфтанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG