Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Созмони ҳуқуқи башар: Интерпол “Red Notice”-ро аз номи Кабирӣ бардошт

Як созмони ҳомии ҳуқуқи инсон гуфт, ҳафтаи гузашта Интерпол номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро аз феҳристи афроде, ки шадидан ҷустуҷӯ мешаванд, берун кардааст.

Масъулони созмони Defending the Human Right to a Fair Trial, ки дар Белгияву Лондон қароргоҳ дорад, 28-уми феврал гуфтанд, "беш аз як сол зарур шуд, то “огоҳии сурх” (Red Notice) аз номи Муҳиддин Кабирӣ бардошта шавад.

Онҳо дар вебсайти расмии худ гуфтанд, Интерпол "ба суистифодаи Тоҷикистон аз системаи Red Notice посухи рад дод" ва Кабириро "ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ эътироф кард".

Номи Муҳиддин Кабирӣ соли 2016 вориди листи Интерпол шуда, чанд муддат дар вебсайти пулиси байналмилалӣ ҳам қарор дошт, аммо баъди чанде аз онҷо ғайб зад.

Бо ин вуҷуд, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҷустуҷӯи байналмилалии Муҳиддин Кабирӣ поён наёфтааст. Аввали соли равон Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи парвандаи ӯ дар ғайбаш шурӯъ кард.

Муҳиддин Кабирӣ, ки дар гузашта мақомоти тоҷик ӯро барои даст доштан дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим муттаҳам карда буданд, аз моҳи марти соли 2015 ба ин тараф дар хориҷ қарор дорад. Кабирии 53-сола соли 2006 дар пайи даргузашти Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба раҳбарии ҳизби наҳзати исломӣ расид. Вай ду дафъа вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон низ буд.

Як ҷуфти солманди покистонӣ аз ҷангҳои Ғута ҷон ба саломат бурд

Зану шарвҳари покистонӣ аз ҷангҳои Ғута ҷон ба саломат бурданд. 1 март, 2018

Як зану шавҳари солманди покистонитабор, ба думболи оташбаси авоили ҳафтаи Русия ва эҷоди долони хайрия, аз Ғутаи шарқии Сурия берун оварда шуд.

Хабаргузории наздик ба шӯришгарони ҷиноҳи "Ҷайш ал-Ислом" - Кумаит, рӯзи 28 феврал акси ин ду нафарро нашр кард, ки зоҳиран дар назди мошини Ҳилоли аҳмари Сурия нишастаанд ва дар даст сандаҳои Покистонро доранд.

Хабаргузории France Press мугӯяд, ки Муҳаммад Фадҳал Акрами 73-сола ва ҳамсари 62- солаи ӯ Сағран Бибӣ, аз шаҳри Думои воқеъ дар канораҳои Димишқ беун омаданд. Ду писар, се духтар ва 12 набераи онҳо дар шаҳр монд.

Шабакаи телевизионии Ал-Арабияи Саудӣ мегӯяд, ки ин ҷуфт беш аз 40 сол дар Сурия зиндагӣ кардааст.

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, аз замони эълони оташбас ва "долони башардӯстона" ин ҷуфт, аз 400,000 сокини Ғутаи Шарқӣ ягона нафароне ҳастанд, ки тавонистанд хориҷ шаванд. Ба гуфтаи гурӯҳи нозири ҷанги ҳафтсолаи шаҳрвандӣ дар Сурия, раҳоии ин ду нафар баъди моҳҳо гуфтушуниди сафорати Покистон дар Сурия имконпазир шуд.

Ҷанги шир дар байни Маскаву Минск. Лукашенко иқдоми ҷавобӣ ваъда кард

Президенти Беларусяи Александр Лукашенко

Раиси ҷумҳури Беларусия ҳушдор дод, ки қарори Маскав, дар заминаи манъи содироти маҳсулоти ширии ин кишвар ба Русияро беҷавоб намегузорад. Дар ин бора хабаргузории расмии БЕЛТА рӯзи 1 март гузориш дод.

Ба гуфтаи Лукашенко, ӯ маълумот дорад, ки Русия аз Зеландияи Нав шири хушк ворид кард ва бинобар пур шудани бозор шири Беларусия "нодаркор" шуд. Луашенко таъкид кард, ки дигар чунин рафторри Русияро таҳаммул намекунад.

Сар аз 26 феврал содироти ҳамагуна маҳсулоти ширии Беларусия ба қаламрави Русия манъ шуд. Росселхознадзор ин қарорро ба риоя накардани талаботи беҳдоштӣ аз тарафи Белорусия марбут кард.

Путин гуфт, ки Русия мушаки шикастнопазир дорад

Владимир Путин ҳангоми ироаи паёми солона

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин, рӯзи 1 март дар паёми солонааш ба палатаи болоии порлумон, аз пешрафтҳои низомии кишвараш ситоиш кард ва гуфт, ки баъди берун шудани ИМА аз созишномаи АВМ, Русия ба рушди таслиҳоти стратегии ҳастаияш тамаркуз кардааст ва мушакҳои байниқоравиро тавсеа медиҳад.

Путин ҳамчунин аз озмоиши ҷадиди силоҳи ҳастаӣ гузориш дод ва иддао кард, ки ин силоҳ дар баробари душман шикастнопазир аст.

Ҳангоми изҳороти Путин дар бораи силоҳи нави ҳастаӣ, навои компютерии 11 соли пеш намоиш дода шуд. Ин навор бо мушаки байниқоравии "Сатана" 25 сентябри соли 2007 дар барномаи "Ударная сила"- и шабакаи аввали Русия намоиш дода шуд.

Дар суханронии Путин ин навор ҳамчун намоиши маҷмаи мушакии нав, бо мушаки вазнини байниқоравӣ, истифода шуд.

Путин ҳамчунин гуфт, Росия ба зудӣ мушакҳои ҳастаии навтаринро, ки сохтори зиддимушакии Амрикоро бартараф мекунанд, ба таслиҳоташ ворид мекунад.

Масоили низомӣ қариб нисфи суханронии президенти Русияро фаро гирифт.

Раиси ҷумҳури Русия гуфт, амалиёти Сурия тавонмандии низомии кишварашро ба намоиш гузошт. Ӯ афзӯд, ки дар 17 соли ахир Русия беш аз 300 системаи ҷадидро мавриди истфодаи низомӣ қарор дод.

Бахши дигари суханронии президент ба барномаи рушди Русия то соли 2024, дақиқ ба замоне бахшида шуд, ки салоҳияти президент ба поён мерасад. Ин президентро шаҳрвандони Русия ҳамин моҳ интихоб мекунанд.

Путин аз ҷумла дастур дод, ки маҷмуи махсулоти дохилӣ якуним баробар афзоиш ёбад ва Русия ба клуби кишварҳое "80+"дохил шавад, ки ҳисоби миёнаи умри мардуми онҳо баланд аст.

Толибон ба даъвати Ғанӣ барои сулҳ бархурди сард нишон дод

Ҷангиёни Толибон

Толибон ба даъвати президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки ба ин гурӯҳ ба ивази сулҳу созиш эътирофи сиёсӣ, шиноснома, дафтари намояндагӣ ва имтиёзҳои дигарро ваъда дод, бархурди сард нишон доданд. Ин даъват рӯзи гузашта дар конфронси "Раванди Кобул" садо дод ва намояндагони беш аз 20 кишвар аз он пуштибонӣ карданд.

Толибон, ки ба ин нишаст даъватӣ набуданд, ба суханони Ғанӣ дафъатан вокуниш накарданд. Як мақоми Толибон ба шарти ошкор нашудани номаш ба хабаргузории Reuters гуфт, ки Раҳбарияти Толибон пешниҳодҳои Ғаниро меомӯзанд.

Аммо хабаргузории dpa шоми 28 феврал аз пахши изҳороте дар сомонаи Толибон гузориш дод ва гуфт, ки Толибон аз ба пешниҳодҳои Ғанӣ истиқболи гарм нишон надод. Дар изҳорот омадааст, "шубҳа нест, ки суханронии Ғанӣ олӣ буд", аммо ба гуфтаи dpa, ин гурӯҳ мегӯяд, Ғанӣ нукоти муҳимро сарфи назар кард.

Толибон дар ин изҳорот гуфтаанд, ки сабаби аслии идомаи ҷанг дар Афғонистон ҳузури "нерӯҳои таҷовугари хориҷӣ" аст ва то ин неруҳо аз Афғонистон берун нашаванд, музокирот маъное надорад,

Амрико писари сафири пешини Қирғизистон дар Вашингтонро боздошт кард

Ходимони пулиси Амрико - акси тасвирӣ

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико писари сафири пешини Қирғизистон дар Вашингтонро бо гумони қочоқи силоҳ боздошт кард.

Замира Сидиқова рӯзи 1 март гуфт, ки писараш Тенгиз Сидиқов, ки дар Вашингтон зиндагӣ мекунад, иштибоҳан ба кӯшиши қочоқи силоҳ ба Чеченистони Русия муттаҳам шуд.

Замира Сидиқова, ки солҳои 2005-2010 сафири Қирғизистон дар Вашингтон буд, аз рӯзноманигорони эътирофшудаи ин кишвар номбар мешавад.

Идораи додситонӣ дар Ноҳияи Шарқии Вирҷиниа гуфт, ки писари Сидиқова як гумонбар дар қазияи Элдар Ризвонов аст, ки рӯзи 27 феврал боздошт шуд.

Дар изҳороти ин идора, ки ҳарду боздоштшударо шаҳрванди Қирғизистон муаррифӣ кардааст, гуфта мешавад, ки онҳо беш аз 100 силоҳи оташфишонро аз банду баст ҷудо карда, мехостанд ин борро бидуни муҷаввиз ба Чеченистон интиқол диҳанд.

Содиқови 28 сола ва Ризвонови 27 сола ба нақзи Қонун дар бораи содироти силоҳ муттаҳам мешаванд, ки харидуфурӯши таслиҳоти хориҷӣ муомилоти тиҷоратӣ бо силоҳ, қочоқ, пулшӯӣ ва тақаллуби бонкири назорат мекунад.

Замира Сидиқова мегӯяд, ки пулис писари ӯро баъди боздошти ҳамхонаи қаблиаш Ризвонов ва кофтукови хона боздошт кард.

Раҳбари бахши иртибототи Кохи сафед аз мақом меравад

Ҳоуп Ҳикс - раҳбари бахши иртибототи Кохи сафед

Раҳбари бахши иртибототи Кохи сафед Ҳоуп Ҳикс аз мақомаш истеъфо медиҳад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 28 феврал бо такя ба сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс гузориш дод.

Тасмими истеъфо дар ҳоле гирифта шуд, ки Ҳикси 29-сола - ҷавонтарин раҳбари бахши иртиботот дар таърихи Кохи сафед, ҳудуди 9 соат дар ҷаласаи пӯшидаи Кумитаи истихбороти палатаи намояндагони Амрико гузориш дод. Ин кумита робитаи эҳтимолии ситоди интихоботии Трамп бо Русияро таҳқиқ мекунад.

Ҳоуп Ҳикс аз посух додан ба бисёр суолҳо канор рафт, аммо эътироф кард, ки баъзан водор мешуд "дуруғи беозор" бигӯяд. Ҳикс нагуфт, ки амри "дурӯғ гуфтан" аз тарафи кадом узви тим ворид мешуд. Ин корманди Кохи сафед гуфт, ки дар робита ба таҳқиқи қазияи "нақши пойи Русия" ҳеҷ гоҳ огоҳона изҳороти дуруғин пахш накардааст.

Дар байни пурсишҳое, ки Ҳикс нахост ба онҳо посух бигӯяд, ин суол ҳам буд, ки оё ӯ дар робита ба мулоқоти писарии калонии Трамп бо ҳуқуқдони Русия Наталя Веселнитская чӣ нақш дошт.

Дар Амрико таҳқиқи парвандаи созиши эҳтимолии тими интихоботии Трамп бо Русия ҷараён дорад, ки онро прокурори махсус Роберт Мюллер пеш мебарад.

Қазоқистон садҳо хонаводаро аз нӯшидани шароб маҳрум кард

Акси тасвирӣ

Алексей Милюк, як намояндаи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон рӯзи 1 март хабар дод, ки мақомот тавассути додгоҳ нӯшидани машруботро ба аъзои садҳо хонаводаи носолим манъ карданд.

Ин хонаводаҳо акнун ҳақ надоранд на дар манзили худ ва на дар манзили дигарон шароб нӯшанд. Вайрон кардани тартиботи мазкур 15 рӯзи ҳабс дар пай дорад.

Қонунгузории Қазоқистон дар охири соли 2017 тағйир ёфт ва имкони манъи шаробнӯширо фароҳам овард. Дар Кодекси қонунвайронкунии маъмурии Қазоқистон омадааст, агар нӯшидани шароб сабаби сар задани қонуншиканӣ гардад, додгоҳ ҳақ дорад ба ВКД иҷозат диҳад, ки шаҳрванди мушаххасро аз нӯшидани машрубот манъ кунад.

Ба иттилои Милюк, мақомоти Қазоқистон рӯйхати 10 ҳазор хонаводаи "носолим"-ро дар ихтиёр доранд. Ҳамаи онҳо мумкин аст, аз нӯшидани шароб маҳрум шаванд. Дар соли 2017 350 хонавода ва аз ибтидои соли 2018 855 хонаводаи носолим аз шаробнӯшӣ маҳрум шуданд.

Ба иттилои вазорати тандурустии Қазоқистон, дар соли 2017 ба ҳисоби миёна ҳар сокини кишвар аз 11 то 12 литр шароб истифода кардааст. Ин нишондод нисбати кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон зиёд арзёбӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, 18 дарсади аҳолии ин кишвар вобастаи шароб дониста мешаванд: онҳо дар ҳафта бештар аз ду маротиба шароб менӯшанд.

Истеъфои мансабдорони Словакия баъди куштори рӯзноманигор Ян Кучак

Маросими хайрбод бо журналисти Слования Ян Кучак

Ба думболи куштори хабрнигори таҳқиқотгар Ян Кучак як қатор мақомдорҳо, аз ҷумла ёвари нахуствазир Мария Трошкова, котиби Шӯрои амният Вилиам Ясан ва вазири фарҳанг Марек Мадярич аз мақомҳои худ истеъфо доданд. Мадярич гуфт, ҳатто наметавонад тасаввур кунад, ки баъд аз ин ҳодиса чигуна дар "курсии вазирӣ" хоҳад нишаст.

Ян Кучак, рӯзноманигори сомонаи Aktuality.sk дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) робитаҳои эҳтимолии сиёсатмадорони Словакияро бо мафияи итолиёвӣ таҳқиқ мекард. Охирин матлаби Кучак 9 феврал нашр шуд, ки мавзӯи он тақаллубкориҳои молиётии марбут ба як маҷмуаи истиқоматӣ дар Братислав буд.

Ҷасади Ян Кучакро бо захми тир 25 феврал пайдо карданд ва пулис гуфт, куштори ӯ ба фаъолияти касбияш рабт дорад. "Дар Словакия бори нахуст аст, ки ба рӯзноманигор ин гуна ҳамла мекунанд", - афзуд намояндаи пулис.

Дар робита ба куштори мазкур мухолифон талаб доранд, ки вазири умури дохилӣ Роберт Калиняк ва сардори пулиси ин кишвар Тибор Гашпар ба истеъфо раванд.

Мушовири пешини Ислом Каримов дар Тошканд боздошт шуд

Акси тасвирӣ

Гуруҳи махсуси додситонҳои Узбекистон шаби 23 ба 24 феврал додситони пешини вилояти Тошканд ва мушовири адлия Ҷамшед Файзиевро дар манзилаш боздошт карданд.

Нисбати Ҷамшед Файзиев дар асоси нишондоди додситони пешини ин кишвар Рашид Қодиров парванда кушода шуд. Бино бар иттилои пешакӣ, Файзиев дар анҷоми ҷиноятҳои "Сӯистифода аз мансаб" ва "Порагирӣ" айбдор мешавад.

Додситони пешини вилояти Тошканд 2 августи соли 2017 аз мақом барканор шуд. Он замон Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон Файзиевро "дузди аввал" номида буд.

Доситони пешини вилояти Тошканд соли 2013 мушовири давлатии Ислом Каримов - президенти пешини Узбекистон таъйин шуда буд. Ӯ дар ин мақом ҳамагӣ нуҳ моҳ фаъолият кард ва баъдан муовини додситони кул таъйин шуд. Вале баъди сари қудрат омадани Мирзиёев додситони вилояти Тошканд таъйин гардид.

Гузаргоҳи “Саразм – Ҷартеппа”-ро расман ифтитоҳ карданд

Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон гузаргоҳи байналмилалии “Саразм – Ҷартеппа”-ро расман ба истифода доданд. Ин гузаргоҳ дар канори ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд солҳо боз баста буд.

Рӯзи 18-уми феврали имсол девори байни ин гузаргоҳ, ки мардум “Девори Каримов” меномиданд, вайрон карда шуд.

Манобеи ҳукумати вилояти Суғд гуфтанд, ин маросим рӯзи 1-уми март бо ҳузури раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Тӯробҷон Ҷӯраев баргузор шудааст. “Инчунин, дар ин маросим фаъолони вилоятҳои ҳаммарзи Суғду Самарқанд ва сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадӣ ҳузур доштанд”, - гуфтанд дар дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.

Рӯзи панҷшанбе гузаргоҳҳои сарҳадии “Ӯротеппа-Кушкент”, “Зафаробод-Хавостобод”, “Хавотоғ-Учтурғон”, “Ҳаштяк - Бекобод” ва “Навбунёд-Поп” низ расман боз гардиданд.

Нармтар шудани робитаҳои байни Тоҷикистону Узбекистон баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 шурӯъ шуд. Гузаргоҳҳои марзии байни ин кишварҳо зоҳиран бо сафари ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи март шурӯъ мешавад.

Рамзи ҷашни имсолаи Наврӯз тасдиқ шуд

Дар сайти президенти Тоҷикистон рӯзи 1 март рамзи тасдиқшудаи ҷашни байналмилалии Наврӯз нашр шуд, ки онро Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ кардааст. Гуфта мешавад, ки рамз доирашакл буда дар байни он "кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2018» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст".

Ин рамз қарор аст дар ҷараёни тамоми рӯзҳои ҷашнӣ истифода шавад.

Ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон имсол рӯзҳои 21-24 март дар се шаҳр - Душанбе, Панҷакент ва Бохтар таҷлил мешавад.

Бонки Осиёии Рушд: Ба Тоҷикистон қарз надиҳед, кумак кунед

Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе гуфт, аз ин ба баъд ба Тоҷикистон танҳо кумакҳои билоиваз пешниҳод шавад, на қарз. Прадип Шриватсава рӯзи 28-уми феврал дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Бонки Осиёии Рушд низ имсол ба Тоҷикистон ба маблағи 160 миллион доллар кумаки молии бебозгашт хоҳад кард.

Аз ҷумла, 90 миллион доллар барои сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Бохтар ва ҳудуди 45 миллион доллар барои беҳбуди обрасонӣ дар шаҳри Душанбе медиҳад. “Маблағи боқимонда барои беҳбуди вазъи тандурустӣ ва муҳити зист равона хоҳад шуд”, - афзуд ӯ.

Прадип Шриватсава дақиқан нагуфт, ки чаро ба Тоҷикистон на қарз, балки бештар кумакҳои бебозгашт ироа шавад. Аммо бархе аз коршиносон ба марзи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ишора мекунанд, ки ба тақрибан 2,9 миллиард доллар расидааст.

Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодии хабаргузории “Азия-Плюс”, рӯзи 28-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмими Бонки Осиёии Рушд барои пешниҳоди танҳо кумакҳои билоиваз аз сӯе ба фоидаи иқтисоди Тоҷикистон аст, аз тарафи дигар маъноҳои дигар ҳам дорад. “Баёнгари ин воқеият аст, ки сохторҳои молии байналмилалӣ дигар эътимод надоранд, Тоҷикистон метавонад қарзҳоро бозпас бидиҳад. Яъне, вазъи иқтисодии Тоҷикистон нигаронкунанда шудааст”, - афзуд ӯ.

Мулоқоти Прадип Шриватсава бо хабарнигорон ба хотири 20-умин солгарди ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди молии байналмилалӣ ва 15-умин солгарди ифтитоҳи дафтари намояндагии БОР дар шаҳри Душанбе бахшида шуд. Шриватсава гуфт, дар ин муддат Тоҷикистон аз ин ниҳод ҳудуди 1,5 миллиард доллар қарз ва кумаки молии бебозгашт дарёфт кардааст.

Панҷ ходими пулиси Афғонистон кушта ва 30 тани дигар рабуда шуд

Пулиси Афғонистон баъди ҳамлаи навбатӣ роҳгузарҳоро тафтиш мекунад

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар ду ҳодисаи ҷудогона, дар қисмати ҷануби кишвар, дастикам 5 ходими пулис кушта ва 30 тани дигар рабуда шуд.

Дӯст Муҳаммад Ноёб, сухангӯи волии вилояти Урузгон рӯзи 27 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодисаҳо дар шоҳроҳи байни вилоятҳои Қандаҳор ва Урузгон рух дод.

Раиси пулиси Қандаҳор Генерал Абдул Розиқ ҳалокат ва рабуда шудани кормандони пулисро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ки ҷангиён ба постгоҳи пулис ҳамла карда, шаш нафарро куштанд ва панҷ нафари дигарро захмӣ карданд.

Сухангӯи пулиси Қандаҳор гуфт, ки талошҳо барои озод кардани ходимони рабудашудаи пулс пулис ҷараён доранд.

Масъулияти куштор ва рабудани кормандони пулисро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Аммо раиси пулиси Қандаҳор Абдул Розиқ Толибонҳоро масъули ҳамла эълон кард.

9 гузаргоҳ миёни Тоҷикистону Узбекистон расман боз мешавад

Қарор аст, рӯзи 1-уми март нӯҳ гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Узбекистон дар шимоли кишвар расман ифтитоҳ шавад. Инҳо аз ҷумла "Саразм" дар Панҷакент, "Ҳаштяк" байни Спитамену Бекобод, "Равот" байни Конибодому Бешариқ, "Ӯротеппа" дар Истаравшан, "Навобод" дар ноҳияи Ашт ва "ДЭУ - 58" ва "Зомин" дар Зафаробод мебошанд.

Аз ин гузаргоҳҳо танҳо “Саразм” дар Панҷакент мақоми байналмилалӣ дорад. Тавассути гузаргоҳҳои бозшуда сокинони манотиқи наздимарзии Тоҷикистону Узбекистон метавонанд бо шиноснома ва бидуни виза ба муддати 5 шабонарӯз то 30 километри дохили кишварҳои якдигар сафар кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, тӯли марзи миёни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 1400 километр аст. Аз соли 2002 дар марзи ду кишвар 16 гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд буд, ки 12 адади он дар вилояти Суғд ҷойгир аст. То аввали соли равон танҳо гузаргоҳҳои байналмилалии “Дӯстӣ” дар ноҳияи Турсунзода, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ва “Фотеҳобод” дар ноҳияи Мастчоҳ, воқеъ дар шимоли кишвар, боз буданд. Гузаргоҳҳои дигар даҳ сол пеш масдуд шуданд.

Гузаргоҳи байнулмилалии “Патар” дар Конибодом рӯзи 10-уми феврал ва ба дунболи он гузаргоҳи “Сарбанд” дар Спитамен барои рафтуомади сокинони наздимарзӣ боз шуданд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, як қатор созишномаҳои муҳим, аз ҷумла содда кардани низоми раводид дар байни ду кишвар матраҳ хоҳад шуд.

СММ: Пхенян барои тавлиди силоҳи кимёвӣ ба Сурия дастгоҳ медиҳад

Тарафдорони тими Кореия Шимолӣ дар Олимпиадаи Пхёнчхан

Кореяи Шимолӣ барои бунёди мушак ва силоҳи кимиёвӣ ба Сурия мутахасис ва дастгоҳҳои зарурӣ мефиристад. Дар ин бора матбуоти ИМА рӯзи 27 феврал хабар дод. Ба навиштаи матбуот, коршиносони СММ дар марҳилаи аз соли 2012 то соли 2017, беш аз 40 интиқолро ошкор карданд.

Гузориши нашрношудаи Созмони Милали Муттаҳид, ки дар он риояи қатъномаи СММ аз тарафи Кореяи Шимолӣ арзёбӣ мешавад, мегӯяд, як давлати узви созмон, ки номаш ошкор нашудааст, кормандони техникии Пхенянро дар муассисаҳои марбут ба маводи кимёвӣ ва мушакии Сурия мушоҳида кард. Димишқ дар сӯҳбат бо коршиносони СММ шаҳрвандони Кореяи Шимолиро варзишгар ва муррбиии варзиш муаррифӣ кардааст.

Иттиҳоми нав дар пасманзари хабарҳое ба миён омад, ки ҳукумати Башор Асад, сарфи назар аз меъёрҳои байналмилалӣ, алайҳи аҳолии мулкӣ гази хлоринро ба кор мебарад. Ҳукумати Асад ин иттиҳомро рад мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, Кореяи Шимолӣ, ки дар робита бо барномаҳои мушакиаш таҳти таҳримҳои байналмилалӣ қарор дорад, кайҳо боз силоҳ ва таҷрибаҳои технологиашро мефурӯшад.

Домоди Трамп аз дастрасӣ ба маълумоти махфӣ маҳрум шуд

Ҷаред Кушнер - домоди президент Трамп

Ҷаред Кушнер, мушовири аршад ва домоди президенти ИМА Доналд Трамп, аз дастрасӣ ба гузоришҳои сиррии ҳаррӯза ва баъзе санадҳои маҳрамона маҳрум шуд. Раҳбари дастгоҳи раиси ҷумҳур Ҷон Келлӣ тасмим гирифт, ки сатҳи дастрасии Кушнерро ба маводи "аз ҳад беш сиррӣ то сиррӣ" поён оварад. Дар ин бораи шабакаи телевизионии CNN рӯзи 28 феврал хабар дод.

Сатҳи дастрасии кормандони дигари Кохи сафед, ки дар гузашта бо маълумоти ҳассоси сиррӣ ошно мешуданд, низ коҳиш дода шуд. Ба гуфтаи "Садои Амрико" коҳиши дастрасии кормандон ба маводи сиррӣ, бо шумули домоди президент, ба ин бастагӣ дорад, ки онҳо то ҳол аз санҷиш дар заминаи робитаҳои хориҷӣ ва муомилоти молиашон нагузаштанд.

Президенти ИМА ҳақ дорад дастрасии ҳар кормандро ба маводи маҳрамона таъмин кунад. Аммо Трамп қаблан қабули қарорро ба раиси дастгоҳ супурд. Ба гуфтаи CNN худи Кушнер ба маҳдудияти розӣ аст ва аз президент хоҳиш намекунад, ки мақомашро болотар барад.

Вакили Кушнер гуфт, поён омадани сатҳи дастрасии Кушнер ба иҷрои вазифаҳое, ки президент ба ӯ супудааст таъсир надорад. Аммо нашрияи New York Times ва Politico менависанд, коҳиши дастрасии домоди президент ба маводи сиррӣ, ба музокиротҳое, ки ӯ пеш мебарад таъсир хоҳад дошт. Кушнер расман масъули ҳамоҳангӣ дар умури масоили Ховари Миёна ва Чин аст. Нашрияи Wаshington Post рӯзи 28 феврал навишт, ки мақомоти Иморати Араб, Чин, Исроил ва Мексика хостанд аз бетаҷрибагии Кушнер дар сиёсати хориҷӣ, суистифода кунанд. намояндаи Кушнер ин хабарҳоро "овоза" номид.

Узбекистон як шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро ба Душанбе дод

Ҳомид Воҳидов

Мақомоти умури дохилии Узбакистон як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карда, ба ҷониби Душанбе таслим намудаанд.

Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврал гуфтанд, ки нафари боздоштшуда Ҳомид Воҳидов, сокини 57-солаи Ҳисор аст ва таҳти пайгарди байналмилалӣ буд. Мақомот мегӯянд, боздошти Воҳидов рӯзи 26-уми феврал дар Тошканд сурат гирифтааст.

"Ҳомид Воҳидов қаблан низ суд шуда, барои қочоқи маводи мухаддир таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт", - гуфтанд дар ВКД.

Мақомоти пулиси Тоҷикистон мегӯянд, боздошти Ҳомид Воҳидов яке аз бахши ҳамкории онҳо бо ниҳодҳои интизомии Узбакистон аст. Онҳо гуфтанд, ин ҳамкорӣ бар асоси шартномае, ки соли 2009 барои муборизаи муштарак алайҳи терроризму қочоқи маводи мухаддир имзо шуда буд, ҷараён дорад.

Депутати порлумони Русия ба озори ҷинсӣ муттаҳам шуд

Леонид Слудский

Муовини раиси шабакаи телевизионии RTVI Экатерина Котрикадзе аввалин хабарнигорест, ки дар бораи дастдарозии депутати порлумон аз Ҳизби ЛДПР, Леонид Слутский, ошкоро нақл кард. Рӯзи гузашта се хабарнигори дигар, ки таҳаввулоти порлумонро пӯшиш медоданд, ба телевизиони "Дожд" гуфтанд, ки Слутский ба домани онҳо низ дастдарозӣ кард.

Ба гуфтаи Котрикадзе, ҳафт сол пеш, вақте ӯ дар телевизиони Гурҷистон кор мекард, барои сӯҳбат бо Слутский вақт гирифт. Аммо депутат хабарнигорро ба дафтараш даровард, дарро баст ва хост ӯро бибӯсад. Котрикадзе гуфт, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз оқибатҳои нохуш, он замон ин ҳодисаро ошкор накард.

Худи Слутский хабари "Дожд" -ро дар бораи озори ҷинсии хабарнигорон "сафсата" хонд ва қавл дод, ки телевизионро ба додгоҳ мекашад. Ҷиноҳи ЛДПР дар порлумон гуфт, масъалаи лағви аккредитасияи хабарнигори "Дожд"-ро матраҳ мекунад, ки дар бораи дастдарозии Слутский ба журналистҳо гузориш дод.

Майкл Роҷерс: Русия дахолаташ дар интихоботи Амрикоро ҷуброн накард

Раҳбари Оҷонсии амняти миллии ИМА Майкл Роҷерс

Майкл Роҷерс, мудири Оҷонсии амнияти миллии Амрико гуфт, ИМА талош накард, ки Русия барои дахолаташ дар интихоботи президентӣ ҷуброни миёншикан пардозад.

Роҷерс дар ҷаласаи Кумитаи умури мудофиаи Сенати ИМА суханронӣ кард. Роҷерс дар баробари сарварӣ ба Оҷонсии амнияти миллӣ ҳамчунин роҳбари ситоди артиши киберии Амрико аст. Роҷерс гуфт, ӯ барои муқовимат ба ҳамлаҳои киберии Русия тамоми зарфияташро истифода мебарад, аммо Кохи сафед дастур надод, ки ба шабакаҳои электронии Русия ҳамлаҳои ҷавобӣ анҷом шавад.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс гуфт, "ҳеч касе монеъ намешавад, ки Роҷерс масъулиятҳояшро анҷом диҳад". Сара Сандерс афзуд, ҳамлаҳои киберии Русия дар даврони роҳбарии президент Обама шуруъ шуданд ва Роҷерс барои пешигрӣ аз он ҳамлаҳо талоши зиёд накарда буд.

Ахиран расонаҳои амрикоӣ бо такя ба манбаъҳояшон хабар доданд, мақомоти махсуси ИМА далелҳои кофӣ пайдо кардаанд, ки рахнагарони интернетии Русия дар ҷараёни интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико низоми раъйдиҳии се аёлатро шикаста буданд.

Шаҳрвандии мансабдорони баландпояи Қирғизистон таҳқиқ мешавад

Порлумони Қирғизистон

Вакили порлумони Қирғизистон Кенжебек Бокоев пешниҳод кард, ки маълумоти Вазорати умури хориҷӣ, Кумитаи амният ва Комисияи марказии интихобот дар бораи боздошти ҳамкораш Дамирбек Асилбек уулу дар порлумон шунида ва шаҳрвандии тамоми мансабдорони баландпоя санҷида шавад.

"Саволҳо зиёданд, вале ба далели надоштани маълумот наметавонем ҷавоб гӯем. Чи тавр шаҳрванди як кишвари дигар метавон дар мақоми баланди давлатӣ ифои вазифа кунад? Биёед, бисанҷем. Мардум нигаронанд, ки фардо шаҳрванди як кишвари дигар метавонад президенти онҳо шавад", - изҳор дошт Бокоев рӯзи 28 феврал дар ҷаласаи порлумон.

Раиси порлумони Қирғизистон Достонбек Ҷумабеков дар посух ба даъвати Бокоев гуфт, ки ҳоло тамоми маълумот дар бораи дастгир шудани Асилбек уулу дар Қазоқистон ҷамъоварӣ ва масъалаи боздошти вакил дар порлумон баррасӣ мешавад.

15 ва 16 феврал дар натиҷаи як амалиёти махсуси кормандони мақомоти қудратии Қазоқистон 29 нафар бо гумони қочоқи молу маҳсулот дастгир шуданд. Дар миёни онҳо 3 шаҳрванди Қирғизистон, аз ҷумла вакили порлумон Дамирбек Асилбек уулу низ ҳузур дошт.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон иттилоъ дод, ки вакили қирғиз ҳамзамон шаҳрванди Қазоқистон аст. Телевизиони "КТК"-и Қазоқистон рӯзи 26 феврал дар як гузориши худ Асилбек уулуро раҳбари "гуруҳи ҷиноии фаромиллӣ" ном бурд, ки бо қочоқи мол аз Чин ба Қазоқистону Русия машғул будаст.

Ғанӣ пешниҳод кард, ки Толибон гурӯҳи қонунии сиёсӣ эътироф шавад

Ашраф Ғанӣ

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ пешниҳод кард, ки ҳамчун як бахши раванди сулҳу созиш, Толибон гурӯҳи қонунии сиёсӣ эътироф шавад.

Пешниҳоди Ғанӣ дар конфронси кишварҳо ва созмонҳое садо дод, ки ҳадаф доранд, барои музокироти сулҳ ва хотимаи ҷанги беш аз 16-сола дар ин кишвар платформа эҷод кунанд.

"Толибон ва ҳамаи аъзои гурӯҳ, тасмим бо шумост. Сулҳро бипазиред, дар гирди мизи гуфтушунид ҷамъ шавед ва биёед Афғонистонро якҷо бисозем", - гуфт Ашраф Ғанӣ.

Ғанӣ ба ҷангҷӯён оташбас, озодии зиндониҳо, шиноснома, дафтари корӣ дар Кобул ё минтақаҳои дилхоҳи дигар ва лағви таҳримҳоро пешниҳод кард. Президенти Афғонистон гуфт, ҳамчун бахши созиш бо Толибон, омодааст бознигарии Қонуни асосиро қабул кунад.

Ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ки аз тарафи Ғарб пуштибонӣ меёбад, баъди хуруҷи НАТО дар соли 2014, дар ҳоли муқовимат бо Толибон ва ҷангҷӯёни дигар қарор дорад. Моҳҳои ахир теъдоди зиёди одамони мулкӣ дар Кобул ва минтақаҳои дигари Афғонистон пайи ҳамлаҳои Толибон кушта шуданд.

Ҳукумати Афғонистон ва Толибон бори охир соли 2015 бо ҳам вориди гуфтушунид шуданд, аммо музокирот баробари оғоз ёфтан ноком шуд.

Генерали ИМА аз амалкардҳои Русия дар Сурия интиқод кард

Генерали амрикоӣ Ҷозеф Вотел

"Русия низоъро дар Сурия доман мезанад, то худро дар нақши як кишвари сулҳсоз муаррифӣ кунад", - гуфт Ҷозеф Вотел, фармондеҳи нерӯҳи Амрико дар Ховари Миёна, рӯзи 27-уми феврал дар нишасти Конгресс.

Генрал Вотел рафтори Русия дар Сурияро шадидан танқид кард ва онро "барҳамзанандаи субот" номид, ки ба гуфтаи ӯ ҳадафаш на маҳви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", балки "ҳифзи нуфуз ва назорат бар натиҷаи муноқиша аст".

"Ман бо ҷиддияти тамом мегӯям, ки онҳо ҳамзамон нақши оташзан ва отшанишонро иҷро мекунанд. Онҳо ташаннуҷро густариш медиҳанд ва баъдан мехоҳанд низоъро ба фоидаи худ ҳал кунанд", - гуфт Ҷозеф Вотел. Ба назари ин генерали амрикоӣ, Маскав талош дорад ба ташаббусҳои ИМА барои сулҳ дар Сурия алтернативаи худро пешниҳод кунад ва нақши Амрикоро дар Сурия ва Афғонистон коҳиш диҳад.

Фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Ховари Миёна Русияро ба ин муттаҳам кард, ки бо истифода аз даргириҳо силоҳҳои нави худро аз озмоиш мегузаронад ва ба хисороти ҷонӣ дар байни мардуми мулкӣ чашм мепӯшад.

Қирғизистон намоиши саҳнаҳои фаҳши филмҳоро манъ кард

Акс аз бойгонӣ

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи 27-уми феврал ба санади тағйирот ба қонуни ин кишвар дар бораи дастгирии давлатии синамо имзо гузошт.

Бар пояи тағйирот, консепсияи филм набояд ба тағйири хушунатомези сохти конститутсионии мавҷуд, нақзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат, ҷанг ва таҷовузкорӣ даъват кунад.

Ҳамчунин саҳнаҳои фаҳш ё даъват ба барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва таҳаммулнопазирӣ дар филм мамнӯъ аст.

Қирғизистон моҳи октябри соли 2016 намоиши филмҳоеро, ки саҳнаҳои фаҳш доранд, манъ карда буд. Ин гуна саҳнаҳоро комиссияи байниидоравии ташхис муайян мекунад.

Мақоми додистонии Узбекистон бо гумони ришвахорӣ боздошт шуд

Улуғбек Суннатуллоев

Мақомоти Узбекистон алайҳи муовини пешини додситони кулли ин кишвар, полковники 45-солаи адлия Улуғбек Суннатов, парвандаи ҷиноӣ кушоданд ва ӯро боздошт карданд. Суннатов ба суиистифода аз мақом ва ришваситонӣ муттаҳам шудааст.

Улуғбек Суннатов, ки аз охирҳои соли 2017 додситони вилояти Тошканд буд, 5 январи соли равон бо фармони президенти Мирзиёев барои "ба иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ додан" аз мақомаш барканор шуд.

Масъулони Додситонии кулли Узбекистон мегӯянд, Суннатовро дар доираи парвандаи ҷиноие дастгир кардаанд, ки алайҳи собиқ додситони кулл Рашид Қодиров боз шудааст. Расонаҳо аз боздошти худи Қодиров 22 феврал хабар доданд.

Ба гуфтаи як манбаъ дар Додситонии кулли Узбекистон, ҳоло Улуғбек Суннатов дар "сӯистифода аз мақоми хидматӣ" ва "гирифтани пора" айбдор мешавад.

Суннатовро ҳамчунин аз мақоми раҳбарии Ассосиатсияи миллии паролимпии кишвар барканор кардаанд.

Як масъули Кумитаи миллии олимпии Узбекистон 26 феврал ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, Суннатов баъди баёноти Рашид Қодиров ба зидди раиси пешини Хадамоти аминият миллӣ Рустам Иноятов, боздошт шуд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сайфулло Сафаров дар бораи бознишастагиву интихобот гуфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:00 0:00
XS
SM
MD
LG