Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳунармандони украинӣ чеҳраи Трампро аз сикка эҷод карданд. Видео

Чеҳраи Трампро аз сикка ва тарошаҳои казино сохтанд

Ҳунармандони украинӣ Даря Марченко ва Даниэл Грин портрети раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трампро аз сикка ва тарошаҳои казино эҷод карданд.

Маҳсули кори онҳо дар Ню-Йорк ба намоиш гузошта шуд. Ҳунармандон эҷоди худро "Чеҳраи пул" ном ниҳоданд. Кор дар рӯи ин портрет, ки аз танга ва "фишкаҳо"-и қиморхона сохта шудааст, се моҳ тӯл кашид.

Ин дувумин портрети ин силсила аст. То ин вақт Марченко ва Грин асареро бо номи "Чеҳраи ҷанг" эҷод карданд. Портрети президенти Русия Владимир Путин аз остини тирҳое сохта шуд, ки аз Донбасс оварданд.

Навори видеоӣ бо забони русист:

Ҳунармандон чеҳраи Трампро аз танга эҷод карданд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:41 0:00

Ҳукумати Узбекистон барои таъмири осорхонаи Айнӣ $37 000 дод

Ҳукумати Узбекистон барои таъмири осорхонаи Садриддин Айнӣ, нависандаи саршинос ва қаҳрамони халқи тоҷик, 300 миллион сум – муодили 37 ҳазор доллар – додааст.

Амина Шарофиддинова, яке аз фаъолони ҷамъияти тоҷикони Узбекистон, рӯзи 1-уми феврал гуфт, ин иқдом дар остонаи таҷлил аз 140-солагии Садриддин Айнӣ сурат гирифт. «Агар ба ҳамин муносибат нимтанаи Садриддин Айнй, ки чанд сол боз дар «ҳабси хонагӣ» қарор дорад, дар ҷои пешинааш барқарор мешуд, кори хайре буд», - афзуд ӯ.

Қарор аст, 140-солагии Садриддин Айнӣ моҳи апрели имсол таҷлил шавад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам барои таҷлил аз ин сана барнома таҳия карда, баргузории чорабиниҳоро дар назар дорад.

Хона-музейи Садриддин Айнӣ дар майдони Регистони Самарқанд воқеъ аст. Соли 2009 мақомоти Узбекистон гуфта буданд, ки ин осорхонаро тахриб мекунанд. Далелашон ҳам ин буд, ки бинои осорхона хеле фарсуда шуда, ниёз ба таъмир дорад.

Ин тасмим вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Аз ҷумла рӯшанфикрони тоҷик аз мақомҳои узбак хостанд, ки даст аз тахриби осорхонаи Садриддин Айнӣ бардоранд. Бо ҳамин, мақомоти Узбекистон осорхонаи Садриддин Айниро тахриб накарданд ва он то ҳанӯз дар ҷои худ боқист.

Солҳои зиёди умри Садриддин Айнӣ дар Самарқанд гузаштааст ва осорхонаи ӯ дар ин шаҳри қадимии тоҷикон соли 1956, ду сол баъди вафоти ин нависандаи саршиноси тоҷик, таъсис ёфтааст.

Додгоҳи Маскав Никита Белихро дар ришваситонӣ муҷрим донист

Никита Белих

Додгоҳи Маскав рӯзи 1 феврал волии пешини вилояти Кировск Никита Белихро дар ришваситонӣ гунаҳкор донист. Ҳукми додгоҳ дертар эълон мешавад.

Додситонӣ талаб кард, ки Белих ба 10 соли зиндон ва 100 миллион рубл ҷарима маҳкум шавад. Волии собиқ гуноҳро эътироф накард ва иттиҳому муҳокимаро кори хадамоти махус гуфт. Боздошти Никита Белих таҳти назорати генерали ФСБ Олег Феоктистов гузашт, ки ба парвандаи вазири пешини иқтисод Алексей Улукаев низ машғул буд.

Ҳафтаи гузашта Никита Белих бо сухани охирин дар додгоҳ баромад кард. Ӯ ягон изҳороти сиёсӣ надод ва танҳо ба зиддунақизиҳои парвандааш ва вазъи сиҳатияш тамаркуз кард. Белих аз сиҳатияш шикоят кард, ки дар раванди мурофиаи парванда рӯ ба харобӣ овард. Аз баски судшаванда ба сахтӣ роҳ мерафт, якчанд мурофиаи ахири ӯ дар зиндони "Маторосская тишина" баргузор шуд. Дар поёни сухани охири худ Никита Белих аз додгоҳ хоҳиш кард, ки ҳукми одилона содир кунад.

Белих моҳи июни соли 2016 боздошт шуд. Мақомот ӯро ба ришваситонӣ ба маблағи 600 ҳазор евро муттаҳам карданд. Биноба фарзияи тафтишот, волии пешин ба муассисае ваъда карда буд, ки ба ивази ин маблағ номашро дар рӯйхати лоиҳаҳои мавриди сармоягузорӣ ворид мекунад.

Мақомот: даҳҳо ҷангии Толибон дар Қандаҳор аз байн бурда шуд

Мардум дар ҷанозаи қурбониҳои амалиёти террористии Толибон. 28 январи соли 2018

Мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, ки 83 ҷангии гурӯҳи мусаллаҳи Толибон рӯзи 31 январ дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои истихборотӣ дар вилояти ҷанубии Қандаҳор кушта шуд.

Султон Муҳаммад, раҳбари амалиёти низомӣ дар минтақаи Майванд, рӯзи 1 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин амалиёт, ки бо зарбаҳои ҳавоӣ тақвият меёфт, даҳҳо ҷангӣ кушта ва мошину дучархаҳои онҳо аз байн бурда шуд.

Султон Муҳаммад дар бораи хисороти ҷонии нерӯҳои давлатӣ маълумот надод.

Толибон то ҳол ин амалиётро шарҳ надодаанд.

Ҳафтаҳои ахир чанд ҳамлаи маргбор, бо шумули ҳамлаҳо ва бомбагузориҳои интиҳорӣ, Кобулро такон дод. Рӯзи 27 январ дар пайи як ҳамла ба макони серодам, ки масъулияти онро гурӯҳи Толибон бар дӯш гирифт, беш аз 100 нафар ба ҳалокат расид.

Раиси ҷумҳури Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп моҳи августи соли гузашта стратегияи нави Амрико барои Осиёи Ҷанубиро эълон карод, ки бар пояи он Вашингтон беш аз 3000 сарбози ииловагиро дар Афғонистон мустақар кард. Ин нерӯ низомиёни артиши Афғонистонро тамрину машварат медиҳад ва рисолати муқовимат бо терроризмро иҷро мекунанд.

Додгоҳ ҳукми манъи 28 варзишгари рус аз бозиҳои Олимпиро бекор кард

Додгоҳи ҳакамии варзишӣ дар Лозанне талаби 28 варзишгари русро қонеъ кард, ки барои нақзи қоидаҳои зидди-допинг барои якумр аз иштирок дар бозиҳои Олимпӣ маҳрум буданд. Дар маҷмуъ 39 варзишгари Русия аз додгоҳ таҷдиди ҳукмро дархост кард, вале додгоҳ таҳримро танҳо аз рӯи 28 нафар бардошт. Ин қарор рӯзи 1 феврал дар саҳифаи додгоҳ нашр шуд.

Биноба қарори додгоҳ, далелҳоеро, ки Кумитаи Олимпӣ барои исботи нақзи қоидаҳои зидди-допингӣ аз тарафи варзишгарони рус, ҷамъ кардааст барои тасдиқи иттиҳом кофӣ набуд.

Додгоҳи ҳакамии варзишӣ ҳамчунин талаби 11 варзишгари дигарро қисман қонеъ кард. Кумитаи байналмилалии Олимпӣ гуфт, ки аз бекор кардани таҳримҳо алайҳи варзишгарони рус ноумед шудааст.

Қаблан Кумитаи Олимпӣ 43 варзишгари русро ба нақзи тартиботи зидди-допинг айбдор ва барои якумр аз иштирок дар бозиҳо маҳрум кард. Дар заминаи санҷишҳои допингӣ, Русия 13 медали бозиҳои Олимпии Сочӣ ва ҷойи аввалро дар байни медалдорҳо аз даст дод.

ВАО: ширкати интиқолдиҳандаи мошинҳои Путин ба қаллобӣ айбдор шуд

Владимир Путин дар маросими ифтитоҳи пуле дар Новосибирск

Кумитаи тафтишоти Русия алайҳи раҳбари собиқи ширкати ҳавонавардии давлатӣ - "дастаи ҳавонавардии 224", ки ба интиқоли корвони мошинҳои нафарони аввал, бо шумули президент Путин машғул буд, бо айби қаллобӣ дар ҳаҷми бузург парванда боз кард. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 1 феврал бо такя ба манбае дар Вазорати дифои Русия хабар дод.

Дар чаҳорчӯби ин парванда муовини пешини мудири кулли ин муассиса Дмитрий Новитский боздошт шуд. Ӯ ба сирқати миллионҳо рубл айбдор мешавад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати "Коммерсант", ширкати ҳавонавардӣ бо дархости "Рособоронэкспорт" борҳои низомӣ ва борҳои истифодаи дугонаро ба Ветнам, Сурия, Алҷазоир, Камбоҷа ва давлатҳои дигар интиқол медод. Мақомоти ширкат нархи хадамотро аз ҳад беш нишон дода, пулҳоро ба якчанд бонки Ховари Миёна интиқол доданд. Биноба маълумоти пешакӣ, хисороти "Рособоронэкспорт" аз садҳо миллион то 2 миллиард гуфта мешавад.

Ҷасади муҳоҷирони сӯхтаро ба Душанбе оварданд

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҷасади чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар натиҷаи сӯхтор дар Русия ҷон доданд, ба Душанбе оварданд.

Иброҳим Аҳмадӣ, сардори маркази матбуоти намояндагии Вазорати меҳнат дар Маскав, рӯзи 1-уми феврал хабар дод, ки ҷасади Анвар Холбоеви 48-сола, писараш Беҳзоди 13-сола, ва ҷасади Муслима Неъматоваи 48-сола ва Аббос Чориеви 6-сола аз ноҳияи Шаҳринав имрӯз тавассути ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” ба Душанбе оварда шуд.

Ҳамаи онҳо 28-уми январ дар натиҷаи сӯхтор дар ошёнаи 6-уми яке аз манзилҳои бинои баландошёнаи шаҳри Красногорски Русия ба ҳалокат расиданд.

Айни замон ду шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар натиҷаи ин сӯхтор ҷароҳат бардоштаанд, дар беморхонаҳои шаҳри Маскав бистарӣ мебошанд.

Асадбек Чориеви 4-сола дар беморхонаи Любертс ва Парвина Рузиматоваи 24-сола, ки рӯзи сар задани сӯхтор ба меҳмонӣ омадаанд, дар беморхонаи Карбишев зери назорати табибон қарор доранд.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки тафтиши сабабҳои сӯхтор ва ҳодиса идома дорад.

Небензия: Вашингтон барои иттиҳоми зидди Эрон далели қавӣ надорад

Василий Небензия

Намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, кишвараш бовар надорад, ки Вашингтон барои исботи иттиҳоме, ки Эрон ба Ҳусиҳои Яман мушак додааст, парвандаи қавӣ дошта бошад. Василий Небензия ишора кард, ки ба ҳамагуна афзоиши таҳримҳо алайҳи Эрон мухолифат хоҳад кард.

Шарҳи Небензия рӯзи 31 январ, баъди сафари ӯ ба Вашингтон ва ошноӣ бо далелҳо, бо шумули пораҳои мушак, ки Ийолоти Муттаҳида мегӯяд, Эрон ба ҷангиёни Ҳусии Яман додааст, пахш шуд. Ба гуфтаи Ийолоти Муттаҳида шӯришгарони Ҳусӣ ин мушакро моҳи ноябри соли гузашта бар зидди шарики Амрико - Арабистони Саудӣ истифода кардаанд.

Сафири ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид Никки Ҳейлӣ рӯзи 29 январ 14 ҳамтои худро аз Шӯрои Амнмяти СММ ба пойгоҳи низомии Амрико, воқеъ дар наздикии Вашингтон бурд, то бо далелҳо ошно кунад.

Небензия ба суоле, ки оё парвандае бар зидди Эрон дар Шӯрои Амнмяти СММ вуҷуд дорад, гуфт "не".

Василий Небензия ин мавзӯро дар ҳоле шарҳ дод, ки рӯзи 12 январ гурӯҳи СММ аз иддаои Ийолоти Муттаҳида, ки Эрон таҳримоти СММ, дар заминаи манъи мустақим ва ғайри мустақими таъмини силоҳ ба Ҳуссиҳои Яманро нақз кардааст, пуштибонӣ намуд.

Ҷеенбеков бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад

Сооронбой Ҷеенбеков ва Қоҳир Расулзода. Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, 1-уми феврали соли 2018

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон, баъд аз зуҳри 1-уми феврал бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, пешвоз гирифт.

Пас аз интихобаш ба мақоми раиси ҷумҳури Қирғизистон дар интихоботи соли гузашта ин сафари нахустини расмии Ҷеенбеков ба Душанбе аст.

Қарор аст, ба зудӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот карда, равобити дуҷониба, амнияти минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ, энергетика, мушкилоти марзӣ, тиҷорат ва роҳҳои иҷрои тарҳи “CASA-1000-ро баррасӣ намоянд.

Гуфта мешавад, масъалаи ташхиси марзи ду кишвар, хусусан роҳҳои ҳалли қитъаҳои баҳсӣ дар сарҳад аз мавзӯъҳои аслии гуфтугӯи сарони ду кишвар хоҳад буд.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштарак то имрӯз 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Мушаххас набудани хатти марз ва аломатгузорӣ нашудани он боиси моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шудааст ва мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

Соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо чанд нафар кушта шуданд.

Олими исломшинос бо ҷурми таҷовуз ба номус боздошт шуд

Тариқ Рамазон

Тариқ Рамазон, олими шинохтаи умури Ислом, баъди бозпурсӣ дар Фаронса бо гумони "таҷовуз ва ҳамла" боздошт шуд.

Мақомоти Фаронса рӯзи чоршанбе гуфтанд, ки Рамазони 55-сола дар "чаҳорчӯби тафтишоти пешакӣ" таҳти боздошт қарор гирифт.

Ҳенда Айёрӣ, як фаъоли феминисти мусалмон, Тариқ Рамазонро ба таҷовуз ба номусаш муттаҳам кард, ки ба гуфтаи ӯ соли 2012 дар ҳуҷраи меҳмонхонаи Порис рух дод. Як зани дигар, ки номаш эълон нашудааст, гуфт, ки олими исломшинос ӯро соли 2009 дар меҳмонхонаи Lyon таҷовуз кард.

Тариқ Рамазон иттиҳомро рад мекунад ва вакили ӯ мегӯяд, ки ин ду зан барои бадном кардани зерҳимояааш забон як кардаанд.

Рамазон, ки набераи бунёдгузори созмони "Ихвонул-муслимин"-и Миср аст, аз мақомаш ҳамчун профессори улуми исломшиносӣ дар Донишгоҳи Oxford истеъфо дод.

Тариқ Рамазон пайваста дар матбуоти ғарбӣ зоҳир мешуд ва дар Фейсбук беш аз 2 миллион пайрав дорад.

Террористи узбектабор дар ростои ҳабси якумрӣ дар Шведсия

Раҳмат Оқилов

Додситони Стокҳолм Ҳанс Имрон барои шаҳрванди Узбекистон Раҳмат Оқилов, ки ба бо гумони терроризм боздошт шудааст, ҳукми абад талаб мекунад. "Бояд коре кард, ки ӯ ҳеч гоҳ дар кӯчаҳои мо озодона сайру гашт карда натавонад", - гуфт айбдоркунандаи давлатӣ.

7 апрели соли 2017 мошини борбаре, ки пушти фармонаш Оқилов менишаст, дар кӯчаи Дроттнинггатани Стокҳолм бо суръати баланд ҳаракат карда, ба фурӯшгоҳе бархӯрду 18 одамро пахш кард. Дар натиҷаи ин ҳодиса 5 нафар, аз ҷумла як духтари 11-сола ҷон бохта, 15 тани дигар захмӣ шуданд. Пулис худи Оқиловро ҳамон рӯз боздошт кард. Пулис аз дохили мошин бомба - панҷ зарфи пур аз меху оҳанпораро пайдо кард.

Раҳмат Оқилови 39-сола соли 2014 ба Шветсия рафта, дархости паноҳандагӣ кард. Аммо мақомот моҳи июни соли 2016 дархости ӯро рад карданд. 16 декабри соли 2016 ба Оқилов чаҳор ҳафта фурсат додаанд, ки кишварро тарк кунад. Аммо баъди ин вай пинҳон шуд ва хадамоти муҳоҷират парвандаи ӯро ба пулис ирсол кард.

Шаҳрванди Узбекистон дар бозпурсиҳо иқрор кард, ки ҳамларо бо фармоиши гуруҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" анҷом додааст. Муфаттишон мегӯянд, Оқилов қасд надошт аз ин ҳамла ҷон ба саломат барад ва ӯ мехост, худро бо мошин тарконад.

Мурофиаи додгоҳии Оқилов 13 феврал оғоз хоҳад шуд.

Ҳалокати 4 нафар ҳангоми кор дар Роғун

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, яке аз муҳимтарин иншооти Тоҷикистон аст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта дар сохтмони нерӯгоҳи азими барқи обии Роғун ҳангоми кор 4 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 9 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ин бора Раҳим Санъат, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи кӯҳкорӣ рӯзи 1-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе хабар дод.

Ӯ ҳодисаҳои маҷрӯҳ шудан ва ҳалокати коргаронро баршумурд ва гуфт: “Ҳафтуми июни соли 2017 дар сохтмони асосии нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар нақб як нафар ҳалок шуд. Давлатов, сокини 38-солаи шаҳри Роғун зери шиддати барқ монд”. Ду ҳалокшудаи дигар дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун ронанда будаанд.

Дар умум, ба гуфтаи Раҳим Санъат дар натиҷаи садама ва дигар ҳодисаҳои нохуш дар иншооти соҳаи кӯҳкорӣ дар Тоҷикистон 10 нафар ҳалок шуда, 18 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба гуфтаи ӯ, 5 нафар аз ин ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Чин будаанд ва умдатан дар конҳо зери хок монда ҷон додаанд. Як нафари дигар дар пойтахти Тоҷикистон ба чоҳи лифт афтода ҳалок шудаанд.

Профессори исломшинос ба таҷовуз муттаҳам мешавад

Тариқ Рамазон

Тариқ Рамазон, як пажӯҳишгари шинохтаи ислом дар Фаронсаро баъди бозпурсӣ дар як парвандаи “таҷовуз ва озори ҷинсӣ” дастгир кардаанд. Мақомоти Фаронса рӯзи 31-уми январ гуфтанд, ки тафтиши муқаддамотии парванда идома дорад ва Тариқ Рамазони 55-сола барои ҳамин боздошт шуд.

Ҳинда Аёрӣ, яке аз ҳомиёни мусулмои ҳуқуқи занон пажӯҳишгарро ба он муттаҳам мекунад, ки соли 2012 ӯро дар утоқи як меҳмонхона дар Париж таҷовуз кардааст.

Як зани дигар, ки номашро ошкор накардааст, гуфтааст, ки Тариқ Рамазон ӯро соли 2009 дар меҳмонхонае дар шаҳри Леон таҷовуз кардааст. Худаш иттиҳомотро рад мекунад ва вакилонаш мегӯянд, ин ду зан бо ҳамдастӣ мехоҳанд, Тариқ Рамазонро беобрӯ кунанд.

Тариқ Рамазон, ки набераи бунёдгузори созмони исломии Ихвонулмуслимин аст, профессори исломшиноси Донишгоҳи Оксфорд аст, вале ҳоло аз онҷо рухсатӣ гирифтааст. Ӯ бисёр вақт дар матбуоти ғарбӣ пайдо мешуд ва дар Фейсбук 2 миллион пайрав дорад.

Cооронбой Ҷеенбеков ба Тоҷикистон меояд

Сооронбей Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон

Сооронбой Ҷеенбеков президенти Қирғизистон имрӯз 1-уми феврал бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷӣ хабар дод. Пас аз интихобаш ба мақоми раиси ҷумҳур дар интихоботи соли гузашта ин сафари нахустини расмии ӯ ба Душанбе мебошад.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур мегӯяд, дар ҷараёни сафар Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков равобити дуҷониба, амнияти минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ, энергетика, мушкилоти марзӣ, тиҷорат ва роҳҳои иҷрои тарҳи “CASA-1000-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, масъалаи ташхиси марзи ду кишвар, хусусан роҳҳои ҳалли қитъаҳои баҳсӣ дар сарҳад аз мавзӯҳои аслии гуфтугӯи сарони ду кишвар хоҳад буд. Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштарак то имрӯз 504 километрро таъйину аломатгузорӣ кардаанд. Мушаххас набудани хати марз ва аломатгузорӣ нашудани он боиси моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шудааст ва мардуми рустоҳои марзӣ барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

Соли 2014 дар манотиқи марзӣ, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву таниши марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо чанд нафар кушта шуданд.

Литва дар марз бо Русия девор бунёд кард

Марзи Литва бо Русия

Лива дар марзҳояш бо вилояти Каленингради Русия девор бунёд кард. Дар ин бора шабакаи телевизиони Би-Би-Си рӯзи чоршанбе хабар дод. Ба гуфтаи Би-Би-Си тӯли девор 45 километр буда баландяиш ба ду метр мерасад. Вилнюс барои сохтани ин девор 1,3 миллион доллар сарф кард.

Марзбонҳои Литва дар сӯҳбат бо Би-Би-Си гуфтанд, ки ин девор барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқи сигор зарур аст. Аз сӯи дигар, девор барои ҳимояи Литва аз таҳдидҳои низомии Русия ба кор намеояд.

Иншоот дар ҷойе бунёд шудааст, ки монеаҳои табии мисли ҷангу теппа надорад. Дар баробари девор дар марз дурбинҳои назоратӣ насб шудаанд.

Ба гуфтаи Би-Би-Си, соли 2017 марзбонҳо 18 мавриди убури ғайриқонунии сарҳади Литва бо Русияро сабт ва 8 ҳазор бастаи сигорро мусодира карданд.

Мақомоти Литва барнома доред, ки то соли 2020 чунин деворро дар марзи Беларус ҳам бунёд кунанд.

Ҳушдор ба мардуми Тоҷикистон, ки эҳтиёткор бошанд

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ба мардум ҳушдор додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо эҳтиёт кунанд, зеро ҳаво сарду барфӣ шуда ва роҳҳо ях мебанданд.

Дар огаҳии Маркази ҳавошиносӣ, ки дар вебсайташ нашр кардаанд, омадааст, ки бар изофаи яхбандӣ дар роҳҳо, барф мумкин аст, “ба кори ширкатҳои мухобиротӣ, энергетикӣ ва идораҳои коммуналӣ таъсири манфӣ расонад.”

Ба гуфтаи ҳавошиносон, рӯзи 1-уми феврал барф меборад, ғубор мефарояд ва ҳаво шабона дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 8 дараҷа сард мешавад. Рӯзи 3-уми феврал дар Душанбе барф зиёд меборад ва мумкин аст, ҳаво то 10 дараҷа сард шавад.

Владимир Путин аз варзишгарони рус узр пурсид

Владимир Путин бо варзишгари пирӯз Александр Зубков

Президенти Русия Владимир Путин аз варзишгароне, ки озими бозиҳои Олимпӣ дар Кореяи Ҷанубӣ буданд, барои нокомӣ дар ҳимояи онҳо аз фишорҳои берунӣ, узр пурсид.

"Олуда шудани спорт бо сиёсат ё таҳаввулоте, ки ҳеҷ рабте ба варзиш надоранд, ду баробар бадтар аст"- гуфт Путин рӯзи 31 январ дар мулоқот бо иштирокдорони бозиҳои Олимпӣ аз Русия.

Раиси ҷумҳур ҳамчунин гуфт, ки баҳогузории ҷомеа ба масоили иштироки варзишгарон дар бозиҳои зудраси Олимпӣ мушкил шудааст. "Ин шароитро барои натиҷаҳои хуб номусоид мекунад. "Бубахшед, ки мо натавонистем шуморо аз ин ҳифз кунед",- гуфт Владимир Путин.

Моҳи декабри соли гузашта дастаи мунтахаби Русия аз иштирок дар бозиҳои зимистонаи Олимпӣ маҳрум шуд. Кумитаи байналмилалии Олимпӣ гуфт, ки мақомоти Русия сохтори истифодаи допинг дар варзишро дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монданд. Варзишгароне, ки аз допинг ё маводи нерӯафзо пок будани худро собит карданд, дар бозиҳои Олимпӣ таҳти парчами кишварҳои дигар ҳунарнамоӣ мекунанд.

500 нафар аз Русия барои иштирок дар бозиҳои зимистона дархост фиристоданд. Кумитаи Олимпӣ номзадии 169 варзишгарро қабул кард.

Рӯҳонӣ гуфт, ба насиҳати халқ гӯш кунед

Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, бо вуҷуди фишорҳои хориҷӣ мардум аз рӯҳониёни ҳоким бар кишвар ҳимоят мекунанд, вале афзуд, ки раҳбарони Эрон бояд ба садои тазоҳургароне гӯш бидиҳанд, ки чанде пеш ба хиёбонҳои Эрон рехтанд. Ҳасан Рӯҳонӣ бо ишора ба суқути ҳукумати Ризошоҳи Паҳлавӣ шоҳи Эрон гуфт:

“Режими гузаштае, ки фикр мекард, салтанати ӯ мудомулумр ва ҳукумати салтанатии абадист, ба ин далел ҳама чизро аз даст дод, ки садои нақди мардумро нашунид, садои насиҳати мардумро нашунид.”

Ҳасан Рӯҳонӣ дар ин бора рӯзи 31-уми январ ва чанд соат баъд аз он сӯҳбат кард, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, кишвараш дар канори он мардуми Эрон истодааст, ки алайҳи “режими фосиди” Эрон сар боло карданд.

Рӯҳонӣ бо ишора ба Амрико гуфт, то замоне, ки мардум фарҳанги исломӣ ва Эрони худро дӯст медоранд ва дар ҳифзи ваҳдати миллӣ ҳастанд, ҳеҷ абарқудрате роҳи онҳоро тағйир дода наметавонад.

Мақомоти Афғонистону Покистон таркишҳоро баррасӣ мекунанд

Маъсум Стоникзай

Баъди ҳамлаҳои хунин дар пойтахти Афғонистон, сардори Раёсати амнияти миллӣ ва вазири умури дохилии Афғонистон ба Покистон рафтаанд, то масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи амниятиро баррасӣ кунанд.

Маъсум Стоникзай ва Вайс Бармак рӯзи 31-уми январ ғайримунтазира вориди Исломобод шуданд.

Ҷовид Файсал, як сухангӯи ҳукумати Афғонистон гуфт, ду нафар ба мақомоти Покистон “далелу санадҳо дар бораи ҳамлаҳои ахир ба Кобулро” медиҳанд. Дар пойтахти Афғонистон дар ҳафтаҳои гузашта чанд ҳамлаи хунин сурат гирифт.

Аз ҷумла, рӯзи 27-уми январ бомбгузорони маргталаб бо тарконидани як мошин беш аз 100 нафарро куштанд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ҳамла кори дасти шабакаи Ҳаққонӣ як шарики Толибон аст, ки аъзои он дар Покистон паноҳ мебаранд.

Даъвати Анҷелина Ҷолӣ барои пешгирии таҷовузи занон дар манотиқи ҷанг

Дабири кулли НАТО Столтенберг бо ситораи Ҳолливуд Анҷелина Ҷолӣ. 31 январи соли 2018

Анҷелина Ҷолӣ - ситораи Ҳолливуд ва сафири махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон гуфт, таҷовуз набояд ҳамчун "силоҳи ҷангӣ" истифода шавад ва аз НАТО даъват кард, ки барои ҷилавгирӣ аз ҷинояти зидди занҳо дар манотиқи ҷангзада пешсаф бошад.

Ҷолӣ, ки рӯзи 31 январ якҷо бо Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг баъди мулоқот дар ситоди Паймони атлантики Шимолӣ дар Брюссел сӯҳбат мекард гуфт, " хушунат алайҳи занон ва кӯдакон, махсусан хушунати ҷинсӣ, хоси ҳар як низоъ аст, аммо ҷинояти камтар ё шояд бисёр мушкил ҳисоб мешавад, ки ҷомеаҳо дар ҳалли он роҳат нестанд".

Ҷолӣ ва Столтенберг ҳарду гуфтанд, ки барои омӯзиши масъалаи таҷовузи занон ва кӯдакон эҳтимол ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон сафар мекунанд.

Ситраи Ҳолливуд Анҷелина Ҷолӣ баъди солҳо кӯмак ба паноҳандагон дар соли 2012 сафири вежаи Дафтари СММ дар умури паноҳандагон таъин шуд.

Қирғизистон садамаи Маркази гармидиҳиро ҷиноят эълон кард

Маркази гармидиҳии Бишкек

Додситонии кулли Қирғизистон дар робита ба садама дар Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек бо банди "хунукназарӣ" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар натиҷаи ин садама ҳарорати оби низоми гармидиҳӣ поин рафта, интиқоли оби гарм ба сокинон қатъ шуд.

Кумитаи порлумони Қирғизистон оид ба масоили энергетикӣ ва сӯзишворӣ рӯзи 30 январ дар Маркази гармидиҳии Бишкек ҷаласаи сайёр баргузор карда, бо вазъ аз наздик ошно шуд.

Намояндаи порлумон Аида Касмалиева пешниҳод кард, ки масъулони ирн ниҳод ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Вакилони қирғиз гуфтанд, бо ташкили як комисияи махсуси порлумонӣ бояд санҷида шавад, ки ҳангоми азнавсозии марказ 386 миллион доллар дар куҷо харҷ шудааст.

"Ин хунукназарӣ аст. Дар баробари кормандони оддӣ мақомҳои бахши энергетикаро низ бояд ба ҷавобгарӣ кашид. Ҳамчунин бояд муайян кард, ки чаро 386 миллион доллар барои пурра замонавӣ гардонидани марказ нарасидааст. Ин маблағи калон аст. Мо инҷо пурсидем, вале ҷавоби қонеъкунанда нагирифтем", - афзуд Касмалиева.

Шаби 26 январ дар Маркази гармидиҳии Бишкек садама рух дод. Аз он замон ба ин сӯ дар баъзе аз ноҳияҳои пойтахти Қирғизистон на низоми гармидиҳӣ кор мекунад ва на оби гарм ҳаст. Бештари сокинон маҷбур шудаанд, дастгоҳҳои гармидиҳии барқиро истифода кунанд.

Корҳои азнавсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, ки соли 2014 бо 386 миллион доллар қарзи Бонки содироту воридотии Чин оғоз шуда буданд, тобистони соли гузашта ба поён расиданд.

Туркманистон аз мансабдорони фарбеҳ халос мешавад

Президенти Туркманистон Бердимуҳаммадов дар сабқати аспдавонӣ

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар доираи як сафари корӣ дар вилояти Балкани ин кишвар қарор дорад ва интизор меравад, ки дар ҷараёни ин сафар тағйироти кадрӣ анҷом диҳад. Ба гуфтаи манобеъ аз Ишқобод, номзадҳо дар ҳоли ҳозир, аз ташхиси тиббӣ мегузаранд ва шахсони фарбеҳро аз рӯйхат берун мекунанд.

Ибтидои моҳи январ Бердимуҳаммадов даҳҳо раисони навоҳӣ ва муовинонашонро иваз кард. Яке аз наздикони номзади пешин ба мақоми раисии ноҳия тартиби интихоби кадрҳоро шарҳ дод.

"Дар миёни кадрҳое, ки 8 январ ба вазифаҳои нав таъйин шуданд, шахсоне ҳам буданд, ки бори аввал ба мақоме интихоб гаштанд. Бо онҳо кормандони дастгоҳи президент корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Аз ҷумла фаҳмонданд, ки дар сурати ба онҳо сухан доданд, бояд чи бигӯянд. Дар миёнашон яке аз хешони мо низ буд. Аз ҳама аҷибаш ин буд, ки вақти аз ташхиси тиббӣ гузаронидан бештар ба вазни онҳо аҳамият медодаанд. Яъне, шахсони фарбеҳро зуд аз рӯйхат берун мекунанд", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ба далели ин шарти озмун хеши онҳо моҳҳо талош кардааст, то вазни худро кам кунад. "Ӯ гуфт номзадҳои ояндаро низ бо ин усул интихоб хоҳанд кард".

Дуздии 500 ҳазор доллар дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонист.

Мақомоти интизомии Душанбе мегӯянд, як нафарро бо иттиҳоми дуздии тақрибан ним миллион доллар боздошт карданд. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, рӯзи 31-уми январ гуфт, Рустам Сафаров, сокини 31-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ба дуздии 470 ҳазор доллари амрикоӣ аз як ширкати сохтмонӣ муттаҳам мешавад.

Маблағи азимро ба гуфтаи мақомот шаби 16-уми январ дуздидаанд. Ба гуфтаи мақомоти Раёсати умури дохилии Душанбе, “Рустам Сафаров тирезаи биное, ки дар он маблағ нигаҳдорӣ мешуд, шикаста аз он ҷо 470-ҳазор доллар, 10-ҳазор сомонӣ ва 1 соат ва 1 ангуштарии мардонаи тиллоиро дуздида, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад”.

Ба қавли онҳо, муттаҳам ба ҷиноят баъди дуздӣ дар деҳаи Шугнови ноҳияи Ховалинг пинҳон шудааст. Мақомот гуфтанд, ки ба онҳо муяссар шудааст, 330-ҳазор долларро дарёфту мусодира кунанд. Рустам Сафаров дар боздошт аст ва таҳқиқи парвандаи ҷиноии ӯ идома дорад.

“Бадахшонро аз нӯшокиҳои спиртӣ тоза кунед”

Гурӯҳе аз сокинони вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар номае аз ҳукумат хостаанд, ки интиқол ва фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ ё алкоҳолӣ ба ин вилоятро ҷиддӣ назорат кунанд. Дар ин нома, ки нусхаи он рӯзи 31-уми январ ба дасти Радиои Озодӣ расид, хоста шудааст, “сарзамини Кӯҳистони Бадахшон минтақаи озод аз машруботи алкоҳолӣ эълон шавад.”

Муаллифони нома сабаби назорати машруботи спиртӣ ва манъи фурӯши он дар вилояти Бадахшонро шарҳ надоданд, вале сокинон мегӯянд, сатҳи майхорагӣ дар ин вилоят афзоиш ёфтааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар як нишасти ахир дар Бадахшон аз афзоиши майхорагӣ нигаронӣ карда буд. Вай аз халифаҳо, ки дар ин вилоят мақоми имомхатибонро иҷро мекунанд, хоста буд, то дар самти коҳиши майхорагӣ ва ҷиноятҳои дигар кумак кунанд.

Соли гузашта Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон аз воридоти маҳсулоти пастсифати спиртӣ ба минтақа изҳори нигаронӣ карда буд.

Эрон аз болои Туркманистон ба Додгоҳи ҳакамӣ шикоят мебарад

Вазири нафти Эрон Бежан Зангона

Вазири нафти Эрон Бижан Зангонӣ гуфт, ки кишвараш аз болои Туркманистон ба Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ боз як шикояти дигар хоҳад бурд. Дар ин бора хабаргузории расмии IRNA рӯзи 29 январ иттилоъ дод.

"Туркманистон иддао дорад, ки Эрон аз ин кишвар 1,5 миллиард доллар қарздор аст. Вале ба назари мо ин маблағ хеле зиёд аст. Шикояти навбатии мо ба сифати гази интиқолии Туркманистон рабт дорад", - афзуд вазир.

Ба иттилои хабаргузорӣ, акнун шикояти Эрон бар зидди Туркманистон аз се бахш - сифати паст, нархи гарон ва қатъи интиқоли бидуни огоҳии газ иборат хоҳад буд.

Эрон бори нахуст зидди Туркманистон моҳи майи соли 2017 ба додгоҳ шикоят бурда буд.

Нашрияи "Хроника Туркменистана" мегӯяд, миёни Теҳрону Ишқобод ҳанӯз охирҳои соли 2016 баҳсе ба миён омад ва дар натиҷа "Туркмангаз" аз Ширкати миллии нафти Эрон талаб кард, ки $1,8 миллиард доллар қарзро пардохт кунад. Ба иттилои расонаҳои эронӣ, ҷонибҳо баъд аз гуфтугӯи тӯлонӣ ба созиш расиданд. Аммо сарфи назар аз ин, Туркманистон 1 январи соли 2017 интиқоли газро ба Эрон қатъ кард.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Кор аз дохили хона. Соҳибхоназанҳо ҳунари комютеру интернетро азхуд карданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:24 0:00
XS
SM
MD
LG