Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳамсари сухангӯи Кремлин молики муштараки ширкати намаки Қрим шуд

Раққосаи рӯи ях Татяна Навка

Раққосаи рӯи ях ва ҳамсари Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, Татяна Навка молики муштараки "Галит" - ширкати тавлиди намаки Қрим шуд. Навка 16 дар сади сармояҳои ширкатро ба даст овард. Дар ин бора нашрияи The Bell рӯзи 4-уми декабр хабар дод.

Навка саҳмияҳоро охири моҳи ноябр дарёфт кард. Дар як замон бо ин таҳаввулот, корхонаи "Галит" дар музоядаи қарордоди 26 миллион рубл барои содироти намаки техникӣ ба корхонаи "Қримавтодор" пирӯз шуд. Ширкат ягона муддаии қарордод буд.

Ба маълумоти The Bell, ба ҷуз аз Навка, ҳамчунин узви Шӯрои федератсия Юрий Волков, молики шабакаи телевизионии "Царыград" Константин Малофеев ва каскадер Александр Иншаков соҳиби саҳмияҳои ширкати "Галит" номбар мешаванд.

Навка ба дархости The Bell барои суҳбат посух надод. Ширкати "Галит" ин маълумотро, ки ҳамсари Песков 16 дар сади саҳмияҳоро гирифтааст, тасдиқ ё такзиб накард.

Соли 2015 Бунёди мубориза бо коррупсияи Алексей Навалний дар бораи Дмитрий Песков - сухангӯи Владимир Путин ва ҳамсари ӯ Татяна Навка маълумот нашр кард. Ба иттилои бунёди Навалний, қимати манзиле, ки Песков бо ҳамсараш дар он зиндагӣ мекунад, ҳудудан 1 миллиард рубл аст.

Ҳамчунин Навалний дар бораи нархи киштие, ки сухангӯи Кремлин дар он истироҳат кард ва соати бисёр гаронбаҳои ӯ маълумот дод ва аз додистонӣ талаб кард, ки манбаи ин дороиҳоро таҳқиқ кунад.

Раҳбари нави "Коза Ностра" дар Италия боздошт шуд

Cеттименно Минео

Раҳбари нави "Коза Ностра", гуруҳи мафиёии Ситсилия, дар Италия боздошт шуд.

Идораи Ситсилия дар умури мубориза бо мафия рӯзи сешанбе гуфт, 46 узви гурӯҳи "Коза Ностра", бо шумули раҳбари ин гурӯҳ Сеттимино Минеоро боздошт кард. Онҳо ба нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ, пулситонӣ ва фаъолияти мафиёӣ муттаҳам шудаанд.

Ба гуфтаи тафтишот, Сеттимино Минеои 80-сола моҳи ноябри соли гузашта баъди марги раҳбари собиқи гурӯҳ Тото Риина сарвари "Коза Ностра" шуд.

Мақомоти ҳифзи қонуни Италия қаблан дар бораи Минео маълумот доштанд. Ӯ ду дафъа барои фаъолияти мафиозӣ ба муддати 5 ва 11 сол зиндонӣ шуда буд.

Гурӯҳи ҷиноии "Коза Ностра" авалҳои асри XIX дар Италия зуҳур кард. Дар ибтидо онҳо аз моликони киштҳои апелсин ва заминдорони бузург ҳимоя мекарданд, аммо дар асри XX ба бандитизм машғул шуданд.

Таркиши балони газ дар Душанбе чаҳор нафарро захмӣ кард

Акс аз бойгонӣ

Бар асари таркиши балони газ дар маҳаллаи Яккачинори шаҳри Душанбе чаҳор нафар захмӣ шуда, таҳти назорати пизишкон қарор гирифтаанд. Мақомоти оташнишонии пойтахт гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 4-уми декабр дар назди фурӯшгоҳи қисмҳои эҳтиётӣ рух дод. Дар натиҷаи таркиш Хуҷа Бедилов, Аҳлиддин Шарипов, Сабзалӣ Шоев ва Парвиз Ёраков, сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳат бардоштаанд. Мақомот захми онҳоро сабук мегӯянд. Таҳқиқи ҳодиса аз тарафи мақомоти интизомӣ оғоз шудааст.

Ёқуб Салимов баъди ду соли раҳоӣ аз зиндон соҳиби дугоник шуд

Ин аксро Ёқуб Салимов дар Фейсбук гузоштааст

Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилии Тоҷикистон, баъди ду соли раҳоӣ аз зиндон соҳиби дугоник – як писар ва як духтар – шудааст. Абубакр Салимов, писари Ёқуб Салимов, рӯзи 4-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дугоникҳо чаҳор рӯз пеш ба дунё омаданд.

Худи Ёқуб Салимов дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук ду акс гузошта, аз таваллуди фарзандонаш хабар дод Ӯ дар аксҳо бо гулдаста ва тифлон тасвир ёфтааст.

Абубакр Салимов гуфт, саломатии дугоникҳо муътадил аст ва онҳо дар хонаашон дар Душанбе ҳамроҳ бо модарашон мебошанд. Ба гуфтаи Абубакр, ҳануз ба онҳо ном нагузоштаанд. Вай гуфт, падараш ҳоло дар деҳа дар ноҳияи Бохтар ба аёдати як наздики беморашон рафтааст ва вақте баргашт, ба навзодҳо ном интихоб мекунанд.

Вай гуфт, кӯдакон дар як таваллудхонаи шаҳри Душанбе ба дунё омаданд. Ба гуфтаи Абубакр, “падар баъди ҷарроҳии чашму пойҳояш аз Маскав ба Душанбе омад". Ӯ гуфт, ки осори ҷароҳатҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва порчаҳои норинҷак то ҳол падарро азият мекунад, вале дар паи ин ҳама саргардониҳо, ба гуфтааш, таваллуди дугоникҳо ӯро хушҳол намуд.

Ёқуб Салимов, вазири собиқи корҳои дохилӣ, сафири собиқи Тоҷикистон дар Туркия ва аз фармондеҳони пешини Фронти Халқӣ, баъди 13 соли боздошту зиндонӣ шудан субҳи 21-уми июни соли 2016 озод гардид. Ӯ аввал дар Маскав боздошт ва соли 2005 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон бо айби "бандитизм", "нигоҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ" ва "сӯистифода аз мансаб" ба понздаҳ соли зиндон маҳкум шуда буд. Дар пайи татбиқи қонуни афв дар соли 2011, ду сол аз мӯҳлати адои ҷазои ӯ кам гардид.

Акс аз саҳифаи Ёқуб Салимов дар Фейсбук
Акс аз саҳифаи Ёқуб Салимов дар Фейсбук

Русия биндарҳои Украина дар баҳри Азовро қисман озод кард

Бандари Украина дар Мариупол, 29 ноябри соли 2018

Русия бандарҳои Украинаро дар баҳри Азов қисман озод кард. Дар ин бора вазири зерсохторҳои Украина Владимир Омелян рӯзи сешанбе хабар дод.

Ба гуфтаи Омелян, ҳаракати киштиҳо тавассути тангнои Керч ба сӯи бандарҳои Украина дар Бердянск ва Мариупол мушоҳида мешавад. Вазири Украина гуфт, ки ҷониби Русия чун пештара киштиҳоро манъ мекунад ва месанҷад. Омелян ҳамчунин гуфт, ки 17 кишти барои ворид шудан ба Баҳри Азов ва як кишти дар остонаи Баҳри Сиёҳ қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, қисман озод шудани бандарҳои Украина натиҷаи "вокуниши қотеъ ва ҳамсони ҷомеаи байналмилалӣ ба амалкарди Русия" буд. Вазири Украина изҳори умед кард, ки рӯзҳои наздик портҳои дигар низ озод мешаванд ва қадами баъдӣ озодии маллоҳон хоҳад буд.

Пештар аз ин президенти Украина Петр Порошенко гуфт, ки бо таҳияи шикоят ба Додгоҳи байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид талаб хоҳад кард, ки Русия масъули хушунаткориҳо дар тангнои Керч эътироф шавад.


Вазъ дар баҳри Азов рӯзи 25 ноябр якбора бад шуд. Низомиёни Украина хабар доданд, ки Русия киштиҳои онҳоро дар тангнои Керч бо истифода аз силоҳ тасарруф ва маллоҳонро боздошт кард. Хадамоти амнияти Русия ё худ ФСБ мегӯяд, киштиҳои Украина марзи ин кишварро нақз карданд ва барои боздошти онҳо дар баҳри Сиёҳ аз силоҳ кор гирифта шуд.

Рӯҳонӣ гуфт, гулӯгоҳи Ҳурмузро мебинандад, агар ИМА содиротро масдуд кунад

Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ таҳдид кард, ки агар ИМА содироти нафти Эронро масдуд кунад, Теҳрон гулӯгоҳи Ҳурмузро мебандад. Сеяки нафти ҷаҳон аз ҳамин тангно мегузарад.

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 4 декабр аз қавли президент Рӯҳонӣ гуфт, ки "агар рӯзе Ийолоти Муттаҳида тасмим бигирад, ки содироти нафти Эрон масдуд кунад, ҳеҷ нафте аз Халиҷи Форс берун нахоҳад рафт".

Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, Амрико ин тавонро надорад, ки аз содироти нафти хоми Эрон ҷилавгирӣ кунад.

Президенти Эрон айни ҳамин таҳдидро ҳангоми берун рафтани ИМА аз созишномаи ҳастаӣ бо Теҳрон баён карда буд. Ин қарордод соли 2015 дар байни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ имзо шуда, Теҳронро водор мекард, ки ба ивази лағви таҳримҳо аз барномаҳои ҳастаияш даст кашад.

Таҳдиди Рӯҳонӣ барои бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз- роҳи калидии содироти нафт аз Халиҷи Форс, аз тарафи муҳофизакороне мисли фармондеҳи Нерӯҳои Қудс генерал Қосим Сулаймонӣ истиқбол шуд.

Нархи сузишворӣ дар Қирғизистон эҳтимол боло меравад

Дар сурати ба имзо нарасидани созишномаи интиқоли маводи сӯхт аз Русия, қимати сӯзишворӣ дар Қирғизистон боло меравад.

Канат Эшатов, мудири иҷроияи Эътилофи тоҷирони нафт мегӯяд, ин ҳолат ширкатдорони бозорро нигарон кардааст. Ба гуфтаи ӯ, мебоист онҳо то 20 декабр қарордодҳояшонро бо корхонаҳои коркарди нафт тамдид мекарданд.

Созишномаи воридоти сӯзишворӣ бе пардохти боҷӣ гумрукӣ бо Русияро Кумитаи давлатии саноату энержӣ мебандад, аммо, ба гуфтаи Эшатов, масъули ин бахш барканор шуда, касе то ҳол ба ҷои ӯ таъин нашудааст. "Аз ҷониби Русия ҳаҷми сӯзишворӣ муайян шудааст, танҳо бояд созишнома ба имзо расад", - гуфт Эшатов.

Бино бар таҷрибаи солҳои пешин, чунин созишнома то 1 октябри ҳар сол ба имзо мерасид.

Дар сурати ба имзо нарасидани созишнома, қимати маводи сӯхт дар Қирғизистон дар соли оянда боло хоҳад рафт.

"Победа": cохтори омода кардани пилотҳо дар Русия фалаҷ шудааст

акси тасвирӣ

Сохтори омода кардани сарнишин ё пилот барои ҳавопаймоҳо дар Русия фалаҷ шудааст,- гуфт Андрей Калмиков - раҳбари ширкати арзони ҳавонавардӣ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии РБК.

Омӯзишгоҳҳо наметавонанд ба андозаи кофӣ пилот омода кунад ва донишҷӯён дар ҳавопаймолҳи кӯҳна тамрин мекунанд,- гуфт Калмиков. Ба ғайр аз ин, устодони омӯзишгоҳ низ мушкилот доранд. Барои намуна донишгоҳи ҳавонавардии мулкии Санкт-Петербург кафедраи низомӣ надорад. Хатмкунандагон бояд баъди итмоми таҳсил ба артиш сафарбар шаванд ва баъди он бояд дубора имтиҳонҳои зарур барои парвозро супоранд.

Хатмкунандагони омӯзишгоҳи ҳавонавардии Уляновск, ки бояд моҳи июн дар ширкати ҳавонавардии "Победа" омода мешуданд, то ҳол диплом нагирифтанд, зеро бинобар камбуди ҳавопаймоҳо натавонистанд ба таври кофӣ парвоз анҷом диҳанд.

Мудири кулли "Победа" ин вазъиятро ҳалқаи сарбаста номид. Ба гуфти ӯ, давлат маблағҳои бузургро барои парвози донишҷӯён дар ҳавопаймоҳои "кукурузник" сарф кардааст. "Победа" омодааст онҳоро барои идораи ҳавопаймоҳи замонавӣ омода кунад, аммо чандин мушкилот садди роҳ мешапвад,- гуфт Калмиков.

Моҳи август раҳбарияти ширкати "Аэрофлот" низ сохтори омода кардани пилотҳоро танқид ва ба Вазорати нақлиён пешниҳод кард, ки шеваи таълимро таъғир диҳад. "Аэрофлот" бовар дорад, ки ширкат камтар аз талабот мутахасис омода мекунад ва стандарти омода кардани сарнишинҳо куҳна шудааст.

Ашраф Ғанӣ: бадахлоқии ҷинсӣ нисбати занҳои варзишгар санҷида шавад

Акс аз бойгонӣ

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба додситони кулли кишвар дастур дод, ки иттилои марбут ба бадахлоқии ҷинсӣ нисбати занҳои варзишгарро таҳқиқ кунад.

Ғанӣ дар як изҳорот, ки рӯзи 4 декабр пахш шуд, гуфт, ки ҳеҷ як суирафтор алайҳи варзишгарони зан ё мард қобили қабул нест.

Нашрияи Guardian-и Британия рӯзи 30 ноябр дар бораи суистифодаи ҷинсии занҳои тими футболи Афғонистон гузориш дод.

Президент Ғанӣ гуфт, ки ифшои ин ҳодиса "барои тамоми Афғонистон такондиҳанда буд".

Президент баъд аз зуҳри рӯзи 3 декабр бо варзишгарони зан ва мард дар Кумитаи Миллии Олимпӣ мулоқот ва авзоро баррасӣ кард. Ӯ ба варзишгарон ваъда дод, ки ҳодисаро ҷиддан таҳқиқ мекунад.

Додситони кулли Афғонистон Фарид Ҳамидӣ рӯзи 4 декабр гуфт, ки муфаттишон барномаи таҳқиқи фарогир ва шаффофро таҳия кардаанд.

Узбекистон дар панҷ соли оянда чаҳор нирӯгоҳи бузург месозад

Мақомоти Узбекистон тасмим доранд, ки дар панҷ соли оянда чаҳор нирӯгоҳи барқии обӣ бо иқтидори беш аз 30 МВт-ро бунёд кунанд. Ин нукта дар лоиҳаи Консепсияи рушди соҳаи гидроэнергетии Узбекистон то соли 2024 зикр шудааст.

Ба ғайр аз ин, дар Узбекистон 16 нирӯгоҳи нави хурди барқӣ-обӣ бунёд мешавад ва 21 истгоҳи дигар мавриди бозсозӣ қарор мегирад.

Харҷи умумии иҷрои тарҳҳои мазкур 2,6 миллиард доллар арзёбӣ шудааст, ки 600 миллиони онро Тошканд қарз хоҳад гирифт.

Пас аз иҷрои тарҳҳо дар Узбекистон солона 2,8 миллиард киловатт-соат бештар нирӯи барқ истеҳсол шуда, шумори умумии нирӯгоҳҳо ба 57 адад ва ҳаҷми барқи истеҳсолшаванда ба 9,3 миллиард киловатт-соат хоҳад расид.

Дар Амрико рузҳои видоъ бо Ҷорҷ Буш оғоз шуд

Ҷорҷ Буш

Дар Амрико хайрбод бо президенти пешини ИМА Ҷорҷ Буши калонӣ идома дорад, ки рӯзи ҷумъаи гузашта дар синни 94-солагӣ даргузашт. Тобути Бушро рӯзи гузашта аз пойгоҳи ҳавоии Эндрюс дар аёлати Мериланд ба канораҳои Вашингтон интиқол доданд. Тобути президенти пешин то рӯзи чоршанбе барои хайрбод дар Капитолияи Вашингтон гузошта мешавад.

Си сол пеш дар ин рӯзҳо- 2 ва 3 декабр, мулоқоти таърихии Ҷорҷ Буши калонӣ бо раҳбари Шӯравӣ Михаил Горбачев дар Малта баргузор шуда буд. Чанд ҳафта пештар аз ин девори Берлин - намоди муқовимати ду қутби ҷаҳон суқут кард. Мулоқоти Малта ҳамчун хотимаи "ҷанги сард" арзёбӣ мешавад, ҳарчанд ба гуфтаи иштирокдорони мулоқот ҳеҷ санаде дар он ба имзо нарасид.

Таърихшиносони он давр мулоқоти Малтаро муҳимтарин баъди нишасти Ялта дар соли 1945 номидаанд, ки дар он Сталин, Русвелт ва Черил ҷаҳони пас аз ҷангро баррасӣ карданд. Дар Малта таъғиротии босуръати вазъ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ аз мавзӯҳои гуфтугӯи Буш ва Горбачев буд.

Дар ҷараёни нишаст Буш аз сиёсати бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ дар кишварҳои блоки Шӯравӣ пуштибонӣ карда буд.

ИМА барои гуфтугӯ бо Толибон аз Покистон кумак хост

Нахуствазири Покистон Имрон Хон

Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Покистон Муҳаммад Файсал бо нашри як изҳороти расмӣ гуфт, аз президенти ИМА Доналд Трамп нома дарёфт карданд.

"Президенти ИМА дар номаи худ ба сарвазир Имрон Хон навиштааст, ки муҳимтарин афзалияти ӯ дар минтақа ҳалли низои Афғонистон аз роҳи гуфтугӯ аст. Ӯ аз Покистон хостааст, ки дар ин кор мусоидат кунад", - омадааст дар изҳорот.

Трамп ҳамчунин дар номаи худ эътироф кардааст, ки ҷанги Афғонистон барои ИМА ва Покистон гарон афтод. Ба гуфтаи ӯ, ду кишвар бояд ҳамкориҳои худро аз сар гиранд.

"Покистон қасди мусоидати хайрхоҳона дорад. Сулҳ ва субот дар Афғонистон масъулияти умумии мост", - афзудааст ӯ.

"Садои Амрико" инро намунаи нодири ҳамкории Покистону ИМА дар сатҳи олӣ номидааст.

Тавбаву зории гумонбарони туркман дар дурбини телевизиони давлатӣ

Гумонбарони қочоқи маводи мухаддир дар додгоҳи Туркманистон

Телевизиони давлатии Туркманистон 1 декабр бо нашри як гузориш суханони як гуруҳи мардонро нашр кард, ки ҷинояти худро эътироф мекунанд. Ин гуруҳи мардон бо чашми ашколуд ваъда доданд, ки дигар ҳаргиз даст ба корҳои ношоям намезананд.

Бино ба гузориш, афроди мазкур бо ҷурми хариду фурӯши маводи мухаддир ва долларҳои қалбакӣ боздошт шудаанд. Ҳамаи онҳое, ки бо ин гумон дастгир гаштаанд, ҷавононанд.

Яке аз онҳо Овезмурод Бекбердиеви 34-сола, падари панҷ фарзанд, изҳор дошт, ки маводи мамнуи трамадол истеъмол мекард ва Нурмурод Аширови 41-сола гуфт, ки мехост, ин маводро фурӯшад.

Яке аз боздоштшудаҳои дигар – Ҳасанов, ки бо соҳибкорӣ машғул буд, гуфт, дар ҷараёни як сафари корияш ба хориҷ аз Туркманистон долларҳои қалбакиро пайдо кард ва мехост онҳоро дар ватан фурӯшад.

Телевизиони давлатии Туркманистон бо истинод ба суханронии вазири умури дохилии ин кишвар Искандар Муликов дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ хабар дод, ки ин шаҳрвандон ҳангоми содир кардани ҷиноят дастгир шуда, татиши қазияи онҳо идома дорад.

Омӯзгор барои латту кӯби хонандагон аз мақом барканор шуд

Омӯзгори мактаби миёнаи рақами 3-и ноҳияи Бувайдаи вилояти Фарғонаи Узбекистон, ки аз ӯ танҳо Р. М. ном бурда мешавад, барои таҳқир ва латту кӯби хонандагон аз мақом барканор шуд.

Пештар расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки дар мактаби рақами 3-и ноҳияи Бувайда омӯзгорон бо ҳар баҳона, аз ҷумла обуна шудан ба нашрияҳо аз хонандагон пул талаб мекунанд. Ҳамчунин, баъзеи онҳо хонандагонро дашном дода, таҳқиру латту кӯб менамоянд.

Дар пайи санҷиши Хадамоти назоративу ҳуқуқии Вазорати маорифи Узбекистон маълум шуд, раҳбари синфи 7-и “В”-и мактаби мазкур Р. М. 16-уми ноябри имсол зидди хонандагоне, ки пули обунаро наоварда буданд, кирдорҳои ғайриқонунӣ анҷом додааст.

Дар натиҷа, бо фармони раҳбарияти Идораи маорифи вилояти Фарғона, Р. М. ва муовини мудир оид ба таълиму тарбия Х. А. аз мақом барканор шуданд. Мудири мактаб Р. А. ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудааст.

“Вазорат ҳама гуна амалҳои хушунатомезро маҳкум карда, аз омӯзгорону волидон даъват мекунад, хештандор бошанд ва мушкилиҳоро бидуни зарбу шатта ҳал намоянд. Ҳамчунин аз масъулони мактабҳо талаб мешавад, ки ҷамъоварии ғайриқонунии пул аз волидону хонандаҳоро бо ҳар баҳона қатъ кунанд”, - гуфтанд дар Вазорати маорифи Узбекистон.

Трамп гуфт, сабқати таслиҳотро бо раҳбарони Русия ва Чин матраҳ мекунад

Доналд Трамп ва Сӣ Ҷинпин

Президенти Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки масъалаи сабқати таслиҳотиро дар оянда бо раҳбарони Русия ва Чин матраҳ мекунад. Трамп дар ин бора рӯзи 3-юми декабр дар "Твиттер" хабар дод.

Раҳбари Кохи Сафед андозаи буҷаи низомии Амрико барои соли 2019-ро, ки ба рақами рекордии 716 миллиард доллар баробар аст, "девонагӣ" номид.

Трамп гуфтушунидаш бо президенти Чин Сӣ Ҷинпин дар ҳошияи саммити G20 дар Аргентинаро "қадами калоне ба пеш" номид. Ба дунболи ин музокирот Пекин розӣ шуд, ки таърифаи 40-дарсадӣ ба воридоти мошин аз Амрикоро аввал коҳиш диҳад ва сипас комилан лағв кунад.

Ба гуфтаи Трамп, ин қарор на танҳо ба иқтисоди Амрико ва Чин, балки ба иқтисоди кишварҳои дигар низ таъсири мусбат мерасонад.

Президенти Амрико дар охирин лаҳза мулоқоташро бо президенти Русия Владимир Путин дар Буэнос -Айрес лағв кард. Сабабашро Трамп ҳамлаи марзбонҳои Русия ба киштиҳои низомии Украина номид. Дар Департаменти давлатии Амрико гуфтанд, ки Доналд Трамп бо Путин танҳо дар ҳоле мулоқот мекунанд, ки агар Русия маллоҳони украиниро раҳо кунад.

Дар стратегияи амнияти миллии Амрико, ки охири соли гузашта қабул шуд, Русия ва Чин ҳарифони аслии Иёлоти Муттаҳида унвон шуданд.

Хадамоти махсуси Чехия: Русия таҳдиди аслии амният аст

Эътирозгаре бо плакати Путин дар Чехия

"Хадамоти махсуси Русия соли гузашта ба Вазорати корҳои хориҷии Чехия ҳамлаи ҳакерӣ анҷом дод", - омадааст дар гузориши солонаи Хадамоти амнияти Чехия, ки рӯзи душанбе нашр шуд.

Дар ин гузориш амалкардҳои Русия хатарноктар аз таҳдидҳои террористӣ, тундгароён ва ҷинояткорон дар ин кишвар унвон шудааст.

Ба ғайр аз ҳамлаҳои киберӣ ба Вазорати умури хориҷии Чехия, хадамоти махсус Русияро ба татбиқи "стратегияи гибридӣ" дар қаламрави кишвар, ки барои заиф кардани НАТО ва Иттиҳоди Аврупо истифода мешавад, муттаҳам кард. Дар баробари ҷосусӣ, сухан аз талошҳои Русия барои назорат ба муассисаҳои калидӣ, ширкатҳо ва ташкили маъракаҳои таблиғотӣ ба фоидаи Маскав аст.

Гузориш бори дигар аз теъдоди бузурги кормандони сафорати Русия дар Прага ёдовар шудааст. Истихбороти Ҷумҳурии Чехия бовар дорад, ки бахше аз дипломатҳои Русия бо хадамоти махсус робита доранд.

Дар санад ҷузъиёти ҳамлаҳои киберӣ зикр шудааст, ки гуфта мешавад ФСБ-и Русия якҷо бо истихбороти низомӣ анҷом дода, ҳакерҳо ба 150 почтаи электронии кормандони Вазорати умури хориҷии Чехия дастрасӣ пайдо карданд.

Нашрияи Respekt-и Чехия мегӯяд, бори аввал нест, ки хадамоти амният ва иттилооти Чехия ба таври ошкор Русияро таҳдид унвон мекунад, аммо бори аввал аст, ки ин иттиҳом бо мисолҳои мушаххас ироа шудааст.

Президенти Чехия Милош Земан аз ҳаводорони Русия аст ва инро пинҳон ҳам намекунад. Ӯ борҳо ба Маскав сафар карда, зарурати лағви таҳримҳо алайҳи Русияро таъкид кардааст.

Усмонов талаб кард, мақола оиди робитаи ӯ бо Шакро Молодойро бардоранд

Владимир Путин ва Алишер Усмонов

Миллиардери узбектабори Русия Алишер Усмонов бо талаби ҳазфи мақола дар бораи робитаи ӯ бо султони олами ҷиноӣ "Шакро Молодой" ё Захарий Калашов ба додгоҳи Басманнии Маскав муроҷиат кард. Дар ин бора намояндаи додгоҳ Юнона Тсарева рӯзи 3-юми декабр ба шабакаи телевизионии РБК хабар дод.

Усмонов барои зарбаи маънавӣ аз мақолае, ки дар сомонаи Russian Criminal нашр шуд, 50 ҳазор рубл талаб кардааст.

Дар аризае, ки вакилони Алишер Усбонов ба додгоҳ доданд, се мақола: "Алишер Усмонов. Статус: авторитет", "Алишер Усмонов в дело Шакро" ва "О связах Усмонова с ОПГ" зикр шудааст. Ба гуфтаи миллиардер, дар ин се мақола маълумоти нодуруст ироа шуда, ҳаққи ӯро барои ҳимоя аз шарафу обрӯ нақз мекунанд.

Дар аризаи додгоҳӣ "Роскомнадзор", ки Усмонов аз он ҳазфи мақоларо талаб кардааст, ҷавобгар муаррифӣ шудааст.

Захария Калашов ё Шакро Молодойро додгоҳи Маскав моҳи март ба 9 соли зиндон дар маҳбаси низомаш сангин маҳкум кард. Ӯ дар ду мавриди пулситонӣ гунаҳкор эътироф шуд. Мавриди аввал ба молики қаҳвахонаи Elements дар Маскав Жана Ким рабт дошт; мавриди дуюм ба раҳбари "Норднефтгаз" Лев Гарамов.Шакро Молодой аз молики аввал 8 миллион ва аз Гарамов 10 миллион рубл талаб кард. Ҳукми ҳабси ӯ 28 ноябр тасдиқ шуд.

Боздошти шаш нафар барои куштори як тифл бо амри табиби мардумӣ

Қурбониҳои табиби имондор - акс аз бойгонӣ

Пулиси Покистон дар вилояти Пунҷоб дар робита ба куштори як тифл, ки гӯё бо дастури як табиби мардумӣ сурат гирифтааст, шаш нафар, бо шумули падари ин кӯдакро боздошт кард.

Пулиси Сарғода гуфт, ки боздоштшудаҳои дигар модарбузурги тарафи падарӣ ва аммаи тифл буданд.

Тифл духтар буд ва хонаводааш гӯё гулӯи ӯро баъди он бурданд, ки табиби мардуми гуфт арвоҳҳо хонаводаро ба хотири ҳамин духтарак азият мекунанд.

Сухангӯи пулис Муҳаммад Сарфароз гуфт, ки табиби мардумӣ дар ҳоли фирор аст ва мақомот рӯзи 3 декабр ба ҷустуҷӯи ӯ оғоз карданд.

Нашрияи "Dawn" навиштааст, ки модари қурбонӣ аз ҳамсараш талоқ талаб кардааст. Ӯ ҳамчунин ба нашрия гуфт, ки табиби мардумӣ қаблан ҳам ба кӯдакаш осеб расонда буд.

"Союз-11" бо экипажи байналмилалӣ ба мадор баромад

Рӯзи душанбе киштии "Союз-МС-11" бо экипажи байналмилалӣ ба мадор баромад. Баъди 9-дақиқаи парвоз аз майдони фазонавардии "Байконур"-и Қазоқистон киштӣ аз зинаи аввали мушаки интиқолдиҳанда раҳо шуд ва парвозро мустақилона ба самти Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ идома дод. Дар ин бора Роскосмос хабар дод. Ҳамоиши киштӣ бо истгоҳи кайҳонӣ ба шоми рӯзи душанбе барномарезӣ шудааст.

Ин нахустин парвози киштии дорои сарнишин баъди садамаи "Союз-ФГ" дар таърихи 11 октябр аст. Он вақт сенсори киштӣ аз кор баромад ва зинаи дуввум мушаки интиқолдиҳандаи киштӣ ногаҳон ҷудо шуд. "Союз-ФГ" ба мадор набаромад ва ба бори аз ҳад беш ба замин баргашт.

Экипажи киштии "Союз-МС-11" қабл аз парвоз гуфт, ки мушак ва киштӣ комилан қобили эътимод мебошанд.

Ангуштарии маросими фотеҳаро полис пайдо кард. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Ходимони полиси шаҳри Ню-Йорк ҷуфти ошиқонеро пайдо карданд, ки рӯзи ҷумъа, 30 ноябр дар майдони маъруфи Таймс Сквер бо нияти барпо кардани оила аҳд бастанд. Ҷустуҷӯи ошиқон баъди он шурӯъ шуд, ки дар лаҳзаҳои бисёр ҳассоси арзи муҳаббату дилбастагии ҷавонон, ангуштарии маросими фотеҳа ба қубури обгузар афтод. Расми аврупоиҳову амрикоиҳо ин аст, ки дар маросими фотеҳа домоди оянда ба номзадаш ангуштарӣ тақдим мекунад.

Рӯзи якшанбе полиси Ню-Йорк дар саҳифааш дар шабакаи “Твиттер” навишт, ки ходимони онҳо низ ба ҷустуҷӯи ангуштарии маросими фотеҳаи ин ҷуфти бритониёӣ ҳамроҳ шуданд.

Таваҷҷӯҳи полис ба ин ҷуфти ошиқон аз он ҷо кашида шуд, ки ду нафар талош доштанд дар қубури обгузари майдони серодами Таймс Сквер ангуштарии афтодаро пайдо кунанд. Ҳодиса шаби 30 ноябр рух дод ва саҳнаи талошҳои берун овардани ангуштарӣ аз дохили қубур дар камераҳои хиёбонӣ сабт шуд. Вале дар видео саҳнаи пешниҳоди ангуштарӣ ва ҳам арзи муҳаббат кардани ҷавон дида намешавад ва танҳо ҳолати дар зону нишастани ӯ сабт шудааст.

Ангуштарии арӯсӣ соҳибашро ёфт
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:31 0:00

Арӯси оянда ба полис гуфт, ки пешниҳоди номзадашро қабул кард ва баъди ба ангушташ андохтани ангуштарӣ дар ғояти эҳсосот рӯяшро бо дастон панаҳ кард. Вале дар ҳамин лаҳза ангуштарӣ аз дасти духтар раҳо шуду ба қубури обгузар афтод. Полис дар видео дидааст, ки Даниэла низ дар канори ҷавон ба зону зада талош мекунад ба ӯ кӯмак кунад, вале талошҳояш натиҷа намедиҳад. Баъдан мард дар рӯи замин мехобад ва талош мекунад, ки дасташро дохили панҷараи рӯи қубури обгузар андохта ангуштариро берун кашад, вале бенатиҷа.

Полис гуфт, ки баъди ин ҳодиса ҳамчунин дар талоши пайдо кардани ҷуфти ошиқон шуд. Билохира, рӯзи якшанбе дар хабари полис гуфта шуд, ки ангуштарии нопадидшуда пайдо шуд ва акнун ба соҳибонаш баргардонида мешавад.

Чанд соат баъди ин ҳодиса Ҷону Даниэла аз шаҳраки Питерборои шаҳристони Кембриҷшири Бритониё аз худ хабар доданд.

Ҷону Даниэла давоми даҳ соли охир бо ҳам буданд ва дар ҷараёни боздиди ахир аз Ню-Йорк ҷавон тасмим гирифт, ки ниҳоят ба дӯстдухтараш пешниҳоди барпо кардани оила мекунад. Ангуштарии тиллои ороёфта бо сангҳои қиматбаҳо давоми ду рӯз дар кисаи Ҷон буд ва ниҳоят вақте ӯ хост дар як муҳити зебо ва хотирмон ба Даниэла пешниҳоди арӯсӣ кунад, ангуштарӣ ба замин ва аз он ҷо ба қубур афтод.

Баъди он ки ангуштарӣ бо кӯмаи полис пайдо ва ба ҷуфти ошиқон хабар дода шуд, дар як паёми интернетӣ ошиқон аз ходимони ҳифзи қонун ва ҳамаи нафароне, ки баъди ин моҷаро барояшон кӯмак карданд, изҳори сипос намуданд.

Яке аз раҳбарони ДИИШ дар Сурия кушта шуд

Ҳавопаймоҳои ИМА- F15E дар фазои шимоли Ироқ

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои таҳти раҳбарии ИМА яке аз раҳбарони гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ", ки дар гаравгонгирӣ даст дорад, дар Сурия кушта шуд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 3 декабр бо такя ба намояндаи маъмурияти Вашингтон гузориш дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Абу ал-Умарайн масъули ҳалокати гаравгонҳо, аз ҷумла қатли шаҳрванди Амрико Питер Кассиг аст. Кассиг, ки дар хадамоти наҷот кор мекард, соли 2014 боздошт ва сараш бурида шуд.

Рӯзи гузашта матбуоти давлатии Сурия аз ҳамлаҳои ҳавоии ИМА ба мавқеи ҳукумат дар шарқи кишвар хабар дод.

Дар се соли ахир гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ", ки дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар мамнуъ аст, тақрибан ҳамаи қаламравҳои таҳти назораташ, аз ҷумла шаҳрҳои бузург- Раққаи Сурия ва Мосули Ироқро аз даст дод.Ин ду шаҳр бо ширкатати шарикони минтақавии ИМА ва бо пуштибонии ҳавопаймоҳои эътилоф озод шуданд.

Эътилофи таҳти назари Саудӣ ба берун бурдани захмиҳои ҳусӣ иҷозат дод

Намоиши эътирозии тарафдорони Ҳусиҳо, 5 сентяри соли 2018. Акс аз бойгонӣ

Эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ дар ҷанг бар зидди шӯришгарони ҳусӣ гуфт, ки ба таҳри Созмони Милали Муттаҳид оиди аз кишвар берун бурдани 50 ҷангии захмии ҳусӣ розӣ шудааст.

Берун бурдани ҷангиёни захмӣ шарти калидии шӯригарони ҳусӣ пеш аз иштироки онҳо дар музокироти сулҳ ва хатми ҷанги Яман аст, ки қарор аст таҳти назари Созмони Милали Муттаҳид дар Шведсия баргузор шавад.

Дипломатҳо умедворанд, ки гуфтушунид дар таърихи 5 декабр оғоз шавад.

Имкони оғози музокирот дар ҳоле фароҳам шуд, ки шарикони ғарбӣ фишорро ба Арабситони Саудӣ - раҳбари эътилофи суннимазҳаб афзоиш доданд. Арабистони Саудӣ мехоҳад ҳусиҳои шиамазҳабро мағлуб ва ҳукумати Яманро дубора барқарор кунад.

Ҳусиҳо ва ҳукумати Яман аз соли 2004 вориди ҷанге шуданд, ки то ҳол 10 ҳазор инсонро кушта, беш аз 3 миллионро аз макони зисташон берун ва кишварро ба гуруснагӣ гирифтор кардааст.

Эътилофи таҳти назари Арабистони Саудӣ барои кӯмак ба ҳукумати Яман баъди он таъсис ёфт, ки ҳусиҳо соли 2014 пойтахти Яман, шаҳри Санъоро тасарруф карданд.

Дар ҷаласаи сарони СПАД мавзӯи таъини раиси нав сарфи назар мешавад

Юрий Хачатуров

Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи нахуствазири Арманистон Никол Пашинян гуфт, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Санкт-Петербург рӯзи 6 декабр мавзӯи таъини дабири кулли ин созмон баррасӣ намешавад. Пашинян дар ин бора рӯзи якшанбе, 2 декабр дар баробари хабарнигорон изҳорот дод. Пашинян гуфт, ки ҳанӯз дар ин масъала «иттифоқи назар ба даст наомадааст».

Рӯзи 2 ноябр бо ташаббуси ҷониби Арманистон Юрий Хачатуров, дабири кулли СПАД аз ин мақом барканор шуд. Мақомоти Арманистон Хачатуровро дар талоши барҳам додани сохти конситутсионии ин кишвар дар соли 2008 айбдор мекунанд. Мақомоти Арманистон мегӯянд, ки ин кишвар ҳақи таъини номзади худ ба мақоми раҳбари давраии СПАД-ро ҳифз мекунад.

Остона, 8 ноябри соли 2018. Нишасти сарони СПАД
Остона, 8 ноябри соли 2018. Нишасти сарони СПАД

Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, ки бо ташаббуси Русия амал мекунад, як ташкилоти низомию сиёсӣ буда, ба узвияти он Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил ҳастанд. Паймони амнияти дастҷамъӣ соли 1992 дар шаҳри Тошканд имзо шуда, соли 2002 ба Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ тағйири ном кард.

Баъди барканор шудани Хачатуров аз мақоми дабири кулли СПАД дар ду моҳи пеш, сомонаи расмии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ рӯзи 2-юми ноябр навишт, ҳоло ин масъулиятро Валерий Семериков бар уҳда дорад.

Хачатуров дар Арманистон ба пароканда кардани тазоҳуроти моҳи марти соли 2008 алайҳи натиҷаҳои интихоботи президентӣ, ки ба кушта шудани даҳ нафар сабаб шуд, муттаҳам аст. Ӯ он замон муовини вазири дифои Арманистон буд.

Додгоҳи шаҳри Ереван моҳи июли имсол қарори боздошти Юрий Хачатуровро содир кард. Вале ӯ бо пардохти 5 миллион драм, муодили тақрибан даҳ ҳазор доллар замонат дар озодӣ буд.

Давраи омӯзишии роҳҳои ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар зиндонҳо шурӯъ шуд

Мутахассисони Бунёди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Душанбе давоми ҳафтаи ҷорӣ барои аъзои гуруҳи мониторингӣ дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон, ки дар назди Ваколатдори ҳуқуқи инсон амал мекунад, давраи омӯзишӣ баргузор мекунанд. Лоиҳае, ки зери назари Иттиҳодияи Аврупо амал мекунад, ба хотири мубориза бо шиканҷаву бадрафторӣ нисбати боздоштшудаҳову зиндониҳо роҳандозӣ шудааст. Дафтари матбуоти намояндагии ИА дар Душанбе рӯзи 3 декабр хабар дод, ки давраи омӯзишӣ аз 3 то 7-уми декабр аз ҷониби коршиносони Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон - Агнешка Клосовска ва Александра Ивановска барпо мешавад.

Як намояндаи Бунёди Ҳелсинкӣ рӯзи 3 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт, ки ба фаъолони ҳуқуқ ва намояндагони дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон роҳҳои шиносоӣ бо вазъи муассисаҳои ислоҳӣ аз назари муқобила бо шиканҷаи маҳбусон, роҳҳои сабту таҳияи гузоришҳо дар ин робита ва таҳияи стратегияи тадбирҳои баъдӣ омӯзонида мешавад. Ин давраи омӯзишӣ мувофиқ бо Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар муассисаҳои баста амалӣ мешавад.

Гуруҳи мониторингӣ бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2013 ташкил шудааст ва ба ин ҳайат намояндагони дафтари Омбудсмен, аъзои Эътилофи зидди шиканҷа, созмони «Авеста» ва Анҷумани волидони атфоли маъюб дохил мешаванд. Аз соли 2014 ба ин сӯ ин гуруҳ аз наздики 60 муассисаи пӯшидаву нимапӯшида - тавқифгоҳҳои муваққатӣ, СИЗО, муассисаҳои ислоҳотӣ ва иҷтимоӣ, муассисаҳои руҳиву наркологӣ ва дигарҳо боздид ба амал овардааст.

Пулиси Исроил тавсия дод, ки Нетаняҳу ба фасодкорӣ муттаҳам шавад

Бенямин Нетаняҳу ва ҳамсари ӯ Сара

Тафтишоти Исроил тавсия дод, ки нахуствазири ин кишвар Бенямин Нетаняҳу ва ҳамсари ӯ Сара ба ришваситонӣ, қаллобӣ ва нақзи эътимоди ҷомеа муттаҳам шаванд. Дар ин бораи нашрияи The Jerusalem Post рӯзи 2 декабр хабар дод.

Иҷозаи пахши ин тавсияҳоро додситони кулли Исроил дод. Ҳоло ин ниҳод бояд тасмими ниҳоӣ бигирад, ки алайҳи нахуствазир Нетаняҳу айбномаи расмӣ эълон кунад ё хайр.

Сухан аз боби "парвандаи 4000" аст. Ҳамроҳ бо президент ва ҳамсари ӯ боз як идда мақомоти баландпояи Исроил гумонбар эълон шудаанд.

Аз соли 2014 то 2017 Нетаняҳу ҳамзамон дар ду мақом - назуствазир ва вазири алоқа кор мекард. Ба гуфтаи тафтишот, дар ин давра Нетаняҳу ба ширкати "Безак" кӯмак кард, ки дар ивази пӯшиши мусбати фаъолияти ӯ даромадашро бештар кунад. Раҳбари "Безак" Шаул Елович дӯсти қадимии Бенямин Нетаняҳу аст. Еелович низ дар рӯйхати мақомдоронест, ки пулис ба додгоҳ кашондани онҳоро тавсия додааст. Тафтишот танҳо писари Нетаняҳу Йирро бинобар набуди далели кофӣ аз рӯхати гумонбарҳо берун кард.

Худи Нетаняҳу иттиҳомро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ки ин тавсияҳо нерӯи ҳуқуқӣ надоранд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Марги шубҳабарангеҳи сарбози 20-сола дар Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:16 0:00
XS
SM
MD
LG