Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Додситонии Ишқобод ҷамъоварии пул аз волидонро барои Соли нав тафтиш дорад

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мудирони мактаб ва боғчаҳое, ки барои чорабиниҳои солинавӣ аз волидон пул ҷамъ карданд, ба бозпурсӣ даъват мешаванд. Пештар хабар дода шуд, ки дар боғчаҳои пойтахти Туркманистон аз волидон барои таҷлили соли нав 80-манатӣ (ҳудуди 23-долларӣ) талаб доранд.

"Додситонии Ишқобод дар асоси шикояти волидон мудирони мактабу боғчаҳоро ба бозпурсӣ даъват мекунад. Волидон шикоят кардаанд, ки мудирҳо барои чорабиниҳои солинавӣ аз онҳо пул талаб доранд", - хабар додааст "Хроника Туркменистана" бо истинод ба як манбаи худ.

Дар додситонии Ишқобод ба мудирон ҳушдор доданд, ки барои ин амалашон ба онҳо парвандаи ҷиноӣ ё ҳадди ақал маъмурӣ таҳдид мекунад. Мудирони мактабу боғчаҳои ноҳияи "Хитровка" аллакай бозпурсӣ шудаанд. Ба иттилои расонаҳо, дасти кам дар ду боғчаи Ишқобод аз волидон барои туҳфаи солинавӣ 70-манатӣ ва барои даъвати Бобои барфиву наберааш 10-манатӣ талаб шудааст.

Бархе аз волидон ба иллати надоштани пул гуфтанд, ки ба фарзандонашон дар хона туҳфа медиҳанд ё он рӯз кӯдаконро ба боғча намебаранд. Вале мудирони боғчаҳо пешниҳоди волидонро рад карда, гуфтаанд, ки бояд пулро супоранд, чун аз боло фармон шудааст.

"Сомон Эйр" ба Миср парвоз мекунад

Ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" аз субҳи фардо, 29-уми декабр парвозҳо ба масири Шарм-ул-Шайхи Мисрро оғоз мекунад. Темур Бандишоев, раҳбари раёсати иттилооти ин ширкат ба Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки парвозҳо чартерӣ, яъне дар 10 рӯз як маротиба сурат мегирад.

Вай афзуд, ки "масъулони ин парвозҳо ширкати сайёҳии "Компас" аз Қазоқистон буда, дар Тоҷикистон ба ҷалби мусофирон ва сайёҳон ширкати маҳаллие машғул аст". Ба гуфтаи Темур Бандишоев, нархи парвоз бо шумули истироҳати 10-рӯзаи сайёҳон аз 600 доллари амрикоӣ шурӯъ мешавад.

Ду моҳ қабл ширкати "Сомон Эйр" чунин парвозҳо ба самти Анталияи Туркияро шурӯъ кард, ки феълан алоқамандони зиёди истироҳат аз миёни сокинони Тоҷикистонро пайдо кардааст.

Шабнами Сурайё ва Нигина Амонқулова – маҳбубтарин овозхонҳои соли 2018

Як пурсиши солинавии маркази пурсиши афкори умуми “Z-alalytics Group” исми маъруфтарин овозхонҳои тоҷикро муайян кард. Бар асоси ин пурсиш, ки 27 декабр нашр шуд, Шабнами Сурайё бештар дар миёни ҷавонони 18 то 29-сола маъруфият доштааст. Нигина Амонқуловаро бештар сокинони аз 30-сола болои кишвар ба унвони овозхони маҳбуб ёд кардаанд.

Нигина Амонқулова
Нигина Амонқулова

Дар маҷмӯъ, дар миёни панҷ овозхони маҳбубтарини тоҷик исми Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Зиёвиддини Нурзод, Афзалшоҳи Шодӣ ва Зулайҳо Маҳмадшоева ёд шудааст.

Пурсиши телефонии “Z-alalytics Group” аз 13 то 17 декабри соли ҷорӣ дар миёни 408 сокини Тоҷикистон ва дар манотиқи мухталифи кишвар барпо шудааст.

Ҳамчунин бихонед:

Даниэл, Мадина, Қадами Қурбон... Шоубизнеси тоҷик дар соли 2018. ВИДЕО​

Баъди се моҳи куштори Хошуқҷӣ шоҳ Салмон дар ҳукумат тағйирот ворид кард

Шоҳ Салмон бо писараш Муҳаммад бин Салмон

Баъди се моҳи куштори журналист Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул ва вокунишҳои шадиди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин куштор, шоҳ Салмон ба тағйироти густарда дар ҳукумат дастур дод.

Тағйироти кадрӣ, ки рӯзи 27 декабр эълон шуд, аз ҷумла ба вазири умури хориҷӣ, иттилоот, матбуот ва маориф дахл дорад.

Шоҳи Саудӣ ҳамчунин ба тағйирот дар ду Шӯрои олии салтанат - дар умури масоили иқтисодӣ ва амният дастур дод. Ин ду ниҳод таҳти назорати валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Саломон қарор доштанд.

Тағйирот ба вазифаҳои дигари валиаҳд, аз ҷумла ба мақоми ноиби нахуствазир ва вазири дифо дахл накард.

Ҷобаҷогузории нави мақомҳо зоҳиран мавқеи валиаҳди Саудиро, ки акнун дар иҳотаи аъзои салтанат фаъолият хоҳад кард, таҳким медиҳад.

Бар поияи фармони шоҳ, Иброҳим ал-Ассаф, вазири пешини молия, Абдул ал-Ҷубейр вазири хориҷиро иваз мекунад. Ал-Ҷубейр дар ҳамин вазорат ба мақоми поёнтар таъин шуд.

Ёвари наздики валиаҳди Саудӣ Туркӣ ал-Шайх, раҳбари бахши ташкили корҳои тафреҳии салтанат таън шуд. Ин ниҳодро валиаҳд солҳои ахир ба хотири ташкили консертҳо ва барномаҳои тафреҳӣ созмон дод, ки дар ин кишвари муҳофизакор мамнуъ буданд.

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори Саудӣ ва интиқодгари аслии шоҳзода Муҳаммад бин Салмон аввали моҳи октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул кушта шуд. Риёз гузоришҳоро, ки куштор бо амри валиаҳд сурат гирифтааст, рад мекунад.

Сухангӯи ДИИШ дар Афғонистон аз ҳамлаи бесарнишин кушта шуд

Мошини пулиси Афғонистон -"ғанимати ҷангӣ"- и ДИИШ

Артиши Афғонистон мегӯяд, ки сухангӯи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар натиҷаи ҳамлаи бесарнишин кушта шуд.

Дар изҳороти нерӯҳои Афғонистон, ки рӯзи 27 декабр пахш шуд, гуфта мешавад, ки Султон Азиз Аъзам як рӯзи пеш дар паноҳгоҳи ДИИШ дар яке аз ноҳияҳои вилояти шарқии Нангарҳор кушта шуд.

Дар изҳорот омадааст, ки бар поияи маълумоти истихборотӣ ҳавопаймоҳои беном Султон Азиз Аъзам - сухагӯи ин гурӯҳи тундравро ҳадаф қарор дод.

Насрат Раҳимӣ, муовини сухангӯи Вазорати дохилии Афғонистон гуфт, ки Аъзам ҳамчунин ҷангиёнро барои ҳамлаҳои пурсару садо дар шаҳрҳо истихдом мекард.

Дар робита ба ин куштор вокуниши ДИИШ ва нерӯҳои ИМА дар Афғонистон дастрас нашудааст.

Нангарҳор аз пойгоҳҳои гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" аст ва онҳо дар ин минтақаи ҳаммарз бо Покистон фаъол шудаанд.

Низомиёни ИМА теъдоди ҷангиёни ДИИШ дар Афғонистонро 2,000 арзёбӣ мекунанд.

Ин гурӯҳи тундрави суннимазҳаб аз соли 2015, аз замони зуҳураш дар хоки Афғонистон, ақалиятҳои шиамазҳаб ва нерӯҳи амниятии кишварро дар ҳамлаҳои пурқурбонӣ ҳадаф қарор додааст.

Марги ду кӯдаки тоҷик дар рахти хоб, ҳангоми сӯхтор дар Русия

Акс аз бойгонӣ

Ду кӯдаки тоҷик аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар натиҷаи сӯхторе дар Бошқирдистони Русия ҷон бохтаанд Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 25-уми декабр рух дода, ҷасади Амина Додова ва Амриннисо Додоваро дар Русия гӯронданд.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 27-уми декабр хабар дод, ки Амина чаҳорсола ва Амриннисо ҳамагӣ дусола буд. "Онҳо дар сӯхтори хонаи истиқоматӣ дар рахти хобашон ба ҳалокат расидаанд", - афзуд ӯ.

Аҳмадӣ мегӯяд, маъмурони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия дарҳол ба ҷойи ҳодиса расида, вале ба сабаби пурра оташ гирифтани манзил натавонистаанд кӯдакҳоро наҷот диҳанд.

Мақомоти Русия гуфтаанд, дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, сабабҳои сӯхторро таҳқиқ мекунанд.

Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, падари хонавода Раҳимҷон Додов ҳангоми рух додани ҳодиса ба супурдани санад барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба шаҳри Қазон рафта буд. Модари кӯдакон Замира Ҷӯраева ҳангоми огоҳ гаштан аз сӯхтор имкони наҷот додани фарзандонро надоштааст.

Ҳар сол бино бар ҳодисаҳои нохуш ба мисли садама ва сӯхтор даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди Русия ба ҳалокат мерасанд.

Бино ба иттилои мақомот то як ва бино ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд.

Хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ муовини раиси парлумон шуд. ВИДЕО

Аида Қосималиеваи 34-сола, собиқ хабарнигори бахши Қирғизии Радиои Озодӣ дар овоздиҳии пӯшида рӯзи 27 декабр муовини раиси парлумони Қирғизистон интихоб шуд. Ба пуштибонии Қосималиева дар овоздиҳӣ 91 вакил раъйи мусбат ва 16 нафар раъйи манфӣ додааст.

Интихоби муовини раиси парлумон баъди он сурат гирифт, ки рӯзи 14 декабр аъзои ҳизби Сотсиал-демократи Қирғизистон дар ҷаласаи пӯшидааш Асел Кодурановаро аз ин мақом барканор кард. Кодуранова дар мақоми муовини раиси маҷлис давоми як сол кор кардааст.

Аида Қосималиева дар Қирғизистон ба унвони журналисти Радиои Озодӣ шинохта шуда, баъди тарки кор дар ин муассиса ба фаъолияти сиёсӣ пардохт ва аз номи ҳизби ҳокими сотсиал-демократ ба парлумон роҳ ёфт.

Иқтисоди заъиф ва таварруми баланд - Русия дар соли 2019

Бинобар хатари таҳримҳои Ғарб, рубли ноустувор ва барномаи боло бурдани молиёт, Русия дар соли 2019 дар ростои коҳиши рушди иқтисод ва таварруми баланд қарор мегирад. Тавлиди нохолиси дохилӣ, ки соли гузашта 1,7 дар сад буд, соли оянда 1,4 хоҳад буд,- гуфт Reuters рӯзи 27 декабр бо такя ба назарсанҷии моҳона дар байни 17 коршиноси соҳаи иқтисод.

"Соли оянда бисёр як соли мушкил хоҳад буд",- гуфт Reuters аз қавли Олег Кузмин - иқтисоддони аршади бонки сармоягузории Renaissance Сapital. Рушди иқтисоди Русия солҳои рӯ ба кундӣ овард, поён рафтани нархи нафт, рубли ноустувор, таҳримҳои Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва Аврупо, баъди ишғоли Қрими Украина дар соли 2014, ба ин сабаб шуд.

"Соли 2019 иқтисоди Русия дар пасманзари афзоиши андоз аз арзиши изофӣ, таваррум ва афзоиши баҳраи бонкӣ печидатар хоҳад шуд",- афзуд Кузмин.

Тасарруфи се киштии Украина, моҳи гузашта дар баҳри Сиёҳ ва боздошти маллоҳони украинӣ даъватҳои ҷори кардани таҳримҳои байштар алайҳи Маскавро ба миён овардааст.

Марде дар Хабаровск худро тарконд ва се тани дигарро захмӣ кард

Пулиси Русия - акс аз бойгонӣ

Матбуоти Русия менависад, ки як мард дар шаҳри Хабаровски Шарқи Думи Русия худро бо норинҷак мунфаҷир ва се нафари дигарро захмӣ кард.

Гузоришҳо бо такя ба мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ин мард, ки мехост идораҳои воқеъ дар муҷтамаъи анборҳоро ғорат кунад, норинҷакро рӯзи 27 декабр тарконд.

Биноба гузоришҳои матбуотӣ, ин мард дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд ва ду марду як зани дигар бо захмҳои барои зиндагӣ безарар ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ муфаттишон ҷойи ҳодисаро барои ҳаракат масдуд карданд.

Ҷузъиёти дигари ҳодиса дастрас нест.

Раҳбари пешини истихбороти Чин ба ҳабси абад маҳкум шуд

Ҷоу Юнканг - раҳбари Ма Тзян

Додгоҳи Чин раҳбари пешини Идораи истихборот Ма Тзянро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳукмро бар пояи парвандаи фасодкорӣ Додгоҳи шаҳри Далян содир намуд.

Ма Тзян аз соли 2006 то 2015 муовини вазири амнияти давлатии Чин буд. Ӯ ба идораи 8-уми вазорат раҳбарӣ мекард, ки масъулияти фаъолиятҳои истихборотиро бар дӯш дорад.

Соли 2015 Ма Тзян ба ришваситонӣ ва фасодкорӣ муттаҳам шуд. Тзянро аз мақом барканор ва аз ҳизб хориҷ карданд. Ӯ ба гуноҳаш иқрор кард ва аз баррасии парвандааш дар додгоҳҳои болоӣ даст кашид. Тамоми дороиҳои Тзян мусодира шуд.

Пеш аз ин, як идда кормандони баландмақоми хадамоти истихбороти Чин, бо шумули вазири пешини амният Ҷоу Юнкан, бо ҷурми фасодкорӣ ба зиндони абад маҳкум шуданд.

Киев бар зидди Русия таҳримҳои навро ба роҳ монд

Муҷассамаи Истиқлолияти Украина

Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина дар ҷаласаи рӯзи 26-уми декабр алайҳи чанде аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии Русия таҳримҳои иловагӣ ҷорӣ кард.

Тавре дар хабари Шӯро омадааст, маҳдудиятҳо ба "ширкатҳо, тоҷирон, сиёсатмадорон ва вакилон, кормандони мақомоти қудратии Русия, ки фаъолона аз амалҳои хушунатбори зидди Украина ҷонибдорӣ мекунанд" дахл доранд. Рӯйхати нав рӯзҳои наздик нашр хоҳад шуд.

Ба иттилои мақомоти Украина, таҳримҳои нав ба 14 ширкат, ки корхонаҳои маҷмааи мудофиаву саноати Русияро дар замони ғасбкориҳои ин кишвар таъмин мекунанд; ширкатҳои Русия ва ширкатҳои аврупоӣ, ки фаъолияти ширкати "Сармояҳои Титан"-ро таъмин менамоянд, инчунин тоҷироне, ки ба сохтмони ғайриқонунии гузаргоҳи байни Қрим ва Таман, тавассути тангнои Керч машғул ҳастанд, дахл хоҳанд кард.

Дмитрий Медведев, сарвазири Русия 25-уми декабр қарореро дар робита ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои махсуси иқтисодӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Украина имзо кард. Дар рӯйхати нав 567 шахси воқеӣ ва 75 шахси ҳуқуқӣ ворид шудаанд.

ВКД-и Русия аз ҳақи иқомати номаҳдуди хориҷиҳо пуштибонӣ кард

Вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев

Вазирати умури дохилии Русия пешниҳод кард, ки ба хориҷиҳо ҳақи иқомати номаҳдуд дода шавад ва Русия аз таҷрибаи тамдиди он даст кашад. Маълумот дар бораи коркарди тарҳи ин қонун дар портали ягонаи санадҳои меъёри ҳуқуқӣ нашр шуд.

Ба гуфтаи вазорат, ин тарҳ механизми иқомати доимӣ дар Русияро осон мекунад. Аммо ҳамзамон дар санад бознигарии муносибат ба молиёт ва андозбандӣ пешниҳод шудааст.

Баррасии оммавии тарҳи қонун то 9 январи соли 2019 давом мекунад. Муҳлати эҳтимолии татбиқи он сентябри соли 2019 муайян шудааст

Феълан ҳақи иқоматро дар Русия барои панҷ сол медиҳанд ва муҳлати он борҳо тамдид мешавад. Барои дарёфти ҳақи иқомати Русия довталаб бояд як сол дар ин кишвар зиндагӣ кунад.

Reuters аз манъ шудании таҷҳизоти Huawei ва ZTE дар ИМА хабар дод

Huawei - акси тасвирӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп эҳтимол моҳи январ санади манъи харидории таҷҳизоти чинии Huawei ва ZTE, аз тарафи ширкатҳои амрикоиро имзо мекунад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 27 декабр бо такя ба се манбаи шинос бо вазъият гузориш дод.

Дар санад ба Вазорати савдои ИМА дастур шудааст, ки ширкатҳои амрикоиро аз харидории таҷҳизоти хориҷии "хатарнок барои амнияти миллӣ" манъ кунад. Фармони Трамп бар пояи қонуни "Салоҳияҳои иқтисодӣ дар мавридҳои фавқулодда" содир мешавад, ки ба президент имкон медиҳад дар вокуниш ба таҳдидҳо алайҳи ИМА ба тиҷорат дахолат кунад.

Reuters мегӯяд, ки номи ширкатҳои Чин дар санад зикр намешавад. Аммо интизор меравад, ки дар Вазорати савдои ИМА ин санад ба фоидаи ЧИН талаққӣ нашавад. Матни фармон то ҳол ниҳоӣ нашудааст.

Аввали соли равон истихбороти ИМА ширкатҳои Huawei ва ZTE-ро ба ҳамкориҳои ғайри мунсифона бо ҳукумати Чин гумонбар кард. Дар Вашингтон ин эҳтимолро соқит намекунанд, ки Пекин бо истифода аз таҷҳизоти ин ширкатҳо маълумоти тиҷоратӣ ва низомӣ ҷамъ мекунад.

Huawei бузургтарин таъминкунандаи таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои ҳамроҳ дар ҷаҳон аст. Пештар ИМА ин ширкатро ба рӯҳхати сиёҳи таъминкунандагони таҷҳизот барои Идораи истихборот ва Бюрои федеролии тафтишоти Амрико ворид кард ва ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз харидории телефонҳои ҳамроҳи Huawei худдорӣ кунанд.

Dow Jones баъди уфти шадид афзоиши рекордӣ нишон дод

Бозори бурси Ню Йорк

Бозори бурси Ню Йорк афзоиши бошиддати шохиси Dow Jones-ро дар як рӯз, мушоҳида кард, ки дар таърих намуна надорад. Шохиси саноатии Dow Jones қариб то панҷ дар сад боло рафт. Nasdaq ва S&P низ рӯзи чоршанбе чунин болоравиро таҷриба карданд. Фурӯши саҳмияҳо дар бозори бурси Токио низ якбора боло рафт.

Афзоиши қимати саҳмияҳои амрикоӣ баъди коҳиши як моҳи ахир ва уфти бошиддати онҳо пеш аз ҷашни Мавлуди Исои Масеҳ мушҳоида шуд. Барои намуна Dow Jones рӯзи 24 декабр қариб 3 дарсади арзишро аз даст дод.

Ҳатто баъди афзоиши рӯзи чоршанбе низ арзиши шохиси Dow Jones дар муқоиса ба аввали декабр се дар сад камтар аст. Коҳиши қимати саҳҳомро коршиносон ба нигарониҳо аз кунд шудани суръати иқтисоди Амрико ва иқтисоди ҷаҳон вобаста мекунанд. "Ҷангҳои тиҷоратӣ", аз ҷумла бо Чин ва бесуботии сиёсӣ дар уфти шохиси саҳҳом нақш доштанд. Калавиши ахири шохис баъди мубоҳисаи байни президент Трмап ва раҳбарияти Бонки марказии ИМА ба вуҷуд омад. Бонки марказӣ қимати баҳраро дар як сол чаҳор дафъа боло бурд ва Трамп ин иқдомро танқид кард.

Се сиёсатмадори қирғиз президенти пешинро ба додгоҳ кашиданд

Алмосбек Отамбоев ва Қанот Каниметов. 10 декабр, 2018

Се тан аз сиёсатмадорони қирғиз бо талаби $257 000 ҷуброни хисороти маънавӣ президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ва телевизиони "Апрел"-ро ба додгоҳ кашиданд.

Сиёсатмадорон Азимбек Бекназаров, Аҳмадбек Келдибеков ва Кенешбек Дуйшобоев мегӯяд, ки президенти пешин дар сӯҳбаташ бо телевизиони "Апрел" ба обрӯи онҳо латма ворид кард.

Мудири "Апрел" Дмитрий Ложников дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар дод, ки сиёсатмадорони қирғиз аз телевизион ва Отамбоев 18 миллион сом талаб доранд.

Раиси пешини порлумони Қирғизистон Аҳмадбек Келдибеков ахиран дар суҳбат бо телевизиони "NUR TV" гуфта буд, ки тасмим дорад, Отамбоевро барои изҳороти ахираш ба додгоҳ кашад.

"Ӯ дар суханрониаш шаъну шарафи одамро паст мезанад. Агар ҳарфҳояшро дар додгоҳ исбот накунад, ман талаб мекунам, ки ӯ ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад", - изҳор дошт Келдибеков.

Алмосбек Отамбоев рӯзи 10 декабр дар суҳбат бо "Апрел" гуфт, ки Аҳмадбек Келдибеков ба фаъолиятҳои фасодолуд даст дорад.

"Мехоҳанд одамонро гул зананд. Мехоҳанд, нишон диҳанд, ки миёни сарвати аз роҳи ҳалол ба даст омада ва сарвати дуздидашуда фарқияте нест. Ҳамон Келдибекову Тюлеев фарёд мезананд, ки "бояд Отамбоев ҳабс шавад", ҳамонҳое ки ҳангоми корашон дар сохторҳои давлатӣ ба сарватмандӣ расиданд. Киро бояд ҳабс кард? Касонеро, ки бо ғорати давлат ба сарватмандӣ расиданд, ё касеро ки бо меҳнати ҳалол сарват ба даст оварда, дар замини аҷдодиаш хона сохтааст?", - гуфта буд Отамбоев.

Келдибеков моҳи декабр ҳамчунин зидди сомонаи Kyrgyztoday.kg ба додгоҳ шикоят бурда, 1 млн сом (ҳудуди 14 ҳазор доллар) ҷуброн талаб дорад. Ба гуфтаи сиёсатмадор, матлаби сомона шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Гумонбари марги 52 муҳоҷири узбек ба Қазоқистон истирдод шуд

Қазоқистон - Оқтеппа

Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 26 декабр хабар дод, ки Ордухон Мехтиев аз Узбекистон истирдод шуд. Мехтиев молики автобусест, ки моҳи январи соли 2018 дар роҳ ба самти Русия оташ гирифт ва 52 муҳоҷири ӯзбекистониро ба ҳалокат расонд.

Баъди он ҳодиса Мехтиев дар ҳудуди Узбекистон пинҳон шуд. Ӯро рӯзи 20 ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд боздошт карданд.

Автобуси ҳомили шаҳрвандони Узбекистон 18 январи соли 2018 дар масири Чимкент - Самара оташ гирифт. Дар ин автобус 57 мусофир ҳузур дошт, ки 52 тани онҳо дар ҷои ҳодиса ҳалок шуданд. Ҳамаи қурбониҳо шаҳрвандони Узбекистон буданд. Аз шумори умумӣ 2 мусофир ва 3 ронанда шаҳрвандони Қазоқистон буд, ки дар ин ҳодиса осеб надиданд.

Як мард дар Ҷайҳун ҳамсарашро бо корд захмӣ кард

Як марди сокини ноҳияи Ҷайҳун дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш муноқиша намуда, ӯро маҷрӯҳ кардааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса шоми 25-уми декабр рӯ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ин марди 29-сола дар ҳолати мастӣ ба хонаи хушдоманаш омада, бо корд ба шикаму дастаи ҳамсараш 3 зарба задааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пай ҳамсари ин мард ба бемористон интиқол дода шуда ва худи ин мард ба гумони "қасдан расонидани зарар ба саломатӣ", боздошт шудааст. ВКД номҳои ин зану шавҳарро ошкор накардааст. Ҳамакнун мақомот дар робита ба ин ҳодиса тафтишотро оғоз кардаанд.

Русия бангдона кишт мекунад

Ҳукумати Русия лоиҳаи қонунеро тасдиқ кард, ки имкони дар ҳудуди Русия парвариши бангдонаро медиҳад. Дар шароити таҳримҳо воридоти бархе аз маҳсулоти хориҷӣ барои доруворӣ номумкин гардида, ҳукумати Русия тасмим дорад, бо қабули чунин қонуне камбуди ин навъи маҳсулотро ҷуброн кунад.

Дар ин бора хабаргузории РБК бо такя ба вазири саноат ва тиҷорати Русия Денис Мантуров хабар дод.

Дар ҳоли ҳозир дар Русия 13 навъи доруи афюнӣ сабт шудааст, ки 9 адади он ба рӯйхати доруҳои дорои аҳамияти ҳаётӣ шомил ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки қонуни федеролӣ "Дар бораи маҳсулоти мухаддиротӣ ва моддаҳои психотропӣ" парвариши маҳсулоти мухаддиротиро дар ҳудуди Русия манъ мекунад.

Мантуров мегӯяд, Русия дар ҳоли ҳозир тақрибан 100 дарсади маҳсулоти мухаддиротиро барои истеҳсоли доруҳояш аз хориҷ мехарад. Вероника Сквортсова, вазири тандурустии Русия гуфт, аз 10 кишваре кишваре, ки чунин маҳсулотро ворид мекунанд, 9-тои он зидди Русия таҳрим ҷорӣ кардаанд.

Порошенко ба ҳолати низомӣ дар Украина хотима дод

Президенти Украина Петро Порошенко гуфт, ҳолати низомӣ дар манотиқи марзии ин кишвар хотима меёбад. Ин қарор моҳи ноябр баъди аз ҷониби Русия ғасб шудани киштиҳои низомӣ ва ҳабси даҳҳо низомиёни украинӣ содир шуд. Порошенко дар ҷаласаи мақомоти сохторҳои интизомии кишвар рӯзи 26 декабр дар шаҳри Киев гуфт, ки бар асоси таҳлили вазъи амниятии кишвар ба чунин хулоса расид.

Баъди ҳодисаи аз ҷониби Русия ҳабс шудани низомиёну киштиҳои украинӣ дар гулӯгоҳи Керч, рӯзи 26 ноябр парлумони Украина дархости Порошенкоро дар бораи ҷорӣ кардани ҳолати низомӣ пуштибонӣ кард. Маллоҳон дар боздошти Русия боқӣ мемонанд ва ба онҳо бар асоси моддаи убури ғайриқонуни марзи Русия ҳабси тӯлонӣ таҳдид мекунад. Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА гуфтанд, ки ин амали Русия ғайриқонунӣ аст ва аз Маскав озодии билофосилаи маллоҳон ва киштиҳоро талаб карданд. Вале Русия ин иттиҳомотро қабул надорад.

Соли 2018: навбати омӯзгорони Ҷайҳун барои замин кам нашуд

Ҳоҷӣ Ҳоҷиев, омӯзгори 58-солаи тарбияи ҷисмонӣ дар мактаби миёнаи шумораи 30-и ҷамоати деҳоти “Панҷ”-и ноҳияи Ҷайҳун аст. Дар хонаводаи Ҳоҷиевҳо се нафар омӯзгори мактаб ҳастанд: ӯ, ҳамсараш – омӯзгори математика ва писараш - муаллими таърих. Ҳоҷӣ Ҳоҷиев бо умеди беҳтар шудани шароити зиндагии оилааш чанд соли пеш аз Бартанги Бадахшон ба ноҳияи Ҷайҳун муҳоҷир шуд ва ҳамон замон номашро ба феҳристи довталабони замин номнавис кард. Вале ин масъала то ҳол ҳалли худро наёфтааст ва оилаи Ҳоҷиевҳо дар дохили бинои мактаби миёна зиндагӣ мекунад.

Ӯ гуфт: “Ман ба ҳукумат ариза навиштам, ба навбат гузоштанд, вале гуфтанд, ки ҳоло навбататон нарасидааст. Соли гузашта ба 50 нафар эҳтиёҷманд замин доданд, чанд маротиба рафтам ва хостам, ки масъалаи мо ҳам зудтар ҳал шавад, вале бенатиҷа”.

Ҳоҷӣ Ҳоҷиев бовар дорад, ки ба ҳангоми баррасии масоили дастрасии омӯзгорон ба мактаб бояд заҳматҳои сисолаи педагогии ӯ, ифтихорномаҳои шогирдонаш дар мусобиқаҳо ва дигар хидматҳояш ба инобат гирифта шавад. Ҳоҷиев мегӯяд, ки вақте оилаи ӯ ба Хатлон муҳоҷир шуд, онҳоро “омӯзгорони боимтиёз” меномиданд, вале ин ҳама дар коғаз монд.

Як омӯзгори дигар, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ҳар моҳ аз маошаш 150 сомонӣ барои иҷора сарф мекунад, давоми чандин сол шоҳиди он аст, ки навбаташ барои соҳиб шудан ба қитъаи замин ва сохтмони манзил намерасад.

Дар иҷлосияи 16-уми маҷлиси вакилони халқӣ вилояти Хатлон рӯзи 25 декабр гуфта шуд, ки дар давоми солҳои гузашта садҳо омӯзгори ин вилоят соҳиби қитъаи замин барои сохтмони хона шудаанд.

Замин дар Тоҷикистон моликияти давлат маҳсуб мешавад ва ба хотири кам будани замин барои бунёди манзил, ин барнома таҳти назорати шадид аст. Мақомдороне, ки аз роҳҳои фасод даст ба муомилоти ғайриқонунии замин мезананд, муҷозот мешаванд. Омӯзгорон дар манотиқи дурдаст ба ҳайси кормандони бахши буҷавӣ бар асоси қонун барои гирифтани замин аз ҳисоби давлат ҳақ доранд, вале бо сабаби зиёдии муроҷиат, иҷрои ин барнома солҳо тӯл мекашад.

Ҷаҳонгул Рисушева, як масъули идораи маорифи ноҳияи Ҷайҳун гуфт, бо ин муроҷиати омӯзгорон барои гирифтани замин зиёд аст, вале соли 2018 ба ҳеҷ як омӯзгор қитъаи замин дода нашуд. 26-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соли ҷорӣ ягон омӯзгор барои гирифтани қитъаи замин нагирифтааст, вале беш аз 40 нафар муроҷиат кардаанд, ки соҳиби замин шаванд: “Дар мактабҳо зиндагӣ мекунад, боз иҷоранишин ҳастанд - ҳудуди 20 омӯзгор. Дар соли 2017 ва 2018 касе аз омӯзгорон замин нагирифтааст”.

Дар ноҳияи Ҷайҳун аз 1642 омӯзгор 50 нафарашон дар навбати замин истодаанд.

Эрон бо намояндагони Толибон музокирот доштааст

Алӣ Шамхонӣ

Бино ба гузориши расонаҳои Эрон, мақомоти ин кишвар бо Толибон гуфтугу доштаанд ва ҳукумати Афғонистон аз музокирот бохабар будааст. Хабаргузориҳои “Форс” ва “Тасним” рӯзи 26-уми декабр навиштанд, Алӣ Шамхонӣ, раиси Шӯрои амнияти миллии Эрон дар бораи гуфтугуҳо бо Толибон зимни сафараш ба Кобул суҳбат кардааст.

Хабаргузории давлатии ИРНА аз қавли Алӣ Шамхонӣ навиштааст, музокироти Эрону Толибон дар бораи “фурӯ нишондани мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон” будааст. Алӣ Шамхонӣ гуфтааст, ки ҳукумати Афғонистон аз гуфтугуҳо бо Толибон бохабар аст. Дар бораи макони музокирот чизе гуфта нашудааст.

Блогнависи рус ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

Александр Валов

Додгоҳи Русия Александр Валов, як блогнависи русро бо гуноҳи тамаъҷӯӣ ба 6 соли зиндон маҳкум кард, ҳарчанд худаш мегӯяд, бегуноҳ аст. Муҳокимаи Александр Валов, муассиса ва сардабири БлогСочӣ, ки дигар фаъол нест, рӯзи 26-уми декабр дар додгоҳи ноҳияи Лазарев дар шаҳри Сочӣ баргузор шуд.

Додгоҳ ҳамчунин амр додааст, ки Александр Валов 700 000 рубл ва ё 10 ҳазор доллар ҷарима пардозад. Блогнависи русро моҳи январи имсол бо иттиҳоми талаби 4300 доллар аз Юрий Напсо, вакили Думаи давлатӣ дастгир карданд. Александр Попков, вакили дифои блогнавис ҳукми зиндонро бераҳмона номида ва гуфтааст, ки ҳукм нишон дод, ки додгоҳҳои Русия одилона амал намекунанд.

Дар Чин мурофиаи додгоҳии як ҳомии ҳуқуқи инсон шурӯъ шуд

Дар Чин субҳи 26 декабр мурофаи додгоҳии ҳомии ҳуқуқи башар Ван Тсюанҷан (Wang Quanzhang) шурӯъ шуд. Ин ҳомии ҳуқуқ се сол пеш дар як маъракаи саркӯби фаъолони ҷамъиятӣ боздошт шуд. Соатҳои шурӯи мурофиа дар беруни додгоҳ дар шаҳри Тянзин тахминан бист афсари полис тартиботро назорат мекарданд. Ду фаъоле, ки аз мурофиаи судӣ эътироз доштанд, аз ҷониби полис дур карда шуданд. Барои назорат аз ҷараёни додгоҳ хабарнигорон, дипломатҳои хориҷӣ ва тарафдорони Ван Тсюанҷан омада буданд.

Вани 42-сола барои талоши сарнагун кардани қудрат муҳокима мешавад ва дар сурати гунаҳгор эълон шудани ӯ, ба вай ҳукми ҳабси абад таҳдид мекунад. Ван яке аз 200 фаъоли сиёсӣ аст, ки соли 2015 боздошт шуд. Ӯ ба ҳайси ҳуқуқшинос дар ширкати юридикии “Фенгруй” бо таҳқиқи чанд парвандаи ҳассос машғул ва ҳамчун як мунаққиди ҳукумати коммунистӣ ном бароварда буд. Мақомот рӯзи 26 декабр ба ҳамсари Ван Тсюанҷан – Лӣ Вензу иҷоза надоданд, ки дар мурофиаи ҳамсараш иштирок кунад.

Аз замони ҳабси шавҳар, ҳамсараш ҳамеша барои озод шудани ӯ эътирозҳо ташкил кардааст. Барои назорат аз додгоҳ дипломатҳои сафоратҳои ИМА, Шветсия, Бритониё ва Олмон дар назди додгоҳ қарор доштанд. Дархости дипломатҳо ҳам барои роҳ ёфтан ба мурофиа рад шуд. Мурофиаҳои ҳомиёни ҳуқуқ дар Чин маъмулан дар таътили солинавӣ баргузор мешавад, чунки бисёр дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ, ки ба риоя шудани ҳуқуқи башар пойфишорӣ мекунанд, барои таҷлили ид ба ватанҳои худ бармегарданд.

Шумори қурбониёни юриши 8-соатаи ҷангиён дар Афғонистон афзоиш ёфт

24 декабр, маҳалли ҳамлаи ҷангиён

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки шумори қурбониёни як ҳуҷуми чандсоатаи ҷангиён ба сохторҳои ҳукуматии ин кишвар, ки 24 декабр рух дод, ба 43 нафар расид. Сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон Ваҳид Маҷрӯҳ гуфт, ки дар ин ҳодиса 25 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҷангиён шоми он рӯз вазорати кор ва дигар сохторҳои ҳукуматиро ҳадаф қарор доданд.

Юриши ҷангиён баъди он рух дод, ки ҳамлагари маргталабе бо истифодаи маводи мунфаҷира худро дар даромадгоҳи вазорати кор тарконд. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилӣ гуфт, ки дар паи задухӯрдҳои ҳаштсоатаи ҷангиён, 350 коргари ҳукуматӣ наҷот дода шуданд. Ба иттилои Раҳимӣ, се ҳамлагари мусаллаҳ дар ҷои ҳодиса кушта шуд. Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале дар гузашта ҳамлаҳои ҳамсонро афроди марбут ба Толибон ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом додаанд.

Дар ҳамлаи мусаллаҳон як сиёсатмадори покистонӣ кушта шуд

Сӯги сиёсатмадорони покистонӣ дар робита бо қатли ҳамкорашон

Дар Карочӣ афроди ношиноси мусаллаҳ ба ҷониби як сиёсатмадори покистонӣ дар назди хонааш оташ кушоданд. Собиқ узви маҷлис Алиризо Обидии 46-сола ҳамон рӯзи 25 декабр дар паи ҷароҳатҳои сангин дар бемористон даргузашт. Замоне, ки афроди мусаллаҳ ҳамла карданд, Обидӣ дар дохили мошинаш танҳо буд.

Дар ҷасади сиёсатмадор чор тир ошкор шуд. Ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Полис саҳнаи ҳамларо муҳосира карда макони ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Обидӣ, ки дар гузашта раҳбари ҷумбиши “Қавми муттаҳида” будааст, соли 2013 ба узвияти маҷлис интихоб шуда буд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Марги шубҳабарангеҳи сарбози 20-сола дар Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:16 0:00
XS
SM
MD
LG