Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Порошенко ба ҳолати низомӣ дар Украина хотима дод

Президенти Украина Петро Порошенко гуфт, ҳолати низомӣ дар манотиқи марзии ин кишвар хотима меёбад. Ин қарор моҳи ноябр баъди аз ҷониби Русия ғасб шудани киштиҳои низомӣ ва ҳабси даҳҳо низомиёни украинӣ содир шуд. Порошенко дар ҷаласаи мақомоти сохторҳои интизомии кишвар рӯзи 26 декабр дар шаҳри Киев гуфт, ки бар асоси таҳлили вазъи амниятии кишвар ба чунин хулоса расид.

Баъди ҳодисаи аз ҷониби Русия ҳабс шудани низомиёну киштиҳои украинӣ дар гулӯгоҳи Керч, рӯзи 26 ноябр парлумони Украина дархости Порошенкоро дар бораи ҷорӣ кардани ҳолати низомӣ пуштибонӣ кард. Маллоҳон дар боздошти Русия боқӣ мемонанд ва ба онҳо бар асоси моддаи убури ғайриқонуни марзи Русия ҳабси тӯлонӣ таҳдид мекунад. Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА гуфтанд, ки ин амали Русия ғайриқонунӣ аст ва аз Маскав озодии билофосилаи маллоҳон ва киштиҳоро талаб карданд. Вале Русия ин иттиҳомотро қабул надорад.

Соли 2018: навбати омӯзгорони Ҷайҳун барои замин кам нашуд

Ҳоҷӣ Ҳоҷиев, омӯзгори 58-солаи тарбияи ҷисмонӣ дар мактаби миёнаи шумораи 30-и ҷамоати деҳоти “Панҷ”-и ноҳияи Ҷайҳун аст. Дар хонаводаи Ҳоҷиевҳо се нафар омӯзгори мактаб ҳастанд: ӯ, ҳамсараш – омӯзгори математика ва писараш - муаллими таърих. Ҳоҷӣ Ҳоҷиев бо умеди беҳтар шудани шароити зиндагии оилааш чанд соли пеш аз Бартанги Бадахшон ба ноҳияи Ҷайҳун муҳоҷир шуд ва ҳамон замон номашро ба феҳристи довталабони замин номнавис кард. Вале ин масъала то ҳол ҳалли худро наёфтааст ва оилаи Ҳоҷиевҳо дар дохили бинои мактаби миёна зиндагӣ мекунад.

Ӯ гуфт: “Ман ба ҳукумат ариза навиштам, ба навбат гузоштанд, вале гуфтанд, ки ҳоло навбататон нарасидааст. Соли гузашта ба 50 нафар эҳтиёҷманд замин доданд, чанд маротиба рафтам ва хостам, ки масъалаи мо ҳам зудтар ҳал шавад, вале бенатиҷа”.

Ҳоҷӣ Ҳоҷиев бовар дорад, ки ба ҳангоми баррасии масоили дастрасии омӯзгорон ба мактаб бояд заҳматҳои сисолаи педагогии ӯ, ифтихорномаҳои шогирдонаш дар мусобиқаҳо ва дигар хидматҳояш ба инобат гирифта шавад. Ҳоҷиев мегӯяд, ки вақте оилаи ӯ ба Хатлон муҳоҷир шуд, онҳоро “омӯзгорони боимтиёз” меномиданд, вале ин ҳама дар коғаз монд.

Як омӯзгори дигар, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ҳар моҳ аз маошаш 150 сомонӣ барои иҷора сарф мекунад, давоми чандин сол шоҳиди он аст, ки навбаташ барои соҳиб шудан ба қитъаи замин ва сохтмони манзил намерасад.

Дар иҷлосияи 16-уми маҷлиси вакилони халқӣ вилояти Хатлон рӯзи 25 декабр гуфта шуд, ки дар давоми солҳои гузашта садҳо омӯзгори ин вилоят соҳиби қитъаи замин барои сохтмони хона шудаанд.

Замин дар Тоҷикистон моликияти давлат маҳсуб мешавад ва ба хотири кам будани замин барои бунёди манзил, ин барнома таҳти назорати шадид аст. Мақомдороне, ки аз роҳҳои фасод даст ба муомилоти ғайриқонунии замин мезананд, муҷозот мешаванд. Омӯзгорон дар манотиқи дурдаст ба ҳайси кормандони бахши буҷавӣ бар асоси қонун барои гирифтани замин аз ҳисоби давлат ҳақ доранд, вале бо сабаби зиёдии муроҷиат, иҷрои ин барнома солҳо тӯл мекашад.

Ҷаҳонгул Рисушева, як масъули идораи маорифи ноҳияи Ҷайҳун гуфт, бо ин муроҷиати омӯзгорон барои гирифтани замин зиёд аст, вале соли 2018 ба ҳеҷ як омӯзгор қитъаи замин дода нашуд. 26-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соли ҷорӣ ягон омӯзгор барои гирифтани қитъаи замин нагирифтааст, вале беш аз 40 нафар муроҷиат кардаанд, ки соҳиби замин шаванд: “Дар мактабҳо зиндагӣ мекунад, боз иҷоранишин ҳастанд - ҳудуди 20 омӯзгор. Дар соли 2017 ва 2018 касе аз омӯзгорон замин нагирифтааст”.

Дар ноҳияи Ҷайҳун аз 1642 омӯзгор 50 нафарашон дар навбати замин истодаанд.

Эрон бо намояндагони Толибон музокирот доштааст

Алӣ Шамхонӣ

Бино ба гузориши расонаҳои Эрон, мақомоти ин кишвар бо Толибон гуфтугу доштаанд ва ҳукумати Афғонистон аз музокирот бохабар будааст. Хабаргузориҳои “Форс” ва “Тасним” рӯзи 26-уми декабр навиштанд, Алӣ Шамхонӣ, раиси Шӯрои амнияти миллии Эрон дар бораи гуфтугуҳо бо Толибон зимни сафараш ба Кобул суҳбат кардааст.

Хабаргузории давлатии ИРНА аз қавли Алӣ Шамхонӣ навиштааст, музокироти Эрону Толибон дар бораи “фурӯ нишондани мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон” будааст. Алӣ Шамхонӣ гуфтааст, ки ҳукумати Афғонистон аз гуфтугуҳо бо Толибон бохабар аст. Дар бораи макони музокирот чизе гуфта нашудааст.

Блогнависи рус ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

Александр Валов

Додгоҳи Русия Александр Валов, як блогнависи русро бо гуноҳи тамаъҷӯӣ ба 6 соли зиндон маҳкум кард, ҳарчанд худаш мегӯяд, бегуноҳ аст. Муҳокимаи Александр Валов, муассиса ва сардабири БлогСочӣ, ки дигар фаъол нест, рӯзи 26-уми декабр дар додгоҳи ноҳияи Лазарев дар шаҳри Сочӣ баргузор шуд.

Додгоҳ ҳамчунин амр додааст, ки Александр Валов 700 000 рубл ва ё 10 ҳазор доллар ҷарима пардозад. Блогнависи русро моҳи январи имсол бо иттиҳоми талаби 4300 доллар аз Юрий Напсо, вакили Думаи давлатӣ дастгир карданд. Александр Попков, вакили дифои блогнавис ҳукми зиндонро бераҳмона номида ва гуфтааст, ки ҳукм нишон дод, ки додгоҳҳои Русия одилона амал намекунанд.

Дар Чин мурофиаи додгоҳии як ҳомии ҳуқуқи инсон шурӯъ шуд

Дар Чин субҳи 26 декабр мурофаи додгоҳии ҳомии ҳуқуқи башар Ван Тсюанҷан (Wang Quanzhang) шурӯъ шуд. Ин ҳомии ҳуқуқ се сол пеш дар як маъракаи саркӯби фаъолони ҷамъиятӣ боздошт шуд. Соатҳои шурӯи мурофиа дар беруни додгоҳ дар шаҳри Тянзин тахминан бист афсари полис тартиботро назорат мекарданд. Ду фаъоле, ки аз мурофиаи судӣ эътироз доштанд, аз ҷониби полис дур карда шуданд. Барои назорат аз ҷараёни додгоҳ хабарнигорон, дипломатҳои хориҷӣ ва тарафдорони Ван Тсюанҷан омада буданд.

Вани 42-сола барои талоши сарнагун кардани қудрат муҳокима мешавад ва дар сурати гунаҳгор эълон шудани ӯ, ба вай ҳукми ҳабси абад таҳдид мекунад. Ван яке аз 200 фаъоли сиёсӣ аст, ки соли 2015 боздошт шуд. Ӯ ба ҳайси ҳуқуқшинос дар ширкати юридикии “Фенгруй” бо таҳқиқи чанд парвандаи ҳассос машғул ва ҳамчун як мунаққиди ҳукумати коммунистӣ ном бароварда буд. Мақомот рӯзи 26 декабр ба ҳамсари Ван Тсюанҷан – Лӣ Вензу иҷоза надоданд, ки дар мурофиаи ҳамсараш иштирок кунад.

Аз замони ҳабси шавҳар, ҳамсараш ҳамеша барои озод шудани ӯ эътирозҳо ташкил кардааст. Барои назорат аз додгоҳ дипломатҳои сафоратҳои ИМА, Шветсия, Бритониё ва Олмон дар назди додгоҳ қарор доштанд. Дархости дипломатҳо ҳам барои роҳ ёфтан ба мурофиа рад шуд. Мурофиаҳои ҳомиёни ҳуқуқ дар Чин маъмулан дар таътили солинавӣ баргузор мешавад, чунки бисёр дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ, ки ба риоя шудани ҳуқуқи башар пойфишорӣ мекунанд, барои таҷлили ид ба ватанҳои худ бармегарданд.

Шумори қурбониёни юриши 8-соатаи ҷангиён дар Афғонистон афзоиш ёфт

24 декабр, маҳалли ҳамлаи ҷангиён

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки шумори қурбониёни як ҳуҷуми чандсоатаи ҷангиён ба сохторҳои ҳукуматии ин кишвар, ки 24 декабр рух дод, ба 43 нафар расид. Сухангӯи вазорати беҳдошти Афғонистон Ваҳид Маҷрӯҳ гуфт, ки дар ин ҳодиса 25 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҷангиён шоми он рӯз вазорати кор ва дигар сохторҳои ҳукуматиро ҳадаф қарор доданд.

Юриши ҷангиён баъди он рух дод, ки ҳамлагари маргталабе бо истифодаи маводи мунфаҷира худро дар даромадгоҳи вазорати кор тарконд. Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилӣ гуфт, ки дар паи задухӯрдҳои ҳаштсоатаи ҷангиён, 350 коргари ҳукуматӣ наҷот дода шуданд. Ба иттилои Раҳимӣ, се ҳамлагари мусаллаҳ дар ҷои ҳодиса кушта шуд. Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале дар гузашта ҳамлаҳои ҳамсонро афроди марбут ба Толибон ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом додаанд.

Дар ҳамлаи мусаллаҳон як сиёсатмадори покистонӣ кушта шуд

Сӯги сиёсатмадорони покистонӣ дар робита бо қатли ҳамкорашон

Дар Карочӣ афроди ношиноси мусаллаҳ ба ҷониби як сиёсатмадори покистонӣ дар назди хонааш оташ кушоданд. Собиқ узви маҷлис Алиризо Обидии 46-сола ҳамон рӯзи 25 декабр дар паи ҷароҳатҳои сангин дар бемористон даргузашт. Замоне, ки афроди мусаллаҳ ҳамла карданд, Обидӣ дар дохили мошинаш танҳо буд.

Дар ҷасади сиёсатмадор чор тир ошкор шуд. Ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Полис саҳнаи ҳамларо муҳосира карда макони ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Обидӣ, ки дар гузашта раҳбари ҷумбиши “Қавми муттаҳида” будааст, соли 2013 ба узвияти маҷлис интихоб шуда буд.

Попи Рум дар табрикоти идонааш ба сулҳ дар Сурияву Яман даъват кард

Ватикан, 25 декабр

Попи Рум дар табрикоташ ба муносибати Милоди Масеҳ шоми 25 декабр ба сулҳ ва роҳҳалҳои сиёсии низоъҳои мусаллаҳона дар Сурияву Яман ва дигар нуқоти доғ даъват кард. Попи Рум Франсис бо паёми идонааш, ки «Барои шаҳр ва мардум» ном дорад, дар баробари ҳазорҳо мардуми ҷамъшуда дар майдони Петри Муқаддас баромад кард. Дар идомаи табрикоташ попи Рум хостори сулҳ дар сарзаминҳои Сурия, Яман, нимҷазираи Корея, Украина, Венесуэла ва Никарагуа шуд. Инчунин ӯ ба оштии миёни исроилиҳову фаластиниҳо даъват кард.

Падаре, ки баъди марги писар эътироз кард, боздошт шуд

Давор Драгичевич

Полис дар Боснияву Ҳерсоговина мардеро боздошт кард, ки дар ҷустуҷӯи ҳақиқати куштори писараш эътирозҳои чандинмоҳа ташкил кард. Полис рӯзи 25 декабр Давор Драгичевичро дар шаҳри Банйя Лука, пойтахти Ҷумҳурии Серпска боздошт кард. Ҳамроҳ бо ӯ чанд тани дигар, аз ҷумла, собиқ ҳамсараш ҳам дастгир шудаанд. Ҳуқуқшиноси хонаводаи Драгичевич гуфт, ки дар ҷараёни боздошт ин мард осеб дид, вале полис ин иттиҳомро рад мекунад. Наворҳои видеоии пахшшуда дар шабакаҳои интернетӣ саҳнаи даргирии полис бо шаҳрвандони мулкӣ дар майдони марказии Банйя Лукаро ба намоиш гузоштаанд. Ҳайати Иттиҳодияи Аврупо дар умури Босния бо пахши изҳороте гуфт, ки таҳаввулотро пайгирӣ мекунад. Дар изҳорот дар заминаи поймол шудани қонун изҳори нигаронӣ шудааст.

Баъди боздошти Драгичевич бархе мардум бо полис задухӯрд карданд
Баъди боздошти Драгичевич бархе мардум бо полис задухӯрд карданд

Драгичевич баъди марги писараш Давид Драгичевич дар моҳи марти имсол ҳаракати “Адолат барои Давид”-ро роҳандозӣ кард. Ҷасади беҷони Давид як ҳафта баъди нопадид шуданаш дар обҳои дарёчаи маҳаллӣ пайдо шуд. Падар мегӯяд, ки писараш рабуда, шиканҷа ва кушта шудааст. Полис гуфтааст, ки дар хуни ҷавон нишонаҳои алкогол ва маводи мухаддир ошкор шудааст.

Вале падар пойфишорӣ дорад, ки “қатли писарашро вазорати умури дохилӣ ташкил кардааст”. Мақомоти Сараево ва Банйя Лука ин иттиҳомотро комилан рад мекунанд.

Баъди боздоштҳои 25 декабр, полис макони гиромидошти хотири Давид Драгичевичро, ки аз ҷониби мардум сохта шуда буд, пок кард. Дар лавҳаи хотираи худсохт сокинони оддӣ гулу шамъ гузошта буданд.

Боснияву Ҳерсоговина ба ду минтақаи маъмурӣ тақсим шудааст – сербӣ ва мусалмониву хорватӣ. Ин тақсимот баъди ҷанги сесолаи солҳои 1992-95 бар асоси созиш миёни сербҳо, босниягиҳои мусалмон ва хорватҳо ҳосил шудааст. Ҳукумати марказиро намояндагони ҳамаи ин гурӯҳҳо идора мекунанд. Бо ин вуҷуд, дар беш аз ду даҳсолаи баъди оташбасу имзои созишномаи сулҳ, ихтилофу таниш дар равобити байни душманҳои собиқ аз байн нарафтааст. Дар ин ҷангҳо 100 ҳазор нафар кушта шудааст.

Русия таҳримҳои зидди Украинаро тавсеа дод

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев феҳристи шахсият ва ҳадафҳои мавриди таҳрим дар Украинаро тавсеа дод. Дар як навиштааш дар саҳифаи Twitter рӯзи 25 декабр Медведев гуфт, ки “ба хотири ҳимоя аз манфиатҳои давлат, ширкатҳо ва шаҳрвандони Русия” қарори нав дар заминаи ҷорӣ кардани таҳримҳоро имзо кард. Ба феҳристи навшуда 200 шахсият ва сохторҳои иловагӣ шомил шудаанд, ки исми онҳо нашр намешавад. Рӯзи 1 ноябр Русия тадбирҳои вижаи иқтисодиро зидди 322 шаҳрванд ва 68 ширкати украинӣ ҷорӣ кард. Таҳримҳо масдуд кардани ҳисобҳои бонкӣ ва дигар дороиҳои украиниҳо дар хоки Русия, интиқоли пул аз Русия ва дигар тадбирҳоро дар назар мегирад. Дар миёни таҳримшудаҳо вазири умури дохилӣ Арсений Аваков, раиси хадамоти амният Васил Ҳритсак, нахуствазирони собиқ Юлия Тимошенко ва Арсений Ятсенюк, раҳбари тоторҳои Қрим Мустафо Ҷамилев ва дигарҳо мебошанд. Қарори таҳрими ин шахсиятҳоро 22 октябр президент Владимир Путин имзо кардааст.

Эълони "Се соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"

Солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон "Се соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабр дар паёми солонаи худ ба порлумони Тоҷикистон ҳадаф аз ин тасмимро, рушди деҳоти кишвар ва ҳамчунин ҷалби сайёҳон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ унвон кард.

Соли 2018 дар Тоҷикистон "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон шуда буд. Ҳукумат ба ҳадафи рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби ҷаҳонгардон, сохтори наверо бо номи Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дод. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ гуфт, ки шумораи сайёҳон дар соли 2018 назар ба соли қаблӣ дувуним баробар афзоиш ёфт.

Дар Чин марде бо автобус ба анбуҳи пиёдагардон ҳамла кард

Дар шаҳри Луняни Чин 25 декабр шахси номаълуме як автобусро рабуда, анбуҳи пиёдагардонро пахш кард. Дар натиҷа панҷ кас ҷон бохта, 20 тани дигар захмӣ шуданд.

Пулис мегӯяд, мардеро бо корд дар маҳалли ҳодиса дастгир кард ва ҳоло санҷиши қазия идома дорад. Дар бораи сабабҳои ҳамла феълан чизе гуфта намешавад.

Моҳи апрели соли равон ҳодисаи ҳамсон дар Канада рух дода буд. Ронанда бо мошини боркаш дар Торонто ба анбуҳи одамон ҳамла кард, ки 10 кушта бар ҷой гузошт.

Ҳодисаҳои ҳамсон - ҳамла бо мошини боркаш ба анбуҳи пиёдагардон дар шаҳрҳои дигар низ рух додаанд:

июли 2016 – Нитса (86 кушта),

декабри 2016 – Берлин (12 кушта),

январи 2017 – Байтулмуқаддас (5 кушта),

апрели 2017 – Стокҳолм (4 кушта),

июни 2017 – Лондон (8 кушта),

августи 2017 – Барселона (13 кушта),

ноябри 2017 – Ню-Йорк (8 кушта).

Дар мактабҳои Узбекистон навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шуд

Дар мактабҳои Узбекистон аз 10 декабр то 15 январи соли равон дар се баст навбатдорӣ ташкил карда шудааст. Ба гуфтаи омӯзгорон, навбатдориро ба хотири таъмини амният дар рӯзҳои ҷашни солинавӣ роҳандозӣ карданд. Як омӯзгор аз вилояти Ҷиззахи Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, бонувони омӯзгор рӯзона ва мардон шабона навбатдорӣ мекунанд.

"То ҷое медонам, ин гуна ҳолат дар тамоми мактабҳо ҳаст. Навбатдории шабонарӯзӣ аз 10 декабр оғоз шудааст. Мо мардон аз соати 8-и бегоҳ то 8-и субҳ меистем. Ду басти дигар, 6-соатӣ рӯзона меистанд. Бонувонон рӯзона навбатдоранд", - афзуд.

Омӯзгори яке аз мактабҳои ноҳияи Хоҷайлии Қарақалпоқистон мегӯяд, барои навбатдорӣ маош намегиранд. "Аз ҳама дида барои мардони омӯзгор мушкил аст. Шаб навбатдорӣ мекунанд ва рӯз кор мебароянд. Ин меҳнати иҷборӣ аст ва ҳеч маблағе ҳам намегирем. Ин нақзи Кодекси меҳнат аст ва ягон кас ҳам тафтиш намекунад", - изҳор дошт ӯ.

Ҳамкорони мо муайян карданд, ки навбатдории шабонарӯзӣ дар тамоми мактабҳои Узбекистон роҳандозӣ шудааст. Як масъули Идораи маорифи Ҷиззах низ ин хабарро тасдиқ кард. Дар Вазорати маорифи Ӯзбекистон гуфтанд, ки дар бораи ташкили навбатдориҳои шабонарӯзӣ дар мактабҳо хабар надоранд.

"Вазорат ин гуна дастур надодааст. Агар омӯзгоронро маҷбур доранд, бигзор ба воситаи рақамҳои боварии 1006 занг зананд ва ё ариза бинависанд. Вазорат барои омӯзиши меҳнати иҷборӣ ва ҷамъоварии пул коллегияи махсусеро ташкил кардааст. Агар омӯзгорон шикоят кунанд, мо онро хоҳем омӯхт", - гуфт як масъули хадамоти матбуотии вазорат.

Нафаре, ки ҷойгузини Хоманеӣ номбар мешуд, даргузашт

Шаҳрудӣ дар бемористони Олмон

Рӯҳонии саршиноси Эрон ва раиси пешини Вазорати адлия Оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошими Шаҳрудӣ баъди бемории тӯлонӣ дар Теҳрон даргузашт. Дар ин бора телевизиони давлатии Эрон рӯзи 24 декабр хабар дод.

Шаҳрудии 70 сола моҳи январ дар Олмон табобат мегирифт ва дар ҳоле ба Теҳрон баргашт, ки фаъолон аз додситонии Олмон тафтиши қарорҳои эъдомро, ки Шаҳрубӣ қабул карда буд, дархост карданд. Фаъолон нақши ӯро дар қарорҳои эъдом ҷиноят алайҳи башарият унвон мекунанд.

Ӯ шахси наздик ба Оятуллоҳ Алӣ Хоманеӣ ва аз ҷойгузинҳои эҳтимолии Раҳбари Олӣ унвон мешуд.

Шаҳрудӣ солҳои 1999 то 2009 раҳбари Вазорати адлияи Эрон буд. Ҳарчанд Шаҳрудӣ баъзе ислоҳлот, аз ҷумла ҳукми қатл тавассути сангсорро мамнуъ кард, аммо фаъолони ҳуқуқ ӯро ба боздоштҳои ғайриқонунии фаъолон ва азобу шиканҷаи зиндониҳо муттаҳам мекунанд.

Соли 2017 Хоманеӣ ӯро ба мақоми раиси Шӯрои нозирон - миёнҷии баҳсҳои байни қонугузорон ва Шӯрои нигаҳбон таъин кард.

Шаҳрудӣ дар Наҷаф аз падару модари эронӣ ба дунё омад. Ӯ соли 1970 аз тарафи нерӯҳои амниятии диктатори Ироқ Саддом Ҳусейн зиндонӣ ва шиканҷа шуда буд.

Теъдоди қурбониҳои сунами дар Индонезия ба 429 нафар расид

Индонезия - минтақае, ки аз сунамӣ осеб дид

Теъдоди қурбониҳои сунамӣ дар гулӯгоҳи Зонда афзоиш ёфта, мақомоти маҳаллӣ рӯзи 25-уми декабр марги 429 нафарро тасдиқ карданд. Як ҳазору чорсад нафар захмӣ буда, 128 нафар нопадид шудааст.

Офати табии шаби якшанбе дар тангнои Зонда, ки ҷазираҳои Ява ва Суматраро аз ҳам ҷудо мекунад, ба вуқуъ пайваст. Зилзиласанҷҳо мегӯянд, ки мавҷҳои бузургро оташфишонии вулқони Анак-Кракатау баланд кард.

Гурӯҳҳои наҷот бо ҳадафи пайдо кардани зиндаҳо оворҳоро кофтукоб мекунанд. Президенти Индонезия аз макони офати табиӣ дар вилоятҳои Лампунг ва Бантенд боздид кард. Ӯ гуфт, мақомот имкон надоштанд мардумро аз ин хатар огоҳ кунанд.

Сунамӣ дар тангнои Зонда чанд рӯз пеш аз солгарди фоҷеаи соли 2004 рух дод. 26-уми декабри он сол дар пайи заминларза ва боло шудани мавҷҳои бузург дар чанд кишвар, бо шумули Индонезия, 230 нафар ҷон бохт.

Биноба суқути бозори бурс Трамп эҳтимол вазири молияро барканор мекунад

Трамп ва Мнучин

Дар пасманзари сарозер шудани шохисҳои аслии ИМА дар бозорҳои бурс, президент Доналд Трамп имкони барканор шудани вазири молия Стивен Мнучинро баррасӣ мекунад.

Дар ин бора Bloomberg рӯзи 24-уми декабр хабар дод. Гуфта мешавад, ки раҳбари Кохи Сафед қарори барканории вазирро вобаста ба вазъ дар бозори бурс қабул хоҳад кард. Аз ҷумла, будани Мнучин дар ҳукумат акнун ба чигуна коҳиш ёфтани шохисҳои аслӣ бастагӣ хоҳад дошт.

Рӯзи душанбе шохиси DowJones дар бозорҳои ҷаҳонӣ 2,9 дар сади арзишашро аз даст дод, S&P то 2,7 дар сад коҳиш ёфт ва рӯзи сешанбе қиммати нафт низ рӯ ба камшавӣ овард. Ба гуфтаи як идда таҳлилгарон, моҳи декабри соли 2018 аз соли 1993 бадтарин марҳила барои бозори бурси ИМА буд.

Вазъи феълии бозори бурс ба қарори Бонки марказии Амрико бастагӣ мегирад, ки қимати баҳраро дар як сол чаҳор дафъа боло бурд. Ба ғайри ин, коҳиш аз номуайянӣ дар бозорҳои бурс аз қисман қатъ шудани фаъолияти ҳукумати ИМА маншаъ мегирад.

Доналд Трамп натавонист дар масъалаи буҷаи давлатӣ бо демократҳои Конгресс забон ёбад ва идораҳои ҳукуматӣ бинобар набудани сармоя корро қатъ карданд.

Даҳҳо кушта аз ҳамлаи ҷангҷӯён ба идораи давлатӣ дар Афғонистон

Пулиси Афғонистон дар саҳнаи ҳамлаи рӯзи 24 декабр

Дар натиҷаи як ҳамла ба бинои ҳукуматӣ дар шарқи шаҳри Кобул, ки рӯзи 24-уми декабр рух дод, дастикам 43 нафар кушта шуд. Ба гуфтаи Вазорати тандурустии Афғонистон дар ҳамла 25 нафар захм бардошт.

Дар биное, ки ба он ҳамла шуд, Вазорати кори Афғонистон ва чанд идораи давлатӣ ҷойгир аст. Ҷангҷӯён дар ҳоле ба бино ҳамла карданд, ки қабл аз он як интиҳорӣ худро дар даромадгоҳ тарконд кард ва мардум рӯ ба фирор оварданд.

Ба гуфтаи ноиби сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Нусрат Раҳимӣ, баъди даргирии ҳаштсоата бо ҷангҷӯён 350 нафар, ки дар бино буд, наҷот ёфтанд. Се ҳамлагар аз тири нерӯҳои амниятӣ кушта шуд. Намояндаи Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, чанд асири дигар дар дасти гаравгирон боқӣ монда, амалиёти озодсозии онҳо идома дорад.

Масъулияти ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

​Ҳамлаи мусаллаҳонаи рӯзи 24-уми декабр 22-юмин ҳодисаи хунини Кобул аз моҳи январи имсол ба ин сӯ аст. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо беш аз 500 кас ҷон дода, зиёда аз ҳазор нафари дигар захмӣ шуданд.

Намояндаи Амрико 20-уми декабр тасмими президент Доналд Трампро барои ихроҷи 5 ҳазор низомии амрикоӣ аз Афғонистон расман эълон кард. Ин хабар пас аз он нашр шуд, ки Трамп гуфт, ду ҳазор низомии кишвараш Сурияро тарк мекунанд.

Писари афсари пешини КГБ мегӯяд, расми 15-миллионии Рембрандт моли ӯст

Рембрандт

Додгоҳи шаҳри Тошканд рӯзи 25-уми декабр даъвои писари афсари пешини КГБ Андрей Плужниковро баррасӣ хоҳад кард, ки мегӯяд, "соҳиби воқеии расми Рембрандт аст".

Додгоҳи ноҳияи Яккасаройи Тошканд 21-уми ноябр Комил Юлдошевро 52 миллион сӯм (беш аз $6 ҳазор) ва Рафаэл Фузайловро 34 миллион сӯм ($4 ҳазор) барои ҳаннотии асари марбут ба Рембрандт ба нафъи давлат ҷарима кард.

Андрей Плужников, муҳандиси 50-сола аз Тошканд мегӯяд, расми "15-миллионевроии Рембрандт ба ӯ тааллуқ дорад ва ӯ аз ҳуқуқаш дар додгоҳ ҳимоят хоҳад кард". Ба қавли Плужников, расм 50 сол дар хонаи онҳо нигаҳдорӣ мешуд. "Молики ягонаи ин расм ман ҳастам", - афзуд ӯ.

"Расм ба падари ман тааллуқ дорад, ки аз соли 1953 дар Кумитаи амнияти давлатии Узбекистон кор кардааст. Он аз падарам ба ман мерос мондааст. Расмро соли 2014 ба Комил Юлдошев, ки бо хариду фурӯши асарҳои ҳунарӣ машғул буд, додам, то дар музоядаи ҷаҳонӣ 12 миллион евро фурӯшад. Вале Юлдошев расмро гирифта, ғайб зад", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Плужников, ӯ соли 2014 ба Вазорати умури дохилӣ ва додситонии Узбекистон шикоят кард ва дар натиҷа парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 14 июни имсол расмро аз бағочи Рафаэл Фузайлов, ки мехост аз Тошканд ба Исроил сафар кунад, пайдо карданд. "Қурбонии ин ҷиноят шудам, вале ҳоло мақоми шоҳидро касб кардаам", - афзуд вай.

Сухангӯи Вазорати фарҳанги Узбекистон Мавлуда Аскархоҷаева гуфт, коршиносони Sotheby's бо дархости онҳо ба Тошканд рафта, наққоширо аз ташхис гузарондаанд. "Бар пояи хулосаи ташхиси онҳо, расм 15 миллион евро арзиш дорад ва он моликияти Узбекистон шумурда мешавад", - афзуд Аскархоҷаева.

Вале ба гуфтаи Плужников, "мақомоти Узбекистон мехоҳанд, расмро мусодира кунанд ва бинобар ин, дуруғ мегӯянд". "Бар пояи қоида, давлат бояд расмро аз ман бихарад", - мегӯяд ӯ.

Парвандаи мусодираи асари ҳунарӣ таҳти назорати Додситонии кулли Узбекистон қарор дорад.

Чеченҳои "ҳамҷинсгаро" аз пушти сарашон парронда шуданд

Сокинони Чеченистон Шото-Шамил Акаев ва Аюб Иброҳимов, ки дар "маҳбаси пинҳонӣ" барои "ҳамҷинсгароҳо" дар қаламрави ҷумҳурӣ нигаҳдорӣ мешуданд, 30-юми марти соли 2017 аз фосилаи наздик, аз паси сарашон парронда шуданд.

Дар ин бора нашрияи "Новая Газета" чопи Маскав, рӯзи 23-юми декабр бо такя ба гузориши пизишки қонунӣ хабар дод, ки ҳангоми таҳқиқи Кумитаи тафтишот дарёфт шуд. Кушташудаҳо бо худ чизе надоштанд, аммо фарзияи расмӣ мегӯяд, ки онҳо ҳангоми ҳамла ба ходимони пулис ҳадафи тир қарор гирифтанд.

Бозҷӯии Кумитаи тафтишот бо дархости шаҳрванди Русия, сокини водии Перм Максим Лапунов оғоз шуд, ки ду сол дар Чеченистон зиндагӣ кардааст.

Моҳи октябри соли 2017 ходимони пулиси маҳаллӣ Лапуновро боздошт карда, ба Идораи ҷустуҷӯи ҷиноӣ бурданд ва ду ҳафта ғайриқонунӣ дар таҳхонае нигаҳ доштанд. Лапунов мегӯяд, ӯро барои ҳамҷинсгаро буданаш латту кӯб ва талаб карданд исми чеченҳоеро ошкор кунад, ки бо онҳо ҳамхоба шуда буд. Ӯ дар аризааш ҳамчунин навишт, ки дар таҳхона Акаев ва Иброҳимовро дид.

Тафтишот маълум кард, ки Акаев ва Иброҳимов 6-уми феврали соли 2017 боздошт ва баъди якуним моҳ парронда шуданд.

Рӯзи панҷшанбеи гузашта гузориши нақзи ҳуқуқи инсон дар Чеченистон ба Шӯрои САҲА пешниҳод шуд. Яке аз бандҳои гузориш маъракаи зидди "ҳамҷинсгароҳо"-и чечен буд. Дар ду мавҷи таъқиб садҳо нафар боздошт шуд. Машкук шудан ба тамоюли ҷинсии нафаре ягона асос барои саркӯб кардан буд. Ҳамаи боздоштшудаҳо дар "маҳбаси махфӣ" ҷойгир шуданд. Онҳоро латту кӯб, таҳқиқ ва шиканҷа карданд. Далели содир шудани ҷиноят дар гузориш сабт шудааст.

Дар ин гузориш ҳамчунин рафтори ғайримаъмулии мақомоти Русия нисбат ба ин маърака ва бетамоюлӣ барои тафтиши ин қазияҳо зикр шудааст.

Сарфи назар аз маъракаи густардаи муҷозоти гумонбарҳои ҳамҷинсгароӣ Лапунов танҳо нафарест, ки ба мақомоти тафтишот расман шикоят бурд. Ягон нафар аз чеченҳо дар ин бора ба мақомоти Русия шикоят накарданд. Танҳое онҳоее, ки тавонистанд фирор кунанд, бо ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Татяна Москалкова мулоқот карданд. Онҳо омода буданд бо тафтишот ҳамкорӣ кунанд. Аммо сарфи назар аз муроҷиати расмии Москалкова ба Кумитаи тафтишоти Русия ҳеҷ чорае барои боз кардани парванда дида нашуд.

Туркия ба марзи Сурия нерӯи бештар фиристод

Сарбози Туркия дар гузаргоҳи марзӣ бо Сурия

Туркия ба марзи Сурия нерӯи изофӣ фиристод. Дар ин бора рӯзи 24-уми декабр расонаҳои Туркия хабар доданд. Ба навиштаи расонаҳо, нерӯи изофӣ аз сарбозон ва техникаи низомӣ иборат аст, ки ба минтақаи ҷанубу шарқи Туркия - вилояти Килиси ҳаммарз бо Сурия интиқол ёфт.

Ба навиштаи Нашрияи Hurriyet-и Туркия, қисме аз нерӯҳои ирсолшуда ба минтақаи шимоли Сурия - ноҳияи Ал-Боб ворид шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи расонаҳо, мухолифони мусаллаҳи Сурия, ки аз ҷониби Туркия ҳимоят мешаванд, дар наздикии шаҳри курднишини Манбиҷ дар шимоли Сурия ҷамъ шудаанд.

Манбиҷ дар ихтиёри нерӯҳои мухолифи курдии "Отряди мудофиаи мардумӣ" қарор дорад, ки ин нерӯҳоро Амрико ҳимоят мекунад. Анкара "Отряди мудофиаи мардумӣ"-ро дар ҳамдастӣ бо курдҳои шӯришии Туркия айбдор ва ҷангҷӯёни ин отрядро террорист унвон мекунад.

Ҳафтаи гузашта президенти ИМА Доналд Трамп ғайриинтизор эълон кард, ки артиши Амрико аз Сурия хориҷ мешавад.

Додситонҳо барои мудирони пешин Telia ҷазои сахт талаб карданд

Додгоҳи Стокҳолм

Додситонҳои Шветсия 19 декабр дар додгоҳи Стокҳолм, ки парвандаи мудирони пешини Telia-ро баррасӣ мекард, барои айбдоршавандаҳо ҷазои аз ҳама сахттарро талаб карданд.

Баррасии парвандаи фасодкории мудирони пешини ширкати Telia ҳудуди чаҳор моҳ пеш, 4 сентябр дар додгоҳи Стокҳолм оғоз шуда, 19 декабр ба поён расид.

Дар курсии айбдорӣ се роҳбари пешини ширкати Telia - мудири пешини иҷроия Ларс Нюберг, мудири пешини молӣ ва ноиб-президенти пешин Теро Кивисаарӣ, инчунин мушовири пешини асосӣ дар умури тиҷорати Авруосиё Улӣ Туима нишастаанд.

Ҳар сеи онҳо ба он айбдор мешаванд, ки гӯиё ба хотири ворид кардани ширкати Telia бо бренди маҳаллии Ucell ба бозори Узбекистон ва "ҳимоят" шудан аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ ба духтари калонии президенти пешини ин кишвар Гулнора Каримова 350 миллион доллар пора додаанд.

Додситонҳо дар мурофиаи ахир гуфтанд, Теро Кивисаарӣ, ки раванди воридшавии Telia-ро ба бозори алоқаи Узбекистон раҳбарӣ мекард, яке аз чеҳраҳои калидӣ дар нақшаи фасодкории мазкур аст. Айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас хост, ӯро 7 солу 9 моҳ аз озодӣ маҳрум кунад.

Қонунҳои Шветсия барои ҷиноятҳои коррупсионӣ аз 6 моҳ то 6 соли зиндонро пешбинӣ мекунанд.

Додситонҳо ҳамчунин барои ду мудири пешини дигари ширкат -- Ларс Нюберг ва Улӣ Туима низ ҳукми зиндонро талаб кардаанд. Бино ба хабарҳо, барои ин ду тан ҳукми камтар аз Кивисаарӣ дархост шудааст.

Дар Узбекистон низ Каримоваро ба ҷиноятҳои молӣ дар ҳаҷми 53 миллион доллар айбдор мекунанд. Додгоҳи Тошканд ӯро ба саркашӣ аз супурдани андоз, дуздӣ, тамаъҷӯӣ ва маҳви ҳуҷҷати ширкатҳои оффшорӣ, ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Консулгарии Чин дархости наздикони "маҳбусони Шинҷон"-ро қабул накард

Қазоқистон - Ризбек Тохтасин нома ба консулгарии Чинро қироат мекунад. 24 декбар, 2018

Дар шаҳри Алмато як гуруҳи фаъолони иттиҳодияи ҷамъиятии "ал-Амонат" рӯзи 24 декабр дар назди бинои консулгарии Чин ҷамъ шуданд, то дархостномаеро бо имзои 26 қазоқтабор, ки аз минтақаи Шинҷон баргаштаанд, ба намояндагии Чин супоранд.

Фаъолон мегӯянд, наздикони онҳо дар Чин боздошт шудаанд. Муаллифони нома аз Пекин қатъи таъқибу раҳоии наздиконашонро талаб кардаанд. Вале масъулони консулгарии Чин аз қабули нома худдорӣ карда, гуфтанд, муаллифон аллакай шаҳрвандии Қазоқистонро қабул кардаанд ва минбаъд бояд ба Вазорати умури хориҷии ин кишвар муроҷиат кунанд.

Раҳбари иттиҳодия Рисбек Тохтасин мегӯяд, пештар номаи ҳамсонеро ба Вазорати умури хориҷии Қазоқистон фиристода буданд ва ҳоло мехоҳанд, як номаи дигарро ба масъулони консулгарии Чин диҳанд.

"Ал-Амонат" соли 2007 таъсис ва дар Вазорати адлияи Қазоқистон сабти ном шудааст. Ба гуфтаи Тохтасин, иттиҳодия бо ҳадафи кумак ба қазоқҳои бозгашта аз Чин таъсис ёфтааст.

Дар бораи боздошту ҳабси қазоқтаборон дар Чин аз соли гузашта ба ин сӯ хабар дода мешавад. Қазоқистониҳое, ки наздиконаш дар Чинанд, нишастҳои нишастҳои хабарӣ баргузор карда аз Остона ва Пекин раҳоии хешу пайвандони худро дархост мекунанд. Пекин боздошти дастаҷамъии ақалиятҳоро рад мекунад. Мақомоти Чин фаъолияти "урдугоҳҳо"-и минтақаи Шинҷонро тасдиқ мекунанд, вале онҳоро "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ" меноманд, ки гӯиё "барои пешгирӣ аз вуруди экстремизми динӣ ба минтақа" ташкил шудаанд.

Баррасии парвандаи куштори Денис Тен дар Қазоқистон оғоз шуд

Додгоҳи куштори Денис Тен. 25 декабри соли 2018

Додгоҳи шаҳри Алмато субҳи 25 декабр баррасии парвандани куштори варзишгари маъруф Денис Тенро оғоз кард.

Дар курсии айбдорӣ се ҷавон Ормон Қудойбердиев, Нуралӣ Киясов ва Жанар Толибоева нишастаанд. Қудойбердиев ва Киясов дар "авбошӣ" ва "куштор" айбдор мешаванд. Толибоеваро ба он айбдор мекунанд, ки дар бораи куштор ба мақомот хабар надодааст.

Модари Денис – Оксана Тен, ки дар мурофиа ҳузур дошт, акс наворгирии худро манъ кард. Гумонбарон низ гуфтанд, зидди наворгирӣ ҳастанд ва додрас ҳам дархости онҳоро пазируфт.

Парванда аз 38 ҷилд иборат аст. Расонаҳо дар бораи ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи куштори варзишгар рӯзи 14 декабр хабар дода буд.

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов 25 октябри соли равон хабар дода буд, ки тафтиши ин парванда ба поён расидааст.

Варзишгари маъруфи қазоқ ва барандаи ду медали чемпионати ҷаҳон, аз ҷумла бозиҳои олимпии шаҳри Сочии Русия Денис Тени 25-сола 19 июли соли ҷорӣ дар бемористони шаҳри Алмато вафот кард. Ӯ бо чанд захми корд ба бемористон интиқол ёфта буд. Ба ӯ афроде ҳамла карданд, ки мехостанд, шишаи мошинашро ба яғмо баранд.

"Ифтихори Узбекистон" борои истифодаи допинг муваққатан аз бозиҳо маҳрум шуд

Нахустин қаҳрамони ҷаҳони Узбекистон, соҳиби унвони "Ифтихори Узбекистон" Руслан Нуриддинов бо гумони истифодаи допинг муваққатан аз иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ маҳрум шуд.

Тавре Федератсияи байналхалқии варзиши вазнин (IWF) хабар медиҳад, баъди дубора санҷидани варзишкорон, ки ҳангоми Олимпиадаи Лондон дар соли 2012 баргузор шуда буд, натиҷаҳои Руслан Нуриддинов мусбат баромаданд. Санҷиши дубораи Руслан Нуриддинов нишон дод, ки вай аз доруҳои нерӯафзо истифода кардааст.

Руслан Нуриддинов дар Лондон дар вазни 105 кг. мақоми чаҳорумро соҳиб шуд. Нуриддинов ҳамзамон қаҳрамони олимпии Рио-де-Женейро ва барандаи медали тилои Қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2013 аст.

Вай нахустин варзишкори Узбекистон аст, ки унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар мусобиқаи Лаҳистон дар октябри соли 2013 соҳиб шудааст. Баъди он мусобиқа ӯро "Ифтихори Узбекистон" ҳам номиданд.

Пештар аз ин Кумитаи байналхалқии Олимпӣ ҳангоми бозтафтиши допинг медалҳои олимпии ду варзишкори ӯзбекистонӣ - Сослан Тигиев (нуқра) ва Артур Таймазовро (тило) бекор кард.

Дар Русия аъзои “Ҳизб-ут-Таҳрир” ба зиндон маҳкум шуданд

Мурофиаи додгоҳии чаҳор тотори Қрим. Симферопол, соли 2016

Додгоҳи низомии Қафқози Шимолӣ чор тотори Қримро барои ширкат дар фаъолияти созмони мамнӯи “Ҳизб-ут-Таҳрир” гунаҳгор эълон кард. Маҳкумшудаҳо барои роҳандозии фаъолияти ин созмони мамнӯъ дар қаламрави шаҳри Боғчасарои минтақаи Қрим муҷрим дониста шуданд.

Додгоҳ ин нафаронро инчунин дар талоши ғасби қудрат гунаҳгор кард. Бар асоси қарори додгоҳ аз рӯзи 24 декабр, Ремзӣ Меметов, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, ҳамроҳ бо Рустам Абилтаров ва Зеврӣ Абсеитов ба 9 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуданд. Энвер Мамутов, ки ӯро муассиси гурӯҳи “Ҳизб-ут-Таҳрир” дар Боғчасарой номиданд, ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Ин се нафар ба Қрим аз Узбекистон рафтаанд.

Чор маҳкумшуда ба узвияти созмони мамнӯи динӣ соли 2016 боздошт шуданд. Баъди ғасби нимҷазира дар соли 2014, мақомоти Русия дар қаламрави ин минтақа дар манзили тоторҳои Қрим санҷишу тафтишҳо барпо карданд.

Тафтишот гуфт, ки Мамутов ҳамроҳ бо дигар маҳкумшудаҳо нақшаи барканор кардани ҳукуматро таҳия мекард. Антон Наумлюк, хабарнигори Радио Свобода, ки дар мурофиа ширкат кард, мегӯяд, ки иттиҳоми додситонҳо бар асоси шаҳодати се шоҳиди махфӣ ва як санҷише таҳия шудааст, ки бо фармоиши ФСБ баргузор шуд.

Ҳамаи маҳкумшудаҳо иттиҳоми воридаро эътироф накарданд ва гуфтанд, ки ҳеҷ гоҳ ба созмони террористӣ рабте надоштанд. Онҳо мехоҳанд, ки аз болои ҳукми додгоҳ ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят кунанд. Барои пуштибонии ин чор нафар ба додгоҳ даҳҳо тоторҳои Қрим омаданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Кор аз дохили хона. Соҳибхоназанҳо ҳунари комютеру интернетро азхуд карданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:24 0:00
XS
SM
MD
LG