Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дар Русия аъзои “Ҳизб-ут-Таҳрир” ба зиндон маҳкум шуданд

Мурофиаи додгоҳии чаҳор тотори Қрим. Симферопол, соли 2016

Додгоҳи низомии Қафқози Шимолӣ чор тотори Қримро барои ширкат дар фаъолияти созмони мамнӯи “Ҳизб-ут-Таҳрир” гунаҳгор эълон кард. Маҳкумшудаҳо барои роҳандозии фаъолияти ин созмони мамнӯъ дар қаламрави шаҳри Боғчасарои минтақаи Қрим муҷрим дониста шуданд.

Додгоҳ ин нафаронро инчунин дар талоши ғасби қудрат гунаҳгор кард. Бар асоси қарори додгоҳ аз рӯзи 24 декабр, Ремзӣ Меметов, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, ҳамроҳ бо Рустам Абилтаров ва Зеврӣ Абсеитов ба 9 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуданд. Энвер Мамутов, ки ӯро муассиси гурӯҳи “Ҳизб-ут-Таҳрир” дар Боғчасарой номиданд, ба 17 соли зиндон маҳкум шуд. Ин се нафар ба Қрим аз Узбекистон рафтаанд.

Чор маҳкумшуда ба узвияти созмони мамнӯи динӣ соли 2016 боздошт шуданд. Баъди ғасби нимҷазира дар соли 2014, мақомоти Русия дар қаламрави ин минтақа дар манзили тоторҳои Қрим санҷишу тафтишҳо барпо карданд.

Тафтишот гуфт, ки Мамутов ҳамроҳ бо дигар маҳкумшудаҳо нақшаи барканор кардани ҳукуматро таҳия мекард. Антон Наумлюк, хабарнигори Радио Свобода, ки дар мурофиа ширкат кард, мегӯяд, ки иттиҳоми додситонҳо бар асоси шаҳодати се шоҳиди махфӣ ва як санҷише таҳия шудааст, ки бо фармоиши ФСБ баргузор шуд.

Ҳамаи маҳкумшудаҳо иттиҳоми воридаро эътироф накарданд ва гуфтанд, ки ҳеҷ гоҳ ба созмони террористӣ рабте надоштанд. Онҳо мехоҳанд, ки аз болои ҳукми додгоҳ ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят кунанд. Барои пуштибонии ин чор нафар ба додгоҳ даҳҳо тоторҳои Қрим омаданд.

Тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Индонезия. ВИДЕО

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо офати табиии пурқурбонӣ дар Индонезия ба раиси ҷумҳурии ин кишвар изҳори тасаллият кард. Дар барқияе, ки рӯзи 24 декабр ба номи Ҷоко Видодо ирсол шудааст, президенти Тоҷикистон навишт, ки “аз шунидани хабари ҳалокату маҷруҳ шудани шумори зиёди шаҳрвандон” андӯҳгин шудааст.

Рӯзи 24-уми декабр президенти Индонезия Йоко Видодо аз қисмати ғарбии ҷазираи Ява дидан кард, ки шоҳиди шадидтарин зарбаи сунамӣ шудааст. Мавҷи бузурги об, ки бар асари лағжиши зериобии замин ба амал омадааст, боиси фавти камаш 280 нафар ва хасороти зиёди молӣ гардид. Раҳбари Индонезия эътироф кард, ки барои пешгирӣ аз қурбониҳои зиёд, низоми огаҳӣ аз офат зарур аст. Ӯ гуфт:

"Ҳозир мо наметавонем хулоса барорем. Эҳтимол заминҷунбӣ боиси сунамӣ шуда бошад, вале ин дақиқ нашудааст. Дар оянда агентии ҳавосанҷӣ таҷҳизоти огаҳкунанда тақдим хоҳад кард, ки ҳар нафари алоҳидаро аз офат огаҳ мекунад".

Хадамоти наҷоти Индонезия бо истифода аз техникаи вазнин амалиёти наҷот ва поккории минтақаро давом медиҳанд. То субҳи 24-уми декабр ҷасади камаш 280 нафар ёфт шуд. Агентии ҳавосанҷии Индонезия тасдиқ кардааст, ки фурӯрезии бахше аз вулқони Анак Кракатау боиси сунами ё ҳуҷуми мавҷи 2-3 метраи обҳои уқёнуси Ҳинд ба соҳилҳо шуд. Дар натиҷа, дар фоҷеаи шоми 22-уми декабр дар ҷазираҳои Суматра ва Ява даҳҳо нафар осеб дид. Дар ин офат камаш 1 ҳазор каси дигари ҷароҳат бардошта, наздик ба 12 ҳазор нафар ба ҷойҳои амн интиқол ёфтанд.

Хавф аз такрори сунами дар Индонезия
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:17 0:00

Сокинони соҳили Каритаи вилояти Бантени Индонезия иброз доштанд, ки касе онҳоро аз зарбаи сунами огаҳ накард. Мақомот сокинони деҳоти назди обро ба теппаҳо кӯчонидаанд, зеро хавфи сунамии такрорӣ аз байн нарафтааст.

Моҳи сентябри имсол дар натиҷаи заминларза ва сунамӣ дар шаҳри Палу дар ҷазираи Сулавеси - 2500 нафар кушта шуд. 26 декабри соли 2004 сунамии азиме, ки аз Уқёнуси Ҳинд бархост, дар Индонезия, Шри Ланка, Ҳинд ва Таиланд 230 ҳазор нафар ҳалок шуд.

Ҷангҷӯён ба вазорати кори Афғонистон ҳамла карданд

Акс аз бойгонӣ

Шоҳидони айнӣ гуфтанд, ки рӯзи 24 декабр гурӯҳи ҷангиён нахуст як мошини ҳомили бомбаро тарконда баъдан ба як сохтмони ҳукуматӣ дар маркази Кобул, пойтахти Афғонистон ҳамла карданд.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилӣ гуфт, ки чанд фарди мусаллаҳ вориди сохтмон шуда, бо нирӯҳои амниятӣ, ки ба макони ҳодиса расиданд, вориди даргирӣ шуданд. Дар ин бино вазорати корҳои ҷамъиятӣ ва инчнин вазорати меҳнат, умури иҷтимоӣ ва афроди маъюб ҷойгир аст.

Феълан иттилое дар заминаи хисорот дар даст нест ва ҳамчунин маълум нест, ки масъулияти ин ҳамларо кӣ ба ӯҳда дорад. Як корманди вазорати корҳои ҷамъиятӣ бо номи Ашраф ба хабаргузории AFP гуфтааст, ки ҳамлагарон инчунин ба сохтори ҳамсояи раёсати миллии амният ҳам ҳамла карданд. Басир Муҷоҳид, сухангӯи полиси Кобул хабари ҳодисаро тасдиқ кард, вале аз гуфтани ҷузъиёт худдорӣ намуд.

Марзбонони тоҷику узбек дар Гулистон мулоқот карданд

Дар нахустин ҷаласаи Шӯрои ҳарбии муштараки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Узбекистон, ки рӯзҳои 21-22 декабр дар шаҳри Гулистон (Қайроқуми собиқ) баргузор шуд, лоиҳаи нақшаҳои муштарак ва ҳамкории мақомоти сарҳадии ду кишвар барои соли 2019 муҳокима ва таҳия шуд. Дар ин бора рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ раиси маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев хабар дод.

Ҷаласа бо иштироки фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон генерал-майор Руслан Мирзоев баргузор шуд.

Дар ҷараёни нахустин ҷаласаи шӯрои ҳарбии муштарак масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардид. Ҷонибҳо ба беҳтар шудани кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбекистон ва фаъолияти гурӯҳҳои кории байни мақомоти сарҳадии ҳарду давлат даъват карданд.

Улуғхоҷаев гуфт, ки дар Шӯрои ҳарбӣ вазъи ду сарҳад, инчунин масоили таъмини амният дар сарҳади ин кишварҳо бо Афғонистон баррасӣ шудааст.

Равобити Тоҷикистону Узбекистон моҳи марти соли ҷорӣ баъди сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ва имзои даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аз сар гирифта шуд.

Дар парлумон иҷлосияи 17-уми Маҷлиси миллӣ баргузор мешавад

Рӯзи 25 декабр дар Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин иҷлосия ширкати ҳама аъзои Маҷлиси миллӣ тақозо мешавад. Дар ҷараёни кори иҷлосия ширкати аъзои ҳукумат ҳам дар назар аст.

Рӯзи баъдӣ, 26 декабр қарор аст дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон – палатаҳои болоиву поёнии парлумони Тоҷикистон президент Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кунад. Паёми президент ба парлумон, ба навиштаи оҷонсии “Ховар”, фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон хоҳад буд. Бархе манобеи Радиои Озодӣ қаблан гуфтанд, ки президент дар ин паёмаш ба зарурати роҳандозии ислоҳоти иқтисодӣ ва зинда кардани саноату бахши истеҳсолот, инчунин кори бонкҳои Тоҷикистон даъват хоҳад кард.

Навоз Шариф ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Тарафдорони Навоз Шариф аз ҳукми додгоҳ эътироз карданд

Додгоҳи зиддикоррупсионии Покистон рӯзи 24 декабр нахуствазири собиқи ин кишвар Навоз Шарифро дар нигаҳдошти дороиҳое, ки манбаи даромадаш барои ӯ номаълум аст, гунаҳгор ва ӯро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳе дар Исломобод дар ҳукми рӯзи душанбеи худ гуфт, ки Навоз Шариф аз ду иттиҳоми коррупсионие, ки алайҳи ӯ эълон шуда буд, бар асоси як иттиҳом гунаҳгор ва аз рӯи моддаи дигар сафед карда шуд.

Худи Навоз Шариф ҳама иттиҳомоти зидди худро рад мекунад. Моҳи июл Навоз Шариф ба 10 соли зиндон маҳкум шуд ва додгоҳ гуфт, ки ин иттиҳом ба хотири дар шаҳри Лондон доштани хонаи боҳашамате содир мешавад. Навоз Шариф аз болои ин ҳукм шикоят карду бар ивази гаравпулӣ моҳи сентябр ба озодӣ баромад.

Баъди эълони ҳукм, додрас ҳукм кард, ки Навоз Шариф ба зиндони Адиалаи воқеъ дар канораҳои Исломобод бурда шавад. Дар ҳамин зиндон Навоз Шариф аз июл то сентябри соли ҷорӣ нигаҳдорӣ шудааст.

Шариф соли гузашта аз мақоми нахуствазирӣ барканор шуд.

Дар арафаи содир шудани ҳукми додгоҳ Эҳсон Иқбол, раҳбари ҳизби Лигаи мусалмонии Покистон, ки Навоз Шариф узви он аст, гуфт, агар ӯ зиндонӣ шавад, “хеле бад аст”.

Матбуоти Покистон гузориш дод, ки дар атрофи қасри додгоҳ тадбирҳои амниятӣ хеле шадид буд.

Додгоҳи Лондон истирдоди соҳибкори русро рад кард

Алексей Шматко

Додгоҳе дар Лондон гуфт, ки дархости Русия барои истирдоди соҳибкор Алексей Шматкоро рад мекунад. Дар ҳукми рӯзи 23 декабр додгоҳ гуфт, ки агар Шматко ба шаҳри Пенза истирдод шавад, ӯ, ба эҳтимоли зиёд, дар шароите қарор мегирад, ки хилоф бо эъломияи ҳуқуқи башари Аврупо мебошад.

Додгоҳе дар Пенза гуфтааст, ки Шматко дар тақаллуб айбдор мешавад, вале худи соҳибкор гуфтааст, ки вақте ӯ талаби раҳбари ФСБ – Хадамоти амнияти федеролиро барои тақсими тиҷораташ рад кард, алайҳи ӯ парванда боз карданд.

Шматко гуфт, ки соли 2010 ӯро ба ҳукми шартии зиндон маҳкум карданд ва дар замони боздошт латукӯб ва шиканҷа шуд. Ӯ дар азиятҳои худ муфаттиши ФСБ Валерий Токаревро айбдор кардааст. Соли 2011 соҳибкор аз кишвар берун рафт ва соли 2014 аз Бритониё паноҳандагии сиёсӣ дархост кард.

Сайфулислом Қаззофӣ муддаии курсии президентии Либия аст

Сайфулислом (аз чап) ва падараш Муаммар Қаззофӣ

Сайфулислом, писари собиқ раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ, ки мехоҳад дар интихоботи президентии соли 2019 иштирок кунад, аз Русия дархости кӯмак кардааст. Дар ин бора оҷонсии Bloomberg бо такя ба як манбаи худ хабар додааст. Ин манбаъ гуфтааст, ки Сайфулислом бо дасти муовини вазири хориҷаи Русия Михаил Богданов ба унвонии президент Владимир Путин нома фиристодааст. Мулоқоти онҳо моҳи декабр барпо шуд. Сайфулислом аз Русия пуштибонии сиёсӣ дархост кардааст. Дар нома ӯ изҳори умед кардааст, ки Маскав метвонад дар музокирот бо гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ дар Либия нақши миёнҷиро бозӣ кунад. Писари Қаззофӣ инчунин аз Русия кӯмаки молӣ хостааст.

Вазорати хориҷаи Русия ин хабарро шарҳ намедиҳад. Манбаи Bloomberg гуфтааст, ки ҳанӯз Русия намедонад, ки кадом номзадро дар интихобот пуштибонӣ хоҳад кард.

Маи соли 2014, додгоҳи Сайфулислом
Маи соли 2014, додгоҳи Сайфулислом

Интихоботи президентии Либия, ки зери назари СММ ба оғози соли 2019 таъин шудааст, қарор буд аввал моҳи декабр барпо шавад. Мувофиқа бар сари тағйири мӯҳлати баргузории интихобот дар конфронси Палермо даст дод. Дар ин нишаст нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ва сарфармондеҳи артиши Либия Халифа Хафтар ширкат карданд. Хафтар бо Маскав ҳамеша дар тамос аст ва яке аз муддаиёни асосии курсии президентӣ ба шумор меравад.

Сайфулислом соли 1972 дар Триполӣ таваллуд шуда, дар мактабҳои олии Либияву Швейсария таҳсил кардааст. Ӯ доктори улуми фалсафа мебошад. Охири солҳои 1990 – аввали 2000-ум ба ҷонибдории баргузории ислоҳоти либералӣ дар кишвар баромад кардаанд. Баъди суқут ёфтани режими падараш Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011, раҳбарии гурӯҳи мухолифи ҳукумати муваққатиро ба ӯҳда гирифт, вале базудӣ боздошт шуд. Соли 2015 писари Қаззофиро ба марг маҳкум карданд, вале баъди як сол матбуот хабар дод, ки ӯ афв ва озод шуд. Соли 2018 Сайфулислом Қаззофӣ гуфт, ки номзади интихоботи президентии кишвар мешавад.

Додгоҳе дар Мянмар аризаи бозбинии ҳукми журналистонро баррасӣ мекунад

Чжо Со У (аз чап) ва Ва Лоун

Додгоҳе дар Мянмар аризаи бозбинӣ шудани ҳукми 7 соли зиндони ду хабарнигори оҷонсии Рейтерро баррасӣ кард, ки дар фош кардани маълумоти махфӣ ба ҳангоми амалиёти низомии ҳукуматӣ гунаҳгор шудаанд.

Шаҳрвандони Мянмар - Ва Лоуни 32 ва Чжо Со Уи 28-сола декабри соли 2017 боздошт ва сентябри соли ҷорӣ барои фош кардани асрори давлатӣ ба мӯҳлати 7 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳодиса боиси интиқоди шадиди ҷомеаи байналмилалӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар шуд.

Вакилони журналистон дар аризае моҳи гузашта аз додгоҳи зинаи болоӣ хостанд, ки ҳукм бо далели набуди ҷурми ҷиноӣ дар амали журналистон ва доштани ангезаҳои сиёсӣ бозбинӣ шавад. Рӯзи 24 декабр вакилон ва додситонҳо дар муҳокимаи беш аз яксоата аз мавқеи худ ҳимоят карданд. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳукми нави додгоҳ кай содир мешавад.

Журналистони Рейтер дар бораи амалиёти низомии артиши Мянмар алайҳи беш аз 700 ҳазор мусалмони роҳинҷа гузориш доданд, ки маҷбур шуданд дар Бангладеш паноҳ баранд.

Аун Сан Су Чӣ, яке аз раҳбарони Мянмар гуфт, ки журналистон на барои фаъолияти касбӣ, балки барои содир кардани ҷиноят айбдор шуданд.

Оҷонсии Рейтерс ин ҳукмро ба чолиш кашид, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Human Rights Watch, СММ, дигар ташкилони журналистӣ ва давлатҳои ғарбӣ ҳукми додгоҳи Мянмар дар нисбати журналистонро шадидан маҳкум ва озод шудани журналистонро талаб карданд.

Макрон тасмими Трампро барои ихроҷи нирӯҳои ИМА аз Сурия таассуфовар номид

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар робита ба тасмими ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп барои бурунрафти нирӯҳои ИМА аз Сурия ибрози таассуф кард.

Макрон 23 декабр дар як нишасти хабарӣ дар Чад гуфт, "ҳампаймон бояд боэътимод бошад". "Тасмими гирифташуда дар бораи Сурия хеле таассуфовар аст", - изҳор дошт ӯ.

Президенти ИМА рӯзи чаҳоршанбеи гузашта эълом кард, ки нирӯҳои Амрико тайи ду моҳи оянда аз Сурия бароварда мешаванд. Ба гуфтаи Трамп, нигаҳдории низомиёни ИМА дар минтақа харҷи зиёдеро талаб мекунад ва ҳузури онҳо дар Сурия ба амнияти миллии Амрико нафъе надорад. Низомиёни амрикоӣ дар ҷангҳо зидди гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" курдҳо ва мухолифони мусаллаҳро дастгирӣ мекарданд.

Вазири дифои ИМА Ҷеймс Мэттис ҳафтаи гузашта эълом кард, ки аз мақоми худ истеъфо медиҳад, чун бо тасмими Трамп розӣ нест.

Вакили зиндонии қирғиз аз шаҳрвандии Қазоқистон маҳрум шуд

Вакили пешини порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулу, ки бо гумони қочоқбарӣ боздошт ва дар маҳбаси шаҳри Алмаатои Қазоқистон нигаҳдорӣ мешавад, аз шаҳрвандии Қазоқистон маҳрум ва шиносномааш бекор гардид. Дар ин бора рӯзи 22 декабр бахши Қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Дар додгоҳ вай ба ҳайси шаҳрванди Қирғизистон ҳозир шуд.

Асилбек уулу аз зумраи 29 гумонбарест, ки 15 ва 16 феврали соли равон дар натиҷаи як амалиёти муштараки мақомоти қудратии Қазоқистон дар вилоятҳои Қазоқистони Ҷанубӣ, Ҷамбул ва шаҳри Алмаато бо ҷурми қочоқи мол боздошт шуданд. Яке аз онҳо Дамирбек Асилбек уулу, вакили порлумони Қирғизистон аз ҳизби "Қирғизистон" буд.

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон пештар гуфта буд, ки Асилбек уулу шиносномаи қазоқӣ дорад. Вале наздикону пайвандони Асилбек уулу хабари шаҳрвандии дуввуми ӯро бофта номиданд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон 16 апрели соли равон мандати вакилии Дамирбек Асилбек уулуро ба далели доштани шаҳрвандии Қазоқистон бекор кард. Баррасии парвандаи вакили пешини қирғиз дар додгоҳи Алмаато 19 октябри соли ҷорӣ шуруъ шуд.

Дар Тошканд хонаҳои сохти қадима тахриб мешаванд

Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов хабар дод, ки тамоми хонаҳои қадимӣ дар шаҳри Тошканд тахриб ва ба ҷои онҳо биноҳои нав бунёд карда мешаванд. Дар ин бора рӯзи 24 декабр бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ӯ ҳангоми суханронӣ дар бораи рушди босуръати бахши сохтмони Узбекистон рӯзи 22 декабр суханони муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвараш Козим Тулягановро иқтибос овард.

"Туляганов, ки дар гузашта муовини аввали сарвазир, шаҳрдори Тошканд, мудири иттиҳодияи "Тошкандстрой" буд, дирӯз гуфт, ҳатто дар беҳтарин даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тошканд дар ҳаҷми 1 миллион метри мураббаъ манзили зист бунёд ва ба истифода дода нашудааст. Мо сол ба поён нарасида, аллакай ин рақамро гузаштем", - изҳор дошт Орипов.

Ба гуфтаи ӯ, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дастур додааст, ки ба ҷои хонаҳои қадимии пойтахти кишвараш биноҳои наву замонавӣ бунёд карда шавад. "Президент гуфт, биноҳо бояд бо оби гарму низоми гармидиҳӣ таъмин бошанд. Мардум барои омода кардани ғизо дигар набояд аз чӯбу ангишт истифода кунанд", - афзуд сарвазир.

Орипов мегӯяд, Мирзиёев ҳангоми боздид аз хонаҳои ноҳияи Сергелии Тошканд ӯро сарзаниш кардааст, ки чаро бо мошинҳои либосшӯӣ таъмин нестанд.

"Президент гуфт, натавонистед, хонаҳоро бо мошинҳои либосшӯӣ таъмин кунед? Ӯ метавонад бихарад? Шавҳараш ба ӯ мехарида бошад? Чаро ту ҳамчун раиси ҳукумат ба ин масъала диққат намедиҳӣ? Албатта, ин корҳоро анҷом хоҳем дод. Президент ошкоро намегӯяд, ки барои бонувон, вале дар ҳама суханҳояш таваҷҷуҳ ба бонувон дида мешавад", - гуфт Орипов.

Ёдрас мешавем, президенти Узбекистон 21 декабр аз биноҳои навбунёди ноҳияи Сергелӣ боздид кард.

Дар Эрон вакили мунаққиди ҳукумат аз зиндон озод шуд

Фарҳод Майсамӣ, Насрин Сутуда ва Ризо Хандон

Фаъоли эронӣ Ризо Хандон, ҳамсари ҳомии ҳуқуқи инсон Насрин Сутуда аз зиндон раҳо шуд. Дар ин бора вакили дифои Хандон рӯзи 23 декабр дар саҳифаи Фейсбукаш хабар дод. Ҳуқуқшинос Муҳаммад Муқимӣ навишт, ки дар паи озод шудани Хандон, хонум Сутуда ва фаъоли дигар Фарҳод Майсамӣ ба гуруснанишинӣ хотима доданд. Муқимӣ гуфт, ки Хандон рӯзи 23 декабр ба озодӣ баромад, вале ҷузъиёти бештаре надод.

Аз ҷумла нагуфт, ки вазъи саломатии ӯ чӣ гуна аст ва бар асоси кадом шарту шурут озод шудааст. Хандон рӯзи 4 декабр ва баъди он боздошт шуд, ки дар саҳифаи Фейсбукаш аз мавридҳои поймол шудани ҳуқуқи инсон дар Эрон, ҳабси ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва таъқиби бонувоне, ки зидди муқаррароти пӯшидани либоси исломӣ садо баланд мекунанд, интиқод кард. Ба Ризо Хандон иттиҳоми фаъолиятҳои хилоф бо манфиатҳои миллӣ ва таблиғи фаъолиятҳои зидди ҳиҷобпӯшии занон таҳдид мекард.

Суруди нави президенти Туркманистон. Ин бор бо забони олмонӣ

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов боз ҳамроҳи наберааш Каримгулӣ ба саҳна баромада, ин бор суруди нави эҷодкардаашро бо се забон иҷро карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои расмии Туркманистон, таронаи "Орзу"-ро президенту наберааш 21-уми декабр дар чорабинии бахшида ба Соли нав дар маркази "Мизон"-и Ишқобод суруданд. Матни сурудро президенти Туркманистон навишта, наберааш Бердимуҳаммадови хурдӣ ба он оҳанг бастааст.

"Бо сабки замонавии худ фарқ мекард ва бо се забон -- туркманӣ, англисӣ ва олмонӣ иҷро шуда, бо оҳангу калимаҳои зебояш ба дили тамошобинон роҳ ёфт", - навиштааст расонаи расмии "Туркманистони Асри Тилоӣ".

Дар барномаи консертии президенту наберааш аъзои ҳукумат, порлумон, намояндагони мақомоти низомиву ҳифзи ҳуқуқ, вазоратҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, дипломатҳои хориҷиву дохилӣ ва ҳунармандон иштирок доштанд.

Баҳори соли равон низ суруди "Қарақум" дар иҷрои президенти Туркманистон "вокунишҳои гарм" ба бор оварда, мавриди таваҷҷуҳи расонаҳои расмӣ қарор гирифту ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ роҳ ёфт. Пеш аз ин, суруди дигари ӯ "Ба пеш, ба пеш, танҳо ба пеш, Туркманистони азиз!" барои он ки дар як вақт онро беш аз 4 ҳазор одам хонданд, шомили Китоби рекордҳои Гиннес гашт.

Латукӯби ҳамсар дар дохили шифохонае дар Душанбе

Додгоҳи ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе як ҷавони тоҷикро барои латукуби ҳамсараш дар дохили шифохона ба як соли шартии зиндон маҳкум кардааст.

Вазорати умури дохилӣ дар нашрияи “Қонун ва ҷомеа” аз рӯзи 20-уми декабр хабар дод, и Сорбон ном ҷавоне моҳи сентябри имсол бо ҳамсараш Куганова ба шифохонае дар ноҳияи Сино меоянд ва байнашон моҷаро мехезад.

Дар хабари вазорат омадааст: “Дар беморхона бо ҳам муноқиша кардаанд ва ў ҳамсари худро дашном дода ва занро зери лату кўб қарор медиҳад.“

Баъди ин ҳодиса Сорбонро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд ва ӯ барои таҳдиди куштан ба ҳамсар ва осеб расондан ба сиҳатии ӯ ба як соли зиндон маҳкум шудааст.

Азбаски Сорбон ваъда додааст, ки дигар ба ҳамсараш Куганова зӯровариро раво намебинад ва “ислоҳ мешавад”, додгоҳ ӯро паси панҷара нафиристода, ҳукмашро ба зиндони шартӣ иваз кардааст. Ному насаби пурраи ин ҷуфт, сокини куҷо будану замони судури ҳукмро эълон накардаанд.

Трамп гуфт, Туркия бақияи "ДОИШ"-ро "саришта" мекунад

Доналд Трамп ва Ҷеймс Маттис вазири дифои Амрико, ки ӯ ҳам аз мақомаш меравад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дигарбора ба дурустии қарораш барои берун кашидани нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида аз Сурия таъкид кард. Ӯ дар Твиттер навишт, аз аввал қарор будааст, ки сарбозони амрикоӣ фақат 3 моҳ дар Сурия ҷойгир шаванд, вале солҳост, ки дар онҷо мондаанд.

Доналд Трамп, рӯзи 22-уми декабр навишт, “Аслан қарор буд, ки барои се моҳ дар Сурия бираванд, вале аз он вақт ҳафт сол гузаштааст.” Раиси ҷумҳури Амрико навиштааст, ки гуруҳи ба ном Давлати исломӣ дар умум мағлуб шудааст ва аъзои боқимондаи онро кишварҳои минтақа аз ҷумла Туркия метавонад, "саришта" кунад ва аз ё аз байн барад.

“Мо ба хона бармегардем” – гуфтааст, Доналд Трамп. Ҳарчанд раиси ҷумҳури Амрико мегуяд, ки неруҳои кишвараш 7 сол боз дар Сурия ҳастанд, аммо дар асл Иёлоти Муттаҳида соли 2015 сарбозонашро барои мубориза ба зидди ДОИШ ба Сурия фиристод.

Дар ин кишвар аз соли 2011 ҷанги хунини дохилӣ идома дорад ва Амрикову Туркия аз гуруҳҳои мухолифи давлат ҳимоят кардаанд ва Русияву Эрон аз ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад.

Пештар аз ин Брет Магбурк, фиристодаи хоси Амрико дар Эътилофи байналмилалии мубориза ба зидди ДОИШ аз мақомаш истеъфо дод. Бино ба гузоришҳо, ӯ ба нишони эътироз аз қарори Доналд Трамп барои ихроҷи неруҳо аз Сурия аз мақомаш даст кашидааст.

Ҷасади 9 коргари русро аз нақби сӯхта берун оварданд

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Русия ҷасади 9 коргареро, ки дар натиҷаи сӯхтор дар як кони маъдани калий ба ҳалокат расиданд, берун баровардаанд. Фалокат рӯзи 22-уми декабр дар вилояти Перм рух дод.

Ба гуфтаи мақомот, ҳангоми корҳои сохтмонӣ дар нақб дар умқи 340 метр сӯхтор сар задааст ва коргарон натавонистаанд, аз нақб берун оянд. Нақб ба ширкати “Уралкалий” тааллуқ дорад ва Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар рӯзи ҳодиса 17 нафар дар дохили нақб қарор доштаанд ва танҳо ба 8 нафар муяссар шудааст, ки аз онҷо берун оянд. Ҷасади фавтидагонро як рӯз баъд берун кашиданд, чун дуди ғализ дар нақб имкон надодааст, наҷотбахшон ба ҷойи лозимӣ бирасанд.

Ашраф Ғанӣ ду вазири Афғонистонро иваз мекунад

Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон Асадулло Холид ва Амрулло Солеҳ, раҳбарони пешини Раёсати амнияти миллиро номзад ба мақоми вазири дифо ва вазири умури дохилӣ пешниҳод кардааст.

Ӯ бо судури як қарор дар рӯзи 23-уми декабр аз вазири умури порлумонӣ хостааст, ки фармон барои таъйини ҳарду нафарро барои тасвиб ба Вулуси ҷирга, палатаи поёнии порлумони Афғонистон пешниҳод кунад.

Асадулло Холид ва Амрулло Солеҳ дар аҳди Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон ба ҳайси сардори Раёсати амнияти миллӣ кор кардаанд.

Асадулло Холид соли 2012 дар як сӯиқасди нофарҷом сахт маҷруҳ шуд. Таъйиноти нав ба мақомҳои муҳими амниятӣ дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар соли 2019 сурат мегирад. Айни замон гузориш мерасад, ки Амрико мехоҳад, ҳазорон сарбозашро аз Афғонистон берун кашад.

Сунамӣ дар Индонезия 220 нафарро ба ҳалокат расонд

Оқибатҳои фалокат дар Индонезия. Акс аз рӯзи 23-уми декабр.

Дар натиҷаи сунамӣ, ки ба сабаби оташфишонии вулқон ба амал омадааст, дар яке аз ҷазираҳои Индонезия 220 нафар кушта шуданд ва 750 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомот гуфтанд, сарнавишти 30 нафари дигар маълум нест.

Фалокати табиӣ садҳо хонаро дар атрофи гулугоҳи Сунда вайрон кард. Шоҳидон мегӯянд, мавҷи бузурге шоми 22-уми декабр ба соҳил ҳаракат кард ва садҳо хонаву меҳмонхона ва дигар иншоотро шуст. Мақомоти вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Индонезия мегӯянд, эҳтимол теъдоди қурбониён меафзояд, чун ҷамъоварии иттилло дар бораи оқибатҳои фалокат идома дорад.

Идораи ҳавошиносонӣ ва геофизикаи Индонезия гуфт, ба эҳтимоли ғолиб оташфишонӣ аз вулқони Кракатау сабаби лағжиши замин дар зери об шуда ва сунамиро ба вуҷуд овардааст. Сунамӣ баъди 24 дақиқа аз таркиши вулқон бархостааст.

Моҳи сентябри имсол дар натиҷаи заминларза ва сунамӣ дар шаҳри Палу дар ҷазираи Сулавеси 2500 нафар кушта шуданд. Бисту шашуми декабри соли 2004 сунамии азиме, ки аз Уқёнуси Ҳинд бархост, дар Индонезия, Шри Ланка, Ҳинд ва Таиланд 230 ҳазор нафарро ҳалок кард.д.

Азим Иброҳим: “Ҳаҷҷи такрорӣ ба мусобиқа табдил шудааст”

Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз мардум хостанд, ки танҳо як дафъа ҳаҷҷи фарзиро ба ҷо оварда, пули зиёдатиашонро дар бунёди мактабу бемористон ва корҳои дигари хайр сарф кунанд.

Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон, рӯзи 22-юми декабр дар ҷаласаи омодагӣ ба мавсими ҳаҷҷи соли 2019 гуфт, “солҳои охир иддае аз шаҳрвандон рафтани ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи такрориро ба мусобиқа табдил дода, худнамоӣ мекунанд”.

Дар ҳоле ки ба иддаои ӯ ва мақомоти дигари тоҷик, “паёмбари ислом ҳамагӣ як дафъа ҳаҷҷи фарзиро ба ҷо овардаанд.”

“Аз ин нуқтаи назар, маблағи ҳаҷҷи такрориро барои бунёди роҳу кӯчаҳои маҳаллаву деҳаҳо, сохтмони пул, гузаронидани қубури об, таъмиру бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ сарф кардан ва ё ҳамчун садақаи ҷория барои дастгирии ятимон равона сохтан савоби бештар дорад”, - гуфтаанд мақомоти расмӣ дар ҷаласаи рӯзи шанбе.

Азим Иброҳим дар ин нишаст аз чанд камбуд, аз ҷумла саривақт нарасондани кумаки аввали тиббӣ, дар мавсими ҳаҷҷи соли 2018 ёдовар шуда, барои ислоҳи он дастур додааст.

Муовини нахуствазир хостааст, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон барои ҳаҷҷи фарзӣ имкони молӣ, вазъи зиндагии оилавии онҳо ба инобат гирифта шавад.

Ҳар сол беш аз 6 ҳазор сокини Тоҷикистон барои зиёрати ҳаҷ мераванд. Мақомот танҳо зиёрати афроди аз чиҳилсола болоро иҷозат додаанд.

Ҳамлаи "Аш-Шабоб" дар пойтахти Сомалӣ 16 кушта бар ҷо гузошт

Акс аз бойгонӣ

Пулиси Сомалӣ гуфт, ки рӯзи 22-юми декабр дар натиҷаи ду таркиш дар наздикии қароргоҳи президент дастикам 16 нафар кушта шуд.

Як мақоми низомии Сомалӣ мегӯяд, ин ҳодиса дар пойтахт – Могадишу – сарбозон ва афроди ғайринизомиро ҳадаф қарор дод.

Дар миёни кушташудаҳо се корманди телевизион аз Лондон, аз ҷумла хабарнигори шинохта Авил Даҳир Салад низ будаанд. Масъулияти инфиҷорҳоро гуруҳи ифротгарои “Аш-Шабоб”, як шохаи “Ал-Қоида” бар уҳда гирифтааст.

“Аш-Шабоб”, ки талоши сарнагунии ҳукумати Сомалӣ ва ҷорӣ кардани қонунҳои шариат дар ин кишварро дорад, пайваста ба мансабдорон ва нерӯҳои амниятии Сомалӣ ҳамла мекунад.

Туркия гуфт, Сурияро аз ДИИШ ва ҷангҷӯёни курд “пок мекунад”

Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – ваъда дод, ки дар сурати хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия, ин кишварро аз ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” ва инчунин нерӯҳои курд “пок хоҳад кард”.

Эрдуғон рӯзи 21-уми декабр дар Истанбул гуфт, кишвараш бар зидди нерӯҳои курд амалиёти низомиро ба роҳ мемонад.

Раиси ҷумҳури Туркия аз тасмими Доналд Трамп дар бораи хуруҷи наздик ба ду ҳазор сарбози амрикоӣ аз Сурия тавсиф кард. Вале гуфт, ӯ бо дар назардошти таҷрубаҳои манфии гузашта дар ин маврид мавқеи эҳтиёткорона дорад.

Манзури раиси ҷумҳури Туркия ҳимояти низомиёни амрикоӣ аз ҷангҷӯёни гуруҳи курд аст, ки Анкара мегӯяд, бо вуҷуди тақозои батакрор то ҳанӯз пуштибонии ИМА аз ин гурӯҳ кам нашудааст.

Аз тарафи дигар гуруҳи мусаллаҳи курди Сурия ҳушдор дод, ки бо ҳамлаи нерӯҳои Туркия ба ҷангҷӯёнаш онҳо муборизаи кунунӣ бар зидди гуруҳи “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия қатъ мекунанд.

Илҳом Аҳмад, як мақоми сиёсии гуруҳи курдҳои Сурия, рӯзи 21-уми декабр гуфт, агар нерӯҳои Туркия ҳамла кунанд, онҳо наметавонанд садҳо зиндонии ДИИШ-ро дар боздошт нигоҳ доранд, ки дар ҷараёни мубориза дастгир кардаанд.پر

Амрико ба Украина ҳудуди 2 миллиард доллари дигар медиҳад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, ки ба Украина ҳудуди ду миллиард доллари дигар кумаки низомӣ хоҳад кард. Ҳадаф аз кумак тақвияти нерӯҳои баҳрии Украина будааст.

Эълони кумакҳои низомии Амрико ба Украина рӯзи 21-уми декабр аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида сурат гирифт.

Дар ҳамин ҳол, Бритониё ҳам дар назар дорад, ки ба нерӯҳои баҳрии Украина ёрӣ кунад.

Чунин тасмим баъди он гирифта шудааст, ки моҳи ноябри имсол Русия се киштии Украинаро бо маллоҳонаш дастгир кард.

Маскав иддао мекунад, ки киштиҳо дар наздикии нимҷазираи Қрим ба таври ғайриқонунӣ ба қаламрави Русия дохил шуда буд.

Русия соли 2014 нимҷазираи Қримро аз хоки Украина ҷудо кард ва қаламрави худ ҳамроҳ намуд.

Вулуси Ҷирга аз эҳтимоли хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ нигаронӣ кард

Порлумони Афғонистон

Вулуси Ҷирга ё порлумони Афғонистон аз эҳтимоли берун шудани ҳафт ҳазор нерӯи амрикоӣ аз он кишвар нигаронӣ кард.

Аъзои Вулуси Ҷирга рӯзи 22-юми декабр дар ҷаласае гуфтанд, то замоне ки Амрико замонати қавӣ барои таъмини сулҳ дар Афғонистонро надиҳад, бояд аз ин кишвар берун наравад.

Комил Носири Усулӣ, як узви порлумони Афғонистон, гуфт, “мо аз амрикоиҳо бисёр возеҳ мехоҳем, ки нерӯҳои амниятии моро муҷаҳҳаз кунанд. Ба онҳо мегӯем, миллати афғонро ба ин шакл раҳо накунед, то мо дубора ба ҷангҳои дохилӣ биравем ва ё Покистон тасаллути худро болои мо ба исбот бирасонад.”

Бархе аз аъзои Вулуси Ҷирга мегӯянд, то кунун амрикоиҳо натавонистаанд нерӯҳои амниятии афғонро ба гунаи комил таҳҷиз намоянд, то онҳо дар баробари душман истодагарӣ кунанд.

Аммо ба фарқ аз порлумон, ҳукумати Афғонистон рӯзи 21-уми декабр гуфт, хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ба вазъи амниятӣ дар он кишвар таъсире нахоҳад дошт.

Дар эъломиияи Арг гуфта шудаст, дар чаҳоруним соли гузашта нерӯҳои амниятии Афғонистон тавонистаанд дар хатти пеш ё аввали ҷанг аз хоки худ дифоъ кунанд.

Вазорати дифои Амрико гуфт, рӯи нақшае кор мекунанд, ки дар сурати ниҳоӣ шудан нисфе аз нерӯҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон аз ин кишвар хориҷ хоҳанд шуд. Дар ҳоли ҳозир чаҳордаҳ ҳазор нерӯи амрикоӣ дар Афғонистон ҷойгир ҳастанд.

Шӯрои амният раъй дод. Нозирони СММ ба Яман мераванд

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аз ирсоли нозирон ба Яман тарафдорӣ кард. Нозирон дар бахше аз кишвари ҷангзадаи Яман ҷараёни оташбасро назорат мекунанд.

Ин қатънома, ки аз тарафи Бритониё пешниҳод шуда ва қаблан чанд бор мавриди баҳс қарор гирифтаву ба он тағйирот ворид гардидааст, рӯзи 21-уми декабр тасдиқ шуд.

Нозирони Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ҳудайда хоҳанд рафт, ки дар онҷо байни нерӯҳои ҳукуматии Яман ва шӯришиёни ҳусӣ оташбаси кӯтоҳмуддат эълон шудааст.

Арабистони Саудӣ аз ҳукумати Яман ва Эрон аз шӯришиёни ҳусӣ ҳимоят мекунанд. Дар соли 2015 Эътилофи 9 кишвари арабӣ таҳти раҳбарии Саудӣ дахолат дар ҷанги Яманро оғоз бахшид.

Ҳадафи мудохила ин буд, ки раиси ҷумҳури Яман Мансур Ҳодӣ, ки ҳукуматаш аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шудааст, хост дубора қудратро ба даст бигирад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Марги шубҳабарангеҳи сарбози 20-сола дар Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:16 0:00
XS
SM
MD
LG