Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Вазири дифои Британия: баҳри Сиёҳ моли шахсии Русия нест

Гэвин Уилямсон

Вазири дифои Британия Гэвин Уилямсон дар ҷараёни сафараш ба Украина гуфт, ки баҳри Сиёҳ моли Русия нест ва ба нишони пуштибонӣ аз Украина дар муқовимати ин кишвар бо Маскав, Британия ба баҳри Сиёҳ киштии низомӣ фиристод.

Уилямсон рӯзи ҷумъа дар Одесса - бузургтарин бандари Украина, ки баъди ишғоли Қрим ба пойгоҳи аслии нерӯҳои дарёии ин кишвар табдил шудааст, суханронӣ кард.

Хабаргузории Reuters мегӯяд, вазири Британия таъкид кард, ки баҳри Сиёҳ бахше аз обҳои байналмилалии аст.

Киштии истихборотии Британия - HMS Echo се рӯз пеш ба минтақаи обии баҳри Сиёҳ ворид шуд. Ин киштӣ бо дастгоҳҳои ҷамъоварандаи маълумот муҷаҳҳаз аст.

Вазири дифои Британия дар пасманзади ташаннуҷи авзоъ дар атрофи гулӯгоҳи Керч дар баҳри Азов ба Украина сафар кард. Охири моҳи ноябр Русия се киштии Украинаро бо маллоҳонаш боздошт ва онҳоро ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам кард.

Украина амалкарди Русияро таҷовуз ба хоки кишвар номид ва аз НАТО дархост кард, ки ба баҳри Сиёҳ ва Азов киштӣ фиристад. Ғарб низ аз Русия озодии маллоҳон ва ҳаракати бемамонияти кишитҳоро талаб кард.

Рӯзи ҷумъа дар бораи гардиши киштиҳои Русия дар минтақаи баҳри Азов хабар расид. Ба маълумоти Фармондеҳии флоти Русия дар баҳри Сиёҳ тамрини киштиҳо дар соҳилҳои Қрим оғоз шуд.

Бино ба ҳамлаи дронҳо фурудгоҳи Лондон як шабонарӯз баста шуд

Гатвик - дувумин фурудгоҳи серодами Лондон

Дуюмин фурудгоҳи серодами Лондон - Гатвик бино ба ҳамлаи дронҳо ё дастгоҳҳҳои бесарнишин ба хатти парвоз, 33 соат баста буд. 150 ҳазор мусофир натавонистанд ба Лондон парвоз кунанд ё аз Гатвик ба маконҳои дигар раванд. Ҳудуди 140 парвоз лағв шуд. Пулис оператори дронҳоро, ки акнун дар ростои ҳукми зиндон қарор гирифтааст, ҷустуҷӯ мекунад.

Ду дрон рӯзи 19-уми декабр, соати 21:00-и вақти маҳаллӣ, дар фурудгоҳи Гатвик мушоҳида шуд. Раҳбарияти Гатвик парвозҳоро лағв кард. Ҳаракати ҳавопаймоҳо соати 3-и шаби 20-уми декабр аз сар гирифта шуд.

Аммо баъди 45 дақиқа дронҳо дубора дар хатти парвоз зоҳир шуданд. Мақомот маҷбур шуданд, парвозҳоро дубора лағв кунанд. Бори охир яке аз бесарнишинҳо субҳи рӯзи панҷшанбе зоҳир шуд. Он рӯз фурудгоҳ бояд ба 760 парвоз ва 110 ҳазор одам хидмат мерасонд. Ҳавопаймоҳо ба пойгоҳҳои дигар сафарбар шуданд.

Пулис аз сарнагун кардани бесарнишинҳо ба хотири ҳифзи мардум аз тирҳои тасодуфӣ худдорӣ кард. Мақомоти фурудгоҳ аз ин нигарон буданд, ки бархӯрди дронҳо бо ҳавопаймоҳҳо метавонист паёмади ғайри қобили пешгӯиро ба бор биёрад.

Дастикам 20 бахши пулис дар Британия оператори дронҳоро ҷустуҷӯ дорад. Мутахассисони артиш низ ба онҳо ёрӣ мекунанд. Сарпарасти пулис Ҷастин Бартеншоу ба шабакаи телевизионии Би-би-сӣ гуфт, ҳар вақт, ки пулис хаёл мекард ба боздошти оператор наздик шудааст, дронҳо ғайб мезаданд. Пулис ҳамлаи дронҳоро ба террооиизм рабт намедиҳад, аммо вазири нақлиёти Британия Крис Грелинг инро "шеваи нави ҳамла" унвон кард.

Гатвик дуюмин фурудгоҳи пуродами Лондон буда парвозҳои British Airways, American Airlines, Emirates, China Airlines, Easy Jet, Norwegian Air ва Virgin Atlantic-ро қабулу гусел мекунад. Рӯзи ҷумъа фурудгоҳ бояд ба 126 ҳазор мусофир хидмат расонад.

Гумонбари ташкили ҳамла ба Charlie Hebdo боздошт шуд

Порис: кормандони пулис баъди ҳамла ба Charlie Hebdo. 11 январ, 2015

Петер Шериф - гумонбари ташкили ҳамла ба идораи маҷаллаи Charlie Hebdo, моҳи январи соли 2015 дар Порис, ки 12 нафарро қурбон кард, дар шаҳри африқоии Ҷибутӣ боздошт шуд. Матбуоти фаронсавӣ аз оғози раванди истирдоди ӯ ба Фаронса хабар дод.

Талошҳо барои боздошти Петер Шериф, ки ҳамчунин бо тахаллуси Абу Ҳамза шинохта мешавад, аз соли 2011 ҷараён доранд. Ба гуфтаи ниҳодҳои ҳифзи тартиботи Фаронса, ӯ аз охири солҳои 1990 бо бародарон Куашӣ, ки ҳамла ба Charlie Hebdo-ро анҷом доданд, дӯстӣ дошт.

Санаи дақиқи истирдоди Петер Шериф эълон нашудааст.

Ба маълумоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи Фаронса, Шериф дар зинаҳои раҳбарии созмони террористии "Ал-Қоида" мақоми баланд дошт. Ӯ соли 2011 интиқоли исломиҳои Фаронса ба Яманро ташкил кард, ки барои ҳамла ба Аврупо тамрин мегирифтанд. Бародарон Саид ва Шариф Куашӣ дар ҳамин гурӯҳҳо буданд.

Гуфта мешавад, Петер Шериф, ки ҳоло 36-сола аст, аввали солҳои 2000 мусалмонҳоро аз минтақаҳои рушднакардаи Порис ба гурӯҳҳои тундрав ҷалб мекард. Баъди оғози ҷанги Ироқ, соли 2004, Петер Шариф барои ҷангидан дар сафи "Ал-Қоида" ба Ховари Миёна рафт. Ӯро дар Ироқ боздошт ва ба муҳлати 15 сол зиндонӣ карданд. Аммо Шериф аз зиндон фирор карда, аввал ба Сурия ва сипас ба Фаронса баргаршт. Соли 2011 ӯ ба Яман рафт дар онҷо ҳамкориашро бо "Ал-Қоида" идома дод.

7 январи соли 2015 бародарон Куашӣ ба дафтари маҷаллаи танзи Charlie Hebdo дар Порис ҳамла карда, 12 корманди онро ба ҳалокат расонданд. Ҳамлагорон аз тири нерӯҳои зидди террористии Фаронса кушта шуданд.

Charlie Hebdo барои карикатураи пайғамбар Муҳаммад, ки маҷалла борҳо нашр кард, ҳадафи террористҳо қарор гирифт. Маҷалла бо маводҳои таҳрикбарангез шӯҳрат дорад.

"Роскомнадзор" шабакаи Би-би-си дар Русияро тафтиш мекунад

Ситоди Би-би-си дар Лондон

Ниҳоди танзимкунандаи матбуот дар Русия - "Роскомнадзор", ба таҳқиқи манбаҳои Би-би-си дар интернет ва BBC World News оғоз мекунад. Дар ин бора сомони "Роскомнадзор" рӯзи 21 декабр хабар дод. Ин ниҳод мехоҳад муайян кунад, ки оё маводи пахшкардаи Би-би-си ба қонунгузории Русия мутобиқ аст ё не.

"Роскомнадзор" нагуфтааст, ки тафтиш посух ба бархурди Лондон дар робита ба шабакаи телевизионии RT- и Русия аст.

Танзимгари Британия Ofcom 10 барномаи шабакаи RT-ро, ки моҳи март-апрели соли 2018 пахш шуданд, тафтиш кард. Қонуншиканӣ дар ҳафт барнома ошкор шуд. Рӯзи 20 декабр Ofcom гуфт, ки хабарнигорони шабакаи кремлгаро қоидаҳои пахши барномаро нақз мекунанд. Аз ҷумла, RT ҳангоми пайгирии ҳодисаи заҳролудшавии агенти пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, таҳаввулоти Украина ва Сурия бетарафиро риоя накарданд.

То ҳол ҳеҷ таҳриме алайҳи RT ҷорӣ нашудааст. Чораҳои эҳтимолие, ки танзимгари матбуоти Британия метавонад пиёда кунад, ба таҳрири барномаҳо маҷбур кардани RT, ҷарима ва ё лағви муҷаввизи пахши барномаҳо аст.

ИМА мехоҳад ҳузури низомияш дар Афғонистонро ду баробар кам кунад

Низомиёни ИМА ва артиши Афғонистон

Президенти Амрико Доналд Трамп тасмим дорад, ки бахши қобили мулоҳизаи нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон берун кунад. Хабаргузории "Франс Пресс" рӯзи 21-уми декабр навишт, ки "ин қарор қабул шудааст. Хуруҷи нерӯҳо қобили мулоҳиза хоҳад буд".

Associated Press ва The Wall Street Journal бо такя ба мақомдорони амрикоӣ хабар додаанд, ки то нисфи нерӯи 14 ҳазор нафарии ИМА аз Афғонистон хориҷ хоҳад шуд.

Рӯзи гузашта вазири дифои Амрико Ҷеймс Матис, ки гуфта мешуд бо президент Трамп дар баъзе масъалаҳо мухолифат дорад, аз мақомаш истеъфо дод.

Рӯзи чаҳоршанбе Трамп эълон кард, ки то ду моҳи дигар нерӯҳои Амрико аз Сурия хориҷ хоҳанд шуд. Ин тасмим ҳам аз тарафи шарикони ИМА ва ҳам аз тарафи Конгресс танқид шуд. Гуфта мешавад, ки Матис мухолифи берун кардани нерӯҳо дар марҳалаи феълӣ буд.

Трамп харҷҳои амалиёти низомӣ дар Афғонистонро ҳанӯз пеш аз интихоб шуданаш ба мақоми президент танқид карда буд. Аммо соли 2017 пешниҳод кард, ки теъдоди нерӯҳои ИМА дар он кишвар афзоиш ёбад ва давлатҳои шарик низ ба Афғонистон нерӯи бештар фиристанд.

Баъди ин, теъдоди сарбозони Амрико дар Афғонистон аз 11 ба 14 ҳазор афзун шуд.

Аввали соли 2018 Трамп ҷанг дар Афғонистонро бохташуда номид ва бар сари берун кардани нерӯҳо пофишорӣ кард. Вале он замон ба Пентагон ва низомиёни баландрутба даст дод, ки ӯро ба зарурати ҳузури нерӯҳо мутақоид кунанд.

Нерӯҳои Амрико соли 2001 пас аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябр ба Афғонистон ворид шуданд. Аз он замон ИМА дар хоки ин кишвар дуюним ҳазор сарбозашро аз даст дод ва дар ҷанги 17-сола 900 миллиард доллар харҷ кард.

Дар Тошканд се зан мӯи сари модари танҳоро тарошиданд

Сокини Тошканди Узбекистон Шаҳзода Ҳусейнова мегӯяд, ки аз дасти се зан ноодилона ҷабр кашид, аммо пулис то ҳол онҳоро ҷазо надодаст. Ин зан, ки 28 сол дорад ва ду кӯдакро танҳо бузург мекунад, зоҳиран қурбонии рашки зани дигар шудааст.

Ҳусейнова мегӯяд, рӯзи 4-уми октябри имсол се зан ба манзилаш ворид шуда, ӯро латту кӯб карданд ва сарашро тарошиданд. "Онҳо то ҳанӯз маро таҳдид мекунанд, аммо ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд," - мегӯяд Шоҳзода Ҳусейнова.

Маркази матбуотии Додситонии кулли Узбекистон ба радиои "Озодлик" гуфт, ки "парванда таҳқиқ ва 4-уми декабр ба мақомоти милисаи ноҳияи Юнусободи Тошканд фиристода шуд".

Дар хулосаи ташхиси тиббӣ-додгоҳии ин ҳодиса гуфта шудааст, ки Ҳусейнова аз ин ҳамла "ҷароҳати сабук" бардошт.

Шаҳзода Ҳусейнова мегӯяд, дар шабакаи иҷтимоии Telegram бо ҷавоне шинос шуд. Зани он ҷавон аз тамосҳои шавҳараш бо Шаҳзода хабар ёфт ва ҳамроҳ бо ду зани дигар ӯро дар манзили зисташ заданд ва мӯяшро тарошиданд. Ӯ иддао дорад, ки аз ин латту кӯбҳо беҳуш шуд ва занҳо аз ин ҳолат истифода карда, ҷавоҳироташро бо худ бурдаанд.

"Silk visa"-и Узбекистону Қазоқистон аз моҳи феврал сар мешавад

Сайёҳон дар тамошои Узбекистон

Узбекистон барнома дорад, ки якҷо бо Қазоқистон сар аз моҳи феврали соли 2019 раводиди ҳамсони визаи шенген – Silk visa-ро роҳандозӣ кунад.

Кафили вазифаи муовини аввали Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Узбекистон Улуғбек Қосимхоҷаев ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҳадафи тарҳ ҷалби ҷаҳонгардони хориҷӣ аст.

Дар бораи роҳандозии “раводиди абрешим” дар Осиёи Марказӣ бори нахуст моҳи июни соли равон хабар дода шуд ва аз ин тарҳ Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷонибдорӣ мекунанд. Тарҳ идеяи раиси кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти порлумони Қазоқистон Дариға Назарбоева аст. Ӯ ҳамчунин исрор дорад, ки монеаҳои раводидӣ дар Осиёи Марказӣ бояд бардошта шаванд.

Узбекистон ҳамчунин тасмим дорад, ки рӯзҳои наздик низоми раводидро бо 22 кишвари дигар бекор кунад. Дар ҳоли ҳозир, шаҳрвандони ҳашт кишвар метавонанд бидуни ироаи санадҳои махсус ба Узбекистон сафар кунанд ва низоми содаи равуо бо 50 кишвар ҷорӣ шудааст.

Исҳоқов: дар Кумитаи амнияту додгоҳ корҳое мегузарад, ки ҳангоми раҳбариям надида будам

Нахуствазири пешини Қирғизистон Сафар Исоқов

Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон матни суханронии сарвазири пешини ин кишвар Сафар Исҳоқовро нашр кард, ки мансабдори зиндонӣ рӯзи 19 декабр ҳангоми мурофиаи тамдиди боздошташ ироа кард.

Исҳоқов гуфтааст, ки қасд надошт аз Қирғизистон фирор кунад ва дархости ниҳодҳои тафтишотӣ шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва шаҳрвандии худро ба Кумитаи амнияти Қирғизистон супурд. "15 дақиқа пеш ба бозпурсӣ ҳозир мешудам, то барои ҳабсам заминае пайдо нашавад. Дар аввал маро ба шарти берун нарафтан озод карда буданд", - изҳор дошт ӯ.

Сафар Исҳоқов мегӯяд, дар долонҳои Кумитаи амният ва додгоҳҳои Қирғизистон корҳое мегузаранд, ки дар давраи раҳбарии ӯ ба дастгоҳи президент ва сарвазир буданаш собиқа надоранд. "Дар Кумитаи амният нишаста, мебинед, ки мо дар ҳақиқат мушкилиҳои зиёде дорем. Имрӯз ман яке аз намунаҳои равшани таъқибҳои сиёсӣ ҳастам", - гуфтааст сарвазири пешини Қирғизистон.

Додгоҳи шаҳрии Бишкек рӯзи19 декабр қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи пойтахти Қирғизистон барои идомаи ҳабси Исҳоқовро то 5 январ бетағйир гузошт.

Кумитаи амнияти Қирғизистон Исҳоқовро 5 июни соли равон бо ҷурми фасодкорӣ ҳангоми иҷрои тарҳи "Бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек" дастгир кард. Ӯ ба он айбдор мешавад, ки ҳангоми раҳбари шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президент будан аз манфиатҳои ширкати хориҷӣ ҷонибдорӣ кард. Худи Исҳоқов ин айбро рад мекунад.

Бурунрафти нирӯҳои ИМА аз Сурия Олмонро нигарон кард

Вазири хориҷии Олмон Ҳайко Маас

Вазири умури хориҷии Олмон Ҳайко Маас рӯзи гузашта гуфт, ки хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Сурия ба муборизаи зидди гуруҳи тундрави "Давлати Исломӣ" (ДИ) таъсири манфӣ мерасонад.

Ба гуфтаи ӯ, тасмими Кохи сафед мақомоти Олмонро ба ҳайрат овард. Маас афзуд, ки мавқеи тундравон дар Сурия ба таври ҷиддӣ суст шудааст. Вале ба назари ӯ, акнун комёбшавӣ зери хатар аст.

Пештар ҳукумати Фаронса гуфт, ки нерӯҳои худро аз Сурия бароварданӣ нест. Вазири Фаронса дар умури Аврупо Наталӣ Луазо дар телевизиони Cnews бо ишора ба ҳамлаи ахири Страсбург, ки 5 кушта бар ҷой гузошт, гуфт, "мубориза зидди терроризм ҳанӯз ба поён нарасидааст. Сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу низ аз ин вазъ ибрози нигаронӣ кард.

Бурунрафти нерӯҳои ИМА-ро аз Сурия намояндаи Кохи сафед Сара Сандерс рӯзи чоршанбе эълон кард. Вашингтон тасмим дорад, дар давоми аз 60 то 100 рӯз сарбозонашро аз Сурия берун кунад. Дар Сурия беш аз ду ҳазор сарбози амрикоӣ мустақар аст. Президенти ИМА Доналд Трамп дар паёми видеоии худ бахшида ба бурунрафти нерӯҳо гуфт, эътилофи низомии байналмилалӣ ДИ-ро шикаст дод.

Эътилофи низомии байналмилалӣ ба раҳбари ИМА мубориза бо тундравонро дар Сурия аз соли 2014 оғоз кард. Эътилоф аз нирӯҳои мухолифи демократии Сурия ҷонибдорӣ мекунад.

ВВС: Қазоқистон барои ошкор кардани эътирозҳо дастгоҳ фармоиш дод

Акси тасвирӣ

Рахнагарони интернетӣ ё ҳакерҳо аз гуруҳи Digital Revolution мегӯянд, сервери донишкадаи илмиву таҳқиқотии "Квант"-ро, ки ба Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) тааллуқ дорад, шикастанд.

Дар санадҳое, ки ин гуруҳ нашр кард, коркарди сохтор ё системаи мониторинги шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ дода шудааст. Ҳадафи асосии ин система - ошкор ва таҳлили гароишҳои эътирозӣ аст. Чунин сохторро, ба гуфтаи Digital Revolution, "Квант" аллакай дар Қазоқистон истифода бурдааст. Ба иттилои бахши русии радиои BBC, вазорати иттилоот ва иртибототи Қазоқистон барои ин амалиёт 4,3 миллион доллар ҷудо кардааст.

Ҳамчун далел рахнагарони интернетӣ, скриншот ё аксҳоеро нашр карданд, ки номгӯи санадҳо ва маъмурони сервери "Квант"-ро нишон медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир дастрасӣ ба сервери "Квант" ҳамроҳ бо сомона ва почтаи кории ин донишкада маҳдуд шудааст.

Донишкадаи пӯшидаи "Квант", ки дар ноҳияи Ховринои Москва ҷойгир аст, солҳо 1970 таъсис ёфт. Ин донишкада соли 2008 ба тобеияти ФСБ супурда шуд. Ба иттилои WikiLeaks, донишкада яке аз муштариҳои ширкати итолиёии Hacking Team буд. "Квант" дар солҳои 2012-2014 мумкин аст, ки аз ин ширкат чанд барномаи ҷосусӣ харида бошад.

Соли 2018 ИМА зидди "Квант" таҳрим ҷорӣ кард. Мақомоти ИМА мегӯянд, эҳтимол ин донишгоҳ дар ҳамлаҳои ҳакерӣ дар остонаи интихоботи президентии Амрико даст дошта бошад.

"Ӯзбекконсерт" ба пахши клипи "Селфӣ бо президент"-ро иҷозат надод

Фозилҷонов бо клипи "Селфи бо президенти ман"

Шӯрои ҳунарии Муассисаи давлатии “Ӯзбекконсерт” ба намоиши намоҳанг ё клипи суруди узви гуруҳи “Боҷалар” Ҷаҳонгир Фозилҷонов, бо номи “Селфӣ бо президент”, расман иҷозат надод. Аммо ин навор рӯзи 19 декабр дар телевизиони ZO’R-TV ба намоиш медарояд.

Сухангӯи Вазорати фарҳанги Узбекистон Мавлуда Аскархоҷаева гуфт, ки намоҳанги суруди Фозилҷонов – "Селфӣ бо президент" бидуни иҷозати расмӣ дар телевизиони ZO’R-TV намоиш дода мешавад.

Намоиши худсаронаи клипи овозхонҳо, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сар аз моҳи июли соли 2017 манъ шудааст. Ҳунармандон қабл аз нашри намоҳангоҳо бояд Шӯрои ҳунарии “Ӯзбекконсерт” иҷозат бигиранд.

Фозилҷонов дар аввали намоҳанг бо чаҳор фарзанди худ ба тамошобинон чунин муроҷиат мекунад: "Имрӯз ман бо фарзандҳоям мехоҳам, бо президенти худ селфӣ гирам. Агар шумо ҳам ба иқдоми мо пайвандед, силфӣ гирифта, бо хэштеги "Селфӣ бо президенти худ" дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм нашр кунед. То дидор дар Интернет!”.

Намоҳанг аз аввал то охир селфиҳои сарояндаи узбекро бо акси президенти Ӯзбекистон нишон медиҳад. Бештари блогер ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ намоҳанги мазкурро танқид кардаанд.

Ёдрас мешавем, соли гузашта “Ӯзбекконсерт” иҷрои таронаҳоро дар ҳаққи президенти ин кишвар манъ карда, гуфта буд, ки ворид кардани симо ё порчаҳои видеоии шахсиятҳо ва махсусан раҳбари давлат ба тарона ва клипҳо ба меъёрҳои ахлоқу одоб созгор нест.

Ин тасмимдар ҳоле гирифта шуд, ки овозхони 49-сола Дилфуза Исмоилова дар суруди нави худ “Саломат бошад султони ин мулки зебо” президент Шавкат Мирзиёевро “сояи Худо дар замин” номид.

Як масъули "Амонатбонк" ба 14 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе як масъули баландпояи Бонки давлатии Тоҷикистон "Амонатбонк"-ро барои аз худ намудани маблағҳо барои 14 сол равонаи зиндон кард. Ҳукми додгоҳ дар нисбати ӯ 10-уми декабр содир шуда, аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст.

Як манбаъ аз додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ Зоирзода Салоҳидин Бақоро барои аз худ кардани маблағҳои ин бонк гунаҳкор кардааст. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, Зоирзода дар "Амонатбонк" аз соли 2015 то моҳи майи соли 2018 дар вазифаи сардори идораи муҳосиботи Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ фаъолият карда, бо роҳи сохтакории кортҳо аз суратҳисоботҳои умуми бонкӣ 600 ҳазор сомониро тасарруф кардааст.

"Ҳамчунин Зоирзода пас аз ин вазифа барканор шудан низ шаби 19-уми майи соли 2018 пинҳонӣ вориди бонк шуда, бо роҳи ғайриқонунӣ вориди низоми шабакаи компютерӣ гардида, бо дохил намудани иттилооти бардурӯғ маблағи умумии беш аз 340 ҳазор сомониро дуздида ва ният дошт боз 320 ҳазори дигарро аз худ кунад",-гуфтанд дар додгоҳ.

Барои ин кирдорҳояш додгоҳ нисбати Салоҳидин Зоирзода бо моддаҳои 245 қисми 4, 244 қисми 4, 32 қисми 3, 340 қисми 2 ва 299 қисми 2 -и кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз карда буд. Бо ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Зоирзода 14 солро дар зиндони низомаш сахт пушти сар хоҳад кард. Ӯ аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян дар низоми бонкӣ ба мӯҳлати 5 сол маҳрум шудааст. Зоҳирзода ба фоидаи "Амонатбонк" 900 ҳазор сомониро пардохт кардааст.

Хешовандон аз аҳволи Наимҷон Самиев хабар надоранд

Наздикони Наимҷон Самиев, раҳбари пешини дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, бо гузашти наздики се ҳафта аз боздошту истирдоди ӯ аз Русия ба Тоҷикистон, аз аҳволаш хабар надоранд ва намедонанд, ки дар кадом боздоштгоҳ ва бо чӣ ҷурм дастгир шудааст.

Наимҷон Самиев рӯзи 1-уми декабр дар як гузаргоҳи Грозний, пойтахти Чеченистони Қафқози Шимолӣ боздошт ва сипас ба идораи пулиси Ставропол бурда шуд. Рӯзи 4-уми декабр аз фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав ба Душанбе истирдод шуд.

Наздикони Наимҷон Самиев, сокини маҳаллаи Чакалаки ҷамоати Чоркуҳи Исфара рӯзи 20 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳафтаи гузашта падари Наимҷон - Абубакр Самиев ба Душанбе рафт, то дараки писари боздоштшудаашро аз мақомот суол кунад, вале ӯ ҳам натавонист хабаре пайдо кунад. Онҳо мегӯянд, ки аз аҳволи Самиев нигарон ҳастанд. Масъулини вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам дар ин замина изҳори бехабарӣ карданд.

Аҳмадулло Самиев, писари Наимҷон Самиев, як рӯз баъди интиқол додани Наимҷон Самиев ба Душанбе рӯзи 5 декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “хешовандон дар Исфара низ аз дастгир шудани падарам огоҳ ҳастанд”. Аҳмадулло гуфт, ки дар бораи ба чӣ муттаҳам шудани падараш иттилое надоранд. Аммо ӯ мегӯяд, моҳи июли имсол ҳангоми таҳияи аснод дар Қазоқистон падараш хабар ёфтааст, ки ба қаллобӣ ва ба муфлисӣ расондани як корхона дар Исфара муттаҳам аст.

Наимҷон Самиеви 56-сола аз соли 2014 ба ин тараф бо хонаводааш дар Русия зиндагӣ мекард. Ӯ аз соли 2008 то 2012 раиси дафтари ҳизби феълан мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд буд ва сипас раёсати ин ҳизбро дар Исфара бар дӯш дошт.

Ҳизби наҳзати исломӣ ба дунболи ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ дар соли 2015 мамнуъ шуд

Пайвандони Наимҷон Самиев мегӯянд, ӯ соли 2014, қабл аз ошӯб, ба Русия рафта ва дар Доғистону дигар минтақаҳои Русия зиндагӣ мекард ва аз роҳи тиҷорат даромад ба даст меовард. Дар ин муддат, ки борҳо марзро убур кардааст, ягон дафъа дастгир нашуда будааст.

Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015, баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифоъ, мамнӯъ карданд ва он бо дархости додситонӣ созмони террористӣ эълон шуд. Мақомот мегӯянд, ошӯби хунин бо роҳнамоии Ҳизби наҳзат сурат гирифтааст. Ин ҳизб иттиҳомро қотеона рад мекунад ва мегӯяд, ки таъқиби "наҳзатиҳо" ба хотири аз майдони сиёсӣ рондани онҳо анҷом шуд. Баъди ин аъзои раёсат ва ҳам чандин узви ин ҳизб боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд.

Ду мақоми ноҳияи Варзоб барои тақаллуб бо замин гумонбар мешаванд

Оҷонсии зидди фасод ду мақоми ҳукумати ноҳияи Варзобро барои фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин гумонбар кардааст. Нисбати ин ду мақом - раҳбари дастгоҳи ҳукумат Тоҷиддин Беҳбудзода ва раиси бахши лоиҳакаши ноҳия Маҳкам Оев – бо гумони фурӯши ғайриқонунии замин парвандаи ҷиноӣ боз шуда худи онҳо боздошт шудаанд.

Ин хабарро рӯзи 18 декабр дар нишасти Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти интизомӣ, ки дар ҳукумати ноҳияи Варзоб баргузор шуд, намояндагони Оҷонсии зидди фасод хабар доданд.

Як корманди ҳукумати ноҳияи Варзоб, ки дар ин ҷаласа ширкат дошт, ба шарти фош нашудани номаш аз қавли кормандони оҷонсии зидди фасод рӯзи 20 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Дар нишасти ин Шӯро гуфтанд, ки Варзоб минтақаи сайёҳӣ аст ва фурӯши ғайриқонунии қитъаи замин барои сохтмони бӯстонсаро номумкин аст. Ба гуфтаи кормандони оҷонсии зидди фасод, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия ҳамроҳ бо масъули бахши замин бо истифода аз мақоми худ чанд сотих заминро фурӯхта, маблағи онро ба манфиати худ сарф кардаанд”.

Мақомоти тафтишотии Оҷонсии зидди фасод дар нисбати масъулони ҳукумати ноҳияи Варзоб бо ҷурми “қаллобӣ” парванда боз кардаанд ва феълан онҳо дар боздоштгоҳи ҳамин сохтор қарор доранд. Ин хабарро як вакили дифоъ ҳам тасдиқ кард ва гуфт, ки Беҳбудзова ва Оев рӯзи 18 декабр боздошт шуданд.

Феълан мавқеи ин нафарон ба парванда ва ҳам эҳтимоли ин ки онҳо ин иттиҳомотро эътироф мекунанд, маълум нест.

Тавре сокинони Варзоб мегӯянд, хоҳиши афроди сарватманд барои доштани бӯстонсаро дар ин минтақаи хушбодуҳавои кӯҳӣ зиёд аст, ҳарчанд имрӯз ҳам бисёр макони наздисоҳилиаш бо хонаҳои боҳашамат оро ёфтааст. Дар Варзоб осоишгоҳи президентӣ ҳам ҷойгир аст, ки макони пазироии меҳмонони баланд мебошад.

Ин минтақаи ҳамшафати Душанбе бахше аз шоҳроҳи стратегии пайвандкунандаи пойтахт бо шимоли кишвар маҳсуб меёбад.

Донишҷӯёни боздоштшудаи Ингушистон аз пулис шикоят карданд

Донишҷӯёни Ингушистон дар истгоҳи автобусҳо. 17 декабри соли 2018

13 сокини Ингушистон, ки рӯзи душанбе дар пайи рейди пулис дар хобгоҳи донишгоҳи геологии Маскав боздошт шуданд, аз рӯи амалкарди пулис шикоят карданд.

Ба гуфтаи Заур Хашиев, яке аз донишҷӯён, кормандони пулис, ки дар чеҳраашон ниқоб доштанд, ҳангоми кофтукоби хобгоҳи донишгоҳ ба ҳуҷраи онҳо даромада, ӯ ва бародарашро аз пой афтонданд ва чанд дафъа бо "болғаи резинӣ" ба сарашон заданд.

Пеш аз ин 8 донишҷӯи дигар аз рӯи пулис ба додситонӣ ариза бурданд ва гуфтанд, ки ҳангоми боздошт латтукӯб шуданд. Биноба шикояти донишҷӯён, кормандони пулис ҳангоми кофтукоб пул ва телефонҳои онҳоро мусодира карда, то ҳол бозпас надоданд.

Субҳи 17 декабр ходимони Вазорати дохилӣ ва Росгвардия ногаҳон ба бинои хобгоҳи донишгоҳи геологии Маскав даромаданд. Донишгоҳ ин вурудро "рейди барномарезишуда" ва чораҳои пешгирӣ аз қонуншиканӣ" унвон карданд. Дар ҷараёни рейд аз донишҷӯён силоҳи траматикӣ ва маводи мухаддир мусодира шуд.

Аз рӯи баъзе маълумотҳо, кофтукоб ба шикояти донишҷӯёни дигар рабт дошт, ки гуфтанд, бошандагони Ингушистон дар донишгоҳ "қонуну қоидаҳои худро ҷорӣ карданд".

Баъдтар намояндагии Ингушистон дар Маскав гуфт, ки пулис дастикам 40 сокини ин кишварро боздошт кард. Бегоҳи ҳамон рӯз бонҳоро раҳо карданд.

Намояндагии Ингушистон дар Маскав гуфт, ки рейди пулис дар заминаи шикояти як донишҷӯ аз Тоҷикистон анҷом шуд, ки ингушҳо ӯро латтукӯ карданд ва сӯяш аз силоҳи травматикӣ оташ кушоданд. Аз рӯи ин шикоят тафтиш ҷараён дорад.

Фармондеҳи нерӯҳои махсуси Толибонро куштанд

Акс аз бойгонӣ

Вазорати дифои Афғонистон гуфт, дар натиҷаи як амалиёт дар шарқи кишвар фармондеҳи неруҳои махсуси Толибонро куштанд. Ғафур Аҳмад Ҷовид -сухангӯи вазорат, рӯзи 20-уми декабр гуфт, ки Билол Задронро рӯзи 18-уми декабр дар вилояти Пактико маҳв кардаанд.

Билол Задрон, фармондеҳи неруҳои махсус ва “Воҳиди сурх” -и Толибон дар вилоятҳои Ғазнӣ, Пактиё, Пактико, Хуст ва Лугар будааст. Ба қавли сухангӯи вазорати дифо, Билол Задрон дар ноамн кардани вазъ дар 5 вилояти шарқии Афғонистон нақши зиёд доштааст.

Маҳви фармондеҳони баландпояи Толибон бахше аз стротегияи ҳукумати Афғонистон барои фишор ба ин гуруҳи тундрав аст, ки ба музокирот сулҳ розӣ шавад, чун фармондеҳон дар минтақаҳоро монеа дар роҳи гуфтугуҳо мешуморанд.

Аз ин пештар Абдул Манон, волии худхондаи Толибон дар вилояти Ҳилмандро неруҳои Амрико ва Афғонистон дар як амалиёти муштарак дар рузи 2-уми декабр куштанд.

Путин гуфт, хатари ҷанги атомиро ночиз напиндоред

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рушди сусти иқтисодии кишварашро тобиши мусбат дод ва гуфт, ки он ба таҳримот мутобиқ шудааст. Ӯ Амрикоро барои даст кашидан аз як аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ аз замони Ҷанги Сард танқид кард ва гуфт, набояд хатари ҷанги фалокатбори атомиро нодида гирифт. Вай афзуд:

“Мутаасифона чунин тамоюл ба миён омадааст, ки хатари ҷанги атомиро ночиз мепиндоранд. Ва ин тамоюл авҷ мегирад."

Владимир Путин гуфт, ҷанги атомӣ сабаби “аз байн рафтани инсоният мешавад.” Дар як моҳи ахир ӯ бори дуввум аст, ки дар бораи эҳтимоли ҷанги ҳастаӣ суҳбат мекунад, вале гуфт, умедвор аст, ки ақли солим пирӯз мешавад.

Владимир Путин дар ин бора ҳангоми нишасти хабарии солонааш дар рӯзи 20-уми декабр дар Маскав суҳбат кард. Раиси ҷумҳури Русия ин нишастро барои боло бурдани обрӯву эътибор, таскин додани мардуми Русия ва ирсоли паёмҳои сиёсӣ ба Амрико ва бақияи ҷаҳон истифода мекунад.

Ӯ гуфт, хориҷ шудани Амрико аз Аҳдномаи манъи истифодаи мушакҳо аз аоли 2002 "тавозуни стратегӣ"-ро зери хатар монд ва қасди Иёлоти Муттаҳида барои хориҷ шудан аз Аҳдномаи манъи густариши мушакҳои миёнапарвоз аз замони Ҷанги Сард қадами дигар ба ҳамон самт аст.

Нишасти хабарӣ, ки баъзан то чаҳор соат ва ё бештар аз он идома мекунад ва дар телевизион мустақим нашр мешавад, замоне сурат мегирад, ки танишҳо байни Русия ва Ғарб авҷ гирифтааст ва обрӯи Путин дар даври чаҳоруми раёсати ҷумҳуриаш поин рафтааст.

Соҳибкори Русия "парвандаи Трамп"-ро ба BuzzFeed бохт

Логои сомонаи BuzzFeed

Додгоҳи ИМА дар заминаи даъвои соҳибкори Русия Алексей Губарев дар бораи туҳмат ба ӯ, аз сомонаи BuzzFeed пуштибонӣ кард. Мурофиаи додгоҳӣ ба "парвандаи Трамп" рабт дошт, ки гуфта мешуд хадамоти махсуси Русия алайҳи президенти ИМА Доналд Трамп маводи бадномкунанда дорад.

Дар матлабе, ки BuzzFeed нашр карда буд, номи Сергей Губерев зикр шудааст. Соҳибкор моҳи ферали соли 2017 ба додгоҳи Флорида шикоят бурд, аммо додгустар ҳукм кард, ки BuzzFeed дар ин матлаб арзёбӣ ва ақидаи худашро илова накардааст. Ба ғайр аз ин, нашрия навишта буд, ки маълумот тасдиқношуда аст.

BuzzFeed қаблан шарҳ дод, ки чаро ин "парванда"-ро нашр кард. Ба гуфтаи нашрия, онҳо мехостанд, ки амрикоиҳо дар бораи иттиҳомоти зидди Трамп ақидаи шахсии худро дошта бошанд.

"Парвандаи Трамп" аз тарафи корманди пешини истихбороти Британия Кристофер Стил омода шуд. BuzzFeed онро моҳи январи соли 2017 пурра чоп кард. Дар мавод гуфта мешуд, ки Доналд Трамп дар Русия манфиатҳои тиҷоратӣ дошт ва хадамоти махсуси Русия гӯё дар бораи ӯ маводи бадномкунанда ҷамъ кардаанд.

Ҳамчунин гуфта мешуд, ки намояндагони ситоди президенти оянда дар ҷараёни маъракаи пеш аз интихоботӣ бо мансабдорони Русия мулоқот карданд. Трамп ва тарафдоронаш ин маводро "фейк ньюс" гуфтанд. Хабаргузориҳо ва истихбороти ИМА натавонистанд матлаби нашршударо тасдиқ кунанд. Мақомоти Русия низ гуфтанд, ки бар зидди Трамп маводи бадномкунанда надоранд.

Путин маҳдудияти қабули паноҳандагони сиёсиро бекор кард

Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин дар бораи бекор кардани маҳдудияти пешниҳоди паноҳандагии сиёсӣ ба хориҷиҳо фармон имзо кард.

Бар пояи фармони нав маҳдудияти паноҳгоҳи сиёсӣ барои онҳое ки дар ватанашон таъқиб мешаванд ва ҷурми онҳо дар Русия низ ҷиноят аст, лағв мешавад. Намояндагони кишварҳои рушкарда ва дорои сохторҳои демократӣ дар самти ҳимоя аз ҳуқуқи башар, метавонанд аз Русия паноҳгоҳи сиёсӣ дархост кунанд. Феҳрасти пӯшидаи ингуна давлатҳоро ҳамасола Вазорати хориҷии Русия тартиб медод. Бо амри президент ин масъулият низ бекор шуд.

Ба ғайр аз ин, онҳое, ки бинобар вазъи номусоиди иқтисодӣ, гуруснагӣ, эпидемия ё ҳолати фавқулодда наметавонанд ба ватани худ баргарданд, ҳақ доранд аз Русия паноҳгоҳи сиёсӣ дархост кунанд.

Дар хабари дафтари матбуоти раиси ҷумҳур омадааст, ки паноҳгоҳи сиёсӣ ба сурати ҷудогона ва бо назардошти манфиати кишвар пешниҳод мешавад.

Рӯзи 18 декабр Думаи давлатӣ тарҳи қонун дар бораи "Шаҳрвандии Русия"-ро дар баррасии сеюм тасвиб кард. Ин қонун ба баъзе гурӯҳҳои шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат медиҳад, ки паспорти русиро бо роҳи соддатар дарёфт кунанд.

Сенаторҳо хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Сурияро "таҳдиди амниятӣ" номиданд

Бинои порлумони ИМА

Як қатор сенаторҳои ИМА хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурияро таҳдид ба амнияти кишвар унвон карданд. Дар номаи аъзои Сенат ба унвони Кохи сафед гуфта мешавад, ки ин иқдом гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ", президенти Сурия Башор Асад, Русия ва Эронро ҷасуртар мекунад.

Ба гуфтаи қонунгузорон, низомиёни амрикоӣ ба дастаҳои Курд, ки алайҳи ДИИШ мубориза мебаранд, кӯмак мерасонанд ва заъфи Курдҳо роҳро барои фаъол шудани ДИИШ боз мекунад. Дар навбати худ, Русия ва Эрон ҷанги Сурияро барои афзоиши нуфузашон истифода мекунанд,- омадааст дар ин нома.

Дар бораи хуруҷи нерӯҳо аз Сурия намояндаи Кохи сафед Сара Сандерс рӯзи гузашта хабар дод. Вашингтон барнома дорад, ки нерӯҳоро аз Сурия дар муддати аз 60 то 100 рӯз берун барад. Беш аз 2 ҳазор сарбози ИМА дар ин минтақа мустақар шудаанд.

Матбуоти амрикоӣ менависад, ки қарори хуруҷи нерӯҳоро Департаменти давлатӣ ва Пентагон ҳам танқид мекунанд. Баъзе сенаторҳои ҷумҳурихоҳ изҳороти Трампро дар бораи пирӯзии ИМА бар "Давлати Исломӣ" дуруғ унвон карданд.

Китоби Бердимуҳаммадов - "Ба қуллаҳои нави пешрафт" чоп шуд. ВИДЕО

Мақомот китоби нави президентро мебӯсанд

Китоби нави президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз чоп баромад. Расонаҳои давлатии ин кишвар рӯзи 18-уми декабр хабар доданд, ки китоби нав ҷилди 11-уми асари "Ба қуллаҳои нави пешрафт"-и Бердимуҳаммадов аст.

"Қуллаҳои нави пешрафт" бо забонҳои туркманӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуда, дар он баромадҳо, суханрониҳо, матлабҳо, суҳбатҳо ва паёмҳои президенти Туркманистон дар соли 2017 ҷамъоварӣ шудааст.

Видео аз бойгонӣ: Бӯсидану ба чашм молидани китоби президенти Туркманистон

Бӯсидану ба чашм молидани китоби президент
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:44 0:00

"Ҳамчунин, ба ислоҳоти қонунгузорӣ ва конститутсионӣ дар Туркманистон таваҷҷуҳи бештар шудааст, ки дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ бо ҳадафи қонунан таъмин кардани пешрафти ин кишвар ба шукуфоии ҳамаҷониба сурат гирифтааст", - менависад хабаргузории расмии ТДХ.

"Дар китоб муҳимтарин ҳодисаи соли 2017 интихоботи ахири президентии Туркманистон бо пирӯзии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов -- бори севум интихоб шудани ӯ ба мақоми олии давлатӣ номида шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми туркман самти сиёсати давлатии пешгирифтаи раҳбари кишварро ҷонибдорӣ мекунанд", - афзудааст манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ҳифзи марзро тақвият бахшанд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти қудратӣ ва низомии кишвар хостааст, ки нерӯи мудофиавии давлатро боло бурда ва ҳифзи марзро тақвият бахшанд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19-уми декабр дар нишасти Шӯрои амнияти Тоҷикистон, инчунин, ба боло бурдани "сатҳи омодагии ҷузъу томҳои низомӣ" ва "беҳтар кардани таъминоти моддиву техникии онҳо" амр додааст.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон рӯзи 19-уми декабри имсол дар Душанбе баргузор шуд. Дар нишаст раҳбарони Додситонии кул, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазири дифоъву раиси Оҷонсии зидди фасод гузориш додаанд. Вале дар ҳоли ҳозир тафсилоти суҳбатҳои онҳо дастрас нест.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар як иттилоияи расмӣ гуфтааст, дар ҷаласа "мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, тадбирҳои муштарак ба муқобили қонунвайронкуниҳо, ҷинояту ҷинояткориҳо, таъмини амнияту суботи давлату миллат ва тарғибу гиромидошти арзишҳои истиқлолият" баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, президенти Тоҷикистон аз комёбиҳо ва аз вуҷуди баъзе камбудҳо дар кори мақомот низ ёдоварӣ кардааст.

Назарбоев Алишер Усмоновро бо ордени "Дӯстӣ" қадрдонӣ кард

Миллиардери узбектабор Алишер Усмонов

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев миллиардери узбектабори Русия Алишер Усмоновро бо нишони "Достик" (Дӯстӣ), дараҷаи І, қадрдонӣ кард.

Тӯҳфаи Нурсултон Назарбоев ба соҳибкори маъруфи рус ва муассиси ширкати USM Holdings Алишер Усмонов бахшида ба Рӯзи истиқлоли Қазоқистон тақдим шуд, - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии ин кишвар.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, Усмонов барои "хидматҳояш дар корҳои давлативу иҷтимоӣ, саҳми назаррасаш дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар ва тақвияти дӯстӣ миёни халқҳо" бо нишони мазкур қадрдонӣ шуд.

Пештар аз ин, президенти Русия Владимир Путин низ ба Усмонов ордени "Барои хизмати Ватан" дараҷаи III ва ба ҳамсараш Ирина Винер-Усмонова ордени "Барои хизмати Ватан" дараҷаи II -ро тақдим кард.

Моҳи августи соли равон президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам Усмоновро бо ордени "Эл-юрт хурматӣ" қадрдонӣ кард.

"Киргиз чоролору" ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонуниро талаб кард

Эътирози қирғизҳо алайҳи табъзи ҳамқавмҳои онҳо дар Чин

Иттиҳодияи ҷамъиятии "Киргиз чоролору" (40 сарбози қирғиз) рӯзи 20 декабр бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар назди сафорати Чин дар Бишкек аз мақомоти Қирғизистон талаб кард, ки дар давоми 30 шабонарӯз тамоми шаҳрвандони хориҷиро ихроҷ кунанд, ки дар ин кишвар ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.

Хабарнигори мо аз маҳаллӣ ҳодиса иттилоъ дод, ки дар ҳамоиш ҳудуди 200 узви иттиҳодия иштирок доранд. Ба гуфтаи ҷамъшудаҳо, ниҳодҳои давлатӣ барои муайян кардани шумори воқеӣ ва ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд дар якҷоягӣ бо ҷомеа комисияеро ташкил кунанд. Онҳо мегӯянд, дар ғайри сурат мустақилона амал хоҳанд кард.

Созмондиҳандагони ҳамоиши эътирозӣ чанде пеш гуфта буданд, ки аз мақомоти Чин қатъи таъқиби ақаллиятҳо ва шарҳи сабабҳои боздошти онҳоро талаб хоҳанд кард.

Чин тайи чанд моҳи ахир дар робита ба хабари таъқибу боздошти намояндагони миллатҳои дигар дар минтақаи Шинҷон мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад. Расонаҳо соли 2016 хабар доданд, ки мақомоти Чин боздоштшудаҳоро дар "марказҳои бозомӯзии сиёсӣ" нигаҳ медоранд. Бино ба арзёбиҳои гуногун, дар он марказҳо то ду миллион одам нигаҳдорӣ мешавад.

Дар шаҳри Бишкек тайи чанд моҳи ахир як қатор ҳамоишҳои эътирозӣ бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба вазъи ақаллиятҳо дар Чин баргузор карда шуд.

Президенти Қирғизистон Соронбой Ҷеенбеков дар нишасти хабарии худ дар мавриди вазъи қирғизтаборон дар Чин гуфт, Бишкек дар ҳалли ин мушкил бояд аз эҳтиёт кор бигирад.

Остона аз баргардонидани даҳҳо кӯдак аз Сурия хабар дод

Ержан Ерсаинов

Мақомоти Қазоқистон дар ду соли охир 91 кӯдакро аз Сурия бозпас оварданд. Ин кӯдакон ҳоло ба шароити нав мутобиқ мешаванд. Дар ин бора Ержан Ерсаинов, як масъули Вазорати маорифи Қазоқистон хабар дод.

Ӯ гфт, ки бархе аз кӯдакон дар мактабҳои умумӣ ҳамроҳи талабаҳои дигар таҳсил мекунанд. Ба гуфтаи Ерсаинов дар байни кӯдаконе, ки аз Сурия баргаштаанд, теъдоди духтарон зиёд аст. Ерсаинов ҳамчунин гуфт, ин кӯдакон забони қазоқӣ меомӯзанд.

Биноба маълумоти мақомоти Қазоқистон аз оғози низоъ дар Шарқи Наздик садҳо шаҳрванди Қазоқистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба гурӯҳи террористии Давлати Исломӣ гаравиданд.

Моҳи марти соли ҷорӣ Нургалӣ Билисбеков, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфта буд, 57 тан аз 125 шаҳрванди аз Сурия баргашта зиндонӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, боқимондаҳо зери назорат ҳастанд. Мақомот дар бораи теъдоди "ҷиҳодиҳо"-и қазоқ, ки дар Сурияву Ироқ кушта шудаанд, маълумот надоданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Марги шубҳабарангеҳи сарбози 20-сола дар Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:16 0:00
XS
SM
MD
LG