Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Пулис хост, нахуствазири Исроил ба ришвахорӣ муттаҳам шавад

Беянмин Нетаняҳу

Пулиси Исроил рӯзи 2-уми сентябр тавсия дод, ки нахуствазир Бенямин Нетаняҳу расман ба ришвахорӣ муттаҳам карда шавад. Дар чанд моҳи ахир айни тавсия ду дафъаи дигар садо додааст.

Маъмурони пулиси Исроил аз ин пеш ба додситонӣ тавсия доданд, ки Бенямин Нетаняҳуро бо ду қазияи дигар ба фасодкорӣ муттаҳам кунад. Аммо ӯ билофосила ин иттиҳомот ба зидди худаш ва ҳамсарашро беасос номидааст.

Ӯ бо нашри як баёнияе гуфт, “Тавсияҳои пулис дар бораи ман ва ҳамсарам касеро ба ҳайрат намеорад”. Ба қавли нахуствазир ин тавсияҳо ҳатто пеш аз таҳқиқот омода карда ва ба матбуот додаанд.

Бенямин Нетаняҳу иддаоҳо дар бораи ришвахориро кори дасти рақибони сиёсиаш медонад. Аммо ҳоло ихтиёр дар дасти додситонӣ аст, ки ӯро ба ҷиноят муттаҳам мекунад, ё не.

Барои фиреби хешовандони зиндониён 9 сол зиндонӣ шуд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Хуҷанд як сокини Суғдро, ки худро корманди пулис муаррифӣ намуда, аз наздикони чаҳор маҳбус ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ гирифтааст, барои 9 сол паси панҷара фиристод.

Дилшод Тошмуҳаммадов, сокини 32-солаи Хуҷанд, ки ҷое кор намекард, ба “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” гунаҳкор дониста шуд.

Ба гфтаи додгоҳ, Дилшод Тошмуҳаммадов худро ба сокинон “корманди шуъбаи амнияти раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд” муаррифӣ карда ва ба қаллобиву фиреб машғул будааст.

Ба иттилои додгоҳ, ӯ моҳи марти имсол аз як нафар бо ваъдаи озод кардани бародараш як мошинеро гирифтааст. Ҳамин тавр, ба иттилои додгоҳ, ин “пулиси сохта” дар солҳои 2016 – 2017 аз ду сокини дигар, Зокирҷон Юнусов, Муқаддас Баҳридинова бо ваъдаҳои аз маҳбас озод кардани падар ва писари онҳо мутаносибан 5300 доллар ва ҳудуди 45 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Як сокини дигари вилоят Аҳрорхоҷа Урунхоҷаев низ моҳи сентябри соли 2017 ба доми фиреби Дилшод Тошмуҳаммадов афтода, 26 ҳазор сомонӣ зиён дидааст. Додгоҳ Дилшод Тошмуҳаммадовро барои ин ҷиноятҳо 9 сол паси панҷара фиристод ва амр дод, ки 150 ҳазор сомонии ҷабрдидаҳоро баргардонад.

100 мард ва навраси русро ба Украина роҳ надоданд

Гулӯгоҳи Керч, ки муноқиша онҷо сар зад.

Мақомоти Украина мегӯянд, баъди манъи вуруди мардони Русия ба кишвар рӯзи 1-уми декабр иҷоза надоданд, 100 наврас ва мардон аз он кишвар ба Украина ворид шаванд.

Рӯзе пештар аз ин раиси ҷумҳур Петро Порошенко гуфт, дар муддати 30 рӯз, ки Украина вазъи ҷангӣ эълон кардааст, наврасони аз 16-сола боло ва мардони аз 60-сола поин аз Русия ҳақ надоранд, ба қаламрави кишвараш ворид шаванд.

Ҷанҷол байни Русияву Украина баъди он авҷ гирифт, ки нерӯҳои баҳрии Русия рӯзи 25-уми ноябр, се киштии ҷангии Украинаро тасарруф ва 24 маллоҳро дастгир карданд. Ҳодиса дар наздикии нимҷазираи Қрим рух дод.

Мақомоти Украина рӯзи 1-уми декабр гуфтанд, аксари онҳое, ки ба кишвар роҳ дода нашуданд, санадҳои дуруст надоштанд ва ё ҳадафи сафарашон маълум набуд. Петро Порошенко гуфтааст, ҳадафи манъи вуруд роҳ надодани низомиёни Русия ба Украина аст.​

Ситоиши раҳбарони кишварҳои ҷаҳон аз Ҷорҷ Буш

Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон бо изҳори тассалият аз марги Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Амрико аз хидматҳои ӯ ситоиш карданд. Михаил Горбачев, раҳбари шӯравии собиқ гуфт, Ҷорҷ Буш раҳбаре дар замони “тағйироти азим буд” ва дӯстӣ бо ӯ, ба “Ҷанги Сард ва рақобати таслиҳотӣ хотима дод”.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия Ҷорҷ Бушро шахсияти барҷастае номид, ки ба гуфтаи ӯ “тамоми умр барои кишвараш хидмат кардааст.” Тереза Мей, нахуствазири Бритониё гуфт, Ҷорҷ Буш “бо ҳидояти сулҳомез ба поёни Ҷанги Сард, ҷаҳонро ба ҷойи амнтаре барои наслҳои баъдӣ табдил дод.” Ангела Меркел садри аъзами Олмон ӯро “дӯсти воқеии мардуми Олмон” номид.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, Ҷорҷ Буш, бо фаъолияти сермаҳсули худ дар мақоми раиси ҷумҳури Амрико ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим “соҳиби иззату эҳтироми шаҳрвандони кишвар гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохта обруву эътибори баланд дошт.”

Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури 41-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 30-уми ноябр дар синни 94-солагӣ даргузашт. Ӯ аз соли 1989 то соли 1993 раиси ҷумҳури Амрико буд.

Вазири амрикоӣ Владимир Путинро сахт танқид кард

Ҷеймс Маттис

Ҷеймс Маттис, вазири дифои Амрико, бо интиқоди сахт аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ӯро ба талош барои дахолат ба интихоботи порлумонии Амрико муттаҳам кард.

Ӯ зимни суханронӣ дар Китобхонаи ба номи Роналд Рейган дар аёлати Калифорния рӯзи 1-уми ноябр гуфт, “Путин аз хатоҳои худ ба осонӣ дарси ибрат намегирад ва хост, бо интихоботи Амрико дар моҳи гузашта коре бикунад, ҳарчанд ба қавли ӯ ҳеҷ чизе Русия муяссар нашудааст.

Ҷеймс Маттис афзуд, ки бидуни шак муносибат байни Амрикову Русия бад шудааст ва худи Путин дар Амрико нисбат ба мардуми Русия хусумат бармеангезад. Ҷеймс Маттис ҳамчунин Русияро ба он муттаҳам кард, ки бар хилофи як аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои атомӣ аз замони Ҷанги Сард амал карда ва ба сохтани мушакҳои мамнӯъ идома додааст.

Сухан дар бораи аҳдномае аз соли 1987 меравад, ки ба Русияву Амрико иҷоза намедиҳад, мушакҳои миёнапарвози қодир ба ҳамли кулоҳакҳои атомӣ бисозанд. Ҷеймс Маттис, тассаруфи се киштӣ ва боздошти 24 сарбози Украина аз тарафи нерӯҳори Русияро нақзи бешармонаи аҳднома бо Украина номид

Эмомалӣ Раҳмон: "Аз даргузашти Ҷорҷ Буш андӯҳгин шудем"

Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба сабаби даргузашти Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Амрико ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии ин кишвар изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Дар номаи тассалияти Эмомалӣ Раҳмон, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 1-уми декабр дар вебсайташ нашр кард, омадааст,Хабари реҳлати раиси ҷумҳури собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷорҷ Герберт Уокер Буш боиси андуҳи мо гардид.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Иёлоти Муттаҳидаи Америка таъзияи амиқ ва тасаллияти сидқии худро иброз менамоям».

Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома гуфтааст, Ҷорҷ Буш, бо фаъолияти сермаҳсули худ дар мақоми раиси ҷумҳури Амрико ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим “соҳиби иззату эҳтироми шаҳрвандони кишвар гардида, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори шинохта обруву эътибори баланд дошт.”

Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури 41-уми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 30-уми ноябр дар синни 94-солагӣ даргузашт. Ӯ аз соли 1989 то соли 1993 раиси ҷумҳури Амрико буд.

Ҷазои сахт ба сарбози тоҷик барои шикастани манаҳи ҳамхидматаш

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе як сарбози тоҷикро барои дашном додан ва шикастани манаҳи ҳамхидматаш ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳ бо нашри як баёнияи расмӣ дар ҳафтаи гузашта гуфт, Умматқул Абдуқаюмов, ефрейтори яке аз воҳидҳои низомии артиши миллӣ бо гуноҳи риоят накардани ойинномаи низомӣ ва расонидани осеб ба инсон ба 5 сли зиндон маҳкум шуд.

Сарбоз акнун 5 соли умри худро дар зиндони низомаш пурзӯр сипарӣ мекунад. Муфаттишон мегӯянд, Умматқул Абдуқаюмов, рӯзи 3-уми июли имсол бо сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ ба Дилшод Заҳробеков, яке аз сарбозони қаторӣ амр медиҳад, ки барои ӯ об биёрад.

Азбаски Дилшод Заҳробеков, дар синфхонаи қисми ҳарбӣ зарфи обгирӣ намеёбад ва дасти холӣ бармегардад, “Умматқул Абдуқаюмов ба ғазаб омада ва бо баҳонаи онки Дилшод сари вақт барои ӯ об наёвардааст, аввал апаи ӯро дашномҳои қабеҳ медиҳад ва сипас бо ҳарду дастонаш ба рӯи Дилшод Заҳробеков ду маротиба сахт мезанад.”

Дар натиҷаи зарбаи сахт ба гуфтаи муфаттишон манаҳи сарбоз мешиканад. Ҳукми Додгоҳи низомии шаҳри Душанберо дар вебсайти расмии додгоҳии олии Тоҷикистон нашр карданд, вале замони анҷоми мурофиаро нагуфтаанд. Қарорҳои додгоҳҳои Тоҷикистон умдатан пас аз ҳукми иҷро гирифтан ба нашр мерасонанд.

Дархости нави нозирони роҳ аз ронандагони Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Бозрасии Давлатии Автомобилӣ аз ронандагон дар Тоҷикистон хостааст, ки қабл аз ҳаракат дар роҳ дурустии кори чароғҳои мошинашонро тафтиш кунанд, зеро дар сурати вайрон будани онҳо ҷарима мешаванд.

Дар эълони раёсати ин ниҳод дар вебсайти вазорати умури дохилӣ гуфта мешавад, сар аз имрӯз 1-уми декабр то 10-уми декабр дар Тоҷикистон амалиёти “Чароғ” сурат мегирад.

Ҳадаф аз амалиёт ба гуфтаи раёсат, “пешгирии садамаҳои нақлиётӣ ва ҳодисаҳоест, ки ба сабаби вайрон намудани тартиби истифодабарии асбобҳои равшанидиҳандаи нақлиёт” рух медиҳанд.

Дар эълони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ омадааст, “аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз сафар баромадан ҳолати техникӣ, чароғҳои дурбин ва наздики мошинро аз назар гузаронанд. Зеро ин амал барои бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирии садамаҳо, алалхусус дар фасли сармо мусоидат хоҳад кард.»

Дар Тоҷикистон, чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон барои ҳаракат бо чароғҳои вайрон ҷарима ва ё танбеҳ муқаррар шудааст.

Варзишгарони тоҷик аз Олмон "тилло" меоранд

Разавӣ Навбаҳоров дуввум аз чап

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ “Берлиниада – 2018”, ки дар шаҳри Берлини Олмон баргузор шуд, се медал – як нишони тилло ва ду нишони нуқра – ба даст оврданд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 1-уми декабр аз Берлин хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар ин мусобиқаи байналмилалӣ беш аз 200 варзишгар аз Арманистон, Олмон, Русия, Тоҷикистон, Украина ва дигар кишварҳо ширкат дошт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ се варзишгар намояндагӣ кард. Разавӣ Навбаҳоров, паҳлавони тоҷик, дар рақобатҳо дар вазни зери 62 килограмм мақоми аввалро касб намуд ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Ду паҳлавони дигари тоҷик - Шамшоди Шамсимаҳмад дар вазни зери 55 килограмм ва Шаҳром Шералов дар вазни зери 82 килограмм – барои ҷойҳои дуюм бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

“Ҳоло ин се гуштигири тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки 30-юми ноябр дар шаҳри Люнебурги Олмон шуруъ шуд, ширкат дорад. Гуштигирони ҷавони тоҷик, инчунин дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон (4 – 5-уми декабр) ва донишҷӯён (7– 8-уми декабр), ки дар шаҳри Нови Сади Сербия доир мегардад, ширкат меварзанд”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев, ки дар ин ду мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербия ба ҳайси довар Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

Эрон киштии ҷангии тавлиди дохилиро ба артиш дод

Киштии "Саҳанд" дар Халиҷи Форс

Дар байни авҷи танишҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон як киштии ҷангӣ ва ё новшикани тавлиди дохилиро ба сипоҳи баҳрии кишвар шомил кард. Маросими пайвастани новшикани “Саҳанд” ба нерӯҳои Эронро рӯзи 1-уми декабр дар телевизионҳои давлатӣ мустақим намоиш доданд. Ин киштӣ дар пойгоҳи Бандар Аббос дар назди гулӯгоҳи стротегии Ҳурмуз лангар андохт.

Ба гуфтаи расонаҳои Эрон киштии ҷангии “Саҳанд” бо пойгоҳи фуруду бархости чархболҳо, мушакандоз ва дигар абзорҳои пешрафтаи электронии ҷангӣ муҷаҳҳаз аст. Эрон 8 сол пеш нахустин новшикани сохти дохилиро дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳ гузошт ва панҷ киштии ҷангии дигар дорад.

Фармондеҳони Эрон рӯзи 29-уми ноябр гуфтанд, ки ду киштии зериобии хурде гирифтанд, ки барои шино дар тунукоб ба мисли Халиҷи Форс мувофиқ карда шудаанд.

Эълони фармондеҳон талоше барои нишон додани қудрати низомии Эрон дар баробари Амрико аст, ки моҳи майи имсол аз созиши атомӣ бо Теҳрон хориҷ шуд ва таҳримоти сахт ба зидди ин кишварро дигарбора эҳё кард.

Гулмира барои куштани янгааш Гулшода ба зиндон рафт

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи шаҳри Истаравшан як сокини ин шаҳрро барои куштани янга ва ё ҳамсари бародараш ба 10 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1-уми декабр бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод.

Дар ин баёния омадааст, ки Гулмира Хоҷаева рӯзи 18-уми майи имсол ҳангоми муноқиша бо Гулшода Хоҷаева ҳамсари бародараш, ӯро чанд корд зада ва дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расонидааст.

Ҳарду дар хонаи волидони Гулмира Хоҷаева зиндагӣ мекардаанд. Дар Тоҷикистон ҷанҷолҳои лафзӣ байни келин ва аъзои хонаводаи шавҳар зиёд ба назар мерасад, аммо кордкашӣ байни онҳо кам иттифоқ меафтад.

Додситонӣ нагуфтааст, ки ҳукм кай содир шуд, вале умдатан хабарҳо дар қарори додгоҳро баъди ҳукми иҷро гирифтани он нашр мекунад.

Ҳалокати даҳҳо нафар дар ҷанги байниҳамдигарии Толибон

Толибон дар ноҳияи Шиндонди Ҳирот. Акс аз моҳи майли соли 2016

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи ҷанги ду ҷиноҳи рақиби Толибон дар вилояти Ҳирот даҳҳо нафар аз ҳар ду тараф кушта шудаанд. Ҷилонӣ Фарҳод, сухангӯи ҳукумати вилоят гуфт, ҷанг байни онҳо рӯзи 30-уми ноябр дар ноҳияи Шиндонд сурат гирифтааст ва дар натиҷа 28 ҷангҷӯ кушта шудаанд ва 25 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳикматулло Ҳикмат, раиси ноҳияи гуфт, ҷангҷӯёни вафодор ба Мулло Ҳайбатулло Охундзода ба зидди тундравоне бархостаанд, ки ба фармондеҳи собиқи гурӯҳ Мулло Расул содиқ ҳастанд. Мулло Расул, як ҷиноҳи ҷудоиталаб аз Толибонро раҳбарӣ мекунад.

Тарафдорони ӯ аз соли 2015 ба ин тараф борҳо бо аъзои гурӯҳи Толибон дар вилоятҳои ҷанубӣ ва ғарбии Афғонистон ҷангу муноқиша кардаанд. Толибон мегӯянд, ки Мулло Расул аз мақомоти махсуси Афғонистон кӯмаку аслиҳа мегирад, то дар байни Толибон ҷудоӣ андозад. Мақомоти Афғонистон ин иддаоро рад мекунанд.

Маллоҳони Украина ба маҳбаси "Лефортово" интиқол ёфтанд

Маллоҳи боздоштшудаи Украина дар назди додгоҳи Симферопол

Мақомоти Русия 21 маллоҳи боздоштшудаи украиниро ба зиндони "Лефортово" интиқол дод. Се нафари дигар дар бемористони боздоштгоҳи "Матросская тишина" нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар ин бора шабакаи телевизионии "Дожд" рӯзи 30-юми ноябр бо такя ба комиссияи назоратии Когершин Сагиева хабар дод. Сагиева ахиран бо украиниҳо дар "Лефортово" мулоқот кардааст.

Рӯзи 25-уми ноябр марзбонҳои рус се киштии нерӯҳои баҳрии Украинаро дар соҳилҳои Қрими ишғолшуда тасарруф карданд. 24 маллоҳи киштиҳо боздошт ва тавассути додгоҳи Русия то ду моҳ зиндонӣ шуданд.

Мақомоти Русия украиниҳоро ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам мекунанд. Онҳо дар ростои шаш соли зиндон қарор доранд.

Киев амалкарди Русияро тавтеа ва таҷовузкорӣ номид. Раиси ҷумҳури Украина қонун дар бораи ҷорӣ шудани ҳолати низомӣ дар қаламрави кишварро имзо кард.

Рӯзи 30-уми ноябр маълум шуд, ки Украина вуруди мардҳои аз 16 то 60-солаи Русияро ба қаламрави Украина мамнуъ кард.

Transparency: Аспҳои Қодиров бештар аз худаш даромад меоранд

Рамазон Қодиров

Созмони Trancparency International – Russia дар як гузориши таҳқиқотӣ навиштааст, ки аспҳои раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров се баробар бештар аз соҳибашон даромад меоранд.

Дар чаҳор сол ин аспҳо ба Қодиров наздик ба 100 миллион рубл фоида овардаанд. Ин пулҳоро Рамазон Қодиров дар гузориши молиётӣ зикр накардааст.

Бино ба ҳисобҳои Trancparency International – Russia, аз соли 2014 то 2018 аспҳои Рамазон Қодиров дар дави Иморати Араб 61,7 миллион рубл даромад оварданд. 36,4 миллиони ҷоизавиро онҳо дар Русия гиифтанд. Дар ин солҳо Қодиров танҳо 29,2 миллион рубро ҳамчун даромад гузориш дод.

Ин дар ҳолест, ки Trancparency International – Russia ҷоизаҳои пулии аспҳои Қодиров дар сабқати кишварҳои аврупоиро ҳисоб накардааст.

Аз соли 2014 то 2018 даромади аспҳои Қодиров дар сабқатҳои Ҷумҳурии Чех ва Олмон 111,6 миллион рубл аст. Азбаски раҳбари Чеченистон ба рӯйхати таҳримҳо шомил аст, созмонҳои аврупоӣ ҳақ надоранд ҷоизаҳои пулиро ба ӯ фиристанд.

Бино бар қонунгузорӣ, Рамазон Қодиров набояд аспҳояшро ҳамчун дороӣ гузориш диҳад. Аммо нархи онҳо метавонад бисёр баланд бошад. Соли 2015 тамрингари аспи Қодиров дар Чехия Арслангирей Шавуев ба "Радио Свобода" қимати ду аспи Қодировро 250 ҳазор евро арзёбӣ кард.

Дар бузургтарин сомонаи Русия дар мавриди варзиши аспдавонӣ гуфта шудааст, ки Рамазон Қодиров 128 аспи гаронбаҳо дорад.

Чехия- аспи Қодиров бо номи Алзарб ҳангоми сабқат. Қодиров онро ба қиммати 140 ҳазор евро харидааст.
Чехия- аспи Қодиров бо номи Алзарб ҳангоми сабқат. Қодиров онро ба қиммати 140 ҳазор евро харидааст.

Ба гуфтаи Trancparency International - Russia, нигаҳдории ин галла барои Қодиров солона 46 миллион рубл харҷ дорад. Ин бештар аз маблағест, ки Қодиров дар гузориши молиётӣ навиштааст.

Э.Раҳмон рӯзи ҷумъа аз масҷиди бузуруги Душанбе дидан кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи ҷумъаи 30-юми ноябр аз маҳалли сохтмони масҷиди бузург дар пойтахт дидан кардааст. Ин масҷид, ки дар маркази Душанбе бунёд мешавад, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва як гунбази 47-метрӣ иборат аст.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти президент, Эмомалӣ Рамон хостааст, ки корҳои ороишию кандакорӣ ва чӯбтарошӣ “мувофиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ва риояи санъати меъморию сохтмонии мардуми тоҷик” анҷом дода шавад.

Ӯ гуфтааст, “иншоот бояд барои мардуми тоҷик ва нафароне, ки ба диёри мо ташриф меоваранд, садсолаҳо хизмат расонад.”

Масҷиди бузург дар Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, барои намозгузории ҳамзамони аз 113 ҳазор то 150 000 нафар пешбинӣ шудааст. Дар гузашта мақомот гуфта буданд, ки сармоягузори аслии тарҳ Қатар аст, ки танҳо барои сохтмони бино 70 миллион доллар ҷудо кардааст. Тоҷикистон ҳам гуфта буд, барои бунёди ин масҷид 30 миллион доллар медиҳад.

Мақомот то ба ҳол дар бораи дахлу харҷи сохтмони масҷид иттилои расмӣ надодаанд.

Дар Тоҷикистон шумораи иттиҳодияиҳои динӣ бо шумули масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъву ҷомеи марказӣ ба 4 ҳазор мерасад. Аммо созмону кишварҳои хориҷӣ борҳо мақомоти Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи диндорон, бахусус пайравони Ислом, танқид кардаанд.

Мардони аз 16 то 60-солаи рус аз ҳаққи вуруд ба Украина маҳрум шуданд

Украина мардони 16 то 60-солаи шаҳрванди Русия аз ҳақи вуруд ба кишвараш маҳрум кард. Дар ин бора рӯзи 30 ноябр президенти Украина Петро Порошенко изҳорот дод.

Ин тасмим дар пасманзари тавсеаи танишҳо дар равобити ду кишвари ҳамсоя гирифта шудааст. Рӯзи 25 ноябр Русия 24 маллоҳи се киштии низомии украиниро боздошт ва онҳоро дар убури ғайриқонунии марзи Русия айбдор кард.

Порошенко ба ҳузури қавитари НАТО дар обҳои баҳри Сиёҳ ва ҳам ҷорӣ кардани таҳримҳои бештари Ғарб нисбати Русия даъват кард. Порошенко дар саҳифаи худ дар шабакаи Tweeter рӯзи 30 ноябр навишт, ки маҳдудияти сафар барои мардони рус аз вуруди ба навиштааш “артишҳои хусусии ҷангӣ” ба хоки Украина ҷилавгирӣ мекунад.

https://twitter.com/poroshenko/status/1068410067123343360

Русия дар ҷанги ҷудоихоҳони украинӣ бар зидди нирӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи ин кишвар аз ҷудоиталабон ҳимоят кардааст. Ҷанге, ки апрели соли 2014 шурӯъ шуд, то ҳол ҷони беш аз 10300 нафарро гирифтааст. Петро Тсигикал, раҳбари хадамоти марзбонии Украина гуфт, ки посгоҳҳои марзӣ дар паи нашри изҳороти президент дар вебсати раҳбари давлат тақвият дода шудааст.

Нишасти G20 дар Аргентина: "ҷангҳои тиҷоратӣ" дар маркази гуфтугӯ

Доналд Трамп ва Сӣ Ҷинпин

Рӯзи 30 ноябр дар Аргентина саммити "Бистгонаи бузург" - бист иқтисоди пешрафти дунё оғоз мешавад. Нишаст ду рӯз идома мекунад.

Мавзӯи расмии чунин ҷамъомадаҳо баррасии вазъи иқтисоди ҷаҳон аст. Аммо интизор меравад, ки дар мулоқотҳои дуҷонибаи ҷаласаи феълӣ як идда масъалаҳои сиёсӣ, ба монанди авзо дар атрофи гулӯгоҳи Керч, баъди тасарруфи киштиҳо ва маллоҳони украинӣ аз тарафи Русия, дар миён хоҳад буд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфтааст, ки инро дар мулоқот бо Владимир Путин баррасӣ мекунад.

Масъалаи дигар, ки метавонад матраҳ шавад, куштори журналист Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамул аст. Валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон, ки ба даст доштан дар ташкили ин куштор гумонбар мешавад, дар саммити G20 иштирок мекунад. Ин масъаларо президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар мулоқот бо шоҳзода Муҳаммад бин Салмон бетардорад.

Дар ҳошияи нишаст мулоқоти президенти Русия Владимир Путин бо нахуствазири Япония Синдзо Абэ барномарезӣ шудааст. Қаблан Путин ишора кард, ки Русия бозгашт ба эъломияи Шӯравӣ/Япония аз соли 1956-ро соқит намекунад. Бар пояи он созиш давлати Шӯравӣ барои боз додани аз чаҳор ду ҷазираи Курил изоҳри омодагӣ карда буд.

Аммо таваҷҷуҳи аслӣ ба мулоқоти президенти ИМА Доналд Трамп ва раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин аст. Ин ду раҳбар ҳангоми наҳор "ҷанги тиҷоратӣ"-и байни ИМА ва Чин ва чораҳои беҳтар шудани вазъро баҳс мекунанд.

Дар баррасиҳои умуми нишаст масъалаи вазъи иқтисоди ҷаҳон, аз байни бурдани шикофи байни дорову нодорҳо ва таъғири иқлим дар миён хоҳад буд.

Полунин шиносномаи Русияро гирифт ва акси Путинро дар танаш ҳаккокӣ кард

Сергей Полунин

Раққоси украинӣ Сергей Полунин шиносномаи Русияро гирифт ва дар танаш акси Владимир Путинро "тату" ё холкӯбӣ кард. Акси шиносномаи русии Полунин дар "Инстаграм" нашр шуд.

"Русия ҳамеша бо ман меҳрубон буд. Ман хушбахтам, бар хилофи мавқеи одамони бадхоҳ ва бевиҷдон, ки дар Гурҷистону Украина ва давлатҳои дигар инқилоб месозанд, шиносномаи Русияро гирифтам", - навиштааст Полунин дар шарҳи шиносномаи наваш.

Рӯзи 25-уми ноябр ин раққоси балет "тату"-еро бо акси президенти Русия Владимир Путин дар Инстагарм ба намоиш гузошт. Ӯ навишт, "ташаккур ба Владимир ва ҳамаи одамоне, ки ӯро интихоб карданд".

Сергей Полунин 29 сол дорад ва дар Херсони Украина таваллуд шудааст. Ӯ омӯзишгоҳи хореографии Киев ва мактаби салтанатии балети Британияро хатм кард. Полунин ҳунарманди балети давлтаии Мюнхен аст.

Бодруми Туркия аз обхезиву боронгариҳои зиёд осеб дид. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Дар пайи боришоти бетанаффуси чанд рӯзи охир дар шаҳри Бодруми Туркия, роҳу хонаҳои зиёд зери об монданд. Ин шаҳр дар соҳилҳои баҳри Эгей ҷойгир аст.

Ҷараёни об мошинҳоро аз камаш даҳ таваққуфгоҳ берун кард. Роҳҳои муҳимтарини мошингард зери об монда, ҳоли мардум басо риққатовар шудааст.

Рӯзи панҷшанбе хадамоти наҷотбахш бархе мардумро тавассути экскватор ба ҷойи амн интиқол доданд. Пойдевори биноҳо хароб гардида, соҳаи туризм, аз ҷумла фурӯшгоҳу ошхонаҳо бо зиёни зиёд мувоҷеҳ шуданд.

Як пешхидмати ошхонае, ки дар паи боришоти зиёд валангор шудааст, бороҳои беохирро “як мусибат” номид. Волии минтақаи Бодрум гуфт, ки хабаре дар бораи талафоти ҷорӣ дар даст нест ва гурӯҳҳои наҷотбахшт одамонро ба минтақаҳои амн интиқол дода, хонаву кӯчаҳоро аз об тоза мекунанд.

Офати табиӣ дар Бодруми Туркия
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:53 0:00

Дар ИМА маҳсулоти манъшудаи Туркманистон ба фурӯш баромад

Ҷуволҳои пахтаи Туркманистон

Дар Иёлоти Муттаҳида молҳое ба фурӯш баромадаанд, ки аз пахтаи манъшудаи Туркманистон истеҳсол мешаванд. Дар ин бора нашрияи расмии Туркманистон – «Туркманистон» 27 ноябр хабар дод.

Нашрия дар матлабе зери унвони «Наҳангҳои тиҷорӣ молҳои туркманиро ба бозори ҷаҳонӣ ворид мекунанд» гуфтааст, ширкати тиҷории амрикоӣ -- «Walmart» ва сомонаи маъруфи «Amazon.com» ба муштариён молҳоеро пешниҳод мекунанд, ки аз пахтаи Туркманистон истеҳсол шудаанд.

ИМА аз 18 май воридоти пахтаи Туркманистон ва фуровардаҳои онро манъ кард. Бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир, талош дорад, шарҳи «Walmart», «Amazon.com» ва Хадамоти гумруки ИМА-ро дарёфт кунад, ки ин молҳо чи гуна дубора ба бозор бароварда шуданд.

Сомонаи наздик ба ҳукумати Туркманистон «Ота Ватан Туркманистон» ҳам 19 ноябр гуфт, ширкати «Гоза», ки дар аёлати Вирҷинияи ИМА сабти ном шудааст, маҳсулоти нассоҷиеро ба фурӯш мебарорад, ки 100 дарсад аз пахтаи туркманӣ истеҳсол шудаанд.

Нашрияи «Туркманистон» мегӯяд, фурӯши молҳои нассоҷии туркманӣ тавассути «Walmart» ва «Amazon.com» роҳи молҳои туркманиро ба бозори ҷаҳонӣ боз карда, барои афзоиши содироти онҳо «имкониятҳои нав»-ро фароҳам хоҳад кард.

Воридоти пахтаи Туркманистон ба ИМА бинобар истифодаи мабурии нерӯи кӯдакон ва кормандони буҷавӣ ба ҷамъоварии ҳосили пахта манъ шуда буд.

Президенти нави Гурҷистон Русияро ба одамрабоӣ айбдор кард

Саломе Зуробишвилӣ

Президенти тозаинтихоби Гурҷистон Саломе Зуробишвилӣ гуфт, ки бинобар амалҳои Маскав алайҳи Украина ба имкони ҳамкорӣ бо Русия шак дорад.

Зуробишвилӣ рӯзи 29 ноябр дар суҳбат бо Би-би-сӣ Русияро ба тасарруфи батадриҷи заминҳои Гурҷистон ва рабудани шаҳрвандони ин кишвар дар "хати ишғол" айбдор кард. Ӯ "хати ишғол" марзи эътирофношуда бо Осетияи Ҷанубиро меномад. Сиёсатмадори гурҷӣ гуфт, кишвараш мавқеи аврупогароӣ дорад ва агар Аврупо бо Маскав муколама оғоз кунад, Тбилиси аз он пайравӣ хоҳад кард.

Гурҷистон дар гузашта борҳо Русияро ба рабудани шаҳрвандонаш дар марз бо Осетияи Ҷанубӣ айбдор карда буд. Москва Осетияи Ҷанубиро давлати мустақил эътироф карда, дар он қаламрав пойгоҳи низомӣ бо 4 ҳазор сарбозро мустақар кардааст. Истиқлолияти Осетияи Ҷанубиро ба ҷуз Русия, боз 5 давлати дигар эътироф кардаанд. Осетияи Ҷанубӣ, ки дар асл қаламрави гурҷистон аст, соли 2008, пас аз як задухурди мусаллаҳона бо иштироки низомиёни рус аз Гурҷистон ҷудо шуд. Тифлис ва кишварҳои Ғарб амали Москва дар минтақаро таҷовузкорӣ ва ишғолгарӣ меноманд. Вале Русия онро амалиёти сулҳовар мегӯяд.

Саломе Зуробишвилӣ дар даври дувуми интихоботи президентии Гурҷистон бо гирифтани тақрибан 20 дарсад раъйи бештар ҳарифи худро шикаст дод. Ӯ пирӯзии худро "пирӯзии Аврупо" номид.Рақиби Зуробишвилӣ Григол Вашадзе, ки аз ӯ ҷонибдорони президенти пешин Михаил Саакашвилӣ ҳимоят мекарданд, гуфт, натиҷаҳои интихоботро эътироф намекунад. Ӯ мақомотро ба он айбдор кард, ки ба раъйдиҳандагон фишор оварда, даст ба сохтакорӣ заданд.

Аврупо раводиди Шенгенро барои қирғизистониҳо осонтар мекунад

Парчами Иттиҳоди Аврупо

Иттиҳоди Аврупо тасмим дорад, Кодекси раводид ё визаро дар соли 2019 бозбинӣ кунад. Дар ин робита, дарёфти визаи минтақаи Шенген осонтар хоҳад шуд. Дар ин бора намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ Петер Буриан хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Иттиҳоди Аврупо дарёфти визаи минтақаи Шенгенро барои қирғизистониҳое осонтар мекунад, ки нияти сайёҳати Аврупоро доранд.

"Иттиҳоди Аврупо ба муҳоҷирон эҳтиёҷ дорад. Аҳолии мо дар ҳоли пиршавӣ аст, оморҳои демографӣ аз ин шаҳодат медиҳанд. Ва мо ба ҷавонони хуб омодашуда ниёз дорем. Аммо набояд ҳамаи ҷавонони мутахассис ба Аврупо раванду дар Қирғизистон кадр намонад", - гуфт Буриан.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо гуфт, имкон дорад, ки дар оянда миёни Қирғизистон ва Аврупо равуои бевиза ба роҳ монда шавад.

НАТО ба даъвати Украина барои чораиҷӯии зидди Русия вокуниши хунсардона кард

Памони НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ба даъватҳои президенти Украина Петр Порошенко барои чораҷӯӣ зидди Русия вокуниши хунсардона нишон доданд.

Сухангӯи НАТО Оана Лунгеску рӯзи панҷшанбе гуфт, иттиҳоди низомӣ дар минтақаи баҳри Сиёҳ ба таври кофӣ ҳузор дорад ва ният надорад, ки баҳри Азов киштиҳои бештарро ба фиристад. Порошенко баъди тасарруфи киштиҳо ва маллоҳони украинӣ аз сӯи марзбонони Русия, аз ИА ва НАТО хост, ба Азов нерӯи иловагӣ фиристанд.

Сухангӯи НАТО гуфт, киштиҳои иттиҳод ба таври давомдор дар баҳри Сиёҳ гашту гузор мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар соли ҷорӣ киштиҳои НАТО дар баҳри мазкур 120 рӯз ҳузур доштанд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ҳамагӣ 80 рӯз ҳузур пайдо карда буданд.

"Мо ба баҳогузории ҳузури худ дар минтақа давом медиҳем", - афзуд Лунгеску.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар вокуниш ба даъвати Порошенко дар робита ба фишор болои Русия гуфт: "Мо танҳо бо роҳи гуфтугӯ метавонем мушкилро ҳал кунем, зеро ин баҳс роҳҳалли низомӣ надорад".

Дар Қирғизистон як гуруҳи фаромилии қочоқбари мошинҳо ошкор шуд

Додситонии кулли Қирғизистон дар бораи ошкор шудани як гуруҳи фаромилие хабар медиҳад, ки ба қочоқи мошинҳои гаронбаҳо аз Гурҷистон ба Қирғизистон машғул буд.

Ба иттилои додситонӣ, воридоти мошинҳо бе пардохти боҷи гумрукӣ сурат мегирифт. Ба ҷуз ин, гуруҳ мошинҳои аз Русия дуздидашударо ба Қирғизистон ворид ва ҳуҷҷатгузорӣ мекард. Яке аз гумонбарон рӯзи 28 ноябр аз Арманистон ба Қирғизистон истирдод шуд.

Моҳи июли соли 2018 ҳукумати Қирғизистон боҷи гумрукӣ ва андозро барои мошинҳо кам кард. Баъди ин, воридоти мошинҳо аз Гурҷистон бештар шуд.

Украина танҳо ба шаҳрвандони худ иҷозаи сафар ба Қримро медиҳад

Петр Порошенко

Хадамаоти марзбони Украина рӯзи 29 ноябр гуфт, ки дар пайи эълони ҳолати низомӣ сафар ба Қрими ишғолшуда танҳо бо санадҳои кишвари Украина имконпазир аст. Ҳолати низомӣ, ки қарор аст 30 рӯз идома кунад, баъди он эълон шуд, ки Русия киштиҳои Украинаро дар Баҳри Сиёҳ тасарруф ва маллоҳони украиниро боздошт кард.

Субҳи имрӯз президенти Украина Петр Порошенко аз НАТО даъват кард, ки барои кумак дар ҳимояи Украина ба баҳри Азов киштӣ фиристад.

Ӯ гуфт, ки президенти Русия Владимир Путин худро "Иператори Руссия" ва Украинаро "мустаъмара"-и Русия мебинад.

Президент Порошенко дертар дар твиттер навишт, ки Киев барои шаҳрвандони Русия дар Украина маҳдудият ҷорӣ мекунад.

Равобити Маскав ва Киев моҳи марти соли 2014, баъди ишғоли нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия ва кумаки Маскав ба ҷудоиталабони шарқи Украина, хароб шуд. Аз моҳи апрели соли 2014 дар низои Украина беш аз 10 ҳазор нафар кушта шуд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Марги шубҳабарангеҳи сарбози 20-сола дар Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:16 0:00
XS
SM
MD
LG