Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Reuters: Амрико нерӯҳояшро аз Сурия берун мебарад

Даргириҳо дар Сурия (акс аз бойгонӣ)

Хабаргузории Reuters рӯзи 19 декабр бо такя ба манбаҳояш дар ҳукумати Арико гуфт, ки ИМА эҳтимол тамоми нерӯҳояшро аз Сурия берун мекунад.

Ҳамзамон президенти ИМА Доналд Трамп дар твиттер навишт, ки "шикасти ДИИШ ягона сабаби ҳузури мо дар Сурия буд".

Ба гуфтаи Reuters, қарори берун шудан аз Сурия дар ҳоле матраҳ шуд, ки гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" қариб тамом қаламравҳои таҳти назораташро аз даст дод.

Аз сӯи дигар вазири дифои ИМА Ҷеймс Маттис дар гузашта борҳо гуфта буд, ки ҳузури тӯлонитари нерӯҳо дар Сурияро пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи нашрияи The Wall Street Journal, ИМА барнома дорад нерӯҳояшро аз шимолу шарқи Сурия, ки дар онҷо артиши Амрико ба дастаҳои Курд кӯмак мерасонад, комилан хориҷ кунад. Беш 2 ҳазор нерӯи ИМА дар ин минтақа мустақар аст.

Ҳафтаи гузашта президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз оғози амалиёти зудрас бар зидди Курдҳои Сурия хабар дод. Эрдуғон рӯзи душанбе гуфт, ки амалиёт метавонад " ҳар лаҳза" оғозшавад.

Боздошти якчанд сиёсатмадори Литва бо гумони ҷосусӣ ба фоидаи Русия

Парчами Литва

Якчанд сиёсатмадори оппозитсиюнии Литва бо гумони ҷосусӣ ба фоидаи Русия боздошт шуданд. Дар ин бора сомонаи Delfi.lt бо такя ба додситони кулли Литва Эвалдас Пашилис хабар дод.

Теъдоди мушаххаси онҳое, ки барои ҳамкорӣ бо Русия боздошт шуданд дақиқ нест. Танҳо маълум аст, ки яке аз онҳо раиси пешини ҳизби русиягарои "Фронти халқии Сотсиалистӣ" Алгирдас Палетскис аст.

Ба гуфтаи додситон, гумонбарҳо муддати тӯлонӣ супоришҳои истихбороти Русияро иҷро мекарданд. Аз ҷумла, дар бораи вазъи сиёсии Литва гузориш медоданд. Яке аз боздоштшудаҳо - собиқ дипломати Литваи Шӯравӣ Валерий Иванов аст, ки дар Вилнюс зиндагӣ мекунад. Муфаттишон ҳангоми кофтукоб аз хонаи ӯ силоҳ ёфтанд.

Аввали моҳи декабр дар бораи ихроҷи дипломати рус аз Словакия хабар пахш шуд, ки ба ҳамкорӣ бо истихбороти низомии Русия муттаҳам мешавад. Дар посух ба ин ихроҷ, Маскав корманди сафорати Словакия дар Русияро "персона нон грата" эълон кард.

Моҳҳо пештар аз ин, полковники мустаъфии артиши Австрия ва корманди Идораи федеролӣ дар умури ҳимояи Қонуни асосӣ дар Вена боздошт шуданд. Ин ду нафар ба гуфтаи хадамоти махсуси Австрия, ба фоидаи Русия ҷосусӣ мекарданд.

Як ҷавони узбекистонӣ ҷараёни худкушиашро дар интернет намоиш дод

Ҷасади хонандаи 14-солаи узбекистониро роҳгузарон дар назди манзили зисташ дар шарқи шаҳри Маскав пайдо карданд. Дар паҳлуи ин навҷавон, телефони мобилаш афтода буд. Вай лаҳзаи худкушиашро бо сарзер шудан аз ошёнаи 16 ба воситаи пахши мустақим ба корбарони интернет нишон дод.

Расонаҳои Русия менависанд, ки ин ҷавон дар хонаводаи комил ба сар мебурд. Падару модараш зодагони Узбекистон ҳастанд.

Ба иттилои коргарони хадамоти иҷтимоӣ, волидони ҷавон гоҳҳо дар Узбекистон ва гоҳе дар Русия зиндагӣ мекарданд. Ҷавон, ки номаш ошкор нагудааст, фарзанди ягонаи хонавода буд.

Ӯ бештари вақташро ба бозиҳои компютерӣ сарф мекард. 16 декабр ҳам бо чунин тартиб сипарӣ шуд: ӯ нахуст дар кӯча сайру гашт кард, машруб нӯшид ва тақрибан соати 21:30 дақиқа ба боми бинои 16-ошёна баромад ва аз онҷо тавассути телефонаш мустақиман навор нишон дод.

Ӯ дар лаҳзаҳои охири умраш гуфт, "аз ҳама чиз сер шудааст, ҳама чиз ба дилаш задааст" ва ба дӯстонаш муроҷиат кард. Наворро мустақиман ду корбари шабакаи иҷтимоӣ тамошо мекарданд. Яке аз онҳо талош кард, навҷавонро аз ин азмаш бозгардонад, дувумӣ баръакс талқин кард, ки худро партояд.

Баъд аз се дақиқаи шарҳнависӣ навҷавон худкушӣ кард.

ИМА ба Туркия харидории "Патриот"-ро пешниҳод кард

Департаменти давлатии ИМА ба Туркия харидории маҷмааи мушакии "Патриот"-ро пешниҳод кард. Арзиши ин муомилот 3,5 миллиард доллар аст. Дар ин бора вазорати мудофиаи ИМА хабар додааст.

Анкара аз Амрико харидории чаҳор маҷмааи мушакӣ бо 20 дастгоҳи партобкунанда ва 80 шабакаи зиддимушакиро дархост карда буд. Пешниҳоди фурӯши "патриот" ба Туркия дар ҳоле матраҳ шуд, ки соли гузашта Анкара бо Маскав барои харидани маҷмааи мушакии С-400 шартнома имзо кард.

Туркия узви НАТО буда, намояндагони ИМА ва НАТО борҳо Туркияро огоҳ карданд, ки маҷмааи зиддимушакии истеҳсоли Русия набояд дар ҳарими ҳавоӣ ва низоми мудофиаи паймон ба кор бурда шавад. Вашингтон талош кард, Анкараро ба харидани маҷмааи зиддимушакии "Патриот" ҷалб созад. ИМА гуфта буд, харидани силоҳ аз Русия метавонад, боиси эълони таҳримҳои зидди Туркия шавад. Аммо мақомоти Туркия посух доданд, ки маҷмааи зиддимушакии амрикоӣ бо маҷмааи зиддимушакии С-400 Русия баробар шуда наметавонад.

Охири моҳи ноябр вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, ки созишномаи харидории маҷмааи зиддимушакии С-400 наметавонад, бекор шавад. Дар ҳамин ҳол вай шарҳ дод, ки кишвараш ба харидани аслиҳа аз ҳампаймонҳои Туркия дар НАТО бартарӣ медиҳад.

Тоҷикистон дар овоздиҳӣ оид ба масъалаи низомӣ кардани Қрим ширкат накард

Тоҷикистон дар овоздиҳӣ барои қабули қатъномаи СММ оид ба ҳузури низомии Русия дар Қриму баҳрҳои Сиёҳ ва Азов иштирок накард. Овоздиҳие, ки шоми 18 декабр дар Маҷмаи кулли СММ баргузор шуд, бо пешниҳоди Украина сурат гирифт. Қатъномае, ки аз ҷониби Киев пешниҳод шуд, “ҳузури низомиёни рус дар Қримро хилоф бо меъёрҳои истиқлолияти миллӣ, сиёсӣ ва тамомияти арзии Украина арзёбӣ мекунад” ва ин ҳолатро “таҳдид ба амнияти ин кишвар ва ҳам давлатҳои дигар дар минтақа медонад”. Дар қатънома дар робита бо “низомисозии Қрим аз ҷониби Русия, ки ин нимҷазираро ғасб кардааст, нигаронии ҷиддӣ баён шудааст”.

Ба пуштибонии мавқеи Украина дар СММ 66 кишвар, асосан давлатҳои аврупоиву ғарб, инчунин, Туркия, Гурҷистон, Исроил, Япония ва чанд давлати африқоӣ овоз доданд. Мухолифи қабули қатънома 19 кишвар – аз ҷумла Беларус, Сербия, Арманистон, Кореяи Шимолӣ, Эрон, Сурия, Узбекистон, Венесуэла, Куба ва Никарагуа овоз доданд. Аксари кишварҳои осиёиву Амрикои Лотинӣ, аз ҷумла, Чин, Ҳинд, Покистон, Таиланд, Имороти Муттаҳидаи Араб, Вйетнам, Бразилия ва Мексика аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд. Дар маҷмӯъ намояндагони 35 давлат дар овоздиҳӣ ҳузур надоштанд ваё огоҳона аз ширкат дар овоздиҳӣ худдорӣ карданд. Дар миёни онҳо Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳам мебошанд, мегӯяд вебсайти хабарҳои СММ.

Украина зодрӯзи Бандераро ҷашни расмӣ эълон кард

Муҷассамаи Степан Бандера

Зодрӯзи Степан Бандера, идеолог ва раҳбари ҷумбиши миллатчиҳои Украина, ҷашни расмӣ эълон шуд ва соли оянда украиниҳо 110 солагии ӯро дар сатҳи давлатӣ таҷлил хоҳад кард. Ин нукта дар муқаррароти ҷашнҳои расмӣ зикр шудааст, ки порлумони Украина рӯзи чоршанбе нашр кард. 232 намояндаи мардумӣ аз 333 қонунгузори ҳозир дар толори ҷаласа ба тарафдории ин санад овоз доданд.

Степан Бандера - яке аз арбобҳои сиёсӣ, идеолог ва теоретики ҷумбишҳои миллатхоҳии асри XX-и Украина аст. Ӯ соли 1959 аз тарафи агенти КГБ Богдан Сташинский дар Мюнхен кушта шуд. Назарҳо дар бораи шахсияти Бандера хеле гуногунанд.

Солҳои ахир, рӯзи 1 январ дар Украина, бо шумули Киев, ба хотири гиромидошти Бандера машъалҳо фурӯзон мешаванд ва раҳпаймоӣ ҷараён мегирад.

Русия ва Лаҳистон раҳбарияти Украинаро барои қаҳрамон сохтан аз Степан Бандера танқид мекунанд.

Теъдоди пушаймонҳои суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ба авҷ расид

Намоиши коммунистҳо дар Украина

Теъдоди шаҳрвандони Русия, ки аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ афсус мехуранд, дар даҳсолаҳои ахир ба авҷ расид ва 66 дар садро ташкил дод. Чунин аст натиҷаи назарсанҷии "Левада-Центр"- маркази омӯзиши афкори умум. Як соле пеш ин рақам 58 дар сад буд. Афвҷи афсусҳо аз суқути Шӯравӣ соли 2000 мушоҳида шуд ва он замон 75 дар сади пурсидашудаҳо изҳори пушаймонӣ карданд.

Ба гуфтаи ҷомеашиносон, бахши умдаи одамоне, ки аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ афсус мехуранд, 55 сол доранд. Аммо солҳои ахир теъдоди дилтангҳои Шӯравӣ дар байни ҷавонон ҳам афзоиш ёфт. Шикасти иқтисоди ягона, аз даст додани эҳсоси таалуқ доштан ба як давлати абарқудрат ва афзоиши беэътимодӣ ба якдигар аз сабабҳои аслии руҳияи дилтангӣ барои СССР номбар мешавад. Ҷомеашиносон мегӯянд, ин руҳия баъди ислоҳоти қонуни бознишастагӣ дар Русия авҷ гирифт.

Роҳсозони қирғиз бо талаби пардохти маош дубора корпартоӣ карданд

Дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ҳудуди 50 бинокори роҳи Балиқчӣ-Корумду бо талаби пардохти маошашон дубора даст ба эътироз заданд. Онҳо мегӯянд, аз моҳи август ба ин тараф маош нагирифтаанд.

" Маоши моҳҳои июл, август, сентябр, октябр, ноябр ва декабрро то ҳол надодаанд. Чиниҳо ваъда доданд, ки фардо медиҳанд", - гуфт ёвари муҳандиси бунёди роҳ Эркинбек Бейшембиев.

Намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Иссиқкӯл Дамир Монолдоров, ҳоким Данир Имоналиев ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ бо эътирозгарон мулоқот карданд.

Бори аввал нест, ки роҳсозони Балиқчӣ корпартоӣ мекунанд. Онҳо 31 октябри соли равон низ бо талаби пардохти маоши чаҳормоҳа коршиканӣ карданд. Он замон Вазорати нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон ваъда дод, ки мушкилро дар давоми ҳафта ҳал хоҳад кард.

Бунёди роҳи Балиқчӣ-Тамчӣ-Корумду аз буҷаи давлат сармоягузорӣ мешавад. Ин сохтмон соли 2015 оғоз шуда, қарор буд, моҳи декабри соли 2017 мавриди истифода қарор гирад.

Бунёди хайрияи Трамп ба амалиёти ғайриқонунии молӣ айбдор шуд

Доналд Трамп

Додситони кулли аёлати Ню-Йорк Барбара Андервуд эълон кард, ки бунёди хайрияи президент Трамп бинобар амалиёти ғайриқонуни молӣ баста мешавад.

Андервуд президенти ИМА Доналд Трамп ва се фарзанди калониашро ба он айбдор кард, ки пули бунёдро бо ҳадафҳои шахсӣ ва сиёсӣ истифода бурдаанд. Вакили дифои бунёди Трамп додситонро ба кӯшиши сиёсӣ кардани парванда айбдор мекунад.

Қазияи бунёди Трамп яке аз парвандаҳоест, ки дар робита ба амалҳои президенти ИМА ва аъзои хонаводааш тафтиш мешаванд. Бузургтарини ин парвандаҳо тафтиши робитаи эҳтимолии масъулони ситоди интихоботии Трамп бо Русия аст. Бозҷӯиро сардори пешини Бюрои федеролии тафтишот Роберт Мюллер раҳбарӣ мекунад.

Барбара Андервуд афзуд, ки тафтиши парвандаи зидди Трамп ва фарзандонаш Доналди хурдӣ, Иванка ва Эрик идома хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи додситон, сухан аз мавридҳои ҳайратовари беқонунии марбут ба бунёди Трамп меравад. Ин ҳолатҳо ҳамоҳангии ғайриқонунӣ миёни бунёд ва маъракаҳои президентӣ, созишҳои батакрору барқасдона дар дохили бунёд ва ҳолатҳои дигар буданд.

Ба гуфтаи Андервуд, бар асоси ҳолатҳои ошкоршуда бунёди Трампро метавон ба "дафтарчаи чек"-е монанд кард, ки хонадони Доналд Трамп барои пардохти манофеи корӣ ва сиёсияш истифода мекард.

Зане, ки мехост худкушӣ кунад, ба оташ задани толори ҳукумат муттаҳам шуд

Нозима Эргашева

Нозима Эргашева, зане, ки рӯзи 14 декабр дар қабулгоҳи ҳукумати ноҳияи Қибрайи Узбекистон қасди худсӯзӣ кард, иддаои мақомотро ки гӯё ӯ мехост “минбарро оташ занад”, рад кард.

Эргашеваи 29-сола гуфт, аз пеш нақша кашида буд, ки агар мақомот ба ҳарфаш гӯш надиданд, худро дар назди бинои ҳукумат оташ мезанад.

Эргашева иқрор мекунад, ки дар ҳақиқат, аз пули газ 7 миллиону 200 ҳазор сӯм (ҳудуди 870 доллар) қарздор аст. Он рӯз ӯ барои дархости кумаки моддӣ ба ҳукумати ноҳия рафта буд.

"Маро муовини раиси ноҳия қабул кард. Ҷои он ки шикояти маро шунавад, бо ман дағалӣ кард. Ман гуфтам, ки агар шумо ба гапи ман гӯш намедиҳед, худро ба нишони эътироз оташ мезанам. Бо худ дар як шиша бензин доштам. Онро ба сару рӯям пошида, оташ задам. Вақте дастонам сӯхтанд, шиша ба замин афтод ва фарш ҳам даргирифт", - изҳор дошт Эргашева.

Ба гуфтаи яке аз шоҳидон, он рӯз барои Нозима Эргашева "Ёрии таъҷилӣ" даъват кардаанд. "Зан бензинро дар дастонаш оташ зад ва одамон онро хомӯш карданд. Дар толор низ сӯхтор сар зад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи Эргашева, дар натиҷаи қасди худсӯзӣ як дасташ осеб дидааст.

Холмурод Раббониев, як масъули ноҳияи Қибрай 15 декабр гуфта буд, ки Эргашева мехост, на худ, балки толорро оташ занад. Ба гуфтаи ӯ, эътирози зан ба қарздорияш аз пули газ рабт дошт.

Дар Тошканд шабакаи шаҳрии Wi-Fi таъсис ёфт

Wi-Fi дар мусофирбари Узбекистон

Дар пойтахти Узбекистон рӯзи 17 декабр маросими ба кор даровардани шабакаи шаҳрии Wi-Fi баргузор шуд. Ин шабака бо тамға ё бренди SOLA аз сӯи ширкати Asia Wireless Group роҳандозӣ шудааст.

"Тошканд дар Осиёи Марказӣ нахустин шаҳре хоҳад буд, ки шабакаи баландсуръати интернети беноқил хоҳад дошт", - омадааст дар иттилоияи ширкат.

Дар ҳоли ҳозир дар пойтахти Ӯзбекистон 1200 нуқтаи пайвастшавӣ ба Wi-Fi амал мекунад. Қарор аст, то баҳори соли оянда шумори онҳо ба 5000 расад.

"Низоми SOLA ду навъи дастрасиро пешбинӣ мекунад - ройгон ва бо пардохт. Интернети ройгон баъди дидани таблиғот фароҳам мешавад. Интернети пулакӣ босуръаттар ва бе маҳдуд аст", - афзудааст ширкат.

Дар ояндаи наздик ин ширкат шаҳрҳои сайёҳии Узбекистонро ҳам шабаки Wi-Fi пайваст хоҳад кард.

Роҳсозони қирғиз бо талаби пардохти маош дубора корпартоӣ карданд

Дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ҳудуди 50 бинокори роҳи Балиқчӣ-Корумду бо талаби пардохти маошашон дубора даст ба эътироз заданд. Онҳо мегӯянд, аз моҳи август ба ин тараф маош нагирифтаанд.

"Аз тобистон ба ин сӯ маош нагирифтаем. Маоши моҳҳои июл, август, сентябр, октябр, ноябр ва декабрро то ҳол надодаанд. Чиниҳо ваъда доданд, ки фардо медиҳанд",-гуфт ёвари муҳандиси бунёди роҳ Эркинбек Бейшембиев.

Бо эътирозгарон муовини намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Иссиқкӯл Дамир Монолдоров, ҳоким Данир Имоналиев ва намояндагони мақомотҳои маҳаллии дигар вохӯрданд.

Ин бори аввал нест, ки роҳсозони Балиқчӣ корпартоӣ мекунанд. Онҳо 31-уми октябри соли равон низ бо талаби пардохти маоши чаҳормоҳа корпартоӣ карда буданд. Он замон Вазорати нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон ваъда дод, ки мушкилро дар давоми ҳафта ҳал хоҳад кард.

Бунёди роҳи Балиқчӣ-Тамчӣ-Корумду аз буҷаи давлат сармоягузорӣ мешавад. Бунёди роҳ соли 2015 оғоз шуда, қарор буд, моҳи декабри соли 2017 мавриди истифода қарор гирад.

Бунёди хайрияи Трамп ба амалиёти ғайриқонунии молӣ айбдор шуд

Додситони кулли аёлати Ню-Йорк Барбара Андервуд эълом кард, ки бунёди хайриявии Трамп дар робита ба амалиёти ғайриқонуни молияш баста мешавад.

Андервуд президенти ИМА Доналд Трамп ва се фарзанди калониашро ба он айбдор кард, ки пулҳои бунёдро ба ҳадафҳои шахсӣ ва сиёсӣ истифода бурданд. Вакили дифои бунёди Трамп додситонро ба кӯшиши сиёсӣ кардани парванда айбдор мекунад.

Қазияи бунёди Трамп яке аз парвандаҳое ҳаст, ки дар робита ба амалҳои президенти ИМА ва аъзои хонаводааш тафтиш мешаванд. Бузургтарини ин парвандаҳо тафтиши робитаи эҳтимолии масъулони ситоди интихоботии Трамп бо Русия аст. Тафтишотро сардори пешини Бюрои федеролии тафтишотӣ Роберт Мюллер раҳбарӣ мекунад.

Барбара Андервуд афзуд, ки тафтиши парвандаи зидди Трамп ва фарзандонаш Доналди хурдӣ, Иванка ва Эрика идома хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи додситон, сухан аз ҳолатҳои ҳайратовари беқонунии марбут ба бунёди Трамп меравад. Ин ҳолатҳо ҳамоҳангии ғайриқонунӣ миёни бунёд ва маъракаҳои президентӣ, созишҳои батакрору барқасдона дар дохили бунёд ва дигарон мебошанд.

Ба гуфтаи Андервуд, бар асоси ҳолатҳои ошкоршуда бунёди Трампро метавон ба "дафтарчаи чек"-е монанд кард, ки Доналд Трамп барои пардохти манофеи корӣ ва сиёсияш истифода мекард.

Путин онҳеро, ки "таҳдид" мекунанд, бо мушакҳои ҷадид ҳушдор дод

Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, мушакҳои замонавии Русия онҳоеро, ки "аз лаҳни таҳдидҳои низомӣ ва таҳоҷумӣ кор мегиранд, ба андеша водор хоҳад кард". Президенти Русия дар ин бора рӯзи 18-уми декабр дар ҷаласаи ҷамъбастии Вазорати дифоъ сӯҳбат кард.

Путин гуфт, ки мушаки байниқоравии "Сармат" бомуваффақият аз озмоиш гузашт ва истеҳсоли сохтори мушакии "Авангард" оғоз шудааст.

Раҳбари Русия ҳамчунин аз сохтори лазерии "Пересвет" ва мушаки замонавии "Кинжал" ёдовар шуд. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу низ дар бораи ҳамин мушак суҳбат кард.

Ба гуфтаи Шойгу, ҳавопаймоҳои муҷаҳҳаз бо ин мушак то ҳол дар фарози Баҳри Каспий ва Баҳри Сиёҳ 89 парвоз анҷом доданд.

Путин моҳи октябр дар Форуми Сочӣ гуфт, ки Русия аз низоъ бо кишварҳои дигар ҳарос надорад, зеро нерӯҳояш бо таслиҳоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Ба гуфтаи президент, Русия ҳеҷ гоҳ аввалин шуда силоҳи ҳастаиро ба кор намебарад, аммо омодааст ба он посух бидиҳад.

Моҳи марти имсол Путин ҳангоми ироаи паёми солонааш ба палатаи болоии порлумон аз тавлиди як мушаки болдор хабар дод, ки ба гуфтаи президент метавонад кулоҳаки ҳастаиро ба ҳар гӯшаи дунё барад ва аз зарбаи сохторҳои зидди ҳавоӣ эмин монад.

Баъдтар маълум шуд, ки ҳангоми намоиши тавоноии "Сармат" аз навори компютерии 11 соли пеш истифода шуд, ки зарба ба аёлати Флоридаро нишон медод. Ба маълумоти матбуот, сарфи назар аз изҳороти президент "Сармат" ҳанӯз дар ҳоли коркард аст.

Моҳи май шабакаи телевизионии CNBC хабар дод, ки озмоиши чаҳор мушаки дорои насби ҳастаии Русия, аз моҳи ноябри соли 2017 то феврали 2018, номуваффақ тамом шуд. Дафтари матбуоти Кремл дар посух ба ин маълумот ба хабарнигорон машварат дод, ки ба ҳарфи Путин гӯш диҳанд ва ба ӯ эътимод намоянд.

Кохи сафед: Трамп истирдоди Гуленро ба Туркия ваъда надода буд

Фатҳулло Гулен

Президенти ИМА Доналд Трамп ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон ваъда надода буд, ки рӯҳонии шинохта Фатҳулло Гуленро ба Туркия истирдод мекунад,- гуфт як намояндаи Кохи сафед рӯзи 17 декабр ба хабаргузории Reuters. Ин манбаъ, ки номаш ошкор нашудааст дар ҳоле хабарро ба Reuters дод, ки рӯзи гузашта вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, Трамп ва Эрдуғон дар ҳошияи нишасти G20 дар Аргентина ба созиш расиданд, ки ИМА Гуленро ба Туркия медиҳад.

Изҳороте, ки Трамп барои депортатсияи Гулен кушиш ба харҷ медиҳад, ҳақиқат надорад,- гуфт намояндаи баландмақоми маъмурияти президенти ИМА ба Reuters.

Фатҳулло Гулен аз соли 1999 дар Амрико зиндагӣ мекунад ва то соли 2013 дар заминаи таъсиси ҷумбиши ҷамъиятии исломӣ бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамкории танготанг дошт. Аммо баъдтар аз раҳбарияти Туркия дилсард шуд.

Анкара Гуленро ба кӯшиши табаддулоти давлатии соли 2016 айбдор кард ва борҳо аз Амрико хост, ки ӯро истирдод кунад.

Дар ду соли ахир ҳазорҳо нафар, бо шумули додгустарҳо, сиёсатмадорон, хабарнигорон ва низомиён бо гумони ҳамкорӣ бо Гулен дар Туркия боздошт шуданд.

Думаи давлатӣ тартиби гирифтани шаҳрвандиии Русияро содда кард

Думаи давлатии Русия қонунеро дар баррасии сеюм тасвиб кард, ки ба президенти ин кишвар иҷозат медиҳад категорияи довталабони хориҷӣ барои дарёфти соддаи шаҳрвандии Русияро интихоб кунад. Дар ин бора сомонаи Думаи давлатӣ рӯзи сешанбе хабар дод.

Бинобар ин қонун, президенти Русия метавонад ҳақи шаҳрвандиро ба онҳое пешниҳод кунад, ки дар шароити нохуби иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ зиндагӣ мекунанд. Аз ҳақи соддашудаи шарҳвандӣ ҳамчунин ҳамватаноне бархурдор хоҳанд шуд, ки дар минтақаҳои ҷангзада ё гирифтори таъғири сохтори сиёсӣ басар мебаранд.

Дар навбати аввал ин қонун мушкили паноҳандаҳои Украинаро осон мекунад. Онҳо метавонанд на аз макони сабти ном, балки аз маҳалле, ки ба онҷо омадаанд барои шаҳрвандӣ ариза диҳанд.

Ин қонун ҳамчунин ба иштирокдорони Барномаи давлатии кӯчи ихтиёрӣ ба Русия кӯмак мекунад. Довталабони ин гурӯҳ метавонанд аз рӯи тартиби соддаи дархости шаҳрвандӣ ариза диҳанд, агар аз ҳақи иқомат ва иҷозаи будубоши муваққатӣ дар Русия бархурдор бошанд,- мегӯяд хабаргузории ТАСС.

Бузургтарин ҳайкали Ленинро дар маркази Норак канданд

Ин муҷассамаи Ленинро дигар дар маркази шаҳри Норак намебинед

Мақомоти шаҳри Нораки вилояти Хатлон ҳайкали 12-метрии Владимир Ленин, доҳии коммунистҳои ҷаҳонро кандаанд.

Ин ҳайкал солҳо боз дар маркази шаҳри Норак ва дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаи “СССР” пойбарҷо буд ва яке аз калонтарин муҷассамаҳои Ленин дар ҷануби кишвар дониста мешуд. Ҳайкалро ду рӯз пеш кандаанд.

Шаҳло Ҳасанзода, муовини раиси шаҳри Норак, рӯзи 18-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст дар ҷойи холимондаи ҳайкали Ленин муҷассамаи Исмоили Соммонӣ, пояи панҷоҳметрии парчам ва нишони давлатӣ сохта шавад.

Шӯҳрат Азимов, масъули Идораи сохтмон ва шаҳрсозии ҳукумати Норак, мегӯяд, ҳайкали Ленинро ба як корхонаи сохтмонии шаҳр бурдаанд.

Вале коммунистони Тоҷикистон хабари барчида шудани пайкараи доҳии пролетариатро аз хабарнигорон фаҳмиданд.

Заррагул Мирасанова, котиби Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон гуфт, ки ин хабарро тоза аз хабарнигорони Радиои Озодӣ шунидааст. Мирасанова гуфт, ки фардо ба ҳукумати шаҳри Норак муроҷиат карда аз онҳо суол мекунад, ки сарнавишти ин пайкара чӣ мешавад ва ба куҷо бурда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, чанд моҳ пеш мақомоти Норак онҳоро огоҳ карданд, ки ҳайкалро мекананд, вале бояд аввал ҷояшро муайян мекарданд. Ӯ гуфт,

“Ба мо мактуб накардаанд. Агар мегуфтанд, аввал мегуфтем, ки ба як ҷои хуб баред, баъдан бигиред. Ин ҳайкал дар шаҳри Норак калон ва оҳанаш тоза буд. Пагоҳ ман ба шаҳри Норак меравам ва мепурсам, ки чаро ин корро карданд. Дар як ноҳияи дигар низ ҳамин корро карда буданд, вале ба мо пешакӣ мактуб навишта буданд, ки онҳо ҳайкалро меканад, вале аз Норак мактуб нагирифтем.”

Шаҳри Норак дар ҷануби Тоҷикистон дар имтидоди шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб воқеъ мебошад. Дар замони Шӯравӣ дар ин шаҳр нерӯгоҳи "Норак" бунёд шуд, ки дар сохтмони онҳо намояндагони миллатҳои мухталифи Шӯравӣ иштирок доштанд.

То чанд соли пеш муҷассамаҳои Владимир Ленин ҳамчун мероси даврони Шӯравӣ маркази ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистонро зеб медод. Аммо ба тадриҷ ҳайкалҳои Ленин бо рамзҳои муосири давлатдории Тоҷикистон ва асосан бо пайкараҳои Исмоили Сомонӣ, парчам ва ё Рӯдакӣ иваз карда шуданд.

Нахустин таҷрубаи кандани ҳайкали Ленин аз майдони марказии Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 хотироти манфиеро ба ҷо гузоштааст. Ин иқдом дар моҳи сентябри соли 1991 мавҷи эътирози тарафдорони ҳизби коммунистро ба бор овард ва ба силсилаи гирдиҳамоиҳо идома бахшид. Бисёриҳо ин воқеаро оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон мешуморанд.

Ҳукми собиқ мушовири амниятии Трамп эълон мешавад

Майкл Флинн

Додгустари фереолии Амрико рӯзи 18-уми декабр ҳукми нахустин мушовири амнияти миллии Кохи Сафедро эълон мекунад, ки дар бораи мулоқоташ бо сафири Русия ба Бюрои федеролии тафтишот (FBI) дурӯғ гуфт ва чанде пеш ҷурмро эътироф кард.

Мурофиаи Майкл Флинн саҳифаи навбатии "драмаи ҳуқуқӣ"-и прокурори вежа Роберт Мюллер аст, ки ин драма то рафт ба худи Доналд Трамп наздик мешавад.

Флинн дар бораи мулоқоташ бо сафири онвақтаи Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк, ки моҳи январи соли 2017, чаҳор рӯз баъди фаъолияти расмиии Доналд Трамп ҳамчун президент, баргузор шуда буд, ба FBI дурӯғ гуфт. Баъди се ҳафтаи ин, Флинн аз мақом сабукдӯш шуд ва ҷузъиёти бештари мулоқоти ӯ бо Кисляк рӯи об баромад.

Муфаттишони прокурори вежа барои ҳамкории муфид аз Майкл Флинн ситоиш карданд ва ҳатто машварат доданд, ки ӯ дар озодӣ бимонад.

Аммо ҳафтаи гузашта вакили Флинн гуфт, FBI бояд ба зерҳимояи ӯ мегуфт, ки дурӯғ гуфтан ба агентҳои федеролӣ ҷиноят аст. Додситонҳои Мюллер ин иддаоро дарҳол рад карданд.

"Мушовири амнияти миллӣ, раҳбари пешини идораи истихборот, генерали бознишаста ва ветерани нерӯҳои низомӣ медонад, ки бояд ба агенти федеролӣ дурӯғ нагуяд", - навиштанд додситонҳо.

Якчанд нафар, бо шумули Пол Манафорт - собиқ раиси ситоди давраи интихоботи Трамп, ки Мюллер қазияи онҳоро таҳқиқ кардааст, ба дуруғгӯӣ муттаҳам шудаанд.

Мюллер қазияи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрико ва эҳтимоли созиши тими Трамп ва Кремлинро бозҷӯӣ мекунад.

Сарҳанги Кумитаи тафтишоти Русия бо ришваи калон боздошт шуд

Полковники Кумитаи тафтишоти Русия бо ҷурми ришваситонӣ дар минтақаи Самара боздошт шуд.

Мақомоти Хадамоти федеролии амният рӯзи 18-уми декабр гуфтанд, ки сарҳанг Вера Рабинович ҳангоми гирифтани ришва ба маблағи 10 миллион рубл (150 000 доллар) дар фурудгоҳи Самара боздошт шуд.

Мера Рабинович дар Кумитаи тафтишот ба сифати раҳбари бахши бозҷӯии ҷиноятҳои иқтисодӣ кор мекард.

Ба гуфтаи масъулони Хадамоти федеролии амният, онҳо инчунин ду миёнрави ин ришваситониро боздошт карданд. Ҳар се дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба гуфтаи Хадамоти федеролии амният, 10 миллион рубл бахше аз маблағи 15 миллион рубл буд, ки сарҳанг барои зудтар ба додгоҳ фиристодани парванда аз қурбонии ҷинояти иқтисодӣ дарёфт мекард.

Маҳмадсаид Убайдуллоев: "Мо барои Русия бегона нестем, худием"

Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз соли 2014

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоии порлумони Тоҷикистон - гуфт, ки барои роҳ ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия бояд дар ҳудуди кишвар як анбори калони меваву сабзаҷот бунёд шавад. Ӯ бовар дорад, дар он ҳолат маҳсулот бо сифати баланд ба бозори Русия роҳ хоҳад ёфт. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ин бора дар як мусоҳибаи телевизиониаш ба шабакаи “Мир” изҳори назар кард, ки рӯзи 18-уми декабр намоиш дода шуд.

Убайдуллоев дар ин мусоҳиба ба суоли онки "вазъи содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия дар кадом сатҳ қарор дорад?” гуфт: "Дар ниҳояти амр, мо барои Русия бегона нестем, худием. Бояд шароити мусоид фароҳам оварда шавад, то маҳсулоти Тоҷикистон, бахусус дар бахши кишоварзӣ ба сокинони Русия мустақим ва бе миёнаравҳо бирасад”.

Ӯ гуфт, миёнаравҳо боис ба боло бурдани нарх мешаванд ва ба ҳамин хотир, ба андешаи Убайдуллоев, бояд дар Тоҷикистон "як маркази умдаи нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бунёд шавад, то битавонад сифати маҳсулотро ҳифз карда, интиқоли борро мустақим ба Русия таъмин кунад".

Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки чунин пойгоҳ бояд бо кумаки сармоягузорони Русия бунёд шавад. Дар хабари телевизиони "Мир” гуфта мешавад, ҷониби Русия омода аст, ки чунин як нуқтаи захираву тақсими маҳсулоти кишоварзиро дар 1,5 - 2 соли наздик бунёд кунад.

Мусоҳибаи ихтисосии Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Санкт-Петербург сабт шудааст.

RSF: Соли 2018 дар ҷаҳон 80 журналист кушта шуд

Аз оғози соли 2018 дар ҷаҳон дастикам 80 журналист барои фаъолияти касбиашон кушта шуданд. Феҳрасти рӯзноманигорони кушташударо созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF) рӯзи 18-уми декабр нашр кард.

Беш аз ними кушташудаҳо ба панҷ кишвар - Афғонистон (15 нафар), Сурия (11), Яман (8) ва Ҳиндустон (6 нафар) рост меояд. "Ҳамзамон теъдоди куштори хабарнигорон дар Мексика, ки вориди ҳеҷ гуна даргирӣ нест, бештар аст", - мегӯянд фаъолони ҳуқуқ.

Дар маҷмуъ тайи 11 моҳи имсол 44 хабарнигор дар минтақаҳои ҷангзада ҳалок шуданд.

Ба ғайр аз ин, ҳоло дар ҷаҳон 348 журналист таҳти боздошт қарор дорад. Ба маълумоти Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, се сол боз беш аз 250 журналист, бо шумули 33 зан барои фаъолияти касбиашон зиндонӣ шудаанд.

Чанде пеш маҷаллаи "Times" гурӯҳи рӯзноманигоронро "Чеҳраи сол" эълон кард. Онҳо барои ҷасорат дар фаъолияти хабарнигорӣ ин унвонро соҳиб шуданд.

Рӯзноманигори Саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ, ки аввали моҳи октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул кушта шуд ва хабарнигорони Reuters, ки дар Мянмар боздошт шуданд, низ ба ин гурӯҳ шомиланд.

Аз Русия муовини сардабири "Эхо Москвы" Татяна Фелгенгауэр, ки аз як ҳамла ҷон ба саломат бурд, ин унвонро соҳиб шуд.

"Айка" барои "Оскар" мубориза мебарад. ВИДЕО

Акси Самал Эсламова аз саҳифаи Инстаграми фестивали синамои Канн гирифта шудааст

Филми коргардони рус Сергей Дворсевой «Айка» дар қатори нӯҳ намоишномаи дигар дар даври ниҳоии ҷоизаи бонуфузи «Оскар» дар бахши «Беҳтарин филм ба забони хориҷӣ» ширкат мекунад. Дар ин бора дар вебсайти расмии ҷашнвораи бонуфузи амрикоӣ хабар дода шудааст. Филми «Айка» дар ин озмун аз номи Қазоқистон пешбарӣ шудааст. Дар қатори ин филм дар даври ниҳоии озмун инчунин филми коргардони мексикоӣ Алфонсо Куарона «Рим», филми японии Хирокадзу Корээда «Дуздони фурушгоҳ», намоишномаи коргардони Полша Павел Павликовский «Ҷанги сард» ва дигарҳо рақобат мекунанд.

«Айка» саргузаштҳои як духтари муҳоҷир аз Қирғизистонро ба риштаи тасвир кашидааст, ки дар шаҳри Маскав ғайриқонунӣ ба сар мебарад. Ин зани ҷавон баъди таваллуди кӯдак аз ӯ даст мекашад, вале бо гузашти вақт ба ҷустуҷӯи писараш шурӯъ мепардозад. Нақши асосиро дар филм актрисаи қазоқ Самал Эсламова бозидааст.

Ҳамин филм соли ҷорӣ дар ҷашнвораи байналмилалии Канн ҷоизаи «Беҳтарин нақши зан»-ро ба худ ихтисос дод.

Филми "Айка" барои "Оскар" мубориза мебарад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:52 0:00

Узбекистон дар интиқоли маблағ аз Русия пешсаф аст

Дар байни кишварҳои ИДМ Узбекистон дар интиқоли маблағ аз Русия дар ҷои аввал меистад. Дар ин бора Бонки марказии Русия рӯзи душанбе хабар дод.

Ба иттилои расмӣ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз Русия 9 миллиарду 800 миллион доллар ба хориҷ аз ин кишвар интиқол дода шудааст. Аз ин миқдор маблағ наздики 3 миллиарду 50 миллион доллар ба Узбекистон рафт.

Маблағи ба Тоҷикистон фиристодаи муҳоҷирони корӣ 1 миллиарду 900 миллион, ба Қирғизистон 1 миллиарду 700 миллион ва ба Қазоқистон 500 миллион доллар ҳисоб шудааст.

Пештар аз ин Бонки марказии Узбекистон хабар дод, ки дар шаш моҳи соли 2018 ба Узбекистон аз хориҷи кишвар 3 миллиарду 300 миллион доллар ворид шудааст.

Президенти Қирғизистон нишасти хабарӣ баргузор мекунад

Сооронбой Ҷеенбеков

Сооронбой Ҷеенбеков бори нахуст ҳамчун президенти Қирғизистон нишасти хабарӣ баргузор хоҳад кард.

Ба маълумоти дастгоҳи президент, дар ҳоли ҳозир раванди бақайдгирии рӯзноманигорон идома дорад. Қарор аст, нишаст 19 декабр дар қароргоҳи давлатии "Ала-Арча" баргузор шавад.

Ҷеенбеков 6 марти соли равон бо раҳбарони 40 расона мулоқот карда, ба суоли онҳо посух гуфт. Вале ин нишаст дар шакли мизи мудаввар баргузор шуда буд.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар як сол ду бор - зимистон ва тобистон нишасти хабарӣ баргузор мекард.

Сооронбой Ҷеенбеков ба ҳайси президенти Қирғизистон 24 ноябри соли 2017 корро оғоз кард.

Сенати таҳқиқи дахолати Русия ба интихоботи ИМА-ро нашр мекунад

Кумитаи иктишофии Сенати ИМА тасмим дошт, нимаи дувуми рӯзи душанбе ду гузориш ё натиҷаи таҳқиқотеро нашр кунад, ки дахолати Русия ба ҳаёти сиёсии Амрикоро пурра тасвир мекунад.

Бино ба иттилои CNN, ҳар ду гузоришҳо бо дархости кумитаи иктишофӣ таҳия шуда, маълумотеро дар бар мегиранд, ки қаблан нашр нашудааст. Русия барои таъсир расондан ба интихобкунандагони амрикоӣ ва мусоидат ба пирӯзии Доналд Трамп аз бузургтарин шабакаҳои иҷтимоӣ истифода кардааст.

Муалифони таҳқиқот мегӯянд, кормандони ширкати русии "Оҷонси пажӯҳиши интернетӣ" истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро ҳанӯз дар интихоботи соли 2009-и Русия санҷидаанд. Соли 2013 гуруҳи ба истилоҳ "фабрикаи троллҳо" аллакай талош карданд, ба воситаи Твиттер ба равандҳои сиёсии ИМА таъсир гузоранд.

Шабакаҳои иҷтимоии дигар, аз ҷумла YouTube, Facebook ва Instagram тадриҷан ба маърака ҷалб шуданд.

Русия соли 2016 дар давраи интихоботи президентии ИМА кӯшиш кард, ҳусни таваҷҷуҳи интихобкунандагони муҳофизакорро ба Трамп ҷалб кунад ва дар ин бора ба мавзуъҳои силоҳ ва муҳоҷират такя кард. Ба иттилои "Садои Амрико", ҷосусҳои рус ҳамзамон бо ирсоли паёмҳои гуногун аз раванди интихобот талош мекарданд, раъйдиҳандагони сиёҳпӯсти амрикоиро ба бунбаст бикашанд. Аз ҷумла, қоидаҳои нодурусти раъйдиҳиро паҳн мекарданд. Гуруҳҳои дигари сокинон, аз ҷумла либералҳо, мусулмонон, испанитаборон ва собиқадорон даъват мешуданд, ки ба интихобот нараванд. Москва бо ин роҳ мехост, дар ҷомеаи Амрико халоеро ба вуҷуд орад.

Нашрияи Washington Post мегӯяд, муаллифони яке аз гузоришҳо ширкатҳои технологиро танқид карданд, ки пас аз маълум шудани кӯшишҳои Москва барои таъсиррасонӣ "дер ва бидуни ҳамоҳангӣ" вокуниш нишон дода, раванди пешниҳоди маълумотро ба мақомот ба дарозо кашонданд.

Дар ИМА аллакай зидди "Оҷонси пажӯҳиши интернетӣ" бо гумони дахолат ба маъракаҳои пешазинтихоботии соли 2016 парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Додситони махсус Роберт Мюллер мехоҳад муайян кунанд, ки ситоди интихоботии Трамп ба хотири таъсир расондан ба натиҷаҳои интихобот бо Русия созише кардааст, ё не. Трамп исрор дорад, ки ҳеч гуна созише набуд ва тафтишотро "шикори аҷузаҳо" номид.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сайфулло Сафаров дар бораи бознишастагиву интихобот гуфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:00 0:00
XS
SM
MD
LG