Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Путин онҳеро, ки "таҳдид" мекунанд, бо мушакҳои ҷадид ҳушдор дод

Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, мушакҳои замонавии Русия онҳоеро, ки "аз лаҳни таҳдидҳои низомӣ ва таҳоҷумӣ кор мегиранд, ба андеша водор хоҳад кард". Президенти Русия дар ин бора рӯзи 18-уми декабр дар ҷаласаи ҷамъбастии Вазорати дифоъ сӯҳбат кард.

Путин гуфт, ки мушаки байниқоравии "Сармат" бомуваффақият аз озмоиш гузашт ва истеҳсоли сохтори мушакии "Авангард" оғоз шудааст.

Раҳбари Русия ҳамчунин аз сохтори лазерии "Пересвет" ва мушаки замонавии "Кинжал" ёдовар шуд. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу низ дар бораи ҳамин мушак суҳбат кард.

Ба гуфтаи Шойгу, ҳавопаймоҳои муҷаҳҳаз бо ин мушак то ҳол дар фарози Баҳри Каспий ва Баҳри Сиёҳ 89 парвоз анҷом доданд.

Путин моҳи октябр дар Форуми Сочӣ гуфт, ки Русия аз низоъ бо кишварҳои дигар ҳарос надорад, зеро нерӯҳояш бо таслиҳоти замонавӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Ба гуфтаи президент, Русия ҳеҷ гоҳ аввалин шуда силоҳи ҳастаиро ба кор намебарад, аммо омодааст ба он посух бидиҳад.

Моҳи марти имсол Путин ҳангоми ироаи паёми солонааш ба палатаи болоии порлумон аз тавлиди як мушаки болдор хабар дод, ки ба гуфтаи президент метавонад кулоҳаки ҳастаиро ба ҳар гӯшаи дунё барад ва аз зарбаи сохторҳои зидди ҳавоӣ эмин монад.

Баъдтар маълум шуд, ки ҳангоми намоиши тавоноии "Сармат" аз навори компютерии 11 соли пеш истифода шуд, ки зарба ба аёлати Флоридаро нишон медод. Ба маълумоти матбуот, сарфи назар аз изҳороти президент "Сармат" ҳанӯз дар ҳоли коркард аст.

Моҳи май шабакаи телевизионии CNBC хабар дод, ки озмоиши чаҳор мушаки дорои насби ҳастаии Русия, аз моҳи ноябри соли 2017 то феврали 2018, номуваффақ тамом шуд. Дафтари матбуоти Кремл дар посух ба ин маълумот ба хабарнигорон машварат дод, ки ба ҳарфи Путин гӯш диҳанд ва ба ӯ эътимод намоянд.

Кохи сафед: Трамп истирдоди Гуленро ба Туркия ваъда надода буд

Фатҳулло Гулен

Президенти ИМА Доналд Трамп ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон ваъда надода буд, ки рӯҳонии шинохта Фатҳулло Гуленро ба Туркия истирдод мекунад,- гуфт як намояндаи Кохи сафед рӯзи 17 декабр ба хабаргузории Reuters. Ин манбаъ, ки номаш ошкор нашудааст дар ҳоле хабарро ба Reuters дод, ки рӯзи гузашта вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, Трамп ва Эрдуғон дар ҳошияи нишасти G20 дар Аргентина ба созиш расиданд, ки ИМА Гуленро ба Туркия медиҳад.

Изҳороте, ки Трамп барои депортатсияи Гулен кушиш ба харҷ медиҳад, ҳақиқат надорад,- гуфт намояндаи баландмақоми маъмурияти президенти ИМА ба Reuters.

Фатҳулло Гулен аз соли 1999 дар Амрико зиндагӣ мекунад ва то соли 2013 дар заминаи таъсиси ҷумбиши ҷамъиятии исломӣ бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамкории танготанг дошт. Аммо баъдтар аз раҳбарияти Туркия дилсард шуд.

Анкара Гуленро ба кӯшиши табаддулоти давлатии соли 2016 айбдор кард ва борҳо аз Амрико хост, ки ӯро истирдод кунад.

Дар ду соли ахир ҳазорҳо нафар, бо шумули додгустарҳо, сиёсатмадорон, хабарнигорон ва низомиён бо гумони ҳамкорӣ бо Гулен дар Туркия боздошт шуданд.

Думаи давлатӣ тартиби гирифтани шаҳрвандиии Русияро содда кард

Думаи давлатии Русия қонунеро дар баррасии сеюм тасвиб кард, ки ба президенти ин кишвар иҷозат медиҳад категорияи довталабони хориҷӣ барои дарёфти соддаи шаҳрвандии Русияро интихоб кунад. Дар ин бора сомонаи Думаи давлатӣ рӯзи сешанбе хабар дод.

Бинобар ин қонун, президенти Русия метавонад ҳақи шаҳрвандиро ба онҳое пешниҳод кунад, ки дар шароити нохуби иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ зиндагӣ мекунанд. Аз ҳақи соддашудаи шарҳвандӣ ҳамчунин ҳамватаноне бархурдор хоҳанд шуд, ки дар минтақаҳои ҷангзада ё гирифтори таъғири сохтори сиёсӣ басар мебаранд.

Дар навбати аввал ин қонун мушкили паноҳандаҳои Украинаро осон мекунад. Онҳо метавонанд на аз макони сабти ном, балки аз маҳалле, ки ба онҷо омадаанд барои шаҳрвандӣ ариза диҳанд.

Ин қонун ҳамчунин ба иштирокдорони Барномаи давлатии кӯчи ихтиёрӣ ба Русия кӯмак мекунад. Довталабони ин гурӯҳ метавонанд аз рӯи тартиби соддаи дархости шаҳрвандӣ ариза диҳанд, агар аз ҳақи иқомат ва иҷозаи будубоши муваққатӣ дар Русия бархурдор бошанд,- мегӯяд хабаргузории ТАСС.

Бузургтарин ҳайкали Ленинро дар маркази Норак канданд

Ин муҷассамаи Ленинро дигар дар маркази шаҳри Норак намебинед

Мақомоти шаҳри Нораки вилояти Хатлон ҳайкали 12-метрии Владимир Ленин, доҳии коммунистҳои ҷаҳонро кандаанд.

Ин ҳайкал солҳо боз дар маркази шаҳри Норак ва дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаи “СССР” пойбарҷо буд ва яке аз калонтарин муҷассамаҳои Ленин дар ҷануби кишвар дониста мешуд. Ҳайкалро ду рӯз пеш кандаанд.

Шаҳло Ҳасанзода, муовини раиси шаҳри Норак, рӯзи 18-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст дар ҷойи холимондаи ҳайкали Ленин муҷассамаи Исмоили Соммонӣ, пояи панҷоҳметрии парчам ва нишони давлатӣ сохта шавад.

Шӯҳрат Азимов, масъули Идораи сохтмон ва шаҳрсозии ҳукумати Норак, мегӯяд, ҳайкали Ленинро ба як корхонаи сохтмонии шаҳр бурдаанд.

Вале коммунистони Тоҷикистон хабари барчида шудани пайкараи доҳии пролетариатро аз хабарнигорон фаҳмиданд.

Заррагул Мирасанова, котиби Ҳизби коммунист дар Тоҷикистон гуфт, ки ин хабарро тоза аз хабарнигорони Радиои Озодӣ шунидааст. Мирасанова гуфт, ки фардо ба ҳукумати шаҳри Норак муроҷиат карда аз онҳо суол мекунад, ки сарнавишти ин пайкара чӣ мешавад ва ба куҷо бурда хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ӯ, чанд моҳ пеш мақомоти Норак онҳоро огоҳ карданд, ки ҳайкалро мекананд, вале бояд аввал ҷояшро муайян мекарданд. Ӯ гуфт,

“Ба мо мактуб накардаанд. Агар мегуфтанд, аввал мегуфтем, ки ба як ҷои хуб баред, баъдан бигиред. Ин ҳайкал дар шаҳри Норак калон ва оҳанаш тоза буд. Пагоҳ ман ба шаҳри Норак меравам ва мепурсам, ки чаро ин корро карданд. Дар як ноҳияи дигар низ ҳамин корро карда буданд, вале ба мо пешакӣ мактуб навишта буданд, ки онҳо ҳайкалро меканад, вале аз Норак мактуб нагирифтем.”

Шаҳри Норак дар ҷануби Тоҷикистон дар имтидоди шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб воқеъ мебошад. Дар замони Шӯравӣ дар ин шаҳр нерӯгоҳи "Норак" бунёд шуд, ки дар сохтмони онҳо намояндагони миллатҳои мухталифи Шӯравӣ иштирок доштанд.

То чанд соли пеш муҷассамаҳои Владимир Ленин ҳамчун мероси даврони Шӯравӣ маркази ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистонро зеб медод. Аммо ба тадриҷ ҳайкалҳои Ленин бо рамзҳои муосири давлатдории Тоҷикистон ва асосан бо пайкараҳои Исмоили Сомонӣ, парчам ва ё Рӯдакӣ иваз карда шуданд.

Нахустин таҷрубаи кандани ҳайкали Ленин аз майдони марказии Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 хотироти манфиеро ба ҷо гузоштааст. Ин иқдом дар моҳи сентябри соли 1991 мавҷи эътирози тарафдорони ҳизби коммунистро ба бор овард ва ба силсилаи гирдиҳамоиҳо идома бахшид. Бисёриҳо ин воқеаро оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон мешуморанд.

Ҳукми собиқ мушовири амниятии Трамп эълон мешавад

Майкл Флинн

Додгустари фереолии Амрико рӯзи 18-уми декабр ҳукми нахустин мушовири амнияти миллии Кохи Сафедро эълон мекунад, ки дар бораи мулоқоташ бо сафири Русия ба Бюрои федеролии тафтишот (FBI) дурӯғ гуфт ва чанде пеш ҷурмро эътироф кард.

Мурофиаи Майкл Флинн саҳифаи навбатии "драмаи ҳуқуқӣ"-и прокурори вежа Роберт Мюллер аст, ки ин драма то рафт ба худи Доналд Трамп наздик мешавад.

Флинн дар бораи мулоқоташ бо сафири онвақтаи Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк, ки моҳи январи соли 2017, чаҳор рӯз баъди фаъолияти расмиии Доналд Трамп ҳамчун президент, баргузор шуда буд, ба FBI дурӯғ гуфт. Баъди се ҳафтаи ин, Флинн аз мақом сабукдӯш шуд ва ҷузъиёти бештари мулоқоти ӯ бо Кисляк рӯи об баромад.

Муфаттишони прокурори вежа барои ҳамкории муфид аз Майкл Флинн ситоиш карданд ва ҳатто машварат доданд, ки ӯ дар озодӣ бимонад.

Аммо ҳафтаи гузашта вакили Флинн гуфт, FBI бояд ба зерҳимояи ӯ мегуфт, ки дурӯғ гуфтан ба агентҳои федеролӣ ҷиноят аст. Додситонҳои Мюллер ин иддаоро дарҳол рад карданд.

"Мушовири амнияти миллӣ, раҳбари пешини идораи истихборот, генерали бознишаста ва ветерани нерӯҳои низомӣ медонад, ки бояд ба агенти федеролӣ дурӯғ нагуяд", - навиштанд додситонҳо.

Якчанд нафар, бо шумули Пол Манафорт - собиқ раиси ситоди давраи интихоботи Трамп, ки Мюллер қазияи онҳоро таҳқиқ кардааст, ба дуруғгӯӣ муттаҳам шудаанд.

Мюллер қазияи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрико ва эҳтимоли созиши тими Трамп ва Кремлинро бозҷӯӣ мекунад.

Сарҳанги Кумитаи тафтишоти Русия бо ришваи калон боздошт шуд

Полковники Кумитаи тафтишоти Русия бо ҷурми ришваситонӣ дар минтақаи Самара боздошт шуд.

Мақомоти Хадамоти федеролии амният рӯзи 18-уми декабр гуфтанд, ки сарҳанг Вера Рабинович ҳангоми гирифтани ришва ба маблағи 10 миллион рубл (150 000 доллар) дар фурудгоҳи Самара боздошт шуд.

Мера Рабинович дар Кумитаи тафтишот ба сифати раҳбари бахши бозҷӯии ҷиноятҳои иқтисодӣ кор мекард.

Ба гуфтаи масъулони Хадамоти федеролии амният, онҳо инчунин ду миёнрави ин ришваситониро боздошт карданд. Ҳар се дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба гуфтаи Хадамоти федеролии амният, 10 миллион рубл бахше аз маблағи 15 миллион рубл буд, ки сарҳанг барои зудтар ба додгоҳ фиристодани парванда аз қурбонии ҷинояти иқтисодӣ дарёфт мекард.

Маҳмадсаид Убайдуллоев: "Мо барои Русия бегона нестем, худием"

Маҳмадсаид Убайдуллоев. Акс аз соли 2014

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоии порлумони Тоҷикистон - гуфт, ки барои роҳ ёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия бояд дар ҳудуди кишвар як анбори калони меваву сабзаҷот бунёд шавад. Ӯ бовар дорад, дар он ҳолат маҳсулот бо сифати баланд ба бозори Русия роҳ хоҳад ёфт. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ин бора дар як мусоҳибаи телевизиониаш ба шабакаи “Мир” изҳори назар кард, ки рӯзи 18-уми декабр намоиш дода шуд.

Убайдуллоев дар ин мусоҳиба ба суоли онки "вазъи содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия дар кадом сатҳ қарор дорад?” гуфт: "Дар ниҳояти амр, мо барои Русия бегона нестем, худием. Бояд шароити мусоид фароҳам оварда шавад, то маҳсулоти Тоҷикистон, бахусус дар бахши кишоварзӣ ба сокинони Русия мустақим ва бе миёнаравҳо бирасад”.

Ӯ гуфт, миёнаравҳо боис ба боло бурдани нарх мешаванд ва ба ҳамин хотир, ба андешаи Убайдуллоев, бояд дар Тоҷикистон "як маркази умдаи нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бунёд шавад, то битавонад сифати маҳсулотро ҳифз карда, интиқоли борро мустақим ба Русия таъмин кунад".

Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт, ки чунин пойгоҳ бояд бо кумаки сармоягузорони Русия бунёд шавад. Дар хабари телевизиони "Мир” гуфта мешавад, ҷониби Русия омода аст, ки чунин як нуқтаи захираву тақсими маҳсулоти кишоварзиро дар 1,5 - 2 соли наздик бунёд кунад.

Мусоҳибаи ихтисосии Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Санкт-Петербург сабт шудааст.

RSF: Соли 2018 дар ҷаҳон 80 журналист кушта шуд

Аз оғози соли 2018 дар ҷаҳон дастикам 80 журналист барои фаъолияти касбиашон кушта шуданд. Феҳрасти рӯзноманигорони кушташударо созмони Хабарнигорони Бидуни Марз (RSF) рӯзи 18-уми декабр нашр кард.

Беш аз ними кушташудаҳо ба панҷ кишвар - Афғонистон (15 нафар), Сурия (11), Яман (8) ва Ҳиндустон (6 нафар) рост меояд. "Ҳамзамон теъдоди куштори хабарнигорон дар Мексика, ки вориди ҳеҷ гуна даргирӣ нест, бештар аст", - мегӯянд фаъолони ҳуқуқ.

Дар маҷмуъ тайи 11 моҳи имсол 44 хабарнигор дар минтақаҳои ҷангзада ҳалок шуданд.

Ба ғайр аз ин, ҳоло дар ҷаҳон 348 журналист таҳти боздошт қарор дорад. Ба маълумоти Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи рӯзноманигорон, се сол боз беш аз 250 журналист, бо шумули 33 зан барои фаъолияти касбиашон зиндонӣ шудаанд.

Чанде пеш маҷаллаи "Times" гурӯҳи рӯзноманигоронро "Чеҳраи сол" эълон кард. Онҳо барои ҷасорат дар фаъолияти хабарнигорӣ ин унвонро соҳиб шуданд.

Рӯзноманигори Саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ, ки аввали моҳи октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул кушта шуд ва хабарнигорони Reuters, ки дар Мянмар боздошт шуданд, низ ба ин гурӯҳ шомиланд.

Аз Русия муовини сардабири "Эхо Москвы" Татяна Фелгенгауэр, ки аз як ҳамла ҷон ба саломат бурд, ин унвонро соҳиб шуд.

"Айка" барои "Оскар" мубориза мебарад. ВИДЕО

Акси Самал Эсламова аз саҳифаи Инстаграми фестивали синамои Канн гирифта шудааст

Филми коргардони рус Сергей Дворсевой «Айка» дар қатори нӯҳ намоишномаи дигар дар даври ниҳоии ҷоизаи бонуфузи «Оскар» дар бахши «Беҳтарин филм ба забони хориҷӣ» ширкат мекунад. Дар ин бора дар вебсайти расмии ҷашнвораи бонуфузи амрикоӣ хабар дода шудааст. Филми «Айка» дар ин озмун аз номи Қазоқистон пешбарӣ шудааст. Дар қатори ин филм дар даври ниҳоии озмун инчунин филми коргардони мексикоӣ Алфонсо Куарона «Рим», филми японии Хирокадзу Корээда «Дуздони фурушгоҳ», намоишномаи коргардони Полша Павел Павликовский «Ҷанги сард» ва дигарҳо рақобат мекунанд.

«Айка» саргузаштҳои як духтари муҳоҷир аз Қирғизистонро ба риштаи тасвир кашидааст, ки дар шаҳри Маскав ғайриқонунӣ ба сар мебарад. Ин зани ҷавон баъди таваллуди кӯдак аз ӯ даст мекашад, вале бо гузашти вақт ба ҷустуҷӯи писараш шурӯъ мепардозад. Нақши асосиро дар филм актрисаи қазоқ Самал Эсламова бозидааст.

Ҳамин филм соли ҷорӣ дар ҷашнвораи байналмилалии Канн ҷоизаи «Беҳтарин нақши зан»-ро ба худ ихтисос дод.

Филми "Айка" барои "Оскар" мубориза мебарад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:52 0:00

Узбекистон дар интиқоли маблағ аз Русия пешсаф аст

Дар байни кишварҳои ИДМ Узбекистон дар интиқоли маблағ аз Русия дар ҷои аввал меистад. Дар ин бора Бонки марказии Русия рӯзи душанбе хабар дод.

Ба иттилои расмӣ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз Русия 9 миллиарду 800 миллион доллар ба хориҷ аз ин кишвар интиқол дода шудааст. Аз ин миқдор маблағ наздики 3 миллиарду 50 миллион доллар ба Узбекистон рафт.

Маблағи ба Тоҷикистон фиристодаи муҳоҷирони корӣ 1 миллиарду 900 миллион, ба Қирғизистон 1 миллиарду 700 миллион ва ба Қазоқистон 500 миллион доллар ҳисоб шудааст.

Пештар аз ин Бонки марказии Узбекистон хабар дод, ки дар шаш моҳи соли 2018 ба Узбекистон аз хориҷи кишвар 3 миллиарду 300 миллион доллар ворид шудааст.

Президенти Қирғизистон нишасти хабарӣ баргузор мекунад

Сооронбой Ҷеенбеков

Сооронбой Ҷеенбеков бори нахуст ҳамчун президенти Қирғизистон нишасти хабарӣ баргузор хоҳад кард.

Ба маълумоти дастгоҳи президент, дар ҳоли ҳозир раванди бақайдгирии рӯзноманигорон идома дорад. Қарор аст, нишаст 19 декабр дар қароргоҳи давлатии "Ала-Арча" баргузор шавад.

Ҷеенбеков 6 марти соли равон бо раҳбарони 40 расона мулоқот карда, ба суоли онҳо посух гуфт. Вале ин нишаст дар шакли мизи мудаввар баргузор шуда буд.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар як сол ду бор - зимистон ва тобистон нишасти хабарӣ баргузор мекард.

Сооронбой Ҷеенбеков ба ҳайси президенти Қирғизистон 24 ноябри соли 2017 корро оғоз кард.

Сенати таҳқиқи дахолати Русия ба интихоботи ИМА-ро нашр мекунад

Кумитаи иктишофии Сенати ИМА тасмим дошт, нимаи дувуми рӯзи душанбе ду гузориш ё натиҷаи таҳқиқотеро нашр кунад, ки дахолати Русия ба ҳаёти сиёсии Амрикоро пурра тасвир мекунад.

Бино ба иттилои CNN, ҳар ду гузоришҳо бо дархости кумитаи иктишофӣ таҳия шуда, маълумотеро дар бар мегиранд, ки қаблан нашр нашудааст. Русия барои таъсир расондан ба интихобкунандагони амрикоӣ ва мусоидат ба пирӯзии Доналд Трамп аз бузургтарин шабакаҳои иҷтимоӣ истифода кардааст.

Муалифони таҳқиқот мегӯянд, кормандони ширкати русии "Оҷонси пажӯҳиши интернетӣ" истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро ҳанӯз дар интихоботи соли 2009-и Русия санҷидаанд. Соли 2013 гуруҳи ба истилоҳ "фабрикаи троллҳо" аллакай талош карданд, ба воситаи Твиттер ба равандҳои сиёсии ИМА таъсир гузоранд.

Шабакаҳои иҷтимоии дигар, аз ҷумла YouTube, Facebook ва Instagram тадриҷан ба маърака ҷалб шуданд.

Русия соли 2016 дар давраи интихоботи президентии ИМА кӯшиш кард, ҳусни таваҷҷуҳи интихобкунандагони муҳофизакорро ба Трамп ҷалб кунад ва дар ин бора ба мавзуъҳои силоҳ ва муҳоҷират такя кард. Ба иттилои "Садои Амрико", ҷосусҳои рус ҳамзамон бо ирсоли паёмҳои гуногун аз раванди интихобот талош мекарданд, раъйдиҳандагони сиёҳпӯсти амрикоиро ба бунбаст бикашанд. Аз ҷумла, қоидаҳои нодурусти раъйдиҳиро паҳн мекарданд. Гуруҳҳои дигари сокинон, аз ҷумла либералҳо, мусулмонон, испанитаборон ва собиқадорон даъват мешуданд, ки ба интихобот нараванд. Москва бо ин роҳ мехост, дар ҷомеаи Амрико халоеро ба вуҷуд орад.

Нашрияи Washington Post мегӯяд, муаллифони яке аз гузоришҳо ширкатҳои технологиро танқид карданд, ки пас аз маълум шудани кӯшишҳои Москва барои таъсиррасонӣ "дер ва бидуни ҳамоҳангӣ" вокуниш нишон дода, раванди пешниҳоди маълумотро ба мақомот ба дарозо кашонданд.

Дар ИМА аллакай зидди "Оҷонси пажӯҳиши интернетӣ" бо гумони дахолат ба маъракаҳои пешазинтихоботии соли 2016 парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Додситони махсус Роберт Мюллер мехоҳад муайян кунанд, ки ситоди интихоботии Трамп ба хотири таъсир расондан ба натиҷаҳои интихобот бо Русия созише кардааст, ё не. Трамп исрор дорад, ки ҳеч гуна созише набуд ва тафтишотро "шикори аҷузаҳо" номид.

Ҳақназар Ғоиб "шаҳрванди ифтихории шаҳри Кӯлоб" шуд

Шаҳрдори Кӯлоб ба шоири мардумии тоҷик Ҳақназар Ғоиб ба муносибати 55-солагии фаъолияти эҷодиаш унвони шаҳрванди ифтихории шаҳри Кӯлобро тақдим кард.

Хайруллои Амонулло рӯзи 14 декабр дар маросими таҷлили фаъолияти эҷодии шоир гуфт, ки дар дигар деҳаву ҷамоатҳо ҳам ҷашнгирии шоири маъруф идома мекунад. Хайруллои Амонулло гуфт, ки бо қарори ӯ ба Ҳақназар Ғоиб, шоири халқии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2018 унвони “Шаҳрванди ифтихории шаҳри Кӯлоб” дода шудааст.

Ҳақназар Ғоиб, аз аввалин шоирони ин минтақа аст, ки бо чунин унвон сарфароз мешавад. Ҳоло Ҳақназар Ғоиб 75-сол дошта, дар 55-соли фаъолияти эҷодяш зиёда аз 30 маҷмуайи шеърҳои худро ба табъ расонидааст.

Аз Душанбе ба Красноярск як бабри барфии мода интиқол ёфт

Ба мамнӯъгоҳи Саяно-Шушенски Русия аз Тоҷикистон як бабри барфӣ бурда шуд. Бабри модаро рӯзи 17 декабр бо ҳавопаймо аз Душанбе ба Красноярск интиқол доданд. Дар ин бора матбуоти Русия хабар медиҳад. Қарор аст баъди як муддат нигаҳдорӣ дар мамнӯъгоҳ бабрро дар ҷангалҳои маҳаллӣ сар диҳанд. Моҳи октябр ба ин ҷо барби нари сафед интиқол дода шуд. Умеди зоологҳо ин аст, ки ду бабр ба ҳам омада, насл меоранд ва саршумори бабри барфӣ дар ин қаламрав афзоиш ёбад.

Бабри барфӣ як гурбаи ваҳшиест, ки ба Китоби сурх ворид шуда бо хатари нобудшавӣ рӯбарӯ аст. Минтақаи зисти ин ҷонвар кӯҳистони Осиё, Ҳимолой, Муғулистон, Тибет ва Олтой аст. Бунёди ҷаҳонии табиати ваҳшӣ мегӯяд, дар ҷаҳон саршумори бабри барфӣ 6569 адад аст ва боз тахминан 2 ҳазор адади дигари гурбаи ваҳшӣ дар боғҳои ҷонварон нигаҳдорӣ мешаванд. Шикори бабри барфӣ қотеона манъ аст.

Дар пайи шикояти як донишҷӯи тоҷик даҳҳо донишҷӯи қафқозӣ ба полис интиқол ёфтанд

Дар пайи шикояти як донишҷӯйи тоҷик дар хобгоҳе дар Москва, теъдоде аз донишҷӯёни қафқозитабор боздошт шудаанд. Ба навиштаи хабаргузории РИА Новости субҳи душанбеи 17-уми декабр дар Донишгоҳи иктишофии геологии ба номи Серго Орҷоникидзе дар Москва даҳҳо донишҷӯ боздошт шудаанд.

Дар сомонаи расмии донишгоҳ гуфта шудааст, ки дар хобгоҳи ин муассисаи омӯзишӣ воқеъ дар хиёбони Волгина дар қисмати ҷанубу ғарби пойтахти Русия маводди мухаддир ва силоҳ ошкор шудааст. Дар миёни даҳҳо донишҷӯи боздоштшуда сокинони Ингушистони Русия будаанд. Бо дархости раҳбари Ингушистон намояндагии ин ҷумҳурӣ дар Москва машғул аст.

Ба иттилои манбаъ ин боздоштҳо дар пайи шикояти як донишҷӯй аз Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ин донишҷӯйи тоҷик иддао кардааст, ки донишҷӯёни ингуштабор ӯро латукӯб карда, аз силоҳи ҷароҳатрасон тир задаанд. Шоми рӯзи душанбе донишҷӯёни боздоштшуда аз боздоштгоҳ озод шуда, интизор меравад имрӯз раиси донишгоҳ бо ин донишҷӯён мулоқот кунад.

Узбекистон дар интиқоли маблағ аз Русия пешсаф аст

Миёни кишварҳои ИДМ Узбекистон дар интиқоли маблағ аз Русия дар ҷои аввал меистад. Дар ин бора Бонки марказии Русия хабар медиҳад.

Ба иттилои расмӣ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз Русия 9 миллиарду 800 миллион доллар ба хориҷ аз ин кишвар интиқол дода шудааст. Аз ин миқдор маблағ наздики 3 миллиарду 50 миллионаш ба Узбекистон фиристода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба Тоҷикистон 1 миллиарду 900 миллион, ба Қирғизистон 1 миллиарду 700 миллион ва 500 миллиони дигар ба Қазоқистон ирсол шудааст. Пештар аз ин Бонки марказии Узбекистон хабар дода буд, ки дар шаш моҳи соли 2018 ба Узбекистон аз хориҷи ин кишвар 3 миллиарду 300 миллион доллар ворид шудааст.

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе як ноҳияи дигар бунёд мешавад

Қаламрави шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳудудҳои ноҳияи ҳамшафати Рӯдакӣ васеътар мешавад.

Хабаргузории давлатии иттилооти «Ховар» рӯзи 17-уми декабр аз қавли Шодимурод Аловиддинов, муовини сармеъмори шаҳри Душанбе навиштааст, масъалаи васеъ кардани қаламрави пойтахти рӯзи 18-уми декабр дар ҷаласаи вакилони шаҳр баррасӣ мешавад.

Ба иттилои Аловуддинов, 7659 гектар замин аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла, ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Сарикиштӣ, Гулистон, Чортеппа, Чимтеппа, «Россия» ва ғайраҳо ба ҳудуди шаҳри Душанбе мегузаранд.

Ба гуфтаи ин мақоми шаҳрдорӣ қисмати зиёди заминҳои ба пойтахт ҳамроҳшуда ба ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рост меояд. «Аз ин рӯ, зарурати таъсиси боз як ноҳияи дигар дар ҳудуди пойтахт пеш меояд», гуфтааст Аловуддинов.

Баробари ба пойтахт ҳамроҳ шудани ин минтақаҳо, дар ҷойи деҳаи Чортут, ки алҳол ба ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад, ҳудудҳои махсуси обтаъминкунии пойтахт бунёд гардида, минтақаи корезӣ, ки алҳол дар маҳаллаи Гулбутта қарор дорад, ба деҳаи Сарикиштии алҳол ба ҳудуди ноҳияи мазкур тааллуқдошта кӯчонида мешавад.

Наздикон: Бародарзодаи муфтӣ бар асоси парвандаи соли 2013 боздошт шуд

Муҳтадӣ Абдулқодиров, бародарзодаи 36-солаи муфтӣ ё раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бар асоси моддаи “Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ”-и Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон дар боздошт ба сар мебарад. Наздикони Абдулқодиров рӯзи 17 декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парванда нисбати ӯ ҳанӯз соли 2013 баъди ширкаташ дар як маърака дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ) боз шуд.

Яке аз наздикони хонаводаи Абдулқодировҳо ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар он қазия Муҳтадӣ "хитоб ба мардум гуфтааст, ки маъракаҳои чил, ҳафт ва сол макрӯҳ буда” ва ин маросимҳо хилоф бо меъёрҳои гурӯҳи Салафия мебошанд. Парванда ҳамон замон аз ҷониби раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва бар асоси нишондони як сокини шаҳри Бохтар боз шуда буд.

Ҷараёни "Салафия", ки фаъолияташ аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнӯъ аст ва охири соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии кишвар созмони экстремистӣ эълон шуд. Наздиконаш мегӯянд, ки Абдулқодиров ҳамон сол кишварро тарк карда дар хориҷа зиндагӣ мекард.

Ба иддаои наздикон, охири ноябри соли ҷорӣ Муҳтадӣ Абдулқодиров бо ваъдаи афв аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баргашт, вале боздошт ва аз рӯи моддаи 307 прим. 1, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гумонбар эълон шуд. Ӯ аз 29 ноябри соли ҷорӣ дар бозошт ба сар мебарад.

Абдулҳай Абдулқодиров, бародари Муҳтадӣ Абдулқодиров рӯзи 17 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз вазъи бародараш дар боздошт огоҳ аст, саломатии ӯ хуб аст, вале аз ин беш чизе гуфта наметавонад. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи душанбе хабари боздошти бародарзодаашро тасдиқ ва ё такзиб накард ва аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ намуд.

Мақомоти ҳифзи қонуни Тоҷикистон ҳам нахостанд ин мавзӯъро шарҳ диҳанд.

Наздикони Муҳтадӣ Абдулқодиров – писари бародари раиси Шурои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода мегӯянд, ӯ аз шароити нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳ шикоят надорад ва бо вакили дифоъ ҳам таъмин аст.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи он ки то куҷо Абдулқодиров иттиҳомоти зидди худро эътироф мекунад, яке аз наздиконаш гуфт, ки “аз карда пушаймон аст” ва умедвор аст, ки тафтишот инро ба эътибор мегирад.

Ҷараёни “Салафия” дар Тоҷикистон ҳамчун як созмони тундрав ва бегона бо арзишҳои мазҳабии мардуми ин кишвар мамнӯъ эълон шудааст. Додгоҳҳои Тоҷикистон даҳҳо нафарро бо ҷурми пайравӣ ваё пуштибонӣ аз ақидаҳои ин созмон пушти панҷара бурдаанд. Мақомот ба ин назаранд, ки пайравони ин ва дигар ақидаҳои динӣ метавонанд боиси бурузи ихтилофҳои мазҳабӣ ва эҷоди бесуботӣ дар кишвар шаванд.

Додситонии Суғд: ду корманди ниҳод дар паи ошӯби зиндон барканор шуданд

Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, дар пайи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд, ки бар пояи иттилои расмӣ, 25 кушта ва чандин маҷруҳ бар ҷо гузошт, 2 корманди масъули ин ниҳод аз вазифа сабукдӯш карда шудаанд.

Гулчеҳра Ғоибназарова, масъули маркази хабариву таҳлили ин ниҳод рӯзи 17 декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Завқибек Шарифзода – додситони назорати маҳбасҳо ва Маъмур Аъзамзода – ёвари калони додситони Суғд оид ба назорати риояти қонун дар маҳкамаҳои тафтишотӣ аз вазифаҳои худ барканор гардиданд. Ӯ афзуд, ҳоло вазифаҳои онҳоро муваққатан кормандони дигар иҷро мекунанд.

Ӯ хабарҳои қаблан расонаишуда дар мавриди барканор шудани шаш корманди додситонии Суғд дар пайи ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро бепоя хонд ва афзуд, танҳо ҳамин ду масъули додситонӣ сабукдӯш шудаанд. Ин хабарро ба Радиои Озодӣ қаблан ду манбаъ дар додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд. Гулчеҳра Ғоибназарова сабукдӯш шудани ин масъулони додситонии Суғдро дар пайи таҳқиқи ошӯби хунини сарзада дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд рабт дод, вале аз ироаи ҷузъиёти дигар худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки ба парванда мӯҳри махфӣ зада шудааст ва ошкор кардани ҷузъиёти ҷараёни тафтишот феълан имкон надорад.

Додситонии назорати маҳбасҳо як ҷузъи ҷудогонаи тобеи додситонии Суғд - масъулияти назорати риояи қонун дар маҳбасҳоро бар уҳда дорад, вале вазифаи ёвари калони додситони Суғд умдатан ба назорати қонун дар боздоштгоҳи муваққатии рақами 2-и Хуҷанд маҳдуд мешавад. Дар ин боздоштгоҳ афроди айбдоршаванда замони тафтиши парванда ва то равон кардан ба маҳбасҳо нигоҳ дошта мешаванд.

​Мақомот аз изҳори он ки сар задани ошӯб дар зиндон ба барканор гардидани масъули назорати риояти қонун дар боздоштгоҳи муваққатӣ чӣ рабт дорад, худдорӣ меварзанд. Рӯзи 6-уми декабр як манбаъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ошӯб дар маҳбаси Хуҷанд фаъолияти масъулони раёсатҳо ва шӯъбаҳои Додситонии кул мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷумла ба сардори Раёсати назорати маҳбасҳои Додситонии кул Шамс Нурализода танбеҳи қатъӣ дода шуд.

15-уми ноябр Файзулло Сафарзода, сардори зиндони низомаш сангини шаҳри Хуҷанд аз вазифа барканор ва билофосила бо амри додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Сипас бо иҷозаи додгоҳи Хуҷанд 6 корманди дигари ин зиндон, аз ҷумла Фарҳод Садиров, сардори шуъбаи низом боздошт гардиданд. Биноба иттилои додгоҳ, алайҳи Файзулло Сафарзода, Фарҳод Садиров ва 5 ҳамкори онҳо бар асоси моддаи 322, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "Хунукназарӣ, ки аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гаштааст", парванда боз шудааст.

Ин модда дар сурати исботи гуноҳ ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ солро дар назар дорад. Ин хабар дар ҳолест, ки охири моҳи ноябр мақомоти интизомии Тоҷикистон алайҳи 7 корманди маҳбас ва дастикам 10 зиндонии маҳбаси рақами сеи Хуҷанд дар маҷмӯъ бо 11 иттиҳом аз ҷумла - "монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ", "куштор", "расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ", "зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Мансурҷон Умаров ба ҷои Иззатулло Шарифзода раҳбари зиндонҳо шуд

Баъди беш аз ду ҳафтаи ошӯби хунин дар маҳбаси Хуҷанд, дар раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ҳам тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Иззатулло Шарифзода, муовини вазири адлия ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, ки аз соли 2006 дар ин мақом кор мекард, “ба далели бознишаста шудан” аз вазифааш озод гардид. Мансурҷон Умаров, ноиби аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардори нави раёсати зиндонҳо ва ҳамзамон муовини вазири адлияи Тоҷикистон таъйин шуд.

Таҳқиқи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷандро гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон пеш мебарад ва ба гуфтаи манобеи наздик ба он, ин парванда муҳри махфӣ гирифтааст. Манобеи наздик ба таҳқиқ мегӯянд, масъулони назорати риояти қонун дар маҳбасҳо шикоятҳои маҳбусон дар бораи қонуншиканиҳо ва рафтори ғайриқонунӣ нисбат ба онҳоро нодида мегирифтанд ва норизоиву қаҳру ғазаби бархе маҳбусон ба ошӯб кашонид.

Ошӯб дар маҳбаси низомаш сангини рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд шаби 7 ба 8-уми ноябр сар зада, нахуст ду зиндонбон ва замони фурӯнишонии ошӯб 23 зиндонӣ кушта шуданд. Ҳамчунин, чандин зиндонбон ва маҳбусон захмӣ гардиданд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, гурӯҳи ошӯбгарон, ки дар миёни онҳо асосан маҳкумшудаҳо барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва мамнӯе ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд, мехостанд аз зиндон фирор кунанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бадрафторӣ нисбат ба зиндониҳо ва поймолкунии ҳуқуқашон сабаби аслии сар задани ошӯб гардид.

​Ошӯб дар зиндони низомаш сангини Хуҷандро яке аз пурқурбонитарин ҳодисаҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон меноманд. Раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хостанд, ки ин ҳодиса ҳамаҷониба ва аз рӯи қонун баррасӣ шавад.

Қазияи Хошуқҷӣ эҳтимол муомилоти Канада ва Риёзро баҳам мезанад

Ҷамол Хошуқҷӣ

Ҳамчун вокуниш ба куштори журналист Ҷамол Хошуқҷӣ, Канада масъалаи лағви қарордоди низомӣ бо Арабистони Саудиро баррасӣ мекунад. Нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо рӯзи 17 декабр гуфт, ки ҷаримаи даст кашидан аз қарордод беш аз миллиард доллар аст.

Созишномаи фурӯши техникаи низомии Канада ба Саудӣ соли 2014 имзо шуд. Маблағи муомилот 13 милилард доллар аст. Канада бояд ба Риёз беш аз 900 худрави пиёданизоми LAV 700 фиристад. Моҳи сентябр теъдоди таслиҳот бо ибтикори ҷониби Риёз коҳиш ёфт.

Охири моҳи ноябр Канада дар заминаи куштори Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул 17 табаи саудиро таҳрим кард. Вазорати хориҷии Канада ин ҷиноятро "ҳамлаи берӯёна ба озодии баён" номид.

Мақолнависи The Washington Post Ҷамол Хошуқҷӣ, ки аз мунақидони Риёз буд, аввали мои октябр барои омода кардани санадаҳои издивоҷаш ба консулгарии Саудӣ дар Истамбул рафт ва дар онҷо кушта шуд. Хадамоти махсуси ИМА ва Туркия мегӯянд, ки раҳбарони олии Арабистони Саудӣ дар ин куштор даст доранд. Риёз инро рад мекунад.

Ҳамлаи ҳавоии ИМА дар Сомалӣ 62 ҷангии "Ал-Шааб"-ро маҳв кард

Ҳавопаймои F-35-и ИМА

Низомиёни ИМА рӯзҳои 15-16-и декабр 62 ҷангии "Ал-Шааб"-ро дар наздикии шаҳри Гандараши Сомалӣ маҳв карданд.

Фармондеҳии нерӯҳо дар Африқо (Afrocom) гуфт, ки дар пайи ҳамлаи ҳавоии 16 декабр 34 ҷангӣ ва 28 ҷангии дигар дар ҳамлаи рӯзи 16 декабр кушта шуд.

"Фармондеҳии нерӯҳо дар Африқо ва шарикони Сомалии мо ин ҳамлаҳоро бо ҳадафи пешгирӣ аз истифода шудани манотиқи дурдаст ҳамчун паноҳгоҳи террористҳо ва ҳамлаҳои минбаъдаи онҳо анҷом доданд,- гуфт Afrocom .

"Ал-Шааб", ки ҳадаф дорад дар Сомалӣ давлати бунёдгарои исломӣ таъсис диҳад, маъмулан ба биноҳои давлатӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо ҳамла мекунад.

Лавров аз паёмади эътирофи ду "ҷумҳурии худгардон"-и Украина суҳбат кард

Сергей Лавров

Бо эътирофи ҷумҳуриҳои худгардони Донетск ва Луҳанск, Русия робитааш бо бахшҳои дигари Украинаро аз даст медиҳад,- гуфт вазири умури хориҷии ин кишвар Сергей Лавров дар сӯҳбат бо шабакаи радиои "Комсомолская правда ".

Лавров афзӯд, Русия бо Украина, ки ба гуфтаи вазир онро режими "неонатсистӣ" идора мекунад, вориди ҷанг намешавад. Бо Украина шаҳрвандони худаш, ки дар Донбасс зиндагӣ мекунанд, вориди ҷанг шудаанд, гуфт вазири хориҷии Русия.

Лавров ҳамчунин гуфт, ки ба маълумоти ӯ дар анҷоми ҳолати низомии 30- рӯза дар ин кишвар, президенти Украина Петр Порошенко мехоҳад дар марз бо Русия ва Қрим тавтеа эҷод кунад. "Посух ба ин тавтеа забарзан хоҳад буд",- гуфт Лавров.

Тобистони соли 2014 баъди гӯё як реферундум ҷудоиталабони тарафдори Русия "Ҷумҳурии халқии Донетск"-ро эълон карданд. Қаламравҳои таҳти назорати ҷудоиталабон дар Шарқи Украина "Новороссия" ном гирифт. Аммо ин тарҳи Кремлгаро баъди як сол аз забонҳо афтид.

Идомаи боздошти фаъолони маданӣ дар Қазоқистон

Бино ба хабарҳо, имрӯз дар шаҳри Алматои Қазоқистон чандин фаъоли маданӣ баъди боздошт ба шуъбаи пулис интиқол ёфтанд.

Фаъолони ҳуқуқ Ринат Рафхат, Бахитҷон Торегожина ва вакили дифоъ Гулнора Жуаспаева хабар доданд, ки 17 декабр фаъоли сиёсӣ Ерлан Калиев, раҳбар ва бунёдгузори нашрияи "Дат" Ермурод Бапӣ, фаъолони маданӣ Суиндик Алдабергенов, Геройхон Кистаубоев ва чанд нафари дигар дастгир шудаанд.

Сабаби боздошти онҳо маълум нест. Талошҳо барои дарёфти назари пулис дар ин бора бенатиҷа буданд.

Пулиси Алмато 16 декабр беш аз даҳ нафар, аз ҷумла Алдабергенова ва Кистаубоеваро боздошт ва пас аз чанд соат раҳо кард. Онҳоро кормандони пулис дар назди баромадгоҳи бинои зисташон пешвоз гирифта, то шуъбаҳои маҳаллӣ ҳамроҳӣ кардаанд. Дар шуъба аз онҳо дар бораи эҳтимоли ҷонибдорӣ аз ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" пурсида шудааст. Бунёдгузори ҳаракат мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, 16 декабр ҷонибдорони худро ба майдон даъват карда буд.

Ба гуфтаи бархе аз боздоштшудаҳо, кормандони пулис телефонҳои онҳоро бозҷӯӣ карданд. Дар шаҳри Урал, дар ғарби Қазоқистон ҳам 16 декабр ду хабарнигори нашрияи минтақаии мустақили "Ҳафтаи Урал" барои чанд соат боздошт шудаанд.

Гуруҳи ҷиноие дар Қирғизистон дар ғасби як истироҳатгоҳ гумонбар шуд

Сарбозони амниятии Қирғизистон

Пулиси Қирғизистон узви гуруҳи муташаккили ҷиноиро боздошт кард, ки дар қаллобии бузург гумонбар мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод, ки як сокини Бишкек аз ғасб шудани истироҳатгоҳаш дар Иссиқкӯл аз сӯи шаҳрванд С.М. ба мақомот шикоят овардааст. Ба гуфтаи ин сокин, истироҳатгоҳаш 6,2 ҳазор метри мураббаъ буда, 350 ҳазор доллар арзиш дорад.

Ба иттилои тафтишот, пештар аз ин даъвогар ва боздоштшуда тиҷорати муштарак доштаанд. Дар соли 2010 С.М. ба даъвогар ба рушди тиҷорат чанд мошин ва бештар аз 60 ҳазор доллар маблағи нақд додааст. Баъди ду сол С.М. маблағи додаашро талаб кард. Даъвогар ба С.М. ҳамчун гарав ваколатномаи истироҳатгоҳашро дод. Аммо баъдтар С.М. ин истироҳатгоҳро ба номи хеши наздикаш сабт кард.

Соли 2016 соҳибкор манзилашро, ки 125 ҳазор доллар арзиш дошт, дар ивази қарз ба коршарики пешинаш дод. Аммо дертар огоҳ шуд, ки шарикаш истироҳатгоҳро фурӯхтааст. Ба ин тартиб, С.М. ба шаҳрванд 350 ҳазор доллар зиён овардааст.

Замони боздошт гумонбар савори мошини Лексус LX 570 буд, ки тақрибан 100 ҳазор доллар арзиш дорад, хабар медиҳад ВКД.

Ба иттилои пулис, боздоштшуда, ки соли таваллудаш соли 1973 аст, пештар бо моддаи "Қаллобӣ" суд шудааст. Ӯ ба як ҷинояткори соҳибнуфуз хешӣ дорад, ки барои ҷинояти сангине 30 сол зиндонӣ шудааст.

Ҳудуди 200 кишвар шеваи иҷрои созишномаи Порисро қабул карданд

вокуниши Михал Куртика дар ҷаласаи ниҳоии Таъғири Иқлим

Конфронси умумиҷаҳонии иқлим, таҳти сарварии СММ дар Лаҳистон, қоидаҳои иҷрои созишномаи Порисро қабул кард. Ҳудуди 200 кишвар ба ин санад имзо гузоштанд. Намояндаҳои ин кишварҳо оиди назорати гази карбон ва чораҳо барои коҳиши партоби гази гармхонаҳо ба фазо низ ба созиш расиданд.

Баъзе аз қоидаҳои дигар дертар таҳия хоҳанд шуд. Дар Бунёди ҷаҳонии табиати ваҳшӣ гуфтанд, санади тасвибшуда имкон медиҳад, ки то соли 2020 фаъолиятҳои байналмилалӣ дар робита ба иқлим оғоз шаванд.

Созишномаи иқлими Порисро 197 кишвар соли 2015 имзо карданд.

Президенти ИМА Доналд Трамп моҳи июни 2017 эълом кард, ки кишвараш аз созишномаи Порис хориҷ шуд. Ӯ гуфт, Амрико бо иҷрои ин созишнома то соли 2025 ҳудуди 3 миллион ҷои кории худро аз даст медод. Департаменти давлатии ИМА пас аз анҷоми конфронси Лаҳистон гуфт, ки мавқеи ин кишвар роҷеъ ба созишномаи иқлими Порис тағйир намеёбад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Марги шубҳабарангеҳи сарбози 20-сола дар Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:16 0:00
XS
SM
MD
LG