Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳакерҳои Эрон ба почтаи мақомдорони умури таҳримҳои ИМА ҳамла карданд

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Эрон

Ҳакерҳои эронӣ аз гурӯҳи Charming Kitten (Пишаки ҷаззоб) талош карданд, почтаҳои электронии мақомдорони Амрико дар умури назорат бар таҳримҳои зидди Эронро рахна кунанд. Дар ин бора Associated Press рӯзи 13-уми декабр хабар дод.

Хабаргузорӣ маълумоти Certfa - ширкати британиявиро таҳлил кард, ки ба масъалаи амнияти киберӣ машғул аст.

Ба ғайр аз мақомдорони давлатии Амрико, ҳамчунин, нафароне аз шумори мунаққидон ва тарафдорони созиши ҳастаии соли 2015 бо Эрон ва олимони араб дар умури ҳастаӣ низ мавриди ҳамла қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи корманди муассисаи соҳибкории ИМА Фредерик Каган, ҷосусии киберӣ аз тарафи Эрон ба таҳримҳои маъмурияти президент Доналд Трамп бар зидди Теҳрон бастагӣ дорад. Ӯ бовар дорад, ки кӯшиши ҳамла аз ҷониби Эрон анҷом шудааст.

Қаблан, дар соли 2010, хадамоти махсуси Эрон сохтори алоқаи Идораи истихбороти ИМА-ро шикаста буд. Ҳакерҳо бо истифода аз системаи ҷустуҷӯи Google ба сомонае ворид шуданд, ки кормандони истихбороти Амрико барои мукотиба бо ҷосусҳои худ истифода мекарданд.

Моҳи сентябр Амрико стратегияи нави амнияти кибериро эълон кард, ки дар вокуниш ба ҳамлаҳои ҳакерӣ фаъолиятҳои сареъро пешбинӣ мекунад. Дар ин санад Эрон ва Русия таҳдиди киберӣ ба Амрико эълон шудаанд.

Як вакили дифоъ дар Тоҷикистон ба қаллобӣ муттаҳам мешавад

Як вакили мудофеъ дар Тоҷикистон ба қаллобӣ гумонбар мешавад. Масъулони Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 13-уми декабр гуфтанд, таҳқиқи парванда оид ба “қаллобӣ дар ҳаҷми бузург”, ки моҳи октябри имсол боз шуд, дар ҳоли анҷомёбист.

Дар хабари расмии ин ниҳод гуфта мешавад, Жанна Исроилова, узви Коллегияи адвокатҳои “Адл”-и шаҳри Душанбе бар асоси шикояти як сокини пойтахт гумонбар мешавад. Даъвогар дар шикояташ ҳуқуқшиносро барои гирифтани 8300 доллар муттаҳам кардааст.

Дар шикояти шаҳрванде, ки исмаш оварда намешавад, ҳуқуқшинос дар он муттаҳам мешавад, ки гӯё соли 2014 бо ваъдаи кумак дар ҳалли як баҳси манзил дар Додгоҳи шаҳри Душанбе пул гирифта ва ба ваъда вафо накардааст.

“Илова ба ин, аз шаҳрванд “А” овардани маблағи 2500 доллари дигар талаб карда, аз ин миқдор санаи 15-уми октябри соли 2018 5000 сомонӣ гирифта, оварда додани боқимонда 2000 долларро талаб намуд”, - навиштааст вебсайти Оҷонсии зидди коррупсия.

Дар хабар омадааст, ки Исроилова ҳангоми гирифтани 2 ҳазор доллари боқимонда боздошт шуд. Моддаи 247, қисми 4, ки бар асоси он парванда боз шудааст, дар сурати гунаҳкор эътироф шудани шахс пардохти ҷарима ва ё то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Маълум нест, ки мавқеи худи ҳуқуқшинос ба ин иттиҳомот чист ва то куҷо худи ӯ ин иттиҳомотро эътироф мекунад ё на.

Аз бархурди ду қатор дар Туркия дастикам нуҳ нафар ҷон бохт

Садамаи қатор дар Туркия. 13 декбабр, 2018

Дар натиҷаи баҳам бархурдани ду қатор дар наздикиҳои Анкара, пойтахти Туркия, дастикам нуҳ нафар ба ҳалокат расид. Теъдоди захмиҳо то ҳол 46 нафар гузориш шудааст. Волии Анкара Восип Шоҳин гуфт, ки эҳтимол теъдоди қурбониҳо бештар шавад.

Садама соати 6:30-и вақти маҳаллӣ дар истгоҳи роҳи оҳани Енимаҳалла, воқеъ дар канораҳои пойтахти Туркия, ҳамагӣ даҳ километр дуртар аз нуқтаи ҳаракат рух дод. Қатори босуръати Анкара -Кония ба як локомотив бархурд.

Дар натиҷаи ин бархурд якчанд вагон аз хат берун шуд ва пули пиёдагарди фарози роҳи оҳан ба рӯи қатор афтид. То ҳол аз ҳалокати се ронандаи қатор ва шаш мусофир гузориш шудааст. Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса омаданд ва зарардидаҳоро дар зери оворҳо ҷустуҷӯ мекунанд.

Додситонии Туркия гуфт, ки аз рӯи ин ҳодиса парванди ҷиноӣ боз шудааст.

Тоҷикфилм: Барои намоиши "Bohemian Rhapsody" дархост наомадааст

Масъулони ширкати "Тоҷикфилм" гуфтанд, ки намоиши филм дар бораи зиндагиномаи гурӯҳи мусиқии "Queen" дар толорҳои синамои кишвар манъ нашудааст.

Мақомоти "Тоҷикфилм" ба оҷонсии "Интерфакс" гуфтанд, барои намоиши филм то ҳол дархосте ворид нашудааст. Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси ширкати "Тоҷикфилм" ба ин оҷонсӣ гуфтааст, хабарҳои матбуотӣ, ки гӯиё "Bohemian Rhapsody" ба хотири саҳнаҳои ғайриахлоқиаш лағв шудааст, ҳақиқат надорад.

Раҳматуллоев мегӯяд, воқеан ҳам дар назди "Тоҷикфилм" як шӯрои машваратӣ амал мекунад ва филмҳоеро, ки аз берун ворид мешаванд, "мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, менталитети миллӣ ва сиёсати давлат арзёбӣ мекунад".

Филми "Bohemian Rhapsody", ки аз номи як таронаи маъруфи гурӯҳи "Queen" гирифта шудааст, дар бораи зиндагиномаи овозхони эрониасли ин гурӯҳ Фреди Меркурӣ қисса мекунад.

Бархе тамошобинони тоҷики ин филм дар хориҷа мегӯянд, ки филм дар бораи зиндагии маҳрамонаи ин овозхон, ки аз бемории СПИД даргузаштааст, бепарда қисса мекунад ва бардошти зиддунақизе дар бораи шахсият ва зиндагии ӯ ҳосил мешавад.

Бархе ҳам ба ин филм аз назари ҳунари филмсозӣ баҳои манфӣ додаанд.

Хобгоҳе дар Маскав ба муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон ҷой намедиҳад

Ҳостел ё меҳмонсарои шабеҳи хобгоҳ бо номи "2Hostel2" дар шаҳри Маскави Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ҷойи хоб намедиҳад. Маъмури меҳмонсаро гуфт, "нозири минтақавӣ дар ин бора дастури шифоҳӣ додааст".

Хабарнигори нашрияи интернетии "Ридус" бо баргузории санҷише хост, се муҳоҷири тахайюлиро аз Узбекистон дар ин хобгоҳ ҷо кунад. Аммо намояндаи меҳмонхона ба маҳзи шунидани он ки меҳмонон шаҳрвандони Узбекистонанд, аз пазириши онҳо сарпечӣ намуд.

"Зеро онҳо бояд сабти ном шаванд. Ҳатто агар барои як шабонарӯз ҳам меҳмон шаванд, бояд онҳоро ба қайд гирем. Онҳо ҳатто чаҳор рӯз ҳам меҳмон шаванд, муҳлати қайдашон мегузарад. Мо ба хадамоти муҳоҷират гузориш медиҳем, ки меҳмон хориҷ шуд. Ин барои онҳо мушкил эҷод мекунад. Қайди ҷои зисте, ки онҳо мегиранд, бекор мешавад. Онҳо бояд баъди берун шудан аз меҳмонсаро аз сари нав худро сабт кунанд", - шарҳ дод маъмурияти меҳмонсаро рӯзи 12-уми декабр дар суҳбат бо бахши узбекии Радиои Озодӣ.

Корманди "2Hostel2" баъдтар илова кард, ки ҷо додани тоҷикону узбекон барояш "дарди сар аст".

"Аз моҳи январ ба ин тараф нозири минтақаӣ мегардаду ҳушдор медиҳад, ки шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистонро ҷой надиҳем. Онҳо беҳтар аст, дар Подмосква ҷойгир шаванд. Дар Подмосква муносибат бо онҳо беҳтар аст", - гуфт маъмури меҳмонсаро.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони кишварҳои дигар амсоли Украина, Молдова, Арманистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон, ки низ дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ ҳастанд, дар пайдо кардани хобгоҳ мушкилӣ надоранд.

Дар сомонаи интернетии меҳмонсарои "2Hostel2", ки дар хиёбони Нахимови Москва ҷойгир аст, то кунун эълони "Меҳмонсаро ба шаҳрвандони Узбекистону Тоҷикистон ҷой намедиҳад" овезон аст.

ВАО: "Роснефт" ҳамкорӣ бо Эронро бинобар таҳримҳо қатъ кард

Раҳбари ширкати давлатии нафти Эрон бо раҳбари "Ростнефт"-и Русия

Бинобар таҳримҳои ИМА ширкати "Роснефт"- и Русия ҳамкорӣ бо Эронро қатъ кард. Дар ин бора нашрияи "Ведомости" бо такя ба ба манбаҳое дар ширкати давлатии Русия хабар дод.

Охири соли 2017 "Роснефт" ва ширкати миллии нафти Эрон харитаи роҳ барои татбиқи тарҳҳои стратегиро имзо карданд. Он замон раҳбари "Роснефт" Игор Сечин гуфта буд, ки сармоягузорӣ дар ин тарҳҳо 30 миллиард доллар хоҳад буд. Аммо ба гуфтаи яке аз манбаҳои "Ведомости" гуфтушунидҳо тобистони соли 2018, дар пасманзари таҳдиди таҳримҳои ИМА алайҳи Эрон қатъ шуданд. Ин таҳдид 6 ноябр амалӣ шуд ва содироти нафти Эрон таҳти таҳрим қарор гирифт.

Ҳамсӯҳбати дигари нашрия мегӯяд, сабаби рафтани Русия аз Эрон таъғири стратегияи "Роснефт" аст, ки ба бозори дохилии кишвар тамаркуз кардааст.

Як манбаи дигари "Ведомомти" афзӯд, ки "Роснефт" дар баробари Русия масъулият надошт, ширкат сармоягузорӣ ҳам накарда буд ва бохт ҳам нахоҳад дошт.

Нашрия шарҳи ширкати "Роснефт"-ро дарёфт накардааст.

Таҳримҳои зидди Эрон, ки 6 ноябр ҷорӣ шуд, ба бахшҳои мухталифи иқтисоди ин кишвар, аз ҷумла бонкдорӣ ва ширкатҳои нафткашӣ таъсир мегузорад. Таҳримҳо баъди ним соли берун шудани Вашингтон аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон аз сар гирифта шуд. Иттиҳоди Аврупо, Русия ва Чин аз ин розӣ нестанд. Мақомоти Иттиҳоди Аврупо сохтори давр задани чораҳои ИМА дар робита ба Эронро эълон кардаанд.

Волидон ва ду бародари гумонбар дар ҳамлаи Страсбург боздошт шуданд

Нерӯҳои амниятӣ дар Страсбург

Пулиси Фаронса наздикони гумонбар дар ҳамла ба ярмаркаи солинавии шаҳри Страсбургро боздошт кард. Волидон ва ду бародари ӯ ба ҳабс гирифта шуданд. Ба иттилои расонаҳо, дасти кам яке аз онҳо бо тундгароён робита дошт.

Худи гумонбарро беш аз 700 нафар ҳанӯз ҳам ҷустуҷӯ доранд. Дар Вазорати умури дохилии Фаронса гуфтанд, ки эҳтимол дорад, ӯ кишварро тарк карда бошад.

Шаби 11 декабр марди мусаллаҳе ба ярмаркаи солинавӣ дар маркази Страсбург ҳамла кард, ки 3 кушта ва 13 захмӣ бар ҷой гузошт. Пулис гуфт, ҳамларо сокини 29-солаи Страсбург Шеккат Шариф анҷом додааст. Ӯ 27 бор дар Фаронса, Олмон ва Швейтсария ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Чанд сол пеш низ барои дуздӣ дар Олмон зиндонӣ шуда буд ва ӯро ба Фаронса истирдод карданд.

Ҳодиса ҳамлаи террористӣ унвон шуд ва онро Идораи мубориза зидди терроризми додситонии Порис тафтиш мекунад. Дар саросари Фаронса чораҳои амниятӣ пурзӯр ва назорат дар марзҳо сахттар шудааст. Дар Страсбург баргузории ҳама гуна эътироз ва тазоҳуротро манъ карданд.

Бештари раҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар робита ба ин ҳодиса ба Фаронса ҳамдардӣ баён карданд. Дар Олмон гуфтанд, ки хадамоти махсуси ин кишвар ба ҳамтоёни фаронсавии худ кумак хоҳанд кард. Президенти ИМА Доналд Трамп ҳамларо маҳкум карда, гуфт, назорат дар марзҳои кишвараш сахтар хоҳад шуд.

Тафтиши парвандаи додситони пешини Узбекистон поён ёфт

Рашид Қодиров

Тафтиши парвандаи додситони кулли пешини Узбекистон Рашид Қодиров ва 24 нафаре, ки дар доираи парвандаи ӯ боздошт шуданд, ибтидои моҳи равон ба поён расид. Ҳамаи ин афрод ба “тамаъҷӯӣ”, “сӯистифода аз мақом “ ва “гирифтани пора” айбдор мешаванд

Ба маълумоти Додситонии кулли Узбекистон, аз 24 нафаре, ки дар доираи "парвандаи Қодиров" боздошт шуданд, бештарашон кормандони пешини мақомоти додситонӣ буданд. Ба гуфтаи вакили дифои яке аз гумонбарон, ба ӯ то 25 декабр муҳлат додаанд, ки бо айбнома шинос шавад.

Рашид Қодирови 66-сола тайи 15 соли ахир додситони кулли Узбекистон буд ва моҳи апрели соли 2015 аз мақом барканор шуд. Қодировро 22 феврали соли равон бо як идда иттиҳом дар шаҳри Тошканд боздошт карданд. Бино ба хабарҳо, дар давоми даҳ моҳи ҳабси ӯ раҳбарони гуруҳи тафтишотӣ борҳо иваз шуданд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 19 майи соли равон дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Улуғнор гуфт, ки дар давоми ду - се моҳи оянда додситони кулли пешин ба воситаи телевизион тавба хоҳад кард.

Мирзиёев додситони пешинро ба паҳн кардани фасод айбдор кард."Дузди воқеӣ буд. Бинобар ин, аз мақомоти додситонӣ 70%-и кормандон барканор шуданд. Шахси бовиҷдонеро ба ҷои ӯ таъйин кардам. Агар касе хиёнат кард, аз пушти ӯ хоҳад рафт”, - изҳор дошт Мирзиёев.

Вазорати умури дохилии Узбекистон 5 марти соли равон писари 39-солаи Қодиров – Алишерро низ бо ҷурми қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ таҳти пайгард қарор дод. Бар зидди падару писар ба маблағи ниммиллиард доллар даъво ва шикоят шудааст.

Паёми раиси Бадахшон ба 82-солагии Оғохони чаҳорум

Оғохони чаҳорум, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон, 82-сола шуд. Дар Тоҷикистон дусад ҳазор пайрави мазҳаби исмолия зиндагӣ мекунанд ва бахши аъзами онҳо дар вилояти Бадахшон ҳастанд.

Ёдгор Файзов – раиси вилояти Бадахшон – рӯзи 13-уми декабр дар як паём 82—солагии Оғохони чаҳорумро табрик гуфт ва аз ӯ «таъсиргузортарин ва обрӯмандтарин шахсият» ном бурд.

Дар ин паём Ёдгор Файзов ба нақши Оғохони чаҳорум дар таблиғи фарҳанги исломӣ ва инсонӣ ҳам ишора шуда, ба талошҳои раҳбари исмоилиёни ҷаҳон дар бозгашти сулҳ ба Тоҷикистон таъкид гардидааст.

Карим Оғохон ё Оғохони чаҳорум рӯзи 13-уми декабри соли 1936 ба дунё омадааст. Ӯ имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон мебошад ва пас аз бобояш Оғохони севум дар соли 1957 ба имомат расид.

Ӯ дар риштаи таърихи ислом дар Донишгоҳи Ҳарвард таҳсил кардааст. Оғохони чаҳор аз сарватмандарин шахсиятҳои мусалмон низ ба шумор меравад.

Пайравони шохаи исмоилияи мазҳаби шиа умдатан дар Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Сурия, Танзания, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо ба сар мебаранд. Пайравони ин равия дар Тоҷикистон асосан дар вилояти Бадахшону шаҳри Душанбе ва баъзе аз минтақаҳои дигари кишвар зиндагӣ мекунанд.

Пас аз истиқлоли Тоҷикистон, Оғохони чаҳор чанд дафъа ба Тоҷикистон сафар кард ва бо пайравонаш мулоқот дошт.

Як марди 70-сола дар Душанбе барои бори даҳум зиндонӣ шуд

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ як сокини Душанберо барои даҳум маротиба ба зиндон равон кард. Масъулини додгоҳ мегӯянд, ин марди 70-сола аз нуҳ маротиба зиндонӣ шудан сабақ нагирифтааст. Як мақом дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 13-уми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Файзалӣ Мирзоеви 70-сола то ин вақт нӯҳ маротиба зиндонӣ шуда, солҳои зиёдеро паси панҷара гузарондааст.

Ба қавли манбаъ, Файзалӣ Мирзоев ахиран дар назади таваққуфгоҳи бозори "Саховат" Тоҷиддин Қурбоновро латту кӯб карда, бо корд ӯро захмӣ кард. Масъулини додгоҳ мегӯянд, Файзалӣ Мирзоев баъди ин амал боздошт шуда, бо қарори нави додгоҳ барои шаш соли дигар ба зиндон маҳкум шуд. Тибқи қарори додгоҳ, Мирзоев ин муҳлатро дар зиндони низомаш сахт паси сар мекунад.

Назари Файзалӣ Мирзоев ва наздикони ӯ дар ин бора дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо дар ин бора чӣ назар доранд. Аммо дар додгоҳ мегӯянд, солҳо ранҷу азоб дар зиндон натавонист барои ин пирамард сабақ шавад ва ӯ ба ҷойи роҳнамои ҷавонон будан, дар маҳбас даврони пирӣ меронад.

Дар Туркманистон фурӯши нӯшокии спиртӣ маҳдуду нархи он гарон мешавад

Дар пайи қабули қонуни нави нӯшокиҳои спиртии Туркманистон интизор меравад, фурӯши ин навъи нӯшокӣ маҳдуд шуда, нархи он боло биравад. Дар ин бора расонаи мустақили "Хроника Туркменистана" иттилоъ додааст.

Дар матни қонун омадааст, ки нӯшокии спиртӣ танҳо дар нуқтаҳои махсуси савдо, тарабхона ва қаҳвахонаҳо фурӯхта хоҳад шуд. Мағозаҳо онро танҳо дар рӯзҳои корӣ аз соати 10 то 20 мефурӯшанд. Фурӯши нӯшокии спиртӣ ба шахсони то 21-сола манъ аст.

Қонуни мазкур давра ба давра ба иҷро хоҳад даромад. Маҳдудиятҳои аввал аз 1 январи соли 2019, бахши дувум аз июли соли 2019 ва боқӣ аз 1 январи соли 2021 ба иҷро медароянд. Аз ҷумла, банди манъи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар рӯзҳои истироҳат аз соли 2021 иҷро мешавад.

"Хроника Туркменистана" ҳамзамон хабар додааст, ки нархи нӯшокиҳои спиртӣ дар Туркманистон аллакай аз аввали моҳи декабр боло рафтааст. Бино ба маълумоти нашрия, аксизи нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку дар Туркманистон аз 1 декабр боло бурда шуд.

Ба гуфтаи хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир дар фурӯшгоҳҳои Ишқобод навъҳои гуногуни нӯшокиҳои спиртиро метавон пайдо кард. "Аз ҳама навъи арзони онҳо 13 манат (ҳудуди 4 доллар бо қурби расмӣ) ва аз ҳама гарон 100 манат арзиш доранд. Вале на ҳама метавонанд, нӯшокиҳои спиртиро ошкоро фурӯшанд. Дарёфти иҷозатномаи фурӯши ин навъи нӯшокӣ мушкил аст", - афзуд хабарнигор.

Вакили дифои пешини Доналд Трамп 3 сол зиндонӣ шуд

Вакили дифои пешини президенти ИМА Майкл Коэн 3 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Коэн дар саркашӣ аз пардохти андоз, нақзи қонуни сармоягузории маъракаи интихоботӣ ва додани иттилои дурӯғ ба Конгрес айбдор эълом гашт.

Коэн дар додани 130 ҳазор доллар ба ду зане иштирок доштааст, ки бар ивази ин маблағ бояд робитаҳои ошиқонаи худро бо Доналд Трамп пинҳон медоштанд. Ҳамчунин ӯ дар бораи нақшаҳои сохтмонии президенти ИМА дар Москва ба Конгресс дурӯғгӯӣ кардааст.

Додситонӣ мегӯяд, президенти ИМА шахсан ба Коэн дастур додааст, ки ба занҳо пул диҳад. Ба гуфтаи додситонҳо, ҳар ду бо ин амали худ қонуни сармоягузории маъракаи интихоботии ИМА-ро нақз кардаанд.

Коэни 52-сола ҳар ду гуноҳро ба гардан гирифт. Вале аз имзои созишномаи ҳамкорӣ бо тафтишот худдорӣ кард, ки аз ӯ баёнот додан зидди қонуншиканиҳои афроди дигарро талаб мекард.

Доналд Трамп айбдории худро рад карда, додани пул ба занҳоро "муомилоти шахсӣ" номид. Вакили дифои ӯ Рудӣ Ҷулианӣ низ исрор дорад, ки ҳадаф аз додани пул ба занҳо ҳифзи обурӯ буд, на наҷоти номзадӣ.

“Time”: Соли 2018 журналистон "Чеҳраи сол" эълон шуданд

Маҷаллаи бонуфузи “Time” гурӯҳи журналистонро барандаи имсолаи унвони “Чеҳраи сол” номид. Исми журналистони барандаро маҷаллаи амрикоӣ бо як вожаи умумии “Guardians” ё “Ҳомиён” ёд кардааст. Журналистони барандаи ин унвон барои ҷасорати касбӣ ба ин ҷоиза мушарраф шуданд. Дар миёни барандаҳо журналисти саудии кушташуда Ҷамол Хошуқчӣ, хабарнигорони дар Мянмар ҳабсшудаи оҷонсии Reuters, нашрияи мавриди ҳамла қароргирифтаи The Сapital Gazette, журналисти филиппинии боздоштшуда Мария Ресса, муовини сардабири радиои “Эхо Москвы” Татяна Фелгенгауэр ва дигарҳо мебошанд.

Муаллифони ҷоиза мегӯянд, ки куштори журналист Хошуқчӣ «табиати воқеии» валиаҳди Саудӣ Муҳаммад ибн Салмонро ба намоиш гузошт. Нашрияи The Сapital Gazette дар як ҳамлаи мусаллаҳонаи тобистони имсол панҷ журналисташро аз даст дод, журналистони Reuters барои фош кардани таъқибу кушторҳои мусалмонони Роҳинҷа дар Мянмар ҳукми зиндон гирифтанд. Татяна Фелгенгауэр баъди он дар сари мизи кории худ мавриди ҳамла қарор гирифт, ки телевизиони давлатӣ “Эхо Москвы”-ро дар он муттаҳам кард, ки барои Амрико кор мекунад.

“Time” бо такя ба Кумитаи ҳимояти журналистон мегӯяд, соли 2018 дар саросари ҷаҳон 262 журналист мавриди ҳамла қарор гирифт ва ин ҳамлаву таъқибҳо ва кушторҳо ба фаъолияти касбии онҳо рабт мегирад.

Эрдуғон: амалиёти низомии Туркия дар Сурия рӯзҳои наздик оғоз мешавад

Даргириҳо дар Сурия. Акс аз бойгонӣ

Туркия рӯзҳои наздик дар қаламравҳои қисмати шарқии рӯдхонаи Фуроти Сурия амалиёти низомӣ оғоз мекунад,- гуфт президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 12 декабр ҳангоми суханронӣ дар Анкара. Амалиёти низомии Туркия алайҳи дастаҳои Курд равона мешавад, ки ИМА аз онҳо пуштибонӣ мекунад.

Эрдуғон муътақид аст, ки дастаҳои худдифои Курд (милитсияи Курд) барои кишвари ӯ таҳдиди террорстӣ буда, бояд пароканда шаванд. Раҳбари Туркия аз ИМА интиқод кард, ки санадҳои собикунандаи робитаи дастаҳои Курд бо Ҳизби коргарии Курдистонро ҷиддӣ намегирад. Туркия Ҳизби коргарии Курдистонро борҳо ба ҳамлаҳо ба низомиёни мустақар дар бахши ҷанубу шарқ ва ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои бузурги Туркия муттаҳам кардааст.

Ҳадафи амалиёти зудраси Туркия неруҳои амрикоӣ нест,- гуфт Эрдуғон. Аммо ӯ ҳамзамон кӯмакҳоеро, ки ИМА, ба гуфтаи Эрдуғон, сарфи назар аз созиши Вашингтон ва Анкара ҳоло низ ба дастаҳои Курд ироа мекунад, маҳкум кард.

Милитсияи Курд дар эътилофи таҳти назари ИМА алайҳи ҷангиёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" мубориза мебарад.

Вера Исмоилова раиси филиали «Мир» таъин шуд

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, журналист Вера Исмоилова Директори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» дар Тоҷикистон таъин шуд. Қарор дар ин замина рӯзи 12 декабр аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон содир шуд.

Бо қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон, Исмоилова намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар ширкати «Мир» таъин мешавад.

Вера Исмоила ба ин мақом чор моҳ баъди даргузашти раиси пешин - Қудрат Афардӣ таъин шуд. Афарди рӯзи 17 август дар синни 44-солагӣ даргузашт.

Сабаби марги ногаҳонии Афардӣ сактаи қалб гуфта шуд.

Қудрат Афардӣ писари нависандаи равоншон Сайф Раҳими Афардӣ буд.

Вера Исмоилова хабарнигори собиқадор ва сардабири барномаҳои садову симои "Мир" буд. Ӯ 36 сол дошта, 15 соли охир дар "Мир" кор кардааст. Вера Исмоилова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фаъолияти журналистиро аз курси дуюми донишгоҳ ва нашри мақолаҳо дар нашрияҳои маҳаллӣ шурӯъ кардааст.

Доналд Трамп: ман аз эҳтимоли "импичмент" нигарон нестам

Доналд Трам ҳангоми сӯҳбат Reuters. 11 декабр, 2018

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки аз эҳтимоли "импичмент ё адами нобоварӣ ба ӯ нигарон нест. "Эълони нобоварӣ ба шахсе, ки ҳеҷ кори ғариқонунӣ накардааст ва бузургтарин иқтисодро барои кишвар таъсис дод, кори мушкил аст",- гуфт Трамп рӯзи 11 декабр дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters дар Кохи сафед. Президент гуфт, ки барканор кардани ӯ аз мақом метавонад ошубро ба бор биёрад.

Ҳафтаи гузашта додситони федеролӣ гуфт, ки пеш аз интихоботи соли 2016 вакили президент Майкл Коэн бо дастури ӯ ба ду зан, ки метавонанд робитаҳои эҳтимолии ошиқона бо Трампро ошкор кунанд, маблағҳои чашмгир пардохт кунад. Додситонҳо мегӯянд, президент Трамп қонун дар бораи сармоягузории маъракаро нақз кард, ки маблағи харҷоҳояш бояд гузориш шавад ва ҳаҷми пардохт барои як нафар бояд аз $2700 бештар набошад.Трамп иттиҳомро рад мекунад.

Баъди ин, демократҳо ва матбуоти мухолиф эҳтимоли эълони нобоварӣ ба раиси ҷумҳурро ба баҳс кашиданд.

Дар ҳамин ҳол шабакаи телевизионии CNN хабар дод, ки додгоҳи ҳавзаи Лос-Анҷелес ҳунарманди порно Стеффани Клиффордро муваззаф кард, ки харҷи вакилони трамп ба маблахи $300 ҳазорро пардохт кунад. Клиффорд талаб дошт, ки тааҳуди ӯ барои махфӣ нигоҳ доштани робитааш бо Трамп бекор карда шавад. Вакилони Трамп дар ин қазия 800 ҳазор доллар талаб карда буданд

Эмомалӣ Раҳмон раҳбарони чанд шаҳру ноҳияро барканор кард

Рӯзи 12-уми декабр раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо фармонҳои худ Давлатбибӣ Раҷабоваро аз вазифаи раиси ноҳияи Ванҷ озод карда, Ҷаббори Қосимро иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъйин кард.

Бо як фармони дигар Матлубахон Сатториён ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод карда шудааст.

Бо як фармони дигар президент Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи иҷрокунандаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзодаро таъйин кардааст. Ҳамчунин Ғайбулло Боҳирӣ ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Конибодоми вилояти Суғд озод карда шуд.

Бо ҳамин сабаб президенти Тоҷикистон Умар Ёқубзодаро аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд озод кардааст. Бо як фармони дигар Вализода Сулаймон ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон озод карда шудааст. Рустам Раҳматзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор таъйин шуд.

Таркиш дар Қазоқистон ду нафарро қурбон кард

Қазоқистон, Оқтой

Дар шаҳри Оқтойи Қазоқистон дар натиҷаи як таркиш дунафар кушта ва чанд тани дигар ҷароҳат бардошт. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, таркиш рӯзи 11 декабр дар минтақаи саноатии қабули оҳанпора ба вуқуъ пайваст. "Дар пайи таркиш панҷ кас маҷруҳ шуд ва ду тани онҳо фавтиданд", - омадааст дар хабар.

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов гуфт, ҳоло дақиқ нест, ки чи маводе таркидааст.

"Онҳо ҷамъоварандагони оҳанпораҳо ҳастанд. Сабти номи расмӣ нашудаанд. Аз саҳро оҳанпора ҷамъ оварданд ва дар нахустин нуқтаи қабули оҳанпора супориданд. Ҳамин ҳангом таркиш рух додааст. Қабулкунандаи оҳан ва яке аз онҳое, ки оҳанпора оварда буд, фавтидааст", - гуфт вазир.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст.

Мирсаидов ҷаримаи додгоҳро пардохт кард

Хайрулло Мирсаидов, раҳбари тими КВН-и Тоҷикистон ҷаримаи бо ҳукми суд муқарраршуда ба маблағи беш аз 78 ҳазор сомониро ба фоидаи давлат пардохт кардааст. Ҷаноби Мирсаидов дар ин бора 12 декабр ба Радиои Озодӣ дар як мукотиба хабар дод. Ба гуфтаи вай, маблағи ҷарима 10 декабр пардохт шудааст. Вай афзуд, ки рӯзҳои наздик вакилони дифои вай ба додгоҳ аризаи нав дода, дархости пурра сафед кардани ӯро пеш мегузоранд.

Ин хабарро Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон низ тасдиқ карда, нусхаи расиди пардохти маблағи ҷаримаро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт.

Охири моҳи октябр раёсати додгоҳи вилояти Суғд бозбинии парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистонро дар бораи пардохти ҷарима ва ҳам бозбинии парвандааш дар зинаи назоратӣ рад кард. Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори шинохта ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон ба иттифоқи вакили мудофеаш Бахтиёр Насруллоев рӯзи 13-уми сентябр аз додгоҳи Суғд расман хоста буданд, ки парвандаро аз нав баррасӣ ва Мирсаидовро "пурра сафед намояд."

Худи Мирсаидов баъди озод шудан аз боздошти 8-моҳа дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои исботи бегуноҳиаш то охир ва ҳатто то додгоҳи Гаага хоҳад рафт. Ӯ моҳи декабри соли гузашта боздошт ва моҳи июли имсол бо ҷурми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Боздошти ӯ баъди он сурат гирифт, ки хабарнигори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ раиси собиқи идораи ҷавонони вилояти Суғдро ба талаби "пора" муттаҳам кард.

Дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ, Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми август Мирсаидовро аз зиндон озод кард, аммо доғи судиро аз номи ӯ набардошт. Додгоҳ Хайрулло Мирсаидовро ба пардохти 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ва корҳои ислоҳӣ муваззаф намуд.

Овоздиҳии адами эътимод ба Тереза Мэй шоми 12 декабр баргузор мешавад

Нахуствазири Бритониё Тереза Мэй метавонад рӯзи 12 декабр дар баробари раъйи адами эътимоди вакилони муҳофизакор қарор бигирад. Баъди он ки аъзои маҷлис ҷонибдории худро барои баргузор кардани чунин овоздиҳӣ баён карданд, Тереза Мэй гуфт, ки “барои ҳимоят аз мавқеъ ва курсии худ талош ба харҷ медиҳад”.

Мэй гуфт, ки нахуствазири нав бояд моддаи 50-умро бекор ваё тамдид кунад. Ин ҳамон санадест, ки механизми тарки узвияти Иттиҳодияи Аврупо кардани Бритониёро дар соли 2019 танзим мекунад. Овоздиҳӣ дар парлумони Бритониё шоми чоршанбе баргузор мешавад. Дар сурати тарки мақоми раиси ҳизби муҳофизакор кардани Тереза Мэй, ӯ аз мақоми нахуствазирӣ ҳам маҳрум мешавад.

Барои ин мувофиқати 158 узви маҷлис кофӣ аст. Муҳофизакорҳо бо сиёсати Мэй дар заминаи берун шудани кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо розӣ нестанд. Кишвар бояд 29 марти соли 2019 аз ин созмон берун шавад. Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар ҷаласаи 25 ноябр созишномаи Брекзит ё берун шудани Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупоро қабул карданд. Феълан маълум нест, ки то куҷо парлумони Бритониё ҳам ин созишномаро мепазирад.

Овоздиҳӣ дар парлумон дар ин замина 21 январ баргузор мешавад. Аксари аъзои маҷлис зидди пазируфтани ин созишнома буда мегӯянд, ки шарту шурути созишнома оид ба берун шудани кишвар аз ИА онҳоро қонеъ намекунад. Дигарҳо мухолифи берун шудани кишвар аз ин иттиҳод буда ба раъйпурсии нав дар заминаи Брекзит даъват мекунанд.

Мақомоти Қирғизистон: 119 шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳбасҳои ин кишвар қарор доранд

Хадамоти давлатии иҷрои ҷазо дар назди ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, дар зиндонҳои ин кишвар феълан 119 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ раиси ин хадамот Т.Ҷапаров навишт, ки ин омор ба таърихи 1 декабри соли 2018 мувофиқ меояд. Дар маҷмӯъ, дар зиндонҳои Ҷумҳурии Қирғизистон феълан 619 хориҷӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки ки дар миёни онҳо қисмати бештарашон барои содир кардани ҷиноятҳо сангин ва махсусан сангин маҳкум шудаанд.

Дар номаи раиси хадамоти зиндонҳои Қирғизистон тафсилоти дигар оварда намешавад.

Дар як посухи расмии моҳи ноябри худ ба Радиои Озодӣ дафтари матбуоти ин хадамот гуфта шуд, ки шумори тоҷикистониён дар зиндонҳои Қирғизистон 89 нафарро ташкил мекунад. Ба иттилои онҳо, зиндониҳои тоҷик 20 то 50-сола буда, 70 дар сади онҳо бо ҷурми “фӯрӯш ё нигоҳдории маводи мухаддир” ҳабс шудаанд.

Тафсилоти бештар инҷост:

https://www.ozodi.org/a/29618680.html

Трамп гуфт, ба хотири девор бо Мексика кори ҳукуматро қатъ мекунонад

Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп таҳдид кард, ки агар $5 миллиарди зарур барои бунёди девор дар марз бо Мексика тахсис наеёбад, фаъолияти ҳукуматро қатъ хоҳад кард.

Конгрессменҳои демократ ба ин иқдомиТрамп ва ҷудо шудани пули девор мухолифат доранд. Онҳо розиянд, маблағи бунёди девор чаҳор баробар камтар аз талаби Трамп (1,3 млрд доллар) бошад.

Таҳдиди Трамп баъди мулоқоти ӯ бо раҳбарони Ҳизби демократ дар палатаҳои Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ва Чак Шумер пахш шуд. Демократҳо мегӯянд, ки бо бунёди девор мухолифат доранд, вале аз чораҳои амниятӣ дар марз ҷонибдорӣ мекунанд. Агар ҳар ду палатаи Конгресс буҷаро ҷонибдорӣ накунанд, ниҳодҳои давлатӣ маҷбуранд, ки фаъолиятро қатъ кунанд.

Яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии Трамп бунёди девор дар марз бо Мексика барои пешгирӣ аз мавҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ буд. Ӯ моҳи апрел ба нирӯҳои Горди миллии ИМА дастур дод, ки хати марзро аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳимоят кунанд. Дар ҳоли ҳозир, дар марзи чаҳор аёлати ҷанубу ғарбӣ беш аз ду ҳазор сарбози Горди миллӣ ҷойгир шудаанд.

Президенти ИМА моҳи август хабар дод, ки барои бунёди девори мазкур дар марз аз 5 миллиард доллар аллакай 3,5 миллиарди он ҷудо шудааст. Ба гуфтаи Трамп, бунёди девор дар баъзе аз минтақаҳо шумори муҳоҷирони ғайриқонуниро то 90 дарсад коҳиш хоҳад дод.

Канада мудири молии Huawei-ро дар ивази $7,5 млн гарав раҳо кард

Мэн Ванҷоу

Додгоҳи Канада дар ивази 7,5 миллион доллари гарав Мэн Ванчжоу - мудири молӣ ва духтари муассиси ширкати Huawei-и Чинро аз боздошт раҳо кард.

Мэн Ванҷоу вазифадор шуд, ки дастбанд ё ҳалқаи электронӣ бандад, шиносномаашро ба мақомот диҳад ва аз соати 11 шаб то 6 субҳ аз хона берун набарояд. Ин қарор баъди се ҷаласаи додгоҳӣ дар вилояти Колумбияи Бритониё қабул шуд, хабар медиҳанд расонаҳои ҷаҳонӣ.

Мэн Ванчжоу бо дархости ИМА рӯзи 1 декабр дар Канада боздошт шуд. ИМА мудири молии Huawei-ро дар риоя накардани таҳримҳои Амрико бар зидди Эрон гумонбар медонад. Ванчжоу баъдтар ба ҳабс гирифта шуд ва ин боиси уфти бозорҳои молӣ гардид.

Huawei бузургтарин таъминкунандаи таҷҳисоти ширкатҳои телефонӣ ва интернетӣ дар ҷаҳон аст.

Моҳи ноябр Thе Wall Street Journal хабар дод, ки ИМА аз кишварҳои шарикаш хостааст, ҳангоми бунёди шабакаҳои мобилии насли нав аз харидории таҷҳизоти Huawei даст кашанд. Музокирот бо Олмон, Италия ва Ҷопон ҷараён дорад. Ба назари Амрико, Пекин метавонад бо истифода аз таҷҳизоти ширкатҳои чинӣ маълумоти муҳими тиҷоратӣ ва низомиро ҷамъоварӣ кунад.

Қаблан Амрико ширкати Huawei-ро ба рӯйхати сиёҳи таъминкунандагони таҷҳизот барои сохторҳои давлатӣ ворид карда буд.

Дар Туркманистон наздик ба 800 зиндониро авф мекунанд

Дар робита ба Рӯзи бетарафии Туркманистон дар он кишвар қисме аз зиндониёнро авф мекунанд. Матбуоти расмии он кишвар менависад, ки бо фармони президент 796 зиндонӣ озод хоҳад шуд. "Фармондеҳи олии Нерӯҳои мусаллаҳи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов фармони авфи 796 зиндониро имзо кард", - иттилоъ дод хабаргузории ТДХ рӯзи 10-уми декабр.

Бердимуҳаммадов ба вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарони дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки барои раҳоии авфшудагон дар фурсатҳои наздик чораҷӯӣ кунанд. "Бо эъломи авф мо шароитеро фароҳам мекунем, ки ҷинояткорони пушаймоншуда бо меҳнати содиқона гуноҳашонро ҷуброн кунанд",-гуфтааст президенти Туркманистон.

Дар соли 2017 дар Туркманистон бештар аз 3 ҳазор зиндонӣ авф шуда буд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, давоми солҳои тӯлонӣ миёни авфшудагон ҳеҷ кадом аз "зиндониёни сиёсӣ" набуданд.

Корти шиносии Путин дар Созмони ҷосусии Олмони шарқӣ пайдо шуд

Корти шиносоии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки се даҳа пеш аз сӯи Созмони ҷосусии Олмони шарқӣ содир шуда буд, дар бойгонии Олмон пайдо шуд. Ин корт дар соли 1986, замоне, ки Путин як ҷосуси дараҷаи миёнаи дар пойгоҳи КГБ дар Дрездени Олмон буд, содир шудааст. Путин он замон 33-сола буд. Корти ёдшуда аз замони якҷо шудани ду Олмон дар авоили соли 1990 нопадид буд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", рӯзномаи олмонии "Bild" рӯзи сешанбе хабари онро мунташир кард ва онро шоҳиде бар он донист, ки раҳбарии феълии Русия барои Созмони ҷосусии бадноми Олмони шарқӣ кор мекардааст.

Дар канори акси сиёҳ ва сафеди Путин, имзои вай низ ба чашм мехӯрад. Шумораи корт B217590 аст ва мӯҳри рӯи акс нишон медиҳад, ки ин корт то охирҳои соли 1989 истифода мешудааст. Яъне то замоне, ки эътирозҳои Олмони шарқӣ оғоз ва саранҷом сабаби суқути режими коммунистии ҳокими бар ин кишвар шуд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Кор аз дохили хона. Соҳибхоназанҳо ҳунари комютеру интернетро азхуд карданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:24 0:00
XS
SM
MD
LG