Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

“Time”: Соли 2018 журналистон "Чеҳраи сол" эълон шуданд

Маҷаллаи бонуфузи “Time” гурӯҳи журналистонро барандаи имсолаи унвони “Чеҳраи сол” номид. Исми журналистони барандаро маҷаллаи амрикоӣ бо як вожаи умумии “Guardians” ё “Ҳомиён” ёд кардааст. Журналистони барандаи ин унвон барои ҷасорати касбӣ ба ин ҷоиза мушарраф шуданд. Дар миёни барандаҳо журналисти саудии кушташуда Ҷамол Хошуқчӣ, хабарнигорони дар Мянмар ҳабсшудаи оҷонсии Reuters, нашрияи мавриди ҳамла қароргирифтаи The Сapital Gazette, журналисти филиппинии боздоштшуда Мария Ресса, муовини сардабири радиои “Эхо Москвы” Татяна Фелгенгауэр ва дигарҳо мебошанд.

Муаллифони ҷоиза мегӯянд, ки куштори журналист Хошуқчӣ «табиати воқеии» валиаҳди Саудӣ Муҳаммад ибн Салмонро ба намоиш гузошт. Нашрияи The Сapital Gazette дар як ҳамлаи мусаллаҳонаи тобистони имсол панҷ журналисташро аз даст дод, журналистони Reuters барои фош кардани таъқибу кушторҳои мусалмонони Роҳинҷа дар Мянмар ҳукми зиндон гирифтанд. Татяна Фелгенгауэр баъди он дар сари мизи кории худ мавриди ҳамла қарор гирифт, ки телевизиони давлатӣ “Эхо Москвы”-ро дар он муттаҳам кард, ки барои Амрико кор мекунад.

“Time” бо такя ба Кумитаи ҳимояти журналистон мегӯяд, соли 2018 дар саросари ҷаҳон 262 журналист мавриди ҳамла қарор гирифт ва ин ҳамлаву таъқибҳо ва кушторҳо ба фаъолияти касбии онҳо рабт мегирад.

Эрдуғон: амалиёти низомии Туркия дар Сурия рӯзҳои наздик оғоз мешавад

Даргириҳо дар Сурия. Акс аз бойгонӣ

Туркия рӯзҳои наздик дар қаламравҳои қисмати шарқии рӯдхонаи Фуроти Сурия амалиёти низомӣ оғоз мекунад,- гуфт президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 12 декабр ҳангоми суханронӣ дар Анкара. Амалиёти низомии Туркия алайҳи дастаҳои Курд равона мешавад, ки ИМА аз онҳо пуштибонӣ мекунад.

Эрдуғон муътақид аст, ки дастаҳои худдифои Курд (милитсияи Курд) барои кишвари ӯ таҳдиди террорстӣ буда, бояд пароканда шаванд. Раҳбари Туркия аз ИМА интиқод кард, ки санадҳои собикунандаи робитаи дастаҳои Курд бо Ҳизби коргарии Курдистонро ҷиддӣ намегирад. Туркия Ҳизби коргарии Курдистонро борҳо ба ҳамлаҳо ба низомиёни мустақар дар бахши ҷанубу шарқ ва ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои бузурги Туркия муттаҳам кардааст.

Ҳадафи амалиёти зудраси Туркия неруҳои амрикоӣ нест,- гуфт Эрдуғон. Аммо ӯ ҳамзамон кӯмакҳоеро, ки ИМА, ба гуфтаи Эрдуғон, сарфи назар аз созиши Вашингтон ва Анкара ҳоло низ ба дастаҳои Курд ироа мекунад, маҳкум кард.

Милитсияи Курд дар эътилофи таҳти назари ИМА алайҳи ҷангиёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" мубориза мебарад.

Вера Исмоилова раиси филиали «Мир» таъин шуд

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, журналист Вера Исмоилова Директори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии симо ва садои «Мир» дар Тоҷикистон таъин шуд. Қарор дар ин замина рӯзи 12 декабр аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон содир шуд.

Бо қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон, Исмоилова намояндаи комилҳуқуқи Тоҷикистон дар ширкати «Мир» таъин мешавад.

Вера Исмоила ба ин мақом чор моҳ баъди даргузашти раиси пешин - Қудрат Афардӣ таъин шуд. Афарди рӯзи 17 август дар синни 44-солагӣ даргузашт.

Сабаби марги ногаҳонии Афардӣ сактаи қалб гуфта шуд.

Қудрат Афардӣ писари нависандаи равоншон Сайф Раҳими Афардӣ буд.

Вера Исмоилова хабарнигори собиқадор ва сардабири барномаҳои садову симои "Мир" буд. Ӯ 36 сол дошта, 15 соли охир дар "Мир" кор кардааст. Вера Исмоилова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фаъолияти журналистиро аз курси дуюми донишгоҳ ва нашри мақолаҳо дар нашрияҳои маҳаллӣ шурӯъ кардааст.

Доналд Трамп: ман аз эҳтимоли "импичмент" нигарон нестам

Доналд Трам ҳангоми сӯҳбат Reuters. 11 декабр, 2018

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки аз эҳтимоли "импичмент ё адами нобоварӣ ба ӯ нигарон нест. "Эълони нобоварӣ ба шахсе, ки ҳеҷ кори ғариқонунӣ накардааст ва бузургтарин иқтисодро барои кишвар таъсис дод, кори мушкил аст",- гуфт Трамп рӯзи 11 декабр дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters дар Кохи сафед. Президент гуфт, ки барканор кардани ӯ аз мақом метавонад ошубро ба бор биёрад.

Ҳафтаи гузашта додситони федеролӣ гуфт, ки пеш аз интихоботи соли 2016 вакили президент Майкл Коэн бо дастури ӯ ба ду зан, ки метавонанд робитаҳои эҳтимолии ошиқона бо Трампро ошкор кунанд, маблағҳои чашмгир пардохт кунад. Додситонҳо мегӯянд, президент Трамп қонун дар бораи сармоягузории маъракаро нақз кард, ки маблағи харҷоҳояш бояд гузориш шавад ва ҳаҷми пардохт барои як нафар бояд аз $2700 бештар набошад.Трамп иттиҳомро рад мекунад.

Баъди ин, демократҳо ва матбуоти мухолиф эҳтимоли эълони нобоварӣ ба раиси ҷумҳурро ба баҳс кашиданд.

Дар ҳамин ҳол шабакаи телевизионии CNN хабар дод, ки додгоҳи ҳавзаи Лос-Анҷелес ҳунарманди порно Стеффани Клиффордро муваззаф кард, ки харҷи вакилони трамп ба маблахи $300 ҳазорро пардохт кунад. Клиффорд талаб дошт, ки тааҳуди ӯ барои махфӣ нигоҳ доштани робитааш бо Трамп бекор карда шавад. Вакилони Трамп дар ин қазия 800 ҳазор доллар талаб карда буданд

Эмомалӣ Раҳмон раҳбарони чанд шаҳру ноҳияро барканор кард

Рӯзи 12-уми декабр раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо фармонҳои худ Давлатбибӣ Раҷабоваро аз вазифаи раиси ноҳияи Ванҷ озод карда, Ҷаббори Қосимро иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъйин кард.

Бо як фармони дигар Матлубахон Сатториён ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод карда шудааст.

Бо як фармони дигар президент Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи иҷрокунандаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзодаро таъйин кардааст. Ҳамчунин Ғайбулло Боҳирӣ ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Конибодоми вилояти Суғд озод карда шуд.

Бо ҳамин сабаб президенти Тоҷикистон Умар Ёқубзодаро аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд озод кардааст. Бо як фармони дигар Вализода Сулаймон ба сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон озод карда шудааст. Рустам Раҳматзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фархор таъйин шуд.

Таркиш дар Қазоқистон ду нафарро қурбон кард

Қазоқистон, Оқтой

Дар шаҳри Оқтойи Қазоқистон дар натиҷаи як таркиш дунафар кушта ва чанд тани дигар ҷароҳат бардошт. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, таркиш рӯзи 11 декабр дар минтақаи саноатии қабули оҳанпора ба вуқуъ пайваст. "Дар пайи таркиш панҷ кас маҷруҳ шуд ва ду тани онҳо фавтиданд", - омадааст дар хабар.

Вазири корҳои дохилии Қазоқистон Калмуханбет Қосимов гуфт, ҳоло дақиқ нест, ки чи маводе таркидааст.

"Онҳо ҷамъоварандагони оҳанпораҳо ҳастанд. Сабти номи расмӣ нашудаанд. Аз саҳро оҳанпора ҷамъ оварданд ва дар нахустин нуқтаи қабули оҳанпора супориданд. Ҳамин ҳангом таркиш рух додааст. Қабулкунандаи оҳан ва яке аз онҳое, ки оҳанпора оварда буд, фавтидааст", - гуфт вазир.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст.

Мирсаидов ҷаримаи додгоҳро пардохт кард

Хайрулло Мирсаидов, раҳбари тими КВН-и Тоҷикистон ҷаримаи бо ҳукми суд муқарраршуда ба маблағи беш аз 78 ҳазор сомониро ба фоидаи давлат пардохт кардааст. Ҷаноби Мирсаидов дар ин бора 12 декабр ба Радиои Озодӣ дар як мукотиба хабар дод. Ба гуфтаи вай, маблағи ҷарима 10 декабр пардохт шудааст. Вай афзуд, ки рӯзҳои наздик вакилони дифои вай ба додгоҳ аризаи нав дода, дархости пурра сафед кардани ӯро пеш мегузоранд.

Ин хабарро Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон низ тасдиқ карда, нусхаи расиди пардохти маблағи ҷаримаро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт.

Охири моҳи октябр раёсати додгоҳи вилояти Суғд бозбинии парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистонро дар бораи пардохти ҷарима ва ҳам бозбинии парвандааш дар зинаи назоратӣ рад кард. Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори шинохта ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон ба иттифоқи вакили мудофеаш Бахтиёр Насруллоев рӯзи 13-уми сентябр аз додгоҳи Суғд расман хоста буданд, ки парвандаро аз нав баррасӣ ва Мирсаидовро "пурра сафед намояд."

Худи Мирсаидов баъди озод шудан аз боздошти 8-моҳа дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои исботи бегуноҳиаш то охир ва ҳатто то додгоҳи Гаага хоҳад рафт. Ӯ моҳи декабри соли гузашта боздошт ва моҳи июли имсол бо ҷурми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Боздошти ӯ баъди он сурат гирифт, ки хабарнигори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ раиси собиқи идораи ҷавонони вилояти Суғдро ба талаби "пора" муттаҳам кард.

Дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ, Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми август Мирсаидовро аз зиндон озод кард, аммо доғи судиро аз номи ӯ набардошт. Додгоҳ Хайрулло Мирсаидовро ба пардохти 80 ҳазор сомонӣ ҷарима ва корҳои ислоҳӣ муваззаф намуд.

Овоздиҳии адами эътимод ба Тереза Мэй шоми 12 декабр баргузор мешавад

Нахуствазири Бритониё Тереза Мэй метавонад рӯзи 12 декабр дар баробари раъйи адами эътимоди вакилони муҳофизакор қарор бигирад. Баъди он ки аъзои маҷлис ҷонибдории худро барои баргузор кардани чунин овоздиҳӣ баён карданд, Тереза Мэй гуфт, ки “барои ҳимоят аз мавқеъ ва курсии худ талош ба харҷ медиҳад”.

Мэй гуфт, ки нахуствазири нав бояд моддаи 50-умро бекор ваё тамдид кунад. Ин ҳамон санадест, ки механизми тарки узвияти Иттиҳодияи Аврупо кардани Бритониёро дар соли 2019 танзим мекунад. Овоздиҳӣ дар парлумони Бритониё шоми чоршанбе баргузор мешавад. Дар сурати тарки мақоми раиси ҳизби муҳофизакор кардани Тереза Мэй, ӯ аз мақоми нахуствазирӣ ҳам маҳрум мешавад.

Барои ин мувофиқати 158 узви маҷлис кофӣ аст. Муҳофизакорҳо бо сиёсати Мэй дар заминаи берун шудани кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо розӣ нестанд. Кишвар бояд 29 марти соли 2019 аз ин созмон берун шавад. Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар ҷаласаи 25 ноябр созишномаи Брекзит ё берун шудани Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупоро қабул карданд. Феълан маълум нест, ки то куҷо парлумони Бритониё ҳам ин созишномаро мепазирад.

Овоздиҳӣ дар парлумон дар ин замина 21 январ баргузор мешавад. Аксари аъзои маҷлис зидди пазируфтани ин созишнома буда мегӯянд, ки шарту шурути созишнома оид ба берун шудани кишвар аз ИА онҳоро қонеъ намекунад. Дигарҳо мухолифи берун шудани кишвар аз ин иттиҳод буда ба раъйпурсии нав дар заминаи Брекзит даъват мекунанд.

Мақомоти Қирғизистон: 119 шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳбасҳои ин кишвар қарор доранд

Хадамоти давлатии иҷрои ҷазо дар назди ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, дар зиндонҳои ин кишвар феълан 119 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ раиси ин хадамот Т.Ҷапаров навишт, ки ин омор ба таърихи 1 декабри соли 2018 мувофиқ меояд. Дар маҷмӯъ, дар зиндонҳои Ҷумҳурии Қирғизистон феълан 619 хориҷӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки ки дар миёни онҳо қисмати бештарашон барои содир кардани ҷиноятҳо сангин ва махсусан сангин маҳкум шудаанд.

Дар номаи раиси хадамоти зиндонҳои Қирғизистон тафсилоти дигар оварда намешавад.

Дар як посухи расмии моҳи ноябри худ ба Радиои Озодӣ дафтари матбуоти ин хадамот гуфта шуд, ки шумори тоҷикистониён дар зиндонҳои Қирғизистон 89 нафарро ташкил мекунад. Ба иттилои онҳо, зиндониҳои тоҷик 20 то 50-сола буда, 70 дар сади онҳо бо ҷурми “фӯрӯш ё нигоҳдории маводи мухаддир” ҳабс шудаанд.

Тафсилоти бештар инҷост:

https://www.ozodi.org/a/29618680.html

Трамп гуфт, ба хотири девор бо Мексика кори ҳукуматро қатъ мекунонад

Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп таҳдид кард, ки агар $5 миллиарди зарур барои бунёди девор дар марз бо Мексика тахсис наеёбад, фаъолияти ҳукуматро қатъ хоҳад кард.

Конгрессменҳои демократ ба ин иқдомиТрамп ва ҷудо шудани пули девор мухолифат доранд. Онҳо розиянд, маблағи бунёди девор чаҳор баробар камтар аз талаби Трамп (1,3 млрд доллар) бошад.

Таҳдиди Трамп баъди мулоқоти ӯ бо раҳбарони Ҳизби демократ дар палатаҳои Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ва Чак Шумер пахш шуд. Демократҳо мегӯянд, ки бо бунёди девор мухолифат доранд, вале аз чораҳои амниятӣ дар марз ҷонибдорӣ мекунанд. Агар ҳар ду палатаи Конгресс буҷаро ҷонибдорӣ накунанд, ниҳодҳои давлатӣ маҷбуранд, ки фаъолиятро қатъ кунанд.

Яке аз ваъдаҳои пешазинтихоботии Трамп бунёди девор дар марз бо Мексика барои пешгирӣ аз мавҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ буд. Ӯ моҳи апрел ба нирӯҳои Горди миллии ИМА дастур дод, ки хати марзро аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳимоят кунанд. Дар ҳоли ҳозир, дар марзи чаҳор аёлати ҷанубу ғарбӣ беш аз ду ҳазор сарбози Горди миллӣ ҷойгир шудаанд.

Президенти ИМА моҳи август хабар дод, ки барои бунёди девори мазкур дар марз аз 5 миллиард доллар аллакай 3,5 миллиарди он ҷудо шудааст. Ба гуфтаи Трамп, бунёди девор дар баъзе аз минтақаҳо шумори муҳоҷирони ғайриқонуниро то 90 дарсад коҳиш хоҳад дод.

Канада мудири молии Huawei-ро дар ивази $7,5 млн гарав раҳо кард

Мэн Ванҷоу

Додгоҳи Канада дар ивази 7,5 миллион доллари гарав Мэн Ванчжоу - мудири молӣ ва духтари муассиси ширкати Huawei-и Чинро аз боздошт раҳо кард.

Мэн Ванҷоу вазифадор шуд, ки дастбанд ё ҳалқаи электронӣ бандад, шиносномаашро ба мақомот диҳад ва аз соати 11 шаб то 6 субҳ аз хона берун набарояд. Ин қарор баъди се ҷаласаи додгоҳӣ дар вилояти Колумбияи Бритониё қабул шуд, хабар медиҳанд расонаҳои ҷаҳонӣ.

Мэн Ванчжоу бо дархости ИМА рӯзи 1 декабр дар Канада боздошт шуд. ИМА мудири молии Huawei-ро дар риоя накардани таҳримҳои Амрико бар зидди Эрон гумонбар медонад. Ванчжоу баъдтар ба ҳабс гирифта шуд ва ин боиси уфти бозорҳои молӣ гардид.

Huawei бузургтарин таъминкунандаи таҷҳисоти ширкатҳои телефонӣ ва интернетӣ дар ҷаҳон аст.

Моҳи ноябр Thе Wall Street Journal хабар дод, ки ИМА аз кишварҳои шарикаш хостааст, ҳангоми бунёди шабакаҳои мобилии насли нав аз харидории таҷҳизоти Huawei даст кашанд. Музокирот бо Олмон, Италия ва Ҷопон ҷараён дорад. Ба назари Амрико, Пекин метавонад бо истифода аз таҷҳизоти ширкатҳои чинӣ маълумоти муҳими тиҷоратӣ ва низомиро ҷамъоварӣ кунад.

Қаблан Амрико ширкати Huawei-ро ба рӯйхати сиёҳи таъминкунандагони таҷҳизот барои сохторҳои давлатӣ ворид карда буд.

Дар Туркманистон наздик ба 800 зиндониро авф мекунанд

Дар робита ба Рӯзи бетарафии Туркманистон дар он кишвар қисме аз зиндониёнро авф мекунанд. Матбуоти расмии он кишвар менависад, ки бо фармони президент 796 зиндонӣ озод хоҳад шуд. "Фармондеҳи олии Нерӯҳои мусаллаҳи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов фармони авфи 796 зиндониро имзо кард", - иттилоъ дод хабаргузории ТДХ рӯзи 10-уми декабр.

Бердимуҳаммадов ба вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарони дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки барои раҳоии авфшудагон дар фурсатҳои наздик чораҷӯӣ кунанд. "Бо эъломи авф мо шароитеро фароҳам мекунем, ки ҷинояткорони пушаймоншуда бо меҳнати содиқона гуноҳашонро ҷуброн кунанд",-гуфтааст президенти Туркманистон.

Дар соли 2017 дар Туркманистон бештар аз 3 ҳазор зиндонӣ авф шуда буд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, давоми солҳои тӯлонӣ миёни авфшудагон ҳеҷ кадом аз "зиндониёни сиёсӣ" набуданд.

Корти шиносии Путин дар Созмони ҷосусии Олмони шарқӣ пайдо шуд

Корти шиносоии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки се даҳа пеш аз сӯи Созмони ҷосусии Олмони шарқӣ содир шуда буд, дар бойгонии Олмон пайдо шуд. Ин корт дар соли 1986, замоне, ки Путин як ҷосуси дараҷаи миёнаи дар пойгоҳи КГБ дар Дрездени Олмон буд, содир шудааст. Путин он замон 33-сола буд. Корти ёдшуда аз замони якҷо шудани ду Олмон дар авоили соли 1990 нопадид буд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", рӯзномаи олмонии "Bild" рӯзи сешанбе хабари онро мунташир кард ва онро шоҳиде бар он донист, ки раҳбарии феълии Русия барои Созмони ҷосусии бадноми Олмони шарқӣ кор мекардааст.

Дар канори акси сиёҳ ва сафеди Путин, имзои вай низ ба чашм мехӯрад. Шумораи корт B217590 аст ва мӯҳри рӯи акс нишон медиҳад, ки ин корт то охирҳои соли 1989 истифода мешудааст. Яъне то замоне, ки эътирозҳои Олмони шарқӣ оғоз ва саранҷом сабаби суқути режими коммунистии ҳокими бар ин кишвар шуд.

Тирпаронӣ дар ярмаркаи солинавии Страсбург: 3 кас ҷон бохтанд

Шаби сешанбе дар ярмаркаи солинавӣ дар маркази шаҳри Страсбурги Фаронса тирпаронӣ сурат гирифт, ки 3 кушта ва 7 захмӣ бар ҷой гузошт. Ба иттилои телевизиони BFMTV, вазъи захмиҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамлагар чанд маротиба аз чанд ҷониб оташ кушодааст. Пулис шахсияти гумонбарро муайян кард. Ӯ дар гузашта зери пайгарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будааст.

Маҳалли ҳодиса иҳота шуда, ҳаракати нақлиёт дар маркази шаҳр қатъ гаштааст. Феълан сабабҳои ҳодиса маълум нест ва тафтиши он зери назорати идораи мубориза зидди терроризм идома дорад. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон вазири умури дохилӣ Кристоф Кастанерро ба Страсбург фиристод.

Ба иттилои AFP, бинои порлумони Аврупо дар Страсбург баста шуда, кормандон ва рӯзноманигорон наметавонанд, онро тарк кунанд. Қарор аст, имрӯз ҷаласа бо иштироки садҳо аъзо баргузор шавад.

Дар Фаронса тақвияти чораҳои амниятие, ки соли 2015 дар натиҷаи ҳамлаи террористии Порис андешида шуда буд, ҳифз мешавад. Тайи се соли ахир дар Фаронса чанд ҳамлаи террористӣ сурат гирифт, ки беш аз 200 кушта бар ҷой гузоштаанд.

Афсари пешини пулиси Русия бо ҷурми хиёнат 13 сол ҳукм гирифт

Толори додгоҳ (акс аз бойгонӣ)

Додгоҳи Русия афсари пешини пулис Александ Житнюкро бо ҷурми хиёнат ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи Маскав рӯз 11 декабр гуфт, ки Житнюк барои ба истихбороти Норвегия додани маводи махфӣ гунакор эълон шуд.

Ба маълумоти матбуоти Русия Житнюк моҳи ноябри соли гузашта бо гумони ба як марди норвежӣ бо номи Фрод Берг бодани маводи сиррӣ боздошт шуд. Мақомоти Русия Бергро низ боздошт карданд.

Матбуоти Норвегия Фрод Бергро нозири пешини сарҳад муаррифӣ кард, ки 63 сол дорад. Гуфта мешавад, ки Вазорати корҳои хориҷии Норвегия талош дорад ва Берг ёрӣ расонад.

Ба маълумоти муфаттишони рус, Берг барои шаҳрвандони Русия, ки аз ҷониби хадамоти истихбороти хориҷӣ истихдом шуданд, дар ивази маводи махфии низомӣ пул мегузаронд.

Вакили Фрод Берг гуфт, ки мурофиаи Берг моҳи ферали соли 2019 баргузор мешавад ва зерҳимояааш худро гунаҳкор намешуморад.

Ин қазия аз радифи парвандаҳоест, ки солҳои ахир шаҳрвандони Русияро ба хиёнат ва паҳн кардани маводи сиррӣ ва муҳим муттаҳам мекунад.

Се фаъоли ҳуқуқ дар Эрон барои танқиди мақомот зиндонӣ шуданд

Қосим Шӯъла-Саъдӣ ва Ораш Кайхусравӣ

Додгоҳи Эрон се фаъоли ҳуқуқи башарро ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кард. Ду вакили мудофеъ 6-солӣ як нафари дигар 13 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Дар ин бора Associated Press рӯзи сешанбе хабар дод.

Қосим Шуъла-Саъдӣ ва Ораш Кайхусравӣ барои иштирок дар "ҷамъомадҳои ғайриқонунӣ" ва "таблиғот"-и зидди ҳукумат муҷрим эълон шуданд.

Соли гузашта ба Қосим Шӯъла-Саъдии 64-сола - мунаққиди қадимии мақомоти Эрон, иҷозат надоданд, ки дар интихоботи президентӣ иштирок кунад.

Ҳуқуқдон Муҳаммад Наҷафӣ барои "ироаи маълумот ба кишвари душман", аз тариқи сӯҳбат бо матбуоти хориҷӣ, таҳқири раҳбари олӣ ва пуштибонии ошкор аз эътирозҳои зидди давлатӣ ба муҳлати 13 сол зиндонӣ шуд.

Моҳи июни имсол эътирозҳои густарда Эронро фаро гирифт, ки аз соли 2012 намуна надошт. Эътирозгарон аз ҳукумат беҳ шудани шароити иқтисодиро талаб карданд. Эрониҳо махсусан аз беқурбшавии пули миллӣ - риёл дар баробари доллари амрикоӣ нороҳат шуданд.

TheDailyTelegraph: Алишер Усмонов дар "рӯйхати сиёҳ"-и Британия

Мулоқоти Усмонов ва Путин дар Кремл (акс аз бойгонӣ)

Дар Бритониё рӯйхати "олигархҳои рус"-ро таҳия шудааст, ки эҳтимол алайҳи онҳо аз чораҳои маҳдудкунанда кор бигиранд. Ба ин рӯйхат шаш тоҷир, аз ҷумла Алишер Усмонов шомил шудааст, - хабар медиҳад The Daily Telegraph.

Ба иттилои ин расона, рӯйхати иборат аз шаш тоҷири рус - Алишер Усмонов, Роман Абрамович, Олег Дерипаска, Аркадий ва Борис Ротендергҳо ва инчунин Игор Сечинро сарвазири Бритониё Тереза Мэй тасдиқ кардааст.

Ин рӯйхат ба ҳукумати кишварҳои шарики Бритониё дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ фиристода мешавад.

Як манбаи The Daily Telegraph дар ҳукумати Бритониё гуфт, ҳадафи чораандешиҳои Лондон "маҳдуд кардани фаъолиятҳои онҳо, имконоташон барои кӯчидан ва кор кардан дар Аврупо, Бритониё ва ҳар ҷои дигари дунё" аст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати нашрия, дар рӯйхат асосан онҳое шомил шуданд, ки "бо президенти Русия Владимир Путин робитаи наздики касбӣ ва молӣ доранд".

Ба иттилои нашрия, мумкин аст, равуои ин одамон ба Бритониё маҳдуд шавад.

Ин дар ҳолест, ки Абрамович ва Усмонов давоми солҳои тӯлонӣ моликони бошгоҳҳои футболи "Челсӣ" ва "Арсенал"-и Лондон буданд. Тобистони имсол Усмонов саҳмашро дар бошгоҳи "Арсенал" (30%) ба тоҷири амрикоӣ Стэн Кронке бар ивази £550 млн фурӯхт.

Бино ба иттилои маҷаллаи Forbes, охири моҳи ноябри имсол дороии Алишер Усмонов 12,5 миллиард доллар арзёбӣ мешуд. Владимир Путин ахиран Алишер Усмонов ва ҳамсараш Ирина Винер-Усмоноваро бо ордени "Барои хизмати Ватан" қадрдонӣ кард.

Марди муттаҳам ба арӯсрабоӣ" ва куштор барои 20 сол зиндонӣ шуд

Марс Бодошев

Додгоҳе дар шаҳри Бишкек рӯзи 11 декабр шаҳрванди Қирғизистон Марс Бодошевро дар рабудан ва қатли Бурулай Турдаалӣ қизӣ айбдор эълон кард. Бодошев барои 20 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Дороиҳои ӯ бо ҳукми додгоҳ мусодира мешавад.

Додгоҳ дӯсти Бодошев - Акмат Сейитовро, ки дар арӯсрабоӣ ба ӯ кумак карда буд, ба муддати 7 сол зиндонӣ кард.

Рӯзи сешанбе айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ дархост кард, ки Марс Бодошевро бар асоси моддаҳои "Маҷбур кардани зан ба никоҳ, рабудани зан барои ақди никоҳ ва "Куштор" айбдор эътироф кунад. Айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин аз додгоҳ хост, Акмат Сейитов "Шарики ҷиноят" эътироф шавад.

Бурулай Турдаалӣ рӯзи 27 май дар шуъбаи пулиси ноҳияи Жайили Қирғизистон аз захми корд ҷон дод. Пеш аз ин волидони ин духтар ба пулис хабар доданд, ки марде Бурулай Турдаалииро рабуд. Пулиси роҳ мошини Бодошевро дар канораҳои Бишкек манъ кард ва онҳоро ба идораи пулис овард. Дар идораи пулис Бодошев барои сӯҳбат бо Бурулай Турдаалӣ иҷозат гирифт ва дар ҷараёни сӯҳбат ба ӯ ҳамла кард. Бодошев баъдан худро низ бо корд захмӣ кард. Ин ҳодиса ва хунукназарии пулис дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои тундеро ба бор овард. Президент Сооронбой Ҷеенбеков ба тафтиши мушикофонаи парванда дастур дод.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар натиҷаи санҷиши ҳодиса 23 кормандашро муҷозот ва аз ҷумла13 нафарро аз мақом барканор кард.

Рамзи анор - дар либоси нави роҳбаладони ширкати "Сомон Эйр"

Акс аз дафтари матбуоти ширкати "Сомон Эйр"

Роҳбаладон ва ҳавонавардони ширкати "Сомон Эйр" аз 11-уми декабр фаъолияти худро бо либосҳои нави корӣ идома медиҳанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, ин либос бар асоси тарроҳии вижа омода шудааст.

"Либоси нави сурхранг, ки бо илҳом аз шакли миллии либоси тоҷикӣ таҳия шудааст, либоси қаблии ширкатро иваз мекунад. Либоси қаблӣ марҷонӣ ва нилобӣ буд", - омадааст дар хабари дафтари матбуотии ширкат.

Дар шарҳи рангҳо гуфта мешавад, ки "ранги сурх ҳамчун рамзи анор - рамзи эҳёшавӣ интихоб шудааст; анор бо риштаҳои тиллоӣ тасвир дода шуда, ба либоси роҳбаладон зебогии бештар медиҳад".

Бонувону мардони роҳбаланд метавонанд аз маҷмӯи либосҳои расмии таҳияшуда юбка ё шимро интихоб кунанд. Нимтана ва куртаҳои сафеди мардона аз матои пахтагӣ дӯхта шудаанд. Кулоҳи махсус ва гарданбанд ҳам як бахши дигари сарулибоси нави роҳбаландон мебошад.

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, 737-800 ва 737-900 иборат мебошад.

Бутина эҳтимоли ҷосусӣ ба нафъи Русияро эътироф кунад

Мария Бутина

Мария Бутина, як зани рус, ки бо айби ҷосусӣ ба нафъи Русия дар ИМА боздошт шудааст, гуфтааст мехоҳад нишондодҳояшоро таъғир диҳад. Ӯ пештар аз ин гуфта буд, ки бегуноҳ аст.

Бутина акнун гуфтааст, ки фаъолияти бидуни сабти худро ҳамчун ҳомии манофеъ ё лоббигари кишвари хориҷӣ эътироф мекунад. Ин тасмим баъди созиши мақомоти ИМА бо Бутина ҳолсил шуд. Мария Бутина гуфтааст, ки эътирофашро дар ҳузури ҳакамон такрор хоҳад кард.

Ҷониби ҳимоя тасмим дорад, аз 11 то 13 декабр муҳокима барпо кунад.

Бутина дар ростои то 5 соли зиндон қарор дорад, аммо созиш бо мақомот шояд ҳукми ӯро кутоҳтар кунад. Ҳукми додгоҳ соли оянда эълон хоҳад шуд.

Бутина асосгузори ҳаракати "Ҳуқуқ ба силоҳ"-и Русия аст. Ӯро рӯзи 15 июли соли ҷорӣ дар ИМА боздошт карданд. Бутина ба талоши барқарор кардани робитаи пинҳонӣ байни президентҳои Русия ва ИМА айбдор мешавад. Ба иттилои мақомоти ИМА, Бутина барои пешбурди манфиатҳои Кремл мехост ба сармоягузорони калидии Ҳизби ҷумҳурихоҳ таъсир расонад.

Роскомнадзор Google-ро 500 ҳазор рубл ҷарима кард

Логотипи Google

Ширкати Google барои нақзи қонуни Русия, ки ҳамроҳ шудан ба феҳристи сомонаҳои манъшуда ва аз ҷустуҷӯ хориҷ кардани онҳоро талаб мекунад, 500 ҳазор рубл ҷарима шуд. Дар ин бора Роскомнадзор рӯзи сешанбе хабар дод.

Охири моҳи ноябр ин ниҳоди назоратӣ гуфт, ки бар зидди Google, дар заминаи иҷро накардаи қонун парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Роскомнадзор Google-ро аз эҳттимоли ҷаримашудан ҳушдор дода буд.

Гуфта мешавад, ки муовини раҳбари Роскомнадзор Вадим Субботин бо Дорон Авнӣ - раҳбари бахши Google барои ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ музокирот анҷом дод. Субботин баъди гуфтушунид гуфт, ки Google барои иҷрои қонунҳои Русия изҳори омодагӣ кард ва барои ҳамроҳ шудан ба реестри сомонаҳои мамнуъ бояд чанд мушкили фанниро ҳал кунад.

Қонуне, ки сохторҳои ҷустуҷӯро ба ҳамроҳ шудан ба реестри сомонаҳои мамнуъ муваззаф мекунад, тобистони соли равон қабул шуд.

Қатъи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Узбекистон

Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Узбекистонро қатъ кардааст. Як манбаи муътамад дар ширкати "Барқи тоҷик" 11-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт "раҳбарияти ширкат тасмим гирифт ҳоло, ки Тоҷикистон нерӯи барқи изофӣ дар ихтиёр надорад, содироти онро ба кишвари ҳамсояи Узбекистон қатъ кунад. Дар сурати фароҳам шудани шароити тавлиди нерӯи барқи изофӣ, содироти он ба Узбекистон азсар гирифта мешавад".

Ба иттилои манбаъ, аз баҳори соли ҷорӣ Тоҷикистон партоби холии об аз обанборҳои нерӯгоҳҳои Тоҷикистон қатъ карда, барқи изофии тавлидшударо ба Узбекистон бар ивази 2 сенти амрикоӣ барои ҳар як киловатт соат мефурӯхт. Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон соли ҷорӣ ба кишвари ҳамсоя тақрибан 1,5 миллиард киловатт соат нерӯи барқ фурӯхтааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан гузориш шуда буд, ки ба далели тахриби хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ширкати "Барқи тоҷик" бо истифода аз хатҳои интиқолии Узбекистон ба Афғонистон нерӯи барқ содир мекунад. Ҳамчунин, ба иттилои созмонҳои молии байналмиллалӣ, Тоҷикистон ба миқдори андак содироти нерӯи барқ ба Қирғизистонро низ идома медиҳад.

Ҳамзамон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон хабарҳо дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудият ё ба истилоҳ "лимит" дар истифодаи нерӯи барқ мерасанд. Ҳарчанд раҳбарияти "Барқи тоҷик" чунин маҳдудиятҳоро ба далели анҷоми "корҳои таъмирӣ" рабт медиҳанд.

Маросими видоъ бо Людмила Алексеева дар Маскав ҷараён дорад

Людмила Алексеева

Дар Хонаи журналистони Маскав маросими видоъ бо фаъоли ҳуқуқи башар, раҳбари гурӯҳи Ҳелсинкии Маскав Людмила Алексеева ҷараён дорад. Алексеева рӯзи 8 декабар дар синни 92-солагӣ даргузашт.

Рӯзи 11 декабр раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, раҳбари Палатаи ҳисоб Алексей Кудрин, ваколатдори пешини ҳуқуқи инсон Владимир Лукин, раҳбари созмони "Мемориал" Ян Рачинский, депутатҳои собиқи Думаи давлатӣ ва раҳбари мухолифин Алексей Навалний бо Людмила Алексеева видоъ карданд.

Рӯзи гузашта додгоҳи Тверсий дархости раҳбариҷумбиши "Барои ҳуқуқи башар" Лев Пономаревро барои иштирок дар маросими хайрбодӣ бо Алексеева рад кард. Пономарев барои эълони эътирози бидуни иҷоза дар Фейсбук ба 16 рӯзи зиндон маҳкум шуд.

Департаменти Давлатии ИМА низ ба марги Людмила Алексеева изҳори тасаллият кард. Дар изҳороти сухангӯи ин ниҳод Роберт Палладино раҳбари гурӯҳи Ҳелсинки дар Маскав "яке аз бузургтарин ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон" арзёбӣ шуд.

Раиси Ҷумҳури Лаҳситон Анҷей Дуда ба Людмила Алексеева баъди маргаш бо олитарин ҷоизаи ин кишвар барои хориҷиҳоро - ордени ҳизмат барои Лаҳистон қадрдонӣ кард.

Алексееваро дар қабристони Троекуровский ба хок месупоранд.

Қазоқистон содироти сузишвории дизелиро муваққатан манъ мекунад

Акси тасвирӣ

Қазоқистон базудӣ эълон хоҳад кард, ки содироти сӯзишвории дизелиро барои ним соли оянда манъ мешавад. Дар ин бора вазири энержии Қазоқистон Канат Бозумбоев хабар дод.

"Мо айни ҳол машғули таҳияи санад ҳастем. Санадро бо ниҳодҳои масъули дигар ҳамоҳанг мекунем. Баъд онро дар сомона нашр мекунем ва бо гузашти даҳ рӯз ман санадро имзо мекунам. Фикр мекунам, барои ним сол манъ мешавад. Ин танҳо ба сӯзишвории дизелӣ рабт дорад, манъи содирот", - гуфт вазир.

Канат Бозумбоев пештар аз ин ҳам гуфта буд, ки сабаби манъи содирот гарон будани ин навъи сӯзишворӣ дар Русия аст. Ба гуфтаи ӯ, гаронии сӯзишвории дизелӣ дар Русия боис шуд, ин навъи сӯзишвориро аз Қазоқистон ба он кишвар интиқол диҳанд.

"Қимати сӯзишвории дизелӣ байни Русияву Қазоқистон 60-70 танга фарқ дорад. Метавон як мошини бензинкаш харид ва рафту омад кард. Сарҳад боз аст. Аз ин рӯ мо маҷмуи чораҳоро таҳия мекунем. Мо интихоби дигар надорем. Дар сурати ғайр сӯзишвории дизелии истеҳсоли Қазоқистон аз 193 тангаи ҳозира ба 250 хоҳад расид", - гуфт Бозумбоев.

Набераи Каримов: модарам мехоҳад аз тағйирот дар Узбекистон пуштибонӣ кунад

Ислом Каримови хурдӣ

Набераи президенти пешини Узбекистон Ислом Каримови 25-сола дар Instagram навишт, ки модараш -- Гулнора Каримова мехоҳад, дубора дар ҳаёти иҷтимоии кишвар иштирок кунад.

"Бо ташаббуси раҳбарияти нави Узбекистон дар кишвар лоиҳаҳои наве иҷро мешаванд, ки барои ояндаи нек пойгоҳи устувореро эҷод хоҳанд кард. Бинобар ин, модарам тасмим гирифт, дигаргуниҳои ахирро дар кишвар, ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ҳам аз нигоҳи молӣ дастгирӣ кунад", - гуфт Ислом Каримови хурдӣ.

Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва коррупсияи Додситонии кулли Узбекистон 28 июли соли 2017 дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки "зидди духтари президенти пешини ин кишвар Гулнора Каримова парвандаи ҷиноӣ боз шудааст".

Дар изҳороти додситонӣ омада буд, ки Каримова 21 августи соли 2015 бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Додситонӣ 3 октябри соли равон ҳамчунин хабар дод, ки Каримова дар яке аз зиндонҳои Узбекистон муҳлати ҷазои худро адо мекунад.

Додситони Шведсия Гуннар Стетлер 4 сентябри имсол дар додгоҳи Стокҳолм далелҳоеро пешниҳод кард, ки бар пояи онҳо молики асосии ширкатҳое, ки бо номи Гаянэ Авакян ва Рустам Мадумаров дар оффшор боз шудаанд, дар асл худи Гулнора Каримова аст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Кор аз дохили хона. Соҳибхоназанҳо ҳунари комютеру интернетро азхуд карданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:24 0:00
XS
SM
MD
LG