Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳамоиши Туркия ба Иттиҳоди Аврупо ғайривоқеӣ эътироф шуд

Комиссари Аврупо дар умури густариши Иттиҳоди Аврупо ва сиёсати ҳамсоягии хуб Йоҳаннес Ҳан гуфт, ки "ҳамоиши Туркия ба Иттиҳоди Аврупо дар ояндаи қобили пешбинӣ ғайриимкон аст".

Йоҳаннес Ҳан дар сӯҳбат бо нашрияи Die Welt гуфт, "содиқона мебуд, агар гуфтушуниди вуруди Туркия ба Иттиҳоди Аврупо қатъ ва бар рӯи шарикии стратегӣ дар соҳаҳои имконпазир тамаркуз шавад".

Ҳан эътироф кард, ки феълан дар ин робита гуфтугӯ бо мақомоти Туркия дар амал қатъ шудааст.

Музокироти ҳамоиши Туркия ба Иттиҳоди Аврупо аз соли 2005 ҷараён дошт. Ҳан дар суҳбат бо Die Welt тасдиқ кард, ки аз он замон Туркия бештар ба самти автократия ҳаракат кард ва аз ин рӯ як идда кишварҳои узви иттиҳод, аз ҷумла Фаронса ва Австрия қатъиян мухолифи ҳамоиши ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо шуданд.

Саудӣ нахустин реактори атомии таҳқиқотиро ба кор андохт

Муҳаммад Бин Салмон

Муҳаммад Бин Салмон, вориси шоҳи Арабистони Саудӣ, нахустин реактори атомии таҳқиқотӣ дар кишварашро ба кор андохт.

Матбуоти ин кишвар навишт, ҳадаф гуногун кардани сарчашмаҳои ба даст овардани нерӯи барқ ва ҳам ба ба даст овардани қудрати атомӣ аст. Реакторро рӯзи 5-уми ноябр ба кор андохта ва рақиби кишвар Эронро мисол овардаанд, ки нерӯгоҳ ва чандин реактори атомӣ дорад.

Ба гуфтаи мақомоти Арабистони Саудӣ, онҳо қасд доранд, дар ду даҳсолаи оянда барои соҳаи энержии атомӣ 80 миллиард доллар харҷ кунанд.

Ҳарчанд Арабистони Саудӣ мисли Эрон мегӯяд, реакторҳои атомӣ барои коҳиши пойбандӣ ба нафту газ аст, барномаҳои ин кишвар нигаронии кишварҳои ғарбиро ба бор овардааст. Кишварҳои ғарбӣ дар ташвишанд, ки мумкин аст, байни Арабистони Саудӣ ва Эрон рақобати атомӣ ба вуҷуд биёяд.

Муҳаммад бин Салмон моҳи марти имсол гуфт, агар Эрон соҳиби силоҳи атомӣ шавад, Арабистони Саудӣ ҳам айни корро мекунад.

Марги дувоздаҳ кӯдак аз "бемории номаълум" дар Афғонистон

Дувоздаҳ кӯдаки навзод дар як шифохонае дар шимоли шарқи Афғонистон дар натиҷаи сирояти “бемории номаълум” ҳалок шудаанд.

Як муассисаи хайрияи итолиёвӣ бо номи “Имдод”, ки шифохонаро зери назорат дорад, рӯзи 5-уми ноябр гуфт, тамоми навзодон рӯзи 4-уми ноябр дар таваллудхонаи ноҳияи Аноба дар вилояти Панҷшер фавтидаанд.

Ба гуфтаи масъулони созмон, кӯдакони навзод, ки ҳолашон фавқулода вазнин буд, антибиотик мегирифтанд ва зоҳиран бар асари уфунат ва ё оқибати сирояти беморӣ ҷон додаанд.

Созмони “Имдод” гуфт, ки онҳо мақомоти Афғонистонро фавран аз хуруҷи беморӣ огоҳ кардаанд ва аз як озмоишгоҳи мустақили тиббӣ дар Кобул хостаанд, таркиби микробиологии ангезандаҳои бемориро ташхис кунад.

Ба гуфтаи созмон, натиҷаҳои таҳқиқро ҳатман эълон мекунанд ва афзудааст, ки тамоми кор барои пешгирӣ аз хуруҷи беморӣ гирифта шудааст.

Ба даҳҳо корманди Роғун бо имзои президент соат доданд

Ба даҳҳо корманди нирӯгоҳи барқи обии Роғун, ки ин шабу рӯз ба ифтитоҳи чархаи нахустини он омодагӣ доранд, соати дастӣ туҳфа шудааст. Мақомот гуфтанд, ин соат аз номи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва бо имзои ӯ тақдим гардид.

Чанде аз кормандони нирӯгоҳи барқи обии Роғун рӯзи 6-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки туҳфа ҳафтаи гузашта дастрас шуд ва барояшон ногаҳонӣ буд.

Дар миёнаи ин соат аз номи "Бунёдгузори нирӯгоҳи Роғун" навишта шудааст.

Аз рӯи омори расмӣ тақрибан 18 ҳазор нафар дар сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғун кор мекунанд. Интизор меравад, чархаи нахустини нирӯгоҳ 16-уми ноябр ва дар санаи таҷлил аз рӯзи президент ба кор шуруъ кунад.

Нирӯгоҳи Роғунро, ки мақомот ҳаёту мамоти кишвар меноманд, аз 6 чарха ё агрегат иборат аст. Чархаи дувуми он моҳи апрели соли 2019 фаъол хоҳад шуд.

Бритониё зару зевари ҳамсари раиси пешини бонки озариро ҳабс кард. ВИДЕО

Оҷонсии миллии мубориза бо ҷинояткории Бритониё тавассути додгоҳ тақрибан 50 адад зару зевари Замира Гаҷиеваро, ки арзиши 400 ҳазор фунтро доранд, ҳабс кард.

Ҷавоҳирот баъди он ҳабс шуд, ки Оҷонсии миллии мубориза зидди ҷинояткорӣ ба пажуҳиши манбаи даромади ҳамсари пешини раиси бонк пардохт.

Замира Гаҷиева - ҳамсари Ҷаҳонгир Гаҷиев, раиси пешини "Бонки байналмилалии Озарбойҷон" аст. Раиси пешини бонк барои қаллобӣ, исрофкорӣ ва гузаштан аз ҳадди вақолатҳо 15 сол зиндонӣ шудааст. Ҳамсари раиси пешини бонк бо харҷҳои пурмасрафаш дар Лондон, машҳур аст. ​

Додгоҳе дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар соли 2015 раиси пешини бонкро 15 сол зиндонӣ кард. Гаҷиев айбҳои эълоншударо рад мекунад.

Зару зевари ҳамсари раиси пешини Бонки байналхалқии Озарбойҷонро ҳабс карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Баъди ҳабси шавҳараш Замира Гаҷиева аз Озарбойҷон фирор ва дар Бритониё зиндагӣ ихтиёр кард. Вай дар Бритониё зиндагии пурхарҷе ба роҳ монд. Аз ҳуҷҷатҳое, ки дар додгоҳ муаррифӣ шуданд, Замира Гаҷиева танҳо дар мағозаи Harrods давоми 10 соли охир бештар аз 16 миллион фунт стерлинг харҷ кардааст. Ин зан шаробҳои гарон, маснуоти заргарӣ харида, соҳиби ҳавопаймои шахсӣ ва дигар амвол аст.

Ҳамаи ин харҷҳо боис шуданд, ки Оҷонсии миллии мубориза зидди ҷинояткорӣ моҳи феврали соли ҷорӣ манбаи даромади Замираро ҷӯё шуд. Ин зан натавонист манбаи даромади худро шарҳ диҳад. Биноан, оҷонсии мазкур бори аввал дар таърихи Бритониё тавассути додгоҳ амволеро ҳабс кард, ки манбаи даромадаш шубҳанок аст.

Ширкати исроилӣ дар Узбекистон фабрикаи мурғпарварӣ месозад

Ширкати Levia Group-и Исроил дар вилояти Андиҷони Узбекистон фабрикаи мурғпарварӣ месозад. Ин фабрика иқтидори истеҳсоли то 14 ҳазор тонна гӯшти мурғро дар сол хоҳад дошт. Дар ин бора рӯзи 6 ноябр бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки мутахассисони исроилӣ моҳи майи соли ҷорӣ барои ошно шудан бо шароити Узбекистон ба ин кишвар омада буданд. Намояндагони ширкат заминеро дар вилояти Андиҷон барои сохтани фабрика интихоб карданд.

Барои сохтани фабрика 46 миллион доллари ИМА харҷ хоҳад шуд.

Мақомот: далели ҳамкории вакили пешини Қирғизистон бо гуруҳҳои ҷиноӣ мавҷуд нест

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, ки дар бораи ҳамдаст будани вакили пешини порлумон Дамирбек Асилбек уулу бо гуруҳҳои ҷиноӣ иттилое надорад. Дар ин бора рӯзи 6 ноябр сухангӯи вазорат Бакит Сеитов хабар дод.

"Ҳар касеро, ки вакил интихоб ё сабт мекунанд, Комисияи марказии интихоботӣ ба мо рӯйхати онҳоро мефиристад. Агар номзад доғи судӣ надошта бошад ва ҷинояткор набошад, ӯро сабт мекунад. Иттилоъ дар бораи бо гурҳҳои ҷиноӣ ҳамдаст будани вакили пешин мавҷуд нест", - гуфт Сеитов.

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон 2 ноябр баррасии парвандаи вакили пешини порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулу шуруъ шуд. Вакили пешин дар "ташкил ва роҳбарии гуруҳи фаромиллӣ" ва "ҷиноятҳои иқтисодӣ" айбдор мешавад. Ӯро 16 феврали соли ҷорӣ дар ҳудуди Қазоқистон боздошт карданд.

16 апрел комисияи марказии интихоботии Қирғизистон мандати вакилии Асилбек уулуро бекор кард. Комисия гуфт, вай душаҳрвандӣ дорад. Пештар вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дода буд, ки Асилбек уулу шаҳрвандии Қазоқистонро дорад.

Дар як инфиҷори Сурия 11 нафар ҷон дод

Лар Дайр-аз-Зури Сурия рӯзи 4 ноябр дар биное, ки қаблан идораи пулиси ҷиноӣ буд, таркиш ба амал омад. Дар натиҷа, 11 нафар, бо шумули шаҳрвандони Русия ба ҳалокат расиданд.

Эҳтимол меравад, дасти кам 6 тан аз кушташудаҳо кормандони ба истилоҳ "ДХН Вагнер" ҳастанд, хабар медиҳанд “Новая газета” ва созмони дидбони ҳуқуқи Syrian Observatory for Human Rights, мақарраш дар Лондон.

Ба иттилои намояндагони “Нозироти риояи ҳуқуқи инсони Сурия”, бештари захмиён дар ҳолати вазнин қарор доранд, аз ин рӯ теъдоди кушташудаҳо метавонад афзоиш ёбад.

Ба иттилои сарчашмаи рӯзнома, дар биное, ки таркиш ба амал омад, қаблан додгоҳ қарор дошта, ҳоло он дар ихтиёри корпуси 5-уми артиши ҳукуматии Сурия, ки аз ихтиёриён ва мушовирони “низомии Русия” иборат аст, қарор дорад. Мақомоти Русия феълан иттилоъ дар бораи ҳалокати шаҳрвандони ин кишвар дар Сурияро расман тавзеҳ надодаанд.

Бар асоси яке аз фарзияҳо, бино аз ҷониби ҷангиёни гуруҳи экстремистии ба ном “Давлати исломӣ”, ки қаблан мавқеъҳои худро дар Дайр-аз-Зур таҳким бахшиданд, бомбгузорӣ шудааст.

Моҳи феврал дар музофоти Дайр-аз-Зури Сурия миёни ҷонибдорони президент Башор Асад, ки ҳамроҳи онҳо зархаридони русиягӣ ҳастанд ва ошӯбгарон, ки аз ҷониби ҳарбиёни амрикоӣ дастгирӣ меёфтанд, задухӯрд ба амал омад.

ВКХ-и Русия он вақт расман аз ҳалокати ҳамагӣ шаш нафар хабар дод ва гуфт, “шаҳрвандии онҳо бояд дақиқ шавад”. Инчунин, маҷруҳ шудани даҳҳо тан аз русҳо, ки гӯиё ихтиёрӣ ба Сурия рафтаанд, расман тасдиқ шуда буд.

Дар ин ҳол, ВАО ва мақомдорони амрикоӣ аз кушта шудани даҳҳо ва ҳатто садҳо “вагнериҳо” хабар дода буданд.

Дар Узбекистон арзиши оби гарм боло меравад

Дар Узбекистон ба дунболи болоравии арзиши бензин, нерӯи барқ ва гази табиӣ, нархи оби гарм ва гармидиҳӣ низ меафзояд.

Ин дар қарори ҳукумат аз 1 ноябри соли 2018 “Дар бораи тағйири марҳилавии нарх ва тарофаҳои манбаъҳои сӯзишворӣ-энергетикӣ” пешбинӣ шудааст.

“Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, маъмурияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ҳамроҳ бо Вазорати молияи Узбекистон аз 16 ноябри соли 2018 тарофаҳоро барои нерӯи ҳароратӣ бо афзоиши на бештар аз 10 дарсад барои аҳолӣ ва бо назардошти арзиши аслӣ барои дигар истифодабарандаҳо тасдиқ намоянд”, - омадааст дар санад.

Дар пеш узбекитстониҳоро ду марҳилаи болоравии арзиши нерӯи барқ ва газ интизор аст, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ. Дар марҳилаи аввал, аз 16 ноябр арзиши газ барои аҳолӣ то 320 сум барои як метри мукааб ва аз 1 июли соли 2019 бошад, то 350 сум меафзояд.

Инчунин аз 16 ноябр нархи як киловатт нерӯи барқ то 250 сум (ҳоло 228 суму 60 тин), аз 1 июни соли 2019 бошад, то 280 сум боло меравад.

Дар ноҳияи Лайлаки Қирғизистон вакили маҳаллӣ ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт

Дар деҳаи Арка-2-и ноҳияи Лайлак ба Б.К., сокини 32-сола ҳамла сурат гирифтааст.

Дар ин бора Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, шахси номаълум рӯзи 5 ноябр аз силоҳи номаълум ба тахтапушти мард шиллик намуда, фирор кардааст. Маҷруҳро бародаронаш ба беморхонаи шаҳри Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон интиқол доданд. Онҷо ба ӯ ёрии аввалини тиббӣ расонида шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 28-97 (сӯиқасд ба ҷон) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

“Азаттик” маълум кардааст, ки ҷабрдида раиси шӯрои ҷамоат мебошад.

Дар Қазоқистон аспе боиси марги 5 нафар дар садама гардид

Дар вилояти Туркистони Қазоқистон дар натиҷаи садамае, ки сабабгори он асп буд, панҷ нафар ба ҳалокат расида, як каси дигар захмӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти идораи вилоятии пулис, ҳодиса тақрибан соатҳои яки шаби 5 ноябр дар шоҳроҳи Шардара-Абай ба вуқӯъ пайвастааст.

“Кормандони пулис дар ҷойи ҳодиса муайян намуданд, ки дар шоҳроҳи Шардара-Абай ронандаи мошини боркаши “МАЗ” асперо ки рӯйи роҳ давидааст, пахш карда, сипас ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба мошини тамғаи “Лексус” бармехӯрад”,-омадааст дар иттилоияи ВКД Қазоқистон.

Дар натиҷа ронандаи мошини сабукрав, сокини Алмаато ва чор мусофирони он – сокини ноҳияи Шардара ва се шаҳрванди Узбекистон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Як мусофири дигар, ки ҳамчунон шаҳрванди Узбекистон будааст, ба шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи ноҳиявӣ интиқол ёфтааст.

Аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 345-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон (“Нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ё истифодабарии воситаҳои нақлиёт” парванда боз шудааст.

Ронандаи мошини боркаш, сокини вилояти Қизилорда боздошт шудааст. Дар айни замон, кормандони пулис талош доранд, соҳиби аспро муайян созанд.

Мақомоти ИМА аз талоши таъсиррасонии Русия ба интихобот ҳушдор медиҳанд

Департаменти амнияти дохилии ИМА, Вазорати адлия, дафтари директори Истихбороти миллӣ ва Бюрои федеролии тафтишот дар остонаи интихоботи миёндаврии 6 ноябр ба Конгрес изҳороти муштарак нашр кардаанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ИМА дахолати хориҷии кишварҳое монанди Русия, Чин, Эрон ва давлатҳои дигарро ба ҷараёни интихобот таҳаммул намекунанд. Дар ҳоли ҳозир хадамоти махсуси Амрико маълумоте дар мавриди талошҳои рахнаи инфрасохтори интихоботиро, ки метавонад ба натиҷаи овоздиҳӣ халал ворид намояд, теъдоди овозҳоро тағйир бидиҳад ё ба шумориши раъйҳо таъсир расонад, дар даст надорад, -омадааст дар санад.

Аммо амрикоиҳоро зарур аст, аз талошҳои бозигарони хориҷӣ-махсусан Русия ҷиҳати таъсир ба руҳияи ҷомеа ва тафририқаандозӣ бо роҳи паҳн кардани маълумоти бардурӯғ оид ба равандҳои сиёсӣ ва номзадҳо “эҳтиёт” бошанд.

Дар идомаи изҳорот гуфта мешавад, мардуми Амрико метавонанд ин талошҳоро бо роҳи огоҳ будан ва дар бораи амалҳои шубҳанок сари вақт хабар доданд, хунсо кунанд.

ИМА тасмим доранд алайҳи шаҳрвандон ва сохторҳои хориҷӣ барои дахолат ба интихобот таҳрим ҷорӣ намоянд.

Айни замон Вашингтон тафтиши дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии соли 2016-ро идома медиҳад.

Моҳи июл додситони махсус Роберт Мюллер 12 шаҳрванди Русияро, ки тавре тасдиқ мешавад, кормандони истихбороти ҳарбӣ ҳастанд ё будаанд, дар рахна кардани сервери Ҳизби демократии ИМА ва дигар ҳамлаҳои киберӣ бо ҳадафи дахолат ба интихобот, расман муттаҳҳам намуд.

Моҳи сентябр президенти ИМА Доналд Трамп зери фармоне имзо гузошт, ки дар асоси он барои дахолат ба овоздиҳӣ таҳрим ҷорӣ мешавад.

Рӯзи сешанбе дар ИМА интихоботи миёндаврӣ ба Конгрес доир мешавад, ки дар натиҷаи он маълум хоҳад шуд, Ҳизби ҷумҳурихоҳон бартарии худро дар Палатаи намояндагон ҳифз мекунад ё на.

Шаҳрвандон 435 аъзои Палатаи намояндагон, 35 сенатор ва беш аз 6ҳазор маҷлисҳои қонунгузори иёлатҳоро интихоб менамоянд.

Додситони кулли Украина дар заминаи ҳалокати Гандзюк истеъфо дод

Юрий Лутсенко - додситони кулли Украина

Додситони кулли Украина Юрий Лутсенко рӯзи сешанбе аз истеъфои худ хабар дод. Лутсенке ин хабарро ҳангоми суханронӣ дар порлумон эълон кард ва таъсиси комиссиюни муваққатии тафтиши ҳалокати фаъоли ҷамъиятӣии Хернсон Екатерина Гандзюкро шарҳ дод.

Қарори истеъфояшро Лутсенко ба "маъракаи таблиғотӣ"-е марбут кард, ки гӯё як идда расонаҳо ба роҳ монаданд ва дар ҷараёни он масъулияти ҳалокати Гандзюкро бар души мақомот гузоштанд.

Истеъфои додситонро бояд порлумон тасдиқ кунад.

Фаъоли ҷамъиятӣ Екатерина Гандзюк рӯзи 4 ноябр даргузашт. Ӯ ба корҳои кумитаи иҷроияи Херсон раҳбарӣ мекард ва мушовири раҳбари шаҳр буд. Гандзюк баъди он ки нафари ношинос ба танаш кислота пошид 96 рӯз дар шуъбаи эҳёгарии бемористон буд ва 11 амалиётро пушти сар кард. Аммо ҷисми Гандзюк тоб наовард ва ӯ даргузашт.

Пулис панҷ гумонбари ҳамла - харидори кислота, ва се иштирокдори дигарро боздошт кард. Чаҳор нафар барои 60 рӯз боздошт шуданд, як нафар таҳти боздошти хонагӣ қарор гирифт. Номи фармоишгари ҳамла, ба мисли қазияҳои дигари суиқасд ба ҷони фаъолон, ошкор нашудааст.

Раҳбари "Хоҷагии манзиливу коммуналӣ"-и Тоҷикистон даргузашт

Алимурод Исломзода.

Алимурод Исломзода, раиси корхонаи ҷумҳуриявии "Хоҷагии манзиливу коммуналӣ" дар синни 63-солагӣ даргузашт. Субҳи рӯзи 6-уми ноябр пайвандонаш Исломзодаро бо фишори баланд ба беморхона мебаранд. Аммо то ба бемористон норасида Исломзода ҷон додааст.

Аҳлиддин Хоҷаев, як корманди ширкати давлатии "Хоҷагии манзиливу коммуналӣ" рӯзи 6-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, чанд лаҳза пеш аз хонаводаи Исломзода аз даргузашти ӯ хабар дода гуфтанд, ҷасади ӯ аз беморхона ба манзили зисташ дар кӯчаи Маяковский интиқол дода шуд.

Хоҷаев гуфт, то кунун Исломзода ягон бемории ҷиддие надошт ва то рӯзи гузашта дар сари кор буд. "Дирӯз омада буданд, дар кор буданд, вазъи саломатаишон хуб назар мерасид. Маҷлис доштем вобаста ба рӯзи Конститутсия, дар он ширкат доштанд, ҳамаро табрик карданд",- иброз дошт Хоҷаев.

Алимурод Исломзода дар гузашта раиси ноҳияи Восеъи ивлояти Хатлон буд ва 8 сол боз роҳбарии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзиливу коммуналӣ"-ро ба ӯҳда дошт. Ин корхона масъули кашонидани партов, нигоҳдории хатҳои обу корез дар тамоми ҷумҳурӣ ба истиснои шаҳри Душанбе мебошад.

Як гуфтаи Исломзода дар мавриди таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшокӣ дар соли 2013 дар сархати матбуот ва расонаҳо қарор гирифта буд. "Ҳоло 57 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ таъмин аст ва барои бо об таъмин кардани 43 дарсади дигар, 2 миллиард доллар ва 85 сол вақт зарур аст",- гуфта буд ӯ.

Глатских барои назарҳои баҳсбарангез аз мақом барканор шуд

Мунтақидон назарҳои мақомдори Свердловскро мухолифи сиёсати Путин дар масоили ҷавонон арзёбӣ карданд

Сардори раёсати сиёсати ҷавонони вилояти Свердловски Русия Олга Глатских муваққатан, то замони анҷоми тафтишоти хидматӣ, аз иҷрои салоҳиятҳояш барканор шуд.

Дар ин бора рӯзи 6-уми ноябр бахши русии Радиои Озодӣ хабар дод. Далели ин тасмим – изҳори назарҳои Глатских дар мулоқот бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кривоград шуд. Дар мулоқот Глатских гуфт, давлат вазифадор нест, ки ба кӯдакон кумак кунад, балки ин масъулияти волидони онҳо аст.

Қарори аз мақом канор рафтани сардори раёсати сиёсати ҷавононро раиси вилоят Евгений Куйвашев имзо кард. Аз ин пеш ӯ суханҳои мақоми зердасташро интиқод кард ва гуфт, баръакс, сиёсати давлати Русия ба пуштибониву ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас равона шудааст.

Дар мулоқоте, ки маълум нест кай баргузор шуд, вале рӯзи 5-уми ноябр дар шабакаҳои интернетӣ баҳсу интиқоди зиёд ба бор овард, Глатских дар посух ба савол оид ба саҳми давлат дар тарҳҳои марбут ба кӯдакон чунин посух дод: "Давлат аз шумо нахоста буд, ки таваллуд кунед". Ин ишораи ӯ ба волидони кӯдакон буд.

Баъди ин худи Глатских гуфт, ки назари ӯ таҳриф шудааст ва мазмуни гуфтаҳои ӯ ин аст, ки волидон ва оила гарави пешрафти ҷавонон мебошанд ва давлат ёвари онҳо аст.

Олга Глатских қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2004 дар бахши бозиҳои гурӯҳии гимнастика мебошад. Ӯ аз соли 2016 раҳбарии департаменти сиёсати ҷавононро дар ҳукумати вилояти Свердловск бар ӯҳда дорад.

Макрон: Аврупо барои ҳимояи худ аз Русия, Чин ва ҳатто ИМА ба артиш ниёз дорад

Эммануэл Макрон

Аврупо барои ҳимояи худ аз Русия, Чин ва ҳатто Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба артиши худӣ зарурат дорад.

Дар ин бора президенти Фаронса Эммануэл Макрон рӯзи 6-уми ноябр дар шабакаи радиои "Европа-1" изҳорот дод. Ба гуфтаи Макрон, кишварҳои аврупоӣ бояд нерӯи мусаллаҳи ягона таъсис диҳанд, ки аз Амрико вобаста набошад ва мустақилона фаъолият кунад.

Макрон таъкид кард, ки дар ноҳияҳои сарҳадии Аврупо кишварҳои авторитарие ҷойгир ҳастанд, ки дар фазои киберӣ ба Аврупо таҳдид ва ба демократияи онҳо дахолат мекунанд. Ӯ Русияро яке аз чунин кишварҳо номид.

Раиси ҷумҳури Фаронса ҳамчунин гуфт, ки зарурати таъсиси нерӯҳои аврупоӣ баъди изҳороти президенти ИМА Доналд Трамп, дар бораи хуруҷи Амрико аз қарордоди маҳви мушакҳои миёна ва кӯтоҳпарвоз, бештар шуд.

Моҳи июн Комиссиюни Аврупо пешниҳод кард, ки барои таҳкими мудофиаи Иттиҳоди Аврупо 13 миллиард евро ҷудо шавад. Ин пулҳо барои технология ва дастгоҳҳо, аз ҷумла рамзгузории компютерҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин сарф хоҳад шуд. Брюссел бовар дорад, ки ин иқдом Аврупоро ба бозигари нерӯманди глобалӣ табдил медиҳад.

SWIFT ҳамкориашро бо як қатор бонкҳои Эрон қатъ кард

рамзи сохтори бонкии SWIFT

Сохтори пардохти пул -SWIFTдастрасии якчанд бонки Эронро ба сохтори табодули пайғомҳо масдуд кард. Дар ин бора Reuters рӯзи 5 ноябр хабар дод. Гузориши хабаргузорӣ бар поияи изҳороти ҷомеаи кооперативӣ пахш шуд.

Дар ин санад омадааст, ки барои таъмини эътидол ва ҳифзи сохтори молии ҷаҳонӣ, созмонҳои қарздиҳанда муваққатан аз SWIFT хориҷ шуданд. Изҳорот дар бораи таҳримҳои ИМА бар зидди Эрон чизе нагуфтааст.

Беш аз 11 ҳазор бонк, камаш аз 200 кишвари дунё, ба SWIFT пайваст ҳастанд. Теъдоди намояндагони Амрико дар Шӯрои директорони SWIFT чашрас нест. Аммо агар SWIFT Эронро аз системааш хориҷ накунад, Кохи сафед метавонад худи сохтори SWIFT-ро таҳрим кунад.

Рӯзи душанбеи 5 ноябр таҳримҳои ИМА алайҳи Эрон ба иҷро даромад. Маъмурияти Доналд Трамп тамоми таҳримҳоро, ки соли 2015, баъди имзои созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ бекор шуда буд, дубора барқарор кард. Амрико моҳи май ба таври якҷониба аз ин қарордод берун шуд.

ИМА ва Исроил бовар доранд, ки таъхири сесола ба Эрон имкон дод, ки барномаҳои ҳастаияшро тавсеа диҳад. Теҳрон иттиҳомро рад мекунад.

Лукашенко: Пойгоҳи Русия дар Беларусия даркор нест

Александр Лукашенко

Президенти Беларусия Александр Лукашенко гуфт, ки зарурати таъсиси пойгоҳи Русия дар хоки Беларусияро намебинад. Минск, ба гуфтаи ӯ, ин тавонро дорад, ки амнияти худро мустақилона таъмин кунад.

Раҳбари Беларусия ин изҳоротро рӯзи 6 нобяр дар ҳузури таҳлилгарони амрикоӣ пахш кард. "Ин як мушкилоти сунъи аст",- овардааст хабаргузории БЕЛТА аз қали Лукашенко. Лукашенко ҳамзамон таъкид кард, ки ба бунёди пойгоҳи неруҳои ҳавоии Русия дар қаламрави кишвараш комилан мухолиф аст. "Вақти парвози ҳамгуна ҳавопаймо аз Русия ба Беларусия 3-4 дақиқа аст. Постгоҳ барои чӣ даркор, чаро мо худро зери зарбаи таҷовузгари эҳтимолӣ қарор диҳам",- гуфт президенти Беларусия.

Феълан дар қаламрави Беларусия ду пойгоҳи низомии Русия фаъолият мекунад: стантсияи радиолокатсионии "Волга" ва воҳиди 43-и алоқаи нерӯҳои баҳрии Рурсия.

Қаблан матбуот аз эҳтимоли бунёди пойгоҳи неруҳои ҳавоии Русия дар Беларусия хабар доданд ва ҷонибҳо низ тасдиқ карда буданд, ки гуфтугӯҳо дар ин бора ҷараён доранд.

Моҳи май Лаҳистон ба Амрико пешниҳод кард, ки дар дивизияи зиреҳпӯшҳоро дар қаламрави ин кишвар ҷойгир кунад ва гуфт, ки омодааст барои ин 2 миллиард доллар ҷудо кунад.

Лукашенко рӯзи 4 ноябр ба Варшава машварат дод, ки аз ин идея даст кашад вагарна Маскав ва Минск маҷбуранд вокуниш нишон диҳанд.

Дар Данғара корхонаи истеҳсоли маводи мунфаҷираи эмулсионӣ ифтитоҳ шуд

Нигоҳе ба сехҳои корхонаи нав дар маросими муаррифии рӯзи 5 ноябр

Дар Тоҷикистон нахустин корхонаи истеҳсоли маводи тарканда ва ё мунфаҷира барои соҳаи сохтмон ба истифода дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 5-уми ноябр дар ноҳияи Данғара дар расми ифтитоҳи корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Муосир» ширкат варзид.

Ин корхонаи муштарак маводи мунфаҷираи эмулсионӣ истеҳсол мекунад, ки барои истифода дар соҳаи сохтмон, аз ҷумла сохтмони роҳу нақбҳо истифода мешавад. Корхона қодир аст дар як сол то 20 ҳазор тонна маводи тарканда истеҳсол кунад.

Вебсайти президенти Тоҷикистон менависад, ашёи хом ба корхона аз дохили мамлакат ва инчунин аз Русия, Чин ва Ӯзбекистон дастрас мешавад. Ба иттилои ин манбаъ, дар корхонаи “Муосир” се намуд маҳсулот барои кандани нақбҳо, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, бунёди роҳҳо ва кофтани чоҳҳои амудӣ истеҳсол мешавад.

Корхонаи муштараки «Муосир» бо харҷи ҳудуди 20 миллион доллар дар ноҳияи Данғара сохта шуд. Беш аз нисф ва ё 51 дарсади саҳмияҳои ин корхона ба сармоягузорони Чин ва 49 дарсади он ба ҷониби Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Сохтмони корхонаи истеҳсоли маводи тарканда соли 2017-ум шурӯъ шуда буд. Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор воридоти таҷҳизот барои бунёди ин корхонаро аз андоз ва боҷи гумрукӣ озода карда буд. Ин корхона ҳамчунон дар давоми 5 соли фаъолияташ аз пардохти андоз аз даромад озод шудааст.

СММ: хушунати Толибон дар Афғонистон ба сатҳи рекордӣ расид

Ҷангиёни Толибон (акс аз бойгонӣ)

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳамлаҳоеро, ки Толибон алайҳи интихботи порлумонии моҳи гузашта ба роҳ монданд, бо хисороти рекордии мардуми мулкӣ анҷом шуд.

Ин ниҳоди байналмилалӣ дар гузориши рӯзи 6 ноябр гуфтааст, ки ҷангиён барқасдона маъракаи хароб кардани раванди интихоботро пеш гирифтанд. Биноба гузориши СММ, дар ҷараёни интихоботи 20 октябр ва рӯзҳои баъдӣ, ки овоздиҳӣ ба таъхир афтод, 56 нафар кушта ва 379 тани нафар захм бардошт.

Ҷангиёни Толибон, ки талош доранд нерӯҳои хориҷиро аз Афғонистон берун ва ҳукумати ғарбгарои Кобулро сарнагун кунанд, дар остонаи интихобот таҳдидҳои худро бештар карданд.

Чанд моҳ пеш аз баргузории интихобот якчанд ҳамлаи дигар ба марказҳои сабти овоздиҳандагон анҷом шуд, ки масъулияти баъзе онҳоро гурӯҳи тундрави Давлати исломӣ бар дӯш гирифт.

Қазоқистон баъди хабари "урдугоҳҳои тарбия" ба Чин нота фиристод

Сарбозони амниятии Уйғур

Айбек Самадияров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, баъди хабари "урдугоҳҳои тарбия" дар Шинҷон, Остона ба сафорати Чин дар ин кишвар нота фиристод.

Нотаи Қазоқистон дар ҳолест, ки ахиран фарзандони қазоқҳои қавмӣ дар бораи волидонашон муроҷиати видеоӣ нашр карданд. Ба қавли кӯдакон, волидони онҳо дар урдугоҳҳои Чин нигоҳдорӣ мешаванд.

"Мо огоҳӣ дорем. Бо ҷониби Чин гуфтугӯ мекунем. Ба сафорати Чин нота фиристодем. Сафорати мо дар Пекин ҳам вориди қазия аст", - гуфт Самадияров.

Рӯзи 2-юми ноябр дар шаҳри Алматои Қазоқистон қазоқҳои қавмӣ, ки аз минтақаи Шинҷони Чин ба Алмато кӯчидаанд, аз роҳбарияти Қазоқистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, барои пайвастани онҳо бо волидонашон кумак расонанд. Волидони ин кӯдакон дар урдугоҳҳои Чин нигаҳдорӣ мешаванд.

Хабарҳо дар бораи таъсиси урдугоҳҳои тарбия дар Чин аз моҳи апрели соли 2017 ба ин тараф расонаӣ мешаванд.

Кӯдакон хоҳиш доранд, ки волидонашонро аз Шинҷон баргардонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Тоҷикистон Рӯзи Конститутсияро таҷлил мекунад

Имрӯз, 6-уми ноябр аз замони қабули Конститутсияи Тоҷикистон 24 сол пур шуд. Ин рӯз дар Тоҷикистон расман таътил эълон шудааст ва ба ин муносибат дар гӯшаҳои кишвар чорабиниҳои идона баргузор мешавад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6-уми ноябр дар паёми худ ба ин муносибат, ки аз тариқи расонаҳои расмӣ ба нашр расид, 24-умин солгарди қабули Қонуни асосиро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт.

Оқои Раҳмон аз ҷумла дар ин паёми худ гуфт, "Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад."

Конститутсияи Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст ва аз муаллифони асосии он ҳуқуқшиноси барҷаста Ашӯрбой Имомов, Зариф Ализода, Халифабобо Ҳомидов, Раҳматилло Зойиров, Абдулмаҷид Достиев ҳастанд.

Матни Конститутсия аз соли 1994 то кунун се маротиба тағйир хӯрдааст. Нахуст тағйирот соли 1999 ворид карда шуд. Умдатарин тағйирот дар он сол таъсиси порлумони ду палатаӣ (Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон), иҷозат додан ба сабти номи ҳизбҳои динӣ ва иваз кардани муҳлати президентӣ аз ду давраи 5-сола то ба як давраи 7-сола буд.

Дастандаркорон дар Тоҷикистон баъди 4 соли дигар - соли 2003 қалам ба даст гирифтанд ва дигарбора матни Конститутсияро рӯи миз гузоштанду онро ислоҳ карданд. Ин дафъа тағйиру иловаҳо фарогир 56-то буд.

Дар он замон мегуфтанд, ки ҳадаф фақат, як чиз аст, дар қудрат нигаҳ доштани Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки дар сурати тамом шудани давраи ҳафтсолаи раёсати ҷумҳуриаш дигар ҳақ надошт, дар интихобот ширкат кунад. Муҳимтарин ислоҳ низ ҳамин буд, ки як давраи ҳафтсолаи раёсати ҷумҳурӣ ба ду давраи 7-мубаддал шуд.

Тағйироти дигар ба Қонуни асосии Тоҷикистонсоли 2016 сурат гирифт. Дар раъйпурсии рӯзи 22-уми майи соли 2016, Конститутсияеро барои раъйдиҳӣ ба мардум пешниҳод карданд, ки 40 тағйирот дошт. Муҳимтаринаш ҳам ин буд, ки дар он иҷоза доданд, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси “Пешвои миллат” ба таври номаҳдуд номзадиашро ба мақоми раиси ҷумҳур пешниҳод кунад.

Толибон барои иштирок дар музокироти Маскав изҳори омодагӣ карданд

Ҷангии эҳтимолии ҷумбиши Толибон

Толибони Афғонистон омодагии худро барои иштирок дар музокироти бисёрҷонибаи сулҳ дар Маскав эълон карданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 5 ноябр бо такя ба намояндаи баландмақоми Толибон гузориш дод. Аммо намояндаи ин ҷумбиши ҷангӣ мавҷудияти иҷозаи расмӣ барои сафар ба Русияро рад кард.

Мақомоти Афғонистон ва ИМА аз иштирок дар ин музокирот, ки Кремлин ташкил мекунад, даст кашиданд.

Раҳбарияти Русия ба маъракаи сулҳсозӣ 12 кишвар ва ҳамчунин намояндагони Толибонро, ки барои барқарор кардани қонуни шариат бо ҳукумати Афғонистон ва неруҳои НАТО ҷанг мекунад, даъват карданд. Барои иштирок дар музокирот Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон изҳори омодагӣ карданд.

Қаблан мақомоти Амрико борҳо Русияро дар таъмини силоҳҳои вазнин ба Толибон муттаҳам карданд.

Соли 2003 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва баъдан Додгоҳи олии Русия Толибонро созмони террористӣ эътироф карданд.

Le Monde: Фаронса амри боздошти раҳбарони хадамоти махсуси Сурияро содир кард

Сурия

Мақомоти Фаронса бораи боздошти ду мансабдори баландпояи хадамоти махсуси Сурия дастур доданд. Дар ин бора нашрияи Le Monde рӯзи 5 ноябр хабар дод. Ба гуфтаи рӯзноманигорон ин ду нафар ба содир кардани ҷинояти алайҳи башарият муттаҳам мешаванд.

Гуфта мешавад, ки яке аз айбдоршавандаҳо Алӣ Мамлук - раҳбари Идораи амнияти миллии Сурия аст.

Таҳқиқ дар заминаи аризаи шаҳрванди суриятабор сурат мегирад, ки соли 2016 муроҷиат кардааст. Ин нафар талаб дорад, қазияи нопадид шудани ду одами назидики ӯ, ки соли 2013 гумном шудаанд, бозҷӯӣ шавад.

Дар аризаи даъвоӣ омадааст, ки ҳарду нопадидшуда аз тарафи хадамоти амнияти Сурия боздошт шуданд. Ба навиштаи Le Monde, соли 2018 мақомоти Сурия тасдиқ карданд, ки ин ду афар бар асари сактаи қалб мураданд. Аммо ба гумони Порис мақомоти Димишқ дар дуздӣ ва ҳалокати ин ду нафар даст дорад.

"Дуэл"-и Трамп ва Обама дар остонаи интихоботи миёндавраӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп ва раиси ҷумҳури пешин Барак Обама рӯзи якшанбе дар маъракаҳои пешазинтихоботии ҷумҳурихоҳон ва демократҳо суханронӣ карданд. Ба гуфтаи Reuters ин суханрониҳо, ки дар як замон сурат гирифт мили "дуэли сиёсӣ" дар остонаи интихоботи 6 нобяр буд, ки сарнавишти назорати ҷумҳурихоҳон бар Конгрессро мушаххас мекунад.

Трамп ҳангоми суханронӣ дар аёлати Ҷорҷиа ва Теннессӣ демократҳоро "бандаи раҳзанҳо" номид ва онҳоро ба талошти хароб кардани иқтисоди Амрико муттаҳам кард, дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, ҷумҳурихоҳон ҷойҳои корӣ эҷод мекунанд.

Дар навбати худ Барак Обама дар аёлати Индиана гуфт, ки маъмурияти демократҳо дар 21 моҳи кориаш аз он чӣ Трамп мегӯяд ҷойҳои кории бештар сохт. Ӯ Конгресси таҳти назари ҷумҳурихоҳонро ба талоши камранг нишон додани дастовардҳои маъмурияти пешин ва поён бурдани молиёт барои шаҳрвандони сарватманд муттаҳам кард.

Рӯзи сешанбе амрикоиҳо барои Конгресс 435 аъзои Палатаи намояндагон ва 35 нафарро барои Сенат интихоб мекунанд. Ба гуфтаи Трамп райдиҳии фардо "реферундум"-и бархурди аҳолӣ ба ду соли аввали раёсати ӯ хоҳад буд.

Бинобар назарсанҷиҳо, демократҳо барои назорат бар Конгресс шонси зиёд доранд, мегӯяд хабаргузории Reuters. Агар демократҳо пирӯз шаванд, ки ибтикорҳои қонунии Трамп дар маҳдуд хоҳад шуд

Ёфтҳои бештар

Шарҳи боздошти 113 гумонбар ба узвият дар "Бародарони мусалмон"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Шарҳи боздошти 113 гумонбар ба узвият дар "Бародарони мусалмон"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Суқути ҳавопаймои Амрико дар Ғазнӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00
XS
SM
MD
LG