Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Покистон гуфт, Осия Бибӣ ҳаққи ба хориҷа рафтанро надорад

Осия Бибӣ

Осия Бибӣ, як зани масеҳӣ, ки лағви ҳукми қатли ӯ дар Покистон боис ба хашми исломгароёни тундрав шуд, аз тарафи мақомҳои ин кишвар мамнуъ-ул-хуруҷ гардидааст.

Нурулҳақ Қодирӣ, вазири умури дини Покистон, рӯзи 3-юми ноябр гуфт, ки Осия Бибӣ то замони баррасии дубораи қазияаш аз тарафи Додгоҳи олии ин кишвар ҳаққи ба хориҷа рафтанро надорад.

Гуфта мешавад, ин иқдом бахше аз тавофуқест, ки миёни ҳукумати Покистон ва гуруҳи “Таҳрики Лаббайк” сурат гирифтааст. Гуруҳи “Таҳрики Лаббайк” дар ин кишвар се рӯз тазоҳуроти густардаро роҳандозӣ кард.

Додгоҳи олии Покистон рӯзи чаҳоршанбеи гузашта ҳукми эъдоми Осия Бибиро лағв кард ва гуфт, ки ӯ аз банд раҳо шавад.

Осия Бибӣ соли 2010 бо ҷурми куфргӯӣ ба қатл маҳкум шуда буд. Пас аз ҳукми раҳоии ӯ, вакили мудофеи Осиё Бибӣ гуфта буд, қарор аст, ӯ ба зудӣ ба хотири дархости паноҳандагӣ ба Фаронса ва ё Испания биравад.

Покистон барои куфргӯӣ ҳукми қатл муқаррар кардааст ва чандин нафар чунин ҷазо гирифтаанд, вале ҳукми ҳеҷ яке аз онҳо то кунун иҷро нашудааст. Баъзе аз ин гуна афродро дертар озод кардаанд ва онҳо низ аз тарси хатар ба ҷонашон аз Покистон гурехтаанд.

Маркази Адолати Иҷтимоӣ дар шаҳри Лоҳур мегӯяд, аз соли 1987 то соли 2016 дар Покистон камаш 1472 нафар ба куфргӯӣ муттаҳам шудаанд. Ба гуфтаи созмон, аксарияти онҳо худи мусулмонон баъдан пайравони ҷараёни Аҳмадия, масеҳиён ва ақаллиятҳои ҳинду ҳастанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аксар вақт ифротгароён ва ҳам мардуми оддӣ дар Покистон бо сӯиистифода аз қонун дар бораи куфргӯӣ, аз фарде, ки ба ӯ хусумат доранд, ниқор мегиранд.

Эрдуғон: Дастури қатли Хошуқҷиро мақомҳои сатҳи болои Саудӣ додаанд

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия гуфт, ки дастури қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигор ва мухолифи сиёсатҳои Риёзро баландтарин раддаи ҳукумати Саудӣ додааст.

Аммо Эрдуғон афзудааст, ки гумон намекунад, подшоҳи Арабистони Саудӣ шахсан дар ин кор дахил бошад.

Эрдуғон инро дар як мақолае, ки рӯзи 2-юми ноябр дар рӯзномаи “Вашингтон Пост” нашр шуд, иброз кардааст. Хошуқҷӣ, ки барои ин рӯзнома кор мекард, дувуми октябр пас аз вуҷурд ба бинои консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул нопадид шуд.

Дертар мақомоти Туркия гуфтанд, ки ӯро аввал нафасгир ва сипас ҷасадашро пора-пора кардаанд.

Мақомоти Арабистони Саудӣ қатли Хошуқҷиро дар дохили консулгарӣ тасдиқ намуданд.

Барканории котиби генералии СПАД бо талаби Арманистон

Юрий Хачатуров

Котиби генералии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ Юрий Хачатуровро пеш аз муҳлат ба истеъфо фиристоданд. Вай аз ин мақом бо талаби ҷониби Арманистон озод шудааст.

Сомонаи расмии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ рӯзи 2-юми ноябр навишт, ҳоло ин масъулиятро Валерий Семериков бар уҳда дорад.

Хачатуров дар Арманистон ба пароканда кардани тазоҳуроти моҳи марти соли 2008 алайҳи натиҷаҳои интихоботи президентӣ, ки ба кушта шудани даҳ нафар сабаб шуд, муттаҳам аст. Ӯ он замон муовини вазири дифои Амрманистон буд.

Додгоҳи шаҳри Ереван моҳи июли имсол қарори боздошти Юрий Хачатуровро содир кард. Вале ӯ бо пардохти 5 миллион драм, муодили тақрибан даҳ ҳазор доллар замонат дар озодӣ буд.

Паймони амнияти дастҷамъӣ соли 1992 дар шаҳри Тошканд имзо шуда, соли 2002 ба Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ тағйири ном кард.

Ба узвияти ин созмони минтақавии сиёсӣ, ки ҳадафаш таъмини амният дар қаламрави кишварҳои узв аст, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил ҳастанд.

Аз ҳукумат хостанд, ки 2019-ро соли ғизои солим эълон кунад

Шералӣ Раҳматуллоев

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки соли 2019-ро “Соли амнияти озуқа, ғизои тоза ва тарзи ҳаёти солим” эълон кунад.

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хидматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ рӯзи 2-юми ноябр дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “амнияти озуқа ва ғизои солим аз масъалаҳои стратегӣ ба шумор меравад”.

Ӯ гуфт, ғизое, ки ҳоло аксари аҳолии Тоҷикистон истеъмол мекунанд, ба меъёрҳо мувофиқ нест.

“Аз ҳамин сабаб, тақрибан чиҳил дар сади занҳо вазни зиёд доранд, 11 дар сад лоғаранд ва 28 дар сади кӯдакҳо бо қадпастӣ ва камвазнӣ мувоҷеҳанд”, - афзуд ӯ.

Тақрибан ҳар сол дар Тоҷикистон ба мавзуъ ва масъалае бахшида мешавад. Соли 2018 аз тарафи ҳукумат соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Дар ин сол мақомот ва мардум талош доранд, ки сайёҳони бештарро ба минтақаҳои кишвар ҷалб кунанд ва ҳам пайваста намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мекунанд.

Аз он пеш Тоҷикистон соли оби тоза, Имоми Аъзам, соли оила ва технологияҳои навро эълон карда буд.

Путин бар хилофи иттиҳомҳои Ғарб аз ГРУ ситоиш кард

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 2-юми ноябр аз Идораи истихбороти низомии Русия ё ГРУ ситоиш кард. Ғарб ин идораро имсол ба хотири мавҷе аз ҳамлаҳо айбдор намудааст.

Путин дар садумин соли таъсиси ГРУ гуфт, дар мавриди ҳирфаӣ будан ва азму шуҷоати кормандони ин идора бовар дорад.

Бритониё Идораи истихбороти низомии Русияро ба заҳролуд кардани Сергей Скрипал, ҷосуси собиқ дар шаҳри Солсбери муттаҳам кардааст. Ҳолланд ин идораро барои талоши ҳак кардани Созмони ҷаҳонии назорат бар аслиҳаи кимиёвӣ муқассир донист.

Ва мақомоти амрикоӣ ГРУ-ро барои ҳак кардани компютерҳои маъракаи интихоботи президенти соли 2016 дар он кишвар муттаҳам намуданд.

Русия ҳамаи ин иттиҳомро рад кардааст.

"Падари Толибон" дар пайи як ҳамла дар Покистон кушта шуд

Мавлоно Самиул Ҳақ

Матбуоти Покистон мегӯяд, Мавлоно Самиул Ҳақ, ки бинобар таълим доданаш ба баъзе раҳбарони ҷумбиши ҷангӣ "падари Толибон" низ мегуфтанд, дар як ҳамла кушта шуд.

Шабакаи маҳаллии телевизиони Geo News рӯзи 2 ноябр бо такя ба гуфтаи Ҳамидул Ҳақ - писари ин руҳонӣ гуфт, ки ҳамлагари ношинос падарашро бо корд дар маҳали зисташ ба ҳалокат расонд.

"Падарам барои эътироз озими Исломобод буд. Бинобар баста будани роҳҳо ӯ ба хона баргашт ва ба утоқи хобаш даромад. Дертарт уро ғарқи хун ва мурда пайдо карданд"- гуфт Ҳамидул Ҳақ.

Аммо хабаргузории Reuters бо такя ба гуфтаи Юсуф Шоҳ - муовини Маволоно Самиул Ҳақ ва ҳамчунин яке аз наздикони ӯ гуфт, ки ҳамлагарони ношинос руҳониро бо туфанг куштанд.

Самиул Ҳақ, ки 80 сол дошт, ба мактаби исломӣ дар минтақаи Хайбар Пахтунхва раҳбарӣ мекард.

Матбуоти Покистон мегӯяд, ки Самиул Ҳақ дар интихоботи порлумонии моҳи июли соли равон аз ҳизби "Тариқати Инсоф" пуштибонӣ кард ва ҳизб пирӯз шуд.

Ҳизби нахуствазир Имрон Хон мехост дар пешбурди ислоҳоти мухталиф, аз ҷумла маорифу мараса, аз нуфузи Мавлоно Самиул Ҳақ истифода кунад.

Қирғизистон "9 узви терроризми байналмилалӣ"-ро боздошт кард

Неруҳои амниятии Қирғизистон

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки онҳо нуҳ нафарро бо гумони узвият дар гуруҳи байналмилалии террористӣ боздошт карданд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, аз нуҳ нафаре, ки дар вилояти шимолии Ҷуй боздошт шуд, панҷ нафар хориҷӣ ва чаҳор нафар шаҳрвандони Қирғизистон буданд.

Биноба изҳороти ин ниҳод, гумонбарҳо дар ҷалби одамон барои гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва Сурия даст доштанд ва ҳамчунин мехостанд дар қаламрави Қирғизистон силсилаи амлиёти террористӣ анҷом диҳанд.

Дар изҳорот омадааст, ки тафтиш ҷараён дорад ва мақомоти Қирғизистон дар ин робита бо хадамоти амнияти кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Ба маълумоти мақомоти Қирғизистон, дар солҳои ахир то 500 шаҳрванди ин кишвар ба гуруҳи терористии "Далати Исломӣ" дар Сурия ва ҷангиёни дигар ҳамроҳ шуданд.

Кормандони пулиси Уфа бо ҷурми таҷовузи ҳамкори худ боздошт шуданд

Пулиси минтақаи Бошқирдистони Русия

Дар давоми ду моҳи ахир дар Уфа аз се ду нафар, ки муфаттиши занро дастаҷамъона таҷовуз карданд, боздошт шуданд. Дар ин бора сомонаи "Медиазона" рӯзи 2 ноябр хабар дод.

Қаблан хабар расид, ки се гумонбари таҷовуз аз сафҳои Вазорати дохилии Русия ронда шуданд.

Кормандони пулис рӯзи 31 октябр боздошт шуданд. Ба маълумоти тафтишот, онҳо шаби сешанбеи ҳамон ҳафта ҳамкори худ, духтари 23-соларо таҷовуз карданд.

Исми гумонбарҳо эълон нашудааст. Аммо ба навиштаи "Коммерсант" инҳо - мудири шуъбаи пулиси Уфа Эдуард Матвеев, мудири шуъбаи пулиси ноҳияи Кармалинский Салават Галиев ва мудири шуъбаи пулиси Уфа дар умури муҳоҷират Павел Яромчук мебошанд.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба манбаҳояш аз боздошт шудани Матвеев ва Галиев гузориш додааст.

Ҳаракати мошинҳои калонҳаҷм дар роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан боздошта шуд

акс аз вебсайти IRS

Ҳаракати нақлиёти боркаши бузургҳаҷм дар роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан манъ гардид. Ширкати IRS, масъули нигоҳбони ин роҳ мегӯяд, боришоти зиёди барф онҳоро водор кард, ки ҳаракати мошинщои гаронвазнро муваққатан боздоранд.

Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан аз километри 155 то 173-и роҳи Душанбе-Чаноқ бориши шадиди барф ва яхбандӣ мушоҳида мешавад.

Сухангӯи IRS мегӯяд, нақлиётҳои боркаши “притсепдор” боиси тамбашавии нақлиётҳо мегарданд ва ба ин хотир муваққатан ҳаракати онҳо боздошта шуд. Далери Абдулло гуфт, ҳаракати нақлиёти хурдҳаҷм ва миёна феълан иҷозат аст.

Ҳамасола бо шуруи барфрезӣ ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон азҷумла роҳи Душанбе-Чаноқ ба мушкил мепечад. Бо вуҷуди онки ин роҳ ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз рӯи стандартҳои ҷаҳонӣ бояд 24 соат равуо дар он боз бошад, вале ҳамасола бо оғози фасли зимистон ронанадагон дар равуо мушкилӣ мекашанд.

Роҳи Душанбе-Чаноқ аз шоҳрагҳои нақлиётии Тоҷикистон ба шумор меравад, чун пойтахти кишварро бо шимоли он мепайвандад.

Додситонӣ шиканҷа шудани зани муттаҳам ба озори кӯдакро таҳқиқ мекунад

Додгоҳ, мурофиаи пурсарусадои занеро ки ба сузанзанӣ ба бадани тифли худ муттаҳам буд, муваққатан боздошт ва талаб намуд, ки таҳти шиканҷа эътироф кардани гуноҳи ӯ санҷида шавад. Қарор аст, ин таҳқиқ аз сӯи Додситонии кулл анҷом шавад. Ҳоло масъалаи таҳти шиканҷа иқрор шудани модар ба амали худ дар нисбати фарзанадаш як гиреҳи бастае дар ошкор кардани қазияи мазкур боқӣ мондааст.

Худоёр Ёрматов, вакили дифои ин зан, 2-юми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз додрас хостааст қазияро додситони кулл аз нав таҳқиқ ва муттаҳами аслиро пайдо кунад. Ин вакили дифо гуфт, зерҳимояш аз пурсишҳои аввал гуфтааст, ки ҷурмро зери фишору шиканҷа ба ӯҳда гирифтааст. “Аз ин хотир мо ҳам гуфтем ки, бигузор додситонии кулл аз нав инро таҳқиқ кунад ва хулосаи худро гӯяд”.

Муҳайё Ёқубова, модари Мудассир Каримов, тифле, ки табибон охири моҳи июн дар баданаш беш аз 10 сӯзан ёфтанд, рӯзи 3-юми октябр дар толори додгоҳ гуфт, қаблан гуноҳро зери фишору таҳдиди пулис ба гардан гирифта буд, “аммо дар асл ин корро накардааст”.

Ҳодиса аввали моҳи июли имсол расонаӣ шуд ва мақомот Муҳайё Ёқубоваи 26-сола, модари Мудассир Каримови яксоларо барои содир кардани ин ҷиноят гумонбар донистанд. Мақомот гуфтанд дар баёноти муқаддамотӣ модар иқрор шудааст, ки ба хотири аз Русия ба Тоҷикистон баргардондани ҳамсари муҳоҷираш ба чунин кор даст задааст. Иддаое, ки ин модар рад мекунад.

Аммо Муҳайё Ёқубова ба суоли аввалини додрас ва додситон, ки оё ӯ ба бадани фарзандаш беш аз даҳ сӯзан халондааст, посухи рад дод. Вай гуфт, рӯзи 6-уми июли имсол дар бозпурсии панҷсоатӣ, ин иттиҳомро зери фишор ва таҳдиди маъмурони милиса ба гардан гирифтааст. Муҳайё Ёқубова гуфт: “Онҳо таҳдид карданд, ки даҳ сӯзанро ба бадани худам мехалонанд ва мебинанд, ки чӣ гуна дард мекашам. Ҳамчунин дар шуъбаи корҳои дохилӣ, ки қариб панҷ соат маро бозпурсӣ карданд, гапҳои бад гуфтанд. Аз тарси рафтори номуносиби панҷ нафаре, ки маро бозпурсӣ мекарданд, ночор гуноҳро ба гардан гирифтам. Гуфтам, “ҳар чизе, ки мехоҳед, гӯед, ҳамонро мегӯям”.

Ҳоло парвандаи ин модар дар додгоҳ, бар асоси моддаи 110, қисми 2, яъне “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” баррасӣ мешавад. Барои ин ҷиноят аз 8 то 12 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Аввали моҳи июли имсол табибони бемористони Қарияи Боло аз ошкор шудани 10 сӯзан дар бадани як кӯдаки 9-моҳа хабар дода ва қотеона таъкид карданд, ки кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст. Ташхиси рентгенӣ сӯзанҳоро дар косахонаи сар, поёни ноф, пойҳо, гардану қафаси сина ва бахшҳои дигари ҷисми кӯдак ошкор кард. Ин сӯзанҳо дар баъзе қисматҳои бадани кӯдак дар зери пӯст ва ҷойҳои амиқ фурӯ рафтааст. Дар нахустин ҷарроҳӣ табибон 6 сӯзанро берун овардаанд.

Мудассир фарзанди дуввуми хонавода аст. Падари кӯдак дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буда, модар масъулияти тарбияи фарзандонро ба ӯҳда дорад. Табибоне, ки ин тифлро ҷарроҳӣ карданд, мегӯянд, чунин ҳодиса дар таҷрибаи кории онҳо бесобиқа буд.

Иттиҳоди Аврупо мунтазири сафари Шавкат Мирзиёев аст

Шавкат Мирзиёев

Қароргоҳи Иттиҳоди Аврупо интизори сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Брюссел аст, ки қарор аст ибтидои соли 2019ҷараён бигирад. Дар ин бора Ивета Григуле-Петерсе, вакили порлумони Аврупо рӯзи 2 ноябр хабар дод.

14-умин ҷаласаи кумитаи ҳамкориҳои порлумонии "Узбекистон-Иттиҳоди Аврупо" 1 ноябр дар шаҳри Тошканд барпо шуд. Ивета Григуле-Петерсе, раиси Иттиҳоди Аврупо дар умури робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳайати Аврупоро раисӣ кард.

"Брюссел президенти Узбекистонро мунтазир аст ва хуб мешуд, ки агар ӯ ибтидои соли оянда сафар кунад", - гуфт Ивета.

Ба гуфтаи ин вакили порлумони Аврупо, сафари Мирзиёев ба Аврупо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар панҷ соли оянда мушаххас месозад.

Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 вазъи озодии шаҳврвандон ва ҳуқуқи инсон дар Узбакистон беҳтар шуд ва ин пойтахтҳои ғарбиро ба ҳамкори бо Тошканд ташвиқ мекунад.

Билл Гейтс сармоягузории бунёди валиаҳди Арабистонро қатъ кард

Билл Гейст ва валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон. 14 ноябри соли 2017

Миллиардери амрикоӣ Билл Гейтс ба думболи қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул, ҳамкорӣ бо созмони хайриявии валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмонро қатъ кард.

Гейтс тасмим дошт, ба як ташаббуси хайриявии валиаҳди Саудӣ дар ҳаҷми 5 миллион доллар пул гузаронад. Ин ташаббуси валиаҳд ба рушди инноватсионӣ дар соҳаи маориф марбут буд. Гейтс гуфт, ҷараёни таҳқиқи куштори Хошуқҷиро пайгирӣ мекунад ва аз ин вазъ нигарон аст.

Хошуқчӣ 2 октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул нопадид шуд. Баъдтар хабари марги вай расонӣ гардид.

Арабистони Саудӣ гуфт, хабарнигори мунаққиди ҳукумати Арабистон ва бижа валиаҳди ин кишвар Муҳаммад, рӯзи 2 октябр дар консулгарӣ кушта шудааст. Мақомоти Арабистон ваъда доданд, ки омилони ин куштор муҷозот мешаванд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Арабистон мегӯянд, қатли рӯзноманигор аз пеш тарҳрезӣ нашуда буд.

Кишварҳои Ғарб сарфи назар аз шарҳи Риёз талаб доранд, ки таҳқиқот анҷом ва ҷузъиёти қатли Хошуқчӣ ошкор шавад. Дар ИМА талаб доранд, ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ бозбинӣ шаванд.

Президенти Тоҷикистон бо вазири умури дохилии Арабистони Саудӣ мулоқот кард

Дар Душанбе рӯзи 2 ноябр мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф баргузор шуд. Вебсайти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили марбут ба муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар мулоқот ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти амниятӣ таъкид шуд. Дар ин чаҳорчӯб вазъи сиёсию амниятӣ дар Афғонистон, таъмини амнияту субот дар кишварҳои олами ислом ва араб, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ баррасӣ шуд.

Дар ин нишаст инчунин омодагиҳо ба баргузории нишасти дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва дар ҳошияи он доир намудани ҳамоиши соҳибкорон дар шаҳрҳои Риёз ва Ҷидда ва Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст, менависад вебсайти президенти Тоҷикистон.

Раиси ҷамоате дар Деваштич барои порагирӣ дастгир шуд

Раиси як ҷамоат дар ноҳияи Деваштич бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир ва алайҳаш парванда боз шудааст. Як манбаи наздик ба тафтиши ин парванда рӯзи 2 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Комил Отабекзода, раиси ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштичро рӯзи 18 октябр кормандони Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд вақти гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пора аз сокинони ин маҳал “ба хотири мусоидат кардан ба гирифтани қитъаҳои замин” боздошт намуданд.

Ин манбаи огоҳ аз ҷараёни тафтиш гуфт: “Нисбат ба Отабекзода парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи “гирифтани пора” аз рӯи Кодекси ҷиноӣ боз карда шуда, тафтиши қазия давом дорад”. Ба гуфаи ӯ, замони тафтиши парванда Комил Отабекзода дар боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ба ҳабс гирифта шудааст.

Биноба иттилои додситонии Суғд, дар давоми соли 2017 ва 8 моҳи аввали соли 2018 дар минтақаи Суғд 1461 ҷинояти хусусияти коррупсиондошта ошкор гардида, беш аз 350 миллион сомонӣ зарарҳои молӣ маълум карда шудааст. Ба иттилои додситонӣ, дар соли 2017 мақомот 166 миллион сомонӣ зарарҳои молиро муайян карда буданд ва дар 8 моҳи имсол ин рақам беш аз 30 миллион афзудааст. Биноба ҳамин манбаъ, мақомот 388 парвандаро баррасӣ намуда, аз шахсони гунаҳгор 346 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст.

Додситонӣ мегӯяд, дар ин давра “аз ҷониби кормандону хизматчиёни сохторҳои назоратӣ 43, кормандони раёсати маориф 19, мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимият давлатӣ ва ҷамоатҳо 17, кумитаи идораи замин 17, андоз 14, ширкати “Барқи Тоҷик” 9, ҳифзи муҳити зист 8, идораи хоҷагии об 7, гумрук 4, бонкӣ 4, тандурустӣ 4, мақомоти милитсия, идоракунии ҳарбӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1 ададӣ, субъектони хоҷагидори ғайридавлатӣ 46 ва дигар ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорон 1266 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта содир карда шудааст.”

Собиқ муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Абдусамад Маннонзода ва раиси собиқи додгоҳи ноҳияи Айнӣ - Икром Ҷумъазода баландтарин мансабдорони давлатианд, ки дар ин муддат алайҳи онҳо ба гумони гирифтани ришва парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Bloomberg: Вашингтон омодааст ба Теҳрон гузашт кунад

Истихроҷи газ дар пойгоҳи Суруши Эрон

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико омодааст дар робита ба таҳримҳои зидди Эрон гузашт кунад. Bloomberg рӯзи 2 ноябр бо такя ба манбаҳояш хабар дод, ки Вашингтон ба харидории нафти Эрон аз ҷониби 8 кишвар, бо шумули Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳиндустон мухолифат намекунад. Дар ҷавоб ба ин нармиш, давлатҳое, ки истисно шудаанд, ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши қиммати нафт, бояд воридоти ин навъи энержиро камтар кунанд.

Департаменти давлатӣ ва Вазорати молияи ИМА хабари гузашт дар баробари таҳримҳои зидид Эронро шарҳ надодаанд. Ба гуфтаи Bloomberg, ин таъғирот ба таври расмӣ рӯзи ҷумъа эълон хоҳад шуд. Bloomberg мегӯяд, ки нармиш муваққатӣ аст.

Равобити Вашингтон ва Теҳрон моҳи май дар ҳоле тезутунд шуд, ки президенти ИМА Доналд Трамп аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон хориҷ шуд ва аз бозгашти тадриҷии таҳримҳои зидди Эрон хабар дод.

Мақомоти Амрико ва Исроил бовар доранд, ки созишномаи соли 2015 ба Эрон имкон дод, ки барои тавсеаи силоҳи ҳастаӣ мавод дастрас кунанд. Теҳрои ин иттиҳомро рад мекунад.

Трамп дубора хоҳони сахттар кардани сиёсати муҳоҷирати ИМА шуд

Доналд Трамп

Амрико ба касоне, ки аз гузаргоҳҳои ғайриқонунӣ вориди кишвар мешаванд, ҳаққи паноҳандагӣ намедиҳад.

Дар ин бора рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ президенти ИМА Доналд Трамп изҳори назар кард. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷироне, ки қонунро вайрон мекунанд, наметавонанд дар ИМА паноҳанда шаванд.

Президент хабар дод, ки ҳафтаи оянда ҳукумат нақшаи танзими муҳоҷират ба ИМА-ро муаррифӣ мекунад.

Чанд рӯзи пеш Трамп гуфт, ки тасмим дорад, банди конститутсионии Амрико дар бораи додани шаҳрвандии ин кишвар ба кӯдаконе, ки дар ҳудуди ИМА таваллуд шудаанд, бекор мекунад. Ба ҷуз ин, ӯ таҳдид кард, ки кумакҳои хориҷиро ба кишварҳои Амрикои Лотинӣ қатъ хоҳад кард. Шаҳрвандони чанде аз кишварҳои Амрикои Лотинӣ ба таври дастаҷамъӣ ба самти ИМА ҳаракат мекунанд.

Ашраф Ғанӣ мегӯяд, ки дар интихоботи оянда худашро номзад мекунад

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон барои аввалин бор гуфт, ки мехоҳад худро дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури он кишвар номзад намояд. Оқои Ғанӣ рӯзи панҷшанбеи 1-уми ноябр дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии "Блумберг" дар Кобул гуфт, ки мехоҳад дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури якбори дигар ба қудрат бирасад, то корҳоеро, ки оғоз кардааст, такмил намояд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҳоле дар бораи расидани дигарбора ба қудрат барои як давраи дигар тамоюл нишон медиҳад, ки миёни аҳзоб ва ҷараёнҳои сиёсии ин кишвар дар мавриди интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ва муаррифии номзади мавриди назарашон? баҳсу машваратҳо идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон гуфтааст, ки замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар он кишварро ҳафтаи оянда эълон мекунад. Раиси ҷумҳури Афғонистон дар мусоҳиба бо шабакаи "Блумберг" ҳамчунон гуфтааст, ки ба ҳадафи поёни ҷанги 17-сола дар Афғонистон, гурӯҳи Толибон бояд бо ҳукумати Ваҳдати миллӣ вориди гуфтугӯҳои мустақим шавад.

Вай гуфтааст, ки Толибон аз тариқи гуфтугӯҳои мустақим бо ҳукумати Афғонистон метавонанд дар раванди сулҳ кӯмак кунанд. Раиси ҷумҳури Афғонистон айни ҳол гуфтааст, ки Толибон ва дигар гурӯҳҳои даҳшатафкан талош доранд то ин кишварро ба хоку хун бикашонанд.

Баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2014, ки бо тақаллуб ҳамроҳ буд, Ашраф Ғанӣ ба қудрат расид. Рақиби пурқудрати ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар даври аввал ҳудуди 45 дарсади раъйи мардумро ба даст овард. Дар даври баъдӣ аксари номзадҳое, ки ба даври дувум роҳ наёфтанд, аз тарафдорони худ хостанд, ки аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳимоят намоянд.

Аммо Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон натиҷаҳои даври дувумро ба нафъи Ашраф Ғанӣ эълон кард ва он замон ин таҳаввулот Афғонистонро дар рӯбарӯи як бӯҳрони бузурги амниятӣ ва сиёсӣ қарор дод. Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва доктор Абдуллоҳ пас аз моҳҳо рақобат ва ҷангҷоли сиёсӣ дар бораи эҷоди ҳукумати ваҳдати миллӣ тавофуқ карданд. Ашраф Ғанӣ ба унвони раиси ҷумҳур ва доктор Абдулло Абдулло ба унвони раиси иҷроия ё нахуствазир, ба фаъолият оғоз карданд.

Тавсифи Владимир Жириновский аз Эмомалӣ Раҳмон

Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби ЛДП-и Русия ва муовини раиси Думаи давлатии Русия рӯзи 2-юми ноябр дар Душанбе бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд.

Аз ҷумла ба гуфтаи манбаъ, масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва беҳбуди вазъи муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия матраҳ шудаанд. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар ин дидор Жириновский аз шахсияти президент Эмомалӣ Раҳмон тавсиф намуд. "Мо нисбати Шумо эҳтироми самимӣ дорем ва Шуморо ҳамчун сиёсатмадори оқилу хирадпеша ва бунёдкор эътироф мекунем",-гуфтааст оқои Жириновский.

Владимир Жириновский рӯзи 31-уми октябр дар райъси як ҳайати 20-нафарии вакилони Думаи давлатии Русия ба Тоҷикистон омад. Вай дар ҷараёни ин сафар ҳамчунин бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва Меҳриддини Сироҷиддин, вазири умури хориҷӣ, дидору гуфтугӯ намуд.

Ҳамчунин вай аз Қалъаи Ҳисор, ангузорҳои шаҳри Турсунзода ва корхонаи "Талко" дидан кард. Рӯзи гузашта вай ҳамчунин бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи муштараки славянии Тоҷикистону Русия мулоқот намуд.

Бонки миллии Қирғизистон 4,8 млн соми Абдигуловро бахшид

Бонки миллии Қирғизистон тасдиқ кард, ки ба раиси ин бонк Толкунбек Абдигулов барои харидани манзил қарз дода шуда буд.

Тибқи муқаррароти бонк, ин ниҳод иҷозат дорад, ки ба кормандонаш бо ҳадафи кумаки иҷтимоӣ қарз диҳад.

Дар сурати марг ё маъюб шудан ва ё барои саҳми чашмрас гузоштан дар рушди низоми бонкиву иқтисодии кишвар, Бонки миллӣ ҳақ дорад, ки қарзро бахшад.

Абдигулов дар соли 2015 барои харидани манзил 5,5 миллион сом аз бонки мазкур қарз гирифта буд. Баъдтар вай ба кори дигар гузашт. Ҳоло Бонки миллӣ боқимондаи 4 миллиону 824 ҳазор сом (муодили 7 ҳазор доллар)-и қарзи ӯро бахшидааст.

Парлумони Арманистон нахуствазири кишварро интихоб накард

Парлумони Арманистон бори дуюм нахуствазири кишварро интихоб накард, гуфт рӯзи 1 ноябр бахши армании Радиои Озодӣ. Бар асоси конститутсияи Арманистон, парлумон пароканда мешавадва дар моҳи декабр интихоботи пеш аз мӯҳлат даъват хоҳад шуд. Ин як тақозои нахуствазири собиқ Никол Пашинян будааст. Овоздиҳии дубора барои интихоби нахуствазири кишвар 1 ноябр баргузор шуд ва танҳо номзад дар ин овоздиҳӣ Пашинян буд, ки ҳеҷ як депутат аз номзадии ӯ ҷонибдорӣ накард. Ҳеҷ нафаре ҳам мухолиф набаромад ва танҳо 13 нафар аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд. Ҳизби аксарияти ҷумҳурихоҳ гуфт, ки ба ҷонибдонии Пашинян овоз намедиҳад. 16 октябр Пашинян ба истеъфо рафт ва гуфт, ки чунин иқдом ба хотири даъват интихоботи зудрас анҷом мешавад. Дар ҳоле, ки дар парлумон аксариятро мухолифони ӯ аз ҳизби ҷумзурихоҳи Серж Саргсян ташкил медиҳанд.

Эътирозгарон роҳҳоро дар шаҳрҳои калони Покистон бастанд

Эътирозгарон дар Покистон барои рӯзи дувум аст, ки роҳҳоро дар шаҳрҳои калон бастаанд. Ин эътирозҳо аз сӯи аҳзоби динӣ ва бахши дигари бузург аз ҷомеаи Покистон дар мухолифат бо тасмими Додгоҳии олии он кишвар барои озодии як зани масеҳӣ роҳандозӣ шудааст. Осия Бибӣ, модари панҷ фарзанд дар соли 2015 ба иттиҳоми тавҳин ба муқаддасоти исломӣ аз сӯи додгоҳ ба қатл маҳкум шуда буд. Ин ҳукми додгоҳи Покистон он замон ба интиқодҳо аз сӯи кишварҳои ғарбӣ рӯбарӯ шуда буд.

Додгоҳи олии Покистон рӯзи сешанбеи 30-юми октябр ҳукми эъдоми Осия Бибиро лағв кард ва дастур дод, то ӯ аз зиндон раҳо шавад. Вакили дифои ин хонуми масеҳӣ гуфтааст, ки ӯ ба зудӣ Покистонро тарк хоҳад кард ва дар Фаронса ё Испания дархости паноҳандагӣ хоҳад дод.

Имронхон, нахуствазири Покистон аз эътирозгарон хостааст, то шоҳроҳҳоро набанданд ва ҳукуматро зери фишор қарор надиҳанд. Гурӯҳи исломии "Таҳрики Лаббайк Покистон", ки эътирозҳоро раҳбарӣ мекунад, раиси Додгоҳи олии Покистонро мавриди интиқоди шадид қарор дода ва гуфтааст, ки бояд дар бадали ин ҳукмаш, ба қатл бирасад.

Боздошти марде дар Қирғизистон бо иттиҳоми маблағгузории ДИИШ

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, як мардеро дастгир кардаанд, ки ба гуруҳҳои террористӣ дар Сурия 100 ҳазор доллар кумаки молӣ фиристодааст. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рузи 31-уми октябр бо нашри як баёния гуфт, як марди 28-сола бо истифода аз номи каси дигаре пулро ба номи аъзои гуруҳҳои ифротиву террористӣ мефиристодааст. Номи худи муттаҳам ба ҷиноятро ошкор накардаанд. Ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллӣ, боздошт рӯзи 14-уми октябр сурат гирифт ва он мардро ба ҳимояти молии терроризм, барангехтани адовати диниву мазҳабӣ ва сохтакории санадҳо муттаҳам мекунанд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, аз замони пайдо шудани гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия 500 шаҳрванди кишвар ба ин ду кишвари Ховари Миёна рафта ва ба сафи ин созмони террористӣ пайвастаанд.

Собиқ бандиҳои Гуантанамо узви дафтари Толибон дар Қатар шуданд

Муҳаммад Наим, сухангӯи дафтари Толибони Афғонистон дар Қатар. Нишасти матбуотӣ, Доҳа, соли 2013

Гуруҳи Толибон мегӯяд, панҷ узви худро, ки як даҳсолаи умрашонро дар зиндони Гуантанамо сипарӣ кардаанд, дар дафтари сиёсии ин гурӯҳ дар Қатар намоянда таъин кардаанд. Ин панҷ нафар акнун ҳақ доранд, дар ҳама музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон ширкат кунанд. Муҳаммад Фазл, Муҳаммад Набӣ, Хайрулло Хайрхоҳ, Абдулҳақ Васиқ ва Нурулло Нурӣ - панҷ фармондеҳи собиқи Толибон ҳастанд, ки соли 2014 аз зиндони Амрико дар ҷазираи Гуантанамо озод шуданд ва дар Қатар зиндагӣ мекарданд. Вале онҳо то кунун дар ҳеҷ гуна муомилаву фаъолиятҳои сиёсӣ мустақим ҷалб нашудаанд. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, сухангуи Толибон рузи 31-уми октябр бо нашри як баёния хабар додааст. Амрико ҳамаи ин панҷ нафарро дар ивази Бов Бергдал, сарбози асири амрикоӣ озод кард. Эълони Толибон дар ин бора дар ҳолест, ки гуфтугуҳо дар бораи ба роҳ андохтани музокироти сулҳ байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон ва хотима додан ба ҷанги 17-солаи онҳо дигарбора зиёд шудааст. Аввали ҳамин моҳ намояндагони Толибон бо Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон дар шаҳри Доҳаи Қатар дар бораи эҳтимоли музокироти сулҳ бо ҳукумат гуфтугӯ доштанд.

Мансабдорони Узбекистонро бо кулӯхҳо акс гирифтанд

Аз 27-уми октябри имсол аксе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, ки дар он шаш мард дар ҳолати бардоштани кулӯх болои сарашон сабт шудаанд.

Ин мардҳо онҳое ҳастанд, ки дар ноҳияи Оққурғони Узбекистон дохили ҷӯйбори оби сард аккосӣ шуда буданд.

"Мирзоев (Зойир Мирзоев, ноиб-сарвазири ҳамакнун пешини Узбекистон, идора) ҳамин ки заминро хушк дид, мансабдорони маҳаллиро таҳқир кард. Баъдан ӯ муовини роҳбари раёсати кишоварзӣ Қосим Бозорбоев, роҳбари шуъбаи заминсозӣ Абдулло Умаров ва дигаронро маҷбур кард, ки кулӯхҳои заминро болои сарашон бардоранд", - нақл кард як шоҳиди ҳодиса.

Ба гуфтаи ин шоҳид, Мирзоев ҳамчунин дастур дод, ки мансабдоронро дар он ҳолат аксбардорӣ кунанд ва акси онҳоро ба мансабдорони дигари ноҳия фиристанд.

Трамп гуфт, ба марзи Мексика то 15 000 низомӣ мефиристад

Президенти Амрико Доналд Трамп ният дорад, ба марзи кишвараш бо Мексика то 15 ҳазор низомӣ фиристад. Айни ҳол ҳамин теъдод низомии амрикоӣ дар Афғонистон ҳузур дорад.

Гуруҳҳои низомӣ ба кормандони Хадамоти гумруку муҳоҷират ёрӣ мерасонанд.

Дар ҳоли ҳозир дар марзҳои ҷанубии Амрико беш аз 5 ҳазор низомӣ ва зиёда аз 2 ҳазор корманди гвардияи миллӣ ҳузур дорад. Ин шумор низомӣ дар маҷмуъ баробар ба низомиҳои амрикоӣ дар Ироқу Сурия аст.

Қонун иҷозат намедиҳад, ки низомиҳо мустақим уҳдадориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро иҷро кунанд, аммо артиш метавонад ба мақомот ёрӣ расонад. Аз ҷумла, ҳангоми бетартибиҳо ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ.

Интихоботи ҳафтаи ояндаи Конгрессро ҳамчун раъйпурсии сиёсатҳои Трамп унвон мекунанд. Роҳбари Кохи Сафед дақиқан мехоҳад, собит кунад, ки муносибати ӯ нисбат ба муҳоҷирон - дар ин интихобот мавзуи калидӣ аст.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:21 0:00
XS
SM
MD
LG