Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Як зодаи Душанбе раиси идораи "Росреестр"-и Русия таъйин шуд

Парвиз Тухтасунов

Як зодаи шаҳри Душанбе раиси идораи "Росреестр" дар Русия таъйин шудааст.

"Росреестр" - идораи ягона ва асосии сабти номи амвол ва заминҳо дар қаламрави Русия аст ва моликони ҳама гуна бинову хона дар махзани иттилоотии он сабт мешаванд.

Фарди ба ин мансаб таъйиншуда Парвиз Тухтасунов ном дорад, ки соли 1985 дар шаҳри Душанбе зода шудааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии "Росреестр", Тухтасунов соли 2008 Академияи тиббии ба номи Сеченови шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Баъдан шомили Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов гашта, онро бо ихтисоси "молияи корпоративӣ" хатм кардааст.

Парвиз Тухтасунов аз соли 2011 то 2015 дар ширкатҳои гуногуни хусусӣ кор карда, соли 2016 ба идораи "Росселхозмониторинг"-и идораи назорати заминҳои кишоварзӣ дар Русия ба кор пардохтааст.

Вазифаи баъдии ӯ муовини роҳбари дастгоҳи "Росреестр" буд. Моҳи ноябри имсол бо фармони Максим Орешкин, вазири рушди иқтисод ва савдои Русия, ба вазифаи раиси "Росреестр" таъйин шудааст.

Русия ду маллоҳи украиниро ба ҳабс гирифт

Додгоҳе дар нимҷазираи аз ҷониби Русия ғасбшудаи Қрим ду низомии украиниро ба ҳабс гирифт. Ин афрод дар дохили киштӣ аз тарафи марзбонҳои рус дар гулӯгоҳи Керч боздошт шуданд.

Дар ин бора хабарнгигори Радиои Озодӣ Антон Наумлюк хабар дод. Додгоҳе дар шаҳри Симферопол бо қарори рӯзи 27-уми ноябри худ узви киштии “Яни Капу” – Виктор Варемеза ва маллоҳи қаиқи “Никопол” Сергей Тсибизовро ба муҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифт.

Ин ду маллоҳро дар убури ғайриқонунии марзи Русия аз ҷониби гурӯҳи афроде бо истифода аз зӯр муттаҳам карданд. Бар асоси ин модда ҳадди аксар то 6 соли зиндон пешбинӣ мешавад. Низомиёни украинӣ то 25-уми январ ба ҳабс гирифта шуданд.

Рӯзи 25-уми ноябр се киштии нирӯҳои баҳрии Украина бо истифода аз силоҳ дар гулӯгоҳи Керч боздошт шуданд. Дар Хадамоти амнияти федеролии Русия мегӯянд, ки киштиҳои украинӣ марзи Русияро убур карданд.

Украина амали Русияро ғосибкорӣ номид. Русия ин ҳодисаро амали тарҳрезишудаи Украина меномад. Дар маҷмӯъ, марзбонони рус 24 низомии украиниро боздошт карданд. Аз миёни онҳо рӯзи сешанбе дар додгоҳ 12 нафарашон ҳозир шуданд. Ба иттилои манобеъ, аз 3 то 6 нафари онҳо маҷрӯҳ шуда, дар бемористони Керч нигаҳдорӣ мешаванд.

Миррихнавард аз сайёраи сурх "selfie" фиристод. ВИДЕО

Миррихнаварди "InSight"

Дастгоҳи кайҳонии амрикоӣ бо номи InSight, ки рӯзи 26-умми ноябр дар Миррих нишаст, батареяи офтобии худро ба кор андохт ва нахустин аксҳои сатҳи Миррих, бо шумули "selfie"-ро ба замин фиристод.

Ба ғайр аз ин, дар чаҳорчӯби рисолати InSight олимони NASA акси Миррихро дар фосилаи шаст ҳазор километр аз сайёра дарёфт карданд.

Миррих
Миррих

Сафари InSight то Миррих ним сол давом кард. Рӯзҳои наздик, ба навиштаи нашрияи N+1, муҳандисони NASA дасти роботии миррихнавардро ба кор медароранд, то он дастгоҳи заилзиласанҷ ва рандаи электромеханикиро дар сатҳи Миррих насб кунад.

Аввалин маълумот аз ин дастгоҳҳо баъди ду-се моҳ дастрас мешавад. То он замон сенсорҳои ҳавосанҷ ва санҷиши магнитӣ ба кор медарояд. Ҳамаи ин дастгоҳҳо барои омӯзиши қишр ва асоси сайёра зуруранд. NASA бори аввал чунин миссияро анҷом медиҳад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҷиҳози кайҳонии ИМА аз Миррих акс фиристод
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:38 0:00

Бемористоне дар Маскав амалиёти хатнаи духтаронро пешниҳод мекунад

Акс аз бойгонӣ

Маркази бисёрсоҳавии тиббӣ бо номи "Бест Клиник" дар Маскав хатнаи духтарони то 12-соларо пешниҳод мекунад.

Дар ин бора як корбари беноми сомонаи "Медуза" рӯзи 18-уми ноябр дар як нома хабар дода, нусхаи пешниҳодро аз сомонаи клиника илова кардааст.

"Нишондоди тиббӣ барои чунин амалиёт вуҷуд надорад ва чунин амалиёт бо ангезаҳои суннатӣ ва мазҳабӣ анҷом мешавад", - омадааст дар сомонаи "Бест Клиник". "Азбаски ин амалиёт харобиовар мебошад, аз ин рӯ зарур аст, ки он на дар шароити хона, балки дар бемористон анҷом шавад",- афзудааст муассиса.

Баъди як рӯзи нашри нома дар "Медуза" бемористон муҳтавои эълонашро дигар карда, аз ҷумла калимаи "духтар"-ро бо "бемор" иваз кард.

Рӯзи 22-юми ноябр сомонаи "Бест Клиник" тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат ин гуна амалиётро пешниҳод мекунад ва қимати он 70 ҳазор рубл аст. Муовини мудири кулли "Бест Клиник" Любов Аксенова шарҳ дод, ки чунин амалиёт бо ангезаҳои мазҳабӣ анҷом мешавад. Ба дунболи ин, тавзеҳоти амалиёт низ аз сомона бардошта шуд.

Созмони Байналмилалии Беҳдошт ва Созмони Милали Муттаҳид хатнаи занонро амалиёти барбариёна унвон кардаанд. Ба маълумоти Созмони Милал, бо ин шева таносули беш аз 200 миллион зан тахриб шудааст. Аксари онҳо дар кишварҳои африқоӣ зиндагӣ мекунанд.

Соли 2016 созмони "Ибтикори ҳуқуқӣ" дар бораи хатнаи саросарии занон дар Доғистон гузориш пахш кард ва шаҳодати 25 занро овард, ки дар наврасӣ ин амалиётро пушти сар карданд. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, дар баъзе ноҳияҳои Доғистон ин таҷриба ҳанӯз вуҷуд дорад. Ба Думаи давлатии Русия тарҳе ворид шуда буд, ки барои ахтаи таносули занон то даҳ соли зиндонро пешбинӣ мекард.

Сокини Хоруғ бо иттиҳоми пахши Кимиёи Хурсанд боздошт шуд

Муслим Зикиллоев

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, Муслим Зикиллобеков, сокини шаҳри Хоруғ, ки ҳафтаи гузашта духтари Хурсанд Мазоров, яке аз роҳбарони ғайрирасмии вилояти Бадахшонро бо мошин пахш карда ва аз ҷои ҳодиса фирор намуда буд, боздошт кардаанд. Кимиёи Хурсанд, духтари Хурсанд Мазоров 12-сола ва хонандаи мактаби президентии шаҳри Хоруғ аст.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 27-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Зикиллобеков шаби гузашта дастгир шуд. Ба қавли ӯ, “феълан аз рӯи амалкарди Муслим Зикиллобеков санҷиш идома дорад.”

Умарҷони Эмомалӣ ҳамчунин гуфт, ки вазъи саломатии Кимиёи Хурсанд вазнин аст ва ӯ дар бемористон таҳти назорати пизишкон қарор дорад.

Ҳодиса шаби 24-уми ноябр дар маҳаллаи “Тирчит”-и шаҳри Хоруғ иттифоқ афтодааст. Мақомот дар ин кор Муслим Зикиллобеков, як сокини 22-солаи Хоруғро муттаҳам карданд. Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ин нафар ба ҷуз аз пахш кардани духтари Хурсанд Мазоров инчунин худрави яке аз кормандони пулисро корношоям кардааст.

Ба қавли манбаъ, Зикиллобеков дар ҳолати мастӣ ва бо нақлиёти сиёҳшиша ва берақам бо суръати баланд ҳаракат карда, ба талаби кормандони пулис низ итоат нанамудааст. Мақомот гуфтанд, Муслим Зикиллобеков пас аз пахши Кимиёи ноболиғ ба ӯ кумак нарасонда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Шодигул Қонунзода, мудири мактаби президентии Хоруғ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Кимиёи Хурсанд феълан дар шифохона бистарӣ аст.

Ҳоло дар шаҳри Хоруғ барои таъмини волоияти қонун шаш дидбонгоҳи пулис амал мекунад. Ин посгоҳҳо дар шаҳри Хоруғ ва дигар гӯшаҳои вилояти Бадахшон баъди он гузошта шуд, ки моҳи сентябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон интиқод кард.

Дар мулоқоти рӯзи 15-уми сентябр дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти вилоят интиқод кард, ки ба гуфтааш, "чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд". Баъди ин дар вилоят тағйироти кадрӣ сурат гирифт -- мақомоти ҳукумати вилоят ва сохторҳои додгустариву додситонӣ иваз шуда, дар вилоят амалиёти ҷамъоварии силоҳ ва поккории мошинҳои сиёҳшиша ба роҳ монда шуд.

Тавсиф ва танқид аз фаъолияти Бунёди Сорос дар Тоҷикистон

Ҷорҷ Сорос

Ҷорҷ Сорос, миллиардери саховатпешаи амрикоӣ, кори созмонаш дар Тоҷикистонро тарғиб карда ва дар ҷавоб ҳам таҳсин ва ҳам танқид шунидааст.

Ӯ рӯзи 25-уми ноябр дар як паёми кӯтоҳе дар Твиттер навиштааст, “фаъолияти “Ҷомеи Боз” дар Тоҷикистон, аз таҳсили инклюзивӣ барои афроди маълул сар карда то кумак дар рушди иқтисодии Тоҷикистонро фаро мегирад.”

Баъзе аз корбарони Твиттер дар шарҳи навиштаи Ҷорҷ Сорос ба ӯ таҳсин гуфтаанд, ки ба афроди муҳтоҷ ва Тоҷикистон кумак кардааст. Яке аз онҳо, аз ҷумла навиштааст, ки ба кори хайраш идома диҳад.

Айни замон гуруҳи дигаре Ҷорҷ Соросро ба он муттаҳам кардаанд, ки кумакҳояш беғараз нест.

“Ҷомеаи Боз” - Бунёди Сорос аз 1997, баъди шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Бунёд барои иҷрои барномаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, мусоидат ба демократия ва ҳуқуқи инсон то соли 2017 бештар аз 57 миллион доллар харҷ кардааст.

Бунёди ӯ дар кишварҳои зиёди ҷаҳон барномаҳои хайрия ва ҳамчунин тарҳҳои мусоидат ба рушди демократия ва риояти ҳуқуқи инсонро амалӣ мекунад.

Ҷорҷ Сорос 13 сол пеш бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк мулоқот кардааст.

Ғарб аз Русия раҳоии маллоҳони Украинаро талаб кард

Ҷонатан Аллен - муовини сафири Британия дар СММ

Давлатҳои ғарбӣ тасарруфи се киштии низомии Украина аз тарафи Русия ва боздошти гурӯҳи маллоҳонро маҳкум карда, амалкарди Русияро нақзи ошкори соҳибихтиёрии Украина ва созишномаҳои байналмилалӣ номиданд. Онҳо аз Маскав талаб карданд, ки маллоҳонро оҷилан озод кунад.

"ИМА иқдоми таҷовузкоронаи Русияро маҳкум мекунад", - гуфт котиби давлатии Амрико Майк Помпео. Ӯ аз Русия даъват кард, ки киштиҳо ва маллоҳони Украинаро баргардонда, ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ин кишвар эҳтиром гузорад. Ба гуфтаи Помпео, ҳарду ҷониб бояд хештандор бошанд, масъулиятҳои байналмилалии худро риоя кунанд ва президентҳои Русияву Украина дар ҳалли низоъ бевосита иштирок намоянд.

Муовини намояндаи доимии Бритониё дар СММ Ҷонатан Аллен гуфт, Русия бо амалҳои ахираш зидди Украина ба Ғарб таҳдид мекунад. "Москва мехоҳад, баҳри Азовро тасарруф кунад. Зоҳиран фикр дорад, ки ҷомеаи байналмилалӣ ба ин чашм мепӯшад ва онро чун як воқеияти нав мепазирад. На, мо инро нахоҳем пазируфт. Набояд ба Русия иҷозат дод, ки таърихро ба воситаи сохтани воқеиятҳои нав бознависӣ кунад", - афзуд ӯ.

Изҳороти намояндагони кишварҳои Ғарб пас аз он нашр шуд, ки порлумони Украина дархости президент Петр Порошенкоро барои эъломи ҳолати низомӣ дар чанд вилоят қабул кард. Ҳолати низомӣ дар вилоятҳои ҳаммарз бо Русия аз 28 ноябр ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ мешавад.

Раҳбари ҷангии ҳазораҳо бо фишори эътирозгарон озод шуд

Абдул Ғанӣ Алипур

Мақомоти Афғонистон раҳбари ҷангии ҳазораҳоро, ки ба нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам шудааст, бо васиқа ва баъди эътирозҳои чандрӯза аз боздошт раҳо кард.

Дафтари ноиби президент Сарвар Дониш рӯзи 26 ноябр гуфт, ки Абдул Ғанӣ Алипур, раҳбари артиши хусусӣ дар Афғонистони марказӣ, аз боздошт озод шуд, аммо муфаттишон ба таҳқиқи парванди ӯ идома медиҳанд.

Алипур, намояндаи ақалиятҳои шиамзҳаби ҳазора, рӯзи 24 ноябр дар Кобул боздошт шуд. Раҳоии ӯ аз боздошт баъди тазоҳуроти дурӯза ва даргирии садҳо тарафдораш бо пулис имконпазир шуд.

Ба гуфтаи Вазорати дохилии Афғонистон дар ҷараёни даргириҳо 48 сарбози пулис захм бардошт ва 8 постгоҳи амниятӣ ба коми оташ рафт. Ба гуфтаи мақомот, дар ин ҳодисаҳо касе кушта нашудаст.

Мақомоти беҳдошти Афғонистон теъдоди тазоҳургарони маҷруҳро 19 нафар шумурданд. Аммо ба иддаои эътирозгарон пулис ба сӯи онҳо тир кушод ва дастикам се нафарро ба ҳалокат расонд.

Хадамоти амнияти Афғонистон Абдул Ғанӣ Алипурро ба таъсиси артиши хусусии иборат аз 350 сарбози мусаллаҳ муттаҳам мекунад. Алипур мегӯяд, ӯ танҳо ҳазораҳоро аз Толибон, гурӯҳи паштунтабори Афғонистон ҳимоят мекунад.

"Марде, ки духтари Хурсанд Мазоровро бо мошин зад, таҳти ҷустуҷӯст"

Муслим Зикиллобеков

Мақомоти қудратии Тоҷикистон як сокини шаҳри Хоруғро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд, ки Кимиёи Хурсанд, духтари 12-солаи Хурсанд Мазоров, яке аз раҳбарони ғайрирасмии минтақаро бо худрав пахш кардааст. Вазъи саломатии духтари Хурсанд Мазоров вахим гуфта мешавад.

Як мақом дар ҳукумати вилояти Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса шаби 24-уми ноябр рух додааст. Ба қавли манбаъ, Кимиёи Хурсанд, хонандаи мактаби президентии шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи “Тирчит”-и Хоруғ бо худрав пахш шудааст.

Мақомот дар ин кор Муслим Зикиллобеков, як сокини 22-солаи Хоруғро муттаҳам мекунанд. Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ин нафар ба ҷуз аз пахш кардани духтари Хурсанд Мазоров инчунин худрави яке аз кормандони пулисро корношоям кардааст.

Ба қавли манбаъ, Зикиллобеков дар ҳолати мастӣ ва бо нақлиёти сиёҳшиша ва берақам бо суръати баланд ҳаракат карда, ба талаби кормандони пулис низ итоат нанамудааст. Мақомот гуфтанд, Муслим Зикиллобеков пас аз пахши Кимиёи ноболиғ ба ӯ кумак нарасонда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Ба иттилои мақомот, ҷустуҷӯи Зикиллобеков феълан идома дорад.

Шодигул Қонунзода, мудири мактаби президентии Хоруғ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Кимиёи Хурсанд феълан дар шифохона бистарӣ аст.

Ҳоло дар шаҳри Хоруғ барои таъмини волоияти қонун шаш дидбонгоҳи пулис амал мекунад. Ин посгоҳҳо дар шаҳри Хоруғ ва дигар гӯшаҳои вилояти Бадахшон баъди он гузошта шуд, ки моҳи сентябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи тартиботи ҷамъиятӣ дар ин минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон интиқод кард.

Дар мулоқоти рӯзи 15-уми сентябр дар шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти вилоят интиқод кард, ки ба гуфтааш, "чор ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд". Баъди ин дар вилоят тағйироти кадрӣ сурат гирифт -- мақомоти ҳукумати вилоят ва сохторҳои додгустариву додситонӣ иваз шуда, дар вилоят амалиёти ҷамъоварии силоҳ ва поккории мошинҳои сиёҳшиша ба роҳ монда шуд.

Бунёди Сорос фаъолияташро дар Туркия қатъ кард

Ҷорҷ Сорос

Бунёди миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос - Open Society Foundation - дар пасманзари танқидҳои шадиди президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон фаъолияташро дар ин кишвар қатъ кард. Изҳороти ин бунёди хайрия рӯзи 26-уми ноябр нашр шуд. Дар ин бора Deutsche Welle хабар дод.

Раҳбари Туркия филантропи амрикоиро ба "талоши эҷоди мухолифат дар байни давлатҳо" муттаҳам кард. Ба гуфтаи Эрдуғон, Сорос нафаронеро сармоягузорӣ мекард, ки гӯё дар табаддулоти нокоми моҳи июли соли 2016 дар Туркия даст доштанд.

Дар баробари ин, ба гуфтаи раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, Сорос аз сармоядори турк Осман Кавал пуштибонӣ мекард, ки як сол боз бидуни эълони айб дар боздошт қарор дорад.

Матбуоти Туркия борҳо Соросро барномарези эътирозҳои соли 2013 дар майдони Тақсими Истанбул унвон карда буд. Бунёди Сорос иттиҳомро рад мекунад.

Бунёди Сорос аз тарҳҳои марбут ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар саросари ҷаҳон пуштибонӣ мекунад. Ин муассиса борҳо мавриди ҳамлаи лафзӣ қарор гирифтааст.

Ҳукумати Маҷористон дар ин авохир Бунёди Соросро таҳти фишор қарор дод ва онро "агенти хориҷӣ" эълон кард. Мақомоти Маҷористон Соросро масъули дахолат ба умури кишвар, пуштибонӣ аз мухолифин ва мавҷи муҳоҷирон ба Аврупо номбар мекунанд.

Сорос пуштибонӣ аз паноҳандагонро миссия ё рисолати башарӣ меномад.

Қазоқистон занозании шаҳрвандонаш бо тоҷикон дар Русияро шарҳ дод (видео)

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон видеои занозанӣ бо иштироки шаҳрвандони ин кишварро дар Русия шарҳ дод. Видеои ин задухӯрд ахиран дар Интернет нашр шуд.

"Ҳодиса 22-юми ноябр дар ҳудуди корхонаи гази вилояти Амури Русия рух додааст. Дар занозанӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қазоқистон иштирок доштанд", - гуфт намояндаи расмии вазорат Алмос Садубоев.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, ҳодисаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ тафтиш доранд ва тамоми гунаҳкорон муайян карда шуданд.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки дар ҳудуди корхонаи гази Амур 22-юми ноябр ду гуруҳи муҳоҷирон - шаҳрвандони Қирғизистон ва Қазоқистон занозанӣ карданд.

Бино ба маълумоти ибтидоӣ, низоъ бо ангезаҳои маишӣ сар зада, яке аз иштирокдорон дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ шудааст.

Украина дар вилоятҳои ҳаммарз бо Русия ҳолати низомӣ эълон кард (видео)

Порлумони Украина

Порлумони Украина дар даҳ вилояти ин кишвар, ки бо Русия ва минтақаи ҷудоихоҳи Молдова -- Приднестров марзи муштарак доранд, аз 28-уми ноябр ба муҳлати 30 рӯз ҳолати низомӣ эълон кард.

Президенти Украина Петр Порошенко рӯзи фармони гузаштаашро тағйир дод ва муҳлати ҳолати низомиро аз 60 ба 30 рӯз кам кард. Ӯ дар шарҳи ин тасмим гуфт, ки намехоҳад, ҳолати низомӣ бо оғози маъракаҳои интихоботӣ рост ояд.

Порлумони Украина шаби 26-уми ноябр санаи интихоботи навбатии президентии кишварашро 31-уми марти соли 2019 муайян кард.

Порошенко ба Ситоди кулли Украина дастур дод, ки нақшаи сафарбаркунӣ, аз ҷумла даъвати афсарони эҳтиётиро таҳия ва размоиш баргузор кунад. Низомиён ҳамчунин амр гирифтанд, ки дифои ҳавоиро мустаҳкам кунанд.

Харитаи вилоятҳое, ки дар ҳолати низомӣ қарор гирифтанд
Харитаи вилоятҳое, ки дар ҳолати низомӣ қарор гирифтанд

Низомиёни Украина рӯзи 25-уми ноябр хабар доданд, ки Русия се киштии онҳоро дар тангнои Керч бо истифода аз силоҳ тасарруф кард ва дар ин ҳодиса шаш маллоҳ захм бардошт. Хадамоти амнияти Русия ё худ ФСБ мегӯяд, низомиёни ин кишвар ба самти киштиҳои зиреҳпӯши низомии "Бердянск" ва "Никопол" оташ кушоданд. Хабарҳое нашр шуданд, ки Русия киштиҳо ва низомиёни Украинаро баргардониданӣ нест.

Идораи амнияти Қрим гуфт, се киштии низомии Украина рӯзи 25-уми ноябр "ғайриқонунӣ" марзи Русияро убур карда, дар роҳ ба тангнои Керч амалҳои хатарноке анҷом доданд. ФСБ-и Русия истифодаи силоҳ зидди киштиҳои Украинаро тасдиқ кард ва хабар дод, ки се маллоҳи украинӣ захмӣ шуданд.

Таърихчаи буҳрон дар баҳр (видео)
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

Абдулазиз Комилов вазъи Афғонистонро дар Женева баррасӣ мекунад

Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов

Вазири умури хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов дар конфронси байналмилалии Афғонистон иштирок хоҳад кард, ки қарор аст, 28 ноябр зери сарпарастии СММ дар шаҳри Женева баргузор шавад.

Ба маълумоти Вазорати умури хориҷии Афғонистон, ҳайати ин кишвар дар ҷараёни сафари худ гуфтугӯҳои дуҷонибаеро ҳам анҷом хоҳад дод.

Иттиҳоди Аврупо ҳафтаи гузашта аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки ба барқарории сулҳ дар Афғонистон мусоидат кунанд. Тайи як ҳафтаи ахир танҳо дар шаҳри Кобул чанд ҳамлаи террористӣ анҷом шудааст.

Ба иттилои Associated Press, 25 ноябр дар натиҷаи ҳамлаи Толибон ба корвони мошинҳои пулиси Афғонистон дар вилояти Фароҳ дасти кам 20 корманди ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар кушта шуданд.

Додгоҳи Қазоқистон Аблязовро ғоибона ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард

Мухтор Аблязов

Додгоҳи шаҳри Тарази Қазоқистон рӯзи 27 ноябр сиёсатмадори мухолиф Мухтор Аблязовро, ки дар хориҷ ба сар мебарад, дар "куштори фармоишӣ"-и молик ва мудири пешини бонки "ТуранАлем" Ержан Татишев айбдор ва ғоибона ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.

Айбдоркунандаи давлатӣ 22 ноябр барои мухолифи ҳукумати президент Нурсултон Назарбоев ҳабси якумрӣ талаб карда буд. Вале вакили дифои ӯ Жанар Кисикова, ки аз тарафи давлат таъйин шудааст, гуфт, барои исботи айбномаи шахси зери ҳимояи ӯ далелҳои кофӣ пешниҳод нашуданд ва бинобар ин, додгоҳ бояд вайро бегуноҳ эълон кунанд.

Аблязов гӯё соли 2004 бо мақсади дубора ба даст гирифтани идораи "БТА бонк" куштори мудири бонк Ержан Татишевро дар ивази 4 миллион доллар ба Муродхон Тоқмадӣ фармоиш додааст.

Татишев моҳи декабри соли 2004 дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон кушта шуд ва тафтишот низ он замон ба хулосае омад, ки ӯ ҳангоми шикор дар натиҷаи як ҳолати тасодуфӣ ҷон бохтааст. Вале мақомоти қазоқ баъдан соҳибкор Муродхон Тоқмадиро, ки ҳангоми шикор бо Татишев дар як мошин буд, дар марги ӯ айбдор ва як сол аз озодӣ маҳрум карданд. Соли 2017 ин парванда бозбинӣ шуда, Тоқмадӣ гуфт, Татишевро бо фармони Аблязов ба қатл расонд. Дар натиҷа додгоҳ Тоқмадиро моҳи марти соли равон 10,5 сол зиндонӣ кард.

Додгоҳи Қазоқистон худи Аблязовро моҳи июни соли 2017 ғоибона бар пояи чанд банд, аз ҷумла "ташкили гуруҳи ҷиноӣ" ва "дуздӣ" 20 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вале Аблязов дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо эълом кард, ки парвандаҳо сиёсиянд ва ӯ дар куштори Татишев даст надорад.

Анҷумани мухолифони Қирғизистон хост, зидди Отамбоев парванда боз шавад

Алмосбек Отамбоев - президенти пешини Қирғизистон

Иштирокдорони қурултой ё анҷумани мардумии мухолифони Қирғизистон, ки дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро дар хиёнат ба ормонҳои инқилоби апрелӣ ва ғасби қудрат айбдор кард.

Онҳо 27 ноябр бо баргузории як нишасти хабарӣ гуфтанд, ки тасмим доранд, тамоми бандҳои қатъномаи худро иҷро кунанд. Анҷуман аз ҷумла аз Додситонии кул боз кардани парвандаи ҷиноӣ зидди Отамбоев ва аз порлумон қабули қонуни лағви дахлнопазирии ӯро талаб хоҳад кард.

Намояндаи пешини ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Иссиқкӯл Эмилбек Каптагаев мегӯяд, президенти кунунӣ Сооронбой Ҷеенбеков низоми хароби идориеро ба мерос гирифт, вале ба гуфтаи иштирокдорони қурултой, фаъолияти яксолаи ӯ қаноатбахш аст.

Иштирокдорони қурултой гуфтанд, анҷуман ба ҳадафҳои худ расид ва тасмим дорад, ҳамоиши дувуми худро моҳи апрели соли 2019 баргузор кунад. Қурултойи мухолифони Қирғизистон 24 ноябр дар шаҳри Бишкек зери унвони "Қирғизистон: дирӯз, имрӯз ва фардо" баргузор шуд.

Ҳамчунин дар қатъномаи анҷуман омадааст, ки парвандаҳои ҷиноии маҳбусони сиёсӣ бозбинӣ шавад. Фаъолияти даъвати кунунии порлумони Қирғизистон низ қаноатбахш арзёбӣ шуд.

Алмосбек Отамбоев аз соли 2011 то соли 2017 Қирғизистонро раҳбарӣ кардааст.

Як марзбони тоҷик барои марги ҳамхидматаш зиндонӣ шуд. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон охири ҳафтаи гузашта як сарбози нерӯҳои марзбониро бо ҷурми куштани ҳамхидматаш ба зиндон маҳкум кард.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, Сафармаҳмад Боқизодаи 20-сола барои аз беэҳтиётӣ паррондани ҳамхидматаш, ки боис ба марги ӯ шудааст, як солро паси панҷара хоҳад гузаронд.

Як манба дар додгоҳи ҳарбии Хатлон гуфт, алайҳи Сафармаҳмад Боқизода бар асоси моддаи 387, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ ё "вайронкунии қоидаҳои муносибат бо силоҳ" парванда боз шуда буд. Қонунгузории Тоҷикистон барои ин иттиҳом то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Аммо додраси парванда мегӯяд, додгоҳ ҳолати аз беэҳтиётӣ содир шудани ҷиноятро ба инобат гирифт ва нисбат ба сарбози нерӯҳои марзбонӣ як соли зиндон муқаррар намуд. Наздикони Сафармаҳмад Боқизода то ҳол аз рӯи қарори додгоҳ шикоят набурдаанд.

Ҳодисаи ҳалокати Алӣ Мирзоеви 26-сола аз тири Сафармаҳмад Боқизода охири моҳи сентябр рух дод. Марҳум сокини ноҳияи Деваштич ва гумонбар сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд будаанд. Қарор буд Боқизода дар тирамоҳ ва Алӣ Мирзоев соли оянда аз хидмати ҳарбӣ рухсат шаванд.

Қаблан як манбаи Радиои Озодӣ, ки аз ҷузъиёти парванда огоҳ аст, гуфта буд, "сарбози муттаҳам дар даст силоҳ доштааст. Ҳангоме ки Алӣ Мирзоев ба чӣ коре банд будааст, ӯ бо яроқ бозӣ мекунад ва ногаҳон тир холӣ мекунад. Он тир ба Алӣ Мирзоев мерасад ва ӯ дар ҷои ҳодиса ҷон медиҳад."

Моҳи июни имсол додгоҳи ҳарбии Хатлон сарбоз Муҳсинхӯҷа Султоновро, ки дар қатли Ҳасан Каримов айбдор дониста мешуд, ба 10 сол зиндон маҳкум кард. Дар аксар хабарҳое, ки дар бораи маргу мири сарбозон дар артиш нашр мешавад, гоҳо мушкили латту кӯб шудани онҳо аз ҷониби кӯҳнасарбозон чун сабаби аслии фоҷеа ном бурда мешавад.

Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ дар охири соли 2016 навишта буд, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст.

Ходимони давлатии Туркманистонро иҷборан ба пахтачинӣ мебаранд

Ходимони давлатии Туркманистонро иҷборан ба пахтачинӣ мефиристанд. Бархеҳоро барои иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии пахта то 15 рӯз ҳабс мекунанд. Дар ин бора хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.

"Аллакай охири моҳи ноябр аст, аммо дар ноҳияи Тахтабозори вилояти Марӣ одамонро то ҳол ба пахтазор мефиристанд. Инҳо асосан омӯзгор ва пизишкон ҳастанд - неруи ройгони корӣ",-гуфт хабарнигор.

Ба иттилои вай, сокинонро маҷбур мекунанд, ки боқимондаи пахтаро ҷамъоварӣ кунанд. "Барои иҷоракорон душвортар аст, онҳоро маҷбур мекунанд, ки пахта пайдо кунед, дар ҳоле ки дар саҳро дигар пахта намондааст. Ҳолатҳое мешавад, ки онҳоро то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ мекунанд, барои иҷро накардани нақша",-гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ҳукумати Туркманистон 9 ноябр хабар дод, ки дар ин кишвар 1 миллиону 50 ҳазор тонна пахта ҷаъмоварӣ шудааст.

Порошенко фармони эълони ҳолати низомӣ дар Украинаро имзо кард

Петр Порошенко

Бинобар авзо дар атрофи гулугоҳи Керч ва тасарруфи се киштии низомии Украина аз тарафи Русия, президент Порошенко фармони ҷори шудани ҳолати низомӣ дар Украинаро имзо кард. Ҳолати низомӣ барои ду моҳ - то 25 январ эълон мешавад. Дар ин бора саҳифаи расмии президенти Украина рӯзи 26 ноябр хабар дод.

Порошенко дар фармонаш амалкарди Русияро таҷовузи низомӣ унвон кард. Вазорати хориҷӣ дастур гирифт, ки бидуни таъхир баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои доимии САҲА-ро дархост кунад. Дар баробари ин, машваратҳо бо кишварҳои Ғарб раҳандозӣ мешаванд.

Ситоди генералии Украина дастур гирифт, ки барномаи басиҷ кардани нерӯҳои эҳтиётиро ба роҳ монад. Ба низомиён ҳамчунин амр шуд, ки ҳимояи ҳавоиро таҳким диҳанд. Бар поияи ин фармон, Хадамоти амнияти Украина бояд фаъолияти истихборотӣ, зидди тахрибкорӣ ва зидди террористиро мустаҳкам кунад.

Фармони Порошенко дар бораи ҳолати низомӣ бояд дар порлумони Украина тасвиб шавад.

Қонуни Украина дар бораи ҳолати низомӣ маҳдудияти баъзе озодиҳо - аз ҷумла манъи таҷамуъро пешбинӣ мекунад. Ба ғайр аз ин, дар вақти ҳолати низомӣ интихобот баргузор намешавад. Интихоботи президентии Украина ба охири моҳи марти соли оянда барномарезӣ шудааст.

Пештар аз ин, Маскав ва Киев якдигарро ба тавтеа муттаҳам карданд. Порошенко аз Маскав талаб кард, ки киштиҳоро бо маллоҳонаш оҷилан озод кунад. Дертар, Порошенко ва дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар бораи даъвати ҷаласаи оҷили Украина-НАТО қарор карданд. Ҷаласаи оҷили Шӯрои амнияти СММ ба бегоҳи имрӯз барномарезӣ шудааст.

Тасарруфи се киштии низомии Украина дар гулугоҳи Керч рӯзи гузашта маълум шуд. Ба гуфти ҷониби Украина, якчанд маллоҳи ин кишвар маҷруҳ шудаанд. Намояндаи президенти Украина дар ҷумҳурии мухтори Қрим Борис Бабин гуфт, ки якчанд маллоҳи захмии украинӣ ба Маскав интиқол ёфтанд. Бабин дар бораи аз кадом манбаъ дарёфт кардан ин хабар чизе нагуфтааст.

Ҷумҳурихоҳон аз мавқеи Трамп дар қазияи Хошуқҷӣ танқид карданд

Ҷамол Хошуқҷӣ

Якчанд сенатори ҷумҳурихоҳ аз мавқеи президент Трамп дар робита ба куштори журналисти Саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ норозӣ шуданд. Дар ин бора "Садои Амрико" рӯзи 25 ноябр хабар дод.

Ахиран Трамп гуфт, ки Амрико шарики Риёз боқӣ мемонад ва ба арзёбии Идораи истихбороти ИМА шубҳа кард, ки гуфтааст, ин куштор наметавонист бе амри валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон сурат бигирад. Президент он замон гуфт, ки Идораи истихборот ҳанӯз ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидааст.

Сенатори ҷумҳурихоҳ Майкл Ли дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии NBC гуфт, ки бо хулосаи Трамп дар робита ба нақши валиҳад дар куштори Хошуқҷӣ розӣ нест. Ли ҳамчунин куштори журналистро сабаби аслии мухолифаташ ба кумак ба Арабистони Саудӣ дар амалиёти низомӣ алайҳи Яман номид.

Ҷумҳурихоҳи дигар, Ҷон Эрнст дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN Риёзро шарики стратегии Вашингтон номид, аммо ҳамзамон, дар сурати исбот шудани ҷинояти шоҳзода, ба зарурати амалҳои баъдӣ таъкид кард.

Узви Конгресс Адам Шифт, муддаии раҳбарӣ ба кумитаи Платаи намояндагон дар умури истихборот, қавл дод, ки қазияи Хошуқҷиро таҳқиқ хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, эҳтимоли пайванди манфиатҳои молии Трамп ва сиёсати ӯ дар қиболи Арабистони Саудӣ бояд санҷида шавад.

ИМА қаблан 17 табааи Арабистони Саудиро, ки гуфта мешавад ба гуруҳи нест кардани Ҷамол Хошуқҷӣ шомил буданд, таҳрим кард.

Мақоланависи The Washington Post, Ҷамол Хошуқҷӣ, ки аз мунаққидони хонаводаи шоҳ ба шумор меомад, аввали моҳи октябр дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул кушта шуд. Хадамости махсуси Туркия ва ИМА мегӯянд, ки эҳтимол мақомоти аршади Саудӣ ва шахсан шоҳзода Муҳаммад бин Салмон дар ин куштор нақш доштанд.

Ҷасади Хошуқҷӣ, ки ба гуфтаи мақомоти Туркия дар консулгарии Саудӣ пора карда шуд, то ҳол ошкор нашудааст. Мақомоти Саудӣ 21 нафарро бо гумони куштори журналист боздошт ва нақши худро дар ин ҳамла рад кардаанд. Қазияи 11 нафар ба додгоҳ рафт ва додситони салтанатӣ барои панҷ нафари онҳо ҳукми эъдом талаб кард.

Эътирозҳои зидди амалкарди Русия дар чанд шаҳри Украина

Эътирози миллатгароёни украинӣ дар Киев

Дар вокуниш ба амалкарди Русия, ки се киштии низомии Украинаро дар Баҳри Сиёҳ ғасб кард, дар чанд шаҳри Украина амалҳои эътирозӣ сар шуданд.

Аз шоми дирӯз, баъди хабари ғасби киштиҳо, эътирозгарон дар назди сафорати Русия дар Киев ҷамъ шуданд. Онҳо бо худ борут, норинҷаки дудӣ ва шини автомошинаҳоро ба назди сафоратхона оварданд. Баъзеҳо "Марг ба Русия!" шиор медоданд. Маълум нест, ки он замон дипломатҳои рус дар сафорат буданд ё не.

Рӯзи душанбе намоишҳои эътирозӣ дар назди консулгарии Русия дар Лвов, Харков ва Одесса ҷараён гирифтанд. Тазоҳургарон аз Русяи талаб карданд, ки оҷилан киштиҳои Украинаро озод кунад.

Дар Киев тарафдорони созмони "Корпуси миллӣ" ҷамъ шуда аз мақомоти кишвари худ талаб карданд, ки ҳамагуна робитаро бо Русия қатъ кунанд. Баъдан миллатгароҳо ба назди бинои маъмурияти президент ва порлумон гузаштанд. Рӯзи душанбе порлумон дар посух ба амалкарди Русия бояд масъалаи дар кишвар ҷорӣ шудани ҳолати низомиро баррасӣ кунад.

22 сарбози Афғонистон дар ҷанг бо Толибон кушта шуд

Сарбозони артиши Афғонистон дар вилеяти Хост

Хабаргузории Reuters рӯзи 26 ноябр гуфт, ки дар ҷараёни даргирӣ бо ҷангиёни Толибон дастикам 22 сарбози артиши Афғонистон кушта шуд. Ҳодиса шоми якшанбе дар сарҳади Эрон ба вуқуъ пайвст. Ҷангиёни Толибон ба корвони сарбозон ногаҳон ҳамла буданд. Онҳо чаҳор мошинро маҳв карданд ва теъдоди зиёди силоҳро бо худ бурданд.

Мақомоти Афғонистон дар ин авохир хабарҳои марбут хисороти ҷонии сарбозонро камтар нашр мекунанд. Вазирати дифои ИМА чанде пеш гуфт, ки неруҳои Афғонистон ҳар моҳ дастикам 500 сарбозро аз даст медиҳад.

Сарфи назар аз талошҳои Амрико барои музокирот бо Толибон ҳамлаи ҷангиёни ин гурӯҳ дар Афғонистон киҳош наёфтааст., мегӯяд хабаргузории Reuters.

Ҳафтаи гузашта фиристодаи вежаи ИМА дар умури Афғонистон Залмай халилзод гуфт, ки то ҳол натавонист бо гурӯҳи тундрави Толибон дар бораи замон ва шарти хатми ҷанг созиш ба созиш бирасад. Залмай Халилзод талош кард Толибонро ба қатъи даргириҳо то моҳи апрели соли 2019 мутақоид кунад. Ин метавонист роҳро барои хуруҷи пурраи неруҳои Амрико аз Афғонистон боз намояд. Навиштааст хабаргузории Reuters рӯзи 19 ноябр.

Музокироти ИМА бо Толбион аз рӯзи ҷумъа то якшанбе дар Қатар ҷараён гирифт. Ҳадафи музокирот созиш барои қатъи даргириҳо то 20 апрели соли 2019 номбар мешуд, то Афғонистон тавонад интихоботи президентӣ баргузор кунад. Ба гуфтаи Халилзод, Толибон эътироф карданд, ки наметавонанд бо роҳи низомӣ бар неруҳои ИМА прирӯз шаванд. Намояндагони Толибон баъдан ин изҳоротро рад карданд.

Ба гуфтаи генерали амрикоӣ Ҷозеф Данфорд, ки хабаргузорӣ аз ӯ иқтибос кардаст, Толбибон феълан ҷангро дар Афғонистон "бой надодаанд". Агар то соли 2015, то се соли пеш, 72 дар сади кишвар таҳти назорати ҳукумат қарор дошт, феълан ин рақам то 58 дар сад поён рафтааст,- омадааст дар гузориши ҳукумати Амрико аз октябри соли 2018.

Амалиёти низомии кишварҳои узви НАТО алайҳи ҷумбиши Толибон ва шарикони он дар Афғонистон аз соли 2001 ба ин сӯ ҷараён дорад. Рӯзи 9 ноябр намояндагони ҷумбиши дар Русия мамнӯи Толибон бори аввал дар сатҳи расмӣ бо вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот карданд.

Духтури рус дар марги тифли шаҳрванди Узбекистон айбдор шуд

Елена Белая дар толори додгоҳ, 16 ноябри соли 2018

Додгоҳи шаҳри Калинингради Русия Елена Белая, сардухтури таваллудхонаро ба ҳабси хонагӣ фиристод. Ӯ дар марги тифли навзоди шаҳрванди Узбекистон айбдор мешавад.

Гуфта мешавад, 5 ноябри соли ҷорӣ шаҳрванди ҳомиладори Узбекистон дар ҳолати вазнин ба таваллудхона интиқол ёфт. Тифли навзоди ин зан ба сахтӣ нафас мекашид. Тафтишот мегӯяд, дар сурати кумки сари вақтӣ мумкин буд, навзод зинда монад.

Ба иттилои тафтишот, Елена Белая дастур додааст, ки ба навзод доруи "Куросурф" надиҳанд, ки як донаи он 20 ҳазор рубли русӣ - муодили тақрибан 2800 сомонӣ - арзиш дорад. Мақомоти тафтишотии вилояти Калинингради Русия мегӯянд, "сардухтур ба табибон дастур додааст, ки барои зинда намондани тифл тамоми чораҳоро андешанд".

Ҳангоми тафтишот Елена Белая гуфт, "доруи "Куросурф" арзиши гарон дорад". Яке аз кормандони таваллудхона мегӯяд, сарфи назар аз дастури сардухтур, ӯ ба тифли навзод доруи "Куросурф" дод, аммо дору натавонист, тифлро наҷот диҳад. Баъдтар Белая ба зердастонаш дастур дод, дар ҳуҷҷатҳо нависанд, ки тифл мурда ба дунё омада буд.

Бар зидди сардухтури ҳамакнун пешини таваллудхона бо моддаи "берун рафтан аз ҳадди салоҳиятҳои хизматӣ" парванда бозшудааст. То анҷоми тафтишот Елена Белая дар ҳабси хонагӣ боқӣ мемонад.

Ҷаласаи изтирории Шӯрои амният дар робита ба низои баҳри Азов

Ню Йорк - ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ

Интизор меравад, Шӯрои амнияти СММ рӯзи 26 ноябр дар робита ба бӯҳрони ногаҳонии вазъ дар тангнои Керч ҷаласаи изтирорӣ баргузор кунад. Дар ин бора намояндаи доимии ИМА дар СММ Никкӣ Ҳейлӣ дар Твиттер хабар дод.

Ҷаласа бо дархости Украинаву Русия баргузор мешавад. Москва дар робита ба ташаннуҷи авзоъ дар баҳри Азов ва оқибатҳои он ва Киев роҷеъ ба амалҳои таҷовузкоронаи Русия баргузории ҷаласаро дархост карданд. «Танҳо ба воситаи талошҳои ҳамоҳангшуда мешавад, аз рафтори ошкорои таҷовузкор пешгирӣ кард», - навишт намояндаи Украина дар СММ Владимир Елченко дар Твиттер.

Вазъ дар баҳри Азов 25 ноябр якбора бад шуд. Низомиёни Украина хабар доданд, ки киштиҳои кишварашон дар тангнои Керч бо истифода аз силоҳ ғасб ва шаш маллоҳ захмӣ шуд. Хадамоти амнияти Русия ё худ ФСБ мегӯяд, киштиҳои Украина марзи ин кишварро нақз карданд ва барои боздошти онҳо дар баҳри Сиёҳ аз силоҳ кор гирифта шуд.

Қарор аст имрӯз порлумони Украина эълони ҳолати низомӣ дар ин кишварро баррасӣ кунад. Ахиран Шӯрои амнияти миллии Украина ҳам аз ин тасмим ҷонибдорӣ кард.

.

Бӯрон шоҳроҳҳои Остона ва 5 вилояти Қазоқистонро баст

Минтақаи Қарағандаи Қазоқистон

Дар шаҳри Остона ва 5 вилояти Қазоқистон ба далели номусоидии боду ҳаво ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои байнишаҳрӣ мамнуъ шуд.

Рӯзи 24 ноябр ҳаракати тамоми навъи нақлиётро дар шоҳроҳҳои Остона-Қарағанда ва Остона - Қабанбойботир - Коргалжин манъ карданд. Ҳамчунин шоҳроҳҳои вилоятҳои Алмато, Қарағанда, Ҷамбул ва Қазоқистони Шарқӣ низ баста шуданд.

Бино ба иттилои ҳавошиносон, дар рӯзҳои наздик дар бештари минтақаҳои Қазоқистон меғ, бӯрон ва яхбандӣ дар назар аст.

Узбекистон омодагии неруҳои низомияшро имтиҳон мекунад

Зиреҳпӯшҳои артиши Узбекистон

Узбекистон бо ирсоли як нота ё худ ёддошт ҳамсоякишвари Қирғизистонро огаҳ кард, ки омодагии неруҳои низомияшро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон гуфт, ки нотаи Узбекистонро 25 ноябр дарёфт кард.

Дар ёддошт омадааст, Тошканд 26 ноябр тамрини низомиеро баргузор хоҳад кард, ки ҳадафи он баҳо додан ба омодагии ҷангии нирӯҳои мусаллаҳи Узбекистон аст.

Муаллифони нота гуфтаанд, размоиш дар асоси уҳдадориҳое гузаронида мешавад, ки Узбекистон дар баробари ҳамсояҳои худ дорад ва ин тамрин зидди манфиатҳои ягон ҳамсоякишвар равона нашудааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сайфулло Сафаров дар бораи бознишастагиву интихобот гуфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:00 0:00
XS
SM
MD
LG