Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Раҳпаймоии ҳазорҳо тарафдори Пашинян дар Арманистон

Никол Пашинян

Рӯзи шанбе ҳазорҳо тарафдорони сарпарасти мақоми сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар маркази Ереван раҳпаймоӣ намуданд.

Никол Пашинян дар хитобе ба тарафдоронаш гуфт, дар ҷараёни эътирозҳои осоиштаи баҳори имсол ҳокимият дар ин кишвар ба дасти мардум баргардонида шуд.

Дар моҳи октябр Пашинян эълон кард, ки аз мақоми нахуствазири Арманистон истеъфо медиҳад, то ин ки порлумони кишвар ҳам пароканда шуда, дар як интихобти пеш аз мӯҳлат маҷлиси нави қонунгузор интихоб шавад.

Интихоботи пеш аз мӯҳлати Арманистон рӯзи 9-уми декабр баргузор мегардад.

Нирӯҳои баҳрии Бритониё ҳашт паноҳҷӯи эрониро наҷот доданд

Ҳашт паноҳҷӯи эронӣ аз як заврақи хурде дар соҳили ҷанубии Бритониё наҷот дода шуданд. Вазорати корҳои дохилии Бритониё гуфт, ин ҳашт нафар, ки дар наздикии шаҳри Довер наҷот ёфтанд, акнун таҳти таҳқиқ ҳастанд.

То кунун рӯшан нест, ки паноҳҷӯёни эронӣ аз куҷо дохили обҳои Бритониё шудаанд.

Ду рӯз пеш чаҳордаҳ паноҷҳӯи эронии дигар замоне аз сӯи нирӯҳои баҳрии Бритониё наҷот ёфтанд, ки қаиқи онҳо дар ҳоли ғарқшавӣ буд.

Расонаҳои Бритониё гузориш додаанд, ки тайи як моҳи охир беш аз 90 паноҳҷӯи эронӣ бо истифода аз заврақҳои хурд дохили қаламрави ин кишвар шудаанд.

Дар қурултой пешниҳод карданд, ки Отамбоев ҳабс шавад

Шаҳрдори собиқи Бишкек пешниҳод кард, ки Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон ва ҳоло раиси Ҳизби сотсиал-демократ ҳабc карда шавад.

Наримон Тюлеев рӯзи 24-уми ноябр дар ин бора дар нишасти “Қурултой: дирӯз, имрӯз ва фардо” изҳорот дод, аммо далели чунин пешниҳодашро нагуфт.

Ӯ афзуд, дар як ҳавопаймо бо Отамбоев парвоз карда, севуним соат суҳбат доштааст. “Ман ба рӯяш гуфтам, ки дар охир туро мешинонанд ва ӯ ҷавоб дод, ки “бошад”. Маълум мешавад, ин одам барои ҳукми зиндон омода аст”, - гуфт Наримон Тюлеев дар қурултой.

Вай дар ин нишаст дар Бишкек гуфт, “имрӯз фурсате ҳаст, ки Отамбоев ба ҳабс гирифта шавад. Ва қадами баъдӣ... ман Сооронбой Шариповичи муҳтарамро намедонам, шинос нестам ва ягон бор дастӣ салом накардаам. Дар ҳаққи ӯ мегӯянд, ки “дӯсташро фурӯхт”. Аммо ӯ мардуми Қирғизистонро нафурӯхт ва як президенти мустақил шуд ва инро бояд бипазирем. Аз ин президент бояд ҳимоят кард.”

Рӯзи 24-уми ноябр дар шаҳри Бишкек нишасти намояндагони созмонҳои ҷамъиятиву сиёсии Қирғизистон баргузор шуд.

Онҳо ба даврони президентии Алмосбек Отамбоев ва кори Сооронбой Ҷеенбеков дар як соли охир баҳо дода, инчунин, вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии кишварро баррасӣ карданд.

Генерали бритониёӣ гуфт, “таҳдиди Русия аз ДИИШ камтар нест”

Раҳбари нави ситоди нирӯҳои мусаллаҳи Бритониё Русияро таҳдиди бузург ба ин кишвар номид.

Ӯ гуфт, ки хатари Русия ба Бритониё аз гуруҳҳои террористии “Давлати исломӣ” ва “Ал-Қоида” дида бештар аст.

Марк Карлтон-Смит дар суҳбат бо нашрияи The Telegraph гуфт, таҳдиди Русия бо зарфиятҳои артиши он кишвар маҳдуд намешавад. Ба қавли ин генерали бритониёӣ, Маскав талош дорад, бо ҳамлаҳои киберӣ ва, инчунин, аз тариқи фазову зери об суботи Ғарбро ба ҳам занад.

Карлтон-Смит дар ин мусоҳиба аз пешниҳодҳо барои тақвияти НАТО ҳимоят кард, аммо идеяи ташкили нирӯҳои ягонаи аврупоиро напазируфт.

Бритониё якҷо бо Амрико ва муттаҳидонашон шомили эътилофи байналмилалие ҳастанд, ки дар Ироқу Сурия алайҳи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” меҷангад.

Ба қавли генерали бритониёӣ, вақтҳои охир таҳдиди исломгароёни тундрав кам шудааст. Ӯ гуфт, гуруҳҳои тундрав тақрибан аз ҳамаи қаламравҳое, ки қаблан дар ихтиёрашон буд, маҳрум гардидаанд.

Иттиҳоди Аврупо: Узбекистон "дар роҳи дуруст аст"

Карин Кнайсл

Вазъи ҳуқуқи инсон дар Узбекистон дар ду соли охир беҳтар шудааст. Дар ин бора Карин Кнайсл, вазири корҳои хориҷии Австрия, ки дар ҳоли ҳозир раисии Иттиҳоди Аврупоро бар дӯш дорад, охири ҳафта изҳори назар кард.

Ӯ дар як нишасти матбуотӣ дар Брюссел гуфт, "мо мебинем, бештари зиндониёне, ки маҳбуси сиёсӣ дониста мешуданд, озод гардиданд. Ман як зиндонии дигарро медонам, ки дар ин рӯйхат боқӣ мондааст ва хуб мебуд, ки агар мо дар оянда мавҷудияти чунин рӯйхатҳоро фаромӯш мекардем."

Вазири корҳои хориҷии Австрия афзуд, Иттиҳоди Аврупо барои ҳимоят аз "барномаи овозадори ислоҳот"-и Узбекистон талош мекунад.

"Он чи мо мушоҳида мекунем, гувоҳи он аст, ки ҳама чиз дар роҳи дуруст равона аст", - афзуд вай.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбекистон, ки дар ин нишасти матбуотӣ ҳузур дошт, гуфт, Тошканд бояд кори зиёде анҷом диҳад ва кишвараш дар ин самт "стратегияи мушаххас" дорад.

Додгоҳи Украина шомилшавӣ ба НАТО ва ИА-ро тасдиқ кард

Додгоҳи Конститутсионии Украина марҳилаи шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро тасдиқ кард. Ин лоиҳаи қонунро президенти Украина Петр Порошенко таҳия кардааст.

Қароре, ки рӯзи 23-юми ноябр қабул шуд, тасмимҳои Украинаро барои шомилшавӣ ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО расман дар Конститутсияи ин кишвар ворид мекунад.

Маҷмаи порлумонии Иттиҳоди Атлантикаи шимолӣ борҳо аз шомилшавии Украина ба ин иттиҳод ҷонибдорӣ кард. НАТО мехоҳад, барои "муқобила бо хатарҳои Русия" дар Аврупои Шарқӣ, Украина узви созмон бошад.

Барои шомил шудан ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дар Украина бояд як қатор ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ сурат гирад.

Порошенко гуфт, то соли 2030 чунин ислоҳот сурат хоҳад гирифт. Ин дар ҳолест, ки Украина то кунун дар якҷоягӣ бо НАТО чанд размоиш барпо кардааст. Русия мухолифи густариши Иттиҳоди Атлантикаи шимолӣ ва баргузории размоишҳои густурдаи ин иттиҳод аст.

Вуруди Украина ба Иттиҳоди Аврупо яке аз талабҳои ширкатдорони инқилоби соли 2014-и Украина буд. Ин рӯзҳо панҷсолагии шуруъи инқилобро дар Украина таҷлил мекунанд.

Эрон аз фаъол шудани чархаи аввали Роғун ситоиш намуд

Эрон аз ифтитоҳи чархаи аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун ситоиш карда ва ин маросимро ба тоҷикон табрик гуфтааст. Сафорати Ҷумҳурии Исломӣ охири ҳафтаи гузашта дар саҳифаи расмиаш дар “Твиттер” навишт, дар сохтмони ин нерӯгоҳ ҳашт ширкати эронӣ низ ҳузури чашмрас доранд.

Чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун рӯзи 16-уми ноябр мавриди истифода қарор гирифт. Мақомот гуфтанд, чархаи дувуми нерӯгоҳ соли оянда ба истифода дода хоҳад шуд.

Лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун ҳанӯз аз замони Шӯравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ дар он вақт оғоз шуда буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ кард.

Нерӯгоҳи Роғун аз 6 чарха иборат аст ва дар сурати такмили он солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои манотиқи Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.

Сарбанди обанбори Роғун бо 335 метр баландӣ бузургтарин дарғоти ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Эрон иттиҳоми Амрикоро дар мавриди силоҳи кимиёӣ рад кард

Муҳаммадҷавод Зариф

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, иттиҳоми Амрикоро дар мавриди инки гӯиё Теҳрон барномаи аслиҳаи кимиёӣ дорад, рад кардааст.

Оқои Зариф рӯзи 23-юми ноябр дар “Твиттер” навишт, “ин гуна иттиҳом аз тарафи кишваре, ки аз истифодаи аслиҳаи кимиёӣ тавассути Ироқ алайҳи Эрон пуштибонӣ карда буд ва сипас бар Ироқ ҳамла кард, то бар тибқи иддаояш ин кишварро аз аслиҳаи кимиёвӣ пок кунад, натанҳо нописанд нест, балки хатарнок ҳам ҳаст.”

Як рӯз пеш аз шарҳи Муҳаммадҷавод Зариф, сафири Амрико дар Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида нигарон аст, ки Эрон ҳифзи барномаи аслиҳаи кимиёиро аз ин созмон пинҳон кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи Эрон ин аст, ки ба муҳимоти манъшудаи кимиёӣ даст ёбад.

Раҳбари гуруҳи мазҳабии “Лашкари лаббайк” дастгир шуд

Ходим Ҳусейн Разавӣ

Пулиси Покистон раҳбари гуруҳи мазҳабии "Лашкари лаббайк" ва чанде аз тарафдоронашро дастгир кард.

Ин гуруҳи мазҳабӣ дар эъломияе рӯзи 23-юми ноябр гуфт, Ходим Ҳусейн Разавӣ дар шаҳри Лоҳури Покистон боздошт шуд.

Гуруҳи "Лашкари лаббайк" таҳти раҳбарии Ходим Ҳусейн чанде пеш дар вокуниш ба лағви ҳукми эъдоми як зани масеҳии муттаҳам ба тавҳин ба муқаддасти ислом тазоҳуроти густурдаро роҳандозӣ карда буд.

Разавӣ ва ҷонибдоронаш танҳо пас аз он даст аз эътироз бардоштанд, ки ҳукумати Покистон гуфт, то замоне ҳукми эъдоми Осияи Бибӣ аз нав баррасӣ нашавад, иҷозаи хуруҷ аз кишварро нахоҳад дошт.

Ҳамла ба масҷиде дар пойгоҳи низомӣ даҳҳо кушта бар ҷой гузошт

Акс аз бойгонӣ

Дар таркише, ки дар дохили масҷиди воқеъ дар ҳудуди як пойгоҳи низомӣ дар Афғонистон рух дод, 27 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шуданд. Ин ҳодиса рӯзи 23 ноябр дар ноҳияи Исмоилхели вилояти Хост - шарқи Афғонистон рух дод. Таркиш лаҳзаҳое рух дод, ки намозгузорон барои адои намози ҷумъа ҷамъ омада буданд. Абдулаҳмад Зиё, як мақоми вилоятӣ гуфт, ки эҳтимолан шумори қурбониҳо афзоиш ёбад. Маълум нест, ки ин таркишро ҳамлагари маргталаб анҷом додааст ё на, вале Хостро ҳамчун пойгоҳи шабакаи Ҳаққонии Толибон мешиносанд. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта Толибон ҳамла дар макони анҷоми маросимҳои диниро маҳкум кардаанд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ҳамлаи имрӯзаро ба дӯш нагирифтааст.

Додраси тоҷик барои паст задани шаъну эътибор аз кор ронда шуд

Як додраси Додгоҳи шаҳри Турсунзода аз мақомаш барканор карда шуд. Мақомот гуфтанд, Муҳаббат Сафарализода “бинобар содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад”, аз мақом озод шудааст.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ҳам гуфт, ки рӯзи 23-юми ноябр дар ин замина фармони Эмомалӣ Раҳмон содир гардидааст. Ҷузъиёти “кирдор”-и Муҳаббат Сафарализода, ки боис ба барканориаш шуд, то ба ҳол маълум нест.

Тайи як соли охир тақрибан даҳ додраси додгоҳҳои кишвар аз кор ронда ва баъзеи онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Моҳи августи имсол Додгоҳи олии Тоҷикистон як додраси шаҳри Ҳисорро барои фасодкорӣ ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Дилшод Искандарзода моҳи январи имсол барои "риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо" аз мақомаш озод шуда буд.

Бархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, барканории баъзе аз додрасҳо бо сабаби нақзи қонун эътимоди бе ин ҳам то ҳадде костаи мардум ба адолати додгоҳӣ дар кишварро камтар хоҳад кард.

Ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 500 додрас фаъолият доранд.

Додрасҳоро раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъйин ва аз мақом озод мекунад.

Додгоҳе дар Русия репсарои маъруфро ба 12 шабонарӯз ҳабс маҳкум кард.ВИДЕО

22 ноябр, додгоҳ

Додгоҳе дар Русия репсарои маъруф Ҳаскиро ба 12 шабонарӯз ҳабс маҳкум кард.

Ҳаски, ки номи воқеиаш Дмитрий Кузнетсов аст, дар шабакаи YouTube беш аз 6 миллион мухлис дорад. Додгоҳе дар шаҳри Краснодар рӯзи 22 ноябр Ҳаскии 25-соларо барои иҷрои таронае, ки мақомдорон ва дағалиҳои полисро масхара мекунад, бар асоси моддаи авбошӣ ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Қарор буд, ки ӯ дар шаҳри Краснодар дар як клуби шабона ҳунарнамоӣ кунад, вале баъди ҳушдори полис дар бораи ин ки гӯё дар амалҳои ӯ “нишонаҳои ифротгароӣ” дида мешавад, макони баргузории консерт тағйир ёфт. Дар макони дуюми консерт полис нирӯи барқро хомӯш кард ва тамошобинон ба берун баромаданд. Видеоҳое, ки ба интернет роҳ ёфт, Ҳаскиро дар ҳолати сурудхонӣ дар болои мошин намоиш доданд. Полис ӯро дар ҳамин ҷо боздошт кард. Тарафдорони Ҳаски талош карданд пеши роҳ полисро бигиранд ва озод кардани Ҳаскиро тақозо карданд. Дар натиҷа, полис тавонист издиҳомро пароканда кунад.

Полиси Краснодар гуфт, ки соҳиби мошине, ки Ҳаски дар болои он истода ҳунарнамоӣ кард, барои хароб шудани моликияти хусусӣ ба полис шикоят навишт. Ин модда мӯҳлати тӯлонии зиндонро дар назар мегирад.

Ҳаски гуфтааст, ки ҷуброни ин хисоротро пардохт мекунад. “Ман ба он хотир чунин рафтор кардам, ки бояд ӯҳдадориҳои худро дар баробари мардуме, ки пул дода омадаанд, иҷро мекардам”.

Ҳаски бештар дар бораи мушкилоти ҷомеа ва норизоияти мардум аз мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ дар Русия таронаҳо иҷро мекунад.

Президент Трамп ишора кард, ки имкон дорад ба Афғонистон сафар кунад

Президенти ИМА Доналд Трамп ишора кард, ки имкон дорад барои ошноӣ бо вазъи нирӯҳои амрикоӣ барои аввалин бор ба Афғонистон биравад. Зимни суханронии рӯзи 22 ноябр ба муносибати Иди шукргузорӣ, ӯ дар ҷараёни як конфронси видеоӣ бо нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ба сарҳанге гуфт:

“Вақте ба Иёлоти Муттаҳида баргаштед, ман бо шумо дидор мекунам ваё шояд ман ба назди шумо меравад. Кас намедонад, ки чӣ мешавад”. Баъди ин ба саволи журналистон дар бораи ин ки то куҷо Трамп омода аст ба Афғонистон сафар кунад, президент гуфт: “Дар фурсати муносиб мо баъзе корҳои хеле ҷолиб анҷом медиҳем”. Трамп инчунин гуфт, ки ИМА феълан дар масъалаи Афғонистон “як музокироти хеле ва хеле ҷиддӣ пеш мебарад”. Вале ӯ нагуфт, ки оё ин музокирот бо Толибон ба роҳ монда шудааст ё хайр.

Муҳаққиқон исми ҷосуси руси дахил дар кудатои Черногорияро нашр карданд

Додситонии кулии Черногория дар Подгоритса таҳқиқи талоши кудато дар соли 2015-ро пеш мебарад

Гурӯҳи таҳқиқотии Bellingcat ва вебсайти русии The Insider мегӯянд, ки ҳуввияти афсари ГРУ ё Сарраёсати истихбороти вазорати мудофеаи Русияро ошкор кардаанд, ки дар кӯшиши ташкили кудато дар Черногория соли 2015 нақш доштааст. Мақомоти Черногория ду афсари ГРУ-ро барои ташкили як кудато айбдор карданд, ки ҳадафи ниҳоиаш боздоштани ин кишвари воқеъ дар минтақаи Балкан аз ҳамроҳшавӣ ба НАТО мебошад. Маскав ин ҳама иттиҳомотро рад мекунад.

Черногория июни соли ҷорӣ ба узвияти паймони низомии НАТО шомил шуд. Дар гузашта Bellingcat ва The Insider гуфтаанд, ки Эдуард Шишмаков, як афсари ГРУ-ро гумонбар медонанд. 22 ноябр ин ду пойгоҳ гуфтанд, ки нафари дуюм – Владимир Моисеев ном дорад. Барои додситонҳои Черногория исми ин шахс бо номи тақаллубии Владимир Попов маълум будааст.

Полиси Покистон аз ҳамла ба консулгарии Чин ҷилавгирӣ кард

Полиси Покистон се бомбгузори маргталабро пеш аз он ки вориди консулгарии Чин дар Карочӣ шуда ҳамлаи террористии худро анҷом диҳанд, нобуд кард. Ҳукумати Покистон талоши анҷоми ҳамлаи террористиро “тавтеаи” зидди ҳамкориҳои стратегии миёни Исломобод ва Пекин номид. Дар як ҳодисаи ҷудогона, дар паи таркиши бомба дар бозори серодами шаҳраке дар шимолуғарби Покистон, дасти кам 35 нафар кушта ва 50 нафар захмӣ шуданд.

Дар ҳамлаи Карочӣ, ки масъулияти онро гурӯҳи шӯришии “Артиши озодихоҳи Балуҷистон” ба дӯш гирифт, ду афсари полис ва ду сокини мулкӣ, ки барои визагирӣ омада буданд, кушта шуданд.

Амир Шайх, як раҳбари полиси маҳаллӣ гуфт, ки “вазъият таҳти назорат гирифта шудааст. Се ҳамлагар кушта шуд. Онҳо ҳатто натавонистанд вориди бино шаванд. Онҳо талош доштанд вориди бахши визадиҳӣ шаванд”.

Консулгарии Чин дар маҳаллаи Клифтони Карочӣ ҷойгир аст, ки таҳти назорати шадиди амниятӣ қарор дорад.

Нахуствазири Покистон Имрон Хон амр дод, ки ин ҳодиса таҳқиқ шавад ва гуфт, ки ин ҳодисаро “як тавтеа”-е номид, ки, ба гуфтааш, зидди ҳамкориҳои стратегии Чину Покистон равона шудааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин Генг Шуанг дар нишасти матбуотие дар Пекин гуфт, ки ”Чин ҳама гуна ҳамлаи хушунатбори зидди сохторҳои дипломатиро маҳкум мекунад ва дархост кардааст, ки Покистон тадбирҳои амниятии заруриро барои таъмини амнияти шаҳрвандони Чин ва сохторҳои ин кишвар рӯи даст бигирад”.

Қирғизистон шартҳои худро ба "Centerra" пешниҳод кард

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев 22 ноябр бо президент ва мудири иҷроияи ширкати Centerra Gold Inc. Скотт Перрӣ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Ҷонибҳо, аз ҷумла созишномаи стратегии Қирғизистон бо ширкати Centerra Gold Inc.-ро баррасӣ карданд. Ҷониби Бишкек шартҳои иловагиеро пешниҳод дорад, ки афзоиши пардохти зистмуҳитӣ ва ташкили бунёди ҳамкориҳои иҷтимоӣ барои рушди минтақаҳоро пешбинӣ мекунанд. Абилғозиев ҳамчунин шаффофияти раванди иҷрои тамоми қарорҳои дуҷонибаро муҳим номид.

Ҳукумати Қирғизистон бо роҳбарии сарвазири пешин Сафар Исҳоқов 11 сентябри соли 2017 шартномаи ҳифзи муҳити зист ва рушди сармоягузориро бо ширкати "Centerra" имзо кард. Бар асоси он ҳуҷҷат, ширкати канадагӣ пардохтҳои ҳарсолаи муҳитзистиро барои Қирғизистон аз 310 ҳазор доллар ба 3 млн доллар боло бурда, барои Бунёди рушди табиат 50 млн доллар ҷудо кард ва 10 миллион доллари дигар ба Бунёди рушди хадамоти онкологӣ ҷудо намуда, вазифадор шуд, ки ҳамасола то 6 млн доллар ба Бунёди тарҳи "Қумтор" сармоягузорӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси он шартнома, ҳамаи баҳсҳои додгоҳӣ бекор шуда, маҳдудияти кормандони "Қумтор" бардошта шуд. Аммо порлумони Қирғизистон ин созишномаро "хоинона" унвон карданд ва гуфтанд, Қирғизистон дар баҳс бо "Centerra " бой дод. Вакилон ҳамчунин аз он нигарон буданд, ки ҳукумат бидуни машварат бо порлумон шартномаро имзо кардааст.

Баъдтар сарвазири нави Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев гуфт, ки Қирғизистон шартномаро бозбинӣ мекунад.

Кони "Қумтор" калонтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки аз сӯи ширкати канадагии Centerra Gold Inc. идора мешавад. Қирғизистон 26 дарсади саҳмияи ширкатро дар ихтиёр дорад.

Узбекистон бо созмонҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқи инсонро баррасӣ мекунад

Узбекистон тасмим дорад, бо созмонҳои ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқ "гуфтугӯи созанда" ба роҳ монад ва бо созмонҳои байналхалқӣ ҳамкориро дар умури ҳуқуқи инсон густариш диҳад.

Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи панҷшанбе дар Форуми осиёии ҳуқуқи инсон дар Самарқанд изҳори назар кард.

"Авлавиятҳои асосии мо - ҳамаҷониба мусоидат кардан ба истифодаи зарфияти сокинон, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои аввалиндараҷа ва манфиатҳои қонунии инсонҳо аст. Сулҳ, амният ва устуворӣ аз ҳаминҳо вобаста аст", - гуфт Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев бар ин назар аст, набояд аз канор назорат кард, ки чи гуна шумори паноҳандагон ва фирориён афзуда, мушкилот дучанд мешаванд ва одамон аз таҳсилу табобат маҳрум мегарданд.

"Дар ин замина, бино бар боварҳои қатъии мо, ояндаи минтақаи Осиё бо аҳолии бештар аз 4,5 миллиард, аз бисёр ҷиҳат аз он вобаста аст, ки чи гуна дастурҳои СММ дар умури рушди устуворро риоя мекунад", - гуфт Мирзиёев.

Форуми осиёӣ дар умури ҳуқуқи инсон бори аввал аст, ки баргузор мешавад. Шавкат Мирзиёев моҳи майи соли ҷорӣ ҳангоми сафараш ба ИМА хостори баргузории чунин форум шуда буд.

Мураббиёни мактабҳои Ишқобод аз ҳисоби худ хонандагонро ба кино мебаранд

Мураббиёни мактабҳои варзишии шаҳри Ишқободи Туркманистон вазифадор шуданд, ки дар вақтҳои берун аз кор хонандагонро ба кино баранд.

Харҷи тамошои синамо аз ҳисоби мураббиён пардохт мешавад.

Чанд сокини шаҳри Ишқобод ба бахши Туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, бино бар талаботе, ки моҳи ноябр ба иҷро даромад, ҳар мураббӣ вазифадор аст, 5 хонандаро ба синамо барад.

Ин дар ҳолест, ки дар кинотеатрҳои Ишқобод интихоби синамо маҳдуд буда, давоми солҳои охир номгӯи филмҳо тағйир наёфтааст.

Мураббиён мегӯянд, мақомоти шаҳр мехоҳанд, аз ҳисоби иҷборан бурдани хонандагон ба синамо шумори муштариҳои кинотеатрҳоро бештар кунанд.

Трамп гуфт, дар сурати зарурат зидди муҳоҷирон оташ кушода шавад

Президенти ИМА Доналд Трамп ба низомиён иҷозат дод, дар сурати зарурат, дар марз бо Мексика ба самти муҳоҷироне оташ кушоянд, ки аз Амрикои Марказӣ меоянд. Дар ин бора телевизиони CNN хабар додааст.

Ба гуфтаи Трамп, дар миёни муҳоҷирон садҳо ҷинояткор ҳаст ва онҳо барои ӯ «интихоби дигар»-еро намегузоранд. Президенти ИМА ҳамзамон изҳори умед кард, ки зарурати оташкушоӣ ба самти муҳоҷирон пеш нахоҳад омад. Ӯ баста шудани тамоми марзҳои кишварашро бо Мексика аз эҳтимол дур надонист.

Трамп гуфт: «Агар зарурати тақвияти назорати марз зарур бошад, онҳо аз нирӯ истифода хоҳанд кард. Ман ризоят додаам. Фақат агар онҳо маҷбур шаванд, вагарна зарурат нест. Вале медонед, ки онҳо бо ҳадди ақал 500 ҷинояткори сангин сарукор мегиранд? Аз ин рӯ, ман иҷоза намедиҳам, онҳо бартарӣ дошта бошанд. Ман интихоби дигар надорам. Оё ман хоҳиши инро дорам, ки низомиёни амрикоӣ аз нирӯ истифода кунанд? На! Вале мо бо одамони хеле бад сарукор мегирем».

Аз ин пештар, ҳафтаи равон Вазорати дифои ИМА ба низомиён иҷозат дод, дар ҳолатҳои сар задани бетартибӣ ва таҳдидҳо ба ҷони кормандони гумруку марзбонон муҳоҷиронро боздошт кунанд ё зидди онҳо оташ кушоянд.

Ба марзҳои ҷанубии Иёлоти Муттаҳида муҳоҷирон асосан аз Амрикои Лотинӣ меоянд. Онҳо мақсади дарёфти паноҳандагӣ дар ИМА-ро доранд. Трамп борҳо гуфтааст, ки дар миёни онҳо «каллабурон» ҳам ҳастанд. Ба хатти марз ҳудуди шаш ҳазор низомии амрикоӣ сафарбар шудааст.

Дар Андиҷон корманди пулисро ҳангоми навбатдории шабона куштанд

Корманди пулиси ноҳияи Избоскани Узбекистон Илҳомҷон Ҳайдаров, ки 21 ноябр, ҳангоми навбатдории шабона шадидан латтукӯб шуда буд, дар бемористон даргузашт. Корманди ҳифзи ҳуқуқ мехост, шахсияти се ҷавонро муайян кунад, вале яке аз онҳо ӯро латтукӯб кардааст.

«Лейтенант Ҳайдаров мехост, шахсияти се ҷавонеро муайян кунад, ки ба куҷое мерафтанд. Ин вазифаи ӯ буд. Вале дар натиҷа миёни онҳо низоъ бархост ва яке аз ҷавонон Ҳайдаровро задааст», - хабар дод як корманди пулиси вилояти Андиҷон.

Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса дар марзи маъмурии ноҳияҳои Избоскан ва Пахтаободи Андиҷон рух додааст. «Ҳайдаровро баъд аз латтукӯб зуд ба наздиктарин беморхонаи Пахтаобод мебаранд. Вале шаби 21 ба 22 ноябр даргузашт», - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҷавоне, ки Ҳайдаровро латтукӯб кард, бо ҳамроҳонаш боздошт шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди «Куштори барқасдона» парванда боз шуда, додситонӣ тафтиш дорад.

Филми "Делбирим" 6 декабр ба намоиш медарояд. ВИДЕО

Достони филм бар пояи қиссаи нависандаи мардумии Қирғизистон Чингиз Айтматов таҳия шудааст, ки бо номи "Ниҳолаки рӯмолсурхаки ман" маъруф аст.

Нахустнамоиши филм дар Қирғизистон 6 декабр дар назар аст. Дар Ӯзбекистон он аллакай ба намоиш даромадааст.

Филми мазкурро дар деҳаҳои Наной ва Говаи вилояти Намангони Ӯзбекистон ва дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон сабт карданд.

Нақшҳои асосӣ - Илёс ва Байтемирро бозигарони ӯзбек Адиз Раҷабов ва Улуғбек Қодиров меофаранд. Нақши Асал ва Хадичаро - бозигарони қирғиз Мадина Талипбек ва Элина Абай қизӣ бозӣ мекунанд.

Ҳарчанд филм бар пояи асари Айтматов сохта шудааст, рӯйдодҳои он гӯё дар замони мо сурат мегиранд.

Ҷониби Қирғизистон пешниҳоди ҳамкорӣ кард ва ҷониби Ӯзбекистон бо қабули ин пешниҳод таҳияи филми "Делбирим"-ро рӯи даст гирифт. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ дар таҳияи ин филм кумак кардааст.

Мансурҷон Умаров сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон шуд

Мансурҷон Умаров

Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, аз мақоми худ озод ва сардори нави раёсати зиндонҳо таъйин шуд. Умаров ҳамзамон муовини вазири адлияи Тоҷикистон аст.

Ин тағйирот рӯзи 23-юми ноябр бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Иззатулло Шарифзода сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон бо сабаби бознишаста шудан аз мақомаш озод шуд.

Тағйироти кадрӣ дар раёсати зиндонҳо дар пайи ошӯб дар зиндони рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Дар ин ошӯб, ба қавли мақомот, 21 маҳбус ва 2 зиндонбон ҷон доданд.

Ошӯб дар зиндони Хуҷанд аз пурсарусадотарин ҳодисаи чанд моҳи охир дар Тоҷикистон буд. Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" эълон кард, ки ошӯб дар зиндони Хуҷанд кори дасти онҳо буд.

Ҳамла ба консулгарии Чин дар шаҳри Карочии Покистон

Шаҳри Карочӣ. Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 23-юми ноябр дар пайи ҳамла ба консулгарии Чин дар шаҳри Карочии Покикистон, ҳадди ақал ду пулис кушта ва як тани дигар захмӣ шудааст. Ҳамла ба консулгарии Чин дар Карочӣ соатҳои 9:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух додааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои байналмилалӣ, як гурӯҳи ҷудоиталаби балуҷ, ки худро "Артиши озодибахши Балуҷистон" меномад, масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира" гузориш медиҳад, ки ҳамла ба ин маҳал дар шаҳри бандарии Карочӣ ҳамчунон идома дорад. Як шабакаи телевизионии Покистон мегӯяд, дар атрофи маҳали консулгарии Чин садои таркиш низ шунида шудааст. Ҳамин шабака аз марги яке аз ҳамлагарон хабар додааст. Ба гузориши хабаргузориҳо, ҳеҷ яке аз кормандони сафорат дар ин ҳамла осеб надидааст.

Шодихон Ҷамшед вазифаи нав гирифт

Шодихон Ҷамшед, собиқ раиси вилояти Бадахшон, ки дар пайи интиқоди раисҷумҳур аз вазъи тартибот дар ин вилоят барканор шуда буд, мақоми нав гирифтааст. Дафтари матбуоти президент мегӯяд, Шодихон Ҷамшед бо фармони президент ба вазифаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъйин шуд.

Ба қавли манбаъ, бо фармонҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе иваз шуданд.

Ҳамин тавр Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, раиси ноҳияи Фирдавсӣ, Рустам Акрамзода, раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳамидулло Маҳмадшозода, раиси ноҳияи Тоҷикобод, Исломиддин Хайриддин, раиси ноҳияи Данғара ва Парвиз Акрамзода, раиси ноҳияи Ховалинг таъйин шуданд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Ҷамшед Табарзода, бо қарори ҳукумат минбаъд дар вазифаи директори КВД "Хоҷагии манзилию комуналӣ" кор мекунад. Алимурод Исломзода, раиси пешини ин корхонарӯзи 6-уми ноябр дар синни 63-солагӣ даргузашт.

"Гумонбари узви ДИИШ дар Итолиё видеои ҳамла дар Данғараро таблиғ мекард"

Аз миёни ин ҳамлагарон як нафар зинда монд. Додгоҳи олӣ Ҳусейн Абдусамадов (дар байн)-ро ба зиндони абад маҳкум кард

Матбуоти Итолиё рӯзи 22-юми ноябр хабари боздошти марди мисриро нашр кард, ки барои нияти сафар ба манотиқи таҳти назари ДИИШ боздошт шуд.

Мақомоти тафтишотии Итолиё гуфтанд, Исом Алсаид Шалабии 22-сола рӯзи 21-уми ноябр боздошт шуд. Шалабиро барои таблиғи ақидаи ҷиҳодиҳо тавассути паёмрасонҳои интернетӣ ва раҳбарии гурӯҳи хурди тарафдорони ДИИШ муттаҳам мекунанд.

Полис гуфт, Шалабӣ тавассути барномаи Телеграм видеоҳои таҳияшудаи аъзои ДИИШ-ро паҳн мекард ва дар миёни онҳо инчунин видеои ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳам ошкор шудааст. Ин ва дигар видеоҳои ҳамлаҳои ҷангҷӯёнро Шалабӣ дар миёни корбарони гурӯҳи хоси тарафдорони ДИИШ дар Телеграм пахш мекард.

Дар ҳамла ба ҷаҳонгардон чаҳор нафар кушта шуд ва рӯзи 21-уми ноябр Додгоҳи олӣ муттаҳами аслии анҷоми ин ҳамларо дар Тоҷикистон ба ҳукми зиндони абад маҳкум кард.

Масъулияти ҳамлаеро, ки рӯзи 29 июл аз ҷониби гурӯҳи панҷнафараи сокини Тоҷикистон анҷом шуд, гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт. Ин нахустин ҳамлаи аъзои ин гурӯҳ буд, ки дар хоки Тоҷикистон ва бо дасти шаҳрвандони ин кишвар анҷом шудааст.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:21 0:00
XS
SM
MD
LG