Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

"Гумонбари узви ДИИШ дар Итолиё видеои ҳамла дар Данғараро таблиғ мекард"

Аз миёни ин ҳамлагарон як нафар зинда монд. Додгоҳи олӣ Ҳусейн Абдусамадов (дар байн)-ро ба зиндони абад маҳкум кард

Матбуоти Итолиё рӯзи 22-юми ноябр хабари боздошти марди мисриро нашр кард, ки барои нияти сафар ба манотиқи таҳти назари ДИИШ боздошт шуд.

Мақомоти тафтишотии Итолиё гуфтанд, Исом Алсаид Шалабии 22-сола рӯзи 21-уми ноябр боздошт шуд. Шалабиро барои таблиғи ақидаи ҷиҳодиҳо тавассути паёмрасонҳои интернетӣ ва раҳбарии гурӯҳи хурди тарафдорони ДИИШ муттаҳам мекунанд.

Полис гуфт, Шалабӣ тавассути барномаи Телеграм видеоҳои таҳияшудаи аъзои ДИИШ-ро паҳн мекард ва дар миёни онҳо инчунин видеои ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳам ошкор шудааст. Ин ва дигар видеоҳои ҳамлаҳои ҷангҷӯёнро Шалабӣ дар миёни корбарони гурӯҳи хоси тарафдорони ДИИШ дар Телеграм пахш мекард.

Дар ҳамла ба ҷаҳонгардон чаҳор нафар кушта шуд ва рӯзи 21-уми ноябр Додгоҳи олӣ муттаҳами аслии анҷоми ин ҳамларо дар Тоҷикистон ба ҳукми зиндони абад маҳкум кард.

Масъулияти ҳамлаеро, ки рӯзи 29 июл аз ҷониби гурӯҳи панҷнафараи сокини Тоҷикистон анҷом шуд, гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт. Ин нахустин ҳамлаи аъзои ин гурӯҳ буд, ки дар хоки Тоҷикистон ва бо дасти шаҳрвандони ин кишвар анҷом шудааст.

Пурсиш: Путинро 56 % пуштибонӣ мекунанд

“Левада” – як маркази назарпурсии мустақил дар Русия, гуфт, ки мизони маҳбубияти президент Владимир Путин поин рафта нахустин бор дар панҷ соли охир зери 60 дарсад қарор гирифтааст. Бар асоси натиҷаҳои пурсиш, ки рӯзи 22 ноябр нашр шуд, 56 дар сади мардум гуфтаанд, ки омода ҳастанд ба Путин дар интихоботи соли 2024 овоз диҳанд. Ин нишондод 10 % камтар назар ба соли гузашта будааст.

Бори охир дар соли 2013 мизони маҳбубияти Путин зери 60 дарсад рафта буд. Путин, ки аз соли 1999 дар сари қудрат аст, дар интихоботи имсолаи моҳи март ҳам бо раъйи оро барандаи интихоботи президентӣ шуд. Нозирон гуфтанд, ки интихобот бо тақаллуб гузашт ва ба андешаи нозирони байналмилалӣ, бидуни рақобати воқеӣ буд.

Ислоҳоти низоми нафақа дар Русия, ки бисёриҳоро нороҳат кард, боиси осеб дидан маҳбубияти Путин шуд ва эҳсоси ғуруре, ки дар паи ғасби нимҷазираи Қрими марбут ба Украина вуҷуд дошт, хеле поин омад. 66 дар сади сокинони Русия бовар доранд, ки дар тамоми мушкилоти Русия маҳз Путин гунаҳгор аст, дар ҳоле, ки танҳо 22 дар сад ӯро қисман айбдор мекунанд. Дар пурсиши афкори умуми “Левада”, ки рӯзҳои 18 то 24 октябр баргузор шуд, 1600 нафари аз 18-сола боло дар 136 нуқоти Русия иштирок карданд.

Дар ҳамлаи Толибон ба сарбозон чор нафар кушта шуд

Харитаи Бодғис

Дар як ҳамлаи Толибон ба корвони нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон дар вилояти ҷанубуғарбии Бодғис рӯзи 22 ноябр чор сарбоз кушта шуд. Дар ин ҳодиса, ки дар Қалъаи Нав – маркази Бодғис рух дод, инчунин ҳафт низомии дигар маҷрӯҳ шудааст. Дар ҳодисаи ҷудогона дар вилояти Лугар нирӯҳои вижаи Афғонистон кӯмаки ҳавоии НАТО-ро ҷалб карданд, ки шаби 21 ноябр баргузор шуд. Ба иттилои раиси шӯрои вилояти Лугар Муҳаммад Носир Ғайрат, дар паи амалиёти ҳавоӣ 10 нафар кушта шуданд ва маълум нест, ки дар миёни онҳо оё сокинони мулкӣ ҳам мебошанд ё на. Сухангӯи волии Лугар гуфт, ки тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст. НАТО ҳанӯз ин хабарро шарҳ намедиҳад.

Ҳуқуқи башар, вазъи сиёсиву иқтисодӣ... дар меҳвари мулоқоти ИА ва Тоҷикистон. ВИДЕО

Шоми 22 ноябр дар Брюссел дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳо равобити дуҷонибаи Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Дар ин мулоқот Аврупоро Карин Кнейссл, вазири хориҷаи Австрия, раҳбари давраии шӯрои Иттиҳодияи Аврупо ва аз ҷониби Тоҷикистон вазири хориҷа Сироҷиддин Мӯҳриддин намояндагӣ мекунанд.

Дар ҷараёни ин мулоқот иҷрои созишномаи қаблии ҳамкориҳои миёни ду ҷониб, ки 15 маи соли 2017 имзо шудааст, баррасӣ мешавад.

Қарор аст дар мулоқоти имрӯза таҳаввулоти сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла, масоили марбут ба риояи қонун, ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдӣ матраҳ шавад. Илова ба ин, Шӯрои ҳамкориҳо вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон, масоили иқтисодиву иҷтимоӣ, мубориза бо коррупсия ва дигар масоилро баррасӣ хоҳад кард.

Мақомоти аврупоӣ мегӯянд, дар наздиктарин фурсат кор бар сари стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказӣ шурӯъ хоҳад шуд ва баҳори соли 2019 аз ҷониби ҳама кишварҳои узв тасдиқ мешавад.

Рӯзи 21 ноябр сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо Эркин Раҳматуллозода ҳам гуфт, ки Тоҷикистон аз стратегия нави Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ интизороти зиёд дорад. Ин стратегияи сеюми ИА мешавад, ки солҳои 2020 то 2026-ро дар бар мегирад.

Ҳуқуқи башар, вазъи сиёсиву иқтисодӣ... дар меҳвари мулоқоти ИА ва Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Ҳуқуқшиноси маъруфи эронӣ пеш аз мӯҳлат озод шуд

Тибқи гузоришҳо, ҳуқуқшиноси шинохтаи эронӣ Абдулфаттоҳи Султонӣ баъди 7 соли зиндон ба озодӣ баромад. Дар ин бора матбуоти маҳаллӣ хабар додааст. Оҷонсии хабарии нимарасмии ИСНА рӯзи 21 ноябр навишт, ки баъди он ки додгоҳ қарори озод ошудани ӯро содир кард, Султонӣ ба назди оилааш баргашт. Саид Деҳқон, вакили Султонӣ ба ИРНО гуфт, ки “дирӯз мақомот розӣ шуданд, ки бар асоси афви шартӣ ӯро озод кунанд”. Вале феълан имкони тасдиқ кардани ин хабар тавассути манобеи мустақил ваё хешовандони Султонӣ вуҷуд надорад. Бар асоси қонунҳои Эрон, танҳо баъди пушти сар шудани нисфи мӯҳлати ҳукми зиндон, шахс метавонад ба афви шартӣ умед бандад. Султонӣ ҳаммуассиси маркази ҳомии ҳуқуқи инсон аст, ки ҳамроҳ бо Ширини Ибодӣ, барандаи ҷоизаи Нобел таъсис дода буд. Ин марказ ҳоло баста аст. Ӯ сентябри соли 2011 боздошт ва баъдан ба 13 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ гуфт, ки Султонӣ барои таблиғоти зидди низом ва таъсиси гурӯҳи оппозитсионӣ ба зиндон маҳкум шудааст.

Мақоми ИА ба Венгрия: статуси паноҳандагии раҳбари собиқи Македонияро шарҳ диҳед

Августи соли 2009. Груевски дар мақоми нахуствазир аз зиндони наве дар Скопйе дидан мекунад

Иттиҳодияи Аврупо аз Венгрия талаб кардаааст, ки хабарҳо дар бораи додани паноҳандагии сиёсӣ ба собиқ нахуствазири Македония Никола Груевскийро шарҳ диҳад. Комиссионери умури тавсеаи аврупоӣ Йоҳаннес Ҳан дар саҳифаи худ дар шабакаи Твиттер рӯзи 21 ноябр навишт, агар Венгрия тасмим гирифта бошад, ки ба Груевский паноҳандагӣ медиҳад, ӯ аз нахуствазир Орбан шарҳи ин қарорро интизор аст. Груевский, ки ба нахуствазири популисти Венгрия Виктор Орбан наздик аст, ҳафтаи гузашта ба Венгрия фирор аст. Қаблан дар ватанаш ӯро барои содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба ду соли зиндон маҳкум карданд. Скопйе исми Груевскийро ба феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯ ворид кард.

Дар гузашта Иттиҳодияи Аврупо аз он нигаронӣ кардааст, ки ҳукумати Венгрия таҳти раҳбарии Виктор Орбан низоми додгустарии кишварро таҳти контроли ҳукумат даровардааст. Ҳан дар идомаи изҳороташ гуфтааст, ки “ҳукумати қонун як принсипи бунёдӣ барои эътибори Аврупо ба ҳисоб меравад”. Дар муқобили он, аз низоми додгустарии Македония ситоиш кардааст, ки талош дорад ислоҳоте ба роҳ монда, ки мустақилияту муассирияти кори ин низомро таъмин кунад.

Дар Брюссел музокироти вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ва Аврупо барпо мешавад

Музокироти вазирони хориҷа дар моҳи октябри соли 2016

Рӯзи 23 ноябр дар шаҳри Брюссел қарор аст мулоқоти вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мақомоти Иттиҳодияи Аврупо баргузор шавад. Аз Тоҷикистон дар ин нишаст вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Аслов ширкат мекунад. Дар ҷараёни ин мулоқот, ки барои бори дуюм дар соли ҷорӣ баргузор мешавад, масоили ҳамкориҳои дуҷониба, вазъ дар Афғонистон ва мубориза бо терроризму экстремизм, ҳамгироии минтақавӣ ва ҳамкориҳо дар масоили обу энержӣ баррасӣ мешавад. Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, ин мулоқот дар остонаи таҳияи стратегияи нави ин ниҳод барои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки як бахши муҳими он масоили ҳуқуқи башар ҳам мебошад.

Федерика Могеринӣ, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар бораи омодагиҳо ба ин нишаст дар баробари хабарнигорони кишварҳои минтақа дар Брюссел ҳафтаи ҷорӣ гуфт:

“Ман ин навбат ҳам раҳбарии музокирот бо ҳамкоронам - вазирони хориҷии Осиёи Марказиро ба ӯҳда дорам, ки рӯзи ҷумъа барпо мешавад. Ин як бахши хеле мусбат ва илҳомбахши сиёсати мост. Мо ҳамеша сари масоили марбут ба низоъҳову бӯҳронҳо тамаркуз мекунем. Ҳамкориҳои бештари Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба хотири дастёбӣ ба натиҷаҳои мусбат ҷавобгӯи эҳтиёҷоти мо аст ва муҳим аст, ки ба хотири ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф мо дар самти дуруст ҳаракат кунем”.

Иттиҳодияи Аврупо як шарики муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва дар доираи стратегияи амалкунанда, ки солҳои 2014 то 2020-ро дар бар мегирад, ин кишварҳо дар маҷмӯъ 1 миллиард доллар кӯмак дарёфт мекунанд.


Коробов даргузашт. Муовини ӯ раиси оҷонсии ҷосусии Русия шуд. ВИДЕО

Матбуоти Русия бо такя ба вазорати дифои ин кишвар хабар дод, ки раҳбари ГРУ – Сарраёсати истихбороти вазорати мудофеаи Русия Игор Коробов рӯзи 21 ноябр дар синни 62-солагӣ бар асари “бемории сангину тӯлонӣ” ҷон дод. Вазорати дифоъ ҷузъиёти ин хабарро шарҳ надодааст. Вале дар изҳорот аз Коробов ба ҳайси “як инсони фавқулодда, фарзанди содиқи Русия ва як ватанпарвар” ёд кардааст.

Коробов баъди даргузашти раҳбари пешини сохтор Игор Сергун, ки 58 сол дошт, ба ин мақом таъин шуд.

Ғарб Сарраёсати истихбороти вазорати мудофеаи Русияро дар чандин ҳамлаҳои пурсарусадо масъул медонад. Бритониё ин сохторро дар талоши заҳролудкунии ҷосуси дугонаи рус Сергей Скрипал ва духтараш дар шаҳри Салисбури муттаҳам кардааст. Ҳолланд бовар дорад, ки ин сохтор талош кард созмони нозири силоҳҳои ҳастаии кимиёиро рахна кунад. ИМА гуфтаст, ки ГРУ дар пушти талошҳои рахнакунии интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 истодааст.

Раиси идораи истихбороти низомии Русия(ГРУ) даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00

Русия ҳамаи ин иттиҳомотро рад кардааст.

Коробов ва афсарони дигари ГРУ-ро ИМА барои фаъолиятҳое, ки “амнияти кибернетикиро аз номи ҳукумати Русия халалдор кардаанд”, мавриди таҳрим кардааст.

Оғози моҳи ноябр президенти Русия Владимир Путин сарраёсари истихборотро бо 100-солагии таъсисёбиаш табрик карда буд. “Ман ба касбияти шумо эътимод дорам”, гуфта буд Путин рӯзи 2 ноябр.

Сохтори ГРУ соли 1918 дар паи инқилоби болшевикӣ таъсис шуда ба як сохтори хеле муҳими иктифошӣ табдил шуд. Ҳоло дар баробари ин сохтор дар Русия нақши Хадамоти амнияти федеролӣ ва Хадамоти ҷосусии берунаи Русия дар анҷоми амалиёти ҷосусӣ муҳим мебошад.

Баъди даргузашти Игор Коробов, ба қавли оҷонсиҳои расмӣ, раҳбарии муваққатии ин сохтор ба дӯши муовини аввали раиси сарраёсат Игор Костюков вогузор шуд. Ӯро номзади воқеӣ барои ишғоли курсии раҳбарии ниҳод арзёбӣ мекунанд, менависад ТАСС.

"Ота Макон" бозбинии парвандаи раҳбарашро дархост кард

Ҳизби мухолифи "Ота Макон"-и Қирғизистон бо ирсоли як муроҷиатнома аз президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков бозбинии парвандаи раҳбари худ Омурбек Текебоевро дархост кард. Дар ин бора рӯзи 22 ноябр бахши Қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи аъзои ҳизб, қарори додгоҳ зидди раҳбари онҳо, ки дар асоси баёноти шаҳрванди Русия Леонид Маевский содир шуд, ғайриқонунӣ аст.

"Ота Макон" мегӯяд, Маевский 16 ноябр бо гумони тамаъҷӯӣ дар шаҳри Москва боздошт шуд. Ӯ аз 31 октябр то 8 ноябри соли равон дар Москва аз ҷабрдидае 37,5 миллион доллар талаб ва таҳдид кардааст, ки дар сурати ғайр, зиддаш иттилои шармовареро паҳн хоҳад кард. Маевский гӯиё зидди раҳбари онҳо низ айнан ҳамин корро карда буд.

"Мо аз шумо даъват мекунем, ки ба ин қазия дахолат кунед ва бозбинии парвандаи Текебоев монанди қазияи боздошти Маевский боз ва шаффоф сурат бигирад. Додгоҳ ба баёноти ягона шоҳиди парванда Маевский, ки ҳоло бо гумони тамаъҷӯӣ дар ҳабс аст, дубора баҳо диҳад", - омадааст дар муроҷиатнома.

Раиси Ҳизби "Ота Макон", вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Текебоев ва ҳамҳизби ӯ сафири пешини ин кишвар дар Куриёи Ҷанубӣ Дуйшенқул Чотонов моҳи феврали соли 2017 боздошт шуданд.

Текебоев дар асоси баёноти шаҳрвандони Русия Алексей Модин ва Леонид Маевский боздошт гашт, ки гуфтанд, ба ӯ барои кумак дар харидории саҳмияҳои ширкати қирғизии "Мегаком" 1 миллион доллар доданд. Вале худи Текебоев парвандаро дорои ангезаи сиёсӣ меномад.

Миннатдории Трамп ба Арабистони Саудӣ барои коҳиши нархи нафт

Президенти ИМА Доналд Трамп ба Арабистони Саудӣ барои поин рафтани арзиши нафт миннатдорӣ баён кард. Ӯ дар Твиттер коҳиши арзиши нафтро бо кам шудани андозҳо муқоиса кард. Ба гуфтаи ӯ, ба шарофати Риёз нархи як бушка нафт аз 82 то ба 54 доллар арзон шуд.

20 ноябр арзиши як бушка нафти Brent то ба 62,5 ва нафти WTI то ба 53,5 доллари амрикоӣ поин омад. Худи он рӯз Трамп бо вуҷуди он ки ИМА ва як қатор кишварҳои ғарбӣ мақомоти Саудиро дар куштори рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ айбдор мекунанд, алоқамандии худро барои ҳифзи муносибатҳои хуб бо Риёз баён дошт.

Президенти ИМА ваъда дод, ки таҳрим эълом нахоҳад кард. Ӯ гуфт, қарори манъи ҳамкориҳои низомӣ бо шоҳигарӣ барои Русия ва Чин "туҳфа" мешуд.

Ибтидои моҳи октябр нархи як бушка нафти Brent 82 ва нафти WTI 73 доллар шуда буд. Вале тайи якуним моҳи ахир арзиши ҳар ду 25% поин рафт.

Нархи нафт дар пасманзари коҳиши назарраси бозори саҳом поин омад. Бузургтарин ширкатҳои технологии амрикоӣ, аз ҷумла Facebook, Apple, Amazon, Netflix ва Google вақтҳои ахир ҷамъан як трилион доллар зарар диданд.

Тайи як соли ахир нархи ҷаҳони нафт ба далели ҳарос аз таҳримҳои ИМА зидди Эрон ва қарордоди кишварҳои ОПЕК+ барои коҳиши истихроҷи он боло рафта буд.

Назарбоев: Қазоқистон омодааст, минбари гуфтугӯҳои халъи силоҳи ҳастаӣ шавад

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон 21 ноябр дар мулоқот бо дипломатҳои хориҷӣ дар шаҳри Остона гуфт, ки кишвараш омода аст, барои гуфтугӯҳои халъи силоҳи ҳастаии Русия, ИМА ва Кореяи Шимолӣ минбар таҳия кунад.

"Абарқудратони ҳастаӣ бояд масъулияташонро ба намоиш гузоранд, собит кунанд, ки ба идеяҳо ва принсипҳои паҳн нашудани силоҳи ҳастаӣ содиқанд. Имрӯз, ман фикр мекунам, ки инсоният бидуни донистани ояндааш, ҳоли парешоне дорад. Аз ҳамин хотир ман пешниҳод кардам, ки кишварҳое мисли ИМА, Русия, Чин ва Иттиҳоди Аврупо билохира масъулияташонро дар назди тамоми сайёра эҳсос кунанд - онҳо бояд дар сатҳи коршиносон гуфтугӯҳоро шуруъ кунанд", - гуфт Назарбоев.

Президент гуфт, ки Қазоқистон омодааст, барои гуфтугӯҳои халъи силоҳи ҳастаӣ минбар диҳад. Ба гуфтаи вай, "хориҷшавии ҷонибҳои Созиш дар бораи мушакҳои миёнапарвозу кутоҳпарвоз боис мешавад, ки дубора сабқати силоҳсозӣ авҷ гирад".

Моҳи октябр президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, кишвараш тасмим дорад, аз созиш бо Русия дар бораи мушакҳои миёнапарвозу кутоҳпарвоз хориҷ шавад.

Ин созиш ИМА ва Русияро аз нигаҳдорӣ, истеҳсол ва озмоиши мушакҳои болдори миёнапарвозу кутоҳпарвоз манъ мекунад.

Дар Узбекистон як кишоварз баъди мусодираи амволаш худкушӣ кард

Дар Узбекистон як кишоварз баъди мусодираи амволаш худкушӣ кард. Хешовандони Санҷар Баротови 33-сола аз вилояти Ҷиззахи Узбекистон рӯзи 21 ноябр ба бахши Узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, вай баъди он худкушӣ кард, ки амволаш мусодира шуд.

Санҷар Баротов шаби 6 ноябр дар назди манзилаш худро овехт. Ҷасади вай як рӯз баъд пайдо шуд. "Хешовандон фикр мекарданд, ки вай ба меҳмонӣ рафтааст. Додситони ноҳия ба тафтиши ҳодиса машғул аст", - гуфт як корманди пулис.

Рабим Баротов, падари Санҷар мегӯяд, чанд рӯз пеш аз худкушии писараш, кормандони Бюрои иҷрои ҷазо амволи ӯро мусодира карданд.

Рабим Баротов мегӯяд, интизор надошт, ки амалҳои ғайриқонунии мақомот боиси худкушии писараш мешаванд. "Агар аз рӯи қонун амал кунем, кормандони Бюрои иҷрои ҷазо ҳақ надоштанд, ки ба хонаи писари ман даромада амволашро мусодира кунанд. Зеро он амвол на танҳо ба Санҷар, балки ба ман ҳам тааллуқ доштанд. Тибқи шартнома, бонк бояд барои бозпас гирифтани қарзаш 14 моҳи дигар мунтазир мешуд", - гуфт Рабим Баротов.

Гуфта мешавад, Санҷар Баротов соли гузашта наздики 6 900 доллар ва имсол 10 ҳазор доллар аз бонк қарз гирифтааст. Ба гуфтаи Рабим Баротов ҳосили нохуби кишоварзӣ имкон надод, ки онҳо қарзи бонкро баргардонанд.

Насби шитобкоронаи ҳисобкунакҳо дар Ишқобод боиси ихроҷи газ мешавад

Дар ҳоли ҳозир насби ҳисобкунакҳо дар манзили сокинони Ишқобод шитобкорона сурат мегирад, ки мумкин аст, дар оянда боиси ихроҷи газ шавад.

Бино бар ҳаҷми зиёди кор дар ҳоли ҳозир ба ҷуз аз хадамоти "Ишқободгаз", идораи манзилҳо ҳам ба фурӯш ва насби ҳисобкунакҳо машғул аст.

"Баъди насби ҳисобкунакҳо аз сӯи онҳое, ки мутахассис нестанд, газ аз қубур хориҷ мешавад. Сокинон барои ислоҳи нуқсҳо кормандони "Ишқободгаз"-ро даъват мекунанд. Вале онҳо баъди соатҳои даъват ҳозир мешаванд, мо маҷбурем тирезаҳоро боз кунем, то ки бӯйи газ аз хона хориҷ шавад", - гуфт як сокин.

Дар Туркманистон обу гази ройгонро барҳам доданд. Дар он кишвар сар аз соли 1993 ба ин тараф обу газ барои сокинон ройгон буд. Ҳамакунун сокинон иҷборан дар манзилҳояшон ҳисобкунак насб мекунанд.

Додситони қазоқ барои Мухтор Аблязов ҳабси якумрӣ талаб кард

Дар Қазоқистон айбдоркунандаи давлатӣ барои мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, дар доираи парвандаи "куштори фармоишӣ"-и молик ва мудири пешини бонки "ТуранАлем" Ержан Татишев ҳабси якумрӣ талаб кард.

"Гуноҳи ӯ пурра исбот карда шуд. Аблязов аз соли 2009 дар хориҷ ба сар мебарад, бинобар ин ҷамъоварии маълумот дар борааш номумкин аст. Додситон талаб дорад, ки вайро дар ғайбаш ба ҳабси умрбод маҳкум кунанд", - иқтибос овардаанд расонаҳои маҳаллӣ аз суханони додситон.

Вакили дифои мухолифи қазоқ Жанар Кисикова, ки аз тарафи давлат таъмин шудааст, мегӯяд, барои исботи айбномаи шахси зери ҳимояи ӯ далелҳои кофӣ пешниҳод нашуданд ва бинобар ин, талаб дорад, ки Аблязовро бегуноҳ эълон кунанд.

Аблязов гӯё соли 2004 бо мақсади дубора ба даст гирифтани идораи "БТА бонк" куштори мудири бонк Ержан Татишевро дар ивази 4 миллион доллар ба Муродхон Тоқмадӣ фармоиш додааст.

Татишев моҳи декабри соли 2004 дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон кушта шуд ва тафтишот низ он замон ба хулосае омад, ки ӯ ҳангоми шикор дар натиҷаи як ҳолати тасодуфӣ ҷон бохтааст. Вале мақомоти қазоқ баъдан соҳибкор Муродхон Тоқмадиро, ки ҳангоми шикор бо Татишев дар як мошин буд, дар марги ӯ айбдор ва як сол аз озодӣ маҳрум карданд. Соли 2017 ин парванда бозбинӣ шуда, Тоқмадӣ гуфт, Татишевро бо фармони Аблязов ба қатл расонд. Дар натиҷа додгоҳ Тоқмадиро моҳи марти соли равон 10,5 сол зиндонӣ кард.

Додгоҳи Қазоқистон худи Аблязовро моҳи июни соли 2017 ғоибона бар пояи чанд банд, аз ҷумла "ташкили гуруҳи ҷиноӣ" ва "дуздӣ" 20 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вале Аблязов дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо эълом кард, ки парвандаҳо сиёсиянд ва ӯ дар куштори Татишев даст надорад.

Барои поккории партовгоҳҳои радиоактивии Осиёи Марказӣ $85 млн лозим аст

Мудири барномаи Комиссияи Аврупо Мартин Андерсен дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, барои безараргардонии партовгоҳҳои уран ва маводи радиоактивии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар деҳаи Минқуш ва шаҳри Майлуу-Сууи Қирғизистон ҷойгиранд, 85 миллион доллар лозим аст.

Ба гуфтаи ӯ, як қисми маблағ - ҳудуди 30 миллион доллар аллакай ҷамъоварӣ шудааст. "Боз 50 миллиони дигар лозим аст. Вале мунтазир намемонем, ки ин маблағ кай ҷамъ мешавад. Нақшаҳо омодаанд. Мехоҳем, сармоягузорони байналмилалӣ масъулиятеро ба зимма гиранд. Вақте мебинанд, ки дар Осиёи Марказӣ воқеан корҳо пеш мераванд ва натиҷае ҳам ҳаст, онҳо ба мо хоҳанд пайваст", - афзуд ӯ.

Пештар хабар доданд, ки 8 ноябр дар Лондон ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ барои поккории партовгоҳҳои Осиёи Марказӣ баргузор гашт. Дар ҳамоиш зикр шудааст, ки Иттиҳоди Аврупо барои поккории партовгоҳҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон 10 миллион доллар ҷудо мекунад. Иттиҳод барои ин пештар 16 миллион евро дода буд.

Бино бар омори мақомоти ҳолатҳои изтирории Қирғизистон, дар ин кишвар 92 партовгоҳи маводи радиоактивӣ мавҷуд аст, ки 36-тои онҳо дар Майлуу-Суу ҷойгиранд. Ҳаҷми умумии маводи заҳрогину хатарнок дар ин кишвар 2,9 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Порлумони Тоҷикистон буҷети соли 2019-ро баррасӣ мекунад

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон

Порлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатӣрӯзи 23 ноябр тарҳи буҷети соли 2019-ро баррасӣ хоҳад кард. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагон, рӯзи 22-юми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вакилон инчунин тарҳи барномаи қарзи хориҷӣ дар соли ояндаро ба баҳс мекашанд.

Тарҳи буҷети кишвар пас аз таҳия шудан аз сӯи Вазорати молия ва тасдиқ шудан дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон вориди порлумон шудааст.

Тибқи тарҳи буҷети соли 2019, ки Вазорати молияи Тоҷикистон таҳия кардааст, бахши даромади он дар муқоиса бо имсол 13 дар сад бештар буда, дар сатҳи 23,8 миллиард сомонӣ (2,5 миллиард доллар) пешбинӣ мешавад.

Дар қонуни буҷети имсол бахши даромад дар ҳаҷми 19 миллиарду 568 миллион сомонӣ ва хароҷот дар ҳудуди 19 миллиарду 863 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Трамп аз Саудӣ барои коҳиши нархи нафт қадрдонӣ кард

Президенти ИМА Доналд Трамп ба Арабистони Саудӣ барои поин рафтани арзиши нафт миннатдорӣ баён кард. Ӯ дар "Твиттер"-и худ коҳиши арзиши нафтро бо кам шудани андозҳо муқоиса кард. Ба гуфтаи ӯ, бо шарофати Риёз нархи як бушка нафт аз 82 то ба 54 доллар арзон шуд.

20 ноябр арзиши як бушка нафти Brent то ба 62,5 ва нафти WTI то ба 53,5 доллари амрикоӣ поин омад. Худи он рӯз Трамп бо вуҷуди он, ки ИМА ва як қатор кишварҳои ғарбӣ мақомоти Саудиро дар куштори рӯзноманигор Ҷамол Хошуқчӣ айбдор мекунанд, алоқамандии худро барои ҳифзи муносибатҳои хуб бо Риёз баён дошт.

Президенти ИМА ваъда дод, ки таҳрим эълом нахоҳад кард. Ӯ гуфт, қарори манъи ҳамкориҳои низомӣ бо шоҳигарӣ барои Русия ва Чин "туҳфа" мешуд. Ибтидои моҳи октябр нархи як бушка нафти Brent 82 ва нафти WTI 73 доллар шуда буд. Вале тайи якуним моҳи ахир арзиши ҳар ду 25% поин рафт.

Нархи нафт дар пасманзари коҳиши назарраси бозори саҳом поин омад. Бузургтарин ширкатҳои технологии амрикоӣ, аз ҷумла Facebook, Apple, Amazon, Netflix ва Google вақтҳои ахир ҷамъан як триллион доллар зарар диданд.

Тайи як соли ахир нархи ҷаҳонии нафт ба далели ҳарос аз таҳримҳои ИМА зидди Эрон ва қарордоди кишварҳои ОПЕК+ барои коҳиши истихроҷи он боло рафта буд.

Меркел аз тарҳи баҳсбарангези СММ оиди муҳоҷират пуштибонӣ кард

Ангела Меркел

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз паймони баҳсбарангези Созмони Милали Муттаҳид, ки боиси танқиди бисёр кишварҳо шуд, пуштибонӣ кард. Меркел гуфт, ки ин санад посухи дуруст ба буҳрони муҳоҷират аст, ки ба гуфтаи садри аъзам, танҳо бо талоши дастаҷамъии байналмилалӣ ҳал мешавад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 21 ноябр хабар дод.

Ӯ ёдовар шуд, ки ҳоло дар ҷаҳон дастикам 70 миллион паноҳанда вуҷуд дорад, ки ними онҳо кудакон мебошанд. Ин одамон бо ҳар роҳ мехоҳанд аз 200 низои сабтшуда дар ҷаҳон наҷот ёбанд, -омадааст дар изҳороти Меркел.

Санадро Амрико, Австрия, Австралия Чехия, Булғористон, Маҷористон Исроил ва Лаҳистон имзо накарданд. Аъзои боқимондаи Созмони Милали Муттаҳид, иборат аз 192 кишвар, тарҳо пазируфтанд.

Қарор аст, ки "Паймони байналмилалӣ оиди муҳоҷирати амн ва танзимшаванда" моҳи декабр дар нишасти СММ расман тасвиб шавад. Ин санада аз даҳҳо банде иборат аст, ки татбиқи иҷборӣ надорад. Як банди баҳсбарнгез додани санади шахсӣ ба паноҳҷӯёнест, ки ҳуҷҷат надоранд. Ин шева солҳои ахир дар Олмон истифода шуд ва мавриди интиқоди мухолифони норозӣ аз сиёсати Меркел дар робита ба муҳоҷират шуд.

Додгоҳи олии Русия ҳукми Маҳмадиевро бетағйир гузошт

Додгоҳи олии Русия ҳукми зиндони як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо гуноҳи талоши пайвастан ба гуруҳи дар Русия мамнӯи "Давлати исломӣ" ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст, бетағйир гузошт.

Дафтари матбуоти додгоҳ рӯзи 21 ноябр хабар дод, ки баррасии шикояти вакилони дифои Умар Маҳмадиев дирӯз сурат гирифт ва додгоҳ гуфт, ҳукми содиркардаи Додгоҳи низомии ноҳияи Ленинград дуруст аст ва тағйир дода намешавад.

Ба гуфтаи муфаттишон, Умар Маҳмадиев, ки дар минтақаи Ленинград дар як корхонаи хиштсозӣ кор мекард, аз тариқи Интернет бо аъзои гуруҳи "Давлати исломӣ" иртибот дошта ва хостааст, ба Афғонистон биравад ва ба сафи аъзои ин гуруҳ дар онҷо бипайвандад.

Умар Маҳмадиевро рӯзи 8-уми декабри соли 2017 дар фурудгоҳи "Пулково"-и Маскав дастгир кардаанд. Ба қавли муфаттишон, ӯ мехост, аз Русия ба Туркия ва сипас аз онҷо ба Афғонистон биравад. Ба гуфтаи додрасон, ӯ ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Расонаҳои Русия моҳи декабри ҳамон сол навиштанд, ки Умар Маҳмадиев гӯиё қасд доштааст, дар шаҳри Санкт-Петербург амалҳои террористӣ анҷом бидиҳад.

Мавқеи худи Маҳмадиев ба ҳукми додгоҳ дастрас нест.

Як қавми дар инзиво будаи Ҳиндустон масеҳии амрикоиро кушт

Ҷангале дар ҷазираи Андаманс

Як масеҳии амрикоӣ дар Ҳиндустон ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо қабилае, ки бо ҳазорсолаҳо боз тамаддунҳои дигар иртибот надорад, кушта шуд. Амрикоии 27-сола дар ҷазираи Сентинели Шимолӣ - яке аз тудаҷазираҳои Андаманси халиҷи Бенгал, аз тири камон ба ҳалокат расид. Қонунҳои Ҳиндустон вуруд ба ин ҷазираро, ки қабилаи маскунаш аз дастовардҳои тамаддун бебаҳра буда, дар шароити асри санг ба сар мебарад, мамнуъ кардаанд. Ҷавони кушташуда мехост ин қабиларо ба дини масеҳӣ ташвиқ кунад.

Сайёҳӣ 27-сола Ҷон Аллен Чо шанбеи гузашта кушта шуд, аммо пулис марги ӯро танҳо рӯзи чоршанбе эълон кард. Биноба манбаҳои Reuters, Чо барои мулоқот бо қабилаи сентинелиҳо ба ин ҷазира рафта буд. Ба гуфтаи хабаргузории AFP, ӯ бо қоиқ худро ба ҷазира расонд.

Чо дини масеҳиро тарқиб мекард ва панҷ дафъа ба ин минтақаҳои мамнуъи Андаманс ва Никобарс сафар карда буд. Талоши қаблии ӯ барои ворид шудан Сентинелс номуваффақ буд ва ин дафъа ӯ аз кӯмаки моҳигирҳои ҳинду истифода кард. Намояндагони қабила баробарои расидани Чо ба ҷазира ба сӯи ӯ аз камонҳои худсохт тир кушоданд. Ба гуфтаи моҳигирон онҳо диданд, ки чӣ тавр сентинелиҳо ба гардани Чо таноб андохат ӯро ба сӯе мебаранд Ҷасади Ҷон Аллен Чо рӯзи дигар дар соҳили Уқёнуси Ҳинд ошкор шуд.

Теъдоди қурбониёни ҷашни мавлуди пайғамбар аз 50 нафар гузашт

Берун бурдани захмиҳо аз саҳнаи таркиши рӯзи 20 ноябр дар Кобул

Ҳамлаи маргталабона дар шаҳри Кобули Афғонистон беш аз 50 кушта бар ҷой гузошт. Маргталаб 20 ноябр ба толори ҷашние ҳамла кард, ки дар он руҳониёни афғон ҷамъ омада буданд.

Намояндаи расмии Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, дар натиҷаи ҳамла беш аз 80 тани дигар низ захмӣ шуданд.

Мудири меҳмонхонае, ки ҷашни мавлуди пайғамбар дар он баргузор мешуд, ба хабаргузории AFP гуфт, ки маргталаб худро дар байни маърака мунфаҷир кард.

Масъулияти ин ҳамлаи пурқурбонии моҳи равонро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе эътроф накардааст. Толибон баъди ҳамла дарҳол худро аз он канор гирифтанд. Сухангӯи ин гурӯҳи мусаллаҳ Забиҳуллоҳ Муҷоҳид бегоҳи 20 нобяр гуфт, ки ҷумбиши Толибон ҳамла ба мардуми мулкӣ ва рӯҳониёнро маҳкум мекунад.

Ҷангҷӯёни Толибон ва гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ", ки худро суннӣ меҳсобанд, дар гузашта борҳо рӯҳониёни ҳамоҳанг бо ҳукумати Афғонистонро ҳадаф қарор доданд.

Президент Трамп аз равобити наздик бо Риёз пуштибонӣ кард

Валиаҳди саудӣ Муҳаммад бин Салмон бо писари Ҷамол Хошуқҷӣ. 23 октябри соли 2018

Рӯзи сешанбе президенти ИМА Доналд Трамп даъвати қонунгузорон барои вокуниши қотеъ ба куштори рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷиро рад кард ва гуфт, ки Амрико ба ин ҷиноят алакай посухи муносиб дод. Президент ҳамчунин гуфт, ки равобити танготанг бо Арабистони Саудӣ ба манфиати ИМА аст.

Дар изҳороти дусаҳифагии Кохи сафед, Трамп куштори мунақиди мақомоти Саудӣ дар консулгарии ин кишвар дар Истамбулро "ҷинояти мудҳиш" номид. Ба гуфтаи президент дар заминаи ин ҷиноят 17 шаҳрванди Арабистони Саудӣ таҳрим шуданд. Валиаҳди Саудӣ, ба гуфтаи президент, "эҳтимол аз ин фоҷеа огоҳ буд ё шояд намедонист".

Бинобар матбуоти ИМА, мутахасисони Идораи истихбороти Амрико -CIA, ба ин натиҷа расиданд, ки куштори Хошуқҷӣ наметавонист бе дастури мустақими шоҳзода Муҳаммад бин Салмон амалӣ шавад. Бисёр қонунгузорони шинохта аз президент Трамп даъват карданд ба Риёз ҳушдор диҳад, ки ИМА ин рафтори мақомоти Арабистони Саудиро таҳаммул намекунад. Баъзе сиёсатмадорон пешниҳод карданд, ки Амрико аз сарукор гирифтан бо Муҳаммад бин Салмон даст кашад.

Аммо Трамп гуфт, ки равобити танготанг бо Риёз аз зовияи иқтисодӣ, амнияти Ховари Миёна ва мубориза бо терроризм барои Вашингтон бисёр муҳим аст.

Изҳороти Трамп танқидҳои шадиди матбуотро ба миён оварда, ки мегӯянд, президент арзишҳои Амрикоро камранг кард.

Ҳосили "Нелегал-2018": 5 миллион доллар ҷарима аз муҳоҷирон

Акс аз бойгонӣ

Сохторҳои ҳифзи қонун дар паи анҷоми амалиёти зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо номи “Нелегал-2018” дар ҳаҷми 5 миллион доллар ҷаримаҳои маъмурӣ содир карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба оҷонсии ТАСС хабар додааст. Гуфта мешавад, ки 61 дар сади ин маблағҳо дар ҷараёни амалиёт пардохт шудааст.

Масъулин хабар доданд, ки дар ҷараёни ин амалиёт, ки ба иттилои СПАД дар ду марҳила – моҳҳои май ва сентябри соли ҷорӣ баргузор шудааст, 443 шахси дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарордошта боздошт шуд. Инчунин дар паи ин амалиёт наздики 400 амалиёти молии машкук дар ҳаҷми 2 миллион доллар ошкор гардид.

Масъулин аз боз шудани наздики 5400 парвандаи ҷиноӣ барои қочоқи маводи мухаддир, гардиши ғайриқонунии силоҳ, убури ғайриқонунии марз ва ҳам ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта хабар доданд. Амалиёти СПАД бо ташаббуси кишварҳои узви ин созмон – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон баргузор шуд.

Генерали рус сабқати раҳбарии Интерполро бохт

Александр Прокопчук

Генерали рус Сергей Прокопчук, ки яке аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раҳбари Интерпол номбар мешуд, сабқатро ба намояндаи Кореяи Ҷанубӣ бохт. Ким Чен Ян раҳбари интерпол шуд.

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико, Украина, Литва, намояндагони мухолифини Русия ва соҳибкори таҳти таъқиби Маскав Уилям Браудер ба номзадии Прокопчук мухолифат нишон доданд. Онҳо гуфтанд намояндаи кишваре, ки қонунҳои байналмилалиро нақз мекунад, наметавонад раҳбари пулиси байналмилалӣ бошад. Мухолифони номзадии Прокопчук ҳамчунин аз ин нигарон буданд, ки Русия метавонад ин мақомро барои интиқомситонӣ аз рақибони сиёсиаш истифода кунад.

Ким Чен Ян то интихобаш ба мақоми раҳбари Интерпол муваққатан ба ин ниҳод сарварӣ кард.Ӯ дар ҳоле масъулияти пулиси байналмилалиро бар дӯш гирифт, ки раҳбари пешини он Мэн Ҳунвэй моҳи октябр бо иттиҳоми фасодкорӣ дар Чин боздошт шуд.

Аз хонаи як сокини Бишкек 10 мошин партов бароварданд. ВИДЕО

Хонаи пур аз партоби сокини Бишкек

Кормандони ширкати "Тазалик"-и шаҳри Бишкеки Қирғизистон давоми ду рӯз партови ҷамъшудаи хонаи як сокини шаҳрро кашониданд. Аз хонаи ин сокин қариб 10 мошини боркаш партов бароварда шуд.

Аз шаҳрдории Бишкек хабар доданд, ки 18 ноябр як сокин аз кафидани қубури хонаи ҳамсояаш хабар дод. Кормандони таъмири қубурҳо оби гарми биноро бастанд.

Аммо кормандон натавонистанд сари вақт садамаи қубурро бартараф кунанд. Зеро манзили якҳуҷрагии сокин аз партов пур буд.

Ҳамсояҳои ин сокин хабар доданд, ки сар аз соли 2015 ба ин тараф онҳо борҳо талаб карданд, соҳиби хона манзилашро аз партов пок кунад. Вай ҳар дафъа ваъда медод, аммо баъди ваъдаҳояш нопадид мегашт.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:21 0:00
XS
SM
MD
LG