Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

NYT: Мумкин аст, Никки Ҳейлӣ муовини Доналд Трамп шавад

Ники Ҳейлӣ, намояндаи доимии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, мумкин аст, номзад ба мақоми муовини президенти Доналд Трамп шавад. Дар ин бора нашрияи The New York Times бо такя ба афроди наздик ба президенти Амрико гузориш дод.

Ба қавли манобеъ, гӯиё Доналд Трамп ба садоқати муовини ҳозирааш Майк Пенс шубҳа дорад ва дар фикри иваз кардани ӯ афтодааст.

Нашрияи The New York Times навишт, Ҳейлӣ яке аз одамони наздик ба духтари Трамп – Иванка ва шавҳари ӯ мушовири Кохи Сафед Ҷаред Кушнер аст. Ба қавли манобеъ, Ҳейлӣ метавонад ба Трамп барои ба даст овардани овози бештари занҳо кумак кунад.

Аммо як намояндаи Кохи Сафед дар суҳбат бо The New York Times гуфтааст, президенти Амрико ба таври комил аз Майк Пенс ҳимоят мекунад.

Моҳи октябри имсол дар бораи истеъфои Никкӣ Ҳейлӣ аз мақоми намояндаи доимии Амрико дар СММ хабар нашр шуд. Аммо ӯ то охири имсол ба масъулиятҳояш идома хоҳад дод.

Трамп он замон ишора карда буд, ки Ҳейлӣ метавонад ба маъмурияти ӯ биояд, вале дар бораи нақши эҳтимолии ӯ чизе нагуфта буд.

Раиси порлумони Узбекистон барои дидани Норак меояд

Нуриддинҷон Исмоилов, раиси порлумони Узбекистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад. Мақомоти Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфтанд, сафари Исмоилов аз 19 то 22-юми ноябр идома мекунад.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси Намояндагон, гуфт, Нуриддинҷон Исмоилов дар ҷараёни сафари худ ба Душанбе бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров гуфтугӯ хоҳад кард.

Интизор меравад, раиси порлумони Узбекистон аз Осорхонаи миллӣ, “Кохи Наврӯз”, корхонаи “Ноқили Талко”, нерӯгоҳ ва обанбори Норак дидан кунад.

Таркиш дар Карочии Покистон ду нафарро кушт

Пулиси Покистон мегӯяд, дар натиҷаи таркиши як бомбаи канори роҳ дар шаҳри Карочи ду нафар кушта ва панҷ тани дигар маҷруҳ шуданд. Ин ҳодиса рӯзи 16-уми ноябр рух додааст.

Ба иттилои пулис, ин бомба дар наздикии як бозор таркидааст. Вазъияти ду нафар аз захмиҳо низ вахим гуфта мешавад.

Ҳеч гуруҳ масъулияти ин бомбагузориро бар дӯш нагирифтааст.

Карочи маркази иёлати ҷанубии Синд аст. Ҷое, ки гуруҳҳои ҷангҷӯи исломӣ ҳузур доранд.

Трамп гуфт, ба суолҳои додситони вижа “ба осонӣ” ҷавоб дод

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ба ҳама суолҳои додситони вижа Роберт Мюллер посух додааст. Мюллер масъалаи дахолати Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрикоро баррасӣ мекунад.

Трамп рӯзи 16-уми ноябр дар Вашингтон ба хабарнигорон гуфт, ба пурсишҳои Роберт Мюллер "ба осонӣ" ҷавоб додааст. "Барои посух гуфтан ба ин суолҳо ниёз ба вакили мудофеъ надоштам", – афзуд раиси ҷумҳури Амрико.

Аммо ӯ нагуфт, кай посухи суолҳоро ба Роберт Мюллер месупорад.

Пеш аз ин, баъзе аз мансабдорони Амрико, аз ҷумла Майкл Флин, мушовири пешини амнияти миллӣ ва Пол Манафорт, собиқ раиси ситоди интихоботии Доналд Трамп дар баробари Роберт Мюллер ба “гуноҳашон” эътироф карда буданд.

Додгоҳ хабарнигори CNN-ро ба Кохи сафед баргардонд

Ҷим Акоста дар нишасти матбуотии Доналд Трамп баъди интихоботи миёндаврӣ

Додраси федеролии Амрико амр дод, ки Кохи сафед эътиборнома ё акредитатсияи хабарнигори CNN Ҷим Акостаро барқарор кунад.

Додраси додгоҳи минтақавии ИМА Тимоти Келли амри муваққатии маҳдудият содир кард ва аз маъмурияти президент Трамп хост, ки вуруди хабарнигори аршади CNN Ҷим Акоса ба Кохи сафедро таъмин кунад.

Маъмурияти Кохи сафед гузарномаи Ҷим Акостаро рӯзи 8 ноябр, баъди ҷанҷоли ӯ бо президент Трамп дар нишасти матбуотӣ, бекор кард.

Сухангӯи Кохи Сафед Сара Сандерс дертар хабарнигорро ба рафтори номуносиб муттаҳам кард. Ба гуфтаи ӯ, Акоста ба духтари таҷрибаомӯзи Кохи Сафед, ки мехост микрофонро аз хабарнигор бигирад, даст расонд.

Ҷанҷоли лафсии Акоста бо президент Трамп дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки хабарнигор бо чанд суоли чолишбарангез аз Трамп посух хост. Ӯ аз ҷумла пурсид, ки чаро президент дар маъракаи интихоботи миёндаврӣ муҳоҷиронро "ишғолгар" номид ва ҳамчунин суол кард, ки оё Трамп аз таҳқиқи робитаи эҳтимолии тими интихоботияш бо Русия нигарон нест. Президент дар посух Акостаро "фарди бисёр дағал ва ваҳшатнок" номид. Трап бо хабарнигорони дигар низ вориди баҳс шуд.

Ин мухолифати аввалини Трамп бо Ҷим Аксота нест. Дар нишасти матбуотии оғози соли 2017, пеш аз оғози фъолияти Трамп ҳамчун раиси ҷумҳур, ӯ аз посух додан ба суоли Акста даст кашид ва гуфт, ки CNN "хабарҳои тақаллубӣ" пахш мекунад.

Раҳбарияти CNN бархурди президентро танқид кард ва Кохи сафедро ба додгоҳ кашид.

Муҳофизакорони Британия тарҳи барканории Мэйро пайгири мекунанд

Тереза Мэй

Ҳамҳизбҳои нахуствазири Британия барои оғози раванди аз мақом барканор кардани нахуствазир Тереза Мэй пуштибонии кофӣ ёфтанд. Дар ин бора шабакаи Sky News рӯзи 16 нобяр бо такя ба манбаҳояш хабар дод. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои шабака, чунин райъдиҳӣ дар ояндаи наздик имконпазир аст. Аъзои ҳизби муҳофизакор дар робита ба адами эътимод ба нахуствазир нома фиристоданд. Дар ин бора 20 намояндаи порлумон ошкоро изҳори назар карданд. Нашрияи Brexit Central рӯзи ҷумъа навишт, ки теъдоди ин номаҳо ба 48 адад мерасад. Муҳофизакорон масъалаи аз мақом барканор кардани Мэйро рӯзи сешанбе баррасӣ мекунанд.

Як рӯз пеш, рӯзи панҷшанбе, чаҳор вазири ҳукумати Британия бинобар норозигӣ аз тарҳи созиш бо Иттиҳоди Аврпуо, дар робита ба Брекзит, аз мақомҳои худ истеъфо доданд.

Тавре Би-би-си мегӯяд, тарафдорони Брекзити қотеъ аз барномаи 500 саҳифагии берун шудани Британия аз Иттиҳоди Аврпуо розӣ нестанд. Масъалаи тиҷорати мутақобил, муҳоҷират ва ҳамчунин сарҳади Ирландияи Шимолӣ, ки ба Британия шомил аст ва Ҷумҳурии Ирландия - ҳамчун кишвари алоҳида, ки дар Иттиҳоди Аврпуо мемонад, баҳсбарангез боқӣ мондааст.

Дар созишнома омадааст, ки Британия феълан аз Иттиҳоди гумрукии Аврпуо берун намешавад ва дар тиҷорат қоидаҳои Бресселро иҷро мекунад. Британиягиҳо соли 2016 дар як референдум ба берун шудан аз Иттиҳоди Аврпуо овоз доданд.

Кореяи Шимолӣ аз озмоиши силоҳи нав хабар дод

Ким Чен Ин озмоиши мушакро тамошо мекунад

Ким Чен Ин, роҳбари Кореяи Шимолӣ дар озмоиши "силоҳи нави тактикии дорои технологияи олӣ" иштирок кард. Дар ин бора рӯзи ҷумъа хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ СТАК иттилоъ дод. Гуфта мешавад, озмоиш бобарор будааст.

Хабаргузорӣ дақиқан иттилоъ надод, ки кадом навъи силоҳ озмоиш шуд. Телевизионҳои Кореяи Шимолӣ гуфтанд, ин силоҳ ҳанӯз дар замони роҳбари пешин Ким Чен Ир сохта шуда ва бояд "тавони низомии артиши кишварро ба маротиб боло барад".

Бори охир расонаҳои Кореяи Шимолӣ аз ширкати роҳбари ин кишвар дар ҷараёни озмоиши силоҳҳо моҳи ноябри соли гузашта хабар дода буданд. Он замон мушаки байниқоравии болдори "Хвасон-15"-ро озмоиш доданд.

12 июни соли ҷорӣ дар Сингапур Доланд Трамп, президенти ИМА бо роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин мулоқот кард. Дар поёни мулоқот ду роҳбар санади муштаракеро имзо карданд, ки бар асоси он Пхенян уҳдадор шуд, дар посух ба кафолати амният аз сӯи Вашингтон ва лағви таҳримҳои иқтисодӣ нимҷазираи Кореяро аз силоҳи ҳастаӣ пок кунад. Пехнян ҳамчунин ба Вашингтон ваъда дод, полигонеро маҳв кунад, ки мушаки "Хвасон-15" онҷо озмоиш шуда буд. Аммо як моҳ баъд дар расонаҳо иттилоъ нашр шуд, ки Кореяи Шимолӣ аз тасмимҳояш дар бораи сохтани мушакҳои нави байниқоравӣ даст намекашад.

Ахиран таҳлилгарони амрикоӣ гуфтанд, ки ин кишвар наздики 20 пойгоҳи мушакӣ дорад, ки Пхенян мехост, онҳоро аз чашми нозирони байналхалқӣ махфӣ нигаҳ дорад. Коршиносон тавонистанд, макони ҷойгиршавии 13 пойгоҳро ошкор кунанд.

Покистон мегӯяд, ки эрониҳои рабудашударо озод кардааст

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон

Покистон рӯзи 15 нобяр гуфт, ки нерӯҳои амниятӣ панҷ сарбози Эрон аз гурӯҳи 12 нафариро, ки як моҳ пеш дар назди марзи муштараки ду кишвар рабуда шуданд, озод карданд.

Масъулияти рабудани сарбозони амниятии Эрон, бо шумули узви Сипоҳи Посдорони Инқилобро гурӯҳи тундрави "Ҷайш ал Адл" бар душ гирифт.

"Бо талошҳои мушаххаси ниҳодҳои ҳифзи қонун ва тартиботи Покистон ва нерӯҳои низомӣ панҷ сарбози рабудашуди Эрон бидуни осеб озод шуданд,- гуфт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Покистон Муҳаммад Файсал.

Сарбозони Эрон, бо шумули афсарони истихборот, дар назди деҳкадаи Лулакдон, 150 километрии ҷанубу шарқи Зоҳидон, маркази маъмурии вилояти Сиистон ва Балучистон боздошт шуданд.

Файсал гуфт, ки вазъи сиҳатии сарбозони озодшудаҳо хуб аст ва Покистон онҳо ба ҷониби Эрон супурда мешаванд. "Талошҳо барои озод кардани сарбозони боқимонда идома дорад",- афзӯд ӯ. Матбуоти Эрон аз қавли фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоб Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ бозгашти сарбозонро тасдиқ кард.

Вилояти Сиистони Балучистони Эрон даргири балучҳои ҷудоиталаби Покистон шудааст, ки муддатҳо боз тохтутозҳоеро ба марзи Эрон анҷом медиҳанд.

Романи Достоевский "Бародарон Карамазовҳо" дар Кувейт мамнӯъ шуд

Иван ва Митя Карамазовҳо

Мақомоти Кувейт дастикам ҳазор китоб, бо шумули романи Достоевский "Бародарон Карамзовҳо"-ро ба рӯйхати адабиёти мамнуъ ворид карданд. Дар ин бора нашрияи The Guardian рӯзи 14 ноябр хабар дод.

Қарор буд ин китобҳо ба барномаи фестивали китоб шомил шаванд, аммо аз сензура нагузаштанд. Ба навиштаи The Guardian, дар панҷ соли ахир мақомоти Кувейт чаҳор ҳазор китоб, аз ҷумла "Калисои Нот Дам"-и Виктор Гюго ва "Сад соли танҳоӣ"-и Габриэл Гарсиа Маркесро ба рӯйхати адабиёти мамнӯъ шомил карданд.

Рӯйхатро Кумитаи вазорати иттиллооти Кувейт дар асоси қонуни соли 2006 тартиб медиҳад ва ҷазои маводи нашриётӣ ва журналистиро ҷорӣ мекунад. Нақзи ин қонун таҳқири Ислом, сохтори додгоҳии Кувейт, таҳдиди амнияти миллӣ ва ҳамчунин таҳрики бетартибӣ арзёбӣ мешавад.

Фаъолони маҳаллӣ то ҳол ду дафъа ба нишони эътироз алайҳи ташдиди сензура ба кӯчаҳои пойтахти Кувейт баромаданд.

Отамбоев дар робита ба сармоягузории интихоботи президентӣ сӯҳбат мекунад

Акс аз маросими савганди Ҷеенбеков

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар мусоҳиба бо телевизиони "Апрел" дар бораи интихоботи президентии соли 2017, аз ҷумла дар бораи сармоягузории интихобот, суҳбат мекунад. Дар ин бора маркази матбуотии Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон (ҲСДҚ) хабар дод.

Интизор меравад, ки мусоҳибаи Отамбоев рӯзи 19 ноябр нашр шавад.

Нурбек Токтакунов, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқ рӯзи 15 ноябр ҳуҷҷатҳоеро нашр кард, ки бар асоси онҳо, ситоди интихоботии Сооронбой Ҷеенбеков маблағи бештар аз нишондоди расмиро харҷ кардааст. Ситоди Ҷеенбеков дар интихоботи соли гузашта 1,1 млрд сом (муодили 15,7 млн доллар) ва 6,8 млн доллар харҷ кардааст. Дар ҳисоботи расмии Комисияи марказии интихоботӣ ҳамагӣ 158 млн сом нишон дода шудааст.

Дастгоҳи президент ин иттилоъро дурӯғ унвон кард. "Возеҳ аст, ки ин иттилоъ дурӯғ аст. Муҳр надорад, имзо надорад. Мо иттилоъи дурӯғро шарҳ намедиҳем. Ҳамаи маълумот дар бораи сармоягузории ситоди интихоботии Ҷеенбеков дар Комисияи марказии интихоботӣ ҳаст ва расман нашр шудааст", - гуфт Толгонай Стамалиева, котиби матбуотии президенти Қирғизистон.

Сооробой Ҷеенбеков дар интихоботи президентии Қирғизистон бо касби 54% раъйи мардум пирӯз шуд. Номзадии ӯро ҲСДҚ пешбарӣ ва президенти пешини Алмосбек Отамбоев ҷонибдориву таблиғ кард.

Буҳрон дар Чехия баъди ба Қрим бурдани писари нахуствазир

Андрей Бабиш - нахуствазири Чехия

Рӯзи 15 ноябр дар Чехия намоиши густардаи эътирозӣ баргузор шуд, ки истеъфои нахуствазир Андрей Бабишро талаб мекард. Ба гуфтаи хабарнигори Радио Свобода, намоиши эътирозӣ бо иштироки чандин ҳазор нафар баргузор шуд. Онҳо нахуствазирро ба дуруғгӯӣ ва суиистифодаи молӣ муттаҳам карданд.

Эътирозҳо баъди пахши хабарҳое оғоз шуд, ки Бабиш писараш -Андрей Бабиши хурдиро аз бозпурсӣ дар заминаи суистифодаи кӯмакҳои молии Иттиҳоди Аврпуо пинҳон кард. Бабиши хурдӣ гӯё иҷборан ба нимҷазираи Қрим, ки аз тарафи Русия ишғол шудааст интиқол ёфт. Маскав ин хабарро "тавтеа" унвон кард. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, "ба назар мерасад, ки ин тавтеа бо ҳадафҳои дохилӣ бофта шудааст".

Худи Бабиш қаблан гуфт, ки писари ӯ рабуда нашудаст ва будубоши ӯ дар Қрим ихтиёрӣ аст. Нахуствазир афзӯд, ки Андрей Бабиши хурдӣ гирифтори мушкилоти равонӣ ё бемории "шизофрения" аст. Ба гуфтаи сиёсатмадор, нашри сӯҳбат бо писари ӯ бо ҳадафи бадном кардани худи нахуствазир ва истеъфои ҳукумат анҷом шудааст.

Писари нахуствазири Чехия 36 сол дорад. Ӯ молики бахши умдаи саҳмияҳо маҷмаъаи истироҳатии "Гнездо аиста" аст, ки бо ёронаи Иттиҳоди Аврупо бунёд шуд. Аммо бинобар мушкили равонӣ ӯро ба бозҷӯӣ ҷалб накарданд. Маълум нест, ки ташхиси бемории ӯ талоши гурезаз тафтишот аст ё хайр.

Бабиши хурди рӯзи панҷшанбе дар мукотиба бо рӯзноманигорони чех падарашро ба дуруғгӯӣ муттаҳам кард ва гуфт, ки бар хилофи хоҳиши худаш дар Қрим буд ва нафарони атрофи нахуствазир ӯро тарс медоданд.

Сенати ҷумҳурии Чех аз Бабиш талаб кард, ки аз мақом истеъфо диҳад. палатаи депутатҳо масъалаи боварӣ ба ҳукуматро рӯзи ҷумъаи оянда баррасӣ мекунад.

Шаҳло Аҳмадова - овозхони узбек аз ҳаққи фаъолият маҳрум шуд. ВИДЕО

Муассисаи давлатии "Узбекконсерт" аз 13-уми ноябр овозхон Шаҳло Аҳмадоваро аз идомаи фаъолият маҳрум кард.

"Намоҳанги овозхон Шаҳло Аҳмадова бо суруди "Борони тобистонӣ", ки дар он муносибатҳои духтару писар хеле ошкоро ба намоиш гузошта шудааст, ба фарҳанги миллӣ, арзишҳои мардумӣ ва ахлоқи шарқӣ мувофиқат намекунад", - шарҳ медиҳад маркази матбуотии "Узбекконсерт".

Ба ҷуз ин, маркази матбуотии "Узбекконсерт" зикр мекунад, ки сарфи назар аз огоҳии ба такрор, намоҳанги сароянда ҳанӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад.

Ин намоҳанг 8-уми ноябр дар YouTube нашр шуд. То имрӯз онро беш аз 185 ҳазор дафъа тамошо кардаанд.

Шаҳло Аҳмадоваи 24-сола дар вилояти Сурхондарёи Узбекистон таваллуд шудааст. Ӯ соли 2013 дар озмуни Zo‘r-zo‘r Star мақоми дувумро соҳиб шуд. Дар Узбекистон овозхонон танҳо бо иҷозатномаи махсуси мақомот ҳаққи фаъолият карданро дар ин соҳа доранд.

ИМА барои куштори рӯзноманигор Хошуқҷӣ таҳрим ҷорӣ кард

Ҷамол Хошуқҷӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар заминаи куштори рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ таҳрим ҷорӣ кард.

17 табааи Арабистони Саудӣ дар чаҳорчуби "қонуни Магнитский" таҳти маҳдудиятҳои молӣ қарор гирифтанд. Ба ин гурӯҳ консули генералии Арабистони Саудӣ дар Истанбул ва собиқ мушовири валиаҳд Муҳаммад бин Салмон шомил шудаанд.

Вазорати молияи Амрико ин нафаронро узви "тими амалиёт"-и маҳви Ҷамол Хошуқҷӣ унвон кард.

Дар ҳамин ҳол, додситони Арабистони Саудӣ барои иштирокчиёни куштори рӯзноманигор ҳукми қатл талаб кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи панҷшанбе гузориш дод.

Додситон дар нишасти хабарии Риёз гуфт, ин панҷ нафар баъди онки намояндагони салтанат дар гуфтушунид бо онҳо номуваффақ шуданд, ба заҳролуд ва сипас пора кардани ҷасади Хошуқҷӣ амр доданд.

Хабарнигори Саудӣ Ҷамол Хашуқҷӣ, ки аз мунтақидони ҳукумат ҳисоб мешуд, рӯзи 2-юми октябр дар қаламрави консулгарии Саудӣ дар Истанбул кушта шуд.

Созиши хуруҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупоро ниҳоӣ мекунанд

Доналд Туск

Доналд Туск, президенти Иттиҳодияи Аврупо аз раҳбарони кишварҳои узв хост, рӯзи 27-уми ноябр барои қабули созиши хуруҷи Бритониё дар Брюссел ҷамъ биёянд.

Ӯ рӯзи 15-уми ноябр гуфт, “агар як чизи ғайриоддӣ рух надиҳад, мо барои ниҳоӣ ва расмӣ кардани созиши хуруҷи Бритониё ҷаласаи Шӯрои Аврупоро баргузор мекунем.”

Пеш аз ин баёния, Тереза Мей, нахуствазири Бритониё ва Мишел Барние, музокиракунандаи Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки онҳо сари матни 585-саҳифаии қарордори хуруҷ ба мувофиқа расиданд. Ҷараёни хуруҷ бар асоси санади мазкур сурат мегирад.

Аммо маълум нест, ки порлумони Бритониё аз ин қарордод ҳимоят мекунанд, ё не. Санади мазкур бояд то рӯзи 29-уми марти соли 2019 тасвиб шавад. Яке аз масоили муҳиме, ки сабаби ба дарозо кашидани музокироти ду тараф шуд, боз гузоштани марзи Бритониё бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо буд, чун молу ашё ва гузар ба Ирландия аз тариқи қаламрави Бритониё сурат мегирад.

Мухолифони ин тарҳи созиш мегӯянд, бо ин шакл, Бритониё пойбанди муқаррароти Иттиҳодияи Аврупо мемонад.

"Эрон ба Ҳизбуллоҳ 700 миллион доллар медиҳад"

Натан Сейлс

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, Эрон дар як сол барои кумак ба созмони Ҳизбуллоҳ, Ҳамос ва дигар гуруҳҳои тундрави шарикаш дар Ховари Миёна 1 миллиард доллар харҷ мекунад.

Натан Сейлс, ҳамоҳангсози барномаҳои муқобила бо терроризм дар Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Вашингтон ба хабарнигорон гуфт, Эрон ба созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон солона 700 миллион доллар кумак мекунад, ки ин созмон бо Исроил ҷангидааст ва дар ҷанги ҳафтсолаи дохилӣ дар Сурия ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад низ ёрӣ расонидааст.

Ба қавли Натан Сейлс, Эрон ба созмони Ҳамос, ки Навори Ғаззаро дар даст дорад ва ҳам ба дигар “гуруҳҳои фаластинии террористӣ” солона 100 миллион доллар кумаки молӣ медиҳад.

Ӯ нагуфт, ки бақияи пул ба куҷо меравад, вале афзуд, харҷе, ки Эрон барои ҳимоят аз гуруҳҳои тундрав дар Ховари Миёна мекунад, тақрибан 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Дипломати баландпояи амрикоӣ Эронро ҳомии пешсафи терроризм дар ҷаҳон номид ва гуфт, “мутаасифона, баҳои онро мардуми Эрон мепардозад”.

Думаи давлатӣ қонуни ҷазо барои "репост"-ро бекор кард

Намояндагони Думаи давлатии Русия рӯзи 15 ноябр тарҳи қонун дар бораи бекор кардани ҷазо барои бознашри матолиб ё "репост"-ро дар хониши аввал бекор кард.

Биноба таъғирот, нафароне, ки бори аввал хабару назарҳои душмансоз ё матлабҳоеро, ки нафрат эҷод мекунанд дар шабакаҳои иҷитмоӣ бознашр мекунанд, ҷарима хоҳанд шуд. Ҷазои ҷиноӣ нисбати онҳое истифода мешавад, ки агар як бор ҷарима шуда, дар тули cол ба бознашри чунин хабарҳо идома доданд.

Дар кодекси нақзи қонунҳои маъмурӣ акнун як банди дигар - эҷоди нафрат ва душманӣ илова мешавад.

Тарҳи ғайриҷиноӣ кардани "репост"-ро моҳи октябр президент Путин ба Дума пешниҳод кард.

Соли 2017 барои бознашр ва нишон додани алоқаманӣ ба хабару назаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақомоти Русия 461 нафарро ба ҷавобгарӣ кашиданд.

70% беморони қанд дар Тоҷикистон ҷавонону миёнсолҳоянд

Масъулони Маркази эндокринологии Тоҷикистон гуфтанд, ҳоло ҳудуди 70 дар сади беш аз 40 ҳазор беморони гирифтори диабет дар кишварро ҷавонону миёнсолон ташкил медиҳанд. Асабонияту нигаронӣ аз мушкили иқтисодӣ ва истеъмоли ғизои носолими серчарб дар аксар ҳолатҳо боиси ҷавонтар шудани бемории қанд дар Тоҷикистон шудааст.

Фарзона Саидоваи 23-сола чанд моҳ пеш баъди як ташхиси тиббӣ ҳукми сангину бисёр дардноки духтуронро шунид. Ӯ гирифтори диабети қанд шудааст. Далели муроҷиати ин зани ҷавон ба табиб - мушкилӣ пайдо кардани фарзанд баъди издивоҷи се соли пешаш буд, вале нафаҳмид, ки дар асл гирифтори дарди сахти дигар будааст.

Фарзона рӯзи 14-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ин муддат ҳеҷ яке аз нишонаҳои ин беморӣ, назири хушкидани дохили даҳан ва фишорбаландиро эҳсос накарда буд ва чунин хулосаи духтур барояш ногаҳонӣ аст.

Табибон мегӯянд, меъёри глюкоза дар хуни инсони сиҳат набояд аз нишондиҳандаи 3,3 то 5,5 миллимол зиёд бошад ва дар ҳолате, ки ин мизон бештар шуд, табибон беморро аз баланд рафтани мизони қанд огаҳ мекунанд.

Табибони тоҷик аз Маркази эндокринологии Тоҷикистон мегӯянд, шумори онҳое, ки гирифтори навъи дуюми диабети қанд мешаванд, афзоиш ёфта, беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд ва аз даҳ ҳафт нафари онҳо ҷавону миёнасол мебошанд. Ин гурӯҳи беморон аз инсулин вобаста нестанд ва бештар бо сабаби ирсият ё дар паи мушкилоти равониву пурхӯрӣ гирифтори маризӣ шудаанд.

Як ҳамсӯҳбати кӯҳансоли Радиои Озодӣ гуфт, замони шӯравӣ чунин бовар буд, ки бемории қанд "дарди сарватмандон" аст ва афроде бо даромаду зиндагии миёнаву оддӣ кам ба чунин дард гирифтор мешаванд. Ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, воқеан ҳам дар миёни аъзои ҳукумат ва ё вазирон нафароне зиёд буданд, ки аз дарди диабет ранҷ мекашиданд ва танҳо дар давраи беморӣ эътироф мекарданд, ки ғизои серравғану пурхӯрии давраи мансабдорӣ онҳоро касали қанд кардааст.

Вале ҳоло, ба қавли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ, диабети қанд дар нуқоти дигари ҷаҳон ҳам ҷавонтар ва аз ин назар ташвишовар мешавад. Зимнан, 14-уми ноябр, ки рӯзи мубориза бо ин беморӣ эълон шудааст, Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, ки агар даҳ сол қабл аз ин беморӣ ҳудуди 347 миллион нафар азият мекашид, соли 2012 қариб 1,5 миллион нафар аз ин беморӣ фавтиданд, ки беш аз 80% онҳо сокинони кишварҳои фақир мебошанд.

Шукрона Давлатова, пизишки ғадудшиноси тоҷик мегӯяд, дар мисоли Тоҷикистон падидаҳои нави мисли муроҷиат ба фастфуд ё ғизои зудпухти серравған сабаби пайдо шудани ин дард мешавад. "Истеъмоли хӯроки ба истилоҳ “фастфуд” ва истифодаи доруҳои махсус барои бузург кардани мушакҳои дасту пой ҳангоми варзиши бадан ҳам аз сабабҳои асосии гирифтории ҷавонон ба ин беморӣ мебошад",-афзуд вай.

Фирӯза Қурбонова, пизишки Маркази ғадудшиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳар инсон бояд пайваста зери назари табибон бошад, то ки вуҷуди беморӣ сари вақт ошкор ва ташхис шавад. Ӯ гуфт, беморони гирифтори диабети қанд ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд ва гурӯҳи аввал ба инсулин ниёз доранд, ки ворид кардани он ба кишвар дар масъулияти мақомот аст.

Ӯ гуфт: "Куллияи беморони гирифтори диабети қанд бо доруи инсулин таъмин мешаванд. Мо феълан инсулинро аз Украина ворид месозем. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба куллияи ниёзмандон инсулинро ройгон медиҳад".

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2016 барои харидани доруи инсулин 3 миллион сомонӣ ҷудо карда буд.

АР: Фаронса таҳқиқи нопадидшавии раҳбари пешини Интерполро қатъ кард

Мен Ҳунвэ

Фаронса таҳқиқи қазияи нопадидшавии раҳбари пешини Интерпол - Мэн Ҳунвэро қатъ кард. Дар ин бора Associated Press рӯзи чаҳоршанбе бо такя ба манбаи наздик бо тафтишот хабар дод.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати хабаргузорӣ, муфаттишон далели дар қаламрави Фаронса содир шудани ҷиноят бар зидди Ҳунвейро пайдо накарданд. Манбаъ ҳамчунин гуфт, маълумоти ҳамсари Ҳунвэ, ки онҳо бо забони чинӣ таҳдид гирифта буданд, низ тасдиқ нашуд. Ҷузъиёти дигари тафтишот ошкор нашудааст.

Пештар маълум шуд, ки мақомоти Чин Ҳунвэро дар фасодкорӣ гумонбар медонанд. Раҳбари пешини Интерпол рӯзи 25-уми сентябр ҳангоми берун шудан аз ҳавопаймо дар Чин боздошт шуд.

Ҳамсари ӯ Мэн Грейс гуфт, чанд лаҳза пеш аз қатъ шудани тамос аз шавҳараш як паёмак дарёфт кард. Дар паёмак Мэн Ҳунвэ "занги маро интизор бош" навишт ва рамзи кордро илова кард, ки манои хатарро дошт. Баъди ин робита бо ӯ қатъ шуд.

Рӯзи 7-уми октябр Интерпол гуфт, аз Мэн Ҳунвэ аризае дарёфт кард, ки дар он Ҳунве гуфтааст, ки оҷилан истеъфо медиҳад.

Назарбоев давронеро ба ёд овард, ки Узбекистон гандуми Қазоқистонро аз Аврупо мехарид

Истқболи Мирзиёев аз Назарбоев дар фурӯдгоҳи Тошканд, 16 сентябри соли 2017

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар ҷаласаи Astana Club аз беҳшавии муносибатҳои кишвараш бо Узбекистон ситоиш кард.

"Ман бо бовар гуфта метавонам, ки дар Узбекистон тағйироти мусбате дар ҳоли анҷомёбист. Мутаассифона, ҳамаи ин солҳо ҳаҷми доду гирифт дар иқтисоди мо на бештар аз 5 дарсад буд. Мо вақти зиёдеро беҳуда талаф кардем. Метавонед тасаввур кунед, ки гандуми Қазоқистонро Узбекистон тавассути Аврупо мехарид? Ҳамин гуна буд", - гуфт Назарбоев.

Аммо дар ду соли охир, ба гуфтаи президенти Қазоқистон, тиҷорат байни ду кишвар ду баробар афзуд. "Марзҳо бозанд, фазои гумрук муштарак аст, ҳамоҳангии иқтисодӣ рушд мекунад. Ман ба ояндаи Узбекистон хушбинам. Онҷо тағйироти зиёде шуд, иқтисод озодтар гардид, сиёсат ҳам озодтар шуд. Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии Узбекистон ба назари ман, дар роҳи дуруст қадам мезанад ва муносибатҳои дуруст ба роҳ мемонад", - афзуд Назарбоев.

Дар баробари муносибатҳои тиҷоратӣ Қазоқистону Узбекистонро, ба гуфтаи Назарбоев, "мушкилоти муштарак" низ ба ҳам меорад. "Маҳвшавии баҳри Арал дар ҳаёти як насл - як триллион тонна об мавҷуд буд, моҳии зиёд гирифта мешуд. Ба далели тарҳрезии нодурусти иқтисоди шӯравии пешин баҳр хушкид. Акнун аз қаъри баҳри хушкида гарди миллионҳо тонна намак ба ҳаво мехезад. Он намак ба Аврупо меравад, болои куҳҳои мо менишинад ва пиряхҳоро об мекунад. Ин мушкили муштараки мост", - гуфт Назарбоев.

Маҳкум ба зиндон шудани се сарбози тоҷик

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе се сарбози як воҳиди низомии вазорати дифоъро барои бадрафторӣ бо ҳамхидматонашон ба зиндон маҳкум кардааст. Додгоҳ ҳафтаи гузашта бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки Ҷаҳонгир Ҳалимов, Ҳомидҷон Тоиров ва Суҳроб Паҳлавонов барои риоят накардани оинномаи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва латукӯби ҳамхидматонашон ду солиро дар зиндони дорои низомаш пурзӯр сипарӣ мекунанд.

Ба гуфтаи додгоҳ, се сарбози қаторӣ рӯзи 15-уми декабри соли гузашта, “бо мақсади нишон додани бартарияти худ дар байни дигарон” ҳамхидматонашон Шаҳбоз Исмоилов ва Наврӯз Луқмонзодаро латукӯб мекунанд. Хулосаи ташхиси тиббӣ нишон додааст, ки ҳарду ҷавон аз сару рӯй чашм ва дигар аъзои бадан захм бардоштаанд.

Се сарбозеро, ки дар латукӯб даст доштаанд, додгоҳ бо гуноҳи риоят накардани қоидаҳои ойинномавии байни сарбозон ва расонидани зарар ба саломатӣ ба зиндон маҳкум кардааст. Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе мегуяд, мурофиаи сарбозон моҳи марти имсол хотима ёфт ва ҳукми онҳо баъди расидан ба марҳилаи ниҳоӣ ва ҳукми иҷро гирифтан, ба нашр расид.

Дар Тоҷикистон бадрафторӣ бо сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ зиёд ба назар мерасад ва даҳҳо нафар ҳар сол барои риоят накардани оинномаи хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва ё латукуби ҳамхидматонашон ҷазо ва ё танбеҳ мегиранд.

Корманди Кохи сафед баъди ҷанҷол бо ҳамсари Трамп аз мақом рафт

Мира Рикардел

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи гузашта ёвари мушовираш дар умури амнияти миллиро аз мақом барканор кард. Барканории Мира Рикардел баъди ҷанҷоли ӯ бо ҳамсари президент Мелания Трамп сурат гирифт.

Бонуи аввали Амрико гуфт, ки "Рикардел ба фаъолият дар Кохи сафед сазовор нест". Муноқишаи Мелания Трамп бо ёвари мушовири амнияти миллӣ моҳи октябр ҳангоми сафари Африқо ҷараён гирифт. Баъди ҷанҷол барои ҷойи нишаст дар ҳавопаймо Рикардел ёварони Мелания Трампро ба рафтори номуносиб муттаҳам кард. Ба навиштаи нашрияи The Wall Street Journal, доираҳои наздик ба бонуи аввал гумон доранд, ки Мира Рекардел ба пахши хабарҳои манфии мутботӣ дар бораи Мелания Трамп даст дорад.

Шабакаи телевизионии CNN мегӯяд, ки Рикардел бо намояндагони дигари маъмурияти президент, аз ҷумла бо Ҷим Мэттис, собиқ вазири дифоъ вориди низоъ шуда буд. Рикардел номзадии чанд нафар ба мақомҳои идориро ба иллати содиқ набудани онҳо ба Ҳизби Ҷумҳурихоҳ рад кард.

Мира Рекардел дар мақоми ёвари мушовири амнияти миллӣ 7 моҳ кор кард ва бо тавсияи Ҷон Болтон ба ин мақом истихдом шуда буд.

Шабакаи телевизионии NBC мегӯяд, дар заминаи муноқиша бо Мелания Трамп дар ояндаи наздик эҳтимол раҳбари маъмурияти президент Ҷон Келли низ аз мақомаш барканор шавад. Нашрияи The Wall Street Journal гуфтааст, ки президент Трамп то нимаи муҳлати фаъолияташ дар Кохи сафед, баъзе таъғироти кадриро барномарезӣ кардааст.

Наққошии чандмиллионии Рембрандтро мехостанд, аз Узбекистон ба хориҷ баранд

Дар Узбекистон бо қарори додгоҳ аз 7 ноябр, наққошиеро ҳамчун далели шайъӣ мусодира карданд, ки чанд миллион евро арзиш дорад. Наққошӣ ба гирдоварандаи расмҳо Николай Плужников тааллуқ дорад, ки соли 2004 даргузашт.

Ба гуфтаи писари Николай Плужников – Андрей, падараш наққошии Рембрандтро соли 1945, ҳангоми ҳамлаи Берлин ҳамчун ғанимат ба даст оварда буд.

"Падарам се рӯз пеш аз маргаш онро ба ман нишон дода, гуфт, яке аз қиматтарин наққошиҳост. Тибқи навиштаи поварақи расм, онро соли 1940 ба Олмон овардаанд. Ман хулосаи ташхиси Вазорати фарҳанги Узбекистонро ҳам дорам, ки расм воқеан ба Рембрандт тааллуқ дорад", - гуфт Плужникови хурдӣ.

Андрей Плужников расмро соли 2014 ба Камила Юлдошова, ки бо хариду фурӯши асарҳои ҳунарӣ машғул аст, дод, то дар музоядаи ҷаҳонӣ 12 миллион евро фурӯшад. Вале Юлдошова расмро гирифт ва ғайб зад.

"Ба Вазорати умури дохилӣ ва додситонии Узбекистон шикоят кардам. Дар натиҷа парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 14 июни соли равон расмро аз бағочи Рафаэл Фузайлов, ки мехост аз Тошканд ба Исроил сафар кунад, пайдо карданд", - афзуд Плужников.

Парвандаи мусодираи наққошӣ таҳти назорати Додситонии кулли Узбекистон қарор дорад. "Тафтиш ба поён расид ва парванда барои баррасӣ ба додгоҳ интиқол ёфт. Плужников наққоширо ихтиёран ба Юлдошова фурӯхтааст ва дар кирдори дувумӣ осори ҷиноят дида намешавад. Наққоширо бо роҳи қочоқ мехостанд, аз Узбекистон бароранд. Дар ҳоли ҳозир, ин асар муваққатан то содир шудани ҳукми додгоҳ мусодира шудаст", - омадааст дар иттилоияи Додситонии кулли Ӯзбекистон.

Вазорати фарҳанги Узбекистон дар хулосаи ибтидоии ташхиси худ гуфтааст, ки наққошӣ арзиши таърихӣ дошта, эҳтимолан ба мактаби Рембрандт тааллуқ дорад.

Туркия ҳукми рӯзноманигори Wall Street Journal-ро бекор кард

Тарафдорони Эрдуғон дар майдони "Тақсим", 16 июли соли 2016

Додгоҳи Туркия ҳукми рӯзноманигори Wall Street Journal Айл Албайрак бекор кард. Дар ин бора рӯзноманигор рӯзи 14 ноябр дар твиттер хабар дод.

Моҳи октябри соли 2017 Албайракро барои "таблиғи терроризм" ду сол зиндонӣ карданд. Як гузориши ӯ дар соли 2015 дар бораи фаъолияти гуруҳи курдҳо дар ҷанубу шарқи Туркия боиси баҳси додгоҳӣ шуд.

Албайрак ҳам шаҳрванди Туркия ва ҳам Финландия аст, аммо тавонист пеш аз шуруъи муҳокима ба ИМА фирор кунад ва дар озодӣ монад. Баъдтар рӯзноманигор ба додгоҳ шикоят бурд ва ҳукми зиндони ӯ лағв шуд.

Баъди табаддулоти нокоми Туркия дар соли 2016, президенти ин кишвар Раҷаб Эрдуғон фаъолияти садҳо рӯзномаву рӯзноманигор ва бештар аз 30 телевизионро манъ кард. Дар тобистони соли ҷорӣ бештар аз 140 рӯзноманигор дар зиндонҳои Туркия адои ҷазо мекард.

БОР барои васли хатти барқи Тоҷикистону Узбекистон $35 млн дод

Бонки Осиёии Рушд барои дубора васл кардани хатҳои барқи Тоҷикистону Узбекистон ва ҳамингуна ба ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна 35 миллион доллар кумаки бебозгашт медиҳад.

Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки Осиёии Рушд дар шаҳри Душанбе рӯзи 15- уми ноябр хабар дод ва гуфт, маблағи мазкур ба Тоҷикистон дода мешавад.

Дар баёнияи бонк омадааст, «ин тарҳ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, барқи изофиро дар мавсими тобистон ба Узбекистон содир карда, истифодаи самарбахши зарфиятҳои энергетикиро таъмин кунад.»

Тарҳ насби абзорҳои нави ҳимоятӣ ва ҳамоҳанг кардани системаҳои барқи Тоҷикистону Узбекистонро дар назар дорад. Ҳамоҳангии ду системаи барқӣ имкон медиҳад, низоми барқдиҳии ду кишвар устувор кор кунанд.

Харҷи умумии тарҳ 40 миллион доллар аст ва ҷониби Тоҷикистон барои он аз ҳисоби худ 5 миллион доллар ҷудо мекунад. Иҷрои тарҳ соли 2022 ба поён мерасад.

Дар Қирғизистон тӯҳфаи Чингиз Айтматовро оташ заданд

Дар Қирғизистон афроди ношинос мошини ҳунарманди мардумии СССР ва филмсози маъруф Болот Шамшиевро рабуда, оташ заданд. Худи Шамшиев бо тасдиқи ин хабар гуфт, аллакай ба Шуъбаи пулиси ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек шикоят кардааст.

Ба гуфтаи ҳунарманд, мошини ӯро шоми 8 ноябр аз назди манзили зисташ рабудаанд. Кормандони пулис баъд аз шикояти Шамшиев мошинро дар деҳаи Молдовановкаи вилояти Чуй пайдо карданд, ки оташ зада шуда буд.

Коргардони қирғиз мегӯяд, аз дохили мошинаш чизеро надуздидаанд. Ин "Мерседес"-ро ӯ соли 1993, замони сафирии нависандаи мардумии Қирғизистон Чингиз Айтматов дар кишварҳои Бенилюкс дарёфт карда буд. Айтматов он замон дар таҳияи асноди мошин ба филмсоз кумак карда, ҳатто онро то ба Қирғизистон худаш овардааст. Ба гуфтаи Шамшиев, афроди ношинос медонистанд, ки "Мерседес" ба ӯ тааллуқ дорад ва "онро махсус рабуданд".

Ҳунарманди мардумии ҶСШ Қирғизистон ва СССР Болот Шамшиев 77 сол дорад. Ӯ бо филмҳои "Оташкушоӣ дар ағбаи Караш", "Киштии сафед" ва "Турнаҳои барвақтӣ" маъруф аст.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:21 0:00
XS
SM
MD
LG