Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Ҳамсари бонкдори пешини озарбойҷонӣ аз боздошт раҳо шуд

Додгоҳе дар шаҳри Лондони Бритониё Замира Ҳоҷиева, ҳамсари раиси пешини Бонки байналхалқии Озарбойҷонро дар ивази гарав аз ҳабс озод кард.

Ӯро ҳафтаи гузашта баъди он боздошт карданд, ки дар маркази тиҷоратии Harrods якбора 16 миллион фунт харҷ кард ва ҳам бо арзиши 20 миллион фунти дигар амволи ғайриманқул харид.

Ҳоҷиеваро дар Озарбойҷон дар дуздӣ айбдор мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир пулиси Бритониё манбаи даромади Ҳоҷиева таҳқиқ мекунад. Нисбат ба ӯ бо моддаи тасарруфи маблағ парванда боз шудааст.

Ҳоҷиеваро дар ивази 500 ҳазор фунт аз ҳабс раҳо карданд. Дар ҳамин ҳол вай вазифадор аст, ки ҳамарӯза дар пулис худро сабт кунад. Ҳоҷиева ҳақ надорад, баъди соати 9 аз манзилаш берун равад ва шаҳри Лондонро тарк кунад.

Замира Ҳоҷиева 55-сола аст. Соли 2016 додгоҳи Боку шавҳари ӯро бо айби қаллобӣ ва исрофкорӣ 15 сол зиндонӣ кард. Тафтишот мегӯяд, бо айби Ҷаҳонгир Ҳоҷиев - раиси пешини бонк - даҳҳо миллион доллар аз бонк ғайб задааст. Худи вай ин айбро рад мекунад.

Муттаҳамони сӯхтори автобуси ҳомили муҳоҷирон 5-солӣ зиндонӣ шуданд

Додгоҳе дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон парвандаи сӯхтори автобусро бо 52 мусофир баррасӣ ва ҳукми муттаҳамонро содир кард.

Нурҷон Қирғизбоев, Максат Пернебеков ва Барот Танатов - ронандагони автобусро додгоҳ панҷсолӣ зиндонӣ кард. Онҳо ҳамчунин аз ҳаққи ронандагӣ ба муҳлати 7 сол маҳрум шуданд. Додгоҳ ронандагонро дар вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор ва истифодаи нақлиёт айбдор донист. Танатов дар додгоҳ гуфт, вай дар автобус мусофир буд, на ронанда.

Муассиси ширкати "Азия транзит сервис" Нурлибек Тилепбоев ва механики ширкат Баҳодур Пердебоев се солӣ ҳабс кард. Додгоҳ ҳамчунин ҳукм кард, ки айбдоршавандаҳо ба ҳар кадом хонаводаи қурбониён 5 ҳазор долларӣ ҷуброн пардохт кунанд.

Автобуси ҳомили муҳоҷирони Ӯзбекистон 18 январи соли ҷорӣ дар шаҳроҳе дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон оташ гирифт. Панҷ тан аз мусофирон наҷот ёфтанд, аммо 52 тан аз мусофирон ҳамроҳ бо автобус сӯхтанд. Сабаби сӯхтор - муносибате беэҳтиётона бо оташ унвон шуд.

Иттиҳоди Аврупо барои тоза кардани партовҳои радиоактивии Осиёи Марказӣ маблағ медиҳад

Дар шаҳри Лондони Бритониё 8 ноябр конфронси байналмилалии кумакрасон дар умури поккории партовҳои радиоактивии Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Дар ин конфронс гуфта шуд, Иттиҳоди Аврупо барои мубориза бо партовҳои радиоактивии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон 10 миллион еврои иловагӣ медиҳад.

Дар ин бор дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон хабар дод. Ба иттилои ин созмон, 10 миллиони иловагӣ изофа ба 16 миллион еврое аст, ки Иттиҳоди Аврупо чанде пеш ҷудо карда буд.

"Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар амри безарар кардани партовҳои радиоактивӣ нақши калидӣ дорад. Бештар аз 10 дар се кишвари зикршуда корҳои таҳқиқотӣ сурат гирифтааст", - омадааст дар хабари Иттиҳоди Аврупо.

Конфронси байналхалқии кумакрасон бо ташаббуси Қирғизистон ва ҳимояти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд баргузор шуд.

Ду тоҷири ӯзбекистонӣ дар таҷовузи духтари 13-сола айбдор мешаванд

Додгоҳи ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон парвандаи таҷовузи як духтари 13-соларо баррасӣ дорад. Ба иттилои бахши Узбекии Радиои Озодӣ, ду соҳибкори маҳаллӣ дар таҷовузи ин духтар айбдор мешаванд. Дар хабаре, ки рӯзи 8 ноябр нашр шуд, шоҳидон гуфтанд, ҳодиса 10 майи соли ҷорӣ дар як бинои шустушӯи мошинҳо сурат гирифтааст.

"Соҳибкорон духарро иҷборан таҷовуз карданд", - мегӯянд мақомот. Баррасии парвандаи таҷовузи духтари 13-сола пушти дарҳои баста сурат мегирад.

ИМА таҳримҳои зидди Русияро густариш дод

ИМА нисбати се шахси воқеӣ ва 9 ширкат дар робита ба ғасби Қрим ва дахолати Маскав дар низои Донбасс таҳрим ҷорӣ кард. Дар ин бора вазорати мудофиаи ИМА хабар медиҳад.

Миёни таҳримшудаҳо - ду шаҳрванди Украина ҳам ҳаст. Яке аз онҳо Александр Басов аст, ки айни ҳол роҳбарии ҷумҳурии худхондаи "ЛНР"-ро ба уҳда дорад ва дувумӣ корманди пешини мақомоти махсуси Украина Андрей Сушко аст. Владимир Заритский - фармондеҳи пешини артиши мушакандози Русия ҳам шомили таҳримҳо шуд.

Бустонсарои "Мрия" (яке аз ширкатҳои Сбербонк), истироҳатгоҳҳои "Ай-Петрӣ", "Дюлбер", "Мисрох" (ки ба бовари мақомоти Амрико, ғайриқонунӣ миллӣ ва фурӯхта шудаанд) ва чанде аз дигар ширкату корхонаҳои Қрим вориди рӯйхати таҳримҳо гардиданд.

Курт Волкер, намояндаи махсуси ИМА дар умури Украина гуфт, шахсони воқеӣ ва ширкатҳои зикршуда аз талошҳои Русия барои якпорчасозии Қрим ҳимоят мекунанд ва ба ин далел шомили таҳримҳо шуданд.

Instagram саҳифаи нави Рамзан Қодировро баст

Саҳифаи za_kadyrov_95 дар инстаграм баста шуд. Сабаби бастани ин саҳифа ҳанӯз шарҳ дода нашудааст. Саҳифаи мазкур ба раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров тааллуқ дорад.

Саҳифаи za_kadyrov_95 моҳи июли соли ҷорӣ кушода шуда буд. То замони басташавиаш ин саҳифаро 1,3 млн корбар мутолиа мекард.

Саҳифаҳои пешини Қодиров дар Инстаграм ва Фейсбук 23 декабри соли 2017 баста шуданд. Саҳифаҳои Қодиров баъди шомил шуданаш ба рӯйхати таҳримҳои Русия баста шуданд.

Ба гуфтаи намояндагони Facebook, ширкат вазифадор буд, ки саҳифаҳои Қодировро бандад. Низоми таҳримҳо ширкатҳои амрикоиро водор мекунад, ки бо Қодиров муносибатҳои корӣ ба роҳ намонанд.

Қодиров баъди басташавии саҳифаҳояш гуфт, дар Чеченистон шабакаҳои иҷтимоии худӣ бо номи Mylistory таъсис шудааст ва вай онҷо саҳифа дорад.

Тоҷикистон маркази мубориза бо терроризму сепаратизм таъсис дод

Мақомоти Тоҷикистон як маркази мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва сепаратизм ё ҷудоиталабиро таъсис доданд. Ин марказ дар ҳайати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аст.

Бинои маркази муқовимат алайҳи терроризму экстремизм ва сепаратизм рӯзи 9-уми ноябр бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

Мақомот то ба ҳол далели ташкили чунин маркази вижаро шарҳ надодаанд. Аммо чанд сол боз аз афзоиши терроризму ифротгароӣ изҳори нигаронӣ доранд.

Хабарнигорони Беларус ба "дарёфти ғайриқонунии ахбор" муттаҳам шуданд

Дафтари портали мустақили TUT.by

Мақомоти Беларусия сардабири оҷонсии хусусии BelaPan ва сардабири портали TUT.by-ро ба дарёфти ғайриқонунии маълумот аз хабаргузории давлатии BelTA муттаҳам карданд.

Ирина Леушина аз BelaPan ва Ҳалина Уласик аз TUT.by ба хабарнигорон гуфтанд, ки онҳоро рӯзи 8 ноябр, баъди даъват ба Кумитаи тафтишот айбдор карданд.

Ба гуфтаи ду хабарнигор, як сардабир аз BelaPan ва панҷ журналист аз TUT.by айни чунин иттиҳомотро дарёфт карданд. Ин ҳашт журналист аз 18 нафаре буданд, ки моҳи август барои бозпурсӣ 24 соат боздошт шуданд.

Муфаттишон ҳамчунин идораҳои BelaPan ва TUT.by-ро кофтукоб карданд. Пулис мегӯяд, ки хабарнигорони портали TUT.BY ва BelaPAN ба таври ғайриқонунӣ, тавассути интернет, аз хабаргузории давлатии BelTA маьлумот дарёфт мекарданд.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд мақомот бо ин роҳ мехоҳанд даҳони мунаққидони президенти дарозумри Беларусия Александр Лукашенко ва ҳукумати ӯро банданд. Вазорати хориҷии Беларусия ин иттиҳомро рад мекунад.

Ҳамла ба майхонае дар Лос-Анҷелес 12 нафарро қурбон кард

Саҳнаи ҳодиса

Бар пайи ҳамла ба майхонае дар Лос-Анҷелес 12 нафар кушта ва беш аз 10 нафар захмӣ шуд. Ҳамларо як марди сиёҳпӯш анҷом дод, ки нахуст ба майхона норинҷаки дудӣ партофт ва баъдан ба сӯи ҳозирон аз силоҳ тир кушод. Кормандони пулис бо ин мард вориди даргирӣ шуданд ва ҳамлагар дар вақти тирпарронӣ кушта шуд.

Ҳодиса соати 23:20 дақиқаи вақти Амрико сурат гирифт. Ин мард замоне ба майхона ҳамла кард, ки дар он донишҷӯён бо "шеваи контри" шабнишнӣ доштанд ва дар он садҳо нафар иштирок мекард. Як корманди пулис ба нашрияи Los Angeles Times гуфт, ки ин мард ба сӯи одамон 30 дафъа тир кушод. Ёвари раиси пулиси ҳавзаи Вентура сержант Рон Ҳелус низ дар ин ҳодиса захм бардошт ва баъдан дар бемористон даргузошт.

Ангезаи ҳамла маълум нест. Дар ҷойи ҳодиса кормандони воҳиди зидди террористии FBI ва кормандони Идораи назорат бар алкоҳол ва силоҳи оташфишон кор мекунанд.

Дар музокирот бо Толибон дар Маскав Тоҷикистонро Зоҳир Саидзода намояндагӣ мекунад

Музокирот бо Толибон бо ташаббуси вазорати хориҷаи Русия баргузор мешавад

Тоҷикистонро дар музокироти сулҳ бо Толибон дар Маскав муовини вазири умури хориҷа Зоҳир Саидзода намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ як узви ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Нишаст қарор аст рӯзи 9 ноябр дар Маскав ва таҳти раҳбарии вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми ҳукумати Амрико гуфт, ки дар ин нишаст танҳо намояндагони сафоратхонаи ин кишвар дар Маскав ба ҳайси нозир ширкат мекунанд. Муовини сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Роберт Палладино дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон дар ин бора гуфт:

“ИМА ба ин бовар аст, ки ҳамаи кишварҳо бояд аз муколамаи мустақими миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон ба хотири хатми ҷанг пуштибонӣ кунанд. Мо рӯшан гуфтаем, ки ҳеҷ ҳукумате, аз ҷумла Русия, наметавонад ҷойгузини музокироти мустақими ҳукумати Афғонистон ва Толибон бошад. Дар робита бо намоядаи Амрико, метавонам бигӯям, ки дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Афғонистон, сафорати ИМА дар Маскав як намояндаашро дар сатҳи нозир ба ин нишаст сафарбар кунад. ИМА омодаи ҳамкорӣ бо ҳамаи ҷонибҳо ба хотири мусоидат дар ҷараёни сулҳ аст».

Русия барои ширкат дар ин нишаст, ки қарор аст бо ширкати панҷ узви Толибон дар дафтари сиёсии Қатар барпо шавад, муовинони вазирони хориҷаи 12 кишвар, аз ҷумла, Афғонистон, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА даъват кардааст.

ИМА Эронро ба давр задани таҳримҳо муттаҳам кард

Танкери нафт, ки ба сӯи гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳаракат мекунад

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико мақомоти Эронро ба талоши давр задани таҳримҳои Вашингтон муттаҳам кард, ки содироти нафти ин кишварро ҳадаф гирифтаанд. Ба гуфтаи Амрико, Теҳрон бо ҳадафи пинҳон кардани танкерҳояш аз моҳвораҳо, чароғҳои онҳоро хомуш мекунад

Намояндаи вежаи ИМА дар умури Эрон Брайн Ҳук рӯзи 7 ноябр гуфт, ки ин ба амнияти ҳамлу нақли дарёи таҳдид мекунад ва дар ҳолати садама ва рехтани нафт метавонад ба фоҷеаи зистмуҳитӣ расонад. Оҷонсии Bloomberg қаблан хабар дод, ки чароғҳо дар 10 танкери нафти Эрон хомуш буданд. Ба гуфтаи Ҳук, бинобар таҳримҳои ИМА ширкатҳои бузурги байналмилалӣ танкерҳои Эронро бима намекунанд ва дар сурати садама оқибатҳои фоҷеаи экологӣ безарар намешавад.

Намояндаи ИМА аз кишварҳои дигар даъват кард, ки танкерҳои Эронро ба бандарҳои худ роҳ надиҳанд, на танҳо ба хотири таҳримҳо, балки ба гуфтаи Вашингтон онҳо ба муҳити зист таҳдид мекунанд.

Таҳримҳои зидди Эрон, ки рӯзи 6 ноябр ба иҷро даромаданд, ба бахшҳои мухтилифи иқтисоди Эрон, аз ҷумла сохтори бонкӣ ва ширкатҳои нафт таъсир мерасонад. Вашингтон муваққатан ба ҳашт кишвар иҷозад дод, ки аз Эрон нафт бихаранд. Кишварҳои дигар дар сурати муомилот бо Теҳрон" таҳти таҳрим қарор мегиранд.

Муфаттишони Амрико ба мақомоти тоҷик изҳори сипос карданд

Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Кристофер Рэй, мудири Бюрои федералии тафтишотии Амрико, аз мақомоти тоҷик барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи қазияи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ изҳори сипос кардааст. Дар ҳамла ба як гуруҳ ҷаҳонгардони хориҷӣ дар охири моҳи июл чаҳор сайёҳ, аз ҷумла ду шаҳрванди Амрико, кушта шуданд.

Мақомот рӯзи 8-уми нобяр гуфтанд, додситони кулл Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй дар шаҳри Вашингтон суҳбат кардааст. “Ду тараф масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба барои мубориза зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳое ба мисли терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро баррасӣ карданд”, - гуфтанд дар Додситонии кулл.

Мудири Бюрои федералии тафтишотии Амрико дар ҳоле аз мақомоти тоҷик барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ ташаккур мекунад, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии ин парвандаро ба марҳилаи ниҳоӣ расондааст. Қарор аст, рӯзҳои наздик ҳукми муттаҳамони ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ эълон шавад. Дар курсии айбдорӣ 15 нафар нишастаанд.

Ҳамла рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Аммо ин ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо рад кардааст.

Дар интихоботи аёлати Невада номзади фавтида пирӯз шуд

Дар интихоботи порлумонии ИМА дар аёлати Невада номзаде пирӯз шуд, ки чанд ҳафта пеш аз раъйдиҳӣ вафот кард. Денис Ҳофи 72- сола аз ҳизби Ҷуҳмурихоҳ, молики шабакаи фоҳишахонаҳо буд. Акнун ба ҷои ӯ намояндаи дигари ҷумҳурихоҳон вориди порлумон мешавад.

Дар ҷараёни раъйдиҳии 6 ноябр Хоф нисбати рақибаш аз Ҳизби Демократ - Лес Романов 36 дарсад раъйи бештар гирифт.

Ҷасади Хоф 16 октябр, баъди таҷлили зодрӯзаш, пайдо шуд. То он замон баргаҳои раъй нашр ва тақсим шуда буданд, ба ин далел мақомот тасмим гирифтанд, ки Хофро аз баргаҳо берун накунанд.

Аёлати Невада ягона минтақаи ИМА аст, ки ба фаъолиятирасмии фоиҳшахонаҳо иҷозат дода медиҳад. Денис Ҳоф сиёсатмадоре буд, ки бо тақлидҳояш аз Доналд Трамп маъруф шуд.

Дар Лаҳистон ва кишварҳои Балтик тамрини НАТО оғоз шуд

Горди фахрии Лаҳистон

Рӯзи 7 ноябр дар Лаҳистон ва кишварҳои назди Балтик тамрини низомӣ бо иштироки сарбозони 10 кишвар оғоз шуд.

Ба маълумоти Вазорати дифои Лаҳистон машқҳои низомӣ бо номи "Анаконда" бузургтарин тамрин дар таърихи ин кишвар ба шумор меояд. Дар ин машқҳо дастикам 12 500 сарбози Лаҳитстон иштирок мекунад. 5 ҳазор сарбозии НАТО барои машқҳои низомӣ дар қаламрави Латвия, Литва ва Эстония ҷалб шудаанд. Тамринҳо ҳамчунин дар баҳри Балтик барномарезӣ шудааст.

Сар аз соли 2014, баъди ишғоли Қрим аз тарафи Русия, НАТО гурӯҳҳои низомияшро дар минтақаи баҳри Балтик тақвият дод.

Ахиран бузургтарин тамрини низомии нерӯҳои НАТО дар Новегия баргузор шуд, ки дар он 50 ҳазор сарбоз иштирок кард.

Назарбоев даъват кард, "монополистҳои бевиҷдон" муҷозот шаванд

Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон аз мансабдорон хост, ки "муҳтаво"-и "паём"-и охири ӯро ба мардум расонанд ва "монополистҳои бевиҷдон"-ро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар дар шаҳри Остона 7 ноябр Назарбоев ҳамчунин гуфт, бар асоси таҳқиқоти сотсиологӣ, мардуми Қазоқистонро ба иловаи ташвишҳои дигар қимати хизматрасониҳои комуналӣ, арзиши таҳсил ва табобат нигарон кардааст.

Ӯ афзуд, харҷи хизматрасонаҳои комуналӣ қисмати асосии харҷи мардумро ташкил медиҳад. Назарбоев гуфт, инҳисорталабон ё ширкатҳои монополистии хизматрасони бахши комуналӣ, ки арзиши хизматрасониҳоро гарон мекунанд, ба ҷавобгарӣ ҷалб шаванд.

"Агар тарофаҳо ба таври сунъӣ гарон карда шаванд, пас ин боиси харҷи барзиёди хонаводаҳо мешавад. Ин хилофи паёми ман аст", - гуфт Назарбоев. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, паёми охирини президент ба баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона шудааст.

Шӯришгарони дар Камерун 79 кӯдаки рабудашударо раҳо карданд

Сарбози неруҳои вежаи Камерун

Ҷинояткороне, ки 79 хонандаро шаби 4 нобяр дар ғарби Камерун рабуда буданд, онҳоро баъди чаҳор рӯз озод карданд. Аммо ба гуфтаи расонаҳо, омӯзгори талабаҳо то кунун дар дасти шӯришгарон аст.

Шӯришгарон кӯдакони аз 11 то 17-соларо рабуданд. Онҳо талаб доштанд, ҳамаи муассисаҳои таълимие, ки бо забони фаронсавӣ фаъолият мекунанд, баста шаванд. Ба иттилои намояндагони мактабе, ки кӯдакони рабудашуда онҷо таҳсил мекарданд, ин ҳодиса хонандаҳоро "афсурда" кардааст, аммо онҳо ҷисман зиён надидаанд.

Масъулияти кӯдакрабоиро гуруҳи "Бачаҳои Амбӣ" ба уҳда гирифт. Ин гуруҳ аз ҷудоихоҳоне иборат аст, ки тасмим доранд, дар ғарби Камерун давлати англисзабони "Амбазония"-ро таъсис диҳанд. Ба иттилои мақомот, дар ду вилояти ғарбии ин кишвар то 10 ҳазор шӯришгари англисзабон вуҷуд дорад. Онҳо на танҳо ба намояндагони мақомот, балки ба сокинони осоишта ҳам ҳамла мекунанд.

Кохи сафед гузарномаи хабарнигори CNN-ро лағв кард

Ҷим Акоста, корманди Кохи сафед ва Доналд Трамп дар нишасти матбуотии рӯзи чоршанбе

Кохи сафед эътиборномаи хабарнигори CNN Ҷим Акостаро лағв ва ӯро ба рафтори номуносиб дар нишастии хабарии президент Доналд Трамп муттаҳам кард. Нишасти матбуоти рӯзи 7 ноябр баргузор шуд.

Дар изҳороти сухангӯи Трамп Сара Сандерс гуфта мешавад, ки Акоста ба хабарнигорони дигар имкон надод суолҳояшонро матраҳ кунанд, микрафонро ба корманди маъмурият барнагардонд ва аз зур истифода кард.

Худи Акоста навореро дар твиттер нашр кард, ки дар он муҳофизони Кохи сафед аз ӯ хостанд, ки гузарномаро баргардонад.

Дар навори нишасти матбуотии рӯзи гузашта дида мешавад, ки хабарнигори CNN воқеан микрафонро ба корманди Кохи сафед надод, аммо ба ӯ даст нарасонд.

Таҳаввулот дар ҳоле ба вуқуӯъ пайваст, ки Ҷим Аксоста бо чанд суоли чолишбарангез аз Трамп посух хост. Ӯ аз ҷумла пурсид, ки чаро президент дар маъракаи интихоботи миёндаврӣ муҳоҷиронро "ишғолгар" номид ва ҳамчунин суол кард, ки оё Трамп аз таҳқиқи робитаи эҳтимолии тими интихоботияш бо Русия нигарон нест. Президент дар посух Акостаро "фарди бисёр дағал ва ваҳшатнок" номид. Трап бо хабарнигорони дигар низ вориди баҳс шуд.

Ин мухолифати аввалини Трамп бо Ҷим Аксота нест. Дар нишасти матбуотии оғози соли 2017, пеш аз оғози фъолияти Трамп ҳамчун раиси ҷумҳур, ӯ аз посух додан ба суоли Акста даст кашид ва гуфт, ки CNN "хабарҳои тақаллубӣ" пахш мекунад.

Раҳбарияти CNN бархурди президентро танқид ва аз хабарнигори худ пуштибонӣ кард.

Нишасти матбуотии Трамп ба натиҷаи интихоботи Конгресс бахшида шуд, ки бо прирӯзии демократҳо дар Платаи намояндагони Конгресс анҷом шуд. Ҷумҳурихоҳон аксари ҷойҳоро дар Сенат ҳифз карданд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар нишасти навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, субҳи 8-уми ноябр ба шаҳри Остона сафар кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири умури хориҷӣ, вазири дифоъ, Котиби Шӯрои амният, ёвари президент дар умури равобити байналмилалӣ ва дигар афроди расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Паймони амнияти дастҷамъӣ соли 1992 дар шаҳри Тошканд имзо шуда, соли 2002 ба Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ тағйири ном кард. Ба узвияти ин созмони минтақавии сиёсӣ, ки ҳадафаш таъмини амният дар қаламрави кишварҳои узв аст, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил ҳастанд.

Кирилл Серебренников дар додгоҳ иттиҳомро эътироф накард

Коргардон Кирилл Серебренников дар додгоҳ гуфт, ки иттиҳоми дар бораи дуздии пулҳои театрро эътироф намекунад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 7-уми ноябр аз толори додгоҳи Мешанскии шаҳри Маскав хабар дод, ки Серебренников ба саволи додрас дар бораи он ки то куҷо ӯву чанд ҳамкораш дар фосилаи солҳои 2011 то 2014 беш аз 130 миллион рубли буҷети давлатиро аз худ кардааст, посухи рад дод. Серебренников дар додгоҳ гуфт, ки иттиҳоми додгоҳ барои ӯ нофаҳмо аст.

“Калимаҳоро мефаҳмӣ, вале мазмунашро не”, - гуфт ӯ.

Муттаҳамони дигар - собиқ раиси "Студияи ҳафтум" Юрий Итин, раҳбари собиқи "Гоголь-центр" Алексей Малобродский ва раиси дигари театр (РАМТ) Софя Апфелбаум - иттиҳомро комилан рад карданд.

Аз ин пеш танҳо муҳосиби театри "Студияи ҳафтум" Нина Масляева иттиҳомотро тасдиқ кард ва зидди Серебренников ва дигар гумонбарон баёнот дод.

Дар нутқи айбдоркунанда аз ин пеш гуфта шуд, ки Серебренников раҳбари тарҳ буд ва шахсан худаш бо Вазорати фарҳанг қарордод имзо карда пулҳоро гирифтааст ва дигар муттаҳамон бо ӯ ҳамкорӣ кардаанд.

Эрдуғон гуфт, таҳримҳои ИМА алайҳи Эронро иҷро намекунад

Раҳбари Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, Туркия таҳримҳоеро, ки ИМА алайҳи нафт ва саноати ҳумлу нақли Эрон эҳё кардааст, баъди шаш моҳи тамом шудани муҳлати истисноӣ низ иҷро нахоҳад кард.

"Ин қадамҳо тавозуни дунёро баҳам мезананд. Мо намехоҳем дар ҷаҳони империалистӣ зиндагӣ кунем",- гуфт Эрдуғон рӯзи 6 нобяр дар Анқара.

Президенти Туркия гуфт, ки таҳримҳоро иҷро намекунад, зеро кишвараш ҳамасола аз Эрон то 10 миллиард метри мукааб гази табии мехарад, ва намегузорад, ки мардумаш дар фасли сармо азият бикашанд.

Ӯ гуфт, ки ин масъаларо ҳангоми мулоқот бо президенти ИМА Доналд Трамп дар саммити бахшида ба ёдбуди Ҷанги аввали ҷаҳон дар Порис баррасӣ хоҳад кард.

ИМА як идда кишварҳоеро, ки аз Эрон газу нафт мехаранд муваққатан аз таҳрим истино кардааст.

Туркия, ин кишвари узви паймони НАТО ба гази табии Эрон вобастагии шадид дорад.

Рӯзи душанбеи 5 ноябр таҳримҳои ИМА алайҳи Эрон ба иҷро даромад. Маъмурияти Доналд Трамп тамоми таҳримҳоро, ки соли 2015, баъди имзои созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ бекор шуда буд, дубора барқарор кард. Амрико моҳи май ба таври якҷониба аз ин қарордод берун шуд.

ИМА ва Исроил бовар доранд, ки таъхири сесола ба Эрон имкон дод, ки барномаҳои ҳастаияшро тавсеа диҳад. Теҳрон иттиҳомро рад мекунад.

Вашингтон бастаи нави таҳримҳои зидди Русияро баррасӣ мекунанд

Департаменти давлатии ИМА Конгресро огоҳ кард, ки Маскав дар робита ба таҳримҳо шартҳоро иҷро накарда ва аз ин рӯ механизми баррасии бастаи дуввуми таҳримҳо шурӯъ мешавад.

Бастаи аввали маҳдудиятҳо авохири моҳи август ҳамчун вокуниши ИМА ба заҳролудшавии полковники пешини Идораи истихборотиРусия Сергей Скрипал ва духтараш Юлия эълон шуда буд.

Конгреси ИМА барои шарҳи қазияи заҳролудшавӣ Скрипал ва духтари ӯ дар Солсберии Британия ва такрор нашудани чунин ҳодиса ба Маскав се моҳ муҳлат дода буд. Намояндаи Департаменти давлатии ИМА Дэвид Теслер дар суҳбат бо Бӣ-бӣ-сӣ гуфт, феълан таҳрими иловагӣ ҷорӣ намешаванд, вале гомҳои баъдӣ мавриди баррасӣ аст. Дар бораи чораҳои мавриди баррасӣ Департаменти давлатӣ баъдтар иттилоъ медиҳад. Аммо аллакай маълум аст, ки бастаи дуввуми таҳримҳо маҳдудиятҳои шадидтареро пешбинӣ мекунанд.

Аз ҷумла, манъи пешниҳоди қарз ба ҳукумати Русия аз ҷониби бонкҳои Амрико, ба истиснои харидории маводи ғизоӣ, дар назар аст. Дар бастаи дуввуми таҳримҳо инчунин имкони манъи муносибатҳои дипломатии ИМА ва ҳукумати Русия пешбинӣ шудааст. Парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои зери назорати ҳукумати Русия низ метавонад қатъ шаванд. “Аэрофлот” ба чунин ширкатҳо мансуб аст.

САҲА: рӯзноманигорон дар Осиёи Марказӣ таҳти фишор қарор доранд

Арлем Дезир

Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури озодии баён Арлем Дезир дар конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона гуфт, ки рӯзноманигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар мавриди фишору таъқиб қарор мегиранд.

-Мо дар минтақа мушоҳида мекунем, ки рӯзноманигорон зери фишор кор мекунанд. Барои онҳо дарёфти иттилоъ аз мақомот мушкил аст. Рӯзноманигорон аз пушиши мавзӯъҳои сиёсӣ, навиштан дар мавзӯи ришва ва пешниҳоди фикри шахсии худ меҳаросанд. Дар сурати навиштани чунин матолиб, метавонанд зери фишор қарор бигиранд. Мо мушоҳида мекунем, ки дар қазияҳои додгоҳӣ нисбат ба рӯзноманигорон тасмимҳои ноодилона гирифта мешавад, онҳо бидуни далел ҷаримабандӣ ва ҳатто зиндонӣ мешаванд, - гуфт Арлем Дезир.

Дар кори конфрони Остона намояндаҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Тоҷикистон ва Муғулистон иштирок доранд. Дар конфронс масоили муқобала бо хабарҳои дурӯғ, мушкили иттилои босифат, инчунин тағйири вазъи озодии баён дар Қазоқистон баъди саммити САҲА дар соли 2010 баҳс мешавад.

Маскав аз Монако шарҳи боздошти миллиардери русро хост

Дмитрий Рыболовлев

Сафорати Русия дар Фаронса аз шоҳигарии Монако шаҳри боздошти миллиардери рус Дмитрий Риболовлевро дархост кард, ки гуфта мешавад дар робита ба фасодкорӣ боздошт ва бозпурсӣ шудаст.

Ба гуфтаи нашрияи Le Monde, молики тими футболи Монако Дмитрий Риболовлев субҳи 6 нобяр боздошт шуд. Нашрия ҳамчунин аз кофтукоби хонаи миллиардер хабар дод.

Дар робита ба ин ҳодиса иттилои дигар мавҷуд нест.

Тими футболи Монако субҳи имрӯз хабари сомонаи фаронсавии Mediapart-ро рад кард, ки гуфтааст Риболовлев дар зери пардаи созишҳои бозаргонӣ нишондодҳои молии тими футболро беҳтар мекард.

Бо онки сафорати Русия аз Монако шаҳри ҳодисаро хостааст, аммо мегӯяд, ки то ҳол на миллиардер ва на намояндагони ӯ бо миссияи дипломатии Русия дар Фаронса дар тамос нашудаанд.

Дмитрий Риболовлев моҳи декабри соли 2011 бо харидории 66 дар сади саҳмияҳо ва сармоягузории бештар тими Монакоро онро аз суқут наҷот дод ва дар бозиҳои қаҳрамонии соли 2017 онро ба чаҳоргонаи ниҳоӣ баровард.

Номи Риболовлев дар ҳоле руи об баромад, ки мақомоти молиёти ИМА соли гузашта ҷузъиёти андозсупории президенти феълӣ Доналд Трампро дар заминаи созиши амлоки Палм Бич дар Флорида, пайгирӣ карданд.

Дар муомилот омадааст, ки миллиардери рус иморатро дар музоядаи соли 2004 ба маблағи 41 миллион доллар харид ва соли 2008 онро ба маблағи 95 миллион доллар фурухт. Баъзе мунақидони президент Трамп мегӯянд, чӣ тавр шуд, ки арзиши ин иморат дар авҷи буҳрони фурӯши амлок ба ин андоза боло рафтааст.

Форбс Риболовлевро дар рӯйхати 242 сарватмандтарин одамони дунё ворид кардааст.

СММ гурҳои дастаҷамъии қурбониёни кушторҳои ДИИШ-ро кашф кард

Гури дастаҷамъии сарбозони Ироқ, ки ҷангиёни ДИИШ куштанд

Созмони Милали Муттаҳид (СММ) беш аз 200 гури дастаҷамъиро дар ғарби Ироқ кашф кард, ки ҷиҳодиҳои гуруҳи террористии "Давлати Исломӣ" қатл кардаад. Дар ин бора намояндаи СММ рӯзи 6 ноябр хабар дод. Гурҳо дар минтақаҳое пайдо шуданд, ки қаблан таҳти назорати тундгароҳои ДИИШ буд. Гап сари ҳазорҳо қурбонӣ аст, ки мушаххас кардани теъдоди онҳо мушкил аст,- гуфт намояндаи СММ Ян Кубиш.

Мутахасисон ба шиносоии боқимондаи ҷасадҳо машғуланд, ки баъдан ба хешонашон супурда хоҳанд шуд.

Гуруҳи террористии "Давлати Исломӣ" миёнаҳои соли 2014 то охири соли 2017 бахши умдаи Ироқро таҳти назорат дошт. Моҳи декабри соли 2017 ҳукумати Ироқ пирӯзӣ бар ин гуруҳи даҳшатафканро эълон кард

Тирборон шудани автобуси масири Алмато-Тошканд

Автобуси масири Чимкент - Тошканд

Дар шоҳроҳи Алмато - Тошканд як автобуси мусофирбар тирборон шуд.

Мақомоти интизомии шаҳри Чимкенти Қазоқистон чанд сокини вилояти Туркистони ин кишварро бо гумони тир кушодан ба автобус боздошт краданд.

Мақомот мегӯянд, ҳодисаи тирпарронӣ 5 ноябр рух додааст.

Чанд сокини вилояти Туркистон савори мошин, аз таппонча ба автобус тир кушодаанд.

Дар ҳоли ҳозир нисбати гумонбарон бо моддаи "авбошӣ" таҳқиқи пешакӣ шуруъ шудааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Аз мадрасаҳои Бангладеш наврасони тоҷикро баргардонданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00
XS
SM
MD
LG