Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Боздошти сокини Душанбе бо 400 ампулаи "Заҳри мор"

Акс аз бойгонӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як ҷавони тоҷикро бо иттиҳоми қочоқи заҳри мор дастгир кардаанд. Вазорат рӯзи 12-уми ноябр бо нашри як хабари расмӣ гуфт, як сокини 39-солаи шаҳри Душанберо дар шаҳри Хуҷанд бо 400 ампулаи “Заҳри мор” дастгир карданд.

Дар баёния омадааст, ҷавон мехост, ин моддаи заҳролудро ба каси дигар бидиҳад. Ба зидди ин ҷавон бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир, ё заҳролуд парванда боз кардаанд.

Вазорат ному насаби ҷавон ва замони боздошти ӯро нагуфтааст, вале дар хабар омадааст, ки маълумотнома дар бораи “Заҳри мор” аз Институти кимиёвӣ аз рӯзи 5-уми ноябри имсол тартиб дода шудааст.

Дар Тоҷикистон чанд корхонаи ангуштшумори заҳри мор вуҷуд дорад, ки онро барои доруворӣ истеҳсол мекунанд ва ба хориҷ мефурӯшанд.

Вазири собиқи Эрон бо ҷурми тақаллуби молӣ боздошт шуд

Вазири ҳифзи иҷтимоии Эрон Парвиз Козимӣ

Матбуоти расмии Эрон рӯзи 11 нобяр аз боздошти собиқ вазири ҳифзи иҷтимоӣ Парвиз Козимӣ хабар дод, ки ба тақаллуби молӣ айбдор шудааст.

Хабаргузории расмии Эрон - Ирна гуфт, ки Правиз Козимирор рӯзӣ 9 ноябр ба зиндони Евин интиқол доданд.

Козимӣ аз мақоми вазирӣ соли 2006, баъди тақрибан як соли фаъолият таҳти раҳбарии президенти пешин Маҳмуд Аҳмадинажод, бинобар дидгоҳи мухтилифи сиёсӣ истеъфо дод. Ӯ баъдан дар сохторҳои бокӣ кор кард.

Козимӣ солҳои ахир аз Аҳмадинаҷод бисёр интиқод мекард.

Якчанд шарики Маҳмуд Аҳмадинажод бо ҷурмҳои марбут ба амният ва тақаллуби молӣ зиндонӣ шудаанд.

Моҳи сентябр додгоҳ наздиктарин шарики президенти пешин Исфандиёр Раҳим Машоиро бо ҷурми тавтеа дар содир кардани ҷиноят бар зидди амнияти кишвар, тағиботи зидди Ҷумҳурии Исломӣ ва таҳқири мақомот ба шашуним соли зиндон маҳкум кард.

Демократҳо гуфтанд, ки аз пажуҳиши Мюллер ҳимоят мекунанд

Сенатори демократ Чак Шумер

Роҳбари демократҳо дар сенати Амрико гуфт, ки Ҳизби Демократ масъалаи воридсозии лоиҳаи қонун дар бораи ҳимояи таҳқиқоти дахолати эҳтимолии Маскав дар интихоботи президентии соли 2016-ро баррасӣ мекунад.

Дар доираи парвандаи мазкур додситони махсус Роберт Мюллер ҳамчунин эҳтимоли ҳамкории кормандони ситоди интихоботии Доланд Трампро бо Кремл пажуҳиш мекунад.

Чак Шумер, раиси ақалиятҳои демкорат дар сенат рӯзи 11 нобяр дар мусоҳиба бо телевизиони CNN гуфт, агар иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли ИМА Мэттю Уитакер аз назорати таҳқиқот канор наравад, дар он сурат Ҳизби демократӣ метавонад, тарҳи қонун дар ҳимоят аз додситони махсус Роберт Мюллерро рӯи даст гирад. Мюллер парвандаи дахолати эҳтимолии Русияро дар интихоботи президентии ИМА таҳқиқ мекунад. "Агар Уитакер таҳқиқотро назорат кунад, буҳрони конститутсиониро ба вуҷуд меорад ва ба кори Мюллер дахолат мекунад ё ӯро аз мақом барканор месозад. Аз ин рӯ, конгресс бояд ба ин қазия дахолат кунад", - гуфт Шумер.

Сенатор афзуд, ҳамҳизбҳояш дар палатаи намояндагон ва сенат талош доранд, дар қонунгузорӣ меъёреро илова кунанд, ки Уитакер дар таҳқиқоти Мюллер дахолат накунад.

Уитакер пештар аз ин пажуҳиши Мюллерро танқид карда буд. Мунаққидон аз Уитакер хостанд, ба кори Мюллер дахолат накунад. Дар замони роҳбарии додситони пешин Ҷефф Сешнс кори Мюллерро муовини додситон Род Розенстайн назорат мекард.

ВАО: Австрия дар бораи ҷосуси рус аз истихбороти Британия иттилоъ гирифт

Карин Кнайсл ва Владимир Путин

Хабари ҷосусии сарҳанги мустаъфии Австрия ба фоидаи Русияро Вена аз истихбороти Британия дарёфт кард. Дар ин бора нашрияи Kleine Zeitung рӯзи 11 ноябр хабар дод.

Ба гуфтаи нашрия, Лондон эҳтимол ин корро бо ангезаҳои сиёсӣ анҷом дод. Нашрия менависад, ки Австрия ба таҳримҳои зидди Русия монеъ шудааст ва баъди ҳодисаи заҳролудшавӣ дар Солсберӣ, ба фарқ аз кишварҳои дигари Аврпуо аз депорти дипломатҳои рус аз қаламраваш, даст кашид. Ба гуфтаи мақомоти Британия, ҳамала бо истифодаи гази фалаҷкунандаи асаб -Новичок алайҳи ҷосуси дугона Сергей Скрипал ва духтари ӯро Кремл ташкил кард.

Гуфта мешавад, низомии Австрия, ки ҳафтаи гузашта боздошт шуд, аз охири солҳои 90-ум дар бораи буҳрони муҳоҷират, сохтори авиатсияи низомӣ ва тупхонаҳои Австрия ба истихбороти низомии Русия маълумот медод. Дар тули 20 соли ҳамкорӣ ӯ аз Русия 300 ҳазор евро дарёфт кард. Гумонбар гуноҳашро эътироф мекунад. Бинобар ин, вазири умури хориҷии Австрия Карин Кнайсл сафари барномарезишудааш ба Русияро лағв кард.

Рӯзи гузашта ҳамчунин дар бораи ошкор шудани боз як ҷосуси дигар - корманди Идораи федеролии ҳимоят аз Қонуни асосӣ ва мубориза бо терроризми Австрия хабар пахш шуд. Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи қонун ва тартиботи Австрия, ба фарқ аз сарҳанги мустаъфӣ, ҷосуси дуюм ба маълумоти сиррӣ даст дошт.

"Ҳуқуқ ва имкониятҳои шумо". Дар Тоҷикистон маъракаи ҳуқуқи башар ҷараён дорад

Дар Тоҷикистон бо ташаббуси Созмони Миллали Муттаҳид маъракаи 30 рӯзи мубориза барои ҳуқуқи инсон ҷараён дорад. Ин маърака, ки 9 ноябр шурӯъ шуда то 10 декабр идома мекунад, имсол ба 70-солагии эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бахшида шудааст.

Маъракаи имсола, ки зери унвони "Ҳуқуқ ва имкониятҳои шумо" баргузор мешавад, бо ҳадафи боло бурдани сатҳи огаҳии мардум аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҷалби таваҷҷӯҳи мақомот ба масоили ҳуқуқи башар ва риояи қонунмандӣ баргузор мешавад. Ба қавли бархе фаъолон, мавзӯи мурооти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон сол то сол доғ ва муҳим мешавад.

Ба қавли бархе мусоҳибони Радиои Озодӣ, мушкилот дар заминаи риояи ҳуқуқи инсон то андозае зиёд шудааст, ки гоҳо худи ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар заминаи риояи ҳуқуқ бо мушкил рӯбарӯ мешаванд.

Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъ аз шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки ҳуқуқи башар яке аз масоили доғ барои ҷомеаи Тоҷикистон шудааст: шурӯъ аз мушкилони мисли ҳаққи дастрасӣ ба манзил, озодии баёну матбуот - то ҷараёни судҳо – ҳама мушкили риояи ҳуқуқи инсон доранд. Ӯ гуфт, вазъ ба ҷое расидааст, ки на танҳо онҳое, ки фаъолиятҳои сиёсӣ мекунанд, балки ҳуқуқшиносону вакилони дифоъ ҳам ба далели ҳимоя нашудани ҳуқуқҳояшон кишварро тарк кунанд.

Бахтиёр Насруллоев, ки дар додгоҳ аз ҳуқуқи журналист ва раҳбари КВН Хайрулло Мирсаидов ҳимоят мекунад, мегӯяд, бахши аслии мушкили марбут ба мурооти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба соҳаи ҳифзи қонун ва низоми рабт мегирад. Ӯ гуфт, бисёр вақт поймолшавии ҳуқуқ аз лаҳзаи боздошти гумонбар дар содир кардани ҷиноят шурӯъ мешавад:

“Ҳуқуқи боздоштшудаҳо аслан риоя намешаванд. Нисбати онҳо зӯроварӣ истифода мешавад, вале касе парвои ин мушкилро надорад. Танҳо агар дар пайи ҳодисаи зӯроварӣ дар нисбати боздоштшуда вай ҷони худро аз даст диҳад, мақомот вокунише нишон медиҳанд. Аммо, бештаре аз чунин ҳолатҳо аз ҷомеа пинҳон мемонанд. Ҳоло афроде зиёде дар боздоштгоҳҳову зиндонҳо бо баҳонаи пайравӣ аз созмонҳои мамнӯъ қарор доранд. Ҳуқуқҳову озодиҳои ин афрод поймол мешаванд. Вале касе ба ин мушкил расидагӣ намекунад”.

Бахтиёр Насруллоев бо ишора ба таҳаввулоти ахири кишвар гуфт, ки дар ҳодисаҳои ахири Бадахшон ва ҳам ошӯб дар зиндону ҳалокати инсонҳо ҳам ҳуқуқи шаҳрвандон барои иттилоъ нақз шудааст, ки дар ниҳоят ба манфиати давлат нест.

Амнияти Абдуназар, ҳуқуқдони тоҷик ва муовини раҳбари Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар то рафт маҳдуд шудани ҳуқуқи инсон дар кишвар – натиҷаи фишор ва маҳдудият дар озодии сухан мебошад. Ӯ гуфт, ки матбуоти тоҷик ба фарқ аз солҳои пеш, ҳоло наметавонанд озодона дар бораи мушкилоти сахт матолиб нашр кунанд.

Дар чанд соли ахир мавзӯи нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба мавзӯи доғи ҷомеа табдил шудааст. Сӯҳроб Шоев, намояндаи махсуси Раёсати ҳуқуқи инсони Созмони Миллали Муттаҳид дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин маросим гуфт, ки ҳарчанд Тоҷикистон дар таъмини риояи ҳуқуқи инсон ба пешрафтҳое даст ёфтааст, вале мушкилот дар ин замина ҳамчунон боқӣ мемонад. Вай хабар дод, ки ахиран ҳукумати Тоҷикистон ба таҳияи Барнома ё стратегияи таъмини риояи ҳуқуқи инсон барои то соли 2030 ва қонуни нави ҷилавгирӣ аз табъиз ё хушунатро шурӯъ кардааст, ки иқдоми хуб мебошад. Ҷаноби Шоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт:

“Зимни сафари Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон дар соли 2015 ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки дар заминаи риояи ҳуқуқи инсон як барномаи мукаммал тасвиб карда шавад. Тасвиби чунин санад дар кишварҳои дигари узви СММ нишон медиҳад, ки муқаррароти онҳо барои таъмини ҳуқуқи инсон дар ин кишварҳо кӯмак кардааст. Ҳоло иттилох дорам, ки гурӯҳи махсуси ҳукуматӣ машғули таҳияи чунин ҳуҷҷат аст. Мутмаинам, дар сурати тасвиби чунин барнома дар Тоҷикистон шароит барои риояи ҳуқуқи инсон дар кишвар бештар мешавад”.

Пратихба Метха, намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон дар ин нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар як моҳи оянда сохторҳои ин ниҳод дар Тоҷикистон якҷо бо ҷомеаи маданӣ барои расонидани иттилои бештар ба сокинон дар бораи ҳуқуқҳояшон ҳамоишҳову мизҳои гирд баргузор мекунанд.

Ҳамчунин ба иттилои хонум Метха бархе аз шабакаҳои давлатии телевизиноӣ ва синамохонаҳо ризоият додаанд, ки маводи таблиғотӣ дар робита ба риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро ба намоиш гузоранд. Бо ин вуҷуд хонум Метха мегӯяд, ки дастрасӣ ба натиҷаҳои бештар дар заминаи таъмини ҳуқуқи инсон дар ҳар кишваре ва бахусус дар Тоҷикистон танҳо дар сурати амалҳои дастҷаъмонаи куллияи ҷомеа имконпазир хоҳад шуд.

Дар маросими ифтитоҳи агрегати аввали Роғун вазири оби Узбекистон иштирок мекунад

T

Вазири хоҷагии оби Узбекистон Шавкат Ҳамроев барои ширкат дар маросими ба кор андохтани агрегати аввали нирӯгоҳи барқи обии Роғун рӯзи 16 ноябр ба Тоҷикистон сафар мекунад. Ба иттилои манбае дар ҳукумати Тоҷикистон, қарор аст дар маросими ба кор андохтани агрегати аввал бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон инчунин намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Афғонистон ва Покистон ҳам иштирок кунанд.

Дар баробари кишварҳои узви тарҳи CASA-1000, инчунин дипломатҳои хориҷии мустақар дар Тоҷикистон ва намояндагони матбуот иштирок кунанд. Интизор меравад, ки агрегати аввал бо иқтидори 100 мегаватт ба кор андохта шуда, дар маҷмӯъ тавони он 600 мегаватт барқро ташкил хоҳад дод. Бунёд ва ба кор андохтани панҷ агрегати дигари Роғун тадриҷан ҷараён мегирад ва соли 2019 агрегати навбатӣ ба кор дароварда мешавад. Иқтидори умумии нирӯгоҳи Роғун 3600 мегаватт буда, дар маҷмӯъ барои бунёди он 4 миллиард доллар сармоя зарур мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон бунёди нирӯгоҳи Роғунро як тарҳи муҳими стратегӣ меномад ва барои сармоягузории он аз буҷа ва аз сармоягузорони хориҷӣ маблағ ҷалб мекунад.

Ноиби барканоршудаи нахуствазири Узбекистон мансаби нав гирифт

Зоир Мирзоев

Зойир Мирзоев, ноиби барканоршудаи нахуствазири Узбекистон раиси ноҳияи Шароф Рашидови он кишвар таъйин шуд.

Мирзоев дар ҷараёни ҷаласаи ғайринавбатии вакилони мардумии Узбекистон ба ин вазифа таъйин шуд, хабар медиҳанд расонаҳо.

Ӯ 29 октябр баъди ҷанҷоли муҷозоти ғайримаъмулии мансабдорони ноҳияҳои Оққурғон ва Бекобод аз мақомаш барканор шуда буд.

Мирзоев дар ноҳияи Оққурғон кишоварзони маҳаллиро маҷбур кард, ба хотири об надодани заминҳо дохили ҷӯйбори оби сард рост истанд ва дар ноҳияи Бекобод мансабдорони маҳаллиро барои омода накардани заминҳои кишоварзӣ бо кулухҳо болои сарашон акс гирифт.

Ҳавопаймои Air Astana баъди ҳодисаи нохуш дар Португалия фуруд омад

Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон хабар медиҳад, ки 11 ноябр дар ҳавопаймои Embraer-190 ширкати Air Astana дар ҳарими ҳавоии Португалия нуқси техникӣ сар зад.

Ба иттилои вазорат, ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Бежаи Португалия ба замин нишаст. Ҳавопаймо мусофир надошт", - хабар доданд аз вазорат.

Ин ҳавопаймо аз шаҳри Аверки Португалия парвоз карда буд. Вазири мудофиаи Португалия Жоао Кравиню дар Твиттер навишт, ки ду ҳавопаймои F16 "Embraer-ро ба фурудгоҳи шаҳри Бежа роҳнамоӣ карданд". Ҳавопаймо бидуни мушкил ба замин нишастааст.

Муҳоҷири туркман бо гумони ғорати хонаи овозхони маъруф боздошт шуд

Овохони турк Маҳсун Қирмизоғлу

Расонаҳои Туркия менависанд, ки як муҳоҷири туркман бо гумони ғорати хонаи овозхони маъруфи турк Махсун Қирмизоғлу боздошт шудааст. Муҳоҷир аз манзили овозхон 275 ҳазор доллари ИМА-ро ба яғмо бурд.

Дар бораи ин ҷиноят 5 ноябр хабар расид. Модари 85-солаи Махсун Қирмизоғлу - Файка Арик ба пулис хабар дод, ки вай муҳоҷири 41-солаи туркман Миессер М.-ро гумонбар медонад. Муҳоҷири туркман як ҳафта пеш дар манзили модари овозхон ба ҳайси хизматгор ба кор қабул шуда буд.

Пулиси Туркия хабар медиҳад, ки Миессар ҳамроҳ бо шавҳараш боздошт шудааст. Аз онҳо 275 ҳазор доллар пайдо ва мусодира шуд. Расонаҳо навиштанд, ки боздоштшудаҳо дар бозпурсӣ ба гуноҳашон эътироф кардаанд.

Дар гузашта президенти пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов баъди як консерти бахшида ба 15-солагии истиқлоли Туркманистон, ки соли 2006 дар Ишқобод баргузор шуда буд, ба овозхони турк Махсун Қирмизоғлу соати тилоие тақдим кард, ки 500 ҳазор доллар арзиш дошт.

Як сокини Кӯлоб зери чархи мошини корманди БДА ҷон дод

Акс аз бойгонӣ.

Як сокини шаҳри Кӯлоб зери чархи мошини корманди Бозрасии Давлатии Автомобилӣ монда ва пас аз интиқол ёфтан ба бемористон, ҷон додааст. Тибқи иттилои манобеъ дар додситонии шаҳри Кӯлоб, ҳодиса шаби 8-уми ноябр рух додааст ва старшина Аъзам Амиршоев, корманди БДА-и шаҳри Кӯлоб, сокини 44-солаи ҳамин шаҳр Қурбоналӣ Ҳакимовро пахш кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Қурбоналӣ Ҳакимов соатҳои тахминан ҳаштуними шаб ҳини рафтан аз хонаи падар ба самти манзили худ, дар назди масҷиди маъруф ба "Ҳоҷӣ Мирзо" зери чархи мошини корманди БДА мондааст. Мақомоти додситонии Кӯлоб мегӯянд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд ва ҷуъиёти онро дертар шарҳ хоҳанд дод. Ҳоло Аъзам Амиршоев ба ҳайси омили ин садама баёнот додааст.

"Интерпол" мухолифи узбек Муҳаммад Солеҳро дигар ҷустуҷӯ намекунад

Тронд Улсен Насса - вакили мудофеи мухолифи узбек Муҳаммад Солеҳ рӯзи 9-уми ноябр гуфт, ҷониби "Интерпол" ба ӯ расман хабар додааст, ки нафари таҳти ҳимояти вай аз рӯйхати афроди ҷустуҷӯшаванда хориҷ шудааст.

Муҳаммад Солеҳ, роҳбари "Ҳаракати мардумии Узбекистон" ва раиси ҳизби "Эрк" соли 2001 дар фурудгоҳи шаҳри Прагаи ҷумҳурии Чех боздошт шуд. Аммо додгоҳи Прага бо назардошти сиёсӣ будани парванда, мухолифи узбекро ба кишвараш истирдод накард.

Муҳаммад Солеҳи 68-сола дар соли 1989 ҳизби "Эрк"-ро таъсис ва дар интихоботи президентии соли 1991 ширкат варзид. Бино бар иттилои нозирон, вай дар интихоботи соли 1991 33 дарсади раъйи мардумро соҳиб шуда буд. Аммо дар соли 1993 вай маҷбур ба тарки Узбекистон шуд.

Соли 2000 Додгоҳи олии Узбекистон ӯро ғоибона ба талоши тағйири сохти конститутсионии Узбекистон айбдор ва ба 15,5 соли ҳабс маҳкум кард. Ба ҷуз ин Муҳаммад Солеҳ дар ташкили таркиши соли 1999 дар шаҳри Тошканд низ айбдор шуд.

Аммо баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиеёв мақомоти ин кишвар муносибаташонро нисбати мухолифон тағйир доданд. Аз ҷумла бародари Муҳаммад Солеҳ аз зиндон раҳо шуд. Моҳи феврали соли ҷорӣ рушанфикрони Узбекистон дар як нома аз Мирзиёев дархост карданд, ки Солеҳро ба ватан баргардонад.

Осия Бибӣ мехоҳад, ба Олмон биравад, аммо...

Осия Бибӣ

Осия Бибӣ, як зани масеҳӣ аз Покистон, ки ҳукми қатли ӯро беэътибор карданд, мехоҳад, кишварро тарк карда, ба Олмон биравад. Сайфул Мулук, вакили дифои ӯ рӯзи 11-уми ноябр дар шарҳе дар як рӯзномаи олмонӣ гуфтааст, “Осия Бибӣ хушҳол мешавад, агар бо хонаводааш ба Олмон биёяд.”

Олмон яке аз чанд кишвари аврупоист, ки гуфтаанд, метавонанд, ба хонаводаи ин зан паноҳгоҳ бидиҳанд. Нашрияи олмонӣ навиштааст, ки вазорати умури хориҷии Олмон дар ин бора бо мақомоти Покистон машварат дорад. Осия Бибӣ, ки бо гуноҳи таҳқири Муҳаммад пайғамбари ислом ба қатл маҳкум шуд, 8 солро паси панҷара сипарӣ кардааст.

Аммо Додгоҳи олии Покистон рӯзи 31-уми октябр ҳукми қатли ӯро беэътибор кард ва амр дод, то ки ӯро озод кунанд. Амри додгоҳ тазоҳуроти хушунатомези бахусус ифротиёни исломиро дар Покистон барангехт.

Аз ҷумла ҳизби ифротии Таҳрики Лабайк эътирозро баъди он бас кард, ки ҳукумат гуфт, ба Осия Бибӣ иҷозаи сафар ба хориҷро намедиҳад ва аз додгоҳ мехоҳад, ки қарорро бознигарӣ кунад. Осия Бибӣ иттиҳомотро рад мекунад ва мақомот ӯро аз тарси ҳамлаҳои эҳтимолӣ дар ҷойи номаълуме нигаҳ медоранд.

Дар Эрон духтаронро ба майдони футбол роҳ доданд

Духтарони эронӣ дар бозии Персеполис ва Кашима Антлер

Мақомоти Эрон ба садҳо зан иҷоза доданд, ки бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Осиёро дар майдони азими футболи Теҳрон тамошо кунанд. Роҳ ёфтани занон ба бозиро, як қадами эҳтимолӣ ба сӯи лағви манъи вуруди занон ба бозиҳои футбол дар Эрон медонанд.

Аксарияти заноне, ки рӯзи 10-уми ноябр дар майдони Озодӣ бозии дастаи Персеполис бо Кашима Антлери Ҷопонро тамошо кардаанд, хешовандони бозигарон, аъзои тими духтарони футболбоз ва ё кормандони Федератсиюни Футболи Эрон буданд.

Бозии ду даста бо ҳисоби мусовии 0-0 анҷом ёфт, вале азбаски тими ҷопонӣ дар бозии аввал бо ҳисоби 2 бар 0 Персеполисро шикаст дод, имсол қаҳрамони Лигаи қаҳрамонони Осиё шуд.

Бозиро Ҷианнӣ Инфантино, раиси Федератсияи Байналмилалии Футбол ҳам тамошо кард, ки айни замон барои роҳ додани занон ба бозиҳои футбол бо мақомоти Эрон кор мекунад. Баъди Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1979, занонро аз ҳаққи тамошои бозиҳои футбол дар майдон маҳрум карданд.

Интихоботи Донетску Луҳанскро "масхара" номиданд

Интихобот дар Донетск

Дар ду минтақаи ҷудоиталаб дар Украина рӯзи 11-уми ноябр интихобот сурат гирифт, ки онро кишварҳои ғарбӣ ва ҳукумати Украина ғайриқонунӣ ва “масхара” номидаанд.

Киев ва ҳомиёни ғарбиаш гуфтанд, интихобот дар минтақаҳои Донетск ва Луҳанск, ки дар дасти ҷудоиталабон аст, хотима додан ба низоъеро мушкилтар мекунад, ки аз моҳи апрели соли 2014 то кунун 10 300 нафарро куштааст.

Вале Русия мегуяд, интихоботи раҳбарони Донетск ва Луҳанск ва вакилони маҷлисҳои ноҳияҳо мухолифи аҳдномаи Минск нест. Интизор меравад, Денис Пушилин, раиси 37-сола ва муваққатии вилояти Донетск дар интихоботи инҷо пирӯз шавад.

Александр Захарченко, раиси пешини вилоят дар натиҷаи таркише дар моҳи август кушта шуд. Дар вилояти Луҳанск низ Леонид Пасечник, раиси муваққати вилоят, ки дар гузашта сардори раёсати амният буд, пирӯзи эҳтимолии интихобот ба ҳисоб меравад.

Оташбасе, ки ҷанги хунинро поён дод, 100-сола шуд

Раҳбарони даҳҳо кишвар рӯзи 11-уми ноябр барои ширкат дар маросими 100-умин солгарди оташбасе ҷамъ омаданд, ки ба Ҷанги Ҷаҳонии Аввал хотима дод. Дар ин маросим, ки дар шаҳри Париж сурат мегирад, 70 раҳбари ҳукумат ва кишварҳои ҷаҳон ҳузур ёфтанд.

Сад сол пеш дар рӯзи 11-уми ноябри соли 1918 дигар садои аслиҳа баланд нашуд ва бо ҳамин ҷанги чаҳорсолае тамом шуд, ки дар ҷараёни он 10 миллион сарбоз ва миллионҳо нафар ғайринизомии дигар кушта шуданд.

Дар маросими таҷлил ва дар зери борони сахт, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар назди Арки Пирӯзӣ дар Париж, дар назди гӯри сарбози беном сукут карданд.

Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар шоме, ки барои меҳмонон рӯзи 10-уми ноябр орост, гуфт, сулҳи бадастомадаро бояд эҳтиёт кард. Ӯ гуфт, “Баъзе аз мо дар замони ҷанг дар ҷабҳаҳои муқобил меистодам ва имрӯз якҷо ҳастем. Ва ин беҳтарин эҳтиром ба сарбозони ҷонбохта аст.”

Рӯҳонӣ: Амрико дар пайи фишор бар мардум аст, на низом

Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи шанбе таҳримҳои нави Амрико алайҳи ин кишварро “бе таъсир” хонд ва гуфт, “Иёлоти Муттаҳида дар пайи фишор бар мардум аст”.

Рӯҳонӣ дар суханронии тариқи садо ва симои Эрон гуфт, “таҳримҳо ҳеҷ таъсире бар раванди иқтисодии кишвар надоштааст”. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Эрон, “Амрико на дар пайи фишор овардан бар низом ва ҳукумат, балки ба дунболи фишороварӣ бар мардуми Эрон аст”.

Таҳримҳои зидди Эрон, ки рӯзи 5-уми ноябр ба иҷро даромаданд, ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Эрон, аз ҷумла сохтори бонкӣ ва ширкатҳои нафт таъсир мерасонад. Вашингтон муваққатан ба ҳашт кишвар иҷоза дод, ки аз Эрон нафт бихаранд.

Кишварҳои дигар дар сурати муомилот бо Теҳрон таҳти таҳрим қарор мегиранд.

Ин таҳримҳо қаблан тибқи созишномаи ҳастаӣ, ки соли 2015 миёни Эрону шаш қудрати ҷаҳонӣ имзо шуд, лағв гардида буд. Дар ивази ин созишнома Эрон фаъолияти ҳастаии худро боздошт.

Аммо президент Доналд Трамп дар моҳи майи имсол бо даъвои онки ин созиш наметавонад Теҳронро аз сохтани аслиҳаи атомӣ боздорад, Амрикоро аз мувофиқатнома берун кард ва таҳримҳоро дубора ҷорӣ намуд.

Э.Раҳмон: “Мубориза бо ҷинояткорӣ дар Хоруғ ҷавобгӯ нест”

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баъди тақрибан ду моҳ ба масъалаи вазъи ҷинояткорӣ дар вилояти Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ, баргашт. Ӯ 10-уми ноябр, ҳангоми таҷлил аз рӯзи милиса дар Душанбе гуфт, мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру силоҳ дар Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон “ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест”.

Вай аз мақомоти қудратии кишвар, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хост, ки муборизаро дар ин замина шадидтар кунанд. "Танҳо як моҳи фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва шахсони алоҳида беш аз 200 мил силоҳи оташфишон мусодира шудааст”, - хабар дод раиси ҷумҳур.

Президент Раҳмон гуфт, ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла ронандагӣ дар ҳолати мастӣ ва бидуни ҳуҷҷат, бо шишаҳои сиёҳ ва бе рақами давлатӣ ва ё рақамҳои қалбакӣ зиёд мушоҳида шудаанд.

“Ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бори дигар таъкид месозам, ки ҷиҳати ба таври қатъӣ ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳҳо, амалҳои майдаавбошӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ чора ҷуста, волоияти қонун ва амнияту осудагии сокинони вилоятро пурра таъмин намоянд”, - гуфт ӯ.

Дар маҷмуъ раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши ҷинояткорӣ дар кишвар изҳорӣ нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, агар соли 2008 дар кишвар камтар аз 12 ҳазор ҷиноят содир шуда бошад, ин рақам соли 2017 зиёда аз 22 ҳазорро ташкил додааст.

“Танҳо дар нӯҳ моҳи имсол қариб 17 500 ҷиноят сабт шудааст. Яъне, дар даҳ соли охир шумораи ҷиноятҳои сабтшуда тақрибан ду баробар афзудааст”, - афзудааст ӯ.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон инчунин аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон изҳори ташвиш кард.

Ҳар сол дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми ноябр Рӯзи милиса таҷлил мешавад.

ИМА гуфт, ироаи сӯзишворӣ ба ҳавопаймоҳои Саудиро қатъ мекунад

Вазорати дифои Амрико ният дорад, ироаи сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳои Арабистони Саудӣ дар Яманро қатъ кунад. Дар ин бора мақомҳои амрикоӣ рӯзи 9-уми ноябр хабар доданд.

Ҳавопаймоҳои Саудӣ се сол боз алайҳи шӯришиёни ҳусии таҳти ҳимояти Эрон дар Яман амалиёт мекунанд.

Тасмими қатъи ироаи маводи сӯхт барои ин ҳавопаймоҳо дар ҳоле гирифта шудааст, ки хашми аъзои Конгресси Амрико нисбат ба Арабистони Саудӣ дар ҳоли афзоиш аст. Онҳо таҳдид кардаанд, ки ҷилави фурӯши аслиҳа ба ин муттаҳиди Амрикоро низ хоҳанд гирифт.

Ин таҳдид дар миёни иттиҳомҳо дар мавриди кушта шудани ҳазорон ғайринизомӣ дар амалиёти ҳавоии эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ дар Яман сурат гирифтааст.

Аз соли 2015 ба ин тараф беш аз даҳ ҳазор нафар дар ҷанги Яман кушта шудаанд. Ин ҷанг беш аз 2 миллион нафари дигарро бехонаву ҷо карда, сабаби қаҳтии фарогир дар он кишвар шудааст.

Номи ду афсаре, ки дар ошӯб дар зиндони Хуҷанд кушта шудаанд

Мирсаид Қодиров

Дар ошӯби шаби 7-уми ноябр дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд ду нозири маҳбас кушта шудаанд. Қаблан Радиои Озодӣ номи яке аз онҳоро маълум кард, ки Эҳсон Ёқубови 27-сола буда, ҷасадаш рӯзи 8-уми ноябр дар зодгоҳаш – ноҳияи Мастчоҳ – ба хок супурда шудааст.

Номи нозири дувумро, ки дар ин ҳодиса ҷон бохтааст, наздиконаш эълон карданд. Онҳо гуфтанд, Мирсаид Қодирови 42-сола шаби 7-уми ноябр дар ҷои кор буд ва ҳангоми даргирӣ бо зиндониҳо ба ҳалокат расидааст.

Наздикони Қодиров дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ҷасади ӯ рӯзи 8-уми ноябр дастрас ва баъдан дафн карда шуд.

Майори милиса Мирсаид Қодиров қаблан дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд кор карда, солҳои охир дар зиндони рақами сеи маркази вилояти Суғд фаъолият дошт. Аз ӯ ду фарзанд боқӣ мондааст.

Эҳсон Ёқубов
Эҳсон Ёқубов

Мақомоти ноҳияи Мастоҳ мегӯянд, аз Эҳсон Ёқубов низ ду фарзанди ноболиғ мондааст. Эҳсон Ёқубов баъд аз адои хидмат дар артиш то ин вақт дар зиндон кор мекард.

Як масъули маҳбаси Хуҷанд рӯзи 8-уми ноябр дар маросими видоъ бо ӯ гуфтааст, як гуруҳи маҳбусон ногаҳонӣ даст ба ошӯб зада, мехостанд аз зиндон фирор кунанд, “вале ҷонбозиҳои кормандони маҳбас ба ин кор монеъ шуд”.

Бо гузашти се рӯз аз ҳодиса то ба ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора ҳарфе нагуфта, теъдоди ҳалокшудаҳо ва захмиёнро эълон нанамудаанд.

Аммо бино ба маълумоти манобеи мухталиф дар ошӯб дар зиндони Хуҷанд дастикам 24 нафар кушта шуда, шаш нозири маҳбас дар бемористони вилоятӣ бистарианд.

Вазири нақлиёти Бритониё бо норозигӣ аз Brexit истеъфо дод

Ҷо Ҷонсон – вазири нақлиёти Бритониё – бо норозигӣ аз барномаи хуруҷи кишвараш аз ҳайати Иттиҳодияи Аврупо истеъфо додааст. Ҷо Ҷонсон бародари Борис Ҷонсон, вазири пешини умури хориҷии Бритониёст.

Ӯ гуфтааст, нахуствазир Тереза Мей ба порлумон ду роҳи интихобро боқӣ гузошт, ки яке розӣ шудан ба хуруҷи Бритониё ва дувум “хаос”-и баъди он аст.

Ҷо Ҷонсон шомили гуруҳест, ки хостори раъйпурсии дубора дар мавриди хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд. Дар ғайри сурат, ба гуфтаи ӯ, Бритониё ба буҳурони бузурги даврони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дучор хоҳад шуд.

Қарор аст, моҳи марти соли 2019 барномаи хуруҷи Бритониё аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо оғоз шавад.

Дар раъйпурсие, ки рӯзи 23-юми июни соли 2016 баргузор шуд, 52 дар сади шаҳрвандони Бритониё хостаанд, кишварашон аз Иттиҳодияи Аврупо ҷудо шавад.

Дар Душанбе оши яктоннаӣ пухтанд... ва хӯрданд. ВИДЕО, АКС

Акс аз Абдураҳмон Раҳмонов, хабаргузории "Авесто"

Ҳафт таббохи шинохта дар шаҳри Душанбе дар деги бузург як тонна оши палав пухта ва онро рӯзи 10-уми ноябр дар боғи ба номи Фирдавсии пойтахт ба мардум пешниҳод карданд.

Ҷашнвораи палав дар Душанбе. Оши яктоннаӣ ба ҳама нарасид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷашнвораҳои гузаштаи оши палав ин ғизои миллӣ дар дегҳои нисбатан хурд таҳия мешуд. “Фарқи аслии ҷашни имсола таҳияи оши яктоннаӣ аст”, - гуфт ӯ.

Аллакай дег холӣ шудааст
Аллакай дег холӣ шудааст

Таҳияи палави яктонанаӣ нимишаби 10-уми ноябр шуруъ шуда, раҳбарии онро таббохи маъруф Содирҷон Муҳаммадҷонов бар уҳда дошт. Ӯ гуфт, барои таҳияи он 250 кило биринҷ, 200 кило гӯшт, 350 кило сабзӣ, 90 литр раған, 30 кило пиёз, як кило зира ва панҷ кило мавиз истифода шудааст. Муҳаммадҷонов мегӯяд, таҳияи палави яктоннаӣ таҷрубаи нахустини ӯст.

Бузургтарин деги оши палав рӯзи 8-уми сентябри соли гузашта дар Узбекистон таҳия шуда ва ба китоби Рекордҳои Гиннес шомил гардида буд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки вазни оши таҳиякардаи онҳо ҳафт тонна буд ва онро панҷоҳ таббох дар тӯли шаш соат омода карданд.

Дар оши рекордӣ тақрибан 2 тонна гӯшт, наздики 700 кило равған, тақрибан ду тонна биринҷ, 2 тоннаву 700 кило сабзӣ, 220 кило пиёз ва 700 кило нахӯд, зира, мӯрчи сиёҳ ва зирк истифода шудааст.

Ду сол пеш ЮНЕСКО, Бунёди илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, оши палавро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид кард. Ин пешниҳод аз тарафи Тоҷикистону Узбекистон ироа шуда буд. Бархе аз ошпазҳо мегӯянд, баробари ҷаҳонӣ шудани оши палав таваҷҷуҳ низ ба ин ғизои маъмул дар Тоҷикистон афзудааст.

Бино ба як пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо, дар Тоҷикистон то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, аммо дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна даҳ навъи ош, аз ҷумла, "оши гӯшти мурғ", "палави токӣ", "оши девзира" ва "оши як ба як" пешниҳод шудааст.

Зимнан, шаҳри Хуҷанд соли 2016 аввалин мизбони озмуни палавхӯрӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар сол як дафъа дар ҷашнвораи вижа беҳтарин ошпазҳо аз кунҷу канори вилоят ҷамъ омада, оши палав мепазанд ва дӯстдорони ин ғизои миллиро ба озмуни беҳтарин хӯрандаи ош даъват мекунанд. Шарти аслии озмун дар фурсати кӯтоҳ хӯрдани як табоқ ош мебошад. Ин озмун баъдан дар нуқоти дигари Тоҷикистон ҳам ба ҳукми анъана даромад.

Охири моҳи октябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд шарти озмунро тағйир дод ва риояи фарҳанги таомхӯриро дар ҷои аввал гузошт. Ӯ бо шӯхӣ ба паҳлавонони сари табақҳои палав гуфт, ки “истеъмоли зиёд зарар дорад”.

Ситоиш аз Даниел Рустамов, овозхони 23-солаи тоҷик дар "Голос"-и Русия

Даниел Рустамов

Даниел Рустамов, сокини 23-солаи Тоҷикистон ва донишҷӯи Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои Маскав, ба даври навбатии озмуни “Голос” дар Русия роҳ ёфт. Рустамов шоми 9-уми ноябр дар ин барнома таронаи Versace On The Floor-и Бруно Марсро хонд ва аз ҳимояти се довар – Ани Лорак, Баста ва Сергей Шнуров – бархӯрдор шуд.

Ани Лорак, овозхони маъруф, пас аз шунидани онки Даниел Рустамов аз Душанбе аст, гуфт, “мо ин шаҳрро надидем, вале ба шарофати шумо медонем, ки дар онҷо чӣ қадар ҳунармандони боистеъдод зиндагӣ мекунанд”. Доварони низ дигар аз маҳорати Даниел Рустамов ситоиш карданд.

Худи Даниел гуфт, эҳсосашро наметавонад бо сухан баён кунад. “Ҳама кор имконпазир аст ва ҳар орзу ҷомаи амал пӯшиданист, агар одам талош кунад ва заҳмат кашад”, - афзуд ӯ.

Ду сол пеш Даниел Рустамов нирӯи овозхонии худро дар барномаи X-Factor-и Украина ҳам санҷида буд.

Даниел Рустамов моҳи ноябри соли 1995 дар хонаводаи пизишк дар Душанбе ба дунё омада, ҳамон тавр, ки дар саҳифаи Фейсбукаш ишора кардааст, забонҳои тоҷикӣ, русӣ, куриёӣ ва англисиро медонад. Ӯ мегӯяд, дар оилаашон касе овозхон нест, вале ин меҳр аз хурдӣ дар дилаш буд ва то охири роҳ хоҳад рафт.

Дар сӯхторе дар шимоли Калифорния шаш нафар ҷон бохтанд

Мақомоти Амрико гуфтанд, ки дар натиҷаи сӯхтор дар шимоли Калифорния шаш нафар ҷон бохт. Ба қавли онҳо, ин сӯхтори нирӯманд рӯзи 9-уми ноябр бисёре аз бахшҳои шаҳраки Парадайсро ба хокистар мубаддал кардааст. Дар пайи сӯхтор ҳазорҳо нафар хонаҳояшонро гузошта ба ҷои дигар рафтаанд.

Ҳамлаи маргбори Толибон дар рӯзи сафари Халилзод ба Кобул

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар пайи ҳамлаҳои Толибон дасти кам 10 сарбоз ва ҳафт афсари полис кушта шуданд.

Ин ҳодиса рӯзи 9 ноябр рух дод ва бо шурӯи сафари фиристодаи ИМА оид ба масоили сулҳ Залмай Халилзод ба минтақа рост омад. Ҳадафи сафири Халилзод ба минтақа водор кардани ҷангҷӯён барои пазируфтани музокироти сулҳ мебошад.

Ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 9-уми ноябр дар ноҳияи Хоҷағори вилояти Тахор ба як посгоҳи артиш ҳамла карданд. Дар паи даргирии мусаллаҳонае, ки як соат идома кард, дасти кам 10 сарбоз кушта шуданд.

Абдурашид Башир, раиси полиси вилояти Тахор, гуфт, дар миёни ҷангҷӯён ҳам қурбонии зиёд буд, вале аз додани тафсилот худдорӣ кард. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид иддао кард, ки ин ҳамла кори дасти онҳо мебошад. Шоми 8 ноябр ҳам дар Фароҳ Толибон ба нирӯҳои полис ҳамла карданд.

Абдусамад Солеҳӣ, як узви шӯрои вилоятӣ гуфт, дар ин ҳодиса инчунин ҳафт афсари полис кушта ва се нафар маҷрӯҳ шуданд.

Залмай Халилзод, ки дар мақоми сафири Амрико дар Кобул кор кардааст, дар сафараш ба минтақа аз Афғонистон, Покистон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар дидан карда, талош мекунад Толибони Афғонистонро барои нишастан сари мизи музокирот водор кунад. Дар ин бора Департаменти давлатии Амрико хабар додааст.

Дар Маскав конфронси сулҳи Афғонистон бо ширкати Толибон баргузор шуд

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ва Шермуҳаммад Аббос Станакзай, раҳбари шӯрои сиёсии Толибон дар Қатар

Дар Маскав рӯзи 9 ноябр конфронси Афғонистон баргузор шуд, ки дар кори он намояндагони Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва гурӯҳи Толибон иштирок карданд. Сафорати ИМА дар Маскав як дипломати худро барои назорати ин музокирот фиристодааст. Ин нишаст дар як меҳмонхонаи Маскав ҷараён дорад.

Дар суханронии ифтитоҳии худ вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ки Русия умедвор аст, “бо роҳи талошҳои муштарак дар таърихи Афғонистон саҳифаи нав боз мешавад”.

Лавров гуфт, ки мушкилоти Афғонистон бояд танҳо аз роҳи сиёсӣ тавассути дастёбӣ ба сулҳи миллӣ ҳаллу фасл шавад.

"Ба ҳамин хотир, мо имрӯз ҳайатҳои шӯрои олии сулҳи Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва ҳаракати Толибонро хайрамақдам мегӯем. Иштироки онҳо дар чорабинии имрӯза шароити мусоид барои оғози музокироти мустақими миёни ҳукумат, ҷумбиши Толибон ва намояндагони гурӯҳҳои васеи ҷамъиятиву сиёсии кишварро фароҳам меорад”.

Ташаббуси нахустини Русия барои ташкили музокироти сулҳ бо Толибон, ки қарор буд моҳи сентябр баргузор шавад, баъди он ки мақомоти Афғонистон ширкат дар ин нишастро рад карданд, бекор шуд. Ин навбат ҳам ҳукумати Афғонистон ба Маскав намояндаҳои расмии худро нафиристод, вале аъзои аз ҷониби ҳукумат таъиншудаи Шӯрои олии сулҳ дар нишаст ҳузур доранд.

Як ширкатдори ин нишаст ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд дар поёни нишаст кадом изҳорот ё санаде қабул нашуд, худи воқеияти баргузории чунин як ҳамоиш бо ширкати ду ҷониби вориди ихтилофи Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ҳодисаи муҳим аст. Ин ширкатдори нишаст гуфт, ки дар ҷараёни ҷаласа дида мешуд, ки намояндагони Толибон ва ҳукумати Афғонистон бо ҳам гуфтугӯ ва дар фазои ғайрирасмӣ берун аз ҷаласа ҳам сӯҳбат мекарданд.

Дар ҷаласа Шермуҳаммад Аббос Станакзай, раҳбари шӯрои сиёсии Толибон дар Қатар мавқеи ин гурӯҳро такрор карда гуфтааст, ки сулҳи Афғонистон дар сурати берун шудани нирӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар имконпазир аст ва кишварҳои дигар ҳам бояд инро кафолат диҳанд.

Ширкатдорони конфронси Маскав
Ширкатдорони конфронси Маскав

Вазорати хориҷаи Афғонистон рӯзи 9 ноябр бо пахши изҳороте гуфт, ки дар нишасти Маскав Шӯрои олии сулҳ ба ҳайси як созмони ғайриҳукуматӣ иштирок мекунад ва давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон умедвор аст, ки ба Толибон “иҷозаи истифодаи абзорӣ аз ин нишаст” дода намешавад.

Шӯрои олии сулҳ як ниҳодест, ки ҷузве аз барномаи сулҳу ҳамоиш буда, аз ҷониби президенти собиқ Ҳомиди Карзай ба хотири роҳандозии музокирот бо Толибон таъсис шудааст.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ки ин гурӯҳи ҷангӣ панҷ намояндаашро ба нишасти Маскав мефиристад, вале ин ба маънои “музокирот бо ҳайати Шӯрои сулҳ” нест.

Дар гузашта миёни шӯрои сулҳи Афғонистон ва Толибон чандин тамоси ғайрирасмӣ баргузор шудааст.

Аз Тоҷикистон дар ин нишаст муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода иштирок мекунад.

Лавров ва узви ҳайати Толибон Алҳоҷ Муҳаммад Суҳайл Шоина
Лавров ва узви ҳайати Толибон Алҳоҷ Муҳаммад Суҳайл Шоина

Дар ҷаласаи Маскав дар баробари намояндагони ҳукумати Афғонистон ва Толибон, инчунин дипломатҳои баландпояи вазоратҳои хориҷии Тоҷикистон, Узбекистон, Чин, Қирғизистон, Эрон, Қазоқистон, Покистон ва Ҳинд ширкат карданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Боздошти даҳҳо зиндонии афвшуда дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00
XS
SM
MD
LG