Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дар Қазоқистон диктанти "сартосарӣ"-и лотиннависӣ барпо шуд

Имтиҳони ҳуруфи лотинӣ дар Қазоқистон

Рӯзи 14 нобяр дар мактабҳои олии чанд шаҳри Қазоқистон иншои алифбои лотинии сокинонро озмоиш карданд. Иқдоми "Диктанти саросарӣ" соати 11 шуруъ ва 30 дақиқа давом кард.

Вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон хабар дод, имтиҳондиҳандагон матнро аз тариқи радио шуниданд ва матни худро бо ҳуруфи лотинӣ навиштанд. Ба гуфтаи ташаббускорон, имтиҳон ба хотири таблиғи алифбои нави қазоқӣ роҳандозӣ шуд.

Дар шаҳри Алмато навиштани иншо дар бинои Донишгоҳи техникии Қазоқистону Бритониё барпо шуд ва дар он чанд донишҷӯ ва кормандони давлатӣ ширкат карданд.

Моҳи апрели соли 2017 президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дастур дод, ки то охири сол алифбои лотинии Қазоқистон коркард шавад. Ӯ ҳамзамон дастур дода буд, ки кишвараш то соли 2025 ба алифбои лотинӣ бигзарад.

Вазири дифои Исроил бинобар созиши ҳукумат бо "Ҳамос" истеъфо дод

Авигдор Либерман

Вазири дифои Исроил Авигдор Либерман бинобар созиши ҳукумати кишвараш бо гурӯҳи "Ҳамос" аз мақом истеъфо дод. Либерман истеъфояшро рӯзи чоршанбе эълон кард.

Рӯзи гузашта ҳукумати Исроил дар робита ба эълони оташбас бо "Ҳамос" ба созиш расид. Намояндагони гурӯҳҳои Фаластинӣ гуфтанд, оташбас то замоне амал мекунанд, ки Исроил онро нақз накунад. Намояндаи расмии вазорати дифои Исроил гуфт, ки Авигдор Либерман тарафдори оташбас набуд. Либерман як ҳафта пеш ба тақвияти амалкардҳои алайҳи "Ҳамос" даъват кард.

Чанд рӯз пеш Исроил дар оташи ҷавобӣ ба Навори Ғазза ва ситоди "Ҳамос" зарба зад. Ҳангоми даргирӣ ҳафт фаластинӣ, бо шумули як фармондеҳи "Ҳамос ва як сарбози исроили кушта шуд.

Иттиҳоди Аврпуо аз афзоиши зуроварӣ дар минтақа изҳори нигаронӣ кард. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш тарафҳои низоъ дар марзи Навори Ғазза ва Исроилро ба худдорӣ даъват намуд.

Китоби Мишел Обама дар саргаҳи асарҳои пурфурӯш ҷой гирифт

Мишел ва Барак Обама

Китоби хотироти Мишел Обама, ҳамсари перезиденти пешини ИМА Барак Обама бо номи "Табдил шудан" дар сархати китобҳои пурфурӯши дар Амрико қарор гирифт. Аз рӯи теъдоди пешбиниҳо, ин китоб дар рӯйхати адабиёт барои бузургсолон маҳбубтарин унвон мешавад. Ношири китоб барнома дорад, ки на камтар аз 1 миллион нусхаро фурӯшад.

Китоби Мишел Обама рӯзи сешанбе рӯнамоӣ шуд. Ҳамон рӯз ҳамсари 44-солаи Барак Обама бо ҳадафи муаррифии асараш ба сайри ҷаҳон баромад. Сафар аз Чикаго ва бо сӯҳбати ровии машҳури телевизион Опра Уинфри оғоз шуд.

Дар ин китоб Мишел Обама дар бораи робитааш бо ҳамасараш, муроҷиати якҷоя ба равоншинос ва сақти ҷанин навишта, аз ҷумла гуфтааст, Доналд Трампро ҳеҷ гоҳ намебахшад, ки аз овозаҳои берун аз Амрико таваллуд шудани Обама пуштибонӣ кард.

Китоби Мишел Обама аз се қисм иборат буда, дар бахши аввал ӯ дар бораи зодгоҳаш Чикаго, дар бахши дуввум шиносоӣ ва ошиқӣ бо Барак Обама ва дар бахши сеюм зиндагӣ бо ҳамсараш ҳамчун шахсиятҳои ҷамъиятӣ ҳикоят кардаст. Нашрияи The Wasgington Post, ки китобро баррасӣ кардааст мегӯяд, ки то ҳол ҳеҷ як аз бонуҳои аввали Амрико дар бораи ҳамсарони худ ба ин андоза ошкоргӯӣ накардааст.

Ангела Меркел аз таъсиси артиши ягонаи Аврупо пуштибонӣ кард

Ангела Меркел

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел аз вакилони порлумони Аврупо даъват кард, ки артиши ягонаи Аврупоро таъсис диҳанд. "Мо рӯи ин тарҳ кор кунем", - гуфт ӯ рӯзи сешанбе дар суханрониаш дар порлумон. Дар ин бора шабакаи телевизионии Euronews хабар дод

Танҳо Аврупои пуриқтидортар метавонад арзишҳояшро ҳимоя кунад, гуфт садри аъзам. "Мо бояд сарнавиштамонро ба дасти худ бигирем", - афзуд ӯ.

Идеяи таъсиси артиши ягонаи Иттиҳоди Аврупоро охири моҳи сентябр президенти Фаронса Эммануэл Макрон пешниҳод карда буд. "Мо бояд худро аз Чин, Русия ва ҳатто ИМА ҳифз кунем", - гуфта буд он замон Макрон.

Ин пешниҳод аз сӯи президенти ИМА Доналд Трамп маҳкум шуд. Трамп рӯзи панҷшанбе гуфт, пеш аз он ки артиши ягонаи Аврупо таъсис ёбад, бояд харҷи нигаҳдории НАТО пардохт шавад.

Президенти ИМА рӯзи сешанбе гуфт, артише ки Аврупоро аз Чин, ИМА ва Русия ҳимоят мекард, - вуҷуд дошт - ин артиши Олмон дар Ҷангҳои аввал ва дувуми ҷаҳонӣ буд. "Барои Фаронса ин чи овард?" - навишт президенти ИМА дар твиттер.

Эрон ду фурӯшандаи арзи хориҷиро эъдом кард

Ҷадвали табодули арз дар Эрон

Дар пасманзари мушкилоти иқтисодӣ, ки бо таҳримоҳи ИМА шиддат гирифтааст, Эрон ду муомилагари арзро бо ҷурми ҷиноятҳои иқтисодӣ эъдом кард.

Шабакаи телевизиони давлатии Эрон гуфт, Воҳид Мазлумӣ, ки раиси пулиси Теҳрон аз ӯ "Султони сикка" ном мебарад ва шарики эҳтимолии ӯ Муҳаммад Исмоил Қосимӣ субҳи 14 ноябр ба дор кашида шуданд. Додгоҳ онҳоро моҳи сентябр барои гӯё дасткории нархи арз ва "паҳн кардани фасод дар курраи замин" муҷрим эълон кард.

Ин амал бахше аз талошҳои ҳукумати Эрон барои мубориза бо буҳрони иқтисодӣ ва ҷилавгирӣ аз хилофкориҳои молӣ номбар мешавад. Моҳи август бо дастури Раҳбари Олии Эрон Оятулло Алӣ Хоманеӣ дар ин кишвар додгоҳи махсус таъсис ёфт, ки ҷиноятҳои иқтисодиро ҳадаф қарор медиҳад.

Додгоҳ то ҳол дастикам ҳафт ҳукми эъдом содир кард, ки аксари онҳо аз тариқи телевизион пахш шуданд.

Воҳид Мазлумии 58-сола моҳи август барои нигаҳдории ду тона сиккаи тилло боздошт шуд. Вакилони ӯ мегӯянд, ки бонки марказӣ барои нигаҳдории миқдори тангаи тилло маҳдудият ҷорӣ накардааст. Мазлумӣ ва шарики ӯ Қосимӣ дар заминаи ба гуфтаи мақомот хисорот ба иқтисод, бо роҳи эҷоди шабакаи фурӯши ғариқонунии тилло, айбдор шуданд.

Созмони Милали Муттаҳид, ҳукуматҳои Ғарбӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар аз афзоиши теъдоди ҳукмҳои эъдом, шиканҷа ва қонуншиканиҳои дигар, бо шумули масоили марбут ба озодиҳои динӣ, ҳуқуқи занон ва эътирозҳои иқтисодӣ дар Эрон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Дар баробари коҳиши башиддати пули миллии Эрон бисёр эрониҳо дороиҳои худро дар шакли сиккаи тилло ва арзи хориҷӣ нигаҳ медоранд.

"Электрик"-и қирғиз баъди тақлид ба Макгрегор ҷазо гирифт (Видео)

барқкори қирғиз ҳангоми тақлид ба Макгре

Нисбати як барқкор ё "электрик" аз вилояти Таласи Қирғизистон, ки ҳангоми иҷрои вазифа ба варзишкори муҳорибаи бидуни қоида Конор Магрегор тақлид кардааст, чораҳои интизомӣ андешида шуд. Дар ин бора рӯзи 13-уми ноябр ширкати "Северэлектро"-и Қирғизистон хабар дод.

Дар баробари ӯ нисбат ба раҳбари бевоситааш низ айни чунин ҷазо пешбинӣ шуд.

Масъулони ширкат гуфтанд, барқкор қоидаҳои бехатариро риоя накард ва ин метавонист оқибати нохуш ба бор биёрад.

Дар баробари ҷазои маъмурӣ, ки моҳияташ шаҳр дода нашудааст, "электрик" вазифадор шуд, фаврӣ аз қоидаҳои бехатарӣ имтиҳон супорад.

Навори тақлид ба Конор Макгрегор баъди нашраш дар Фейсбук пурбинанда шуд, аммо ин шӯҳрат ба худи "электрик" дардисар овард.

Алексей Навалний барои рафтан аз Русия иҷозат гирифт

Алексей Навалний

Хадамоти федеролии нозирони додгоҳии Русия маҳдудияти сафари раҳбари мухолифин Алексей Навалний ба хориҷи Русияро бекор кард.

Дар ин бора хабагузориҳо иттилоъ доданд. Субҳи рӯзи сешанбе аз сафари Навалний ба Франкфурт ҷилавгирӣ шуд. Ин мухолифи рус мебоист дар ҷаласаи Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи инсон дар Страсбург ширкат кунад.

Навалний субҳи 13 ноябр дар фурудгоҳи Домодедовои Москва боздошт ва шиносномааш муваққатан мусодира шуд. Дар фурудгоҳ ба ӯ огоҳиномаеро нишон доданд, ки Раёсати Хадамоти федеролии нозирони додгоҳӣ сафари ӯро ба хориҷ манъ кардааст.

USAID дар Хатлон барномаи нави кӯмак ба кишоварзонро роҳандозӣ кард

Соли 2012 USAID ба кишоварзони тоҷик трактор тақдим карда буд

Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар шаҳри Бохтар лоиҳаи нави панҷсола дар заминаи “Рақобатпазирии соҳаи кишварзӣ дар Тоҷикистон”-ро ба ҳусни оғоз бахшид. Намояндаи муваққатии Сафорати ИМА Кевин Коверт ва муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов дар ҳузури беш аз 170 нафар ин лоиҳаро рӯзи 14 ноябр дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) муаррифӣ карданд.

Ин барнома барои тақвияти рақобатпазирии соҳаи кишоварзӣ, махсусан дар бахши истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва боғдорӣ, рушди иқтисодӣ, афзоиши шуғли аҳолӣ ва беҳтар кардани шароити зисти деҳқонон равона шудааст.

Лоиҳа дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон - Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Кӯшониён, Яхч, Леваканд, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав амалӣ мешавад. Дар иттилоияи сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар ин ноҳияҳо аз соли 2012 барномаи USAID оид ба кӯмак дар таъмини амнияти ғизоӣ амал мекунад.

Марди тоҷик барои таҷовуз ба номуси дугоникҳои 5-сола гумонбар мешавад

деҳае дар вилояти Ленингради Русия

Матбуоти Русия хабари боздошти як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро нашр кард, ки дар таҷовуз ба номуси ду писари дугоники панҷсола гумонбар мешавад. Боздошти ин марди тоҷик, ки исмаш нашр намешавад, бар асоси шикояти расмии модари 36-солаи писарбачаҳо – сокини деҳаи Прибитковои ноҳияи Ганчинскии вилояти Ленингради Русия сурат гирифт. Ин зан дар шикояташ ба полис гуфтааст, ки дугоникҳои ӯ рӯзи 10 ноябр аз ҷониби марди тоҷик таҷовуз шудаанд.

Аз рӯи ин қазия бар асоси моддаи 132, қисми «б»-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда худи гумонбар боздошт шудааст.

Феълан ҷузъиёти дигари ин қазия ва мавқеи худи боздоштшуда ба ин қазия мушаххас нест. Матбуот намегӯяд, ки то куҷо марди гумонбар иттиҳомоти полисро эътироф кардааст ё на.

Давлаталӣ Назризода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербуг рӯзи 14 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи ин ҳодиса ба намояндагии дипломатии кишвар иттилоъ ирсол шудааст. Ӯ гуфт, ки феълан ҷузъиёти бештар маълум нест, вале парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши қазия шурӯъ шудааст. Назризода гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ метавонанд барои дастрасӣ ба вакили дифоъ ба ин сохтори дипломатӣ муроҷиат кунанд, вале феълан чунин дархосте ба онҳо нарасидааст.

Эътои мукофотҳои давлатӣ ба беш аз 100 коргару мутахассиси нерӯгоҳи "Роғун"

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи ба фаъолият оғоз кардани чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун", ба шуморе аз мутахассисон ва коргарони ин нерӯгоҳ мукофотҳои давлатӣ дод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми ноябр дар "Қасри Миллат" ба беш аз 100 нафар орденҳои "Шараф дараҷаи 2", медали "Хизмати шоиста", "Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени "Шараф дараҷаи 2" ва медали "Хизмати шоиста" супурдааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросим бунёди "Роғун"-ро роҳи асосии ба истиқлолияти комили энержӣ расидани Тоҷикистон номида ва гуфтааст, ки он омили муҳимтарини таконбахши иқтисодиёти миллӣ, афзоиш ёфтани иқтидори содиротии кишвар ва боиси таъмин намудани сатҳи зиндагии беҳтари сокинони кишвар мегардад.

Қарор аст рӯзи ҷумъаи 16-уми ноябр нахустин чархаи ин нерӯгоҳ ба кор дарояд. Мақомоти тоҷик ҳадафи аслии бунёди НОБ “Роғун”-ро расидан ба стратегияи табдил додани Тоҷикистон аз як давлати кишоварзӣ-саноатӣ ба саноатӣ-кишоварзӣ унвон мекунанд.

Лоиҳаи НБО-и «Роғун» ҳануз аз замони шуравӣ таҳия ва корҳои сохтмонӣ дар он вақт оғоз шуда буд. Аммо ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ кард.

Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1-уми июли соли 2016 бо ширкати итолиёвии "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo SpA) созишнома имзо кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб шудааст. Тоҷикистон барои сармоягузории муҳимтарин тарҳаш – нерӯгоҳи Роғун соли гузашта тасмим гирифт, ки 1 миллиард доллар коғазҳои қиматнок ва ё вомбаргҳои давлатӣ нашр кунад. Дар даври нахустин 500 миллион доллари ин вомбаргҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта шуд.

Сарбанди НБО-и «Роғун», ки баландиаш 335 метрро ташкил хоҳад дод, дар ҷаҳон баландтарин садд ба ҳисоб меравад. Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Давлати Тоҷикистон дар гузашта барои нерӯгоҳи Роғун маъракаи фурӯши саҳмияҳоро роҳандозӣ карда буд. Дар маъракаи пурсарусадои фурӯши саҳмияҳои Роғун соли 2009 ба маблағи 900 миллион сомонӣ (ба қурби он давра -- 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд, ки дар бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.

Боздошти 7 ҷавон барои муноқишаи гуруҳӣ дар Душанбе

Акс аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе 7 ҷавонро барои муноқишаи гуруҳӣ ва бо итттиҳоми ба ҳам задани тартибот дар як маҳалла дар пойтахти Тоҷикистон дастгир кардаанд. Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 13-уми ноябр хабар дод, ки ҳодиса 26-уми октябр сурат гирифтааст.

“Як гурӯҳ ҷавонон дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ байни ҳамдигар муноқиша намуда, бо ҳар гуна олот, аз қабили корду санг мусаллаҳ шуда, шабона оромии шаҳрвандону тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”, – омадааст дар баёнияи раёсат.

Ба гуфтаи мақомот, дар натиҷаи тафтишот муайян карда шуд, ки “ду гурӯҳ ҷавонон байни ҳамдигар муноқиша карда, бо воситаи корду дигар олот ба таври ваҳшиёна ҳамдигарро зери латту кӯби шадид қарор додаанд.”

Аксари боздоштшудаҳо, ки раёсати умури дохилӣ ном ва аксҳояшонро нашр кардааст, донишҷӯ ҳастанд. Аз ҷумла, яке аз онҳо Абдулло Абдуллоеви 19-сола, донишҷӯи курси 4-уми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ будааст, ки дар ҷараёни муноқиша захмӣ шуда ва дар бемористон аст. Ду нафари онҳо ҳуқуқшиносони оянда аз Донишгоҳи миллӣ будаанд. Дар муноқиша дар маҷмуъ се нафар захмҳои амиқ бардоштаанд.

“Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шудааст, ки номбурдагон байни ҳамдигар муноқиша намуда, дар натиҷа шаҳрванд Аъзамов Сайраҳмон бо корди қаблан мусаллаҳгаштаи худ бо як бераҳмии махсус ба қафаси синаи шаҳрванд Абдуллоев Абдулло ва Зуҳуров Худобахш зада, ба онҳо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст. Дар идомаи муноқиша ва ҳамлаи ҷавобӣ худи шаҳрванд Аъзамов Сайраҳмон бо зарби корд ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.”

Раёсат нагуфтааст, ки ҷавонон барои чӣ ҷангу даъво кардаанд. Дар хабар омадааст, муноқиша бо даъвати як нафар сурат гирифтааст ва алайҳи ҳамаи онҳо парвандаи ҷиноӣ бо моддаи “авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ” боз шудааст.

Дар хабар омадааст, теъдоди ширкаткунандагон дар муноқиша зиёдтар будааст ва маълум кардану ҷустуҷӯи дигар омилони ҷангу даъво идома дорад.

Солҳои ахир муноқишаҳои гуруҳӣ ва кордзанӣ дар байни ҷавонони тоҷик зиёд шудааст ва ба ҳадде, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз ин тамоюл изҳори нигаронӣ кардааст.

Зуҳуров Фаронсаро ба ҳамкории бештар бо Тоҷикистон даъват кард

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон ва Ҷамолиддин Убайлдуллоев, сафири Тоҷикистон дар Порис бо намояндагони Фаронса

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо Патрис Вершер – раиси Гурӯҳи байнипорлумонии дӯстии Фаронса ва Осиёи Марказӣ дар Порис дидору мулоқот кардааст.

Муҳаммадато Султонов, роҳбари дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, рӯзи 13-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ду тараф масъалаҳои равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла робитаҳои байнипорлумонии ду кишварро баррасӣ намуданд”.

Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни сӯҳбат таваҷҷуҳи Фаронсаро ба имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши амният, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва мухобироту сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг ҷалб кардааст.

Ҷонибҳо ҳамчунон дар мавриди амнияти минтақа, махсусан дар мавзӯи вазъияти кунунӣ дар Афғонистон гуфтугӯ кардаанд.

Шабакаи CNN Трамп ва маъмурияти ӯро ба додгоҳ кашид

Хабарнигори CNN Ҷим Акоста дар нишасти матбуотии Доналд Трамп, 7 ноябри соли 2018

Шабакаи телевизионии CNN Доналд Трамп ва маъмурияти ӯро дар заминаи бекор кардани эътиборномаи хабарнигораш Ҷим Акоста ба додгоҳ кашид. Гузарномаи Акоста баъди нишасти матбуотии президенти ИМА дар анҷоми интихоботи миёндаврӣ лағв шуд.

Дар ин нишасти матбуотӣ Ҷим Акоста, аз ҷумла суол дод, ки чаро Трамп дар суханрониҳои пеш аз интихобот муҳоҷиронро "ишғолгар" номид. Хабарнигори CNN ҳамчунин пурсид, ки оё Трамп аз бозҷӯии робитаи эҳтимолӣ бо Русия нигарон аст ё хайр.

Президент нахост ба ин суолҳо посух диҳад ва Акостаро "одами баду дағал" номид. Баъди ин нишаст эътиборномаи Акоста барои вуруд ба Кохи Сафед лағв шуд.

Сухангӯи Кохи Сафед Сара Сандерс дертар хабарнигорро ба рафтори номуносиб муттаҳам кард. Ба гуфтаи ӯ, Акоста ба духтари таҷрибаомӯзи Кохи Сафед, ки мехост микрофонро аз хабарнигор бигирад, даст расонд.

Сандерс навореро аз ин нишаст нашр кард, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онро сохта унвон карданд.

Дар аризаи додгоҳии CNN бар зидди Трамп боз панҷ нафари дигар ҳамчун ҷавобгар муаррифӣ шудаанд. Инҳо раҳбари маъмурияти Кохи Сафед Ҷон Келли, сухангӯ Сара Сандерс, ноиби раиси бахши равобити Кохи Сафед Билл Шин, раҳбари хадамоти махфӣ Ҷосеф Кланси ва афсари ин муассиса Ҷон Доу мебошанд.

CNN талаб дорад, ки эътиборномаи Ҷим Акоста фаврӣ барқарор шавад. Шабакаи телевизионӣ таъкид кардааст, ки аризаи шикоятӣ на танҳо ба хабарнигори ин шабака, балки ба ҳар хабарнигоре таъсири манфӣ дорад, ки фаъолияти мақомоти интихобиро мунъакис мекунанд.

Ин мухолифати аввалин дар байни Акоста бо Трамп нест. Дар нишасти матбуотии аввали соли 2017, то оғози фаъолияти расмии Доналд Трамп, дар мақоми раиси ҷумҳур, ӯ аз посух гуфтан ба суоли Акоста даст кашид ва гуфт, ин шабака "хабарҳои тақаллубӣ" пахш мекунад.

Раҳбарияти CNN бархӯрди президентро танқид ва аз хабарнигори худ пуштибонӣ кард.

Сафири Фаронса барои "хатои нобахшиданӣ" аз Сербистон узр хост

100-солагии Ҷанги Якуми Ҷаҳон

Сафири Фаронса дар Белград дар ҳоле аз Сербистон узр пурсид, ки президенти он кишвар Александр Вучич аз бархӯрде, ки ба ӯ дар ҷараёни маросими 100-солагии Ҷанги Якуми Ҷаҳон дар Порис шуд, изҳори нороҳатӣ кард.

Фредерик Мондолони - сафири Фаронса рӯзи 12-уми ноябр, як рӯз баъди иштироки Вучич бо раҳбарони ҷаҳон дар марсими ёдбуди ҷанги як аср пеш, аз Сербистон маъзарат хост.

Дар ҷамъомади рӯзи 11-уми ноябр президенти Косово Ҳошим Тачӣ дар паси раҳбарони Фаронса, Олмон, Русия ва ИМА ҷой гирифт, дар ҳоле ки раиси ҷумҳури Сербистонро дар минбари алоҳидаи тарафи муқобил ҷой доданд.

"Боварам намеояд, ки бо ин ҳама қурбонии мардуми Сербистон дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон бо ман чунин бархӯрд сурат гирифт",- навиштааст матбуоти Сербистон аз қавли Вучич.

Таърихшиносон мегӯянд, Сербистон бештар аз ҳар кишвари дигари вориди Ҷанги Якуми Ҷаҳон хисорот дид.

Таниш дар байни Приштина ва Белград аз 10 соли пеш, аз замоне ки албаниҳои Косово ба таври якҷониба худро аз Сербистон мустақил эълон карданд, боло боқӣ мондааст.

Фредерик Мондолони ба шабакаи Prva TV гуфт, ки дар ташкили ҷойҳои нишаст дар маросими ёдбуди Ҷанги Якуми Ҷаҳон дар Порис "иштибоҳи нобахшиданӣ" сурат гирифт ва барои ин аз мардуми Сербистон ва президенти кишвар Вучич узр хост.

Сербистон дар он ҷанг беш аз 1,25 миллион сарбоз ва мардуми мулкиашро қурбон кард. 62 дар сади қурбониҳо мардҳои аз 18 то 55-сола буданд.

Садама дар назди "Султони Кабир" се кушта бар ҷой гузошт

Акс аз бойгонӣ

Дар пайи садамаи нақлиётии мудҳиш дар назди бозори “Султони Кабир”-и ноҳияи Восеъ се ҷавон ба ҳалокат расид ва як нафар шашидан маҷруҳ шуд. Ҳодиса соати дувоздаҳи шаби 12 ба 13 ноябр рух додааст.

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии минтақаи Кӯлоб рӯзи сешанбеи 13-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин се ҷавон Шамсулло Султонов, соли таввалудаш 1985, Баҳодур Довудов, таваллуди 1986 ва Сафар Мадалиев, соли таваллуди 1989 буданд. Ин манбаъ гуфт, ки ин чаҳор нафар сокинони Кӯлоб буда, Шамсулло Султонов, ки мошинро ронандагӣ мекард, корманди воҳиди таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохила будааст.

“Шаб аз кадом маъракае мебароянд ва бояд аз самти Кӯлоб ба тарафи Душанбе раванд, дар ноҳияи Восеъ, аниқтараш дар назди бозори Султони Кабир, бо сурати баланд рафта истода будаанд, ки аз уҳдаи идораи мошин набаромада, рафта ба таги мошини борбардори Дулан заданд.Се нафар дар ҷойи ҳодиса ҷон дод. Ростӣ ҷасадҳоро аз мошин бароварда нашуд ва кормандони Ҳолатҳои фавқулода омада ҷасадҳову захмиро бароварданд”,--гуфт манбаъ

Бойназар Тағойев, сардухтури бемористони марказии ноҳияи Восеъ дар бораи нафари чаҳорум, ки аз ин садама ҷон ба саломат бурд, гуфт вақте ба бемористон интиқол ёфт дар ҳолати бисёр вазнин қарор дошт ва баъди талошҳои табибон вазъаш беҳтар шуд.

Мақомоти Бозрасии Давлатии Автомобилии минтақаи Кӯлоб мегӯянд, ки дар соли 2017 88 садамаи нақлёти рӯх дода, 48 нафар ба ҳалокат расид. Теъдоди маҷруҳони садамаҳо наздик ба сад нафар ҳисоб шудааст. Аммо дар ҳафт моҳи соли 2018 садамаҳои нақлиётӣ ба омори соли 2017 баробар шуд. Дар ҳафт моҳи имсол дар минтақа 92 садамаи нақлётӣ ба қайд гирифта шуда, 41 нафар ҳалок ва 97 тани дигар маҷруҳ шуд.

Туркия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ дод, 90 рӯз бе виза гарданд

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия. Акс аз бойгонӣ

Туркия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ дод, ки то 90 рӯз дар ҳудуди он кишвар бе раводид будубош кунанд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, рӯзи 11-уми ноябр дар ин бора фармонеро имзо гузошт.

То ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон ҳақ доштанд, ки танҳо 30 рӯз дар қаламрави Туркия бе раводид ҳузур дошта бошанд. Фармони нав ҳафтаи оянда ба иҷро медарояд.

Бар асоси фармони нави Эрдуғон, дар баробари шаҳрвандони Тоҷикистон, сокинони Узбекистону Қазоқистон ва Либия низ метавонанд 90 рӯз бе раводид дар Туркия зиндагӣ кунанд.

Зимнан, Туркия дар баробари Русия ва Қазоқистон яке аз кишварҳоест, ки бо Тоҷикистон низоми раводид надорад ва шаҳрвандони кишвар дар онҷо ба осонӣ метавонанд кор пайдо мекунанд. Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Туркия наздики ҳафт ҳазор гуфта мешавад.

Муҳоҷирони тоҷик дар Туркия бештар дар сохтмон ва дар марказҳои тиҷоратӣ ба ҳайси ёвари фурӯшанда кор мекунанд.

Дар қазияи куштори Хошуқҷӣ далелҳои шайъи пайдо шуд

Муҳаммад Бин Салмон бо писари Ҷамол Хошуқҷӣ

Дар қазияи куштори рӯзноманигори саудӣ Ҷамол Хошуқҷӣ далелҳои шайъи пайдо шуд, ки ба эҳтимоли даст доштани валиаҳдӣ Арабистони Саудӣ Муҳаммад Бин Салмон дар ин ҷиноят далолат мекунанд. Дар ин бора нашрияи The New York Times рӯзи 12 ноябр матлабе нашр кард.

Як нафар аз гурӯҳе, ки дар нест кардани рӯзноманигор дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул иштирок дошт, ба раҳбари худ занг зад ва аз ӯ хост, ки "раҳбар"-ро аз натиҷаи амалиёт огоҳ кунад. Дар ин гуфтугӯи телефони аз ҳеҷ касе ном бурда нашудааст. Аммо The New York Times бо такя ба хадамоти махсуси Амрико навиштааст, ки сухан эҳтимолан дар бораи шаҳзода Муҳаммад Бин Салмон буд.

Охири ҳафтаи гузашта президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон мавҷудияти сабти садоии куштори Хошуқчиро расман эътироф кард. Ӯ ин маводро дар ихтиёри баъзе хадамоти махсуси хориҷӣ қарор дод.

Мақомоти Туркия ва коршиносони амрикоӣ таъкид мекунанд, ки сабти садоӣ, бо вуҷуди аҳамияташ, наметавонад далели раднопазири даст доштани валиаҳд дар ин куштор бошад.

Ҷамол Хошуқҷӣ, ки аз мунақидони салтанати Саудӣ номбар мешуд, рӯзи 2 октябр ба идораи консулгарии Арабистон Саудӣ дар Истамбул ворид шуд ва дигар аз он берун набаромад. Туркия мегӯяд, ки ӯро дар дохили бино куштанд. Мақомоти Сауди баъди 18 рӯз эътироф карданд, ки рӯзноманигор дар ҷараёни "муштзанӣ" бо гурӯҳе дар консулгарӣ кушта шуд.

Гуруҳи Ҳамос Исроилро мушакборон кард

Автобуси Исроил баъди зарбаи мушакии Ҳамос

Гуруҳи исломии Ҳамос, ки навори Ғаззаро зери назорат дорад, рӯзи гузашта ба ҷануби Исроил бештар аз 100 мушак партоб кард. Даҳҳо зарба аз сӯи сохтори зиддимушакии Исроил хунсо шуд, бархе аз онҳо ба минтақаҳои аҳолинишин расиданд. Ба иттилои пешакӣ, 13 сокини Исроил ҷароҳат бардоштааст.

Нашрияи The Jerusalem Post менависад, яке аз мушакҳо ба автобус бархӯрда, дар натиҷа ҷавони 19-сола ҷароҳати сангин бардоштааст.

Ҷиноҳи мусаллаҳи Ҳамос гуфта буд, ки дар посух ба амалиёти неруҳои вижаи исроилӣ ин кишварро мушакборон мекунад. Дар натиҷаи амалиёти неруҳои исроилӣ шаби 12 ноябр 7 фаластинӣ кушта шуд.

Баъди ҳамлаи мушакӣ аз сӯи навори Ғазза, неруҳои низомии исроилӣ ҳам ба Ғазза ҳамла карданд. Дар ҳамлаи ахир ду фаластинӣ кушта шуд.

Аун Сан Су Чи аз ҷоизаи "сафири виҷдон" маҳрум шуд

Аун Сан Су Чи

Созмони Афви Байналмилалӣ раҳбари мулкии Мянмар Аун Сан Су Чиро аз волотарин ҷоизаи ин созмон - "Сафири виҷдон" маҳрум кард. Дар ин бора Афви Байналмилалӣ рӯзи 12 ноябр дар саҳифааш хабар дод.

Раҳбари созмон Куми Найду гуфт, ки Аун Сан Су Чи "аз обрӯи сиёсӣ ва маънавияш барои хатми қатли оми мусалмонони Роҳинҷа истифода накард". Поккориҳои қавмиро Артиши Мянмар ба роҳ андохта буд. Ҳукумати мулкии Мянмар низомиёнро назорат намекунад. Аммо ба гуфтаи созмони Афви Байналмилалӣ, маъмурияти Аун Сан Су Чи нафаратро алайҳи Роҳинҷа эҷод кард, куштори онҳоро рад кард ва ба бозҷӯии байналмилалии ҳодиса монеъ шуд.

Аун Сан Су Чи ҷоизаи "Сафири виҷдон"-ро соли 2009 ба даст овард. Ӯ аз соли 1998 то соли 2010 барои фаъолиятҳои сиёсиаш дар Мянмар 15 сол таҳти ҳабси хонагӣ буд. Ӯ дигарандеши машҳур шуда, ҷоизаи Нобел ва мукофотҳои дигарро дарёфт кард.

Баъди озод шуданаш Аун Сан Су Чи дар мақомҳои мухталифи ҳукумати Мянмар кор кард ва то мақоми мушовири давлатӣ расид, ки наздик ба мансаби нахуствазир аст. Созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи инсон борҳо бефаъолиятии ӯро дар баробари кушори мусалмонҳои Роҳинҷа ва рондани ин қамв аз қаламрави кишварашон танқид карданд.

Ба Навалний иҷозат надоданд, ки аз кишвар хориҷ шавад

Алексей Навалний

Алексей Навалний, раҳбари мухолифини Русия, ки рӯзи 13 ноябр мехост ба Страсбург парвоз кунад, аз фурудгоҳ баргардонида шуд. Ӯ мебоист дар ҷаласаи Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи инсон ширкат кунад.

Навалний дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки гумрукчиёни Русия дар фурудгоҳ шиносномаи ӯро "барои тафтиш" бурданд. Баъдтар Навалний навишт, ки гумрукчиён гуфтанд, ӯ ҳақ надорад аз Русия хориҷ шавад.

Навалний гуфт, ки мақомоти Русия ӯро борҳо ҳангоми гирдиҳамоиҳо ғайриқонунӣ боздошт ва дар қонунвайронкунии маъмурӣ айбдор кардаанд.

Додгоҳи аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон далелҳои Навалнийро қабул кард. Дар қарори додгоҳ омадааст, ки мақомоти Русия ҳуқуқҳои Навалнийро ҳангоми баргузории гирдиҳамоиҳои сулҳомез паймол ва ӯро ғайриқонунӣ боздошт кардаанд. Дар шаш ҳолат Додгоҳи аврупоӣ баргузории додгоҳҳои ноодилонро ошкор кардааст.

Моҳи феврали соли 2017 Додгоҳи аврупоӣ қарор кард, ки Русия ба Навалний барои ҳафт боздошт дар гирдиҳамоиҳои солҳои 2012 то 2014 бояд 63,7 ҳазор евро пардохт кунад.

Додрасҳои қирғизро барои пинҳон кардани дороӣ ба ҷавобгарӣ мекашанд

Мурофиаи додгоҳӣ дар Қирғизистон (акс аз бойгонӣ)

Додситонии кулли Қирғизистон тасмим дорад, чанде аз судяҳоро барои пинҳон кардани дороиҳое, ки дар эъломияҳошон зикр нашудааст, ба ҷавобгарӣ ҷалб кунад. Дар ин бора сохтори назоратӣ рӯзи 12 ноябр хабар дод ва гуфт, ки дар бораи пинҳон кардани моликияти судяҳо аз хадамоти андози Қирғизистон маълумот гирифтааст.

Додситонӣ иттилои дарёфтаашро ба Комисияи интизомии Шӯрои судяҳо фиристод.

Пештар аз ин мақомоти Қирғизистон санҷиши эъломияҳои мансабдоронро бахши муҳими мубориза бо фасод унвон карда буданд.

Остона: "Баҳс бо ширкати туркӣ ба нафъи Қазоқистон ҳал шуд"

Додгоҳи ҳакамии Палатаи байналхалқии тиҷорат даъвои ширкати туркии Magdenli Yer Hizmetleri ve Tasima Anonim Sirketi-ро нисбати Остона рад кард. Дар ин бора вазорати адлияи Қазоқистон 12 ноябр хабар дод. Муҳокимаи додгоҳи ҳакамӣ моҳи марти соли 2015 шуруъ шуда буд. Муҳокимаи асоси 4 июн дар Порис баргузор шуд.

Ҷониби даъвогар Қазоқистонро дар ғасби хизматрасонии таъмини сӯзишворӣ, хизматрасонии боркашонӣ ва таъмини чархболҳо "тавассути таъсиси Фурудгоҳи байналхалқии Атирау" айбдор мекард. Даъвогар аз додгоҳ хост, ҷониби Қазоқистон ба вай 16 миллион доллар ҷуброн пардозад.

"Додгоҳи ҳакимӣ ба хулоса расид, ки мақомоти Қазоқистон ғасби хизматрасонии сӯзишворӣ ва дигар навъи хизматрасониҳоро анҷом надодаанд",-омадааст дар баргаи иттилоотии вазорат.

Дар Узбекистон як кӯдаки 6-сола гаҳвораро бо тифли дохилаш оташ зад

Дар шаҳри Самарқанди Узбекистон кӯдаки 6-сола гаҳвораеро оташ зад, ки дохили он додари 2-моҳааш хоб буд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба Вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар медиҳанд.

Хабар дода мешавад, ки волидон кӯдаконро беназорат гузоштаанд ва кӯдаки 6-сола оташбозӣ карда, дар натиҷа гаҳвораҳо оташ задааст. Дар ниҳоят оташ хомӯш ва кӯдакон дар бемористон бистарӣ шуданд.

Дар сухтори Калифорния дастикам 31 нафар ба ҳалокат расид

Сухтор дар Калифорния

Бар асари сухтор дар аёлати Калифорния дастикам 31 нафар ба ҳалокат расид. Дар ин бора шабакаи телевизионии NBC рӯзи 12 ноябр хабар дод. Беш аз 200 сокини маҳаллӣ бенишон буда, беш аз 25 ҳазор нафар хонаҳои худро тарк карданд.

Аксари кушташудаҳо дар канораҳои шаҳри Парадайз, ки оташ онро тақрибан нобуд кард, ошкор шуданд. Теъдоди сокинони ин шаҳр 26 ҳазор ҳисоб шудааст.

Алангаи оташ 6 ҳазор хона, бо шумули манзилҳои 177 чеҳраи шинохтаро нобуд кард. Яке аз онҳо ҳунарманд Ҷерард Батлер аст, ки акси хонаи сухтааш дар Малибуро нашр кард. Хонаи Ким Кардашян низ дар ҳамин ноҳия ба коми оташ рафт ва ӯ гуфт, ки барои бо худ гирифтани ҷиҳози зарурӣ ва фирор ҳамагӣ як соат вақт дошт.

Рӯзи якшанбе аз баракати дигар шудани самти шамол, алангаи оташ фуру нишаст. Аммо марказҳи обуҳавошиносӣ мегӯяд, ки сухтор ҳанӯз дар бахшҳои алоҳидаи аёлат имконпазир аст.

Дар Калифорния 16 манбаи оташсӯзи сабт шуд. Мақомот сухтори Калифорнияро харобиовар дар таърихи аёлат унвон кардаанд.

Мулоқоти додситони кулли Тоҷикистон бо муовини вазири адлияи ИМА

Yusuf Rahmon & Bruce Swartz

Додситони кулли Тоҷикистон дар ҷараёни боздидаш аз Вашингтон, бо мақомоти ҳифзи қонуни ИМА дидору мулоқот анҷом дод. Ба иттилои вебсайти додситонии кулли Тоҷикистон, рӯзи 7 ноябр додситони кулл Юсуф Раҳмон бо муовини вазири адлияи ИМА Брюс Швартс дидору гуфтугӯ анҷом дод. Дар хабар гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот ҳамкориҳои ҳуқуқии дуҷонибаи миёни додситонии кулли Тоҷикистон ва вазорати адлияи ИМА баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба тавсеаи ҳамкориҳо дар самти таҳқиқи ҷинояту ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили барои ҳарду кишвар муҳим сӯҳбатҳо анҷом доданд. Брюс Швартс аз Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар таҳқиқи ҳодисаҳои террористӣ изҳори миннатдорӣ кард.

Ба иттилои ҳамин манбаъ, рӯзи 6 ноябр Юсуф Раҳмон бо директори Бюрои федералии тафтишотии (ФБР) ШМА Кристофер Рэй дидору гуфтугӯ кард ва дарин мулоқот Рей аз Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар раванди тафтишоти амали террористии 29 июл дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон изҳори сипос кард.

Ҳамла рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Аммо ин ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо рад кардааст.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Модар мегӯяд, писарашро бемор карданд, афсарон мегӯянд, афтод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00
XS
SM
MD
LG