Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Осия Бибӣ мехоҳад, ба Олмон биравад, аммо...

Осия Бибӣ

Осия Бибӣ, як зани масеҳӣ аз Покистон, ки ҳукми қатли ӯро беэътибор карданд, мехоҳад, кишварро тарк карда, ба Олмон биравад. Сайфул Мулук, вакили дифои ӯ рӯзи 11-уми ноябр дар шарҳе дар як рӯзномаи олмонӣ гуфтааст, “Осия Бибӣ хушҳол мешавад, агар бо хонаводааш ба Олмон биёяд.”

Олмон яке аз чанд кишвари аврупоист, ки гуфтаанд, метавонанд, ба хонаводаи ин зан паноҳгоҳ бидиҳанд. Нашрияи олмонӣ навиштааст, ки вазорати умури хориҷии Олмон дар ин бора бо мақомоти Покистон машварат дорад. Осия Бибӣ, ки бо гуноҳи таҳқири Муҳаммад пайғамбари ислом ба қатл маҳкум шуд, 8 солро паси панҷара сипарӣ кардааст.

Аммо Додгоҳи олии Покистон рӯзи 31-уми октябр ҳукми қатли ӯро беэътибор кард ва амр дод, то ки ӯро озод кунанд. Амри додгоҳ тазоҳуроти хушунатомези бахусус ифротиёни исломиро дар Покистон барангехт.

Аз ҷумла ҳизби ифротии Таҳрики Лабайк эътирозро баъди он бас кард, ки ҳукумат гуфт, ба Осия Бибӣ иҷозаи сафар ба хориҷро намедиҳад ва аз додгоҳ мехоҳад, ки қарорро бознигарӣ кунад. Осия Бибӣ иттиҳомотро рад мекунад ва мақомот ӯро аз тарси ҳамлаҳои эҳтимолӣ дар ҷойи номаълуме нигаҳ медоранд.

Дар Эрон духтаронро ба майдони футбол роҳ доданд

Духтарони эронӣ дар бозии Персеполис ва Кашима Антлер

Мақомоти Эрон ба садҳо зан иҷоза доданд, ки бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Осиёро дар майдони азими футболи Теҳрон тамошо кунанд. Роҳ ёфтани занон ба бозиро, як қадами эҳтимолӣ ба сӯи лағви манъи вуруди занон ба бозиҳои футбол дар Эрон медонанд.

Аксарияти заноне, ки рӯзи 10-уми ноябр дар майдони Озодӣ бозии дастаи Персеполис бо Кашима Антлери Ҷопонро тамошо кардаанд, хешовандони бозигарон, аъзои тими духтарони футболбоз ва ё кормандони Федератсиюни Футболи Эрон буданд.

Бозии ду даста бо ҳисоби мусовии 0-0 анҷом ёфт, вале азбаски тими ҷопонӣ дар бозии аввал бо ҳисоби 2 бар 0 Персеполисро шикаст дод, имсол қаҳрамони Лигаи қаҳрамонони Осиё шуд.

Бозиро Ҷианнӣ Инфантино, раиси Федератсияи Байналмилалии Футбол ҳам тамошо кард, ки айни замон барои роҳ додани занон ба бозиҳои футбол бо мақомоти Эрон кор мекунад. Баъди Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1979, занонро аз ҳаққи тамошои бозиҳои футбол дар майдон маҳрум карданд.

Интихоботи Донетску Луҳанскро "масхара" номиданд

Интихобот дар Донетск

Дар ду минтақаи ҷудоиталаб дар Украина рӯзи 11-уми ноябр интихобот сурат гирифт, ки онро кишварҳои ғарбӣ ва ҳукумати Украина ғайриқонунӣ ва “масхара” номидаанд.

Киев ва ҳомиёни ғарбиаш гуфтанд, интихобот дар минтақаҳои Донетск ва Луҳанск, ки дар дасти ҷудоиталабон аст, хотима додан ба низоъеро мушкилтар мекунад, ки аз моҳи апрели соли 2014 то кунун 10 300 нафарро куштааст.

Вале Русия мегуяд, интихоботи раҳбарони Донетск ва Луҳанск ва вакилони маҷлисҳои ноҳияҳо мухолифи аҳдномаи Минск нест. Интизор меравад, Денис Пушилин, раиси 37-сола ва муваққатии вилояти Донетск дар интихоботи инҷо пирӯз шавад.

Александр Захарченко, раиси пешини вилоят дар натиҷаи таркише дар моҳи август кушта шуд. Дар вилояти Луҳанск низ Леонид Пасечник, раиси муваққати вилоят, ки дар гузашта сардори раёсати амният буд, пирӯзи эҳтимолии интихобот ба ҳисоб меравад.

Оташбасе, ки ҷанги хунинро поён дод, 100-сола шуд

Раҳбарони даҳҳо кишвар рӯзи 11-уми ноябр барои ширкат дар маросими 100-умин солгарди оташбасе ҷамъ омаданд, ки ба Ҷанги Ҷаҳонии Аввал хотима дод. Дар ин маросим, ки дар шаҳри Париж сурат мегирад, 70 раҳбари ҳукумат ва кишварҳои ҷаҳон ҳузур ёфтанд.

Сад сол пеш дар рӯзи 11-уми ноябри соли 1918 дигар садои аслиҳа баланд нашуд ва бо ҳамин ҷанги чаҳорсолае тамом шуд, ки дар ҷараёни он 10 миллион сарбоз ва миллионҳо нафар ғайринизомии дигар кушта шуданд.

Дар маросими таҷлил ва дар зери борони сахт, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар назди Арки Пирӯзӣ дар Париж, дар назди гӯри сарбози беном сукут карданд.

Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар шоме, ки барои меҳмонон рӯзи 10-уми ноябр орост, гуфт, сулҳи бадастомадаро бояд эҳтиёт кард. Ӯ гуфт, “Баъзе аз мо дар замони ҷанг дар ҷабҳаҳои муқобил меистодам ва имрӯз якҷо ҳастем. Ва ин беҳтарин эҳтиром ба сарбозони ҷонбохта аст.”

Рӯҳонӣ: Амрико дар пайи фишор бар мардум аст, на низом

Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи шанбе таҳримҳои нави Амрико алайҳи ин кишварро “бе таъсир” хонд ва гуфт, “Иёлоти Муттаҳида дар пайи фишор бар мардум аст”.

Рӯҳонӣ дар суханронии тариқи садо ва симои Эрон гуфт, “таҳримҳо ҳеҷ таъсире бар раванди иқтисодии кишвар надоштааст”. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Эрон, “Амрико на дар пайи фишор овардан бар низом ва ҳукумат, балки ба дунболи фишороварӣ бар мардуми Эрон аст”.

Таҳримҳои зидди Эрон, ки рӯзи 5-уми ноябр ба иҷро даромаданд, ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Эрон, аз ҷумла сохтори бонкӣ ва ширкатҳои нафт таъсир мерасонад. Вашингтон муваққатан ба ҳашт кишвар иҷоза дод, ки аз Эрон нафт бихаранд.

Кишварҳои дигар дар сурати муомилот бо Теҳрон таҳти таҳрим қарор мегиранд.

Ин таҳримҳо қаблан тибқи созишномаи ҳастаӣ, ки соли 2015 миёни Эрону шаш қудрати ҷаҳонӣ имзо шуд, лағв гардида буд. Дар ивази ин созишнома Эрон фаъолияти ҳастаии худро боздошт.

Аммо президент Доналд Трамп дар моҳи майи имсол бо даъвои онки ин созиш наметавонад Теҳронро аз сохтани аслиҳаи атомӣ боздорад, Амрикоро аз мувофиқатнома берун кард ва таҳримҳоро дубора ҷорӣ намуд.

Э.Раҳмон: “Мубориза бо ҷинояткорӣ дар Хоруғ ҷавобгӯ нест”

Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баъди тақрибан ду моҳ ба масъалаи вазъи ҷинояткорӣ дар вилояти Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ, баргашт. Ӯ 10-уми ноябр, ҳангоми таҷлил аз рӯзи милиса дар Душанбе гуфт, мубориза бо қочоқи маводи мухаддиру силоҳ дар Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон “ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест”.

Вай аз мақомоти қудратии кишвар, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хост, ки муборизаро дар ин замина шадидтар кунанд. "Танҳо як моҳи фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва шахсони алоҳида беш аз 200 мил силоҳи оташфишон мусодира шудааст”, - хабар дод раиси ҷумҳур.

Президент Раҳмон гуфт, ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла ронандагӣ дар ҳолати мастӣ ва бидуни ҳуҷҷат, бо шишаҳои сиёҳ ва бе рақами давлатӣ ва ё рақамҳои қалбакӣ зиёд мушоҳида шудаанд.

“Ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бори дигар таъкид месозам, ки ҷиҳати ба таври қатъӣ ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳҳо, амалҳои майдаавбошӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ чора ҷуста, волоияти қонун ва амнияту осудагии сокинони вилоятро пурра таъмин намоянд”, - гуфт ӯ.

Дар маҷмуъ раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши ҷинояткорӣ дар кишвар изҳорӣ нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, агар соли 2008 дар кишвар камтар аз 12 ҳазор ҷиноят содир шуда бошад, ин рақам соли 2017 зиёда аз 22 ҳазорро ташкил додааст.

“Танҳо дар нӯҳ моҳи имсол қариб 17 500 ҷиноят сабт шудааст. Яъне, дар даҳ соли охир шумораи ҷиноятҳои сабтшуда тақрибан ду баробар афзудааст”, - афзудааст ӯ.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон инчунин аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон изҳори ташвиш кард.

Ҳар сол дар Тоҷикистон рӯзи 10-уми ноябр Рӯзи милиса таҷлил мешавад.

ИМА гуфт, ироаи сӯзишворӣ ба ҳавопаймоҳои Саудиро қатъ мекунад

Вазорати дифои Амрико ният дорад, ироаи сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳои Арабистони Саудӣ дар Яманро қатъ кунад. Дар ин бора мақомҳои амрикоӣ рӯзи 9-уми ноябр хабар доданд.

Ҳавопаймоҳои Саудӣ се сол боз алайҳи шӯришиёни ҳусии таҳти ҳимояти Эрон дар Яман амалиёт мекунанд.

Тасмими қатъи ироаи маводи сӯхт барои ин ҳавопаймоҳо дар ҳоле гирифта шудааст, ки хашми аъзои Конгресси Амрико нисбат ба Арабистони Саудӣ дар ҳоли афзоиш аст. Онҳо таҳдид кардаанд, ки ҷилави фурӯши аслиҳа ба ин муттаҳиди Амрикоро низ хоҳанд гирифт.

Ин таҳдид дар миёни иттиҳомҳо дар мавриди кушта шудани ҳазорон ғайринизомӣ дар амалиёти ҳавоии эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ дар Яман сурат гирифтааст.

Аз соли 2015 ба ин тараф беш аз даҳ ҳазор нафар дар ҷанги Яман кушта шудаанд. Ин ҷанг беш аз 2 миллион нафари дигарро бехонаву ҷо карда, сабаби қаҳтии фарогир дар он кишвар шудааст.

Номи ду афсаре, ки дар ошӯб дар зиндони Хуҷанд кушта шудаанд

Мирсаид Қодиров

Дар ошӯби шаби 7-уми ноябр дар зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд ду нозири маҳбас кушта шудаанд. Қаблан Радиои Озодӣ номи яке аз онҳоро маълум кард, ки Эҳсон Ёқубови 27-сола буда, ҷасадаш рӯзи 8-уми ноябр дар зодгоҳаш – ноҳияи Мастчоҳ – ба хок супурда шудааст.

Номи нозири дувумро, ки дар ин ҳодиса ҷон бохтааст, наздиконаш эълон карданд. Онҳо гуфтанд, Мирсаид Қодирови 42-сола шаби 7-уми ноябр дар ҷои кор буд ва ҳангоми даргирӣ бо зиндониҳо ба ҳалокат расидааст.

Наздикони Қодиров дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ҷасади ӯ рӯзи 8-уми ноябр дастрас ва баъдан дафн карда шуд.

Майори милиса Мирсаид Қодиров қаблан дар раёсати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд кор карда, солҳои охир дар зиндони рақами сеи маркази вилояти Суғд фаъолият дошт. Аз ӯ ду фарзанд боқӣ мондааст.

Эҳсон Ёқубов
Эҳсон Ёқубов

Мақомоти ноҳияи Мастоҳ мегӯянд, аз Эҳсон Ёқубов низ ду фарзанди ноболиғ мондааст. Эҳсон Ёқубов баъд аз адои хидмат дар артиш то ин вақт дар зиндон кор мекард.

Як масъули маҳбаси Хуҷанд рӯзи 8-уми ноябр дар маросими видоъ бо ӯ гуфтааст, як гуруҳи маҳбусон ногаҳонӣ даст ба ошӯб зада, мехостанд аз зиндон фирор кунанд, “вале ҷонбозиҳои кормандони маҳбас ба ин кор монеъ шуд”.

Бо гузашти се рӯз аз ҳодиса то ба ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин бора ҳарфе нагуфта, теъдоди ҳалокшудаҳо ва захмиёнро эълон нанамудаанд.

Аммо бино ба маълумоти манобеи мухталиф дар ошӯб дар зиндони Хуҷанд дастикам 24 нафар кушта шуда, шаш нозири маҳбас дар бемористони вилоятӣ бистарианд.

Вазири нақлиёти Бритониё бо норозигӣ аз Brexit истеъфо дод

Ҷо Ҷонсон – вазири нақлиёти Бритониё – бо норозигӣ аз барномаи хуруҷи кишвараш аз ҳайати Иттиҳодияи Аврупо истеъфо додааст. Ҷо Ҷонсон бародари Борис Ҷонсон, вазири пешини умури хориҷии Бритониёст.

Ӯ гуфтааст, нахуствазир Тереза Мей ба порлумон ду роҳи интихобро боқӣ гузошт, ки яке розӣ шудан ба хуруҷи Бритониё ва дувум “хаос”-и баъди он аст.

Ҷо Ҷонсон шомили гуруҳест, ки хостори раъйпурсии дубора дар мавриди хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд. Дар ғайри сурат, ба гуфтаи ӯ, Бритониё ба буҳурони бузурги даврони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дучор хоҳад шуд.

Қарор аст, моҳи марти соли 2019 барномаи хуруҷи Бритониё аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо оғоз шавад.

Дар раъйпурсие, ки рӯзи 23-юми июни соли 2016 баргузор шуд, 52 дар сади шаҳрвандони Бритониё хостаанд, кишварашон аз Иттиҳодияи Аврупо ҷудо шавад.

Дар Душанбе оши яктоннаӣ пухтанд... ва хӯрданд. ВИДЕО, АКС

Акс аз Абдураҳмон Раҳмонов, хабаргузории "Авесто"

Ҳафт таббохи шинохта дар шаҳри Душанбе дар деги бузург як тонна оши палав пухта ва онро рӯзи 10-уми ноябр дар боғи ба номи Фирдавсии пойтахт ба мардум пешниҳод карданд.

Ҷашнвораи палав дар Душанбе. Оши яктоннаӣ ба ҳама нарасид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷашнвораҳои гузаштаи оши палав ин ғизои миллӣ дар дегҳои нисбатан хурд таҳия мешуд. “Фарқи аслии ҷашни имсола таҳияи оши яктоннаӣ аст”, - гуфт ӯ.

Аллакай дег холӣ шудааст
Аллакай дег холӣ шудааст

Таҳияи палави яктонанаӣ нимишаби 10-уми ноябр шуруъ шуда, раҳбарии онро таббохи маъруф Содирҷон Муҳаммадҷонов бар уҳда дошт. Ӯ гуфт, барои таҳияи он 250 кило биринҷ, 200 кило гӯшт, 350 кило сабзӣ, 90 литр раған, 30 кило пиёз, як кило зира ва панҷ кило мавиз истифода шудааст. Муҳаммадҷонов мегӯяд, таҳияи палави яктоннаӣ таҷрубаи нахустини ӯст.

Бузургтарин деги оши палав рӯзи 8-уми сентябри соли гузашта дар Узбекистон таҳия шуда ва ба китоби Рекордҳои Гиннес шомил гардида буд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки вазни оши таҳиякардаи онҳо ҳафт тонна буд ва онро панҷоҳ таббох дар тӯли шаш соат омода карданд.

Дар оши рекордӣ тақрибан 2 тонна гӯшт, наздики 700 кило равған, тақрибан ду тонна биринҷ, 2 тоннаву 700 кило сабзӣ, 220 кило пиёз ва 700 кило нахӯд, зира, мӯрчи сиёҳ ва зирк истифода шудааст.

Ду сол пеш ЮНЕСКО, Бунёди илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, оши палавро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид кард. Ин пешниҳод аз тарафи Тоҷикистону Узбекистон ироа шуда буд. Бархе аз ошпазҳо мегӯянд, баробари ҷаҳонӣ шудани оши палав таваҷҷуҳ низ ба ин ғизои маъмул дар Тоҷикистон афзудааст.

Бино ба як пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо, дар Тоҷикистон то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, аммо дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна даҳ навъи ош, аз ҷумла, "оши гӯшти мурғ", "палави токӣ", "оши девзира" ва "оши як ба як" пешниҳод шудааст.

Зимнан, шаҳри Хуҷанд соли 2016 аввалин мизбони озмуни палавхӯрӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳар сол як дафъа дар ҷашнвораи вижа беҳтарин ошпазҳо аз кунҷу канори вилоят ҷамъ омада, оши палав мепазанд ва дӯстдорони ин ғизои миллиро ба озмуни беҳтарин хӯрандаи ош даъват мекунанд. Шарти аслии озмун дар фурсати кӯтоҳ хӯрдани як табоқ ош мебошад. Ин озмун баъдан дар нуқоти дигари Тоҷикистон ҳам ба ҳукми анъана даромад.

Охири моҳи октябри имсол президент Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд шарти озмунро тағйир дод ва риояи фарҳанги таомхӯриро дар ҷои аввал гузошт. Ӯ бо шӯхӣ ба паҳлавонони сари табақҳои палав гуфт, ки “истеъмоли зиёд зарар дорад”.

Ситоиш аз Даниел Рустамов, овозхони 23-солаи тоҷик дар "Голос"-и Русия

Даниел Рустамов

Даниел Рустамов, сокини 23-солаи Тоҷикистон ва донишҷӯи Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои Маскав, ба даври навбатии озмуни “Голос” дар Русия роҳ ёфт. Рустамов шоми 9-уми ноябр дар ин барнома таронаи Versace On The Floor-и Бруно Марсро хонд ва аз ҳимояти се довар – Ани Лорак, Баста ва Сергей Шнуров – бархӯрдор шуд.

Ани Лорак, овозхони маъруф, пас аз шунидани онки Даниел Рустамов аз Душанбе аст, гуфт, “мо ин шаҳрро надидем, вале ба шарофати шумо медонем, ки дар онҷо чӣ қадар ҳунармандони боистеъдод зиндагӣ мекунанд”. Доварони низ дигар аз маҳорати Даниел Рустамов ситоиш карданд.

Худи Даниел гуфт, эҳсосашро наметавонад бо сухан баён кунад. “Ҳама кор имконпазир аст ва ҳар орзу ҷомаи амал пӯшиданист, агар одам талош кунад ва заҳмат кашад”, - афзуд ӯ.

Ду сол пеш Даниел Рустамов нирӯи овозхонии худро дар барномаи X-Factor-и Украина ҳам санҷида буд.

Даниел Рустамов моҳи ноябри соли 1995 дар хонаводаи пизишк дар Душанбе ба дунё омада, ҳамон тавр, ки дар саҳифаи Фейсбукаш ишора кардааст, забонҳои тоҷикӣ, русӣ, куриёӣ ва англисиро медонад. Ӯ мегӯяд, дар оилаашон касе овозхон нест, вале ин меҳр аз хурдӣ дар дилаш буд ва то охири роҳ хоҳад рафт.

Дар сӯхторе дар шимоли Калифорния шаш нафар ҷон бохтанд

Мақомоти Амрико гуфтанд, ки дар натиҷаи сӯхтор дар шимоли Калифорния шаш нафар ҷон бохт. Ба қавли онҳо, ин сӯхтори нирӯманд рӯзи 9-уми ноябр бисёре аз бахшҳои шаҳраки Парадайсро ба хокистар мубаддал кардааст. Дар пайи сӯхтор ҳазорҳо нафар хонаҳояшонро гузошта ба ҷои дигар рафтаанд.

Ҳамлаи маргбори Толибон дар рӯзи сафари Халилзод ба Кобул

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар пайи ҳамлаҳои Толибон дасти кам 10 сарбоз ва ҳафт афсари полис кушта шуданд.

Ин ҳодиса рӯзи 9 ноябр рух дод ва бо шурӯи сафари фиристодаи ИМА оид ба масоили сулҳ Залмай Халилзод ба минтақа рост омад. Ҳадафи сафири Халилзод ба минтақа водор кардани ҷангҷӯён барои пазируфтани музокироти сулҳ мебошад.

Ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 9-уми ноябр дар ноҳияи Хоҷағори вилояти Тахор ба як посгоҳи артиш ҳамла карданд. Дар паи даргирии мусаллаҳонае, ки як соат идома кард, дасти кам 10 сарбоз кушта шуданд.

Абдурашид Башир, раиси полиси вилояти Тахор, гуфт, дар миёни ҷангҷӯён ҳам қурбонии зиёд буд, вале аз додани тафсилот худдорӣ кард. Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид иддао кард, ки ин ҳамла кори дасти онҳо мебошад. Шоми 8 ноябр ҳам дар Фароҳ Толибон ба нирӯҳои полис ҳамла карданд.

Абдусамад Солеҳӣ, як узви шӯрои вилоятӣ гуфт, дар ин ҳодиса инчунин ҳафт афсари полис кушта ва се нафар маҷрӯҳ шуданд.

Залмай Халилзод, ки дар мақоми сафири Амрико дар Кобул кор кардааст, дар сафараш ба минтақа аз Афғонистон, Покистон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар дидан карда, талош мекунад Толибони Афғонистонро барои нишастан сари мизи музокирот водор кунад. Дар ин бора Департаменти давлатии Амрико хабар додааст.

Дар Маскав конфронси сулҳи Афғонистон бо ширкати Толибон баргузор шуд

Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ва Шермуҳаммад Аббос Станакзай, раҳбари шӯрои сиёсии Толибон дар Қатар

Дар Маскав рӯзи 9 ноябр конфронси Афғонистон баргузор шуд, ки дар кори он намояндагони Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва гурӯҳи Толибон иштирок карданд. Сафорати ИМА дар Маскав як дипломати худро барои назорати ин музокирот фиристодааст. Ин нишаст дар як меҳмонхонаи Маскав ҷараён дорад.

Дар суханронии ифтитоҳии худ вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ки Русия умедвор аст, “бо роҳи талошҳои муштарак дар таърихи Афғонистон саҳифаи нав боз мешавад”.

Лавров гуфт, ки мушкилоти Афғонистон бояд танҳо аз роҳи сиёсӣ тавассути дастёбӣ ба сулҳи миллӣ ҳаллу фасл шавад.

"Ба ҳамин хотир, мо имрӯз ҳайатҳои шӯрои олии сулҳи Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва ҳаракати Толибонро хайрамақдам мегӯем. Иштироки онҳо дар чорабинии имрӯза шароити мусоид барои оғози музокироти мустақими миёни ҳукумат, ҷумбиши Толибон ва намояндагони гурӯҳҳои васеи ҷамъиятиву сиёсии кишварро фароҳам меорад”.

Ташаббуси нахустини Русия барои ташкили музокироти сулҳ бо Толибон, ки қарор буд моҳи сентябр баргузор шавад, баъди он ки мақомоти Афғонистон ширкат дар ин нишастро рад карданд, бекор шуд. Ин навбат ҳам ҳукумати Афғонистон ба Маскав намояндаҳои расмии худро нафиристод, вале аъзои аз ҷониби ҳукумат таъиншудаи Шӯрои олии сулҳ дар нишаст ҳузур доранд.

Як ширкатдори ин нишаст ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд дар поёни нишаст кадом изҳорот ё санаде қабул нашуд, худи воқеияти баргузории чунин як ҳамоиш бо ширкати ду ҷониби вориди ихтилофи Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя ҳодисаи муҳим аст. Ин ширкатдори нишаст гуфт, ки дар ҷараёни ҷаласа дида мешуд, ки намояндагони Толибон ва ҳукумати Афғонистон бо ҳам гуфтугӯ ва дар фазои ғайрирасмӣ берун аз ҷаласа ҳам сӯҳбат мекарданд.

Дар ҷаласа Шермуҳаммад Аббос Станакзай, раҳбари шӯрои сиёсии Толибон дар Қатар мавқеи ин гурӯҳро такрор карда гуфтааст, ки сулҳи Афғонистон дар сурати берун шудани нирӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар имконпазир аст ва кишварҳои дигар ҳам бояд инро кафолат диҳанд.

Ширкатдорони конфронси Маскав
Ширкатдорони конфронси Маскав

Вазорати хориҷаи Афғонистон рӯзи 9 ноябр бо пахши изҳороте гуфт, ки дар нишасти Маскав Шӯрои олии сулҳ ба ҳайси як созмони ғайриҳукуматӣ иштирок мекунад ва давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон умедвор аст, ки ба Толибон “иҷозаи истифодаи абзорӣ аз ин нишаст” дода намешавад.

Шӯрои олии сулҳ як ниҳодест, ки ҷузве аз барномаи сулҳу ҳамоиш буда, аз ҷониби президенти собиқ Ҳомиди Карзай ба хотири роҳандозии музокирот бо Толибон таъсис шудааст.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ки ин гурӯҳи ҷангӣ панҷ намояндаашро ба нишасти Маскав мефиристад, вале ин ба маънои “музокирот бо ҳайати Шӯрои сулҳ” нест.

Дар гузашта миёни шӯрои сулҳи Афғонистон ва Толибон чандин тамоси ғайрирасмӣ баргузор шудааст.

Аз Тоҷикистон дар ин нишаст муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода иштирок мекунад.

Лавров ва узви ҳайати Толибон Алҳоҷ Муҳаммад Суҳайл Шоина
Лавров ва узви ҳайати Толибон Алҳоҷ Муҳаммад Суҳайл Шоина

Дар ҷаласаи Маскав дар баробари намояндагони ҳукумати Афғонистон ва Толибон, инчунин дипломатҳои баландпояи вазоратҳои хориҷии Тоҷикистон, Узбекистон, Чин, Қирғизистон, Эрон, Қазоқистон, Покистон ва Ҳинд ширкат карданд.

Ҳамсари бонкдори пешини озарбойҷонӣ аз боздошт раҳо шуд

Додгоҳе дар шаҳри Лондони Бритониё Замира Ҳоҷиева, ҳамсари раиси пешини Бонки байналхалқии Озарбойҷонро дар ивази гарав аз ҳабс озод кард.

Ӯро ҳафтаи гузашта баъди он боздошт карданд, ки дар маркази тиҷоратии Harrods якбора 16 миллион фунт харҷ кард ва ҳам бо арзиши 20 миллион фунти дигар амволи ғайриманқул харид.

Ҳоҷиеваро дар Озарбойҷон дар дуздӣ айбдор мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир пулиси Бритониё манбаи даромади Ҳоҷиева таҳқиқ мекунад. Нисбат ба ӯ бо моддаи тасарруфи маблағ парванда боз шудааст.

Ҳоҷиеваро дар ивази 500 ҳазор фунт аз ҳабс раҳо карданд. Дар ҳамин ҳол вай вазифадор аст, ки ҳамарӯза дар пулис худро сабт кунад. Ҳоҷиева ҳақ надорад, баъди соати 9 аз манзилаш берун равад ва шаҳри Лондонро тарк кунад.

Замира Ҳоҷиева 55-сола аст. Соли 2016 додгоҳи Боку шавҳари ӯро бо айби қаллобӣ ва исрофкорӣ 15 сол зиндонӣ кард. Тафтишот мегӯяд, бо айби Ҷаҳонгир Ҳоҷиев - раиси пешини бонк - даҳҳо миллион доллар аз бонк ғайб задааст. Худи вай ин айбро рад мекунад.

Муттаҳамони сӯхтори автобуси ҳомили муҳоҷирон 5-солӣ зиндонӣ шуданд

Додгоҳе дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон парвандаи сӯхтори автобусро бо 52 мусофир баррасӣ ва ҳукми муттаҳамонро содир кард.

Нурҷон Қирғизбоев, Максат Пернебеков ва Барот Танатов - ронандагони автобусро додгоҳ панҷсолӣ зиндонӣ кард. Онҳо ҳамчунин аз ҳаққи ронандагӣ ба муҳлати 7 сол маҳрум шуданд. Додгоҳ ронандагонро дар вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор ва истифодаи нақлиёт айбдор донист. Танатов дар додгоҳ гуфт, вай дар автобус мусофир буд, на ронанда.

Муассиси ширкати "Азия транзит сервис" Нурлибек Тилепбоев ва механики ширкат Баҳодур Пердебоев се солӣ ҳабс кард. Додгоҳ ҳамчунин ҳукм кард, ки айбдоршавандаҳо ба ҳар кадом хонаводаи қурбониён 5 ҳазор долларӣ ҷуброн пардохт кунанд.

Автобуси ҳомили муҳоҷирони Ӯзбекистон 18 январи соли ҷорӣ дар шаҳроҳе дар вилояти Оқтеппаи Қазоқистон оташ гирифт. Панҷ тан аз мусофирон наҷот ёфтанд, аммо 52 тан аз мусофирон ҳамроҳ бо автобус сӯхтанд. Сабаби сӯхтор - муносибате беэҳтиётона бо оташ унвон шуд.

Иттиҳоди Аврупо барои тоза кардани партовҳои радиоактивии Осиёи Марказӣ маблағ медиҳад

Дар шаҳри Лондони Бритониё 8 ноябр конфронси байналмилалии кумакрасон дар умури поккории партовҳои радиоактивии Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Дар ин конфронс гуфта шуд, Иттиҳоди Аврупо барои мубориза бо партовҳои радиоактивии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон 10 миллион еврои иловагӣ медиҳад.

Дар ин бор дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон хабар дод. Ба иттилои ин созмон, 10 миллиони иловагӣ изофа ба 16 миллион еврое аст, ки Иттиҳоди Аврупо чанде пеш ҷудо карда буд.

"Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар амри безарар кардани партовҳои радиоактивӣ нақши калидӣ дорад. Бештар аз 10 дар се кишвари зикршуда корҳои таҳқиқотӣ сурат гирифтааст", - омадааст дар хабари Иттиҳоди Аврупо.

Конфронси байналхалқии кумакрасон бо ташаббуси Қирғизистон ва ҳимояти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд баргузор шуд.

Ду тоҷири ӯзбекистонӣ дар таҷовузи духтари 13-сола айбдор мешаванд

Додгоҳи ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон парвандаи таҷовузи як духтари 13-соларо баррасӣ дорад. Ба иттилои бахши Узбекии Радиои Озодӣ, ду соҳибкори маҳаллӣ дар таҷовузи ин духтар айбдор мешаванд. Дар хабаре, ки рӯзи 8 ноябр нашр шуд, шоҳидон гуфтанд, ҳодиса 10 майи соли ҷорӣ дар як бинои шустушӯи мошинҳо сурат гирифтааст.

"Соҳибкорон духарро иҷборан таҷовуз карданд", - мегӯянд мақомот. Баррасии парвандаи таҷовузи духтари 13-сола пушти дарҳои баста сурат мегирад.

ИМА таҳримҳои зидди Русияро густариш дод

ИМА нисбати се шахси воқеӣ ва 9 ширкат дар робита ба ғасби Қрим ва дахолати Маскав дар низои Донбасс таҳрим ҷорӣ кард. Дар ин бора вазорати мудофиаи ИМА хабар медиҳад.

Миёни таҳримшудаҳо - ду шаҳрванди Украина ҳам ҳаст. Яке аз онҳо Александр Басов аст, ки айни ҳол роҳбарии ҷумҳурии худхондаи "ЛНР"-ро ба уҳда дорад ва дувумӣ корманди пешини мақомоти махсуси Украина Андрей Сушко аст. Владимир Заритский - фармондеҳи пешини артиши мушакандози Русия ҳам шомили таҳримҳо шуд.

Бустонсарои "Мрия" (яке аз ширкатҳои Сбербонк), истироҳатгоҳҳои "Ай-Петрӣ", "Дюлбер", "Мисрох" (ки ба бовари мақомоти Амрико, ғайриқонунӣ миллӣ ва фурӯхта шудаанд) ва чанде аз дигар ширкату корхонаҳои Қрим вориди рӯйхати таҳримҳо гардиданд.

Курт Волкер, намояндаи махсуси ИМА дар умури Украина гуфт, шахсони воқеӣ ва ширкатҳои зикршуда аз талошҳои Русия барои якпорчасозии Қрим ҳимоят мекунанд ва ба ин далел шомили таҳримҳо шуданд.

Instagram саҳифаи нави Рамзан Қодировро баст

Саҳифаи za_kadyrov_95 дар инстаграм баста шуд. Сабаби бастани ин саҳифа ҳанӯз шарҳ дода нашудааст. Саҳифаи мазкур ба раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров тааллуқ дорад.

Саҳифаи za_kadyrov_95 моҳи июли соли ҷорӣ кушода шуда буд. То замони басташавиаш ин саҳифаро 1,3 млн корбар мутолиа мекард.

Саҳифаҳои пешини Қодиров дар Инстаграм ва Фейсбук 23 декабри соли 2017 баста шуданд. Саҳифаҳои Қодиров баъди шомил шуданаш ба рӯйхати таҳримҳои Русия баста шуданд.

Ба гуфтаи намояндагони Facebook, ширкат вазифадор буд, ки саҳифаҳои Қодировро бандад. Низоми таҳримҳо ширкатҳои амрикоиро водор мекунад, ки бо Қодиров муносибатҳои корӣ ба роҳ намонанд.

Қодиров баъди басташавии саҳифаҳояш гуфт, дар Чеченистон шабакаҳои иҷтимоии худӣ бо номи Mylistory таъсис шудааст ва вай онҷо саҳифа дорад.

Тоҷикистон маркази мубориза бо терроризму сепаратизм таъсис дод

Мақомоти Тоҷикистон як маркази мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва сепаратизм ё ҷудоиталабиро таъсис доданд. Ин марказ дар ҳайати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аст.

Бинои маркази муқовимат алайҳи терроризму экстремизм ва сепаратизм рӯзи 9-уми ноябр бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуд.

Мақомот то ба ҳол далели ташкили чунин маркази вижаро шарҳ надодаанд. Аммо чанд сол боз аз афзоиши терроризму ифротгароӣ изҳори нигаронӣ доранд.

Хабарнигорони Беларус ба "дарёфти ғайриқонунии ахбор" муттаҳам шуданд

Дафтари портали мустақили TUT.by

Мақомоти Беларусия сардабири оҷонсии хусусии BelaPan ва сардабири портали TUT.by-ро ба дарёфти ғайриқонунии маълумот аз хабаргузории давлатии BelTA муттаҳам карданд.

Ирина Леушина аз BelaPan ва Ҳалина Уласик аз TUT.by ба хабарнигорон гуфтанд, ки онҳоро рӯзи 8 ноябр, баъди даъват ба Кумитаи тафтишот айбдор карданд.

Ба гуфтаи ду хабарнигор, як сардабир аз BelaPan ва панҷ журналист аз TUT.by айни чунин иттиҳомотро дарёфт карданд. Ин ҳашт журналист аз 18 нафаре буданд, ки моҳи август барои бозпурсӣ 24 соат боздошт шуданд.

Муфаттишон ҳамчунин идораҳои BelaPan ва TUT.by-ро кофтукоб карданд. Пулис мегӯяд, ки хабарнигорони портали TUT.BY ва BelaPAN ба таври ғайриқонунӣ, тавассути интернет, аз хабаргузории давлатии BelTA маьлумот дарёфт мекарданд.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд мақомот бо ин роҳ мехоҳанд даҳони мунаққидони президенти дарозумри Беларусия Александр Лукашенко ва ҳукумати ӯро банданд. Вазорати хориҷии Беларусия ин иттиҳомро рад мекунад.

Ҳамла ба майхонае дар Лос-Анҷелес 12 нафарро қурбон кард

Саҳнаи ҳодиса

Бар пайи ҳамла ба майхонае дар Лос-Анҷелес 12 нафар кушта ва беш аз 10 нафар захмӣ шуд. Ҳамларо як марди сиёҳпӯш анҷом дод, ки нахуст ба майхона норинҷаки дудӣ партофт ва баъдан ба сӯи ҳозирон аз силоҳ тир кушод. Кормандони пулис бо ин мард вориди даргирӣ шуданд ва ҳамлагар дар вақти тирпарронӣ кушта шуд.

Ҳодиса соати 23:20 дақиқаи вақти Амрико сурат гирифт. Ин мард замоне ба майхона ҳамла кард, ки дар он донишҷӯён бо "шеваи контри" шабнишнӣ доштанд ва дар он садҳо нафар иштирок мекард. Як корманди пулис ба нашрияи Los Angeles Times гуфт, ки ин мард ба сӯи одамон 30 дафъа тир кушод. Ёвари раиси пулиси ҳавзаи Вентура сержант Рон Ҳелус низ дар ин ҳодиса захм бардошт ва баъдан дар бемористон даргузошт.

Ангезаи ҳамла маълум нест. Дар ҷойи ҳодиса кормандони воҳиди зидди террористии FBI ва кормандони Идораи назорат бар алкоҳол ва силоҳи оташфишон кор мекунанд.

Дар музокирот бо Толибон дар Маскав Тоҷикистонро Зоҳир Саидзода намояндагӣ мекунад

Музокирот бо Толибон бо ташаббуси вазорати хориҷаи Русия баргузор мешавад

Тоҷикистонро дар музокироти сулҳ бо Толибон дар Маскав муовини вазири умури хориҷа Зоҳир Саидзода намояндагӣ мекунад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ як узви ҳукумати Тоҷикистон хабар дод. Нишаст қарор аст рӯзи 9 ноябр дар Маскав ва таҳти раҳбарии вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол, як мақоми ҳукумати Амрико гуфт, ки дар ин нишаст танҳо намояндагони сафоратхонаи ин кишвар дар Маскав ба ҳайси нозир ширкат мекунанд. Муовини сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Роберт Палладино дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон дар ин бора гуфт:

“ИМА ба ин бовар аст, ки ҳамаи кишварҳо бояд аз муколамаи мустақими миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон ба хотири хатми ҷанг пуштибонӣ кунанд. Мо рӯшан гуфтаем, ки ҳеҷ ҳукумате, аз ҷумла Русия, наметавонад ҷойгузини музокироти мустақими ҳукумати Афғонистон ва Толибон бошад. Дар робита бо намоядаи Амрико, метавонам бигӯям, ки дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Афғонистон, сафорати ИМА дар Маскав як намояндаашро дар сатҳи нозир ба ин нишаст сафарбар кунад. ИМА омодаи ҳамкорӣ бо ҳамаи ҷонибҳо ба хотири мусоидат дар ҷараёни сулҳ аст».

Русия барои ширкат дар ин нишаст, ки қарор аст бо ширкати панҷ узви Толибон дар дафтари сиёсии Қатар барпо шавад, муовинони вазирони хориҷаи 12 кишвар, аз ҷумла, Афғонистон, Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва ИМА даъват кардааст.

ИМА Эронро ба давр задани таҳримҳо муттаҳам кард

Танкери нафт, ки ба сӯи гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳаракат мекунад

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико мақомоти Эронро ба талоши давр задани таҳримҳои Вашингтон муттаҳам кард, ки содироти нафти ин кишварро ҳадаф гирифтаанд. Ба гуфтаи Амрико, Теҳрон бо ҳадафи пинҳон кардани танкерҳояш аз моҳвораҳо, чароғҳои онҳоро хомуш мекунад

Намояндаи вежаи ИМА дар умури Эрон Брайн Ҳук рӯзи 7 ноябр гуфт, ки ин ба амнияти ҳамлу нақли дарёи таҳдид мекунад ва дар ҳолати садама ва рехтани нафт метавонад ба фоҷеаи зистмуҳитӣ расонад. Оҷонсии Bloomberg қаблан хабар дод, ки чароғҳо дар 10 танкери нафти Эрон хомуш буданд. Ба гуфтаи Ҳук, бинобар таҳримҳои ИМА ширкатҳои бузурги байналмилалӣ танкерҳои Эронро бима намекунанд ва дар сурати садама оқибатҳои фоҷеаи экологӣ безарар намешавад.

Намояндаи ИМА аз кишварҳои дигар даъват кард, ки танкерҳои Эронро ба бандарҳои худ роҳ надиҳанд, на танҳо ба хотири таҳримҳо, балки ба гуфтаи Вашингтон онҳо ба муҳити зист таҳдид мекунанд.

Таҳримҳои зидди Эрон, ки рӯзи 6 ноябр ба иҷро даромаданд, ба бахшҳои мухтилифи иқтисоди Эрон, аз ҷумла сохтори бонкӣ ва ширкатҳои нафт таъсир мерасонад. Вашингтон муваққатан ба ҳашт кишвар иҷозад дод, ки аз Эрон нафт бихаранд. Кишварҳои дигар дар сурати муомилот бо Теҳрон" таҳти таҳрим қарор мегиранд.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:21 0:00
XS
SM
MD
LG