Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Бар хилофи таҳримҳо: Ҳинду Чин аз харидории нафти Эрон даст намекашанд

То замони ба иҷро даромадани таҳримҳои ИМА алайҳи бахши нафти Эрон - 5 ноябр чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад, аммо Ҳинд ва Чин - ду харидори аслии нафти Теҳрон ба даъвати Вашингтон ҷиҳати то ба сифр коҳиш додани хариди нафт аз ин кишвар муқовимат мекунанд. Ба навиштаи расонаҳо ин ду кишвар исрор доранд, ки дар ҷаҳон захираи кофие, ки нафти Эронро иваз кунад вуҷуд надорад.

Вашингтон алайҳи Эрон пас аз берун шудан аз созиши ҳастаӣ таҳрим эъмол мекунад. Аммо Чин бузургтарин муштарии нафти Эрон эълон кард, ки хариди нафти Эронро новобаста ба таҳдиди Вашингтон, ки гуфт дар сурати саркашӣ аз иҷрои таҳрим ширкатҳои Чинро аз ҳаққи кор дар бозори ИМА маҳрум мекунад, идома медиҳад

Ҳамзамон ду харидори бузурги дигари нафти Эрон - Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ аллакай хариди нафти Эронро қатъ карданд. Аммо идомаи фурӯши нафт ба Чин ва Ҳинд Теҳронро ба ояндаи фурӯши нафт ба ин кишварҳо умедвор кардааст.

Ноиби нахуствазири Эрон – Исҳоқ Ҷаҳонгир рӯзи 28-уми октябр гуфт, ки интизор дорад, содироти нафти Эрон аз ҳади 1 миллион бушкаи нафт дар рӯз камтар нахоҳад шуд. Содироти нафти Эрон дар авҷи худ моҳи апрел, замоне ки ИМА дар бораи таҳримҳои худ эълон карданд ба 2,5 миллион бушка дар рӯз расида буд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин Хуа Чунинг ҳафтаи гузашта ба хабарнигорон гуфт асли қазия дар он аст, ки “месазад, ки ба созиши ҳастаӣ дод ё на.

Чин мавқеашро дар ин робита рӯшан баён кардааст гуфт ӯ.

“Масъуд дар набарди истихборотӣ” ба тоҷикӣ аз чоп баромад

Дар шаҳри Душанбе китобе дар робита ба муборизаҳои Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон ба нашр расид.

Ин китоб “Масъуд дар набарди истихборотӣ” ном дорад ва ба қалами Раззоқи Момун, рӯзноманигор ва нависандаи маъруфи Афғонистон тааллуқ дорад.

Фахриддин Холбек, рӯзноманигори тоҷик, ки ин китобро аз форсӣ ба хати кириллӣ баргардон карда ба дасти чоп супурдааст, рӯзи 30-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳадаф аз нашр ин китоб он аст, ки мардуми Тоҷикистон аз муборизаҳои Аҳмадшоҳи Масъуд дар замони ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва даврони муқовимат бо Толибон бештар огоҳӣ пайдо кунанд”.

Фахриддини Холбек мегӯяд, ин китоб бо ибтикори Бунёди шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд дар Душанбе ба чоп расид ва бидуни изофаи нархи изофавӣ ва фоида ба фурӯш гузошта мешавад.

Ба гуфтаи мураттиб, ин китоби мустанад аз муборизаҳои истихборотии Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон бо хадамоти ҷосусии Иттиҳоди Шӯравӣ (Кумитаи амнияти давлатӣ (КГБ) ва Раёсати иктишофи давлатӣ (ГРУ) , Покистон (Созмони иттилоотии Покистон (ISI), режими коммунистии Кобул (ХОД), ҳамчунин Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр, Толибон ва “Ал – қоида” қисса мекунад.

Бинобар гуфтаи мауаллифи китоб алайҳи Аҳмадшоҳи Масъуд беш аз 600 барномаи террор тарҳрезӣ шуда буд, ки ӯ бо маҳорат ва истеъдоди вижа онҳоро ба соддагӣ радёбӣ кард ва ҷон ба саломат бурд. Ба истиснои як амалиёти террористӣ, ки 9 сентябри соли 2001 ба зиндагии ӯ хотима бахшид.

Айбдоркунанда хост, муттаҳамони марги 52 муҳоҷири узбек зиндонӣ шаванд

Айбдоркунандаи давлатӣ дар як додгоҳи Қазоқистон барои панҷ муттаҳам дар сӯхтори автобусе, ки боиси марги 52 шаҳрванди Узбекистон шуд, ҳукми зиндон талаб кард.

Додситон Осмон Оринбасарули аз додраси ин парвандаи пурсарусадо тақозо кард, ки се нафар аз айбдоршавандагон ба 5 соли зиндон ва ду нафар кормандони ширкати қазоқистонии Asia Transit Service, ки автобус ба он тааллуқ дошт, ба 7 соли зиндон маҳкум шаванд.

Ронандагони автобус ба куштор аз беэҳтиётӣ ва нақзи қоидаҳои зиддисӯхтор дар воситаҳои нақлиёт муттаҳам мешаванд. Ду корманди ширкат ба истифодаи воситаи нақлиёти вайрон ба ҳадафҳои тиҷоратӣ айбдор мешаванд.

Яке аз корманди сатҳи поёнии ин ширкат низ ба беэҳтиётӣ ва тақаллуби ҳуҷҷатҳо мутаҳам мешавад. Ин панҷ нафар ҳамаи айбҳоро рад мекунанд. Мурофеаи додгоҳии онҳо 3-уми сентябр оғоз шуда буд.

Сӯхтор дар шимолу ғарби ноҳияи Оқтеппа рӯзи 18-уми январи имсол, замоне ки автобус аз Чимкент ба ҷануби Қазоқистон ва аз он ҷо ба Самара равон буд, рух дод.

Муфаттишон собит карданд, ки сабаби сар задани сӯхтор фонуси газие шудааст, ки аз ҷониби мусофирон барои гарм кардан дар тули сафари тӯлонӣ истифода мешуд.

Ба гуфтаи масъулон, автобуси Сетра ҳанӯз 29 сол қабл истеҳсол шудааст ва барои мусофиркашонӣ иҷозатнома надошт.

Мақомот гуфтанд, ки мӯҳлати сертификати бехатарии техникии автобус соли 2016 тамом шуд буд.

Бисёре аз муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон таввасути сайрхатҳои тӯлонии Қазоқистон ба Русия барои кор сафар мекунанд.

Зоирони шиамазҳаб дар маросими Арбаини Карбало иштирок мекунанд

3 декабри соли 2015. Маросими Арбаин дар масҷиди Имом Ҳусейни Карбало

Ҳафтаи ҷорӣ миллионҳо зоирони шиамазҳаб барои ширкат дар маросими Арбаин ба маконҳои муқаддаси шаҳри Карбалои Ироқ мераванд. Зоирон ду имоми муътабари мазҳаби шиа – Имом Ҳусейн - набераи Пайғамбар Муҳаммад ва амаки ӯ – Аббосро қадрдонӣ мекунанд. Ин маросим ҳар сол аз 10 то 20 миллион зоиронро ҷамъ меорад ва рӯзи 30-уми октябр ин маросимҳо ба авҷи худ мерасад.

Барои қиёс, маросими ҳаҷ ба Макка дар Арабистони Саудӣ имсол 2,4 миллион зоиронро ҷамъ оварда буд.

Зоирон пои пиёда аз Эрону Ироқ ба ҷониби Карбало раҳсипор мешаванд ва дар канори роҳҳо дар хаймаҳо дам мегиранд.

Бархе аз зоирон аз ҷойҳои дуре мисли Озарбойҷон ва Гурҷистону Покистон пойи пиёда ба ин ҷо меоянд.

Зиёрати имсола пас аз он сурат мегирад, ки моҳи январ ҳукумати Ироқ пирӯзиашро ба гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» эълон кард, аммо хатари ҳамлаи шӯришиён ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад.

Гуруҳи ҷангҷӯи суннимазҳаб дар гузашта ба зоирини шиа дар Ироқ ва Эрон ҳамла кардааст.

Ҳазорон сарбози ироқӣ барои ҳимояи зоирон сафарбар шудаанд.

Ҳусейн Зулфиқорӣ, як масъули умури дин дар суҳбат ба оҷонсии хабари Форс гуфт, ки имсол 1,7 миллион эрониён ва аз ҷумла, 50 ҳазор шиаёни афғон, ки дар ин кившар ба сар мебаранд, ба Ироқ барои зиёрат рафтаанд.

Танзими маросими ҳаҷ аз ҷониби мақомоти Арабистони Саудӣ боиси афзоиши харҷи зоирон шудааст. Бинобар ин, барои бисёре аз мусалмононе, ки имкони молии сафари ҳаҷро надоранд ва ё раводиди Арабистони Саудиро гирифта наметавонанд, Зиёрат ё Арбаин як навъ ҷойгузини ин маросим мебошад.

Ирсолкунандаи бомба тариқи почта ба ҳабс гирифта шуд

Марде, ки аз ҷониби додгоҳи Майами барои ирсоли номаҳои дорои маводи мунфаҷира ба фаъолони ҳизби демократ ва мунтақидони президенти ИМА Доналд Трамп муттаҳам мешавад, бо қарори додгоҳи рӯзи 29 октябр ба ҳабси муваққатӣ гирифта мешавад. Додгоҳ гуфт, ки бар ивази гаравпулӣ озод шудани ин шахсро қабул надорад.

Сезар Сайок ҳангоми мурофеаи додгоҳӣ бештар хомуш буд, аммо айбҳои додрас Эдвин Торресро тасдиқ кард. Сайоки 56-сола қарор аст рӯзи 2-уми ноябр дар догоҳ ҳозир шавад.

Ӯ, ки қаблан як стриптиз рақс мекард ва аз мухлисони Трамп ба ҳисоб меравад, бар асоси панҷ моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла ирсоли ғайриқонунии маводи мунфаҷира ва таҳдид ба президенти собиқ муттаҳам мешавад.

Вакили дифои ӯ, Ҷейми Бенҷамин иттиҳомоти воридшударо алайҳи зерҳимояаш «ларзонак» номид ва ҳукуматро ба сиёҳ кардани Сайока дар васоити ахбори омма қабл аз оне ки парвандаи ӯ ба додгоҳ равад айбдор кард.

Интизор меравад, ки парвандаи Сайока ба Ню-Йорк, ки аксари номаҳои дорои бомба дар он ҷо ошкор шудаанд, ирсол шавад.

Қаблан 29-уми октябр Бюрои федеролии тафтишот гуфта буд, халтаи машкук, ки ба идораи маркази телдевизион СNN равон шуда буд, дар идораи почтаи Атланта дарёфт гардид. Халтае бо маводи мунфаҷира, ки ба офиси ин ширкати телевизионӣ дар Ню-Йорк ҳафтае қабл фиристода шуда буд, боиси аз қароргоҳ берун бурдани ҳама кормандони ин сохтор шуд.

Дар паи ғарқ шудани таъмиргоҳи киштии Кузнетсов, панҷ нафар маҷӯҳ шуданд

Дар Русия дар паи ғарқ шудани амад ё дастгоҳи махсуси таъмири киштиҳо, киштии ҳарбии Русия ба номи адмирал Кузнетсов осеб дида, панҷ нафар маҷрӯҳ шуданд. Алексей Раҳмонов, раҳбари Иттиҳоди киштисозии Русия гуфт, ки айни замон коршиносон машғули ҳисобу китоби зиёни расида ҳастанд ва «қисматҳои ҳаётан муҳими новаи ҳарбӣ осеб надиданд».

Яке аз бузургтарин амадҳои хушкигард (ба забони русӣ - док) дар як таъмиргоҳи баҳрии Мурмански Русия қарор дорад.

Марина Ковтун, раиси вилояти Мурманск гуфт, ки амади хушкигард дар соати 3:30 субҳи 30 октябр пурра ғарқ шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар натҷиа панҷ нафар ҷароҳат бардоштанд ва дуи онҳо дар шифохонаи Мурманск қарор доранд.

Виктор Рогалев, роҳбари Маркази мубориза бо офатҳои табиӣ гуфт, вазъи саломатии яке аз маҷрӯҳон вахим аст. Соли гузашта киштии адмирал Кузнетсов дар як садамае ду ҳавопаймои ҷангандаи ҳарбиро аз даст дод, ки барои ҳимоят аз неруҳои ҳукуматӣ дар ҷанги Сурия ҷалб шуда буданд.

Дар Тошканд табибонро барои марги се хоҳар зиндонӣ карданд

Акс аз бойгонӣ.

Як додгоҳ дар шаҳри Тошканди Узбекистон ду табибро дар марги се хоҳар айбдор донист, ки моҳи ноябри соли гузашта яке паси дигар вафот карданд. Додгоҳ Гулчеҳра Одилова, табиби беморхонаи №21 шаҳри Тошкандро 5 солу 1 моҳ ва Нодира Туляганова, табиби Донишкадаи тиббии Тошкандро шаш сол зиндонӣ кард.

Пайвандони се хоҳари фавтида дар додгоҳ гуфтанд, се хоҳар дар пайи хунукназарии табибон вафот кардаанд. Ба гуфтаи пайвандон, Мунисаи 7-сола, Мухлисаи 6-сола ва Моҳираи 4-сола баъди он вафот карданд, ки табибони беморхонаи уфунатии ноҳияи Учтеппа чораандешӣ накардаанд.

Пештар гуфта мешуд, ки ин хоҳарон баъди тановули кабоби тез фавтидаанд. Аммо пайвандони кӯдакони вафоткарда ин фарзияро рад мекунанд.

Пентагон ба марзи Мексика 5 ҳазор сарбоз мефиристад

Пентагон барои фиристодани панҷ ҳазор сарбоз ба ҷануби ғарби Амрико - ба марзи ин кишвар бо Мексико - омодагӣ мебинад. Ин тасмим дар робита ба наздикшавии корвони паноҳандагон гирифта шудааст, ки ният доранд, ҳаққи иқоматро дар ИМА пайдо кунанд. Корвон ба марзи ИМА наздик мешавад.

Ба навиштаи расонаҳо, 5 ҳазор сарбоз баробари се яки шумори умумии кормандони гумруки Амрикост, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолият мекунанд. Вазорати дифои ИМА ибтидои соли ҷорӣ наздики 2 ҳазор сарбоз ба марзи Мексика фиристода буд.

Корвони паноҳандагон, ки тавассути ҳудуди Мексика ба марзи ИМА наздик мешавад, таваҷҷуҳи расонаҳоро ҷалб кардааст. Ин муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсояи Мексика ҳастанд. Ҳукумати Мексика барои қисме аз ин муҳоҷирон ҷойи кор ва манзил пешниҳод кард. Мақомоти Амрико ҳам гуфтанд, барои онҳое, ки ба паноҳгоҳи фаврӣ эҳтиёҷ доранд, кумак мекунанд. Аммо ҳам мақомоти Мексика ва ҳам мақомоти Амрико гуфтанд, наметавонанд ба ҳамаи паноҳандагон ёрӣ расонанд.

Ширкатҳои хусусӣ ҳаққи лоиҳакашии шаҳрҳоро ба даст меоранд

Акс аз Рейтерс

Шӯрои Маҷлиси намояндагон 29-уми октябр тарҳи ислоҳи қонуни Тоҷикистон дар бораи шаҳрсозиро ба баррасии вакилони мардумӣ пешниҳод кард, ки дар он шароити иштироки бахши хусусӣ дар таҳияи тарҳи шаҳру навоҳӣ фароҳам мешавад. То ҳол танҳо муассисаҳои давлатӣ аз ҳаққи лоиҳакашии шаҳру навоҳӣ бархӯрдор буданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муътақиданд, ки ширкати бахши хусусӣ дар таҳияи тарҳи шаҳру навоҳии кишвар шароитро барои ҳимояи арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои соҳибкорони дохилиро таъмин месозад. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қаблан муассисаҳои давлатӣ ва хориҷӣ аз ҳаққи ширкат дар озмунҳо ё тендери лоиҳакашӣ дар шаҳру минтақаҳои Тоҷикистон бархурдор буданд. Аммо, ба гуфтаи Садриддин Шарипов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, ҳамакнун шароити ширкати бахши хусусӣ дар ин раванд тағйир хоҳад ёфт. Ба гуфтаи вай: “Баъд аз тасвиби ин қонун дар таҳрири нав ширкатҳои хусусӣ метавонанд лоиҳаҳои таҳиякардаи шаҳру навоҳиро ба озмун ё тендер пешниҳод кунанд. Шарти зарурӣ ин аст, ки онҳо муҷаввизи фаъолият дошта бошанд. Дар сурати пирӯзӣ тарҳи ин ширкатҳо ба иҷро гирифта мешавад”.

Ба гуфтаи ҷаноби Шарипов, куллия кумитаҳои Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон лоиҳаи Қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Ба гуфтаи вакилони Маҷлиси намояндагон, қаблан дар Тоҷикистон бештаре аз лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳо ва корхонаҳо аз сӯи пажӯҳишгоҳҳои давлатии лоиҳакашӣ ё муассисаҳои хориҷӣ омода мешуданд. Ин тарҳҳо, ба гуфтаи онҳо, арзишҳои миллии тоҷиконро чандон таҷассум намекарданд. Гузашта аз ин, монеа дар ширкати бахши хусусӣ дар ин озмунҳо баробарҳуқуқии ширкатҳоро зери суол мебурд.

Фурқат Насимзода, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, санъати муосири меъморӣ дар ҷаҳон пешрафтҳое карда ва на ҳама аз ширкатҳои Тоҷикистон аз зарфияти мутобиқат ба ин меъёрҳо бархурдоранд. Ҷаноби Насимзода, ба унвони мисол, аз сохтмони роҳи сетабақа дар маҳаллаи 82-и пойтахти Тоҷикистон ном бурд. Вай афзуд, “дар Тоҷикистон ҳеҷ ширкате аз таҷрибаи таҳияи чунин тарҳе бархурдор набуд ва ҷалби лоиҳакашони чинӣ дар ин маврид амри зарурӣ дониста мешавад. Аммо, ҳоло лоиҳакашони тоҷик бо чунин таҷриба ошно шуданд ва минбаъд метавонанд мустақилона чунин тарҳҳоро омода созанд”. Фурқат Насимзода афзуд:

“Заминаи ҳуқуқии ширкати бахши хусусӣ таъмин мешавад. Аммо, муҳим ин аст, ки озмунҳо чӣ тавр сурат мегиранду ширкати ғолиб чӣ гуна муайян мешавад. Зарур аст, ки шаффофият дар ин замина таъмин карда шавад, зеро аз таҷрибаи солҳои қаблӣ медонем, ки фасодкорӣ дар интихоби ширкати пирӯз ҳамчунон вуҷуд дорад”.

Дар чанд соли ахир мавзӯи “Генплан” ё бозсозии симои маркази шаҳри Душанбе ба мавзӯи доғи ҷомеа табдил шудааст. Мунтақидон мегӯянд, ки ин лоиҳаи бозсозии пойтахти Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравии пешин таҳия шудааст, бозгӯи арзишҳои милливу фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон нест. Ҳамакнун қарор аст дар ҷойи биноҳои, ба эътиқоди онҳо таърихӣ, биноҳои муосири осмонбӯс сохта шаванд. Биноҳои таърихии порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон тахриб шуда, ба ҷойи онҳо ширкатҳои сохтмонии чинӣ биноҳои баландошёна месозанд. Ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз мақомот дархост мекунанд, ки маркази таърихиву фарҳангии Душанбе ҳифз карда шавад. Аммо, мақомот, далел пеш меоранд, ки Тоҷикистон камзамин дониста мешавад ва биноҳои қадима аз лиҳози меъморӣ аҳамияти худро аз даст додаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои расида, Чин тасмим гирифтааст барои сохтмони биноҳои нави Ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон ҳудуди 130 миллион доллар кӯмаки бебозгашт ихтисос диҳад. Дар гузашта Пекин эълон карда буд, ки барои сохтмони ин ду бино 215 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мекунад. Сабаби ихтисоси маблағи камтар ҳанӯз шарҳ дода нашудааст.

Меркел: Баъди соли 2021 аз кор дар ҳукумат канор меравам

Ангела Меркел

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар муроҷиат ба Иттиҳоди христиану демократи таҳти раҳбариаш гуфт, ки дигар намехоҳад барои раисии ин ҳизби сиёсӣ мубориза барад, вале гуфт, дар мақоми нахуствазирӣ корашро идома хоҳад дод. Ӯ инчунин гуфт, ки баъди анҷоми мӯҳлати раҳбариаш дигар аз кор дар ҳукумат канор меравад ва дигар ҷӯёи мақоме нахоҳад шуд.

Рӯзи 29 октябр хабаргузориҳо гуфтанд, чунин тасмимро Меркел баъди он гирифт, ки ҳизбаш дар ду интихоботи ахир бо натиҷаҳои пасттар ба марра расид.

Ба иттилои манобеи мухталиф, Аннегрет Крамп-Карренбауэр, як узви фаъоли ҳизб ва нафаре, ки аз ӯ худи Меркел пуштибонӣ мекунад, метавонад раҳбари нави ҳизб шавад. Қарор аст, раҳбари нави ҳизб дар моҳи декабри имсол интихоб шавад.

Меркел аз соли 2000 ба ин сӯ раҳбарии ҳизб ва аз соли 2005 – раҳбарии Олмонро ба ӯҳда дорад. Герҳард Шрёдер, ки пеш аз Меркел дар мақоми садри аъзам кор кардааст, ҳамчунин соли 2004 аз раҳбарии ҳизб канор рафт, вале вазифаи давлатиро идома дод.

17 куштаи садамае дар Покистон

Дар натиҷаи аз кӯҳ сарозер шудани автобусе дар ноҳияи Кӯҳистони Покистон, 17 мусофир ҷони худро аз даст дод. Афсари полис Абдул Ғафур рӯзии 28 октябр гуфт, ки ин автобус аз Гилгити Балуҷистон ба Равалпиндӣ ҳаракат мекард. Ба гуфтаи ӯ, ҷасади ҳамаи қурбониҳо берун кашида шудааст. Фарзияи аввалияи полис ин аст, ки шояд автобус дар минтақаи хатарноки кӯҳӣ бо суръати тез ҳаракат мекард ва бо ҳамин сабаб аз кӯҳ ба поён сарозер шуд. Роҳҳои Покистонро барои пурхатар ва ноамн буданашон зиёд интиқод мекунанд.

Таркиши маргталабе дар назди қароргоҳи Комиссиюни интихоботи Афғонистон

полис макони таркишро аз назар мегузаронад

Бомбгузори маргталабе, ки рӯзи 29 октябр Комиссиюни мустақили интихоботӣ дар Кобулро ҳадаф қарор дод, дасти кам шаш нафарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Полис гуфт, ки ҳамлагар ба назди бинои комиссиюн пои пиёда омада дар назди як мошин худро тарконд. Басир Муҷоҳир, сухангӯи полиси Кобул ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ки таркиш дар фосилаи 20 метр дуртар аз мошини кории аъзои комиссиюни интихоботӣ рух дод.

Ба иттилои полис, дар ин ҳодиса чор корманди комиссиюн маҷрӯҳ шуданд. Маълум нест, ки ҳангоми таркиш дар ҷои ҳодиса чанд нафар қарор дошт. Ин ҳодиса замоне рух медиҳад, ки дар Афғонистон тоза интихоботи парлумонӣ анҷом шудааст ва ин маърака дар шароити сахти амниятӣ баргузор шуд.

Маросими бузургдошти хотири қурбониҳои ҳукумати сталинӣ дар Маскав

Дар шаҳри Маскав рӯзи 29 октябр маросими бузургдошти хотири ҳазорҳо қурбонии даврони “Террори азим”-и таҳти раҳбарии Иосиф Сталин баргузор шуд. Рӯзи душанбе ҳазорҳо нафар дар назди муҷассамаи “Соловетский камен” ҳозир шуданд, то ки дар маъракаи бо номи “Номҳои баргашта” иштирок кунанд. Ширкатдорони маросим – хешу табор, фаъолони ҳуқуқ ва дигарҳо - исм, синну сол, ҷои кор ва таърихи тахминан 40 ҳазор сокини дар даврони сталинӣ кушташудаи Маскавро ба забон оварданд. Бар тибқи бархе ҳисобҳо, дар солҳои 1937-38 беш аз 1 миллион шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ кушта шудааст. Созмони “Мемориал” аз соли 2006 ба ин сӯ ин маросимро дар маконе баргузор мекунад, ки аз он ҷо КГБ ва ҳоло – ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролиро хуб дидан мумкин аст. Ин маконро бо номи майдони Люблянка ҳам мешиносанд. Соли ҷорӣ мақомот нахуст нахостанд иҷозати баргузории ин маросимро бо баҳонаи баргузории корҳои сохтмон иҷозат диҳанд, вале эътирозу интиқоди зиёд боис шуд, ки ҳамоиш билохира баргузор шавад.

Ҷамолиддин Убайдуллоев сафири Тоҷикистон дар Италия шуд

Ҷамолиддин Убайдуллоев

Ҷамолиддин Убайдуллоев, сафири Тоҷикистон дар Фаронса, ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар Италия таъйин шуд. Дар ин бора рӯзи 29-уми октябр фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон содир гардид.

Ҷамолиддин Убайдуллоев – писари Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон моҳи январи имсол сафири кишвар дар Фаронса таъйин шуд ва моҳи август эътиборнома супурд.

Ӯ то он дам ба ҳайси сардори раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард. Дар гузашта сардори раёсати консулӣ ва созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷӣ буд.

Номи ӯ борҳо дар мусобиқа оид ба теннис дар Тоҷикистон дар сархатти расонаҳо қарор гирифтааст. Ҷамолиддин Убайдуллоев чанд дафъа дар мусобиқаи теннис барои дарёфти "Ҷоми пойтахт" пирӯз шудааст.

Убайдуллоев ҳамзамон намояндаи доимии кишвар дар ЮНЕСКО, муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид аст.

Дар Гурҷистон даври дуюми интихобот баргузор мешавад

Саломе Зурабишвилӣ бо тафовути андак дар интихобот пештоз шуд

Дар Гурҷистон зарурати баргузории даври дуюми интихоботи президентӣ пеш омадааст. Рӯзи 29 октябр Комиссиюни марказии интихоботҳо гуфт, ки дар даври аввали интихобот собиқ вазири хориҷаи Гурҷистон ва зодаи Фаронса Саломе Зурабишвилӣ бо 38,6 дар сади овозҳо тавонист як каме аз рақибаш Григол Вашадзе пеш гузарад, ки 37,7 дар сади овозҳоро ба худ ихтисос дод. Ин натиҷаҳо дар паи ҳисоби беш аз 99 дарсади овозҳо дар интихоботи рӯзи 28 октябр ба даст омадааст.

Барои пирӯзӣ дар интихобот зарур аст, ки номзад барандаи 50 дар сади раъйҳо шавад. Иракли Кобахидзе, раиси парлумон гуфт, ки дар чунин ҳолат зарурати даъвати даври дуюми интихобот пеш меояд. Мақомоти Гурҷистон гуфтанд, ки даври дуюми интихобот то 1 декабр баргузор мешавад.

Ҳукумат як бахши осоишгоҳи “Оби гарм”-ро ба фурӯш гузошт

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон як қисми бино ва иншооти “Осоишгоҳи Оби Гарм”-ро дар ноҳияи Роғун ба фурӯш гузоштааст.

Музоядаи фурӯши ин иншоот, қарор аст, рӯзи 2-юми ноябри имсол баргузор шавад ва нархи ибтидоии он ним миллион сомонӣ муайян шудааст.

Осоишгоҳи “Оби гарм” дар канори рӯди Элок ва дар баландаии 1300 метр бар асоси чашмаҳои гарм, ки аз минералҳои гуногун ғанӣ буда ва хосияти шифобашӣ дорад, бунёд шудааст.

Гармии оби ин осоишгоҳ 40-48 дараҷа буда, дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нодир аст ва танҳо ба осоишгоҳи Тсахалтаи Гурҷистон шабоҳат дорад. Ин осоишгоҳ айни ҳол 200 ҷой дорад.

Тайи панҷ соли охир ҳукумати Тоҷикистон истироҳатгоҳҳои машҳури “Шоҳамбарӣ” ва “Зумрад”-ро ба фурӯш гузошт.

Дар як соли гузашта аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ҳудуди 28 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ворид шудааст. Мақомот мегӯянд, ҳоло беш аз 100 корхонаи хурду бузургу давлатӣ боқӣ мондааст, ки саҳмияҳояшон пурра дар ихтиёри давлат аст.

Боздошти даҳҳо нафар дар эътирозҳои Русия

Гирдиҳамоии бахшида ба ҳифзи зиндониёни сиёсӣ дар Маскаву Санкт- Петербург бо боздошти наздики 60 нафар анҷом шуд. Бархе аз боздоштшудаҳоро то субҳ дар идораи пулис нигаҳ дошта, аммо аксариятро баъди тартиб додани санад раҳо карданд.

Гирдиҳамоӣ бо шиори "Ба хотири кӯдакони мову шумо" баргузор шуд. Ин иқдомро волидони зиндониёни "парвандаи маъруф ба Азамати нав" ва "парвандаи Шабака" ташкил карданд.

Ба иттилои мақомоти Русия, дар ин иқдом тақрибан 500 нафар дар назди бинои ФСБ ё Хадамоти федеролии амният дар Маскав ҷамъ шуданд. Мақомоти шаҳри Маскав ба баргузории расмии гирдиҳамоӣ иҷозат надоданд, аз ин рӯ ташкилкунандагон бидуни шиорҳо назди бинои ФСБ ҷамъ шуданд. Дар Маскав 18 иштирокчии иқдом боздошт шуд.

Дар Санкт-Петербург ҳам ба эътирозгарон иҷозаи расмии баргузории гирдиҳамоиро надоданд. Фаъолон ба таври худҷӯш дар маркази шаҳр ҷамъ шуданд. Ба иттилои расонаҳо, пулис наздики 40 танро боздошт кардааст.

Дар минтақаҳои дигар Русия низ сокинон ба ин иқдом ҳамроҳ шуда, ба кӯчаҳо баромаданд.

"Амре" -- филми қазоқӣ дар ҷашнвораи филми Ҳолливуд пирӯз шуд

Филми бадеии "Амре"-и истеҳсоли Қазоқистон ғолиби озмуни ҷашнвораи филми Hollywood Film Festival шуд. Ин ҷашнвора ҳамасола аз 23 то 28 октябр дар Лос-Анҷелиси Амрико баргузор мешавад. Дар ин бора нақшофари асосии филм Санжар Мадӣ хабар дод.

"Дӯстон! Филми мо "Амре"("Paris Song") ҷои аввалро соҳиб шуд", - навишт вай дар саҳифаи Фейсбук. Филми мазкур дар бораи мусиқинавоз Амре Кашаебоев аз сӯи ширкати "Қазоқфилм" дар якҷоягӣ бо ширкати Darplay сохта шудааст. Филмро вазорати фарҳанг ва варзиши Қазоқистон сармоягузорӣ кард.

Амре Кашаебоев - овозхон, мусиқинавоз ва бозигарӣ шӯравӣ аст. Вай аз сӯи мақомоти амниятии шӯравӣ таъқиб мешуд. Ҷасади ӯ 6 декабри соли 1934 дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Алматои Қазоқистон пайдо гардид.

Дар ҳамлаи ДИИШ дар шарқи Сурия 68 нафар кушта шудааст

Як узви нирӯҳои демократии Сурия

Идораи назорат аз ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон гуфт, ки дар ҳамлаи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар шарқи Сурия 68 тан аз нирӯҳои таҳти раҳбарии курдҳо кушта шудаанд.

Ин идора рӯзи 28-уми октябр дар як гузориш гуфт, дар ин ҳамла ҳудуди сад ҷангҷӯи нирӯҳои демократии Сурия захмӣ гардидаанд. Манбаъ мегӯяд, шояд шумораи қурбониҳо бештар шавад.

Дар идомаи гузориш гуфта шудааст, ки бар асоси маълумоти онҳо 200 ҷангҷӯи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ", бо шумули занҳо, болои ду деҳа дар шарқи дарёи Фурот ҳамла карданд.

Идораи ҳуқуқи башари Сурия дар Бритониё ҳамчунин гуфтааст, ки дар ду рӯзи гузашта шумори кушташудаҳои нирӯҳои демократии Сурия ба тақрибан дусад нафар расидааст.

Интихобот дар Гурҷистон. Рақобати 25 нафар барои як курсӣ

Дар Гурҷистон рӯзи 28-уми октябр интихоботи президентӣ баргузор шуд.

Барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ дар он кишвар 25 нафар рақобат карданд. Дар миёни номзадҳо сафири собиқи Гурҷистон дар Фаронса Салом Зурабишвили, вазири собиқи умури хориҷӣ Григорий Вашадзе аз ҳизби “Ҷунбиши воҳиди миллӣ”-и Михаил Саакашвили ва раиси порлумон Давид Бакрадзе аз ҳизби “Гурҷистони аврупоӣ” низ ҳастанд.

Михаил Саакашвили, раиси ҷумҳури собиқи Гурҷистон мақомоти кишварро ба шаффофият дар интихобот даъват кардааст.

Ӯ, ки баъди ихроҷ аз Украина дар Ҳолланд зиндагӣ дорад, гуфт, агар мақомот тақаллуб кардаву интихоботро ба нафъи Зурабишвилӣ поён диҳанд, “кишварро мавҷи эътирозҳо интизор аст”. Ҳамон тавре ки, ба гуфтаи ӯ, соли 2003 “инқилоби садбаргҳо” рух дода буд.

Бино ба Қонуни асосии нави Гурҷистон, ки аз моҳи ноябри имсол мавриди амал қарор хоҳад гирифт, интихоботи ояндаи президентӣ дар он кишвар умумимардумӣ нахоҳад буд.

Яъне, аз соли 2024 раҳбари ҷумҳуриро на мардум, балки як анҷумани вижаи иборат аз аъзои порлумон ва намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ интихоб мекунанд.

Ҷараёни интихоботи президентии Гурҷистонро садҳо нозири байналмилалӣ назорат доранд.

Барканорӣ ва мақоми нави ҷавонтарин мансабдори Узбекистон

Алишер Саъдуллоев

Алишер Саъдуллоев, муовини вазири маорифи халқи Узбекистон, ки аз ӯ ҷавонтарин мансабдор дар он кишвар ном бурда мешавад, мақоми нав гирифт.

Ӯ рӯзи 25-уми октябр бо фармони президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз мақоми муовини вазири маориф озод ва ноиби аввали раиси Иттиҳоди ҷавонон таъйин шуд.

Саъдуллоеви 24-сола хатмкардаи Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур аст.

Ӯ моҳи июни соли 2017 ба курсии муовини вазири маорифи халқи Узбекистон нишаст. Алишер Саъдуллоев ба мансабҳои давлатӣ баъди он роҳ ёфт, ки дар як нишасти ҷунбиши "Камолот" бо ҳузури президенти Узбекистон дар бораи беҳтар кардани сатҳи таълими забонҳои хориҷӣ пешниҳод ироа кард.

Қаблан Алишер Саъдуллоев раиси маркази таълимии Result буд.

Вай дар мақоми муовини раиси Иттиҳоди ҷавонони Узбекистон Одилҷон Тоҷиевро иваз кардааст. Тоҷиев муовини ҳокими вилояти Тошканд дар умури сиёсати ҷавонон шуд.

Бе рутба ва бе медал. Генерали тоҷик 28 сол зиндонӣ шуд

Бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон генерал-майори милиса Файзулло Гадоев – сардори пешини раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилиро 28 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Манобеи Додгоҳи олӣ гуфтанд, ки ҳукми Гадоев рӯзи 15-уми октябри имсол содир шуд. Ӯро бар асоси панҷ моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, ришвагирӣ ва сӯистифода аз мансаб гунаҳкор донистаанд.

Дар ҳоли ҳозир нуқтаи назари вакили мудофеъ ва наздикони Файзулло Гадоев дастрас нест. Инчунин, ҷузъиёти парванда ва мурофиаи ӯ ошкор карда нашудааст.

Аммо бино ба иттилое, ки рӯзи 27-уми октябр Вазорати корҳои дохилӣ дар сомонаи расмиаш нашр кард, ҳамаи амволи Файзулло Гадоев ба нафъи давлат мусодира мегардад.

Ҳамзамон Гадоевро аз рутбаи “генерал-майори милитсия” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳрум карда, бо фармони вазири умури дохилӣ ҳамаи медал ва нишонҳои сарисинагии ӯро аз эътибор соқит донистанд.

Файзулло Гадоев соли 1959 дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарёи Узбекистон таваллуд шуда, аз соли 2002 то 2007 сардори раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Вазорати умури дохилии Тоҷикистон буд. Соли 2007 бо "сабаби ба кори дигар гузаштан" аз мақом озод шуд.

Дар сомонаи расмии идораи муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Файзулло Гадоев ба ҳайси мутахассиси содиқ ба касб муаррифӣ шудааст. Бино ба иттилое, ки дар ин пойгоҳ дастрас аст, Гадоев солҳои ҳаштодум Донишгоҳи миллӣ ва сипас дар соли 2005 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро хатм кардааст.

Гуфта мешавад, ӯ забонҳои тоҷикиву русӣ, узбекӣ ва арабиро медонад ва давраҳои омодагии касбиро дар Туркияву Олмон, Лаҳистон, Маҷористон ва Амрико гузаштааст.

Тирандозӣ дар канисаи яҳудиён дар Амрико "чанд кушта бар ҷо гузошт"

Канисаи "Дарахти зиндагӣ" дар Питсбурги аёлати Пенсилвания

Тирпарронӣ дар як канисаи яҳудиён дар Питсбурги аёлати Пенсилвания "чандин кушта бар ҷо гузоштааст". Бино ба гузориши расонаҳои амрикоӣ, дар ин ҳодиса се маъмури пулис ҳам ҳадафи тир қарор гирифтаанд.

Телевизиони маҳаллии KDKA хабар дод, ки дар ҳамла ба канисаи яҳудиён ҳашт нафар кушта шуда ва, мумкин аст, ин рақам афзоиш ёбад.

Марди гумонбар дар ҳодиса, ки аз ӯ Роберт Боуерс ном бурда мешавад, худро ба мақомот таслим кардааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи шанбе ин ҳодисаро маҳкум карда, дар айни замон аз амалкарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ситоиш намуд. Президенти Амрико гуфт, чунин тирандозҳо бояд ҳукми қатл бигиранд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил низ ин ҳодисаро маҳкум кард ва гуфт, ки кулли аҳолии кишвараш бо наздикони қурбониҳо ҳамдарданд. "Мо дар канори ҷамоаи яҳудиёни Питсбург ҳастем. Мо якҷо бо мардуми Амрико алайҳи ин амали ваҳшатноки зидди яҳудиён меистем", - афзуд ӯ.

.

Ҳалокати Фаррух Облоқулов дар баҳсу тирпарронӣ дар Истанбул

Расонаҳои Туркия рӯзи 27-уми октябр хабар доданд, ки дар натиҷаи баҳсу кашмакаш ва тирпарронӣ бо иштироки гӯиё шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул як нафар бо номи Фаррух Облоқулов кушта шудааст.

Расонаҳо навиштанд, Облоқулов бо захмҳои шадид ба бемористони Хасеки интиқол ёфт ва табибон натавонистанд, ӯро наҷот бидиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи ҳодиса изҳори назар накардаанд.

Хабаргузории “Сабоҳ”-и Туркия рӯзи шанбе навишт, ки ҳодиса баъд аз зуҳри 26-уми октябр дар минтақаи Оқсаройи Истанбул рух додааст.

Лаҳзаи баҳсу кашмакаш ва тирпаронӣ миёни се нафар дар дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст. Дар ин наворҳо, ки расонаҳои Туркия пораҳои онро нашр кардаанд, чеҳраи нафари ҳамлавар намоён аст.

Аммо расонаҳои Туркия мегӯянд, то ба ҳол иллати баҳсу тирпарронӣ маълум нест.

Матбуоти Туркия навиштанд, баъди онки Фаррух Облоқулов бо захми тир ба замин афтод, теъдоди зиёди одамон ӯро иҳота карда ва дар ин бора ба мақомоти пулис ва пизишкон хабар додаанд. "Вай барои табобат ба ба бемористони Хасеки интиқол ёфт. Аммо бо вуҷуди кӯшишҳо, табибон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд", - навиштанд расонаҳои Туркия.

Интихобот дар Кандаҳор бо як ҳафтаи таъхир баргузор шуд

Райъдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ё Вулуси Ҷиргаи Афғонистон дар вилояти Кандаҳор баъди як ҳафтаи таъхир баргузор шуд.

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки рӯзи 27-уми октябр даҳҳо ҳазор сокини ин вилоят барои овоздиҳӣ ба пойи сандуқҳои раъй рафтаанд.

Интихобот дар Кандаҳор ба хотири ноамнӣ дар маркази вилоят, ки дар натиҷаи он Абдурраззоқ, фармондеҳи пешини пулис ва генерал Абдулмуъмин Ҳусейнхел, раиси собиқи амнияти миллии Кандаҳор кушта шуданд, барои як ҳафта ба таъхир афтод.

Гулҷон Абдулбадеъ Сайёд, раиси Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи 27-уми октябр дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, “интихобот дар тамоми вилояти Кандаҳор баргузор шуд. Омодагии комил гирифта шуда буд. Аммо амалан баъзе мушкилҳое вуҷуд дошт, ки дар соатҳои аввал ба он расидагӣ сурат гирифт”.

Интихоботи порлумонӣ ё Вулуси Ҷирга дар минтақаҳои дигари Афғонистон ҳафтаи гузашта баргузор шуд.

Кумисюни мустақили интихобот дар Афғонистон мегӯяд, қаблан дар вилояти Кандаҳор ҳудуди панҷсад ҳазор нафарро барои иширок дар ин интихобот сабтином кардааст.

Ёфтҳои бештар

Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов, муассис ва сардабири "Азия-Плюс"
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:21 0:00
XS
SM
MD
LG