Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Чин музокироти масоили амниятӣ бо Пентагонро мутавақиф кард

Мақомоти Чин музокироти масоили амниятӣ бо вазири дифои ИМА Ҷеймс Мэттисро, ки ба моҳи октябр барномарезӣ шуда буд, мутавақиф кард. Дар ин бора Reuters рӯзи душанбе бо такя ба намояндаи баландмақоми Амрико хабар дод. Ин таҳаввулот дар ҳоле ба ба вуқӯъ пайваст, ки Пекин чанд рӯз пеш гуфт, ҳеҷ асосе барои нигаронӣ аз ташаннуҷ дар байни ду кишвар вуҷуд надорад. Дар бораи сабаби аслии мутавақиф шудани музокирот маълумот дастрас нашудааст.

Дар ин авохир дар муносибати Пекину Вашингтон як идда масоили баҳсбарангез сар зад. Вашингтон торуфаи молҳои содиротии Чин ба маблағи 250 миллиардро боло бурд. Чанде пеш Вашингтон барои харидории таслиҳоти Русия алайҳи Пекин таҳрим ҷорӣ кард. Киштиҳои амрикоӣ павайста дар атрофи ҷазираҳои баҳснок чарх мезананд, ки Чин онҳоро қаламрави мустақил мешуморад.

Ҳафтаи гузашта дар ҳукумати ЧИН гуфтанд, ки Пекин ба "шантаж" ва "фишор"-и Амрико дар бахши иқтисод иҷозат нахоҳад дод.

Ҳафтаи гузашта президенти ИМА Доналд Трамп Пекинро ба талоши дахолат дар умури интихоботи порлумонии Амрико муттаҳам кард, ки ба гуфтаи Трамп бо ҳадафи ҷиливгирӣ аз пирӯзии ҷамҳурихоҳон дар интихобот ва ҳамчунин манъи сиёсати тиҷоратии президент пиёда мешавад.Пекин ин иттиҳомро рад кард.

Таронасарои фаронсавӣ Шарл Азнавур даргузашт (Видео)

Шарл Азнаур

Таронасаро ва оҳангсози фаронсавӣ Шарл Азнавур дар 94-солагӣ даргузашт. Дар ин бора "Франс-Пресс" бо такя ба сухангӯи овозхон хабар дод.

Овозхон дар маҳалли зисташ, ҷанубу ғарби Фаронса, аз олам чашм пӯшид.

Шарл Азнавур дар хонаводаи арманиҳои Гурҷистон дар Порис таваллуд шуда буд. Падари ӯ аз империяи Русия муҳоҷират кард ва модараш дар замони кушторҳои оммавии арманиҳо аз дасти империяи Усмонӣ ҷон ба саломат бурд.

Шарл Азнавур аз хурдӣ дар саҳна буд ва соли 1914 дар филм нақш офарид. Соли 1946 оҳангсоз дар сафари ҳунарии Эдит Пиаф ба Амрико иштирок кард ва соли 1950 аввалин таронаашро рӯи навор овард.

Дар тӯли фаъолияти ҳунариаш Азнавур беш аз ҳазор тарона навишт, ки онҳоро овозхонҳое мисли Эдит Пиаф, Фрэнк Синатра, Боб Дилан, Лайза Минелли, Хулио Иглесиас ва дигарон суруданд. Соли 1998 оҳангсоз дар сабқати онлайнӣ, таҳти унвони "Ҳунарманди қарн", ки нашрияи Times баргузор кард, пирӯз шуд. Ӯ дар ин сабқат аз Элвис Пресли ва Боб Дилан пеш гузашт.

Азнавур ба рӯйхати машҳуртарин арманиҳои дунё шомил буд ва соли 2008 сафири Арманистон дар Шведсария ва намояндаи доимии кишвар дар СММ интихоб шуд.

Барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши тибб ва физиология эълон шуд

Барандагони ҷоиза Нобел - Ҷеймс Алисон ва Тасуку Ҳондзо. 1 октябри соли 2018

Рӯзи душанбе кумитаи Нобел номи барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши тибб ва физиология -Ҷеймс Эллисон ва Тасуко Ҳондзорро эьлон кард. Онҳо роҳи нави уммунотерапияи саратонро кашф карданд.

Эллисон ба таҳқиқи сафеда, ки кори сохтори иммунитетро барои маҳви сулулҳои саратон зайифтар мекунад, машғул буд. Ҳарду олим роҳи табобати меланома ва навъҳои дигари саратонро ёфтанд.

Бисёр коршиносон мегӯянд, ки Эллисон ва Ҳондзо бояд ду сол пеш ҷоизаи Нобелро соҳиб мешуданд. Чунин пешгӯиҳо бар пояи теъдоди зикри корҳои илмӣ матраҳ мешавад.

Тасуку Ҳондзо соли 1942 дар Ҷопон таваллуд шудааст. Ӯ аз соли 1988 профессори донишгоҳи Киото аст. Ҷеймс Эллисон соли 1948 дар Амрико ба дунё омад. Ӯ профессори донишгоҳи Ҳюстон мебошад.

Ҳафтаи равон ҳамчунин исми барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши физика ва химия эълон мешавад. Номи барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел рӯзи 5 октябр маълум хоҳад шуд.

Себзори Тошканд ҷои сафорати нави Тоҷикистон мешавад. ВИДЕО

Дар макони бунёди биноҳои нави сафоратхонаҳои Тоҷикистон, Чин ва Ҳинд дар шаҳри Тошканд корҳои тахриби хонаҳо ҷараён дорад. Бахши Узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 1 октябр хабар дод, ки сокинони маҳаллаи Себзор, ки қарор аст ба макони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ табдил шавад, ба хонаҳои нав кӯч дода мешаванд.

Корҳои тахриби манзилҳои зист дар маҳаллаи Себзори ноҳияи Шайхонтоҳури Тошканд рӯзи 29 сентябр шурӯъ шуд. Ҷаҳонгир Ортиқхӯчаев, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Тошканд ба матбуот гуфтааст, ки ба ҷои 79 манзили зисте, ки тахриб мешавад, сафоратҳои се кишвар – Тоҷикистон, Ҳинд ва Чин бунёд хоҳад шуд.

Дар ин маҳалла 370 нафар зиндагӣ мекарданд ва барои онҳо хонаҳои нав дар манотиқи мухталифи Тошканд пешниҳод шудааст.

Дар маҳаллаи Себзори Тошканд сафоратхонаи нави Тоҷикистон бунёд мешавад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:44 0:00

Фаъоли қазоқ, ки мегуфт дар зиндон шиканҷа шудааст, даргузашт

Маросиби хоксупории Мақсад Дустмагамбетов. 1 октябри соли 2018

Як фаъоли қазоқ, ки барои ташкили корпартоии нафткашҳо дар Жанаозен зиндонӣ шуда буд, дар ҳамин минтақа ба хок супурад шуд. Гуфта мешавад, ки ӯ аз маризии саратон даргузашт. Досмагамбетов баъди 6 сол дар ҳоле аз зиндон озод шуд, ки озод шадидан бемор буд.

Досмагамбетови 35-сола, ки аз шиканҷа шуданаш дар зиндон шикоят карда буд, рӯзи 29 сентябр дар беморхонаи вилояти Мангистауи Қазоқистон даргузашт.

Мақсад Досмагамбетов яке аз раҳбарони эътирозҳои чандмоҳаи нафткашони қазоқ дар соли 2011 буд, ки бо талаби афзоиши маош ва шароити беҳтар корпартоӣ карда буданд. Баъд аз саркӯби эътирозгарон дар моҳи декабри соли 2011, ки дар ҷараёни он зидди корпартоён аз силоҳ истифода шуд, Досмагамбетов ҳамроҳи даҳҳо нафткаши дигари қазоқ боздошт ва ба "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" айбдор шуд. Додгоҳ Досмагамбетовро соли 2012 шаш сол аз озодӣ маҳрум кард.

Корпартоии чандинмоҳаи нафткашон дар Жанаозен бо хунрезӣ анҷом ёфта, ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи ҳодиса 16 кас ҷон бохтанд. Мақомот баъд аз рух додани ҳодиса қонунӣ будани талаби нафткашонро эътироф карданд.

Такмили буҷаи нирӯгоҳи Роғун аз ҳисоби фурӯши металлҳои қиматбаҳо

Буҷаи бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҳисоби фурӯши сангу металлҳои қиматбаҳо такмил мешавад. Бо ин ҳадаф қарор аст ба маблағи 749 миллион сомонӣ (наздики 80 миллион доллар) металлҳои қиматбаҳо ба фурӯш гузошта шавад.

Дар ин бора рӯзи 1 октябр дар иҷлосияи парлумонӣ вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод. Қаҳҳорзода гуфт, ки барои бунёди нирӯгоҳи Роғун аз буҷаи кишвар дар соли 2018 – харҷи 2 миллиард сомонӣ дар назар гирифта шудааст. Дар ҳолати зарурат, ба гуфтаи ӯ, қонунгузорӣ аз роҳи қабули тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи буҷаи кишвар, имкони афзоиши хароҷотро иҷоза медиҳад.

Бар асоси пешниҳоди мақомоти дахлдор, аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо тариқи фурӯши металл ва сангҳои қиматбаҳо хароҷоти буҷаи Роғун афзоиш дода мешавад. Қаҳҳорзода таъкид кард, ки соли 2016 ба буҷаи давлатӣ аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок дар ҳаҷми 500 миллион доллар ҷалб шуд ва соли 2018 интизор меравад, ки аз ин ҳисоб 260,1 миллион доллар бо ҳадафи истифода дар бунёди нирӯгоҳи Роғун ҷалб шавад.

Нирӯгоҳи барқи обии Роғунро мақомот «иншооти азими аср» меноманд ва мегӯянд, қарор аст кори агрегати аввалини он 16 ноябр ба истифода дода мешавад. Дар тақвими расмии Тоҷикистон ин таърих ҳамчун рӯзи президенти кишвар сабт шудааст. Бунёди нирӯгоҳи Роғун, ки метавонад дар дурнамо Тоҷикистонро аз назари таъмини нирӯи барқ худкифо ва мустақил гардонад, яке аз ҳадафҳои калидии ҳукумат ба шумор меравад.

Марде дар Узбекистон духтари 12-соларо таҷовуз ва сипас қатл кард

Акси тасвирӣ

Сокини 29-солаи ноҳияи Узуни Узбекистон бо гумони таҷовуз ба номус ва қатли духтари 12-солаи ҳамсояаш боздошт шуд. Ноболиғ дар синфи 5-ум мехонд.

Яке аз фаъолони Узун гуфт, куштори бераҳмонаи ин духтар рӯзи 25 сентябр рух дод. Гумонбар духтарро нахуст таҷовуз карда, сипас барои пинҳон кардани нишонаҳои ҷиноят ӯро ба дор овехт. Манобеъ мегӯянд, падари духтар дар муҳоҷирати корӣ будаст.

"Он рӯз духтарчаи 12-сола дар хона танҳо будааст. Мард, ки дар хонаи ҳамсоягӣ ба ҳайси таъмиргар кор мекард, бо баҳонае ба манзили онҳо даромада, духтарро танҳо ёфтааст ва ӯро ба таҳхона дароварда, ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Сипас духтарро хафа карда, ба дор овехтааст ", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар ин бора марде хабар додааст, ки бо гумонбар якҷо кор мекард ва он рӯз барои пайдо кардани ҳамкораш ба хонаи духтарча рафт ва шоҳиди ҳодиса шуд.

Дар Шуъбаи пулиси Узун гуфтанд, ки гумонбар гуноҳро ба гардан гирифтааст ва ба далели халал ворид нашудан ба раванди тафтиш аз ифшои ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ карданд.​

Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 29 сентябр гуфт, ки шахси гумонбар дар ҳолати мастӣ духтарчаи 12-соларо ба қатл расондааст.

Мушакҳои Эрон ҳамлагарони паради Аҳвозро ҳадаф қарор доданд

Ҳамлаи Аҳвоз

Матбуоти давлатии Эрон гуфт, якчанд мушаки баллистикӣ ҷангиёнеро дар Сурия ҳадаф қарор дод, ки ба гуфтаи Теҳрон дар ҳамла ба гашти низомии Аҳвоз даст доранд. Дар ҳамлаи рӯзи 22 сентябр дар Аҳвоз 24 нафар кушта ва беш аз 60 нафар захмӣ шуд.

Хабаргузории "Форс" рӯзи 1 октябр навишт, дар натиҷаи ҳамлаи мушакҳо, ки пойгоҳи Албу Камоли шарқи Сурияро ҳадаф қаролр дод, якчанд ҷангӣ кушта шуд.

Эрон дар ҳамла ба паради Аҳвоз, пойтахти вилояти Хузистон, ҷудоиталабони Арбаро муттаҳам кард. Аммо масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт.

Сомонаи расмии Cипоҳи Посдорони Инқилоби Эрон рӯзи 1 октябр гуфт, ҳадаф ситоди онҳое буд, ки дар Аҳвоз амали террористӣ анҷом доданд.

Ин сомона ҳамчунин хабар дод, ки мушакҳоро воҳиди ҳавоии Сипоҳи Посдорони Инқилоб партоб кард.

Вазири адлия: "Феълан барои афв тарҳе вуҷуд надорад"

Вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод гуфт, ҳама гуна тасмим дар заминаи афви зиндониҳо танҳо дар салоҳияти президент аст ва феълан ҳеҷ гуна тарҳе дар ин маврид вуҷуд надорад. Дар ҳошияи иҷлосияи рӯзи 1 октябри парлумонӣ дар Душанбе, дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи сарусадоҳо оид ба афви эҳтимолии зиндониҳо дар Тоҷикистон гуфт, «ин овозаҳо асос надоранд».

Сарусадо дар робита бо эҳтимоли қабули қонуни нави афви зиндонӣ, ба вижа знидониҳои сиёсӣ дар ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар шаҳри Варшава моҳи сентябри имсол садо дод. Аз ҷумла, намояндагони мухолифон гуфтанд, ки мавзӯи эҳтимолии афви зиндониҳои сиёсӣ ва таҳия шудани тарҳи қонуни навро дар сӯҳбат бо онҳо намояндагони ҳукумат хабар доданд. Онҳо гуфтанд, ки намояндагони мақомот дар бораи омода шудани феҳристи 182 зиндонӣ хабар доданд, ки аз онҳо ҳамчун зиндониҳои сиёсӣ ном бурда мешавад.

Вале баъди ин мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, ки чунин барномаҳо рӯи даст нест.

Вазири адлия Рустам Шоҳмурод дар сӯҳбати мухтасар бо Радиои Озодӣ ба саволи ин ки то куҷо Тоҷикистон ба амнистияи зиндониҳо омода мешавад ва дар ин чаҳорчӯб гӯё аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ҳам қарор аст озод шаванд, гуфт:

«Ин асоси воқеӣ надорад имрӯз. Мо чандин бор таъкид кардем, ки ҳуқуқи пешниҳоди амнистияро танҳо роҳбари давлат – президенти Тоҷикистон доранд. Алҳол чунин лоиҳа нест». Ба саволи ин ки оё имкони пешниҳод шудани қабули чунин як қонун, ӯ гуфт: «Дар бораи имкон ман чизе гуфта наметавонам, лекин дақиқ аст, ки чунин лоиҳа ҳоло нест».

Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлол 15 дафъа қонуни афви маҳбусону боздоштшудаҳо қабул шудааст. Афви тиллоӣ бори охир дар моҳи августи соли 2016 қабул шуда, нисбат ба 12 ҳазор нафар татбиқ шуд.

Ҳадафи татбиқи қонуни афв дар Тоҷикистон, талоши мусоидат дар бозгашти маҳбусон ба ҳаёти осоишта ва ҷилавгирӣ аз содир шудани ҷиноятҳои бештар дар оянда мебошад. Дар навбати аввал ноболиғону занон ва зиндониёни солхӯрда мавриди афв қарор мегиранд. Вале дар аксари ин тасмимҳо афроде сарфи назар шудаанд, ки худро “зиндонии сиёсӣ” унвон мекунанд.

Референдуми тағйири номи давлати Македония ба поён расид

Эътирози мухолифони тағйири номи Македония

Биноба маълумоти пешакӣ, беш аз 91 дар сади шарҳвандони Македония, ки дар интихоботи рузи якшанбе иштирок карданд, ба хотири ворид шудани кишварашон ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО аз тағйири номи давлати Македония тарафдорӣ карданд. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки иштироки райъдиҳандаҳо бориз набуд ва дар маърака танҳо 37 дар сади қобили райъ иштирок дошт.

Нахуствазири Македония Зоран Заев райъдиҳиро муваффақ унвон кард ва аз ҳама даъват намуд, ки ба иродаи мардум эҳтиром гузоранд. "Шаҳрвандон озодона ва бошарафона овоз доданд. Ҳар нафар мувофиқи дидгоҳи худ тасмим гирифт. Ин пешрафти Демократия ва муваффақияти Македонияи аврпуоӣ аст",- гуфт Заев баъди референдум.

Садҳо мухолифи таъғири номи давлат, бе онки натиҷаи назарпурсиро интизор шаванд, ба кӯчаҳои Скопе баромаданд, то норозигии худро ба ин таҳаввулот, ки бо талаби Юнон анҷом шудааст, баён кунанд.

Аз райъдиҳандаҳо дархост шуд, созишнома бо Юнонро, ки бар пояи он номи Македония -давлати Югославияи собиқ, бо "Македонияи Шимолӣ" иваз мешавад, тасдиқ кунанд. Юнон то ин замон вуруди Македонияро ба Иттиҳоди Аврупо масдуд мекард. Дар Афина ба ин назаранд, ки агар ин давлат "Македония" боқӣ бимонад, дар оянда метавонад барои минтақаи ҳамном дар Юнон даъво кунад.

Додситонҳои ИМА барои шаҳрванди Узбекистон ҳукми қатл хостанд

Сайфулло Соипов

Додситонҳои амрикоӣ аз додгоҳи ИМА барои шаҳрванди 30-солаи Узбекистон Сайфулло Соиповро, ки ба куштори ҳашт нафар дар маркази шаҳри Ню-Йорк айбдор мешавад, ҳукми эъдом талаб карданд

Ин дархост дар парвандаи Соипов зикр гаштааст, ки 28 сентябр ба додгоҳ фиристода шуд. Шаҳрванди Узбекистон ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 31-уми октябри соли 2017 мошини боркаши худро дар маркази Ню-Йорк ба рӯи раҳгузарон ронд ва 8 нафари онҳоро кушт.

Президенти ИМА Доналд Трамп пас аз ҳодиса хост, ба Соипов ҳукми қатл диҳанд. Вакилони дифои шаҳрванди Узбекистон аз додгоҳ хостанд, ки додситонҳоро аз ҳаққи талаби ҳукми қатл маҳрум кунад ва ҳамчунин гуфтанд, ки Трамп бо даъватҳои худ ба раванди тафтишот фишор меорад.

Дар хулосаи ҷониби айбдоркунанда омадааст, ки Соипов бо гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" робита дошт. Гуруҳ низ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифта буд.

Теъдоди қурбониҳои амалиёти Русия дар Сурия беш аз 18 ҳазор аст

Тайи се соли ахир дар паи амалиёти низомии Русия дар Сурия беш аз 18 ҳазор нафар, аз ҷумла ҳудуди 8 ҳазор сокини осоишта кушта шуданд. Беш аз 3 ҳазори онҳо занону кӯдаконанд. Дар ин бора Маркази таҳлили нақзи ҳуқуқи инсони Сурия иттилоъ медиҳад.

Муаллифони гузориш аз нотавонии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таъсир расондан ба Маскав ибрози нигаронӣ кардаанд. Онҳо аз Шӯрои амнияти СММ даъват карданд, ки пеши роҳи ин кушторҳо дар Сурия фавран гирифта ва омилони ҷиноятҳои эҳтимолии ҳарбӣ дар он кишвар ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Маскав мегӯяд, тайи се соли амалиёти низомии худ дар Сурия 85 ҳазор террористро маҳв кард. Ба иттилои расмӣ, дар ин давра 112 низомии рус кушта шуданд. Вазорати дифои Русия низ гуфт, дар Сурия 8 ҳавопаймо, 7 чархбол ва чанд техникаҳои низомиро аз даст додааст.

Пештар мансабдорони амрикоӣ гуфтанд, ки дар натиҷаи амалиёти эътилофи зери раҳбарии ИМА дар Сурия зидди гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" беш аз 1100 сокини осоишта кушта шуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, шумори воқеии қурбониҳо шаш баробар бештар аст.

Амалиёти низомии Русия дар Сурия 30 сентябри соли 2015 расман оғоз шуд. Маскав гуфт, бо дархости Димишқ дар мубориза бо терроризм ба режими Асад кумак мерасонад. Вале мухолифон ва кишварҳои ғарбӣ гуфтанд, ки ҳадафи Кремл наҷоти ҳукумати Башор Асад аст.

Душаҳрвандӣ барои вакилони порлумони Қирғизистон ҷиноят эълон шуд

Кумитаи дахлдори порлумони Қирғизистон лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки бар пояи он, хидматчиёни давлатӣ ва вакилон барои доштани шаҳрвандии хориҷӣ, на танҳо аз мақом барканор, балки ба ҷавобгарии ҷиноӣ низ кашида хоҳанд шуд. Дар ин бора рӯзи 30 сентябр бахши Қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Яке аз муаллифони лоиҳа ва вакили порлумони Қирғизистон Достон Бекешев гуфт, ин қонун бояд то интихоботи ояндаи порлумонии Қирғизистон дар соли 2020 қабул карда шавад.

"Қонун ба шахсоне рабт дорад, ки мансабҳои сиёсӣ доранд. Агар маълум шавад, ки мансабдоре шаҳрвандии дувуми худро пинҳон мекунад, аз 250 то 300 ҳазор сом (беш аз 3600 доллар) ҷарима хоҳад шуд", - изҳор дошт Бекешев.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, дар қонунгузории Қирғизистон барои доштани душаҳрвандӣ ҷазое пешбинӣ нашудааст.

Қирғизистон бо ягон кишвари дунё дар бораи душаҳрвандӣ созишнома имзо накардааст. Бар асоси қонун, шаҳрванди хориҷӣ наметавонад дар ин кишвар вакили порлумон интихоб ва вазир, раҳбар ё корманди ниҳодҳои қудратӣ таъйин шавад.

Украина ба рӯзноманигори қазоқ Жанара Аҳмад паноҳгоҳ медиҳад. ВИДЕО

Додгоҳи олии Украина Хадамоти давлатии муҳоҷирати ин кишварро вазифадор кард, то ба рӯзноманигор Жанара Аҳмад, ки дар пайи фишору таъқибҳои мақомот Қазоқистонро тарк кардааст, ҳаққи паноҳандагӣ диҳад. Бахши Қазоқии Радиои Озодӣ рӯзи 30 сентябр навишт, ки пештар додситонӣ истирдоди рӯзноманигорро ба ватан хостор шуда буд.

"Вай дар Украина мемонад. Яъне, ӯ дар ватан барои дигарандешӣ ва рӯзноманигорияш зиндонӣ нахоҳад шуд", - навишт вакили порлумони Украина Светлана Залушик дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Жанара Аҳмад баҳори соли 2017 аз Қазоқистон ба Украина фирор ва дар он кишвар дархости паноҳандагии сиёсӣ кард. Ӯро шаби 21 октябр дар наздикии шаҳри Киев боздошт карданд.

Худи рӯзноманигор гуфт, барои он аз Қазоқистон фирор кард, ки мақомот бо ангезаҳои сиёсӣ таъқибаш мекарданд.

"9 январ зидди ман барои созмон додани тазоҳурот парванда боз шуд. Сипас боз зидди ман парванда боз карданд, ки гӯиё ман роҳро дуруст нагузаштам. Дертар ба экстремизми сиёсӣ айбдор шудам. Ман иқдоми ҳаракати "Адолат"-ро бозтоб дода будам, ки одамон мехостанд, ба иллати ҳукмҳои зиёди ноодилона ва дар эътироз ба низоми додгоҳӣ худро оташ зананд", - гуфт Жанара Аҳмад.

Бештари фаъолони маданӣ ва рӯзноманигорон дар Украина ва Қазоқистон низ бар инанд, ки парвандаи Аҳмад ангезаи сиёсӣ дорад.

Доналд Трамп гуфт, "ошиқи" раҳбари Куриёи Шимолӣ шудааст

Номаи Ким Ҷонг Ун ба Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, ӯ ва раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Ҷонг Ун пас аз додугирифти нома ба якдигар «ошиқ» шудаанд.

Трамп рӯзи 29-уми сентябр дар як гирдиҳамоии тарафдоронаш дар Вирҷинияи Ғарбӣ гуфт, ду тараф барои хуб шудани муносибатҳо кори зиёде карданд. Трамп гуфт, воқеан барои ӯ ва раҳбари Куриёи Шимолӣ сахт буд. «Ва пас аз он мо ошиқи ҳам шудем? Воқеан, ӯ номаҳои зебо навишт ва номаҳояш олӣ ҳастанд», - афзуд ӯ.

Нахустин мулоқоти раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо Ким Ҷон Унг рӯзи 12-уми июни имсол дар Сингапур баргузор шуд. Дар он дидор Ким ваъда дод, ки барои орӣ кардани нимҷазираи Куриё аз силоҳи ҳастаӣ талош хоҳад кард.

Бар рағми кундии пешрафтҳо, Трамп ба батакрор «аз доштани як робитаи олӣ» бо Ким Ҷонг Ун ситоиш кардааст. Вай мегӯяд, интизор дорад, ки ду нафар дар ниҳоят як муомиларо дар мавриди ин мавзӯъ анҷом медиҳанд.

Суханронии ғазаболуди вазири Ҳинд дар Созмони Милал

Indian Foreign Minister Sushma Swaraj speaks to reporters after authorities found the bodies of 39 Indian workers who were abducted by militants from the Mosul area three years ago, in New Delhi, India, Tuesday, March 20, 2018.

Вазири умури хориҷии Ҳинд дар як суханронии ғазаболуд дар минбари Созмони Милал, Покистонро ба ҳимоят аз террористон муттаҳам кард. Сушма Свараҷ, зимни суханронӣ дар рӯзи 29-уми сентябр дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал, гуфт, “Покистон на танҳо дар нашъунамо додани терроризм, балки дар пинҳон доштани шарорат бо риё ҳам таҷриба дорад.”

Зоҳиран манзури Сушма Свараҷ, баёнияи Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон буд, ки аз ӯ пештар гуфт, Ҳинд музокироти сулҳ бо Покистонро хароб мекунад. Сушма Свараҷ ин баёнияро “дурӯғи маҳз” номид.

Қарор буд, ҳарду вазир дар ҳошияи ҷаласа дар Созмрни Милал гуфтугӯ кунанд, аммо як рӯз баъд аз эълони музокирот Ҳинд гуфт, ҳеҷ гуна музокирот ба сабаби кушта шудани як марзбони ҳинду дар вилояти Кашмир сурат намегирад. Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ гуфт, ки ҳукумати Ҳинд се дафъа аст бо “баҳонаҳои беваҷҳ” аз музокирот бо Покистон даст мекашад.

Македония имрӯз барои тағйири номаш раъй медиҳад

Бонуе ҳангоми раъйдиҳӣ дар Скопйе, пойтахти Македония.

Дар Македония раъйпурсии умумӣ дар бораи номи ин кишвар шуруъ шуд, ки дар сурати раъйи мувофиқи мардум дари Иттиҳодияи Аврупоро ба рӯи он боз мекунад.

Дар баргаи раъй аз мардум пурсидаанд, ки оё мувофиқанд, Македония бо қабули созишнома бо Юнон ба узвияти НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо шомил шавад.

Бар асоси назарсанҷиҳо 70 дар сади мардум тарафдори он ҳастанд, ки номи Македония, ки Юнон мухолифи чунин ном аст, ба Ҷумҳурии Македонияи Шимолӣ тағйир дода шавад.

Юнон аз соли 1991 бо Македония даъво дошт, ки бо чунин ном метавонад, барои қаламрав ва мероси фарҳангии вилояти ҳамноми Юнон даъво кунад. Македония то соли 1991 як бахши Югославияи собиқ буд, ки аз он бе ҷангу ҷанҷол ҷудо шуд

Барои ҳамин то кунун ба қабули Македония ба сафи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо мухолифат мекунад. Қарор аст, натиҷаҳои муқаддамотии раъйпурсии рӯзи 30-уми сентябр дар ҳамин рӯз эълон шавад.

Афзоиши теъдоди қурбониёни фалокати мудҳиш дар Индонезия

Мақомоти Индонезия мегӯянд, мумкин аст теъдоди қурбониёни заминларза ва сунамии харобиоваре, ки ба вуҷуд овард ҳазорон нафар бошад.

Дар натиҷаи заминларзаи 7.5 дараҷаӣ дар ҷазираи Сулавесӣ, сунамии 6 метрӣ ва харобивар шаҳри Палу хонаи 335 ҳазор нафарро шуст. Фалокат бомдоди 28-уми сентябр рух дод.

Юсуф Калла, муовини раиси ҷумҳури Индонезия гуфт, хабарҳо аз манотиқи осебдидаи дур акнун мерасанд ва зоҳиран теъдоди қурбониён зиёд аст.

Хадамоти ҳолатҳои фавқуллодаи Индонезия рӯзи 29-уми сентябр гуфт, ки дар натиҷаи фалокат 420 нафар кушта шудаанд ва садҳо нафари дигар дар шаҳри Палуро ё об бурдааст ва ё зери хонаҳои вайроншуда мондаанд.

Сунамӣ бештар аз ҳама ба манотиқи соҳилӣ осеб расонидааст. Тақрибан 10 ҳазор нафар беҷо шудаанд. Маъмурони наҷот барои кӯмак ба осебдидагон кӯшиш доранд, вале вайрон шудани роҳҳо ва қатъи нерӯи барқ кори онҳоро мушкил кардааст.

Додситонҳои Амрико мехоҳанд, Соипов ба қатл маҳкум шавад

Сайфулло Соипов дар акс

Додситонҳои Амрико гуфтанд, ки аз додгоҳ мехоҳанд, як муҳоҷири узбекро, ки соли гузашта 7 нафарро дар шаҳри Ню Йорк бо мошин зада кушт, ба қатл маҳкум кунад.

Дархости ҳукми қатл дар парвандаи Сайфулло Соипови 30-сола зикр шудааст, ки онро рӯзи 28-уми сентябр ба додгоҳ супурданд. Сайфулло Соипов ба он муттаҳам мешавад, ки рӯзи 31-уми октябри соли 2017 мошини боркаши худро дар маркази Ню Йорк ба рӯи раҳгузарон ронд ва 7 нафари онҳоро кушт.

Баъди ҳамлаҳои рӯзи 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико ҳамлаи муҳоҷири узбек, маргбортарин ҳамла ба шумор меравад. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳам борҳо хостааст, ки Сайфулло Соипов ба қатл маҳкум шавад.

Худи ӯ баъди ҳамла ба муфаттишон гуфтааст, ки аз видеову адабиёти гуруҳи ба ном Давлати исломӣ илҳом гирифта ба ин ҳамла даст задааст. Гуруҳи мазкур баъдан Сайфулло Соиповро “сарбози хилофат” номид.

Шавкат Мирзиёев ба боғпарварони тоҷик мошин ҳадя кард

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба раҳбарони ду хоҷагии деҳқонӣ дар шаҳри Турсунзода мошинҳои сабукрави Шевролет ҳадя кардааст.

Мошинҳоро, ки дар худи Узбекистон истеҳсол мекунанд, рӯзи 27-уми сентябр баъди тамошои ангурзорҳои серҳосили хоҷагиҳои деҳқонии "Боғи Сомон" ва “Ватан” ба мудирони ҳарду хоҷагӣ ҳадя карданд.

Ангурзорони ин ду шаҳрвандони узбектабори Тоҷикистон аз боғҳои машҳури Тоҷикистон ба шумор мераванд ва Эмомалӣ Раҳмон борҳо меҳмонони баландпояи хориҷиро ба тамошои он бурдааст.

Танҳо аз боғзорҳои “Боғи Сомон” дар соли 2017 бештар аз 5 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъ оварда ва дар дохилу хориҷи кишвар фурухтаанд.

Шавкат Мирзиёев барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ ба Тоҷикистон омад.

Русия интиқоли S-300 ба Сурияро шуруъ кард

Системаи мазкур аз системаҳои пешрафтаи зидди ҳамлаи ҳавоӣ ба ҳисоб меравад.

Бо вуҷуди мухолифати Амрико, Русия ба интиқоли системаи дифоии S-300 ба Сурия шуруъ кардааст. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи 28-уми сентябр гуфт, ки интиқоли система бо дастури раиси ҷумҳур Владимир Путин ва баъди он шуруъ шуд, ки як ҳавопаймои Русияро дар қаламрави Сурия сарнагун карданд.

Дар натиҷаи суқути ҳавопаймо дар рӯзи 17-уми сентябр 15 сарбози рус кушта шуд. Сергей Лавров дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Ню Йорк гуфт, қарори интиқоли системаи зиддимушакӣ барои он “таъмини сад дар садии амнияту бехатарии сарбозони рус” қабул шуд.

Ҳавопаймои иктишофии Ил-20 Русияро неруҳои Сурия заданд, вале Русия гуфт, ки сабаби ин кор Исроил буд, ки ҳавопаймоҳояш баъди ҳамла ба таъсисоти Сурия худро паси ҳавопаймои Русия пинҳон кардаанд.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил аз талафоти сарбозони рус ибрози таассуф карда вале гуфтааст, ки ҳамлаҳо ба таъсисоти Эрон дар Сурияро идома медиҳад. Амрико гуфтааст, ки ба Сурия додани системаи S-300 муноқиша дар Сурияро шиддат мебахшад.

Амрико консулгаришро аз Басра ба Бағдод кӯчонд

Басра ин моҳ шоҳиди чанд тазоҳурот шуд

Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ба думболи ҳамлаи шибҳанизомиёни таҳти ҳимояти Эрон, кормандони консулгарӣ дар шаҳри Басраи Ироқро ба ҷойи амн интиқол медиҳад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дастур додааст, ки тамоми кормандони консулгарӣ ба истиснои чанд маъмур шаҳри Басраро тарк кунанд ва масъулиятҳои консулгарӣ ба сафорат дар шаҳри Бағдод супурда шавад.

Дар ин бора Ҳезер Ноерт, сухангӯи вазорат рӯзи 28-уми сентябр хабар дод. Дастури интиқоли консулгарӣ дар замоне сурат мегирад, ки фишори Амрико ба Эрон меафзояд ва қарор аст, моҳи ноябр таҳримоти сахте ба зидди Эрон эъмол шавад.

Сокинони хашмгини Басра дар чанд ҳафтаи гузашта аз хадамоти номуносиб ва интиқоли оби нопок, ки ҳазорон нафарро бемор кард, тазоҳурот карданд. Аввали ин моҳ тазоҳургарон ба консулгарии Эрон ва қароргоҳи шибҳанизомиёни таҳти ҳимояти Эрон ҳамла бурданд.

Зилзила ва сунамӣ 400 нафарро дар Палу қурбон кард

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи заминларзаи қавӣ ва сунамии баъд аз он дар шаҳри Палуи Индонезия 400 нафар кушта шудаанд. Мақомоти расмӣ рӯзи 29-уми сенябр гуфтанд, ки фалокат рӯзи 28-уми сентябр дар ҷазираи Сулавесӣ ба вуқуъ пайваст, сунамии 2 метрӣ субҳгоҳон шаҳри Палуро, ки хонаи 350 ҳазор нафар аст, шуст.

Сунамӣ баъди зилзилаи 7.5 дараҷаӣ бархостааст. Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Индонезия гуфт, ки теъдоди қурбониёни фалокат то кунун ба 384 нафар мерасад, вале мумкин аст, зиёдтар шавад.

Суторо Пурво Нугроҳо, сухангӯи вазорат гуфт, ки ҷасадҳои қурбониёнро аз чанд ҷой пайдо кардаанд, чун баъзе зери биноҳои вайроншуда мондаанд ва баъзеро об бурдааст.

Қатъи неруи барқ дар атрофи Палу ва пасларзаҳо кори маъмурони наҷотро мушкил кардааст. Дар телевизионҳои маҳаллӣ пулҳову хонаҳои фурурехта ва роҳу биноҳои осебдидаро намоиш доданд.

Ифтитоҳи корхонаи тракторсозӣ бо ҳузури Раҳмон ва Лукашенко

Корхонаро моҳи май мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои белоруси ӯ Александр Лукашенко бахши дигаре аз корхонаи муштараки «Агротехсервис»-ро ба кор андохтанд, ки трактор ва дигар таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ истеҳсол мекунад.

Маросими ифтитоҳи корхона дар ноҳияи Ҳисор рӯзи 29-уми сентябр сурат гирифт. Бахши аввали корхона моҳи майи имсол ба кор шуруъ кард ва дар ин муддат 206 техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ, аз 48 трактори тамғаи «Беларус 82.1″ истеҳсол кардааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфт, акнун корхона метавонад, дар як сол беш аз 1700 трактори гуногунтамға васлу насб куна д. Харидорон асосан кишоварзони Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон будаанд.

Як ифротгарои тоҷикро дар Афғонистон куштаанд

Амалиёт дар вилояти Кундуз сурат гирифтааст. Инҷо наздик ба марзи Тоҷикистон аст.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар натиҷаи амалиёти нерӯҳои махсус дар вилояти Қундуз 48 ҷангҷӯ аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистонро куштанд.

Дар баёнияи воҳиди 209-уми низомии артиши Афғонистон, ки расонаҳои дохилӣ онро нашр кардаанд, омадааст, амалиёт дар 72 соати гузашта ва аз ҷумла наздикии ноҳияи Чаҳордара сурат гирифт. Дар инҷо 31 нафар ба шумули ҷангҷӯи тоҷик кушта шудаанд. Ному насаби шаҳрванди Тоҷикистонро нагуфтаанд.

Ҷангҷӯёни Толиб моҳҳои ахир дар манотиқи шимолии Афғонистон аз ҷумла дар наздикии марз бо Тоҷикистон фаъол шудаанд. Дар ин минтақа ба гуфтаи мақомоти Афғонистон ва Тоҷикистон аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон ҳастанд, ки ба сафи гуруҳҳои ифротиву террористӣ пайвастаанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Кор аз дохили хона. Соҳибхоназанҳо ҳунари комютеру интернетро азхуд карданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:24 0:00
XS
SM
MD
LG